Э. Раҳмон. Нигоҳе… Муқаддима

Э. Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ

Муқаддима

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмӯи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмӯъ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад.

Бинобар ин тадқиқи таърихи тамаддуни ҳар халқу миллат ҳеҷ гоҳ барои эҳсоси ғурур ва ифтихори ноҷо аз гузаштаи худ набуда, он бояд барои нишон додани роҳи тӯлонӣ ва пурпечутоби тайкардаи ниёгони худ, шинохти заминаҳои аслию унсурҳои асосӣ ва муайян намудани хусусияту тамоюлҳои тамаддуни аҳди қадим равона гардад ва такони таъсирбахше барои рушду инкишофи тамаддуни муосираш бошад.

Масъалаи дигаре, ки қайд намудани он дар ин ҷо зарур аст, нуктае мебошад, ки то рӯзгори мо маданияти бисёр халқҳои Шарқу Ғарб мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд ва олимону фарҳангшиносон фикрҳои гуногуне ҳам дар бораи раванди умумии инкишофи тамаддуни умумиҷаҳонӣ ва ҳам мақому манзалати маданияти халқҳои алоҳида дар он баён шудаанд. Вале шиносоии амиқ бо онҳо нишон медиҳад, ки дар хеле аз маворид ҳангоми ҳаллу фасли масъалаҳои асосӣ ва ҳассос муносибати ҳаматарафа (комплексӣ) нашуда ва хулосаю назария ва фарзияҳои пешниҳодшудаи олимону муҳаққиқони соҳаҳои алоҳидаи илм, хусусан дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба аҳди бостон, ки ёдгориҳои хаттӣ аз онҳо боқӣ намондаанд, бо ҳам мувофиқат надоранд ва баъзан ноҳамоҳангию номувофиқиҳои усулӣ низ ба назар мерасанд.

Ба ҳамин сабаб гумон мекунам, ки мо имрӯз ба тадқиқотҳои анҷомшуда бо нуқтаи назари танқидӣ муносибат карда, дар асоси такя ба сарчашмаҳо ва дигар ёдгориҳои мавҷуда, бо назардошти дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илми муосир нуқтаю назарҳои дар адабиёти ориёишиносӣ баёншуда ҷамъбаст намуда, ҷараёни ташаккулу инкишоф ва таърихи пурмоҷарои гузаштаи худро воқеъбинона таҳлил намоем ва бар ҳамин асос раванди таҳаввулу такомули тамаддуни башарӣ ва мақоми тамаддунҳои маҳаллӣ дар онро муайян созем, метавонем пеши роҳи ҳар гуна ақидаҳои ғайриилмии бархӯрди тамаддунҳо (назарияи С. Ҳантингтон)-ро гирифта, дар гуфтугӯйи тамаддунҳо ва рушду инкишофи минбаъдаи онҳо дар асоси таъсири мутақобилаи маданиятҳо дар ҷаҳони муосир саҳми арзанда гузорем.

Агар гуфтаҳои болоро ба тамаддуни ориёӣ нисбат дода, онро дар партави дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм, ки аз ҷониби муаррихон, фарҳангшиносон, бостоншиносон, забоншиносон, диншиносон ва ҳатто биологҳою генетикҳо, ки дар охири асри ХХ ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор диҳем, мушоҳида хоҳем кард, ки ин тамаддун таърихи дерину куҳан дошта, ҳанӯз дар ҳазораҳои 4-3 то м. дар саҳнаи таърих арзи вуҷуд намудааст. Он дар ҷараёни сайри тӯлонии худ гоҳ дар гиру дор ва гоҳ дар муколамаи фарҳангӣ бо дигар тамаддунҳои ҳамҷавори худ дар аҳди бостон ва асрҳои миёна буда, гоҳ дар дохили тамаддунҳои дигар ҳамчун ҷузъи таркибии он амал кардааст ва гоҳе ҳам дигар тамаддунҳоро тобеъ ва дар таркиби худ ҷой дода, ба ҳаёти созандаи ҷомеа мусоидат намудааст.

Таҳқиқи тамаддуни қадими ориёиро юнониён дар давраи атиқа шурӯъ карда буданд, ки аз байни онҳо Плутархро ном бурдан ҷоиз аст. Бино ба маълумоти Б. Ғафуров ва Цибукидис Д.И., Искандари Мақдунӣ ҳангоми юришаш ба Шарқ олимону донишмандони зиёдеро барои омӯзиши соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Шарқ ба артишаш ҷалб намуда буд, ки дар байни онҳо Пиррон, Анаксарха, Онсикрит, Аристобул, Птолемей ва дигарон низ буданд. Ба ҷуз инҳо муаррихони номии юнонию румӣ Ҳеродот, Арриан, Юстин, Страбон ва дигарон маълумоти гаронбаҳое дар бораи ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ додаанд.

Дар асрҳои миёна донишмандону мутафаккирони Шарқ – Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, Табарӣ дар «Таърихи табарӣ», Муҳаммади Шаҳристонӣ дар «Ал-милал ва-н-ниҳал», Ибни Ҷавзо дар «Ал-фарқ байн-ал-фирақ», Ибни Надим дар «Ал-феҳрист» баъзе масъалаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва афкори маънавии ориёиҳоро мавриди баррасӣ қарор дода буданд. Вале агар масъалаи тадқиқи илмии тамаддуни ориёиҳоро ба назар гирем, олимону ховаршиносони Ғарб аз асри XVIII сар карда ба ин кор шурӯъ намуданд, ки шояд пешсафи онҳо А. Дюперрон ва Х. В. Бартоломе бошад.

Ба ҳар ҳол, дар давоми ду қарн дар Ғарб олимон ба тадқиқу омӯзиши тамаддуни халқҳои Шарқ, хусусан маданияти моддиву маънавии ориёиҳо тадқиқотии зиёди пурарзишро анҷом дода, бисёр масъалаҳои ташаккулу инкишофи тамаддуни ориёиҳоро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд. Аз байни онҳо дар ин ҷо шояд ишора ба ду асари нисбатан бузург аз аҳамият холӣ набошад. Яке аз онҳо асари 12-ҷилдаи Арнолд Тойнби «Таърихи тамаддун» мебошад, ки дар он зимни баррасии бисёр масъалаҳои тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ҷанбаи назарии масъалаи пайдоишу инкишоф ва фурӯпошии тамаддунҳо дар арсаи таърих аҳамияти махсус дода шуда, қонуниятҳои умумӣ ва усулии инкишофи тамаддунҳоро муайян намудааст, ки ба истиснои баъзе масъалаҳои ҷузъӣ, қонуниятҳои мазкур мавриди писанди фарҳангшиносон қарор гирифтааст.

Асари дуюм таҳқиқоти 8-ҷилдаи Вилл Дюрант бо номи «Таърихи тамаддун» мебошад, ки дар он муаллиф бештар ба тадқиқи тамаддунҳои Шарқи бостон машғул шудааст. Ӯ тамоми мамолики Шарқро сафар карда, бо ёдгориҳои таърихию фарҳанги он ошноӣ пайдо намудааст ва зимни тадқиқи тамаддунҳои Шарқу Ғарб Шарқро «гаҳвораи тамаддун» эълон кардааст. Баъди иншо шудани ин ду асари бузургу бонуфузи фарҳангшиносони маъруфи Ғарб олимону муҳаққиқон ба омӯзиши соҳаҳои гуногуни фарҳангу тамаддуни Шарқ, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ дар мамолику кишварҳои гуногун бо суръати тамом шурӯъ намуданд ва адабиёти ориёишиносиро ба вуҷуд оварданд, ки ба гумонам ҷамъбасту арзёбии онҳо дар шароити имрӯза як амри зарурӣ ва муфиду бамаврид аст.

Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки омӯзиши тамаддунҳои аҳди бостон, аз ҷумла тамаддуни қадимаи ориёӣ бояд дар асоси дастовардҳои бостоншиносон сурат пазирад. Дар ин маврид А. Тойнби чунин иттилоъ додааст: «Бостоншиносон муваффақ шуданд, ки осори бархе аз тамаддунҳоро масалан сумерӣ (шумерӣ), аккадӣ, фарҳанги ҳавзаи Синд, миноанӣ, мисенианӣ, моянӣ ва давраи тамаддуни Шонг дар Чин, ки тамоман ба фаромӯшӣ рафта буданд, аз зери хок берун биоваранд». Аз ин иқтибос маълум мешавад, ки ин осори ҳафриётии бадастомада ба тамаддуни ориёӣ ва маданиятҳои сарзамини ҳамҳудуди он бевосита вобаста мебошад, зеро фарҳанги ҳавзаи Синд ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ аст ва тамаддуни сумерию аккадии Байнаннаҳрайн бо тамаддуни ориёии давраи Иломиҳо якҷоя амал мекарданд ва ба ҳам таъсири мутақобила доштанд. Тамаддунҳои Шонг ва миноанию мисенианӣ ва моянӣ аз тамаддуни ҳиндуэронӣ (ориёӣ) нишот гирифтаанд.

Ҳамин хел ҷустуҷӯйи археологӣ тавассути дю Лафво ва де Морган дар шаҳри қадимаи Шуш дар қисмати Эрони Ғарбӣ гузаронида шуда буд, ба бисёр ҷиҳатҳои таъриху фарҳанги нахустин давлати муқтадири Иломиҳо (=ориёиҳо) равшанӣ андохтааст. Дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар Герми Озарбойҷони Эрон, Келордашт, Гелон ва Урумия ашёи зиёде аз қабили зарфҳои сафолӣ, хумпораҳо, косаҳои заррин, порчаҳо, ҷому гулдонҳо пайдо шуданд, ки аз тамаддуни қадимаи ориёиҳо шаҳодат медиҳанд.

Агар ба гуфтаҳои боло натиҷаи кори бостоншиносону муаррихони тоҷик дар даҳсолаҳои охирро изофа кунем, мебинем, ки воқеан маводи зиёде дар бораи тамаддуни бостонии ниёгони ориёии мо ҷамъоварӣ шудааст. Ман кашфиёти олимони тоҷик ва дигар бостоншиносони собиқ Иттиҳоди Шӯравиро дар назар дорам. Онҳо дар Панҷакенти бостонӣ (маданияти давраи сангу миси Саразм), доманакӯҳи Кабудтоғи Туркманистон (маданияти давраи нави сангии Ҷайтун), Олтинтеппа (маданияти ҳавзаи Мурғобу Марв), Намозгоҳтеппа (қисмати ғарбии дарёи Таҷан), тамаддуни археологии Марғуш-Бохтар, бошишгоҳҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дар резишгоҳи рӯди Мурғоб (Балхоб, Самангонрӯд, Чаганрӯд, Шерободу Ому), соҳилҳои миёнаи рӯди Ому, Сафолтеппа, Ҷарқутан, Даштлӣ, маданияти давраи неолити Хоразми қадим (Ҷонбозқалъа, Чакил, Оқчадар, Бӯрли), бошишгоҳи Сарғозон дар наздикии Самарқанд, Теппаи Ғозиёни Ҳисор ва водии он – Тутқавул, Норак, Сойи Сайёд, Дараи Шӯр, Кангурт, Бӯлёни Поёни ноҳияи Данғара ва Кӯлобро кашф карданд.

Натиҷаи ин ҳафриётҳои бостоншиносӣ ва тадқиқотҳои рӯйи он анҷомшуда ба мо имконият медиҳанд, ки дар бораи бисёр масъалаҳои матраҳшуда дар адабиёти ориёишиносӣ таҷдиди назар намуда, масъалаҳои асосии таҳаввулу такомули онро инкишоф диҳем, ба баҳсҳои ҳалталаби он равшанӣ андозем ва хулосаҳои аз ҷиҳати илмӣ дурусту раднопазир барорем.

Агар вусъату паҳноии интишори тамаддуни ориёиро муайян карданӣ бошем, бояд тамаддунҳои ҳамҷавори он дар аҳди қадим, аз ҷумла тамаддунҳои мисрию бобулӣ, сумерию ошурӣ ва аккадӣ, ки ориёиҳо бо онҳо дар робитаи доимӣ будаанд ва ба якдигар таъсири мутақобилаи фарҳангӣ доштанд, назар афканем. Зеро онҳо низ аз рӯйи пайдарҳамии ҳодисаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои маданияти моддиву маънавӣ бо тафовути ниҳоят ками замонӣ ташаккулу инкишофи ба ориёиҳо монанд доштанд.

Ин масъаларо дар миқёси боз ҳам васеътар баррасӣ намуданӣ бошем, бояд ба тамаддунҳои Осиёи Хурд, ҳавзаи маданияти баҳри Миёназамин ва дигар сарзаминҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ низ дахл намоем. Сабаби чунин муносибати густарда ба омӯзиши тамаддуни ориёӣ аз он иборат аст, ки бештари унсурҳои тамаддуни Дунёи қадим пас аз давраҳои нави сангӣ ва сангу мис (неолиту мезолит) дар ҳамин минтақа ҷамъ омада, бо ҳам омезиш ёфта буданд.

Ба ибораи дигар, вақте қавму қабилаҳои ориёӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ сокин шуданд ва як қисми онҳо ба Эрони Ғарбӣ, қисми дигарашон ба Ҳинд ва гурӯҳи сеюмашон ба Осиёи Хурд муҳоҷират намуданд, тақрибан дар аввали ҳазораи 2 то м. дар Шарқу Ғарб як қатор давлатҳои аз ҷиҳати қудрат бо ҳам баробар ба мисли Миср (шоҳии нав), давлати Митониҳо, империяҳои хетиҳо, бобулиҳо, тамаддуни миноан (дар ҷазираи Крит), мисенӣ (дар Юнон) ва давлатҳои тозабунёди Сурияву Фаластин ба вуҷуд омаданд. Аз рӯи маълумотҳои таърихӣ ва забоншиносии муқоисавӣ аслу насаби таъсисдиҳандагони давлати Митониҳо дар қисмати ҷанубу шарқии Осиёи Хурд ба ҳурритҳо мерасид, ки аҷдодашон аз Бохтару Суғд ба он сарзамин муҳоҷират намудаанд.

Муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки онҳо аслан эронӣ буда, дар номҳои сулолаҳои шоҳон, худоён, истилоҳҳои чорводорию зироаткорӣ вожаҳои забони ҳиндуаврупоӣ истифода шудаанд. Ҳамчунин дар русуму одати ҳурритҳо унсурҳои тамаддуни ориёӣ мушоҳида мешуданд. Инро Аҳдномаҳои дар лавҳҳои гилии аз Ал-Амарнаи Миср (1887) пайдошуда байни шоҳони митонӣ ва хетиҳо, мукотиботи митониён бо фиръавнҳои Миср тасдиқ мекунанд.

Осиёи Хурд ватани хетиҳо ба шумор мерафт. Онҳо бо забон ё яке аз лаҳҷаҳои ҳиндуаврупоӣ гуфтугӯ мекарданд, ниёгонашон аз канори баҳри Сиёҳ ва Арманистон ба он диёр рафта буданд. Забонашон нишонаҳои мушаххаси оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро дошт. Ҳафриёти анҷомшуда дар Бағозкӯй ва дигар маҳалҳои Осиёи Хурд ба он далолат мекунанд, ки хетиҳо дар охири ҳазораи 3 ва аввали ҳазораи 2 то м. дар Осиёи Хурд давлати хурди амирнишинӣ доштанд ва решаи забонашону номи сардоронашон ҳиндуаврупоӣ буд. Ба фикри муҳаққиқи рус Иванов В.В. ва дигар олимони Ғарб, хетиҳо аввалин қавмҳои ҳиндуаврупоизабон буданд, ки дар оғози ҳазораи 2 то м. давлати мутамаркази худро ташкил дода, дар асри XVII то м. ба самтҳои шимолу ҷануби Осиёи Хурд густариш дода, то Сурия ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ҳаракат карданд ва нуфузашонро аз баҳри Сиёҳ то баҳри Миёназамин тавсиа доданд. Онҳо давлати Митониҳоро мағлуб намуда, асри XIV то м. давлати «Хети Бузург»-ро таъсис доданд. Вале он дер давом накард ва дар садаи XII то м. зимни муборизаҳои сиёсӣ бо мушкетҳои Фракия ва давлати Ошуриҳо аз байн рафт.

Дар ин миён давлатҳои хурди соҳибистиқлоле ба вуҷуд омаданд, ки яке аз онҳо Финикия буд. Маҳз ҳамин давлат тамоми роҳҳои дарёиро ба дасти худ гирифта, дар инкишофи тиҷорат ва интишори маданияту фарҳанги халқҳои Шарқи Миёна ва Наздики бостон, аз ҷумла маданияти ориёиро бо роҳи обӣ ба сӯйи Ғарб – Ситсилияву Сардиния ва ба воситаи ин ҷазираҳо ба нимҷазираи Балкан ва тамоми Аврупо ва дар Шарқ то Африкаи Шимолӣ интиқол дод.

Мақсад аз овардани масъалаҳои баёншуда нишон додани вусъати тамаддуни ориёӣ аз Осиёи Марказӣ ба Шарқу Ғарб – кишварҳои Осиёву Аврупо мебошад. Халқҳое, ки бо забонҳои эронии қадим ва миёна, ки имрӯз аз лиҳози истеъмол забонҳои мурда ҳисоб мешаванд ва ҷои онҳоро гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ бо марказҳои қадимаи мадании Фарғона, Хоразм, Суғд, Бохтар, Помир, Сиистон, Афғонистон ва гурӯҳи забонҳои ғарбии эронӣ бо марказҳои мадании вилоятҳои Мод, Атротатеппа, Форс, Осиёи Хурд ва баъзе давлатҳои тозабунёди атрофи баҳри Миёназамин гирифта буд ва бо забони ҳамрешаи худ санскрит пайванди зиёд ва ҷиҳатҳои муштараки забонӣ дошт, бо кадом роҳ ва чӣ гуна ба сарзамини Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва Аврупо интишор ёфта, оилаи забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил додааст.

Ба ин масъала боз амиқтар назар афканем, мебинем, ки умумияти забонӣ танҳо нишонаи интишори ин халқҳо ба Осиёву Аврупо набудааст, балки аз роҳи забон қавму қабилаҳои ориёӣ ба сарзамину кишварҳои ёдшуда тарзи зиндагиву рӯзгор, русуму одат, этиқодоти динӣ ва ҳатто донишу таҷрибаи муҳандисӣ аз қабили тарзи истихроҷ, истифода ва коркарди филизот (мис, биринҷӣ, қалъ, оҳан ва ғайра), воситаҳои нақлиёт ва аробаҳои ҷангӣ, зироаткорӣ (парвариши растаниҳои хӯшадор), чорводорӣ (парвариши гову асп) ва «тамаддуни лабанӣ» (ром кардани ҳайвонот, ширҷӯшӣ ва омода намудани ғизои ширӣ)-ро ҳамроҳи худ бурдаанд.

Муҳаққиқи шинохтаи Эрон Саидҳусайни Наср ҳамин масъаларо дар мисоли дин чунин тасвир намудааст: «Ақвоме, ки дар сарзамини дурдасти Ҳинд ва шимоли Аврупо мустақар шуданд, ба ориёиҳо шӯҳрат ёфтанд ва номашонро ба кишварҳое чун Эрону Ирланд бахшиданд, на танҳо қаробати забонии бисёр бо ҳам доранд, балки дар тӯли қуруну аъсор аз адёне пайравӣ кардаанд, ки аз як хонаводаанд ва аз ҳамин ҷиҳат бисёр ба ҳам шабоҳат доранд. Ин адён дар тайфи васеъе қарор доранд ва адёне чун ҳинду, буддоӣ ва оини ҷайн (ҷайнизм) ва адёни эронӣ монанди митраизм, зардуштӣ ва монӣ то адёни юнониву румӣ, билохира адёни германҳои бостон, адёни келтро дар бар мегиранд».

Дар ин ҷо ба гумонам боз чунин нуктаро қайд намудан зарур аст, ки роҳи интишори дар боло баёншудаи қабилаҳои ориёӣ ба Ғарб низ роҳи ягона набудааст. Ба ҷуз роҳи баҳрӣ роҳи дигари ба воситаи хушкӣ ба Ғарб интишор ёфтани ориёиҳо низ ҷой доштааст. Дар шарҳи ин масъала мо бояд ду омилро ба назар гирем. Аввалан, ҳанӯз дар ҳазораи 3-2 то м. дар қисми ҷанубии Русия қабилаҳои ориёӣ бо чорводорию зироаткорӣ машғул буданд ва аз рӯйи бозёфтҳои археологӣ дар минтақаҳои Уралу Қрим ва Курск бештар галадорию асппарварӣ мушоҳида мешуд. Тибқи маълумоти бостоншиносон дар Донетск маданияти Катакомба, дар ҷануби Урал маданияти Аркаим-Синтошӣ, ки баъдтар (асрҳои XVII-XV то м.) ба қисмати шимоли Қазоқистон паҳн шуда буд, амал мекарданд. Дар ҳудуди саҳроҳои Сибири Ғарбӣ, Урали Ҷанубӣ ва Олтойу Қазоқистон дар садаи XV то м. маданияти бумии андроновӣ паҳн шуда буд, дар ҳудуди Дон то Урал бошад, маданияти Срубу андроновӣ ва дар ноҳияи Арал маданияти Тозабағой ташаккул ёфта буданд, ки муҳаққиқони рус Кузмина Е.Е., Массон В.М. ва дигарон дар асоси таҳлили амиқи маводи бадастомада ориёӣ будани аҳолии минтақаҳои мазкурро собит намудаанд.

Табиист, ки дар чунин масоҳати миқёсан бузург ҷорӣ шудани тамаддуни ориёӣ интишори он ба воситаи рӯди Дунай ва шохобҳои он ба Аврупо як ҳодисаи маъмули он давру замон ба шумор мерафт. Тамаддуни ориёӣ ба Ғарб аз ҳамин тариқ то Олмону Бритониё ва нимҷазираи Скандинавия пеш рафт. Бешубҳа, дигар роҳҳои интишори тамаддуни ориёӣ ба Ғарб низ вуҷуд доштанд, ки масири онҳо ҳанӯз ба таври мушаххас маълум нест ва фикр мекунам, ки ин масъала яке аз масоили муҳими мавриди баррасии муҳаққиқони оянда хоҳад буд.

Як нуктаи муҳими дигар доир ба интишори ориёиҳо ба Ғарбро низ дар ин ҷо таъкид кардан мехоҳам. Маълум аст, ки юнониҳо худро ҳамчун халқи мутамаддин «эллин» мехонданд ва ба мардуми Шарқ ҳамчун «барбарҳо» худро муқобил мегузоштанд. Дар аввали ҳазораи 2 то м. дар сарзамини Юнон қабилаҳои мухталиф дар сатҳи гуногуни тараққиёт мезистанд. Дар соҳаи кишоварзии он таъсири тамаддуни Крит эҳсос мешуд, дар дигар соҳаҳои маданияти моддиву маънавӣ унсурҳои тамаддунҳои дигар халқҳо ба назар мерасид. Дар аввалҳои ҳазораи I то м. Юнон маҳалли бархӯрди панҷ тамаддуни гуногун (критӣ, макинеӣ, дудӣ, охаӣ ва шарқӣ) қарор гирифт. Тамаддуни шарқӣ дар натиҷаи робитаи тӯлонии Юнон бо ориёиҳои муқими қисми ҷанубии Осиёи Хурд ва ҷангҳои пай дар паи Куруши Кабир, Доро ва Хишоёршоҳ бо Юнон, ки бо тасхири як қатор шаҳрҳои Юнон то ҳудуди Мақдуния анҷомид, ба ин кишвар интишор ёфта буд. Чун юнониён барои ҷазби унсурҳои тозаи ҳар тамаддун аз ҳар гуна фурсати бавуҷудомада моҳирона истифода мебурданд, бо бисёр аслҳои тамаддунҳои мазкур, аз ҷумла тамаддуни ориёӣ, мероси чандҳазорсолаи маданияти моддию маънавии онҳо шиносоӣ пайдо намуда, унсурҳои онро қабул намуданд ва дар замони Афлотуну Арасту тамаддуни овозадори худро созмон доданд. Ин тамаддуни юнонии таъсиргирифта аз тамаддунҳои шарқӣ баъди истилои Искандари Мақдунӣ ба Шарқ омезиши бештаре пайдо карда, тамаддуни «ҳеллинизм» («юнонимаобӣ»)-ро ба вуҷуд овард ва аз тариқи Рим ба мамолики Ғарб интишор ёфт.

Ман дар ин ҷо ба таҳлили ин ҳодисаи муҳими фарҳангӣ, ки моҳиятан тамаддуни дурагаи юнониву осиёӣ (шарқӣ)-ро ба вуҷуд овард, таваққуф намуданӣ нестам. Ин вазифаи фарҳангшиносони мо аст. Ман фақат чунин нуктаро қайд карданиам, ки ҳамаи масоили дар боло баёншуда вусъати тамаддуни ориёӣ дар аҳди қадимро дар пеши назари мо ҳувайдо месозад. Бинобар қадимӣ будан, дар миқёси ниҳоят бузург фаъолият доштан, таърихи сиёсии печидаву пурмоҷаро доштани ин тамаддун ҳанӯз бисёр масъалаҳои он, махсусан масоиле, ки ба аҳди қадим мансубанд ва ёдгориҳои хаттию шайъии он давра то ба рӯзгори мо нарасидаанд, инчунин фаъолияти тамаддуни ориёӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ то замони мо ба таври бояду шояд маълуму мушаххас нагардидаанд.

Аз ин рӯ, ман соли 2006-умро соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон намудам ва хостам, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ ба таърихи пуршӯру овозадори ниёгонамон аз сохти давлатдории аввалин шаҳриёрони пешдодию каёнӣ сар карда ба марҳилаҳои муҳиму мухталифи оини хештандорӣ ва умури ватанпарварии миллатамон муроҷиат намоем ва аз ҳама муҳимаш, ба ташаккулу инкишофи маданияти моддию маънавии тамаддуни ориёии худ назар андозем ва бар ҳамин мабно ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии худро ба роҳ монем.

Чуноне ки дар урфият мегӯянд, ҳар як шахс бояд аз ҳафт пушти худ огоҳ бошад, то дар ҳамаи соҳаҳои зиндагиву фаъолияти худ огоҳона амал намуда, зиндагии созандаи худро пеш барад. Мо ин андарзи халқи худро ба зиндагиву рӯзгори миллати худ татбиқ намуданӣ бошем, бояд онро каме тағйир дода, бигӯем, ки ҳар як халқу миллат бояд таърихи гузаштаи худ, ҳаёти моддию маънавии худро он тавре ки ҳаст, бидонад ва бо истинод ба ин шиносоӣ ҳаёти иҷтимоии худро пеш барад. Бе маърифати таърихи халқи худ, бе такя ба маънавиёти пурғановати гузашта, бе истифода аз анъанаву суннатҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулёфта, ки дар паси пардаи онҳо ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҳар халқу миллат ниҳон аст, ба муваффақият ноил шудан амри муҳол аст.

Таърихи ҳар як халқу миллат пур аз воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Ҳар давлате, ки дар саҳнаи таърих пайдо шуда, барои нишон додани нуфузу қудрати худ ва бо мақсади тасхири давлати дигар иқдом мекунад, муносибати ғолибу мағлубро ба вуҷуд меоварад. Чунин муносибат дар аҳди қадим ҳангоми ба вуҷуд омадани аввалин империяҳо арзи вуҷуд намуда буд ва пурқудраттарин давлатҳову империяҳое, ки дар бомдоди таърих ба вуҷуд омада буданд (сумериҳо, бобулиён, мисриҳо, ошуриён, иломиён, ҳахоманишиён ва ғайра) барои ба даст овардани зимоми қудрат чандин шаҳрҳову ноҳияҳоро бо аҳолиаш несту нобуд карданд. Вале бо амри таърих худи ҳамин империяҳои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ аввал аз дохил футур рафта, баъд тӯъмаи қудрати давлатҳои дигар шуданд.

Чунин муносибати ғолибу мағлуб дар асрҳои миёна низ ҷой дошт ва гумон мекунам, ки он дар ҳар давру замон вобаста ба пайдоиши шароити мусоид рух дода метавонад. Мисоли онро мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар асри гузашта, ки 61-умин солгарди Ғалаба бар Германияи фашистиро мо ба қарибӣ ҷашн гирифтем, дида метавонем. Ин ҷанги хонумонсӯз бадбахтиҳои зиёдеро ба сари халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон ва халқҳои Аврупо овард. Барои ҳамин ҳам гузаштаро омӯхта аз он сабақ гирифта тавонистан ва унсуру анъанаҳои неки онро дар умури давлатдорӣ истифода кардан яке аз сабабҳои пешрафти давлат ва ободии ҷамъият мегардад. Зеро мо медонем, ки дар ҳар ҷомеа «шуури таърихӣ» вуҷуд дорад ва он дер ё зуд таърихи зимомдорону мулукони худро воқеъбинона таҳлилу баррасӣ намуда, ба он баҳои шоиставу ҳаққонӣ медиҳад. Ин ҳукми таърих аст, ки бо мурури замон ҳақиқатро ошкор мекунад.

Масъалаи дигаре, ки дар ин ҷо қайд намудани онро ҷоиз медонам, ба давомияти тамаддуни ориёӣ марбут аст. Ба назари баъзеҳо ниёгони мо то давраи истилои арабҳо дар фазои фарҳангу тамаддуни ориёӣ зиндагӣ мекарданд, пайрави беҳтарин анъанаву суннатҳои ориёӣ буданд ва маънавиёти ориёиро пайваста инкишоф медоданд, вале баъди ҷорӣ шудани дини ислом гӯё тамаддуни ориёӣ аз байн рафта бошад.

Чунин маънидод намудани масъала, ба назари ман, комилан иштибоҳ аст. То замоне, ки ҳомилони воқеии ҳар тамаддун вуҷуд доранд, тамаддуни он халқ низ аз байн нахоҳад рафт. Бинобар он баъди ҷорӣ шудани дини ислом тамаддуни ориёӣ на фақат боқӣ монд, балки он бо унсурҳои тозаи «тамаддуни исломӣ» ғанӣ гардид ва дар навбати худ, ба тамаддуни исломӣ таъсири муассире расонид.

Қайд намудан зарур аст, ки бо ҷорӣ шудани дини ислом дар замони ҳукмронии хулафои рошидин дар қаламрави хилофат мактабу марказҳои гуногуни мазҳабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пайдо шуданд. Мактаби илмию тиббии «Ҷунди Шопур» дар Хузистон амал мекард, китобҳои зиёде аз забонҳои юнонӣ, ҳиндӣ, суриёнӣ ва ғайра тарҷума шуданд. Дар ҳамин замина олимону мутафаккирони тоҷику форс ба мисли Форобию Берунӣ, Рӯдакию Ибни Сино ба офаридани осори илмиву фалсафӣ ва адабӣ пардохтанд. Таълимоти дини ислом низ дар ин давра инкишоф ёфта аз пиндору тахайюл то ба дараҷаи мантиқу тааққул сабзида расид. Ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои ғоявӣ дар дохили дини ислом ба мисли «асҳоби раъй», мӯътазила, хориҷия, шиа ва ғайра минбаъд боиси ба вуҷуд омадани илми калом гардид.

Ба ибораи дигар, бо ҷорӣ шудани дини мубини ислом «тамаддуни исломӣ» низ ба вуҷуд омад, ки дар дохили он якчанд тамаддунҳои халқҳои маскун дар қаламрави хилофат амал мекарданд. Чунин ҳодиса қаблан низ собиқа доштааст. Масалан, вақте Иломиён давлатҳои сумерию бобулиро тасхир карданд, дар дохили тамаддуни иломӣ, ки аввалин давлати мутамаркази ориёиён дар сапедадами таърих ба шумор меравад, тамаддуни шумериву бобулӣ амал мекарданд ва баръакс, ҳангоме ки Ошур Банипал давлатҳои воқеъ дар Байнаннаҳрайн ва Иломро забт намуд, дар дохили тамаддуни бобулиҳо тамаддунҳои аккадӣ, хетӣ ва иломӣ амал мекарданд. Чунин таркибот дар давраи «ҳеллинизм» баъди мамолики Шарқро ишғол намудани Искандари Мақдунӣ ба вуҷуд омада буд. Бесабаб нест, ки баъзе муҳаққиқон тамаддуни аҳди аввали исломро ба давраи «ҳеллинизм» монанд кардаанд, вале Искандари Мақдунӣ ба сарзамини Шарқ динро наоварда буд, аз ин рӯ, шояд чунин муқоиса он қадар ҷоиз набошад. Вале чунин нуктаро қайд намудан зарур аст, ки дар таҳаввулу инкишофи маданияти исломӣ ва рушду нумӯи илму адабу фарҳанги он маданияти ориёӣ, ки аз тафаккури аҳди қадим бархурдор буд, нақши фаъол дошт. Намояндагони он дар ташаккули маънавиёти ислом ва дар ташкили мактабҳои илмиву фарҳангии суриёниву искандаронӣ, Байт-ул-ҳикмат ва ташкили мадрасаҳои «Низомия» дар саросари хилофат фаъолона ширкат варзида, дар соҳаҳои гуногуни илм осори гаронбаҳо офариданд. Дар замони ба вуҷуд омадани аввалин давлатҳои тоҷикон – Тоҳириён, Саффориён ва Оли Сомон дар Мовароуннаҳр эҳёи маънавӣ бо номи растохези Аҷам сурат гирифт. Имрӯз шеърҳои Рӯдакиву достонҳои Фирдавсӣ, ғазалиёти Ҳофиз, «Гулистон» ва «Бӯстон» -и Саъдиву эҷодиёти Ҷомиро, ки нашъаи тамаддуни ориёӣ доранд, тамоми ҷаҳон бо ифтихор ба забон меоранд. Дар соҳаҳои гуногуни илму ирфон низ халқҳои тоҷику форс саҳми арзанда гузоштаанд.

Ман вориди ҷузъиёти ин масъала нашуда, фақат чунин нуктаро қайд карданиам, ки мо ҳар чӣ бештар мероси пурғановати маънавии гузаштаро омӯзем, ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънавӣ мебахшем. Зеро аз чунин як чашмандози таърихӣ маълум мешавад, ки тамаддуни ориёии мо чашмаи ҷӯшоне будааст, ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷаҳон шодоб гардидаанд.

Барои онҳое, ки аз асли масъала дуранд ё ғаразолуд муҳокима меронанд, иқдоми мо шояд қобили дарк набошад. Вале ман асари мазкурро ба хотири аз гузаштаи пурифтихор ва маданияти гаронбаҳои ниёгонамон ҷудо нашудани насли оянда иншо кардам. Дар ин ҷо муқобилгузории миллати мо ба халқҳои дигар нест, ҷойи ғуруре ҳам нест, балки ифтихор ҳаст. Ифтихор аз созандагӣ, аз истиқлол. Ин қарзест барои наслҳои оянда ва ҷавонони имрӯзаи мо!

← Ба пас, ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.