Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 50-59

50. Мурғобӣ

51. Гов

52. Тухми мурғ

53. Малах

54. Хун

55. Мағзи сар

56. Калла

57. Маска

58. Равғани зард

59. Мӯй

50. Мурғобӣ

Мафҳуми калимаи «мурғобӣ» ҳамаи паранда ва
мурғҳои шинокунандаро мефаҳмонад, масалан: ғоз,
ӯрдак, чирак ва ғайра. Лекин мо дар ин ҷо ӯрдакро,
ки фақат як қисми тоҷикон мурғобӣ меноманд, дар
мадди назар дорем. Ин ба ҳама маълум аст, ки ин
мурғ навъҳои аҳлӣ ва ваҳшӣ низ дорад.
Мизоҷи мурғобии аҳлӣ, яъне хонагӣ гармтар аст
аз ҳамаи парандаҳои хонагӣ умуман.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ серғизо, дерҳазм
ва бодҳоро аз бадан дур мекунад, вале бинобар бад-
ҳазм буданаш шикамро дам менамояд. Хӯрдани бозу-
ҳои он баданро фарбеҳ мегардонад, равғани гурдаро
меафзояд, яъне гурдаро фарбеҳ мекунад; зимнан қайд
намоем, ки агар гурда фарбеҳ бошад, дар он санг пай-
до намешавад; қуввати боҳро зиёда месозад, вале ху-
ни ғафс пайдо мекунад, зуд бадбӯ мешавад, дар ода-
мони фишори хунашон баланд дарди сар меоварад;
агар ҳазм гардад, дар бобати барангехтани қуввати
боҳ беҳтарини гӯштҳост, моддаҳои маниро афзун месо-
зад ва қувватҳои дигари баданро меафзояд. Агар ҷи-
гарашро, хусусан бозуҳояшро бихӯранд, хуни солим
пайдо мекунад, дилтапак (дилбозӣ)-ро фоида мебах-
шад, овозро соф мегардонад.
Агар гӯшташро бо намак кӯфта, гузошта банданд,
озахро хушк карда меафтонад.
Равғанаш беҳтарини равғанҳост. Мизоҷаш гарм,
форам, варамҳоро таҳлил медиҳад ва зуд таъсир ме-
бахшад.
Мағзи сарашро гузошта банданд, варамҳои мақъ-
адро мегардонад. Агар инро бо орди боқило хамир
карда, аз рӯ бар дил гузошта банданд, тапидани дил-
ро ислоҳ месозад; ба пистон гузошта банданд, варами
онро таҳлил медиҳад, низ ба варамҳои дигари сард
гузошта банданд, дарди онҳоро сокин мегардонад.
Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои зикрёфта фои-
да дорад; сурфа, хушкии узвҳои даруни сина, дағалии
165
овоз, сӯзиши рӯдаҳо ва дардҳои онҳо ва дигар дард-
ҳоеро, ки дар рагҳои борики бадан пайдо шуда бо-
шанд— ҳамаашро дафъ мекунад. Инчунин молидани
он ва бо гудохтаи он дар равғанҳо ҳуқна (клизма)
кардан барои бемориҳои мазкур фоидабахш аст.
Тухми он ғализ, дерҳазм ва ҳамчун ғизо заифтар
аз тухми мурғ аст. Аммо барои ислоҳи лоғарии бадан,
сурфа ва дарди узвҳои даруни сина давои хубест;
агар инро бо кӯфтаи каҳрабо сиришта бихӯранд, раф-
тани хунро аз дарун ва рафтани дарунро умуман манъ
мекунад. Бирёнкардаи инро бо судоб ва равғани зай-
тун даромехта, ба кӯдак бихӯронанд, зуд ба забон ме-
ояд, яъне ба зудӣ забонаш бармеояд.
Пӯсти тухмашро бо марворид, шакар ва навшодир
монанди гард ос карда, ба чашм бипошанд, барои дур
кардани гули чашм хуб таъсир мебахшад.
Сангдони он дерҳазм ва аз бадбӯ шудан дур аст,
вале агар ҳазм ёбад, меъда ва дигар узвҳои дарунро
қувват мебахшад.
Хокистари пару боли онро гузошта банданд, хано-
зерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад,
Мизоҷи саргинаш бисёр гарм аст ва барои дафъ
кардани доғҳои кунҷидак ва ханозер даво мебошад.
Гӯшти мурғобӣ дерҳазм аст, дар одамони фишори
хунашон баланд дарди сар меоварад. Агар онро бо
сирко, занҷабил, сиканҷабин ва давоҳои гарми монан-
ди судоб, карафс ва пудина пухта бихӯранд, форам
мешавад. Ва агар бирён карданӣ бошанд, дар миёни
он пиёз ва дигар давоҳои номбурда ҷо кунанду бо рав-
ғани зайтун ва дигар равғанҳо сиришта созанд, хуб
аст. Ва агар аз он шӯрбо тайёр карданӣ бошанд, дар
даруни он кашниз, карафс, судоб, пиёз ва як-ду дона
сири хушк гузоранду бо нахӯд, гандано ва дорчинӣ
бипазанд, хуш аст. Ба ҳар ҳол агар хуб ва муҳарро
пухта шавад, бӯйи ботлоқу лой аз он дур мегардад.
Равғани мурғобӣ барои дардҳои буғумҳо фоида до-
рад.
Азбаски гӯшти ин мурғ бӯйи нохуш дорад, баъди
куштан бо пару болҳояш ду-се соат дар замин гӯр ку-
нанд ва баъд бароварда аз пару бол ва дигар чиз-
ҳои нодаркораш пок намоянд, пас гӯшташро ду-се ҷӯш
дода, он обро рехта партоянду андак пиёзро варақ-ва-
рақ реза карда дохил намоянд ва бо хӯришҳои дигар
ва ғайра бипазанд, мувофиқи табъ мегардад.
166

51. Гов

Ин ҳайвон маълум аст.
Мизоҷи гӯшти гови зиёда аз яксола гарм ва хушк
аст, вале гармиаш аз гӯшти шутур камтар ва дар хуш-
кӣ аз гӯшти буз хушктар аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ бадҳазм, ғализ
ва аз хӯрдани он хуни ғафси савдовӣ ҳосил мешавад,
бемориҳои савдовиро, монанди: саратон, махав, вара-
ми сипурз, филпо, даволӣ (ғафс ва барҷаста гаштани
рагҳои варидии пой), доғи сафеди пӯст, қӯтур, шуку-
фаи пӯст, васвос, таби дурӯздармиён ва монанди ин-
ҳоро пайдо мекунад; инчунин бардавом бихӯранд, ба
ҳамаи буғумҳои бадан зарар дорад, иллати ирқунна-
соро (радикулитро) бадтар мекунад; ҳайз ва зойидани
занҳоро пеш аз вақт қатъ мегардонад; иллати қӯтур
ва хориши баданро ба амал меоварад; ба сабаби пай-
до кардани гиреҳ ва бухори ғализи бадбӯй, ки ба дил
ва майна мебарояд, бадахлоқӣ меоварад. Азбаски на-
соро (христианҳо) ҳангоми хӯрдани гӯшти гов аз бо-
лояш май меошоманд, инак, онро ҳазм менамояд ва
қувваташро низ боқӣ медорад. Вале касе, ки майхӯр
нест, набояд истеъмол фармояд, бояд ки гоҳ-гоҳ давои
дафъкунандаи хилти савдо истеъмол намояд, то ки
баданаш аз моддаи савдои зарарнок пок шавад. Инчу-
нин давоҳои пешоброн нанӯшад ва аз ошомидани ша-
робҳо, обҳои вазнии найзор ва обҳои истода худдорӣ
намояд, чун сӯзиш ё тафсеро дар бадани худ эҳсос
кунад, сирко бинӯшад ё ҳангоми пухтани гӯшти гов
дар масолеҳи хӯрок сирко дохил намояд. Инашро ҳам
бигӯем, ки сирко ба он ҳамроҳ гашта, барои пайдо
шудани хилти савдо мадад мерасонад.
Таъми гӯшти гов лазиз мебошад, барои одамони
бо меҳнати ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, инчунин
барои одамони иллати дабба (ҷурра) дошта мувофиқ
ва форам аст, бадани онҳоро фарбеҳ ва қавӣ мегар-
донад, сафрои рақиқро (суюқро) қатъ мекунад, вале
бадбӯкунандаи хун аст. Беҳтарини он гӯшти гӯсолаи
фарбеҳи хушмизоҷ аст ва аз гӯсолаи зард бошад, боз
ҳам хубтар аст. Беҳтарин вақти хӯрдани гӯшти ин
ҳайвон фасли баҳор аст.
Бадтарини ин гӯшти гови пир, лоғар ва дардманд
аст.
Чун аз гӯшти он бо сирко шӯрбо пухта бихӯранд,
167
аз меъда ва ҷигар рехтани моддаро манъ менамояд.
Равғанашро батамом ҷудо карда, баъд гӯшташро бо
сирко шӯрбо пухта бихӯранд, намегузорад, ки модда-
ҳои сафровӣ ба меъда, ҷигар ва рӯдаҳо рехта шаванд
ва дар бадан паҳн гаштани онро монеъ мешавад;
зардпарвин ва равон шудани сафроро дафъ мекунад
ва исҳоли сафровиро банд месозад.
Чун одамони сардмизоҷ ва меъдаашон заиф инро
истеъмол карданӣ шаванд, бояд ки онро хуб муҳарро
бипазанд, бо сирко ё сир, асал ва дигар шириниҳо, ки
ба ғайр аз хурмо бошанд, ҳамроҳ карда бихӯранд. Аз
болои гӯшти гов хардал (горчица) хӯрдан бисёр хуб
аст, вале аз болои гӯшти гов оби хунук нӯшидан бад
аст ва фақат баъд аз холӣ шудани шикам мумкин аст
об бинӯшанд.
Чун гӯшти беравғани говро бирён кунанд, он обе-
ро, ки дар вақти бирён шудан ҷудо мешавад, гириф-
та, нимгарм дар гӯш чаконанд, кирми онро мекушад,
агар ба сӯхтагии оташ бимоланд, намегузорад, ки оби-
ла кунад.
Зарари гӯшти говро мурч, дорчинӣ, занҷабил ва
муҳарро пухтани он ислоҳ мекунад. Чун дар вақти
пухтани он камтар пӯчоқи харбузаро дар дег андоз-
анд, муҳарро ва лазиз мегардад. Зарари гӯшти гӯсо-
ларо ҳаммом кардан ва риёзат ё варзиш ислоҳ ме-
кунад.
Каллаашро пухта бихӯранд, табро дафъ мекунад
ва қуввати боҳро меафзояд. Чун пеш аз баромадани
офтоб майнаи онро ба доғи пес бимоланд, онро аз пӯст
пок месозад.
Мизоҷи шохаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар
саввум хушк аст. Чун шохи гови нарро хушк карда, бо
сӯҳон тароша намуда, хусусан аз нӯгҳои он ба миқдо-
ри 4,5 грамм онро бо оби сард биёшоманд, хуни би-
ниро манъ мекунад. Устухони биниаш ва шохи сӯхтаи
он барои таскини дард ва ҷило додани дандонҳо фои-
дабахш аст. Агар 9 грамми онро бо асал бихӯранд,
кирмҳои кадудонаро аз шикам дафъ менамояд. Чун
ҳар рӯз 2 грамм аз шохи сӯхтаи он бо сиканҷабин
(сиркоасал) биёшоманд, инак бо ин мудовамат намо-
янд, варами бузурги сипурзро таҳлил медиҳад, қувва-
ти боҳро бармеангезад. Агар сӯхтаи инро ба решҳои
хӯранда бипошанд, намегузорад, ки онҳо зиёд гар-
данд.
168
Шохи барзаговро бисӯзанд, ҷонварони газанда ва
заҳрнок аз он ҷо мегурезанд. Агар аз шохи чапи он
ангуштарин сохта, ба ангушти дасти чап бигузоранд,
иллати саръ (припадка) ва саръи тифлонро нафъ до-
рад.
Мизоҷи заҳраи он қариб дар дараҷаи чорум гарм
ва хушк аст. Хушки онро маҳин ос карда, чун сурма
ба чашм кашанд, гули чашмро пок мегардонад. Заҳ-
раи барзаговро бо асал сиришта, чанд бор лесида би-
хӯранд, дарди гулӯ, хориши бадан ва нори форсӣ ном
реши бадфиолро шифо мебахшад. Заҳраи навашро бо
камтар асал даромехта, дар гӯш чаконанд, дарди он-
ро таскин медиҳад ва омадани римро аз он қатъ ме-
кунад. Аммо заҳраи онро бе асал истеъмол кардан
дуруст нест.
Заҳраи онро бимоланд, ҳамаи захмҳои баданро ши-
фо мебахшад, ба мақъад бимоланд, захмҳои онро
дафъ мекунад. Инчунин онро бо шири занон даромех-
та, дар гӯш бичаконанд, рими равонро аз он қатъ ме-
гардонад, агар бо оби гандано бичаконанд, ҷаранги
гӯшро дафъ месозад, инчунин ҳамаи садоҳои дар да-
руни гӯш шунидашавандаро нест мекунад.
Заҳраи барзаговро бо асал даромехта, бо он ғарға-
ра кунанд ё онро ба марҳамҳо дохил намуда гузошта
банданд, реши мӯҳликеро, ки ҷамра (карбункул) ном
дорад, шифо мебахшад ва намегузорад, ки вай бика-
фад. Чун худашро танҳо ба ҷойи газидаи ҷонварони
заҳрнок бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва зара-
рашро дафъ мекунад. Баъзе одамон миқдори ним
грамми онро ҳангоми заҳролуд шуданашон бо шилми
мисвок ва асал меошоманд. Онро бо асал даромехта
бимоланд, захмҳои хабисаро (раддии бадфиолро) ши-
фо мебахшад, дардашро ҳам таскин медиҳад; инчунин
захм ва дарди фарҷ, закар ва пӯсти хояҳоро дафъ ме-
кунад ва варами он узвҳоро таҳлил медиҳад.
Агар заҳраи барзаговро бо натрун (танакори сурх)
ва кӯфтаи булӯри бӯр хамир карда, ба доғи пес, қӯту-
ри тар, сабӯсаки сар, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари
пӯст гузошта банданд, ҳамаашро дафъ мекунад — си-
ҳат мебахшад.
Заҳраи барзаговро бо қивоми ҷадвор даромехта,
пахта ва ё латтаи покизаро ба он олонда, занҳо аз
таг бардоранд, ҳайзи бастаро равон мекунад ва бача-
донро аз моддаҳои бегона пок мегардонад.
169
Заҳраи барзаговро дар аввали баҳор ба танаи да-
рахти мевагӣ бимоланд, самари онро кирм намехӯрад
ва ба он кирм намеафтад.
Мизоҷи хуни барзагов бисёр гарм ва хушк аст.
Агар инро бо орди ҷав хамир карда, ба варамҳои
сахт гузошта банданд, онҳоро ба ислоҳ меоварад. Ва
агар хуни онро бо хуни ҳайз даромехта бимоланд, дар-
ди ниқрис (подагра)-ро, инчунин дарди буғумҳоро тас-
кин медиҳад. Хуни барзаговро ҳангоми гулӯ буридан
дарҳол 6 грамм бихӯранд, гулӯро хафа карда меку-
шад.
Пешоби барзаговро бимоланд, доғи кунҷидакро аз
рухсора дафъ менамояд ва агар инро бо сирко даро-
мехта, ба дандон бимоланд ё бо он даҳанро чайқо-
нанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Пешоби барзаговро бо испанд якҷо биҷӯшонанд
ва баъд бо он моеи ҳосилшуда узви карахтро бишӯ-
янд, ба ҳис меоварад — шифо мебахшад.
Чун тухми арпабодиёнро як шабонарӯз дар пешоби
гӯсола тар карда, баъд бароварда хушконида, маҳин
бикӯбанду ҳар рӯз мувофиқи бардошти табъ тановул
намоянд, истисқо (водянка)-ро шифо мебахшад.
Закари хушккардаи гӯсоларо кӯфта ё бо сӯҳон
тароша карда бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад ва
олати мардиро ба ҳаракат меоварад.
Хояи барзаговро хушконида, баъд бо сӯҳон таро-
шакардаи он ва ё равғани онро бихӯранд, барои сур-
фа, сустӣ ва захмҳои қасабаи шуш, захмҳои меъда ва
сустии он, инчунин барои сӯзиши пешоб (сӯзок) давои
аҷоибест.
Равғани барзаговро ба ханозер, реш ва ҷароҳатҳо
бимоланд, фоида дорад.

52. Тухми мурғ

Ин ҷо тухми мурғи хонагӣ дар назар дошта шуда-
аст, ки маълум аст. Беҳтаринаш он аст, ки дар ҳаҷм
калон ва ҳамон рӯз мокиёнаш зойида бошад. Ҳарорати
ҳаво бо мурури рӯзҳо онро палағда мекунад. Бинобар
ҳамин дар айёми тобистон дар намак нигоҳ доранд,
вайрон намешавад.
Мизоҷи зардаи он барои ҳамаи мизоҷҳои инсон
мувофиқ ва форам аст ва андак моил ба гармӣ мебо-
170
шад. Ва мизоҷи сафедааш дар дараҷаи дуввум сард
ва тар аст. Мизоҷи пӯсти берунаш дар дараҷаи дув-
вум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: зардаи онро нимбирён
карда ё нимпухта бихӯранд. дар бадан моддаҳои сара
пайдо мегарданд, ғизоияташ зиёда аст ва аз он саргин
кам ба амал меояд; дил, майна ва баданро қувват
мебахшад; қуввати боҳро меафзояд; ба даруни сина
фуромадани назлаҳои гармро манъ мекунад ва ҳоли
бади узвҳои даруни синаро ислоҳ месозад, инчунин
шахшӯлии он узвҳоро нест мегардонад; хун қай кар-
дан, дағалии рӯдаҳо, хичак ва меъдаро ба ибро мео-
варад; захмҳои гурда ва хичакро сиҳат мегардонад ва
касеро, ки аз хуни бисёр рафтан суст гашта бошад,
қавӣ мегардонад. Ва хӯрдани ин ба одамони савдо-
вимизоҷ форам ва мувофиқ аст.
Зардаи тухми мурғро дар зарфи чинӣ ё сафол бар-
ҳам зананд, яъне бикованд ва баъд дар зарфи мис ё
дигар, ки дар он об бошад, бияидозанду ҷӯш диҳанд
ва бикованд, то нимпухта гардад. Ин усул беҳтарин
тарзи пухтани он аст. Зеро ки зудҳазм, дар ғизоият
сара мебошад ва барои ҳалқ, сурфа ва хун қай кар-
дан даво мешавад, боҳро қувват мебахшад.
Агар зардаи хомашро бихӯранд, азияти газидани
морро дафъ мекунад, овозро соф мегардонад, инчунин
сӯзиши хичакро ба ибро меоварад. Ба ин тариқ, бис-
ёр хӯрдани зардаи тухми мурғ ба меъда зарар дорад,
дар гурда санг, доғи сафеди пӯст ва доғи кунҷидакро
пайдо мекунад.
Нимпухтаи онро ба тифлон ба ҷойи шир бихӯронанд,
раво мебошад.
Тухми мурғро то сахт шудан пухта бихӯранд, ху-
сусан дар мизоҷи одамоне, ки рутубат бисёр пайдо
мешавад, суст ҳазм мегардад ва иллати қулинҷ (ко-
лит)-ро пайдо мекунад. Дар ин маврид давоҳои гарм-
мизоҷ бихӯранд, газандаш ислоҳ меёбад.
Тухми нимпухтаро бо кӯфтаи тухми зағир бихӯ-
ранд, барои иллати зиқ-ун-нафас (бронхиальная аст-
ма) нафъ дорад; бо андак намак, мустако ва анзарут
бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад; бо татум, мозу
ва тухми мавизи ангур, инчунин бо ангур бихӯранд,
исҳоли сафровиро манъ мекунад.
Тухми мурғро дар сирко пухта бихӯранд, дарунро
171
мебандад ва намегузорад, ки моддаҳои ғайрӣ ба меъ-
да рехта шаванд.
Тухми хоми мурғро бо равғани гулисурх ва кӯфтаи
бобуна даромехта гузошта банданд, варамҳои чашм,
хояҳо ва мақъадро таҳлил медиҳад. Инро бо мумрав-
ған даромехта гузошта банданд, варамҳоро мегардо-
над, асабҳоро мулоим месозад,
Тухми мурғро пухта, бо равғани гулисурх ва орди
ҷав даромехта, ба пешонӣ бимоланд, фуромадани наз-
лаҳоро манъ мекунад, луққос зада дард кардани
чашмро шифо мебахшад; варами бавосир ва мақъад,
инчунин луққос зада дард кардани ин узвҳоро ба ис-
лоҳ меоварад. Агар инро бо асал сиришта бимоланд,
доғи кунҷидак ва доғҳои сиёҳро аз пӯст дафъ мекунад.
Агар танҳо худашро бимоланд, кафидан ва тарқидани
узвҳои поёни баданро ба ҳам оварда сиҳат менамояд.
Чун 5—6 адад зардаи тухми мурғро бо зираи сиёҳ
ва гули бобуна маҳин кӯфта, бо ҳам сиришта, ба кар-
боси обнарасида молида, гарм карда, ба камар бичас-
понанд, дарди миёнро таскин медиҳад ва миёнро
қувват мебахшад. Агар ин зардаи тухмро ба карбосе,
ки миёнаҷояшро гирдак сӯрох карда, молида, баъд
гарм карда, ба варам ва ё ба пучак бичаспонанд, он-
ҳоро пазонида мекафонад.
Хӯрдани зардаи тухм бо сафедааш ба одамони
гарммизоҷ мувофиқ ва форам аст.
Равғани зардаи тухмро бимоланд, мӯйро мерӯёнад;
ба узвҳои беҳаракату ростмонда ва ҷингакшуда, ки
сабабаш зиёд гаштани балғам бошад, шифо мебах-
шад.
Гирифтани равғани тухми мурғ ин тавр аст. Чанд
тухмҳоро дар об ҷӯшонида мепазанд. Баъд зардаи
онҳоро ҷудо карда, дар рӯйи тунукаи оҳанӣ гузошта,
бар болои оташ мениҳанд. Зардаи тухм сӯхта, равға-
наш ҷудошавон равон мегардад. Агар равон нашавад,
бо ягон чиз фишор медиҳанд, баъд равған ҷудо шуда,
поён меояд.
Агар сафедаи тухми мурғро бихӯранд, дар бадал
моддаҳои хомро, ки нодаркор мебошанд, пайдо меку-
над, дер ҳазм мешавад. Агар инро бо орди ҷав даро-
мехта ё пухта бихӯранд, хун қай кардан ва хунрави-
ро аз ҳар ҷо, яъне аз поён ва аз боло манъ мекунад.
Ва агар хоми онро гузошта банданд, дарди чашмро
даво мебошад; тафси мақъадро таскин медиҳад, захм-
172
ҳои гарми бадфиолро (злокачественные язвы)-ро ба
ибро меоварад, аз оташ ва аз оби гарм сӯхтагиро нафъ
дорад ва намегузорад, ки он мавзеъ обила кунад; бар
башара гузошта банданд, осори офтоби гарм ва ҳа-
рорати дигарро дафъ месозад; агар бо мозу якҷо
кӯфта, бар пешонӣ ва сар гузошта банданд, хуни би-
ниро, ки аз пардаҳои мағзи сар меомада бошад, манъ
мекунад; бо мустако (мастика) даромехта бар пешо-
нӣ гузошта банданд, намегузорад, ки назла ба чашм
рехта шавад.
Сафедаи тухми мурғро ба ҳар ҷойи бадан, ки би-
моланд, масомҳои (сӯрохҳои пӯсти бадан)-ро баста
мегардонад ва ба варамҳои гарм бимоланд, онҳоро
таҳлил медиҳад. Бо кофур (камфора) ва тухми банг
(кирмрезонак) даромехта бимоланд, чашми гармро
сард месозад ва аз гармӣ сӯзиш кардани онро таскин
медиҳад.
Сафедаи тухми мурғро бо оби юнучқаи зардак (гов-
ришқа) даромехта, бо он ҳуқна (клизма) кунанд, дар-
ди рӯдаҳоро таскин медиҳад ва харошида шудани сат-
ҳи даруни онҳоро ба ибро меоварад; инчунин исҳоли
сафровиро манъ мекунад. Сафедаи тухми мурғро бо
равғани гулисурх даромехта дар сӯрохи мақъад ё зан-
ҳо аз таг бардоранд, луққос зада дард кардани мақъ-
ад ва бачадонро нафъ дорад.
Пӯсти беруни тухми мурғро то монанди оҳак сафед
шуданаш бисӯзонанд, баъд бо асал даромехта ба
чашм бикашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инро
фақат то сиёҳ шуданаш сӯхта, ос карда, бо воситаи
найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни бинии мӯҳликро
қатъ мекунад.
Пӯсти тухми мурғро носӯхта, кӯфта, 7 грамм аз
он бихӯранд, боҳро меангезад. Кӯфтаи инро бо асал
ва сирко хамир карда бимоланд, варамҳоро таҳлил
медиҳад. Ин кӯфтаашро ба ҷароҳатҳои кӯҳна ва нав
бипошанд, хуни онҳоро аз рафтан манъ мекунад ва
даҳани онҳоро ба ҳам мечаспонад.
Он пардаеро, ки аз дарун ба пӯсти тухм часпида
мебошад, ҷудо карда, ба хуни бачаи кабӯтар олонда,
ҷавонзанҳое, ки бакораташон (дӯшизагиашон) рафта
бошад, аз таг бардоранд, аз нав духтар мегарданд —
ин аз асрори махфии тиб аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми мурғ дар як рӯз
аз 5 то 15 адад мумкин аст.
173

53. Малах

Ин ҷонвар ба ҳама маълум мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани малах қуввати
боҳ мебахшад, баданро аз ахлоти ғафсгашта пок ме-
кунад, бемориҳои қасабаи шушро ба ибро меоварад;
чакмезакро шифо мебахшад. Дувоздаҳ адад малахро
бол, пой ва сари онро канда дур намуда, бо 3,5 грамм
кӯфтаи самари хушки мӯрд ё кӯфтаи барги хушки он
бихӯранд, истисқоро (водянкаро) дафъ месозад; инчу-
нин барои иллати махав фоида мебахшад. Малахро бо
пойҳояш кӯфта бимоланд, озах, доғи кунҷидак ва
қӯтури пӯстро дафъ менамояд, хусусан сӯхта, бо сир-
ко сиришта бимоланд, қавитар мегардад. Даруни зо-
чаи тухмашро кӯфта, ба доғи кунҷидак бимоланд, он-
ро дур месозад. Малахи фарбеҳи беболи онро бирён
карда бихӯранд, барои каждумгазида нафъ дорад.
Навъи сабзи гардандарози онро, ки дар боғоту зироат
ба ҳам мерасад, бо ришта баста, ба гардан овезанд,
таби дурӯздармиёнро ба ибро меоварад. Агар малахи
намаккардаро бихӯранд, моддаҳои носолимро дар ба-
дан пайдо мекунад, дар пӯсти бадан қӯтур ва иллати
хоришро ба амал меоварад, моддаҳои солими баданро
месӯзонад. Агар ин тавр зарар расонад, сиканҷабин,
анори майхуш, шираи тухми чилмангӯштак (семизут)
биёшоманд, ислоҳ менамоед.
Агар малахро бисӯзанд, дигар малахҳо ин мавзеъ-
ро тарк карда гурезон мешаванд, вале агар нагуре-
занд, мемиранд.

54. Хун

Мизоҷи хуни ҳамаи ҳайвонот гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хуни ҳар як ҷонварро
ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад ва агар
бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Агар онро бирён намуда бихӯранд, исҳолро ме-
бандад, заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад.
Хуни боли кабӯтарро, ки нав пар бароварда бо-
шад, ба чашм кашанд, шабкӯриро сиҳат мекунад.
Агар хун дар шикам ё дар даруни сина, ё дар рӯ-
даҳо, ё дар хичак шах шавад, кайфияти заҳр пайдо
174
мекунад ва аз он рӯйдодҳои нохуш ба амал меоянд:
борикии набз, сустии бадан ва беҳолӣ, пай дар пай
беҳушшавӣ, хунукии дасту поҳо, гулӯгиршавӣ. Муола-
ҷаи ин монанди муолаҷаи шах шудани шир аст дар
меъда, ки бо ошомидани панирмоя ислоҳ мегардад,
хусусан 9 грамм панирмояро бо 25 грамм сиркои тунд
ё ошомидани оби пудина бо сиканҷабини турш; нӯ-
шидани обе, ки дар он тухми карафс ҷӯшонида шуда
бошад, бо шаҳдоб (асалоб) аст.

55. Мағзи сар

Ин майнаи ҳар ҳайвон аст.
Мизоҷаш хунук ва тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: дерҳазм аст, қуввати
тарёқӣ дорад. Агар инро бихӯранд, майнаро қувват
мебахшад, манӣ пайдо мекунад.
Агар онро бимоланд, хушкии майнаро дафъ меку-
над; иллати сарсомро, ки варами майна ва пардаҳои
он аст, шифо мебахшад, кафидагиҳои пӯсти баданро
сиҳат мекунад.
Вале хӯрдани майна ба меъда зарар дорад. Дар
ин ҳолат наъно, сирко ва ҳамчунин нонхӯришҳои
турш бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

56. Калла

Ин калла ва мағзи сари ҳайвонот аст. Беҳтарини
он калла ва мағзи сари гӯсфанди ҷавон ва фарбеҳ ме-
бошад.
Мизоҷи каллаҳои ҳайвонот нисбат ба дигар қисм-
ҳои бадани онҳо хунуктар ва тариаш зиёдтар аст. Ин
вобаста ба кадом ҳайвон тааллуқ буданаш дар кай-
фият (гармӣ, сардӣ, тарӣ, хушкӣ) гуногун мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти калла, агарчи ғи-
зоияташ бисёр аст, вале дерҳазм мебошад. Инро ода-
мони заифмизоҷи маҳалҳои серрутубат ва гармозор
набояд хӯранд, ки аз фоидаи он зарараш зиёдтар ме-
гардад. Аз болои гӯшти калла асло ангур нахӯранд,
ки зарар дорад.
Агар сар ё почаи барра ё почаи гӯсфандро дар об
ҷӯшонида, он обро ба сар кам-кам ва бардавом бире-
175
занд, дарди сареро, ки аз хушкӣ бошад, таскин меди-
ҳад; барои намнок кардани майна ва ҳангоми вайрон
шудани мизоҷи он дору мешавад, девонагӣ ва бехоби-
ро ба ибро меоварад. Агар бо оби шӯрбои ин ҳуқна
(клизма) кунанд, рӯдаҳо, гурдаҳо ва асабҳоро аз ру-
тубат таъмин мекунад, қуввати боҳ мебахшад, варам-
ҳои сахти ботиниро мулоим мегардонад.

57. Маска

Беҳтарин ва сабуктарини онҳо маскаи гов аст, ки
аз саршир гирифта бошанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Агар
кӯҳна шавад, гармтар мегардад, вале тариаш меко-
ҳад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани маска дарунро
мулоим мекунад, реш ва моддаҳои нодаркори ҷамъ-
шударо мепазонад ва барои хориҷ шудан муҳайё ме-
созад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳҳои дар узв-
ҳо пайдошударо мекушояд, дағалии ҳалқ ва роҳи на-
фасро ислоҳ мекунад, сурфаи хушкро ба ибро меова-
рад; варамҳои дохили ва беруниро мегардонад ва мод-
даҳои нодаркорро аз бадан берун меронад; агар инро
бо асал бихӯранд, варами пардаҳои даруни сина ва
варами шушро шифо мебахшад, моддаҳои нодаркори
даруни синаро мепазонад ва барои дафъ шудан му-
ҳайё месозад, инак, дафъ мекунад. Агар маскаро ба
шакар бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад ва агар дар
муддати ин тавр хӯрдан ҳам бар бадан бимоланд,
суръати фарбеҳшавиро меафзояд. Агар инро бо мағзи
бодоми талх бихӯранд, моддаҳои зиёдатӣ ва нодаркор-
ро аз даруни шуш дафъ мегардонад. Маскаро бо шар-
бати гулисурх биёшоманд, феъли давои мусҳилро (ис-
ҳоловарро) қатъ мекунад; бо зардаи тухми мурғи
нимпухта ҳамроҳ карда бихӯранд, сӯзиши ахлотро ис-
лоҳ мекунад.
70 грамм маскаро бо 35 грамм шакар бихӯранд,
душвории шошиданро ислоҳ мекунад.
Маскаро бар бадан бимоланд, барои бадан ғизо
мешавад ва ин гуна ғизо додани он бо воситаи ворид
гаштан дар узвҳои ғизо нест, балки бо воситаи таъсир
гар пӯсти бадан аст; молиданаш варамҳо ва варами
баногӯш, каши рон ва даҳонро мепазонад; инчунин
176
решҳоеро, ки бар бадан ва сари тифлон мебароянд
шифо мебахшад; барои заҳри мори афъӣ ва ҳазорпо
тарёқ мебошад.
Агар маскаро гарм карда, ба милки дандони кӯда-
кон бимоланд, баромадани дандони онҳоро метезонад.
Инчунин молидани маскаи нав шахшӯлӣ ва дағалии
пӯсти баданро ислоҳ мекунад, бигузор он хоҳ нав ва
хоҳ кӯҳна шуда бошад. Агар маскаро бо ҷадвор да-
ромехта бимоланд, гиреҳҳои дар пардаҳои майна бу-
даро мекушояд, асабҳоро мулоим мегардонад; барои
ҷароҳати хичак, шукуфаи пӯст, ширинчаи хушк ва қӯ-
тур даво мешавад, хусусан, ки аввалан баданро бо
оби хунук бишӯянду баъд маскаро бимоланд ва баъд
аз молидани маска бемор худро бояд дар кӯрпа ё ҷо-
маи пахтанок бипечонад, то ки арақ кунад, ҳамон рӯз
аз иллатҳои мазкур наҷот меёбад.
Маскаи кӯҳнаро бо савринҷони кӯфтагӣ хамир кар-
да гузошта банданд, донаи бавосирро ҷудо ва дафъ
мекунад, яъне меафтонад — дар ин бобат маска чӣ
қадар кӯҳнатар бошад, ҳамон қадар хубтар аст. Агар
маскаи мазкурро яксаду як бор ё ҳеҷ набошад, чилу
як бор дар оби сард шуста бошанд, дар амали мазкур
зудтар таъсир мекунад ва инчунин барои пок гардо-
нидани захм аз рим, ба ҳам овардани даҳани он ва
рӯёнидани гӯшти солим дар онҳо даво мебошад; низ
бавосир ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Вале хӯрдани маскаи бисёр сари меъдаро суст ме-
гардонад, иштиҳаро мебандад ва агар бисёр хӯранд,
дарунро меронад. Дар ин ҳолат барои ислоҳи зарари
он чизҳои дарунро манъкунанда, шакар, қанди сафед
ва намак бояд бихӯранд.
Миқдори як бор хӯрдан аз маскаи нав дар як рӯз
то 100 грамм аст.
Агар маска ёфт нашавад, ба ҷойи ин шири навдӯ-
шидаро биҷӯшонанд, то панҷякаш бухор шуда равад,
баъд биёшоманд, раво мебошад.

58. Равғани зард

Инро аз шири ҳайвонот ва ҷуғрот ба амал меова-
ранд. Беҳтарини он равғани гов аст, ки сабуктар ме-
бошад, баъд аз он аз они гӯсфанд, ки ин ғализтар ме-
бошад назар ба равғани зарди говӣ.
177
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи якум гарм
ва тар аст. Ҳарчанд ин кӯҳнатар гардад, рутубаташ
мекоҳад ва хушкӣ пайдо мекунад. Ва агар дусола
шавад, мизоҷаш дар дараҷаи якум хушк мегардад.
Хислатҳои шифобахши он: равғани зард дар хис-
латҳои давоӣ қавитар аз маска мебошад. Агар инро
бихӯранд ва гузошта банданд, варамҳоро таҳлил ме-
диҳад, гиреҳҳои баданро мекушояд, бар зидди заҳрҳо
хусусияти тарёқӣ дорад ва намегузорад, ки таъсири
заҳри мори афъӣ ба дил расад. Дар ин хусус табиб
Бағдодӣ навиштааст: «Шахсеро афъии қотил газида
буд, ба ғайр аз равғани кӯҳнаи гов дигар чиз ҳозир
набуд ва ҳамонро ошомид, офате ба ӯ нарасид».
25 грамм равғани зардро бо 210 грамм оби анор
биёшоманд, исҳоли хунинро шифо мебахшад. Агар ин
равғанро бихӯранд, пӯстро мулоим, чеҳраро пок ва
майнаро аз моддаҳои бегона соф месозад; узвҳои да-
руни синаро аз моддаҳои нодаркор пок мегардонад,
баданро фарбеҳ месозад, хушкии ҳалқ ва даруни би-
ниро дафъ мекунад, барои сурфаи хушк, зардпарвин
ва иллатҳои сипурз даво мебошад, инчунин санги гур-
да ва хичакро майда карда мерезонад. Ин равған дар
баъзеҳо дарунро шах ва дар баъзеҳо мулоим мекунад.
Агар инро бо шакар ва бодоми талх даромехта, ба
дили наҳор лесида бихӯранд, сурфаи хушки кӯҳнаро
ба ибро меоварад, узвҳои даруни синаро мулоим ме-
кунад. 25 грамми инро бо 125 грамм шакар бихӯранд,
душвории шошиданро дарҳол дафъ месозад. Агар ин
миқдорро бо оби гарм хӯрда, баъд қай кунанд, заҳр
ва афюни хӯрдашударо дафъ мекунад.
Ин равғанро бо оби сагангур ба чашм кашанд,
луққос зада дард кардани онро дафъ менамояд ва ва-
рамашро ҳам таҳлил медиҳад. Худашро танҳо бимо-
ланд, шахшӯлии чашмро мулоим мекунад ва агар бо
равғани зайтун даромехта бимоланд, қӯтури пилкҳои
чашмро шифо мебахшад; агар дар гӯш чаконанд, дар-
дашро таскин медиҳад ва дар бинӣ бирезанд, дарди
гулӯро шифо мебахшад.
Равғани зардро бо оби хокистар якҷо карда, бо
он таркиб ҳуқна (клизма) кунанд, рафтани дарунро
манъ ва захми сатҳи даруни рӯдаҳоро дафъ мекунад.
Агар ин равғанро бо равғани мурғи хонагӣ даро-
мехта, латта ё пахтаи покизаро дар он тар карда,
занҳо аз таг бардоранд, захми бачадонро шифо ме-
178
бахшад ва онро аз моддаҳои нодаркор пок мекунад;
вале агар дар мақъад бардоранд, кафидани онро си-
ҳат месозад, бавосирро қатъ мекунад ва рафтани хун-
ро аз он манъ менамояд.
Ин равғанро гарм карда, ба ҷойи газидаи ҳазорпо,
каждуми қаттолтарин ва аксари ҷонварони заҳрнок,
ки газида бошанд, бимоланд ё бирезанд ва ё бичако-
нанд, шифо мебахшад. Ин равғанро нимгарм дар гӯш
чаконанд, ҳамаи он ҷонваронро, ки дар гӯш рафта
бошанд, мекушад ва берун меоварад.
Равғани кӯҳнаи гов ё равғани кӯҳнаи гӯсфандро
бо савринҷон даромехта бимоланд, бавосирро дафъ
мекунад; агар онро батанҳоӣ бимоланд, барои махав
фоида дорад. Ин равғанро ҳафт шаб пай дар пай ба
рухсора молида бихобанд, пӯсти рӯйро пок, неку ва
соф мегардонад, инчунин маскаро ҳам бо чунин усул
бимоланд, ҳамин гуна фоида дорад.
Ин равғанро батакрор бимоланд, варамҳоро, ху-
сусан варами узвҳои занон ва кӯдаконро таҳлил ме-
диҳад, пучак ва чиртакҳоро мепазонад ё мегардонад
ва карахши онҳоро низ дафъ мекунад. Латта ё пах-
таро ба ин равған олонда, ба даруни решҳои чуқур
бигузоранд, даҳани онҳоро васеъ ва худи онҳоро аз
рим пок месозад.
Чун барги ҳинои хушкро маҳин кӯфта, бехта, бо
равғани зарди кӯҳна хамир сохта, ба қӯтури кӯҳна
ва махав бимоланд, сиҳат мебахшад.
Чун ин равғанро бо оби хунук саду як мартаба би-
шӯянд ва ба қӯтури кӯҳна, бавосир ва аксари ҷаро-
ҳатҳо ва захмҳо бимоланд, онҳоро нест мекунад.
Равғани зардро бишӯянд, талх мегардад ва холӣ аз
заҳрнокӣ намебошад, хӯрдани он ҷоиз нест.
Равғани зард барои иллатҳои ботинӣ ва рутубӣ
(тар) зарар дорад, дар одамони гарммизоҷ ва касони
иллатҳои сипурз дошта моддаи сафро пайдо мекунад,
зеро ки зуд ба моддаи (хилти) ғолиби мавҷуда таб-
дил меёбад; меъдаи заифро суст мегардонад ва дар
одамони балғамимизоҷ узвҳои ҳозима, яъне меъда,
рӯдаҳо, ҷигар ва сипурзро заиф месозад. Барои ислоҳи
зарари мазкураш одамони гарммизоҷ бояд туршиҳо
истеъмол намоянд ва сардмизоҷон гуворишот, яъне
чизҳои ширинтаъми хушҳазм бихӯранд, хуб аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани зард дар як
рӯз то 50 грамм аст.
179
Қуввати поксозандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дар рав-
ғани зарди кӯҳна назар ба равғани нави ин зиёдтар
аст. Таъсираш барои баданҳои миёнаҳол зиёдтар на-
зар ба баданҳои қавӣ мебошад. Ин барои варамҳои
баногӯш фоида дорад.
Агар равғани зард вайрон шуда бошад, онро ба ис-
лоҳ оварданӣ шаванд, бо дӯғи ҷуғрот биҷӯшонанд, то
ки дӯғ бухор шуда равад, вале эҳтиёт намоянд, ки
равған доғ нагардад. Ё он ки онро дар оташ гузо-
ранд, чун ба ҷӯш ояд, андак-андак орди гандум бар
он бипошанд, то ки орд бисӯзад, вале равған доғ на-
шавад. Баъд онро соф намуда, ба истеъмол диҳанд.
Агар дар равған ва маска намак андозанд, ба зудӣ
вайрон намешавад.

59. Мӯй

Ин аз пашм фарқ дорад. Пашм, ки ба арабӣ суф
меноманд, назар ба мӯй маҳинтар ва печида мебошад.
Баъзе ҷонварон ҳам мӯй доранд ва ҳам пашм, чунон-
чи, бузи расмӣ дорад. Баъзе фақат пашм доранд, мо-
нанди: гӯсфанд ва барра. Вале инсон фақат мӯй до-
рад на дигар. Мурод аз мӯй гуфтан дар тиб фақат
мӯйи инсон дар мадди назар дошта шудааст.
Мизоҷи мӯйи инсон сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро сӯхта бипо-
шанд ё бо асал сиришта бимоланд, захм ва решҳоро
дард наоварда хушк мекунад, барои решҳои хӯранда
ва хушк кардани захмҳо даво мешавад; агар бипо-
шанд, пухтани даҳан ва ҷӯшиши онро сиҳат месозад.
Сӯхтаи онро бо равғани зайтун ва об сиришта би-
моланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Мӯйи сарро сӯхта, бо сирко сойида бимоланд, озах-
ҳоро хушк карда меафтонад ё таҳлил медиҳад, дона-
ча ва обилаҳоро дафъ мекунад, инчунин захми саги
девона газидаро шифо мебахшад, бо шароб ё равғани
зайтун сойида ё бо об сойида бимоланд, варами сарро
мегардонад ва ҷароҳати онро сиҳат месозад.
Агар сӯхтаи инро бо мурдорсанг (рими сурб, ё ки
ба русӣ свинцовый шлак) бимоланд, қӯтур ва хориши
чашмро шифо мебахшад ва чашмро хеле қавӣ мегар-
донад.
Агар мӯйи одамиро носӯхта ос карда, бо асал даро-
180
мехта бимоланд, ҷӯшиши (пухтани) даҳани кӯдаконро
шифо мебахшад.
Мӯйи сарро кӯфта бипошанд, баромадани мақъадро
(кӯтанро) ба ҷояш мебарад ва дигар намебарояд.
Кӯфтаи онро бо равғани гулисурх даромехта, дар
гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад.
Мӯйи сарро сӯхта, дудашро дар бинӣ бикашанд,
саръро (припадкаро) ки сабабаш афтодани гиреҳ дар
майна бошад, шифо мебахшад; ҳамаи ҷонварони за-
рарнок аз дуди он мегурезанд.
Агар онро занҳо аз таг бардоранд, рутубати равон
ва бисёри бачадонро манъ ва хушк мекунад ва
саръи занонро шифо мебахшад.
Мӯйи тифлонро пеш аз сахт шудан гирифта биё-
везанд, барои иллати ниқрис, ки дард ва варами ан-
гуштони дасту поҳо мебошад ва инчунин газидани
каждум шифо мебахшад.
Тариқи сӯхтани мӯйи сари одамӣ чунин аст. Мӯйро
бо собун покиза шуста, шона карда, баъд хушк наму-
да, бо қайчӣ хуб реза карда, сонӣ дар рӯйи порчаи са-
фол ё табақи сафол ва ё дар рӯйи тунука ба оташ
гузошта, бо дастае тагурӯ гардонанд, то ки қобили
кӯфтан гардад.
Равғани мӯйро ба сар бимоланд, мӯй мерӯёнад ва
инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва
риш низ мӯйро мерӯёнад. Агар инро бимоланд, касо-
неро, ки аз хислати мардӣ маҳрум гашта бошанд, он-
ро аз нав барқарор мекунад.
Тариқи ҳосил кардани равғани мӯйи одами чунин
аст. Он мӯйро ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд, бо со-
бун покиза бишӯянд, хушк намоянду дар колба то гу-
лӯгоҳаш пур кунанд ва дар он гулӯяш лиф ҷо намо-
янд. Ба колба гили бӯта бимоланд. Табақи оҳанӣ ё
тунукаро аз миёнаҷояш сӯрох кунанд. Баъд даҳани
он колбаро сарозер дар он сӯрохӣ гузоранд. Баъд бар
боло ва атрофи он ангишт гузошта оташ зананд — аз
ин ҳарорат равғани мӯй ҷудо шуда поён мечакад.

Ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.