Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 178-187

178. Пардаарӯсак

179. Чинорак

180. Гандано

181. Нок

182. Зира

183. Печак

184. Говзабон

185. Авсаҷ

186. Зуф

187. Лӯбиё

178. Пардаарӯсак

Ин гиёҳ аз оилаи сагангурҳо мебошад. «Пардаарӯ-
сак» аз ҳамин боис номида шудааст, ки самараш ба ан-
дозаи сари пистони занҳо дар даруни пардае, ки ба
шакли хичак ва дар бузургӣ чун манту ё тушбера аст,
ҷой гирифтааст. Даруни он парда ба ғайр аз самари
он дигар ҳеҷ чиз надорад, балки ковок ва холӣ мебо-
шад. Пардааш ҳам, донааш ҳам дар вақти хомӣ сабз
ва бипазад, сурх мегарданд. Баргаш монанди барги
сагангур, вале аз он дарозтар, гулаш сафеди моил ба
сурхи мебошад. Ин растанӣ ду навъ аст: кӯҳӣ ва бӯс-
тонӣ. Дар тиб парда ва самари навъи бӯстониаш кор
фармуда мешавад. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад.
Мизоҷи пардаарӯсаки бӯстонӣ сард ва хушк аст
дар дараҷаи дуввум, вале мизоҷи кӯҳии он дар дара-
ҷаи саввум сард ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: оби самари расидаи (пух-
тагии) онро дар гӯш чаконанд, решҳои кӯҳнаи гӯшро
дармон мешавад. Хӯрдани самари пухтагии пардаарӯ-
сак, иллати дамкӯтаҳӣ, обхӯра, яъне ташнагии доимӣ
ва душвории нафасро шифо мебахшад, моддаи сафро-
ро бо воситаи пешоб аз бадан хориҷ менамояд; ҳамаи
навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми каду-
донаро, ки ба русӣ солитёр меноманд, дафъ мекунад,
пешоби бандшударо равон месозад; бемориҳои гурда
ва хичак, инчунин захмҳои ин аъзоро шифо мебах-
шад; ҳоли бади ҷигарро ислоҳ мекунад.
Ҳар рӯз 4,5 грамм аз самари он бихӯранд, зардпар-
винро дафъ мекунад.
Агар зан баъд аз пок шудан аз ҳайз ҳафт адад са-
мари пухтагии онро фурӯ барад, ҳамон моҳ ҳомила
намешавад.
Оби самари онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро
усораи самари пардаарӯсак меноманд. Усораи инро би-
моланд, сахтиҳои бадан ва бавосир (геморрой)-ро таҳ-
413
лил медиҳад, решҳои кӯҳнаи гӯшро дафъ мекунад ва
решро аз фасод кардан нигоҳ медорад. Аммо зарари
ин ҳамин, ки агар инро бисёр бихӯранд, карахтӣ ме-
оварад. Дар ин ҳолат гулқанд бихӯранд, ислоҳи зарар
менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз пӯст (парда) ва самари
он то 17 грамм аст.
Пардаарӯсаки кӯҳиро бихӯранд ҳам, пешоби банд-
шударо равон мекунад. Аз ин 4,5 грамм бихӯранд, хоб
меоварад, вале аз ин зиёд бихӯранд, ақлро беҷо ва де-
вона мекунад.

179. Чинорак

Ин растанӣ аксар дар ҷоҳои обдор ва намнок ме-
рӯяд. Баргаш монанди барги чинор аст, бинобар ҳа-
мин чунин номидаанд. Гулаш зарди тиллоранг, инчу-
нин бунафш ва сафед ҳам мешавад. Намуди гиёҳаш
дар ҳаҷм хеле бисёр мебошад.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи саввум хушк
ва дар дуввум гарм аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин бисёр тез аст, зах-
мин ва решкунанда мебошад, пӯстро мехезонад, сӯзан-
да ва ба хориш оваранда мебошад, хуллас, инро ба
дарун истеъмол намефармоянд.
Решаашро хушконида, кӯфта, дар бинӣ бирезанд,
атса меоварад ва қавитар аз кундуш аст. Агар ин ре-
шаашро маҳин кӯфта, бо об сиришта, аз берун бимо-
ланд, луққосзанон дард кардани дандонро таскин ме-
диҳад ва агар худи инро ба дандонҳо бимоланд, он-
ҳоро реза карда меафтонад. Ва агар онро дар об ҷӯ-
шонида. он обро бирезанд, донача ва обилаҳои ширин-
чаро дафъ мекунад.
Агар решаи онро кӯфта бимоланд, қ¬ӯтур, донача
ва обилаҳо, озахҳои мехшакл ва ғуддаҳои овезонро
қатъ мекунад.
Барг ва шохи тари онро кӯфта, бо равғанҳо хамир
сохта гузошта банданд, қӯтури одамӣ ва ҳайвонотро
шифо мебахшад, доғи пес ва сафедии нохунро дафъ
мекунад; озахҳои гуногунро мерезонад, ба ҷоҳои гир-
дак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад Агар
ин таркибро занҳо аз таг бардоранд, бача ва ҳамроҳа-
414
ки (ёраки) бачаи онҳоро аз шикам меафтонад, ҳайзи
бандшударо мекушояд.
Аммо 9 грамми ин гиёҳро бихӯранд, мекушад.
Агар гиёҳи хушки онро кӯфта, бо ҳамвазни он орди
гандум хамир карда, ба узве гузоранд, баробари доғ
аст.

180. Гандано

Пиёзи гандано навъҳои гуногун дорад: даштӣ, кӯ-
ҳӣ ва бӯстонӣ. Беҳтаринаш бӯстонӣ аст, ки онро мар-
дум мекоранд ва пухта мехӯранд. Ин бинобар тунд-
таъм буданаш «пиёзи гандано» ҳам меноманд. Бар-
гаш монанди барги пиёз борик, аз миёни баргҳояш поя
бармеоварад, дар сари пояаш монанди пиёз гул меку-
над, тухмаш низ чун тухми пиёз сиёҳ мебошад.
Мизоҷи ин пиёз дар дараҷаи саввум гарм ва дар
дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: баргашро кӯфта, бо сир-
ко сиришта, ба пеши сар бимоланд ё гузошта банданд,
хуни биниро манъ мекунад.
Агар барги онро бихӯранд, қасабаи шушро, яъне
роҳи нафасро пок мегардонад, гиреҳи ҷигарро меку-
шояд; ҳозима ва камарро қувват мебахшад, дарунро
мулоим мекунад; қулинҷро, ки дард ва варами рӯда-
ҳои ғафс аст ва онро ба русӣ колит меноманд, дафъ
мекунад: пешоб ва ҳайзро равон месозад; агар баъд
аз таом бихӯранд, дар меъда турш шудани онро манъ
мекунад ва барои ҳазм ёрӣ мерасонад, боҳро қувват
мебахшад.
16 грамм аз оби он бинӯшанд, хуни бавосирро қатъ
мегардонад, боҳро ба ҳаракат меоварад. Агар ин миқ-
дор оби онро бо асал биёшоманд, бемориҳои узвҳои
даруни синаро, ки аз сардӣ ва тарӣ бошанд, шифо ме-
бахшад; варами шушро таҳлил медиҳад ва ҳамаи ин
иллатҳоро мепазонад. Агар инро бо оби ҷав ва онро
бо ҷав пухта бихӯранд, дарди узвҳои даруни сина ва
дамкӯтаҳиро сиҳат мекунад. Барги онро як шаб дар
сирко тар карда, баъд бихӯранд, гиреҳи ҷигар ва си-
пурзро мекушояд, қулинҷро дафъ мекунад.
Баргашро кӯфта бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад
ва барои бавосир фоида дорад. Инчунин баргашро
кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, рутубати беҷойи аз ба-
415
чадон ояндаро хушк мекунад ва намегузорад, ки ба-
чаи занони ҳомила бияфтад.
Пиёзи ганданоро дар об бо сирко ва намак ҷӯшо-
нида, дар он об занҳо то ноф даромада нишинанд, да-
ҳани бастагии бачадонро мекушояд ва инчунин сахтии
онро таҳлил медиҳад.
Он обро, ки дар он пиёзи гандано ҷӯшонида шуда
бошад, бимоланд, бавосирро нафъ дорад ва боҳро қув-
ват мебахшад.
Оби ганданоро бо равғани гулисурх ва сиркои кӯҳ-
на даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди ин
узвро таскин медиҳад ва ҷаранги онро дафъ мекунад.
Пиёзи онро кӯфта гузошта банданд, барои газида-
ни ҷонварони заҳрнок ва мори афъӣ тарёқ мешавад,
инчунин онро бо шаҳдоб биёшоманд, заҳрҳоро аз ба-
дан дафъ мекунад.
Пиёзи ганданоро кӯфта, бо кӯфтаи татум хамир
сохта гузошта банданд, шаро (аллергия) ва озахҳоро
дафъ мекунад; бо намак даромехта банданд, захмҳои
хабисаро (злокачественные язвы) ро шифо мебахшад.
Хӯрдани ҳамаи навъҳои гандано назар ба пиёз дер-
ҳазм аст, боднок ва бодангез мебошад, хунро месӯзо-
над, чашмро хира мекунад ва милки дандонро вайрон
месозанд, ба одамони гарммизоҷ зарар дорад: дида-
ни хобҳои бадро ба амал меоварад. Давои ҳамаи ин
гуна зарарҳояш—кашниз ва коснии тару тоза хӯрдан
аст.
Чун корд ва ғайра теғҳоро бо оби гандано об ди-
ҳанд, тезӣ ва буррогии онҳо нест намегардад, яъне ҳеҷ
кунд намешавад.
Мизоҷи тухмаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он; 9 грамм тухми онро бо
ҳамин миқдор тухми мӯрд бихӯранд ҳамаи бемориҳо-
еро, ки аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад; хун қай кар-
дан ва хунравиҳоро манъ мекунад; гиреҳи балғамии
ҷигарро мекушояд, иштиҳо меоварад, гурда ва хичак-
ро қувват мебахшад. Агар инро бо шароб биёшоманд
қуввати боҳ мебахшад ва боҳро бағоят ба ҳаракат
меоварад. Тухми ганданоро то бӯяш баромадан тафсо-
нида, бо самари мӯрд бихӯранд, рафтани дарун ва ху-
ни мақъадро мебандад.
416
Агар ин тухмашро сӯхта, дудашро ба мавзеъ би-
гиранд, бавосирро шифо мебахшад.
Усораи тухмашро, яъне оби тухмашро дар офтоб
ғафс гардонида, гузошта банданд, барои газидани афъӣ
дору мешавад, доғи кунҷидак ва дигар доғҳои пӯстро
дафъ мекунад, инчунин ҳамаи дардҳоеро, ки аз сар-
дӣ бошанд, таскин медиҳад.
Вале истеъмоли тухми гандано ба дарун барои гур-
да ва хичак зарар дорад—давояш асал хӯрдан аст.

181. Нок

Ин дарахтест, ки навъҳояш гуногун ва самараш
ранг ба ранг мебошад, ки инро амруд ҳам меноманд.
Беҳтарини он ноки сероби ширин ва пӯсташ нафиси
он аст.
Мизоҷи ноки пухтагӣ, ширин ва сероби он моил ба
гармӣ, яъне дар дараҷаи якум гарм аст ва дар дара-
чаи дуввум тар мебошад; мизоҷи дигар қисмҳои он
дар ҳарорат мӯътадил ва дар дараҷаи дуввум тар,
вале баъзеаш моил ба хушкӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: пухтагии онро бихӯранд,
майнаро аз намӣ таъмин мекунад, назлаҳоро дафъ ме-
созад аз боиси он, ки ба майна баромадани бухорҳоро-
манъ менамояд. Инчунин хӯрдани он фараҳ меоварад;
дил, меъда ва дигар узвҳои ҳозимаро қувват мебах-
шад: дилтапак (дилбозӣ), ташнагӣ ва сӯзиши хичак-
ро дафъ мекунад, ҳолати бади хунро ба эътидол мео-
варад, дарунро мулоим мекунад; баъд аз ҳазм ёфтан
баромадани бухоротро ба майна манъ менамояд, хусу-
сан, ки нокро баъд аз таом бихӯранд, ин хислаташ
зиёда мегардад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, ба узвҳо рехта
шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад.
Нок дафъкунандаи заҳри замбӯруғҳо мебошад. Чун
замбӯруғи заҳрнокро бо нок якҷо бипазанд, заҳрно-
киашро дафъ мекунад ва зарари он нест мешавад.
Мизоҷи ҳамаи қисмҳои дигари дарахти нок сард ва
хушк аст.
Гулашро бихӯранд, фараҳ меоварад, дилро қувват
мебахшад, хун қай карданро манъ мекунад, исҳолро
мебандад. Агар кӯфта гузошта банданд, варами чашм-
ро таҳлил медиҳад.
417
Тухми нок бадмаза, агар бихӯранд, дилро беҳузур
(беҷо) мекунад, вале агар 9 грамми онро кӯфта бихӯ-
ранд, кирми меъдаро кушта ихроҷ менамояд.
17,5 грамм баргашро бихӯранд, исҳолро мебандад
Агар барги хушки онро кӯфта бипошанд, ҷароҳатҳоро-
хушк гардонида сиҳат мебахшад.
Шилмаш таҳлилдиҳанда ва башиддат пазонанда
аст.
Чӯб ва барги нокро сӯхта, чун сурма ба чашм ка-
шанд, таъсираш монанди тӯтиё мебошад. Сӯхтаи инро
бипошанд, захмҳоро хушк мегардонад.
Ноки ширин ва пухтагии он чандон зарар надорад,
хусусан барои одамони гарммизоҷ безиён аст, вале ба
касони сардмизоҷи заифмеъда зиён мекунад.
Агар нокро бисёр бихӯранд, бод пайдо мекунад ва
хусусан хоми норасидаи онро бисёр бихӯранд, ҳатто
иллати қулинҷро ба амал меоварад. Ҳангоми зарар
расониданаш занҷабилро дар сирко тар карда ва ар-
пабодиён истеъмол намоянд, то ки ислоҳи зарари он
намояд.
Аммо бояд, ки нокро дар вақти холӣ будани меъда
нахӯранд, балки баъди аз меъда фуромадани таоми
хӯрдашуда, нокро истеъмол фармоянд. Нокро хӯрда,
аз болояш оби хунук нанӯшанд, таоми бадҳазм нахӯ-
ранд, инчунин онро бо гӯшт якҷо хӯрдан раво нест,
аммо бо шӯрбои гӯшти парандаҳои сабукҳазм хӯрдан
мумкин аст.
Ноки туршро ноки чинӣ ҳам меноманд. Беҳтарини
ин низ пухтагии сероби он аст.
Мизоҷи ноки турш дар дараҷаи якум сард ва дар
дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, меъда
ва ҷигарро қувват мебахшад, ба таом иштиҳо меова-
рад, фишори баланди хун ва сафроро паст мекунад,
инчунин ҷӯшиши ин ду моддаро дар бадан сокин ме-
гардонад, баромадани бухорро ба майна манъ мена-
мояд, дар бадан моддаҳои солим пайдо месозад; таш-
нагӣ ва қайро монеъ мешавад хоҳ тар ва хоҳ хуш-
кашро бихӯранд. Агар аз болои таом бихӯранд, ба
мағзи сар баромадани бухорҳои зарарнокро манъ ме-
кунад.
Вале хӯрдани ноки турш ба пирон, ба беморони
иллати қулинҷдоштагон ва одамони сардмизоҷ зарар
418
дорад, инчунин ба асаб ҳам зиёнкор аст, низ қулинҷ-
ро пайдо мекунад. Барои дафъи зарари он асал ва
дигар шириниҳо хӯрдан кифоя аст.
Агар ин нокро бо бухори об ё дар хамир печида,
дар зери оташ бипазанд ва ё бо асал ва шакар мураб-
бо карда бихӯранд, он гоҳ безарар мегардад, фақат
фоида мебахшад.
Ноки даштиро дарахташ майдатар, инчунин мева-
аш ҳам резатар, беоб, таъмаш ба тунҷӣ моил ва гӯё
дарунаш пури рег бошад, чунин маҳсус мешавад ҳан-
гоми хойидан.
Мизоҷи ин дар дараҷаи дуввум сард ва дар сав-
вум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: талқони хушки онро би-
хӯранд, исҳолро мебандад. Агар ордаки инро бипо-
шанд, ҷароҳатҳоро хушк мегардонад ва дар захмҳо
гӯшти нав мерӯёнад.
Ин навъи нок бар зидди заҳри замбӯруғ тарёқ
мебошад, чун инро бо замбӯруғи заҳрнок якҷо бипа-
занд, заҳри онро нест мекунад.
Хокистари чӯби онро бихӯранд, аз заҳрнок гаштан
ба дарди гулӯи шадид гирифтор шуда бошанд, сиҳат
мекунад, инчунин аз дигар чизҳо заҳролуд гашта бо-
шанд, ислоҳи зарари он менамояд.
Вале хӯрдани ноки даштӣ ба асаб зарар дорад,
инчунин иллати қулинҷро, ки дард ва варами рӯда-
ҳои ғафс аст, пайдо мекунад. Дар ин мавридҳои зарар
ёфтан аз хӯрдани ин, давояш асал ва дигар давоҳои
хушбӯй хӯрдан аст.
Ноки кӯҳӣ, ки инро олмурӯд ҳам меноманд, ду навъ
аст. Як навъаш дар кӯҳсорҳои минтақаҳои гарм мерӯ-
яд, ин калонтар аст ва дар вақташ пухта мерасад,
бисёр хушхӯри лазиз аст. Навъи дигараш дар кӯҳ-
сорҳои сард мерӯяд, ки самари ин ба зудӣ пухта на-
мегардад, ҳатто бар болояш барф меборад, вале ҳа-
мон тавр сахт ва даруни гӯшташ гӯё пур аз рег бо-
шад, ҳангоми хойидан маҳсус мешавад. Таъмаш тунҷ ва
турш аст, ҳаҷмаш майдатар аз олу, вале ба шакли
нок санавбаришакл аст. Инро мардуми ориф дар ҳа-
мон хомиаш дар вақти тирамоҳ чида, дар хона хушк
мекунанд бисёр сертухм аст.
Ҳангоми ҳоҷат ба касоне, ки гирифтори дарди гулӯ
419
ва инчунин бадтарин намуди дарди гулӯзиндонак (ху-
рӯсак) гарданд, дар об ҷӯшонида, он обро менӯшанд,
дар як интиҳояш, дар ду дафъа сиҳат меёбанд.

182. Зира

Ин тухми растаниест аз арпабодиён бориктар ва
ба ранг гуногун мешавад: сиёҳ, сабз, зард ва сафед.
Баргаш гирдшакл, қуббаи он монанди шибит аст, хуш-
бӯй, дар аксари маҳалҳо месабзад. Ҳар як намуди
зира бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ низ дорад. Даштии он
ҳамчун даво аз бӯстонӣ қавитар ва кӯҳиаш аз даштӣ
пурқувваттар аст. Як навъ даштиашро барг монанди
шоҳитара аст, тухмаш анбӯҳ ва ба сиёҳдона шабоҳат
дорад. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар саввум
хушк аст, вале ба қавли баъзе табибон гармӣ ва хуш-
киаш дар дараҷаи саввум мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: зираро як шаб дар сир-
ко тар карда, баъд дар бинӣ бирезанд ё он сиркоеро,
ки зира дар он тар карда шуда бошад, дар бинӣ ка-
шанд ва ё даруни биниро аз он зираи тар кардашуда
пур кунанд, хуни биниро мебандад.
Зираро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он
обро дар чашм чаконанд, хунравии онро қатъ меку-
над, пардаи дар он афтодаеро, ки чашмро торик ме-
гардонад, пок месозад, реши чашмро шифо мебах-
шад, нуқтаҳои сурхи даруни чашмро мебардорад, ка-
будии хуни дар зери пӯст мурдаро дафъ менамояд (ба-
рои охиринаш хусусан, ки бо равғани зайтун даромех-
та чаконанд, беҳтар аст).
Зираро бо намак хойида оби онро дар чашм чако-
нанд, қӯтури чашм ва сурхии онро дафъ мекунад; ин-
чунин баъд аз бурида дур сохтани нохунак бичако-
нанд, ба ҳам часпидани ҷойи онро манъ месозад; зира-
ро бо сафедаи тухми мурғ якҷо хойида бичаконанд, дар-
ди чашмро, ки сабабаш гармӣ бошад, шифо мебахшад.
Зираро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардо-
нанд, назлаҳоро мебандад ва дарди дандонро таскин
медиҳад, хусусан бо кокутӣ ҷӯшонида бошанд, дар ин
бобат қавитар мегардад.
Зираро бо обе, ки сирко омехта бошанд, биёшо-
420
манд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас) ва
дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш сардӣ бошад, ши-
фо мебахшад,
Хӯрдани зира ҷигар, меъда, гурда ва рӯдаҳоро қув-
ват мебахшад; иштиҳоро ба ҳаракат меоварад, бод-
ҳои дохилиро таҳлил медиҳад; ҳиккак (ҳиқичоқ)-и ру-
тубӣ ва бодӣ, ҳазм ноёфта фуромадани таом, дарди рӯ-
даҳо аз бисёрии бод, варами сипурз, исҳоли рутубӣ
(дар исҳоли рутубӣ хусусан бирёнкардаи он қави-
тар) — ҳамаашро шифо мебахшад: пешоб ва ҳайзи
бандшударо меронад, чакмезакро ба ибро меоварад.
Чун зираро бо намак якҷо хойида фурӯ баранд, ра-
вон шудани рутубатҳои бемавриди меъдаро қатъ ме-
кунад.
Агар зираро як шабонарӯз дар сирко парварда,
яъне тар карда, баъд хушк намуда бихӯранд ва ба ин
амал мудовамат намоянд, одати бади хок хӯрданро
қатъ мекунад.
Зираро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна
(клизма) кунанд, бодҳои зарарноки рӯдаҳо, меъда ва
гурдаро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад.
Зираро кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, занҳо аз
таг бардоранд, ҳайзи онҳоро қатъ менамояд.
кӯфтаи зираро бо равғани зайтун хамир карда гу-
зошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад.
Зираро бо шароб биёшоманд, заҳри морро аз ба-
дан дафъ мекунад.
Зираро кӯфта, бо орди боқило сиришта гузошта
банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад; бо мумравғани
зайтунӣ ва бо орди боқило сиришта гузошта банданд,
варами хояҳоро пас мегардонад.
Агар зираи кӯфтаро ба захм ва ҷароҳатҳо пур ку-
нанд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Зираро кӯфта, бо об сиришта бимоланд ё бо он
бишӯянд, башараро пок мегардонад.
Зираро бардавом бихӯранд ё арақи онро муттасил
бинӯшанд, баданро лоғар ва рангро зард мекунад.
Чун оби зираро бар бадани тифли навзод бимо-
ланд, дар тамоми умр дар бадани ӯ шапуш пайдо на-
мегардад.
Вале хӯрдани зира ба шуш зарар дорад —давояш
катиро хӯрдан аст.
421
Миқдори як бор хӯрдан аз зира дар як рӯз то 7
грамм аст.
Зира барои одамони хунукмизоҷ, пирон ва балға-
мимизоҷон бисёр фоида дорад. Чун инро бо хӯриш-
ҳои хушбӯйи таом, масалан, бо шибит ва дорчинӣ, ҳан-
гоми пухтани гӯшти бадҳазм дохил намоянд, онҳоро
сабукҳазм, қавӣ мегардонад, дарунро мулоим менамо-
яд, пешобро меронад ва бодҳоро таҳлилдиҳанда мебо-
шад.

183. Печак

Ин гиёҳест, ки ҳар чӣ наздикаш бошад, ба он ме-
печад. Намудаш гуногун: сафед, сурх, зард ва бунафш
аст. Тухмаш дар ғилофе сиёҳи моил ба сурхӣ ва қис-
ме аз он бесамар мебошад. Биёраи ҳамаи навъҳои пе-
чак ширдор аст. Беҳтарини печакҳо қисми майдаи он
аст.
Мизоҷи навъи калони он мураккаб-ул-қувват, Ҷо-
линус дар дараҷаи дуввум сард ва хушк гуфтааст, ва-
ле табиб Юҳано бинни Мосавия гарм донистааст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳ-
ҳои баданро мекушояд, дарунро мулоим мекунад, ис-
ҳол меоварад. Агар инро дар об биҷӯшонанд, қуввати
гиреҳкушояш зиёда, вале дар овардани исҳол заиф ме-
гардад бинобар он, ки рутубатҳояш дар вақти ҷӯши-
дан таҳлил меёбанд. Аммо оби фушурдаи он акси ин
хосиятро дорад.
Оби гиёҳи тару тозаи онро бо решаи савсани кӯҳӣ,
натрун (танакори арманӣ) ва асал даромехта, дар
бинӣ бирезанд, дарди сари кӯҳнаро шифо мебахшад.
Усораи онро, яъне оби гиёҳи тару тозаи онро дар
офтоб ғафс гардонида, бо равғани зайтун даромехта
чаконанд ва ё пахтаро ба он олонда дар гӯш гузоранд,
дарди гӯшро таскин медиҳад ва даруни онро аз чирк
пок мегардонад.
Барги печаки калони навъи сафеди онро биёшо-
манд, дарди сар, бемориҳои узвҳои даруни сина ва
шушро шифо мебахшад, инчунин гиреҳи ҷигарро ме-
кушояд. Агар обашро бинӯшанд, сурфаеро, ки аз баста
шудани дарун мегирифта бошад ва қулинҷи аз мод-
даи гарм баамаломадаро дафъ мекунад, сафрои сӯхта-
ро бо воситаи исҳол аз бадан меронад.
422
10,5 грамм гулашро кӯфта бихӯранд, захми рӯда-
ҳоро шифо мебахшад.
Барги тарашро бо сирко пухта гузошта банданд,
дарди сипурзро дафъ мекунад.
Гули қисми печаки бесамарро бихӯранд ё кӯфтаи
онро занҳо аз таг бардоранд, ҳайзро равон мегардо-
над. Агар инро сӯхта, занҳо баъд аз пок шудан аз
ҳайз дудашро ба поёни шикам ва миёни пойҳои худ
бигиранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.
Баргашро кӯфта, бо асал сиришта, занҳо аз таг
бардоранд, ҳайзи бандшударо равон мекунад. Бо оби
баргаш занҳо андоми шарм ва даруни онро бишӯянд,
бадбӯйии даруни бачадонро дафъ мекунад.
Оби барги тари печаки сафеди калонро бимоланд,
варамҳои гарми буғумҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва
чиртакҳоро мекафонад.
Барги тари онро дар равған пухта гузошта бан-
данд, варамҳоро таҳлил ва дардҳоро таскин медиҳад,
мондагиро дафъ месозад, вале нопухтаи онро кӯфта
гузошта банданд, ҷароҳатҳои калон ва сӯхтагии оташ-
ро шифо мебахшад.
Усораи онро, яъне оби онро, ки дар офтоб ғафс гар-
донида бошанд, бо мумравған сиришта гузошта бан-
данд, низ сӯхтагии оташро сиҳат мекунад.
Қисми сиёҳи онро, яъне печаки гулаш бунафшро
кӯфта гузошта банданд, захмҳои хабисаро (злокачест-
венные язвы) шифо мебахшад.
Барги қисми бесамари онро пухта гузошта банданд,
ҷароҳатҳои бадфиол ва раддиро ба ҳам оварда сиҳат
мебахшад ва сӯхтагии оташро ба ибро меоварад.
Усораи печаки сиёҳро ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ
мекунад.
Қисми печаки бесамарро кӯфта, бо шароб сиришта
гузошта банданд, газидани ғундаро даво мешавад.
Мизоҷи қисми печаки калон, ки баргаш моил ба
сиёҳӣ, дароз ва шахшӯл мебошад, хунук ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
дарди узвҳои даруни сина, сурфа, бемориҳои сипурз,
қулинҷ ва табҳои кӯҳнаро шифо мебахшад.
75 грамм оби гиёҳи тари онро бо 35 грамм гули-
сурх бихӯранд, хунравиро аз ҳар як узве, ки бошад,
қатъ мекунад.
Гиёҳи тари онро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳат-
423
ҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, вале агар хуш-
кашро кӯфта гузошта банданд, захмҳоро хушк ва
захмҳои хабисаро дафъ мекунад.
Ҳамаи навъҳои печак ҳангоми хӯрдан ба асаб, сар
ва хичак зарар дорад. Давои ин намуди зарари он на-
бот хӯрдан аст. Инчунин ҳомила шудани занонро ҳам
манъ мекунад, ҳайзро низ қатъ месозад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби он дар як рӯз аз
25 то 100 грамм аст ба шарте, ки онро наҷӯшонида, бо
набот биёшоманд.
Мизоҷи печакҳои майда қариб монанди печаки ка-
лон аст, яъне мураккаб-ул-қувват мебошад.
Хислатҳои шифобахши он. Хосиятҳои умумии ин:
варамҳоро таҳлил медиҳад, моддаҳои ғафсро дар ба-
дан рақиқ (суюқ) мегардонад, инчунин бинобар час-
панда будани таркибаш моддаҳои сафровиро бо исҳол
аз бадан дафъ мекунад. Ин навъи печак назар ба ҳа-
маи қисмҳои дигараш солимтар ва форамтар аст. Агар
инро бихӯранд, ҳамаи навъҳои сурфаро, ки бо хушкии
дарун бошанд, дафъ мекунад ва инчунин қулинҷро, ки
сабабаш моддаҳои гарм бошад, шифо мебахшад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои пай-
вандҳои бадан ва ғайраро таҳлил медиҳад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби ин гиёҳ дар як
рӯз 150 грамм бо 70 грамм набот бояд биёшоманд.
Ба ҷойи ин оби барги гулихайрӣ ва оби тугма-
чагулро бинӯшанд, раво мебошад.

184. Говзабон

Ин гиёҳро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон забони
говак низ меноманд. Растании мазкур ҳамаи қисмаш
пашмаки дурушти хормонанд дорад. Баргаш калон ва
дароз, монанди забони гов шахшӯл бо пашмакҳои да-
ғали хормонанд, ки бар рӯйи замин густарда мебошад.
Гиёҳи баҳориаш агар баргаш нав бошад, сабзи ба зар-
дӣ моил, вале дерина гардад, рангаш моил ба сиёҳӣ
мезанад. Гулаш лоҷвардӣ, дарозак. Тухмаш резаи тӯ-
лонӣ, сафед, аз тухми маҳсар бориктар, дар ғилофи
қифмонанде ҷойгир аст.
Мизоҷи тару тозаи он дар дараҷаи якум гарм ва
тар аст, вале агар хушк кунанд, рутубаташ коҳида,
424
мизоҷаш моил ба хушкӣ мегардад. Қувваташ то ҳафт
сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии ин:
фараҳовар, арвоҳ, яъне рӯҳҳои нафсонӣ. ки манбааш
майна аст, рӯҳи ҳайвонӣ, ки манбааш дил аст ва рӯҳи
табииро, ки марказаш ҷигар аст, ҳар сеяшро қувват
мебахшад, инчунин ҳарорати модарзодии баданро қавӣ
мегардонад; узвҳои раисаро, ки иборат аз дил, майна,
ҷигар, меъда, гурда ва хояҳо мебошанд, пурқувват ме-
гардонад, инчунин даҳ ҳисси одамиро мустаҳкам месо-
зад; дарунро мулоим мекунад, ахлоти сӯхта, моддаи
савдовии аз худи савдо ба ҳам расидаро бо воситаи
исҳол дафъ мекунад ва инчунин зарарҳои ин модда-
ҳоро барҳам медиҳад, инак, ҳамаи иллатҳои савдови-
ро ба ибро меоварад.
Агар говзабонро бо давоҳои муносиби дар об ҷӯ-
шонидашуда якҷо биёшоманд, барои сарсом (варами
пардаҳои майна ва худи майна, яъне менингит), ва-
рамҳои пардаҳои паҳлуи даруни сина, молихулиё ва
девонагӣ даво мешавад, ҳамаи ҳисҳои одамиро усту-
вор медорад ва ранги рухсорро неку месозад, фараҳ
мебахшад: дағалии қасабаи шуш ва узвҳои даруни
сина, сурфа, зиқ-ун-нафас (астма), дарди гулӯ, дарди
узвҳои даруни сина ва шуш, дилтапаки (дилбозии)
тарс, хавф, ғам, ваҳм, дилтапак — ҳамаашро дафъ ме-
намояд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезо-
над.
Ҳар як қисми говзабонро бо обе, ки дар он гули-
хайрӣ ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, варами пар-
даҳои майна ва худи майна, ворами пардаҳои паҳлуи
даруни сина, молихулиё (меланхолия) ва девонагиро
дафъ мекунад: ҳамаи ҳисҳои бадан ва ранги рухсорро
неку мегардонад; фараҳ меоварад; шахшӯлии қасабаи
шуш (бронхит), узвҳои даруни сина, сурфа, зиқ-ун-на-
фас, дарди гулӯ, дарди узвҳои даруни сина ва шуш,
дилтапаки савдовӣ, ваҳшигӣ, васвос, хавф, тарс, ғам
ваҳм ва зардпарвинро шифо мебахшад, санги гурда ва
хичакро майда карда мерезонад.
Говзабонро дар об ҷӯшонида, он обро бо набот, ша-
кар ё бо асал ширин карда бинӯшанд, дағалии узв-
ҳои даруни сина ва қасабаи шуш, сурфа ва зиқ-ун-на-
фасро шифо мебахшад.
7 грамм гули хушки онро бо 3,5 грамм гили арма-
425
нӣ, 7 грамм шакар даромехта бихӯранд, дилтапак
(дилбозӣ), дағалии узвҳои даруни сина ва сурфаро
шифо мебахшад, ҳарорати табиии (модарзодии) бадан
ва ҳамаи қувваҳоро барқарор мекунад, зардпарвинро
шифо мебахшад; санги гурда ва хичакро майда карда
мерезонад, ранги рӯйро соф месозад.
Говзабонро сӯхта, дар даҳан бипошанд, яъне ба да-
руни даҳан бипошанд, пухтани (ҷӯшиши) даҳани тиф-
лонро сиҳат мебахшад, инчунин сӯзиши даҳанро дафъ
мекунад, рафтани хунро аз милки дандон манъ мена-
мояд.
Хӯрдан ва ошомидани говзабон ба сипурз зарар
дорад — давои ислоҳи зарараш сандали сафед хӯрдан
аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки говзабон
дар як рӯз аз 7 то 17,5 грамм аст. Агар дар об ҷӯшо-
нида ё тар карда, он обро нӯшиданӣ бошанд, аз 17,5
то 35 грамми онро дар об андозанд. Аз оби фишурдаи
говзабони тару тоза то 100 грамм нӯшидан равост.
Ба ҷойи говзабон абрешими хоми сӯхтаро истеъмол
намоянд, ҷоиз мебошад.
Чун аз оби говзабони тар, оби себ ва оби мавизи
ангур шароб тартиб дода, 9 грамм аз он бинӯшанд, на-
зар ба 300 грамм шароб қавитар фараҳ мебахшад, ва-
ле ин монанди шароб ақлро беҷо намекунад.

185. Авсаҷ

Ин растаниест, ки бар деворҳо ва панҷараҳо хази-
да баланд мешавад. Баргаш ба барги гулисурх мо-
нанд, вале хору пашмак дорад ва васеътар аст аз он.
Мевааш монанди самари марминҷон ва тути сиёҳ, вале
сурх аст. Инро дар диёрҳои мо бисёр парвариш мена-
моянд. Онро ба забони русӣ земляника мегӯянд.
Мизоҷи ҳамаи қисмҳои ин растанӣ дар дараҷаи
якум сард ва дар дуввум хушк аст.
Оби барги тару тозаи онро ҳафт рӯз пай дар ҳам
дар чашм чаконанд, гули дар он афтодаро дафъ ме-
кунад.
Чун оби самари пухтагии онро ситонида, соф кар-
да, хушк намуда ва вақти ҳоҷат 0,5 грамми онро бо
сафедаи тухми мурғ ё бо шири занон сойида, дар чашм
426
чаконанд, ҳамаи намудҳои дарди чашм ва гули ба он
афтодаро дафъ мекунад. Инро батанҳоӣ ба пешонӣ гу-
зошта банданд, фуромадани моддаҳои зарарнокро манъ
менамояд.
Тӯтиёро дар оби авсаҷ як шабонарӯз тар карда,
баъд ба чашм кашанд, барои дарди чашм давои бис-
ёр хубест.
Чун барги онро то қувваташ ба об гузаштан биҷӯ-
шонанд, пас, молида, аз матои бофташ зич гузарони-
да соф кунанд ва то ғафс гаштанаш боз биҷӯшонанд,
ки ин барои дафъ кардани гули чашм таъсираш бис-
ёр хуб аст.
Баргашро бихоянд, ҷӯшиши (пухтани) даруни да-
ҳанро сиҳат мекунад.
Барги тарашро кӯфта гузошта банданд, доначаҳои
мӯрчагазак ва сурхбодро, агар ҳарорати онҳо дар ка-
моли шиддат набошад, шифо мебахшад.
Усораи барги тару тозаи онро, яъне оби баргаш-
ро дар офтоб ғафс гардонида, баъд биёшоманд, барои
қӯтури сафровӣ даво мешавад ва тафси сафровии ба-
данро таскин медиҳад.
Табиби номӣ Шариф шаҳодат додааст, ки табибо-
ни Юнон, Форс ва Ҳинд бо авсаҷ махавро, агар иллат
дар ҳолати ибтидо бошад, муолаҷа менамоянд ба ин
тариқ, ки решаи онро реза карда, ҳар рӯз 25 граммаш-
ро дар 300 грамм об то сеяки об мондан меҷӯшонанд
ва баъд соф намуда менӯшанд—ин тавр чор—панҷ
маҷлис (бегоҳ) меошоманд, бо воситаи дафъ кардани
савдои сӯхта аз бадан, махав шифо меёбад ба шарте,
ки ду рӯз пеш аз ошомидани он шӯрбои гӯшти гӯсфан-
ди фарбеҳро бихӯранд ва дар рӯзи саввум оби ин ре-
ша ҷӯшонидашударо бинӯшанд, инак, то чанд рӯз бо
он мудовамат намоянд, мурод ҳосил мегардад. Бояд,
ки рӯзи дуввум баъд аз нӯшидани он, ки рӯзи роҳат
аст, ҳаммом кунанд.
Ҳакими машҳур Бағдодӣ ва як қатор табибони но-
мӣ навиштаанд, ки решаи авсаҷро дар шароби райҳо-
нӣ ҷӯшонида бинӯшанд ва дар он рӯзҳо ҳар рӯз ҳам-
мом кунанд, барои ҳамин беморӣ, яъне махав, давост.
Табиби номдор Антокӣ ҳамин шароберо, ки решаи
ин растанӣ ҷӯшонида шудааст, бинӯшанд, барои реш-
ҳои тар, қӯтур, хориш ва дафъ кардани доғҳои пӯст
беҳтар аз чӯби чинӣ донистааст. Ҳол он, ки чӯби чинӣ
427
барои аксари бемориҳои бедаво дармони хубтарин ҳи-
соб меёбад.
Чун решаи инро реза карда, бо барги мӯрд якҷо
бисӯзонанд ва пошидани он барои реш ва бемориҳои
мақъад, манъ намудани реши хабиса ва рӯёнидани мӯй
зудтар таъсир мекунад.
Меваи ин дар хислатҳои тиббӣ монанди барги он
аст, хунравиро қатъ мекунад ва исҳолро мебандад.
Миқдори як бор хӯрдан аз авсаҷ дар як рӯз то
4,5 грамм аст.
Вале хӯрдани авсаҷ ба сипурз зарар дорад, илла-
ти қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, пай-
до мекунад. Барои дафъи ин зарарҳояш катиро бояд
хӯрд.
Барг ва усораи онро дуд кунанд, ҷонварони зарар-
нок аз он ҷо мегурезанд.

186. Зуф

Ин растанӣ ду навъ мебошад. Якеро баргаш
камбару дароз, аз миёни баргҳояш пояи борике мехе-
зад, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дига-
реро барг васеъ ва шакли он дароз нест, назар ба
барги хели якум калонтар. Агар банди барг ё баргаш-
ро аз бандаш ҷудо кунанд, чизҳои риштамонанд аз он
зоҳир мегардад. Ин навъаш аз миёнаи поя то нӯгаш
зич тухм мебандад. Баргашро барги зуф меноманд. Мо
бо воситаи мушоҳадаҳои худ низ муайян намудем, ки
ҳар ду навъаш ҳам барои давогӣ мешояд. Тухми навъи
дуввумаш сиёҳтоби кулӯла ва майдатар аз навъи
якум мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст,
вале дар тухм ва решааш хушкӣ зиёдтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ҳар як қисми зуфро би-
хӯранд, хун қай карданро манъ мекунад ва тамоми
хунравиҳоро аз ҳамаи узвҳои ботинӣ банд менамояд
(аз ҷумла хуни биниро ҳам) ва барои иллати саръ да-
во мешавад. Агар инро дар бинӣ бирезанд ё дар пеши
сар ва сина гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.
Обашро нимгарм батакрор дар гӯш чаконанд, дар-
ди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гар-
донанд ё баргашро бихоянд, дарди дандонро таскин
428
медиҳад, ҷӯшиш ва дигар бемориҳои даҳанро шифо
мебахшад, ҳатто доначаҳои дар он дамидаро ҳам, ки
бадтарин иллати даҳан аст, дафъ мекунад милки дан-
дони сустгаштаро мустаҳкам менамояд ва хунравиро
аз он бозмедорад. Ва ё оби навъи борикбарги онро
дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даҳанро дафъ мекунад.
Оби баргашро хоҳ бичаконанд ва ё бимоланд, дар-
ди чашмро, ки аз гармӣ бошад, шифо мебахшад. До-
руҳои чашм дар оби ин гиёҳ сойида мешаванд ва ху-
даш низ ба давоҳои чашм дохил карда мешавад.
Тухмашро бихӯранд, хунравиро аз дарун манъ ме-
кунад.
Наскро бо барги он якҷо пухта бихӯранд, дамкӯта-
ҳиро шифо мебахшад.
Усораи онро, ки обашро дар офтоб ғафс гардони-
дашудаи он аст, биёшоманд, барои иллати диқ (лоғар-
кунанда), сил, хун қай кардан, захми шуш, дамкӯтаҳӣ
аз ғалабаи хун, яъне аз фишори баланди хун ва саръ
даво мешавад. Хӯрдани усораи он ҷигар, сипурз ва
гурдаи гарммизоҷро қавӣ мегардонад, инчунин гире-
ҳи ин узвҳоро мекушояд, шиддати ташнагиро меши-
канад, вайронии ҳазми таомро дафъ мекунад, хун қай
карданро бозмедорад, хунравиҳоро, ки аз ҳар як узв-
ҳои ботинӣ бошанд, манъ менамояд, сӯзиши пешобро,
яъне сӯзокро шифо мебахшад, вале хуни ҳайз ва ба-
восирро мебандад.
Реша, барг ё тухми онро бихӯранд, гиреҳи ҷигар
гурда ва хичакро мекушояд, инчунин ин ба давоҳои
кушояндаи гиреҳҳои онҳо дохил карда мешавад, ило-
ва бар ин барои захми рӯдаҳо дармон мебошад.
Наскро бо барги он якҷо пухта бихӯранд, ба ҷойи
барги лаблабу барои иллати истисқо (водянка)-и гарм
дармон мешавад.
Инро ба намак, наск ва сирко пухта бихӯранд, ис-
ҳоли хунинро мебандад.
Оби баргашро бо шароби тило (мусаллас) биёшо-
манд, барои дарди гурда ва хичак даво мебошад. Усо-
раашро, яъне оби баргашро дар офтоб ғафс гардонида
биёшоманд ё тухми онро дар об ҷӯш дода, бо он об
нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебах-
шад ва хуни бавосирро мебандад.
Агар кӯфтаи барги зуфро занҳо аз таг бардоранд.
429
дарди бачадонро, ки аз ҳуқна кардан ба ҳам расида
бошад, таскин медиҳад.
Гуфтаанд, ки агар се адад решаи онро бихӯранд,
таби рӯздармиён ва чор адад решаи онро бихӯранд,
таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Агар усораи
барги инро бо 113 грамм шароб даромехта биёшоманд,
табҳои тезро дафъ мекунад.
Решаашро бо намак кӯфта гузошта банданд, заҳри
саги девона газидаро дафъ мекунад. Барг ва решаи
инро кӯфта гузошта банданд ё хушкашро кӯфта бар-
давом бипошанд, захмҳоро аз рим пок месозад ва
решҳои хабисаи кӯҳна, ҷароҳатҳои чуқуррафта, сӯхта-
гии оташ, нори форсӣ ва решҳои давандаи хӯрандаро
шифо мебахшад. Агар инро бо сафедоб (белила) даро-
мехта гузошта банданд, ҷамра (карбункул) ном реши
мӯҳлик ва филпоро аз афзойиш манъ намуда, баъд
дафъ мекунад.
Решааш ё баргашро кӯфта гузошта банданд, ва-
рамҳои гармро таҳлил медиҳад; мӯрчагазак, шаро (ал-
лергия), сурхбод, варами пушти гӯш ва ханозер (хук-
гардан) -ро шифо мебахшад. Агар решаашро ба гардан
овезанд ҳам, барои ханозер хуб таъсир мекунад.
Вале мегӯянд, ки истеъмоли ин ба дарун барои шуш
зарар дорад. Барои дафъи ин зиёнаш асал бояд хӯрд.
Инчунин усораашро бихӯранд, ба сипурз зиён дорад—
дар ин ҳолат мустако бояд биёшоманд, то ки зарари
он ислоҳ ёбад.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он дар як
рӯз аз 50 то 150 грамм аст. Ба ҷойи ин туршаки (ща-
вели) бӯстониро истеъмол намоянд, раво мебошад.
Хосияти тухмаш монанди усораи барги он аст. Аз
ҷумла 3,5 грамм аз ин биёшоманд, хунравиро аз қис-
ми поёни бадан манъ мекунад.
Ин тухмашро тафсонида бихӯранд, исҳолро мебан-
дад; агар бо равғани бодоми ширин ё равғани гули-
сурх чарб карда бихӯранд ё танҳо худашро дар об ҷӯ-
шонида, он обро бо тухмҳояш якҷо биёшоманд, дарди
рӯдаҳоро дафъ мекунад, хунравиҳоро, ки аз дарун бо-
шанд, мебандад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то
10,5 грамм аст.
Ин ҷо ду калима аз бозёфтҳои худ дохил намоем.
Ҳар рӯз ба дили наҳор оби барги зуфро, яъне ним ё
430
як соат пеш аз ношито ва бегоҳӣ рӯз низ аз 150 то
180 грамм то як моҳ бинӯшанд, саратони меъдаро ши-
фо мебахшад.

187. Лӯбиё

Ин зироати маълум ва машҳур аст, дар шароити
Осиёи Миёна хуб ҳосил медиҳад. Тухми он ҳамчун ма-
солеҳи ош ва инчунин дар тиб низ истифода мешавад.
Навъҳои сурх ва сафед дорад.
Мизоҷи навъи сурхаш дар дараҷаи якум гарм ва
дар дуввум тар аст, вале мизоҷи сафеди он дар гармӣ
ва сардӣ мӯътадил мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрданаш боднок, дер-
ҳазм, аз он дар бадан моддаи ғализ пайдо мешавад
(хусусан аз сафедаш бештар), узвҳои даруни сина ва
шушро мулоим мекунад, манӣ ва шир пайдо менамо-
яд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат меоварад, ба-
данро фарбеҳ месозад, пешоб ва ҳайзро равон мена-
мояд (хусусан оберо, ки дар он лӯбиёи сурх ҷӯшони-
да шуда бошад, биёшоманд); бо камтар қанд биёшо-
манд, хунеро, ки аз занони навзойида меояд, пок мегар-
донад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.
Лӯбиёи сурхро дар об ҷӯшонида, дар он об занони нав
таваллуд кардагӣ батакрор даромада нишинанд, низ он
занонро аз хуни нифос пок мегардонад; бачаи зинда
ва мурдаро аз шиками занони ҳомила хориҷ мекунад,
инчунин ҳамроҳаки (ёраки) ҷанинро зуд берун меова-
рад ва дарди гурдаро таскин медиҳад.
Лӯбиёро бисёр ва бардавом бихӯранд, боиси дида-
ни хобҳои бад ва мушавваш мегардад. Ин гуна зара-
ри онро занҷабил, хардал (горчица), зира, намак, рав-
ғани зайтун, кокутӣ, мурч ва биҳӣ бихӯранд. ислоҳ ме-
кунад, инчунин бо гӯшт пухта бихӯранд, зиёнаш дафъ
мегардад.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.