Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 22-30


22. Моҳӣ

23. Гурба

24. Садаф

25. Гӯсфанд

26. Қурбоққа

27. Товус

28. Гунҷишк

29. Уқоб

30. Каждум

22. Моҳӣ

Ин ҷонвари обии маълум аст. Беҳтарини он дар
наҳрҳои обаш ширин буда, сангистон ва обаш аз ҷо-
ҳои дур ва башиддат ҷорӣ мешуда бошад, ба ҳам ме-
расад. Беҳтарини наҳрии он шоҳмоҳӣ, ки ба тоҷикӣ
гулмоҳӣ меноманд ва баъд аз он ширмоҳист. Барои
хӯрдан беҳтараш нав сайд кардашудаи он аст. Аз як
рӯз ва зиёда аз он гузашта бошад, бинобар нозукии
таркибаш вайрон мегардад. Вале намак кунанд, вай-
рон намегардад. Дар ҷойи дуввум моҳиёне, ки дар баҳр-
ҳо ва дигар обҳои шӯр наздики соҳили сангдор зинда-
гӣ ба сар баранд, мебошанд.
Мизоҷи ҳамаи моҳиён сард дар дараҷаи якум ва
тар дар дуввум аст. Дар обҳои шӯр, яъне дар баҳр
ва уқёнусҳо зиндагӣ ба сар баранд, инчунин моҳии
шӯр дар мизоҷ гарм дар дараҷаи якум ва моил ба
хушкӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: дар оташ кабобкардаи
он беҳтар аз он, ки дар равған бирён карда бошанд,
зудҳазм аст ва дар ҷигар хуштар ҳазм меёбад — ин
барои бадан мувофиқтар мебошад; ба бадан об меда-
вонад, фарбеҳ мекунад, манӣ, шир ва чарбии гурдаро
пайдо ва зиёда мекунад. Агар инро одамони гармми-
зоҷ бихӯранд, боҳи онҳоро бармеангезад, олати марди-
ро ба ҳаракат меоварад, моддаҳои гарммизоҷро ислоҳ
мекунад, қасабаи шушро соф ва нарм мегардонад, зах-
ми шуш, сил ва бемории диқ (лоғаркунанда)-ро даво
мешавад, инчунин сурфаи хушкро шифо мебахшад;
сустии ҷигар ва гурдаи гарммизоҷонро мувофиқ аст.
Агар моҳиро бо оби ангурғӯра ва татум кабоб кар-
да бихӯранд, исҳоли сафровӣ ва хуниро манъ мекунад.
Моҳиро бирён карда, дар навиаш бо пиёзи сабзи
тар бихӯранд ва баъд аз он шароби мӯътадил биёшо-
манд, манӣ пайдо мекунад ва олати мардиро ба ҳара-
кат меоварад.
Моҳишӯрборо биёшоманд, барои заҳрҳои хӯрдашу-
да ва аз пеш дар бадан воридгашта даво мебошад.
Шӯрбои моҳиро бо мудовамат бихӯранд, заҳрҳои мори
113
шохдор ва саги девона газидаро дафъ мекунад. Гӯш-
ти моҳиро бе масолеҳ шӯрбо карда бихӯранд, дар ба-
дан об медавонад. Баъд аз он дар ҷойи дуввум дар дег
ё дар оташ бирён кардашудаи ин меистад; вале дар
оташ кабобкардаи он сабуктар аст ба меъда назар ба
он чӣ дар равған бирён карда бошанд. Он чӣ гӯшти
моҳиро дар орд лат карда, бо равған бирён намуда
бошанд, бисёр ташна мекунад ва аз меъда дер мегу-
зарад.
Моҳии бисёрро бе нон хӯрда, аз болояш оби гарм,
асал ва сиркоасал ва инчунин оберо, ки дар он турб
ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, баъд қай кунанд,
баданро аз моддаҳои нодаркори ғафс ва ахлоти мур-
дор пок мегардонад ва барои дарди буғумҳо, ирқунна-
со (радикулит), доғи сафед ва сиёҳи пӯст даво меша-
вад ва дигар доғҳоро низ аз пӯст дафъ мекунад.
Хӯрдани моҳӣ ба одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ
зарар дорад, инчунин ба майнаи тар, асаб ва меъдаи
балғамӣ зиён мекунад. Барои он, ки зарар наоварад,
бо равғани гов, равғани кунҷид ё бо равғани бодом
пухта бихӯранд, безарар мегардад. Ва бо занҷабил,
кокутӣ, асал ва гулқанд низ бихӯранд, ислоҳи зарари
он менамояд. Гарммизоҷонро хӯрдани он ташна ме-
кунад. Дар ин ҳолат сирко ва обкома биёшоманд, ис-
лоҳи зарар менамояд.
Вале барои баъзе мизоҷҳои одамон моҳии намакин
мувофиқтар аст ва назар ба дигар намудҳои моҳиён
онҳоро камтар ташна мекунад, вале ба баъзе мизоҷҳо
навъи бенамаки он форамтар мебошад.
Баъд аз хӯрдани моҳӣ ошомидани оби хунук бағо-
ят зарарнок аст ба ҳадде, ки гӯё онро зинда ва худро
мурда гардонидан аст ва боиси бемориҳои давомнок
мешавад. Аммо баъд аз он, ки аз меъда фуромада ра-
вад, шароб биёшоманд, фоида дорад, вале пеш аз он
шароб бинӯшанд, бинобар қисмҳои ҳазмнашудаи он
дар рагҳо ва пӯст гиреҳҳо пайдо мекарданаш бемори-
ҳои раддиро ба амал меоварад, монанди: қӯтур, хориш,
шукуфаи пӯст ва ғайра.
Агар моҳиро бо шир ё бо тухми мурғ, ё бо гӯшти
ҳайвоноти даштӣ бихӯранд, бисёр зарарнок аст ва ба
бемориҳои кашолёбанда мубтало мегардонад.
Моҳии намакин, ки аз намак карда шудани он пон-
здаҳ ва зиёда рӯз гузашта бошад, мизоҷаш моил ба
гармӣ ва хушкӣ аст. Инро бихӯранд, балғамро мека-
114
над, ба таом иштиҳо пайдо мекунад, барои одамони
сардмизоҷ мувофиқ аст, балғами шаффоф ва ширин
пайдо мекунад, зарарҳои дигараш он, ки баданро ба
хориш меоварад, ба қӯтур ва шукуфаи пӯст гирифтор
мекунад, пӯст мепартоёнад, бедорӣ меоварад ва ғайра.
Моҳиро, ки муддати дароз намак хӯрда бошад, би-
хӯранд, дар бадан гиреҳҳоро ба амал меоварад, ахло-
ти мурдор пайдо мекунад, аз ҷумла, савдои сӯхтаи
мурдор ҳосил менамояд. Дар ин маврид давояш сирко,
сиркоасал ва обкома ошомида, қай кардан аст ва
сиркоасал ва обкома ошомида, қай кардан аст ва (?)
дан мебошад.
Моҳии намаксуди хушк бадтарини қисмҳои моҳиён
аст, гаронҳазм мебошад, вале балғами ғафсро таҳлил
медиҳад, патҳои (пашмакҳои) меъдаро қавӣ мегардо-
над, бо вуҷуди ин бемориҳои номбурдаро ба амал ме-
оварад, инчунин бедорӣ пайдо мекунад. Агар инро
бардавом бихӯранд, ба иллати шабкӯрӣ мубтало ме-
гардонад. Ин зарари онро низ бо воситаи истеъмол
кардани чизҳои дар боло зикрёфта ислоҳ метавон
кард.
Моҳии шӯрро, ки дар сирко парварда бошанд, яъне
як шабонарӯз дар он тар карда бошанд, мизоҷаш сард
ва хушк аст, хушккунандаи рутубатҳо ва дерҳазм, дар
бадан қувватҳои дар худ нигоҳдорандагиро зиёда ме-
гардонад, ба меъда рехта шудани моддаи сафровиро
манъ мекунад, вале хориш ва қӯтур пайдо мекунад,
бар пӯсти бадан доначаҳои савдовиро медамонад.
Агар бо оби моҳии шӯри намакин узвро бишӯянд,
решҳои бадбӯй ва қӯтури навро шифо мебахшад.
Моҳии нав қапидаро бирён намоянд ва то хунук
шуданаш бигузоранд ва хусусан, ки як шаб ба он би-
гузарад ва ё муддати зиёд дар ҷойи намнок монда бо-
шад, раддӣ ва заҳрнок мегардад ва агар ба хӯрдани
он мудовамат намоянд, ба иллати пес ва истисқо (во-
дянка) гирифтор месозад ва ҳолати занбӯруғи заҳр-
нок хӯрдаро ба амал меоварад. Тадбири наҷоти он
қай кардан ва чизҳои исҳоловар хӯрдан аст. Агар ба
касони сардмизоҷ зарар кунад, гуворишҳои гармми-
зоҷ бояд бихӯранд ва чизҳои гарммизоҷи номбаршуда
истеъмол намоянд. Ва агар ба касони гарммизоҷ зиён
кунад, сиркоасали турш, сирко ва обкома бояд истеъ-
мол намоянд.
Касеро, ки аз хӯрдани моҳӣ дилаш беҳузур (беҷо)
115
шавад, бояд ки оби биҳиро дар оташ ғафс гардонида
билесад ва зираи сиёҳро як шабонарӯз дар об тар
карда, он обро биёшомад.
Моҳиро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада ни-
шинанд, захми рӯдаҳоро, ки дар ҳолати ибтидо бо-
шад, шифо мебахшад ва моддаҳоро ба рӯйи пӯст мека-
шад. Агар бо ин об ҳуқна (клизма) кунанд, барои ир-
қуннасо (радикулит) дору мебошад.
Тухми моҳиро бихӯранд, барои қавӣ гардонидани
боҳ пуртаъсир аст, манӣ пайдо мекунад, олати мар-
диро ба ҳаракат меоварад; барои сурфа, исҳол, ки аз
гармӣ бошанд, дору мешавад.
Заҳраи моҳӣ, хусусан моҳии шаббут (моҳии карп)
дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Инро ба чашм бика-
шанд, гули чашмро дафъ мекунад.
Чун моҳии зиндаро чок кунанд ва ҳамон қисм, ки
ҳаракат дошта бошад, ба узв гузошта банданд, модда-
ҳо, шиша, хор ва ғайраро ба беруни пӯст мекашад. Ин
барои дафъ кардани беҷошавии зеҳн ҳангоми варами
пардаҳо ва худи майна ва варамҳои дигар давои бе-
мисл аст.
Агар сари моҳии шӯрро сӯхта, гузошта банданд,
варами мақъадро таҳлил медиҳад ва кафидани онро
ба ҳам меоварад, инчунин газидани каждум ва саги
девонаро сиҳат мебахшад; агар инро бо равғанҳо ва
луобҳо хамир сохта, гузошта банданд, варами сахти
забончаи ҳалқро таҳлил медиҳад.
Устухони сӯхтаи моҳиро бо сирко сиришта бимо-
ланд, барои иллати пес фоида дорад.
Чун моҳиро бо намакоби гарм бишӯянд, неку мебо-
шад ва ба он коҳгил бимоланду муддате ҳамон тавр
бигузоранд, баъд хуб бишӯянд, бӯйи моҳиёнаи он нест
мегардад.
Агар моҳиро бо нону орд бихӯранд, зуд ҳазм ме-
гардад ва агар бо орд ва нон бихӯранд, бадҳазм ме-
шавад.

23. Гурба

Ин ҷонвар навъҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва обӣ дорад.
Мизоҷи гурбаи хонагӣ дар дараҷаи дуввум гарм ва
рутубаташ бисёр, яъне тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти гурбаи
116
хонагӣ ба пирон ва тармизоҷон мувофиқ аст; дарди
буғумҳоро, ки аз тарӣ бошад, бемории ниқрис ва даб-
баро, ки аз даридани пардаи шикам бошад, дору ме-
шавад, гурдаро гарм мегардонад, бавосир ва дарди
пуштро судманд аст.
Агар аз пӯсташ пӯстин дӯхта бипӯшанд, баданро
гарм мекунад, хусусан пӯсти гурбаи обӣ, ки пашмаш
маҳинтар ва дарозтар аст, бартар мебошад, инчунин
пӯсти гурбаи пашмдарози дигар ба он наздик аст.
Гурбаро дар кӯза ҷо карда, дар танӯри тафсон ё
дар кӯраи ҳаммом бисӯзанд, то он ки хокистар гардад,
онро бо сирко сиришта, бо пари мурғ бимоланд, кафи-
дани ангуштони дасту поҳоро шифо мебахшад.
Мизоҷи саргинаш дар гармӣ қавӣ аст. Агар онро
занҳо аз таг бардоранд ё сӯхта ба дудаш худро бидо-
ранд, ҳамроҳаки (ёраки) бачаро аз шиками онҳо ме-
афтонад.
Гӯшти нави гурбаро гузошта банданд, ниқрисро
дафъ мекунад. Гӯшти хушкашро кӯфта, гузошта бан-
данд, тир ва хори даромадаро аз бадан берун мека-
шад, устухони шикастаро ба ҳам мепайвандад.
Бо гурба ҳамнафас шудан ва хӯрдани гӯшти он
лоғар мекунад ва иллати силро ба ҳам мерасонад.
Табиб Маҳрёрус гуфтааст, ки мағзи сари онро бо
оби индови зироатӣ биёшоманд, чакмезак ва дарди
гурдаро даво мешавад.
Заҳраи гурбаи сиёҳро бо равғани савсани сафед ё
равғани савсани кӯҳӣ даромехта, дар бинӣ бирезанд,
каҷ шудани рӯйро шифо мебахшад, мӯйро сиёҳ меку-
над. Агар ин заҳраи онро дар вақти зойидан ба чашм
кашанд, дар шаб тезбин мегарданд.
1,75 грамм заҳраи онро бо равғани зайтун даро-
мехта дар бинӣ резанд, каҷ шудани рӯйро шифо ме-
бахшад, агар бо намаки кӯфта даромехта бимоланд,
ҷароҳати кӯҳнаро ба ибро меоварад.
Сипурзи гурбаи сиёҳро занҳое, ки ҳайзашон бемав-
риду бамаврид равон мешавад, ба ронашон биёвезанд,
хуни равони онҳоро манъ мекунад.
Ҳаким Арасту мегӯяд, ки хояи хушки гурбаро кӯф-
та, дар бинӣ бирезанд, барои иллати махав бағоят
фоидабахш аст.
Гурбаи ваҳшӣ дар намуд шишаранг аст, аз хонагӣ
калонтар мебошад, мӯяш камтар. Барои давоӣ қави-
тар аз хонагӣ бувад.
117
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: мағзи сарашро сӯхта,
дудашро бигиранд, барои резонидани нутфа аз бача-
дон дору мебошад. Майнаи онро дар об ҷӯшонида, дар
он об даромада нишинанд, дарди камар ва ниқрис
(подагра)-ро шифо мебахшад.
Хӯрдани гӯшти ин ҷоиз нест, зеро ки бинобар
мурдорхӯр буданаш дар бадан мурдорӣ меоварад.
Агар гурбаи ваҳшӣ касеро бигазад, дарди бисёр
ва сабзии ранги бадан меоварад. Давои ин пудинаи
даштӣ ё пиёзро кӯфта, ба ҷойи газидааш гузошта бас-
тан аст.

24. Садаф

Ин ҷонварест обӣ, ки дар даруни он марворид ба
ҳам мерасад ё ба ҳам намерасад. Беҳтарини садафҳо
дар оби ширин мезиянд.
Мизоҷашро баъзеҳо гарм ва баъзеҳо сард донис-
таанд. Вале баъди сӯхтан мизоҷаш гарм ва латиф ме-
гардад, хушкӣ дар сӯхтаи он зиёда аз он, ки носӯхта
бошад.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, мод-
даҳои ғафсгаштаи баданро рақиқ (суюқ) гардонида
дафъ месозад, сатҳи узвҳои дохилиро аз моддаҳои
часпак пок менамояд, исҳолро мебандад, хун қай кар-
данро манъ мекунад. Кӯфтаи онро бипошанд, хунра-
виҳоро бозмедорад. Инро ос карда, ба дандонҳо би-
моланд, милки дандонро мустаҳкам мекунад, захмҳои
онро шифо мебахшад, решҳои хӯрандаи милки дан-
донро ба ибро меоварад, дандонро аз чирк пок мегар-
донад.
Садафи сафедро (хусусан пӯсти дохилии онро) ос
карда, бо найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, хуни би-
ниро манъ мекунад.
Садафи сафедро маҳин суда, чун сурма ба чашм
кашанд, реши чашм ва шилпуқиро шифо мебахшад,
мӯйи зоиди дар милки он рӯйидаро аз рӯйидан манъ ме-
кунад.
Садафи зардро сӯхта, бо қатрон сиришта, ба пилк-
ҳои чашм бимоланд, мӯйи зоидро аз рӯйидан манъ меку-
над. Агар инро бо сирко сиришта, бар озахҳо ва ба-
восир бигузоранд, онҳоро дафъ менамояд.
Садафи сӯхтаро бо намак даромехта, ба дандонҳо
118
бимоланд, дарди онҳоро таскин медиҳад, милки суст-
гаштан дандонҳоро мустаҳкам мегардонад ва рутуба-
ти онро хушк мекунад ва бадбӯйии решҳои даҳанро дур
месозад. Ва агар инро ба истисқо (водянка) гузошта
банданд, фоида мебахшад, ба шарте, ки аз бадан ҷу-
до нанамоянд ва бигузоранд, то он ки худ ба худ ҷу-
до гашта бирезад.
Садафро сойида, бо сафедаи тухми мурғ даромехта
бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад; бо оби
гарм ва ё равғани гарм ё ки бо тухми кӯфтаи харбу-
за, ё сиёҳдона ҳамроҳ карда гузошта банданд, доғҳои
кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад, баша-
раро баравнақ мегардонад.
Садафро бо сирко сойида, бар баногӯш бимоланд,
дарди сари доимиро, ки аз назла бошад, дафъ меку-
над.
Садафи сӯхтаро маҳин ос карда, ба ҷоҳои бадан,
ки аз сардӣ ва тарии зиёд дард мекарда бошад, бимо-
ланд, дардро таскин медиҳад ва сардию тарии он ҷо-
ро дафъ мекунад.
Ҳаким Ҷолинус гуфтааст, ки садафи сӯхтаи ҳинди-
ро сойида гузошта банданд, бавосирро шифо мебахшад.
Гӯшти садафакро гузошта банданд, тири даромада-
ро ба берун мекашад. Агар инро бихӯранд, ҳамаи бод-
ҳо ва хунукиҳоро аз бадан дафъ мегардонад. Ин
гӯштро ба зери ноф ва бар миён гузошта банданд,
боҳро (пушти камарро) қавӣ мегардонад.
Садафакҳоро шӯрбо карда бихӯранд, дарунро ме-
ронад.
Садафи бунафшро дар равған ҷӯшонида, он рав-
ғанро бимоланд, мӯйро аз рехтан нигаҳ медорад. Агар
инро бо сирко биёшоманд, сипурзро ба дараҷае пок
мегардонад, ки ёфтани он мушкил мегардад.

25. Гӯсфанд

Ин ҳайвони маълум ва машҳури аҳлӣ аст. Беҳта-
рини он яксола то дусолаи он мебошад, ки фарбеҳ бо-
шад. Сесола ва зиёди он ба ин дараҷа нест, зеро гӯш-
таш сахт ва душворҳазм мебошад ва аз хӯрдани гӯш-
ти куҳансоли он моддаҳои бадфиол ва мурдор дар ба-
дан пайдо мегардад. Беҳтарин ҷойи гӯшташ барои ис-
теъмол гӯшти гардан, китф ва наздики он ҷоҳост.
119
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти гӯсфанд зуд ҳазм
мешавад, ғизоияташ бисёр, хуни устувор аз он пайдо
мешавад, қувват мебахшад, баданро фарбеҳ мегардо-
над ва ин аз гӯштҳои мувофиқтарин барои бадани ин-
сон ҳисоб меёбад.
Дил, ҷигар ва гурдаашро бихӯранд, дил, ҷигар ва
гурдаро қавӣ мегардонад.
Агар мағзи сарашро бо мудовамат бихӯранд, касро
аҳмақ мекунад ва фаромӯшхотир месозад.
Гӯшташро бо лӯбиё ва нахӯд муҳарро пухта, бо
сирко ва асал бихӯранд ва мудовамат бар он намоянд,
бағоят баданро қавӣ мегардонад, иллати беҳушша-
виро манъ мекунад, дилтапак (дилбозӣ) ва лоғарии
баданро дафъ месозад.
Равғанашро ҳангоми куштан гармогарм фурӯ ба-
ранд, ҳамчунин гудохта нимгарм бихӯранд, барои сур-
фа, дарди узвҳои даруни сина, зиқ-ун-нафас (бронхи-
альная астма), сӯзиши пешоб (сӯзок) давои бисёр
судбахш мебошад.
Гӯшти гармогарми онро дар вақти куштан гирифта,
ба ҷойи зарбарасида ва латхӯрда, ки нав бошад, гу-
зошта банданд ва чун хунук шавад, гӯшти нав бибан-
данд, дардашро ба зудӣ хомӯш месозад ва намегузо-
рад, ки варам кунад ё захм шавад. Инчунин пӯсташро
гармогарм ба он мавзеъ печонанд ҳам, ҳамин асар до-
рад.
Гӯшташро сӯхта, гузошта банданд, бар зидди гази-
дани морҳо, каждумҳои ҷаррора (қаттолтарин) даво
мебошад; агар онро бо шароб даромехта гузошта бан-
данд, газидани саги девонаро шифо мебахшад.
Хокистари гӯшти онро чун сурма ба чашм кашанд,
гули чашмро дафъ мекунад; агар онро бо сирко си-
ришта бимоланд, барои доғи сафеди пӯст фоида дорад.
Мизоҷи заҳрааш гарм ва хушк аст ва поккунандаи
доғҳост.
Агар инро танҳо ба чашм бикашанд, гули чашмро
пок мекунад.
Заҳраи онро бо асал даромехта бимоланд, ҳамаи
навъҳои шукуфаи пӯстро шифо мебахшад.
Бо заҳраи он сарро бишӯянд (хусусан бо асал си-
ришта) сабӯсаки сарро дафъ мекунад.
Хунашро гармогарм бимоланд, хориш, қӯтури пӯст
ва аъзои сӯхтагиро ҳамон дам сиҳат мегардонад.
120
Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк аст. Агар
инро бимоланд ва ё гузошта банданд, варамҳо ва ис-
тисқоро таҳлил медиҳад ва захмҳоро ба ҳам оварда
шифо мебахшад. Саргинашро бо мумравған, ки аз
равғани гулисурх ва муми занбӯри асал тайёр карда
бошанд, гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо ме-
бахшад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, шаро
(аллергия), озахҳои гуногун ва гӯшти зиёдатии рӯйи
пӯст омадаро дафъ мекунад, сӯхтагии оташ ва милка-
ки нохунро шифо мебахшад.
Саргини онро дар гулоб тар карда, баъд гузошта
банданд, пучак ва чиртакҳоро мекафонад.
Хокистари суми онро бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-
гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Сумашро
сӯхта, шуста бихӯранд, исҳолро манъ мекунад.
Истеъмоли гӯшти гӯсфанд дар айёми вабо ва тоун
ҷоиз нест, зеро хуни бисёр ва устувор аз он ҳосил ме-
шавад— ин зарарнок аст.
Агар гӯшти гӯсфандро зудҳазм ва сабук гардони-
данӣ шаванд, бо сирко ва обкома бихӯранд, ки гаро-
нии онро дафъ мекунанд. Инчунин бо чакка, қурут ва
татум бихӯранд, ҳазмаш сабук мегардад.

26. Қурбоққа

Маълум аст, ки ин ҷонвар дар зери заминҳои нам-
нок, обҳои истода ва ҷӯйҳо бисёр пайдо мешавад,
хелҳои баҳрӣ, даштӣ ва наҳрӣ дорад. Дар тиб қисми
наҳрии он истеъмол мешавад, вале даштиаш заҳри қо-
тил аст.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи саввум сард
ва дар якум хушк аст ва бо вуҷуди ин аслан аз ҳаро-
рати қавӣ холӣ нест.
Хислатҳои шифобахши он: қурбоққаи обиро дар об
ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дан-
донро таскин медиҳад.
Шиками онро чок карда бо ҳамон ҷойи чокшудааш
гузошта банданд, тир, хор ва ғайраи дар бадан даро-
мадаро берун мекашад ва заҳри ҷонварони газандаро
бошиддат берун месозад, инчунин хуни рафтаистодаро
қатъ мекунад.
Гӯшти онро сӯхта, ос карда бипошанд, захмҳоро ба
ҳам оварда сиҳат мебахшад.
121
Сӯхтаи онро бо зифт даромехта, гузошта банданд,
ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй
мерӯёнад.
Гӯшти қурбоққаро ба дандон бимоланд, дандонро бе
ҳеҷ гуна дард аз милкаш берун меоварад; ба ҷоҳои
дигари бадан бимоланд, аз сӯхтани оташ нигоҳ медо-
рад.
Мағзи сарашро сӯхта бимоланд ё бипошанд, хуни
равонро мебандад. Агар инро бо воситаи найча дар
бинӣ пуф кунанд, хуни биниро манъ мекунад, инчунин
мағзи сари онро ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро
қатъ мегардонад.
Мегӯянд, ки чун рони онро бо ресмон баста, касе,
ки алмос хӯрда бошад, фурӯ барад, пораҳои алмос ба
он мечаспанд ва ҳамин тавр берун кашида мешаванд.
Чун дасту по ва даруни шиками онро дур карда,
бо чарбуи гурдаи буз муҳарро пухта, равғани онро
ҷамъ кунанду бимоланд, бавосири хуниро дафъ ме-
кунад.
Қисме, аз қурбоққа, ки дар пойи дарахтон зиндагӣ ба
сар мебарад, сабзи бисёр майда мебошад. Чун онро
бо ҳамвазнаш чигити пахта бисӯзонанду маҳин ос
карда, чун сурма ба чашм кашанд, оби дар гавҳараки
чашм фуромадаро дафъ мекунад.
Агар ҳамон қурбоққаи майдаи сабзро дар об ҷӯшо-
нида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро
таскин медиҳад.
Қурбоққаи сабзи обиро, ки қурбоққаи қашқа мено-
манд, сарашро бурида дур намуда, шикамашро низ
чок карда, он чӣ дар он ҳаст, гирифта партофта, пӯс-
ташро канда, баъд як миқдори кам гӯшт бо устухо-
наш, ки монда бошад, дар як ошомидани об то муҳар-
ро шудани он ҷӯшонида, он обро хоҳ нон тар карда,
хоҳ бе нон биёшоманд, ҳафтаи дуввум ва ҳафтаи сав-
вум низ ҳамин амалро такрор намоянд, гӯё дар се
ҳафта се қурбоққаи қашқаро муҳарро пухта бихӯранд,
аз иллати сил, ки захми шуш аст, наҷот меёбанд.

27. Товус

Ин парандаест машҳур ба зебоӣ ва хушранг бо
рангҳои гуногун, думаш бисёр дароз ва чун бардо-
рад, чатрӣ мегардад, хусусан думи нари он бисёр да-
роз ва парҳои зебо дорад.
122
Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ бисёр сахт ва
бадҳазм, хӯрдани он хилти (моддаи) ғализ дар бадан
пайдо мекунад, вале ба меъда қувват мебахшад.
Гӯшташро бе масолеҳи дигар шӯрбо карда бихӯ-
ранд, дарди паҳлу ва зот-ул-ҷанб (варами пардаҳои
даруни сина)-ро шифо мебахшад.
Хӯрдани гӯшт ва чарбуи он боҳро қавӣ мегардо-
над. Гӯшташро бо судоб шӯрбо пухта бихӯранд, дар-
ди меъдаро, ки аз хунукӣ ҳодис шуда, қулинҷ (колит).
бодҳои ғализ ва дарди буғумҳоро дору мешавад.
Равғани онро бар камар, закар ва мақъад (махраҷ-
гоҳ) бимоланд, боҳро қувват мебахшад.
Чарбуашро об карда, бо об, судоб ё бо асал даро-
мехта бимоланд, қулинҷ ва дарди меъдаро ба ибро
меоварад.
Хунашро бо анзарут ва намак даромехта бимоланд,
решҳои бадфиоли раддиро, ки хӯрандаи узв гашта бо-
шанд, шифо мебахшад.
Саргинашро бимоланд, доғҳои пӯстро пок мекунад,
озахҳоро хушк карда мерезонад.
Устухонашро сӯхта, бо асал сиришта бимоланд,
доғи кунҷидакро дафъ менамояд, ранги песро дигар
месозад.
Заҳраашро ба қадри як грамм батанҳоӣ ё бо си-
канҷабину (сиркоасалу) оби гарм биёшоманд, барои
боздоштани пешоб ва манъ кардани исҳоли хунини
кӯҳна давои хубест. Агар инро бо сирко даромехта
бимоланд, газидани ҷонварони заҳрнок ва захмҳоро
шифо мебахшад, доғҳои пӯстро дафъ мекунад; бо ан-
зарут сиришта ба чашм бимоланд, гули чашмро дур
месозад. Агар заҳраашро сӯхта бипошанд, даҳани ҷа-
роҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Ин сӯхтаи
онро ба дандон бимоланд, онро сахт ва мустаҳкам ме-
гардонад ва аз чирк пок месозад.
Мегӯянд, ки чун дунболаи онро дар кӯза андохта
бисӯзонанд, аз 450 грамми он қариб 4,5 грамм фулуз-
зе монанди тилло ҳосил мешавад. Ҳамин фулузро чун
сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва ҳамаи бемори-
ҳои чашмро дафъ мекунад.
Мизоҷи гӯшташ бисёр гарм аст ва инро бо ҳазм-
кунандаи таом, ки занҷабил, мурч, зира ва ғайра би-
хӯранд, ислоҳ мегардад.
123

28. Гунҷишк

Ин парандаест машҳур ба зебоӣ ва хушранг бо
андак калонтар аз аҳлӣ ва нӯлаш борику дарозтар
аст.
Беҳтарини навъҳои он фарбеҳи даштиаш мебошад,
ки дар фасли зимистон гирифта шуда бошад. Вале
хонагиаш агарчи фарбеҳ ҳам, ки бошад, барои давоӣ
бисёр заиф аст, ҳатто намешояд.
Мизоҷи гунҷишки аҳлӣ дар дараҷаи дуввум гарм
ва хушк аст, вале мизоҷи даштиаш дар хушкӣ зиёдтар
мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гунҷишкро пухта бихӯ-
ранд, баданро гарм ва фарбеҳ мекунад, барои одамо-
ни тармизоҷе, ки дар бадани онҳо бодҳо пайдо мешуда
бошанд, мувофиқ аст ва боҳи онҳоро ба ҳаракат ме-
оварад, маниро зиёда менамояд ва олати мардиро ба
ҳаракат меоварад.
Гӯшташро бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад,
вале қисмҳои дигараш дарунро мебандад.
Қавлҳо зикр шудаанд, ки гунҷишк аз парандаи са-
ра аст барои иллатҳои гуногун: фолиҷ, каҷ шудани
рӯй, сусту нотавон гаштани аъзо, карахтӣ, сустии ҷи-
гар, истисқо (водянка), зардпарвин, сустии гурда ва
боҳ, инчунин монанди инҳо дору мешавад; беҳтарин
давоест барои одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ, ин-
чунин барои касе, ки аз бисёрии боди шиками худ
шикоят намояд, дору мебошад.
Мағзи сари нари онро дар вақти ҳаяҷонӣ буданаш
гирифта, дар равғани бодоми ширин бирён карда, бо
хӯришҳои хушбӯйи таоми пурқувват бихӯранд, бағоят
боҳро меангезад ва маниро зиёда мекунад, инчунин
олати мардиро ба ҷунбиш меоварад. Бачаи он барои
ҳаракат додани боҳ ва шиддати ба ҷунбиш овардани
закар қавитар аст, хусусан аз чизҳои дарунашу пар-
ҳояш пок карда, бо зардаи тухми мурғ ва равғани зай-
тун бирён кунанду бихӯранд, низ тухми гунҷишк дар
ин бобат қавӣ мебошад.
Ин дар фарбеҳ кардани бадан давои бемисл аст.
Майнаашро бо зардаи тухми мурғ бихӯранд, боҳро
бармеангезад ва агар бо шароб бихӯранд, низ ҳамин
хосиятро дорад.
Майнаашро занони назоянда аз таг бардоранд, бои-
си зуд ҳомила шудани онҳо мегардад.
124
Вале хӯрдани гунҷишк ба касони гарммизоҷ зарар
дорад. Давояш анор, ғӯраи ангур ва сиканҷабини турш
ошомидан аст.
Беҳтар мешавад агар гӯшти онро оби анор ё ғӯра
пошида бихӯранд, то, ки зуд ҳазм гардад, зеро ки гӯш-
ти он сахт ва гарммизоҷ аст.
Чун гунҷишкро сар бурида, хуни онро дар орди
наск бичаконанд ва хамирашро кулӯла созанду хушк
намуда, дар вақти мубошарат як кулӯлаи онро бо
асал сойида, ба закар бимоланд ва пойро ба замин на-
гузошта, мубошарат намоянд, боҳро бармеангезад.
Хуни гунҷишкро дар чашм чаконанд, гули дар он
афтодаро пок менамояд.
Саргини он бисёр гарм ва хушк аст, гули чашмро
пок мекунад, доғи кунҷидакро дафъ менамояд, инчу-
нин доғҳои дигари дар рухсора пайдошударо нест ме-
кунад. Саргинашро бо оби даҳан сиришта бимоланд,
озахро хушк карда мерезонад ва доғҳои кунҷидакро
барҳам медиҳад.
Устухонашро сойида бихӯранд, меъдаро қавӣ мегар-
донад ва исҳолро банд мекунад. Агар онро бихоянд,
ба узвҳои даруни шикам ва рӯдаҳо бағоят зарар до-
рад. Балки аз хойидан ё сойида хӯрдани устухони он
худдорӣ кардан беҳтар аст, зеро сурхрӯда ва рӯдаҳои
шикамро мехарошад.
Хокистари пари онро бимоланд, варамҳоро таҳлил
медиҳад.
Чун гунҷишки зиндаро ба ғайр аз сараш парҳояш-
ро бикананду дар ошёнаи занбӯри асал биёвезанд, то
аз газидани занбӯрон бимирад, баъд онро дар равған
биҷӯшонанду он равғанро бимоланд, сустии олати
мардиро дафъ мекунад, боҳро қавӣ мегардонад ва ола-
ти мардиро ба ҷунбиш меоварад.

29. Уқоб

Ин парандаи бузургҷуссаи дарранда аст, ки маъ-
лум мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ лифӣ (лифмо-
нанд), сахт аст ва аз хӯрдани он дар ҷигар моддаи
носара пайдо мешавад. Хӯрдани он барои ибрида (но-
тавон шудани ҳолати мардон аз рутубати бисёр пай-
125
до кардани бадан), бодҳои бисёр ва дафъ кардани ру-
тубати бадан даво мешавад.
Заҳраашро чун сурма ба чашм кашанд, дар гавҳа-
раки чашм фуромадани обро, ки дар ҳолати ибтидо
бошад, дафъ мекунад; чашмро тез ва қавӣ мегардонад;
пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик менамояд,
дур месозад, захмашро ҳам шифо мебахшад.
Хунашро бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад.
Саргинашро бимоланд, доғи кунҷидак ва ҷӯшиши
рухсораро дафъ мекунад ва инчунин ханозерро (хук-
гарданро) таҳлил медиҳад.
Агар парашро сӯхта, занҳо дудашро ба миёни по-
ҳо ба поёни шиками худ бигиранд, бӯғма (хафа) шу-
дани бачадонро, ки беҳушӣ меоварад, шифо мебах-
шад.

30. Каждум

Каждум навъҳои гуногун дорад. Каждуме, ки дар
вақти ҳаракат дунболаи худро баланд гирад, онро
каждуми сайёла меноманд ва агар думашро бар замин
кашида равад, онро каждуми ҷаррора мегӯянд. Каж-
думи ҷаррора аз сайёла хурдтар ва заҳраш қавитар,
ки кушанда мебошад. Заҳри каждуми мода қавитар
аз нари он аст. Бадтарини ҳамаи инҳо навъи сиёҳи
он аст. Хелҳои каждуми бадзаҳр бисёранд. Ҳатто чу-
нин каждум ҳам ҳаст, ки агар неш ба санг занад, он-
ро реза-реза мегардонад.
Мизоҷи каждум дар дараҷаи саввум сард ва хушк
Хислатҳои шифобахши он: равғанашро бимоланд,
фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), нотавон
ва суст шудани аъзо, каҷ шудани рӯй, дарди буғум-
ҳо ва карахтиро шифо мебахшад.
Хокистари онро бо мурч сойида, ба он занҷабил ва
ғайра давоҳои гарммизоҷи муносиб даромехта, чун
сурма ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки чаш-
ми инсонро дафъ мекунад.
Каждуми сӯхтаро ба ним вазни он саргини муш
даромехта, ба чашм кашанд, чашмро қавӣ мегардо-
над, қӯтур ва пардаи дар он афтодаро, ки чашмро то-
рик месозад, дафъ мекунад.
Каждумро бирён ё кабоб карда бихӯранд, сурфаи
126
кӯҳнаеро, ки аз сардӣ бошад ва захмҳои узвҳои пе-
шобро шифо мебахшад.
Каждуми сӯхтаро бо шилми олу ё бо тухми кӯфтаи
гулихайрӣ ва ё бо шибит бихӯранд, сангҳои гурда ва
хичакро майда карда мерезонад, душвории шошадон-
ро осон мекунад, ҳатто дар ин бобат назир надорад,
қулинҷҳои (колитҳои) гуногунро шифо мебахшад.
Каждуми калонро хушк сохта, ос карда, бо сирко
сиришта бимоланд, доғи песро, ки нав бошад, дафъ
мекунад; инчунин барои доғи сафеди пӯст ва доғи кун-
ҷидак дору мешавад ва ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯй-
рехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Чун каждумро дар равғани зайтун бисӯзонанду ба
реши раддии бадфиоли беҳнашаванда бимоланд ва аз
болои он кӯфтаи каждуми сӯхтаро бипошанд, фоида
мебахшад, инчунин он равғанро ба ҷойи сар ва риш, ки
мӯяш гирдак-гирдак рехта бошад, бимоланд, мӯй ме-
рӯёнад. Ва агар ин равғанро бар бавосир пай дар пай
бимоланд, донаашро меафтонад.
Каждуми зиндаро чок карда, ба ҷойи каждумгазида
барбанданд, заҳри онро ба худ мекашад. Ва агар ка-
боб ё бирёнкардаи онро бихӯранд, заҳри газидаи каж-
думро дафъ мекунад.
Агар дар охири моҳ, ки се-чор рӯз аз он монда
бошад, як адад каждумро дар шиша андохта, бар бо-
лояш равғани зайтун рехта, даҳани шишаро маҳкам
карда, чанд рӯз онро дар офтоб бигузоранд, то ки
қуввати каждум ба равған бигузарад. Ин равғанро
бимоланд, дарди пушт ва ирқуннасоро (радикулитро)
шифо мебахшад, инчунин фолиҷро ба ибро меоварад
ва донаи бавосирро меафтонад. Агар адади каждум
зиёд бошад, миқдори равғанро дар таносуби ба як
адад каждум 35 грамм равғани зайтун дар вақти ба
офтоб гузоштан афзоянд ва чил рӯз дар офтоб гузо-
ранд, баъд ин равған равғани каждум ҳисоб меёбад.
Агар ин равғанро аз рӯ бимоланд, сангҳои гурда ва
хичакро майда карда мерезонад.
Нақл кардаанд, ки занеро бача дар вақти ҳомилагӣ
аз шикам меафтода бошад, каждуми мурдаи хушкро
ба худ биёвезад, бачаи вай дигар намеафтад.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз хокистари
каждум аз 1,75 то 4,5 грамм аст. Вале хӯрдани ин ба
шуш зарар дорад. Давояш тухми карафс хӯрдан ва
ошомидани оби пиёз то 180 грамм мебошад.
127
Агар каждум касеро бигазад ва ҷойи газидааш за-
рам кунад, сахт ва сурх гардад ва он каси каждум-
газида ду ҳолати зидди ҳамдигарро ҳис кунад, ки гоҳ
хунук хӯрад ва гоҳ гарм гардад, ғамгин шавад, дар
изтироб ояд, сустӣ дар дили худ ҳис кунад, арақи ху-
нук ояд, сустии бадан, ларза, беҷошавии ақл, пари-
дани лабҳо, оруғ ва қайи сахт ҳодис гардад ва дар
қай чизе часпак барояд, бод дар шикамаш пайдо гар-
дад, дандонҳо бар ҳам афтанд, беҳушӣ содир шавад,
рангаш бипарад, забонаш ғафс гардад, узвҳо сард ва
суст гарданд, закараш варам кунад, мақъадаш (кӯта-
наш) барояд —ин ҳам илоҷпазир намебошад. Хуллас,
илоҷи он дарҳол, агар мумкин бошад, сахт бастани бо-
лои он мавзеъ, монанди моргазида ба амал оваранд;
тухми зағир ва гӯгирдро кӯфта, бо равғани савсани
сафед ё равғани савсани кӯҳӣ сиришта, ба он мавзеъ
гузоранд; хояи сагобӣ, мурчи дарозро бо сирко сириш-
та, ба он ҷо сахт бимоланд, бо оташ гармбандӣ кунанд,
сир (чеснок) бихӯронанд ва низ сирро кӯфта банданд,
ҷадвор бар он бимоланд ва аз истеъмоли давоҳои ку-
шояндаи гиреҳҳо худдорӣ намоянд. Ва агар имкония-
таш бошад, он каждуми газидаро бигиранду кӯфта, ба
ҷойи газидааш банданд, заҳрашро дафъ мекунад. Оҳак
ва барги тутро гирифта, бо равғани дунба сиришта,
ба ҷойи захми он низ ва оҳаку равғанро ба ҷойи гази-
даи он бимоланд, дардаш сокин мегардад. Агар он
равғанро бо асал даромехта, чун кӯдак аз модар зойи-
да шавад, 1,75 грамм аз он ба комаш бимоланд, баъд
аз он агар дар тамоми умраш ӯро каждум бигазад,
дард намекунад.
Чирки гӯши хукро ба мавзеи каждумгазида бимо-
ланд, дардаш сокин мешавад. Барги токро кӯфта, ба
ҷойи газидаи он гузоранд, дардашро таскин медиҳад.
Агар мағзи чормағз, анҷир, сири кӯфта бар захми он
бимоланд, низ, судманд мебошад. Шамъчаи яхро дар
мақъад бардоранд, дарди онро таскин медиҳад. Шика-
ми мушро чок карда, гармогарм ба он ҷо гузошта бан-
данд, тухми юнучқаро гузошта банданд; решаи кавар,
талхшувоқ — ҳар дуро баробар гирифта, кӯфта, бо
асал маъҷун сохта аз он 2 грамм бихӯронанд, фоида
дорад.
Нақл аст, ки касе гирифтори фолиҷ гашта, ба хес-
тан ва роҳ гаштан қодир набуд. Иттифоқан дар вақти
128
шаб ҳангоми хоб чанд ҷойи ӯро каждуми ҷаррора газид
ва бемор аз иллати мазкур наҷот ёфт.
Агар каждуми ҷаррора бигазад, давояш хӯрдани
равғани гов ё гӯсфанд ва он равғанро тафсонида, ба-
такрор ба ҷойи газидааш рехтан аст; инчунин аз он
мавзеъ хун гирифтан ё чок карда, хуни он ҷоро сар
додан аст; оби себи туршро дар оташ ғафс гардонида
ошомидан аст; талқони себи туршро бо оби сард ошо-
мидан, коснӣ ва дигар таскиндиҳандаҳои фишори хун,
аз ҷумла: оби ҷав, оби каду, оби бодиринг ва монан-
ди инҳо биёшоманд; инчунин барги себи турш, кашни-
зи хушк — аз ҳар як баробармиқдор се каф бихӯранд,
фоида дорад.
Тариқи сӯхтани каждум ин аст. Каждуми зиндаро
дар зарфи мис ё оҳан, ё сафол андохта, даҳани онро
бо хамир маҳкам намуда, танӯрро бо ҳезуми ток ва
ғайра тафсонида, баъд оташро аз танӯр бароварда, он
зарфи каждум доштаро шаб дар он гузоранду даҳани
танӯрро бипӯшанд, пагоҳӣ каждумро бароварда би-
соянд. Шарташ ҳамин, ки танӯр гарми бад набошад,
ки мабодо каждум сӯхта, тамоман хокистар гардад.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!