Камоли Хуҷандӣ. Бунёдгузори кохи азими сухан


kamol

Халқи тоҷик аз сарсахттарин халқҳои дунёи муосир мебошад. Ба сари ин халқ дар тӯли таърихи чандинасра ғаму кулфату азобҳои пурдаҳшат бисёр омадааст. Ин халқ беш аз ҳазор сол аз ҳаққи давлатдории худ маҳрум буд ва ба сари он дигарон ҳокимият мекарданд. Ҷараёни худдифоии ин халқ бисёр вақт бо рехтани дарёи хуни фарзандони сарсупурдаи он ҳамроҳ будааст. Аммо халқи мо ба ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи душманонаш бо фарҳанг ва шеъру сухани волои худ ҷавоб гардонидааст ва тамаддуни халқи мағлуб халқи ғолибро тобеи худ сохтааст.

Дар ҳамин ҳазор соле, ки мо дар Ватани худ аз ҳаққи ҳукумат кардан маҳрум будем, ғолибон ҷиҳати пешбурди низоми ҷомеа забони моро ночор ба сифати забони расмии давлати худ ва фарҳанги моро ҳамчун сармояи фарҳангии худ ба кор мебурданд. Забону фарҳанги мо нигаҳбони тавонои миллатамон будааст. Империяҳои бузургу пурҳашамат яке баъди дигаре фурӯ рехтанд, вале шеъру илму донишу фарҳанги беназири мо бештар қувват гирифта, бо гузашти айём тавонотар ва шикастнопазиртар мешуд. Ба худ тасаввур кунед, мувофиқи хабари таърихнависон ба забони модарии мо беш аз 6 ҳазор шоири соҳибдевон, се ҳазор олими соҳиби рисолаҳои илмӣ асар эҷод кардаанд. Бисёре аз ин асарҳо дар умдатарин китобхонаҳои Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимоли дунё маҳфузанд.

Халқи мо беш аз се ҳазор сол пеш аз ин соҳиби алифбо буд. Маълум аст, ки тамаддунҳои қадимӣ маҳз мансуб ба халқҳое мебошанд, ки соҳиби хатту савод буданд. Мо — тоҷикҳо, ки як ҳиссае аз халқҳои ориёнажодем, мисли дигар эрониён бунёдгузори тамаддуни банӣ-башар шинохта шудаем.

Аммо тамаддун танҳо шеъру ғазалу адабиёту ҳунар нест. Вай таҷрибаи азими илмӣ, фаннӣ ва иқтисодист. Халқи мо метавонад аз он ифтихор дошта бошад, ки дар дарозои таърих бисёр намудҳои наботот, дарахтон ва зироатҳоро ба мисли гандум, биринҷ, кунҷид, ангур, хурмо, чормағз ва ҳоказо дар замони подшоҳии Куруши Кабир ва Дориюши Бузург маҳз аз Ватани мо ба нуқоти гуногуни дунё интиқол дода буданд. Тамаддуни зироаткории мо сатҳи зиндагии ҷаҳониёнро ба куллӣ дигаргун сохт. Тақдирро бинед, ки зироати қадимии мо аспарс, ки ғизои асосии аспони ҷангӣ будааст, баъди қариб се ҳазор сол дубора ба Ватани худ бо талаффузи фаронсавии эспарсет баргашт.

Ойинҳои қадимии мо — ойини меҳрпарастӣ ё митроӣ ва баъди он ойинномаи асосии зардуштӣ хамирмояи илму фалсафаи Юнони Қадим ва Руми бостонӣ будааст. Бисёре аз ихтироот ва фунуни ориёиёни қадим аз қабили саддбандӣ ё бастани рӯду дарёҳо, каналсозӣ, бунёди корезу чоҳҳои азим, обанборҳо, эҷоди роҳҳои сангфарш ё шоссеи саросарӣ, сохтани кохҳои бошукӯҳе мисли Тахти Ҷамшед, нақшҳои барҷастаи Бесутун ва Нақши Рустам, ки тасвире аз бохтариҳо, сакоиҳо ва суғдиёни Ватани моро низ дар бар доранд, ё кӯшку қалъаҳои бостонии Тахти Кайқубод, Кофирқалъа ва Қаҳқаҳа дар Тоҷикистони имрӯза, инҳо ҳама таърихе мебошанд, ки мояи ифтихори моанд.

Ватани аввалин аробаҳои ҷангӣ низ кишвари ориёист. Бо фармони Дориюши Бузург дуҳазору панҷсад сол пеш аз ин нахустин бор дар ҷаҳон почта бо номи “чопор” бо назму фосилаҳои ҳисобшуда эҷод гашт, ки шиораш чунин буд: "на гармо, на сармо, на боду на борон чопорро аз рафтан бознамедорад’’.

Вақти содир шудани “фармон барои бунёди бинои Шӯш” тиллоро аз Зарафшон, лоҷувардро аз Бадахшон, ақиқро аз Суғд ва фирӯзаро аз нуқоти дигари Хуросонзамини мо, ки дар истеҳсоли онҳо мардуми таҳҷойӣ таҷрибаи бебаҳо доштанд, интиқол медоданд.

Таҳқиқи китобҳои Ҳиппократ ё Буқрот нишон медиҳад, ки аксари андешаҳои таълимоти тиббии ӯ аз асарҳои донишмандони сарзаминҳои мо тарҷума шуданд. Дастовардҳои тиббии мо беш аз ҳазор сол то замони Ҳиппократ маълум буданд.

Тоҷикистони мо ба таври умумӣ ва ноҳияҳои қадимии он чун Хуҷанд, Фархор, Вахон, Истаравшан, Вахш, Ҳисор, Ҳулбук, Панҷакент, Балҷувон, Исфара, Фалғар, Шуғнон, Конибодом, Рахш ва ғайра таърихе доранд, ки саҳифаҳои рангини онҳо ҳанӯз ба пуррагӣ варақгардон нашудааст. Ҳатто пойтахти мо — шаҳри Душанбе, ки ба мақсадҳои идеологӣ онро як деҳаяки навбунёд қаламдод карданӣ мешуданд, мувофиқи таҳқиқоти бостоншиносон таърихи беш аз дуҳазорсола дорад. Дар ин ҷо бозёфтҳои нодири замони Кушониён ва пеш аз он дарёфт шудааст.

Нигоҳи сатҳӣ ба таърихи гузаштаи Ватанамон ва қавмҳои дигари эронинажодро барои он зарур медонам, ки диққати насли ҷавони ҳамватанони худро ба решаҳои таърихии миллат ҷалб намоям. Албатта, сатҳи фикру донишомӯзӣ аз ҳадд ва мурури қадимӣ по фаротар ниҳодааст ва бисёр чизҳо бар пояи донишҳои замони нав устувор гаштаанд. Вале мо наметавонем аз гузаштаи худ, ки дастовардҳои фарҳангии он нигаҳбони халқи мо будааст, сарфи назар карда, аз паси чархи серҳаракати замони нав лучу урён ва бо дасти холӣ бидавем.

Таҷрибаи талхи баъзе мамлакатҳои тараққикарда, ки аз сабаби соддалавҳона ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтани дастовардҳои пешиниён дар тарбияи ҷавонон мушкилоти азими равонӣ ва ахлоқӣ эҷод шудааст, ба мо бояд сабақи омӯзанда гардад. Аз тарафи дигар, пойбанди гузаштагон шуда, ба оянда бо коҳилӣ пеш рафтан ҳам ба нафъи ҷомеа буда наметавонад. Меҳру муҳаббат ба гузаштаи пурифтихори мо бояд як василаи созандагӣ гардад.

Воқеан калимаи меҳр аз дерзамон дар зеҳни мардуми мо ба маънои фурӯғи дӯстӣ ва муҳаббату некӣ шинохта шуда, бо шунидани он гунаи шодӣ дар эҳсоси мо барангехта мешавад.

Азбаски шеъри орифи бузург Хоҷа Камол саршор аз меҳру муҳаббат ва ишқу созандагист, Хуҷанди қадимӣ, ки бо номи Тирози ҷаҳон ё арӯси дунё машҳур аст, либоси идона ба бар кардааст. Нафаси поку созандаи Камол имрӯз аз қуллаҳои қаторкӯҳи Мевағул, аз рӯди азими Сайҳун, аз масҷиди Шайх Муслиҳиддин, аз мазори Ҳазрати Бобо, аз Наврӯзгоҳ (собиқ Чумчуқарал), ки размгоҳи ҷаҳонпаҳлавон Темурмалики ватандӯст ва ватанпарвар буд, аз шаҳри бостонии Курушкада, ки дувумин ҳазор сол пеш аз ин ба ифтихори шоҳи шоҳон Куруши Кабир номгузорӣ шуда буд ва боз дар бисёр ҷойҳо эҳсос мешавад.

Ман ин фикрҳоро барои он махсус зикр кардам, ки шайх Камол барин нобиғаҳои шеъри зебои форсӣ ва он 6 ҳазор шоирони соҳибдевони дигар дар ҷойи холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Пеш аз шайх Камол шахсиятҳое будаанд, ки ифтихори Хуҷанд ва тоҷикон маҳсуб мегаштанд. “Хонадони хуҷандиён” ва “Оли Хуҷанд”, ки аз шахсиятҳои бузурге чун Шайхурраиси Хуҷандӣ, Фахриддини Хуҷандӣ, Собити Хуҷандӣ, шоирон ва уламое чун Шиҳобиддини Ғизолӣ, Аҳмад Маҳмуди Хуҷандӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Қойиди Хуҷандӣ ва дигарон иборат аст, обрӯйи Ватани моро дар ҷаҳони ориёинажодҳо боло бардоштанд.

Хуҷанд Камол ва Камол Хуҷанди худро машҳури ҷаҳон сохтанд. Ҳанӯз дар солҳои аввали даргузашти ҳамватани бузурги мо хуҷандиён мазори рамзие бунёд карда буданд, ки “Қадамҷойи Хоҷа Камол” ном дошт.

Шоирону олимон ва ҳунармандони машҳури ин шаҳр ба мисли Шайдои Хуҷандӣ, Шӯхии Хуҷандӣ, Лисони Хуҷандӣ, Нозили Хуҷандӣ, Фахрии Рӯмонӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Содирхони Ҳофиз, Ҳоҷӣ Ҳусайни Розӣ, Сиддиқи Саҳҳоф анъанаи фарҳангии Хоҷа Камолро идома медоданд. Ин пайванди мустаҳкам ва побарҷо имрӯз ҳам васл аст ва қуввае вуҷуд надорад, ки сарриштаи онро бибурад.

Ақлу заковат, покизагӣ ва меҳру муҳаббати шайх Камол дар дилу дидаи сокинони ин шаҳр ва ба таври умум дар сар то сари Тоҷикистон таҷаллӣ ёфтааст. Дарахти андешаҳои башардӯстонаи шайх Камол мисли дарахти зиндагӣ асрҳои аср сарсабзу устувор боқӣ хоҳад монд.

Ватани мо сарзамини шоирони ҷаҳоншумул, олимони машҳур ва қаҳрамонони воқеии муборизаҳо барои обрӯ ва сарбаландии халқамон мебошад. Ба хотир овардани симои шахсиятҳои бузург, қадр кардани хидмати бебаҳои онҳо барои афзудани обрӯ ва эътибори халқи мо вазифаи ҳамаи фарзандони ин марзу бум аст.

Кохи азиме, ки Хоҷа Камол барин бузургон аз сухан бунёд кардаанд, аз боду борон газанд намеёбад, ному кори ин мардони бузург зиндаву ҷовид хоҳад монд. Азизу гиромӣ доштани осори ин бузургон, омӯхтан ва дар зиндагии худ истифода бурдани панду ҳикмати эшон беҳтарин хотираест, ки мо ба ифтихори онҳо бино месозем.

Бозгашт ба мундариҷа

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.