Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 4.2.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби чаҳорум.
Оини зардуштӣ

Авесто ва бахшҳои он

Зардуштия нахустин дини яктопарастӣ дар ҷаҳон буда, дорои сохтори мушаххас ва аҳкоми динӣ бар пояи ахлоқ мебошад. Ин сохтору низом чандон неруманду тавоно поягузорӣ шудааст, ки рукнҳои умда ва асосии онро тақрибан тамоми динҳои ҷаҳонии имрӯз ба орият гирифтаанд. Зардушт мувофиқи китоби ҳафтуми Динкард (боби 4 банди аввал), Гузидаҳои Зотспарам (боби 22 бандҳои 1-3) нахустин инсон аст, ки ба василаи ваҳйи илоҳӣ ба мартабаи паёмбарӣ расидааст.

Китоби муқаддаси ӯ Авесто ном дошта, ин калима аз ҷониби муҳаққиқон бо таври мухталиф талаффуз ва маънидод мешавад. Вале аксаран онро калимаи паҳлавии Упаста, Апасток дониста, ҳамчун қонун, дастур, раҳнамойи динӣ тарҷума кардаанд.[1] Аксари донишмандони ғарбӣ чунин мешуморанд, ки матнҳои китоби муқаддаси зардуштиён аз замонҳои қадим дар забону ҳофизаи рӯҳониён ва мардум ҳифз гардида, фақат дар даврони сосонӣ сабт карда шудаанд.[2] Вале гузориши муаррихони Юнони қадим ва суннати мазҳабӣ бар он далолат мекунад, ки нусхаҳои хаттии Авесто дар замони Ҳахоманишиён вуҷуд доштааст. Гурӯҳи дигари донишмандон, мисли Ф. Алтхейм ва Андреас чунин мешуморанд, ки матнҳои Авесто дар ибтидо дар Осиёи Миёна бо алифбое, ки асли оромӣ дошт, сабт карда шуда буд. Авесто дар ҳамин шакл ҳамчун осори хаттӣ то оғози ҳукмронии сулолаи сосонӣ омада расидааст. Ба ақидаи онҳо дар ин бора китоби «Кефолиё»-и Монӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар он гуфта мешавад, ки пайравони Зардушт пас аз Монӣ суханони ӯро сабт карда, ҳоло онро қироат мекунанд.[3]

Мувофиқи маълумоти Плиний, ки аз Гермипп — муаррихи асри III то м. нақл мекунад, китоби муқаддаси муғон дорои ду миллион бандҳои шеърӣ будааст.[4] Мувофиқи маълумоти Динкард бошад, вақте ки дар даврони сосонӣ онро ҷамъоварӣ карданд, фақат 348 боб боқӣ монда буд. Онро ҳам мисли собиқ ба 21 китоб тақсим карда буданд. Агар дар даврони ҳукмронии сулолаи сосонӣ миқдори вожаҳои Авесто дар ҳудуди 345 ҳазор калима бошад, имрӯз аз он фақат 83 ҳазор калима боқӣ мондааст.[5]

Авесто – китоби муқаддаси пайравони дини маздаясно аз панҷ бахши зер иборат аст.

Ясно (Ясна) бахши асосӣ ва муҳимтарини Авесто буда, аз 72 боб иборат аст. Ин калима дар Авесто дар шакли ясна, дар санскрит дар шакли яҷна ва дар паҳлавӣ дар шакли язишна омада, ба маънии «ситойиш, парастиш, ниёиш, саҷда, намоз» истифода мешавад. Дар забони тоҷикӣ дар шакли ҷашн боқӣ монда, калимаҳои эзид ва яздон низ аз решаи он падид омадаанд. Бобҳои ясно ба номи «ҳо» ё «ҳот» ёд мешавад, ки маънии боб ё фаслро дорост. Ҳар ҳот аз чанд банд иборат мебошад. Дарозтарин ҳоти ясна 32 банд ва кӯтоҳтарини он се банд аст. Ясно ҷанбаи тақаддус ва таборакро доро мебошад. Чун дар тамоми Авесто пайванди ногусастании миёни инсон ва табиат вуҷуд дорад, дар ҳотҳои ясно низ аз Аҳуромаздо худованди бузургу тавоно ва офаридгори ҷаҳони моддию маънавӣ сар карда, ба маънои васеи калима ҳама аносири зебою зиндагибахш ситойиш карда шудаанд. Эзидон-фариштагони фазоянда, ҳар чизи неку судрасон сазовори ситойиш дониста шудаанд. Ҳар чизи неку судманд ки дар зиндагии моддӣ ва маънавӣ баҳрарасон, манфиатбахш ва фазоянда бошад, сазовори ситойиш хонда шуда, партав ё мазҳари худованд ва эзиду фаришта дониста шудааст.

Оби поки шаффоф, борони зиндагибахш, моҳи зебо, хуршеди тобандаи баракатбахш, ситорагони фурӯғманд, осмон, рӯдҳо, дарёҳо, чашмаҳо, гиёҳони судманд, замин, чорпоён ва ҳайвоноти манфиатбахш, сол, моҳ, рӯз, вақт, шаҳрҳову рустоҳо, хона ва хонавода, бузургону порсоён, фравашӣ ва равони поки гузаштагон, сию се эзидону амшоспандон, қонунҳои нек, кӯҳҳои осойишбахш, адлу дод, илму дониш, баракат, сарват, далерию нотарсӣ, ростию дурустӣ ва бисёр чизҳои дигар сазовори ситойишу муноҷот дониста мешуданд.

Ясно ба се бахш тақсим гардида, қисми асосии он ҳотҳои 28 то 53 мебошад. Ин бахш ҳастаи марказии Ясно буда, ба номи мантра ёд мешавад ва таронаҳои худи ҳазрати Зардушт мебошад. Ин бахш аз ҳама бостонӣ буда, ба панҷ қисмат тақсим мешавад: Аҳунавадгот, дорои ҳафт ҳот буда (ҳотҳои 28 то 34), сад банд дорад ва ҳар банди он дорои се сатри 16 ҳиҷоӣ мебошад; Уштовадгот дорои чор ҳот (ҳотҳои 43 то 46) буда, 66 банд дорад ва ҳар банди он 5 сатри ёздаҳ ҳиҷоӣ дорад; Спитамадгот аз чор ҳот (ҳотҳои 47 то 50) иборат буда, 41 банд дорад ва ҳар банди он чор сатри ёздаҳ ҳиҷоиро доро мебошад; Вуҳухшатрагот як ҳот (ҳоти 51) аст, 22 банд дорад ва ҳар банди он се сатри чордаҳҳиҷоӣ аст; Ваҳиштуиштугот як ҳот (ҳоти 53)-ро дар бар гирифта, 9 банд дорад ва ҳар банди он чорсатрӣ буда, дутои онҳо кӯтоҳ (12 ҳиҷоӣ) ва дутои дигар баланд (19 ҳиҷоӣ) аст.[6]

Аз ҷиҳати қадимат ҳотҳои 35 то 41-и Ясно, ки ба номи Ҳафтанҳот ёд шуда, ба амшоспандон – ёварони наздиктарини Аҳуромаздо дар идораи ҷаҳон бахшида шудаанд, мақоми дуюмро ишғол мекунанд. Бо вуҷуди он ки тамоми ҳотҳои ясно гиромӣ дошта мешаванд, дар миёни онҳо бандҳое вуҷуд дорад, ки аз ҷиҳати қидмат бо Готҳо ва Ҳафтҳот баробаранд. Ба хусус бояд дар бораи он ҳотҳое ёд кард, ки дар онҳо дуоҳои маъруфи дини маздаясно сабт гардидаанд. Масалан, дуоҳои машҳури Ясо Аҳу Вайирю, Ашем Вуҳу ва Янгҳа Ҳотом дар ҳоти 27-и ясна, тафсири онон дар ҳотҳои 19-20-21, матни суханони пайравони дини маздаясно дар ҳоти 12 аз ҷумлаи онҳо мебошад.[7]

Мазмуни Ясно чунин аст: Аҳуромаздо худованди яккаю ягона аст. Ҳар чизе, ки ба инсон файзу баракат мебахшад, аз ӯ аст. Деву ифритҳо сазовори ситойиш нестанд. Онҳо ба инсон фақат гумроҳӣ ва сиёҳрӯзӣ меоваранд. Ростӣ, андешаи нек, садоқат, тавоноӣ, расоӣ, ҷовидонагӣ, ки хосиятҳои амшоспандон мебошад, мазҳари Аҳуромаздост. Худованд ҷаҳони зебо ва аносири мухталифи он ва чунин хусусиятҳоро, ки сарчашмаи файзу баракат ва хушрӯзию хушбахтии инсон аст, барои пайравони дини маздаясно падид овардааст. Мардум бояд ҳамарӯза барои азнавсозӣ ва ислоҳоти зиндагии худ кӯшиш намоянд. Андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек сароғози даромад ба он сарзамини саодатбор мебошанд. Андешаи бад, гуфтори бад ва кирдори бад одамонро ба сарзамини муқобили он, яъне бадбахтӣ, сияҳрӯзӣ ва фалокат раҳнамойӣ мекунад. Душмани аз ҳама хатарноки инсон дурӯғ ва дурӯғгӯйист. Инсони воқеӣ худро ҳамеша аз он дур нигоҳ медорад. Ҷидду ҷаҳд, ҳаракат, кӯшиш, ибтикор ва ғайрат на танҳо инсон, балки ҷаҳони ботинии ӯро низ дигаргун месозад. Ободонии замин, кишту зироат, нигоҳдории чорпоёни судманд, ҷаҳони моддӣ ва маънавии пайрави динро обод мегардонад.

Маросими асосӣ ва умдаи динӣ бо хондани Ясно оғоз мегардад. Аз ин рӯ, дар иҷрои аксари онон расму одоб ва анъанаи муайяне ба ҷо оварда мешавад: маросими динӣ бо сурудани ҳоти якум, ки дар он Аҳуромаздо, амшоспандон, эзидон ва фариштагони муваккили идҳои динӣ, мавсими сол, моҳ ва шабонарӯз барои қабули ситойиш ва назрҳо хонда шудаанд, шурӯъ мегардад. Дар ҳоти дуюм эзидони ҳоти аввал бо назри оби завр (ав. заусра) ва барсам (ав. баресма) ёд мешаванд. Ҳотҳои 3-8 Сурӯш драуна номида мешавад. Драуна — нони кӯчаки сафеди гирди бе хамирмоя аст, ки дар ҷараёни қироати ҳот онро ба фариштаи Сурӯш бахшида, ҳангоми хондани ҳоти охирин хӯрда мешавад. Ҳотҳои 9-11 Ҳумяшт ном дошта, дар бораи таъсир ва фазилатҳои гиёҳи ҳум (ав. ҳаума) мебошад. Ҳоти 12 матни эътироф ба дини маздаясна аст. Ҳангоми тиловати он нони драуна ва фишурдаи ҳӯм (ҳаома) хӯрда мешавад. Дар ҳотҳои 13-18 пас аз қироати матни эътирофи дин сар фуруд оварда, ситойиш, ниёиш ва истимдод талаб мекунанд. Ҳотҳои 19-21 Бағоняшт ном дошта, дар онҳо дуоҳои маъруфи дини маздаясна — Ясо Аҳу Вайирю, Ашем Вуҳу ва Янгҳа Ҳотом тафсир ва маънидод карда шудааст. Таҳия ва фишурдани гиёҳи ҳӯм аз ҳоти 22 оғоз гардида, то ҳоти 27 идома пайдо мекунад. Чун ҳотҳои 28 то 53 мансуб ба худи поягузори дин аст, маросими асосии ситойишу намоз, эҳтироми Аҳуромаздо ва эзидон дар ҳамин бахш сурат мегирад. Ҳоти 54, ки дорои фақат ду банд аст, ба Айиряман-яке аз фариштагони бостонӣ бахшида шуда, дуои маъруфи Айиряман-ишю тиловат карда мешавад. Дар ҳоти 55 Готҳо-таронаҳои Зардушт ва Ҳафтҳот тараннум карда шудааст. Ҳотҳои 56-57 ба ситойиши Сурӯш ихтисос ёфта, Сурушяшти Ҳодухт номида мешавад. Дар ин ҳот дуое хонда мешавад, ки Сурушяшти сари шаб мегӯянд ва онро шабона ба забон меронанд. Баъзе бандҳои ҳоти 59 бо бандҳои ҳоти 17 ва 26 мувофиқат мекунад. Ҳоти 60 ҳомили дуои тандурустӣ буда, дар ҷараёни тиловат он ба хонадони покдинон ва порсоён дуруд фиристода мешавад. Дар ҳоти 61 сухан дар бораи таъсири се дуои маъруф (Ясо Аҳу Вайирю, Ашем Вуҳу ва Янгҳа Ҳотом) ва зиддияту муқовимати он муқобили ҳама озордиҳандагон ва бадкорон меравад. Дар ҳоти 62 фариштаи оташ – Озар тараннум карда шудааст. Ҳотҳои 63-69 оби завр номида шуда, дар бораи тақдиси об аст. Дар бахше аз он Аредвисура Анаҳито — фариштаи об ситойиш гардидааст. Ҳотҳои 70-72 ба ситойиш амшоспандон, офариниши неки Аҳуромаздо ва гурӯҳе аз эзидони дигар бахшида шуда, бо он маросими динӣ ба поён мерасад.[8] Ҳамаи панҷ китоби Авесто бо суханони зерин хатм мешаванд: Роҳ якест ва он роҳи ростист, ҳамаи дигар роҳҳои бероҳа аст.

Дар маросимҳои динии пайравони дини маздаясно, сурудҳои Яснаро ду мубад бо ҳам тиловат мекунанд. Номи онҳо зот ва роспӣ мебошад. То асрҳои миёна бошад, маросими ситойишу яснохонӣ ва иҷрои расму анъанаҳои онро ҳафт нафар мубад анҷом медоданд.[9]

Яштҳо-яке аз умдатарин, ҷолибтарин ва пурмуҳтавотарин осор ва бозмондаи хаттӣ дар мавриди таҳқиқу мутолиаи на танҳо дини Зардушт, балки динҳои куҳани ориёии пеш аз ӯ мебошанд.

Калимаи яшт мисли калимаи Ясно аз решаи «яз» падид омада, маросими ситойишу парастиш аст. Одатан чунин намозу саҷда бо назру қурбонӣ анҷом мегирад. Яштҳо аз 21 наск ё китоб иборат аст. Ҳар яке аз онҳо ба эзидони мухталиф, ки фариштагони муваккили рӯзҳои гуногуни моҳ ҳастанд, бахшида шудаанд. Дар замонҳои қадим, зоҳиран, шумораи чунин фариштагон ва яштҳои онҳо, мисли шумораи рӯзҳои моҳ 30-то будааст. Вале дар фарогардҳои таърих бахше аз онҳо гум шуда, он яштҳое ҳам, ки то замони мо расидаанд, пурра намебошанд. Тафовути Яштҳо аз Ясно иборат аз он аст, ки дар онҳо фақат як эзид ё фаришта сутуда шудаанд. Яштҳое, ки то ба имрӯз расидаанд, ба эзидон ё фариштагони зерин бахшида шудаанд:

1. Ҳурмузд 8. Тир 15. Ром
2. Ҳафтмшоспанд 9. Гӯш (Друвосп) 16. Дин (Даена)
3. Урдибиҳишт 10. Меҳр 17. Ард
4. Хурдод 11. Сурӯш 18. Ашдод
5. Обон 12. Рашан 19. Зомёд
6. Хуршед 13. Фарвардин 20. Ҳум
7. Моҳ 14. Баҳром 21. Вананд[10]

Дар ҳар яшт ба истиснои чанде аз онҳо бузургдошту тараннуми ҳамон эзид ё фариштае ба вуҷуд омадааст, ки яшт ба номи ӯст. Бо вуҷуди он ки ҳоло аксари яштҳо таркиби шеърии худро аз даст додаанд, вале ҳанӯз каломашон мавзун, ба тарзи шоирона ва бо тахайюлоту отифаи шоирона суруда шудаанд. Вале онҳо дар ибтидо, мисли Готҳо ва бахшҳои дигари куҳани Авесто, ба байту қитъаҳо тақсим шуда, шумораи ҳиҷоҳои онон 8,10 ва 12 будааст.[11] Дар замонҳои баъдӣ, ки бо онҳо кор карда, тағйиру табдил додаанд, таркиби шеърии худро гум кардаанд. Вале баъзе авестошиносон боварӣ доранд, ки назокати шеърии онҳоро аз нав барқарор кардан мумкин аст. Имрӯз Яштҳо маҷмӯаи матнҳое ҳастанд, ки дар онҳо тараннуму бузургдошти эзидон ва фариштагон сурат гирифтааст. Дар матнҳои авестоӣ на танҳо Аҳуромаздо ва эзидони ҷудогона, мисли Меҳр, Аредвисура Анаҳито, ки дар оини зардуштӣ мақоми баланду муҳтарам доранд, бо ситойишу назру ниёз парастида мешуданд, балки ҳар чизе, ки ба хилқати хубу падидаҳои он вобастагӣ дошт ва ҳар падидае, ки ба рушду борварӣ ва инкишофу такмили зиндагӣ мусоидат ва кӯмак мекардааст, ҳамчунин мавриди ситойиш қарор мегирифтааст. Аз ҷумла Хуршед, Моҳ ситораи Тиштрйа, ки борон меоварад, об, ки зиндагӣ мебахшад, хоку набототе, ки омили бороварию ҳаёт ҳастанд, бахусус буттаи ҳаума, ки аз фишурдаи он нӯшобаи ҷовидонӣ гирифта мешавад, оташи муқаддас, ки дар Яштҳо писари Аҳуромаздо хонда шудааст, Гов, ки сарчашмаи ғизои инсон аст, ҳама мавриди ситойишу парастиш будаанд. Ҳамон тавре ки Аҳуромаздо мавриди тараннуму эҳтиром қарор мегирифт, амшоспандон — ёварони ӯ дар идораи умури ҷаҳон, ҳамчун инъикоси сифатҳои Худованди Бузург ситойиш мешуданд. Аз ҷумла, Баҳман — инъикоси андеша, гуфтор ва кирдори неки Аҳуромаздо, Урдибиҳишт – ҳақиқат ва ростию дурустӣ, Шаҳривар-ҷилвагоҳи шаҳриёрӣ ва нерую тавони офаридгор, Сурӯш – намунаи назму тартиб ва хоксорию тоати худовандӣ ва ғайра мавриди парастишу эҳтиром буданд. Чанд банди аввали Зомёдяшт ба тараннуми кӯҳҳо бахшида шуда, қисмати асосии он ба тараннуму тақдиси Хварна, фарр ё нуру таҷаллои худовандӣ ихтисос ёфтааст. Ҳар фарди ҷаҳон бояд бо андеша, гуфтор ва кирдори писандидаи худ барои дарёфти он ва комёбӣ дар зиндагӣ ҷидду ҷаҳд намояд.[12]

Рӯзҳо, фаслҳо ва давраҳои гуногуни сол мавриди парастиш буданд. Номи 21 эзиде, ки дар яштҳои мутазаккира ситойиш ва тараннум мешаванд, номи рӯзҳои моҳро ташкил медиҳанд. Дар Авесто барои Сурӯш – фариштаи тоату бурдборӣ, ки нахустин сарояндаи Готҳои Зардушт хонда шудааст, ду суруд мавҷуд буда, яке мухтасар дар яшти 11 ва дигаре муфассалтар дар ҳоти 57-и Ясно мундариҷ аст. Яшти 20 ба фариштаи Ҳум бахшида шудааст.

Яштҳои бузург бо дуоҳои якранги мазҳабӣ шурӯъ шуда, бо онҳо хотима меёбанд ва ба чанд бахш, ки аксаран «карда» мегӯянд, тақсим мешаванд. Дар оғозу анҷоми ҳар бахш ё карда низ ҳамин дуоҳо такрор меёбанд. Яштҳое, ки ба Меҳр, Ваю, Замин, фравашӣ бахшида шудаанд, аз ҷумлаи қадимтарин Яштҳо буда, суруду ниёишҳои онҳо мутааллиқ ба замонҳои қадим аст.[13] Дар ин яштҳо матлабҳои гуногун, дуоҳои қадимӣ, ки вобаста ба назру ниёз ва қурбонию фидя аст, ривояту устураҳои бостонӣ зикр шудаанд. Агар пеш аз Зардушт бисёре аз онҳо худоёни бузургу мустақил буданд, дар дини маздаясно онҳо комилан дар хизмати Аҳуромаздо-худованди воҳид ва бузургу тавоно қарор гирифта, ба сурати эзидоне даромадаанд, ки нигоҳбону муваккили ашё, аносир ва падидаҳои алоҳида мебошанд. Ин эзидон ба он сабаб эътибору нуфузи фаровон доранд, ки худи Аҳуромаздо онҳоро мавриди ситойишу эҳтиром қарор медиҳад, барои онҳо ниёзу қурбонӣ ба вуҷуд меоварад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ориёиён посдории замони гузашта, бахусус рӯҳу арвоҳи гузаштагон будааст.[14] Яшти 13 махсуси фурӯҳари[15] муҳофизи парҳезкорон буда, дар он дуоҳое ҷамъоварӣ шудааст, ки мавриди вафоти одамон ва маросимҳои баъдӣ хонда мешавад.

Мазмуни яштҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: таърифу тавсифи эзидону фариштагон, тасвирҳои зебои табиат, дилписандиҳои гуногун ва шарҳи достонии ҳамосаҳо, диловариҳо, паҳлавониҳо, набардҳо ва ҷангҳо. Тасвири нотакрори табиат аз он мерасонад, ки ориёиҳо табиати ватани худ, ба хусус Айиряна Ваеҷаҳро ниҳоят дӯст ва гиромӣ медоштанд. Тавсифҳо дорои латофати баён, зарофати забон ва тасвири зебоии шоиронаест, ки ҳар хонандаро дар зери таъсири амиқ мегузорад. Тасвирҳое, ки дар Обоняшт (яшти 5) аз эзиди Аредвисура Анаҳито ба вуҷуд омадааст, бо ниҳояти зарофати табъ ва баёни ширин сурат гирифта, образи эзид-бонуи зеборо дар пеши чашм ҷилвагар месозад, ки пойдоркунандаи ростӣ ва фазояндаи зиндагии инсон мебошад. Дар ҳар яште, аксаран шоҳон, бузургон, паҳлавонон ба даргоҳи ин эзидон муроҷиат карда, маросими ситойишро бо ниёзу қурбонӣ анҷом медиҳанд ва аз онҳо амалӣ гардидани дархосту орзӯҳои худро иброз медоранд. Мазмуну муҳтавои ин дархосту талаботҳо имрӯз ба мо сурату сирати одамон ва чигунагии сохти иҷтимоӣ, афкору андешаҳои мардумони он давраро равшан месозад. Аксари дархосту орзуҳои онон таблиғи ростию дурустӣ, ғалаба болои душман, фатҳи кишварҳо ва сарзаминҳо, ба даст овардани чорво ва чарогоҳҳо, ром кардани қавму қабилаҳои ошӯбгар, ободии сарзаминҳо, падид овардани оромию осойиш, орзӯи доштани фарзандони паҳлавон, лоиқ, ҷанговар, хушзабону хушсухан, баҳраманд гардидан аз тамоми хушиҳои зиндагӣ, аз ҷумла зебогии тану сирати олии инсонӣ, доштани аспҳои зебои тездав, шавкату ҳашамат, сарват ва ғайра иборат буд. Бино ба мазмуну мундариҷоти Яштҳо, ниёкони мо озодии худро болотарин неъмат дониста, аз зебоӣ ва донишу ҳунар дар сатҳи баланд қадрдонӣ мекарданд. Дар яшти даҳум ситойиши Меҳр яке аз худоёни бостонии ориёиҳо ва куҳантарин маросими ситойиши ӯ тасвир шудааст. Дар яшти 13 тарзу усули ситойиши фраваши ва арвоҳи ниёкон омадааст. Дар яшти 14 дар баробари ривоятҳои кинояомез ва ҷилваҳои эзиди Баҳром, ишораҳои бисёр ҷолибе дар бораи нуҷуму ситорашиносии қавмҳои куҳани ориёӣ нақл шудааст. Дар яштҳои куҳан ду силсилаи подшоҳони пешдодӣ ва каёнӣ муаррифӣ гардида, дар бораи ҳар яке аз намояндагони он маълумоти муайяне пайдо мекунем.

Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки баъзе яштҳо ба номи як эзид ё фаришта мансуб гардида, дар матнҳои он эзиди дигар ситойишу тараннум мешавад. Яштҳои Аштод, Зомёд, Ром, Дин аз ҷумлаи чунин яштҳо аст, ки дар саҳифаҳои онҳо на танҳо эзидони дигар мавриди парастиш қарор гирифтаанд, балки онҳо мазмуну мавзӯъҳои гуногунро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар яштҳои Хуршед, Моҳ, Аредвисура Анаҳито, Тир, Гӯш, Меҳр, Ром ва ғайра шукри неъмат ба ҷой оварда шуда, аз худованд барои фурӯғҳои гуногун, обҳо, растаниҳо ва чорпоён сипосгузорӣ, ҳатто аз тамошои манзараҳои дилкашу зебои табиӣ, ки чашми инсон аз он ҳаловат мебарад, қадрдонӣ шуда ва ба онҳо дуруд фиристода шудааст. Ҳар чизе, ки зебою неку буда, барои инсон хушоянд аст, муқаддас шуморида мешавад. Дар бандҳои 21-22 Сурушяшт мояи хушнудии инсон сутуда шуда, аз он ҷумла ба ҳар инсон адл, далерӣ, нотарсӣ, ишқ, зӯр, пирӯзӣ, саховат, шукӯҳ, дин, илм, дониш, дурустӣ, покӣ, тандурустӣ, бурдборӣ, фармонбардорӣ, сухани рост, ки суннати ниёкони мо будааст, таманно гардидааст.

Гуноҳе, ки дар дини маздаясно нобахшиданист, дурӯғ мебошад. Дар Меҳряшт беҳтарин подош барои ростгӯ ва шадидтарин ҷазо барои дурӯғгӯ муайян шудааст. Мувофиқи он эзиди Меҳр дурӯғгӯ ва аҳдшиканро ба доғи фарзандонаш менишонад, хонаашро вайрон мекунад, хайру баракат аз хонумонаш мебардорад, аз хушиҳои зиндагӣ маҳрум менамояд.

Дар яшти Рашну сухан аз адлу инсоф рафтааст. Дар Фарвардиняшт сухан пиромуни саховату бахшойиш аст. Фурӯҳарҳои гузаштагон, ки дар охири ҳар сол ҳангоми ҷашни фарвардин (Наврӯз) аз осмонҳо барои дидану раҳнамойии бозмондагони худ ба замин фуруд меоянд, бахусус умедворанд, ки бозмондагони онон дар роҳи ростӣ ва худованд муттаҳид шаванд, то онон хушнуду хуррам боз ба осмонҳо уруҷ намуда, аз боргоҳи Аҳуромаздо бақою хушӣ ва вусъати ризқу рӯзии бозмондагонро дархост менамоянд. Ба таври умум, Яштҳо яке аз қисматҳои зеботарин, дилпазиртарин ва гуворотарини Авестост. Дар он сарчашмаҳои зиндагӣ ҷӯш зада, аз неъматҳои он шукргузорӣ мешавад.

Вандидод дар Авесто дар шакли Видаевадота омада, мафҳуми маҷмӯаи қонун бар зидди девҳоро дорад. Ҳар фасли онро, ки ба таври умум 22 то аст, фаргард мегӯянд. А.Кристенсен муътақид аст, ки Вандидод ягона наски комилест, ки аз Авестои даврони сосонӣ то замони мо расидааст. Кристенсен ва Андреас боварии комил доранд, ки ин бахши Авесто дар давраи подшоҳии Меҳрдоди аввали Ашконӣ (171-138 то м.) таълиф шудааст.[16]

Вандидод матне намебошад, ки дар маросимҳои мазҳабӣ ва ниёишу ибодатҳо ба кор бурда шавад. Аммо дар давраи пеш аз ислом, ки вақти дақиқи он маълум нест, пайравони дини маздаясно маросиму ҷамъомади азиме бунёд карда, дар он тамоми Вандидод бо Ясно ва Виспарад бо тартиботи хосе хонда мешуд. Дар ин маросим фаргардҳои гуногуни Вандидод дар якҷоягӣ бо яке аз таронаҳои Готҳо суруда мешуд. Мувофиқи суннати пайравони дин, вақте ки худи Готҳо ҳамроҳ бо се дуои муқаддаси мазҳабӣ (Ясо Аҳу Вайирю, Ашем Вуҳу ва Янгҳа Ҳотом) хонда мешаванд, нерумандтарин ва маҳкамтарин муҳофизе шумурда мешуд, ки ҳаёту тандурустиро аз таҳдиди қувваҳои аҳриманӣ эмин нигоҳ медорад.

Дар Вандидод аксаран масъалаҳое мавриди баҳс қарор гирифтаанд, ки аз ҳудуди қонуну дастурҳои мазҳабӣ баромада, тамоми ҷанбаҳои зиндагии иҷтимоиро дар бар мегирад. Масъалаҳои ҳуқуқии муносибати байни одамон, доду ситад, оила ва ғайра, ки аксаран дар шакли ибтидоӣ матраҳ мешавад, аз як сӯ, қимати замонии ин бахши Авесторо нишон дода, аз ҷониби дигар, чунин ба назар мерасад, ки он мақоми қонуни умумии иҷтимоиро доштааст.

Мазмуну муҳтавои Вандидод бештар ба масъала ва матлабҳои зерин бахшида шудааст: ҷазо додан дар баробари гуноҳҳои мухталиф, ки одам дар баробари табиат, ҷамъият ва мавҷудоти хубу муфид содир мекунад, роҳҳои мубориза бар зидди палидиҳо ва касалиҳое, ки рӯҳи палид Аҳриман ва анбӯҳи девони ӯ дар ҷаҳон интишор дода, зиндагии ободкунандаи инсонро дар хатар мегузорад. Ба ишораи ин китоб, заминаи наздикӣ ва таъсири девонро ба инсон, аксаран худи инсон ба вуҷуд меоварад. Дар он заминаҳои пайдоиши чунин омилҳо муфассал баён карда шуда, роҳҳои мубориза бо он нишон дода шудааст. Яке аз сабабҳое, ки даврони таълифи Вандидодро ба асрҳои охирини пеш аз милод нисбат медиҳанд, иборат аз он аст, ки дар фаргардҳои Вандидод душмании оштинопазири байни ду қудрати хубу бад, яъне Спэнтамайню (хиради неку муқаддас), ки офаридгори фазилатҳои беҳтарини зиндагӣ шумурда шудааст ва Анграмайню (Аҳриман — хиради зишту палид), ки фақат дурӯғу бадию фасодро ба вуҷуд овардааст, ба мушоҳида мерасад.

Фаргарди аввали Вандидод аз 21 банд иборат аст. Дар ин бахш аз 16 кишвар ё сарзамини нахустин сухан рафтааст, ки Аҳуромаздо ба вуҷуд оварда ва онҳо сарзаминҳои беҳтарин ва зеботарин шумурда шудаанд. Ба ақидаи М. Бойс, ин кишварҳо, зоҳиран, пайравони нахустини оини маздаясно мебошанд.[17]

Вале Аҳриман ба хотири зиддият бо Аҳуромаздо, дар ҳар мамлакати зебои офаридаи вай бало, гуноҳ ё осебе падид меовард. Мазмуну тафсилоти Вандидод аксаран дар шакли саволу ҷавоб миёни Зардушт ва Аҳуромаздо баён гардидааст.

Фаргарди дуюм 43 банд буда, дар бораи Ҷамшед аст. Аҳуромаздо дар ҷавоби саволи Зардушт мегӯяд, ки аввал паёмбарии дини маздаясноро ба Ҷамшед пешниҳод карда буд. Вале Ҷам нисбати надоштани истеъдоди паёмбарӣ онро напазируфт ва қабул кард, ки ҷаҳони маро нигаҳбонӣ кунад. Дар ҳамин бахш Аҳуромаздо бо Ҷамшед дар бораи тӯфони вайронкунанда хабар дода, дар сохтани паноҳгоҳе (вара), ки дар он тамоми анвои сабзавот, ҳайвонот ва инсон ҷамъоварӣ карда шаванд ва ҳамчунин дар тарзу усули сохтани он роҳнамойӣ мекунад. Ин фаргард асотири зебо ва ғании гузаштагони мо буда, таърихи пурмуҳтаво ва дурахшони ниёкони моро ба субут мерасонад.

Фаргарди сеюм аз чилу ду банд иборат буда, ба ду масъала бахшида шудааст. Масъалаи нахуст манфиати зироат ва кишоварзӣ мебошад. Дар он таъкид карда мешавад, ки аз амалу пешаҳо зироаткорӣ ва киштӣ гандум беҳтарин аст. Дуюм, аз ҳамин ҷо сар карда, дар аксари фаргардҳои минбаъда масъалаи мурда ва муносибатҳои гуногун бо он мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Пайравони зардуштия мурдаро ҷисми нопок ҳисоб карда, аз он бисёр эҳтиёт ва эҳтироз мекарданд. Чун мурда, натиҷаи амали Аҳриман ва девони ӯ ҳисоб мешуд, чунин ақида доштанд, ки мурда наҷису нопок аст ва муҳит, одамон ва ашёи атрофи худро нопок месозад. Дар бисёр фаргардҳои баъдӣ роҳҳои пешгирӣ аз наздик шудан ба мурда ва ҳамчунин усули татҳиру поккорӣ нишон дода шудааст.

Фаргарди чорум аз 55 банд иборат буда, масъалаи қонунҳо ва тарзу усули аҳду паймон, навъҳои он ва натиҷаю ҷазои паймоншиканиро мавриди мубоҳиса қарор медиҳад. Дар аввал аз шаш навъи аҳду паймон сухан меравад. Агар касе паймон шиканад, мувофиқи андозаи паймоншиканӣ муҷозот мешавад. Агар ӯ бимирад ё фарор кунад, муҷозоти он домангири наздикони вай хоҳад шуд. Паймоншиканон бо тозиёна ва шаллоқ ҷазо дода мешуданд. Бо такрори паймоншиканӣ, ки дар миёни ориёиёни бостон яке аз гуноҳони бузург ҳисоб шуда, дар сурати фарор кардан ё мурдани ӯ, номи паймоншикан ба тамоми авлоди ӯ мегузашт.

Фаргарди панҷум дорои 62 банд аст. Дар он одобу расмҳо ва равиши покшавӣ ва татҳири касонест, ки ба василаи девони гуногун, бахусус дар натиҷаи тамос ба ҷасади мурдагон наҷис ва нопок шудаанд. Чун замин, об, оташ муқаддас шуморида мешуданд, гӯронидани мурда онҳоро низ нопок мекард. Мурдаи саг ҳам мартабаи мурдаи инсонро дошта, аз тамос бо он шадидан эҳтиёт мекарданд. Дар Вандидод қонунҳое матраҳ гардидааст, ки тасаввури он барои инсони муосир кори ниҳоят мушкил аст. Зане, ки кӯдаки мурда таваллуд кунад, гунаҳкор дониста мешуд. Чунин ақида буд, ки Аҳриман дар батни ӯ маскан гузидааст. Вай мебоист дар тӯли 12 шабонарӯз бидуни расидан ба об, хӯрок, пӯшок ва ғайра дар каноре аз ободониҳо, ба иҷрои як силсила маросимҳои шадиди мазҳабӣ худро пок намояд.

Фаргарди шашум 51 банд дошта, ба масъалаи ҷазои касоне бахшида шудааст, ки ҷасади мурдаро дафн мекунанд. Дар он тарзу усули нигоҳдории мурдагон, сатҳу андозаи баландӣ, ки дар он ҷо ҷасад гузошта шуда, туъмаи паррандагон ва даррандагон мегардад, муайян карда шудааст. Мувофиқи он, дар замине, ки дар он ҷо инсон ё саг бимирад ва ё дафн шавад, ба муддати як сол киштукор ва ё ҳар амали дигаре рӯйи он мамнуъ эълон шудааст. Касе, ки хилофи он рафтор мекунад, чорсад зарбаи тозиёна ҷазо мебинад.

Яке аз хусусиятҳои Вандидод печ дар печ ва болои ҳам гузоштани мавзӯъҳои гуногун мебошад. Чун мубадон дар тартибу тадвини ин китоб бевосита даст доштаанд, хар яке хостааст, дар он аз худ ҳиссае гузорад. Ба ақидаи Ҳошими Разӣ, донишманди эронӣ, чунин ҷидду ҷаҳди муғону мубадони сосонӣ боиси печидагии масъалаҳо ва омезиши мавзӯъҳо гардидааст.[18]

Фаргарди ҳафтум низ дар аввал ба масъалаи мурда ва деви Насу, ки ҳангоми вафот ба ҷасад дохил шуда, пас аз хӯрда шудани гӯшти он аз ҷониби паррандагон ва даррандагон, аз он берун мешавад, бахшида шудааст. Мавзӯи дуюми ин бахш дар бораи дастурҳои пизишкӣ ва қонунҳои табибон мебошад. Мувофиқи он, барои он ки табибе ному унвони пизишкӣ ба даст орад, бояд давраи озмойиши худро дар миёни девпарастон гузаронида, се нафар девпарастро муолиҷа намояд ва ба онҳо саломатӣ бахшад. Агар чунин озмойишро муваффақона сипарӣ кунад, ба ӯ иҷозат дода мешуд, ки дар миёни маздопарастон ба табобат оғоз кунад. Агар давраи озмойиш ғайри бемуваффақият бошад, вай аз пешаи табобат дар миёни маздопарастон маҳрум мегардид. Ҳаққу дастмузди табибон, ҷарроҳон марбут ба вазъи беморон ва сатҳи дороии онҳо таъин шуда, бо чорпо ва молу ҷинс пардохта мешуд. Дар ҷомеае, ки Вандидод тасвир мекунад, аз пул ному нишоне нест.

Фаргарди ҳаштум яксаду шаш банд аст. Дар он аз дини некуи маздопарастӣ таҳсин ба амал оварда шуда, роҳҳои мубориза бо девон баён гардидааст. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки ҳар гоҳ Готҳо ва дуоҳои дигари муқаддас хонда шавад, девону шайтонҳо роҳи гурезро пеш мегиранд. Дар ин бахш низ масъалаи мурдаи инсон ва саг ва тафсилоти дафни онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Фаргарди нуҳум 57 банд дорад. Он ба маросими бисёр мураккаб ва печидаи покшавӣ ва татҳир аз ҳар гуна олудагиҳо ба хусус аз олудагӣ бо мурда бахшида шудааст. Дар сурати олудагӣ бо мурда расми татҳир чунон аст, ки тан бояд се бор шуста шавад, пӯшок се бор шуста шавад, барои оби муқаддас назр дода шавад. Фақат дар чунин ҳолат хона ё ҷойгоҳ покшуда ҳисоб шуда, фариштагон ба он дохил шуда метавонанд.

Фаргарди даҳум ва ёздаҳум, ҳар яке иборат аз 20 банд аст. Ин ду боб ба масъалаи гуногунии муқобилат бо девон ва мубориза бо шайтонҳо аст. Дар ин ҷо сухан дар бораи девони гумроҳкунанда ва девоне меравад, ки аз ҷисми мурда берун омада, одамони зиндаро мавриди ҳамла қарор медиҳанд ва онҳоро нопоку наҷис мекунанд.

Фаргарди ёздаҳум ҷараёни татҳир, шустушӯ ва пок кардани он чизҳои нопокшудаест, ки офаридаи Аҳуромаздо мебошад. Девоне, ки аз ҷисми мурдагон берун мешаванд, ҳар чиро, ки атрофи онҳо бошад, аз ҷумла хона, об, оташ, замин, ҳайвонот, гиёҳ, дарахт, зану марди ашаван (росткору ҳақиқатҷӯ)-ро нопоку олуда мекунанд. Ҷараёни покшавӣ тиловати дуоҳои татҳир аст. Муҳимтарин дуоҳо ва намоз Аҳуна Вайиря ё Ясо Аҳу Вайирю аст.

Фаргарди дувоздаҳум аз 14 банд иборат буда, дар бораи муддату замони мотам ва таъзияи наздикону хешовандон аст. Муддати мотаму сӯгворӣ барои шахси порсою некукор як моҳ, барои инсони гунаҳкор (зоҳиран ғайримаздаяснон) ду моҳ, барои фарзандон ва барои хоҳару бародар ду моҳ таъин шудааст. Барои хешовандону наздикони дигар низ муҳлатҳои гуногун муқаррар карда шудааст. Муддати азодорӣ барои сардори хонавода ва ҳамсари вай, агар одамони савобкор бошанд, шаш моҳ, агар набошанд як сол муайян карда шудааст. Таъини муддати азодорӣ тамоми хешовандон, аз ҷумла набераҳоро дар бар гирифта, тафовути гунаҳкорон аз савобкорон ду баробар аст.

Фаргарди сездаҳумро метавон «Сагнома» номид. Шумораи бандҳои он 5 6 то буда, ба масъалаи куштани навъҳои гуногуни саг, озору азоб додани онҳо ва ҷазоҳое, ки дар баробари он дода мешуд, бахшида шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки аз миёни офаридаҳои Аҳуромаздо, саг бисёр муҳтарам аст, зеро аз сапедадам то шом бо Аҳриман ҷангида, офариниши некро посбонӣ мекунад.

Фаргарди чордаҳум аз 14 банд иборат аст. Ин фасл ба муҷозоти касе бахшида шудааст, ки саги обиро (ав. удра – зоҳиран «выдра»-и русӣ аст) ба қатл расонад. Чун ин ҷонвар дар об зиндагӣ мекунад, бисёр муқаддас шумурда шудааст. Ҷазои касе, ки ин ҷонварро куштааст, 10 ҳазор зарбаи тозиёнаи асп ва даҳ ҳазор тозиёнаи тасма мебошад. Чунин ҷазои сахту бераҳмона дар ҷойи дигари Вандидод дида нашудааст.

Фаргарди понздаҳум 51 банд аст. Он ба гуноҳҳое бахшида шудааст, ки бузург буда, бе тавба ва ё нобахшиданӣ ҳастанд. Ба саги гала ё саги хона додани хӯроки гарм ва номуносиб, задан ё расондани ягон осебу озор ба саги бордор, наздикӣ кардан бо зан дар замони ҳайз ва зани обистан, сақти ҷанин (бачапартоӣ) ва ҳомиладор гардидани духтарони бешавҳар аз ҷумлаи чунин гуноҳон шумурда шудаанд.

Фаргарди шонздаҳум 18 банд буда, ба ҳайзи занон ихтисос ёфтааст. Чун дар оини муғон зани моҳонадор шахси ҳаром ҳисоб мешавад, агар зане дар худ ишора ё нишонаи моҳдиданро пайдо кунад, бояд дур аз хона маскан ихтиёр карда, худро аз обу оташ ва марди ашо сӣ қадам дуртар нигоҳ дорад ва оташу рӯшноии хонаро набинад. Агар касе барои вай хӯрок барад, бояд аз вай сӣ қадам дуртар таваққуф кунад.

Фаргарди ҳафтдаҳум 11 банд буда, дар бораи тарошидани сар ва гирифтани нохун аст. Мувофиқи он, мӯйи сар ва нохуне, ки бо одоби муайян гирифта мешавад, бояд зери хок карда шавад. Нохуну мӯйи сари тарошида, агар зери хок карда нашавад, маргу мири одамонро ривоҷ мебахшад.

Фаргарди ҳаждаҳум ҳаштоду шаш банд буда, ба масъалаҳои гуногун ихтисос дода шудааст. Яке аз онҳо мубад мебошад. Аз дидгоҳи муғон рӯҳонии хуб касе буд, ки русуму одоби шустушӯ ва таҳорат, тасхири ҷин, парӣ ва дев, куштану нобуд кардани ҳашароту ҷонварони зарарнок, пок кардани вуҷуди одам аз тасаллути дев, бастани пном[19] ба рӯйи бинӣ ва даҳон, хондани аврод ва афсунҳои муғона бар зидди девон, одобу равиши тайёр кардани ҳум ва пароҳум,[20] бастан ва дуруст нигоҳ доштани шохаҳои барсом,[21] одоби саҳеҳи қурбонӣ, дуруст ва бо қоида задании шаллоқу тозиёна ба гунаҳкоронро дар бар мегирад.

Масъалаи дигаре, ки дар суҳбати миёни Аҳуромаздо ва Зардушт, ёдоварӣ мешавад, масъалаи хурӯс аст. Дар Авеста, Сурӯш – фариштаи фармонбардорӣ ва итоат, шабу рӯз бедору ҳушёр нигоҳбону муҳофизи пайравони дин тасвир гардида, дар ин амал ба ӯ хурӯс ёвару ҳамкор мебошад. Мувофиқи гуфтаи Аҳуромаздо, хурӯс паррандаи худовандӣ буда, дорои силоҳи комили корӣ мебошад. Ин мурғ саҳаргоҳон, ҳангоми тулӯи фаҷр ба василаи овози худ мардумро бедор мекунад, ки: ай муъминон бархезед ва деви хобро аз худ дур кунед.

Чун торикӣ офаридаи деву Аҳриман аст, ҳангоми шаб оташ ва эзиди оташ (Озар) се бор бо ёрии Сурӯш ва хурӯс кӯшиш мекунанд то ҳамаи ҷидду ҷаҳди девонро, ки дар торикӣ имконоти бештар доранд, беасар гардонанд. Бо ҳиммати ин фариштагон ва хурӯс аст, ки саранҷом мардум болои деви хоб ва девҳои дигар ғалаба карда, пас аз бедор шудан ба анҷоми намоз, иҷрои маросими динӣ ва кору заҳмат мепардозанд.

Фаргарди нуздаҳум дорои 47 банд аст. Дар он суҳбати Аҳуромаздо бо Зардушт дар соҳили дарёи боронии Дареҷа — шохоби Даитя, ки хонаи падари паёмбари ориёӣ дар он ҷо аст, мегузарад. Ба саволи Зардушт дар бораи он ки амалҳои нек ва кирдорҳои бади мардум ба куҷо мераванд, Аҳуромаздо чунин ҷавоб медиҳад; пас аз шаби сеюми мурдан саҳари рӯзи чорум, сапедадам деви Визариша равони (рӯҳи) гунаҳкорро дар банд карда, то ба пули Чинват мебарад ва он ҷо мавриди бозпурсӣ қарор медиҳад. Аммо рӯҳи одамони ашаванро[22] дӯшизаи зебое истиқбол карда, чун фариштаи нигаҳбон рӯҳи некукорро ба осонӣ аз пули Чинват убур медиҳад ва ба арши аъло, назди Аҳурамаздо мерасонад.

Фаргарди бистум аз 15 банд буда, дар бораи пизишкӣ, табобат ва бемориҳо аст. Номи як силсила бемориҳо зикр карда мешавад. Зардушт аз Аҳуромаздо мепурсад, ки нахустин табибе, ки бемориҳоро дар банд карда, марги нобаҳангомро пешгирӣ кардааст, кӣ аст? Ҷавоб мешунавад, ки Срита, некукоре аз хонадони Сом аст. Вай ҷиҳати муолиҷаи бемориҳо на танҳо аз алафу каломи муқаддас, балки аз корд[23] ҳам истифода мекард. Ин табиб ҷиҳати дарёфти кӯмак ба Хшатра Вайиря – фариштаи муваккили филизот муроҷиат карда буд. Дар ин фаргард аз се навъи муолиҷа-дармонӣ — ба василаи дорую даво, растанию сабзавот, аврод — ба василаи сухани муқаддас ва корд — амалиёти ҷарроҳӣ ном бурда шудааст.

Фаргарди бисту якум дорои 21 банд буда, аввал, дар бораи Гов, ки ҳайвони муқаддас, сарчашмаи хайру баракат ва зояндаи рӯзии мардумон аст, сухан меравад. Сипас дуо барои боридани донаҳои фаровони борон омадааст. Боридани борон аз марги нобаҳангом, аз зуҳури як силсила касалиҳо, аз ҷумла сакта, ки маншаи он ҷин аст, пешгирӣ мекунад. Борон дардҳоро дармон мебахшад, заминро сабзу хуррам мекунад, гиёҳонро мерӯёнад, ба мардум ризқу рӯзӣ муҳайё месозад.

Фаргарди охирин, яъне бисту дуюм аз 22 банд иборат аст. Дар банди аввали он Аҳуромаздо ба Зардушт мегӯяд: «Ман ин ҷаҳонро бисёр зебо, равшан, бе бадию беморӣ офаридам. Аммо Аҳримани маргофарин ба офариниши ман бо чашми море нигарист ва ҳазорон беморӣ ва бадӣ падид овард. Ман ирода кардам, ки дар оғоз каломи эзидии[24] муқаддас ин бемориҳоро дармон бахшад». Мантра Спэнта (Каломи муқаддас) аз Аҳуромаздо пурсид; чӣ гуна ба 99999 беморӣ, ки Аҳриман офаридааст, шифо бахшам. Аҳуромаздо ба Наривсинг — пайки худ фармуд, то Айиряманро[25] пайдо кунад. Айиряман бо нуҳ навъ аспи нар, нуҳ навъ уштури нар, нуҳ навъ гови нар, нуҳ навъ чорпои хурд ва нуҳ банд ҳезум ба сӯйи кӯҳу ҷангал рафта ибодат кард ва нуҳ хат рӯйи замин кашид ва гуфт; ман ҳамаи бемориҳоро нобуд мекунам. Ҳамаи ҷодуҳо, париҳо ва девонро нобуд мекунам.

Борҳо дар Авесто, аз ҷумла дар Вандидод такрор шуда, ки дармон ба василаи Мантра Спэнта[26] аз беҳтарин дармонҳост.

Виспарад ҳамаи сарварон, ҳамаи нигоҳбонон ё ҳамаи муҳофизони маънавӣ тарҷума мешавад. Бобҳои ин китоб «карда» гуфта мешавад. Виспарад китоби мустақиле набуда, маҷмӯаҳое аз бахшҳои гуногуни Ясно мебошад ва аксаран ҳангоми расму суннатҳои мазҳабӣ ҷудо аз Ясно хонда намешавад. Бештар дар вақти маросимҳои динии идҳои гоҳанбор, ки миқдорашон шашто буда, дар мавсимҳои гуногуни сол гузаронида мешаванд, хонда мешавад. Шаш гоҳанбор шаш марҳилаи офариниш аст, ки аз ҷониби Аҳуромаздо анҷом дода шуда, он бо мавсимҳои гуногуни сол баробар меояд. Виспарад аз ҷиҳати забон, баён, моҳият ва мазмун бо Ясно наздик буда, аксаран мафҳумҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳои ҳафтоду ду ҳоти Ясно, ғайр аз таронаҳои 17-гонаи Зардушт, бо андаке ихтилоф дар Ясно дида мешавад. Аксар вақт якҷо бо Ясна хонда мешавад. Вале дар маросимҳои ҷашнҳои гоҳанбор ба танҳоӣ низ мехонанд. Донишмандон ва муҳаққиқони гуногун дар бораи бобҳои Виспарад маълумоти ҳархела додаанд. Аксарашон аз 22 то 27 карда гуфтаанд.[27]

Дар оини зардуштӣ, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳар чизе, ки неку, судрасон ва зиндагисоз аст, қобили ситойиш мебошад. Дар ин бахши Авесто ҳамаи чиз, ашё ва корҳои хуб ёдоварӣ карда шуда, аз онҳо тамҷид ба амал омадааст. Виспарад мисли оинаест, ки дар баробари як боғу гулшани васеъ гузошта шуда бошад. Маздопараст ба он оина нигоҳ карда, аз самими дилу ботин ҷаҳони зебои моддиро ситойиш мекунад ва ин ситойиш аз номи Аҳуромаздо оғоз мегардад.

Ҳамаи китобҳои Авесто, аз ҷумла Виспарад, бо суханони зер хатм мешавад: Роҳ якест ва он роҳ роҳи ростист, ҳамаи дигар роҳҳо бероҳа аст.

Хурдаавесто (Авестои хурд) ва дар паҳлавӣ «Хуртак Авесто» мегӯянд, ки ҳамон Авестои хурд ё кӯчак аст. Ин қисмати китоби муқаддас аз бахшҳои дигари Авесто, яъне Ясно, Виспарад ва Вандидод тартиб дода шудааст. Он аз ҷониби мубадон дар маросимҳои мухталифи динӣ мавриди истифода қарор мегирад. Авестои хурд маҷмӯаи намоз, дуруд, дуо ва ниёишҳоест барои вақту ҳангомҳои мухталифи шабонарӯз, рӯзҳои мубораки моҳ, ҷашнҳои махсуси эзидон ва фариштагон ва ҳангомҳои муҳими дигар мисли садрапӯшӣ ва каштӣ[28] бастани бачагон, арӯсӣ, мотам ва ғайра. Чун Авестои кӯчак барои рафъи ҳоҷатҳои гуногуни пайравони дин фароҳам шудааст, дорои матнҳое мебошад, ки мазмуни он тарафҳои мухталифи зиндагии инсон, гоҳе хуш гоҳе нохуш, гоҳе дар вақтҳои хурсандию растагорӣ ва гоҳҳои дигар ба дуою намози махсусе бахшида шуда муҳтавои рангорангро дарбар мегирад. Аз ин ҷиҳат мазмуну муҳтавои Авестои хурд дар нусхаҳои гуногун аз ҳамдигар тафовут дошта, масъалаҳои гуногун ва дуою ситойишҳои мухталифро инъикос мекунад. Дар баъзе аз онҳо матолиб ва дуоҳое мавҷуд аст, ки дар нусхаҳои дигар дида намешавад. Илова ба он дар баъзе нусхаҳо маълумотҳое оварда мешавад, ки бисёр бостонӣ буда, ҳатто дар бахшҳои куҳани Авесто ба мушоҳида намерасад. Дар асоси суннати зардуштиёни муосир Авестои хурд аз ҷониби Озарподмеҳрсипанд – мубадони мубади даврони Шопури II сосонӣ (с. 310-379) мураттаб карда шудааст. Аз он чунин фаҳмида мешавад, ки Озарподмеҳрсипанд на танҳо аз матнҳои комили Авесто, балки сарчашмаҳои дигарро низ мавриди истифода қарор додааст. Масалан, як силсила намозу дуоҳое, мисли Хуршедниёиш, Меҳрниёиш, Аредвисурниёиш, Баҳромниёиш, ки дар Авестои хурд мундариҷ аст, аз Хуршедяшт, Меҳряшт Моҳяшт, Обоняшт ва Баҳромяшт гирифта шуда, бахшҳои тафсирии он маълумотҳои ҷадиде дар ихтиёри пажӯҳандагон мегузарад.

Аз ин рӯ, Авестои хурд дарбардорандаи чакидаҳо ва сурудҳоест, ки ҷаҳонбинӣ, бовар, андеша ва оинҳои мардуми ориёиро дар рӯзгорони бисёр қадим равшан мекунад. Дар он бо овардани номҳои бисёр таърихи куҳани ориёиёнро дар пеши назар ҷилвагар месозад. Авестои хурд оину андешаҳо, ақидаҳо ва тарзу усули зиндагии гузаштагони моро инъикос мекунад. Дар он низ мисли қисматҳои дигари Авесто мардум ба ростӣ, покӣ, дурустӣ, ҷидду ҷаҳд, кору кӯшиш, ҷашну шодмонӣ, ба андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори нек, ба ҳамкорию ҳамёрӣ, меҳру дӯстӣ, оштию созандагӣ даъват карда шудааст.

Мисли бахшҳои дигари Авесто дар охири Авестои хурд низ чунин суханон оварда шудааст: «Роҳ якест ва он роҳи ростист, ҳамаи дигар роҳҳо бероҳа аст».

Тавзеҳот

_______________

[1] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. 1. – с. 418.

[2] Крюкова В. Ю. Зороастризм. Санкт-Петербург, 2005. – с. 31.

[3] Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литературы. – с. 102.

[4] Ҳамон ҷо. – с. 81.

[5] Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно. Теҳрон. 1381. – с. 36.

[6] Дӯстхоҳ Ҷ. Авесто. Ҷ. 1. Теҳрон. 1375. – с. 35.

[7] Муминджанов Х.Х. Философские проблемы Зороастризма. – с.19.

[8] Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясна. – . 35: Донишномаи Эрони бостон. ҷ. 1. – с. 417.

[9] Кайбар, Асмуссен, Бойс. Диёнати зардуштӣ. Теҳрон, 1348. – с. 102: Пурдовуд И. Ясно. ҷ. I. – с. 28.

[10] Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литературы. – с. 56.

[11] Пурдовуд М. Ясно. Ҷ.1. – с. 22-23.

[12] Пурдовуд. Ясно. Ҷ. 1. – с. 22; Мӯъминзода Ҳ. Зардушт ва оини ӯ. – с.72.

[13] Кайбар, Асмуссен, Бойс. Диёнати зардуштӣ. – с. 56

[14] Фрай Р. Наследие Центральной Азии. С. 73; Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 16

[15] Мувофиқи ақидаи зардуштиён, ҳар офаридаи Аҳуромаздо (бо иловаи рӯҳ — ав. урвана) дорои фравашӣ мебошад. Дар Авесто рӯҳ олами худро надорад, вале фравашӣ дорои олами худ мебошад.

[16] Кристенсен А. Мулоҳизот дар бораи қадимтарин худои уди оини зардуштӣ. Теҳрон, 1336. –с. 74.

[17] Бойс М. Зороастрийцы. М. 1987. – с.52.

[18] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. 1V/ Теҳрон,1381. – с. 2303.

[19] Пном – бандест, ки ба хотири олуда накардани оташ ва вақти наздик шудан ба он ба даҳон мебанданд.

[20] Нӯшобаҳои мазҳабӣ.

[21] Ибодат ба воситаи ин шохаҳо сурат мегирад.

[22] Ашо – рост, дуруст, ҳақиқат, адл: ашаван – росткирдору ҳақиқатҷӯ.

[23] Дар ин ҷо аз се навъи муолиҷа, вале дар Урдибиҳиштяшт ва Ҳафаняшт аз чор навъи муолиҷа сухан рафтааст.

[24] Дар Авесто фариштаи муваккили каломи муқаддас Мантра Спэнта аст.

[25] Айиряман – фариштаи муваккили табобат ва дармонҳо.

[26] Дуои Мантра Спэнта дар Фарвардяшт (банди 80-81) ва Хурдодяшт (банди 4) мундариҷ аст. (ниг. Донишномаи Эрони бостон ҷ. IV. – с. 1941).

[27] Муминджанов Х. Х. Философские проблемы зороастризма. – с. 29-46.

[28] Дар дини зардуштӣ синни 15-солагӣ синни бузургӣ ва ба камол расидани ҷавон аст. Дар ин рӯз ҷавони 15- сола дар маросими бошукӯҳе либоси мазҳабии пайрави дин – садра ба тан ва каштӣ ба миён баста, дар байни ҷомеаи зардуштӣ рамзи пайрави маздаяснонро аз ҳоти 12 Ясно аз бар мехонад.

← Ба пас, ба мундариҷа

Навиштаҳои дигар

Китобхона — ШИР ШИР Ширин Бунёд. Шерозаи ваҳдат Ширин Бунёд. Шоҳи тирандоз Ширин Бунёд. Шоҳроҳи Ваҳдат: Публитсистика Широкин В. Ҷойгирони синфи коргар Широкова ...
Математика Математика Математика. Китоби дарсӣ барои синфи 1. А. Ҳамидова, Ҷ. Аҳмадова, О. Шуайбова. – Д.: Сарпараст, 2005. – 144 с. ...
Китобхона — РАҶ РАҶ Раҷаб М. Ислом: ҷадидия ва инқилоб Раҷаб Насим. Ҳикояҳо аз ҳаёти адибон Раҷабзода А. Аз нур то ситораи Акашариф Ҷӯра Раҷабзода А. Борбад ва за...
Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 2, боби 4... Фасли дувум Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ Боби чорум Осиёи Миёна дар давраи Кушониён 1. Порт, Юнону Бохтар ва кӯчма...
Диданд: 105

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>