Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 198-205

198. Наргис

199. Садбарги сафед

200. Наъно

201. Нилуфар

202. Бомӯс

203. Морчӯба

204. Коснӣ

205. Коҳу

198. Наргис

Ин гули хушбӯй ду навъ мебошад: яке қадаҳӣ, ди-
гараш дутубақа. Гули навъи қадаҳии онро дар мобай-
наш ба шакли қадаҳе ё пиёлачае, зардранг, баргҳои
гулаш шаш адад, сафед ва моил ба гирдак. Инро нар-
гиси нар ҳам мегӯянд ва навъи дутубақаро наргиси
мода мехонанд. Баргҳои он зиёда ва бо рангҳои гу-
ногун, аз ҷумла, бунафш. Бех реша, поя, барг ва тух-
маш ба пиёзча монанд аст.
Пиёзаки наргиси қадаҳиро ба шакли салиб бурида,
яъне каме чок карда бишинонанд, наргиси дутубақа
мерӯяд.
Мизоҷи гул ва пиёзаки он дар дараҷаи саввум
гарм ва хушк аст, як қатор табибон инро мӯътадил дар
гармию хушкӣ ва баъзеи дигарон дар дараҷаи дуввум
гарм ва хушк гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: гулашро бибӯянд, дарди
сари балғамӣ ва савдовиро таскин медиҳад, гиреҳи
майнаро мекушояд, инчунин назла ва зукомро, ки аз
сардӣ бошанд, дафъ мекунад.
Табиби номӣ Ҷабраили Бахтишуъ гуфтааст, ки ҳар
кӣ хоҳад, ки дар зимистон зуком пайдо кунад, наргис-
ро бардавом бибӯяд.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, ширинчаро си-
ҳат мекунад ва назларо манъ месозад.
450
Пиёзаки хушки онро маҳин сойида бипошанд, пар-
даи дудмонанди ба чашм афтода ва нохунаки ин
узвро дафъ мекунад.
Пиёзаки онро кӯфта, бо асал сиришта гузошта бан-
данд, ҷингак шудани асабҳои чашмро ба ибро меова-
рад.
Ин пиёзакро хойида ё пухта бихӯранд, бағоят покку-
нандаи бадан мебошад, хусусан бо асал бихӯранд, таъ-
сираш зиёдтар мегардад ва ҳар чӣ дар меъда ҷамъ
шуда бошад, хориҷ менамояд, бачадонро аз моддаҳои
зарарнок пок мекунад; бачаи занони ҳомиларо хоҳ
зинда бошад ва хоҳ мурда, аз шикам меафтонад, ин-
чунин захмҳои берунӣ ва ботиниро ба ҳам меоварад.
14 грамм пиёзаки онро бо шаҳдоб (асалоб) бихӯранд,
ҳамаи намудҳои кирмҳои меъдаро ихроҷ мекунад, дард-
ҳои гуногуни хичак ва бачадонро таскин медиҳад.
Ин пиёзакро се рӯз дар шир тар намуда, баъд хуш-
конида, сойида, ба закар гузошта банданд, боҳро қув-
ват мебахшад, закарро ҳам калон мегардонад; бар по-
ёнтари, яъне бехи закар гузошта банданд, агар аз қо-
билияти мардӣ нотавон гашта бошанд, ин хислати мар-
диро барқарор мекунад. Пиёзаки онро батанҳоӣ ту-
зошта банданд, боҳро қувват мебахшад ва закарро ка-
лон мегардонад.
Пиёзаки хушкро кӯфта бипошанд, хуни ҷароҳатро
манъ мекунад ва худи ҷароҳатро ба ҳам овар-
да сиҳат менамояд. Кӯфтаи онро бо сирко ва
асал хамир сохта гузошта банданд, захмҳоро пок
месозад ва дубайларо, яъне кӯряраҳои калонро, ки
пухта шудани онҳо хеле душвор аст, мекафонад; инро
бо орди гандум ё бо орди гандуми девона ва асал ха-
мир карда гузошта банданд, тир, хор ва монанди ин-
ҳоро, ки ба ягон ҷойи бадан даромада бошанд, берун
меоварад; варами асабҳоро таҳлил медиҳад. Пиёзаки
онро кӯфта, бо сирко ва асал даромехта гузошта бан-
данд, реш ва ҷароҳатҳои калон ва чуқурро аз риму
чирк пок мекунад ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда си-
ҳат мебахшад ва торҳои гусастаи асабро ба ҳам пай-
васт менамояд. Инро кӯфта, бо асал сиришта гузош-
та банданд, дарди кӯҳнаи асабҳо, пайвандҳо (буғум-
ҳо) ва ниқрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту
поҳо мебошад, ба ибро меоварад, инчунин шикастагии
узвҳоро ба ҳам пайваст менамояд. Агар худашро тан-
451
ҳо кӯфта, гузошта банданд, ҷароҳатҳои узвҳои асабо-
ниро ба ҳам мечаспонад. Агар инро бо асал сиришта
гузошта банданд, сӯхтагии оташро сиҳат мекунад. Агар
кӯфтаи инро бо сирко сиришта гузошта банданд, ба
ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй ме-
рӯёнад; доғҳои сафеди пӯст ва дигар доғҳои ин узвро
дафъ мекунад.
Истеъмол кардани наргис барои одамони гармми-
зоҷ зарар дорад: онҳоро дарди сар мекунад. Давои ин
зиёнаш бунафша ва кофур хӯрдан аст.
Хислати гули он дар ҳама бобатҳои тиббӣ монанди
пиёзаки он аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз 7,5 грамм
аст.
Аз гули наргис равған ҳам тайёр мекунанд ба ин
тариқ. Дар шиша то нима равғани кунҷиди тоза ан-
дохта, даруни онро аз гули наргиси тару тоза пур ме-
кунанду ба офтоб мегузоранд. Дар панҷ-шаш рӯз бӯй
ва ранги гулҳо ба равған мегузарад. Он гоҳ гулҳоро
фишурда аз равған дур мекунанду гулҳои нав дохил
менамоянд ва ҳамин тариқ то чил рӯз дар офтоб ни-
гоҳ медоранд. Баъд гули охирин дохил кардашударо
ҳам фишурда дур месозанд, ки ин равған равғани нар-
гис ҳисоб меёбад.
Молидани ин равған дардҳои савдовӣ ва бодиро
дафъ мекунад, инчунин дарди сарро, ки аз ҷамъ шу-
дани бод ва дарди сари аз тарӣ ва савдовиро, инчунин
ҳамаи дардҳоро, ки сабабашон сардӣ бошад, дафъ ме-
кунад; барои бемориҳои асаб мувофиқ аст, даҳани банд-
гаштаи бачадонро мекушояд ва дарди онро ҳам тас-
кин медиҳад. Вале одамони гарммизоҷро дарди сар
мекунад.
Мизоҷи тухмаш то дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: 1,75 грамм тухми нар-
гисро кӯфта, бо шири навдӯшида биёшоманд, боҳро
(пушти камарро) бағоят ба ҳаракат меоварад.
Кӯфтаи онро бо сирко сиришта гузошта банданд,
доғи кунҷидак, доғи сафеди пӯст ва доғҳои сиёҳро аз
пӯсти бадан дафъ мекунад.
452

199. Садбарги сафед

Инро дар як қатор мавзеъҳо тоҷикон ба таври од-
дӣ «гули сафед» низ меноманд. Гулаш монанди гули-
сурх садбарг аст, бӯяш бисёр латиф ва хуш, барг-
ҳояш чун баргҳои гулисурх сафнок, буттааш ҳам ба
қадри гулисурх мебошад.
Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум
хушк аст, вале Шайхурраис дар дараҷаи дуввум хушк
гуфтааст.
Хислатҳои шифобахши он: бӯйидани гули он майна,
дил ва ҳамаи даҳ ҳисҳоро қувват мебахшад, мағзи
сарро гарм мегардонад, ҳамаи сардиҳои асабҳоро дафъ
мекунад, назла ва зукомҳоро барҳам медиҳад, атса
меоварад, гиреҳҳои майна ва бастагиҳои сӯрохи бини-
ро мекушояд, инчунин бод ва рутубатҳои даруни би-
ниро бо атса таҳлил медиҳад.
Гули садбарги сафеди даштиро таротар бар пешо-
нӣ бимоланд, дарди сарро таскин медиҳад, зукомро
дафъ мекунад. Ва оби гули онро бо равғани зайтун
даромехта бичаконанд, кирми даруни гӯшро мекушад
ва бодҳои даруни онро, ки боиси шунидани ҷаранги
даруни он мегардад, таҳлил медиҳад, инчунин ҷаранг
ва овозҳои гуногуни даруни онро дафъ мекунад. Агар
инро ба дандон бимоланд, дарди дандонро хомӯш ме-
созад.
14 грамми онро бихӯранд, узвҳои даруни синаро аз
моддаҳои бегона пок менамояд; варамҳои милки дан-
дон, варами ҳалқ ва варами ғадудҳои бодомшаклро
таҳлил медиҳад ва дилтапак (дилбозӣ) -ро, ки аз сар-
дӣ бошад, шифо мебахшад, меъда ва ҷигарро қувват
медиҳад, барои иллатҳои ҷигар мувофиқ мебошад; ҳик-
как (ҳиқичоқ), қай, беҳузур (беҷо) шудани дил, зард-
парвин ва қулинҷ (колит) даво мешавад, бодҳоро па-
роканда месозад.
Аз 3.5 то 14 грамм барги онро кӯфта бихӯранд, да-
рунро башиддат меравонад.
Муҳаммад бинни Закариё навиштааст, ки дар Ху-
росон дидам, ки аз 3,5 то 10,5 грамм гули садбарги
сафедро мехӯронанд, исҳоли қавӣ меоварад ва пешоб-
ро башиддат меронад. Гулқанди асалии он низ коми-
лан исҳоловар аст, дилро қувват мебахшад ва фараҳ
меоварад.
453
Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 25
грамм аст.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, донаи бавосир-
ро меафтонад ва иллати филпоро, ки поҳои одамӣ мо-
нанди поҳои фил ғафс мегарданд, аз шаст ва аз авҷ
мегардонад.
Гули инро бо ҳино якҷо кӯфта гузошта банданд,
мӯйро мустаҳкам мекунад.
Кӯфтаи онро дар ҳаммом ба ҷойи матлуб гузошта
банданд, бадбӯйии арақи баданро дафъ мекунад ва ин-
чунин арақро хушбӯй мегардонад.
Агар инро ба рухсора бимоланд, доғҳои кунҷидакро
аз он бармедорад.
Аз 2,25 то 4,5 грамм гули онро аз аввали моҳи ҳа-
мал оғоз карда то як сол биёшоманд, сафед шудани
мӯйро манъ мекунад. Ҳаким Антокӣ барои ин амр
ҳар ошомидани 9 грамм мураббои шакарии онро дар
«Китоби таҷриба»-и худ баён намуда, дар он китоб
мураббо, яъне гулқанди онро монанди гулқанди гули-
сурх месозанд, баён намудааст.
Мизоҷи гулқанди садбарги сафед гармтар аз мизо-
ҷи гулқанди гулисурх аст.
Хӯрдани мураббо, яъне гулқанди садбарги сафед
фараҳ меоварад ва дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз сар-
дӣ бошад, шифо мебахшад, дили сардмизоҷро қавӣ
мегардонад; низ исҳол меоварад.
Аз гули садбарги сафед равған ҳам тартиб меди-
ҳанд ба ин тариқ. Дар шиша то нима равғани кунҷиди
тозаро рехта, он равғанро аз гулбаргҳои ин пур на-
муда, ба офтоб мегузоранд. Дар 6—7 рӯз ранг, бӯй
ва қуввати гул ба равған мегузарад. Баъд он гулҳоро
фишурда дур мекунанду аз нав гулбаргҳоро меандо-
занд. Ҳамин тавр то чил рӯз гулҳоро иваз мекунанд.
Баъд гулҳои охиринро ҳам фишурда мепартоянд. Ҳа-
мин равған равғани садбарги сафед ҳисоб меёбад.
4,5 грамми ин равғанро биёшоманд, майнаро қавӣ
мегардонад, зот-ул-ҷанби балғамӣ ва савдовиро шифо
мебахшад.

200. Наъно

Инро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон пудинаи боғӣ ҳам
меноманд. Баргҳояш назар ба баргҳои пудина реза-
тар, нозуктар ва суфтаву ҳамвортар аст.
454
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: наъно дар ҳама ҷи-
ҳатҳои тиббӣ қавитар аз пудина мебошад. Агар инро
бихӯранд, гармӣ мебахшад, фараҳ меоварад, дилро
қавӣ мегардонад, хуни ғафсро рақиқ (суюқ) месозад,
моддаҳои хунукмизоҷро пароканда менамояд. Наънои
тарро бо орди ҷав даромехта, ба пешонӣ бимоланд,
дарди сарро, ки сабабаш хунукӣ бошад, шифо меди-
ҳад.
Оби наънои тару тозаро дар офтоб ғафс гардо-
нанд, инро усораи наъно мегӯянд. 0,5 грамм усораи
наъноро дар равғани гулисурх ҳал карда, дар бинӣ
то се дафъа бирезанд, ханозер (хукгардан)-ро шифо
мебахшад. Агар ин усораро дар шаҳдоб ҳал карда,
нимгарм бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Наъноро кӯфта бар забон бимоланд, дағалии он-
ро дафъ мекунанд. Ва агар инро бихоянд, дарди дан-
донро сокин мекунад.
Усораи инро биёшоманд, хунравӣ ва хун қай кар-
данро қатъ мекунад; дарди узвҳои даруни сина ва паҳ-
луро шифо мебахшад; рутубатҳои қасабаи шуш, ху-
ди шуш ва узвҳои даруни синаро мепазонад ва барои
хориҷ гаштан муҳайё месозад, инчунин узвҳои даруни
синаро аз моддаҳои зарарнок пок мекунад.
Чун наъноро бо сунбул якҷо дар об биҷӯшонанд
ва он обро бинӯшанд, дарди дил ва тапидани меъдаро
шифо мебахшад; қуввати мосикаи (нигоҳдорандагӣ)
узвҳои ҳозима (меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурз) ва
сари (даҳани) меъдаро қавӣ мегардонад, оруғро бар-
ҳам медиҳад, қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои
ғафс аст, дафъ мекунад, инчунин ҳамаи навъҳои кир-
ми шикамро мекушад; агар наъноро бо сирко бихӯ-
ранд, хунравиҳоро манъ мекунад.
Ду-се шохи наъноро бо оби анори турш биёшо-
манд, ҳиккак (ҳиқичоқ)-ро таскин медиҳад; беҳузур
(беҷо) шудани дил, қай ва исҳолро манъ мекунад, иш-
тиҳо меоварад, тапиши меъдаро барҳам медиҳад, дар-
ди дил ва дарди меъдаро ба ибро меоварад. Чун наъ-
норо бо камтар мустако бихоянд, ҳиккак ва дилтапак-
ро барҳам медиҳад, дилро қувват мебахшад, фараҳ
меоварад, зардпарвинро дафъ мекунад ва боҳро (пуш-
455
ти камарро) қавӣ мегардонад. Наъноро бо тухми анор
бихӯранд низ, исҳолро мебандад.
Чун ду-се шохи онро дар шир бимоланд, монеи
баста шудан, яъне ғафс гаштани он шир мегардад.
Наъноро бо сирко ва дигар туршиҳо бихӯранд,
намегузорад, ки он туршиҳо ба асабҳо зарар расонанд,
инчунин онро бо маҳсулоти ширӣ бихӯранд низ, ҳа-
мин таъсирро дорад. Хуллас, наъноро дар сиканҷа-
бинҳо ва дӯғоб дохил менамоянд, инчунин инро бо па-
нир низ мехӯранд.
Наъноро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, меъдаро
гарм ва қавӣ мегардонад ва иштиҳоро баланд меку-
над. Инро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта
банданд, шири дар пистон шахшударо ҳал ва равон
мекунад, вале худашро батанҳоӣ кӯфта гузошта бан-
данд, барои бавосир даво мешавад; бо мавизи ангур
сиришта гузошта банданд, варами хояро таҳлил ва
дарди онро таскин медиҳад.
Агар занон пеш аз муҷомаат наъноро хуб кӯфта
аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.
Вале хӯрдани наъно бод пайдо мекунад ва агар
бисёр бихӯранд, дар гулӯ хоришро ба амал меоварад.
Давои ин зарарҳояш карафс хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз наъно дар як рӯз то 9
грамм мебошад.
Наъноро бо намак якҷо кӯфта гузошта банданд,
заҳри саги девона газидаро дафъ мекунад. Агар онро
хойида гузошта банданд, шиддати заҳри каждумро ме-
шиканад.
Наъноро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда гузош-
та банданд, пучак ва чиртакҳоро мепазонад ва ба он-
ҳо дору мебошад.

201. Нилуфар

Ин калима аслан аз «нилупаҳл»-и забони ҳиндӣ
мебошад ва маънои «нил» дар забони ҳиндӣ—об ва
«паҳл» — самар аст. Ба руси лотос меноманд.
Нилуфар гулест, ки дар кӯлҳо ва дигар обҳои ис-
тода месабзад, баргаш ба рӯйи об паҳн мешавад ва аз
паҳлуи он поя баромада, дар сари он гули боҳашамат
ва зебо медиҳад. Ранги гулаш намудҳои гуногун до-
рад; нилӣ, сафед, арғувонӣ, бунафш, сурх, вале зар-
456
ди он камтар аст. Баъд аз рехтани гулаш самари чун
себ кулӯла мебандад, дар мағзи он тухмҳои майдаи
сиёҳ ҷойгиранд. Решаи баъзеи ин монанди сабзи да-
розаки сиёҳ ва баъзе кулӯла — ба таъм талх аст.
Мизоҷи ҳамаи қисмҳои он дар дараҷаи дуввум
хунук ва тар аст; мизоҷи гулаш аз бунафша ҳам сард-
тар ва дар тарӣ ҳам аз он зиёдтар аст; мизоҷи реша-
аш гарм ва хушк аст ва мизоҷи тухмаш хунук ва хушк
аст. Қувваташ ба як сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: бӯйидани гули он дил ва
майнаи гарммизоҷро қувват медиҳад, хоб меоварад;
дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад ва
хушкии майнаро ислоҳ мекунад. Инро бихӯранд низ,
ҳамин гуна таъсир дорад, илова бар ин назларо ме-
бандад, дағалии узвҳои даруни синаро ба ислоҳ меова-
рад, сурфаи гармро таскин медиҳад ва захмҳои беру-
нӣ ва ботиниро, ки аз давоҳои тез ба ҳам расида бо-
шанд, шифо мебахшад.
Чун онро бо заъфарон ва дорчинӣ омезиш дода би-
хӯранд, дилро қавӣ мегардонад ва дилтапак (дилбо-
зӣ)-ро шифо мебахшад.
Камтареро аз решаи он дар даҳан нигоҳ доранд,
варамҳои ҳалқро таҳлил медиҳад ва дарди гулӯро
дафъ мекунад.
Гулашро дар об ҷӯш дода, он обро кам-кам ва бар-
давом ба сар бирезанд, тафси онро таскин медиҳад.
Гулаш ё решаашро бихӯранд, исҳолро, ки кӯҳна
шуда бошад, мебандад, захми рӯдаҳоро шифо мебах-
шад, беихтиёр рехта шудани маниро ба ибро меова-
рад ва онро банд мегардонад, шаҳвати боҳро сокин
мекунад ва дар вақти хоб шайтонӣ шуданро манъ ме-
кунад. Гулашро батанҳоӣ бихӯранд, барои нағзак ва
сурхича даво мешавад ба шарте, ки баъд аз барома-
дани доначаҳои ин иллатҳо, на пеш аз он бояд хӯрд,
низ ҳарорати дил ва ҷигарро таскин медиҳад, табҳои
тез ва гармро басанда месозад.
Вале хӯрдани нилуфар ба хичак зарар дорад—да-
вои ин асал ва набот хӯрдан аст; барои боҳ ҳам футур
мерасонад — давои ин мағзи донаки меваҳо ва асал
хӯрдан мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷирми нилуфар дар як
рӯз то 10,5 грамм ва агар дар об ҷӯшонида, он обро
нӯшиданӣ бошанд, то 32 грамм андозанд.
457
Ба ҷойи нилуфар бунафша, бед ё гулихайрии сафед-
ро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Решаашро бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро мебандад, си-
пурзро таҳлил медиҳад, захмҳои рӯдаҳоро шифо ме-
бахшад ва беихтиёр равон шудани маниро манъ меку-
над. Агар инро кӯфта, аз рӯй гузошта банданд, дар-
ди меъда, мақъад ва хичакро шифо мебахшад, варами
сипурз ва мақъадро таҳлил медиҳад.
Ин решаашро кӯфта, бо об сиришта гузошта бан-
данд, доғи сафеди пӯст ва песро ба ибро меоварад,
хусусан решаи сиёҳи он дар ин амал қавитар аст. Ин-
ро бо асал сиришта гузошта банданд, ба ҷоҳои гир-
дак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Агар решаи нилуфарро дар сирко ҷӯшонида, он
сиркоро кам-кам ва бардавом бирезанд, варамҳои гарм-
ро таҳлил медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи нилуфар дар як
рӯз аз 3,5 то 10,5 грамм аст. Ва агар аз ин зиёд би-
хӯранд, боҳро заиф мегардонад.
Вале тухмашро бихӯранд, боҳро суст мекунад ва
маниро ғафс мегардонад. Агар инро се-чор мартаба
бихӯранд, аз бачадон равон шудани рутубатҳои бе-
мавридро хушк ва манъ мекунад.
Тухмашро кӯфта гузошта банданд, хуни рафтаис-
тодаро мебандад, дарди хичакро таскин медиҳад, ин-
чунин агар ҳайз беҳад ва беҷо равон мешуда бошад,
мебандад.
Шароби нилуфарро бихӯранд, дарунро мулоим ме-
кунад, дарди сари аз гармӣ сарзада, табҳои гарм ва
табҳои сафровӣ, сурфа, зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои
даруни сина), варами шуш ва дағалии узвҳои даруни
синаро шифо мебахшад.
Тарзи тайёр кардани шароби нилуфар ин аст. 300
грамм гули нилуфари тару тозаро дар 1200 грамм
оби ширин як шабонарӯз тар мекунанд ва баъд хуб
молида, аз дока гузаронида соф карда, бо 800 грамм
қанди сафед ба қивом меоваранд—ин шароби нилу-
фар ҳисоб меёбад. Агар гули тараш ёфт нашавад, дар
ин амал сеяк ё нисф вазни он гули тар аз нилуфари
хушк тартиб диҳанд, ҷоиз аст.
Нӯшидани арақи нилуфар дарди сари гарм, табҳои
сафровӣ ва табҳои диқ (лоғаркунанда), нағзак, сур-
458
хича, сурфаи гарм, зот-ул-ҷанб, варами шуш ва та-
пиши дилро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад.
Санъати тайёр кардани арақи нилуфар чунин аст.
Гули нилуфари тару тозаро бо чор баробари вазни он
оби ширини соф дар анбиқ муқаттар менамоянд. Баъ-
ди хунук шудани арақи ҳосилшуда дар шиша нигоҳ
медоранду вақти ҳоҷат истеъмол фармоянд. Ин арақ.
монанди май ва шароб мастиовар нест. Дар ин амал
агар гули тару тозаи нилуфар ёфт нашавад, чоряк ё
нисф вазни он гули хушкашро истифода баранд, ра-
во мебошад.

202. Бомӯс

Ин растании зироатист, низ дар миёнаи гандум ва
ҷав ҳам рӯйиданаш мушоҳада мешавад. Инро ҷави ду-
сар ҳам меноманд. Ҳангоми дон гирифтан, вақти хо-
миаш досааш рост ва баъди расидан досаи он каҷ ме-
гардад. Донаш сафед, ки аз як парда ду дона ба
ҳам мерасад. Инро ба забони русӣ овёс меноманд.
Мизоҷаш дар гармиву сардӣ мӯътадил ва моил ба
хушкӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: онро бо равғанҳои ғай-
ри қабзиятовар пухта бихӯранд, ба узвҳои даруни си-
на мувофиқ аст, сурфаро сиҳат мекунад, дарунро му-
лоим мекунад.
Бомӯсро кӯфта гузошта банданд, варамҳои гармро
дар давраи ибтидо бошанд, мегардонад ва таҳлил ме-
диҳад.
Вале хӯрдани ин гарон ва дерҳазм аст, дар шикам
бод пайдо мекунад. Давои ин зарарҳояш сирко, зираи
сиёҳ, равғани бисёр хӯрдан, макидани лиму, хӯрдани
биҳӣ аст. Агар ҳангоми хӯрдан ин дар сари меъда
монда бошад, шириниҳоро бихӯранд, онро фурӯд мео-
варад.

203. Морчӯба

Ин калимаи тоҷикист ва ба русӣ спаржа меноманд.
Морчӯба растаниест, ки баргҳояш монанди сӯзани
борик-борики бисёр мебошад рангаш сабз аст, ки ба
баргҳои сарсабил шабоҳат дорад. Гулаш сафед. Са-
459
мараш ба андозаи самари сарсабил аст, ҳангоми но-
расӣ кабуди сабзтоб ва дар вақти расидан сурх ме-
гардад. Ин боғӣ ва саҳроӣ низ мешавад. Гулфурӯшон
аксар ба дастаҳои гул ҳамроҳ менамоянд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
хушк аст ва хушкии саҳроии он зиёдтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, то-
рикии чашмро дафъ мекунад, зардоби дар гавҳараки
чашм фуромада дар давраи аввал бошад, дафъ месо-
зад; дарди узвҳои даруни сина ва шуш, дарди паҳлу
ва истисқоро шифо мебахшад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гар-
донанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Инро бихӯ-
ранд, гиреҳи ҷигар, сипурз ва гурдаро мекушояд, да-
рун ва ҷигарро мулоим мекунад, бодҳои гуногун ва
қулинҷ (колит)-ро таҳлил медиҳад, ҳамчун ғизо пур-
қувват аст, ҳазмкунандаи таом мебошад, бӯйи пешоб
ва арақи баданро дигар мегардонад, санги гурда ва
хичакро майда карда мерезонад, гурдаро аз моддаҳои
бегона пок месозад ва пешобро меронад.
Инро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мекунад,
балғами ба меъда часпидаро бо қай берун меоварад,
дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад, боҳро ба ҳаракат мео-
варад, пешобро равон мекунад ва агар бо шароб биё-
шоманд, чакмезакро шифо мебахшад.
Инро ба дили наҳор бихӯранд, санги гурда ва хи-
чакро майда карда мерезонад, инчунин иллатҳои гур-
да ва хичакро барҳам медиҳад. Пухтаи онро бо шароб
бихӯранд, газидани ғундаро дармон мешавад.
Вале агар инро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба сар зарар
мекунад — давои ин зиёнаш асал хӯрдан аст. Инро
бардавом бихӯранд, ба дарди пайвандҳо гирифтор ме-
кунад, таомро дар меъда вайрон месозад ва дилро бе-
ҳузур (беҷо) мекунад. Давояш: агар ба одамони сард-
мизоҷ зиён расонад, асал хӯрдан аст, вале барои гарм-
мизоҷон худи морчӯбаро дар сирко ҷӯшонида хӯрдан
аст.
Морчӯбаро дар шир пухта бихӯранд ва инчунин
танҳо бо гӯшт пухта тановул намоянд, боҳро қувват
мебахшад ва ин тавр истеъмолаш назар ба он, ки
танҳо худашро пухта мехӯрда бошанд, беҳтар таъсир
дорад.
Тариқи расмшудаи истеъмоли он чунин аст, ки ав-
460
вал инро дар об ҷӯшонида, он обро рехта мепартоянду
баъд бо тухми мурғ пухта мехӯранд. Зеро оби ҷӯши
аввалаш дилро беҳузур мекунад. Инчунин ошомидани
сиканҷабин ислоҳкунандаи зарари он аст барои ода-
мони гарммизоҷ, вале барои одамони сардмизоҷ ва ку-
ҳансолон давои ислоҳбахш ҳоҷат нест.
Миқдори як бор хӯрдан аз морчӯба дар як рӯз то
10,5 грамм аст.
Гуфтаанд, ки морчӯба кушандаи саг аст.
Тухмашро бихӯранд, гиреҳи сипурзро мекушояд.
Агар инро бо асал ва равғани баласон бихӯранд, сан-
ги гурда ва хичакро майда карда мерезонад. Занони
Миср тухми инро маҳин кӯфта, ба тухми мурғи ним-
пухта пошида, нимгарм мехӯранд ба гумони он, ки
баданро фарбеҳ мекарда бошад.
Агар тухми инро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи
бандгаштаро равон мекунад ва дар ин амал аз худи
растаниаш қавитар мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз то
9 грамм аст. Ба ҷойи ин ҳанзал (тарбузи абӯҷаҳл) би-
хӯранд, раво мебошад.
Вале ба дарун истеъмол кардани тухми ин ба май-
на зарар дорад — давояш сиканҷабин ошомидан аст.
Решаашро бихоянд, дарди дандонро таскин меди-
ҳад. Решаи хушкашро ос карда ба дандон гузоранд,
дарди дандони напӯсидаро таскин медиҳад, вале ху-
даш дандонро мепӯсонад.
Решаи хушкашро ба гардан овезанд, дарди дандон-
ро таскин медиҳад ва боиси бе ҳеҷ гуна дард канда-
ни он мегардад, агар ин тавр мурод бошад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко дар-
омехта, дар даҳан гардонанд, инчунин оберо, ки тух-
ми он низ ҷӯшонида шуда бошад, ҳамин тавр кунанд,
хосияти боло зикрёфтаро дорад. Ва решаашро дар
об ҷӯшонида, он обро батанҳоӣ ё бо асал биёшоманд
ва ё бо тухми харбуза бихӯранд, санги гурда ва хи-
чакро майда карда мерезонад, иллатҳои хичакро шифо
мебахшад, дарди ғудда ва роҳи пешобро, ки аз гиреҳ
ба амал омада бошад, дафъ мекунад.
Дар китоби «Филоҳа» қайд ёфтааст, ки чун шохи
гӯсфандро дар замин гӯр кунанду батакрор об ди-
ҳанд, морчӯба мерӯяд — ин озмуда шудааст.
461

204. Коснӣ

Ин гиёҳи маълум аст, баргаш қариб ба барги коҳу
монанд аст, гулаш кабуди хушманзар ва таъми ин талх
мебошад.
Мизоҷи тару тозаи он дар охири дараҷаи аввал ху-
нук ва тар аст. Агар дар ҷоҳои гарм ва дар ҳавои
гарм расида бошад, мизоҷаш гарми ба хушкӣ моил ме-
гардад. Ва мизоҷи коснии хушк ба хушкӣ моил аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби баргашро батан-
ҳоӣ ё бо сирко даромехта бимоланд, дарди сареро, ки
аз гармӣ ва аз ҷамъ шудани сафро бошад, таскин ме-
диҳад; бо сирко ва гулоб даромехта бимоланд, шаро
(аллергия)-ро шифо мебахшад; бо шароби мусаллас
даромехта бимоланд, варамҳои гармро таҳлил меди-
ҳад ва дарди чашмро шифо мебахшад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, дарди чашмро,
ки сабабаш гармӣ бошад, ба ибро меоварад.
Решаашро ё тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро
дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Ҳамин обро бо шароби шоҳтут даромехта, бо он ғар-
ғара кунанд, варами ҳалқ ва дарди гулӯро, ки дар дав-
раи ибтидо бошанд, шифо мебахшад; инчунин инро бо
оби кашнизи тар даромехта ғарғара кунанд низ, ҳа-
мин таъсирро дорад.
Барги инро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гу-
зошта банданд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз гармӣ бо-
шад, шифо мебахшад, дили гарммизоҷонро қавӣ мегар-
донад, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад.
Косниро бихӯранд, гиреҳи ҷигарро мекушояд, зард-
парвин ва истисқои гармро шифо мебахшад, гиреҳҳои
узвҳои даруни шикам, сина ва рагҳоро мекушояд, ҷи-
гарро қувват медиҳад, тафси хун ва ташнагиро таскин
медиҳад; беҳузур (беҷо) шудани дил, ҷӯшиши сафро
ва тафсидани меъда, қайи сафровӣ, шаро (аллергия),
ҷӯшиши хуни сафровӣ, нағзак (гулак), сурхича (ки-
зомуқ) ва исҳоли сафровиро дафъ мекунад.
Оби баргашро ҷӯшонида, кафкашро дур карда бо-
шанд, инро оби мураввақи коснӣ меноманд. Ин оби
мураввақи косниро бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшо-
манд, меъдаи гарммизоҷро қувват мебахшад, истисқо
(водянка)-ро дафъ менамояд: гиреҳҳои узвҳои бадан-
462
ро мекушояд, бӯйи бади рутубатҳои баданиро дафъ ме-
кунад.
Баргашро бо сирко бихӯранд, ҷӯшиши сафроро зер
мекунад ва барои банд кардани исҳоли сафровӣ даво
мешавад.
Оби мураввақи онро бо сиканҷабин биёшоманд, таб-
ҳои кӯҳна, таби дурӯздармиён ва табҳои хунукмизоҷро
шифо мебахшад.
Барги тар, тухм, гул ва решаи инро дар об ҷӯшо-
нида, он обро бинӯшанд, табҳои мураккаби кӯҳна, таб-
ҳои вабоӣ, истисқо ва иллатҳои сипурзро шифо мебах-
шад ва инчунин варамидани дасту поро ба ибро мео-
варад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, инчунин оби он-
ро бимоланд ё оби онро бо равғани зайтун бинӯшанд,
тарёқи давоҳои заҳрнок мегардад.
Барг ва решаашро якҷо кӯфта гузошта банданд,
заҳрҳои каждум, занбӯр, калтакалос ва дигар ҷонва-
ронро аз бадан дафъ мекунад.
Косниро кӯфта, бо орди ҷав ва сирко хамир сохта
гузошта банданд, дарди буғумҳоро, ки аз гармӣ бо-
шад, таскин медиҳад, ниқриси гармро шифо мебах-
шад; варамҳои гармро таҳлил медиҳад.
Оби баргашро бо сафедоб (белила) ва сирко дар-
омехта бимоланд, он узвҳоро сард мегардонад, агар
ин тавраш мурод бошад.
Оби барги инро ба сурб (қӯрғошим) сойида ва бо
равғани гулисурх даромехта бимоланд, барои сарато-
ни решгашта давои бемисл аст.
Миқдори як бор ошомидан аз оби коснӣ дар як
рӯз то 150 грамм аст.
Ошомидани коснӣ ба одамони сурфа дошта, ки сур-
фа аз сабаби варами тарафи барҷастаи ҷигар бошад,
зарар дорад ва коснӣ ин қабил варамро ба ҳаракат
меоварад, вале дар дигар ҳолат чандон зиён надорад.
Агар коснӣ зарар кунад, давояш шакар, шарбати
бунафша ва монанди инҳо ошомидан аст.
Мизоҷи тухми коснӣ дар дараҷаи дуввум сард ва
хушк аст, вале муаллифи китоби «Шифо-ул-асқом»
дар гармиву сардӣ мӯътадил ва хушк дар дараҷаи
дуввум донистааст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин барои дар-
ди сар ва дилтапак (дилбозӣ) дору мешавад, гиреҳҳои
463
узвҳои баданро мекушояд; истисқо, зардпарвин, таб-
ҳои сафровӣ ва табҳои аз гиреҳҳо баамаломадаро ши-
фо мебахшад; инро бо обе, ки дар он арпабодиён ҷӯ-
шонида шуда бошад, биёшоманд, заҳрро аз бадан, сус-
тии гурда ва сипурзро дафъ мекунад, хун қай кар-
данро манъ месозад, иштиҳо меоварад ва дар дигар
ҷиҳатҳо хислатҳои баргашро дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз аз
7 то 18 грамм аст.
Вале таъми ин ногувор ва дилро беҳузур мекунад—
давояш давоҳои хушбӯ ва сиканҷабин хӯрдан мебо-
шад.
Мизоҷи решааш дар дараҷаи якум гарм ва дар дув-
вум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ги-
реҳҳои узвҳои баданро башиддат мекушояд, ахлоти
баданро рақиқ (суюқ) мегардонад, роҳҳои ғизоро пок
месозад, пешобро меронад; барои соф гардонидани хун,
варами узвҳои даруни шикам ва сина, истисқо даво
мебошад; моддаҳои зарарнокро дар бадан пазонида,
барои дафъ шудан муҳайё менамояд ва онҳоро паро-
канда месозад, табҳои мураккаби кӯҳнаро шифо ме-
бахшад, дардҳои буғумҳоро таскин медиҳад.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи кӯфтаи ин дар як
рӯз аз 3,5 то 14 грамм аст, ва агар инро дар об ҷӯ-
шонида, он обро нӯшидан хоҳанд, аз 18 то 53 грамми
инро андозанд.

205. Коҳу

Инро ба русӣ салат меноманд. Коҳу растании маъ-
лум ва машҳур мебошад: саҳроӣ ва бӯстонӣ низ ме-
шавад. Қисми саҳроияш ҳам намудҳои гуногун дорад.
Дар тиб барои давогӣ бӯстониашро истифода меку-
нанд.
Мизоҷи коҳуи бӯстонӣ сард ва тар дар дараҷаи
дуввум аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, хунро соф
мегардонад, дар бадан хуни рақиқи (суюқи) солим
пайдо мекунад ва дар ин бобат аз тараҳои дигар беҳ-
тар мебошад, зарари об ва ҳавои вабоиро дафъ мена-
мояд, ҳаво ва обҳои гуногуни ногуворро ба ислоҳ ме-
оварад, фишори баланди хуни сафровӣ, шиддати саф-
464
ро, инчунин моддаи савдоро паст месозад; шиддати
ташнагӣ ва тафсро таскин медиҳад, гиреҳҳои баданро
мекушояд, хуморро дафъ мекунад, маст шуданро манъ
менамояд, намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз по-
ёни бадан ба майна бароянд; дарди сар, сурфа ва наз-
ларо, ки ҳама аз гармӣ ва хушкӣ бошанд дафъ месо-
зад; хоб меоварад, варамҳои гармро рад мекунад, да-
рунро мулоим мегардонад, пешобро меронад, хусу-
сан инро ношуста бихӯранд, дар ин бобат қавитар ме-
бошад. Инчунин барои хоришҳо, махав, девонагӣ, зард-
парвин, дарди пистон, табҳои гарм, захмҳои даруни
хичак, роҳҳои пешоб ва сӯзиши пешоб дору мешавад.
Агар ба ин барг сирко пошида бихӯранд, иштиҳоро
бармеангезад, зардпарвинро дафъ мекунад дарди меъ-
даро таскин медиҳад.
Пухтаи коҳу назар ба хоми он серғизотар мебошад,
барои дарди узвҳои даруни сина ва зиёд кардани ши-
ри занҳо давои хубест. Вале агар инро бисёр бихӯ-
ранд, барои боҳ (пушти камар), беморони сил ва дам-
кӯтаҳӣ зарар дорад, фаромӯшхотирӣ ба амал меова-
рад, ҳисҳои баданро тира мегардонад то ба дараҷае,
ки касро аҳмақ мегардонад, чашмро хира ва ҳатто то-
рик мекунад ва дарунро пурбод месозад. Барои исло-
ҳи зарари ин наъно, карафс, ҳалилаи парварда ва
зира бояд истеъмол намоянд.
Миқдори як бор хӯрдан аз оби ин дар як рӯз то
350 грамм аст.
Коҳуро кӯфта гузошта банданд, тафси чашмро тас-
кин медиҳад, варамашро низ мегардонад, инчунин ҳар
як варами гармро таҳлил медиҳад, сурхбодро нест
мекунад.
Коҳуро сӯхта, ос карда бипошанд, ҷароҳатҳоро ба
ҳам оварда сиҳат мебахшад ва ҷӯшиши (пухтани) да-
ҳанро дармон мешавад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои карахт-
кунандагӣ дорад, хоб меоварад, моддаҳои ба ҷӯш ома-
даро хомӯш месозад.
Агар аз ин 7 грамм кӯфта бихӯранд, дар вақти хоб
шайтонӣ шуданро ислоҳ мекунад, шаҳвати мардиро
суст мегардонад, зуком ва назларо банд менамояд,
дарди узвҳои даруни синаро таскин медиҳад, чакме-
465
закро ба ибро меоварад, беихтиёр равон шудани ма-
ниро ислоҳ менамояд.
Инро ба пешонӣ гузошта банданд, хоб меоварад,
дарди сарро манъ мекунад ва намегузорад, ки модда-
ҳои зарарнок ба чашм рехта шаванд; агар ба мӯй би-
моланд, онро аз рехтан нигоҳ медорад, ба ҷойи каж-
думгазида гузошта банданд, заҳрашро дафъ мекунад.
Вале хӯрдани ин барои боҳ зарар дорад — дар ин
маврид мустако бояд бихӯранд, ки дафъи зиёни он
намояд.
Аз коҳу равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Оби баргашро ҳар қадар, ки хоҳанд, мегиранду дар
зарфе аз болояш ним вазни он равғани кунҷиди тоза
дохил намуда, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то об
бухор шуда дур гардаду равған бимонад. Эҳтиёт ку-
нанд, ки равған доғ нагардад.
Мизоҷи ин равған сард ва тар аст.
Ин равғанро бихӯранд, ба майна намӣ мебахшад,
хоб меоварад; барои молихулиё ва саръ (припадка),
ки аз хушкии майна бошад, дору мешавад; сахтиҳои
даруни баданро мулоим мекунад, намегузорад, ки аз
шароб нӯшидан маст гарданд.
Равғане, ки аз тухми коҳу кашида бошанд, қавитар
аст аз равғани барги он. Тариқи кашиданаш чунин
аст. Тухми коҳуро ҳар миқдор, ки хоҳанд, мегиранд
ва бар он андак оби гарм пошида, баъд бо ҳар усул,
ки сахт бар он фишор бидиҳанд, равғанаш бармеояд.
Оби баргаш дар ҳама ҷиҳат монанди тухми он аст.
Агар инро бо равғани гулисурх даромехта бимоланд,
дарди сари гармро таскин медиҳад.
Мизоҷи коҳуи саҳроӣ сард ва тар аст, вале рутуба-
таш камтар аз бӯстонӣ мебошад. Инак, хислатҳои ши-
фобахшаш зиёдтар аз коҳуи боғӣ аст. Барг, тухм ва
шири он монанди коҳуи бӯстонӣ мебошад, балки ши-
раш аз он қавитар аст.
1,75 грамм аз шираш биёшоманд, моддаҳои обии за-
рарнокро аз ҷигар дафъ мекунад, ҳайзро равон мена-
мояд, барои касоне, ки каждум ва ғунда газида бо-
шанд, дармон мешавад.
Агар инро ба чашм кашанд, захми чашмро пок ме-
кунад, беист рафтани рутубатро аз он бозмедорад ва
ислоҳ мекунад.
466

Ба мундариҷа


error: Content is protected !!