Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 5.2.


Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби панҷум.
Оинҳои монавия ва маздакия

Маздакия

Маздак дар таърихи мардуми форсизабон яке аз чеҳраҳои дурахшоне мебошад, ки номи худро дар сафҳаҳои ҳаракати озодфикрии ҷаҳон ба таври абадӣ сабт кардааст. Бо вуҷуди он ки ин мазҳаб дар охири давраи сулолаи сосонӣ падид омада, номи Хусрави Анӯшервонро дар Шарқ маъруфу машҳур гардонид, неруи таълимоти ӯ роҳи муборизаи озодихоҳонаи мардуми моро бар зидди истилогарони аҷнабӣ равшан намуда, сипас яке аз омилҳои пайдоиши давлатҳои форсизабон — Саффориён, Тоҳириҳо ва Сомониён шуд. Дар асари таъсири фавқулоддаи таълимоти Маздак дар асрҳои миёна дар дини ислом даҳҳо ҷараёну фирқаҳо зуҳур карда, фаъолияти бисёр гурӯҳҳои динӣ ва фирқаҳои ифротӣ аз қабили исмоилия, ҳашишия, афридия, абӯмуслимия, хуррамия, бобакия, бобия аз он сарчашма гирифтаанд[1].

Дар асоси маълумоти муаррихони аҳди бостон дар давраи подшоҳии Диоклетан 284-305 подшоҳи Рум (Византия) дар ин мамлакат шахсе ба номи Бундос зуҳур кардааст, ки бо вуҷуди пайрави оини Монӣ будан, ақидаҳои наве баён намуда, бо дини монавӣ роҳи хилоф пеш гирифтааст. Мувофиқи гуфтаҳои Бундос, худои хайр бо худои шарр набард карда, ӯро мағлуб сохт ва мутобиқи суннату одати одамиён парастиши ғолиб воҷиб аст. Вай аз Рум ба Эрон рафта ба таблиғи дини худ шурӯъ кард.[2] Стилит – муаррихи дигари садаи VI мелодӣ шахси дигареро низ муқаддам бар Маздак ном мебарад, ки бо номи Зардушт ёдовар шуда, ақидаҳои мушобеҳе бо Маздак баён доштааст[3]. Пайравони ин динро дар забони паҳлавӣ дурустдинон номиданд ва дини Маздак дунболаи даъватҳои Бундос ва Зардушт мебошад. Маздак дар таблиғу тарвиҷи ин ақидаҳо, ки яке аз шохаҳои дини Монӣ ҳисоб мешуд, иқдом ва дар натиҷа номи муассисони аслии ақидаҳо фаромӯш шуда, номи ӯ машҳур гардид.

Маздак дар соли 460 мелодӣ ба дунё омадааст. Табарӣ ватани ӯро Нисо (ҷануби Ашқободи кунунӣ) гуфтааст[4]. Ин аз он ҷиҳат ҳам дуруст аст, ки бисёр муаррихон падари ӯ Бомдодро аз мубадони бузурги Нишопур донистаанд. Муаррихони дигар ватани ӯро Истахр, Табрез, Мадария воқеъ дар соҳили шарқии Даҷла ва ғайра ба қалам додаанд. Низомулмулк номи зани ӯро Хуррама[5] овардааст[6]. Дар асоси гуфтаи Ибн-ал-Асир, худи Маздак низ дар ибтидо мубади парҳезкоре будааст. Бино ба маълумоти муаррихон, Маздак китобе ба номи «Диснод» ва ё «Занд» навиштааст, ки онро Ибни Муқаффаъ ба арабӣ тарҷума кардааст[7] Шаҳобуддин Аҳмади Хаффоҷӣ дар бораи ин китоб чунин навиштааст: «Занд касеро мегуфтанд, ки пайрави китоби Маздак буда ва арабишудааш зиндиқро барои пайравони Монӣ ва Маздак ба кор мебурданд».[8]

Ҳаракати маздакия, ки дар охири садаи V ва аввали VI империяи бузурги сосониро ба ларза дароварда, подшоҳони гирду атроф, аз ҷумла Руму Юнонро ба воҳима андохта буд, аввалин ҳаракати васли иҷтимоию динӣ ва ҳатто мардумӣ мебошад, ки проблемаи нобаробарии иҷтимоӣ ва роҳи ҳалли онро дар миён гузошт ва барои ҳалли он амалан талош намуд.

Аз омӯзиши масъала маълум мешавад, ки олимони аврупоӣ ба ҳаракати маздакия мароқи калон зоҳир карда, ба мутолиа ва тадқиқи он кӯшишҳои фаровон ба харҷ додаанд. Аввалин асари мукаммале, ки Маздак ва ҳаракати вайро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, китоби Томас Хайд «Таърихи эътиқодоти форсиён» мебошад, ки соли 1700 дар Оксфорд ба чоп расидааст. Дар асри XVIII шахсияти Маздак, дин ва ҳаракати ӯ дар маркази таваҷҷуҳ ва тадқиқоти бисёр олимону донишмандони ин сарзамин буд. Чунин муҳаққиқоне мисли донишманди франсавӣ А. де Бюссабр, англис Е. Гиббон, Ч. Малкольм, Ч. Роулинсон, немис — Нолдеке, Юсти, Никольсон аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки аксари онон, аз рӯи ақида, таҳти таъсири осори паҳлавӣ ва маълумоти муаррихони араб нисбат ба Маздак ва ҳаракати ӯ аз худ аксуламали кушоду равшани душманона ва муносибати манфӣ нишон додаанд. Масалан, Е. Гиббон дар асари худ таҳти унвони «Инқироз ва дар ҳам пошидани империяи Рум», ки дар соли 1776 ба чоп расидааст, ба суханони мубадони даврони Сосонӣ бовар карда, чунин менависад: «Мардуми Эроншаҳр аз таассуби ин сотсиалист, ки иштирокӣ будани занон ва мусовоти афроди башариро мавриди таъкид қарор медод, маъюс ва хашмгин буданд, зеро вай ҳосилхезтарин заминҳо ва зеботарин занонро барои истифодаи пайравони фирқаи худаш ихтисос дода буд»[9]. Асаре, ки донишманди англис Ҷ. Модӣ ба ин масъала бахшида буд, чунин ном дошт: «Маздак — сотсиалисти эронӣ». Мақолаи калони Т. Нёлдеке, ки соли 1879 дар маҷаллаи «Дойче Рундшау» таҳти унвони «Самтгирии сотсиалистӣ» ба чоп расид, дар қатори ҳаракатҳои дигар, аз ҷумла ҳаракати мардумии маздакияро мавриди таҷзияю таҳлил қарор дод. Муаллиф дар он бештар ба масъалаи пардохти қарз, нобаробарии иҷтимоӣ ва тақсими одилонаи замин таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ба ақидаи ӯ, сотсиализми шарқӣ падидаест, ки бар асоси дин устувор аст. Вай суханони худро чунин идома медиҳад: «Сотсиализми шарқӣ комилан мазҳабӣ аст ва бо сотсиализми ҷадиди франсавӣ ва олмонӣ тазоди ошкоро дорад: дар машриқзамин корро ё қаҳру ғазаб пеш мебарад ва ё дар асари такя ба неруи мазҳаб мешавад ба муваффақиятҳои бузург ноил гардид»[10]. Нёлдеке дар ин ҷо шояд сатҳи маънавии одамони он давра ва фосилаи 1200-солаи инқилоби Маздак ва инқилоби франсавиро аз хотир фаромӯш кардааст.

Ҳадаф аз овардани баъзе пажӯҳишҳо пиромуни маздакия дар Аврупои асрҳои XVII-XIX иборат аз зикр кардани он аст, ки бунёдгузорони коммунизми илмӣ аз ҳаракатҳои мардумӣ дар сарзамини мо, аз ҷумла дар бораи Маздак, сарфи назар аз ибрози фикру мулоҳизаҳои мухталиф, иттилои комил дошта, онҳоро дар тадвину тартиби таълимоти худ истифода бурдаанд.

Таҳкурсии ҷомеаи эронии даврони сосониро ду рукни асосӣ ташкил медод: моликият ва хун. Бино ба «Номаи Тансар», дар аҳди поягузории давлати сосонӣ Ардашери Бобакон миёни ашроф ва авом фосилаи зиёде вуҷуд дошт. Онҳо аз ҷиҳати «либос, маркаб, сарою бӯстон ва зану хизматгор» имтиёз доштанд. Табақаҳо аз ҳайси мартабаи иҷтимоӣ дорои дараҷаҳо буданд. Дар ҷомеаи сосонӣ мақому манзалати дар шахс собиту мустаҳкам буд. Саъдуддини Варовинӣ дар «Марзбоннома» дар ин бора ҳикояте нақл мекунад, ки ҷолиби таваҷҷуҳ аст: «Хусраве (подшоҳе) аз Порс фармуд, дар саҳро маҷмае ҷамъ оварданд, аз гирду атрофи мамлакат хосу ом, шаҳрию лашкарӣ, деҳқону наҷибзода ва ҳар якеро дар саф ҷой муқаррар кард ва мақому мартабаашонро муайян намуд. Вақте ҳама нишастанд, эълом намуд, ки ҳар кас ба мартабаи пойини худ нигоҳ кунад, на ба боло ва аз мавқею ҷойи хеш розӣ бошад»[11]. Ба иборати дигар, дар Эроншаҳри бостон мавқеи табақа ва дараҷаҳои иҷтимоъ аз бисёр ҷиҳат ба кастаҳои ҳиндуён шабоҳат дошт. Табақаҳои поён, бахусус деҳқонон ва косибон аз ҳуқуқҳои оддӣ маҳрум буда, мавриди истисмори шадиди чандҷониба қарор мегирифтанд. Табақаи баландтарини ашроф, ки наздикону атрофиёни подшоҳ, марзбонон ва шоҳзодагони сосонӣ буданд, барои худ расму анъанаҳои махсуси ашрофӣ тадвин намуда, дар ҷалолу шукӯҳи хосса (баъдан ин расму анъанаҳои ашрофӣ ба дарбори подшоҳони асримиёнагии Аврупо интиқол ёфт) зиндагӣ мекарданд.

Қонунҳои мамлакат покии хуни хонадонҳо, ба хусус хонадонҳои ашроф ва моли ғайриманқули ононро муҳофизат мекард. Дар бораи ҳифзи хуни хонадони салтанатӣ «Форснома»-и Ибн Балхӣ чунин менависад; «Одати мулуки Форс ва акосира он будӣ, ки аз ҳама мулуки атроф чун Син, Рум, Турк ва Ҳинд духтарон ситодандӣ ва пайванд сохтандӣ ва ҳаргиз духтаре ба эшон надодандӣ. Духтаронро ҷуз ба касоне, ки аз аҳли байти эшон будандӣ, мувосилат накардандӣ»[12].

Дар миёнаи табақаҳои мардум тафовути зиёд вуҷуд дошт. Масалан, дар табақаи косибон ҷою мақоми ҳар фард дақиқан муайян шуда буд. Ҳирфаю касб меросӣ буд. Ба касе, ки маҳорату лаёқати лозим надошта бошад, ҷиддан манъ шуда буд, ки бо он касаба машғул шавад. Дар «Минуи хирад» ин масъала чунин зикр шудааст: «Пешаварон дар корҳое, ки намедонанд, ворид нашаванд. Он чӣ марбут ба пешаи онҳост, ба хубӣ анҷом диҳанд ва музди онҳоро ба нархи одилона бигиранд, чӣ ҳар кас бо коре машғул шавад, ки аз он огаҳ нест, он корро зоеъ ва бефоида кардааст»[13]. Ҳар табақа сардори кишварии худро дошт. Аз табақа ба табақаи дигар гузаштани одамон бисёр кам сурат гирифта, он фақат ба воситаи қарори Шӯрои салтанатӣ ва имзои шахси подшоҳ сурат гирифта метавонист.

Табақаи ҳоким бахусус ашрофи сосонӣ аз тамоми табақаҳои дигар духтар мегирифтанд, вале ба ягон табақаи поёнӣ духтар намедоданд. Қонуни мамлакат фурӯши амволи ашрофро ба табақаи поён манъ мекард. Агар касе тасодуфан чизе аз моли табақаи ашрофро харидорӣ кунад, мол пас гирифта шуда, шахси харида ба маҳкама кашида мешуд[14].

Беҳуқуқӣ ва истисмори шадиди табақаҳои васеи мардуми заҳматкаш, дар дасти ашроф пулу сарвати фаровон гирд оварда буд. Бино ба навиштаи муаррихон рӯзе Хусрави Анӯшервон ба фармонравои Озарбойҷон хашм гирифт ва аз наздикони вай пурсид, ки ин волӣ чӣ қадар сарвати нақдӣ дорад? Гуфтанд, ду бор ҳазор ҳазор динор. Пурсид, аз молу дороӣ чӣ андоза? Гуфтанд, сесад ҳазор ҳазор динор. Пурсид, гавҳарҳои гаронбаҳо чӣ дорад? Гуфтанд панҷсад ҳазор ҳазор динор. Пурсид, мулку замину боғ дорад? Гуфтанд, дар Хуросон, Ироқ, Озарбойҷон, ҳеҷ канора ва шаҳре нест, ки ӯ дар он ҷо даҳ порча мулк, даҳ осиёб, корвонсаро, гармоба ва ғайра надошта бошад. Пурсид, аз чорпо чӣ дорад? Гуфтанд сӣ ҳазор асп, гов, гӯсфанд. Пурсид, бандаю ғулом чӣ қадар дорад? Гуфтанд ҳазор ғуломи румию ҳабашӣ ва чорсад канизак…[15] Табақаи атроф аз тамоми неъматҳои зиндагӣ бархурдор буда, ҳаёти пуртаҷаммулу ашрофона доштанд. Ҳосилхезтарин заминҳо, оби руду коризҳо ба онҳо тааллуқ дошт. Теъдоди занон вобаста ба пулу дороии сардори хонавода буд. Бо вуҷуди он ки шариати дини маздаясно ҳуқуқи марду занро баробар эътироф кардааст, ба занҳо мисли амволи шахсӣ муносибат карда мешуд. Ашрофи бузурги сосонӣ дар ҳарами худ ҳазорҳо зану канизак нигоҳ медоштанд. Дар ҳарами Хусрави Парвиз (591-628) – подшоҳи сосонӣ қариб 12 ҳазор зан зиндагӣ мекарданд. Табиист, ки вакте шахсони ҷудогонаи ҷамъият аз чунин имтиёз бархурдор буданд, садҳо ҳазор намояндагони табақаи поёнӣ на танҳо аз неъматҳои моддӣ, балки аз зиндагии хонаводагӣ низ маҳрум буданд.

Бо вуҷуди он ки талаботу меъёрҳои умумии ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ нисбат ба шахси подшоҳ дақиқан муайян шуда буд, қонуни мушаххаси варосат ва таъини валиаҳд ба тахти подшоҳӣ вуҷуд надошт. Таъини валиаҳд, агар аз як сӯ, ҳаёти шахси подшоҳро аз ҷониби валиаҳд ва бахусус душманони вай дар зери хатар қарор диҳад, зиндагии валиаҳд низ дар зери таҳдиди доимии рақибон қарор мегирифт. Аз ин рӯ, аксаран валиаҳд интихоб намекарданд.

Мутобиқи «Номаи Тансар», Ардашери Бобакон – поягузори давлати сосонӣ дастур дода буд, ки ҳар подшоҳ дар вақти лозима валиаҳди худро интихоб намуда, дар номаи муҳрдоре сабт кунад ва он номаро дар ихтиёри мубади мубадон гузорад[16]. Бо даргузашти подшоҳ мубади мубадон ҳирбади ҳирбадон (сарвари оташкадаҳо) ва эрондабирбаз (сардори умури идории шоҳ)-ро даъват намуда, муҳрномаро боз мекард ва мазмуни онро баён медошт. Баъзан мувофиқ наомадани фикру иродаи подшоҳи даргузашта бо мулоҳизаи шӯрои сегона, носозгорӣ бо манфиати яке аз онҳо ва сабабҳои дигар боис мегардид, ки онҳо номзадии дигареро ба тахти шоҳӣ пешбарӣ мекарданд[17].

Дар нимаи дуюми садаи V империяи бузурги сосонӣ пас аз салтанати Яздигурди II (439-457) бо як силсила сабабҳои дохилию хориҷӣ шукӯҳу ҷалол ва суботу истеҳкоми худро аз даст дода буд. Аз ҷониби ғарб душмани дерина — Рим (Византия) ба Эроншаҳр таҳдид карда, дар тарафи Осиёи Миёна эфталитҳо сол то сол пурзӯр мешуданд ва сарҳадоти шимоли шарқиро ғорат мекарданд. Мамлакат аз ҷиҳати мазҳаб низ дар зери фишор қарор гирифта буд. Мавқеи дини зардуштиро дар ғарб дини насронӣ ва дар шарқ дини буддоӣ танг мекарданд.

Чун хонаводаи сосонӣ аз шохаҳои зиёд иборат буд ва дар ҳар яке даҳҳо шоҳзодагон тарбия мешуданд, дар замони ҳарҷу марҷ, ва ба хусус дар вақти интихоби шоҳ, аксари онҳо довталаби тоҷу тахт мегардиданд. Пас аз марги Яздигурди II, ки дар соли 457 сурат гирифт, то соли 488, ки соли ҷулуси Қубод аст, нооромиҳо ва заъфу сустии ҳукумати марказӣ буд, чор подшоҳ ҳукмронӣ карданд. Ҷангҳои тӯлонии Фирӯз (459-484) ва шикастҳои пай дар паи вай аз эфталитҳо, задухӯрдҳо дар сарҳадоти Рум вазъияти хориҷии мамлакатро низ беш аз пеш бадтар карда буд.

Яке аз омилҳои муҳимме, ки тӯдаҳои мардумро такони шадид дода, ононро ба мубориза даъват намуд ва вазъияти воқеан инқилобӣ падид овард, дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми садаи V ба сари Эрон фуруд омадани хушксолиҳои чандинсолаи пай дар пай мебошад. Мувофиқи нигоштаи муаллифи «Таърихи адён ва мазоҳиби ҷаҳон», соли 491, ки соли зуҳури Маздак қаламдод шудааст, соли ҳафтуми хушксолӣ будааст. Хушксолиҳои даврони Қубод дар «Шоҳнома» низ ёд шудааст:

Зи хушкӣ хӯриш танг шуд андар ҷаҳон,
Миёни кеҳону миёни меҳон.
Зи рӯйи ҳаво абр шуд нопадид,
Ба Эрон касе барфу борон надид.
Меҳони ҷаҳон бар дари Кайқубод.
Ҳаме ҳар касе обу нон кард ёд.

Ин ҳодиса, аз як сӯ, вазъияти фалокатбори тӯдаҳои васеи заҳматкашонро боз ҳам вазнинтар карда бошад, аз ҷониби дигар худхоҳӣ, худкомагӣ ва лаҷомгусехтагии дороён ва бахусус ашрофи сосониро афзунтар намуд. Бӯҳрони амиқи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, зоҳиран сепаратизми ашрофиро густариш дода, дар миёни шохаҳои дури хонаводаи сосонӣ ва хонаводаҳои бузурги ҳафтгона довталабони нави тоҷу тахтро падид овард. Чун ҳукумати марказӣ заифу нотавон шуда буд, ашроф дар мамлакат ҳар чӣ мехост, анҷом медод.

Дар оини маздаясно инсон дар маркази доираи кайҳонӣ қарор дода шуда, дар шахси ӯ инсонияти комил, шарофати баланд, худшиносии олӣ тақдир шудааст. Тамоми бахшҳои Авесто ба тараннуми далерӣ, доноӣ, мардонагӣ, зебоӣ, некандешӣ, нексуханӣ, некамалӣ, ҷасорат ва садҳо хислатҳои мусбати дигар, ки шахсият ва мақоми инсонро дар зиндагӣ мустаҳкам мекунад, бахшида шуда, садҳо хислатҳои баду манфури одамӣ, ки иззати нафс ва шарофати инсонро поймол месозад, накуҳиш карда шудааст. Мо дар Готҳо ба бисёр сатрҳо бармехӯрем, ки Зардушт — паёмбари дини маздаясно ҷонибдорони худро ба мубориза бар зидди зулм, истисмор, тааддӣ, поймол карда шудани шарофати инсонӣ даъват намудааст.

Аз ин рӯ, маздакия, ки бунёди таълимоташ оини маздаясност, дар ҷойи холӣ ва тасодуфан падид наомадааст. Монавия ва маздакия дар домони дини зардуштӣ ба вуҷуд омада, дар пайдоиш ва ташаккули ислом ва динҳои дигари ҷаҳонӣ нақши умда ва қобили мулоҳизае дорад. Дин ва инқилоби иҷтимоии Маздак аввалин ҳаракати мардумие мебошад, ки баробарӣ ва мусовоти тамоми одамонро ҳадафу мароми худ қарор дода, муддате онро дар ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ кард, бинобар ин дар таърихи муборизаи сиёсии инсоният мақоми хосе дорад. Хусрави I (531—579), ки дар таърихи мардуми мо ҳамчун Анӯшервони Одил маъруф аст ва дар бораи адлу инсофаш ҳикояту афсонаҳои зиёде иншо шудаанд, шахсест, ки Маздак ва ҳазорон идеологҳои маздакиро дар як шаб cap бурида, дар тӯли муддати кӯтоҳе даҳҳо ҳазор тарафдорони ин ҷунбишро нобуд кард.

Мубориза ба муқобили маздакия чунон шадид, ошкоро ва бераҳмона буд, ки гурӯҳе аз ҷонибдорони он аз кишвар фирор ва бахши дигар ба кӯҳу биёбонҳо пароканда шуданд. Дар солҳо ва асрҳои баъдӣ на танҳо барои сулолаи сосонӣ, балки дар пеши ҳамаи табақаи ашроф ба забон овардани номи Маздак хавфи бузурге дошт. Хусрави Анӯшервон дар зарфи подшоҳии беш аз 40-солаи худ кӯшиш ба харҷ дод, ки дар Эрон ягон чизе ёдовари номи Маздак ва тарафдорони ӯ набошад. Ин бадбинӣ чунон шадид буд, ки осори маздакия ва ислоҳоти иҷтимоии вай комилан аз миён бурда шуд. Бар илова, дар он сарчашмаҳое, ки аз ӯ ном бурда шудааст, вай ба таҳқир ва аксаран бо туҳмат ёдоварӣ гардидааст. Ин анъанаи ашрофи сосонӣ аз тарафи уламою муаррихони араб бекаму кост пазируфта шуда, онҳо душмании ошкорои худро нисбат ба Маздак ва таълимоти ӯ пинҳон накардаанд.

Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ дар «Милал в-ан-ниҳал», Абӯмансур Абдулқоҳири Бағдодӣ дар «Ал-фарқ байн-ал-фирақ», Ибн Надим дар «Ал-феҳраст», Ибн Хурдодбеҳ дар «Ал-масолик-ва-л-мамолик», Абу Ҳанифаи Диноварӣ дар «Ахбор-ул-тавол», Табарӣ, Ашъарӣ, Истахрӣ, Яъқубӣ, Саолабӣ ва дигарон дар осори худ пиромуни ин ҷунбиш ва моҳияти он маълумоти ночизе дода, бештар ба хислатҳои манфии он атфи таваҷҷуҳ кардаанд. Чун Рум душмани доимии Эрон буд, муаррихони румӣ низ нисбат ба ин ҳодиса муносибати ошкоро хасмона нишон додаанд. Аммо сарфи назар аз ин, аз муаррихони номбаршуда бахусус навиштаҳои пешвоёни дини насронӣ, ки теъдодашон дар Эрон зиёд буд, маълумоте метавон касб намуд. Дар ин замина чанд нафар аз авастошиносони маъруфи аврупоӣ пиромуни Маздак ва таълимоти ӯ тадқиқотҳои муфиде анҷом доданд.

Стилит ҳамзамони Маздак аз фирқаи илҳодӣ дар дохили дини маздаясно ёдоварӣ карда, онро бо исми зардуштакон ном мебарад. Вай ҳодисаҳои солҳои аввали навадуми садаи 5 мелодиро тасвир карда, дар фаслҳои 23-25 менависад: «Қубоди зиндиқаи палид, муғони зардуштакониро, ки шиораш муштарак будани занон буд ва ба ҳар марде иҷозат медод то бо ҳар зане, ки мавриди назараш аст, робитаи ҷинсӣ барқарор кунад, эҳё кард. Дере нагузашт, ки тамоми машоихи эронӣ аз Қубод мутанаффир шуданд, зеро ба ин тартиб подшоҳ ба занони онон иҷозати зино дода буд»[18]. Аз ин суханони Стилит ба чанд хулоса расидан мумкин аст. Аввалан, Қубоди сосонӣ, ки дар зери фишори мушкилоти фаровони иқтисодию иҷтимоии мамлакат, бахусус таҳти фишори табақаи ашроф қарор дошт, пайрави фирқаи зардуштакон будааст. Сониян, фирқаи зардуштакон, ки мисли зурвония ва монавия яке аз фирқаҳои илҳодии дини маздаясно буд ва иштирокӣ будани занонро таълим медод. Солисан, Қубод на танҳо пайрави фирқаи зардуштакон гардидааст, балки таълимоти онро дар амал татбиқ кардааст ва боиси бадбинию танаффури табақаи ашрофи сосонӣ шудааст.

Тавре ки аз таърихи силсилаи сосонӣ маълум аст, дар соли 496 ё 497 ба ашроф муяссар гардид, ки Қубодро аз тахт барканор карда, дар маҳбаси ашрофии Анӯшбурд зиндонӣ кунанд. Чӣ ҳаводисе аз авоили солҳои 90-уми садаи V боиси ин воқеаҳо шуданд? Бино бар навиштаи чанд сарчашмаи румӣ ва арабӣ, ки муносибати хасмонаи худро ба ин ҳаракат пинҳон намедоранд, Маздак замоне падидор шуд, ки вазъияти дохилию хориҷии Эрон дар ҳолати вазнин буд. Аҳволи тӯдаҳои мардумро, ки дар зери истисмори шадиди чандҷониба қарор доштанд, хушксолиҳои пай дар пай боз ҳам бадтар карда буд. Мардум дар ҷустуҷӯйи нон аксаран ба сӯйи Тайсафун (Мадоин) пойтахти давлати сосонӣ раҳсипор мегардиданд. Табақаи ашроф, ки анбору захираҳои фаровон доштанд, бесуботӣ ва нооромиро аз Қубод ва сустиродагиаш дониста, бар зидди вай тӯвтиа мечиданд. Дар чунин шароит Маздак назди Қубод рафт ва ба ҳар василае, ки бошад, вайро ҷонибдори дину таълимоти худ сохт ва Қубодро бар он дошт то эълон кунад, ки ҳар кӣ нонро аз мардуми гурусна дареғ дорад, сазояш марг аст. Мардум ба ғорату тақсими анборҳои дороён пардохтанд. Бо вуҷуди он ки пиромуни ба Маздак гаравидани Қубод, ақидаҳо мухталиф аст, Агасиас ва Малалас — муаррихони румӣ, ки душмани Қубод буданд, ба он ишора кардаанд, ки подшоҳи Эрон ба маздакия бо самимияту хулуси ният эътиқод кард.

Донишманди эронӣ Аббоси Қадёнӣ, ки дар ин мавзӯъ пажӯҳиш анҷом додааст, дар бораи аз ҷониби Қубод пазируфта шудани мазҳаби Маздак ақидаи дигаре дорад, ки ба ҳақиқат наздиктар аст. Вай менависад; «Қубод толиби ислоҳоте дар умури иҷтимоии Эрон буд ва аз биму тарси мубадон ва ашрофи кишвар ҷуръати иқдом ба ин корро намекард. Дар ин замон худхоҳии динии муғон ба ҳадди худсарии динӣ расида буд. Чунин вазъияте ба ҳеҷ ваҷҳ ба асолати оини Зардушт тааллуқ надошт. Қубод вуҷуди марди суханвареро мисли Маздак, ки ҳавохоҳони бисёре аз мардуми мустаманд дошт, ғанимат шумурда, бар он шуд, ки ба дасти вай ислоҳоте дар сарвати умумӣ ба амал оварад ва ба ислоҳоти иҷтимоӣ бипардозад. Аммо ин иқдомот барои ҷомеаи он рӯз бисёр зуд буд»[19].

Фирқаи зардуштакон, ки Стилит эҳёи онро ба Қубод нисбат додааст[20], яке аз ҷараёнҳои илҳодии дини маздаясно ба шумор мерафтааст. Муаррихони румӣ ва араб фақат як хусусияти идеологии ин ҷараёнро хотирнишон кардаанд: ҳадафи он иштирокӣ будани хоста ва зан аст. Хоста, дар фарҳанги Амид чунин тафсир шудааст: «Зару мол, сарват ва дар истилоҳи додгустарӣ моли мавриди даъво». Пас маълум мешавад, ки ҷараёни илҳодии зардуштакон қабл аз ҳама баробарии иҷтимоиро хостор будааст. Тавре ки дар боло зикр гардид, ин фирқаро дар садаи III Зардушт бинни Хуркон асос гузошта буд. Ин шахс мувофиқи навиштаи китобҳои арабӣ фақат пешвои назарӣ буд. Аммо муҳаққиқон ва муаррихон сифатҳои боризи мактаби Маздакро «набарди фаъолона» ба хотири беҳбудии тӯдаҳои васеи иҷтимоӣ тавсиф кардаанд. Ба иборати дигар, Маздаки Бомдодон, ки аксари муҳаққиқони аврупоӣ таълимоти вайро «коммунизми ибтидоӣ» номидаанд, татбиқкунандаи амалии назарияи Зардушт бинни Хуркон будааст. Вале нисбати муносибати душманонаи табақаи ашроф дар бораи муҳтавои ин таълимот дар сарчашмаҳо маълумоти ночизе боқӣ мондааст,

Ба ақидаи Маздак, чун сабаби асосии кина ва носозгорӣ нобаробарии мардумон аст, пас ноилоҷ ин нобаробарӣ бояд аз миён бардошта шавад. Нобаробарии иҷтимоӣ боис мешавад, ки инсонҳо ба якдигар эҳсосоти шадиди манфӣ нишон диҳанд, якдигарро бад бинанд, душманӣ варзанд ва боиси падид омадани ҳодисаҳои ногувор шаванд.

Маздак мегуфт: тавре ки Аҳурамаздо худованди бузург, чор унсури муқаддас — об, хок ҳаво ва оташро падид оварда, онро моли ҳамагон шумурд ва онҳоро байни одамон тақсим накард, он нишонаи мусовоти одамон дар баробари худо ва табиат аст. Ба ифодаи Ибни Балхӣ, дар «Форснома» дар аҳди Қубод «Маздаки зиндиқ падид омад ва абоҳат падид овард ва онро «мазҳаби адл» ном ниҳод ва ибодати эзиди азза ва зикра аз мардум бардошт ва гуфт: «Банӣ одам ҳама аз як падар ва як модаранд ва моли ҷаҳон миёнаи эшон мерос аст, аммо ба фазлу қуввату зулм қавме бармедоранд ва дигаронро маҳрум мегузоранд ва ман омадам, то ба воҷиб орам». Тавре ки аз навиштаҳои «Форснома» бармеояд, фазлу қувват ба гурӯҳе имкон фароҳам медорад, ки бар гурӯҳи дигар зулм раво дошта, моли ҷаҳонро соҳибӣ кунанд. Ба ақидаи Маздак, нобаробарии иҷтимоӣ боиси падид омадани панҷ эҳсоси бадтарини инсон гардида, мусовот ва баробарию бародариро дар ҳам мешиканад ва миёни одамон фосилаҳо барқарор мекунад. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ панҷ эҳсоси бадтарини инсонро аз забони Маздаки Бомдодон чунин мегӯяд:

Бипечонад аз ростӣ панҷ чиз,
Ки доно бар ин панҷ наяфзуд низ.
Куҷо рашку кин асту хашму ниёз
Ба панҷум, ки гардад бар ӯ чира оз.
Ту чун чира бошӣ бар-ин панҷ дев
Падид оядат роҳи геҳон хадев.

Ба ақидаи Маздак агар баробарии иҷтимоӣ риоят шавад, ин панҷ дев[21] аз миён рафта, баробарию мусовотро ҷорӣ менамояд. Дар «Шоҳнома» Маздак ҳадафу мароми худро чунин баён мекунад:

Аз ин панҷ моро зану хоста-ст,
Ки дини беҳӣ дар ҷаҳон коста-ст.
Зану хоста бошад андар миён,
Чу дини беҳиро нахоҳӣ зиён.
К-аз ин ду бувад рашку озу ниёз,
Ки бо хашму кин андар ояд ба роз.
Ҳаме дев печад сари бихрадон
Бибояд ниҳод ин ду андар миён.

Дар ҷойи дигар дар бораи таълимоти Маздаки Бомдодон ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ мегӯяд:

Ҳаме гуфт: ҳар к-ӯ тавонгар бувад,
Туҳидаст бо ӯ баробар бувад.
Набояд, ки бошад касе барфузуд
Тавонгар бувад тору дарвеш пуд.
Ҷаҳон рост бояд, ки бошад ба чиз,
Фузунӣ тавонгар чаро ҷуст низ.
Зану хонаю чиз бахшиданист,
Туҳидаст кас бо тавонгар якест.
Ман инро кунам рост бо дини пок,
Шавад вижа пайдо баланд аз мағок.
Ҳар он кас ки ӯ ҷуз бар ин дин бувад,
Зи Яздон в-аз ман-ш нафрин бувад.

Ба иборати дигар, худованд тамоми васоили маишатро дар рӯйи замин дар дастраси мардумон қарор додааст, то афроди башар аз он дар мусовоту баробарӣ истифода намоянд, тавре ки касе беш аз дигар ҳамнавъони худ чизе надошта бошад. Пас бояд аз тавонгарон гирифт ва ба тиҳидастон дод ва миёни эшон баробариро барқарор кард. Аз рӯйи навиштаи Шаҳристонӣ, ба ақидаи Маздак «ин амал хайр буда, уҷру подоши азим дорад ва гузашта аз тамоми инҳо, дастгирии мардумон аз якдигар, амалест, ки хушнудии Худовандро фароҳам медорад»[22].

Шариати Маздак на танҳо қатл, балки озори мардумонро мамнуъ қарор медод. Меҳмонро аз ҳар тоифа ё миллате, ки бошад, эҳтиром мекард ва чунин мешуморид, ки набояд аз ӯ чизеро дареғ дошт. Ба ақидаи онҳо, ҳатто нисбат ба душманон ҳам бояд бо меҳрубонию утуфат рафтор кард. Маздакиён покию наҷобатро дар мақоми аввал гузошта, мисли монавиҳо куштани ҳайвонро ҳаром медонистанд. Аз ин ҷиҳат маздакиён аз хӯрдани гӯшт худдорӣ мекарданд[23].

Ҳадафу мароми таълимоти Маздак иборат аз ду қисмат буд: қисмати аввал беҳбудӣ бахшидан ба ҳолу аҳволи табақаҳои васеи заҳматкашон ва эҳёи ҳуқуқи моддию маънавии онҳо дар ҷомеаи сосонӣ ва қисмати дуюм интишори таълими ахлоқии маздакия, ки асоси он бар рӯйи санавият, дугонапарастӣ ва зуҳду тақвои монавӣ устувор буд. Асли сухани Маздак ва ҷавҳари инқилоби ӯ дар иштироки моликият мебошад, ки аз фикри ҳукумати иштирокӣ ва ширкати ҳамагон дар ҳокимияти миллӣ сарчашма гирифтааст. Шояд ҳамин ҷанбаи таълимоти башардӯстонаи Маздак аст, ки Муҳаммад Иқбол — шоир ва файласуфи маъруфи покистонӣ ӯро паёмбари мардумдӯсти Эрони бостон номидааст[24].

Ин таълимот ҳам мисли оини Монӣ масъалаи робитаи моддаи аслии қадимӣ, яъне нуру зулматро мавриди баҳс қарор медиҳад. Тафовути байни ақидаи Монӣ ва Маздак иборат аз он буд, ки Маздак мегуфт: ҳаракати аслии зулмат ё торикӣ аз рӯйи ирода ва нақшаи қаблӣ набуда, дар асари тасодуфу иттифоқ ва бар хилофи он, ҳаракати аслии нур мутобиқи ирода ва нақшаи пешакӣ сурат мегирад. Омезишу ихтилоти тирагию рӯшноӣ, ки аз он олами маҳсуси моддӣ пайдо шудааст, бар хилофи таълимоти Монӣ, натиҷаи нақшаю тарҳи пешакӣ набуда, аз рӯйи тасодуф ба вуҷуд омадааст. Дар оини Маздак нисбат ба Монӣ, ҳаракати нур дорои ҳадафу мақсади муайян буда, бартарии ақлонӣ дорад. Ин суханон бо гуфтаҳои Малалас, ки дар ин бора ақидаи Бундос — поягузори назариявии маздакияро овардааст, мувофиқат мекунад. Вай мегӯяд: эътиқоди Бундос дар ин асос ёфта буд, ки худои хайр (нур) бар худои шарр (зулмат) ғалаба кардааст, аз ин рӯ ғолибро бояд ситойиш кард. Аммо ин ҳанӯз ғалабаи комил нест, зеро олами моддӣ, ки ҳанӯз омехта аз ду асли қадим аст, боқӣ мондааст. Мақсади охирини такомули олами моддӣ, наҷоти зарраҳои нур аст, ки ҳанӯз бо зарраҳои торикӣ омехта аст[25]. Бахши охирини ақидаи маздакиён бо суханони Монӣ мувофиқат мекунад. Маздак дар муқобили Монӣ, ки нурро аз панҷ қисмат медонист, аз се бахш медонад; об, оташ, хок. Ба ақидаи маздакиён худои нур ҳам аз ин се унсур ба вуҷуд омадааст.

Ҳоло ҷаҳон дар даврони омезиши нуру зулмат қарор дорад. Ба қавли Шаҳристонӣ, маздакиён чунин мешумориданд: чун омезиши нуру зулмат аз рӯйи иттифоқ ва тасодуфӣ ба амал омадааст, ҷудоию имтизоҷи нур аз зулмат низ бидуни қасду ихтиёр тасодуфан сурат хоҳад гирифт. Дар ин ҷо маздакия роҳу равиши пешқадами худро дигаргун сохта, боз ба оғӯши монавия меояд ва роҳи наҷоти инсонро мисли монавия дар он мебинад, ки инсон алоқаи худро аз моддиёт ва зиндагии моддӣ кам кунад. Ба ақидаи онҳо, канорагирӣ аз ҳар чизе, ки пояи моддии зиндагиро мустаҳкам мекунад, инсонро ба ҳадаф наздиктар месозад[26].

Зардушт — паёмбари дини маздаясно ва Маздак, ҳарду дар таълимоти худ инсонро дар маркази кайҳон қарор дода, таъкид кардаанд, ки вай аз рӯйи табиати худ унсури фаъол буда, зиндагӣ ва сарнавишти худро худаш муайян мекунад. Чунин аст, ки пайравони оини Маздак на танҳо қатл, балки зарар ба шахси дигарро муҷоз намешуморанд.

Ҳамин тариқ, муаллифони ҳамасри Қубод ва муаррихони баъдина ҳамдостон ҳастанд, ки Қубод бо сабабҳое дини Маздакро қабул кард. Баъзеҳо навиштаанд, ки вай дини навро аз рӯйи эътиқод қабул кард ва ба ин васила барои беҳбуди зиндагии тӯдаҳои васеи мардум даст ба ислоҳоти ҷасурона зад[27]. Дигарон боварӣ доранд, ки Қубод таълимоти навро дар зери фишори тӯдаҳои мардум пазируфт. Аммо Нёлдеке — яке аз авестошиносони маъруфи немис, ақидаи дигаре дорад. Ба фикри ӯ Қубод, ки ду маротиба тахти аз даст рафтаи худро бо ҷасорату диловарӣ ба даст оварда, лашкариёни Рум (Византия)-ро борҳо шикаст додааст, яке аз подшоҳони неруманди сосонӣ мебошад. Ба фикри вай, Қубод таълимоти Маздакро аз он ҷиҳат қабул кард, ки мехост аз зӯру фишори табақаи олияи дарбори сосонӣ, лаҷомгусехтагии онҳо, аз уламои зардуштӣ, аз дастдарозии эшон ба тахти подшоҳӣ шона холӣ кунад[28]. Назари Нёлдекеро тақвият дода ба гуфтаҳои ӯ илова кардан мумкин аст, ки Қубод ҳамчун сиёсатмадори ҳассос, бо фаро расидани хушксолиҳои пай дар пай ва қаҳтӣ аз вазъи фалокатбори мардум огаҳӣ ёфта, хостааст бо ин роҳ аҳволи мардумро беҳтар кунад. Дурустии хулосаи моро ин нуқта тасдиқ мекунад, ки Қубод дар охир бa хотири беҳбуди аҳволи тӯдаҳои васеи мардум ба як силсила ислоҳот даст зад, вале дар зиндагии худ онро амалӣ карда натавонист. Татбиқи амалии онро писараш Хусрави Анӯшервон ба поён расонд.

Дар ҳар сурат муаллифону муаррихон, бо вуҷуди он ки ягон далелу ҳуҷҷате нест, бо як овоз тасдиқ мекунанд, ки Қубод қонунҳое дар бобати умумӣ кардани занон баровард аз ин рӯ, пиромуни онҳо чизе гуфтан мушкил аст. Муносибати қонунҳои ҷадид (агар мавҷуд бошад) бо никоҳ чӣ гуна будааст, ҳамчунин маълум нест. Вале дақиқан маълум аст, ки подшоҳ никоҳро бекор накарда буд. Ба қавли Артур Кристенсен «шояд ӯ (Қубод) бо вазъи қавонини ҷадид як навъ издивоҷи озодтаре барқарор карда бошад»[29].

Дар ҳеҷ як аз манбаъҳои асри Қубод дар бораи ислоҳот дар умури моликият ё қонунҳое дар боби умумӣ ва муштарак будани амвол сухан ба миён наомадааст. Фақат дар «Худойномак» ба он ишораи номушаххасе шудааст. Ин нишон медиҳад, ки агар ислоҳоте ҳам дар ин замина сурат гирифта бошад, чандон амиқ набудааст ва он дар зиндагии иҷтимоӣ таъсири муҳим надоштааст. Муҳаққиқи олмонӣ О. Клима чунин мепиндорад, ки агар дар ин бора қонунҳое ҳам бароварда шуда бошад, иборат аз андоз ва молиётҳои фавқулодда бар сарватмандон ва тавонгарон барои беҳбуди вазъи фуқарою тиҳидастон будааст[30].

Ҳодисаҳое, ки дар боло зикр карда шуд, дар тӯли солҳои 90-уми асри V рух доданд. Ашрофи бузурги сосонӣ ва уламои зардуштӣ аз иттиҳоди Қубоду Зардушт, бахусус аз тағйироти куллӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат ба ташвиш афтода, соли 496 ё 497 Қубодро аз тахти шоҳии Эрон барканор карданд. Ба тахти подшоҳӣ бародари вай Ҷомосп ҷулус кард. Қубод аз зиндон ба кӯмаки хоҳар ва зани худ фирор карда, ба назди подшоҳи эфталитҳо дар Осиёи Миёна паноҳ бурд. Дар соли 498 ё 499 вай бо кӯмаки сипоҳи эфталитҳо ба Тайсафун бозгашта, тахти шоҳиро дубора ба даст овард. Агар аксари муаррихон то барканор шудан аз тахти подшоҳӣ ҷидду ҷаҳд, сарсупурдагӣ ва садоқати Қубодро ба таълимоти Маздак зикр карда бошанд, пас аз бозгашти дубора камаҳамиятӣ ва бетаваҷҷуҳии ӯро ба ин ҳаракат хотирнишон сохтаанд. Чун худи подшоҳ пайрави таълимоти Маздак шуда буд, микдори фаровони ашроф низ аз ӯ пайравӣ карда буданд[31]. Бо вуҷуди он, ки Қубод пас аз бозгашт нисбат ба ин ҳаракат бетафовут гардид, идеологияи маздакӣ тамоми зинаҳои ҳаёти иҷтимоиро фаро гирифта, тарафдорони он дар саросари мамлакат ислоҳот мегузаронданд.

Таълимоти маздакӣ дар оғоз ҷанбаи динӣ дошта, бунёдгузори онро дар ҳақиқат метавон шахсе номид, ки тарафдори содиқу сарсупурдаи ислоҳоти амиқи иҷтимоию иқтисодӣ дар зиндагии тӯдаҳои васеи мардум будааст. Таълимоти Маздак дар марҳилаи аввал самимӣ ва холӣ аз ғараз буда, толиби беҳбуди аҳволи зиндагии табақаи заҳматкаш будааст. Ба ифодаи А. Кристенсен «афкори коммунистии ин фирқа дар омма рафта-рафта русухе пайдо кард ва дар оғоз ба оҳистагӣ ва пас аз чанде бо суръат интишор пайдо кард. Сипас мубаллиғин ва сардастаҳое қиём карданд, ки на имон доштанд ва на худотарс буданд ва на мисли Маздак беғаразу ислоҳотталаб ҳисоб мешуданд…»[32]. Чун Маздак, зоҳиран, барномаи мушаххаси ислоҳот надошт ва ҷонибдоронаш таълимоти вайро мутобиқи фаҳмиш ва манфиати худ дарк мекарданд, ислоҳоти иҷтимоӣ ва адолату баробарӣ аз рӯйи фаҳмишу дониш ва бо майлу хоҳиши онҳо гузаронида мешуд. Муаррихони араб доманаи харобии кишварро, ки баъдан Хусрави Анӯшервон ба ислоҳи он даст зад, хеле васеъ тавсиф кардаанд. Қубод дар соли 519 Хусрав — писари сеюми худро валиаҳди тахти шоҳӣ эълон карда, оҳиста-оҳиста роҳи қаробат бо уламои дини зардуштиро пеш гирифт. Дар охири соли 528 ё аввали 529 Хусрав тамоми сардорону фаъолони ҷунбиши васеи иҷтимоии маздакияро аз саросари мамлакат ҷамъ оварда, ҳамаашонро cap бурид.

Ба ибораи дигар, таълимоти Маздак ва татбиқи амалии он замони тӯлоние (аз миёнаҳои солҳои 90-уми асри V то соли 529) идома пайдо карда, дар таърих ва зиндагии мардуми империяи сосонӣ ва мардуми ҷаҳон осор ва хотираҳои фаровон боқӣ гузошт. Нуфузи ин ҳаракат бо ҳамлаи арабҳо бештар гардида, заминаи муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми ориёӣ ва сарчашмаи дар дини ислом падидор гардидани даҳҳо фирқаҳои оппозитсионӣ шуд.

Тавзеҳот

_______________

[1] Клима О. Таърихчаи мактаби Маздак – Теҳрон, 1372. – с. 164.

[2] Сомӣ А. Тамаддуни сосонӣ. –с. 270; Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно. –с. 432.

[3] Машкур М. Эрон дар аҳди бостон. Теҳрон, 1343. – с. 183.

[4] Балъамӣ А. Таърихи Табарӣ – Душанбе, 1992. – с. 518.

[5] Пас аз марги Маздак Хуррама муборизаи ӯро идома дода, мувофиқи ривояти муаррихони исломӣ хуррамдинон аз ӯ ҳастанд.

[6] Низомулмулк. Сиёсатнома. Душанбе, 1989 –с. 146.

[7] Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. – с. 197.

[8] Ризоӣ А. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрон. – с. 825.

[9] Клима О. Таърихчаи мактаби Маздак – Теҳрон, 1372. – с.159.

[10] Мубаллиғӣ А. Таърихи адёну мазоҳиби ҷаҳон. Теҳрон, 1368. – с. 500-501.

[11] Сомӣ А. Тамаддуни сосонӣ. Теҳрон, 1342. – с. 78.

[12] Ибни Балхӣ. Форснома — Душанбе, 1989. – с. 374.

[13] Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. – с. 342.

[14] Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. – с. 331.

[15] Ризоӣ А. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Эрон.– с. 816.

[16] Ниг. Сомӣ А. Тамаддуни сосонӣ. – с. 272.

[17] Ниг. Нафисӣ С.; Таърихи тамаддуни Эрони сосонӣ. — Теҳрон 1331. – с. 9-10.

[18] Таърихчаи мактаби Маздак. – с. 22.

[19] Қадёнӣ А. Таърихи адён ва мазоҳиб дар Эрон. – с. 184.

[20] Ниг. Мубаллирӣ А. Таърихи адён ва мазоҳиби ҷаҳон. – с. 520.

[21] Дар дини маздаясно номи ин девҳо чунинанд: Арасқ, Акамана, Аишм, Таромати, Ози.

[22] Кристенсен А. Эрон дар замони сосониён. – с. 367.

[23] Нафисӣ С. Таърихи тамаддуни сомонӣ. – с. 74.

[24] Қадёни А. Таърихи адён ва мазоҳиб дар Эрон. – с. 188.

[25] Кристенсен А. Эрон дар замони сосониён. – с. 365.

[26] Ниг. Клима О. Таърихчаи мактаби Маздак. – с. 152.

[27] Ниг. Алавӣ А. Таърихи комили адён. – с. 412.

[28] Кристенсен А. Эрон дар замони сосониён. – с. 368.

[29] Ҳамон ҷо. – с. 369.

[30] Ниг. Клима О. Таърихчаи мактаби Маздак. – с. 172.

[31] Ниг. Мафией С. Таърихи тамаддуни Эрони сосонӣ. – с. 19.

[32] Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. – с. 382.

← Ба пас, ба мундариҷа


Навиштаҳои дигар

Аҳмад Зоҳир. СТУФХ . Сиву панҷ суруд... Аҳмад Зоҳир А  Б  В  Г  Ғ  Д  Ё  З  И  К  Қ  Л  М  Н ...
Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ-10... ←   Ба пас   <10>   Ба пеш   → Ибриқи майи маро шикастӣ, Раббӣ, Бар ман дари айшро бубастӣ, Раббӣ. Бар хок бир...
Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 5, боби 3... Фасли панҷум Тоҷикон дар охирҳои асри миёна Боби севум Ҳаёти тоҷикон дар аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд (аз миёнаҳои асри ХVIII то миёнаҳо...
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1.6... Боби I. Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна § 6. «Масъалаи Помир» ва ҳалли он дар байни Русия ва Англия Вазъи мулкҳои...
Диданд: 17

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>