Канзи шифо. Давоҳои беҷон 297-303


297. Каҳрабо

298. Об

299. Намак

300. Мис

301. Нефт

302. Навшодир

303. Ҳаво

297. Каҳрабо

Ин ҳам монанди сандарус шилми дарахтест, ки ҳан-
гоми гарм шудан хасҳои майдаро ба худ мекашад. Агар
сандарусро бисӯзанд, бӯйи бад, яъне бӯйи шохи ҳайвон
аз он шамида мешавад. Каҳраборо чун бо даст бимо-
ланд, бӯйи оби лиму аз он дарёфта мегардад. Санда-
рус назар ба каҳрабо мулоимтар ва бӯйи оби лиму аз
он намеояд, вале каҳрабо сахт аст. Вақте ки каҳрабо-
ро бисӯзанд, бӯйи мустако аз он ба машом мерасад.
Мизоҷи каҳрабо дар гармиву сардӣ мӯътадил аст
ва дар дараҷаи дуввум хушк, ба қавли баъзеҳо дар
дараҷаи якум хунук аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро ос карда би-
хӯранд, назлаҳо ва хуни биниро манъ мекунад ва на-
мегузорад, ки аз майна ба шуш рутубат резон шавад:
Худашро танҳо бихӯранд, хун қай карданро аз узвҳои
даруни сина ва шуш қатъ мекунад. 2,25 грамми онро
бо оби хунук биёшоманд, низ хунеро, ки аз даридан ё
канда шудани раге аз рагҳои узвҳои даруни сина мео-
мада бошад, мебандад. Ин миқдорро бо гулоб ё бо об
биёшоманд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз бисёр ҷамъ
шудани сафро ва вобастагии дил ба меъда бошад, ши-
фо мебахшад.
Хӯрдани ин қай ва исҳоли хунинро дафъ мекунад
ва моддаҳои зарарнокро аз рехта шудан ба меъда манъ
менамояд; хунравиро аз мақъад, бавосир, бачадон,
ҷигар, роҳҳои пешоб ва ҳатто хуни ҳайзро ҳам банд
мегардонад; барои зардпарвин, сӯзиши пешоб (сӯзок),
сустии меъда ва гурда даво мешавад, санги хичакро
майда карда мерезонад. Агар инро бо мустако бихӯ-
ранд, меъдаро қувват мебахшад, душвор шошиданро
дафъ мекунад, барои исҳоли дамодам даво мешавад.
Каҳраборо ос карда, бо сабир (алоэ) даромехта
бимоланд, донаи бавосирро меафтонад.
Сойидаи каҳраборо бипошанд, хунашро баста ва да-
ҳани ҷароҳатҳоро ба ҳам меоварад. Сойидаи инро бо
671
об сиришта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебах-
шад, ҷоҳои латхӯрдаи баданро ислоҳ медиҳад, узвҳои
шикастаро ба ҳам мепайвандад. Агар инро бо мӯрд,
даромехта бимоланд, арақи одамони заифро қатъ ме-
созад.
Агар каҳраборо бо худ овезанд, хуни биниро манъ
мекунад, дил ва меъдаро қувват мебахшад; дар меъда
ҳазм наёфта дафъ гаштани таомро ислоҳ мекунад.
Агар каҳраборо бо худ доранд, хавф, тоун ва зард-
парвинро дафъ мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз
афтодан нигоҳ медорад.
Мегӯянд, ки хӯрдани каҳрабо ба сар зарар дорад,
агар инро аз ҳад зиёд истеъмол намоянд, дарди сар
мекунад. Давои ин зиёнаш бунафша хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз каҳрабо дар як рӯз 2,25
грамм аст.
Ба ҷойи каҳрабо сандарусро истифода баранд, ра-
вост.
Равғани каҳраборо бо оби райҳони гӯши муш биё-
шоманд, саръ (припадка), сакта (мурда барин беҳара-
кат мондан) ва фолиҷро, ки шал шудани нимаи бадан
ба дарозӣ мебошад, бомуваффақият шифо мебахшад.
Агар ин равғанро бимоланд, тоун ва ҷингак шуда-
ни аъзоро шифо мебахшад. Ва агар бо равғани савса-
ни кӯҳӣ ё бо равғани пиёзи ансул даромехта бимоланд,,
низ фолиҷро ба ибро меоварад.
Равғани инро бо оби бӯймодарони дуруштбарг би-
хӯранд, душвории зойиданро осон мекунад. Агар ин
равғанро бибӯянд ва бинӯшанд, хафа (бӯғма) шудани
гулӯгоҳи бачадонро, ки беҳушӣ меоварад, шифо ме-
бахшад; бо оби коснӣ бинӯшанд, зардпарвинро дафъ
мекунад; барои равон кардани ҳайзи бандшуда бо оби
бӯймодарони дуруштбарг меошоманд ва ин низ барои
ислоҳи душвории шошидан шифо мебахшад; бо шароб
бинӯшанд, хун қай карданро манъ мекунад.
Агар ин равғанро бо оби арпабодиён даромехта ба
чашм бикашанд, чашмро пурқувват месозад. Инро бо
оби барги зуф даромехта, дар даҳан гардонанд, дарди
дандонро таскин медиҳад.
Як роҳи тайёр кардани равғани каҳрабо чунин аст.
Ҳар қадар, ки хоҳанд, каҳраборо кӯфта, баробари ваз-
ни он сангрезаи кӯфтагиро ҳамроҳ намуда, дар шишаи
гарданхам дар оташ муқаттар (дистилляция) меку-
нанд. Баъд ба он сирко биёмезанду боз муқаттар на-
672
моянд, яъне аз тагаш оташ расонида, онро ба бухор
табдил дода, дар даруни каҷи шиша, ки дар миёни
оби хунук бошад ва бухори сирко, ки дар он ҷо сард
гашта, ба қатраҳо табдил меёбаду он қатраҳо меча-
канд. Дар таҳти он шишаи гарданкаҷ равған мемонад.
Ин роҳи осони гирифтани равғани каҳрабост ва дар
ин амал равған бисёр ҳосил мегардад, масалан, аз 250
грамм каҳрабо 125 грамм равған гирифта мешавад.
Навъи дигари гирифтани равғани он ин тавр аст.
Каҳраборо кӯфта, чанд рӯз дар шароб тар мекунанд.
Баъд онро ба шишаи гарданкаҷ андохта, бо ҳамон
усуле, ки дар боло гуфтем, муқаттар мекунанд. Он чӣ
аз бухори он ба гардани хунуки шиша расида, қатраҳо
гашта мечакад, ба рӯй меояд ва он чӣ ба қатраҳо таб-
дил наёфтааст, дар таги он мемонад. Он чиро, ки му-
қаттар нагашта бошад, дуввумбора аз тагаш оташ до
да, муқаттар мекунанд, то он ки ҳамаи чизҳои ғайри-
аш бухороб гашта парида раваду равғани матлуб дар
таги колба (шиша)-и гарданкаҷ қарор монад. Ин роҳи
беҳтар ва осонтарини усули тақтири равғани он аст ва
дар ин амал равған бештар ҳосил мегардад, масалан,
аз 250 грамм каҳрабо 125 грамм равғани он ҳосил ме-
шавад.
Ин равған ҳамаи бемориҳои вобаста ба майна ва
асабҳо, аз ҷумла: саръ, ҷингак шудани аъзо, карахтӣ
ва фолиҷро шифо мебахшад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ин равған дар як рӯз аз
як то ду қатра аст.

298. Об

Моҳияти об ва хизмати он дар табиат, ҳаёти раста-
ниҳо, ҳайвонот, аз ҷумла дар узвҳои бадани инсон ба
мо маълум ва равшан аст.
1. Оби баҳр.
Таъмаш талху шӯру тунд аст.
Мизоҷи ин об гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин об хусусияти покку-
нандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дорад, моддаҳоро аз да-
рун ба рӯйи пӯст мекашад, сафро ва балғамро бо ис-
ҳол дафъ мекунад, рутубатҳои нодаркори баданро хушк
мегардонад, вале хунро вайрон мекунад.
Инро гарм карда, кам-кам ва бардавом бирезанд,
дарди асабҳоро таскин медиҳад, ҷоҳои аз сармо кафи-
673
даро ба ибро меоварад; хориш, қӯтур ва шукуфаи пӯст-
ро шифо мебахшад. Сари качали (кали)-ро бо ин об
бо мудовамат бишӯянд, сиҳат мекунад.
Дар ин об даромада нишинанд, заҳри мор ва каж-
думро аз бадан дафъ мекунад, бемориҳои аз сардӣ су-
ратгирифта ва истисқоро шифо мебахшад.
Вале оби баҳр ба меъда зарар дорад, дарунро ме-
бандад, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад ва захмин
мекунад, ба сӯзиши пешоб (сӯзок) гирифтор менамо-
яд. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шӯрбои гӯшти мурғ,
моҳишӯрбо, ғизоҳои тари равғандор, шилми бодомҳо
ва ғайра хӯрдан аст.
2. Оби гарм.
Мизоҷи ҳамаи обҳои гарм моил ба гармӣ ва хушкӣ
мебошад.
Хислатҳои шифобахши онҳо: хусусияти башиддат
таҳлилдиҳандагӣ доранд, қабзиятовар, вале пайдо шу-
дани шупушро манъ мекунанд.
Камтареро аз онҳо бинӯшанд, қайро манъ мекунад.
Масалан, оби зокдор барои хун қай кардан, хунравӣ аз
бавосир, моддаҳои бо ҳайз равоншаванда ва ғайраро
фоида дорад.
Агар обҳои гармро бисёр бинӯшанд. бағоят зарар
дорад ва табҳоро дар бадан ба хурӯш меоварад.
Агар ин обҳо зарар кунанд, низ шӯрбои гӯшти мурғ,
моҳишӯрбо, ғизоҳои тари равғандор, шилми бодомҳо
ва ғайра хӯрдан даркор аст.
3. Оби хокистар.
Ин обест, ки хокистарро дар об ҷӯшонида, се-чор
бор таҳшин карда, оби софи онро бигиранд, ҳамин оби
софи хокистар ба шумор меравад.
Мизоҷи оби хокистар вобаста ба асли дарахт, гиёҳ
ва самари он аст. Яъне хокистарро аз дарахт ва гиёҳ-
ҳои гарммизоҷ ҳосил карда бошанд, мизоҷаш гарм ме-
гардад ва ғайра.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он:
поккунанда, бадбӯсозанда ва несткунандаи чиркҳо (дар
ин бобат беҳтар аз собун аст).
Оби хокистари бисёр софро ба миқдори 2,25 грамм
бинӯшанд, даруни шикамро дағал мегардонад, вале қа-
сабаи шуш (роҳи нафас) ва меъдаро аз моддаҳои час-
пак пок месозад; қай, беҳузур (беҷо) шудани дил ва
исҳолро манъ мекунад.
674
Ҳангоми инро нӯшидан дарунро дағал гардонад, да-
вояш равғани бодоми ширин хӯрдан аст.
12,5 грамм аз оби софи хокистар бинӯшанд, хуни
дар шикам шахшударо таҳлил медиҳад, яъне мегудо-
зад ва заҳри ғундаро аз бадан дафъ мекунад.
Оби хокистарро кам-кам ва бардавом бирезанд, ба-
рои фолиҷ ва дарди асаб дору мешавад.
Бо оби хокистар ҳуқна (клизма) кунанд, захми рӯ-
даҳоро шифо мебахшад.
Агар ин обро ба захмҳо бимоланд ё бичаконанд,
гӯшти ҳароми онҳоро хӯрда нест мекунад ва захмҳоро
хушк мегардонад.
4. Оби гӯгирднок, яъне обе, ки аз конҳои гӯгирд
низ бармеояд.
Мизоҷи ин об гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: бо ин об бишӯянд, бемо-
риҳои савдовӣ ва раддии бадфиоли монанди: қӯтур,
шукуфаи пӯст, доғи сафеди пӯст, пӯстпартоӣ, дарди
буғумҳои аз сардӣ суратгирифта, шах шудани асабҳо,
бодҳои хунук, ҷароҳати ҷонварони даррандагазида,
ширинча ва качалӣ (каляра); дардҳои ҷигар, бачадон,
зону ва монанди инҳоро шифо мебахшад
Зарарҳояш: агар инро бинӯшанд, чашм, меъда ва
рӯдаҳоро заиф мегардонад, ҷигарро гарм мекунад. Да-
вои ҳамаи ин зарарҳояш шӯрбои равғандор, чизҳои
тармизоҷ ва хунукмизоҷ ошомидан аст.
5. Оби маъдан, яъне обе, ки аз конҳои фулузот
барояд, монанди: кони мис, оҳан, сурб (қӯрғошим)
қалъагӣ ва монанди инҳо.
Мизоҷи ҳар як аз ин обҳо ба мизоҷи маъданаш наз-
дик аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар ин обро, ки хоҳ аз
маъданаш барояд ё миси тафсонро дар об хунук карда
бошанд, дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши (пухтани) да-
ҳанро шифо мебахшад, варами забончаи ҳалқро таҳ-
лил медиҳад. Агар инро нимгарм дар гӯш чаконанд,
дарди гӯшро сокин менамояд. Бо ин об баданро бишӯ-
янд, мизоҷи вайроншударо ислоҳ мекунад ва узвҳои
сустгаштаи баданро қувват мебахшад
Вале агар инро бинӯшанд, хатарнок аст ва ба узв-
ҳои дохили бадан зарар дорад.
Оби оҳанро, ки хоҳ аз конаш барояд ё оҳани таф-
сонро дар он хунук карда бошанд, бинӯшанд, барои
бемориҳои сипурз ва истисқо (водянка) шифо мебах-
675
шад, иштиҳоро қавӣ мегардонад, қуввати боҳро (пуш-
ти камарро) афзун месозад ва барои аксари бемориҳои
сардмизоҷ фоида дорад. Агар бо ин об худро шустушӯ
диҳанд, низ иллатҳои мазкурро, ки дар оби гӯгирд
овардем, шифо мебахшад.
Оби расос, яъне обе, ки аз кони сурб ва қалъагӣ
барояд ё он обест, ки сурби (қӯрғошими) гудохта ва
қалъагии тафсонро дар он андозанд — ин зарарнок аст:
иллати қулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, пешобро ме-
бандад ва зарари оби сурб зиёда аз оби қалъагӣ ме-
бошад.
Оби тилло ва оби нуқраро бинӯшанд, дил, майна,
меъда, ҷигар ва боҳро қувват мебахшад, бемориҳои
молихулиё, дилтапак (дилбозӣ)-ро дафъ мекунад, ба-
рои ба ҳаракат овардани олати мардӣ мадад мерасо-
над, дарунро мебандад.
Хуллас, обҳои маъданӣ пайдокунандаи душвории
шошидан аст.
6. Оби шӯр, яъне намакоб.
Ин об хоҳ аз конаш барояд, хоҳ дар оби ширин на-
мак андохта, шӯр гардонанд ва хоҳ аз чашмаи шӯр ба-
рояд.
Мизоҷи оби шӯр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: зарарҳои ин ба зиёнҳои
оби баҳр наздик аст, ки дар боло зикр ёфт.
Фоидаҳояш: дастбаҳол хуб исҳоловар, вале агар
инро бардавом бинӯшанд, қабзият меоварад, зеро хусу-
сияти рутубатҳоро ба худ кашандагӣ дорад.
Давои ин зарарҳояш шириниҳо, чизҳои чарбнок хӯр-
дан аст ва инчунин бо орди ҷави тафсонида даромех-
тан, ях ва хоки холис андохтан аст.

299. Намак

Ин чизест, ки барои лазиз гардонидан ба ғайр аз
шириниҳо ба таомҳо меандозанд ё мепошанд, дар об
гудохта мегардад. Намак низ ба шакли санг ҳам
дорад, ки онро намаксанг меноманд ва инчунин ғайр
аз сангин ҳам вуҷуд дорад.
Мизоҷи намаки талх дар дараҷаи дуввум гарм ва
дар саввум хушк аст.
Мегӯянд, ки ин намак барои одамони сардмизоҷ ва
ҳазми таом, барои дафъ кардани гаронии меъда фои-
676
да дорад, гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, кирм-
ҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, оруғ меоварад, бод-
ҳоро дафъ мекунад. Ба одамони гарммизоҷ барои гур-
да ва хичак зарарнок аст, исҳол меоварад, маниро ра-
қиқ мегардонад. Давои ин зарарҳояш бо равғани то-
заи гов ва бо равғани буз истеъмол кардан аст.
Мизоҷи намаки таом дар охири дараҷаи дуввум
гарм ва хушк аст. Агар намак чӣ қадар талхтар бо-
шад, мизоҷаш ҳамон қадар гармтар мегардад.
Хислатҳои шифобахши он: Хусусиятҳои умумии ҳа-
маи намакҳо: балғам, савдо ва сафроро бо исҳол дафъ
мекунад, рутубатҳои часпакро нест менамояд, гиреҳҳои
баданро мекушояд, дар меъда ҳазм ёфтани таомро
таъмин мекунад, вайрон шудани таомро манъ месозад,
иштиҳо меоварад, ранги рухсорро неку мегардонад,
хислати бади ғизоҳои сардмизоҷро ислоҳ мекунад, ма-
заи таомҳоро неку ва форам мегардонад.
Намаки сафеди софи шаффофро бо сирко сиришта
бимоланд, ширинча ва шукуфаи пӯст ва бо сабир
(алоэ) сиришта бимоланд, назлаҳоро дафъ мекунад.
Ин гуна намакро ос карда, чун сурма ба чашм ка-
шанд, шилпуқӣ, гули чашм ва пардаи дудмонанди ба
чашм афтодаро дафъ мекунад, чашмро равшан мегар-
донад.
Ин намакро бо марворид даромехта бимоланд, чир-
ки дандонро нест мекунад.
Намакобро дар даҳан гардонанд, милки дандонро
мустаҳкам мекунад ва баъд аз кандани дандон рафта-
ни хуни онро манъ менамояд. Хусусан намаки сӯхта
дар ин бобат беҳтар аст. Агар инро дар сирко ҳал
карда, он сиркоро дар даҳан гардонанд, ҳамин гуна
таъсирро дорад.
Намаки софи барроқ ва намаки нефтиро, ки сиёҳ-
ранг аст ва навъҳои дигари инро бихӯранд, балғами
часпакро аз узвҳои даруни сина меканад. Намаки неф-
тиро бо асал ва сирко даромехта бихӯранд, дарди гу-
лӯ ва варами забончаи ҳалқро шифо мебахшад.
Намаки нефтиро хӯрда қай кунанд, барои исҳоли
хунин бағоят фоида мебахшад. Инро бо сиканҷабин
(сиркоасал) даромехта бихӯранд, меъдаро аз чизҳои
зарарнок ва зиёдатӣ пок мегардонад.
Ҳар як навъи намакро бихӯранд, балғам, савдо ва
зардобро бо исҳол дафъ мекунад, рутубатҳои часпакро
хориҷ менамояд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд,
677
иллати дар меъда ҳазм наёфта хориҷ шудани таомро
ба ислоҳ меоварад, вайрон шудани таомро дар меъда
манъ мекунад, иштиҳоро бармеангезад, рӯдаҳоро шус-
тушӯ медиҳад ва барои аз ҷоҳои дур ва чуқури бадан
дафъ кардани моддаи савдо мадад мерасонад, бадҳаз-
мии таомро нест ва пайдо шудани иллати махавро
манъ мекунад, хусусан намаки нефтӣ дар манъ карда-
ни иллати махав беҳтар аст. Намаки сафеди соф ва
барроқ барои дардҳои меъдаи сардмизоҷ давои ху-
бест. Агар инро бо сиканҷабин бихӯранд, истисқо (во-
дянка) ва бемориҳои савдовӣ, инчунин балғамиро ши-
фо мебахшад, гиреҳҳои узвҳоро мекушояд. Агар инро
бо давоҳои исҳоловар бихӯранд, ахлоти балғамӣ ва сав-
довиро канда, аз бадан хориҷ мегардонад, гиреҳҳоро
мекушояд.
Намаки сафедро бо пудинаи кӯҳӣ (кийикӯтӣ), равған
ва хамири нон даромехта гузошта банданд, варамҳои
балғамии хояҳоро таҳлил медиҳад. Агар намаки са-
федро бо пудинаи кӯфтагӣ, бангидевона ва асал сириш-
та гузошта банданд, захм ва решҳои закарро шифо ме-
бахшад.
Намаки сӯхтагиро бо тухми зағир якҷо кӯфта гу-
зошта банданд, заҳри каждумро аз бадан дафъ меку-
над. Агар инро бо пудинаи кӯҳӣ гузошта банданд, заҳ-
ри афъиро дур месозад, бо равғани зайтун кӯфта гу-
зошта банданд, чунин таъсирро дорад; бо пудинаи кӯ-
ҳӣ ва равғани гов даромехта гузошта банданд ҳам,
таъсири заҳри афъиро мешиканад. Ин намакро бо каф-
ки собун сиришта гузошта банданд, варами бодӣ ва
балғамиро таҳлил медиҳад; бо пудинаи кӯҳӣ ва асал—
барои варамҳои балғамӣ дору мебошад; бо хоки оташ-
дон ва асал даромехта гузошта банданд, хуни дар та-
ги пӯст шахшударо таҳлил медиҳад, яъне мегудозад,
инчунин варамҳои балғамӣ ва оби ба ягон узв фуро-
мадаро пароканда мегардонад; бо хамиртуруш даро-
мехта гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мепазо-
над; бо асал ва равғани зайтун даромехта бибанданд,
низ пучак ва чиртакҳоро мекафонад.
Намакро бо равғани зайтун сиришта бимоланд, ба-
рои хориш, қӯтур, захми обила ва махав; бо ҳино кӯф-
та бимоланд, барои милкаки нохун дору мешавад; бо
асал ва пудина сиришта бимоланд, мӯрчагазакро аз
паҳн гаштан манъ мекунад; бо равғани зайтун ва сир-
ко даромехта бимоланд, хориши балғамиро дафъ ме-
678
кунад ба шарте, ки он узвро ба оташ наздик доранд,
то арақ кунад.
Бо намакоб мӯрчагазак, реши хӯранда ва дигар ҷӯ-
шишҳои баданро бишӯянд, ҳамаи онҳоро дафъ меку-
над. Ва бо он шустушӯ кунанд, ранги рухсорро неку
мегардонад, ирқуннасо (радикулит)-ро даво мебошад.
Намакро бо равғани зайтун сиришта бимоланд,
сӯхтагии оташро шифо мебахшад ва намегузорад, ки
обила кунад.
Чун намакро маҳин ос карда, бо равғани зайтун си-
ришта, латтаро ба он олонда, ба ҷойи хунгирифта ё хат-
на кардашуда ва ғайри он гузоранд, рафтани хунро ба
зудӣ мебандад.
Намакро бо равғани зайтун ва ғайри он, зифт ва
асал сиришта гузошта банданд, нотавон гаштани му-
шакҳо, кӯфтагии аъзо, беҷо шудан ва аз ҷойи худ ба-
дар рафтани устухон—ҳамаашро шифо мебахшад.
Агар инро бо орди гандум даромехта бибанданд, печи-
ши асабро ислоҳ мекунад; бо равғани зайтун сиришта
гузошта банданд, мондагиро дафъ мекунад.
Намакро тафсонида гузошта банданд, дардҳоеро, ки
аз сардӣ, аз балғам ва аз бод бошанд, таскин медиҳад;
инчунин бо ҳазориспанд, бо сабӯси гандум ва бо би-
ринҷи кӯфтагӣ даромехта, гармбандӣ кунанд, низ ҳа-
мин фоидаро дорад.
Вале хӯрдани намак ба майнаи гарммизоҷ зиён ме-
кунад, чашмро торик мегардонад, хориши баданро ба
амал меоварад, инчунин ба одамони нимҷон зарар до-
рад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш кокутӣ, чарбиҳо ва
чизҳои сардмизоҷи тар хӯрдан аст.
Яке аз хислатҳои озмудашудаи намак он аст, ки
чун 10,5 грамм намакро дар вақти бурҷҳои фалакии
Ақраб ва Саратон аз уфуқ баромадан дар хонаи бемор
ба оташ гузоранд, агар намаки тафсида баъд аз ҷастан
майл ба даруни хона кунад, яъне ба тарафи даруни
хона биҷаҳад, он бемор шифо меёбад ва агар ба сӯйи
берун майл кунад, шифо намеёбад.

300. Мис

Ин аз фулузот аст ва ранги миси соф сурхтоб ме-
бошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
679
Хислатҳои шифобахши он: чун мисро чанд рӯз дар
сирко бигузоранд, баъд он сиркоро бо ҳино хамир
сохта гузошта банданд, назла ва сурфаро манъ меку-
над, инчунин мӯйро аз рехтан нигоҳ медорад. Агар
инро ба чашм кашанд, чашмро тез ва сахтии пилкҳоро
дафъ мекунад.
Чун мӯйро бо минқош (мӯчинак)-и ҳафтҷӯш бика-
нанд, вай дигар намерӯяд.
Маҳлули мисро бо шаҳдоб (асалоб) биёшоманд,
зардобро аз бадан бо исҳол дафъ мекунад, инчунин ис-
тисқо (водянка)-ро, ки дар ҳолати ибтидо бошад, ши-
фо мебахшад. Ва ҳам бардавом молиданаш низ ҳамин
таъсирро дорад.
Мисро сойида бихӯранд, қайро бармеангезад.
2,25 грамми онро бихӯранд, обияти истисқоро бе ҳеҷ
гуна азият дафъ мекунад.
Резаҳои майдаи мисро бо дудае, ки дар пушти дег
ва ғайра ҷоҳо часпида мебошад ва оби лиму якҷо кар-
да, занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ ме-
кунад.
Мисро сойида, батанҳоӣ ё бо равғани гов, ё бо шири
навдӯшида батакрор биёшоманду қай кунанд, заҳрнок-
шавиро аз хӯрдани афюн дафъ мекунад.
Вале чизҳои турш, маҳсулоти ширӣ, гӯштҳо, чиз-
ҳои намакин, талх ё чарбро дар зарфи миси қалъагӣ
нодавонида муддати дароз монда бошанд, бихӯранд,
бисёр зарарнок аст, инчунин дар зарфи қалъагӣ да-
вонда, ҳам муддати дароз нигоҳ дошта шуда бошанд,
бихӯранд, зиён мекунад. Аз ҳама бадтар аст агар мо-
ҳии бирёнкарда гармогарм дар зарфи миси болояш
пӯшида шаб монда бошад, хеле зарарнок мебошад, зе-
ро ки ин ҷо занги зарарнокаш ба он мечаспад. Худи
занги мис заҳр аст. Давои ин зарараш шири навдӯши-
да хӯрда, қай кардан аст ва шӯрбои равғандор, ки об-
гӯшт меноманд, хӯрдан аст.
Миси ношустаро бо асал сиришта бимоланд, решҳои
раддии бадфиол ва давандаро шифо мебахшад, гӯшти
ҳароми захмҳоро мехӯрад. Миси шустаро бимоланд,
ҷароҳатро ба ҳам меоварад. Агар ин миси шустаро бо
асал сиришта бимоланд, решҳои ба ҳам якшаванда ва
баданҳои сахтро ба ибро меоварад, барои қӯтур ва хо-
риш шифо мебахшад, варамҳоро таҳлил медиҳад, сус-
тӣ ва мондагии аъзоро дафъ мекунад.
Оберо, ки дар зарфи мис дар офтоб гарм шуда бо-
680
шад, истеъмол кардан ё бо он шустушӯ кардан иллати
песро ба амал меоварад, хусусан он обро батакрор ис-
теъмол намоянд, ин иллат сурат мегирад.

301. Нефт

Ин рутубати равғании тундбӯй аст, ки аз қаъри
баъзе заминҳо монанди зифт ва қир нӯшида бармеояд.
Нефт ду навъ мебошад: сиёҳ ва сафед. Сафеди он
беҳтар ва латифтар аст ва аз сабаби латофаташ зуд
ба ҳаво омехта мегардад. Вале нефти сиёҳ ба он ан-
доза латиф нест, балки фақат бо тақтир (дистилля-
ция) сафед мегардад.
Мизоҷи нефт дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: нефт ҳамчун даво аз ак-
сари равғанҳо қавитар аст. Агар инро бинӯшанд ва би-
моланд, гиреҳҳоро мекушояд, зуд таъсирбахш аст, гу-
дозандаи сахтиҳо ва давои ҳамаи бемориҳои аз сардӣ
баамаломада мебошад.
Нефтро бимоланд, каҷ шудани рӯй, фолиҷ (шал
шудани нимаи бадан ба дарозӣ), ларзак, кузоз (столб-
няк), карахтӣ, суст ва нотавон шудани аъзо ва аксари
дард ва иллатҳои дигари сард ва тармизоҷро шифо ме-
бахшад; бодҳоро пароканда мекунад, яъне таҳлил ме-
диҳад, дарди буғумҳо ва монанди инҳоро ба ибро мео-
варад.
Агар инро дар чашм бикашанд ё бимоланд, фурома-
дани зардобро ба даруни гавҳараки чашм шифо мебах-
шад ва гули чашмро нест мекунад.
Инро нимгарм дар гӯш чаконанд, карии гӯш ва
бодҳои даруни онро, ки садоҳои гуногунро ба амал ме-
оварад, дафъ мекунад.
Нефтро бихӯранд, сурфаи кӯҳна, зуднафасӣ, дам-
кӯтаҳӣ, зиқ-ун-нафас, хун қай кардан ва бавосирро ши-
фо мебахшад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда
мерезонад, кирмҳои меъда ва мақъадро хориҷ мекунад,
бодҳои узвҳои даруни шикамро таҳлил медиҳад. дарди
рӯдаҳоро сокин мекунад ва сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро
сиҳат мекунад.
Пахта ё латтаро ба нефт олонда, занҳо аз таг бар-
доранд, хунукии бачадонро барҳам медиҳад ва хафа
(бӯғма) шудани гулӯгоҳи онро, ки беҳушӣ меоварад
шифо мебахшад.
681
Нефти сафедро бимоланд, карии ҳайвонотро дафъ
мекунад.
Истеъмоли нефт барои одамони гарммизоҷ зарар
дорад, дарди сар мекунад — давои ин зиёнаш сирко
ошомидан аст; ба шуш ҳам зиён мекунад— дар ин ҳо-
лат катиро бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор ошомидан аз нефти сафед дар як
рӯз аз 1 то 2,25 грамм ва аз сиёҳи он то 4,5 грамм аст.
Хоҳ сафед ва хоҳ сиёҳи онро бихӯранд, ҳамаи навъ-
ҳои заҳрро аз бадан дафъ мекунад.

302. Навшодир

Ин моддаи сахти маълум ва монанди шӯра ва на-
мак сафед аст.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва дар
аввали дараҷаи саввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: навшодирро маҳин ос
карда, чун сурма ба чашм кашанд, захми онро ба ҳам
меоварад обравии чашмро, ки аз хунукӣ бошад, дафъ
мекунад.
Агар инро дар оби судоб ҳал карда, бо он об ғар-
ғара кунанд, зулуки дар ҳалқ часпидаро дафъ мена-
мояд.
Агар навшодирро бихӯранд, чирк ва рими узвҳои
даруни синаро дафъ мекунад.
Чун инро бимоланд, дарди гулӯро шифо мебахшад
Навшодирро бо мисли он саргини инсон якҷо намуда,
дар оташ гарм карда, муқаттари бухори онро ҳосил
намуда, аз он моеъ 4,5 грамм бинӯшанд, тамоми заҳр-
ҳои қотилро аз бадан дафъ мекунад, ки инро аз асрори
махфӣ шуморидандӣ.
Хӯрдани навшодир сипурзро ба дараҷае пок мегар-
донад, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад
Хоҳ инро гузошта банданд ва хоҳ бипошанд, решҳо-
ро хушк мекунад ва хунравиро аз ҷароҳатҳо манъ ме-
намояд, инчунин онҳоро аз риму чирк пок месозад.
Навшодирро бо равғани тухми мурғ сиришта бимо-
ланд, песро дафъ мекунад: агар бо асал даромехта би-
моланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи риш ва сар
мӯй мерӯёнад, ширинчаро шифо мебахшад ва агар бо
равғани кунҷид сиришта бимоланд, қӯтурро дафъ месо-
зад.
682
Навшодирро дар об андохта, он зарфро дар ҷойи
намнок гузоранд, вай ҳал мешавад, ё бо сирко ҳал ку-
нанд, ё батакрор онро дуд кунанд, мор ва дигар ҷонва-
рони зарарнок аз он макон мегурезанд.
Чун маҳлули онро ба коғазе молида, он коғазро
ба атрофи худ гузоранд, ҷонварони зарарнок наздик
намеоянд.
Вале 10,5 грамм навшодирро агар бихӯранд, узвҳои
дарунро чок-чок ва бурида-бурида гардонида меку-
шад. Давои ин зиёнаш шир нӯшида, равған, қайла ва
дигар чизҳои чарб хӯрда қай кардан аст.

303. Ҳаво

Ин калимаи арабӣ мебошад ва ба тоҷикӣ бод мено-
манд, ки маълум аст: воситаи нафаси тамоми ҷонварон
ва наботот аст. Ҳаво роҳатбахши рӯҳи ҳайвонӣ, ки ман-
бааш дар дил мақом дорад, ки агар вай, яъне ҳаво,
лаҳзае ба рӯҳи ҳайвонӣ нарасад, он рӯҳ беҳаракат ва
хомӯш мегардад. Инчунин ҳаво боиси нашъунамои ҳай-
вонот ва наботот аст.
Мизоҷи ҳаво ба авзои ҷирмҳои фалакӣ вобаста
мебошад. Масалан, агар Офтоб дар бурҷҳои фалаки
шимолӣ бошад, мизоҷи ҳаво гарм мегардад. Ҳамчунин
ҳангоми ҳукмронӣ ва подшоҳии яке аз сайёраҳои гарм
низ ҳаво гарм мешавад. Ва ҳангоми поён рафтани Оф-
тоб аз авҷи фалаки шимолӣ ё мавзеъ ба баҳр ҳам-
ҷавор бошад, мизоҷи ҳаво сард мешавад. Ҳангоми то-
биши Офтоб ҳавои сарзаминҳои гарм, кӯҳсорҳои сангӣ
ва хушк мизоҷаш гарм ва хушк мебошад. Дар сарза-
минҳои мобайни баҳру уқёнус ва ҷазираҳо ҳангоми
боридани борон ҳавояш мизоҷи тар ба худ пайдо ме-
кунад.
Боди сабо, ки аз ҷониби машриқ то ба минтақаи
шимол вазад, дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Боди ши-
мол, ки аз тарафи шимол то минтақаи мағриб вазад,
мизоҷаш сард ва хушк аст. Боди ғарб, ки аз ғарб то
минтақаи Суҳайл (Каноп — ин ситораи дар бузурги
дараҷаи якумдошта дар осмони ҷануб) вазад, мизо-
ҷаш сард ва тар мебошад. Боди ҷануб, ки аз минтақаи
Суҳайл вазад, мизоҷаш гарм ва тар, инчунин мураккаб
аз инҳо ва мураккаб аз кайфиятҳои чоргона (гармӣ,
сардӣ, хушкӣ, тарӣ) аст.
683
Хислатҳои шифобахши он: боди сабо, яъне боди
шарқӣ несткунандаи балғам, хушккунандаи рутубатҳои
зиёдатӣ, кушояндаи гиреҳҳои узвҳои бадан аст; барои
ҳазми таом ёрӣ мерасонад, назлаҳоро мебандад, қувва-
ти дофиаи узвҳои баданро зиёда мегардонад; ҳоли ба-
ди одамони тармизоҷро ислоҳ менамояд; барои бемори-
ҳои сарди тармизоҷи монанди: истисқо, фолиҷ, каҷ шу-
дани рӯй ва ғайраҳо нафъ дорад. Вале ин бод ба ода-
мони гарммизоҷ, баданҳои хушк ва бемориҳои сафровӣ
зарар дорад; хориш, қӯтур, ҷингак шудани аъзо ва мо-
нанди инҳоро пайдо мекунад.
Боди шимол аъзои баданро мустаҳкам мегардонад,
сустии бадан ва лоҳасиро манъ месозад, узв ва ҳисҳои
баданро қувват мебахшад, фикр ва фаҳмро бурро ме-
гардонад, ҳазмро осон мекунад, рангро соф ва ботаро-
ват месозад. Вале ин бод ба одамони сурфа, зиқ-ун-на-
фас (астма)-и хушк ва бавосирдошта зарар дорад, ин-
чунин боиси афтодани бача аз шиками занони ҳомила
мегардад, зойиданро душвор мегардонад ва монанди ин-
хо.
Боди ғарбӣ зидди хислатҳои боди сабо дорад.
Боди ҷануб зидди хислатҳои боди шимол дорад.
Агар бод мураккаб аз инҳо бошад, барои иллатҳои
мураккаб фоида дорад.
Ҳар як бод ислоҳи зарари боди муқобил менамояд,
агар дигар кардани ҷойи зиндагонӣ мумкин бошад, ба
ин, агарчи муваққатан бошад, риоя бояд кард.
Бӯйидани пиёз, сир (чеснок), сирко, зардчӯба, анбар,
лодан, қатрон, мӯмиё, уди ҳиндӣ, қуст, кундур, санда-
рус, каҳрабо, пӯсти анорҳо, сукк (давои мураккаби
бӯё), заъфарон, пиёзаки сафеди саломалек, самари ар-
ча, сандал, самари газ, зарованди дароз, ҷадвор, ҷа-
милак — инҳо ё он чӣ аз инҳо муяссар гардад, инчу-
нин дуд кардани инҳо ва газ; хӯрдани пиёз, сир, сирко,
наъно, зардчӯба, ҳилтит (шилми болдирғон); овехта-
ни пиёзи ансул ба дари хона, пошидани сирко ба дару
девор ва фарши хона ва имконпазир аз он хона берун
нараванд ва агар дар зарурат берун рафтанӣ шаванд,
биниро бо латтаи сирко ва сир олуда бибанданд ва зуд
баргарданд — бо вуҷуди ин тадбирҳо бояд, ки аз хӯр-
дани меваҳои тар ва шир парҳез намоянд, инчунин аз
ҷимоъ, ҳаммом кардан ва ташнагӣ худдорӣ кунанд,
оби бисёр хунук нанӯшанд ва дар он чӣ бихӯранд,
пиёз ва сир дохил намоянд, ғизоҳои турши беравған
684
тановул кунанд, ширинӣ мутлақан нахӯранд, аз хӯр-
дани гӯштҳои ҳайвоноти он диёр агар тавонанд, худ-
дорӣ кунанд ва агар нашавад, ҳаддалимкон бисёр кам
бихӯранд; аз тарёқҳо тарёқи форуқ (тарёқи афюн),
ҷадвори бунафш —ҳар як, ки мавҷуд бошад, батакрор
бихӯранд, бисёр хуб аст.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!