Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 5.1.


Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби панҷум.
Оинҳои монавия ва маздакия

Монавия

Монавия — таълимоти динию фалсафиест, ки дар асри III мелодӣ дар Шарқи Наздик ба вуҷуд омада, дар асрҳои 3-11 то Африка ва ҳудуди Хитой инкишоф пайдо карда буд. Дар Рими қадим ва Византия таҳти таъқиби шадиди табақаи ҳокима ва дини расмии масеҳӣ қарор дошт. Дар давраи Хилофати аббосӣ низ ҳамчун фирқаи оппозитсионӣ мамнуъ эълон шуда буд. Дар Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна ба муҳиту шароити мусоид рӯ ба рӯ гардида, на танҳо муддате инкишоф кард, балки дар асрҳои VIII-IX ба дини давлатии уйғурҳо мубаддал гардид.

Тавре ки дар боло ишора шуд, то истилои арабҳо қувват гирифтани фирқаҳои илҳодӣ, бахусус парастиши Зурвон дар Эрони бостон боиси амиқ гардидани ҷанбаҳои дугонапарастӣ дар дини маздаясно ва ба заиф шудани ақидаҳои ваҳдонияти он оварда расонд. Агар фирқаи зурвония Аҳуромаздо ва Аҳриманро ҳамчун фарзандони Зурвон муаррифӣ карда, ба мавҷудияти ду неруи асили мутақобил ҷанбаи расмӣ дода бошад, Монӣ ба он жарфтар ва амиқтар нигариста, аз дугонапарастии он мазҳаби неруманде ба вуҷуд овард. Дар муқоиса бо динҳои меҳрпарастӣ ва зурвония, ки шартан шуъбаҳо ё фирқаҳои дини маздаясно номидан мумкин аст, зоҳиран мазҳаби монавияро фирқа ё шуъба номидан нашояд. Бо вуҷуди он ки таъсири зардуштия дар он бечуну чарост ва рукнҳои умдаи он аз ин дин гирифта шуда, омили пайдоишаш ҳам ба он марбут аст, вале дини монавия иловатан дорои маншаъҳои дигар ва назарҳои тоза мебошад.

Мазмуни асосии мазҳаби монавия таълимоти дорои хусусияти рӯҳафтодагӣ аз осебпазирии рӯшноӣ ва нерумандии торикӣ ва ё ба тариқи дигар мавҷудияти ҳастии абадӣ ва комилан маҳвнопазирии некуҳои бадӣ дар зиндагии инсон мебошад. Бархилофи тавҳиди комили бахшҳои куҳани Авесто монавия чунин мешуморад, ки ҷаҳон дорои ду асл буда, бадӣ, зиштӣ мисли хубӣ, некӣ ва рӯшноӣ дорои ҳастии абадӣ ва мустақил аст. Дини Монӣ бадиро бо модда ва ҷаҳони маҳсус вобаста карда, некиро бо рӯшноӣ ҳамчун рӯҳ пайваст менамояд. Монӣ мегуфт, ки худои некӣ ҳеҷ гуна яроқу аслиҳае барои ҷанг бо бадиҳо дар ихтиёр надорад. Ба ин далел ӯ наметавонад бо истифодаи зӯрӣ вазъи хуби гузаштаро бозгардонад, яъне рӯшноиро аз торикӣ ҷудо созад. Дар натиҷа, омезиши торикию рӯшноӣ падидаи бебозгашт аст. Вале Монӣ модда ё торикиро, мисли ҳамзамони юнонии худ Плотин натиҷаи хомӯш шуда истодани рӯшноӣ намедонист.[1]

Дар ин мазҳаб ҷаҳони торикӣ дар муқобили ҷаҳони рӯшноӣ қарор дода мешавад. Ба ақидаи Монӣ, таърихи ҷаҳон – таърихи муборизаи рӯшноӣ бо торикӣ, некӣ бо бадӣ ва худованд бо қувваҳои аҳриманӣ аст. Ба гуфтаи Монӣ, инсон офаридаи ҷаҳонии зулмат ва воситае дар дасти неруҳои зулмот барои мубориза бар зидди эзидони нуру рӯшноӣ аст.

Монӣ 14 апрели соли 216 дар маҳалле бо номи Мардину ё Абрумия воқеъ дар ноҳияи ботлоқии вилояти Мисен дар шимолшарқи Ироқи муосир таваллуд шудааст. Баъзе муҳаққиқон маҳалли таваллуди ӯро ҷойҳои дигар низ таъин кардаанд. Ибн Надим дар «Ал-феҳраст» номи модари ӯро Ромиш ё Марям зикр карда, номи падарашро Потак ё Фотак овардааст.[2] Мувофиқи маъхазҳои масеҳӣ-лотинӣ номи аслии Монӣ Корбикос будааст. Тавре ки аксари сарчашмаҳо иттилоъ медиҳанд, волидайни ӯ аз шоҳзодагони ашконӣ будаанд.[3] Ҷараёни мазҳабии муғтасила,[4] ки падараш ва сипас худи ӯ пайрави он буданд, яке аз сарчашмаҳои илҳоми ояндаи ӯ гардид. Вай дар ин давра бо динҳои дигари замони худ мисли дини зардуштӣ, насронӣ ва ҷараёнҳои гностикии Байнаннаҳрайн, хусусан фирқаҳои Ибн Дайсон ва маркионӣ (маркиюн) огоҳ гардида, дини муғтасиларо инкор кард. Гӯё дар 12- солагӣ (соли 228 мелодӣ) ва 24 солагӣ (соли 240-41) ду маротиба мавриди ваҳйи раббонӣ қарор гирифт. Манбаи ин илҳомро фариштае бо номи Тоум ё Параклит донистаанд, ки ҳазрати Исои Масеҳ аз ӯ ҳамчун Рӯҳи Муқаддас ёд карда, омадани ӯро пешгӯйӣ ва башорат дода буд. Дар натиҷаи чунин илҳом Рӯҳи муқаддас ва илми комили Тоум ё Параклит (Равони пок) ба Монӣ таносух карда, нубуввати ӯро ошкор сохтааст.[5]

Ба манзури таблиғ Монӣ ба саёҳат ва сафарҳо оғоз карда, дар боздиду мулоқотҳо худро расулу фиристодаи рӯшноӣ муаррифӣ мекард. Тавре ки ӯ дар китоби худ «Кефолиё» навиштааст, вай дар давраи салтанати Ардашери I (224-241)- поягузори силсилаи сосонӣ ба Ҳинд сафар карда, мардумро ба дини худ мехонд. Вай дар ин ҷо аз марги Ардашери I ва ба тахт нишастани писари ӯ Шопурро шунида, ба Эрон бозгашт. Вай бо воситаи Фирӯз – бародари Шопур, ки дини вайро қабул карда буд, ба Шопур муаррафӣ гардид ва яке аз китобҳои худро, ки «Шопуракон» номида буд, ба подшоҳи ҷадиди Эрон тақдим намуд. Тоҷгузории расмии Шопур дар соли 242 сурат гирифт. Бино бар ривояти Ибн Надим, аввалин хутбаи Монӣ дар рӯзи ҷулуси Шопур, яъне якшанбеи аввали ниссон, ки офтоб дар бурҷи ҳамал қарор дошт, эрод гардид. Агар инро қабул дошта бошем, таърихи ҳарду воқеа мутобиқ бо 20 марти соли 242 мешавад.[6]

Шопур ё таҳти таъсири ақидаю таълимоти Монӣ қарор гирифт ва ё сабаби дигаре буд, ки бо вай муносибати хуб кард ва ӯро дар таблиғу густариши мазҳабаш озод гузошт. Дар китоби «Кефолиё», ки дар он Монӣ шарҳи ҳоли худро навиштааст, пас аз зикри мусофирати худ ба Ҳиндустон ва пазироии Шопур чунин навиштааст: «Ба ҳузури Шопуршоҳ рафтам ва ӯ маро бо эҳтироми бисёр пазируфт ва иҷозати мусофират (дар кишвари худро) марҳамат кард, то дар он калимаи ҳаётро таблиғ кунам. Ман чандин сол сарф кардам ва солиёни дароз дар Эрон, дар кишвари Порт то Адиб ва мамолике, ки бо давлати Рум муҷовир аст, мусофират намудам».[7]

Чун ду бародари шоҳаншоҳ – Меҳршоҳ ҳокими Мишон ва Фирӯз ба дини Монӣ гаравида буданд, таваҷҷуҳи Шопур низ ба таълимоти Монӣ бештар гардида, замоне бар он шуд, ки оини Мониро ба ҷои дини зардуштӣ мазҳаби расмии Эрон эълом намояд.[8] Даъвати Монӣ аввал пешрафти азиме дошт. Махсусан дар Бобул ва маркази мамлакат тарафдорони зиёде пайдо кард. Бино ба ривояти монавия, ки сарчашмаҳои арабӣ низ онро таъйид мекунанд, дере нагузашта ба сабаби зиддияти рӯҳониёни зардуштӣ муносибати Шопур бо Монӣ дигаргун гардид. Бино ба қавли Яъқубӣ, Шопур фақат даҳ сол пайрави кеши Монӣ буд, сипас вайро аз сарзамини Эрон хориҷ кард. Вай қариб даҳ сол дар бахшҳои шарқии Осиёи Миёна сайру сафар кард ва ба Ҳинду Чин низ мусофират намуд. Ҷолиб аст, ки тамоми ин муддат вай бо рӯҳониён ва шайхони дини худ дар Бобул ва сарзаминҳои дигар робитаи доимӣ ва мукотиба дошт.

Пас аз марги Шопур Ҳурмузд ба тахти Эрон расид. Тайи муддати кӯтоҳи салтанаташ вай бо Монӣ муносибати неку дошт. Вале Баҳроми I — подшоҳи чоруми сосонӣ, ки марди заифу беирода буд, зери таъсири рӯҳониёну мубадони зардуштӣ қарор гирифт. Монӣ дар ин ҳангом дар сарзаминҳои шимолу ғарбии Эрон ва Бобул ба таблиғи дини худ машғул буд. Вайро бо дастури шоҳ дастгир карда, ба зиндон афканданд. Ин ҳодиса рӯзи чоршанбе 31 январи соли 277 рух дод. Дар бораи кушта шудани Монӣ муаррихон ва муҳаққиқон фикру андешаҳои гуногун баён доштаанд. Вале ӯ пас аз 27 рӯзи зиндон ба қатл расонда шуд.

Пайравони ӯ ба тақлид аз насрониён вайро маслубшуда унвон карданд ва эълон намуданд, ки рӯҳи ӯ ба осмон ва биҳишти рӯшноӣ интиқол пайдо кард. Андеша ва афкори монавӣ, ҷараёни кушта шудани Монӣ дар дин таъсири амиқе гузошта, ба суннате мубаддал гардид. Монавиён дар ин рӯз дар саҳна ба аломати эҳтироми пешвои ғоиби худ минбаре мегузоштанд. Чун дар юнонӣ минбар «бемо» гуфта мешавад, анъанаи мазкур бо номи «Ҷашни Бемо» маъруф гардид. Одатан «Ҷашни Бемо» мисли иди фитри дини ислом пас аз сӣ рӯзи рӯза ҷашн гирифта мешуд.

Минбар панҷ зина дошта, рӯйи он тасвири паёмбар гузошта мешуд. Пайравон шабро дар атрофи минбар сипарӣ карда, ҳар яке ба гуноҳони худ эътироф менамуд ва муътақид буданд, ки Монӣ пас аз нимаи шаб аз осмон нузул карда рӯйи минбар қарор мегирад ва гуноҳони онҳоро мебахшад. Дар Забури Монӣ ҷашни Бемо – рӯзи суруру шодӣ, ки табиат либоси зебои сарсабзи арӯсӣ ба бар карда, хушбӯю шукуфо аст, маҳсуб мешавад. Уммати ин паёмбар рӯзи Беморо чун рӯзи халос шудани рӯҳу равони Монӣ аз фишору маҳбаси ҷисм ҷашн мегирифтанд.

Дар таълимоти Монӣ ғайр аз фирқаҳои гностикии зикршуда, таъсири умдаи дини насронӣ, буддоӣ ва ба хусус маздаясно эҳсос мешавад. Мувофиқи он Монӣ худро ҷонишини гурӯҳи калоне аз расулони осмонӣ медонист, ки аз замони ҳазрати Одам, ҳазрати Зардушт, ҳазрати Мӯсо, ҳазрати Иброҳим, ҳазрати Буддою Исо яке пас аз дигаре барои ҳидояти навъи башар омадаанд. Вай худро хотами анбиё ва бартарини паёмбарон мешумурд, зеро ӯ чунин ҳисоб мекард, ки ҳалқаи охирин ва болотарини занҷир аст, ки ба сурати расулон аз ибтидои хилқат ба замин нозил шудаанд. Вай дар «Шоҳпуракон» чунин мегӯяд; «Дар ҳар замоне анбиё ҳикмату ҳақиқатро аз ҷониби худо ба мардум оварданд, гоҳе дар Ҳиндустон ба воситаи пайғамбаре ба номи Буддо ва гоҳе дар Эрон ба воситаи Зардушт ва замоне дар мағрибзамин ба василаи Исо, оқибат ман, ки Монӣ – пайғамбари худои ҳақ ҳастам, маъмури нашри ҳақиқат дар сарзамини Бобул гаштам».[9]

Монӣ иддао дошт, ки дини ӯ комил аст ва барои ислоҳу такмили тамоми динҳои қаблӣ омада, саросари ҷаҳонро тасхир хоҳад кард. Вай дар суруде, ки бо забони паҳлавии ашконӣ суруда шудааст, мегӯяд: «Ман аз Бобулзамин омадаам, то нидои даъватро дар саросари ҷаҳон пароканда созам». Вай чунин ҳисоб мекард, ки ҳоло олам ба дувоздаҳумин ҳазораи мавҷудияти худ ворид гардидааст[10] ва мардум ғайр аз қабули мазҳаби ҷадид роҳи дигаре надоранд. Монӣ худро бартарини расулон медонист, зеро даъво мекард, ки вай ҳамон рӯҳи муқаддас мебошад ва нузули ӯро Исои Масеҳ пешбинӣ карда буд.

Вай чунин ақида дошт, ки таълимоти пайғамбарони пеш аз ӯ ҳама торику ноқис буда, ба илова, бо дасти муридону шогирдон аз роҳи аслиашон хориҷ шудаанд ва касоне, ки дар ин кор мудохила карда буданд, аз худашон ба матнҳо чизе изофа намудаанд. Баръакси онҳо, он пайғоми илоҳӣ, ки бо дасти ӯ барои мардуми замин оварда шудааст, ҳақиқат, равшан, мустақим ва илми мутлақ аст. Аз ин рӯ, мазҳаби Монӣ — мазҳаби ҷаҳонист, ки қабл аз ба охир расидани зиндагии олам ҷонишини тамоми дину оинҳо мегардад ва ба сабаби комилу дуруст буданаш лоиқи он аст, ки тамоми ҷаҳонро тасхир намояд. Мазҳабҳои Зардушт дар Эрон, Буддо дар Ҳиндустон ва Исо дар Мағриб чун тамоми ҳақиқатро равшан намекарданд, бинобар ин фақат дар кишварҳои ҷудогонае реша давонанд, дар ҳолате ки мазҳаби Монӣ ҳақиқати мутлақи комил аст, ҳудуде напазируфта, ҷаҳонро фатҳ хоҳад кард. Монӣ мегӯяд: «Умеди ман дар Машриқу Мағриб пароканда хоҳад шуд ва пайғоми илоҳиро ба тамоми забонҳо шунида, дар тамоми шаҳрҳо эълон хоҳанд намуд. Мазҳаби ман аз мазҳабҳои дигар ин бартариро дорад, ки мазҳабҳои дигар дар кишварҳо ва сарзаминҳои ҷудогонае эҷод шудаанд, вале мазҳаби ман дар тамоми шаҳрҳо ва тамоми кишварҳо пазируфта хоҳад шуд».[11] Дар дини Монӣ мақоми ҳазрати Исо, худованд – писари дини насронӣ бисёр баланд буда, вай раҳоибахши инсони нахустин хонда шудааст.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи дини монавӣ мисли зардуштия ва дини насронӣ иборат аз он аст, ки вай равияи ташвиқу тарғибро роҳи интишори дин дониста, мусофиратҳои зиёде мекард ва дар миёни мардум мегашт. Худи шахси Монӣ аз нобиғагони таърих буда, на танҳо маҳорату истеъдоди фавқулоддаи шахсӣ дошт, балки, зоҳиран, аз нотиқони замона низ буд. Аз ин рӯ, вай аз кишварҳои гуногун дидан карда, аз наздикону пайравони худ низ тақозо мекард, ки зиёдтар миёни мардум раванд ва каломи ҳақро ба гӯши онҳо бирасонанд.

Яке аз истеъдодҳои фавқулоддаи ӯ, ки дар таърихи мардуми ориёӣ осоре боқӣ гузоштааст, санъати наққошӣ буд. «Баён-ул-адён» дар бораи ин ҳунари Монӣ чунин менигорад: «Ин марде буд, устод дар саноати суратгарӣ ва ба рӯзгори Шопур ибни Ардашер берун омад. Дар миёни муғон пайғамбарӣ даъво кард ва бурҳони ӯ саноати қалам ва суратгарӣ буд. Гӯянд бар порае ҳарири сафед хатте фурӯ кашид, чунон ки он як тори ҳарир берун кашиданд, он хат нопадид гашт ва китобе кард бо анвои тасовир, ки онро «Аржанги Монӣ» хонданд ва дар хазоини Ғазнин ҳаст».[12]

Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» чунин овардааст:

Биёмад яке мард гӯё зи Чин,
Ки чун ӯ мусаввар набинад замин.
Бад-он чарбдастӣ расида ба ком
Яке пурманиш мард Монӣ ба ном.
Ба суратгарӣ гуфт: пайғамбарам,
Зи диноварони ҷаҳон бартарам.

Муҳаққиқи англис Ҷон Рассел Ҳиннелз дар бораи дини Монӣ менависад: «Оини Монӣ таркибе аз ҳамбастагиҳои масеҳият, эътиқодоти ориёӣ муттако бар эътиқодоти куҳани Байнаннаҳрайн, мутаассир аз назарияи маърифатгароён ё гнусиён (гностикҳо), ирфони шарқӣ ва оини Буддо дар давраи сосонӣ пуртарафдортарин ақидаи оинӣ, аммо ҳаргиз натавонист ба иллати нуфузи мубадон ба дини расмии Эрон табдил шавад. Дар ривоятҳои мухталиф аз 6 китоб ва 76 рисолаи Монӣ ёд шуда ва аз ин 5 китоби ӯ ба забони оромии шарқӣ навишта шуда буд. Монӣ дар таблиғи оини худ аз суратгарӣ ва мусиқӣ баҳра меҷуст.[13] Донишманди эронӣ Абдулқосими Исмоилпур Монӣ зикр кардааст, ки ҳафт китоб навиштааст, ки шаштои он ба забони суриёнӣ, забони модарии Монӣ буда, фақат «Шопуракон» ба забони форсии миёна аст.

Вай номгӯйи осори Мониро чунин овардааст: Инҷили зинда, Ганҷи зиндагон, Рисолаҳо, Розҳо, китоби Ғулон, Макотиб, Мазомир ва ниёишҳо.[14] Таълимоти Монӣ, бахусус дар Суғд ва Туркистон густариши васеъ ёфта, ҷанбаҳои навини ахлоқию фалсафӣ пайдо кард.

Тавре ки муҳаққиқон зикр кардаанд, осори Монӣ дар сатҳи илму дониши ӯ навишта шуда, фаҳми он ба тафсирҳо зарурат дорад. Вай кӯшиш кардааст донишҳои асотирӣ, илмӣ, таърихӣ ва фалсафии замонааш (космогония, география, алхимия, астрономия, риёзӣ, ботаника, тиб ва ғайра)-ро мавриди истифода қарор диҳад ва бо маънии пурраи калима онҳоро бо фалсафаи табиии нур рӯшноӣ бахшад ва ахлоқи хайрандешию некӣ ва инсондӯстиро ба тӯдаҳои мардум наздик кунад. Чунин суханони ӯ, ки ба забони суғдӣ навишта шудааст, то давраи мо расидаанд: «Ҷое, ки меҳру муҳаббат вуҷуд надорад, ҳамаи амалҳо ноқис ҳастанд».[15]

Абушукур Салимӣ нависандаи садаи XI ҳиҷрӣ навиштааст, ки монавиёни Осиёи Миёна ҳар чиро, ки зебою ҷамил буд, ниёиш мекарданд ва дар назари онон ва аз дидгоҳи ирфонӣ зебоӣ вобаста ба ҷаҳони моддӣ набуда, вобаста ба ҷаҳонӣ рӯҳонӣ мебошад.[16]

Вазъ ва дуоҳои Монӣ амиқан лирикӣ ва рангоранг буда, бо гӯйишҳои халқӣ ҳамроҳ мебошанд. Аксаран онҳо аз ҳодиса ва падидаҳои табиӣ, тулӯи офтоб, раъду барқ, осмоне, ки бо абр пӯшонда шудааст, зинда шудани муғчаҳо дар дарахтон, майсаҳои борони баҳорӣ оғоз мешаванд.

Нисбати ин, ки мазҳаби Монӣ иддаои оламгирӣ дошт, тавре ки зикр шуд, унсурҳои ҷудогонаеро аз оинҳои Зардушт, Исои Масеҳ ва Буддо ба орият гирифтааст. Вале тавре ки бисёр муҳаққиқон ба он ишора кардаанд, мазҳаби Монӣ фақат таркиби содда ва тақлиди сатҳӣ набуда, ҳунару заковати Монӣ дар он будааст, ки усули худро тавре назму тартиб додааст, ки дар ҳар муҳиту ҷомеа таъсирбахш мебошад.

Монӣ бидуни огоҳӣ ва тайёрии нопухта ба таркибу таснифи унсурҳои ҳиндӣ, насронӣ ва эронӣ даст набурда, онро бо мутолиаю мулоҳизаи амиқ ва комилу санҷида анҷом додааст. Аз ҳамин ҷиҳат ҳам таълимоти ӯ аз ҷанбаҳои маҳалгаройӣ, қавмпарастӣ, таассуб, миллатгаройӣ ва мавзӯъҳои дигаре, ки андешаҳои тафриқаандозӣ дошта бошанд, дур мебошад. Воқеан ҳам, мазҳаби Монӣ аз садаи III то XV ҳамеша дар пешрафту густариш буда, аз нимкураи шимолии уқёнуси Атлантик то уқёнуси Оромро дар бар гирифта буд.

Асотири монавӣ ба диққати фаровон мураттаб гардида, мураккаб ва печида мебошанд, вале онҳо инъикоскунандаи мазмун ва ғояҳои асосии дини Монӣ ҳастанд. Артур Кристенсен дар асари маъруфи худ «Эрон дар замони сосониён» мухтасари ривоятҳои суриёнӣ, арабӣ ва суғдиро оварда, ки тибқи он Монӣ дар боби мабдаи офариниш чунин мегуфт: Дар оғоз ду асл ё ҷавҳар вуҷуд доштааст: яке нек ва дигаре бад, худо ва ҳаюло (модда), рӯшноӣ ва торикӣ. Нахустин падари бузург Зурвон будааст. Ӯ дар арзи нур қарор дошта, сарвари нур аст. Вай соҳиби панҷ мақом ё панҷ мазҳар аст, ки иборатанд аз идрок, ақл, фикр, тааммул (дурбинӣ) ва ирода. Худои зулмат ҳам панҷ унсури манфӣ дорад, ки бино ба як ақидаи бостонии Байнаннаҳрайн, болои ҳам қарор дошта ва панҷ олами зулмотро ташкил медоданд, ки иборатанд аз дуд, оташи сӯзонанда, боди ҳалокатовар, оби гилолуд ва зулмот. Монӣ мегӯяд: қаламрави ин ду холиқ аз як ҷой ба ҳам пайваста ва аз се тарафи дигар бекарона аст. Подшоҳи зулмот чун нурро мушоҳида кард, бо тамоми қуввааш ба он ҳамлавар гардид. Падари бузург барои дифои кишвари худ нахустин махлуқро офарид, ки Модари Зиндагӣ номида мешавад. Вай дар навбати худ инсони нахустинро, ки Ҳурмузд низ мехонанд, аз худ ба вуҷуд овард.

Чун адади се мисли ҳафт рақами муқаддас аст, Падари бузург, Модари зиндагӣ ва инсони нахустин таслис ё сегонаи аввалӣ мебошанд. Инсони нахустин бошад, панҷ фарзанд офарид, ки панҷ унсури рӯшноӣ ё нуронӣ дар муқобили панҷ унсури зулмот ҳастанд. Онҳо чунинанд: покӣ (беолойишӣ), насим, рӯшноӣ, об ва оташи поккунанда, ки онҳоро панҷ амшоспанд[17] ном кардаанд. Он гоҳ инсони нахустин он панҷ унсурро чун зиреҳ ба тан баста, ба ҷанг бар зидди подшоҳи зулмот, ки ӯ низ худро бо панҷ унсури зулмонӣ мусаллаҳ карда буд, раҳсипор гардид. Чун инсони нахустин душманро бисёр зӯрманду мусаллаҳ дид, фарзандони хеш- унсурҳои нурониро ба ӯ таслим кард то фурӯ барад.

Мувофиқи таълимоти Монӣ, то замони аз ҷониби подшоҳи зулмат фурӯ бурда шудани унсурҳои нуронӣ, ки ҷаҳони рӯшноӣ ва зулмот аз ҳам комилан ҷудо буданд, мансуб ба замони гузашта мебошад. Аз лаҳзаи аз ҷониби подшоҳи зулмот фурӯ бурда шудани унсурҳои нуронӣ ва омехта гардидани онҳо бо унсурҳои зулмонӣ замони ҳозира оғоз мешавад. Ҳадафу мароми марҳилаи дуюм ҷудо кардани нур аз зулмот ва ба ҳолати ибтидоӣ баргардонидани ҷаҳон мебошад, ки марҳилаи сеюм аст.

Давоми мабдаи офариниши Монӣ чунин аст: инсони нахустин, ки асиру афтода ва хастаю ранҷур шуда буд, ҳафт бор Падари Бузургро ба ёрӣ даъват кард. Падар барои наҷоти ӯ ба офариниши дигар оғоз кард. Дӯсти рӯшноӣ Нарисаф[18] зоҳир шуда, ӯ дар навбати худ Бони Аъзам (бунёдкори бузург)-ро падид овард. Вай низ Рӯҳи Зинда ё Рӯҳ-ул-Ҳаётро офарид.[19] Рӯҳи Зинда панҷ фарзанд овард: Зиннатшукӯҳ, подшоҳи Шарофат, Одами нуронӣ, Подшоҳи Ифтихор ва Ҳомил. Вай ҳамроҳи панҷ фарзанди худ ба табақаҳои торикӣ равон гардид ва фарёде чун шамшери бурранда баровард ва дере нагузашта инсони нахустинро наҷот дод. Рӯҳи Зинда ба фарзандон фармон дод, ки тамоми бошандагони ҷаҳони торикиро нобуд кунанд ва пӯсташонро баркананд. Модари ҳаёт аз пӯсти онон осмонҳо сохта, ҷасади ононро ба замини торик партофт. Аз гӯшти онҳо хок ва аз устухонҳояшон кӯҳҳо сохта шуд. Оламе, ки аз ҷасадҳои палиди девон сохта шуд, иборат аз даҳ фалак ва ҳашт замин мебошад. Зинатшукӯҳ афлокро дар боло нигоҳ медорад ва Ҳомил[20] заминро бар дӯши худ бардоштааст.

Бо вуҷуди он, ки инсони нахустин (Ҳурмузд) аз асорати девон озод гардида, девон шикаст хӯрданд, бахше аз рӯшноии фарзандони нуронии ӯ, ки аз ҷониби девон фурӯ бурда шуда буданд, дар ҷисми девони зинда боқӣ монд. Онҳо намехостанд он нуреро, ки хӯрда буданд, пас бидиҳанд.

Идомаи устураи офариниши Монӣ: Рӯҳи Зинда ҳайати фиребандаи худро ба фарзандони зулмат нишон дода, дар онҳо ҳавасҳои шаҳвонӣ бармеангезад. Ба ин васила бахше аз рӯшноӣ, ки девон фурӯ бурда буданд, раҳо мешавад. Вай аз ин зарраҳо Офтоб, Моҳ, ситорагонро меофаринад. Сипас аз ҳаво, об ва оташ се чарх сохта дар боло қарор медиҳад то заҳри бошандагони зулмат ба мавҷудоти илоҳӣ фурӯ нарезад. Падари Бузург барои муҳофизати комил паёмбареро, ки гоҳе Худои олами Нур, гоҳе Нариса ва ба лаҳҷаи забони суғдӣ эзиди Меҳр (Митра) номида мешавад, офарид. Бо халқ шудани ӯ силсилаи худоёни ҳафтгона такмил мегардад, ки ба ҳафт амшоспанди дини маздаясно шабоҳат дорад. Аз паёмбар дувоздаҳ духтар ба вуҷуд меояд: Салтанат, Ҳукумат, Нусрат, Эътиқод, Таҳорат, Ҳақиқат, Имон, Сабр, Сидқ, Эҳсон, Адл ва Нур. Паёмбар дар Офтоб қарор дошта, сафинаҳои рӯшноиро ба ҳаракат меоварад. Зарраҳои нур, ки дар ҷараёни зиндагӣ аз модда раҳоӣ меёбад, ба воситаи Сутуни Шукӯҳ ба сафинаҳо интиқол меёбанд. Ситораҳо, Хуршед, Моҳ ва бурҷҳо дастгоҳе ҳастанд, ки амали онҳо берун овардани зарраҳои нуру рӯшноӣ аз миёни торикию зулмат ва интиқоли онҳо ба фалаки рӯшноӣ аст. Бони Аъзам зиндоне барои девон месозад. Ҳамин тавр ҳаракати доимӣ ва мунтазами ҷаҳон оғоз мегардад. Сипас паёмбар таҷрибаеро, ки пештар Рӯҳи Зинда карда буд, такрор мекунад. Яъне ҳайати зебои худро ба девон ва бошандагони зулмат, ки дар болои осмон ба занҷир баста шудаанд, нишон медиҳад. Тавре ки ба девони нар худро ба сурати зани зебо нишон медиҳад ва ба девони мода худро дар шакли ҷавони зариф ҷилвагар месозад.

Девон дар айни ҷӯши шаҳвонӣ зарраҳои рӯшноиро, ки фурӯ бурда буданд ба зер андохта, дар ҳамон ҳол «гуноҳ» ҳам ба замин мерезад. Қисме аз ин модда ба ҷойи нам афтода, аз он ифрите пайдо мешавад ва Одами нуронӣ ӯро мағлуб месозад. Ними дигари он мавод ба хушкӣ афтода аз он панҷ дарахт ба вуҷуд меояд, ки сарчашмаи ҳамаи рустаниҳои олам аст. Девҳои мода, ки обистан буданд, чун ҷамоли паёмбарро мебинанд, сақти ҷанин мекунанд ва аз онҳо ҷонварони хокӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ пайдо мешаванд. Аз рӯйи таълимоти монавия ҳайвоноту наботот аз девони палид ба вуҷуд омадааст. Сипас ду ифрити нару мода ба хотири ба даст овардани зарраҳои рӯшноӣ девони дигарро фурӯ мебаранд. Аз онҳо аввал писаре ба номи Геҳмурд[21] ва духтаре бо номи Мурдиёнак ба вуҷуд меоянд, ки падару модари инсоният ҳисоб мешаванд. Аз рӯйи таълимоти монавия, инсон аз нажоди ифрит аст. Махсусан дар Геҳмурд зарраҳои бештари нур, ки девон нигоҳ дошта буданд, ҷамъ мегардад. Онгоҳ Инсони Нуронӣ ё Олами Ақл тасмим мегирад, ки Одам (Геҳмурд)-ро аз хоб бедор карда, ӯро аз аҳволи ҷаҳон, сиришти ӯ ва сарнавиште, ки дорад, бохабар созад. Вай барои иҷрои ин кор ҳазрати Исоро маъмур мекунад. Дар ин ҷо бояд гуфт, ки Исо офаридаи Падари Бузург набуда, офаридаи ёварони ӯ мебошад.[22]

Тавре ки дар боло ишора шуд, аз космогонияи монавия чунин бармеояд, ки инсон зодаи деву ифрит буда, ҷисми ӯ торику пургуноҳ аст. Ягона унсури поки худовандӣ пораи рӯшноиест, ки рӯҳи ӯ мебошад. Монӣ шароити кунунии зиндагии инсонро, ки олами пур аз азоб, зулм, дурӯғ, бадӣ, бандагию ғуломӣ, дардноку ғайри қобили таҳаммул аст, тасвир карда, роҳи наҷоти ӯро нишон медиҳад. Мувофиқи гуфтаи ӯ, дар натиҷаи омехта шудани фарзандони Ҳурмузд бо девон ва аносири рӯшану муқаддас бо олами зулмату торикӣ, дар атрофи насли одам ғубору тирагие падид омадааст. Равони инсон, яъне асли ӯ аз худованд буда, он пок ва беғубору беолойиш аст. Фақат омезиш бо олами зулмат вайро ба чунин ҳолат овардааст. Ҳамин ки ин ғубору ҷаҳл пароканда шавад, инсон ба ҳоли пештараи худ бозгашта, рӯшноӣ аз торикӣ ҷудо мегардад ва марҳилаи сеюм ва охирин оғоз мешавад.

Рӯҳ асли одамӣ буда, ҳамон рӯшноиест, ки ҳангоми омезиши нуру зулмат падид омада, дар бадани инсон маҳбус гардидааст. Тани одамӣ сарчашмаи бадиҳо буда, инсонро водор ба майлу хоҳишҳо мекунад. Чун маншаъ ва асли одамӣ, рӯҳ аз они Худост, вақте вай роҳи зиндагии худро ба поён мерасонад, ин асл бояд ба худованд бозгардад.

Барои бозгашт вай бояд дар ҷаҳон тавре зиндагӣ кунад, ки шойистаи пайвастан ба асли худ, яъне Худо бошад. Мувофиқи маълумоти Монӣ, инсон ба орзуи худ фақат бо ду роҳ расида метавонад; бо покии нафс ва маърифат. Дар ҳар ҷисму ашёи ҷаҳон заррае аз рӯшноӣ мавҷуд аст. Дар инсон он рӯҳ буда, рӯҳ дар ҷисм аст. Ҷисм бошад, ҳамеша асири ҳавою ҳавасҳост. Чун рӯҳ пораи рӯшноии Худовандист, дар ҳабси ҷисми олудаю гунаҳкор буда, ҳамеша дар азобу шиканҷа аст. Рӯҳ бошад дар он сурат озод шуда метавонад, ки аз қайди майлу хоҳиши нафс барояд. Аз ин ҷиҳат зуҳд, тақво, дур шудан аз талаботи дунё ва нигаҳдории худ аз тамоюлоти дунявӣ, хомӯш кардани талаботи нафс, инсонро ба худогоҳию худшиносӣ наздик карда, роҳро барои расидан ба асли худ поку мусаффо мегардонад. Ин ақидаи Монӣ ранги яъсу навмедӣ дорад. Ӯ ҷаҳонро водии ашку хун ва одамро мурғи ошёнгумкардае медонист, ки бо асорату саргардонӣ ва бехонумонӣ маҳкум аст. Ин таълимот комилан мухолифи таълимоти дини маздаясно мебошад.

Тавре ки дар боло зикр гардид, Монӣ фирқаи муғтасиларо бо он сабаб тарк кард, ки ғусл дар об ва покии ҷисмониро покии асил намедонист. Вай муътақид буд, ки татҳир фақат аз роҳи маънавӣ ва маърифат имконпазир аст. Ба иборати дигар, татҳири рӯҳро аз татҳири бадан болотар гузошт.

Вай навишта буд: Ва аммо татҳире, ки Исо аз он сухан гуфта буд, татҳир аз роҳи маърифат аст ва шомили ҷудоии нур аз зулмат, ҷудоии зиндагӣ аз марг ва ҷудоии оби зинда аз оби барҷомонда (мурдоб) аст.[23] Мақсади Монӣ аз истилоҳи «оби зинда», ки дар навиштаҳояш борҳо ба кор бурдааст, ҳамон оби минуӣ ё оби рӯҳонист, ки боиси покии рӯҳу ҷони одамӣ мешавад. Истифодаи истилоҳи «оби зинда» дар таълимоти Монӣ тобиши истиорӣ дошта, истиораи гностикӣ барои поксозии рӯҳу нури дар зиндон будааст.

Истилоҳи «зинда» дар таълимоти Монӣ мақоми махсусе дошта, вай кеши худро «дини зинда» ва Инҷили худро «Инҷили зинда» номидааст. Монавиён бошанд, паёмбари худро «зиндагар» лақаб дода, чунин тасаввур мекарданд, ки ба воситаи каломи зиндаи ӯ онҳо худро шинохта, ориф мешаванд.

Аз он чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ирфони монавӣ барои худогоҳӣ ва худшиносии инсон дар ибтидо як андоза ирфони мутараққӣ ва равшангар буд. Ирфоне, ки инсонро аз ҳақиқат ва аз шахсияти хеш огоҳ мекард ва таъкид месохт, ин инсонҳо дар ин ҷаҳони омехтаи савобу гуноҳ асир мебошанд ва бояд худро аз чанги зулмат бираҳонанд. Дар дини Монӣ ишораҳое ба таносух ё интиқоли рӯҳи инсони гунаҳкор ба инсонҳои дигар ва ҳайвоноту парранда ба мушоҳида мерасад, ки аз дини буддоӣ гирифта шудааст.

Дар ирфони монавӣ нахустин шарти худшиносии инсон маърифат аст. Ба ақидаи ӯ, агар мо кӯшиш кунем, мисли имрӯз рӯҳамонро аз нопокии ҷисм ва қайди тамоюлоти моддӣ нигоҳ дорем, монанди он аст, ки худамонро маҳкум ба зиндагии дубора карда бошем, аз нав ба дунё биёем ва дар ҷисмҳои мухталиф мураттабан тағйири қолиб диҳем. Чун унсурҳо, ашё, наботот, ҳайвонот ва башар асири тамоюлоти дунявӣ ва рӯҳ дар зери фишори шадиди ин нопокиҳо қарор гирифтааст, ҷаҳон ба салибе шабоҳат пайдо кардааст, ки рӯйи он нур ё «рӯҳи зинда» азоби тоқатфарсоро таҳаммул менамояд. Монӣ ҳамаи корҳое, ки боиси ранҷи нур мешавад, ба се тақсим карда онҳоро дастур ё мамнуоти сегона номидааст. Ин мамнуот иборатанд аз:

Худдорӣ кардан аз гуноҳ ба воситаи забон;
Худдорӣ кардан аз гуноҳ ба воситаи даст,
Худдорӣ кардан аз гуноҳ ба воситаи қалб.[24]

Яке аз роҳҳои расидани рӯҳ ба асли худ равшан кардани асрори вуҷуди инсон аст. Ин масъала нуқтаи марказии маърифат ва худшиносии инсон мебошад. Асрори вуҷуди инсон дар табиат аст. Ба ҳар андоза ки ӯ барои дарки муҳити моҳавл кӯшиш намояд, дар кашфи асрори он талош кунад, беш аз пеш аз асрори вуҷуди худ огоҳ хоҳад шуд. Ин ҷиҳати таълимоти Монӣ шаклҳои иртиҷоии маърифати динӣ ва хурофотро инкор намуда, маърифати ҳиссӣ ва ақлиро маърифати ягонаи дурусти ҷаҳонӣ ҳисоб мекунад.

Роҳи дуюме, ки Монӣ барои расидан ба ин ҳадаф яъне ҷудоии нуру зулмат нишон медиҳад, покӣ ва порсоии ҳар фард аст. Нисбати ин ки аслу маншаи худовандӣ нур аст ва фақат тан бо зулмат омехтааст, ҳар фард бояд аз гуноҳ канорагирӣ карда, ҷисми худро аз олудагӣ нигоҳ дорад. Монӣ роҳҳои пок кардан ва пок нигоҳ доштани ҷисмро аз олудагӣ дар ҳукмҳои даҳгонаи худ нишон додаст. Ин ҳукмҳо чунинанд: манъи бутпарастӣ, парҳез аз дурӯғгӯйӣ, ҳамеша хушбин будан ба зиндагӣ, парҳез аз ҳар гуна куштор, ҳаром будани корҳои ҷинсӣ, манъи дуздӣ, парҳез аз фикру ақидаҳои бад, ҳаром будани соҳирӣ ва ҷодугарӣ, зарари шакку шубҳа ва парҳез аз бекорӣ.

Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ҳикояте оварда аст, ки ба баъзе хусусиятҳои дигари мазҳаби Монӣ равшанӣ меандозад. «Ва забҳи ҳайвонот ва озори оташ, об ва набототҳо ҳаром намуда, қавоиду навомисе ваъз карда, ки сиддиқон (баргузидагон), ки аброҳу зуҳҳоди монавиянд, бар худ фарзу воҷиб медонанд ва ин навомис аз ин қарор аст: эҳтироми дарвешон, аз миён бурдани ҳирсу шаҳват, канорагирӣ аз дунё, иттисоли рӯза ба рӯзаи дигар».[25]

Абумансур Саолибии Нишопурӣ, ки дар давраи Сомониён зиндагӣ кардааст, пиромуни Монӣ ва таълимоти ӯ ҳикояти ҷолибе овардааст, ки намунаи кудурату бадбинии рӯҳониёни зардуштӣ ва муаррихони исломӣ нисбат ба дини ҷадид мебошад. Тавре қаблан қайд шуд, ки дар давраи подшоҳии Баҳроми I мубадони мубад Картир будааст. Вай дар замони ҳукмронии се подшоҳи сосонӣ ин вазифаро ишғол карда, дар таҳияи дини расмии сосониён – дини маздаясно кӯшишҳо ва ҷидду ҷаҳди фаровоне анҷом додааст. Муколамае, ки Саолибӣ овардааст, зоҳиран, қабл аз кушта шудани Монӣ сурат гирифта, ҷараёни мубоҳисаи сарварони ду динро нишон медиҳад. Саолибӣ чунин овардааст: «Мубадони мубад рӯ ба Монӣ карда гуфт: Ту маро ба чӣ чиз даъват мекунӣ? Монӣ гуфт: Ба тарки дунё ва вайрон сохтани он, парҳез аз омезиш бо занон, то насли одамӣ қатъ шавад ва ин дунёи ҷасадӣ нобуд гардад ва мардум аз ҷаҳони некбахтӣ ба ҷаҳони бадбахтӣ наоянд. Зеро равон (рӯҳ)-ҳои поки худоӣ бо баданҳои нопоки аҳриманӣ омехта гардида, ки худованд аз ин омехтагӣ дар шиканҷаю ранҷ аст ва осойиши ӯ дар ҷудоии пайкару ҷон аз якдигар аст, то ин ки мардуми тозае биёварад ва ҷаҳони нав, чунон ки хоҳад, барпо созад. Зеро марг одамиро ба зиндагии ҷовидонӣ расонад ва то замоне, ки ҷон дар пайкар (тан) аст, монанди мурғи дар қафаси зиндон аст. Пас муътабар ба ӯ муроҷиат кард: Оё вайронӣ хуб аст ё ободӣ. Монӣ посух дод: Вайронии баданҳо ободии ҷон аст. Мубад пурсид: Ба мо бозгӯй, аз кушта шудани худ, оё ин харобист ё ободӣ? Монӣ гуфт: Вайронии бадан аст. Мубадони мубад гуфт: Пас шойиста он аст, ки бадани туро хароб кунем, то ҷонат ободон гардад».[26]

Тавре ки дар ин ҷо мушоҳида мешавад, Саолибӣ мисли соири муаррихони асри миёна як паҳлуи манфии таълимоти Мониро муболиға карда, аз ҷиҳатҳои дигари мусбати он сарфи назар намудааст. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ низ, ки донандаи хуби таърихи бостонии ниёгон будааст, ҳамин саҳнаро тасвир карда, мисли Саолибӣ мусоҳибаи мубадони мубадро бо Монӣ чунин овардааст:

Бад ӯ гуфт, к-эй марди суратпараст,
Ба яздон чаро сохтӣ хира даст.
Касе, к-ӯ баланд осмон офарид,
Бад-ӯ дар макону замон офарид,
Куҷо нуру зулмат бад-ӯ андар аст,
Зи ҳар гавҳаре гавҳараш бартар аст.
Агар Аҳриман ҷуфти Яздон будӣ
Шаби тира чун рӯзи рахшон будӣ.
Нагунҷад ҷаҳонофарин дар ҷаҳон,
Ки ӯ бартар аст аз макону замон.
Фурӯ монд Монӣ зи гуфтори ӯй,
Бипажмурд шодоб бозори ӯй…

Аз матни боло чунин хулоса кардан мумкин аст, ки дини расмии зардуштӣ дар замони сосониён нисбат ба таълими Монӣ дар миёни ҷамъият адовату бадбинӣ падид оварда, он дар давраи ислом бештар ва шадидтар гардидааст. Вале ба таври умум, Монӣ тарафдори он будааст, ки зиндагии ҷамъияти инсонӣ дар заминаи маърифат ва донишу биниш бунёд карда шуда, ҳудуди дарки падидаҳои табиат, олам ва коинот торафт вусъат пайдо кунад. Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки маърифати маънавӣ дорои тобиши ишроқӣ мебошад. Вале дар ҳар сурат маърифат дониш аст ва ба ҳар андоза, ки мо пиромуни муҳити моқабл дониши бештар касб кунем, ба ҳамон андоза мо ҷаҳонро бештар дарк намуда, худамонро бештар мешиносем.

Мувофиқи ақидаи монавиҳо, дар марҳила ё давраи сеюми сикли кайҳонӣ, ки поёни ҷаҳон ба шумор мерасад, байни қувваҳои рӯшноӣ ва торикӣ набарди азиме оғоз мегардад. Аз як сӯ, шаҳриёри олами зулмату торикӣ, ки миқдори девони ӯ зиёд шуда, дар атрофу акнофи ҷаҳон пароканда шудаанд, талош мекунад то барои захира кардани пораҳои нур зиндонҳои ҷисмонии бештаре ба вуҷуд оварад. Аз ҷониби дигар, Падари Бузург ё Зурвон барои густариши хайр мекӯшад. Рӯҳ аз тариқи маърифату огоҳӣ озод мешавад. Он гоҳ Исо аз нав зуҳур карда, курсии адлу додро барпо хоҳад дошт ва некукоронро аз бадкорон ҷудо хоҳад сохт. Дар ҳамин ҳангом эзидоне, ки гардиши заминҳо ва осмонҳоро танзим мекунанд, кори худашонро раҳо хоҳанд кард. Осмонҳо ва заминҳо бо ҳам омехта гардида, сӯхтори бузурге забона хоҳад кашид, ки 1469 сол давом хоҳад кард. Дар охир, пораҳои нури озодшуда ба биҳишт хоҳанд рафт. Он гоҳ модда (Аҳриман) бо тамоми шаклу мазоҳири худ дар як кӯе, даруни мағоки амиқе зиндонӣ хоҳад шуд, ки ба сари он санги азиме мепӯшонанд. Аҳриман дар он ҷо дар ҳабси абадӣ қарор хоҳад гирифт.[27] Ҳамин тариқ ду бун, ду ҷавҳар барои ҳамеша аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд. Биҳишти нав ба биҳишти рӯшноӣ хоҳад пайваст ва мавҷудоти он, яъне эзидону наҷотёфтагон ба дидори Падари Бузург ё Зурвон ноил хоҳанд гардид ва зиндагие, ки пеш аз омезиш вуҷуд дошт, аз сар гирифта хоҳад шуд.[28]

Ҷамъияти монавӣ аз панҷ табақа, ки бо панҷ таҷаллии Падари Бузург баробар аст, иборат мебошад. Ин табақаҳо ба шарҳи зер ташкил мегардид: табақаи аввал, мисли дини насронӣ, шомили дувоздаҳ расул аст, ки онҳоро ба забони паҳлавӣ «фиристагон» номидаанд ва онон пас аз Монӣ ва ҷонишини ӯ болотарин дараҷаи маънавии монавиро ташкил медоданд ва ҳукми халиф ва имомони ӯро доштанд. Табақаи дуюм 72 нафар усқуф ё эпископ буданд, ки ба паҳлавӣ исписакон номида мешуданд. Табақаи сеюм 360 нафар шайхон ё кашишони монавӣ буданд. Табақаи чорумро баргузидагон (ба паҳлавӣ визидагон) мегуфтанд, ки маъмури вазъу таблиғ дар миёни мардум буданд.

Теъдоди онҳо ниҳоят бисёр буд. Табақаи панҷум шунавандагон (дар паҳлавӣ «ниюшакон» номида мешуд. Ин табақа оммаи васеи мардум буданд, ки шумораи онҳо беҳисоб буд. Баргузидагон набояд пешае ихтиёр мекарданд, ки боиси зиёни унсурҳои табиат шавад ё ба коре машғул гарданд, ки сабаби сарватмандӣ ва осойиши моддӣ гардад.

Хӯрдани гӯшти ҳайвонот, озор расондан ба зарраҳои нур, ки дар наботот пинҳон аст, ба василаи чидани гиёҳ мамнуъ буд. Шаробро ҳаром медонистанд. Онҳо мебоист беш аз ғизои якрӯза ва либоси яксола аз моли дунё надошта бошанд. Онҳо бе зан зиндагӣ карда, вақти бештари худро дар сафар, ба хотири интишори покию зиндагии беолойиш мегузаронданд. Табақаи охирин аз ин дастуру қоидаҳо озод буда, бо шуғлу пешаҳои оддии худ машғул буданд. Онҳо метавонистанд гӯшт хӯранд, зан бигиранд, вале набояд ба дунё дилбастагии зиёд дошта бошанд. Воҷиботи табақаи поёнӣ иборат аз он буд, ки хӯрду хӯроки баргузидагонро фароҳам оваранд.

Чун баргузидагон гиёҳу сабзавот мехӯрданд, шунавандагон бояд ин заҳматро ба дӯш гирифта, барои онҳо мева, растанӣ ва сабзавот мечиданд. Додани закот, гирифтани рӯза, хондани намоз ба тамоми табақаҳо дахл дошта, ҳар моҳ ҳафт рӯз рӯза мегирифтанд. Дар як шабонарӯз чор маротиба ба сӯйи офтоб ё моҳ нигариста, намоз мехонданд. Шунавандагон рӯзи якшанбе ва баргузидагон рӯзи душанберо муқаддас ҳисоб мекарданд.[29]

Ба худи Монӣ маълум буд, ки иҷрои ҳамаи шартҳои мазҳабии ӯ кори ниҳоят мушкил ва тақрибан берун аз имкон аст. Аз ин рӯ, чун табақаҳои аввал теъдоди маҳдудеро ташкил мекарданд ва бояд пас аз маргашон мустақиман ба асли хеш мепайвастанд, анҷоми комилу пурраи дастур ва қонунҳои мазҳабиро ба дӯши онон вогузор карда буд.[30] Табақаи охирин дастурҳои мазҳабиро мувофиқи тавоноии худ анҷом медоданд.

Мазҳаби Монӣ ҳамчун дин шаклу сохтори муназзаму комил дошта, ҳамаи навъҳои ибодат, саҷда, дуо, аврод, ниёиш ва намозро дарбар мегирифт. Тарҷумаи яке аз дуоҳои муҳими монавиён, ки бо ибодат сурат мегирифт, дар ин ҷо оварда мешавад: Ман худро баробари ту шикаста ва ба саҷда бо қалбе саршор аз покӣ ва ба забоне гаронбор аз ростӣ, туро ай Худои Бузург, ай Падари Нур ва ҷавҳари ҳамаи нурҳо ситойиш мекунам. Ай Худованд, ту мавриди ситойиши мо ва таборак ҳастӣ. Касе, ки Туро меситояд, касест, ки фариштагони ту, баргузидагони ту, каломи ту, ҷалоли азамати ту ва он чиро, ки ба назари ту хубу зебост, меситояд, чун ту Худое ҳастӣ, ки ҳамаи ростӣ, зиндагӣ ва нуру қудсият аз ту сарчашма мегирад.[31]

Ба назар чунин мерасад, ки таври умум дида мешавад, асоси дини Мониро санавияти (дугонапарастии) дини маздаясно, ки аксаран дар бахшҳои навини Авесто дар соҳаи фалсафаю ахлоқ ба чашм мехӯрад, ташкил медиҳад. Номи аксари эзидон ва фариштагони он низ мутааллиқ ба дини маздаясно мебошад. Сохтори низоми дохилӣ, баъзе аломатҳои зоҳирӣ, маросимҳои ҷудогона, чанде аз дуоҳо аз оини насронӣ гирифта шудааст. Бахшҳое, ки Монӣ дар он пайравони худро ба тарки дунё, зуҳд, тақво ва гӯшанишинӣ даъват мекунад, аз дини буддоӣ ба орият гирифта шудааст. Дар дини монавӣ маросимҳои мураккаб вуҷуд надорад. Дар он ба баъзе аломатҳои зоҳирӣ, ҳаракатҳои мазҳабӣ таваҷҷуҳ карда мешавад, ки паём ба дасти рост, бӯсаи сулҳҷӯйӣ, саломи бародарона ва даст додан аз ҷумлаи онҳо мебошад. Дар он ҳамчунин ба баъзе расмҳои динӣ, дуою ниёиш, сурудҳо ва рӯза аҳамияти махсус дода шудааст.

Тавре ки дар боло ёдоварӣ шуд, Монӣ аз нобиғагони замони худ буда, дар фанни наққошӣ ҳамто надошт ва саҳифаҳои китобҳои худро бо тасвирҳои зебо, ки муборизаи қувваҳои нуру зулматро таҷассум мекард, музайян менамуд.

Ҳамчунин муаррихон ихтирои як навъи хатро, ки асли алифбои оромӣ дошта, омехтаи суриёнӣ ва паҳлавӣ будааст, ба Монӣ нисбат додаанд. Ин алифбо дар навоҳии Осиёи Марказӣ ва суғдизабонон пазируфта шуда, аксари бозёфтҳои Турфон бо он сабт гардиданд. Монӣ дар шеър ва мусиқӣ низ устоди замони худ буда, дар инкишофи онҳо саҳми муносиб гузоштааст.

Мутобиқи нигоштаи муҳаққиқон, оини Монӣ ба зудӣ дар Осиё ва Аврупо интишору густариш ёфт. Дар Ғарбу Шарқ нодорон, мустамандон, камбағалон, бебизоатон, ки аз молу сарвати дунё маҳрум буданд ва зиндагии мушкилу тоқатфарсоро доштанд, пайрави оини Монӣ мегардиданд. Муаррихон зикр кардаанд, ки замоне кеши Монӣ дар Руму Юнон чунон нуфузу густариш пайдо кард, ки ҳатто ба мавҷудияти дини масеҳӣ таҳдид намуд. Соли 445 мелодӣ тибқи пешниҳоди Папаи Рим тамоми тарафдорон ва пайравони дини Монӣ аз Рим ва Италия хориҷ карда шуданд. Дар соли 527 қайсари Рум Константин қонуне баровард, ки мувофиқи он тарафдорони дини Монӣ маҳкум ба марг гардиданд.

Содир шудани чунин қонунҳо дар мамлакатҳои Аврупо пеши роҳи инкишофи дини монавиро гирифт. Дини Монӣ бархилофи он, ки аз ҷониби ҳукумат ва рӯҳониёни исломӣ манъ гардида, пайравони он шадидан маҳкум мешуданд, дар Хилофати араб низ густариш пайдо карда буд. Мувофиқи маълумотномаи мукаммале, ки Ибн Надим дар «Ал-феҳраст» овардааст, вазирон, донишмандон ва бисёр шахсони маъруфи Хилофат ба ин гуноҳ айбдор карда шудаанд.

Маркази дини Монӣ то садаи XIII калисои нур номида шуда, дар Тайсафун (Мадоин) қарор дошт. Баъдан, чун дини ислом ба он майдонро танг кард, калисои нур ба Самарқанд интиқол дода шуд. Мазҳаби монавӣ дар ин минтақа нуфузи бештар пайдо карда, сарзаминҳои васеъро тасхир намуд. Мутобиқи фармони императори Чин аз соли 732 мелодӣ мазҳаби мормонӣ ё момонӣ озод эълон карда шуд. Дар асоси фармонҳои солҳои 768 ва 771 ба ин мазҳаб иҷоза дода шуд, ки маъбадҳои худро озодона бунёд намояд. Аз соли 763 то 840 мазҳаби монавӣ дини расмии давлати уйғурҳо эълон шуда, ин давлат дар миёни рӯдҳои Или ва Зард қарор дошт.[32]

Ибн Надим дар «Ал-феҳраст» ҳикояти аҷибе овардааст, ки ҳудуди инкишофи ин динро дар Осиёи Марказӣ нишон медиҳад: «Дар Самарқанд ҳудуди 500- нафар мард аз монавиён гирд омада буданд ва амрашон шуҳрат ёфт ва соҳиби (амири) Хуросон тасмим гирифт онҳоро бикушад. Малики Чин, фикр мекунам соҳиби Тағузғуз ба назди ӯ кас фиристод ва гуфт, ки дар мамлакати ман аз мусулмонон беш аз ҳамкешони ман дар мамлакати ту аст ва савганд ёд кард, ки агар (соҳиби Хуросон) яке аз онҳоро бикушад, дар иваз ҳамаи онҳоро хоҳад кушт, масоҷидро хароб хоҳад кард ва бар мусулмонони дигар кишварҳо маъмурият хоҳад гумошт, то онҳоро бикушанд. Пас соҳиби Хуросон онҳоро ба ҳоли худ гузошт ва аз онҳо ҷизя гирифт».[33]

Ахлоқи мазҳабӣ, ақидаҳои фалсафӣ ва ҷамъиятии Монӣ ба фалсафа, динҳои муосири ҷаҳонӣ таъсири амиқ доштааст. Бо вуҷуди он, ки фалсафаи адрия, ки мадори баҳсаш дар бораи маншаи олам ва сабабҳои пайдоиши шар буда, таърихи бештару тӯлонитар дорад, бе ҳеҷ шубҳа дар зери таъсири ҷанбаҳои гуногуни ақидаҳои гностикии Монӣ қарор гирифтааст. Дар дини ислом бисёр фирқаҳоро номбар кардан мумкин аст, ки дар зери таъсири оини Монӣ қарор гирифтаанд. Гузашта аз ин, баъзе ҷараёнҳои маънавӣ, ки ақидаҳои Мониро мустақиман пазируфта буданд, ба дугаройӣ, занодиқа ва маҷус айбдор карда мешуданд.

Нуктаи дигаре, ки қобили ёдоварист, ин аст, ки ақидаҳои мазҳабии Монӣ дар дини насронӣ ва шохаҳои мухталифи он русух карда, дар Аврупо ва Амрико дар шакли гурӯҳу фирқаҳои гуногуне фаъолият доранд ва дар аксарашон рукнҳои умдаи мазҳаби бостонӣ ҳифз гардида, бо даврони муосир ҳамоҳанг карда шудаанд. Дар миёни онҳо аз фирқаҳои павликанӣ, богимилӣ, летарӣ, албиягиро метавон ном бурд. Яке аз бахшҳои машҳури имрӯзаи он мазҳаби мормонӣ мебошад, ки дар ИМА, Канада, Мексика, ҷазираҳои Океания ва баъзе мамлакатҳои Аврупо фаъолият мекунад. Имрӯз шумораи пайравони он фақат дар ИМА чанд миллион аст.

Тавзеҳот

_______________

[1] Философская энциклопедическая. IV. М. 1964. – с. 291.

[2] Ризоӣ А. Аслу насаби динҳои эрониёни бостон. Теҳрон, 1381. – с. 303.

[3] Ашқободи кунунӣ, ки пойтахти Туркманистон аст, зодгоҳи ашкониён буда, маросими тоҷгузории Ашки I поягузори силсилаи портҳо дар ҳамин шаҳр сурат гирифтааст.

[4] Муғтасила ё сафедпӯшон яке аз ҷараёнҳои мазҳабӣ буд, ки ғусли таъмид ё покии ҷисмониро яке аз шартҳои асосии расидан ба худованд медонистанд.

[5] Алавӣ А. Таърихи комили адён. Теҳрон, 1342. – с. 413.

[6] Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. – с. 209.

[7] Кристенсен А. Эрон дар замони Сосониён. – с. 222-223.

[8] Алавӣ А. Таърихи комили адён. Теҳрон, 1342. – с. 413.

[9] Берунӣ А. Осор-ул-боқия. – с. 190.

[10] Мувофиқи таълимоти дини маздаясно, олам 12 ҳазор сол умр мебинад ва пас аз он растохез шурӯъ мешавад.

[11] Мӯъминҷонов Ҳ.Ҳ. Монӣ ва таълимоти ӯ. –с. 93.

[12] Шерозӣ А. А. Мутуни арабӣ ва форсӣ дар бораи Монӣ. Теҳрон, 1330. – с. 419.

[13] Ҳиннелз Ҷ. Шинохти асотири Эрон. – с. 258.

[14] Исмоилпур А. Устураи офариниш дар оини Монӣ. Теҳрон, 1381. – с. 77.

[15] Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литературы. М. 1972. – с. 150.

[16] Ҳиннелз Ҷ. Шинохти асотири Эрон. – с. 262.

[17] Дар дини Зардушт амшоспандон – аввалин ёварони Аҳуромаздо ҳамчун офаридаҳои муқаддаси ӯ дар идораи ҷаҳон аст.

[18] Дар лаҳҷаи суғдӣ Наришанк омада, дар Авесто Нарисангҳ мебошад.

[19] Рӯҳи зиндаро монавиён мағрибзамин гӯянд ва бо ақл яке донанд.

[20] Ҳомил ба Худои Атласи асотири юнонӣ шабоҳат дорад.

[21] Дар Авесто Геҳмурд дар шакли Гайомаретана (ҷисми мурданӣ) омадааст.

[22] Кристенсен А. Эрон дар замони сосониён. – с. 309-314.

[23] Кайт К. Ҳунари монавӣ. Теҳрон, 1373. – с. 35.

[24] Ширва П.О. Аносири эронӣ дар кеши монавӣ. Теҳрон, 1382. – с. 74.

[25] Берунӣ А. Осор-ул-боқия. Лейпциг, 1923. – с. 229-230.

[26] Мӯминҷонов Ҳ. Монӣ ва таълимоти ӯ // Паёми Донишгоҳ. – с. 95.

[27] Васильев Л.С. История религий Востока. М. 2004. – с. 246.

[28] Исмоилпур А. Устураи офариниш дар оини Монӣ. – с. 76, 77.

[29] Кадёнӣ А. Таърихи адён ва мазоҳиб дар Эрон. – с. 179.

[30] Алавӣ А. Таърихи комили адён. – с. 421.

[31] Ҳамон ҷо. – с. 422.

[32] Ризоӣ А. Аслу насаби динҳои эрониёни бостон. Теҳрон. – с. 309-310.

[33] Монӣ ба ривояти Ибн Надим. – с. 36.

← Ба пас, ба мундариҷа


Навиштаҳои дигар

Ҳофиз. Ғазалиёт 401-425 401 Ба мижгони сияҳ кардӣ ҳазорон рахна дар динам, Биё, к-аз чашми беморат ҳазорон дард барчинам. Ало, эй ҳамнишини дил, ки ёронат бирафт аз ёд, М...
Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 1-1 Ин хона зи хишти кӯҳна андохтаам, Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам. То аҳли замони мо бидонанд, ки ман Як умр ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам. Муаллиф ...
Забони тоҷикӣ Забони модарӣ Забони модарӣ: Китоби дарсӣ барои синфи 1. Маҳмадулло Лутфуллоев. – Д.: Сарпараст, 2005. - 144 с. Фаро кашидан: za...
Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 3-7 «Наҷибуттарафайн» Дар ҷамоае, ки Ҳайрат бо вай дар пеши Мулло Ҳомиди Араб дарс мехонд, Аслонхоҷа (Арслонхоҷа) ном як ҷавони бухороӣ қорӣ буд. Чунон...
Диданд: 15

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>