Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 102-112

102. Бодрангбӯя

103. Бед

104. Шафтолу

105. Ҳандалак

106. Сафедор

107. Бедгул

108. Чинор

109. Сабзии саҳроӣ

110. Ҷуворимакка

111. Ҷувории сафед

112. Санавбар

102. Бодрангбӯя

Ин калима дар таъсири забони арабӣ монда, бод-
ранҷбӯя гаштааст. Ба русӣ лимонная трава (лимон-
ная мята) ва мелисса меноманд. Ин дар ҳама ҷоҳои
намнок меруяд. Қадди гиёҳаш то 85 сантиметр мехе-
зад, ки ду навъ дорад: як намудаш хурдтар ва навъи
дигареро баргнозуки дарозак, атрофи баргаш дандо-
надор, пояаш монанди райҳон пуршох, гулаш бунафши
моил ба сурхӣ, ки инро ба ҷойи сабзӣ бо таом мехӯ-
ранд. Гули қисми дигараш майда ва гиёҳаш баҳорӣ
ва тобистонӣ мешавад, ҳар сол аз тухм ва аз реша
низ месабзад. Тухмаш ба тухми зағир монанд, вале аз
он майдатар ва ғуборнок. Қисми дуввумаш дар бӯй
ба навъи якум шабоҳат дорад, каме тундтар, баргаш
гирдак — ин навъаш низ намудҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ
дорад, аз як бех чанд шох мерӯяд, баргаш нисбатан
дағал ва дурушттар аст.
Мизоҷи ҳамаи намудҳои он дар миёнаи дараҷаи
дуввум гарм ва хушк аст. Ин гиёҳ мансуб ба сайёраи
Муштарӣ мебошад. Ба қавли баъзе табибон мизоҷаш
мӯътадил дар гармӣ ва дар дараҷаи дуввум хушк аст.
Аммо қавли якум саҳеҳтар ва қавитар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: ин гиёҳ қувватбахши
дил, майна, ҳамаи даҳ ҳисси бадан ва ҳисҳои меъда-
ву ҷигар аст. Агар бихӯранд ва бибӯянд, фараҳ ме-
бахшад, гиреҳҳои узвҳои майнаро мекушояд, модда-
ҳои ғафсро нарм ва рақиқ мекунад, дар хоб сиёҳӣ
пахш карданро ба ибро меоварад; барои ваҳшати сав-
довӣ, яъне тарсончакӣ аз зиёд шудани моддаи савдо
дар майна, дилтапак (дилбозӣ), беҳушшавӣ, ҳиккаки
(ҳиқичоқи) бодӣ дармон мегардад. Агар бихӯранд ва
гузошта банданд, моддаи савдоро таҳлил медиҳад,
яъне пароканда месозад; бемориҳоеро, ки аз бисёр
гаштани балғам ба амал омада бошанд, дарди рӯда-
ҳо, иллатҳои сурин ва гурдаро шифо мебахшад.
Баргашро бихоянд, бӯйи шаробро дафъ месозад ва
бадбӯйии даҳанро дур мекунад—дар ин бобат хеле
пуртаъсир аст.
10,5 грамм барги хушкашро бо 1,75 грамм танако-
ри арманӣ (танакори сурх) бихӯранд, захми рӯдаҳо
ва дарди ин узвҳоро даво мешавад.
13,5 граммашро бо 4,5 грамм танакори сурх биё-
шоманд, таъсири заҳри занбӯруғҳоро мешиканад. I
270
Инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардо-
нанд, барои пӯсидани дандонҳо дармон мебошад.
Кӯфтаи ин гиёҳро бо асал хамир сохта, лесида би-
хӯранд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас)-
ро дору мешавад.
Аз 17,5 то 35 грамм кӯфтаи онро бо шароб биёшо-
манд, барои газидани саги девона ва ғунда даво ме-
шавад.
Инро кӯфта гузошта банданд ҳам, барои бемори-
ҳои номбурда шифо мебахшад, дилро қувват меди-
ҳад, савдоро ба таҳлил мебарад ва дафъ мекунад;
агар бо сирко даромехта гузошта банданд, ханозер
(хукгардан)-ро дафъ созад, меъдаи сарди тармизоҷ-
ро қувват мебахшад, таомҳои бадҳазмро латиф ме-
гардонад, оруғ ва хоб меоварад фавран.
Оби баргашро бимоланд, барои қӯтури савдовӣ,
мӯрчагазак, нори форсӣ ва захмҳои хӯранда даво ме-
шаванд; агар инро бо намак даромехта дар ҳаммоми
гармиаш мӯътадил бимоланд, ханозерро таҳлил меди-
ҳад, инчунин кашокашӣ ва ларзонидани табҳоро дафъ
мекунад.
Баргашро бибӯянд, гиреҳҳои майнаро мекушояд.
Онро дар об ҷӯшонида, дар он об занҳо то ноф
даромада нишинанд, ҳайзи бандгаштаи онҳоро меку-
шояд. Вале ба сурин зарар дорад гуфтаанд. Дар ин
ҳолат шилми бодомҳоро бихӯранд, ислоҳи зарар ме-
намояд.
Ба ҷойи ин гиёҳ ду баробари вазнаш абрешим ва
аз ду ҳиссаи он пӯсти меваи турунҷро бихӯранд, ра-
вост.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки он дар як
рӯз то 35 ва аз тару тозаи он то 70 грамм аст.
Феълҳои тухмаш дар шифои заифтар аз барги он
мебошад. 4,5 грамм аз ин бихӯранд, барои ларза ва
кашокашии бадан ва дарди рӯдаҳо дору мешавад.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми ин
9 грамм аст.

103. Бед

Мурод аз беди шифобахш гуфтан беди оддӣ аст,
ки ба ҳама маълум мебошад. Беҳтаринаш дар лаби
об рӯйидаи он аст. Низ бед самар ҳам дорад, ки онро
хӯшаи бед меноманд.
271
Мизоҷи гулаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар
якум тар аст; мизоҷи баргаш сард ва хушк аст, мизо-
ҷи хӯшааш дар дараҷаи якум сард ва тар мебошад
бо қуввати қабзкунандагӣ, сӯзиш ва хушккунандагӣ.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани он сараку-
нандаи бадан аст, ба дил ва майнаи гарммизоҷ қув-
ват мебахшад, гиреҳи ҷигарро мекушояд, дарди сар,
дарди чашм ва дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад;
ташнагиро таскин медиҳад, сустии меъдаро ислоҳ ме-
диҳад, табҳои тафснок ва сафровиро сиҳат мебахшад,
ҳамаи бемориҳои аз гармӣ баамаломадаро ба ибро
меоварад.
Дар хислатҳои мазкура арақи гулаш саратар аст
назар ба истеъмоли худи гулаш ва қавитар аз арақи
баргаш мебошад.
Ҷирми баргаш, яъне худи баргаш бо хислати рад-
кунандагиаш намегузорад, ки моддаҳои нодаркор ва
зарарнок ба узвҳо рехта шаванд ва он моддаҳоро
дар ҷояш қабз мекунад. Агар оби баргашро дар офтоб
ғафс гардонида бихӯранд, моддаҳои балғам, сафро за
савдоро бо исҳол дафъ месозад; барои иллати саръ
(припадка) дору мешавад, ларзонидани табҳоро манъ
менамояд, гиреҳи ҷигарро мекушояд, зардпарвинро
шифо мебахшад, сипурзи сахтшударо чун аслӣ му-
лоим мегардонад, пешобро меронад, бӯғма (хафа) шу-
дани бачадонро, ки гоҳ-гоҳ беҳушӣ меоварад, ислоҳ
мекунад, дарди буғумҳоро таскин медиҳад, ниқрис
(подагра)-ро шифо мебахшад, барои каждумгазида ва
заҳрҳои дигар тарёқ мебошад.
Оби барги бедро нимгарм дар гӯш чаконанд, да-
руни онро аз чирк пок мекунад.
Шохҳои борик ва баргҳои онро дар об ҷӯшонида,
дар он об даромада нишинанд, фасоди аъзоро, яъне
вайрон шудани ҳолат ва феъли узвҳои баданро дафъ
мекунад. Агар баргҳои онро паҳн намуда, дар болояш
бихобанд, ҳарорати ҷигар ва дилро, яъне тафси ин
узвҳоро сокин месозад.
Хӯшаи бедро хоҳ кӯфта гузошта банданд, хоҳ дар
об ҷӯш дода, он обро бинӯшанд, зарбаи расидаро, ки
ба саққои чашм осеб расонида бошад, сиҳат мебах-
шад. Агар инро кӯфта гузошта банданд, хунравиро
манъ мекунад.
Барги тарашро кӯфта гузошта банданд ва оби он
баргро бинӯшанд, исҳоли хунинро манъ месозад. Ара-
272
қи баргашро бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз
гармӣ бошад, дафъ мекунад, таби нағзак, табҳои гарм
ва таби диқ (лоғаркунанда)-ро дафъ мекунад.
Шилми он, ки аз баргаш берун медамад, мисли ша-
кар ширин мебошад, равшанкунанда ва қувватбахши
чашм аст.
Хокистари чӯби бедро бипошанд ё гузошта бан-
данд, рафтани хунро манъ мекунад; агар инро бо сир-
ко хамир карда, гузошта банданд, озахро хушк карда
меафтонад, доначаҳо ва обилаҳои бар бадан дамида-
ро дур месозад, варами пистон ва варамҳои дигари
узвҳои беруниро таҳлил медиҳад, шаро (аллергия),
обила ва варамҳои гармро дафъ мекунад. Инчунин
оби барги онро бардавом биёшоманд ё гузошта бан-
данд, барои бемориҳои номбаршуда дармон мешавад.
Истеъмоли баргаш ба дарун моддаҳои нодаркор
ва зарарноки ба узвҳо фуроянда ва рехташавандаро
рад мекунад ва намегузорад, ки бифуроянд, инчунин
ҳамон тавр манъ мекунад.
Вале ошомидани маҳсулоти бед фақат ба тиҳигоҳ
(холияки паҳлу) зарар дорад. Дар ин ҳолат ё гулоб,
ё шакар биёшоманд, ислоҳи зарар менамояд.
Миқдори як бор нӯшидан аз оби барг ва гули бед
дар як рӯз аз 28 то 70 грамм аст, ки бояд бо шакар
биёшоманд. Ба ҷойи ин ревоч (чукрӣ) бихӯранд, раво
мебошад.
Ҳосил кардани оби барги бед чунин аст. Барги та-
ру тозаи онро хуб кӯфта, фишурда, обашро месито-
нанд ва як шаб мегузоранд ва баъд мувофиқи миқдор
менӯшанд. Нӯшидани ин барои дафъ кардани модда-
ҳои балғамӣ, сафровӣ, хунӣ, инчунин барои кушодани
гиреҳҳои бадан, қавӣ гардонидани меъда ва узвҳои
нафас нафъ дорад ва ин беҳтар ва қавитар аз оби
коснӣ мебошад.
Гирифтани арақи гул ва барги бед чунин аст. Барг
ё гулҳои бедро ҷамъ намуда, покиза шуста, дар ан-
биқ бо оташи мулоим арақ кашанд. Оби сархонаи ан-
биқ, ки камтар гарм гардад, он обро нав кунанд.
Мизоҷи ин арақ дар дараҷаи дуввум сард ва дар
якум хушк аст. Инро бинӯшанд, гиреҳҳои ҷигарро ме-
кушояд, дилтапак ва ташнагиро дафъ мекунад, барои
сустии меъдаи гарммизоҷ, табҳои тафснок ва бар зид-
ди ҳамаи иллатҳои аз гармӣ базуҳуромада, дарди
чашм ва дарди сари гарм дору мебошад.
273
Аз гули бед низ равған тартиб медиҳанд ба ин
тариқ. Гули бедро ҳар қадар, ки хоҳанд, мегиранд.
Дар зарфе шиша то нима равғани кунҷид ё равғани
зайтун андохта, он равғанро аз гули бед пур намуда,
дар офтоб мегузоранд. Баъд аз як ҳафта ранг ва
қуввати гул ба равған мегузарад, сонӣ гулро фишурда
дур мекунанду аз гули нав пур менамоянд. Ҳамин
тариқ то шаш мартаба гулро иваз намуда, охиронро
низ фишурда партофта, равғанро соф мегардонанд —
ин равғани гули бед аст.
Мизоҷи равғани гули бед сард ва хушк аст. Инро
бихӯранд, решҳои тарро хушк мекунад, дарди сарро
шифо мебахшад, намегузорад, ки бухорҳои гарммизоҷ
аз пойини бадан ба майна бароянд, варамҳои гармро
таҳлил медиҳад, инчунин моддаҳои гарм ва сарди но-
даркорро аз бадан дафъ менамояд.
Агар инро бимоланд, дарди сарро таскин медиҳад,
майнаро қувват мебахшад, бехобиро дафъ мекунад,
варамҳои гуногуни майна ва пардаҳои онро таҳлил
медиҳад. Ин равғанро бо сирко ва гулоб даромехта
бибӯянд, дарди сарро таскин медиҳад, намегузорад,
ки бухорҳо ба мағзи сар бароянд. Агар инро дар гӯш
чаконанд, дарди гӯш ва дарди сарро таскин медиҳад,
хушкии майнаро ислоҳ менамояд. Ва агар дар даҳан
бигардонанд, дарди дандонро сокин мекунад ва ҷӯши-
ши даҳанро, ки аз оҳак хӯрдан ба амал омада бошад,
дафъ месозад.
Ин равғанро бихӯранд, ҳамаи моддаҳои часпакро
аз бадан меравонад, исҳоли сафровиро манъ месозад,
тафси меъдаро басанда мегардонад, харошида шудан
ва захми рӯдаҳо, инчунин дарди рӯдаҳоро басанда
мекунад; аъзои баданро қувват мебахшад, дардҳои
дохилиро таскин медиҳад, исҳолро мебандад.
Агар ин равғанро батакрор бимоланд ва бо он
ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро ба ибро меоварад.
Онро ба шикам бимоланд, исҳоли сафровиро боз-
медорад, моддаҳои часпакро бо исҳол дафъ мекунад
Агар инро ба решҳои чуқур ва фурӯрафта бимо-
ланд, гӯшт мерӯёнад, рутубатҳои захм ва ҷароҳатҳо
ро хушк мекунад, моддаҳои бадфиолро аз он ҷойи ба-
дан дафъ месозад, инчунин аз обилаҳо наҷот меди-
ҳад. Инро бо сафедаи тухми мурғ сиришта бимоланд
сӯхтагии оташ ва варами чашмро ба ибро меоварад
274
бо сирко сиришта бимоланд, шифобахши захмҳо на-
бошад ва ҷӯшишҳои гарммизоҷро дармон мешавад.
Ба ҳамаи ин илова кунем, ки агар ҷигар хушк ва
сахти кӯчак шуда бошад, хӯшаи бедро дар об ҷӯшо-
нида, он обро бардавом бинӯшанд, ҷигарро ба ҳоли
аслӣ ва сиҳаташ меоварад.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани гули бед дар
як рӯз то 25 грамм аст. Агар равғани гули бед ёфт
нашавад, ба ҷойи ин равғани гулисурхро истифода ку-
нанд, раво мебошад ё баробари ним вазни он равғани
бунафшаро биёшоманд, низ ҷоиз аст.

104. Шафтолу

Ин самари маълум аст, ду навъ мебошад: 1. Пӯс-
таш нозук, рангоранг, сафед, сурх, сабз, пашмакдор,
ки пӯст ва дарунаш аз гӯшташ ба осонӣ ҷудо мегар-
дад — инро шафтолуи ширин меноманд. 2. Агар пӯс-
таш ба гӯшти он ва гӯшташ ба донаки он часпида
бошад, онро шафтолуи кордӣ мехонанд, беҳтарини он
ширин, бузург, шодоб ва нарм, ки гӯё оби сахтгашта
бошад—дар ин талхӣ ва тунҷӣ маҳсус нагашта, бе-
ҷирм ва хушбӯ мебошад. Ҳамаи дигар қисмҳои дарах-
ти ин талх аст: гул, барг, шилм ва тухми он.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари пухтагии шаф-
толуро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад; туғёни
бухорҳои гарм, хушк ва ташнагиро таскин медиҳад,
фишори баланди хун ва ғалабаи моддаи сафроро паст
мегардонад, майнаи гармро хунук месазад; мизоҷи
бадан аз сӯхтани савдо хушк шуда бошад, тар мегар-
донад; табҳоеро, ки аз зиёд гаштани фақат сафро бо-
шанд, инчунин таберо, ки аз ҷӯшиши хун содир шу-
дааст, шифо мебахшад; бадбӯйии даҳанро дафъ меку-
над, ба одамони гарммизоҷ қуввати боҳ мебахшад,
иштиҳоро мекушояд. Чун оби шафтолуи пухтагиро ги-
рифта, шаб бигузоранд, то дурдааш таҳшин гардаду
обаш соф шавад. Пагоҳӣ ба дили наҳор 150 грамм
аз оби софаш бо шакар ё бо шакари янтоқ биёшоманд,
моддаи сафроро бо исҳол дафъ мекунад, инчунин ах-
лоти сӯхтаро ҳам аз бадан хориҷ мегардонад.
Меваи шафтолу ба одамони тармизоҷ ва асабҳо
зарар дорад, дар меъда зуд бадбӯ мегардад, табҳои
275
дуру дарозро пайдо мекунад. Дар ин маврид асал ё
мураббои занҷабил бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Шафтолуи кордӣ гаронтар ва дерҳазм, хислати
қабзиятнокӣ дорад, боднок аст ва иллати қулинҷро, ки
дард ва варами рӯдаҳои ғафс мебошад, ба амал ме-
оварад, хусусан хоми он дар ин бобат бадтар аст.
Шафтолуи талхро бардавом бихӯранд, хеле дер
ҳазм мешавад, қабзият меоварад, вале агар ҳазм ёбад,
ғизоияташ бисёр ва намегузорад, ки моддаҳои зарар-
нок ба меъда рехта шаванд. 50 грамм оби барги онро
бинӯшанд ва гулашро бо шакар бардавом бихӯ-
ранд, ҳамаи кирмҳои меъдаро ҳатто кирми кадудона-
ро мекушад. Агар ин обро бар ноф бимоланд, кирми
шикамро дафъ мекунад.
Гулашро кӯфта, бо оби карами тоҷикӣ хамир сох-
та гузошта банданд, озахҳоро хушк карда мерезонад.
Табиб Ибни Ризвон муайян намудааст, ки ним
грамм гули онро занҳои ҳомила бихӯранд, бачаи он-
ҳоро аз шикам меафтонад.
Равғани мағзи шафтолуро нимгарм бичаконанд,
дарди гӯш ва кариро дафъ менамояд, гиреҳҳои парда-
ҳои гӯшро мекушояд; агар бихӯранд, дарди бавосирро
басанда мегардонад.
Мағзашро бихоянд, дандони кундшударо ислоҳ
мекунад 3,5 грамм устухони, яъне пӯчоқи донаки он-
ро маҳин ос карда бихӯранд, исҳолро мебандад.
Чун донаки онро дар оташ сӯхта, баъд мағзи онро
ҷудо карда кӯфта, ба донача ва қӯтур, ки бар бадани
кӯдакон пайдо шаванд, инчунин ба пушти гӯши онҳо
бармеоянд, бимоланд, зуд шифо мебахшад.

105. Ҳандалак

Ин аз ҷинси харбуза аст, вале майдаи пешпазак,
пухтагиаш зард, кабуд, сафед ва ғайра мебошад. На-
мудаш гирдаки шалғамшакли рахдор аст. Таъмаш ши-
рин аст, хушбӯй. Инро ба забони форсӣ дастанбӯя
меноманд.
Хислатҳои шифобахши он: бӯйидани он ба майна
қувват мебахшад ва гиреҳи онро мекушояд.
Хом ё пухтагиашро бихӯранд, пешобро меронад,
хусусан хоми онро чанд рӯз пай дар пай бихӯранд,
сангҳои гурда ва хичакро (пешобдон)-ро майда кар-
276
да мерезонад. Агар дар вақти гӯштро пухтан дар дег
андозанд, гӯштро муҳарро месозад. Дар ин бобат таъ-
сираш аз пӯсти харбуза зиёдтар аст.

106. Сафедор

Асли ин калима сафеддор, яъне сафеддарахт буд,
ки ин дарахти маълум аст ва дар ҷоҳои салқин хуб-
тар ва бисёртар нашъунамо меёбад. Чӯби он дар
иморатҳо истифода мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби баргашро дар оф-
тоб ғафс гардонанд, инро усораи барги сафедор ме-
номанд. Усораи инро бо асал даромехта, ба чашм ка-
шанд, торикии чашмро дафъ мекунад. Оби барги он-
ро нимгарм дар гӯш чаконанд, варами даруни гӯшро
таҳлил медиҳад.
Чӯби решаи тари онро дар вақти сӯхтан аз як са-
ри берун аз оташ будааш об бармеояд, ҳамин обро
дар гӯш чаконанд, карии гӯшро, ки дар натиҷаи бемо-
рии дуру дароз ҳодис шуда бошад, ба ибро меоварад.
Барги тару тозаашро бихоянд, дандонро қувват
мебахшад, инчунин милки дандонро ҳам мустаҳкам
месозад; агар бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар инро
пухта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад.
Барги тари инро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳати
навро ба ҳам мечаспонад, устухони шикастаро ба
ҳамдигар мечаспонад; агар инро бо сирко хамир кар-
да бибанданд, қӯтури тарро шифо мебахшад.
Пӯсти решааш назар ба қисмҳои дигараш қавитар
мебошад. Агар 4,5 граммашро кӯфта, бо шароб ё бо
об бихӯранд, балғамро аз бадан ба оҳистагӣ дафъ ме-
созад. Ва агар кӯфтаи инро бо сирко хамир карда би-
моланд, ранги песро дигар мегардонад.
Рутубати самарашро бимоланд, пӯсти башараро
пок мегардонад. Ва агар инро бихӯранд, таби диқ
(лоғаркунанда) ва сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад.
Инро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро
бинӯшанд, низ таъсири рутубаташро мекунад.
Вале истеъмоли ин ба дарун хунро месӯзонад, дар
бадан моддаи савдо пайдо менамояд. Дар ин ҳолат
277
шакар бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи ин зарар на-
мояд. ,
Миқдори як бор хӯрдан аз ҳар қисми сафедор дар
як рӯз то 4,5 грамм аст.

107. Бедгул

Ин растаниро баргаш монанди барги бед аст, вале
ғафстар аз он. Бинобар хотири баргаш «бедгул» ном
гирифтааст. Бӯяш андак нофорам, таъмаш талх ва тез
мебошад. Гулаш зебо, ду навъ аст: навъеро гулаш
сурх, дигареро сафеди моил ба зардӣ.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст,
таркибаш заҳр дорад.
Хислатҳои шифобахши он: инро фақат ба берун ис-
теъмол мекунанд, на ба дарун. Агар ба дарун истеъ-
мол намоянд, кушандаи инсон ва ҷонварони дигар аст.
Барги онро чун дар шароб ва анҷир ҷӯшонида, 12
грамм аз он чӣ, ки ин ҷӯшонида шуда бошад, бо мас-
каи гов биёшоманд, аз зарари ҷонварони заҳрнок
эмин мегарданд, дар чорпоён низ ҳамин гуна асар до-
рад.
Баргашро пухта, кӯфта гузошта банданд, варамҳои
сахтро таҳлил медиҳад, ҳатто онҳоро мегудозад; дар-
ди кӯҳнаи пушт ва дарди зонуро таскин медиҳад; ир-
қуннасо (радикулит), қӯтур, хориш, доғи кунҷидак ва
доғҳои дигари пӯстро дафъ мекунад.
Оби баргашро бимоланд, қӯтури пӯстро шифо ме-
бахшад ва хориши аъзоро таскин медиҳад.
Барги хушкашро кӯфта бипошанд, захмҳоро ба
ҳам оварда сиҳат мекунад. Агар инро занҳо аз таг
бардоранд, дарди бачадонро дур месозад.
Оби барг ва гули онро бимоланд, рухсораро пок
мегардонад, мӯйро сара мекунад.
Ҳар як қисми рӯйи заминии бедгулро дар об ҷӯш
дода, он обро ба маконаш бипошанд, кайк ва мӯрча-
гони чӯбхорро мекушад.
Оберо, ки як шабонарӯз бедгул тар карда шуда
бошад, буз, гӯсфанд ва дигар ҷонварони майда биё-
шоманд, мекушад.
Шох ва баргашро дар равғанҳо ҷӯшонида, он рав-
ғанро бимоланд, качалӣ (калвяра) ва қӯтури ҳайво-
нотро дафъ мекунад.
Аз бедгул равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.
278
Барг ва гули онро муҳарро пухта, дар таносуби 100
грамм оби он 50 грамм равғани зайтун аз болояш ан-
дохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об та-
моман бухор шуда раваду равған бимолад.
Ин равғанро бимоланд, качалӣ дар ибтидо бошад,
қӯтури решгашта, хориш, доғи пес, бемориҳои сардми-
зоҷ, сустии асабҳо, нотавонии узвҳо ва дардҳои пушт,
дарди зонуи кӯҳна ва монанди инро дафъ мекунад.
Чун аз барги бедгул, чаккаи ҷуғрот, гӯгирди зард—
аз ҳар се якмиқдорӣ гирифта, кӯфта, бо равғани гӯс-
фанд сиришта, ба қӯтури решгашта бимоланд то ҳафт
мартаба, билкулл шифо мебахшад. Аввал 4,5 грамм
усораи барги бедро, яъне оби барги бедро дар офтоб
ғафс гардонида, 4,5 грамми онро бо шакар бихӯранд,
баданро аз ахлоти сегона (балғам, сафро, савдо) пок
мекунад. Баъд ин таркиби сегонаи мазкурро дувоздаҳ
маротиба ба доғи пес бимоланд, онро дафъ мекунад.
Решаи бедгул дароз, борик, шӯртаъм, рангаш моил
ба сурхӣ ва аксар сафедранг аст. Чун решаи қисми
сафеди онро ба миқдори каме дар шири гови навдӯ-
шида ҷӯшонида, маскаи онро бигиранд, баъд камта-
реро аз он бихӯранд, боҳро (пушти камарро) қавӣ ме-
гардонад ва агар ҳангоми мубошарат маниашон зуд
меомада бошад, дер меомадагӣ мекунад — инро аҳли
Ҳиндустон аксар истеъмол мекунанд.
Агар бедгулро дарёфт карданаш душвор гардад,
барои таҳлил додани варамҳои сахт ба вазни он юнуч-
қаи зардак (говришқа)-ро истифода баранд, раво ме-
бошад ё бобунаро ба кор баранд, мумкин аст ва инчу-
нин баробари сеяки он барги анҷир низ ҷойи онро ме-
гирад.
Решаи бедгул ҳангоми истеъмоли он ба дарун ба
шуш зарар дорад. Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд, ки
ислоҳи зарари он намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи бедгул дар як
рӯз аз 1,75 то 3,5 грамм аст.
Барг ва гули онро хоҳ пухта бихӯранд ва хоҳ хом
сойида, кушанда аст бо гирифтор кардани дарди шади-
ди гулӯ, тафси бадан, андӯҳ, ташнагӣ, пурбод гардо-
нидани шикам, берун баромадани саққои чашм ва сурх
шудани он. Дар ин ҳолат қай кардан, ҳуқна (клизма),
хӯрдани обгӯшти хунукшуда, дӯғ, равғани бодоми ши-
рини сардкарда, хӯрдани анҷир бо каме асал ва хур-
мои бузургдона даво мешавад.
279

108. Чинор

Ин дарахти машҳур аст, самараш кулӯлаи хорнок,
баргаш паҳн.
Мизоҷаш сард ва тар аст, мизоҷи самар ва пӯсти
он бисёр сард ва хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: баргашро пухта, нав ба
нав гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад
ва ба чашм рехта шудани моддаҳои тармизоҷ ва обра-
вии чашмро манъ месозад; варамҳои сарди мулоим,
варами зону ва варамҳои ҳар як узвро, ки бошад, таҳ-
лил медиҳад, инчунин варамҳои гармро низ дафъ
мекунад. Барги тарашро наҷӯшонида кӯфта гузошта
банданд, дарди зону ва варамҳои гарммизоҷро дафъ
менамояд.
Пӯсти тарашро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро
дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин меди-
ҳад.
Барги хушкашро кӯфта бипошанд, реш, захм ва ҷа-
роҳатҳоро хушк мекунад, ба сӯхтагии оташ даво ме-
шавад.
Пӯсташро сӯхта гузошта банданд, бисёр покку-
нанда ва хушккунанда аст, барои пес, дур кардани
рутубати бадбӯйи захмҳо доруи хубест; агар инро бо
об хамир карда гузошта банданд, иллати пӯстхезак
(пӯстпартоӣ)-ро шифо мебахшад.
Самари инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб
якҷо карда бинӯшанд, заҳри ҷонварони газидаро аз
бадан дафъ мекунад.
Барг ва самарашро кӯфта, бо равған хамира сохта
гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Инчунин барг ва самари онро дар хона дуд кунанд,
гамбуски саргинро аз он ҷо мегурезонад, инчунин он-
ро дар об ҷӯшонида, он обро муттасил бипошанд, низ
ҳамин асарро дорад.
Ғуборе, ки бар рӯйи барги он менишинад, ба қаса-
баи шуш, овоз, гӯш ва чашм хеле зарарнок аст агар
ба онҳо бирасад. Дар ин ҳолат шири тозадӯшидаро
бихӯранд ва бичаконанд, ислоҳи зарар мекунад.

109. Сабзии саҳроӣ

Ин ҳамон сабзии худрӯй, яъне даштӣ аст. Ғаф-
сии бехрешаи он ба миқдори ангуште, часпак, андак
280
ширин, дароз мешавад. Қувваташ то чор сол боқӣ ме-
монад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: решаашро бихӯранд,
қуввати боҳ мебахшад, гиреҳҳои баданро мекушояд,
балғамро меканад ва пароканда мекунад, пуштро қа-
вӣ, ҷигар, гурда ва меъдаро гарм мегардонад.
Вале хӯрдани бехрешаи ин ба иштиҳо зарар дорад,
дарди сар медиҳад. Дар ин ҳолат асал бихӯранд, зара-
раш ислоҳ мегардад.
Бехрешаи инро бо асал мураббо тайёр карда би-
хӯранд, ҳамаи арвоҳро, ки иборат аз рӯҳи нафсонӣ
аст ва маконаш дар майна мебошад; рӯҳи ҳайвонӣ.
ки манбаи он дил аст ва рӯҳи табиӣ, ки макони он
ҷигар мебошад, бағоят қавӣ мегардонад; қуввати боҳ-
ро ва маниро меафзояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз бехрешаи саҳроӣ дар
як рӯз то 17,5 грамм аст. Ба ҷойи ин барои зиёда гар-
донидани қуввати боҳ мағзи тухми санавбарро истеъ-
мол намоянд, мешояд.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи саввум гарм ва тар
дуввум хушк аст, ба қавли баъзе дар дараҷаи дув-
вум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: тухми инро бихӯранд,
сурфаи кӯҳнаро ба ибро меоварад, моддаҳои зарар-
нокро аз узвҳои даруни сина дафъ мекунад; меъда ва
узвҳои ҳозима, ки иборат аз меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва
сипурз мебошанд, қавӣ мегардонад; қуввати боҳ ва
маниро зиёда месозад, бодҳо ва моддаҳои ғафси бал-
ғамиро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои аъзоро мекушояд,
пешобро меронад, сангҳои гурда ва хичакро майда
карда мерезонад, ҳайзро ҷорӣ мекунад ва бачадонро
аз моддаҳои бегона пок гардонида, ба ҳомила шудани
зан мадад мерасонад, душвор зойиданро осон мекунад,
сустии буғумҳоро ба ислоҳ меоварад ва дардашро низ
таскин медиҳад, инчунин дарди рӯдаҳоро барҳам ме-
диҳад; харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳои кӯда-
конро шифо мебахшад; истисқои бодиро сиҳат меку-
над, барои газидани каждум ва дигар ҷонварони заҳр-
нок дору мешавад.
Ин тухмашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои
балғамиро, яъне варамҳои мулоими сардро таҳлил ме-
281
диҳад. Инро дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷойи каж-
думгазида бирезанд, газанди онро дафъ мекунад.
Хӯрдани тухми сабзии даштӣ ба одамони гармми-
зоҷ зарар дорад, яъне боҳи ононро суст мегардонад —
дар ин ҳолат катиро бояд бихӯранд, то он ки ислоҳи
зарар бахшад; ба хичак низ зиён мекунад — дар ин
маврид мустако бояд хӯрд.
Агар тухми ин ёфт нашавад, ба ҷояш ду баробари
ин тухми сабзии зироатиро ё тухми карафсро бихӯ-
ранд, раво мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми сабзии саҳроӣ
дар як рӯз 3,5 грамм аст.

110. Ҷуворимакка

Ин донҳои растаниест, ки аз паҳлуи пояаш бар
сӯта қатор ҷой гирифтаанд муттасил ба якдигар, ки
ба ранг зард, сурх, бунафш ва сафед мебошанд. Хо-
маш каме тунҷӣ дорад дар таъм ва агар расида гар-
дад, ширин мешавад. Расидаашро бирён карда мехӯ-
ранд ва орд карда аз он нон тартиб медиҳанд ва он
нон дар гармогармиаш лазиз аст.
Поя ва баргҳои он монанди ҷувории сафед мебо-
шад.
Мизоҷи ин моил ба гармӣ ва дар дараҷаи дуввум
хушк аст, ба қавле дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун
ва балғами шахшударо таҳлил медиҳад, дарунро ме-
бандад ва сахт часпак мебошад, каме боднок, ғизоия-
таш бисёр аст. Агар инро ҳамчун ғизо бардавом ис-
теъмол кунанд, иллати силро дафъ месозад, исҳолро
мебандад, ғизоияти он зиёда аз биринҷ, вале аз ган-
дум камтар аст.
Агар инро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта
банданд, қӯтури решгаштаро дафъ мекунад, таркида-
ни пӯст ва нохунро шифо мебахшад; агар хойида ба
чашм гузошта банданд, нури чашмро қавӣ мегардо-
над; ба ҷоҳои газидаи ҷонварони заҳрнок бибанданд,
газанди онҳоро дафъ мекунад. Ва агар орди онро дар
об пухта, бо он нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯда-
ҳоро шифо мебахшад.
Ба ҷойи ҷуворимакка ҷувории сафедро истеъмол ку-
нанд, равост.
282

111. Ҷувории сафед

Ин наботи зироатист, баргҳояш монанди баргҳои
ҷуворимакка, пояаш чун найи ғафс, вале дарунаш ко-
вок надорад, таъми пояаш ширин аст, самараш, яъне
донҳояш дар сари растаниаш анбӯҳ дар хӯша, дон-
ҳояш калонтар аз наск, кулӯла, сахт ва сафед меша-
вад. Аз ин ошҳо пухта мехӯранд.
Мизоҷаш сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: дар ғизоият бисёр қа-
вӣ, вазнинтар аз арзан, хушккунандаи рутубатҳои зиё-
датӣ, исҳолро мебандад. Дар ҳамаи дигар феълҳо мо-
нанди ҷуворимакка аст.
Ҳар як қисми растании инро гузошта банданд,
сардкунанда, хушккунанда ва радгардонанда аст.

112. Санавбар

Ин дарахтро ба забони русӣ сосна меноманд, ки
ду навъ аст: якеаш нар, он самар намедиҳад, фақат
аз шилми он қатрон ҳосил мекунанд; дигараш самари
монанди дили гӯсфанд дорад — ин навъи модаи он
аст. Самараш дар хомӣ яклухт метобад ва агар раси-
да гардад, донаҳояш аз ҳам шукуфта, дар намуд ҷудо
мегарданд. Беҳтарини он мағзи тухмаш сафед, болида
ва равғандори он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст,
вале баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гуфтаанд. Мизоҷи
барг ва пӯстлохи он гармтар аст аз тухми он.
Хислатҳои шифобахши он: барг ва пӯстлохи онро
бихӯранд, барои дарди гулӯ, ҷароҳати шуш, банд кар-
дани хуни бинӣ ва қатъ гардонидани хуни ҷароҳатҳои
нав дору мешавад. Ҳар рӯз 4,5 грамм сӯзанбаргҳои он-
ро кӯфта, бо шаҳдоб биёшоманд, иллатҳои ҷигар, ва-
рам ва дағалии онро дафъ мекунад. Агар ин миқдор
хушкашро бо оби сард бихӯранд, дарунро мебандад.
Барги хушки онро кӯфта бипошанд, ҷойи чокшуда
ва даридаи узвро покиза сиҳат мекунад. Бо зоки сурх
якҷо кӯфта бипошанд, решҳои раддиро шифо мебах-
шад.
Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, бо он об ғусл ку-
нанд, мондагиро бартараф месозад, качалиро шифо
мебахшад, баданро аз чирк пок менамояд, бадбӯйии
283
арақи баданро дафъ мекунад. Агар дар он об то ноф
даромада нишинанд, бемориҳои мақъадро ба ибро ме-
оварад.
Оберо, ки дар он баргҳои ин дарахт ҷӯшонида шу-
да бошад, дар даҳан гардонанд, дарди дандонро тас-
кин медиҳад. Онро сӯхта, занҳо худро батакрор ба
дудаш бидоранд, ҳамроҳаки тифлро хориҷ мекунад,
ҳайзро равон менамояд.
Қатрони инро бимоланд, мӯйи рехтаи мижа ва аб-
руро мерӯёнад, барои гудохтани барҷастагии гӯшти
чашм аз тарафи бинӣ дору мешавад; барои обравӣ,
камқувватии чашм, шилпуқӣ ва қӯтури он даво мебо-
шад.
Барги тарашро кӯфта гузошта банданд, хунравиро
аз ҷароҳатҳо манъ мекунад.
Чӯбашро реза карда, дар сирко ҷӯшонида, он сир-
коро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин ме-
диҳад, инчунин дар даҳан нигоҳ доранд ҳам, ҳамин
асарро дорад.
Пӯсти решааш бандкунандаи дарун ва хушконан-
да аст. 9 граммашро кӯфта бихӯранд, исҳолро мебан-
дад, харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо
мебахшад. Кӯфтаи инро ба сӯхтагии оташ ва аз оби
гарм, бипошанд, зуд ба ибро меоварад; ва агар инро
бо оби гарм хамир сохта гузошта банданд, дарди узв-
ҳои латхӯрдаро таскин медиҳад.
Мизоҷи дона, яъне тухми санавбари калондарахт
дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум тар аст. Қув-
ваташ то як сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: агар мағзи донаи инро
бихӯранд, қуввати боҳ мебахшад, иштиҳоро мекушо-
яд, асабҳоро қавӣ мегардонад, узвҳои баданро мустах-
кам мекунад, гиреҳҳоро мекушояд, шиддати бодҳои
тезро мешиканад; барои иллатҳои фолиҷ, каҷ шудани
рӯй, карахтӣ, кузоз (столбняк), ларзак, захмҳои шуш,
дарди буғумҳо, ки аз сардӣ бошанд, бемориҳои ҷигар,
зардпарвин, истисқо, дарди гурда ва хичак, ки саба-
баш ҷамъ шудани сафрои сӯхта бошад, шифо мебах-
шад.
Агар инро кӯфта, бо асал хамир сохта, ҳар рӯз 14
грамм аз он лесида бихӯранд, фолиҷ ва ларзакро ши-
фо мебахшад: барои бемориҳои шуш ва пок намудани
ин узв аз ахлоти ғафсгашта, покизагии гурда, дур кар-
284
дани сурфаи кӯҳна, хусусан дӯшоб ҳамроҳ карда биё-
шоманд, даво мебошад.
Мағзи инро бо тухми бодиринг якҷо кӯфта бихӯ-
ранд, пешобро равон мекунад, захмҳои гурда ва хи-
чакро сиҳат мекунад: агар бо оби чилмангӯштак (се-
мизут) биёшоманд, дарди меъдаро таскин медиҳад,
бадани нимҷонро қувват медиҳад, рутубатҳои мурдор-
ро аз бадан дафъ мекунад. Тухми тару тозаи инро бо
пӯсташ якҷо кӯфта, дар об ҷӯшонида, он обро бо ша-
роби мусаллас даромехта, аз ин таркиб ҳар рӯз 100
грамм бинӯшанд, сурфаи кӯҳна ва захмҳои шушро
дафъ менамояд.
Мағзи тухми санавбари калондарахтро бо мудова-
мат бихӯранд, узвҳои нотавон ва сустгаштаро ба ҳо-
ли аслиашон меоварад, гӯшти баданро сахт мегардо-
над.
Тухми онро кӯфта, дар оби ангур андозанд ва худ
аз худ он ба ҷӯш ояд, шароби тухми санавбар ме-
гардад. Нӯшидани ин шароб назлаҳоро манъ меку-
над, сурфаро таскин медиҳад, ҳазми таом меоварад,
исҳоли обдорро банд месозад, истисқоро (водянкаро)
шифо мебахшад.
Тухми санавбарро бо талхшувоқ якҷо кӯфта, ба
меъда гузошта банданд, дарди рӯдаҳоро таскин ме-
диҳад, яъне дарди шикамро сокин мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз мағзи тухми он дар як
рӯз то 7 грамм аст ва аз усораи он, ки оби баргҳои
онро дар офтоб ғафс гардонида бошанд, то 10,5 грамм
аст. Аз обе, ки дар он баргҳои санавбар ҷӯшонда
шуда бошад, меъёри нӯшиданаш 25 грамм аст.
Мағзи тухми санавбар душвор ҳазм мешавад, ба
одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад,
дилро беҷо (беҳузур) мегардонад. Дар ин ҳолат си-
канҷабин ва меваҳои турш бояд бихӯранд, ки зиёнаш
ислоҳ ёбад. Вале ба одамони сардмизоҷ мувофиқ аст.
Агар барои афзудани қуввати боҳ истеъмол карданӣ
бошанд, бо кунҷид ва асал бихӯранд, зеро ин чизҳо
зиёдкунандаи қуввати онанд. Бояд зиёда аз 12,5грамм,
ки як-як шикаста бихӯранд, тановул нанамоянд. Агар
аз ҳад зиёд бихӯранд, рӯдаҳоро ба дард меоварад, пе-
чиши рӯдаҳоро содир мекунад.
Шилми санавбар се навъ мешавад: 1. Рақиқтар аст
ва шах намешавад, онро зифти тар меноманд; 2. Он
ки табиатан шах аст, яъне ҳангоми аз дарахташ да-
285
мидан худ ба худ дар ҳамон ҷо сахт мегардад; 3. Он
ки бо оташ бипазанд, шах мегардад. Беҳтарини шил- ,
ми санавбар он аст, ки рангаш сафеди моил ба зардӣ
бошад ва бӯйи санавбар аз он шамида шавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Мизоҷи навъи оташдида он гармтар аст аз оташно-
дидаи он.
Хислатҳои шифобахши он: 2,25 граммашро бо зар-
даи тухми мурғи нимпухта ва ё бо обе, ки дар он са-
бӯси гандум ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, барои
сурфаи кӯҳна, дамкӯтаҳӣ ва ҷароҳати тари шуш дар-
мон мешавад. Агар ин шилмро бихоянд, сурфаи тарро
даво мебошад, моддаҳои зарарнокро аз майна каши-
да берун мегардонад.
Шилми санавбарро монанди тамоку рӯзи аввал як
дафъа, рӯзи дуввум ду дафъа, рӯзи саввум се дафъа
бикашанд, барои сурфа, дамкӯтаҳӣ ва захми шуш да-
вои аҷиб мебошад.
Чун латтаро ба ин шилм олонда, дар офтоб хушк »
карда, бемории зукоми сард, таби дурӯздармиён дуди
онро бишаманд, ҳамон соат таскин медиҳад.
Инро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳатҳоро ба ҳам
оварда сиҳат мебахшад; барои дафъ кардани хориш,
қӯтур ва дағалии пӯст дармон мебошад; агар бо гул-
нор якҷо кӯфта, гузошта банданд, даридани рагҳо, ин-
чунин носурҳоро ба ибро меоварад; баробари вазни
он тухми зағир ҳамроҳ намуда, кӯфта банданд, озах-
ҳои овезони мақъадро, ки табибон аз илоҷи он оҷиз
омада бошанд, дафъ мекунад; инчунин барои кафида-
ни пӯсти пойҳо доруст, бавосирро дафъ менамояд ва
барои ислоҳ кардани каҷии нохун таъсири хуб ва пур-
рае дорад.
Чун як ҷузъ шилми санавбар, зарнихи сурх (сер-
нистый мышьяк), саргини заргӯш, равғани буз — аз ҳар
се нисф ҷузъ —ҳамаро сойида, дар оташ гудохта, қурс-
ҳо бисозанд, ҳар як қурс 2,25 грамм бошад. Дар вақ-
ти ҳоҷат як қурсро бо оташи мулоим дуд кунанд ва
дуди онро бо воситаи найча ҳар рӯз се бор ба дарун
бикашанд, барои сурфа ва захми шуш давои хеле ху-
бе мебошад. Чун як ҷузъи онро дар рӯйи оташ гудохта,
баробари вазни он тухми зағир, нисф вазни он сафе-
доби қалъаӣ (оловянная белила) дар он андохта, аз
оташ фурӯд оваранд, барои ба ҳам часпонидани да-
286
ҳани ҷароҳатҳои нав давои хуб мебошад ва ҷароҳати
кӯҳнаро пок мегардонаду онҳоро сиҳат мебахшад.
Шилми санавбар дар баданҳои сахт гӯшт мерӯё-
над, вале дар баданҳои мулоим варамҳоро ба амал
меоварад.
Чун шилми санавбарро бо нисф вазни он зарних,
мурч ҳамроҳ карда, бо равғани бодом пухта, монан-
ди марҳам гузошта банданд, донаи бавосирро дафъ
мекунад, лекин сахт ба дард меоварад. Илоҷи ин бо
молидани сафеди тухми мурғ, сафедоб ва бо хӯрдани
шири навдӯшида ҳосил карда мешавад.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.