Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 232-240


232. Ишлон

233. Кучула

234. Мисвок

235. Исфанох

236. Сиреши саҳроӣ

237. Сиреши кӯҳӣ

238. Зарпечак

239. Талхшувоқ

240. Бобуна

232. Ишлон

Ин гиёҳ дар заминҳои биёбон ва шӯразорҳо мерӯ-
яд. Ҳамеша сабз ва пуроб мебошад, барг надорад, аз
як бех (реша) шохҳои борики бисёр, ки гӯё ҳамаи
онҳо аз гиреҳҳои буғумдор иборат мебошанд. Таъмаш
шӯр аст. Агар инро хушк карда бисӯзанд, оташаш бис-
ёр тез аст.
Қисми рӯйизаминии инро бо каланд бурида, ҷамъ
карда, баъди хушк шуданаш, заминро чуқур канда,
ишлони хушкро дар он чуқурӣ пур менамоянду оташ
мезананд. Аз сӯхтаи он дар он чуқурӣ обе ҷудо шуда,
ҳамон ҷо сахт мегардад. Ин ҷисми сахтшуда иборат
аз ишхор аст. Баъд ба кор мебаранд.
Мизоҷи ишлон дар дараҷаи саввум гарм ва дар
охири дараҷаи дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин дарунро аз
чизҳои ғайрӣ пок мегардонад, гиреҳҳоро мекушояд,
ҳайзи занҳо ва пешобро башиддат меронад, фузлаҳои
ғализ, яъне моддаҳои нодаркори дар бадани инсон
ғафсгаштаро таҳлил медиҳад. Агар 10,5 грамм аз гиё-
ҳи сабзи он бихӯранд, зардобро бо воситаи саргин аз
бадан дафъ мекунад, бинобар чунин хислаташ иллати
истисқо (водянка)-ро шифо мебахшад. (Дар омади гап
боз як намуди зардоби баданро бифаҳмонем, ки агар
он бисёр ҷамъ шавад, мӯйи сар хоҳ дар мардон ва хоҳ
дар занон тамоман мерезад ва ранги рӯ зардоб барин
баднамо мегардад). 3,5 грамм аз сабзи он бихӯранд,
ҳайзи бандшударо равон мегардонад; 2 граммашро би-
хӯранд, пешобро меронад; 17,5 граммашро бихӯранд,
бачаи зинда ва мурдаро аз шиками зани ҳомила ме-
афтонад. Ва 35 граммаш кушанда аст.
Агар онро кӯфта, ба захмҳо бимоланд, гӯшти зои-
ди онҳоро мехӯрад. Агар ба дандон бимоланд, дандон-
ро аз чирк пок мегардонад, вале агар аз ҳад зиёд мо-
ланд, сири дандонро мехӯрад. Дар ин ҳолат мағзи
тухми кадуро бихӯранд, зиёнашро ислоҳ мекунад. Ҳан-
гоми хӯрдан агар ба хичак зиён кунад, бояд асал би-
хӯранд, ки ин ислоҳкунандаи зарари он аст.
Мо дар боло ишхор маҳсули ишлони сӯхта гуфтем.
Беҳтарини ишхор он аст, ки ҳангоми сӯхтани ишлон
дар зери он чуқурие, ки ишлонро месӯзанд, зарфи са-
фол гузошта бошанд, то ки рутубати ишхор дар он
537
ҷамъ шуда, баъд сахт гардад — ин беолойиш ва соф
мебошад.
Мизоҷи ишхор дар дараҷаи чорум гарм ва хушк
аст, ки ҳукми заҳрро дорад.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусияти поккунан-
дагӣ, сӯзандагӣ ва хӯрандагӣ дорад.
Чун ишхорро дар об ҳафт маротиба ҳал кунанду
баъд соф намуда, аз нав сахт гардонанд, ин ишхори
соф ҳисоб меёбад. Аз ин 0,19 грамм бихӯранд, меъда-
ро қавӣ мегардонад, таомро ҳазм мекунад, иштиҳо ме-
оварад. балғамро меканад ва он қайро, ки бо ҳеҷ тад-
биру илоҷ боздошта нашавад, ба ислоҳ меоварад ва
варами сипурзро таҳлил медиҳад.
Агар инро ба чашми ҳайвонот чун сурма бика-
шанд, гули чашми онҳоро дафъ мекунад. Агар онро
бимоланд, гӯшти зоидро, ки гӯшти ҳароми захм аст,
хӯрда, нест мекунад, озахҳоро хушк карда меафтонад,
носур, доғи сафеди пӯст, пес, қӯтури тар ва ширинча-
ҳои гуногунро дафъ мекунад.
Агар 3,5 грамми ишхорро касе бихӯрад, ҳамон рӯз
мекушад ва 7 грамм аз он бихӯрад, ҳамон дам аз ҷо-
наш ҷудо мегардад, илоҷпазир нест. Агар касе инро
хӯрда бошад, давояш равған ва шӯрбои равғандор
хӯрда, қай намудан аст.
Инро ҳамчун даво танҳо худашро молидан манъ
аст ва бояд ки бо равған якҷо карда бимоланд. Зеро
агар худашро танҳо бимоланд, ба дараҷае хушк ме-
гардонад, ки ислоҳи он амри муҳол аст.
Чун ишхорро дар равған ҳал карда, ба ангур би-
пошанд, ба зудӣ онро мавиз мегардонад.

233. Кучула

Ин тухми дарахти ҳиндӣ аст, ки самараш ба ан-
дозаи норанҷ мешавад. Дар даруни он донаҳои паҳни
гирдак ҷой гирифтаанд, ки бисёр сахт ва талх мебо-
шанд. Ҳамин донаҳои дар самараш буда кучулаанд.
Онро дар шир тар карда, аз пӯсташ ҷудо сохта, баъд
барои истеъмол бо сӯҳон реза мекунанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар ҳамон
дараҷа хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бояд хотиррасон
намоем, ки кучула барои ҳамаи ҳайвоноти думдор заҳ-
538
ри қотил аст. Вале онро агар одамон дар миқдори му-
айян бихӯранд, мизоҷи вайронгаштаи бисёр сардро
ба сӯйи мизоҷи сараи гарм табдил медиҳад. Инро фа-
қат дар вақти сахт ҳоҷат афтодан ҷоиз аст бихӯранд,
дар дигар мавридҳо набояд истеъмол намуд. Масалан,
барои бемориҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба
дарозӣ), нотавон шудани узве ё аъзо ва дигар иллат-
ҳои асабонӣ, пайвандҳо бо шакар, ки ислоҳкунандаи
зарари он аст, бихӯранд.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, барои доғҳои
кунҷидак, қӯтур, шукуфаи пӯст, ирқуннасо (радику-
лит), бемориҳои пайвандҳо, иллатҳои аз сардӣ баама-
ломада, қӯтури тар ва рихинак даво мешавад.
Зарарҳояш: мастӣ меоварад, зеҳнро кунд мекунад.
Ва агар 4,5 грамм аз он бихӯранд, кушанда мебошад.
Агар ин зарар кунад, шакар ва чизҳои хушбӯй бо-
яд бихӯранд ё ин, ки шири навдӯшидаро нӯшида, қай
намоянд.
Табибони Ҳинд дар бобати шифобахшии кучула
чизҳои бисёреро зикр кардаанд.

234. Мисвок

Ин растанӣ дар шароити табиии Осиёи Миёна ба
шакли гиёҳ ва буттача мерӯяд. Навъҳои саҳроӣ ва кӯ-
ҳӣ низ дорад. Баргаш дарози васеъ, рост, зич ва сабзи
зеборанг, хорнок ва бехор низ мешавад, дар ҷануб ха-
зон намекунад. Гулаш моил ба сурхӣ, самараш дар хӯ-
ша ва ба андозаи нахӯд, дар хомиаш сабз ва таъмаш
хеле тунҷ аст, вале баъди расидан баъзеаш сурх, баъ-
зеаш сафед ва бунафш мегардад ва баъдан сиёҳ меша-
вад. Баъди пухтан таъмаш моил ба андак ширинӣ ва
талхиву тунҷӣ мешавад.
Мизоҷи мисвоки дар мамлакатҳои гарм рӯйидааш
дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст ва он, ки дар иқ-
лими мӯътадил рӯяд, мизоҷаш дар гармиву хушкӣ
мӯътадил мебошад
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, баданро
аз моддаҳои бегона пок мегардонад, гиреҳҳои дохили
баданро мекушояд, рутубатҳои часпакро дафъ меку-
над, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад; назлаи аз сар
фурояндаро манъ мекунад, меъдаро қувват мебахшад,
исҳолро мебандад, варами бачадон ва бавосирро таҳ-
539
лил медиҳад, душвор шошиданро осон мекунад, хичак-
ро аз олойишҳо пок месозад; захмҳои сар, варамҳои ху-
нӣ ва мӯрчагазак ном ҷӯшиши баданро хушк ва дафъ
мекунад, дардҳоро таскин медиҳад, милки дандонро
қувват мебахшад.
Баргашро кӯфта, ба варамҳои хунӣ ва мӯрчагазак
гузошта банданд, шифо мебахшад ва агар онро дар
равғани зайтун пухта, занҳо ба зери нофи худ гузошта
банданд, варами бачадонро таҳлил медиҳад, дардаш-
ро низ сокин мекунад, инчунин бавосир ва захмҳои
сарро дармон мебошад.
Самарашро пухта бихӯранд, пешоби бандшударо
мекушояд, хичакро қувват мебахшад, меъдаро пурқув-
ват месозад, исҳолро мебандад.
Агар бо чӯби он мисвок кунанд, яъне чӯби онро ба
дандонҳо бимоланд, онҳоро аз чирк пок мегардонад,
милкашро низ мустаҳкам мекунад.
Агар мисвокро ба дандон аз ҳад зиёд бимоланд,
дар забончаи ҳалқум ҷӯшиш пайдо мекунад. Ва агар
бисёр бихӯранд. мумкин аст, сатҳи даруни рӯдаҳоро
бихарошад. Дар ин маврид катиро бихӯранд, зарараш-
ро бартараф месозад.
Миқдори як бор нӯшидан аз обе, ки дар он мис-
вок ҷӯшонида шуда бошад, дар як рӯз то 150 грамм
аст ва меъёри хӯрдан аз тухмаш то 10,5 грамм.
Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» ва дигарон
гуфтаанд, ки барги он барои қӯтури пӯст, иллати ма-
хав, бавосир ва фосид шудани хун фоида дорад.
Агар меваашро бихӯранд, дарунро меронад, мур-
дор гаштани моддаҳои балғам ва сафроро ба ислоҳ
меоварад; барои сӯзиши узвҳои дохилӣ, истисқо, ва-
рамҳои гуногун, махав, табҳои гарм, резонидани кирм-
ҳои меъда ва рӯдаҳо (ҳатто кирми кадудона) даво ме-
шавад.

235. Исфанох

Ин гиёҳро дар як қатор маҳалҳои тоҷикон испаноғ
низ меноманд. Ин растании баҳорӣ мебошад, бисёр
нозук аст.
Ин растанӣ ҳам навъи бӯстонӣ дорад ва ҳам саҳ-
роӣ. Дар тиб қисми бӯстонии он истифода мешавад,
ки мехӯранд. Беҳтарини он тару тоза ва боронрасидаи
он аст.
540
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: бинобар қуввати покку-
нанда ва шустушудиҳандагӣ доштанаш, агар инро би-
хӯранд, дарунро мулоим мекунад. Хусусияти ғизогиаш:
хушҳазм, бодаш камтар аст назар ба сабзаҳои дигар.
Агар инро бо мудовамат бихӯранд, барои тафси меъ-
да, ташнагӣ, табҳои гарм, бемориҳои узвҳои даруни си-
на ва дарди шуш, ки аз гармӣ бошад, сил ва барои
дарди миён, ки аз бисёрии хун бошад, даво мешавад.
Агар инро бо боқило пухта бихӯранд, назлаҳои гарми
аз сар фурояндаро қатъ мекунад. (Назлаи гарм он
аст, ки ҳангоми дар бинӣ фуромаданаш сӯзиш дар сӯ-
рохи бинӣ ба амал меоварад).
Бо оби гиёҳи тару тозаи он ғарғара кунанд, дарди
гулӯ ва забончаи ҳалқумро шифо мебахшад.
Оби гиёҳи тари онро бо шакар ширин карда бинӯ-
шанд, дарди гулӯ ва забончаи ҳалқум, зардпарвин,
душвор шошидан, инчунин сӯзиши пешобро, ки сӯзок
меноманд, шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад.
Агар инро пухта гузошта банданд, дарди буғумҳо
ва варамҳоро, ки аз гармӣ бошанд, инчунин банд шу-
дани пешобро, ки сабабаш зиёд гаштани моддаҳои
гарммизоҷ бошад, дафъ менамояд. Ва агар нопухта гу-
зошта банданд, варамҳои гарми хунӣ ва газидани зан-
бӯрро даво мешавад, пучак ва чиртакҳоро мекафонад.
Вале ин гиёҳро аз ҳад бисёр бихӯранд, ба одамо-
ни хунукмизоҷ зарар дорад, дарди сар меоварад. Дар
ин маврид онро бо равғани бодоми ширин ё бо мас-
каи нави гов пухта, бо дорчинӣ ва мурч бихӯранд, зиё-
наш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби исфанохи тару то-
за дар як рӯз то 9 грамм аст. Ба ҷойи ин чилмангӯш-
так (семизут)-ро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Тухмашро бихӯранд, барои дарди дил, дарди узв-
ҳои даруни сина ва шикам, табҳои гарм, шираи тух-
маш барои табҳои диқ (лоғаркунанда) ва сил давои
хубест.
Ин тухмашро пухта ба варамҳои гарм гузошта бан-
данд, дарди онҳоро таскин медиҳад ва инчунин ва-
рамҳои сахтро таҳлил медиҳад —дар ин бобат давои
бисёр хубест.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 7
грамм аст.
541
Ногуфта намонад, ки исфанохро пухта, бо равғани
бодоми ширин ё бо маскаи нави гов хӯриш дода бихӯ-
ранд, барои дарди сар, ҷингак шудани узвҳо аз хушкӣ,
варамҳои шадиди сар ва агар бо гӯштҳои сара пухта
бихӯранд, барои молихулиё, девонагӣ, девонаи беқа-
рор, ки ин бемориҳо аз бисёр шудани моддаи савдо
омехта бо сафро ҳодис шуда бошанд; бо почаи барра
ё бо почаи бузғола пухта бихӯранд, барои чарх задани
сар ва сиёҳ задани чашм, ки аз гармӣ ҳодис гашта
бошанд; инчунин барои гулӯгиршавӣ, бемориҳои узв-
ҳои даруни сина ва шуш, сил ва сурфа дору меша-
вад. Инро бо оши ҷав ё моши кӯфтагӣ пухта бихӯ-
ранд, барои варам ва дарди пардаҳои даруни сина,
банд шудани пешоб, сӯзок, табҳои гарм ва иллати хӯ-
ра доруи хубе мебошад.
Хӯра — ин реш ва захмест, ки дар ҳар узве пайдо
шавад, атрофи худро хӯрда, ба рим табдил медиҳад.

236. Сиреши саҳроӣ

Ин гиёҳ монанди сиреши кӯҳӣ, вале баргаш аз бар-
ги он хурдтар, пояаш низ аз пояи сиреши кӯҳӣ кӯтоҳ
ва бориктар. Гули сиреши даштӣ зардтоб, вале гули
сиреши кӯҳӣ сафед аст. Қисми заминӣ яъне бехрешаи
ҳар ду дар сохт ба якдигар монанд: дар мобайни ре-
шаҳояш монанди анҷири зард гирдшакли паҳн гиреҳ
дорад ва аз он ба атроф решаҳо рафтаанд — фарқи
решаи ин ҳар ду дар он аст, ки аз они сиреши кӯҳӣ
бузургтар назар ба решаи қисми саҳроии он.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин дар хӯрдан хислати
гармкунандагӣ дорад, таъмаш тунд, бо қуввати хушк-
кунанда мебошад, инчунин таҳлилдиҳанда ва мод-
даҳои ғализро дар бадан рақиқгардонанда аст; усту-
хони шикастаро бо ҳам пайваст мегардонад, варам ва
бодҳои хояҳоро таҳлил медиҳад ва пароканда месо-
зад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад
ва захмҳои ботиниро дафъ мекунад. 3,5 грамм аз ре-
шаи хоми он бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон месо-
зад; 7 грамм бихӯранд, дарди паҳлу, сурфа ва сустии
мушакҳоро дафъ менамояд
Гулаш ва самарашро бихӯранд, дарунро мулоим
542
мекунад; агар инро бо шароб биёшоманд, барои гази-
дани каждум ва ҳазорпо дору мешавад. Ва андакеро
аз он бихӯранд, қайро осон мекунад. 14 грамм решаи
онро бихӯранд, газидани морро шифо мебахшад ва
дар ҳолати газидани мор бояд, ки баргашро ҳам кӯф-
та, ба ҷойи офат гузошта банданд.
Пояашро дар сирко бо равғани зайтун пухта би-
хӯранд, иллати зардпарвинро дафъ менамояд.
Оби онро ба сафедаи тухми мурғ даромехта, латта-
ро дар он олонда гузошта банданд сӯхтагии оташро
шифо мебахшад; агар бо гӯгирд сиришта гузошта бан-
данд, шукуфаи пӯстро дафъ мекунад.
Оби сиреши тару тозаро бо шароби кӯҳнаи ширин
ва ё шароби талх ва заъфарон даромехта биҷӯшо-
нанд, ки бипазад. Баъд онро ба чашм кашанд, тарӣ,
шилпуқӣ ва сӯзиши пилкҳои чашмро ба ибро меова-
рад.
Сиреши даштии тару тозаро кӯфта, обашро гириф-
та, онро батанҳоӣ ё бо асал даромехта, нимгарм дар
гӯше, ки аз он рим ояд, бичаконанд, сиҳат мебахшад.
Ин обро нимгарм дар гӯш бичаконанд, дарди дандони
тарафи мухолифро таскин медиҳад. Инчунин агар он-
ро дар равғани зайтун пухта, он равғанро нимгарм
дар гӯш чаконанд, дарди дандони тарафи мухолифи
онро сокин мекунад.
Чун гиреҳи маркази решаи онро ковок намуда, дар
он равғани зайтун рехта, дар рӯйи оташ гузоранд, то
равған ба ҷӯш ояд ва онро нимгарм дар гӯш бичако-
нанд, дардашро таскин медиҳад ва гаронии гӯшро ис-
лоҳ мекунад. Ин равғанро бимоланд, аз сармо кафи-
дани дасту поҳоро шифо мебахшад, инчунин сӯхтагии
оташро ба ибро меоварад.
Решаи ин сирешро кӯфта, ба дандони курсӣ бигу-
зоранд, дарди онро сокин месозад. Чун ин решаро бо
сирко якҷо кӯфта, ба нарангушти дасти ҷониби дан-
дони кундшуда ва дарднок гузошта банданд, дарди он-
ро таскин медиҳад ва кундии онро ислоҳ мекунад. Агар
инро кӯфта, бо асал хамир сохта, ба шиками гириф-
тори иллати истисқо (водянка) гузошта банданд, нафъ
мекунад. Инро бо дурдаи (таҳшини) шароб пухта гу-
зошта банданд, решҳои римкардаи бадфиолро шифо
мебахшад, варами пистон ва хояро таҳлил медиҳад,
пучакҳо, чиртакҳо ва решҳои дигари римнокро сиҳат
543
мебахшад; агар бо шароб хамир сохта гузошта бан-
данд, варамҳои гарми сахтро таҳлил медиҳад.
Решаи инро сӯхта, бо равғани бодоми талх хамир
намуда, аввал мавзеъро бо матои пашмин хуб бимо-
ланд. баъд он хамирро ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯй-
рехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад; инчунин
доғи сафеди пӯстро бо матои дағал хуб молида, ин
хамираро дар офтоб нишаста, ба он доғ бимоланд, он-
ро дафъ мекунад.
Аммо хӯрдани сиреши даштӣ ба гурда зарар до-
рад. Дар мавриди зиён карданаш мустако бихӯранд,
ислоҳи зарар менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи сиреши даштӣ
дар як рӯз то 10,5 грамм аст. Агар ин ёфт нашавад,
ба ҷойи ин барои боҳ (пушти камар) сабзии даштиро
истифода баранд ва бар зидди заҳрнок шудан пиёзи
ансулро бихӯранд, раво мебошад.

237. Сиреши кӯҳӣ

Инро тоҷикони районҳои Айнию Панҷакент шушка-
ҳак меноманд, вале тоҷикони водии Ҳисор сичак мегӯ-
янд. Решаи ин ғафстар аз решаи сиреши даштӣ, бар-
гаш низ дароз ва сербартар, пояаш ҳам ғафстар ва
баландтар аз сиреши даштӣ мешавад; гулаш сафеди
майл ба сурхӣ, самараш гирдак ва таъмаш тунди мо-
ил ба тунҷӣ мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар решаашро бихӯ-
ранд, барои дарди паҳлу, сурфа ва зардпарвини ҳодис
аз бисёрии сафрои сӯхта (яъне аз ғалабаи сафрои
савдоомехта), харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо
ва инчунин дағалии ҳалқ даво мешавад; агар кӯфта
бихӯранд, пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Ва агар
сӯхтаи инро бихӯранд, низ пешоб ва ҳайзро меронад.
Сӯхтаи инро ба варамҳое, ки аз бисёрии балғам ба
амал омада бошанд, гузошта банданд онҳоро таҳлил
медиҳад; инро бо сирко хамир карда ба ҷоҳои гир-
дак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд,
мӯй мерӯёнад ва инчунин ба доғи сафеди пӯст гузош-
та банданд, онро дафъ мекунад.
Решаи ин гиёҳро кӯфта гузошта банданд, устухони
шикастаро ба ҳам мепайвандад, даббаро, ки аз дари-
544
дани пардаҳои шикам бошад, шифо мебахшад; пучак
ва чиртакҳоро мепазонад ва мекафонад, захмҳои ха-
бисаро (злокачественные язвы) дафъ месозанд; вара-
ми хоя, кӯфтагии мушакҳо ва асабҳоро ба ибро меова-
рад. Инро кӯфта, бо сирко ва равғани кунҷид хамир
карда гузошта банданд, қӯтур ва хоришро сиҳат ме-
бахшад, ҳамаи сахтиҳоро мулоим мекунад; бо орди
ҷав хамир карда гузошта банданд, захм ва решҳои
сарро хушконида сиҳат мебахшад.
Тухмаш хислати поккунандагӣ дорад, ахлоти ғализ-
ро дар бадан тит карда берун меронад. Мизоҷи тух-
маш гармтар назар ба решаи он аст. Агар инро бихӯ-
ранд, хун қай карданро ба ибро меоварад; бо шаҳдоб
(асалоб) бихӯранд, ҷигарро аз моддаҳои бегона пок
мегардонад.
Аммо хӯрдани ин дар узвҳои бадан гиреҳҳоро ба
амал меоварад. Дар ин ҳолат сиканҷабин бихӯранд,
зиёнаш ислоҳ меёбад; меъдаро ҳам суст мекунад —
дар ин маврид гулқанд хӯрдан кифоя аст, ки ин за-
рарро ислоҳ намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи сиреши кӯҳӣ дар
як рӯз то 20 грамм аст ва аз сӯхтааш то 4,5 грамм ва
инчунин аз тухмаш то 7 грамм бихӯранд, равост.

238. Зарпечак

Ин растаниест монанди ришта, зардранг ва зарди
сурхтоб, ки ба растаниҳои дигар печида, аз ҳисоби он-
ҳо зиндагӣ мекунад ва афзойиш меёбад. Баргҳояш бис-
ёр реза ва тухмаш аз арзан ҳам майдатар, рангаш
сурхи моил ба зардӣ, ки ҳанӯз гулаш норехта тухм
мебандад, ранги гулаш сурхи моил ба тирагӣ ва ре-
шааш мӯй барин аст. Тухмаш ба замин афтода, баъд
сабзида, ба набототи наздашбуда мепечад. Дар тиб
шохҳои риштамонанд ва тухмаш истифода мешаванд.
Мизоҷи ин агар дар ҷоҳои гарм рӯйида бошад, дар
дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, вале агар дар мин-
тақаҳои мӯътадил бирӯяд, гармиаш дар дараҷаи якум
аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, модда-
ҳои балғам ва савдоро аз бадан хориҷ мекунад, агар
бо бунафша якҷо карда бихӯранд, хилти сафроро ҳам
аз бадан дур мегардонад. Барои бемориҳои вобаста ба
мағзи сар ва асабонӣ, чунончи: дарди сар, ҷингак шу-
545
дани аъзо аз бисёрии балғам, саръ (припадка), мо-
лихулиё (меланхолия), навъҳои гуногуни девонагӣ,
дар хоб сиёҳӣ зер кардан, васвоси савдовӣ, фолиҷ
(шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани
рӯй, карахтӣ, дардҳои гуногуни буғумҳо, саратон реш-
гашта, хурсанд кардани дил — барои ҳамааш дору ме-
бошад. Зеро хилти (моддаи) савдоро, ки баамалова-
рандаи бемориҳои мазкур мебошад, аз бадан ва аз да-
руни майна ронда, ҳамаро пок мегардонад, инчунин
кирмҳои меъда ва бодҳоро дафъ мекунад. Ин гиёҳ ба-
рои мизоҷҳои пирон мувофиқ аст. Хуллас, барои бе-
мориҳои аз ғалабаи хилти савдо баамаломада ва пок
гардонидани узвҳои бадан аз савдо давои хубест, гиреҳ-
ҳоро мекушояд. Агар инро бо мурч ва давоҳои дигари
хушбӯй ҳамроҳ карда бихӯранд, қуввати ронданаш
зиёда мегардад.
Чун як ҳафта ҳар рӯз 35 грамм зарпечакро дар
150 грамм шири навдӯшида тар кунанду бо 70 грамм
сиканҷабин (сиркоасал) бинӯшанд, барои дафъ кар-
дани дарди сари савдовӣ, яъне барои дарди сар аз
бисёр шудани моддаи савдо дар сар, молихулиё, ҷин-
гак шудани аъзо аз зиёдатии балғам, ваҳшат (тарсон-
чакӣ) ва дилтапак (дилбозӣ) давои аҷибест. Низ 21
грамми онро ҳар қадаре шири гӯсфанди навдӯшида
дохил карда биёшоманд, барои дарди сари савдовӣ
даво мешавад, вале барои ин аввал баданро аз хилти
савдо танқия карда, баъд инро бинӯшанд. Инчунин
25 грамми онро бо оби панир биёшоманд, барои дарди
сари вобаста ба ҳолати дил, ки дар натиҷаи дохил
шудани савдо дар ин узв, мизоҷаш вайрон шуда бо-
шад. шифо мебахшад. Чун 21 грамми онро бо 35 грамм
мавизи бедона дар об ҷӯши сабуке дода, соф карда,
ба он обе, ки дар он сари бунафша ҷӯшонида шуда
бошад, ҳамроҳ карда, бинӯшанд, барои васвоси сав-
доӣ ва ихроҷ кардани кирми дарози меъда дору ме-
шавад. Агар ба ҳамаи ин таркиб барги говзабонро
изофа кунанд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад. Ҳам-
чунин 35 грамм зарпечакро бо оби панир даромехта
бихӯранд, молихулиёро шифо мебахшад.
25 грамм зарпечакро сабук кӯфта, дар шири навдӯ-
шида андохта, бо шакари сафед ширин карда биёшо-
манд. барои молихулиё, навъҳои гуногуни девонагӣ,
сиёҳӣ зер кардан дар хоб ва аксари иллатҳои савдовӣ
дармон мешавад.
546
Агар 25 грамм зарпечакро кӯфта, бо 25 грамм си-
канҷабин даромехта бихӯранд, хилти савдоро аз бадан
башиддат меронад, сипурзро пок мегардонад ва барои
молихулиёи вобаста ба вайрон шудани феъли сипурз
нафъ дорад. Агар ҳар ҳафта як мартаба аз ин таркиб
хӯрда шавад, нофеъ аз барои молихулиё девонагӣ ва
ҳамаи иллатҳои савдовӣ мебошад.
Чун зарпечакро дар об як-ду ҷӯше дода, баъд мо-
лида, соф карда, дар оби софи он гулқанд ҳал наму-
да, аз нав соф карда бинӯшанд, сарро аз ахлоти мур-
дори савдовӣ пок мекунад ва барои иллати дар хоб
сиёҳӣ пахш кардан, ки сабабаш ба сар баромадани
бухори меъда бошад, нафъ дорад.
Агар аз 21 то 35 грамм зарпечакро дар майи пух-
тагӣ камтар биҷӯшонанд ва баъд молида, фишурда,
соф гардонида бихӯранд, барои ҷингак шудани узвҳо
аз ғалабаи балғам, карахтӣ, саратони решгашта но-
феъ аст. Агар 15 грамм зарпечакро кӯфта, бо камтар
асал ва андаке намак бихӯранд, моддаҳои савдо ва
балғамро бо исҳол хориҷ мегардонад.
Огоҳ намоем, ки таркиби зарпечак бисёр нозук
аст. Бинобар ин онро бисёр маҳин кӯфтан, дар об ва
дигар давоҳои рақиқ (суюқ) муддати дароз ҷӯшони-
дан лозим нест. Агар маҳин бикӯбанд ва ё бисёр ҷӯ-
шонанд, хислати давогиаш гум мешавад. Ҳангоми ҷӯш
надода истеъмол кардан кӯфта, пачақ намудан кифоя
аст ва агар ҳатман ҷӯшонидан мурод бошад, як-ду
ҷӯш хӯрад, басанда аст.
Хӯрдани зарпечак ба одамони сафровӣ ва гармми-
зоҷон, инчунин ба ҷавонон зарар дорад: ғамгинӣ, бе-
ҳушӣ ва ташнагиро ба зуҳур меоварад. Дар ин ҳолат
заъфарон, катиро ва бо равғани бодоми ширин чарб
карда бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Ба қавле ба
шуш ҳам зарар дорад. Дар ин маврид шилми бодом-
ҳоро бихӯранд, безиён мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз зарпечак дар як рӯз то
17,5 грамм аст ва барои дар об ҷӯшонидан 35 грамм
меандозанд.

239. Талхшувоқ

Ин гиёҳро ба забони ӯзбекӣ эрман ва ба руси горь-
кая полынь мегӯянд ва алҳол дар аптекаҳо ба «по-
лынь трава» машҳур аст.
547
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ба дарун истеъмол кар-
дани он гиреҳҳои узвҳоро мекушояд, иштиҳо меова-
рад, хилти сафро, зардоб ва дигар моддаҳои талхро,
ки дар меъда шах шуда бошанд, бо воситаи пешоб
хориҷ мекунад; рагҳои узвҳои даруни сина ва шушро
аз моддаҳои ғайрӣ пок мекунад. Агар инро бардавом
бо зарпечак якҷо бихӯранд, хилти савдоро ҳам ронда,
баданро аз он пок менамояд ва барои дарди сар, каҷ
шудани рӯй, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба да-
розӣ), карахтии узвҳо, ларзак, саръ (припадка), сак-
та (мурда барин беҳаракат мондан), дар хоб сиёҳӣ
зер кардан, чарх задани сар, сиёҳ задани чашм, моли-
хулиё, лисарғус (летаргия); бемориҳои чашм, гӯш,
даҳан, ҳалқ, меъда, ҷигар, талхадон, сипурз, бачадон,
бавосир, дарди асабҳо, мондагӣ, гирдак-гирдак рехта-
ни мӯйи сар ва риш, дафъ кардани таъсири заҳри хӯр-
дашуда ва газидани ҷонварони заҳрнок даво меша-
вад, меъдаро қувват медиҳад, ба таом иштиҳо меова-
рад; пешоб, ҳайз ва ширро равон мекунад; ҳамаи
навъҳои кирми шикамро, аз ҷумла кирми кадудонаро
низ мекушад.
Агар инро дар об ҷӯш дода, бо он об ғарғара ку-
нанд, каҷ шудани рӯйро сиҳат мебахшад. Оберо, ки
дар он талхшувоқ ҷӯшонида шуда бошад, бо асал да-
ромехта биёшоманд, каҷ шудани рӯй, фолиҷ, сусту но-
тавон гаштани узвҳо, ларзак, саръ, сакта, дар хоб сиё-
ҳӣ пахш кардан — барои ҳамааш дору мебошад. Чун
каси фолиҷзада дар меъдааш ахлоти гармӣ аз чизҳои
хӯрдашуда ҷамъ гашта бошад, талхшувоқро дар об
ҷӯшонида, он обро бинӯшонанд, он ахлоти зарарнокро
дарҳол хориҷ мегардонад.
Оби гиёҳи тарашро дар гулӯ ё дар бинии сакта-
зада бирезанд, зуд онро ба ҳуш меоварад.
Талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро соф на-
муда, бо сабир (алоэ) бихӯранд, чарх задани сар ва
сиёҳ задани чашмро, ки аз бисёрии балғам ва сафро
ба зуҳур омада бошанд, ислоҳ мекунад. Агар инро дар
об як шабонарӯз тар карда, баъд он обро соф намуда
бинӯшонанд, лисарғусро ҳушёр мекунад.
Чун гиёҳи хушки онро кӯфта, дар латтаи зағирпоя
баста, баъд онро дар оби гарм тар карда, ба чашме,
ки дар он нуқтаҳои сурх муддати дароз боқӣ монда
бошад, гармбандӣ кунанд, онро дафъ месозад. Дар ин
548
амал ин даво хунро ба дараҷае мекашад, ки агар он
латтаро бифишоранд, хун аз он бармеояд
Ин гиёҳро дар майи пухтагӣ ҷӯшонида, ба чашм
бимоланд, дарди чашм ва пардаеро, ки чашмро торик
мегардонад ва инчунин дарди луққосии чашмро шифо
мебахшад.
Талхшувоқро гард барин ос карда, чун сурма ба
чашм кашанд, дарди чашм ва пардаи бегонаи дар он
афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ мекунад.
Чун ин гиёҳро дар шароб ҷӯшонида, гӯшро ба бу-
хораш бидоранд, дарди онро дафъ мекунад ва инчунин
варами баногӯшро мегардонад.
Талхшувоқро дар об ҷӯшонида, он обро соф наму-
да, бар болояш равғани бодоми талх рехта, бо оташи
мулоим биҷӯшонанд ба ҳадде, ки об батамом бухор
шуда раваду равған бимонад. Ин равғанро бо кам-
тар заҳраи буз даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд,
боди даруни гӯшро, ки дар даруни гӯш ҷарангҳои гу-
ногунро ба амал меоварад, таҳлил медиҳад ва агар
дарунаш ҷароҳат дошта бошад, ҳамон дам пок ме-
гардонад, инчунин кариро, ки ҳарчанд кӯҳна шуда бо-
шад, дафъ мекунад ва бо ин ҳама омадани зардобро
аз даруни он шифо мебахшад.
Инро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, дарди меъда-
ро шифо мебахшад. Агар дар об ҷӯш дода, он обро
бинӯшанд, меъдаро қувват мебахшад; иштиҳои таом
батамом барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад; ба-
рои дардҳои ҷанин, тиҳигоҳ (холияки паҳлу), варами-
дани рӯ ва дасту поҳо, истисқо (водянка), дардҳои гу-
ногуни буғумҳо, бемориҳои мақъад, ки ҳама аз сардӣ
бошанд, давои хуб мегардад; бухорҳои мурдорро аз ба-
дан дафъ мекунад; мизоҷи вайронгаштаро ислоҳ меку-
над, ҷигари сустро ба ҳолати эътидол меоварад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, ҳар рӯз то даҳ рӯз
100 грамм аз он об бинӯшанд, зардпарвинро шифо ме-
бахшад, ба парҳез ҳам ҳеҷ ҳоҷат нест; ва агар аз бис-
ёр шудани рутубат иштиҳо гум шуда бошад, барқарор
менамояд. Оберо, ки дар он талхшувоқ ҷӯшонида шу-
да бошад, бо асал ё бо зарпечак биёшоманд, ҳамаи
бемориҳои сипурзро ба ибро меоварад
Ин гиёҳро кӯфта, бо анҷир, натрун (танакори ар-
манӣ) ва орди гандуми девона даромехта гузошта
банданд, истисқоро шифо мебахшад ва агар бо худи
549
сирко хамир карда, ба шикам гузошта банданд, барои
дафъи ин беморӣ зудтар таъсир мекунад
Талхшувоқро бо юнучқаи зардак (говришқа) якҷо
дар равғани зайтун пухта, аз рӯ гузошта банданд, ва-
рами ҷигарро таҳлил медиҳад.
Агар ин гиёҳро дар об ҷӯш дода, бо сирко сириш-
та, ба буғумҳое, ки аз гармӣ дард мекарда бошанд,
бимоланд, ба ибро меоварад. Инро кӯфта, бо муми
занбӯри асал ва равғани гулисурх сиришта, аз рӯ би-
моланд, дарди тиҳигоҳ, дарди кӯҳнаи меъда ва дарди
ҷигарро дафъ мекунад; бавосирро нафъ дорад, мақъ-
ади кафидаро сиҳат мекунад ва дарди онро низ тас-
кин медиҳад; бачадони сахтшударо, ки дар тибби ҳо-
зира ноболиғии бачадон меноманд, чун аслӣ мулоим
ва солим мегардонад.
Агар худашро танҳо кӯфта, занҳо ба зери ноф гу-
зошта банданд ё маҳин кӯфта, онро бо асал хамир
карда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандгаштаро ра-
вон менамояд, яъне мекушояд. Агар инро бо муми
занбӯри асал якҷо шамъча сохта, дар сӯрохи мақъад
бардоранд, кирмҳои кадудона (солитёр)-ро ихроҷ ме-
кунад.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бо биринҷи пухта-
гӣ ё бо наски пухтагӣ бихӯранд, ҳамаи кирмҳои ши-
камро кушта, берун меоварад, дарунро меронад; агар
он обро бо сирко бинӯшанд, барои бавосир ва кафи-
дани мақъад дору мешавад, инчунин моддаҳои гарм-
мизоҷро, ки дар натиҷаи нӯшидани давоҳои гарммизоҷ
дар меъда ҷамъ шуда бошанд, дафъ мегардонад.
Аз талхшувоқ шароб тайёр карда бинӯшанд, та-
рангии зери қабурғаҳоро ислоҳ мекунад, меъдаро қув-
ват мебахшад, бавосирро дафъ мекунад, сахтии узвро
нарм мегардонад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи
сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Гиёҳи хушки онро дар сандуқ, ҷомадон ва ҷевони
либосҳо гузоранд, монеи кирм задани он чизҳо ме-
гардад.
Агар дар обе, ки ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад,
сиёҳӣ тартиб диҳанду бо он сиёҳӣ ҳар чизеро китобат
карда бошанд, он навиштаҷот ва китобро куя, кирм,
муш ва дигар зараркунандаҳо намехӯранд, хаташ ҳам
ҳазорҳо сол боқӣ мемонад.
Кӯфтаи онро бо равғани зайтун даромехта, бар ба-
дан бимоланд, пашша ба он кас наздик намеояд. Агар
550
аз бисёрии кайк ба ранҷ омада бошанд, ин гиёҳро
дар об ҷӯшонида, дар он об латтаеро тар намуда, ба
макони кайкон паҳн кунанд, кайкҳо ҳама ба рӯйи он
матоъ ҷамъ шуда мемиранд ва агар ба он ҷо бипо-
шанд ҳам, раво мебошад.
Вале хӯрдани талхшувоқ сари меъдаро суст меку-
над, дарди сар меоварад. Дар ин ҳолат агар ба сард-
мизоҷон зарар карда бошад, мустако бояд бихӯранд
ва агар ба гарммизоҷон зарар оварад, шарбати анор
ва монанди ин шарбатҳоро биёшоманд, зиёнашро дафъ
мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз талқони кӯфтаи он дар
як рӯз аз 4,5 то 9 грамм аст. Дар вақти худашро хӯр-
дан бояд, ки бо равғани бодоми ширин чарб намоянд,
вале агар ҷӯшониданаш матлуб бошад, 7 граммашро
дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд.

240. Бобуна

Гули ин дар сохт ба гули бобунаи говчашм монанд
аст, вале аз он майда мебошад. Миёнаҷойи гули он
зард аст ва дар атрофи ин баргҳои сафеди гулаш чун
парра чида шудаанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гулашро кӯфта гузошта
банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, узвҳои сахтро
мулоим мекунад. Агар инро дар об ҷӯш дода, он об-
ро бинӯшанд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, май-
на ва асабҳоро қавӣ мегардонад, қуввати боҳро меаф-
зояд, бар муқобили заҳрҳо тарёқ мебошад; арақ,
шир, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, барои бемори-
ҳои вобаста ба майна ва дарди сар дору мешавад,
назлаҳоро манъ менамояд, бақияи дарди чашм ва бо-
ди даруни гӯшро таҳлил медиҳад, иллатҳои дамкӯтаҳӣ
ва зардпарвинро дафъ месозад; мондагӣ, дарди узв-
ҳои даруни сина, дарди ҷигар, дарди шикам, дарди
мақъад ва дарди бачадонро таскин медиҳад, инчунин
варамҳои ин узвҳоро ба таҳлил мебарад ва мегардо-
над, илова бар ин варами хояҳо ва дигар аъзоро таҳ-
лил медиҳад ва баданро аз ахлоти мурдор пок месо-
зад. Агар дар обе, ки гули ин гиёҳ ҷӯшонида шуда
бошад, то ноф бардавом даромада нишинанд, низ бе-
мориҳои мазкурро нафъ дорад.
551
Инро бихоянд, ҷӯшиш ва пухтани даҳанро шифо
мебахшад.
Хушки инро маҳин ос карда, ба чашм бипошанд,
аз кушода шудани носури чашм обравии онро ислоҳ
мекунад.
Бо обе, ки дар он гули бобуна ҷӯшонида шуда бо-
шад, чашмро бишӯянд, дарди онро сиҳат мекунад.
Агар инро бисӯзанд, аз дуди он ҷонварони зарар-
нок мегурезанд — дур мешаванд.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 15
грамм аст. Ба ҷойи ин гули бобунаи говчашмро, бӯймо-
дарони маҳинбарг ва бӯймодарони дуруштбаргро ис-
тифода баранд, равост.
Лекин истеъмоли бобуна ба дарун ба ҳалқ зарар
дорад —барои ислоҳи ин асал бояд бихӯранд.
Мизоҷи решаи бобуна гармтар ва хушктар, дар да-
вогӣ ҳам аз гули он қавитар мебошад.
4,5 грамм решаи инро кӯфта, бо шароб ва асал
бихӯранд, боҳро (пушти камарро) хеле бармеангезад.
Аз бобуна равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ. 100 грамм гули бобунаро дар 400 грамм равғани
кунҷид дар шиша карда, ба офтоб мегузоранд, баъд
аз як ҳафта, он гулро фишурда, дур карда, гули нав
меандозанд ва инак, то се-чор маротиба гулро нав ме-
кунанду баъд равғанро соф карда мегиранд.
Тариқи дигари гирифтани равғани бобуна чунин
аст. Дар таносуби 100 грамм гули бобуна дар 400
грамм об ҷӯш дода, баъд аз болояш равғани кунҷид
рехта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об бухор шу-
да раваду равған бимонад. Эҳтиёт кунанд, ки равған
доғ нагардад. Ва агар дар ин амал гули хушки онро
кор фармуданӣ бошанд, ним баробари вазни гули та-
раш бигиранд. Ҳамон тавр дар об ҷӯшонанду баъд би-
моланд, сонӣ аз матои бофташ зич гузаронида соф
намоянд. Аз болояш чор баробари вазни гули бобуна
равғани кунҷид андохта, бо оташи мулоим меҷӯшо-
нанд, то об бухор шуда раваду равған бимонад. Ало-
мати тамом шудани об аз ҷӯш мондани он аст.
Мизоҷи ин равған дар дараҷаи дуввум гарм ва дар
аввали дараҷаи дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши ин равған: агар инро бимо-
ланд, варамҳои сард ва мураккабро таҳлил медиҳад,
рутубатҳоро хушк мекунад, ларзондани вараҷаи сав-
довӣ ва балғамиро манъ месозад, арақ меоварад, мон-
552
дагиро бармеоварад; агар масомҳо аз таъсири сармо
банд шуда бошанд, мекушояд, беҳаракат мондани узв-
ро ба ибро меоварад, бодҳои дар узвҳо бандшударо
таҳлил медиҳад, яъне пароканда мекунад, дарди бу-
ғумҳо ва дарди миёнро таскин медиҳад, инчунин ниқ-
рисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо аст,
шифо мебахшад.
Агар ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, га-
ронии гӯшро ислоҳ медиҳад.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!