Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 158-166


158. Сагангур

159. Санҷид

160. Писта

161. Замбӯруғ

162. Ток

163. Мурч

164. Қаламфур

165. Биринҷ

166. Пудина

158. Сагангур

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон ангури сагак
низ меноманд.
Дар сарзамини республикаҳои Осиёи Миёна ва Қа-
зоқистон сагангури табиӣ ду навъ аст: самараш сиёҳ
ҳангоми пухтан ва зарди сурхтоб. Барои ба дарун ис-
теъмол кардан ва давогӣ сагангури самараш рангин,
яъне зарди сурхтобаш зиёдтар ба кор меравад. Вале
навъи самараш сиёҳи он нисбатан камтар истеъмол
мегардад.
Мизоҷи сагангури бӯстонӣ, яъне мевааш рангини
он дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст; мизоҷи ме-
вааш сиёҳи он дар дараҷаи саввум сард ва хушк ме-
бошад.
Хислатҳои шифобахши он: навъи рангини он. Бар-
гашро хуб кӯфта ба сар гузошта банданд, дарди сар-
ро таскин ва варами пардаҳои майнаро таҳлил меди-
ҳад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам
375
ва бардавом ба сар бирезанд, низ ҳамин гуна таъсир
дорад.
Инро сӯхта, дудашро дар бинӣ бигиранд, назлаҳо-
ро дафъ мекунад.
4,5 грамм решаҳои борики онро бо шароб биёшо-
манд, хоб меоварад.
Решаашро кӯфта, бар баногӯш гузошта банданд,
варами онро таҳлил медиҳад.
Оби барги онро нимгарм чанд маротиба чаконанд,
бемориҳои гӯш ва биниро шифо мебахшад.
Усораи барги ҳар ду навъи инро, яъне оби баргҳои
сагангури рангин ва сиёҳи онро дар офтоб ғафс гар-
донида, баъд чаконанд, беист рафтани обро аз чашм
дафъ мекунад ва чашмро қавӣ мегардонад. Ва оби
растании ҳамаи навъҳои сагангурро бичаконанд, захм
ва осеберо, ки ба чашм расида бошад, шифо мебах-
шад.
Бо оби баргаш ғарғара кунанд ё он обро дар да-
ҳан гардонанд, варамҳои ҳалқро таҳлил ва дарди дан-
донро таскин медиҳад.
Барги сагангурро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд,
варами меъдаро таҳлил ва тафси онро таскин меди-
ҳад, инчунин барои варамҳои дигари гарм ва тафси-
дани узвҳои гуногун дармон мешавад.
100 грамм оби сагангури самараш рангинро бо ша-
кар биёшоманд, варамҳои ботиниро таҳлил медиҳад ва
бемориҳои узвҳои даруни шикамро шифо мебахшад;
ахлоти сафровиро бо исҳол дафъ мекунад, дарди рӯ-
даҳоро ба ибро меоварад, рафтани дарунро, ки аз гар-
мӣ бошад, манъ месозад; варами гарми мақъад ва ис-
тисқои гарммизоҷро таҳлил медиҳад. 50 грамм оби он-
ро бо оби арпабодиён ва оби коснӣ бардавом бинӯ-
шанд, ҳам, чунин таъсирро дорад.
Бо оби он ҳуқна (клизма) кунанд, девонагӣ ва ша-
ро (аллергия)-ро дафъ мекунад, рӯдаҳоро аз модда ва
чизҳои бегона пок мегардонад бинобар исҳол овар-
дан.
Пахтаи покизаро дар оби он тар карда, занҳо аз
таг бардоранд, беҷо равон шудани ҳайз ва рутубатҳои
бемавриди бачадонро қатъ мекунад. Агар ҳамин тавр
пахта ё латтаи покизаро дар оби он тар карда, дар
сӯрохи пушт бардоранд, иҳтиломро, яъне дар хоб шай-
тонӣ шуданро манъ мекунад.
376
Тухми сагангури сиёҳро биёшоманд, пешобро ме-
ронад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезо-
над, барои бадан салқинӣ мебахшад, инчунин иҳти-
ломро дафъ мекунад.
Оби самари сагангури рангинро биёшоманд, ва-
рамҳои гарми ботиниро таҳлил медиҳад. Агар ҳар
навъи гиёҳи онро кӯфта, гузошта банданд, варамҳои
гарми берунӣ ва даруниро таҳлил медиҳад; сӯхтагии
оташ, захми обила, решҳои даванда, саратони реш-
гаштаро (хусусан бо орди ҷав) сиришта банданд, ши-
фо мебахшад. Агар инро бо равғани гулисурх сириш-
та гузошта банданд, сурхбод ва мӯрчагазакро ба ибро
меоварад. Ба ҳамаи ннҳо илова намоем, ки агар оби
гиёҳи инро, яъне сагангури рангинро биёшоманд, низ
варамҳои гарми ботиниро таҳлил медиҳад.
Ба дарун истеъмол кардани сагангур барои хичак
зарар дорад — давои ин зиёнаш қанд хӯрдан аст.
Миқдори як бор ошомидан аз гиёҳи хушки он дар
як рӯз то 23 грамм ва агар дар об ҷӯшонида, оби онро
нӯшиданӣ бошанд, 45 грамми онро андозанд ва аз оби
баргаш то 100 грамм нӯшидан раво мебошад.
Огоҳ кунем, ки оби ҷӯш надодаи он ҳангоми нӯши-
дан башиддат қай меоварад.

159. Санҷид

Ин дарахт ва меваи маълум аст. Ду хел мешавад:
санҷидн зоғак ва оддӣ. Навъи оддии онро дар боғот
парвариш мекунанд. Қувваташ то ду сол боқӣ мемо-
над.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум
хушк аст, вале хушкӣ дар хоми он зиёдтар мебошад
Хислатҳои шифобахши он: ин қувватбахш ва фараҳ-
овар мебошад.
Хӯрдани санҷид барои дарди саре, ки дар натиҷаи
ба сар баромадани бухорот аз меъда ва дигар узвҳои
поёни бадан бошад, шифо мебахшад; сурфаи гармро
таскин медиҳад, меъдаро қувват мебахшад ва қувва-
ти нигоҳдорандаи онро меафзояд, инчунин бофти ин
узвро мустаҳкам мекунад; иллати қай карданро тас-
377
кин медиҳад, шиддати сафроро мешиканад, ба меъда
баромадани бухорҳои зарарнок ва рехта шудани мод-
даҳои бегонаро манъ мекунад. Агар санҷиди хомро би-
хӯранд, беҷо равон шудани рутубатро аз ҳар як ҷойи
бадан, ки бошад ва инчунин исҳолро манъ мекунад.
Ордакашро бихӯранд ҳам, ҳамин гуна таъсир дорад;
харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро ки сабабаш
бисёр гаштани сафро бошад, шифо мебахшад, бисёр
омадани пешоб ва чакмезакро ба ислоҳ меоварад; ор-
даки санҷидро хӯронидан ба кӯдакон бисёр хуб аст,
зеро ки ин барои мизоҷи онон бисёр форам мебо-
шад
Миқдори як бор хӯрдан аз санҷид дар як рӯз то 50
адад мебошад,
Гули санҷид сафед ва моил ба зардӣ, бисёр хуш-
бӯй аст.
Мизоҷи ин гулаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин барангезандаи шаҳ-
вати боҳ аст хусусан дар занон. Бинобар ки духтарони
наврасро аз бӯйидани гули санҷид манъ менамоянд.
Бӯйидани гулаш низ фараҳ меоварад, дил ва майнаро
қувват мебахшад. Агар бихӯранд, барои бемориҳои
вобаста ба майна, монанди: фолиҷ ва кузоз (столбняк)
дору мебошад; майна ва дилро қавӣ мегардонад. Ин-
чунин хӯрдани гули он дамкӯтаҳӣ ва захми шушро
сиҳат мекунад, меъда ва ҷигарро қувват мебахшад,
гиреҳҳоро мекушояд, бодҳоро таҳлил медиҳад; истис-
қо (водянка), зардпарвин ва ларзи табҳоро дафъ ме-
кунад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз гули санҷид
4,5 грамм аст.
Агар барги санҷидро ба ҷароҳат ва захмҳо гузош-
та банданд, ба рим меоварад, рими онро пок месозад
ва сиҳат мегардонад, ки ба давои дигар ҳоҷат нест.
Агар барги тараш набошад, барги хушкашро ҳам ба
кор баранд, равост.
Аз санҷид равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Баргҳои санҷидро дар равған то муҳарро шуданаш
меҷӯшонанд. Ин равғани санҷид ҳисоб меёбад. Моли-
дани ин барои буғум ва пайвандҳои бадан, суст ва
нотавон гаштани аъзо даво мебошад, мӯйро дароз ме-
кунад.
378

160. Писта

Ин дарахт дар кӯҳсор, саҳроҳои пуштазамин ва
ғайра месабзад. Аз ин як сол самари писта ва як сол
бузғунҷ ба ҳам мерасад.
Мизоҷи мағзи писта дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст, вале баъзеҳо тар донистаанд—ин саҳеҳтар
аст.
Хислатҳои шифобахши он: мағзи самарашро бихӯ-
ранд, зеҳнро тез мегардонад, ҳолати майнаро сара ни-
гоҳ медорад; сурфа, дилтапак (дилбозӣ), қай, беҳу-
зур (беҷо) шудани дил, дарди рӯдаҳо ва сардии ҷи-
гарро дафъ мекунад; гиреҳҳои ҷигар, маҷроҳои ғизо
ва заҳраро мекушояд, ҷигарро аз моддаҳои бегона пок
месозад ва дарди ин узвро, ки аз тарӣ бошад, ба ибро
меоварад. Писта ҳамчун ғизо камқувват аст, вале агар
инро бардавом бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад,
меъда ва сари онро қувват мебахшад; хусусан бо пӯс-
ти беруни он якҷо бихӯранд, лоғарии гурда ва зардпар-
винро дафъ мекунад, иллатҳои сипурзро бартараф
менамояд ва барои газидани ҷонварони заҳрнок тар-
ёқ мебошад. Пистаро бо шакар бихӯранд, таъсири ҳа-
вои вабоиро ислоҳ мекунад.
Мизоҷи пӯсти сабзи беруни он сард ва хушк аст.
Агар онро бихоянд, милк ва дандонро мустаҳкам ме-
гардонад, даҳанро хушбӯй мекунад, ҷӯшиши (пух-
тани) даҳанро шифо мебахшад.
Пӯсти сабзи беруни онро кӯфта бихӯранд, дил ва
меъдаро бағоят қувват мебахшад, пашмакҳои меъда-
ро қавӣ мегардонад; қай, оруғ, исҳол ва ташнагиро
дафъ мекунад; агар бо шароб бихӯранд заҳри каж-
дум ва дигар ҷонваронро дафъ месозад.
Пӯчоқи сафеди сахти онро дар об ҷӯшонида, дар
он об то ноф даромада нишинанд, мақъади (кӯтани)
баромадаро ба ҷояш мебарад.
Пӯсти дарахт ва барги онро дар об ҷӯшонида, он
обро кам-кам ва бардавом бирезанд, назлаҳоро банд
менамояд, дарди мақъад ва бачадонро шифо мебах-
шад, қӯтур ва хоришро ба ибро меоварад, шапушро
ҳам нест мегардонад. Агар бо ҳамин об бо мудовамат
мӯйро бишӯянд, васвос, моддаи савдовӣ ва инчунин
заҳрро аз бадан дафъ мекунад.
Мағзи пистаро бисёр бихӯранд, ба меъда зарар до-
379
рад. Равғанаш ё мағзашро бардавом бихӯранд, низ ба
узвҳои поёни бадан зарар дорад—давои ин зарарҳо-
яш зардолу хӯрдан аст.
Ба ҷойи писта мағзи бодоми ширинро ва ним баро-
бари вазни он мағзи чормағзро бихӯранд раво мебо-
шад.
Агар пистаро бисёр бихӯранд, иллати шароро (ал-
лергияро) пайдо мекунад. Дар ин ҳолат сирко, анори
турш ва зардолуи хушк бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меё-
бад.

161. Замбӯруғ

Инро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон қорч ҳам ме-
гӯянд. Ин растаниест, ки дар заминҳои намнок баъди
боришҳо ба шакли телпак медамад, Навъҳои бисёр
дорад: хӯрданбоб ва заҳрнок. Хӯрданбоби онро қорч
меноманд.
Хуллас, ҳар як қорч часпак набуда, бӯйи бад на-
дошта, сафеди моил ба андак тирагӣ бошад ва дар за-
минҳои ғайри шӯразор бирӯяд—хӯрокӣ, яъне хӯрданбоб
аст. Сиёҳ ва сурхи онро намехӯранд, зеро бисёр заҳр-
нок аст. Инчунин дар зери дарахтони анҷир, чормағз
ва дар саргинҳо рӯйидааш ҳам заҳрнок мебошад.
Фарқ кардани қорч ва замбӯруғи заҳрнок бо ин
аломатҳост: агар навъи заҳрнокро бурида бигузоранд,
зуд вайрон ва бадбӯ мегардад ва инчунин ҳар чиро,
ки бар он бимоланд, онро вайрон ва мурдор месозад.
Вале дар қорч ин хислат мавҷуд нест.
Мизоҷи қорч дар дараҷаи саввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар қорчро бисёр
бихӯранд, карахтӣ меоварад, ба иллатҳои фолиҷ ва
сакта (мурда барин беҳаракат мондан) гирифтор ме-
кунад. Аз ҳад зиёд бихӯранд, шошиданро душвор ме-
гардонад. Ва агар аз ҳама зиёдтар ва бардавом би-
хӯранд, наслро қатъ менамояд.
Қорчи хушкро кӯфта, бо елими моҳӣ хамир сохта
гузошта банданд, ҷурраро (даббаро), ки аз даридани
пардаҳои шикам ё фуромадани об ва ё ҷамъ шудани
бод дар хояҳо бошад, шифо мебахшад, нофи берун-
омадаро ислоҳ менамояд.
Қорчи тару тозаро ба чашм кашанд ё оби онро дар
чашм чаконанд, гули чашмро дафъ мекунад, чашмро
380
қувват мебахшад, қӯтури пилки чашм ва худи чашм-
ро шифо мебахшад, фуромадани зардобро ба гавҳа-
рак манъ мекунад, хусусан чун сурмаро дар оби он
парварда, яъне як шаб дар он об тар карда, баъд ба
чашм кашанд, дар ин бобат қавӣ мегардад.
Агар қорчро бихӯранд, дер ҳазм мешавад, аз он
моддаи ғализ ва бадбӯ пайдо мегардад. Агар инро
бисёр бихӯранд, исҳол меоварад, вале агар дар ши-
кам бӯйи бад пазирад, худаш ҳам зуд ва беҳад бадбӯ
мегардад, дар узвҳо гиреҳ, дарди меъда ва қулинҷро
ба ҳам мерасонад.
Хушкашро сойида бихӯранд, ҳамаи намудҳои исҳол-
ро ба ғайр аз исҳоли хунин, манъ мекунад. Беҳтарин
ислоҳкунандаи зарари қорч хардал (горчица); бо на-
мак, шибит, пудина, равғани кунҷид, равғани зайтун,
кокутӣ ва мурч пухта, бо ноки тару тоза ё ноки хушк
хӯрдан аст.
Қорч хӯрда, аз болояш оби хунук бинӯшанд, ҳам-
чунин онро бо тухми мурғ ё бо гӯшт хӯрдан зарар до-
рад.
Яке аз хусусиятҳои он чунин аст, ки ҳар як ҷонва-
ри заҳрнок касеро, ки қорч хӯрда бошад, бигазад, ҳа-
нӯз он қорч дар меъдаи ӯ бошад, барои наҷоти вай
ҳеҷ давое фоида намебахшад.
Чун касе замбӯруғи заҳрнок хӯрда бошад, арақи
сард мекунад, нафасаш танг мегардад, беҳуш ва меъ-
дааш вазнин мешавад, қулинҷ ва гулӯгиршавӣ ба ҳам
мерасад ва инчунин аъзошиканӣ, ки аз аломатҳои он
аст, ҳодис мегардад. Тарёқи ин гуна зарараш турб,
оби пудина, танакор, намак, сиканҷабин бо пудинаи
кӯҳӣ (кийикутӣ), саргини чӯҷахурӯс бо сиканҷабини
ансулӣ ё хокистари чӯби анҷир, ё оби гарм бо андак
сирко, намак, чӯҷаи мокиён ё бо сирко ва ё асали
бисёр хӯрдан аст.

162. Ток

Ин дарахти ангур аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: навдаҳои навраси онро
бихӯранд, баромадани бухоротро ба майна манъ меку-
над.
Барг, навда ва печаки онро кӯфта, бо орди ҷав ха-
381
мир сохта гузошта банданд, дарди сари гарм ва сӯзи-
ши чашмро таскин медиҳад, инчунин варамҳои гарми
онҳоро таҳлил медиҳад.
Усораи барги онро, яъне оби барги тарашро дар
офтоб ғафс гардонида биёшоманд, меъдаи гармро қув-
ват мебахшад, қай ва хун қай карданро манъ меку-
над, хуморро мешиканад, барои захми рӯдаҳо ва ис-
ҳоли сафровӣ дору мешавад. Агар бо он ҳуқна ку-
нанд ҳам, ҳамин гуна таъсирро дорад. Инчунин хӯр-
дани усораи ин пешобро меронад ва бачаи занони ҳо-
миларо аз афтодан бозмедорад.
Шарбати навдаҳои тари онро, ки бо қанди сафед
қивом карда бошанд, бихӯранд, дилтапаки (дилбозии)
сафровиро шифо мебахшад, иштиҳоро ба таом бедор
мекунад, хуморро мешиканад, ҷӯшиши сафро ва беҳу-
зур шудани дилро таскин медиҳад, исҳоли моддаҳои
рақиқи сафровиро мебандад.
Вале хӯрдани ин ба одамони сурфа доштагӣ зарар
дорад — давои ин зиёнаш асал хӯрдан аст.
Шилм ва оби ғафсгаштаи он бисёр поккунанда
ва хушкмизоҷ аст. Инро бо шароб биёшоманд, сипурз-
ро ба дараҷае пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он ам-
ри муҳол аст; санги хичакро майда карда мерезонад.
Агар онро гузошта банданд, шукуфаи пӯст ва қӯтури
решгаштаро дафъ мекунад. Онро бо равғани зайтун
сиришта, батакрор бимоланд, мӯйро месутурад.
Оби чӯбашро, ки ҳангоми сӯхтан таровиш меку-
над, бимоланд, озахҳо, мӯрчагазак, доғи кунҷидак, шу-
куфаҳои пӯст ва қӯтурро дафъ мекунад, инчунин мӯй-
ро месутурад, хусусан бо мавизи ангур сиришта бимо-
ланд, таъсираш зудтар зоҳир мегардад.
Хокистари чӯб ва аррамайдаи шохҳои он сӯзонан-
да аст. Онро бо сирко хамир сохта гузошта банданд,
бавосирро дафъ мекунад; бо равғани гулисурх ва сир-
ко сиришта гузошта банданд, низ бавосирро нест ме-
гардонад; бо равғани гулисурх ва судоб даромехта гу-
зошта банданд, варами сипурзро таҳлил медиҳад. Хо-
кистари шохҳои онро бо равғани кӯҳна ва равғани
зайтуну асал хамир сохта гузошта банданд, даридагии
мушакҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, буғумҳои
сустро мустаҳкам мегардонад, асаби шахшударо му-
лоим мекунад; бо танакори сурх даромехта гузошта
банданд, гӯшти ҳароми захмҳоро мехӯрад; бо сирко
382
хамир карда гузошта банданд, асабҳои печидаро рост
месозад, газидани мори афъӣ ва саги девонаро шифо
мебахшад, варами ғуддавиро таҳлил медиҳад. Агар
онро батанҳоӣ тафсонида гармбандӣ кунанд, бавосир-
ро нест мекунад.
1.75 грамм хокистари шохҳои онро бихӯранд, захми
рӯдаҳоро шифо мебахшад, инчунин санги гурда ва хи-
чакро майда карда мерезонад.
Оби хокистари онро биёшоманд, зарба хӯрдан, аз
ҷумла чалакидани майнаро даво мешавад.
Оби хокистари он ин тавр тайёр карда мешавад.
Се қошуқ хокистари онро дар як литр об хуб меҷӯшо-
нанд, баъд мегузоранд, ки таҳшин шавад. Оби софи
онро дар зарфи дигар рехта, боз таҳшин мекунанд.
Оби софи инро ҳам ба дигар зарф мерезанд, инак, бо-
ри саввум таҳшин менамоянд. Баъд он оби хокистари
соф ҳисоб меёбад. Миқдори нӯшидан аз ин оби хокис-
тар 100 грамм аст.
Мизоҷи гули тару тозаи токи даштӣ дар дараҷаи
якум сард ва хушк аст, бӯйи хуш дорад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
дилро қувват мебахшад, оруғ ва қайро манъ мекунад.

163. Мурч

Ин самари дарахти ҳиндист ва ба ҳамаи халқҳои
мо маълум мебошад.
Мизоҷи мурчи сиёҳ дар охири дараҷаи саввум гарм
ва хушк аст; мизоҷи мурче, ки аз пӯсти сиёҳаш ҷудо
карда шуда бошад, мурчи сафед номида мешавад, дар
аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: мурчро бихӯранд, қув-
вати ҳофиза ва асабҳоро мустаҳкам мекунад ва ба-
рои иллатҳои асаб фоидаи бисёр дорад. Агар инро бо
мавизи ангур бихоянд, рутубатҳои зиёдатии майна ва
меъдаро кашида дафъ мекунад.
Мурчро дар равған ҷӯшонида, он равғанро бимо-
ланд, барои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба да-
розӣ), карахтӣ ва ҳамаи бемориҳои аз сардию тарӣ
баамаломада шифо мебахшад, аъзошиканӣ ва табҳои
хунукро дафъ мекунад.
Мурчро дар гулоб ҷӯшонида, он гулобро бимоланд,
назлаҳои хунукро манъ мекунад ва дарди дандонро
383
таскин медиҳад; инчунин бо пӯсти кӯкнор дар об ҷӯ-
шонида, он таркибро дар даҳан гардонанд ва ба дан-
дон бимоланд, дарди дандони кирмхӯрдаро сокин ме-
кунад.
Мурчро бихӯранд, балғамро меканад; меъда, ҷи-
гар ва узвҳои ҳозимаро, ки меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва
сипурз мебошанд, гарм мегардонад ва қувват мебах-
шад, иштиҳо меоварад, оруғи туршро дафъ мекунад,
ҳазми ғизои бадҳазмро сабук мегардонад, хуни ғафси
одамони сардмизоҷро рақиқ месозад; иллати махав,
бодҳо ва дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад. Агар инро бо
барги тари ғор якҷо кӯфта бихӯранд, боди шикамро
барҳам медиҳад.
Мурчро кӯфта, бо сирко сиришта гузошта банданд,
варами сипурзро таҳлил медиҳад ва агар бо мудова-
мат бихӯранд, қулинҷи бодӣ ва балғамро нест меку-
над.
Мурчро маҳин кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд,
торикии чашмро дафъ мекунад, гули чашмро пок ме-
намояд ва нохунаки ин узвро барҳам медиҳад; инчу-
нин агар инро бихӯранд, сурфаи сарди тармизоҷ, тан-
гии нафас, дарди узвҳои даруни сина ва дамкӯтаҳиро
ба ибро меоварад; агар бо асал бихӯранд, дарди гу-
лӯро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар ин узв бошад,
шифо мебахшад, шушро пок месозад ва ҷамъ шудани
рутубат ва балғамҳоро манъ мекунад, пешоб ва ҳайз-
ро равон менамояд; агар бо мозу ва пӯсти анор
хӯранд, чакмезакро шифо мебахшад, бисёр омадани
пешоб ва ҳайзро ба эътидол меоварад.
Мурчро занҳои ҳомила аз таг бардоранд, бачаи он-
ҳоро аз шикам меафтонад; агар баъд аз мубошарат
ҳамин тавр бардоранд, ҳомила шуданро манъ меку-
над.
Мурчро бо ширу шакар бихӯранд, боҳро қавӣ ме-
гардонад.
Мурчро кӯфта, бо қатрон даромехта, гузошта бан-
данд, ханозер (хукгардан)-ро таҳлил медиҳад, мил-
каки нохун ва доғи сафеди ин узвро дафъ мекунад, ин-
чунин махавро шифо мебахшад. Мурчро бо ҳино даро-
мехта батакрор гузошта банданд, нохуни аз милкак ва
шукуфаи пӯст афтодаро аз нав мерӯёнад. Мурчи кӯф-
таро бо чарбии мурғ ва орди боқилою нахӯд сиришта
гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад;
384
бо танакори арманӣ, яъне бо натрун даромехта бан-
данд, доғи сафеди пӯстро баниҳоят пок месозад, рух-
сораро сурх мегардонад; бо пиёз ва намак даромехта,
бошиддат бимоланду баъд инро гузошта банданд, ба
ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй ме-
рӯёнад.
Мурч асабҳо ва мушакҳоро ба ҳадде гарм меку-
над, ки дар ин бобат тимсоли ин даво вуҷуд надорад.
Мурчро кӯфта, дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшан-
ду қай кунанд, заҳри мор, каждум ва афюнхӯрдаро
аз бадан дафъ месозад, барои ин батакрор ҷӯшонида
нӯшидан даркор аст. Ин об барои ҳамаи заҳрҳои ху-
нукмизоҷ, аз ҷумла бар зидди заҳри ашаддӣ, ки биш
аст, тарёқ мебошад.
Табибони Ҳиндустон мегӯянд, ки чун шахси морга-
зида мурчро бихояду агар тезии онро эҳсос намояд,
маълум мешавад, ки заҳр дар бадани вай чандон таъ-
сир накардааст, вале агар тезии онро ҳис накунад,
равшан аст, ки заҳр дар бадани вай таъсир кардааст—
ин имтиҳони қавӣ мебошад аз барои халос хӯрдан аз
заҳр ё барои донистани ҳолати таъсири он.
Хӯрдани мурч одамони гарммизоҷро дарди сар ме-
диҳад, узвҳои даруни сина ва ҳалқро дағал мегардо-
над, ба ҷигар ва гурдаи гарммизоҷ ҳам зарар дорад,
инчунин ба касоне, ки баданашон камхун аст, низ ва
ба касоне, ки дар ботинашон ва роҳҳои пешоби онҳо
ҷароҳат дошта бошад, зиён мекунад дар фасли гар-
мо маниро хушк мегардонад, ба ҷавонони гарммизоҷ
ва ҳангоми мавҷуд будани бемориҳои гарммизоҷ ва
иллатҳои тунд хӯрданаш ҷоиз нест. Барои ислоҳи ҳа-
маи ин гуна зарарҳояш равғанҳои сардмизоҷ бояд би-
хӯранд, вале агар ба касони сардмизоҷ зарар расонад,
асали соф истеъмол намоянд, кифоя аст.
Миқдори хӯрдан дар як рӯз аз мурч то 4,5 грамм
аст. Ба ҷойи мурч занҷабил истифода намоянд, равост.
Истеъмоли мурчи сафед барои меъда, сипурз ва
заҳра беҳтар аз навъи сиёҳи он аст. Ба ҷойи мурчи си-
ёҳ якуним вазни он мурчи сафед истеъмол карда ме-
шавад.
Аз мурч равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Ҳар қадар, ки хоҳанд, мурчро гирифта, ҷавкӯб наму-
да, ба ҳар як 300 грамми он 25 грамм намак дохил
карда, шаш баробари вазни мурч оби гарм аз боло-
385
яш бирезанду муддате дар ҷойи гарм бигузоранд ё дар
саргини асп дафн кунанд, то ки ба ҷӯш ояд, яъне
маст шавад. Баъд дар анбиқ муқаттар намоянд ва
равғанро аз рӯйи он оби муқаттаргашта бардоранд —
ин равғани мурч ҳисоб меёбад. Инро дар шиша нигоҳ
доранд ва дар вақти ҳоҷат ба кор баранд.
Равғани мурч ҳамчун даво ҳамаи хислат ва қув-
ватҳои мурчро дорад, балки аз он қавитар аст, аммо
дар ин равған тезии мурч нест. Хӯрдани ин равған ҳа-
маи бемориҳои сардмизоҷро шифо мебахшад.
Миқдори як бор ошомидан аз равғани мурч дар як
рӯз аз як то се қатра аст.

164. Қаламфур

Ин растании машҳур аст. Самараш дарозаки ибо-
рат аз пӯсти дарунхолӣ, дар аввал сабз ва баъди ра-
сидаи сурх мегардад. Таъми самараш хеле тез бо кам-
тар талхист. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон ишти-
боҳан «занҷабил» меноманд, вале дар ҳақиқат занҷа-
бил чизи тамоман дигар аст ва занҷабил дар шароити
сарзаминҳои мо намерӯяд. Дар хусуси занҷабил мо
дар боло зикр намудем.
Мизоҷи қаламфур дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, бод-
ҳои ғализ ва балғами часпакро таҳлил медиҳад, ги-
реҳҳои узвҳои даруни баданро мекушояд; агар инро
бо асал бихӯранд, боҳро (пушти камарро) ба ҳаракат
меоварад, барои дарди дандон дору мебошад; қулинҷ-
ро, ки варами рӯдаҳои ғафс ва иловусро, ки варами
рӯдаҳои борик аст, шифо мебахшад.
Вале ба дарун истеъмол кардани ин ба ҳалқ зарар
дорад — давои ин зиёнаш челон хӯрдан аст.
Хӯрдани қаламфур мизоҷи сарди одамонро ба эъти-
дол меоварад.
Миқдори хӯрдан аз он дар як рӯз то 7 грамм аст.
Хотираеро оид ба хислати қаламфур муаллифи ин
китоб гуфтанӣ ҳастам, ки соли 1952 рӯдаҳои ман ба-
шиддат варам карданд, ҳатто боди шикам ҳам намегу-
зашт. Дар илоҷи ин ба ҳайрат мондам. Вале баъди
муддате иродае ба сарам расид, ки чунин кардам. 15
386
адад қаламфурро ду-ду даронида, дар як коса ҷуғрот
як шаб тар карда, он ҷуғротро хӯрдам — бағоят тез
гашта буд. Бо як косаи дигар ҷуғрот ҳамон қалам-
фурро дубора тар кардаму ҷуғротро ошомидам — аз
азияти шадид наҷот ёфтам.

165. Биринҷ

Ин растании зироатӣ ба мо маълум аст, ки дар за-
минҳои обдор кишта мешавад, аксар дар даруни об
мерӯяд ва дар об месабзаду мерасад. Аз як шолӣ дар
Ҳиндустон ду карат ҳосил мегиранд: дар вақти баҳо-
рон ва дар тирамоҳ. Аз шолие, ки дар лаб ва наздики
баҳрҳо ва уқёнусҳо мерӯяд, биринҷи хуб ҳосил на-
мешавад. Навъҳои биринҷ хеле бисёр аст.
Беҳтарини биринҷҳо латиф, яъне осонпаз ва сафе-
ди он аст.
Доир ба мизоҷи ин қавлҳои гуногун мавҷуданд.
Баъзеҳо гарм дар дараҷаи якум ва баъзеи дигар сард
ва баъзеи дигар мизоҷи онро мӯътадил донистаанд.
Хушкии мизоҷи он дар дараҷаи дуввум мебошад —
оид ба ин қавли ҳамаи ҳакимон як хел аст. Вале баъ-
зеҳо биринҷро мураккаб-ул-қувват донистаанд. Ин
фикр ба ҳақиқати он наздик аст. Инчунин қавлҳои
аввала ҳам дуруст мебошанд. Зеро ки чун онро дар
об биҷӯшонанду оби онро дур намоянд ва он биринҷро
дам диҳанд—инро ба забони деринаи тоҷикӣ-форсӣ
чуловкаш меноманд — мизоҷи ҷирми ин биринҷ дар
дараҷаи якум сард мебошад, вале мизоҷи он обе, ки
дар он биринҷ ҷӯшонида шудааст, дар дараҷаи якум
гарм аст, аммо он обро ҷудо бигиранду биринҷро дар
он об дам диҳанд ва паловро ба ҳамин тариқ бипа-
занд, мизоҷаш ба гармӣ моил мегардад. Лекин ба шар-
те, ки пеш аз пухтан биринҷро дар об тар намуда ва
хуб молида, чанд карат бо об шуста баъд бипазанд.
Ва илло биринҷҳои часпакро чанд мартаба ба ҷӯш бо-
яд бидиҳанд, оби шилмаки ғафси онро рехта дур на-
муда бошанд, зеро ки истеъмоли он раво нест—ин
гуна палов дар одамони гарммизоҷ гармӣ ва дар ода-
мони сардмизоҷ сардиро пайдо мекунад. Аз ин ҷиҳат
шояд табибон ва одамони дигари корозмойи қадим, ин-
чунин аксари мардуми баъдина барои хӯроки сабуки
387
беморон биринҷро нахӯронидаанд! Вале онҳо инро мах-
сус ба одамони тандуруст беҳ донистаанд. Зеро ин
дар беморон кайфияти зиддиятнок зоҳир мекунад ва
дар одамони сиҳат кайфияти мувофиқ, яъне форам ба
амал меоварад. Албатта ин тафсилот барои биринҷҳои
ғайриҳиндӣ гуфта мешавад. Зеро барои баъзе беморон
биринҷи ҳиндиро оши суюқ карда хӯронидан мувофиқ-
тар аст назар ба донинаҳои дигар. Инашро ҳам бигӯ-
ем, ки барои баъзе беморон нони гандум форамтар аст.
Биринҷи сафедкарда навъҳои сурх ва сафед дорад.
Қисми сурхи онро бихӯранд, дарунро мебандад, вале
навъи сафедаш ин тавр набуда, балки ҳамчун ғизо қа-
витар аз сурхи он аст. Қавлҳое мавҷуданд, ки хӯрдани
ҳамаи навъҳои биринҷ дар узвҳои бадан гиреҳҳоро ба
ҳам мерасонад, қабзиятдор мебошад. Агар инро ба-
танҳоӣ пухта бихӯранд, ғизоияташ кам, вале барои ил-
лати исҳол, исҳоли хунин ва хафа (бӯғма) шудани ба-
чадон, бемориҳои гурда ва хичак даво мешавад. Агар
бо шакар бихӯранд, ғизоияташ бисёр мегардад, боҳ-
ро ба ҳаракат меоварад, баданро фарбеҳ месозад ва
манӣ пайдо мекунад; бо дӯғи нав ва татум бихӯранд,
тафси баданро таскин медиҳад, барои исҳоли сафро-
вӣ даво мешавад; бо шири навдӯшида бихӯранд, ис-
ҳолро мебандад; бо чарбии гурдаи буз ва равғани гов
бихӯранд, дарди рӯдаҳоро бартараф мегардонад. Агар
биринҷро бисёр бихӯранд, ҳоли нохуши баданро ба
ислоҳ меоварад, ранги рӯйро пок менамояд, умри да-
роз мебахшад, дар бадан моддаи солим пайдо меку-
над ва боиси дидани хобҳои хуб мегардад.
Биринҷро дар об ҷӯшонида, монанди оби ҷав би-
пазанду бихӯранд, сӯзиш ва тезии ахлоти сафровии
меъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад.
Биринҷро бо шири навдӯшида баробармиқдор ги-
рифта пухта бихӯранд, мании бисёр пайдо мекунад.
Низ қавлҳои дигар шаҳодат медиҳанд,. ки биринҷ
баъд аз хӯрдан зуд аз меъда фурӯд меояд, ғизои са-
бук мебошад, барои табъи аксари одамон ҳар доим
форам аст, вале ҳамчун ғизо қувваташ аз гандум кам-
тар мебошад.
Инро бо таъкид қайд кунем, ки дар хусуси мизо-
ҷаш ҳамаи табибон як нуқати назар доранд ва мегӯ-
янд, ки хушк аст дар дараҷаи дуввум. Вале гармӣ ва
сардии онро ба таври мухталиф медонанд. Баъзеҳо
388
гуфтаанд, ки дар дараҷаи якум сард аст ва дигарҳои
табибон мизоҷи онро гарм дар дараҷаи якум медо-
нанд; инчунин баъзеи дигарон мизоҷи онро дар гар-
миву сардӣ мӯътадил донистаанд.
Ин ҷо ҳар сеи қавл ҳам саҳеҳ мебошад. Зеро ки
мураккаб-ул-қувват аст: таркибаш қисми сарди бору-
тубат дорад вақте, ки дар об ҷӯшонанд. Агар инро
дар об ҷӯшонида, аз об ҷудо кунанд, худаш сардми-
зоҷ дар дараҷаи якум мегардад. Обе, ки дар он би-
ринҷ пухташуда бошад, аз ҷиҳати мизоҷ дар дара-
ҷаи якум гарм аст.
Ҳакими Самарқандӣ дар «Китоби ағзия» гуфтааст,
ки ба қавли қавме биринҷ гармкунандаи бадани ода-
мони гарммизоҷ аст. Ин қавл аз рӯйи таҷриба ва қиёс
маъқул аст. Зеро ки хушкӣ ва часпандагии биринҷ ҳар
гоҳ амал кунад, дар баданҳои одамони гарммизоҷ бо
ҳарорати мавҷуда боиси афзойиши хушкӣ ва часпанда-
гии он мегардад. Бинобар он ки чизҳои часпаки хуш-
ки камрутубат ба зудӣ гармиро қабул намуда, аз ҳа-
рорати пурқувват ба сӯзиш меоянд. Дар ин чунин ҳо-
лат рӯй медиҳад.
Биринҷ ҳангоми хӯрдан дар ҳолати баланд будани
ҳарорати бадан дар мизоҷ гармӣ меоварад ва аз саба-
би кам будани рутубаташ аз гармии бадан ба сатҳи
даруни рагҳои борик, аз ҷумла дар мӯрагҳои мосори-
қо часпида, дар он банд гашта, гиреҳҳоро ба амал ме-
оварад ва ба ҳамин минвол ҷараёни обро ба даруни
ҷигар манъ мекунад. Бо ин восита мизоҷи одамони
гарммизоҷро зиёдтар мегардонад. Аммо ин дар ода-
мони сардмизоҷ ва тармизоҷ бошад, бинобар бисёр
будани тарӣ, хушкӣ ва часпандагии он кам мегардад.
Зеро қисми часпандаи он ба рутубатҳои бадани онон
омезиш ёфта, ҳал мешавад ва инак, мизоҷи он касон-
ро мӯътадил месозад.
Мувофиқтарин вақтҳои хӯрдани биринҷ он аст, ки
ҳаво пурнам бошад, зеро он вақт иштиҳо ба таом зи-
ёдтар мегардад.
Хуллас, агар биринҷ ҳангоми хӯрдан дар рагҳои ба-
дан гиреҳҳо пайдо намояд, инро бо воситаи маскаи
нав, ширинии бисёр, дар меъёри мӯътадил намак до-
хил карда, дар оби сабӯси гандум як шаб биринҷро
тар намуда, бо шарбати тухми маҳсар пухта бихӯранд,
мувофиқи муддао мегардад, низ барои зуд наомадани
389
манӣ мадад мебахшад ва қабзият оварда, дер нигоҳ
дошта шудани онро таъмин менамояд. Инчунин дар
ин бобат, биринҷи ношустаро истеъмол фармоянд, ҳа-
мин гуна хислат дорад.
Ширбиринҷро бо шакар ширин карда бихӯранд, ма-
ниро зиёд мегардонад, баданро фарбеҳ мекунад, ранги
рӯйро пок месозад.
Вале хӯрдани биринҷ ба касоне, ки иллати қулинҷ
доранд, бад аст; инчунин ба одамоне, ки рагҳои бада-
нашон гиреҳ пайдо мекарда бошанд, зарарнок мебо-
шад. Вале биринҷ барои харошида шудани сатҳи да-
руни рӯдаҳо аз бисёрии сафро ва захми ин узвҳо му-
вофиқтар аст. Дар ин ҷиҳат биринҷро аввал бирён
карда, баъд муҳарро пухта ва монанди кашки ҷав гар-
донида бихӯранд, айни муддао мегардад.
Биринҷро бихӯранд, захмро пок месозад ва дар он
гӯшти солим мерӯёнад. Бинобар чунин хислатҳояш ба-
рои ҳамаи намудҳои иллати сил фоида дорад, хусусан
аз он ширбиринҷро бо шири хар бипазанд, нафъаш
бештар мегардад.
Биринҷро то бӯяш баромадан тафсонида, баъд бо
почаи буз ё гӯсфанд пухта бихӯранд, барои харошида
шудани сатҳи даруни рӯдаҳо ва омадани хун дар пе-
шоб, нафъи бисёр дорад.
Оберо, ки аз биринҷ шира кашида гирифта бошанд,
бо шакари янтоқ ширин карда биёшоманд, душвор зойи-
дани занонро осон мекунад. Бо обе, ки дар он биринҷ
шуста бошанд, ҳуқна (клизма) кунанд, харошида шу-
дани сатҳи даруни рӯда ва захми онро ба ибро мео-
варад.
Орди биринҷро бо оби харбуза даромехта бимо-
ланд, доғи кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ
мекунад. Ин ордро бо чарбиҳо сиришта гузошта бан-
данд, пучакро мекафонад. Агар инро бипошанд, хуни
ҷароҳати навро мебандад ва онро сиҳат мегардонад.
Орди биринҷро бо равғани гурдаи буз дуру дароз
пухта бихӯранд, аз ҳад зиёд рафтани даруни беморон-
ро ба ислоҳ меоварад, инчунин барои исҳоли аз хӯр-
дани даво ҳодис шуда ва харошида шудани сатҳи да-
руни рӯдаҳо давои хеле хуб мебошад.
Як силсила корозмоҳо шаҳодат додаанд, ки чун
биринҷро то сурх гаштанаш бирён карда миқдори 68
грамми онро дар 180 грамм об як шаб тар карда ва
390
субҳ оби софи онро бинӯшанд, кирмҳои меъдаро дафъ
мекунад ва беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки аз зиёд
гаштани рутубат ва ё ҳарорат бошад, шифо мебах-
шад.
Ҳангоми палов тайёр кардан аввал пиёз ва гӯштро
дар равған сурх гардонида, баъд масолеҳи дигар до-
хил намуда, ба шарте ки биринҷи дар об соате тар
кардашударо кафмол карда шуста, баъд дар дег ан-
дохта, аз болояш он миқдор об дохил намоянд, ки ҳан-
гоми баъди ҷӯшонидан дам кардан, биринҷ мувофиқи
муддао об гирифта бипазад. Ин ғизои солеҳ аст аз
ҳар ҷиҳат барои нигоҳ доштани дурустии тани одам
ва дарди сареро, ки бо иштироки ҳолати дил бошад ва
агар баъд аз пок гардонидани бадан аз моддаҳои за-
рарнок ин хӯрда шавад, шифо мебахшад. Инчунин ба-
рои дарди саре, ки сабабаш аз меъда ба сар барома-
дани бухорҳо бошад, нафъи хубе дорад.
Биринҷро шуста дар об пазанду онро соф карда,
чун оби ҷав хунук гардонида бихӯранд, шиддати те-
зии хилтҳои (моддаҳои) меъда ва рӯдаҳоро таскин ме-
диҳад, қуввати боҳро зиёда мегардонад, баданро фар-
беҳ месозад ва манӣ пайдо мекунад.
Биринҷро дар об пухта, дар охири пухтан каме ша-
кар, гулоб, заъфарон ва равғани маскаи гов андохта,
дам дода бипазанд, ин палови заъфароннок ном до-
рад. Хӯрдани ин барои дарди саре, ки сабабаш дар
дил зиёд гаштани моддаи савдо бошад, шифо мебах-
шад.
Тариқи дигари тайёр кардани ин палов ба усули
ҳиндӣ чунон аст, ки биринҷро бо ҳамон обе, ки вай
тар карда мешавад, бипазанду дам диҳанд, яъне дам
хӯронанд, то монанди палови хушка (беравған) муло-
им гардад. Баъд равғани гов дохил карда бихӯранд,
дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.

166. Пудина

Пудина се намуд дорад: пудинаи даштӣ, пудинаи
наҳрӣ ва пудинаи кӯҳӣ, ки ба забони ӯзбекӣ кийикӯтӣ
меноманд ва дар байни тоҷикони шимолӣ бо ҳамин
ном иштиҳор дорад.
391
I. Пудинаи даштиро баргҳояш реза, нарм, нозук,
бӯяш тунди боатрият, таъм ва бӯйи он ба пудинаи наҳ-
рӣ наздиктар, вале аз он тезтар ва талхтар аст, тух-
маш монанди тухми райҳон мебошад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он барои ку-
зоз (столбняк) дору мебошад, моддаҳои бегонаи узв-
ҳои даруни сина ва меъдаро пок мегардонад, сӯзиши
меъдаро таскин медиҳад, оруғ ва беҳузур (беҷо) шу-
дани дилро ба ибро меоварад; бодҳоро пароканда ме-
намояд, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро аз шиками зан ме-
афтонад; арақ, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, мод-
даи савдоро бо исҳол дафъ мекунад, бачаро дар ши-
ками ҳомила мекушад, бар зидди заҳрҳои ҷонварон
тарёқ мешавад.
Онро кӯфта, занҳои ҳомила аз таг бардоранд, ба-
чаро аз шиками онҳо меафтонад.
Пудинаи даштиро дар об ҷӯшонида, ба таги шикам
кам-кам ва бардавом бирезанд, хориши бачадон (бе-
шеная матка), бодҳои бачадон ва сахтии онро, ки дар
тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд — ҳамаашро
дафъ мекунад.
Инро сӯхта ба дандон бимоланд, милки онро мус-
таҳкам мегардонад.
Инро бӯй кунанд, иллати беҳушшавиро дафъ меку-
над.
Вале истеъмоли ин ба дарун барои рӯдаҳо зарар-
нок аст. Давои ин зиёнаш катиро хӯрдан мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз пудинаи даштӣ дар як
рӯз то 7 грамм аст.
II. Пудинаи кӯҳӣ, яъне кийикӯтӣ. Баргҳои ин ан-
бӯҳ, бузургтар аз баргҳои пудинаи даштӣ ва гирдак
аст. Агар инро гӯсфанд бихӯрад, шираш ба хун таб-
дил меёбад. Бӯйи ин пудина тунд. Барои даво назар ба
дигар пудинаҳо қавитар аст.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва дар
миёнаи ҳамин дараҷа хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд,
рутубатҳои ғафсро аз узвҳои даруни сина, шуш, бача-
дон дафъ мекунад, иштиҳоро афзун менамояд; қулинҷ-
ро, ки варами рӯдаҳои ғафс аст, мекушояд, беҳушӣ ва
392
ғамгиниро барҳам медиҳад, пешоб ва ҳайзро башид-
дат равон мекунад; бачаро дар шиками занони ҳоми-
ла мекушад ва онро аз шикам меафтонад, санги гур-
да ва хичакро майда карда мерезонад.
Агар касе аз шаҳвати худ маҳрум гашта бошад,
чун дар ҳар се рӯз як мартаба 1,75 грамм хушки онро
сойида, бо 10,5 грамм тухми харбуза, 35 грамм маскаи
гӯсфанд ва 70 грамм асал бихӯранд, шаҳваташ на тан-
ҳо барқарор мегардад, балки зиёд мешавад.
Шароби онро бинӯшанд, ҳузн ва иллати беҳушша-
виро дафъ мекунад, ҳайзи занҳоро равон менамояд.
Ин гиёҳро сӯхта, дудашро занҳои ҳомила ба миёни
поҳои худ бигиранд, бачаро аз шиками онҳо меафто-
над.
Ним грамми инро бо равғани баласон даромехта,
занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро таскин ме-
диҳад.
Хӯрдани пудинаи кӯҳӣ ба мақъад зарар дорад. Зиё-
ни ин бо сирко хӯрдан ислоҳ меёбад.
III. Пудинаи наҳрӣ, ки пудинаи обӣ низ меноманд.
Ин ба ҳама шинос мебошад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин бар зидди
заҳрҳо тарёқ мешавад.
Оби пудинаи тару тозаи онро нимгарм дар гӯш
чаконанд, кариро, ки сабабаш дар даруни гӯш бо-
шад, сиҳат мекунад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ил-
лати ростнафасро, ки гирифтораш хобида ва дароз ка-
шида, нафас гирифта наметавонад, балки рост истода
ё нишаста сар боло дошта, нафас гирифта метавонад,
шифо мебахшад, инчунин бемории филпо, табҳои бал-
ғамӣ ва савдовиро дафъ мекунад, барои иллати махав
дору мешавад.
Ё оби пудинаи тару тозаро ё худи пудинаро бо асал
бихӯранд, арақ меоварад, пешобро меронад; агар ин-
ро бо шароб биёшоманд, даридани мушакҳо ва рафта-
ни дарунро, яъне исҳолро ба ибро меоварад; агар бо
сиканҷабин ё бо шарбати анор биёшоманд, беҷо (бе-
ҳузур) шудани дил, қайи сафровӣ ва оруғро дафъ ме-
кунад; агар онро бо асал ва намак бихӯранд, кирми
393
меъда ва рӯдаҳоро, ҳатто кирми кадудонаро мерезо-
над.
Баргашро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи
бастаи онҳоро мекушояд, бачаро дар шиками занони
ҳомила мекушад.
Пудинаро дар шароб пухта гузошта банданд, доғи
сиёҳи пӯст ва ирқуннасо (радикулит)-ро дафъ меку-
над.
Пудинаро ё оби онро бо шароб биёшоманд, заҳр-
ҳоро аз бадан хориҷ мегардонад.
Пудинаи хушкро ба ҷойи газидаи ҷонварони заҳр-
нок гузошта банданд, он ҷоро реш мегардонад ва заҳр-
ро ба худ мекашад.
Пудинаи хушкро кӯфта ба ҷое, ки кирм карда бо-
шад, бипошанд, кирмҳоро дафъ мекунад.
Ба дарун истеъмол кардани пудинаи наҳрӣ барои
боҳ ва гурда зарарнок аст. Дар ин ҳолат катиро би-
хӯранд, ислоҳи зарари он мекунад.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!