Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 255-263


255. Бӯстонафрӯз

256. Пиёз

257. Харбуза

258. Тарбуз

259. Чилмангӯштак

260. Матинҷ

261. Балут

262. Кирмрезонак

263. Бунафша

255. Бӯстонафрӯз

Инро тоҷикон гули тоҷи хурӯс низ мегӯянд. Ин гу-
ли маълум аст бо намудҳои гуногун.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он хунук ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби гиёҳи тари инро ги-
рифта, 35 грамм аз он бинӯшанд ё онро дар об ҷӯшо-
нида, он обро бардавом бо сиканҷабин (сиркоасал)
бинӯшанд, ҳарорати баланди меъда ва ҷигарро паст
мегардонад, инчунин гиреҳи сипурзро мекушояд.
Гиёҳаш ҳангоми истеъмол ба дарун дерҳазм ва
душвор ҳазм мегардад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби таргиёҳи он то 35
грамм аст.
Агар тухмашро бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар
инро кӯфта, дар 300 грамм шир тар карда, шаб дар
моҳтоб бигузоранду субҳ онро бинӯшанд ва чанд рӯз
589
ҳамин тавр мудовамат намоянд, барои сӯзиши пешоб
(сӯзок) ва омадани хун дар пешоб давои аҷибест.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз то
9 грамм аст.

256. Пиёз

Ин навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Саҳроияш
дар чашмасорҳо, кӯҳҳо бисёр месабзад, таъми барг
ва бӯйи он монанди пиёзи зироатӣ аст. Вале қуввати ин
назар ба бӯстонӣ зиёдтар мебошад. Пиёзи зироатӣ,
яъне навъи бӯстонии ин сафед, сурх ва зард мешавад.
Беҳтарини ҳамаи ин сафед, калон ва обдори он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳо-
ро мекушояд, иштиҳоро ба таом зиёд месозад ва боҳ-
ро қавӣ мегардонад. Хусусан агар инро бо гӯшти рав-
ғандор пухта бихӯранд, зарари ҳавои вабоӣ ва тоунро
(чумаро) дафъ мекунад. Хӯрдани хоми он бо нон ҳан-
гоми сафар кардан аз як маҳал ба маҳалли дигар ва
ё минтақаҳои дигар фоида дорад, инчунин зарари об-
ҳои мухталифро ба ислоҳ меоварад. Агар хоми онро
бо нон бихӯранд, ҳайз ва пешобро равон мекунад,
сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Инро дар об муҳарро пухта бихӯранд, дарунро му-
лоим мегардонад ва оруғи туршро басанда месозад, ё
ки инро бо чарбӣ ва дунба пухта бихӯранд, узвҳои да-
руни сина ва шушро аз ахлоти часпак пок мекунад.
Ва агар инро бо сирко пухта бихӯранд ё дар сирко як
шабонарӯз таркардаи онро биёшоманд, барои зард-
парвин ва иллатҳои сипурз даво мешавад, иштиҳоро
ба таом бармеангезад; узвҳои ҳозимаро ки иборат аз
меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, қувват ме-
бахшад; беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки сабабаш
зиёд гаштани сафро ва балғам дар меъда бошад,
манъ менамояд. Агар танҳо худашро бихӯранд, зара-
ри ҳавоҳои мурдорро нест ва газанди заҳрро дафъ
мекунад.
Се рӯз пайи ҳам 200-граммӣ оби пиёзро бинӯшанд,
зарари саги девона газидаро дафъ менамояд.
Оби пиёзро баъди пок кардани бадан бо воситаи
танқия аз моддаҳои бегона, дар чашм чаконанд, обра-
вӣ, хориш ва қӯтури чашмро шифо мебахшад ва ба
даруни гавҳараки чашм фуромадани зардобро дар
590
давраи ибтидо бошад, дафъ мекунад; агар инро бо
асал даромехта дар чашм чаконанд, гули дар он аф-
тода ва реши чашмро дафъ месозад, чашми заифро
қувват мебахшад ва инчунин дар натиҷаи зиёд гаш-
тани рутубат ва моддаҳои ғализ хира гаштани чашм-
ро ба ибро меоварад.
Оби пиёзро дар бинӣ бирезанд, майнаро аз модда-
ҳои бегона пок мекунад. Агар инро бибӯянд, зарари
ҳавои вабоиро дафъ месозад, вайронии ҳаворо ислоҳ
менамояд, гиреҳи мағзи сарро мекушояд ва бухорҳои
дар мағзи сар ҷамъшударо таҳлил медиҳад. Агар оби
инро нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ
мекунад, даруни ин узвро аз чирк пок мегардонад ва
бодҳои даруни гӯшро, ки ҷарангҳои гуногунро дар
гӯш ба амал меоваранд, пароканда менамояд. Агар
оби инро ба ком бимоланд ё бо он ғарғара кунанд,
дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ шудани балғам дар
рагҳои ҳалқ бошад, фоида дорад.
Оби пиёзро аз 45 то 90 грамм дар ҳолати дард
кардан бинӯшанд, заҳри газидаи каждумро дафъ ме-
кунад ё кӯфта ба ҷойи газидааш гузошта банданд низ,
ҳатман нафъ дорад. Агар худи пиёзро кӯфта гузошта
банданд, хунро кашида ба беруни пӯст бармеоварад,
ранги рухсорро неку мегардонад. Агар кӯфтаи пиёзро
бо асал, борут ва намак даромехта, ба доғи пес, озах-
ҳо, доғи кунҷидак, решҳои рутубаташон асалмонанд
гузошта банданд, ҳамаи инро аз пӯсти бадан дафъ ме-
кунад; агар бо мӯйи кӯфтаи одамӣ даромехта гузошта
банданд, захми саги девона газидаро шифо мебах-
шад. Инро бо анҷир якҷо кӯфта гузошта банданд, ба-
рои газидани каждум ва занбӯр даво мешавад.
Пиёзро пухта батанҳоӣ ва ё бо давоҳои пазонандаи
решҳо, масалан, барги гулихайрӣ ва ғайра даромехта
гузошта банданд, варамҳои сардро мепазонад; бо зар-
даи тухми мурғ ё равғани тоза (нав) ё бо чарбӣ си-
ришта гузошта банданд, дарди мақъад, хориш ва ва-
рами онро дафъ мекунад; бо равғани кӯҳони шутур
хамир карда гузошта банданд, ҷингак шудани узвҳо
ва кафидани даҳани мақъадро даво мешавад, бавосир
ва исҳолро фоида дорад ва агар бо равғани зайтун
хамир карда гузошта банданд, нохуни каҷро ислоҳ ме-
кунад, яъне нохуни солим мерӯёнад.
Пиёзро аз пӯст пок карда, дар равғани зайтун ғӯ-
тонида, баъд онро дар мақъад бардоранд, хуни банд-
591
шудаи бавосирро ҷорӣ мекунад. Пиёзи пухтагиро бо
мумравған, ки бо равғани мурғ тайёр карда бошад,
хамир карда гузошта банданд, решҳои аз кафшу мӯза
баамаломадаи пойро шифо мебахшад.
Пӯсти пиёзро сӯхта, бо мӯйи сӯхтагӣ даромехта, ба
решҳои хӯранда бипошанд ё бимоланд, шифо мебах-
шад.
Хӯрдани пиёз баъзан ба одамони гарммизоҷ зарар
дорад, инчунин агар хомашро бисёр бихӯранд, фа-
ромӯшхотир, лисарғус (летаргия) ва бодҳои ғализро
пайдо мекунад, дар бофти меъда моддаҳои ғализро
пайдо менамояд, дар одамони гарммизоҷ ташнагӣ ме-
оварад, дарди сар медиҳад. Ва одамони гарммизоҷ пи-
ёзи хомро варақ-варақ карда, дар об шуста, бо намак
ва сирко бихӯранд, зиёнаш ислоҳ мегардад
Чун гӯшт, сабзавот ва донинаи бадбӯйи заҳролуд-
гаштаро бо пиёз бипазанд ё бо пиёзи резакарда дар
равған бирён намоянд, зарари онҳоро дафъ менамояд
ва лазиз мегардад.
Мизоҷи тухми пиёз дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст.
Инро бихӯранд, қуввати боҳро бармеангезад ва
агар инро кӯфта гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-
гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғи са-
феди пӯстро дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми пиёз дар як рӯз
4,5 грамм аст.
Тухми пиёзро дар рӯйи ахгар пошида, ба дудаш би-
доранду сарро бо кампал ё бо кӯрпа печонанд, кирми
дандонро мерезонад.

257. Харбуза

Ин самари маълум аст ва навъҳои бешумор дорад.
Харбуза ҳарчанд ширинтар ва гуворотар бошад, хуб-
тар аст ва ҳарчанд шахшӯлтар ва бемазатар бошад,
барои табобат бад аст.
Мизоҷи харбузаи миёнаҳол дар гармӣ ва сардӣ
мӯътадил аст, вале тариаш дар дараҷаи дуввум мебо-
шад. Ширини он дар охири дараҷаи дуввум гарм.
Вале мизоҷи ҳандалак дар гармиву тарӣ мӯътадил
аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани харбуза дарун-
ро пок мегардонад, зуд таъсиркунанда аст, майнаро
591
аз рутубат таъмин мекунад, баданро фарбеҳ мегар-
донад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд; барои иллатҳои
истисқо (водянка) ва зардпарвин фоида дорад, хусу-
сан дар гармаки он ин хислат зиёдтар аст; инчунин
шири занҳо, пешоб ва арақро равон мекунад, сангҳои
гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Ҳангоми
хӯрдани ин дар бадан кадом хилт, ки бисёр бошад,
ин ҳам ба ҳамон модда ҳамроҳ мегардад ва табдил
меёбад. Ва агар дар одамоне, ки фишори хунашон ба-
ланд ва моддаи сафро дар бадани онҳо зиёд бошад,
дарди чашм пайдо мекунад, инчунин дар касони гарм-
мизоҷ низ чунин аст. Агар инро бисёр ва бардавом
бихӯранд, ҳар чӣ аз ахлоти мавҷуда дар меъда бар
он бирасад, шуста мебарад, ҳоли бади гурдаро ислоҳ
мекунад, захмҳои ботиниро шифо мебахшад, шикамро
мулоим менамояд ва баъзан дарди сар ҳам медиҳад.
Агар одамоне, ки ба хӯрдани ин одат накарда бошанд,
аз болои таом дарҳол харбуза хӯранд, зуд дарунро
меронад; агар инро ба дили наҳор бихӯранд, ба таб-
ҳои гарм гирифтор мекунад. Агар бо ғизоҳои вазнин,
масалан, бо панир бихӯранд, дар узвҳои бадан гиреҳ-
ҳо пайдо мекунад. Беҳтарин вақти тановули он мобай-
ни ду таом аст, ки таоми аввал хӯрдашуда ҳазм ёф-
та, аз меъда фуромада бошад. Ва агар ин зарар ку-
над, сирко бинӯшанд, зиёнашро барҳам медиҳад.
Тухмашро кӯфта гузошта банданд, варам ва дарди
чашмро сокин мегардонад, инчунин варамҳои сахтро
таҳлил медиҳад. Агар инро бо танакор даромехта гу-
зошта банданд, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯст-
ро дафъ мекунад.
Пӯсташро кӯфта гузошта банданд, барои дафъи
назлаҳо ва варами мағзи сар ва пардаҳои он, хусу-
сан дар кӯдакон бошад, шифо мебахшад.
7 грамм пӯсти хушки харбузаро кӯфта бихӯранд,
сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Агар пӯсти харбузаро дар дег бияндозанд, боиси зуд
пухтани гӯшт мегардад.
Решаашро аз 4,5 то 9 грамм кӯфта бихӯранд, сахт
қай меоварад. Агар кӯфтаи онро бо асал хамир карда
гузошта банданд, решҳоеро, ки рутубаташон ба асал
мемонад, шифо мебахшад.
Мизоҷи тухми харбуза дар дараҷаи якум гарм ва
дар дуввум тар аст.
Агар инро бихӯранд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд,
592
пешобро меронад, гурда, хичак ва рӯдаҳоро аз модда-
ҳои бегона пок мегардонад, дарунро мулоим мекунад,
боҳро бармеангезад, моддаҳои беҳаракатмондаро ба
ҷунбиш меоварад, сурфаи гармро даво мешавад, дар-
ди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, дағалии
ҳалқ ва забонро ислоҳ мекунад, табҳои гарм ва му-
раккабро басанда месозад, ташнагиро мешиканад, сӯ-
зиши пешобро (сӯзокро) сиҳат мебахшад; шахшӯлӣ
ва захми сӯрохи закарро, ки аз харошидани сангмай-
даҳои фуроянда ба ҳам расида бошад, сиҳат мебах-
шад. Барои расонидани қуввати давоҳо ба ҷигар ва ба
роҳҳои пешоб бағоят таъсирбахш аст.
Тухми харбузаро бо пӯсташ кӯфта гузошта бан-
данд, пӯсти баданро аз ҳар гуна доғҳо бағоят пок ме-
кунад, доғи кунҷидакро бетаъхир дафъ мекунад.
Мегӯянд, ки хӯрдани тухми харбуза ба сипурз за-
рар дорад. Ин зарарро ошомидани асал ва бунафша
ба силоҳ меоварад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми харбуза дар як
рӯз аз 7 то 17,5 грамм аст.
Пӯст ва тухми харбузаро якҷо кӯфта гузошта бан-
данд, варами чашмеро, ки аз сармозадагӣ ва аз таъ-
сири барф содир шуда бошад, сиҳат мекунад. Инчу-
нин пешоб дар сӯрохи закар ях карда бошад, хусусан
тухми онро ношуста бо риштаҳои тухмаш дар косаи
пӯсташ гузошта хушк карда бошанд, кӯфта гузошта
банданд, хуб аст.

258. Тарбуз

Ин самар аз ҷиҳати ҳаҷм, ранг ва навъ гуногун
аст, инчунин намуди гӯшт, ҳаҷми тухм ва сохти беру-
ни тухмаш низ ҳар хел аст, ки ба ҳама маълум мебо-
шад. Беҳтарин тарбуз он аст, ки агар корд расад, бо
садои хоси даридараванда, гӯшташ зудшикан ва раси-
даи шодоби он аст.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум сард ва дар
охири он тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани тарбуз шидда-
ти сафро ва фишори баланди хунро таскин медиҳад
ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, дар ба-
дан хуни рақиқ (суюқ) пайдо мекунад ва балғами
ширинро ба амал меоварад, барои бадан рутубат ме-
бахшад; барои табҳои сӯзон ва сафровӣ, инчунин ба
594
шахсе, ки дар меъда ва ҷигари он сафро пайдо гар-
дад ва он сафро дар кайфияти раддӣ ва миқдоран
зиёд бошад, бадани соҳибаш хушк ва лоғар бувад,
тарбузро бихӯрад, мизоҷи онро ислоҳ ва мӯътадил ме-
гардонад.
Агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, барои зард-
парвин ва дафъ кардани сафрои сӯхта, яъне сафрои
мурдор даво мешавад; барои ҳазм кардани ғизо ма-
дад мерасонад, пешобро меронад, санги гурдаро май-
да карда мерезонад; ва агар бо шакар бихӯранд, ми-
зоҷро башиддат хунук мегардонад, бо шир бихӯранд,
бемориҳои савдовиро, ки иборат аз серфикрӣ, тарс,
васвос, тарсончакӣ, девонагӣ ва ғайраро дармон ме-
шавад; бо хурмои ҳиндӣ бихӯранд, моддаҳои сафрови-
ро аз бадан дафъ менамояд, қӯтур ва хориши бадан-
ро ба ибро меоварад.
Беҳтарин вақтҳои тановули тарбуз мобайни ду та-
ом аст, ки таоми аввал ҳазм шуда, аз меъда фурома-
да бошад. Вале агар инро бар болои таом бихӯранд,
ҳазми онро вайрон мекунад. Ва ба дили наҳор хӯр-
дани ин хусусан ҳаво гарм ва ташнагӣ ғолиб бошад,
зарар дорад.
Тарбузро одамоне, ки дар мизоҷашон сафро бис-
ёр бошад, бихӯранд, бинобар нозукӣ ва латофати тар-
кибаш монанди оби каду бо хилти сафро табдил меё-
бад.
Хӯрдани тарбуз ба сипурз, ба касони сардмизоҷ
ва ба меъдаи хунукмизоҷ зарар дорад. Ин зиёнашро
бо хӯрдани асал ва гулқанд ислоҳ метавон кард. Агар
одамони хунукмизоҷ бихӯранд, пушти камари онҳоро
заиф мегардонад, дарди буғумҳо ва ғайраро пайдо ме-
кунад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар
аст, дар ҳама феълҳо монанди хусусиятҳои тухми ка-
ду мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми тарбуз дар як
рӯз то 17,5 грамм аст ва барои резонидани санги гур-
да ва хичак, инчунин зуд гузаронидани ғизо аз меъда
давои хубест.
Пӯсти тарбузро бо шакар ё бо асал мураббо кар-
данӣ бошанд, бояд пӯсти тунуки берунашро гирифта
партоянд. Мураббои ин барои дард ва варами парда-
ҳои деворҳои даруни сина, васвос, ки аз ҳар сабаб бо-
шад, дарди узвҳои даруни сина ва сустии меъда, ки
595
сабабаш зиёд гаштани сафрои зангории раддӣ бошад,
даво мешавад, ҳозимаро, яъне меъда, ҷигар, рӯдаҳо
ва сипурзро қувват мебахшад.

259. Чилмангӯштак

Ин гиёҳро тоҷикони шимол аз ӯзбекӣ гирифта, се-
мизут меноманд. Растании мазкур ба ҳама маълум
аст, шохҳояш ба замин паҳн шуда месабзад, сурхранг,
обаш бисёр, баргаш ғафси шикананда, гулаш зарди
майда, баъд тухм мебандад. Дар як қубба 15—20 до-
на тухмҳои майда дорад. Гиёҳаш аксар дар байни зи-
роатҳо мерӯяд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: барг ва шохашро бихӯ-
ранд, баданро аз сафро пок мегардонад ва ҷӯшиши
ин хилтро таскин медиҳад, фишори баланди хунро ба
эътидол меоварад; ҳарорати ҷигар ва гармии меъдаро
ва инчунин шиддати табҳои тафсонро таскин медиҳад;
ташнагиро мешиканад, барои бемории қанд фоида до-
рад, дарди сареро, ки сабабаш гармӣ бошад, сокин ме-
кунад; хун қай карданро қатъ месозад ва аз даруни
сина омадани римро манъ менамояд, назлаҳои гарм-
ро мебандад, майнаро сард мегардонад, қайро бозме-
дорад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезо-
яад, носурро, ки решҳои беҳнашаванда аст, инчунин
бавосирро фоида дорад.
Агар ин гиёҳро бо андак равған ва пиёз бирён
карда бихӯранд, исҳоли сафровиро манъ мекунад ва
ба рӯдаҳо қувват мебахшад. Агар инро ба оши бемо-
рон ҳамроҳ карда бидиҳанд, бисёр фоида дорад. Агар
инро одамони лоғар ва хушкбадан бихӯранд, бадани
онҳоро аз рутубат таъмин мекунад ва фарбеҳ мегар-
донад. Гиёҳи тари инро бо корд реза карда, ба он сир-
ко пошида бихӯранд, агарчи ҳамчун ғизо камқувват
ҳам бошад, дардҳои гурдаро фоида дорад. Инро бихо-
янд, кундии, яъне гирифтагии дандонҳоро ба ислоҳ
меоварад, вале аз ҳад бисёр бихоянд ё бихӯранд,
баръакс, дандонҳоро кунд мегардонад.
Оби ин гиёҳро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усо-
раи чилмангӯштак меноманд. Усораи инро бо равғани
гулисурх даромехта гузошта банданд, дарди сари
гарми луққосиро таскин медиҳад, барои сӯхтагии оташ
596
дармон мешавад, варамҳои гармро мегардонад. Агар
инро бо шароб хамир карда гузошта банданд, обила
ва доначаҳои ба сар дамидаро дафъ мекунад.
Оби ин гиёҳро бо орди ҷав хамир карда ба сар
гузошта банданд, дарди сарро, ки аз гармӣ бошад,
таскин медиҳад; ба чашм гузошта банданд, варамҳои
гарми онро мегардонад; шақоқалусро, яъне варами
ширёнҳои майнаро дар ҳолати ибтидо бошад, шифо
мебахшад, инчунин варамҳои мағзи сарро ба ибро
меоварад; қӯтур, хориши бадан, варами хояҳо, захм-
ҳои сар ва ҷамра (карбункул)-ро дафъ мекунад.
Агар танҳо худашро кӯфта гузошта банданд, ҳаро-
рати аъзоро таскин медиҳад ва сӯхтагии оташро ши-
фо мебахшад. Агар инро аз берун ба меъда ва ҷигар
гузошта банданд, ҳарорати ин узвҳоро паст мекунад.
Агар инро бо ҳино якҷо кӯфта, ба кафи дасту поҳо
бибанданд, тафси онҳоро таскин медиҳад ва ба доғи
сафеди пӯст гузошта банданд, онро нест мекунад (ле-
кин барои доғи сафеди пӯст якчанд бор бояд бибан-
данд).
Агар инро кӯфта, бардавом бимоланд, низ барои
бемориҳои номбурда дармон мешавад.
Оби инро бо равғани гулисурх даромехта, ба сар
кам-кам ва бардавом бирезанд, барои дарди сари
гарми луққосӣ даво мешавад. Агар бо оби он ҳуқна
кунанд, дарди хояҳоро, ки аз гармӣ бошад, барҳам
медиҳад ва омадани моддаҳои бегонаро аз рӯдаҳо
ва аз бачадон манъ мегардонад.
Барги ин гиёҳро одамони гарммизоҷ бихӯранд, қув-
вати боҳро зиёда мегардонад, вале агар хунукмизоҷон
бихӯранд, баръакс, пушти камари онҳоро суст мегар-
донад, иштиҳояшонро гум месозад.
Агар ин гиёҳро аз ҳад бисёр бихӯранд, торикии
чашм меоварад—дар ин ҳолат карафс ва наъно би-
хӯранд, ислоҳи ҳол мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз оби ин дар як рӯз то
100 грамм аст.
Агар гиёҳи инро дар ҷогаҳ паҳн карда, бар боло-
яш бихобанд, иҳтиломро, яъне дар вақти хоб шайтон
заданро манъ мекунад.
Хислати тухмаш дар ҳама ҷиҳат монанди оби он
аст, вале аз он каме заифтар, қуввати таскиндиҳанда-
гӣ дорад ва дар бобати сокин кардани ташнагӣ аз
баргаш қавитар мебошад. Агар инро кӯфта, ба дару-
597
ни даҳан бипошанд, дард ва пухтани (ҷӯшиши) да-
ҳани кӯдаконро шифо мебахшад, инчунин барои ғайри
кӯдакон ҳам дармон мешавад.
Чун 17,5 грамм тухмашро маҳин кӯфта, бо шакар
ё бо гулоб бихӯранд, барои табҳои сахт, сурфаи гарм,
тафси ҷигар, сӯзиши меъда ва рӯдаҳо нафъ дорад, ин-
чунин дарунро мулоим мекунад.
Агар ба меъда ва сипурз зарар кунад, қанд хӯрдан
кифоя аст, ки зиёнаш ислоҳ ёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то
17,5 грамм аст.
Агар тухмашро то бӯяш баромадан тафсонида,
баъд бихӯранд, дарунро мебандад ва агар натафсони-
да бихӯранд, баръакс, дарунро мулоим мекунад.

260. Матинҷ

Ин гиёҳ дар ҷоҳои шудгорнокарда мерӯяд. Поя ва
пушти барги як қисми ин сурх ва поя ва барги баъзе-
аш сабзи кабудтоб аст. Баргаш ба барги зардолу ме-
монад, вале каме майдатар аз он аст. Тухмаш монан-
ди тухми бӯстонафрӯз (тоҷи хурӯс) мебошад. Ин ги-
ёҳ хеле сертухм аст, бӯй ва таъмаш кам шамида ме-
шавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, да-
рунро мулоим мекунад, ба бадан об медавонад, ҳам-
чун ғизо камқувват; ҳарорати бегонаро хомӯш меку-
над, моддаҳои солим дар бадан ҳосил менамояд. Агар
инро бо оби анор ва равғани бодоми талх бипазанду
бихӯранд, ташнагиро мешиканад ва сурфаи гармро
дафъ мекунад.
Усораи онро, яъне оби гиёҳи тарашро дар офтоб
ғафс гардонида, бо равғани гулисурх сиришта, ба сар
бимоланд, дарди сареро, ки аз таъсири офтоб холис
гашта бошад, сиҳат мебахшад.
Гиёҳи инро батанҳоӣ кӯфта гузошта банданд, ба-
рои иллати қӯтур, хориши бадан, варамҳои гарм ва
озахҳо даво мешавад; инчунин захмҳои ботинӣ ва реш-
ҳоеро, ки рутубаташон ба асал мемонад, шифо мебах-
шад.
Агар инро бихӯранд, фишори баланд ва ҷӯшиши
хунро таскин медиҳад ва паст мекунад.
598
Вале хӯрдани ин дерҳазм ва барои одамони ху-
нукмизоҷ зарарнок аст, боҳро қатъ мекунад. Дар ҳо-
лати зиён карданаш чизҳои ҳазмоварро, ки мизоҷи
гарм дошта бошанд, бихӯранд, ислоҳи зарар менамо-
яд. Аммо барои одамони гарммизоҷ фоидабахш аст,
сурфа ва ташнагиро, ки аз гармӣ бошанд, таскин ме-
диҳад, хусусан ҷӯшонида, пухтаи онро бо равғани бо-
доми ширин, оби анори ширин ва кашнизи тар ё хушк
бихӯранд, фоидааш зудтар ва афзунтар зоҳир мегар-
дад.
Агар обашро ба сар бимоланд, дарди сареро, ки аз
таъсири офтоб ба ҳам расида бошад, сиҳат мекунад.
Мизоҷи тухмаш низ сард ва хушк аст.
Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои аз гармӣ ва
гарммизоҷ даво мебошад. Агар инро кӯфта гузошта
банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад.
Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» навиштааст,
ки агар решаи инро бо об сойида, ба иллати ришта би-
моланд, нафъ мебахшад.
Хӯрдани ин гиёҳ ба гурда зарар дорад, дар ин ҳо-
лат шакар бихӯранд, кифоя аст, ки зиёнаш ислоҳ
ёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки ин то 15
грамм аст.

261. Балут

Ин ду хел дарахт аст: якеаш шоҳбалут, ки ба за-
бони тоҷикӣ кастона ва ба русӣ каштан меноманд. Са-
мари ин гирдаки паҳн, ранги сурхи ҷигарӣ дорад, таъ-
маш ширин аст. Навъи дигараш фақат балут ном до-
рад, ки самараш ба вазни ҳамон шоҳбалут аст, вале
ба андозаи санҷид дарозак, рангаш низ сурхи ҷигарӣ,
таъмаш талхи моил ба тунҷӣ мебошад. Инро, яъне да-
рахташро, ба русӣ дуб меноманд. Ҳар дуи навъи ин
дарахт дар ҳамаи ноҳия ва минтақаҳои сарзамини
давлати мо бисёр аст ва парвариш меёбад.
Мизоҷи самари шоҳбалут, яъне самари кастона,
дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст, вале
мизоҷи самари балут, ки дар тиб ҷуфти балут мено-
манд, талхтаъм аст, дар дараҷаи саввум хушк мебо-
шад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро, яъне сама-
рашро бихӯранд, дер ҳазм мешавад, дар хӯрокият
599
вазнин аст, вале агар ҳазм ёбад, исҳолро мебандад,
хун қай кардан ва хунравиҳоро манъ мекунад; барои
беҷо (беҳузур) шудани дил ва тапидани дил (дилбо-
зӣ), ки вобаста ба иллати сари меъда бошад, шифо
мебахшад; харошида шудани сатҳи дарун ва захми
рӯдаҳоро ба ибро меоварад; беихтиёр равон гаштани
пешоб, чакмезак ва сӯзиши пешобро дафъ мекунад,
пешобро меронад, исҳолро мебандад.
Агар онро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, рутубати
бачадонро, ки бемаврид ва бисёр ҷорӣ шавад, ислоҳ
медиҳад.
Агар инро кӯфта, бо равғани намакхӯрдаи худ ха-
мир сохта гузошта банданд, варами каши ронро таҳ-
лил медиҳад (ин варамро тоҷикони ҷануб бисмил ва
хиёрак меноманд), инчунин варамҳои сард ва сахтро
мегардонад.
Ин самарро сӯхта, кӯфта, гузошта банданд ё онро
маҳин сойида, бардавом бипошанд, пухтани (ҷӯшиши)
даҳан ва решҳои давандаро бартараф мекунад.
Чун самари балутро кӯфта, бо ним вазни он муста-
ко бо равғани зайтун хамир карда, якчанд рӯз бихӯ-
ранд, ба ғайри ихтиёр равон гаштани пешоб, ҳангоми
хоб ба ҷогаҳ шошидан ва ғайрииродӣ равон шудани
оби маниро ислоҳ мекунад, яъне сиҳат мебахшад; но-
ри форсӣ ном реши раддиро хушк мегардонад.
Самари балут ва кастонаро орд карда, аз он нон
пухта бихӯранд, гаронӣ мебахшад, дарди сар меова-
рад, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад, хилти
савдоро ба амал меоварад. Дар ин ҳолат сиканҷабин
(сиркоасал) ё қанд бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз самари балут ва касто-
на дар як рӯз аз 4,5 то 40 грамм аст, яъне истеъмол
намудан аз ҷуфти балут 4,5 грамм ва аз кастона 40
грамм аст.
Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дарахти он сард ва хушк
аст ва хушкии решаҳои борики он дар амали қатъ
кардани рутубати бачадон аз қисмҳои дигари дарах-
таш афзунтар мебошад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳати навро
ба ҳам меоварад.
Хокистари чӯби онро бимоланд, дандонро пок ва
сафед мегардонад ва агар ба решҳои хӯранда гузошта
банданд, шифо мебахшад.
Оберо, ки аз сӯхтани чӯби он таровиш мекунад, ба
600
абру бимоланд, беҳтар аз рангҳои дигар асар меку-
над.
Самари балут башиддат хушккунанда ва манъку-
нандаи ҳаракати моддаҳо мебошад: барои ҷароҳатҳо,
манъ кардани рутубат ва хуни равонгашта хоҳ бихӯ-
ранд, хоҳ гузошта банданд, нафъи тамом мебахшад.
Барои иллати ҷурра, яъне даридани пардаҳои шикам
дар зери пӯст, гузошта банданд ҳам, шифо мебахшад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷуфти балут дар як рӯз
4,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯш дода, он обро нӯ-
шиданӣ бошанд, 15 грамм дар об бияндозанд.
Чун пӯсти дарахти балутро муҳарро пухта, як ша-
би комил бар мӯй гармбандӣ кунанд ё гузошта бан-
данд, мӯйро сиёҳ мекунад ба шарте, ки сарро бо кӯф-
таи булӯри бӯр шуста бошанду баъд гузошта банданд.
Вале хӯрдани самари кастона андак ҳарорат ва
қабз мебахшад. Хушкӣ дар ин камтар аз ҷуфти ба-
лут аст. Вале ҳамчун ғизо аз он афзун мебошад, пок-
кунандагиаш ҳам зиёдтар аст, баданро фарбеҳ месо-
зад, равғани гурдаро зиёд мегардонад.
Самари кастонаро дар хамир ё дар гил печонида,
дар қӯри оташ пухта, бо мураббои сабзӣ ва дигар
ошомиданиҳои қувватбахш бихӯранд, боҳро (пушти ка-
марро) ба ҳаракат меоварад; барои бадан қувват ме-
бахшад (аз ҷумла ба камари занони навзойида қувват-
бахш аст); барои аз бадан дафъ намудани заҳрҳо хе-
ле пуртаъсир аст. Дар дигар хислатҳо заифтар аз
ҷуфти балут аст ва бодангез мебошад.
Хоҳ ҷуфти балут ва хоҳ самари кастонаро бихӯ-
ранд. ба ҳалқ ва ба хичак зарар дорад Дар ин мав-
рид тухми себарга, шакар, сиканҷабин — ҳар кадо-
машро, ки дастрас бошад, биёшоманд, зиёнаш ислоҳ
меёбад.

262. Кирмрезонак

Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон кирмгуловак
ҳам меноманд. Номи асосӣ ва калимаи тоҷикиаш банг
аст ва тухмашро дар арабӣ базр-ул-банҷ меноманд ва
тоҷикон бангдона мехонанд. Баргаш сербар ва дарози
кунгурадор, дар ранг сабзи моил ба сиёҳӣ мебошад.
Пояаш каме пашмак лорад. Самараш дар ғилофе ба
гули анор мемонад, вале майда аст. Қадди гиёҳаш
вобаста ба қувват ва намнокии хок аст, яъне аз 10 то
601
40 сантиметр мехезад. Ин се навъ мешавад: 1. Навъи
сиёҳашро гули бунафш ва ба хотири гулаш инро бан-
ги сиёҳ меноманд. 2. Навъи сурхашро гул моил ба
сурхи зардтоб. 3. Навъи сафедашро ранги гулаш мо-
ил ба сафедӣ, бинобар ҳамин банги сафед мехонанд.
Бояд таъкид кунем, ки навъҳои сиёҳ ва сурхаш заҳр-
нок аст ва инро ба дарун истеъмол намекунанд. Ам-
мо сафеди инро дар тибби қадим ба дарун ҳам ҳам-
чун даво истифода мекунанд. Ҳар сеи намуди инро
тухмаш гӯё дар даруни қифе кӯчак, ки сарпӯш дошта
бошад, ҷой гирифтаанд.
Мизоҷи навъи сиёҳи он сард ва хушк дар дараҷаи
саввум, балки ба дараҷаи чорум наздиктар, мизоҷи
навъи сурхаш аз он пасттар ва оқибат, мизоҷи қисми
сафеди он дар дараҷа аз ҳамаи дигарҳояш пасттар
аст, яъне дар аввали дараҷаи саввум сард ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби гиёҳи тари инро бо
орди ҷав хамир карда гузошта банданд, варамҳои гарм-
ро таҳлил медиҳад, дардҳои чашм ва гӯшро басанда
месозад.
Тухмашро кӯфта, бо ягон шароб хамир сохта гу-
зошта банданд, иллати ниқрисро, ки варам ва дарди
ангуштони дасту поҳо мебошад, шифо мебахшад, ва-
рамҳои пистон ва хояҳоро мегардонад.
Агар оби ин гиёҳро баъд аз кандани мӯйи ягон ҷойи
бадан ба он ҷо чанд бор бимоланд, дигар мӯй наме-
рӯяд.
Хокистари ин гиёҳро бо кӯфтаи дорчинӣ, занҷабил
ва асал хамир карда, аз рӯ бимоланд, дарди меъдаро
дафъ мекунад. Ва инро бо анҷир якҷо кӯфта, фатила
сохта, яъне ба ягон матои тунук печонида, дар мақъ-
ад бардоранд, бавосирро шифо мебахшад, инчунин бе-
мориҳои дигари мақъадро дафъ мекунад
Чун барг ва шохҳои онро дар хӯрокҳои ғализ бипа-
занду бихӯранд, барои фарбеҳ кардани бадан давои
бисёр хубест, вале то се рӯз ақлро беҷо менамояд.
Се-чор адад барги онро бо шароб бихӯранд, табе-
ро, ки ҳам тафсонад ва ҳам хунук хӯронад, дафъ ме-
кунад, инчунин дарди устухонҳоро таскин медиҳад.
Агар инро сӯхта, ба дудаш бидоранд, қӯтури даст-
ро шифо мебахшад, кирми дандонро мерезонад раф-
тани хунро аз ҳар узви бадан, ки бошад, қатъ меку-
над.
602
0,6 грамм тухми инро бо асал бихӯранд, дарди ниқ-
рисро басанда мегардонад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд ва онро бо майи
мусаллас бихӯранд, пӯсидани устухонро шифо мебах-
шад. Агар инро пухта, бо зардаи тухми мурғ ва рав-
ғани чарбӣ сиришта бимоланд, дарди каши рон ва хо-
яро таскин медиҳад ва агар инро бо орди боқило ха-
мир сохта бимоланд, намегузорад, ки пистон ва хояҳо
калон шаванд; вале агар бо асал хамир карда бимо-
ланд, дарди хояро дафъ мекунад.
Баргашро дар латтаи тар печонида, дар зери оташ
пухта, бо равған ё зардаи тухми мурғ даромехта гу-
зошта банданд, дардҳои қисми поёни баданро таскин
медиҳад.
Чун тухми ин растанӣ ва афюн, аз ҳар ду баро-
бар гирифта, ба миқдори нахӯд кулӯла карда, як до-
наашро бихӯранд, хоби дуру дароз меоварад. Агар
тухми инро ос карда, бо қатрон даромехта, аз он да-
руни сӯрохи дандони кирмхӯрдаро пур кунанд, дарди
дандонро таскин медиҳад. Агар тухми ин растаниро
занҳо аз таг бардоранд, захми бачадонро шифо ме-
бахшад ва рутубат аз он равон бошад, хушк мекунад.
Хоҳ баргашро ва хоҳ тухмашро кӯфта, аз рӯ гу-
зошта банданд, барои дарди деринаи ҷигар даво ме-
шавад.
Баргаш ё решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар
даҳан гардонанд, дарди дандонро басанда мекунад.
Ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ба-
рои назла ва зукомҳо дору мешавад ва рехта шудани
рутубатро ба сӯйи чашм, қатъ мекунад; агар нимгарм
дар гӯш бичаконанд, дардҳои гуногуни гӯшро таскин
медиҳад. Агар инро бинӯшанд, баданро қувват ме-
бахшад, дарди сарро, ки кӯҳна бошад, таскин меди-
ҳад.
Гиёҳашро кӯфта гузошта банданд, дарди луққосии
буғумҳоро таскин медиҳад ва ирқуннасоро (радику-
литро) шифо мебахшад.
Вале агар синфи сиёҳ ва сурхи инро бихӯранд, ил-
латҳои сиёҳ задани чашм ва чарх задани сар, дарди
гулӯ ва девонагиро ба амал меоварад; инчунин қисми
сафедашро ҳам аз ҳад зиёд биёшоманд, зарар дорад.
Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд, то ки зиёнаш ислоҳ
ёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз навъи сафеди он дар
603
як рӯз аз 1 то 2,5 грамм аст, аз сурхи он то як грамм
ва аз навъи сиёҳи он то 0,6 грамм мебошад.
Оби ин гиёҳро бо асал даромехта, нимгарм дар
гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Агар аз гиёҳи қисми сиёҳи он 15 грамм ҳар кас,
ки бихӯрад, мекушад. Ва агар инро хӯрда бошанд,
шаҳдоб нӯшида ба каррот қай кардан ё шири буз, ё
шири хар, ё шири гов нӯшида қай фармоянду баъдан
сир (чеснок) ва анҷир бихӯранд.
Аз тухми қисми сафеди ин гиёҳ равған ҳам меги-
ранд ба ин тариқ. Тухмашро кӯфта, бо оби гарм ха-
мир карда, то каме хушк шудан дар офтоб мегузо-
ранд. Баъд фишурда равғанашро меситонанд.
Ин равғанро бимоланд, решҳои сафровии сар, қӯ-
тур ва хориши баданро дафъ мекунад. Агар инро ба
даруни бинӣ бирезанд, дарди сари гармро шифо ме-
бахшад, бехобиро дафъ мекунад. Ва агар дар гӯш би-
чаконанд, дарди ин узвро таскин медиҳад. Агар латта
ё пахтаро дар он тар карда, занҳо аз таг бардоранд,
сахтии бачадонро ба ҳоли аслиаш меоварад.
Агар як миқдор аз тухми қисми сафеди он гиёҳ,
нисф миқдори ин тухми коҳу, сеяки он тухми кӯкнор—
ҳар серо якҷо кӯфта, аз ин равған бикашанд ва ин
равған зидди ҳамаи навъҳои заҳр тарёқ мешавад. Ин-
ро барои иллат, варами парда ва худи мағзи сар, мо-
лихулиё, васвос ва душвории нафас бихӯранд ё дар
бинӣ кашанд, шифо мебахшад.

263. Бунафша

Ин гиёҳест, ки баргҳояш гирдаки каме дарози нӯг-
дор. Аз миёни баргҳояш чанд поя мерӯяд ва дар сари
ҳар як поя яктоӣ гули бунафш дорад. Дар тиб аксар
гулаш ба кор меравад, ки кӯҳна шуда ва рангаш тағ-
йир наёфта бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум хунук ва дар дараҷаи
дуввум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро дар об ҷӯшонида,
он обро бинӯшанд ва ба узвҳо бирезанд, хилти сафро-
ро аз бадан, хусусан агар дар меъда ва рӯдаҳо банд
гашта бошад, хориҷ мекунад; инро бо оби ҷав ва олу
биёшоманд, ташнагиро мешиканад, фишори баланди
хунро паст мекунад; барои табҳои гарм, иллати дил-
604
тапак (дилбозӣ) ва беҳушшавӣ дору мешавад. Агар
инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои мулоим ва
сахтро таҳлил ва дарди сарро, ки аз гармӣ бошад,
таскин медиҳад. Оберо, ки дар он бунафша ҷӯшони-
да шуда бошад, ба сар бирезанд, саръи (припадкаи)
кӯдакон, назла ва зукомро қатъ менамояд. Агар ин
обро бинӯшанд, сурфа, дағалии узвҳои даруни сина,
дағалии ҳалқ, дарди гулӯ, ки аз ҷамъ шудани хун дар
ҳалқ ба амал омада бошад, варам ва дарди пардаҳои
даруни сина ва инчунин варами шушро шифо мебах-
шад; барои иллатҳои меъда, ҷигар, сипурз, барома-
дани мақъад (кӯтан), сӯзиши хичак, сӯзок, банд гаш-
тани пешоб ва дарди гурда дармон мешавад.
Гули тарашро бӯй кунанд, хоб меоварад.
Ҳар рӯз аз 7 то 15 грамм хушкашро кӯфта бо оби
хунук биёшоманд, исҳоли сафровиро дафъ мекунад.
Кӯфтаи инро бо шираи гулқанд даромехта бихӯранд,
табҳои мураккабро шифо мебахшад.
Гули тару тозаи онро бихӯранд, бар зидди заҳр
тарёқ мебошад, хоб меоварад.
Гиёҳи бунафшаро якҷо бо бобуна ҷӯш дода, он об-
ро кам-кам ва бардавом ба сар бирезанд, дарди сарро
таскин медиҳад ва тафси онро дур месозад, инчунин
барои сурфа ва хушкии майна дору мешавад ва агар
рутубати бадан хушк гашта бошад, ба бадан рутубат
мебахшад.
Гиёҳи бунафшаро хуб кӯфта, ба сар ва пешонӣ гу-
зошта банданд, дарди сарро шифо мебахшад ва агар
аз рӯ ба меъда ва ҷигар гузошта банданд, бемориҳои
ин узвҳоро, ки аз гармӣ бошанд, ба ибро меоварад;
ба варамҳои гарм гузошта банданд, онҳоро таҳлил ме-
диҳад; агар ба мақъад гузошта банданд, кафидан ва
варами онро шифо медиҳад.
Аммо инро аз ҳад берун ба дарун истеъмол намо-
янд, дилро суст мегардонад, андӯҳгин мекунад, меъда-
ро вазнин менамояд, дилро беҷо (беҳузур) месозад,
сӯзиши табҳои гармро ба амал меоварад. Ва агар аз
ҳад зиёд бибӯянд, ба зуком гирифтор мекунад. Дар ин
мавридҳо райҳони гӯши мушро кӯфта ё қима карда
бихӯранд, зиёнашро дафъ месозад.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи ин дар як рӯз то
23 грамм аст. Агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯши-
дан хоҳанд, 45 грамм ба об андозанд.
Огоҳ кунем, ки агар бунафшаро дар об ҷӯшонида-
605
нӣ бошанд, набояд бисёр ҷӯш диҳанд, зеро ки аз ҷӯ-
ши бисёр қувваташ парида нобуд мегардад. Агар бу-
нафшаро бо шакар бихӯранд, таъсир ва қувваташ зиё-
да мегардад.
3,5 грамм оби баргашро бо як грамм шакар ба кӯ-
дакон бихӯронанд, рострӯдаи берунбаромадаи онҳоро
аз нав ба ҷояш мебарад.
Агар баргашро кӯфта, аз рӯ ба меъда гузошта бан-
данд, тафси ин узвро таскин медиҳад, ва агар ба
чашм гузошта банданд, гармии онро паст мекунад,
ба мақъад гузошта банданд, баромадани рӯдаи рост-
ро аз нав ба ҷояш мебарад ва ба қӯтури савдовӣ ва
ба хоришак гузошта банданд, онҳоро сиҳат мекунад,
Аз гулаш шароб тайёр карда биёшоманд, дард ва
варамҳои пардаҳои даруни сина ва варами шушро ши-
фо мебахшад, тафси меъдаро паст мекунад.
Мизоҷи равғанаш хунук ва тар аст.
Ин равған барои хоб овардан, қӯтур, ҷароҳатҳо,
хушкии узвҳои даруни сина, сурфа, рехтани мӯй, му-
лоим кардани узвҳо ва буғумҳо ба кор меравад, ин-
чунин саломатии нохунро нигоҳ медорад.
Агар баъди ҳар дафъа дар ҳаммом арақ кардан 7
грамми ин равғанро бихӯранд, зиқ-ун-нафасро дафъ
мекунад. Ин равғанро бо муми занбӯри асал даро-
мехта, ба синаи тифлон гузошта банданд, барои сур-
фаи онҳо бағоят фоида дорад. Агар инро бо чакрарез
ба даруни сӯрохи закар чаконанд, сӯзокро шифо ме-
бахшад ва ҳарорати баланди хичакро паст мекунад.
Ва агар инро ба даруни бинӣ кашанд дарди сареро,
ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад, бехобиро дафъ
мекунад. Ва агар инро бар ноф бимоланд, сурфаи кӯҳ-
наро ба ибро меоварад.
Пахтаро ба равғани бунафша олонда, ба мақъад
гузошта банданд, дар бобати хоб овардан доруҳои ди-
гар ба ин баробар шуда наметавонанд
Тариқи тайёр кардани равғани бунафша ин аст.
Дар таносуби ба ҳар 300 грамм равғани кунҷиди нав
135 грамм гули тару тозаи бунафшаро дар шиша ан-
дохта, ба офтоб мегузоранд. Ранги бунафша ва бӯйи он
ба равған гузарад, фишурда, он гулро дур мекунанду
гули нав меандозанд. Ин амалро се-чор мартаба так-
рор намуда, баъд равғанро соф карда мегиранд, ки
ҳамин равғани бунафша ҳисоб меёбад
Шароби бунафшаро, ки бо шакар тайёр карда бо-
606
шанд, биёшоманд, сурфаро дафъ мекунад. Ҳамчунин
хӯрдани мураббои он барои варам ва дарди пардаҳои
даруни сина ва варами шуш доруи хубест, дарди гур-
даро низ шифо мебахшад.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!