Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 141-147


141. Ҷав

142. Лоласурхак

143. Сиёҳдона

144. Дармана

145. Гандуми девона

146. Сабир

147. Кокутӣ

141. Ҷав

Ин дон ва зироати маълум аст. Беҳтарини он са-
феди пурраи наваш мебошад. Агар аз як сол гузарад,
барои даво қобили истифода нест.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҳамчун ғизо ин назар
ба гандум камтар аст дар қувват. Хӯрдани ҷав ҷӯ-
шиши хун ва сафроро паст мекунад, ташнагиро тас-
кин медиҳад; тезии табҳои гарм ва тундро мешика-
над, барои сил ва иллати диқ (лоғаркунандаи бадан)
даво мебошад, вале дар айни ҳол худаш баданро ло-
ғар мегардонад, ба хичак низ зиён мекунад. Давои
ин зарараш бо равғанҳо ва бо камтар арпабодиён
хӯрдан аст.
Ҷавро муқашшар карда, яъне кӯфта аз пӯсташ ҷу-
до сохта, дар об ба дараҷае ҷӯшонанд, ки ҷавҳо шу-
куфта ва муҳарро гарданд. Баъд он обро соф карда,
хунук намоянд, ки инро оби ҷав меноманд.
340
Мизоҷи оби ҷав сард ва тар аст.
Агар инро биёшоманд, фишори баланд ва ҷӯшиши
хунро паст мекунад, инчунин ҷӯшиши сафроро низ со-
кин месозад, ахлоти сӯхтаро ба ислоҳ меоварад; таб-
ҳои гарм ва тез, инчунин ҳамаи бемориҳои аз гармӣ
содиршударо шифо мебахшад; тафс ва ҳарорати боти-
нӣ, тафси ҷигар ва ташнагии шадидро сокин мекунад,
иллатҳои диқ, сил (захми шуш), варами пардаҳои
паҳлуи даруни сина, сурфаи хушк, дарди сари аз гар-
мӣ ва монанди инҳоро шифо мебахшад; сиёҳ задани
чашмро дафъ мекунад, дар бадан хуни солим пайдо
менамояд. Вале истеъмоли ин меъдаи тармизоҷро суст
мегардонад ва ба узвҳои даруни шикам, ки мизоҷи
хунук дошта бошанд, зарар дорад, бодангез аст. Да-
вои ҳамаи ин зарарҳояш гулқанд хӯрдан мебошад.
Аммо оби ҷавро ҳангоми рафтани дарун истеъмол
намекунанд.
Агар ҷави кӯфтаро бо челон ва сагпистон, анҷир
ва сунбул пухта бихӯранд, барои дарди узвҳои дару-
ни сина ва сурфа доруи хубест.
Шираи ҷавро, ки кашки ҷав низ меноманд, қиво-
маш ғафстар аз оби ҷав аст, мизоҷаш сард ва моил
ба хушкист. Хӯрдани ин барои исҳоли сафровӣ ва ба
одамони гарммизоҷ дору мебошад. Агар бо он ғарға-
ра кунанд, варами гулӯ ва дарди онро дафъ мекунад.
Орди ҷавро гузошта банданд, варамҳои сахтро рад
мекунад ва таҳлил медиҳад, пучакҳои гармро мекафо-
над. Орди ҷавро батанҳоӣ ё бо кӯфтаи тухми тугма-
чагул даромехта гузошта банданд, барои сил, зот-ул-
ҷанб (варами пардаҳои даруни сина), варамҳои зери
бағал, сина, пистон, баногӯш ва дигар ҷоҳои аъзо
даво мебошад; бо камтар решаи чукрӣ (ревоч) даро-
мехта гузошта пай дар пай бибанданд, варамҳоеро,
ки гармии баланд надошта бошанд, таҳлил медиҳад;
агар бо сирко хамир сохта гузошта банданд, варам-
ҳои сафровӣ, яъне варамҳои гарми шадид, инчунин
шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад. Агар орди ҷав
ёфт нашавад, ҷавро кӯфта, аз пӯсташ ҷудо сохта, бо
оби гиёҳҳои сардмизоҷ, масалан, бо оби барги зуф,
барги коснӣ ва ғайра сойида, истеъмол фармоянд, ҷоиз
аст.
Орди ҷавро ё ҷавро сойида, бо оби биҳӣ хамир сох-
та гузошта банданд, ниқрис (подагра)-и гармро шифо
мебахшад; агар бо оби кашнизи тар хамир карда гу-
341
зошта банданд, ханозер, варамҳои сахти гарм ва ин-
чунин варами гулӯро таҳлил медиҳад; бо арпабодиён,
тухми зағир, зифт (қатрон) ва пешоби кӯдакон си-
ришта гузошта банданд, варамҳои сахтро мегардонад,
инчунин пучакҳоро мекафонад. Ва агар пухтаи онро
бо сирко сиришта гузошта банданд, қӯтур ва хориш-
ро дафъ мекунад. Пухтаи онро бо барги коҳу ва ғай-
ра баргҳои хунукмизоҷ кӯфта гузошта банданд, барои
дарди сар, варами чашм, назлаҳо ва сурхбод дору ме-
шавад, инчунин узви шикастаро мустаҳкам менамояд.
Онро бо анҷир ва шаҳдоб пухта, ба варамҳои бал-
ғамӣ, яъне ба варамҳои сарди нарм ва варамҳои гарм
бимоланд, хеле пуртаъсир аст.
Ҷавро сӯхта, бо сирко сиришта гузошта банданд,
доғҳои кунҷидак ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад.
Орди ҷавро то бӯяш баромадан битафсонанд, ин
ҳамчун ғизо аз орди тафсонидашудаи гандум қавитар
мебошад. Агар инро бо камтар шакар бихӯронанд,
беҳтарин ғизоест барои кӯдакон, инчунин ташнагӣ ва
сӯзиши ботиниро таскин медиҳад.
Нони аз орди ҷав пухташуда гаронхӯр, дерҳазм ва
боднок аст. Чун хамири орди онро то турш шуданаш
бимонанд, баъд онро дар дӯғ ҳал кунанду ҳамон тавр
муддате гузошта, баъд бинӯшанд, фишори баланди
хуни сафровӣ, сӯзиши дарун, ташнагии шадид, қайи
сафровӣ, табҳои гарм, исҳоли сафровӣ ва хориши ба-
данро дафъ мекунад, ки дар ин бобат давои бемисл
аст.
Ошомидани ҷав барои одамони сардмизоҷ зарар
дорад, бодангез аст. Давои ин зарараш бо шакар ё бо
набот хӯрдан аст. Орди тафсонидааш агар зиён ку-
над, давояш онро шустан ва бо ширинӣ хӯрдан аст.

142. Лоласурхак

Инро ба таври оддӣ лола ҳам меноманд. Ин гиё-
ҳест баргаш ва гулаш монанди кӯкнор, вале кӯзаи
сараш назар ба кӯзаи кӯкнор хеле майда мебошад,
тухмаш ҳам нисбатан резатар. Гулаш одатан панҷ
барг дорад, садбаргаш ҳам мавҷуд мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 7 грамм гули хушкашро
кӯфта, бо майи пухтагӣ биёшоманд, дарди узвҳои да-
342
руни шикамро, ки дафъатан ба амал омада бошад,
таскин медиҳад ва бисёр пуртаъсир аст.
Гули хушки онро кӯфта, бо воситаи найча дар би-
нӣ пуф кунанд, хуни биниро ҳамон дам қатъ мекунад.
Ва агар инро бипошанд, хунравиро, ки аз ҳар як узв
бошад, манъ месозад.
Барг ва пояи онро бо коҳи ҷав дар об ҷӯшонида,
он обро бинӯшанд, шири занҳо, пешоб ва ҳайзро ра-
вон мекунад.
Оби гиёҳи тари онро дар офтоб ғафс гардонанд,
инро усораи лоласурхак меноманд. Усораи инро бимо-
ланд, захмҳоро аз рим пок мегардонад, иллати пӯст-
партоиро дафъ мекунад, варами чашмро таҳлил ме-
диҳад.
Усораи онро дар бинӣ бирезанд, майнаро аз руту-
батҳои зарарнок пок мегардонад.
Оби гиёҳи тари онро дар чашм чаконанд, гули
чашмро дафъ мекунад. Инчунин оби барги гули онро
батакрор бичаконанд, низ ҳамон таъсирро дорад. Гу-
ли хушки онро маҳин кӯфта, чун сурма ба чашм ка-
шанд ҳам, гули чашмро нест мекунад.
Гули онро бо пӯсти сабзи чормағз якҷо кӯфта, гу-
зошта банданд, мӯйро сиёҳ мегардонад ва шукуфаи
пӯстро дафъ мекунад.
Ҳар рӯз 3,5 грамм тухми онро бо оби хунук биё-
шоманд ва бо он мудовамат намоянд, иллати песро
дафъ мекунад.
3,5 грамм қуббаи (кӯзаи) онро бихӯранд, девона
мекунад. Аз инаш эҳтиёт бояд шуд.

143. Сиёҳдона

Ин тухми растании бӯстонӣ аст ба монанди тухми
арпабодиён, вале аз он дарозтару бориктар, рангаш
сиёҳ ва бӯяш тунд мебошад. Гулаш зарди моил ба
сафедӣ ва инчунин бунафшӣ низ мешавад. Баргаш
дарозаки нӯгдор, тухмаш дар ғилофе, ки калонтар аз
ғилофи тухми банг (кирмрезонак) аст. Қувваташ то
ҳафт сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин гармкунанда ва
хушккунандаи рутубатҳои нодаркор, пазонанда ва ба-
рои хориҷ шудан тайёркунандаи онҳо мебошад, инчу-
343
нин аз узвҳои дохилӣ кандани онҳо (ахлот) ва покку-
нандаи бадан аст; шир, пешоб ва ҳайзро равон ме-
кунад. Агар инро бихӯранд ва бо равғани савсан си-
ришта, занҳо аз таг бардоранд, бачаи зинда ва мур-
даро аз шиками онҳо меафтонад, инчунин ҳамроҳаки
(ёраки) ҷанинро зуд хориҷ мекунад, бар зидди заҳр-
ҳои тармизоҷ тарёқ мебошад.
Инро бихӯранд ва гузошта банданд, сурфаи хунук-
мизоҷ ва рим қай карданро таскин медиҳад; барои
дарди узвҳои даруни сина, ростнафас, истисқо (водян-
ка), зардпарвин, беҳузур (беҷо) шудани дил, бемори-
ҳои сипурз ва қулинҷи бодӣ даво мешавад. Инро ҳар
рӯз ба дили наҳор бо мудовамат бихӯранд, пешоб,
ҳайз ва ширро равон мекунад; агар бо равған бихӯ-
ранд, ранги рухсорро сурх мегардонад, башараро соф
мекунад; агар бо сирко бихӯранд, ҳамаи навъҳои кир-
ми меъдаро ихроҷ менамояд. Аз 4,5 то 10,5 грамми
онро бо оби нимгарм бихӯранд, барои саги девона-
газида дору ва бар зидди заҳри ғунда тарёқ меша-
вад; ҳамин миқдорро бо сиканҷабин (сиркоасал) биё-
шоманд, таби дурӯздармиён ва таби балғамии кӯҳ-
наро шифо мебахшад; бо об ва асал бихӯранд, рост-
нафасро дафъ мекунад, сангҳои гурда ва хичакро
майда карда мерезонад, табҳои кӯҳнаро шифо мебах-
шад; бо танакори арманӣ бихӯранд, душвории шоши-
данро ислоҳ менамояд.
Сиёҳдонаро сӯхта, бо рубби мӯрд, яъне бо оби ҷӯ-
шонида ғафсгардонидаи мӯрд биёшоманд, бавосирро
шифо мебахшад.
Хоми онро бибӯянд ё дар латта баста, як шаб дар
сирко тар кардашудаи онро сойида, батакрор субҳ дар
бинӣ бирезанд, дарди сари кӯҳнаро, ки аз сардӣ бо-
шад, дафъ мекунад, бастагии сӯрохи биниро мекушо-
яд; зуком ва назларо барҳам медиҳад, инчунин каҷ
шудани рӯйро ба ибро меоварад —дар ин бобатҳо да-
вои бемисл аст.
Чун ҳафт адад тухми онро як соат дар шири за-
нон тар карда, дар бинии касе, ки иллати зардпар-
вин дошта ва чашмонаш зард гашта бошанд, бичако-
нанд, иллатро дафъ мекунад.
Сиёҳдонаро кӯфта, бо равғани савсани кӯҳӣ даро-
мехта, дар бинӣ бирезанд, оби дар гавҳараки чашм
фуромадаро, ки дар ҳолати ибтидо бошад, дафъ ме-
кунад. Ва агар кӯфтаи сиёҳдонаро батакрор чун сур-
344
ма ба чашм кашанд, гавҳаракро аз он оби фуромада
холис мегардонад ба шарте, ки иллат дар ҳолати сар-
шавӣ бошад.
Сиёҳдонаро гарм карда ба сар гармбандӣ намоянд,
зукомро дафъ мекунад ва агар ба узвҳои дигар гарм-
бандӣ кунанд, бодҳоро таҳлил медиҳад.
Сиёҳдонаро дар об ҷӯшонида, ба он об сирко омех-
та, ин таркибро дар даҳан гардонанд, дарди дандон-
ро, ки аз сардӣ бошад, таскин медиҳад.
Онро кӯфта, ба пеши сар гузошта банданд, назла-
ҳои кӯҳнаро банд менамояд ва дарди сареро, ки са-
бабаш хунукӣ бошад, басанда месозад, сӯрохи банд-
шудаи биниро мекушояд; агар кӯфтаи онро бо сиркои
хамр (винный уксус) ё бо сиркои ангурӣ хамир сохта
гузошта банданд, озахҳо, холи рӯйи пӯст, иллати пӯст-
партоӣ, дарди буғумҳо, доғи сафеди пӯст, пес, донача
ва обилаҳо, инчунин шукуфаи пӯстро дафъ мекунад;
бо пешоби кӯдакон хамир карда гузошта банданд, ва-
рамҳои сахт, озахҳо ва холро дафъ мегардонад.
Сиёҳдонаро кӯфта, бо оби тарбузи абӯҷаҳл (ҳан-
зал)-и тару тоза сиришта, ба атрофи ноф бимоланд,
кирми кадудонаро (солитёрро) бо қуввати тамом их-
роҷ мекунад; бо оби дарманаи тар даромехта бимо-
ланд, кирмҳои дарози шикамро башаст ихроҷ мена-
мояд.
Сиёҳдонаро маҳин ос карда, бо хуни кӯршабпарак
ё бо хуни фароштурук ва ё бо хуни мори афъӣ даро-
мехта бимоланд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад;
бо асал ва равған сиришта бимоланд, агар бачадон
ҳангоми омадани ҳайз дард мекарда бошад, дарди
онро шифо мебахшад; бо равғани гулисурх сиришта
бимоланд, қӯтурро хоҳ тар бошад ва хоҳ хушк, шифо
мебахшад.
Сӯхтаи онро бо мумравғане, ки аз муми занбӯри
асал ва равғани савсан тартиб дода ё дар равғани
ҳино гудохта бошанд, даромехта гузошта банданд,
сари калро сиҳат мекунад, рехтани мӯйро манъ ме-
намояд ва дар сари кал мӯйро мерӯёнад—барои ин
кор батакрор бояд гузошта банданд.
Сиёҳдонаро андак бирён карда, кӯфта, бо гулоб
хамир сохта гузошта банданд, захмҳои савдовии соқи
поро дафъ мекунад; бо пешоби кӯдакон хамир карда
гузошта банданд, решҳои сарро, ки рутубаташон мо-
345
нанди асал бошад ва дигар решҳои тарро, ки аз сар-
дӣ бошанд, шифо мебахшад.
Сиёҳдонаро то бӯяш баромадан бирён кунанд,
инро сиёҳдонаи бӯдода меноманд. Сиёҳдонаи бӯдодаро
кӯфта, дар равғани зайтун пухта, се-чор қатра аз он
равған дар бинӣ чаконанд, зукомеро, ки бо атсаи бис-
ёр бошад, дафъ месозад.
Вале агар сиёҳдонаро аз ҳад зиёд бихӯранд, ода-
мони гарммизоҷро ба дарди гулӯ гирифтор мекунад—
давои ин дар сирко тар карда хӯрдан аст. Инчунин
ба гурда ҳам зиёнкор аст — давои ин хӯрдани кати-
ро мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сиёҳдона дар як рӯз ба-
рои одамони хунукмизоҷ то 7 грамм аст, вале барои
касони гарммизоҷ то 1,75 грамм мебошад.
Агар сиёҳдона ёфт нашавад, ба ҷойи он арпабодиён
бихӯранд, раво мебошад ва инчунин нисф вазни он
тухми шибитро хӯрдан низ ҷоиз аст.
Аз сиёҳдона равған ҳам тайёр мекунанд. Ин бо
роҳҳои гуногун ҳосил карда мешавад:
1. Бигиранд дар таносуби 70 грамм сиёҳдона 17,5
грамм равғани бодоми талх—ҳар дуро якҷо бикӯ-
банд. Бар он андак оби гарм пошида, баъд бошиддат
фишор дода, равғани онро биситонанд.
2. Колбаро дар ҳаҷми хоҳиш гирифта, ба он гили
бӯта бимоланд ва даруни онро то гарданаш аз сиёҳ-
дона пур созанд ва дар гулӯи колба лифи зағирпоя ҷо
намоянд. Баъд бигиранд лаган ё тунукаи ғафсро аз
миёнаҷояш мувофиқи ғунҷоиши гардани колба сӯрох
кунанд. Колбаи пур кардашударо сарозер дар он сӯ-
рох гузоранду аз боло ва атрофи он дар рӯйи лаган
оташи тез биафрӯзанд. Равғани сиёҳдона ҷудо гашта,
дар лиф покшавон ба поён фурӯд меояд.
3. Як миқдори муайян сиёҳдонаро дар ҳашт баро-
бари вазни он оби ширин як шабонарӯз тар карда,
баъд то чоряки об мондан биҷӯшонанд. Ва онро аз
матои бофташ зич гузаронида, соф намуда, дар зар-
фе аз болояш равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун
ду баробари он об андохта, бо оташи мулоим биҷӯ-
шонанд, то об бухор шуда, равған бимонад. Эҳтиёт
кунанд, ки равған доғ нагардад.
Мизоҷи равғани сиёҳдона дар дараҷаи саввум
гарм ва хушк аст.
Хӯрдани ин ва молиданаш барои иллатҳои фолиҷ,
346
каҷ шудани рӯй, ҷингак шудани узвҳо, дардҳои бу-
ғумҳо аз сардӣ, сустии олатҳои таносул, дафъ карда-
ни гиреҳи асабҳо, мондагӣ, дарди камар, барои қув-
ват бахшидани боҳ ва ба ҳаракат овардани аъзои та-
носул, ҳатто барои касоне, ки аз мардӣ маҳрум гашта
бошанд, даво мебошад. Агар маҳз бо равғани зайтун
ин равғанро тайёр карда бошанд, барои барқарор
кардани қуввати мардӣ маҳрум ва ноумедгаштагон
давои бемисл аст, ҳам хӯрданаш ва ҳам молиданаш.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани сиёҳдона дар
як рӯз то 7 грамм аст.

144. Дармана

Ин гиёҳест қадаш қариб ба баландии шибит, барг-
ҳояш реза ва бисёр нозук, ранги баргҳояш баъзан
сабзи моил ба зардӣ ва баъзе гӯё дар рӯяш ғубор до-
рад ва хокистарранг аст. Гулаш сафеди моил ба пуш-
тӣ ва гули зардаш ҳам мавҷуд аст. Дармана навъҳои
кӯҳӣ ва саҳроӣ дорад.
Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи саввум ва ба
қавли баъзе табибон дар дараҷаи дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳ-
ҳои узвҳои баданро мекушояд, балғамро меканад, бод-
ҳоро таҳлил медиҳад, ахлоти мурдорро бо исҳол дафъ
менамояд, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро бо воси-
таи пешоб аз бадан берун меронад, ҳамаи навъҳои
кирмро аз меъда ва рӯдаҳо ихроҷ мекунад.
Агар инро биёшоманд, барои газидани ғунда ва
каждум, инчунин бар зидди ҳамаи заҳрҳои тармизоҷ
тарёқ мешавад; душвории нафасро ислоҳ мегардо-
над, оруғро дафъ мекунад; дарди рӯдаҳо, дарди сурин
ва табҳои мураккабро шифо мебахшад.
Миқдори хӯрдани он бар зидди таъсири заҳрҳо то
10,5 грамм ва барои бемориҳо то 7 грамм аст.
Вале ба дарун истеъмол кардани дармана ба меъ-
да ва асаб зарар дорад, дарди сар медиҳад — давои
ин зарарҳояш мустако истеъмол кардаи аст.
Ба ҷойи дармана ба ҳамон вазн талхшувоқро истеъ-
мол намоянд, раво мебошад.
Дарманаро пухта, бо он гармбандӣ кунанд ва ба-
такрор онро бимоланд, барои дарди чашм, ки саба-
баш зиёд гаштани балғам бошад ва дигар варамҳои
347
ғализ дору мешавад ба шарте, ки бо воситаи истеъ-
моли давои дахлдор баданро аз балғам танқия карда
бошанд пеш аз истеъмоли ин. Дар бобати танқия мо
дар охири муқаддимаи ин китоб сухан рондем.
Хокистари ин гиёҳро бо равғани зайтун ё равғани
савсани сафед ва монанди онҳо хамир сохта, ба ҷоҳои
гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта бан-
данд, дору мебошад ва ба зудӣ дар он ҷойҳо мӯйро
мерӯёнад. Ин хокистарро бипошанд, решҳои хӯранда-
ро шифо мебахшад.
Аз дармана равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ. Дар зарфи шиша то нимааш равғани кунҷиди
нав андохта, даруни онро аз гиёҳи тари дармана пур
мекунанду ба офтоб мегузоранд. Дар муддати шаш
рӯз қувват ва ранги он ба равған мегузарад. Он дар-
манаи беранггаштаро фишурда партофта, аз нав дар-
манаи дигар пур мекунанд ва ҳамин тавр то шаш ма-
ротиба дарманаро иваз менамоянд. Баъд фишурда,
равғанро соф менамоянд—ин равғани дармана ҳисоб
меёбад.
Ин равғанро бихӯранд, барои иллатҳои душвории
нафас, дафъ кардани ларзи табҳо, бемориҳои аз хуну-
кӣ баамаломада, варами меъда, истисқо (водянка),
ихроҷ кардани кирмҳои шикам, газидани каждум ва
ғунда, инчунин рӯёнидани гӯшти солим дар захмҳо
даво мебошад.

145. Гандуми девона

Ин донест аз ҷав борик ва майдатар, таъмаш ка-
ме талх, рангаш моил ба сурхӣ. Гиёҳаш монанди рас-
тании гандум дар гандумзорҳо мерӯяд. Беҳтарини он
фарбеҳдонаи он аст, ки кӯҳна нагашта бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушкиаш
зиёда аз ин дараҷа мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд,
карахтӣ меоварад, чашмро сиёҳ мезанонад, овозро
вайрон мекунад. Ноне, ки дар он гандуми девона
дошта бошад, ҳангоми хӯрдан маст мекунад, хоб мео-
варад ва боиси сиёҳ задани чашм мегардад.
Кӯфтаи онро гузошта банданд, хор ва тирро аз
бадан кашида берун меоварад ва моддаҳои рӯйи узвро
пок мекунад. Агар кӯфтаи онро бо шароб хамир сохта
гузошта банданд, дарди суринҳоро дафъ мекунад: ин-
348
ро бо сирко пухта, бо равғани зайтун сиришта гу-
зошта банданд, шукуфаҳои пӯст, хоришак ва қӯтури
решгаштаро шифо мебахшад ва бо сафедаи тухми
мурғ хамир карда гузошта банданд, сахтиҳои бадан
ро ислоҳ мекунад; бо асал хамир сохта гузошта бан-
данд, ниқрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту
поҳо мебошад, ба ибро меоварад; бо тухми зағир ва
саргини кабӯтар сиришта гузошта банданд, пучак ва
чиртакҳоро мекафонад, ҷароҳатҳоро сиҳат мекунад,
варамҳоро мегардонад ё пазонида мекафонад; инро
бо орди гандум даромезанду бипошанд, шукуфаҳои
пӯст ва решҳои дигарро сиҳат мебахшад; агар бо гӯ-
гирд даромехта гузошта банданд, доғи сафеди пӯстро
дафъ мекунад.
Ба ҷойи гандуми девона себаргаро истеъмол кунанд,
раво мебошад.
Агар касе гандуми девонаро хӯрда бошад, давояш
равған ва шир хӯрда қай фармудан аст ва нӯшидани
оби меваҳои турш аст.
Аз гандуми девона равған ҳам тайёр мекунанд ба
ин тариқ. Колбаро, ки ҳар навъи бузургашро бихо-
ҳанд, гирифта, ба рӯйи он гили бӯта молида, даруни
онро то гулӯяш аз гандуми девона пур мекунанд ва
дар гулӯяш лифи зағирпоя ё дигар лиф ҷо менамоянд.
Баъд лагани калон ё варақи васеътари оҳанро аз миё-
наҷояш мувофиқи ғунҷоиши гардани колба сӯрох кар-
да, он колбаро сарозер ба он сӯрохӣ мегузоранду аз
боло ба атрофи шиками колба ангишт гузошта оташ
меафрӯзанд, аз тафси оташ равғани гандуми девона
ҷудо гашта, аз лиф софшавон гузашта, ба зарфи дар
поён гузошташуда мечакад.
Ин равғанро бимоланд, шукуфаҳои пӯст, захмҳои
сарҳои тифлон ва ғайри тифлон, сабӯсаки сар ва доғ-
ҳои кунҷидакро дафъ мекунад.

146. Сабир

Ин растаниро ба русӣ алоэ меноманд. Дар сарза-
минҳои мо гиёҳи инро аксар ҳангоми зимистон дар
тубакҳо ҷо дода, дар хонаҳо парвариш мекунанд ва
дар фаслҳои дигар мумкин аст дар берун, ҳатто
заминҳо нашъунамо диҳанд. Инро баргаш ғафс, шах-
шӯл, дароз ва нӯгтез, қисми поёни барги он сербар,
349
бисёр обдор, часпак ва каме хор ҳам дорад. Таъмаш
талх аст. Оби онро фишурда гирифта, дар зарфҳои
кушода хушк месозанд. Сабир се қисм мебошад: 1.
Сабири арабӣ, ки беҳтаринаш дар ҷазираи Сақутар,
ки наздики мулки Яман аст, мерӯяд. Ва дар он ҷази-
ра давоҳои кундур, мукл ва дамм-ул-ахвайн бисёр
мерӯянд. Сабири он ҷо зард ва заъфаронии тира, зуд-
шикан ва аълосифат мебошад. 2. Сабири ҳиндӣ, ки
зарди камранг ва моил ба сиёҳӣ аст. Ин дар бобати
давогӣ аз сабири сақутарӣ сусттар аст. 3. Сабири са-
миконӣ, ки ба номи деҳаи Самикони мулки Наҷорис-
тон машҳур аст ва инчунин онро сабири форсӣ ҳам
меноманд. Ин аз ҳама заифтарин қисмҳои сабир аст,
сиёҳранги тира, шабеҳ ба дурда, дершикан, бадбӯ,
сабук ва дар амалҳои табобат хеле камтаъсир мебо-
шад. Инро фақат аз берун истеъмол менамоянд.
Қуввати сабир баъд аз ҷудо кардан аз танааш то
чор сол боқӣ мемонад ва агар аз чор сол гузарад, то
ҳафтум сол торафт сусттар мегардад.
Пеш аз истеъмол бояд, ки онро бисёр ва хуб би-
соянд, то ки ҳангоми хӯрдан ба патҳои меъда бичас-
паду хуб амал кунад.
Аммо инро ҷавонони сафровимизоҷ, одамони гарм-
мизоҷ, касоне, ки узвҳои даруни сина ва шикамашон
сусту заиф бошанд, инчунин мосорико ва ҷигарашон
суст бошанд, иллатҳои мақъад ва бавосирдоштагон ва
шахсоне, ки дар баданашон хун бисёр ва рагҳоя-
шон танг бошад, инчунин дар ҳавоҳои бисёр гарм
ва бисёр хунук истеъмол нафармоянд. Инчунин ҳан-
гоме, ки дар меъда таом мавҷуд бошад, набояд бихӯ-
ранд, ки мабодо ба таом омехта гашта, онро мурдор
гардонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Вале талхии таъм ва қабзиятнокии он ба мураккаб-
ул-қувват будани он далолат мекунад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳ-
ҳои ҷигар ва дигар гиреҳҳоро дар бадан мекушояд,
бодҳои шикамро таҳлил медиҳад; ҳар як моддаи но-
даркори дар меъда, сар, буғумҳо ва ғайраи ҷамъшу-
даро башаст бо исҳол дафъ мекунад, вале дар дигар
ҷоҳо бошад, таъсираш суст аст. Моддаҳоро аз ҷоҳои
чуқури бадан мекашад, меъда ва рагҳоро аз римҳо
пок месозад; савдо, балғами ғафси шаффоф ва сафро-
виро пазонида ихроҷ менамояд: зардпарвинро бо ис-
350
ҳолкунандагии худ шифо мебахшад, гиреҳи ҷигарро
мекушояд, ин беҳтарин давоест барои меъда ва пок-
кунандаю қувватбахши он; қуввати бинишро зиёда
мегардонад ва дигар ҳисҳоро неку ва сара менамояд;
молихулиё, бемориҳои рӯҳӣ ва аксари иллатҳои май-
наро, ки вобаста ба меъда бошанд, дафъ мекунад, зе-
ро ки меъда бо онҳо комилан ширкат дорад; хоб ме-
оварад.
Агар инро гузошта банданд, решҳои тарро бидуни
дард хушк мегардонад, носурҳои чуқурро ба ҳам час-
понида садат мебахшад, захмҳои беҳнашавандаро си-
ҳат мекунад, хусусан, ки дар мақъад бошанд ва на-
мегузорад, ки моддаи онҳо бадҳол гардад.
Агар пеш аз баромадани ришта, яъне дар аввали
намоён шудани аломатҳои он се рӯз пай ҳам рӯзи
аввал 1,75 грамм, рӯзи дуввум 3,5 грамм ва рӯзи сав-
вум 5,25 грамм аз он бихӯранд ва миқдореро аз он
ба он ҷо ҳам бигузоранд, то ки моддаи онро парокан-
да ва нест гардонад, шифо мебахшад.
6,75 грамм сабирро бо оби нимгарм бихӯранд, ба-
шиддат исҳоли меъдӣ меоварад ва меъдаро аз мод-
даҳои зарарнок пок мегардонад; ҳамин миқдор сабир-
ро бо шаҳдоб биёшоманд, балғам ва сафроро бо воси-
таи исҳол фурӯд меоварад. Гоҳо ҳодис мешавад чун
субҳ ва шом чанд ҳаб (таблетка) бо давоҳои ислоҳку-
нандаи он, ки шилми санавбар ва асали соф—ҳар ду-
ро даромехта ва ҳамаро бо оби гарм фурӯ баранд,
дарунро меравонад ва таомро дар меъда вайрон на-
мегардонад, инчунин дардҳои меъдаро дар як рӯз
бартараф месозад; агар онро бо мустако (мастика)
бихӯранд, майнаро аз моддаҳои бегона пок мегардо-
над; агар бо занбӯруғи сафеди танаи дарахт бихӯ-
ранд, барои буғумҳои бадан ва дамкӯтаҳӣ дору ме-
шавад ва узвҳои даруни синаро аз моддаҳои бегона
пок менамояд.
3,5 грамм сабирро бо оби хунук бихӯранд, иллати
хун қай кардан ва зардпарвинро сиҳат мебахшад;
агар ин миқдори онро бо гулисурх ва мустако бихӯ-
ранд, ҳамаи бемориҳои меъдаро шифо мебахшад; бо
талхшувоқ бихӯранд, барои ҳамаи бемориҳои савдовӣ,
дафъ кардани кирмҳои меъда ва рӯдаҳо, бемориҳои
сипурзу гурда ва басанда гардонидани ташнагӣ, ки
аз ҷамъ шудани сафрои балғамнок бошад ва инчунин
барои барқарор намудани иштиҳои гумшуда дору ме-
351
бошад, инчунин тафсидани забончаи ҳалқро, ки аз
пайдо шудани сафро дар меъда ҳодис шуда бошад, ба
ибро меоварад; ва агар бо давоҳои исҳоловар ҳамроҳ
карда бихӯранд, намегузорад, ки зарари онҳо ба меъ-
да бирасад.
Чун сабирро бо талхшувоқ даромехта, ба кӯдаки
ширмак бихӯронанд ва агар ба он хӯронидан бинобар
талхӣ душвор бошад, ба модари тифл бихӯронанд,
таъсираш бо воситаи шири модар ба кӯдак гузашта,
кирми шиками кӯдакро дафъ мекунад.
Агар се рӯз пайи ҳам ба миқдори 4,5 грамм сабирро
бихӯранд ва се рӯз тарк намоянд ва боз се рӯз биё-
шоманд, гиреҳҳои ғадудмонандеро, ки кӯҳна шуда бо-
шанд, ба таҳлил мебарад, яъне гудохта нест мегар-
донад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сабир дар як рӯз 4,5
грамм аст; 5,25 грамми он исҳол меоварад ва 10,5
грамми онро бихӯранд, баданро аз ахлоти мурдор
пок мегардонад.
Аммо сабирро аз ҳад зиёд ва бардавом бихӯранд,
ба исҳоли хунин гирифтор менамояд.
Вале сабирро ёфтан душвор гардад, баробари ваз-
ни он талхшувоқ ва ё ним вазни он заъфарон истеъ-
мол намоянд, раво мебошад.
Вале истеъмоли сабир ба дарун ба рӯдаҳо, меъда,
ҷигар ва ҷигари заиф, инчунин ба мақъад зарар до-
рад, зеро ки сустиовар ва кушояндаи рагҳои мақъад
мебошад ва рӯдаҳоро, мумкин аст, бихарошад. Даво-
яш: агар ба рӯдаҳо зиён кунад, катиро бояд хӯрд;
агар меъда ва ҷигарро суст гардонад, мустако ва гу-
лисурх бояд истеъмол фармоянд; чун ба мақъад за-
рар оварад, он мавзеъро бо равғани гулисурх ё рав-
ғани бунафша чарб намоянд ё чарбии бузро бимоланд,
ислоҳ мепазирад.
Сабирро бо асал ва ҳалилаи зард биёшоманд, қув-
мати таъсири онро зиёда мегардонад, зеро ҳар дуи
инҳо қувватбахши сабир мебошад.
Аммо сабири пастсифатро бе зарурат истеъмол
кардан ҷоиз нест, зеро ки вай то се рӯз дар меъда
мемонад ва ҳеҷ поён намефурояд, инчунин ғамгин ме-
кунад ва ба изтироб меоварад.
Сабирро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардо-
над; шилпуқӣ, хориш ва қӯтури пилкҳои чашмро дафъ
мекунад, пилкҳои ғафсгаштаро ба эътидол меоварад,
352
захмҳои чуқури чашмро пур мегардонад ва онро фар-
беҳ месозад, хуни ба тарафи чашм барангехташаван-
даро қатъ менамояд.
Сабирро бо равғани гулисурх сиришта бимоланд,
реши чашм, қӯтур ва дардҳои онро, ки аз ҷониби би-
нӣ бошанд, дафъ мекунад ва рутубатҳои зиёдатии
чашмро хушк мегардонад. Ин таркибро ба пешонӣ ва
чаккаҳои сар бимоланд, майнаро аз моддаҳои зарар-
ноки сафровӣ пок менамояд ва дарди сарро таскин
медиҳад. Сабирро бо намак ва танакори арманӣ (яъне
танакори сурх) даромехта, бар пеши сар бимоланд,
назлаҳои сардро манъ мекунад, майнаро гарм ва ру-
тубати зиёдатии онро хушк месозад; агар бо оби бар-
ги зуф ва сирко сиришта бимоланд, решҳои тари сари
кӯдаконро шифо мебахшад; ва агар танҳо бо оби бар-
ги зуф даромехта бимоланд, захмҳои гӯш ва биниро
ба ибро меоварад; бо равғани кадуи ширин якҷо кар-
да бимоланд, барои ҷароҳатҳои бинӣ даво мешавад;
бо мӯрд (мирт) ва шароб сиришта бимоланд, мӯйи сар
ва ришро сиёҳ, инчунин шапуши он мавзеъҳоро дафъ
мекунад ва мӯйро, ки аз качалӣ (калъяра) рехта бо-
шад, аз нав мерӯёнад; бо асал сиришта бимоланд,
узвҳои зарба ва латхӯрдаро, ки хун дар он ҷо мурда
ва кабуд гашта бошад, шифо мебахшад, доғҳои пӯст-
ро дафъ мекунад, дарди сар ва назлаҳоро ба ибро
меоварад, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад; барои
доначаҳои мӯрчагазак, вабои сурх, милкаки нохун,
решҳои хабиса, дардҳои пушт ва буғумҳо даво меша-
вад; бавосирро нафъ мебахшад; бо шароб ва асал да-
ромехта бимоланд, барои узвҳои латхӯрда, офати му-
шакҳои ду тарафи забон, хунравии милки дандон, ва-
рамҳои даруни даҳан ва сӯрохҳои бинӣ, решҳои душ-
вор беҳшаванда, хусусан, ки дар рӯйи бинӣ, закарҳо
ва мақъад бошанд, дору мешавад. Бо оби кашнизи
тар ва сирко даромехта бимоланд, сурхбод, шаро (ал-
лергия)-ро, бо шароби ширин сиришта бимоланд, до-
наҳои бавосир ва барҷаставу овехтаи донаҳои баво-
сирро дафъ месозад ва омадани хунро аз онҳо қатъ
мегардонад, кафидани мақъадро ба ибро меоварад;
бо оби пиёзи гандано сиришта бимоланд, донаҳои ба-
восирро меафтонад, аммо бояд ки баъд аз афтодани
донаи бавосир он мавзеъро бо омехтаи аз сойидани
равғани гулисурх ба сурб (қӯрғошим) бимоланд.
Сабирро бо оби гандано ва пӯсти мор пухта, ба-
353
такрор бимоланд, донаи бавосирро меафтонад ва дар
ин амал назир надорад.
Агар сабирро сойида батанҳоӣ ё бо асал даромехта
бимоланд, ҷасади мурдаро аз вайрон шудан ва бадбӯ
гаштан нигоҳ медорад.
Сабирро сойида, бо сирко даромехта, бо ин таркиб
сарро бишӯянд, сабӯсаки сар ва ширинчаро дафъ ме-
кунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш
мӯй мерӯёнад.
Сабирро сӯхта, дудашро бо воситаи найча ва ё бо
қиф батакрор бикашанд, дамкӯтаҳиро дафъ мекунад.
Бо сойидаи сабир ҳуқна кунанд, барои бавосир фои-
да дорад.
Сабирро хушк карда, кӯфта бипошанд, захмҳоро
хушк карда сиҳат менамояд; барои захмҳои закар ва
фарҷи занон ва узвҳои дигари асабонӣ даво мешавад;
агар бо кӯфтаи устухони пӯсида баробарвазн даро-
мехта бипошанд, решҳои хӯранда, бавосир, решҳои
хабисаро нест мекунад.
Барги онро аз миёнаш чок карда, ба он кӯфтаи
зардчӯба ва афюни маҳинсойидаро пошида, ба варами
каши рон, ки хиёрак меноманд, гарм карда банданд,
онро таҳлил медиҳад.

147. Кокутӣ

Ин гиёҳи кӯҳии маълум аст, ки райҳони кӯҳӣ ме-
бошад. Барги баъзеаш дарозак, баъзеи дигараш гир-
дак аст. Ин гиёҳ навъҳои бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ до-
рад. Агар ранги баргҳояш сабзи сиёҳтоб бошад, онро
кокутии тоҷикӣ (форсӣ) меноманд. Таъми ин тунд ва
хушбӯ аст. Гули ҳамаи навъҳои он кабуд аст. Беҳта-
рини ҳамааш баргаш майдаи дарозаки он аст. Дароз-
барги он беҳтар аз гирдакбарги он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Вале мизоҷи кокутии кӯҳӣ дар гармӣ ва хушкӣ зиё-
да аз саҳроӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳ-
ҳои узвҳои баданро мекушояд, балғамро пароканда
ва бодҳоро таҳлил медиҳад, инчунин балғамро хушк
мекунад; ғизоҳои бадҳазмро сабук мегардонад, боҳро
меафзояд, ба хӯрок иштиҳо меоварад; шуш, меъда,
ҷигар ва рӯдаҳоро аз балғам ва рутубатҳои зарарнок
пок менамояд; баромадани бухорҳоро ба майна манъ
354
мекунад, оруғи балғамиро дафъ месозад; дарди дан-
дон ва дарди суринро, ки сабабаш ҷамъ шудани мод-
даҳои хунук бошанд, таскин медиҳад; дарди хичак ва
бачадонро дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон ме-
намояд, инчунин бар зидди заҳрҳо тарёқ мебошад.
Кокутиро бо оби анҷири тар бихӯранд, дамкӯтаҳӣ
ва сурфаро шифо мебахшад; агар бо анҷири хушк би-
хӯранд, арақ меоварад ва ранги рӯйро неку ва сара
мегардонад.
Давоҳои исҳоловарро бо обе, ки дар он кокутӣ
ҷӯшонида шуда бошад, бихӯранд, дар меъда ҳазм
наёфтан ва ногувор шудани таом, бадбӯ гаштани ғизо
дар меъда ва турш шудани онро дар ин узв ба ибро
меоварад; беҳузур (беҷо) шудани дил, дарди дил, ин-
чунин қулинҷҳои бодӣ, балғамӣ ва дурдиро дафъ ме-
кунад, дарди рӯдаҳоро сиҳат мебахшад, ҳамаи навъ-
ҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро (ҳатто кирми кадудо-
наро ҳам) хориҷ менамояд. Инчунин кокутиро бо асал
бардавом бихӯранд, низ ҳамин таъсирро дорад.
Кокутиро пеш аз давоҳои исҳоловар бихӯранд, ах-
лотро барои дафъ гаштан муҳайё месозад; агар инро
бо оби карафс бихӯранд, санги гурда ва хичакро май-
да карда мерезонад, душвории шошиданро ислоҳ ме-
кунад; агар инро бо майи пухтагӣ бихӯранд, заҳрҳои
шавкарон, ки гиёҳи заҳрнок аст ва афюнро аз бадан
дафъ менамояд; бо сиканҷабин бихӯранд, зарари ба-
чаро дар шиками модар ислоҳ мекунад; бо турб бихӯ-
ранд, дарди суринро шифо мебахшад ва гаронии ба-
данро, ки сабабаш зиёд гаштани рутубат бошад, дафъ
месозад; бо равғани зайтун бихӯранд, ҳамаи навъҳои
дарди рӯдаҳоро сиҳат мебахшад.
Сиркоеро, ки дар он як шаб кокутӣ тар карда шу-
да бошад ё сиркоасалро (сиканҷабинро), ки аз коку-
тӣ, асал ва сирко тайёр карда шуда бошад, биёшо-
манд, агар бемор сурфа надошта бошад, барои иллат-
ҳои сипурз даво мешавад.
Кокутиро бо панири нав бихӯранд, баданро фар-
беҳ мегардонад.
Кокутиро хуб кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида
бихӯранд, варами забончаи ҳалқ, варами шуш аз
гармӣ, сурфаи тар, зарари газидани каждум ва ди-
гар ҷонварони заҳрнокро дафъ мекунад.
Кокутиро бихоянд, дарди дандонро таскин меди-
ҳад ва чашмро қавӣ мегардонад.
355
Кокутии хушкро кӯфта, бо ҳамвазни он шакар да-
ромехта, каф зада бихӯранд, ба майна баромадани
бухороти зарарнокро қатъ мекунад, инчунин чашм-
ро қувват мебахшад.
Агар инро бо таомҳои душворҳазм монанди ҳари-
саи (кисели) гандум, боқило, наск, каллапоча ва гӯш-
ти гӯсола бихӯранд, ҳазми онҳоро сабук ва осон ме-
гардонад ва ба зудӣ аз меъда фурӯд меоварад, инчу-
нин бодҳои онҳоро таҳлил медиҳад.
Кокутиро бо ҳамаи навъҳои гиёҳҳое, ки ба чашм
зарар мекарда бошад, хоҳ гарммизоҷ ва хоҳ сардми-
зоҷ бошанд, бихӯранд, зарари онҳоро ислоҳ мекунад.
Ва агар инро бо сирко бихӯранд, беҳтарин нонхӯрише
мегардад.
10,5 грамм кокутии хушкро кӯфта, бо асал бихӯ-
ранд, газидагии каждум ва дигар ҷонварони заҳрнок-
ро шифо мебахшад.
Кокутӣ ва зираро кӯфта, як шаб дар сирко тар
намуда, баъд он сиркоро дар даҳан гардонанд, дарди
дандон ва дарди гулӯро шифо мебахшад.
Оби кокутии тарро ба чашм кашанд, гули чашм
ва шабкӯриро дафъ мекунад. Ин обро бо равғани сав-
сани кӯҳӣ даромехта дар бинӣ бирезанд, моддаҳои бе-
гонаи бисёри тармизоҷро аз майна дафъ мекунад.
Агар ин оби кокутиро нимгарм дар гӯш чаконанд, га-
ронии гӯшро ислоҳ мекунад ва бо шир даромехта би-
чаконанд, дардашро таскин медиҳад.
Кокутиро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта бан-
данд, варамҳои сахт, ирқуннасо (радикулит) ва дар-
ди суринро шифо мебахшад; инро бо равғани зайтун
ва зира сиришта гузошта банданд, нофи берунома-
даро ислоҳ мекунанд ва боди даруни ин узвро таҳ-
лил медиҳад; инро бо орди гандуми тафсон хамир
сохта гузошта банданд, варамҳои балғамӣ, яъне омос-
ҳои мулоими сардро таҳлил медиҳад; агар бо ганду-
ми кӯфта сиришта гузошта банданд, дарди суринро
дафъ мекунад.
Кокутиро пухта дар ҳаммом гузошта банданд, қӯ-
тур, хориш, зардпарвин ва бодҳоро дафъ мекунад.
Агар кокутиро дуд кунанд ё онро паҳн намоянд,
ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд.
Як миқдор шохҳои кокутӣ, ҳамин миқдор челон-
ро — дар чор баробари ҳар ду об то чоряки об мон-
356
дан биҷӯшонанду он обро соф карда биёшоманд, хуни
ғафсгаштаро соф ва рақиқ мегардонад.
Гули кокутиро биёшоманд, моддаи савдо ва бал-
ғамро бо исҳол дафъ менамояд, вале дар ин бобат
заифтар аз талхшувоқ аст. Чун 9 грамми онро бо
сирко ва намак биёшоманд, савдо ва балғамро бо ис-
ҳол дафъ мекунад, инчунин пешоб ва ҳайзро равон
месозад.
Оби гули тару тозаашро дар офтоб қивом карда
бихӯранд, варами мушакҳои ду тарафи забон, забон-
чаи ҳалқ, инчунин ҷӯшиши (пухтани) даҳанро сиҳат
мекунад.
Аз гули кокутӣ бо шакар ё бо асал мураббо тайёр
карда, 9 грамм аз он ё аз гулқандаш ҳамин миқдор
биёшоманд, заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад ва бе-
мориҳои хунукмизоҷро ба зудӣ шифо мебахшад. Чун
шаб вақти хоб аз ин мураббо 4,5 грамм бихӯранд, ба
ин мудовамат намоянд, ба майна баромадани бухор-
ҳои зарарнок ва рехта шудани зардобро ба даруни
гавҳараки чашм манъ мекунад, зеҳнро қувват мебах-
шад ва ранги рӯйро сара мегардонад.
Аз гул ва баргҳои кокутӣ равған ҳам тайёр меку-
нанд ба ин тариқ.
Гул ва барги онро дар соя хушк карда, аз он як
миқдорро дар шаш баробари он оби ширин як шабо-
нарӯз тар карда, баъд онро то чоряки об мондан бо
оташи мулоим меҷӯшонанд. Сонӣ хуб молида, аз ма-
тои бофташ зич гузаронида соф менамоянду дар зар-
фе аз болои он об ду баробараш равғани зайтун ан-
дохта, дар оташи паст то тамом бухор шуда рафтани
об меҷӯшонанд. Агар равған аз ҷӯш монад, ин алома-
ти тамом шудани об аст. Ҳамин равғани кокутӣ ҳисоб
меёбад. Вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад,
барои ин ҳангоми аз ҷӯш мондани он зуд аз оташ фу-
руд оваранд.
Аз ин равған ҳар рӯз як бор як қошуқи ошхӯрӣ
биёшоманд, иллатҳои сардмизоҷи монанди: фолиҷ, каҷ
шудани рӯй, ларзак, суст ва нотавон гаштани аъзо,
дардҳои пушт ва буғумҳо, хусусан қулинҷ, ки варам
ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, бемориҳои ноҳияи меъда
ва рӯдаҳоро шифо мебахшад—дар ин бобат беҳтар
аз дигар равғанҳост.
Хислатҳои давогӣ дар тухмаш қавитар аз барги
он аст: агар инро бихӯранд, гиреҳҳоро мекушояд, зард-
357
парвинро дафъ мекунад, боҳро ба ҳаракат меоварад.
Агар инро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад,
иштиҳои таомро мекушояд. Агар инро дар нон дохил
намоянд, зарарҳои хӯрокро дафъ менамояд, барои ба-
рангехта шудани боҳи одамони сардмизоҷ ёрӣ мера-
сонад.
Вале ба дарун истеъмол кардани кокутӣ ба шуш
зарар дорад давои ин зиёнаш сирко хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи кокутӣ дар як рӯз
то 22,5 грамм аст.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!