Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 134-140


134. Кунҷид

135. Савринҷон

136. Ширинбия

137. Савсан

138. Савсани кӯҳӣ

139. Ҷамилак

140. Шоҳитара

134. Кунҷид

Ин тухми растании зироатӣ аст, ки аз ин равған
мекашанд, онро ба рӯйи нон мемоланд, аз он ҳалво
мепазанд ва ғайра.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар бо руту-
бати часпак, вале дар дараҷаи дуввум гарм ва тар
низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: хислати часпонандагӣ
ва кушояндагии гиреҳҳо дорад. Агарчи ҳангоми хӯр-
дан ғизои кам аст, вале моддаҳои аз он ҳазмгашта
дар ҷигар сабук мебошанд; бинобар часпанда буда-
наш баданро фарбеҳ мекунад, овозро мулоим ва ду-
руштии ҳалқро нарм мегардонад, ахлоти сӯхтаро, яъне
балғам, хун, сафро ва савдои сӯхтаро ба ислоҳ меова-
рад; рӯдаҳо ва мақъадро мулоим мекунад, варамҳои
гармро таҳлил медиҳад.
Кунҷидро бо шароб биёшоманд, барои газидани
каждум ва мори афъӣ даво мебошад.
Як миқдор кунҷид, бо ҳамвазни он шакар ва кӯк-
нор, нисф вазни он мағзи бодоми ширини кӯфта, даҳ-
як миқдори он банги сафед (яъне кирмрезонаки гу-
лаш сафед)—ҳамаро кӯфта, ҳар рӯз аз ин таркиби
ҷамъомада 25 грамм тановул намоянд, барои фарбеҳ
кардани бадан, қувват бахшидани боҳ давои бисёр
хубест, чарбии гурдаро пайдо ва зиёд мекунад.
323
Аз кӯфтаи кунҷид шира кашида, бо набот биёшо-
манд, сӯзиши меъда ва сурхрӯда, турш шудани руту-
бати савдовии меъда, сӯзонидани моддаҳои нӯшида-
шуда ва моддаи тезро аз бадан дафъ мекунад.
Аз он шароб тайёр намуда, онро бо мудовамат би-
нӯшанд, меъда ва рӯдаҳоро мулоим мегардонад, сан-
ги гурдаро майда карда мерезонад.
7 грамм кунҷидро бо 3,5 грамм чормағзи сӯхтагӣ
бихӯранд, хуни равони бавосирро қатъ мекунад.
Оберо, ки дар он кунҷид ҷӯшонида шуда бошад, бо
нахӯд биёшоманд, ҳайзро равон мекунад, бачаи зано-
ни ҳомиларо аз шикам меафтонад.
Чун 50 грамм оберо, ки дар он кунҷид ҷӯшонида
шудааст, бо шароб ва обе, ки мавиз дар он тар карда
шуда бошад, 38 грамм равғани кунҷид, 12,5 грамм
арпабодиён — ҳамаашро ба дили наҳор бинӯшанд, хо-
риши баданро, ки сабабаш ҷамъ шудани хун ва бал-
ғам бошад, дағалии пӯст ва кафидани онро дафъ ме-
кунад; агар инро бо қанди сафед бинӯшанд ҳам, нафъи
зиёдтар дорад. Кунҷидро бо оби тариди сабир ва ма-
виз даромехта, бардавом лесида бихӯранд, барои сур-
фа ва бемориҳои узвҳои даруни сина, инчунин барои
захми шуш даво мебошад.
Кунҷидро бо тухми зағир бихӯранд, боҳро қувват
мебахшад, маниро зиёд мекунад.
Кунҷидро кӯфта, бо шароб биёшоманд, қулинҷро,
ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст, дафъ мекунад ва
заҳри мори шохдорро аз бадан дафъ мекунад.
Вале кунҷид ҳангоми хӯрдан дерҳазм аст. Ва агар
инро бирён намуда, бо асал бихӯранд, зуд аз меъда
фурӯд меояд.
Кунҷидро бардавом ва бо пӯсташ бихӯранд, боиси
бадбӯ гаштани даҳан мешавад, хусусан, ки ҳангоми
хойидан дар байни дандонҳо бимонад, ин ҳам бад аст;
низ дарди сар меоварад. Дар ин маврид асал бояд
бихӯранд, ки ислоҳи зарари он намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз кунҷид дар як рӯз 17,5
грамм аст. Инро барои давогӣ тухми зағир иваз кар-
да метавонад.
Кунҷидро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳ-
лил медиҳад, пӯсти баданро мулоим мекунад, доғҳои
сиёҳ, нақши кабуди холкӯбӣ, дағалии асаб, қулинҷ
(дард ва варами рӯдаҳои ғафс), газидани мори шох-
дор, сӯхтагии оташро шифо мебахшад; баъди сӯхтани
324
оташ ба зудӣ обила шуданро манъ мекунад ва дар-
ди онро таскин медиҳад.
Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва
бардавом бирезанд, мӯйро дароз ва сиёҳ мекунад, ҷӯ-
шишҳои сарро, ки сабабаш зиёд гаштани моддаи сав-
до бошад, шифо мебахшад.
Баргашро пухта гузошта банданд, варами чашмро
таҳлил медиҳад ва дарди луққосии онро таскин ме-
диҳад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, бо он об сар ва мӯй-
ро бишӯянд, мӯйро дароз ва сиёҳ мекунад, инчунин
хушкӣ ва сабӯсаки сарро дафъ менамояд.
Равғани онро, ки аз тухми кунҷиди пӯстдори бир-
ёнкарда бигиранд, дӯҳн-ул-ҳалл, яъне равғани кунҷид
меноманд, часпандагии ин зиёда мебошад ва агар аз
кунҷиди муқашшар равған бикашанд, часпандагии он
камтар мебошад.
Кунҷидро маҳин кӯфта, дар об бо даст то гарм
шуданаш бимоланд, яъне маҷақ кунанд ва равған аз
он ҷудо гардад, рутубат дар он зиёдтар аст. Он чӣ
инро кӯфта, дар об ҷӯшонанд, то он ки равған дар
рӯйи об ҷудо шавад, онро равғани кунҷиди пухта ме-
номанд.
Мизоҷи равғани кунҷид дар дараҷаи дуввум гарм
ва тар аст. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бо давоҳои муно-
сиби ҳамин бемориҳои номбаршаванда бихӯранд, ги-
реҳҳоро мекушояд, дарун ва сахтиҳоро мулоим меку-
над, дар ҷоҳои хушкмондаи аъзо рутубат пайдо ме-
созад, баданро фарбеҳ мекунад, сӯзишҳои аз модда-
ҳои тез ҳодисшударо дафъ менамояд; барои зиқ-ун-
нафас, сурфаи хушк, захми шуш, аз хушкӣ ҷингак шу-
дани аъзо қавитар аз худи кунҷид дору мешавад, ва-
ле дар табобати сӯзиши пешоб монанди кунҷид мебо-
шад.
Агар инро бо мурчи сафед, яъне бо мурчи аз пӯс-
ти сиёҳаш ҷудо кардашуда дар об биҷӯшонанд ва
баъд нимгарм онро дар гӯш чаконанд, гиреҳи даруни
гӯшро мекушояд.
Ин равғанро бо сафедаи тухми мурғ даромехта би-
моланд, сахтиҳо ва варамҳои чашмро ва ғайри чашм-
ро таҳлил медиҳад; бо равғани зайтун ва зардии тух-
ми мурғ даромехта бимоланд, варами чашмро дафъ
мекунад.
325
Аз ин равған ва муми занбӯри асал мумравған
тайёр карда, ба рӯй бимоланд, ранги чеҳраро соф, не-
ку, равшан ва мулоим мекунад. Агар батакрори амал
бимоланд, ҷингак шудани узвро ва дигар бемориҳо,
ки аз хушкӣ бошанд, шифо мебахшад.
Агар ин равғанро бардавом, яъне батакрор бимо-
ланд, захми нағзак ва сӯхтагии оташро шифо мебах-
шад.
Ба дарун истеъмол намудани ин равған барои ода-
мони савдовимизоҷ зарар дорад, дерҳазм аст, меъда-
ро суст мегардонад, инчунин ба майнаи заиф таъсири
бад дорад. Агар ин равғанро бо пиёз ё бо андак ха-
миртуруш биҷӯшонанд ва ё бо оби лиму ва дигар тур-
шиҳо биёшоманд, зарари он ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор ошомидан аз ин равған дар як
рӯз то 7 грамм аст. Агар равғани кунҷид дарёфт на-
гардад, равғани бодоми ширинро ба ҷойи он истеъмол
намоянд, равост.

135. Савринҷон

Ин пиёзаки гиёҳест монанди сири (саримсоқи) саҳ-
роӣ, санавбаришакл, андак паҳнтар, ки се навъ мебо-
шад: 1. Берун ва даруни пиёзаки он—ҳар ду сафед,
таъмаш ширин; 2. Берун ва даруни пиёзаки он—ҳар
ду моил ба тирагии зард ва сурхтоб; 3. Берун ва да-
руни пиёзаки он—ҳар ду моил ба сиёҳӣ, вале беруни
он тиратар, таъмаш талх. Беҳтарини онҳо навъи ав-
вал, ки берун ва дарунаш сафед ва калон-калони он
аст, ки сахт бошад ба шарте, ки бадбӯ набошад. Ин
навъаш дар доруҳои ошомиданӣ ба истеъмол мера-
вад. Навъҳои дигараш заҳрнок, хусусан сиёҳи он бад-
тар аст. Бинобар ҳамин онҳои дигар фақат аз берун
истифода мешаванд, на ба дарун. Зеро ки ду навъи
охирин кушанда мебошанд бо иллати гулӯгир кардан.
Барги он монанди баргҳои пиёзи гандано ва аз он
қавитар аст, поя дорад. Гули гандано зард, монанди
савсани майда, вале гули савринҷон сиёҳи сурхтоб
аст. Ин растанӣ дар кӯҳҳо мерӯяд. Қувваташ то сӣ
сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум
хушк аст. Мизоҷи баъзеи сафеди он дар гармӣ мӯъ-
тадил мебошад.
326
Хислатҳои шифобахши он: агар пиёзаки савринҷо-
ни сафедро бихӯранд, ҳамаи навъҳои балғамро аз ҷо-
ҳои дур ва чуқури бадан кашида, дафъ мекунад; мод-
даҳои зарарноки ба узвҳо рехташавандаро манъ ме-
созад, гиреҳҳоро мекушояд; ахлоти часпакро аз ҷо-
ҳои чуқури бадан, хусусан аз буғумҳо кашида берун
меоварад, инчунин зардпарвин ва бемориҳои сипурз-
ро шифо мебахшад. Инро бо сабир (алоэ) бихӯранд,
ирқуннасо (радикулит) ва ниқрис (подагра)-ро дафъ
мекунад; бо занҷабил ва мурч бихӯранд, қуввати боҳ-
ро бағоят бармеангезад, барои иллатҳои буғумҳо
нафъи бисёр дорад.
1,75 грамми онро бо занҷабил, пудина ва зира би-
хӯранд, ҳамчунин бо шири навдӯшида ва қанди са-
фол то се рӯз биёшоманд, боҳро бағоят ба ҳаракат
меоварад ва шифобахши иллатҳои пайвандҳои бадан
аст, хусусан ҳангоми рехта шудан ва фуромадани мод-
даҳои зарарнок ба буғумҳо, таъсираш пуршиддат ме-
бошад.
Ин пиёзакро кӯфта, бо заъфарон ва тухми мурғ си-
ришта гузошта банданд, дарди устухонро таскин ва
варамҳои сахтро таҳлил медиҳад; агар бо шароб ха-
мир сохта гузошта банданд, дарди буғумҳоро дафъ
мекунад.
Кӯфтаи ин пиёзакро бо равғани зарди кӯҳнаи гӯс-
фанд ё бо равғани гови кӯҳна даромехта, дар сӯрохи
пушт бардоранд, донаи бавосирро меафтонад ва дар-
дашро ҳам таскин медиҳад.
Савринҷони хушкро кӯфта бипошанд, захм ва реш-
ҳои кӯҳнаро хушк мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз савринҷон
батанҳоӣ ва бо заъфарон 3,5 грамм аст; агар бо да-
воҳои дигар таркиб дода хӯрданӣ шаванд, аз 1,75 то
2,25 грамм дохил намоянд.
Агар савринҷон ноёб бошад, бо ҷойи он барои дард-
ҳои буғумҳо баробари вазни он ҳиноро истифода ба-
ранд, раво мебошад.
Вале савринҷон ба меъда хеле зарарнок аст, дар
рӯдаҳо дард пайдо мекунад, меъда ва ҷигарро заиф
мегардонад. Давои ин катиро, шакар ва заъфарон
истеъмол намудан аст. Барои табобати дардҳои бу-
ғумҳо савринҷонро бояд, ки бо ҳамвазни он занҷабил
ва мурч, ки ёридиҳандаи он аст дар шифобахшӣ ис-
теъмол намоянд.
327
Гулашро бибӯянд, гиреҳҳои майнаро мекушояд,
инчунин бодҳои ин узвро таҳлил медиҳад; дарди сар-
ро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои сардмизоҷ дар
он бошад, шифо мебахшад ва озори заҳри савринҷони
сурх ва сиёҳро дафъ мекунад (агар касе хӯрда бо-
шад). Агар ин ду навъи раддии савринҷонро хӯрда
бошанд, шири навдӯшидаро ошомида қай кунанд ва
дигар тарёқҳо, яъне давоҳои мухолифи заҳр бихӯ-
ранд.

136. Ширинбия

Ин гиёҳ ба ҳама маълум аст; дар тиб решаи аз
пӯст ҷудо кардашудааш истеъмол мешавад. Таъми ре-
шааш ширин, баъзеаш камтар талхӣ низ дорад. Беҳ-
таринаш он аст, ки шириниаш бисёр ва талхию қабз-
кунандагиаш хеле кам бошад. Қувваташ то даҳ сол
боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро ба дарун истеъ-
мол намоянд, ахлоти ғафси часпак ва мураккабро па-
зонида, барои хориҷ шудан тайёр мекунад ва агар
хусусан онро як шабонарӯз дар об тар намуда, намо-
янда, он обро оҳиста рехта бинӯшанд, дар ин бобат
таъсири хуб мебахшад; узвҳои даруни сина ва ҳалқро
мулоим мекунад, вале ташнагӣ аз бисёрии рутубат
бошад, чандон нафъ надорад; ҳамаи рутубатҳои но-
даркор ва зарарнокро аз бадан дафъ месозад, узвҳои
ботинии баданро мешӯяд, асабҳоро қавӣ мегардонад,
Бодҳоро таҳлил медиҳад, яъне онҳоро пароканда ме-
кунад, пешоб ва ҳайзро равон мегардонад; барои ил-
латҳои дамкӯтаҳӣ, дағалии узвҳои даруни сина ва сӯ-
зиши онҳо, дуруштии ҳалқ дору мешавад; овозро не-
ку мегардонад; тангии нафас (астма), иллатҳои шуш,
ҷигар, хичакро ба ибро меоварад, тафси меъда ва сӯ-
зиши пешобро таскин медиҳад; бемориҳои мағзи сар
ва асабонӣ, иллатҳои сипурз, бавосир, табҳои кӯҳна
ва ҳамаи намудҳои сурфаро шифо мебахшад. Вале
агар сурфа аз ахлоти ғафси шаффоф бошад, фоида-
аш кам аст.
Ҳар рӯз 1,75 грамм аз решаи бепӯсти ширинбия
бо як грамм шакар ва арпабодиён бихӯранд, ҳамаи
маҷроҳои баданро пок ва ранги рухсорро неку мегар-
328
донад; бодҳо, табҳои кӯҳна ва аксари бемориҳоро мо-
нанди дарди сар, дарди нимсар ва торикии чашмро
шифо мебахшад, чашмро равшан мекунад. Ин даворо
аз аввали моҳи ҳамал сар карда, то аввали моҳи са-
ратон биёшоманд, шифобахшиаш қатъист.
Шайхурраис дар бобати табобати қулинҷ (колит)-и
сардмизоҷ навиштааст, ки 14 грамм решаи бепӯсти
ширинбияро бо оби панир биёшоманд, қулинҷро ши-
фо мебахшад ва агар танҳо худашро бихӯранд ҳам,
ҳамон таъсирро дорад.
Ин решаро дар об ҷӯш дода, он обро нӯшида қай
кунанд, рутубатҳои нодаркор ва зарарнокро аз бадан
хориҷ мекунад ва агар батамом дафъ нагарданд ва
миқдоре аз он бимонад, бо воситаи исҳол ё пешоб
дафъ мегардонад.
Решаи ширинбияро дар давоҳои исҳоловари дар об
ҷӯшонидашуда дохил намудан, инчунин дар доруҳои
ҷигар ҳамроҳ кардан хеле сабук, яъне ба мизоҷ гу-
воро мебошад ва ҷиҳатҳои зарарнокии он давоҳоро
дафъ мекунад — ин бинобар часпандагӣ доштанаш
мебошад.
Решаи ширинбияи бепӯстро хушк намуда, сойида,
чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ меку-
над, чашмро қувват мебахшад ва зардии онро меба-
рад.
Инро кӯфта, бо асал ва ё бо муми занбӯри асал
сиришта гузошта банданд, барои милкаки нохун даво
мешавад; агар бо оби холис хамир сохта, батакрори
амал гузошта банданд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯй-
рехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Барги тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд,
бадбӯйии зери бағал ва миёни ангуштони пойро дафъ
мекунад.
Мизоҷи чӯби ширинбияро ҳакимон Ибни Мосавия
ва Амин-уд-давла гармтар ва хушктар аз қисмҳои ди-
гари он донистаанд. Мизоҷи тухмашро табиб Муҳам-
мад ибни Аҳмад қавитар аз қисмҳои дигари он донис-
тааст.
Мегӯянд, ки ҳангоми истеъмол кардан ба дарун
решаи ширинбия ба гурда ва сипурз зарар дорад. Да-
вои ислоҳи зиёнаш барои гурда катиро ва агар ба си-
пурз газанде расонад, гулисурх истеъмол кардан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи бепӯсти ширин-
бия то 17,5 грамм аст.
329
Решаи бепӯсти ширинбияро реза карда, дар об то
қувваташ ба об гузаштан биҷӯшонанд. Баъд онро соф
намоянд, то он ки дар он таҳшин намонад, баъд аз
ин боз то ғафс гаштанаш онро биҷӯшонанд — ин руб-
би ширинбия номида мешавад.
Мизоҷи рубби ширинбия дар дараҷаи дуввум гарм
ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он дар ҳама ҷиҳат беҳтар
ва қавитар аз решааш мебошад. Агар инро ба дарун
истеъмол намоянд, зарари давоҳои исҳоловар ва сӯ-
зандагии онҳоро дафъ мекунад.

137. Савсан

Ин растанӣ намудҳои гуногун дорад: гулаш сафед,
бунафш ва зард, ки ба ҳама маълум аст — даштӣ
(кӯҳӣ) ва бӯстонӣ мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи аввал гарм ва дар тариву
хушкӣ мӯътадил аст. Ба қавли баъзеҳо мизоҷи сафе-
ди бӯстониаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст
ва баъзеҳо дар саввум гуфтаанд, аммо мизоҷи кӯҳии
он назар бо бӯстониаш гармтар ва хушктар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он бемори-
ҳои шуш, дардҳои гуногуни сипурз, ҷигар ва бачадон-
ро шифо мебахшад; барои бавосир ва ханозер дору
мешавад, беҷо ва бисёр равон шудани ҳайзро манъ
мекунад, захмҳоро ба ҳам меоварад ва римашонро
ҳам нест мегардонад. Вале ин гиёҳро ҳангоми истеъ-
молаш ба дарун бо асал, ки афзункунандаи қуввати
он аст, бояд биёшоманд.
Решаи инро кӯфта, бо асал хамир сохта бимоланд,
доғи сафеди пӯст ва песро ба муддати шаш моҳ дафъ
мекунад; қӯтури решгашта ва решҳои тарро шифо ме-
бахшад. Инро бо сирко ё бо барги банг (кирмрезо-
нак) ва орди гандум хамир карда гузошта банданд,
варамҳои гарми хояро таҳлил ва сӯхтагии оби гарм-
ро даво мебошад, инчунин бо орди ҷав хамир карда
бардавом гузошта банданд, низ ҳамин таъсирро до-
рад.
Бо оби ҳар як қисми ин растанӣ рӯйро бишӯянд,
доғи кунҷидакро дафъ мекунад.
Як миқдор оби решаи савсан, панҷяки вазни он
сирко ва асал гирифта, дар зарфи мис то ғафс гашта-
330
наш биҷӯшонанд, ин бисёр поккунандаи доғҳо ва
бидуни дард хушккунанда мебошад, ба ҷароҳати ат-
рофи мушакҳо гузошта банданд, шифо мебахшад.
Равғани савсани бунафшро ба қадри 25 грамм
биёшоманд ва аз рӯ низ бимоланд, барои иловуси
сафровӣ, ки варами дарди рӯдаҳои борик аз зиёд гаш-
тани сафро мебошад, бемориҳои бачадон, афтодани
бача аз шиками занони ҳомила, дарди рӯдаҳо ва дард-
ҳои дигари асабонӣ дармон мешавад.
Агар 50 грамм решаи савсанро дар 3 литр об 20
дақиқа ҷӯшонида, ҳар рӯз аз он об 100 грамм бинӯ-
шанд, низ бемориҳои номбурдаро даво мешавад.
Ин равғанро бардавом бимоланд ва 38 грамм аз
он биёшоманд, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро бо
воситаи исҳол аз бадан дафъ мекунад, бар зидди
заҳрҳои банги сиёҳ ва кашнизи кӯҳии девонакунанда,
инчунин занбӯруғи заҳрнок тарёқ мебошад. Ин рав-
ғанро бимоланд, асабҳо ва сахтиҳоро мулоим меку-
над ва бачадони берун баромадаро ба ҷояш мебарад.
Тарзи тайёр кардани равғани савсан чунин аст.
Решаи хушки савсани бунафшро як миқдор гирифта
(аз тараш ду баробар), дар ҳован мекӯбанд. Баъд
дар ҳашт баробар вазни он оби борон ё оби муқаттар
як шабонарӯз тар карда, сони хуб мемоланду дар зар-
фи сирандуд (эмалированный) то чоряки об мондан
меҷӯшонанд ва аз матои бофташ зич мегузаронанду
обашро мегиранд. Ин оби софро дар зарфи покиза
рехта, аз болояш ду баробари он равғани зайтун ан-
дохта, бо оташи мулоим то тамоман бухор шуда раф-
тани об меҷӯшонанд. Эҳтиёт кунанд, ки равған доғ
нагардад. Аломати батамом бухор гаштани об аз ҷӯ-
шиш мондани равған аст. Ҳамин равған равғани сав-
сан ҳисоб меёбад.
Агар тухми савсанро бихӯранд, зарари газидани
ҷонварони заҳрнокро дафъ мекунад.
Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан
гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад, инчунин
ин обро дар гӯш чаконанд, дарди онро сокин мегар-
донад. Латтаеро дар ин об тар карда ба ҷоҳои дигари
аъзо, ки дард мекарда бошад, гузошта банданд, низ
шифо мебахшад.
Он обро, ки дар он решаи савсан ҷӯшонида шуда
бошад, бинӯшанд, зеҳнро тез мекунад; зиқ-ун-нафас
ва нафаси ростаро, ки бемораш хобида ё дароз каши-
331
та нафас гирифта наметавонад, шифо мебахшад; дард-
ҳои ҳалқум, шахшӯлӣ ва сахтии сипурзро дафъ ме-
кунад. Агар ин обро бо шаҳдоб (асалоб) бинӯшанд,
зардобро аз бадан хориҷ месозад, истисқоро шифо
мебахшад, хичакро аз рутубатҳои часпак пок меку-
над ва ташнагиро таскин медиҳад.
Решаи инро бихоянд, бӯйи арақро, ки нӯшида бо- ,
шанд, аз даҳан нест мекунад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, бар зидди гази-
дани ҷонварони заҳрнок даво мебошад ва аз оби гарм
сӯхтагиро ҳамон дам ба ибро меоварад.
Равғанеро, ки аз решаи ин тайёр карда шуда бо-
шад, дар гӯш нимгарм чаконанд, дарди гӯшро сиҳат
мебахшад.
Решаи хушки онро маҳин кӯфта бипошанд, ноху-
наки чашм ва гӯшти зоиди дар пилкҳои чашм пайдо-
шударо дафъ мекунад.
Решаашро дар равғани гулисурх ҷӯшонида, он рав-
ғанро бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Ва агар ин равғанро бихӯранд, бемориҳои бачадонро
сиҳат мекунад.
Ин решаро бо сирко дар зарфи мис ҷӯшонида би-
моланд, захмҳои кӯҳна ва ҷароҳатҳоро шифо мебах-
шад.
Гулашро бибӯянд, дил ва майнаро қувват мебах-
шад, хушҳолӣ меоварад, бодҳои майнаро пароканда
месозад, дар ин бобат аз заъфарон қавитар аст. Инак,
барои иллати беҳушшавӣ беҳтар аз заъфарон аст.
Шароби савсан барои газидагии ҳамаи ҷонварони
заҳрнок даво мешавад.
Синфе аз савсан, ки дар соя ҳам мерӯяд ва гулаш
зарди майдатар аст, решааш ба андозаи ғафсии ан-
гушт мебошад, хушбӯй, бо каме талхӣ дар таъм, ки
ин аз савсанҳои сафед ва кабуд қавитар мебошад, ва-
ле заифтар аз савсани кӯҳист. Мизоҷи гулаш гарм-
тар аз ҳамаи қисмҳои дигари он мебошад.
Решаи инро бихоянд ё онро дар об ҷӯшонида, он
обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин ме-
диҳад.
Барг ва гулашро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳат-
ҳоро сиҳат мегардонад. Барг ё решаи онро пухта, бо
шароб хамир сохта гузошта банданд, варамҳои бал-
ғамиро таҳлил медиҳад, инчунин варамҳои напазан-
332
даро, ки тоҷикон кӯряра меноманд, шифо мебахшад,
мепазонад.

138. Савсани кӯҳӣ

Ин решаи савсани кӯҳӣ аст, ки бӯяш бӯйи бунаф-
шаро дорад. Гулаш мураккаб аз се ранг: сурх, сиёҳ
ва зард омехта аст. Решааш пургиреҳ, дарозӣ ва ғаф-
сиаш ба андозаи ангушти даст аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар хушкӣ
камтар аз ин дараҷа мебошад. Ин ҳар чӣ қадар кӯҳ-
натар гардад, қуввати исҳоловараш, яъне дар давогӣ
қавитар ва мизоҷаш хушктар мегардад.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои мулоим-
кунандагии дарун, гарм гардонандагии бадан, кушо-
яндагии гиреҳҳо, пазонандагии моддаҳо, поккунанда-
гии узвҳои дохили, хориҷкунандагии зардоб, моддаҳои
савдо ва балғами ғафс дорад. Ҳар чӣ қадар ин кӯҳ-
натар гардад, қуввати исҳолкунандагиаш зиёдтар ме-
шавад.
11 грамм решаи онро кӯфта, бо шаҳдоб бихӯранд,
моддаҳои ғализи балғамиро ва моддаи сафроро аз ба-
дан бо исҳол дафъ мекунад.
Решаашро кӯфта, бо равғани гулисурх хамир кар-
да, ба сар гузошта банданд, барои дарди сари кӯҳна
даво мешавад. Гулашро кӯфта гузошта банданд, ил-
лати сакта (мурдавор беҳаракат мондан), ҷингак шу-
дани аъзо, ки аз сабаби зиёд гаштани балғам ва ин-
чунин карахтиро ба ибро меоварад.
50 грамм решаи хушкашро шуста, дар 3,5 литр оби
ширин бо оташи мулоим ним соат биҷӯшонанду баъд
он обро соф карда, ҳар шаб аз он пеш аз хоб 100 грамм
бинӯшанд ва аз болояш як чойқошуқ асал ҳам бихӯ-
ранд, паридани аъзо, карахтӣ, иллати ларзак, сакта,
фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), суст ва
нотавон гаштани узве ё аъзо, дар вақти хоб тафсида-
ни кӯдак, нисён (фаромӯшхотирӣ) — ба ҳамааш шифо
мебахшад; қуввати ҳофизаро сара мегардонад.
Решаашро бо шароби райҳонӣ бихӯранд ва мудо-
вамат бар он намоянд, ҷингак шудани аъзоро, ки са-
бабаш аз ҳад бисёр гаштани балғам бошад, шифо
медиҳад.
Решаи хушки онро ос карда дар бинӣ кашанд, оби
333
чашм ва рутубати зиёдатии ин узвро хориҷ мекунад.
Баргҳои хушкашро маҳин сойида, се рӯз пай дар
ҳам дар бинӣ бирезанд, дарди нимсарро дафъ меку-
над.
Решаашро дар об ҷӯшонида, дар он об камтар
сирко дохил намуда, таъмашро нордон сохта, нимгарм
дар гӯш чаконанд, назлаи хунукмизоҷи дар он фурӯд-
ояндаро қатъ мекунад, ҷаранги гӯшҳоро ҳам барҳам
медиҳад. Бо ин об даҳонро чайқонанд, дарди дандон-
ро, ки аз хунукӣ бошад, яъне аз зиёд гаштани балғам
бошад, таскин медиҳад ва агар бо он ғарғара кунанд,
забончаи ҳалқро, ки афтода бошад, ба ҷояш мебар-
дорад.
Оберо, ки дар он решаи ин гиёҳ ҷӯшонида шуда
бошад, бо майи пухтагӣ даромехта бихӯранд, дарди
узвҳои даруни сина ва шуш, зиқ-ун-нафас, дамкӯта-
ҳӣ, сурфа, душвории нафас, варами шуш, дарди гулӯи
балғамӣ, дарди ҷигар ва дарди сипурз, ки аз сардӣ
бошанд, истисқо (водянка), зардпарвин, ирқуннасо
(радикулит), мондагӣ ва дарди рӯдаҳоро дафъ меку-
над; ахлоти бегонаи дар раг ва фазоҳои бадан банд-
шударо хориҷ мегардонад, даҳани бавосирро мекушояд
ва зуд равон шудани, яъне омадани маниро ҳангоми
муҷомаат, ба ислоҳ меоварад.
Ҳар рӯз аз решаи он 7 граммашро бо шароб биё-
шоманд, барои ҳамаи бемориҳои бачадон ва дарида-
ни он дору мешавад, гиреҳҳои онро мекушояд, ҳайзи
бандшударо равон месозад, инчунин сусту нотавон
гаштани мушакҳоро шифо мебахшад. Агар оби маз-
курро бо сирко бинӯшанд, бар зидди заҳри ҷонварон
тарёқ мешавад, варам ва гиреҳи сипурзро дафъ ме-
кунад ва ларзи табҳои вараҷаро барҳам медиҳад.
Решаи онро пухта, аз рӯ бар бачадон, яъне ба зе-
ри ноф гузошта банданд, дарди бачадонро дафъ ме-
намояд ва сахтиашро, ки инро дар тибби ҳозира но-
болиғии бачадон меноманд, сиҳат ва болиғ мегардо-
над; инчунин агар даҳани бачадон аз ғафс гаштани
парда ва мушакҳои он, банд шуда бошад, мекушояд
ва барои нутфаи мардро кабул кардану ҳомила шу-
дан муҳайё месозад. Инчунин инро ба варамҳои сах-
ти ҷоҳои дигари бадан низ гузошта банданд, онҳоро
мулоим мегардонад, ханозер (хукгардан)-ро таҳлил
медиҳад; бар рӯ гузошта банданд, рихинаки ин узвро
334
дафъ мекунад ва решҳои римнокро, ки дар ҳар ҷойи
бадан бошанд, ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Агар бо мудовамат онро дар оташ гарм карда, ка-
ме сирко низ бар он пошида, бо он гармбандӣ ку-
нанд, иллатҳои сипурз, истисқо ва газидани ҷонваро-
ни заҳрнокро даво мешавад, варамҳоро мегардонад,
рутубати равони ширмонанди решҳоро қатъ мегардо-
над, доғҳои кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ ме-
кунад; агар онро бо асал даромехта, гармбандӣ ку-
нанд, инчунин кӯфта, бо асал хамир карда гузошта
банданд, захмҳои чуқуррафтаро сиҳат мекунад.
Решаи хушки онро кӯфта бипошанд, бар устухоне,
ки дар натиҷаи иллате луч гашта бошад, гӯшти солим
мерӯёнад, захм ва решҳои чуқурро ба ҳам меоварад,
инчунин бадбӯйии захмҳо ва захмҳои бедаворо ба ис-
лоҳ меоварад.
Агар ин решаро дар об ҷӯшонида, дар он об то
ноф даромада нишинанд, сахтии бачадон ва мақъад-
ро шифо мебахшад, инчунин иллатҳоеро, ки аз сардӣ
ба амал омада бошанд, дафъ мекунад. Ва бо ҳамон
об ҳуқна (клизма) кунанд, ирқуннасо, бадбӯйии баво-
сир ва захмҳои чуқуррафтаи ботиниро дафъ менамо-
яд; аз носурҳо, яъне аз решҳои кӯҳнаи бедаво гӯшти
ҳаромро мебарад ва ба ҷояш гӯшти солим мерӯёнад.
Ин решаро кӯфта, бо асал хамир сохта, занҳои ҳо-
мила аз таг бардоранд, бачаи онҳоро аз шикам ме-
афтонад ва агар ин таркибро дар мақъад бардоранд,
кирмҳои рӯдаҳои ростро мерезонад.
Равғани онро ба узвҳои ҷингакшуда, ки сабаби он
беморӣ ҷамъ шудани балғам бошад, бимоланд, ислоҳ
мебахшад ва агар ба мақъад бимоланд, даҳани раг-
ҳои бавосирро мекушояд ва хуни бандшудаи онро
равон мекунад. Ва агар инро бо сирко ва ё бо шароб
даромехта биёшоманд, ҷингак шудани аъзоро, ки аз
афзудани балғам бошад, шифо мебахшад, мушакҳои
даридаро ба ҳам меоварад. Аз хӯрдани занбӯруғи
заҳрнок, банг, кашнизи девонакунандаи кӯҳӣ заҳро-
луд шуда бошанд, низ ин равғанро бо сирко биёшо-
манд, аз офати заҳрҳои онҳо наҷот медиҳад, инчунин
табҳои хунукхӯронанда ва ларзонандаро дур месозад.
25 грамм аз ин равған бихӯранд, дарунро бошиддат
меронад. Ин равғанро бо шаҳроб даромехта, бо он
ғарғара кунанд, дағалии қасабаи шушро, ки дар ил-
ми ҳозира бронхия меноманд, ба ислоҳ меоварад.
335
Оберо, ки решаи ин гиёҳ ҷӯшонида шуда бошад,
бо каме сирко даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд,
ҷаранги даруни онро дур мекунад ва назлаҳои кӯҳнаи
дар гӯш фурояндаро манъ менамояд. Агар ин обро
батанҳоӣ дар бинӣ чаконанд, бадбӯйии даруни биниро
дафъ месозад.
Решаҳои тари ин растаниро дар равғани зайтун
биҷӯшонанд, то он ки он решаҳо бипазанд, баъд ин
равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, карии кӯҳнаро
барҳам медиҳад. Агар бо ин равған ҳуқна кунанд, ир-
қуннасо ва иллатҳои бачадонро шифо мебахшад.
Тухми ин гиёҳро бихӯранд, хоб меоварад.
Камтареро аз решаи он ба сӯрохи дандоне, ки
кирмхӯрда бошаду дард кунад, бигузоранд, он дан-
донро бе ҳеҷ гуна дард майда карда мерезонад, аммо
бояд ба дандони дигар нарасад, ки онро мепӯсонад
ва ҳамон тавр мерезонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи ин гиёҳ дар як
рӯз то 9 грамм аст. Аммо решаашро бояд бо асал
бихӯранд, вале агар танҳо мехӯрда бошанд, зӯрӣ ме-
кунад, ҳатто аз ҳуш меравонад ва ё ваҳшатнок мегар-
донад. Инчунин ошомидани ин гиёҳ мумкин аст ба
шуш зарар расонад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд,
зиёнаш дафъ мегардад ё бо асал ҳамроҳ карда бихӯ-
ранд.
Аз ин равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
Дар таносуби 100 грамм решаашро нимкӯфта, дар
ҳашт баробари вазни он оби борон ё оби муқаттар
як шабонарӯз тар карда, баъд дар зарфе то чоряки
обаш мондан меҷӯшонанд, пас хуб молида, аз матои
бофташ зич гузаронида., соф мегардонанд. Ва аз бо-
лои он об дар зарфе равғани зайтун дохил намуда, бо
оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об бухор шуда
раваду равған бимонад. Агар аз ҷӯш бимонад —ин
аломати тамом бухор шудани об аст.
Молидан ва хӯрдани ин равған барои ханозер, ҷа-
роҳатҳо, ирқуннасо, ниқрис (дард ва варами ангуш-
тони дасту поҳо) ва дардҳои буғумҳо даво мешавад,
варам ва бодҳоро таҳлил медиҳад; барои душвории
шошидан, ки аз ҷамъ шудани балғам бошад, бодҳои
гурда ва хичакро дафъ мекунад, иштиҳоро бармеан-
гезонад, узвҳои ҳозимаро, ки меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва
сипурз мебошанд, қувват мебахшад, гиреҳи сипурз ва
ғайраро мекушояд.
336

139. Ҷамилак

Ин гиёҳест кӯҳӣ, баргаш монанди барги кокутӣ ме-
бошад, монанди райҳон бӯйи хуш дорад — ин аз ҷин-
си райҳон ва кокутӣ мебошад. Бӯяш мобайни бӯй-
ҳои наъно ва пудинаи даштӣ буда, гӯё аз ҳар ду му-
раккаб гаштааст. Гулаш сафеди моил ба сурхӣ, тух-
маш резатар аз тухми райҳон. Дар заминҳои оф-
тобрӯяи кӯҳсор мерӯяд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Вале баъзе табибон дар охири дараҷаи дуввум гарм
ва дар аввали он дараҷа хушк низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд
фараҳ меоварад, гиреҳҳоро дар узвҳои бадан меку-
шояд; узвҳои даруни шикам ва даруни сина, инчунин
рӯҳи ҳайвониро, ки марказаш дил аст ва рӯҳи наф-
сониро, ки мавқеаш майна аст, қувват мебахшад, низ
бар зидди заҳрҳо қуввати тарёқӣ ҳам дорад, бӯйҳои
бадро аз бадан дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон
месозад, кирмҳои шикамро хориҷ мегардонад, бачаи
мурдаро аз шиками ҳомила меафтонад, ҳамаи бодҳои
зарарнокро таҳлил медиҳад. Барои равон кардани пе-
шоби бандшуда ва ҳайз онро дар об ҷӯшонида, дар
он об то ноф даромада нишинанд, кофист.
Агар кӯфтаи инро бо шароб фурӯ баранд, қай ва
беҳузур (беҷо) шудани дилро таскин медиҳад. Агар
инро бо сирко ва равғани гулисурх сиришта гузошта
банданд, дарди сарро шифо мебахшад.
Кӯфтаи инро бо чой ё бо об фурӯ баранд ё гузош-
та банданд, барои бемориҳои балғамӣ, дарди узвҳои
даруни сина ва меъда, варами ҷигар ва сипурз даво
мешавад. Ва агар бо асал бихӯранд, газидани каж-
думро безарар мегардонад, бо сиканҷабин биёшо-
манд, барои занбӯргазида даво мебошад.
Ин гиёҳро дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд,
оруғ, чакмезак ва шапушҳоро дафъ мекунад; санги
хичакро майда карда мерезонад, арақи бадбӯйро ис-
лоҳ мекунад ва агар гузошта банданд, дарди рӯдаҳо
ва дарди бачадонро ба ибро меоварад.
Ин растаниро бо сирко биёшоманд, хун қай кар-
данро сиҳат месозад. Тухмашро бардавом бихӯранд,
беморӣ ва иллатҳои дар боло номбаршударо ба ибро
меоварад. Ва тухми онро занҳо аз таг бардоранд, бӯйи
337
бачадонро хуш мегардонад. Инчунин инро бибӯянд,
моддаҳои дар майна бударо ба ҳаракат меоварад.
Хӯрдани ҷамилак ба шуш зарар дорад. Давои ин
зарараш катиро хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷамилаки хушк дар як
рӯз 4,5 грамм аст. Агар ҷамилак ёфтан душвор гар-
дад, ба ҷойи ин райҳони гӯши мушро истеъмол намо-
янд, раво мебошад.
Аз ҷамилак равған ҳам тайёр мекунанд ба ин та-
риқ. Ҷамилаки тару тозаро кӯфта, фишурда, обашро
дар зарфе рехта, аз болояш баробари вазни он равға-
ни кунҷид дохил карда, бо оташи мулоим то тамо-
ман бухор шудани об меҷӯшонанд. Аз ҷӯшидан, ки
монд, равған тайёр мебошад. Ё он ки гулашро дар он
равған пур кунанду ба офтоб гузоранд ва ҳангоме, ки
ранг, бӯй ва қуввати гул ба равған гузарад, фишурда,
гулро дур намоянду аз нав гули тару тоза андозанд.
Ҳар ҳафта як бор то панҷ-шаш маротиба гулро нав
бояд кард. Баъд равғанро соф гардонида, дар ши-
шаи маҳкам нигоҳ доранд.
Агар ин равғанро ба сар бимоланд, гиреҳи май-
наро мекушояд ва ин узвро қавӣ мегардонад. Ва агар
дар бинӣ чаконанд, банд шудани сӯрохи биниро ме-
кушояд. Агар инро бихӯранд, моддаҳои ғализи ҳамаи
узвҳои баданро таҳлил медиҳад, узвҳои баданро қа-
вӣ месозад, ба бадан бӯйи хуш мебахшад.

140. Шоҳитара

Ин исми тоҷикист ва маънояш султони гиёҳҳост.
Ин растанӣ ду навъ аст: якеро баргаш монанди барг-
ҳои кашниз реза ва андак хокистариранг. Гулаш бу-
нафш ва реза; дигареро барг аз он васеътар, сабз-
ранг ва гулаш сафед аст. Таъми ҳар ду навъаш ҳам
талх бо каме тезӣ.
Мизоҷаш мураккабқувват, дар гармиву сардӣ мӯъ-
тадил ва дар дараҷаи дуввум хушк аст. Ба қавли
баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гарм аст. Вале Шай-
хурраис дар дараҷаи якум сард гуфтааст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро биёшоманд,
гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд; меъдаро қавӣ
ва аз олойиш пок мегардонад, ҳар се ахлотро (балғам,
савдо ва сафроро) бо исҳол дафъ мекунад, хусусан
338
савдо ва моддаи сафро, инчунин савдои сӯхтаро беш-
тар хориҷ менамояд, хунро соф мекунад, пешобро ме-
ронад, иштиҳоро бармеангезад. Хушки он барои қув-
ват бахшидан ба меъда қавитар мебошад: барои таб-
ҳои кӯҳна, бемориҳои савдовӣ ва аз балғами шӯр бо-
шанд, даво мешавад: буни дандонро мустаҳкам ме-
созад. Агар инро бо сирко биёшоманд, қайи сафровӣ
ва беҳузур (беҷо) шудани дилро, ки аз зиёд гаштани
балғам дар сари меъда бошад, дафъ мекунад: меъда
ва рӯдаҳоро аз моддаҳои нодаркор ва зарарноки банд-
шуда пок месозад. Инчунин бо шаҳдоб биёшоманд,
таъсири дар боло гуфташударо дорад.
Оби баргҳои тару тозаи онро бо шакар биёшо-
манд, меъда ва рӯдаҳоро аз моддаҳои бегона пок ме-
гардонад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, меъ-
даро қувват мебахшад; зардпарвин, қӯтур, хориш, шу-
куфаи пӯст, инчунин сабӯсаки сар, ки аз хуни мур-
дори сафровии сӯхта ҳодис шуда бошад ё аз балғами
бисёр ва тезии ахлоти сӯхтаи сафровӣ ва савдовӣ ба
амал омада бошад, онҳоро аз сар ва ҷоҳои дигари ба-
дан бо воситаи пешоб, саргин ва арақ дафъ мекунад.
Арақи шоҳитараро, яъне оби муқаттари онро, ки
бо воситаи анбиқ гирифта бошанд, биёшоманд, ис-
ҳолро мебандад ва гиреҳҳоро дар узвҳои бадан ме-
кушояд.
Оби гиёҳи тару тозаи шоҳитараро дар офтоб ғафс
гардонанд, инро усораи шоҳитара мегӯянд. Усораи
инро ба чашм кашанд, чашмро қавӣ ва обравии бисё-
ри онро манъ мекунад. Ин усораро бо шилми ҳар як
навъи бодом даромехта, мӯйи мижаро, ки чаппа рӯйида,
ба даруни чашм мехалида бошад, канда, баъд бика-
шанд, он мӯй дигар намерӯяд. Агар ин усораро дар
об ҳал карда, он таркибро дар даҳан гардонанд, ҷа-
роҳати ком ва забон, инчунин тафси онро дафъ меку-
над, милки дандонро аз моддаҳои бегона пок ва онро
мустаҳкам месозад.
Гиёҳи хушки онро кӯфта гузошта банданд, қӯтури
пӯст ва хориши онро дафъ мекунад. Кӯфтаи гиёҳи
хушки онро бо оби тараш сиришта бимоланд ва ё он-
ро як шабонарӯз дар об тар карда, бо он об сар ва
ришро бишӯянд, ришки сар ва сабӯсаки онро дафъ
месозад. Инчунин онро дар об ҷӯшонида, бо он об
бардавом бишӯянд, низ ҳамин таъсирро дорад. Табиб
339
Ибни Мосавия гуфтааст, ки гиёҳи тари онро кӯфта
гузошта банданд, газидани занбӯрро даво мебошад.
Мизоҷи тухмаш дар гармиву сардӣ мӯътадил аст.
Ҳаким Муҳаммад ибни Аҳмад ва Ҷолинус тухми
инро аз қисмҳои дигари гиёҳаш қавитар донистаанд.
Ба қавле истеъмоли шоҳитара аз дарун барои
шуш зарар дорад ва давои ин зиёнаш коснӣ хӯрдан
аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз шоҳитараи тар дар як
рӯз аз 10,5 то 17,5 грамм аст; аз оби гиёҳи тараш аз
125 то 250 грамм аст, ки бояд бо обе, ки ҳалилаи зард
дар он тар карда шуда бошад ва бо шакар ширин
сохта биёшоманд. Ва агар гиёҳи хушки онро дар об
ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, аз 17,5 то 35
граммашро дар об андозанд; ва аз тухмаш то 17,5
грамм ошомидан раво мебошад. Агар шоҳитара ёфт
нашавад, ба ҷойи ин баробари нисф вазни он сано,
баробари сеяки он ҳалилаи зард истеъмол фармоянд,
равост. Бояд шоҳитараро бо ҳалилаи зард, ки ислоҳ-
кунандаи зарари он аст, биёшоманд. Зеро шоҳитара
батанҳоӣ истеъмолаш ба сипурз зарар дорад ва ҳали-
ла инро ислоҳ мекунад.
Оби барги тару тозаи онро бояд соф нокарда ис-
теъмол кунанд.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!