Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 60-68


60. Асал

61. Дӯғ

62. Абрешим

63. Саргини гов

64. Муми занбӯри асал

65. Панир

66. Шапуш

67. Пешоб

68. Шутур

60. Асал

Мурод аз асал гуфтан маҳсули ширинтаъми зан-
бӯри асал дар назар дошта шудааст.
Беҳтарини он хушбӯй, қивомаш ғафс, таъм ва ши-
риниаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он
181
муми занбӯр, яъне муми хонааш мутлақан набошад,
чун онро бо ангушт бардоранд, тор бандад — ин навъ-
аш барои давоӣ беҳтар аст; баъд аз он сафеди набот-
рангаш бо сифатҳои номбурда бошад, мақом дорад.
Барои лаззат ва ғизо асали баҳорӣ беҳтар аз тирамо-
ҳӣ аст, вале зимистониаш бадтарини навъҳои он мебо-
шад. Агар таъмаш тунд ё тез гашта бошад, ё кӯҳна
шуда, рангаш ба сиёҳӣ печида бувад ва таъми талхӣ
пайдо намуда бошад, зарарнок аст. Агар кӯҳнаи онро
бисёр бихӯранд, девона мекунад.
Мизоҷи асали нав дар дараҷаи дуввум гарм ва
дар якум хушк аст; аз шаш моҳ то як сол мондаи он
дар дараҷаи дуввум хушк мебошад. Баъзеаш, ки кӯҳ-
на ва тундтаъм гашта бошад, мизоҷаш то дараҷаи
саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.
Асали хомро гармӣ, поккунандагӣ ва тезиаш зиёда
мебошад дар давоӣ. Асале, ки дар ҷӯшонидан бо об,
кафкашро гирифта бошанд, гармӣ, поккунандагӣ ва
тундии он камтар аст барои ғизоӣ. Барои ба қивом
овардани асал ба он об ҳамроҳ карда, бо оташи паст
меҷӯшонанду кафкашро дур намуда, баъд аз оташ
фурӯд меоваранд — ин асали пок ҳисоб меёбад. Вале
эҳтиёт намудан шарт аст, ки сахт наҷӯшад — агар
сахт ҷӯшад, асал бинобар нозук будани таркибаш,
месӯзад, талх мегардад. Ва агар об дохил накарда
биҷӯшонанд, кафкаш ҷудо намегардад. Бояд ба ин ҷи-
ҳатҳои кор риоя кунанд.
Хислатҳои шифобахши он: асалро бихӯранд, ба-
данро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад,
гиреҳҳо ва даҳани рагҳоро мекушояд; балғами часпак
ва рутубатҳоро нест менамояд ва инчунин онҳоро аз
ҷоҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин мод-
даҳои нодаркорро аз майна хориҷ мекунад; суст ва
нотавон шудани аъзо, истисқо (водянка), зардпарвин,
иллатҳои сипурз, душвории шошидан, бодҳои гуногун,
иловус (дард ва варами рӯдаҳои борик) ва заҳҳои
сардмизоҷро дафъ мегардонад; санги гурда ва хичак
(пешобдон)-ро майда карда мерезонад.
Корозмудагони ин асрор қайд намудаанд, ки ҳар
кӣ иродаи шифо дошта бошад, бояд ки пагоҳӣ ба ди-
ли наҳор асалро бо оби борон даромехта биёшоманд.
Ҳаким Ҷолинус гуфтааст: «Ҳеҷ чиз беҳтар аз асал
нест, дар нафъ аз барои бадан ва илоҷи аксари бе-
мориҳо ва аз барои сириштани давоҳо». Зеро ки ба
182
сабаби часпандагӣ ва ғафсии қивоми худ боиси суръ-
ати омезиш ва ҳифзи давоҳо мегардад аз вайроншавӣ.
Ва бинобар шириниаш, гуворо будани ниҳодаш, лазиз
буданаш барои нест кардани ногуворӣ беҳтар аст, қув-
вати давоҳоро босуръат ба узвҳои тамоми бадан ме-
расонад, агар ҳамроҳ карда бихӯранд ва ин фоидаҳои
бисёрро соҳиб аст.
Агар инро бо мустако (мастика) бихӯранд, руту-
бат ва моддаҳои нодаркори зарарнокро аз майна ка-
шида дур мекунад; фолиҷ (шал шудани нимаи бадан
ба дарози), каҷ шудани рӯй, нотавон ва бемадор гаш-
тани аъзо, карахтӣ ва монанди инҳоро, ки сабабаш
ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ бошад, шифо ме-
бахшад; меъдаро қувват медиҳад, иштиҳоро мекушо-
яд, бодҳо ва моддаҳои часпакро дафъ месозад; қулинҷ
(колит) ва гиреҳҳои баданро мекушояд; меъда, ишти-
ҳои таом ва боҳ (пушти камар)-ро қувват мебахшад.
Агар инро бо шилми кундур бихӯранд, узвҳои дару-
ни синаро аз моддаҳои нодаркор ва зарарнок (аз ҷум-
ла қасабаи шушро низ) пок мегардонад; истисқо (во-
дянка), зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо ме-
бахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мере-
зонад, инчунин душвории шошидан, бодҳои гуногун,
дард ва варами рӯдаҳои борик (иловус) ва заҳрҳоро
дафъ мекунад. Хусусан бо оби борон даромехта бихӯ-
ранд, ба узвҳои бадан об медавонад, боҳи сустгашта-
ро қувват медиҳад, пешобро меронад, захми рӯдаҳо
ва хичакро пок менамояд; санги гурда ва хичакро
майда карда мерезонад, душвории шошиданро ислоҳ
мекунад, ташнагиро таскин медиҳад. Ин таркибро
хӯрда қай кунанд, меъдаро аз олойишҳо пок месозад.
Бо ин таркиб ғарғара кунанд, варами мушакҳои ҷони-
би ҳалқум ва ғуддаҳои бодомшаклро таҳлил медиҳад,
ҷароҳатҳои ком, забон, ҳалқум ва ғадудҳои бодом-
шаклро аз рим ва дигар моддаҳои бегона пок меку-
над.
Асалро бо сирко даромехта, ба сатҳи даруни даҳан
батакрор ва бардавом бимоланд ё онро дар даҳан
гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мекунад ва
гӯшти солим бар он мерӯёнад агар коста бошад; ин-
чунин дандонро дар ҷояш сахт месозад ва онро аз
чирк пок намуда сафед месозад, хусусан, ки бо ан-
гушт се-чор мартаба ҳар моҳ ба дандонҳо бимоланд,
ин хислаташ зудтар зоҳир мегардад.
183
Баъзе одамон асалро бинобар ширин буданаш суст-
кунанда пиндоштаанд — ин иштибоҳ аст. Дар ҳақи-
қат шириниҳои рутубатнок сусткунанда мебошанд, на
шириниҳои хушкмизоҷ. Вале асал дар мизоҷ гарм ва
хушк аст. Пас, сусткунанда намебошад.
Асалро батанҳоӣ ё бо оби пиёз ба чашм бикашанд,
чашмро равшан мекунад; хориш, қӯтур, обравӣ, гули
чашм ва фуромадани оби бегонаро дар гавҳарак дафъ
менамояд.
Агар асалро бо анзарут ва намаксанг даромехта
дар гӯш чаконанд, бодҳои пардаҳои он ва ҷаранги
гӯшро барҳам медиҳад, омадани рим аз даруни он ва
рутубатҳои равони онро қатъ мекунад; дардҳои аз ху-
нукӣ баамаломадаи онро таскин медиҳад, гаронии
гӯшро дафъ месозад.
Агар асалро ба заҳраи тари гов даромехта ё бо
шири гов ё бо шири буз ва ё бо шири занон сиришта,
батакрор дар гӯш чаконанд, ё бо сафедаи тухми мурғ
даромехта бичаконанд, бемориҳои дар боло гуфтаро
шифо мебахшад.
Асалро бо равғани гулисурх даромехта, лесида би-
хӯранд, сурфаеро, ки сабабаш моддаҳои хунук бошад,
дафъ мекунад.
Асалро дар оби барги зуф ҳал карда, нимгарм бо
он батакрор ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳо ва варамҳои
онҳоро шифо мебахшад.
Баъди ҳар як бор ҳаммом кардан дар вақти гар-
мии бадан асалро гузошта банданд, закарро қавӣ ва
калон мегардонад.
Агар асалро занҳои синну соли ҳайзнокӣ аз таг
бардоранд, иллатҳои бачадони онҳоро шифо мебах-
шад.
Асалро бо орди гандум хамир сохта гузошта бан-
данд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳо-
ро мепазонад; бо сирко ва намак даромехта гузошта
банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, доғҳои кунҷидак-
ро дафъ мекунад; бо намак сиришта банданд, доғҳои
зарба ва латхӯрдаро, ки кабуд шуда бошанд, нест ме-
гардонад; бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд,
арақи бисёрро ба ислоҳ меоварад; бо анзарут си-
ришта банданд, захмҳоро аз чирк пок месозад ва гӯш-
ти ҳароми онҳоро хӯрда нест менамояд; бо саргини
мурғ ё бо ҷадвор сиришта гузошта банданд, доғи са-
феди пӯст ва песро шифо мебахшад.
184
Асалро бо шибит ҷӯшонида гузошта банданд, доғи
зарба ва шукуфаи пӯстро барҳам медиҳад.
Онро бо равғани гулисурх даромехта бимоланд,
захмҳоеро, ки рутубаташон монанди асал аст ва ди-
гар решҳое, ки аз бисёрии балғами ширин ба амал
омада бошанд, шифо мебахшад ва баданро қавӣ ме-
гардонад. Агар худашро танҳо бимоланд, шапуш ва
ришкро нест мекунад. Агар инро ба ҷасадҳои мурда
бимоланд, аз он ки ба зудӣ вайрон мешуда ва бӯйи
бад мегирифта бошанд, нигоҳ медорад; инчунин ба
гӯштҳо ва чарбиҳо бимоланд, хосияти тару тозагии
онҳоро нигоҳ медорад.
Асалро бо оби зира даромехта бихӯранд, бар зид-
ди заҳри занбӯруғ, газидани саги девона даво мебо-
шад; агар бо равғани гулисурх даромехта биёшоманд,
заҳрҳои ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Ва агар
асалро хӯрда қай кунанд, азияти афюнхӯрдаро ис-
лоҳ менамояд.
Яке аз хислатҳои асал чунин аст, ки агар зан онро
бо об шарбат сохта ба дили наҳор бихӯрад, агар рӯда-
ҳояш ба дард оянд, ҳомила аст, ва агар на, бебор
мебошад.
Хуллас, асал барои одамони сардмизоҷ ва балға-
мимизоҷ дар замон, фасл ва маҳалҳои сард фоида до-
рад, вале барои одамони гарммизоҷ ва мизоҷи хушк-
дошта ва инчунин дар фаслҳои гармо бихӯранд, за-
рар мекунад, гарммизоҷонро дарди сар медиҳад. Агар
онҳо бисёр бихӯранд, зуд ба хилти сафро, ки аз ҷи-
ҳати мизоҷ гарм ва хушк аст, табдил меёбад, майнаи
гарммизоҷро ноҷӯр месозад, қай меоварад, ба бемо-
риҳои сафровӣ ва гарм гирифтор мекунад, ташнагии
бисёр меоварад. Давои ин зарарҳояш оби анори турш,
оби лиму, сирко, кашниз ва меваҳои турш ошомидан
аст.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз асал то 68
грамм аст.
Огоҳ кунем, ки асале, ки занбӯраш ба гиёҳи талх-
шувоқ нишаста бошад, таъмаш талх мешавад ва ба-
рои бемориҳои меъда, ҷигар, кушодани гиреҳҳо ва
агар занбӯраш ба гиёҳи кокутӣ нишаста бошад, он-
ро бардавом бихӯранд, барои одамони тармизоҷон,
сардмизоҷон ва бемориҳои балғамии сард фоида ме-
бахшад.
Гуфтаанд; он асалро, ки тирамоҳӣ бошаду агар
185
бибӯянд, атса оварад, беҳушӣ ва арақ меоварад, ақл-
ро беҷо месозад, онро набояд истеъмол кард. Тадби-
ри касе, ки онро хӯрда бошад, қай фармудан ва баъд
аз он моҳии намакини шӯр хӯрда батакрор қай кар-
дан аст, то ки меъда аз он асал пок гардад ва баъд
аз он себи майхуш ва мурӯд тановул намоянд.

61. Дӯғ

Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон аз ӯзбекӣ ги-
рифта, айрон ҳам меноманд. Ин ҷуғротест, ки дар
зарфе бо андохтани андак об хоҳ бо чархчӯб (пиш-
как) хоҳ дар машке ҳаракат дода, маскаи онро ги-
рифта, боқиашро монда бошанд — ин дӯғ аст. Беҳта-
ринаш он аст, ки тоза аз ҷуғроти шири гов дӯғ тайёр
карда шуда бошад.
Мизоҷи ин дӯғ дар дараҷаи дуввум сард ва тар
аст, вале тарӣ дар он назар ба хушкӣ зиёдтар мебо-
шад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бинӯшанд,
ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад,
боҳи (пушти камари) одамони гарммизоҷро ба ҳара-
кат меоварад, иштиҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ
мекунад, шиддати таби диқ (лоғаркунанда), заҳрҳои
гарммизоҷ ва ҳароратро хомӯш месозад; тафси меъда
ва ҷигарро, ки сабабаш гармӣ бошад, басанда мегар-
донад, инчунин ташнагиро таскин медиҳад. Агар инро
бо рими (дажғоли) оҳан ва итрифал (маъҷуни ибо-
рат аз ҳалила, балила ва омула) даромехта биёшо-
манд, меъдаро қувват мебахшад; агар оҳани тафсон-
ро дар он сард карда ё сангрезаҳои тафсонро дар он
сард карда, баъд он дӯғро бинӯшанд, исҳоли хунин
ва сафровиро мебандад. Биринҷ ё орди ҷави тафсони-
дашударо дар дӯғ пухта бихӯранд, барои исҳоле, ки
аз гармӣ бошад, бисёр даво ва ба он одам ғизои ху-
бест ва инчунин барои фарбеҳ кардани бадан воситаи
хубе мебошад.
Барои таби диқ 75 грамм дӯғро бо 45 грамм нони
хушк ошомиданро раво медонанд ва аз ин зиёдашро
ҷоиз намешуморанд.
Дастури ошомидан ҳангоми таб, қай ва бемори-
ҳои гарм ва тез чунин аст: дӯғи нави ҷуғроти шири
186
говро гирифта, нағз биполоянд, ки тамоми маскаи он
ҷудо гардад ва равған дар он асло намонад. Баъд
панҷ-шаш соат бигузоранд, ки таъмаш хуш ва андак
туршмаза гардад. Сонӣ хуб барҳам зананд, яъне би-
кованд, то он, ки обияташ дар худ омехта шавад. Пас
нони тунукмайдаи холисро миқдори 35 грамм гириф-
та, реза карда, дар 105 грамм аз он дӯғ ҳамроҳ ку-
нанду бигузоранд, то ба ҳам хуб омехта гардад, пас
тановул намоянд. Ва агар аз ин ним миқдор зиёда хо-
ҳанд ва эҳтиёҷ бештар бошад, ба ҳамин таносуб зиё-
да намоянд; рӯзи дуввум 17,5 грамм дӯғ бияфзоянд
ва аз нон 3,5 грамм кам созанд ва инак, ҳамчунин ҳар
рӯз 17,5 грамм дӯғро зиёда карда, аз нон 3,5 грамм
кам намоянд, то он ки дӯғи холис бимонад ва одат ба
он ҳосил гардад. Чун тарк намудан хоҳанд, баръакс
амал кунанд, то ба миқдори рӯзи аввала бирасад.
Баъзе табибон аз нуқтаи назари камоли эҳтиёт гуфта-
нд, ки аз 35 грамм дӯғ ва 3,5 грамм нон бияфзоянд, то
ки дӯғ ба 105 грамм расад ва агар зиёда аз 105 грамм
хоҳанд, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд ва ба тадриҷ
кам гардонанд. Аммо касоне, ки ба дӯғ нӯшидан одат
карда бошанд, ба ин тадбир мӯҳтоҷ нестанд, балки
ҳамин риоят кифояти ҳазм ва ба он кас, ки ба таби
бадбӯ гирифтор набошад, кифоя аст. Зеро ки дар вақ-
ти гирифтани таби бадбӯ нӯшидани ин ҷоиз нест, бал-
ки фақат гармии ҳаво ва риққат (суюқӣ) ва тезии
модда, монанди таби рӯздармиёнгирандаи холис ва мо-
нанди ин бемориҳои дигар ошомиданро талаб меку-
над. Он ҷое, ки бадбӯйӣ дар ахлот (моддаҳо) мавҷуд
бошад, бо қурси табошир (мағзи миёни най) тановул
намоянд. Ва ҳангоме ки мизоҷи он мулоимкунандаи
дарун бошад ва боз бар болояш давои мулоимкунан-
да бихӯранд, боиси заиф гаштани гурда мегардад.
Чун тухми чилмангӯштак (семизут)-ро кӯфта, се
мартаба дӯғро ба он ҷаббонанду хушк кунанд. Баъд
миқдори камеро аз он тухм биёшоманд, ташнагӣ ва
хоҳиши об нӯшиданро то чанд рӯз дафъ мекунад —
ин аз асрори дарвешон ва зоҳидон аст.
Зарараш: нӯшидани дӯғ ҳангоми гирифтани табҳои
бадбӯйи хилти (моддӣ) зарар дорад бинобар он, ки
бадбӯй ба зиёда гаштани иллат сабаб мешавад. Ис-
лоҳи он дӯғи нӯшидаро қай намудан ва баъд ошоми-
дани сиканҷабини (сиркоасали) биҳигӣ аст. Чун дӯғ
дар меъдаи сардмизоҷ турш гардад, чарх задани сар
187
ва беҳуширо ба амал меоварад. Ислоҳи он ҳам қай
кардан ва гуворишот (давоҳои ширинтаъми ҳазмо-
вар)-и гарммизоҷ хӯрдан аст.

62. Абрешим

Ин пиллаи печидаи кирмаки дастӣ мебошад. Пил-
ларо дар офтоб гузоранд, то кирмаки даруни он бу-
да бимирад, инро дар тиб абрешими хом меноманд.
Мизоҷи абрешими хом дар дараҷаи якум гарм ва
хушк аст, вале як қатор табибон мизоҷи инро дар та-
риву хушкӣ мӯътадил медонанд.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани абрешими хом
дилро бағоят қавӣ мегардонад, инчунин ин аз даво-
ҳои фараҳовар ба ҳисоб меравад.
Азбаски, ба қавли як қатор табибон, мизоҷаш дар
гармиву хушкӣ мӯътадил аст, рутубати рӯҳиро латиф
(хуш) мекунад ва ба худ мекашад. Бо ин хислаташ
рӯҳро равшан ва моил ба фараҳ месозад.
Қувватбахшандагии абрешим фақат ба як рӯҳ ва
ҳоли бадан хос нест, балки дар ҳама ҳолат мулоим-
кунандаи ҳамаи рӯҳҳо, яъне қавӣ гардонандаи ҳамаи
рӯҳҳои бадан аст, ҳатто рӯҳи табииро, ки қувватҳои
ҷигар аст, рӯҳи нафсониро, ки қувватҳои майна аст ва
рӯҳи ҳайвониро, ки рӯҳ ва қувватҳои дил аст, яъне
ҷонбахши бадан низ меноманд, қавӣ мегардонад. Ин-
чунин қуввати ҳофиза, зеҳн ва пушти камарро (боҳ-
ро) тавоноӣ мебахшад; иллати дилтапак (дилбозӣ)-ро
нест мекунад; сустии меъда ва шушро ба ислоҳ ме-
оварад, баданро фарбеҳ мекунад.
Ҳарири, яъне матои шоҳии маҳз қирмизиро ба
хуни бинӣ тар карда, хушк сохта, баъд сӯхта, хокис-
тари онро бо воситаи найча ба даруни бинӣ пуф ку-
нанд, хуни биниро мебандад.
Аз абрешим шароб ҳам тайёр мекунанд. Ин чунин
аст. Абрешими хомро бо қайчӣ маҳин реза мекунанду
дар об мепазанд ва баъд дар он шакари сафед андох-
та, аз нав то қивом шуданаш меҷӯшонанд. Хӯрдани
шароби абрешим гиреҳҳоро, ки дар ҳар ҷойи бадан
пайдо шуда бошанд, мекушояд, дилро қавӣ месозад
ва ранги рухсорро неку мекунад.
Агар абрешими хомро бисӯзонанд бо вуҷуди он,
ки сӯхтаи ин барои хӯрдан дар қувват бахшидан аз
188
абрешими хом заифтар аст, вале барои реш, обравӣ,
шилпуқӣ ва қӯтури чашм фоиданоктар мебошад назар
ба хоми он.
Миқдори як бор хӯрдан аз абрешими хом дар як
рӯз аз 3,5 грамм то 10,5 грамм аст. Кам ё зиёд хӯр-
дан аз ин ба пасту баланд будани ҳолати беморӣ ва
ҳоли бадан вобаста мебошад.
Либосҳои бофтаи абрешимӣ ва ҳарир дар мизоҷ
гарм ва латиф аст. Агар либоси шоҳиро бипӯшанд,
баданро мулоим, нарм ва фарбеҳ мегардонад, ба пӯ-
шандааш сурур мебахшад, вале пӯсти баданро нафис
мекунад. Ва барои он, ки пӯсти баданро тунук на-
гардонад, ба тори бофташ ё пудаш ресмони пахта-
гинро ба кор бурдан даркор аст.
Дар бобати ин либос ҳаким Муҳаммад бинни За-
кариё гуфтааст: «Либоси абрешим гармтар аз либоси
зағирпоягӣ аст, боиси салобати башара аст, вале хис-
лати либоси зағирпоягӣ баръакси ин мебошад». Матои
абрешим омехташуда дар мизоҷ гарм ва форам аст
ва пӯшидани он барои пирон хуб аст, ба онҳо фоида
дорад. Инчунин одамони сардмизоҷ ва занонро дар
ҳавоҳои сард пӯшидан бисёр мувофиқ аст, хунро гарм
мегардонад. Аммо барои он ки хунро гарм насозад,
дар бофташ ба абрешим риштаҳои пахтагин дохил
кардан даркор аст.
Яке аз хосиятҳои либоси абрешим он аст, ки на-
мегузорад дар бадан шапуш пайдо шавад.

63. Саргини гов

Барои табобат ҳам хушкаш ва ҳам тарашро исти-
фода мекунанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро гузошта банданд,
варамҳоро таҳлил медиҳад; хислати ба худ кашанда-
гӣ ва манъкунандагӣ дорад, хуни рафтаистодаро, агар
ҷонварони заҳрнок газида бошанд, дардашро таскин
медиҳад; агар ба ҷое аз бадан хор ё тир даромада
бошад, кашида берун меоварад; барои шукуфаҳои
пӯст, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш даво ме-
шавад.
Саргини нави гӯсолаи модаро фишурда, обашро
189
дар бинӣ чаконанд, хуни биниро манъ мекунад; ва
агар онро бар пешонӣ гузошта банданд ё сӯхтаи онро
бо сирко хамир карда, ба пешонӣ бимоланд, низ ҳа-
мин асар дорад. Инчунин саргини говро сӯхта, онро
бо воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро
қатъ мегардонад. Онро дар равғани бодоми талх ва
шароб хуб ҳал карда, дар гӯш чаконанд, барои дарди
сахт ва луққосзании он бисёр фоида мебахшад.
Саргини тари говро гармогарм гузошта банданд,
варамеро, ки аз буридани корд ва теғи дигар тасам-
мум (заражение) ёфта бошад, шифо мебахшад, агар
аз он хун равон бувад, қатъ месозад ва ҷароҳатро си-
ҳат менамояд. Агар ин саргинро заноне, ки бачадо-
нашон берун омада бошад, низ гузошта банданд, ба-
чадонро ба ҷойи аслиаш мебарад; ба буғумҳо ва ир-
қуннасо (радикулит) гузошта банданд, дарди онҳоро
таскин медиҳад. Ва агар инро бо орди нав хамир кар-
да, гузошта банданд, барои ҷӯшишҳои пӯсти бадан ва
бо сирко хамир созанд, барои варами гарм даво ме-
бошад. Ва агар ба узве тир даромада, дар ҳамон ҷо
монда бошад, гузошта банданд, берун меоварад; ба
ханозер (хукгардан) ва варамҳои сахт гузошта бан-
данд, онҳоро таҳлил медиҳад; ба занбӯргазида бибан-
данд, дардашро таскин медиҳад ва намегузорад, ки
варам оварад; ба зону бибанданд, варамашро мегар-
донад; ба озахҳо гузошта банданд, онҳоро хушк кар-
да мерезонад; агар инро бо асал сиришта гузошта
банданд, варамҳои сардро дафъ мекунад; бо гули бо-
буна ва гӯгирд даромехта гузошта банданд, истисқо
(водянка)-ро дору мешавад; бо заъфарон хамир сох-
та гузошта банданд, пучак, чиртак ва ҳамчунин реш-
ҳоро мекафонад; бо орди боқило хамир карда бибан-
данд, варами пистонро таҳлил медиҳад; бо оби пиёзи
ансул — шукуфаҳои пӯст, решҳои сар ва гирдак-гир-
дак мӯйрехтаи сар ва ришро шифо мебахшад.
Саргини ҳар як навъи говро занони ҳомила ба зе-
ри ноф гузошта банданд, бачаи онҳоро, ки мурда бо-
шад, аз шикам меафтонад ва агар як муддат гузошта
банданд, бачаи зиндаро ҳам дар шикам мекушад; ба
зери ноф ва тиҳигоҳ (холияки паҳлу) гузошта бан-
данд, иллати қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои
ғафс аст, ба ибро меоварад, бигузор он агарчи аз
ҷамъ шудани бод содир шуда бошад ҳам—дафъ ме-
кунад; ба мақъад бигузоранд, дард ва варами онро
190
шифо мебахшад; бо равған хамир сохта гузошта бан-
данд, ниқрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту
поҳо мебошад, дору мешавад.
Саргини хушки говро сӯхта, занҳои ҳомила дудаш-
ро ба миёни поҳои худ бигиранд, зойиданро осон ме-
кунад.

64. Муми занбӯри асал

Ин ҷирми хонаи занбӯри асал аст, ки асалро дар
он ҷамъ мекунад. Он се навъ аст: 1. Он аст, ки зан-
бӯри асал асалро дар он ҷамъ мекунад. Ранги ин мум
моил ба сурхию зардӣ, мулоим, чарб ва хушбӯ мебо-
шад, инчунин аз нави он бӯйи асал меояд. 2. Он аст,
ки пардаҳои даҳани хонаи худро аз он месозад ва
дар он асал намебошад. Ин дар хубию бадӣ миёнаҳол
аст. 3. Он аст, ки бо номи таслит машҳур мебошад —
он чизи сиёҳранг аст, ки бар кур (хонаи занбӯр)-и худ
мемолад. Ин дар давогӣ бадтар аз дигарҳояш мебо-
шад. Инро ба русӣ прополис меноманд.
Мизоҷи муми занбӯри асал қариб дар дараҷаи
дуввум гарм ва дар тарӣ мӯътадил аст. Қувваташ то
сӣ сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он
таҳлилдиҳандаи варамҳо ва моддаҳои ғафс дар ба-
дан; пазонандаи моддаҳои нодаркор ва тайёркунанда
барои хориҷ шудан аз бадан ва мулоимкунандаи асаб-
ҳост; ислоҳкунанда ва нигоҳдорандаи хислати даво-
ҳо дар марҳамҳо мебошад.
Ду грамми онро ба андозаи донаи гандум реза-
реза карда, дар равғани кунҷид ҳал намуда бинӯшанд,
ваҳмҳои ботинӣ (аз ҷумла захми меъда ва шуш),
харошида шудани рӯдаҳо ва исҳоли кӯҳнаро шифо
мебахшад, инчунин заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад;
дарди даруни узвҳои сина, сурфа ва силро даво ме-
бошад, шири дар ҳар ҷойи бадан шахшударо таҳлил
медиҳад ва дафъ месозад; дарди гулӯ ва забончаи
ҳалқро ба ибро меоварад, овозро соф мекунад.
Агар ин мумро сӯхта, дудашро бигиранд, беморони
табро арақ меоварад, бӯйи мурдори ҳавои вабоиро
дафъ мекунад, бадбӯйии биниро нест мегардонад, азия-
ти бӯйи мурдор ва қабристониро ислоҳ мекунад.
Агар инро дар равғани гулисурх ё дар равғани
191
зайтун гудохта, бо он ҳуқна (клизма) кунанд, барои
харошида шудани рӯдаҳо бағоят фоида дорад.
Инро бо равғани бунафша даромехта бимоланд,
дағалии узвҳои даруни сина ва дигар дағалиҳои ба-
данро дафъ месозад, варамҳоро мепазонад, барои хо-
риш ва қӯтур дору мешавад ва даҳани захмҳоро ва-
сеъ карда, барои хориҷ шудани чирк ва рими онҳо
шароит пайдо менамояд; захми заҳри тири заҳрнокро
дафъ мекунад.
Мумравғанро, ки бо равғани савсан ё савсани са-
фед тайёр карда шуда бошад, ба рухсора бимоланд,
ранги рӯйро сурх ва соф мегардонад, доғҳои кунҷи-
дакро дафъ месозад, асабҳои сахтгаштаро мулоим ме-
кунад. Агар ин мумравғанро аз муми зард ё сурх бо
равғани савсан ё равғани гулисурх тартиб дода, се
ҳафта дар офтоб гузошта, баъд бимоланд, варамҳои
паси гӯш ва каши онро таҳлил медиҳад ва моддаҳои
ба он варамҳо рехташавандаро манъ мекунад.
Муми занбӯри асалро батанҳоӣ варақ сохта, бар
пистони занҳо гузошта банданд, шах шудани ширро
дар он манъ мекунад ва агар ба асабҳои шахшуда ва
варамҳо гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад ва
мулоим мегардонад.
Ин мумро реза-реза карда, бо кӯфтаи зардчӯба
даромехта, дар халтача андохта, бо равғани кунҷид
гарм карда, бо он гармбандӣ намоянд, варам ва бод-
ҳоро таҳлил ва дардҳоро таскин медиҳад.
Вале хӯрдани ин мум иштиҳоро мебандад ва дар
узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Давои ин за-
рарҳояш нон хӯрдан ё бо нон хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин дар як рӯз то 1,75
грамм аст. Ба ҷойи муми занбӯри асал орди боқилоро
бихӯранд, раво мебошад.
Агар хонаи занбӯри асалро сӯхта, ба зарфе бимо-
ланд ва он зарфро дар оби баҳр ё оби талх бигузо-
ранд, оби ширинро ба худ мекашад.
Барои дору муми занбӯри асалро сафед карда,
баъд истеъмол менамоянд. Тарзи сафед кардани ин
мум чунин аст, ки мумро гудохта, дар оби хунук ан-
дозанд ва чирки онро, ки дар зери он об ҷамъ ме-
гардад, ҷудо кунанд ва ҳамин амалро такрор намо-
янд, хуб аст. Баъд онро дар деги сафоли нав гузошта,
аз болояш оби дарёи шӯр ба он рехта (агар оби
дарёи шӯр муҳайё набошад, намакоб рехта), андак
192
танакори арманӣ дар он дохил карда, то гудохта шу-
дан дар оташ гузоранду баъд, аз оташ фурӯд оварда,
деги сафолини дигари хурдтареро, таги онро тар кар-
да, дар он деги калон фурӯ баранд, то ки мум бар он
бичаспад. Баъд ин дегчаи сафолинро аз он бардоранд
ва сонӣ баъд аз хунук шудани он мумро ҷудо карда
бигиранд. Ҳамин тавр он дегчаро боз дар он деги ка-
лон фурӯ баранд ва ҳамин амалро чанд мартаба так-
рор намуда, мумро ҷудо намоянд. Баъд мумҳоро қурс
сохта, ба ришта кашида, чанд рӯз дар офтоб биёве-
занд ва ба он дафъа ба дафъа оби хунук бипошанд
ва чанд шаб ба моҳтоб овезанд, то он ки мум сафед
шавад. Сонӣ ин муми сафедро барои бемориҳои дар
боло номбаршуда ҳамчун даво ба кор баранд.
Амали дигари сафед кардани ин мум чунин аст.
Мумро дар зарфе андохта, оби ҷӯшон ба он бирезан-
ду муттасил биҷӯшонанд, то ки мум сафед гардад.

65. Панир

Панир дар вақташ ин тавр тайёр карда мешуд. Ба
шир панирмоя мезаданд, баъд он монанди ҷуғрот ғафс
мегардад. Сонӣ онро намак зада, дар халтачаҳои мат-
луб андохта, даҳани онҳоро маҳкам баста, зери санг
ё чизи дигари вазнин муддате мегузоранд. Дар нати-
ҷаи фишор хӯрдан обияти он ҷудо шуда, сахт ва па-
нир мешавад. Агар намакин кардан хоҳанд, боз аз
болояш намак зада, таъмашро шӯр сохта, баъд барои
истеъмол тайёр мекарданд.
Мизоҷи панири нав тайёр кардашуда дар дараҷаи
дуввум сард ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани панир меъда,
рӯдаҳо ва гурдаҳоро қувват мебахшад (модоме ки
гурда қавӣ бошад, дар он санг пайдо намешавад), да-
рунро мулоим месозад; агарчи панир дерҳазм ҳам, ки
бошад, дар бадан моддаҳои солим пайдо мекунад ва
баъд аз ҳазм ёфтан зуд ба узвҳои бадан мегузарад.
Агар панирро бо мағзи чормағз ва гиёҳи кокутӣ даро-
мехта бихӯранд, баданро бағоят фарбеҳ мегардонад,
пӯстро мулоим мекунад.
Панирро пухта, баъд кабоб карда бихӯранд, исҳо-
ли сафровиро манъ мекунад.
Панирро варақ карда, ба чашм гузошта банданд.
193
нуқтаҳои сурхаки хунини дар чашм афтода ва дарди
чашмро дафъ мекунад.
Чун панирро дар об ҷӯш диҳанд ва он обро зани
бачамакон бинӯшад, шираш зиёда мегардад; агар
касони дигар бинӯшанд, намегузорад, ки реш ва захм-
ҳои рӯдаҳо варам кунанд. ,
Панир ба одамони сардмизоҷ зарар мекунад, иш-
тиҳои онҳоро мебандад; агар баъд аз хӯрдан ҳазм
наёбад, боиси пайдо шудани гиреҳ, қулинҷ (колит),
иловус (варам ва дарди рӯдаҳои борик) ва торикии
чашм мегардад. Дар ин ҳолат асал, наъно ва кокутӣ
бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Мизоҷи панири намакин (брынза) ва кӯҳнаи он дар
дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Агар ин навъашро
бихӯранд, балғамро пароканда месозад, иштиҳо ва
рӯдаҳоро қувват мебахшад, рутубатҳои нодаркори ба-
данро хушк месозад. Агар инро бо асал хамир сохта
гузошта банданд, пучакҳоро мекафонад ва милкаки
нохунро шифо мебахшад. Агар бо равғани зайтун да-
ромехта гузошта банданд, буғумҳои шахшударо ислоҳ
мекунад, решҳои раддии бадфиолро шифо мебахшад.
Агар бо оби борон сиришта пай дар ҳам гузошта бан-
данд, аз мағзи буғумҳо чизи гаҷмонандро кашида бе-
рун мекунад бе ҳеҷ гуна дард. Агар бо навшодир кӯф-
та гузошта банданд, доғҳои кунҷидакро дур месозад,
қӯтури пӯстро шифо мебахшад. Агар бо пудинаи кӯҳӣ
(кийикӯтӣ) кӯфта гузошта банданд, заҳрҳои ҷонваро- 1
ни нешдорро аз бадан дафъ менамояд.
Вале хӯрдани ин гуна панир дар бадан моддаҳои
сафровиро пайдо мекунад, ташнагӣ меоварад, хориши
пӯст ва қӯтурро ба амал меоварад. Бо вуҷуди гармии
мизоҷаш ба одамони сардмизоҷ зарар мекунад, зеро
ки муқовамати бадани онҳо нисбатан суст аст; низ ба
онон, ки узвҳои дохилиашон гиреҳ доранд, зиёнкор
аст; баданро лоғар мегардонад, дар гурда, хичак (пе-
шобдон) ва дигар узвҳо санг пайдо менамояд. Барои
он ки ин қабил зарарҳояш зоҳир нагарданд, бо мағзи
чормағз бихӯранд ё баъд аз он ин мағзро бихӯранд,
кифоя аст, ки безарар гардад.
Агар панир бисёр кӯҳна шуда бошаду бихӯранд,
баданро заҳролуд месозад.
Агар ин ба одамони гарммизоҷ зарар кунад, мева-
ҳои обдор ва туршиҳо истеъмол намудан лозим аст.
Панири ғайри чакидаро, яъне паниреро, ки обашро
194
фишурда берун накарда бошанд, бихӯранд, хоб ме-
оварад, барои табҳои диқ (лоғаркунанда), сил, тафси
меъда даво мешавад, хушкӣ ва шахшӯлии пӯсти ба-
данро ба ислоҳ меоварад, васвосро дафъ месозад; ба-
рои бемориҳои сафровӣ ва тафсидани хун нафъ дорад.
Вале ин ба одамони сардмизоҷ зарар дорад, бемори-
ҳои сард ва тарро ба зуҳур меоварад ва дар гурдаву
хичак санг пайдо мекунад.

66. Шапуш

Ин ҷонвар дар бадани инсон ва ғайри инсон пайдо
мегардад. Ду навъ аст: Якеашро, ки сиёҳ ва ба ран-
ги мӯй аст, пойҳои бисёр дорад, дар бехи муйҳои ҷо-
ҳои гуногуни бадан ними баданашро фурӯ бурда, зин-
дагӣ ба сар мебарад. Модаи ин навъаш дар ҳаҷм зиё-
да аз нари он аст. Ин қисмашро ба арабӣ қамқом ме-
номанд. Навъи дуввумаш дар ҷоҳои дигари бадани
инсон ба ҳам мерасад, ки инро ба арабӣ қамл ва ба
тоҷикӣ шапуш меноманд. Дар тиб ҳамин навъаш, ки
дар бадани инсон пайдо мешавад ва шаш дасту пой
дорад, ба кор меравад. Ин аксар аз моддаҳои мурдо-
ри нодаркори бадан ба амал меояд, хоҳ он моддаҳо
чирки раддӣ бошад, ё дигар моддаҳои касофати дар
бадан ҷамъшаванда ба зуҳур мепайвандад.
Агар шапуш дар бадан бисёр гардад, бадан лоғар
мегардад, вале аз покӣ ин кам мешавад.
Хислатҳои шифобахши он: чун шаш адад шапуши
зиндаро дар сӯрохи боқило гузошта, ҳар дуро якҷо
фурӯ баранд, таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад.
Чун як адади онро дар сӯрохи закар гузоранд, пешо-
би бандшударо мекушояд. Чун зани ҳомила онро дар
дасти худ бидорад ва бар он шир бидӯшад, агар баъд
аз он шапуш роҳ гардад ва ҳаракат кунад, он зан
ҳомила ба писар аст ва илло — ба духтар ҳомила ме-
бошад.
Шапуши зиндаро қапида партоянд, иллати фаро-
мӯшхотириро ба амал меоварад, балки бояд онро би-
кушанду баъд партоянд.
Агар шапушро бо оби зира бар бадани тифлони
нав зойидашуда бимоланд, дар тамоми умри онҳо дар
бадани онон шапуш пайдо намегардад.
Агар дар бадан шапуши бисёр пайдо шуда бо-
195
шад, илоҷи дафъ карданаш он аст, ки либосро ба си-
моб олуда бипӯшанд ё симоб бар бадан бимоланд, ё
симобро бо ҳино якҷо карда бимоланд, ҳамон дам
шапушҳо дафъ мегарданд.
Яке аз хосиятҳои шапуш он аст, ки ҳангоми наз-
дик шудани марги инсон аз он мегурезад.
Чун шапуши бисёрро ҷамъ карда, аз он елим со-
занд, аз ҳамаи елимҳои дигар қавитар ва часпандатар
мегардад.

67. Пешоб

Мурод аз ин пешоби инсон дар назар дошта меша-
вад.
Мизоҷаш гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: умуман ҳар як пешоби
ҳайвонотро ҷӯшонида ғафс гардонида, гузошта бан-
данд ё бимоланд, реш ва захмҳои бадфиол (злока-
чественные язвы) ва носурҳоро хушк мегардонад ва
сиҳат мебахшад. (Носур — захми беҳнашаванда).
Бо пешоби инсон бардавом бишӯянд, реш ва захм-
ҳои чуқур, шукуфаҳои пӯст, захмҳои обдор, решҳои
даванда, қӯтур, хориш, сабӯсаки сар, обила, решҳои
сар ва доначаҳои пуроби сар—ҳамаашро шифо ме-
бахшад ва инчунин намегузорад, ки решҳои бадфиол
зиёда гарданд. Пешоби инсонро бо танакори сурх си-
ришта, баъд бо он бишӯянд ё онро бимоланд, ба ҷо-
ҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй меруё-
над, доғи песро аз пӯст пок мекунад ва иллати пӯст-
партоиро ба ибро меоварад.
Агар пешоби худ ё тифлро биёшоманд, зарари ҳа-
вои мурдорро дафъ мекунад ва газидани ҷонварони
заҳрнок ва ё заҳр хӯрда бошанд, безарар мегардонад.
Агар мор газида бошад, ҳар рӯз ду каф аз пешоби
худ ё пешоби тифлро бардавом бинӯшанд, таъсири
заҳри онро батамом мешиканад.
Ҳар пагоҳ ба дили наҳор ду каф-ду каф пешоби
худро биёшоманд, сипурзро то ба ҳадде пок мегардо-
над, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад. Ё ки ҳар
рӯз ҳамин миқдор пешоби худро бо ним вазни он оби
барги бодиринг бинӯшанд, сипурзро пок мегардонад;
агар тавонанд пеш аз нӯшидан қадаре роҳ рафта,
хаста гашта, баъд бинӯшанд, дар ин бобат беҳтар аст.
196 ;
Бо пешоби гарм мақъадро (махраҷгоҳро) бишу-
янд, варами онро таҳлил медиҳад. Агар бо он ҳуқна
(клизма) кунанд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.
Пешобро дар пӯсти анор гарм карда, дар гӯш ча-
конанд, кирми онро мекушад.
Пешобро, ба чашм бимоланд, обравии муттасил,
дард ва торикии чашмро дафъ мекунад. Агар дар на-
тиҷаи захм пайдо шудан ба чашм гул афтода бошад,
пешобро дар зарфи мис бо асал ҷӯшонида, ба чашм
бимоланд, онро пок мекунад.
Хокистари токро бо пешоб хамир карда, гузошта
банданд, хунравиро аз ҳар як узве, ки бошад, қатъ
мекунад.
Пешоби тифли ноболиғро биёшоманд, барои душ-
вории нафасгирӣ, нафаси роста (ростнафас) даво ме-
шавад. (Ростнафас — чунон аст, ки бемораш хоб кар-
да нафас гирифта наметавонад, фақат нишаста сар
боло дошта ё дар ҳолати хестаги метавонад нафас би-
кашад).
Кафки пешобро ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк
карда мерезонад.
Хислатҳои дигари пешоби инсон дар боби «Инсон»
зикр ёфт.
Пешоби модагов бағоят поккунанда аст, онро би-
моланд захм ва решҳои кӯдаконро шифо мебахшад ва
бо он бишӯянд, захмҳои беҳнашавандаро ба ибро ме-
оварад. Пешоби барзаговро аз рӯ бимоланд, дарди
меъдаро, ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад, бавосир-
ро дафъ мекунад. Ва агар инро бо сирко даромехта
бимоланд ё даҳанро бо он чайқонанд, дарди дандон-
ро сокин мекунад. Агар кӯфтаи хардалро (горчицаро)
миқдоре дар пешоби барзагов андохта, баъд бо он
бишӯянд, карахтии узвҳоро дафъ мекунад.
Пешоби хукро ба чашм бимоланд, гули чашмро
пок мекунад. Ва агар биёшоманд, санги гурда ва хи-
чакро майда карда мерезонад.
Пешоби шутурро биёшоманд, варами ҷигарро таҳ-
лил медиҳад ва гиреҳи онро мекушояд ва истисқоро
(водянкаро) дафъ мекунад, сахтии сипурзро ба ислоҳ
меоварад, боҳро қавӣ мегардонад, бемориҳои сарди
узвҳои дохилиро шифо мебахшад. Агар дар гӯш чако-
нанд, захм ва ҷароҳати онро беҳ месозад.
197

68. Шутур

Ин ҳайвон зирактар аз ҳайвоноти дигар аст. Агар
ба ӯ ранҷ расад, дастрас бошад, барги балут ва чун
онро мор газад, харчанг ёфта мехӯраду худро табобат
мекунад — ин албатта дар он ҷоҳое воқеъ мешавад,
ки ин чизҳо мавҷуд бошанд.
Беҳтарини шутур яксолаи фарбеҳи он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар аввали
дараҷаи саввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти он боҳро
қувват медиҳад ва узвҳои баданро мустаҳкам меку-
над, олати мардиро башиддат ба ҳаракат меоварад;
барои таби дурӯздармиёнгиранда, ирқуннасо (радику-
лит), дарди сурини кӯҳна, зардпарвини сиёҳ ва сӯзи-
ши пешоб (сӯзок) дору мешавад.
Гӯшташро сӯхта, бо сирко ё бо шароб сиришта, ба
шукуфаҳои пӯст бимоланд, шифо мебахшад.
Ҳангоми кушта шудани шутур шушашро гармогарм
бимоланд, доғи кунҷидакро нест мекунад.
Ҷигарашро ба чашм бикашанд, зардоби ба гавҳа-
рак фуромадаро, ки чашмро нобино мегардонад, дафъ
месозад ва чашмро қавӣ мегардонад.
Равғанашро бимоланд, барои бавосир фоида меку-
над. Агар инро дар ҳар чое, ки нигоҳ доранд, мор аз
он ҷо мегурезад.
Агар шушашро бардавом бихӯранд, кӯр мекунад.
Мағзи устухони соқашро ба пашм олонда, баъди
пок шудан аз ҳайз занҳо се рӯз пай дар ҳам аз таг
бардоранд, барои ҳомила шудан кӯмак медиҳад.
Саргини хушкашро дар об тар карда, он обро дар
бинӣ резанд ё он саргини таршударо дар бинӣ пур
кунанд, хуни биниро манъ мекунад; ва агар он сар-
гинро бо давоҳои муносиб якҷо карда бихӯранд, ба
иллати саръ (припадка) шифо мебахшад. Агар сар-
гини нави онро гузошта банданд, барои ханозер (хук-
гардан) ва обилаву донаҳои бар бадан даманда дору
мешавад. Ва агар инро бимоланд, озахҳоро хушк кар-
да мерезонад.
Кӯҳонашро бихӯранд, бачадонро аз чизҳои зарар-
нок пок месозад, хуни бавосирро қатъ мекунад ва ҷо-
ҳои кафидаи пӯстро ба ҳам меоварад.
Ширдони бачаашро, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бо-
шад, бихӯранд, боҳро бағоят қавӣ мегардонад, олати
198
мардиро ба ҳаракат меоварад, агар ахлоти манӣ шах
шуда бошад, мегудозад ва агар рақиқ (суюқ) бошад,
ғафс мегардонад; баданро фарбеҳ мекунад.
Кафки даҳани онро ҳангоми мастии он бошад,
биёшоманд, девона мекунад.
Оби пудинаро дар бинии шутур бичаконанд, мас-
тиаш барҳам меравад.
Шири шутурро бинӯшанд, барои истисқо дору ме-
бошад, хусусан бо пешоби он якҷо карда бинӯшанд,
таъсираш қавитар мегардад. Агар пешобашро батан-
ҳоӣ биёшоманд, низ ин иллатро ба ибро меоварад, пе-
шобро башиддат меронад, зардобро аз бадан дафъ
мекунад; барои сурфа, зуком, варами ҷигар, истисқо,
зардпарвин, кушодани гиреҳҳои ҷигар даво мешавад;
боҳро қувват мебахшад ва мастиро ба зудӣ дафъ ме-
кунад. Агар онро бибӯянд, бастагии сӯрохи биниро
мекушояд, хашмро дур месозад. Агар ин пешобро гарм
карда, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад
ва гаронии гӯшро дафъ мекунад.
Пешоби шутурро бо ҳазориспанд якҷо ҷӯшонида,
кам-кам ва бардавом бирезанд, ниқрисро, ки дард ва
варами ангуштони дасту поҳо мебошад, фолиҷ (шал
шудани нимаи бадан ба дарозӣ)-ро шифо мебахшад,
узви карахтро ба ҳис меоварад ва варамҳоро таҳлил
медиҳад.
Пашми маҳини шутурро ос карда бипошанд, захм-
ҳоро пок намуда ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда си-
ҳат мекунад. Агар инро сӯхта бипошанд, хуни ҷаро-
ҳатро манъ месозад; агар ин сӯхтаро дар бинӣ бире-
занд, хуни биниро мебандад. Мӯйи шутурро ба рони
чап бибанданд, беихтиёр равон шудани пешобро ислоҳ
мекунад.
Канаи шутурро ба остини каси ошиқ бибанданд,
ишқаш барҳам мехӯрад.
Чун гандумро ба арақи шутур тар карда, ба ҳар
як паранда ва мурғ бихӯронанд, беҳуш мегардад ва
агар ба кафки даҳанаш тар карда бидиҳанд ҳам, ҳа-
мин гуна асар дорад.
Гӯшташ душворҳазм, инчунин дар ҷигар ҳам носа-
ра ҳазм меёбад, вазнин ва аз хӯрдани он хуни савдо-
вӣ ҳосил мегардад. Дар ин маврид агар онро бо на-
мак ва шибит муҳарро пухта, бо равғани зайтун ҷӯ-
шонида, мурч ва зираи сиёҳ дохил карда, бо каме
хардал (горчица) бихӯранд, хислатҳои бадаш ислоҳ
199
меёбанд. Ва баъд аз хӯрдани гӯшти он сиркои холис,
обкома ва сиркои кавар бихӯранд, барои одамони
гарммизоҷ сазовор аст. Ва одамони мизоҷи сарддош-
та, агар буғумҳояшон дардманд набошанд, бо мураб-
бои занҷабил бихӯранд, безарар мегардад.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!