Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 264-271

264. Қаҳва

265. Себ

266. Хурмо

267. Тут

268. Шоҳтут

269. Анҷир

270. Сир

271. Чой

264. Қаҳва

Ин ба ҳама маълум аст, ки самари бепӯсти онро
аз мамлакатҳои гарм ба диёри мо меоваранд. Инро
ҳам сойида ва ҳам донаашро истифода мекунанд.
Мизоҷи мағзи тухмаш дар гармӣ ва сардӣ мӯъта-
дил, вале хушкиаш зиёдтар аст. Мизоҷи пӯсти сама-
раш андак гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари бепӯсти онро
дар об ҷӯшонида, он обро ё сойидаи онро дар оби ҷӯш
ҳал карда бинӯшанд, гиреҳҳои баданро мекушояд,
дардҳои гуногунро таскин медиҳад, ҷӯшиш ва фишо-
ри баланди хунро паст мекунад, тезӣ ва сӯзиши саф-
ровиро, инчунин савдоро сокин мегардонад, ахлоти
ғафсро рақиқ месозад, бинобар ин табҳоеро, ки аз зи-
ёд гаштани хун, савдо ва сафро ҳодис шуда бошанд,
дафъ менамояд; хусусан дар аввалҳо ва баъд аз ба
рӯйи пӯст зада баромадани донаҳои сурхича ва нағзак,
инчунин ҳангоми гирифтани таби дурӯздармиён бис-
ёр фоида дорад; шарои (аллергияи) сафровӣ ва дил-
тапак (дилбозӣ)-ро судманд аст; дарунро мулоим ме-
кунад, пешобро меронад, рутубатҳои зарарнокро хушк
мегардонад, барои дафъ кардани сурфаи балғамӣ, наз-
лаҳо ва мондагӣ даво мешавад, меъдаро қувват ме-
бахшад; аксари навъҳои дарди сар, молихулиё ва дар-
ди чашмро шифо мебахшад.
Сойидаи қаҳваро бо асал хамир карда ба узве, ки
аз ҷояш берун рафта бошад, гузошта банданд, онро
ба ҷояш меоварад. Агар ин хамираро лесида бихӯ-
ранд, сурфаи гарм ва тарро басанда менамояд, инчу-
нин сустӣ ва пажмурдагии меъдаро бо воситаи хушк
гардонидани рутубатҳои зарарноки он ба ҳоли сиҳат
меоварад ва намегузорад, ки бухорҳои бегонаи меъда
ба мағзи сар бароянд. Хусусан нимбирёни ин исҳол-
ро мебандад ва дар натиҷаи бисёр хоб кардан, ин-
чунин ба ташнагӣ ва хӯроки кам қаноат намудан ми-
зоҷ ба сустӣ табдил ёбад ва вайрон шавад, фоида до-
рад, мондагӣ ва лоҳасии баданро дафъ мекунад.
607
Аммо истеъмоли қаҳва ба дарун барои баъзеҳо
дарди сар меоварад, боиси бедорӣ ва лоғарии бадан
мегардад, ранги рӯйро зард мекунад, орзуи боҳро
қатъ менамояд, маниро кам месозад, бод пайдо меку-
над; ба иллатҳои дилтапак ва қулинҷ гирифтор ме-
намояд, дар ҳангоми хоб сиёҳӣ пахш мекунонад, узв-
ҳои нафасро хушк ва дағал мегардонад ва бавосирро
ба амал меоварад. Хуллас, одамони сардмизоҷ ва
тармизоҷро дар баданашон ахлоти мурдор ҷой гириф-
та бошанд, қаҳваи бирёнкарда зарар дорад. Дар
обе, ки дар он қаҳва ҷӯшонида шуда бошад, чанд тор
аз заъфарон андозанду баъд онро бинӯшанд, дилро
қавӣ мегардонад.
Агар қаҳва зарар кунад, чизҳои ширин ва равған-
ҳоро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

265. Себ

Маълум аст, ки ин самари дарахт мебошад. Беҳта-
ринаш расидаи шодоби он аст.
Мизоҷи себи ширин дар дараҷаи якум гарм ва дар
дуввум тар аст; мизоҷи турши он дар аввали дуввум
сард ва хушк; мизоҷи себи майхуш дар гармиву сар-
дӣ мӯътадил аст ва дар якум хушк мебошад. Мизоҷи
ҳамаи қисмҳои дарахташ сард ва хушк аст. Барг ва
мевааш қуввати тарёқӣ дорад.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамаи навъҳои меваашро
бихӯранд, фараҳ мебахшад; дил, майна ва ҷигарро қа-
вӣ мегардонад, инчунин бӯйиданаш ҳам чунин хислат-
ҳоро дорост. Хӯрдани он барои дилтапак (дилбозӣ)
ва душвории нафас дору мешавад; сари меъдаро қув-
ват мебахшад ва намегузорад, ки моддаҳои бегона ба
меъда рехта гарданд, инчунин иштиҳоро мекушояд.
Себи ширинро бихӯранд, фараҳ мебахшад, сабук-
кунандаи рӯҳи ҳайвонӣ, яъне қувватҳои ҷисмониро ку-
шоиш медиҳад ва агар дар меъда хилти сафро бошад,
худаш низ зуд ба сафро табдил меёбад. Агар инро
пухта бихӯранд, барои сурфаи хушк дармон мешавад.
Обашро бо шарбати қандин ва обгӯшт биёшоманд,
иллати беҳушшавиро дафъ мекунад. Руббашро, яъне
обашро то ғафс шудан ҷӯшонида ё шароби инро биё-
шоманд, дар ҳама ҷиҳат қавитар мегардад, хусусан
барои фараҳ овардан, дар бобати қувват бахшидан
608
ба меъда ва дил назар ба мевааш қавитар мебошад,
васвоси савдовиро дафъ мекунад, ваборо шифо мебах-
шад ва тафси баданро таскин медиҳад. Мураббояш
ҳам хислатҳои дар боло зикрёфтаро дорад.
Себи тунҷро дар миёни хамир гирифта, дар зери
оташ пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад, ба-
рои иллати сил ва лоғарӣ дармон мешавад. Ин себ-
ро кӯфта ба чашм гузошта банданд, дарди чашмро
нафъ дорад.
Агар себи туршро аз ҳад бисёр бихӯранд, ба таб-
ҳои мураккаб гирифтор мекунад, шикамро пурбод ме-
созад, иллати беҳаракат мондани узвро ба амал мео-
варад, мушакҳоро ба дард меоварад, ларзак мекунад.
Дар ин ҳолатҳо дорчинӣ хӯрдан даркор аст, то ки
зиёнаш ислоҳ ёбад.
Себи туршро бихӯранд, дарунро мебандад, қай ва
ташнагиро таскин медиҳад ва барои меъдаҳои сафро-
нок мувофиқ ва форам мебошад. Агар инро дар ха-
мир пухта бихӯранд, исҳоли хунинро мебандад ва да-
воҳои заҳролудкунандаро ислоҳ мекунад
Қоқи себро кӯфта, бо оби анор бихӯранд, меъдаро
қувват мебахшад, исҳоли сафровиро мебандад ва қай-
ро таскин медиҳад. Вале агар инро аз ҳад бисёр би-
хӯранд, барои узвҳои даруни сина зарарнок аст, вара-
ми шушро ба амал меоварад ва дар рагҳо бодҳои гу-
ногунро пайдо менамояд. Дар ин ҳолат гулқанд ва
дорчинӣ бихӯранд ва асал билесанд, зиёнаш ислоҳ
меёбад.
Себи майхушро, яъне туршу ширинро бихӯранд,
дар бадан моддаҳои сара пайдо мекунад, ташнагиро
мешиканад, қайи сафровиро манъ месозад, исҳолро
мебандад ва дар дигар хислатҳо монанди себи турш
аст.
Ва қавле, ҳамаи навъҳои себро бихӯранд, агар ба
моддаҳои гарммизоҷи дар меъда буда бирасад, онҳо-
ро дафъ мекунад.
Себи хомро, яъне себчаро бихӯранд, дар бадан
хилти хом пайдо мекунад, таб мегиронад.
Себро кӯфта, дар давраҳои аввал ба варамҳо гу-
зошта банданд, нафъ дорад.
Рубби себи турш, яъне оби себи туршро ҷӯшонида
ғафс гардонидаашро мизоҷ дар дараҷаи якум сард
ва дар тариву хушкӣ мӯътадил аст Инро бихӯранд,
сафроро кам ва фишори баланди хунро паст мекунад,
609
исҳоли сафровиро мебандад ва қайи сафровиро манъ
мекунад. Ин ба касоне, ки исҳоли хунин дошта бо-
шанд ва инчунин ба шуш ҳам зарар меоварад. Агар
инро дар хӯрдан мудовамат намоянд, ба асабҳо зиён
мекунад. Шароб ва мураббои он дар манфаат монан-
ди худаш мебошад, фақат камтар гармӣ дорад ва ба-
рои васвоси савдовӣ назар ба ширини он манфаатнок-
тар аст.
Усораи себи расида ва баргҳои, яъне оби барг ва
самари (себи) онро дар офтоб ғафс гардонанд, усораи
он номида мешавад. Миқдори як бор хӯрдан аз ин
дар як рӯз аз 25 то 35 грамм аст. Агар инро бимо-
ланд, низ заҳри каждумро дафъ мекунад, инчунин
газанди дигар заҳрҳоро мешиканад.
Барги тари себро кӯфта гузошта банданд, варам-
ҳои гармро дар аввали пайдоиш нафъ дорад.
Гули себро хоҳ бо заъфарон, хоҳ бо савсани кӯҳӣ ё
бо ҷадвор бихӯранд, ахлоти бадбӯро дар бадан ба ис-
лоҳ меоварад.
Мураббои гули себ, яъне гулқанди гули себ ба-
рои сустии дил, майна ва барои барангехтани орзу
ва ҳаракати боҳ (пушти камар) даво мешавад. Гули
онро бо ду баробар вазни он шираи гулқанди гули-
сурх даромехта, монанди гулқанди гулисурх тартиб ди-
ҳанд, барои бемориҳои мазкур нафъ дорад
Миқдори як бор хӯрдан аз гулқанди гули себ дар
як рӯз то 30 грамм аст.
Хуллас, бояд ки одамони гарммизоҷ себи турш ва
майхуши онро бихӯранд ва сардмизоҷон ширинашро
тановул намоянд. Касони балғамимизоҷ ширину тун-
ҷи онро бояд бихӯранд. Агар аз хӯрдани ин дар худ
вазнинӣ ҳис кунанд, бояд аз болои он оби хунук на-
нӯшанд, инчунин таоми турш тановул накунанд ва,
инак, то аз меъда фуромадани он ғизо истеъмол на-
фармоянд.
Себи бемазаро ба ҳеҷ кас раво нест, ки бихӯранд.

266. Хурмо

Ин самари машҳур ва маълум аст, инро ба мам-
лакати мо аз диёрҳои хориҷаи гармистон меоваранд.
Мизоҷи ин самар дар дараҷаи дуввум гарм ва дар
якум хушк аст.
610
Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо пурқув-
ват аст, аз он дар бадан хуни устувор пайдо меша-
вад; барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва мон-
дагӣ дармон мешавад; гурдаи лоғарро қавӣ мегардо-
над, баданро фарбеҳ мекунад, барои одамони сардми-
зоҷ қуввати боҳ мебахшад ва бемориҳои аз сардӣ ба-
амаломадаро нафъ дорад, дарди камарро дафъ месо-
зад, буғумҳои баданро мулоим мегардонад; барои узв-
ҳои даруни сина ва шуши сардмизоҷон мувофиқ ва
форам аст.
Хурморо дар об ҷӯшонида, он обро бо ҳулба биё-
шоманд, таби балғамиро дафъ мекунад, сангҳои гур-
да ва хичакро майда карда мерезонад; агар ин обро
бо биринҷи пухтагӣ бихӯранд, одамони лоғарро фар-
беҳ мегардонад.
Хурморо як шабонарӯз дар шири навдӯшида, ху-
сусан бо дорчинӣ тар карда, баъд бихӯранд ва аз бо-
лои он боз шири навдӯшида биёшоманд, боҳро қавӣ
мегардонад, лекин вазнин ва дерҳазм аст, дар узвҳои
бадан гиреҳҳо пайдо мекунад.
Хӯрдани ин барои одамони гарммизоҷ ва сокинони
сарзаминҳои гарм зарар дорад.
Одамони он диёр, ки дар онҳо хурмо намерӯяд,
набояд инро бисёр истеъмол фармоянд. Зеро дар ба-
дани онҳо хилти савдо пайдо мекунад, дар ҷигарашон
гиреҳро ба амал меоварад, таб мегиронад, хунро ме-
сӯзонад, ахлоти баданро бадбӯ месозад, дарди сар ме-
диҳад, дар даҳан ҷӯшиш пайдо мекунад, чашмро ба
дард меоварад, ба дарди дандон гирифтор менамояд.
Дар ин ҳолатҳо оби анор, сиканҷабин (сиркоасал),
равғанҳо ва бодоми ширин истеъмол намоянд, зиёнаш
ислоҳ меёбад. Инчунин баъди хурморо хӯрдан даҳан-
ро бо об бишӯянд, хуб аст.
Хуллас, агар хурморо гарммизоҷон бихӯранд, бе-
мориҳои зиёдеро ба амал меоварад, вале агар инро
сардмизоҷон бихӯранд, иллатҳои аз сардӣ ҳодисшу-
даро шифо мебахшад.
Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд,
сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Агар инро чун орд маҳин кӯфта, бихӯранд, исҳолро
мебандад ва ҳатто дарунро сахт мекунад
Агар донаки онро, яъне тухмашро сӯхта, ос карда,
ба решҳои хабиса (злокачественные язвы) бипошанд,
сиҳат мебахшад. Ин сӯхтан инро кӯфта, дар об шуста,
611
хушк карда, ба ҷароҳатҳои нав бипошанд, шифо ме-
бахшад ва инро чун сурма ба чашм кашанд, намегу-
зорад, ки мижаҳо бирезанд, шилпуқии чашмро ба иб-
ро меоварад, чашмро тез мекунад, захмҳои чашмро
дафъ мекунад ва худи чашмро сиёҳ мегардонад.

267. Тут

Ин меваи маълум аст, ки расидаи он сафеди ши-
рин мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
тар аст ва бисёр ширинаш то дараҷаи дуввум гарм
аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
дар бадан хуни солим пайдо мекунад, ба майнаи хушк
рутубат мебахшад, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушо-
яд, ҳоли бади ҷигар ва сипурзро ислоҳ мекунад, ба-
данро фарбеҳ мегардонад, боҳро меафзояд, чарбии
гурдаро қувват медиҳад, пешобро меронад, дарунро
мулоим менамояд, барои обила (нағзак) ва сурхича
(сурхакон) дору мешавад.
Баргашро ба пучак ва монанди ин решҳо гузошта
банданд, зуд онҳоро пазонида мекафонад.
35 грамм решаашро дар об ҷӯш дода он обро би-
нӯшанд, кирмҳои кадудонаро (солитёрро) аз шикам
хориҷ мекунад. Ҳамон миқдор решаашро дар 300
грамм об то чоряки об мондан биҷӯшонанд ва он об-
ро бо шакар ё бо асал биёшоманд, барои хафа шу-
дани гулӯ аз хӯрдани гиёҳи заҳрнок ва ё дигар заҳр-
хо, девонагӣ, зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои даруни
сина), дарди камар ва дарди пушт, ки аз ҷамъ шу-
дани хилти хом бошад, бағоят фоида дорад.
Агар баргашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд
хам, ҳамин навъ фоида дорад. Бо обе, ки дар он ре-
шаи тут ҷӯшонида шуда бошад, ғарғара кунанд, дар-
ди гулӯи хафакунанда ва ханозерро шифо мебахшад.
Инро кӯфта, гузошта банданд ҳам, ҳамин гуна асар
дорад. 28 грамм решаҳои борики онро дар об ҷӯшони-
да, 75 грамм анҷирро дар ним литр об то нисфи об
мондан биҷӯшонанд — баъд ҳар дуро якҷо карда, би-
нӯшанд, хилти савдоро бошиддат дафъ мекунад. Агар
решаи тутро дар об ҷӯшонида, он обро аз рӯ бире-
занд, дарди дандонро таскин ва варамҳои калонро
612
таҳлил медиҳад. Бо шилми тут даҳонро чайқонанд,
яъне шилми онро дар даҳан бигардонанд, дарди дан-
донро таскин медиҳад ва агар бимоланд, варамҳои бу-
зургро мегардонад.
Оби решаи тутро, ки аз чок кардани он таровиш
мекунад, 175 грамм гирифта, бо 25 грамм барги ток
ва барги анҷири сиёҳ ва бо каме оби борон дар зар-
фе андохта, гирди сарпӯшашро ба хамир гирифта, то
шашяки об мондан биҷӯшонанд ва баъд бо он мӯйро
бишӯянд, ранги пурқуввате мебошад барои сиёҳ кар-
дани он. Инчунин барги шоҳтут бо барги ток ва бар-
ги анҷири сиёҳ дар об ҷӯш хӯрда бошад, барои мӯй
ранг мешавад.
Барг ё пӯсти дарахти онро дар об ҷӯшонида, он
обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин ме-
диҳад. Инчунин шилми тутро низ бихоянд, ҳамин асар-
ро дорад.
Решаашро кӯфта, дар вақти ҳаммом кардан бо
сирко даромехта, ба шаро (аллергия)-и кӯҳна ва реш-
ҳои карахшдори раддӣ гузошта банданд, шифо мебах-
шад.
Баргашро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба
захмҳо ва сӯхтагии оташ бимоланд, нафъ дорад. Ва
агар инро батанҳоӣ кӯфта гузошта банданд, обила ва
решҳои аксари аъзои бадан ва инчунин қӯтури тару
хушкро дафъ мекунад.
Тути хомро кӯфта, бо сирко сиришта гузошта бан-
данд, кафидагӣ ва тарқидагии узвҳо, шароро ва ин-
чунин танҳо худашро кӯфта гузошта банданд, кафида-
гии миёни ангуштон ва пойро зуд ба ибро меоварад.
35 грамм оби барги тари тутро биёшоманд, заҳри
ҷонварони заҳрнок ва аз ҷумла заҳри ғундаро аз ба-
дан дафъ мекунад.

268. Шоҳтут

Мизоҷи самари шоҳтут дар дараҷаи дуввум сард
ва дар якум хушк аст, хушкиаш қабзиятноктар, яъне
гиранда ва бандкунандаи дарун ва ҷараёни модда-
ҳост.
Хислатҳои шифобахши он: агар самари расидаи
шоҳтутро бихӯранд, моддаҳои сахтшударо дар бадан
мулоим мегардонад, фишори баланди хунро паст ме-
кунад, хилти сафроро тит ва пароканда месозад, ва-
613
рамҳои гарммизоҷи ҳалқро мегардонад ва таҳлил ме-
диҳад, инчунин намегузорад, ки моддаҳои гарммизоҷи
бегона аз боло ба ҳалқ, забон ва дигар узвҳо рехта
шаванд, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро ба таом ме-
кушояд. Агар бо оби самари шоҳтут ғарғара кунанд
ё он обро дар даҳан гардонанд, решҳои раддӣ, ҷӯши-
ши даҳан ва обилаҳои он, варамҳои ҳалқ, ком ва за-
бонро дафъ мекунад. Агар ба оби ин оби коснӣ ва
оби кашниз ҳамроҳ карда ин амалро баҷо оваранд,
таъсираш қавитар мегардад.
Хӯрдани меваи шоҳтут захми рӯдаҳо, исҳолҳои гарм
ва хунинро шифо мебахшад. Хусусан хушки онро бо
оби кашнизи тар ва оби коснӣ бихӯранд, намегузорад,
ки моддаҳои зарарнок аз ҳар ҷоҳои бадан ба меъда
рехта шаванд.
Вале аз ҳад зиёд хӯрдани меваи шоҳтут ба узв-
ҳои даруни сина, шуш ва асаб зарар дорад. Дар ин
маврид асал ва оби анор ошомидан даркор аст, ки
зиёнаш ислоҳ ёбад.

269. Анҷир

Дарахти анҷир навъҳои бӯстонӣ ва кӯҳӣ дорад. Са-
мараш аз ҷиҳати намуд ду хел аст: зард ва сиёҳ, ки
ин ба ҳама маълум аст. Навъи сиёҳи онро анҷири шо-
мӣ мегӯянд. Агар қаламчаи шохи онро соате дар на-
макоб тар карда, баъд шинонанд, самараш ширин ме-
гардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари тару тозаашро
бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад, варамҳои до-
хилӣ ва моддаҳои ғафсгаштаро дар бадан таҳлил ме-
диҳад, меъда ва рӯдаҳоро аз ахлоти бегона пок ме-
кунад; барои иллатҳои саръ (припадка) ва фолиҷ
(шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ) фоида дорад;
ин ҳамчун ғизо назар ба дигар меваҳо қавитар аст,
зудтар аз меъда мефурояд, арақ меоварад, дарунро
мулоим мекунад, ҳарорати бадан ва ташнагиро таскин
медиҳад, қуввати ғазабнокиро мешиканад, ба дил сал-
қинӣ мебахшад. Агар чил пагоҳ дар хӯрдани ин му-
довамат намоянд, баданро фарбеҳ мекунад; барои ил-
латҳои дилтапак (дилбозӣ), дамкӯтаҳӣ, сурфа, дарди
узвҳои даруни сина ва давалии қасабаи шуш даво
614
мебошад, ҷигарро қувват медиҳад; гиреҳ ва варами
сипурз, бавосир, лоғарии гурда, душвории шошидан
ва чакмезакро дафъ мекунад, варам ва пучакҳоро ме-
пазонад. Агар анҷирро бо мағзи бодом ва мағзи пис-
та бихӯранд, барои одамони заифбадан мувофиқ аст—
ҳоли бадани онҳоро ислоҳ мекунад, ақлро зиёда ме-
гардонад, майнаро пур месозад. Ва агар бо мағзи чор-
мағз бихӯранд, аз газанди заҳрҳои қаттол амон мемо-
нанд. Ҳангоме ки анҷирро ба дили наҳор бихӯранд,
роҳҳои ғизоро кушода мегардонад ва баданро фарбеҳ
мекунад. Агар анҷирро пеш аз таом бихӯранд, дарун-
ро мулоим менамояд. Вале баъд аз хӯрдани анҷир ҳо-
лати ногуворе ҳис кунанд, зуд аз болояш сиканҷабин
(сиркоасал) бинӯшанд, газандашро ислоҳ медиҳад.
Мизоҷи анҷири хушк дар дараҷаи дуввум гарм ва
дар якум тар аст. Вале ин дар бобати шифобахшӣ за-
ифтар аз тару тозаи он мебошад. Агар инро бихӯранд,
ташнагӣ меоварад, ҳазмаш душвор, вале дарунро му-
лоим мегардонад, моддаҳои бадбӯйро ба тарафи пӯст
меронад. Инак, агар инро бисёр бихӯранд, дар бадан
шапуш пайдо мекунад, бо вуҷуди ин барои иллатҳои
фолиҷ, аз моддаҳои тармизоҷ баамаломада, барои ода-
мони сардмизоҷ, дарди пушт, чакмезак нафъ дорад.
Азбаски анҷири хушк гурдаро гарм мегардонад, пас
олати мардиро ба ҳаракат меоварад.
Анҷири тар ва хушкашро бихӯранд, ҳам барои
саръ (припадка) ва қувват бахшидани майна дору
мешавад.
Анҷири хушкро кӯфта бипошанд, реш ва захмҳои
сарро хушк намуда, сиҳат мебахшад.
Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро биши-
кананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд.
Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимо-
ланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он аф-
тодаро, ки чашмро торик мекунад,, дафъ менамояд; ин-
чунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва
дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам дафъ мегардонад;
агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд,
ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм
бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат ме-
бахшад.
Анҷирро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара ку-
нанд, варами мушакҳои забон ва қасабаи шушро таҳ-
лил медиҳад.
615
Анҷирро бо ҳулба ва асал биҷӯшонанд ба дараҷае,
ки қивомаш лесиданбоб гардад, баъд онро лесида би-
хӯранд, барои пок кардани узвҳои даруни сина ва
шуш дармон мегардад.
Анҷирро бо мағзи чормағз бихӯранд, қулинҷро, ки
дард ва варами рӯдаи ғафс аст, таҳлил медиҳад ва
касонеро, ки дарунашон хушк ояд, даруни онҳоро му-
лоим мегардонад.
Анҷирро дар об ҷӯшонида, бо он об, ки ширгарм бо-
шад, ҳуқна (клизма) кунанд, дарди рӯдаҳоро дафъ
мекунад.
Чун анҷирро дар сиркои тунди ангурӣ нӯҳ рӯз тар
карда, баъд ҳар рӯз панҷ адади онро бо камтари он
сирко биёшоманд, варами сипурзро таҳлил медиҳад.
Анҷири хомро дар сирко парварда, яъне як шабона-
рӯз дар он тар карда бихӯранд, низ чунин таъсирро
дорад.
Анҷир ва мағзи чормағз — аз ҳар ду баробармиқ-
дор гирифта, кӯфта, ҳар рӯз аз ин 90 грамм бихӯранд,
боҳ ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад, дарунро
меронад, инчунин барои газидани каждум ва дигар
заҳрҳо тарёқ мешавад.
Аз анҷир шарбат тайёр карда биёшоманд, сурфаи
кӯҳнаро дафъ мекунад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан
мекушояд; гурда ва хичакро аз чизҳои бегона пок ме-
кунад.
Анҷири кӯҳӣ (саҳроӣ) дар ҳама бобат аз анҷири
боғӣ қавитар аст.
Самари инро пухта, батанҳоӣ кӯфта ё бо орди ган-
дум, ё бо орди ҷав, ё бо решаи савсани кӯҳӣ хамир
карда гузошта банданд, варамҳои баногӯш ва дигар
варамҳои сахтро ва инчунин ханозерро таҳлил меди-
ҳад; озахҳоро хушк карда мерезонад, асаби шахшуда-
ро мулоим мекунад; хол ва доғҳои сиёҳи пӯст, инчу-
нин доғи сафеди пӯстро дафъ менамояд; дарди бу-
ғумҳо, ниқрис (подагра)-ро ба ибро меоварад.
Агар инро бо хамири расида ё бо хамиртуруш си-
ришта гузошта банданд, пучакҳоро мепазонад; агар бо
зоки кӯфтагӣ сиришта гузошта банданд, захмҳои соқи
поро, ки зардоб аз онҳо равон бошад, шифо мебах-
шад; бо кӯфтаи пӯсти анор сиришта гузошта бан-
данд, барои милкаки нохун дору мешавад. Оберо, ки
дар он анҷири кӯҳӣ ҷӯшонида шуда бошад, бо шаро-
бе, ки орди ҷав ва талхшувоқро кӯфта, дар он дохил
616
карда бошанд, даромехта, ба абни (калон шудан ва
варам кардану бод гирифтани меъда) гузошта бан-
данд, шифо мебахшад.
Пухтаи онро бо орди ҷав хамир карда гармбандӣ
кунанд, дардҳои гуногунро таскин медиҳад. Ин анҷир-
ро кӯфта, бо равғани зайтун хамир сохта, ба дандон
бимоланд, дандонро сафед мекунад, милки дандонро
сахт ва қавӣ мегардонад ва рафтани хунро аз он қатъ
месозад.
Агар кӯфтаи ин анҷирро ба захмҳо бипошанд, он-
ҳоро аз рим пок мекунад. Ва агар инро ба доғҳои пӯст
гузошта банданд, онҳоро дафъ мекунад. Агар инро би-
хӯранд, исҳоли хунинро мебандад.
Анҷири кӯҳиро бо мумравғани зайтуни хамир сох-
та гузошта банданд, аз сармо кафидани узвҳоро ис-
лоҳ менамояд; бо сирко ва зардаи тухми мурғ хами-
ра сохта, гарм карда гузошта банданд, бемориҳои
мақъадро шифо мебахшад.
Сӯхтаи онро бо асал даромехта, латтаи пашминро
ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, реш ва захм-
ҳои бачадонро пок, рутубати мурдор ва хунравии он-
ро қатъ мекунад.
Мизоҷи анҷири хом ба сардӣ моил аст.
Инро пухта гузошта банданд, ханозерро таҳлил ме-
диҳад, асаби шахшударо мулоим мегардонад: бо сир-
ко ва намак сиришта гузошта банданд решҳои тар-
ро шифо мебахшад; бо асал сиришта гузошта бан-
данд, барои газидани саги девона даво мешавад. Пух-
таи онро бо барги кӯкнор кӯфта бимоланд, резаҳои
устухони шикастаро аз даруни узвҳо берун меоварад.
Як-ду дона анҷири хомро бо гӯште, ки бисёр сахт
бошад, бипазанд, зуд муҳарро месозад.
Шири анҷирро ба чашм бикашанд, оберо, ки ба
даруни гавҳараки чашм фуромада бошад, дафъ меку-
над. Чун пахтаро ба шири анҷир тар карда, ба зери
дандони дардманд бигузоранд ё дар сӯрохи дандони
кирмхӯрда ҷо кунанд, дардашро таскин медиҳад. Агар
онро бо мағзи бодоми ширин якҷо кӯфта бихӯранд,
дарунро мулоим мекунад ва сахтии бачадонро, ки ха-
тарнок бошад, дафъ менамояд. Агар инро бо равған
даромехта, ба озахҳо гузошта банданд, онҳоро хушк
карда мерезонад; бо ҳулбаи хушк хамир сохта гузош-
та банданд, барои ниқрис, ки варам ва дарди ангуш-
тони дасту поҳо мебошад, даво мешавад; бо орди ҷав
617
сиришта гузошта банданд, қӯтури тар ва хушкро аз
пӯст пок мекунад, инчунин шукуфаи пуст, доғи кунҷи-
дак ва доғи сафеди пӯстро дафъ месозад. Агар худаш-
ро батанҳоӣ бимоланд, газидани занбӯр ва дигар ҷон-
варонро (аз ҷумла газидани саги девонаро) шифо ме-
бахшад, доғҳои пӯстро пок мекунад ва гӯшти ҳаромро
аз решҳо нест месозад.
Барги тари анҷирро кӯфта, ба ҷароҳатҳо гузошта
гузошта банданд, рехтани пӯсти баданро ба ислоҳ ме-
оварад. Агар барги анҷирро пухта гузошта банданд,
устухони зарбхӯрдаро ба ислоҳ меоварад. Барги ан-
ҷирро кӯфта, бо об чун атола таркиб дода, ба сар
бимоланд, рехтани мӯйро манъ мекунад.
Усораи барги он, яъне оби барги онро дар офтоб
ғафс гардонанд, мизоҷаш бисёр гарм аст пӯстро зах-
мин мекунад. Агар инро гузошта банданд, даҳани раг-
ҳои мақъадро мекушояд, озахҳоро хушк мекунад, хол-
ҳоро дафъ месозад.
Анҷирро бисёр бихӯранд, ба ҷигар ва меъдаи за-
иф зарар дорад, хусусан дар тари он ин хислат беш-
тар аст, инчунин ба дандонҳо ҳам зиёнкор аст. Агар
хушкаш зарар кунад, чормағз ва кокутӣ бихӯранд,
зиёнаш ислоҳ меёбад ва агар тараш зиён кунад, си-
канҷабин ва оби ревоч бинӯшанд, дафъи зарари он ме-
намояд.

270. Сир

Ин пиёзакест, ки онро саримсоқ низ меноманд ва
ба забони русӣ чеснок мехонанд. Сир навъҳои бӯсто-
нӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Бӯстониаш низ ду қисм ме-
бошад: якеаш бисёрдандона ва дигараш фақат як-
лухт мебошад. Қисми саҳроияш ба қадри пиёзи кӯчак
ва якдандона аст. Навъи кӯҳиаш низ яклухт аст. Беҳ-
тарини ҳамаи ин навъи бӯстонии бисёрдандонаи он
аст.
Мизоҷи сир дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Мизоҷи саҳроияш дар дараҷаи чорум гарм ва хушк
мебошад, ки истеъмоли ин ба дарун раво нест.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии ин:
таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафс ва варамҳо, поккунан-
да аз ахлоти носара, кушояндаи гиреҳҳо, хушккунан-
даи рутубатҳои нодаркори буғумҳо ва меъда, рақиқ-
618
кунандаи хуни ғафс, равонандаи пешоб, ҳайз ва арақ,
бар зидди заҳрҳо ва заҳролудшавӣ тарёқ аст.
Агар инро ба мизоҷ, фаслҳои сол ва миқдори эъти-
дол риоя карда бихӯранд, саломатии мизоҷи баданро
нигоҳ медорад, зарари обҳои гуногун ва ҳавои вабои-
ро дафъ мекунад, хусусан бо сирко бихӯранд, феълҳои
номбурдааш боз ҳам қавитар мегардад, инчунин ҳалқ-
ро пок ва овозро равшан мегардонад; дамкӯтаҳӣ, зиқ-
ун-нафас (астма), фаромӯшхотирӣ, фолиҷ (шал шу-
дани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, лар-
зак, аксари бемориҳои асабонӣ, дарди буғумҳо, ирқун-
насо (радикулит), ниқрис (подагра), дарди сурин ва
монанди инҳоро шифо мебахшад; ахлоти ғафсро тит
ва пароканда мекунад, бемориҳои сипурзро бартараф
менамояд; бодҳои тиҳигоҳ (холияки паҳлу) ва қулин-
ҷи бодиро, ки ин дарди дар узвҳои бадан даврзананда
аст, дафъ месозад, зулуки дар ҳалқ часпидаро канда
бармеоварад, ҳамаи кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро, ҳат-
то кирми кадудонаро (солитёрро) ҳам хориҷ меку-
над. Агар инро одамони тармизоҷ бихӯранд, қуввати
боҳ (пушти камар) мебахшад, манӣ пайдо мекунад,
вале агар гарммизоҷон бихӯранд, мании онҳоро хушк
мегардонад, ташнагӣ меоварад.
Сирро ба шартҳои дар боло гузошташуда риоя кар-
да бихӯранд, барои табҳои кӯҳна, захмҳои шуш ва
дарди меъда даво мешавад ва ташнагиро, ки сабабаш
бисёрии балғам ва гиреҳи мосорико бошад, дафъ ме-
гардонад. (Мосориқо мӯрагҳое мебошанд, ки бо во-
ситаи онҳо ғизои ҳазмёфта аз рӯдаҳо ба ҷигар кашида
мешавад). Инчунин хӯрдани сир чакмезакро шифо ме-
диҳад, ранги рухсорро неку мегардонад, ғизоҳои бад-
ҳазмро латиф менамояд, варамҳоро таҳлил медиҳад,
сангҳои гурдаро майда карда мерезонад, азияти гази-
дани мор ва дигар ҷонваронро дафъ мекунад, барои
саги девонагазида даво мешавад, шиддати заҳри ғун-
даро мешиканад. Агар инро бо шароб биёшоманд, заҳ-
ри афъиро ҳам дар бадан безиён менамояд. Сирро бар-
давом истеъмол намоянд, мӯйи сафедро резонида, ба
ҷояш мӯйи сиёҳ мерӯёнад. Агар инро бо анҷир ва мағ-
зи чормағз бихӯранд, аз подзаҳр (доруи заҳр) қави-
тар мегардад.
Сирро бо зира ва барги санавбар пухта бихӯранд,
дандонро мустаҳкам мекунад; агар бо шири гӯсфанд
пухта, баъд бо равғани гов бирён карда, бо асал ши-
619
рин намуда, яъне ҳалво сохта бихӯранд, барои ба ҳа-
ракат овардани олати мардӣ ва боҳ давои бемисл аст.
Вале сирро дар фасли гармо, аз ҳад зиёд, одамони
гарммизоҷ ва касони дорои мизоҷи хушк бихӯранд, за-
рар мекунад, дарди сар медиҳад, хунро месӯзонад, ин-
чунин ба чашм, шуш, бавосир ва занони ҳомила зиён
мекунад ва касоне, ки исҳол дошта бошанд, бадтар
мекунад, барои ханозер низ зиёнкор аст, дар бадан
сафрои бисёр тезро пайдо мекунад, боҳро суст мегар-
донад, бемориҳои гуногунро бармеангезад.
Агар сирро дар об пухта, бо камтар намак ва бо
андак равғани бодоми ширин ва ё равғани маска изо-
фа карда бихӯранд, зарар намерасонад. Инчунин инро
бо кашниз, сиканҷабин, оби анори майхуш ва монанди
инҳо бихӯранд, дафъи зарар мекунанд.
Обашро ба чашм кашанд, сиёҳии таги чашмро ис-
лоҳ мекунад. Сирро дар сирко парварда, яъне як ша-
бонарӯз дар он тар карда, баъд бо он сирко ғарғара
кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро канда берун мео-
варад, забҳаро шифо мебахшад. (Забҳа—дарди гу-
лӯи шадид, ки аз ҷамъ шудани хун дар ҳалқ ба амал
меояд).
Сирро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна
(клизма) кунанд, ирқуннасоро шифо мебахшад.
Сирро дар хамир ё дар гил печонида, дар зери
оташ пухта, ба дандон бимоланд, дарди онро, ки са-
бабаш ҷамъ шудани бод ё рутубат бошад, таскин ме-
диҳад.
Инро кӯфта, бо асал сиришта, ба обила ва донача-
ҳои пӯст, шукуфаи пӯст, решҳои тари сар, сабӯсаки
сар, доғи сафеди пӯст ва қӯтур бимоланд, шифо ме-
бахшад, лекин пӯстро захмин ё реш мекунад. Бо асал
ва сирко сиришта бардавом бимоланд, зардоби ҷамъ-
шуда ва умуман варамҳои баданро таҳлил медиҳад.
Сирро бо шир пухта, хамир сохта гузошта банданд,
дубайла (кӯряра) ва пучакҳоро мекафонад. Агар ин-
ро сӯхта, сойида, бо асал хамир карда гузошта бан-
данд, хуни шахшудаи зери пилки чашмро дафъ меку-
над.
Инро дар равған бирён карда бихӯранд ва ин си-
ри пухтаро бо ҳамон равған сиришта бимоланд, захм-
ҳои обдори сарро дафъ мекунад.
Равғанеро, ки дар он чанд бор сир ҷӯшонида шуда
бошад, бимоланд, инчунин бихӯранд, хуни дар ҷоҳои
620
дури бадан шахшударо мегудозад, аз хунукӣ кафида-
ни пӯстро шифо мебахшад; барои дарди буғумҳо, қу-
линҷи балғамӣ, яъне дарди рӯдаи ғафс аз зиёд гаш-
тани балғам ва аз ахлоти часпак харошида шудани
сатҳи даруни рӯдаҳо даво мешавад.
Хокистари сирро бо асал хамир карда бимоланд,
барои доғи пес ва доғи сафеди пӯст даво мебошад,
инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва
риш мӯй мерӯёнад, хуни дар таги пӯст хобидаро ис-
лоҳ медиҳад ва қӯтури пӯстро шифо мебахшад.
Барг ва пояи онро дар об ҷӯшонида, дар он об то
ноф даромада нишинанд, ҳайз ва пешоби бандшударо
мекушояд, яъне равон мекунад, инчунин ҳамроҳаки
(ёраки) тифлро хориҷ месозад.
Сири хомро бо навшодир якҷо кӯфта, ба доғи пес
ва доғи сафеди пӯст бимоланд, даво мебошад; агар
бо зифт сиришта бимоланд, милкаки нохунро сиҳат
мебахшад, инчунин дағалӣ ва каҷии нохунро ислоҳ
мекунад.
Дар чанд ҷо қайд гардидааст, ки агар гирифтори
иллати фолиҷ рӯзи аввал як дандона, рӯзи дуввум
ду дандона, рӯзи саввум се дандона ва ҳамин тариқ
рӯзе якдандонагӣ зиёд карда, дар рӯзи чилум чил дан-
дона бихӯранд ва аз рӯзи чилу якум якдандонагӣ кам-
кунон дар рӯзи ҳаштодум як дандона хӯрда, ба анҷом
расонанд, аз бемории фолиҷ наҷот хоҳад ёфт ва ба да-
вои дигар эҳтиёҷ нест.

271. Чой

Шифодории чойро аввалин бор дар Хитой кашф
карданд ва баъд ин растании аҷиб ба дигар мамла-
катҳо паҳн гаштааст.
Инро бояд хотиррасон намоем, ки тариқи аввали-
ни шинохтани чой аз мамлакати Хитой ибтидо ёфта-
аст. Подшоҳи мулки Хитой ба яке аз наздикони дар-
бори худ дарғазаб гашта, ӯро аз мулки худ бадарға
менамояд. Бадарғашуда аз тай намудани дашту саҳ-
роҳои бешумор бемор мегардад. Рӯзе ӯ дар миёни кӯҳ-
сор гурусна монда, барои хӯрдани гиёҳе майл меку-
над. Иттифоқан аз хӯрдани ин сиҳат меёбад, ранги
баданаш нуронӣ мегардад ва худаш қувват мегирад
Баъд вай ба пойтахт баргашта, ҳодисаро ба яке аз
наздикони шоҳ арз медорад. Подшоҳ аз ин воқифгаш-
621
та фармуд, ки он мардро наздаш ҳозир намоянд. Чу-
нин карданд. Подшоҳ чеҳраи дилкаши ӯро дида ҳай-
рон шуд ва пурсид: чун кардӣ? Он мард ҳодисаро як-
як нақл намуд. Шоҳ табибони худро фармуд, то ки он
гиёҳро биёваранд ва озмун намуда, хислатҳои шифо-
бахши онро муайян кунанд. Инак, хислатҳои чой кашф
гардид.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Баъзеҳо мизоҷи инро сард медонанд. Ҳар ду ҷониб
ҳам ба таври худ ҳақ аст. Зеро чойи кабуд дар мизоҷ
сард ва хушк аст ва мизоҷи чойи сиёҳ гарм ва хушк
мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: нӯшидани чойи сиёҳ қув-
вати бисёр мебахшад. Арвоҳро, яъне рӯҳи ҳайвониро,
ки қуввате вобаста ба дил аст, рӯҳи нафсониро, ки
қуввате вобаста ба феъли майна аст ва рӯҳи табииро,
ки қуввате вобаста ба ҷигар аст — ҳар серо қавӣ ме-
гардонад; меъдаро мустаҳкам менамояд, боҳро меаф-
зояд; касеро, ки оруғаш боднок ё дуднок бошад, ба
ислоҳ меоварад, нишот мебахшад, моддаҳои балғами-
ро пароканда месозад, гиреҳҳоро мекушояд; ахлоти
зарарнокро пазонида, рақиқ (суюқ) намуда, барои
дафъ шудан муҳайё мегардонад, арақ меоварад, пе-
шобро меронад, ташнагиро таскин медиҳад. Агар чойи
кабуд бинӯшанд, дарди сари аз гармӣ содиршударо ва
агар чойи сиёҳ бинӯшанд, дарди сари аз хунукӣ ҳо-
дисшударо таскин медиҳад, тафси меъдаро паст меку-
над. Умуман нӯшидани чой хунро соф мегардонад,
ранги рӯйро неку месозад ва мадад мерасонад, ки да-
воҳои истеъмолгашта ба қаъри меъда ва ҷоҳои дури
бадан бирасанд, меъда ва мағзи сарро аз олойишҳо пок
мегардонад; барои дур кардани бӯйи бади даҳан, бӯйи
шароб, бӯйи сир, бӯйи пиёз ва ғайра давои хубест; ба-
рои иллати дилтапак (дилбозӣ) ва бемориҳои дигари
дил, пок намудани даруни рагҳои дил ва инчунин ба-
рои ҷило додани даруни дигар рагҳои бадан, ки хун-
гузар бошанд, даво мебошад; иллати ростнафасро ба
ибро меоварад (ростнафас — бемориест, ки гирифто-
раш сари худро боло дошта, нишаста ва рост истода
нафас гирифта метавонад, вале хоб карда нафас ги-
рифта наметавонад); рӯҳро чоқ ва ғамро дур мекунад;
барои бемориҳои зардпарвин, сустии ҷигар, ки ба дас-
ту поҳо ва рӯ варам меоварад, истисқо (водянка), бе-
мориҳои гуногуни аз гиреҳҳо ба судур омада, бавосир,
622
банд шудани пешоб, чакмезак ва сустии гурдаро, ки
аз сардӣ бошад, камоли ёрӣ мерасонад.
Агар чойро дар камтар об ҷӯшонида гузошта бан-
данд, варамҳои сахтро таҳлил ва дарди бавосирро тас-
кин медиҳад. Оберо, ки дар он чой ҷӯшонида шуда бо-
шад, кам-кам ва бардавом бирезанд, арақ меоварад
ва ба сар бирезанд, хоб меоварад.
Дар вақти нӯшидани чой аз он андак талхӣ ва
тунҷӣ дарёфт мегардад. Барои дафъ кардани ин таъ-
ми ногувори он ё қанд (шакар), ё набот дар он меан-
дозанд, ё шири ҷӯшонидашуда илова мекунанд, ки чой-
ро набояд бе ширинӣ истеъмол намоянд.
Ҳеҷ вақт чойро ба дили наҳор наменӯшанд. Агар
одамони гарммизоҷ бардавом чойи сиёҳро ба дили на-
ҳор бинӯшанд, ба иллатҳои гарм гирифтор мекунад,
вале агар одамони сардмизоҷ ба дили наҳор чойро
бардавом бинӯшанд, дар онҳо бемориҳои сардмизоҷро
ба амал меоварад.
Аммо касоне, ки дар меъдаашон ахлоти мурдори
бадфиол ва часпак дошта бошанд ва аз онҳо дар худ
гаронӣ эҳсос намоянд, оруғи бухорнок гардонанд ё бод
пайдо шуда бошад, чойро ба дили наҳор нӯшидан ал-
батта фоида дорад.
Чойро аз болои таом бинӯшанд, ҳазми онро мете-
зонад.
Агар чойро бо решаи ревоч дар об якҷо ҷӯшонида,
он обро бинӯшанд, моддаи сафро ва балғами часпак-
ро ихроҷ мекунад.
Ба чой бунафша ё сунбул, решаи бепӯсти ширин-
бия, ё гули гулихайрӣ, ё бобуна, ё сано ҳамроҳ наму-
да, дар об ҷӯшонида, соф намуда, бо шакар ширин
сохта ва камтар равғани гулисурх андохта, нимгарм бо
он об ҳуқна (клизма) кунанд, рӯдаҳоро аз моддаҳои
часпаки сардмизоҷ пок мегардонад. Он чӣ ин ҷо баён
кардем, ин усули чойнӯшии аврупоиён аст.
Чойро дам карда бинӯшанд, хеле қувват мебахшад,
боҳ ва меъдаро мустаҳкам мекунад ва олати мардиро
ба ҳаракат меоварад. Барои зиёдтар зоҳир кардани ин
гуна хислатҳояш ин тавр таркиб месозанд: чойи навъи
аъло, дорчинии кӯфтагӣ, хусят-ус-саълаби мисрӣ — аз
ҳар як 1,75 грамм; асғанди ногӯрӣ, кабобаи чинӣ —аз
ҳар як 0,887 грамм — ҳамаро кӯфта, бехта, дар об ҷӯ-
шонида, камтар анбари дуранг дар он ҳал карда, бо
набот ширин гардонида, нимгарм менӯшанд. Агар ба
623
ин таркиб панҷ дона қаранфули гардан ҳам дохил
намоянд, беҳтар мешавад. Яке аз ин намуд таркибро
дар Япония тайёр мекунанд, ки ин чойнӯшӣ вирди за-
бони аҳли тамоми дунё гаштааст.

Ба мундариҷа


error: Content is protected !!