Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 4.1.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби чаҳорум.
Оини зардуштӣ

Замон ва макони Зардушт

Шахсияти Зардушт дар таърихи инкишофи афкори маънавии инсоният чандон бузургу ҷозибанок аст, ки бисёр халқҳои бостонӣ вайро аз нобиғагони ҷаҳони куҳан донистаанд. Ҳатто чунин халқе мисли юнониҳо, ки Ғарби муосир фарҳанги онҳоро сарчашмаи тамаддуни имрӯзаи худ медонад, аз айёми куҳан бо номи ӯ ошно буда, дар бораи дини ӯ маълумоти муайяне доштаанд.[1] Онҳо мувофиқи расму оини бостонии худ, бо хатми ҳар садсола аз миёни доноёни он замон ҳафт нафар хирадманд интихоб мекарданд, ки дар пешрафту комёбии моддӣ ва маънавии халқи Юнон саҳми бештар гузошта бошанд. Ҷолиб аст, ки дар китоби «Строматы»-и Клименти Александронӣ дар миёни ҳафт нафар хирадмандони юнонӣ ду нафар орёӣ, яъне Зардушт ва Абарис зикр карда шудаанд.[2]

Вале дар ҳамон давра ҳам юнониёни қадим дар бораи замони зиндагии Зардушт маълумоти дақиқ надоштанд. Масалан, қадимтарин муаррихи онҳо Ксанф, ки дар асри V то м. зиста, аз Зардушт ёдоварӣ кардааст, замони зиндагии паёмбари дини нахустини яктопарастиро 6000 сол пеш аз лашкаркаши Хишоёршо ба Юнон муайян кардааст. Вале муаррихони дигари Юнони қадим Николаи Дамаскӣ ва Диогени Лаэрти, ки аз осори Ксанф истифода кардаанд, ин санаро 600 сол пеш аз лашкаркашии номбаршуда зикр намудаанд. Тавре ки маълум аст, Хишоёршо – писари Дорои 1 ба Юнони қадим дар ҳудуди соли 480 то м. ҳамла карда буд.[3]

Агар рақами аввалро афсонавӣ пиндорем, рақами дуюм то андозае ба ҳақиқат наздик аст (600+480=1080) ва ба асри XI то м. рост меояд. Ктезиас (404-358 то м.) табиби дарбори ҳахоманишӣ замони зиндагии Зардуштро асри Х111 то м., Свид асри Х то м. ва Плутарх 5000 сол пеш аз ҷанги Троя[4] донистаанд.[5]

Дар рисолае, ки ба Ориген нисбат дода шудааст ва дар бораи фирқаҳои мазҳабӣ ва ҷараёнҳои фалсафии замони бостон ҳикоят мекунад, Пифагор (582-497 то м.) — файласуф ва риёзидони маъруфи юнонӣ шогирди Зардушт номида шудааст. [6] Аз рӯйи маълумоти ин китоб, Зардушт ҳамасри Пифагор аст.

Эудокс ва Арасту — муаррих ва файласуфи маъруфи Юнон замони зиндагии Зардушт – созмондиҳандаи оини муғро, ки дорои афкори фалсафаю ахлоқист, 6000 сол пеш аз Афлотун донистаанд.

Таърихи суннатии зуҳури Зардушт дар ду рисолаи мазҳабӣ — «Бундаҳишн» ва «Ардавирофнома», ки дар асрҳои 1Х-Х мураттаб шуда, меъёрҳои динӣ ва ахлоқии ин оинро мавриди баҳс қарор додаанд, баён гардида. Дар онҳо космологияи зардуштӣ инъикос ёфта, мувофиқи он умри ҷаҳон аз 12 ҳазор сол иборат аст. Дар се ҳазор соли нахуст Худованд тамоми мавҷудоти оламро дар шакли ҷаҳони мусул[7][8] (олами идеяҳо), ки ҳамон ҷаҳони фравашиҳо аст, халқ кардааст ва дар ин сеҳазорсола аносири ҷаҳон беҳаракат буда, ҳамаи онҳо поку беолойиш будаанд. Ин давра дар Бундаҳишн бо номи «менӯг» зикр шудааст. Дар сеҳазораи дуюм, ки Аҳриман ба вуҷуд омад, тамоми ашёи ҷаҳон омехта гардида, давраи гумезишн оғоз шуд, ки ҳолати кунунии ҷаҳон аст.[9] Дар ин марҳила фурӯҳарҳо ба худ қолиби моддӣ гирифта, якҷо бо изадон ба ҳаракат ва мубориза мепардозанд. Сурати фалакӣ ё фурӯҳари Зардушт дар охири сеҳазорсолаи аввал ва ибтидои сеҳазорсолаи дуюм офарида шудааст. Ҳамин тариқ, ӯ 258 сол пеш аз инқирози салтанати ҳахоманишӣ ба пайғамбарӣ мерасад. Ба ибораи дигар, фравашии вай дар ҳудуди соли 630 то м. ба шакли қолиби моддӣ даромадааст.

Дар «Ардавирофнома» бошад, замони пайғамбарии Зардушт 300 сол пеш аз ҳамлаи Искандар ба империяи ҳахоманишӣ зикр шудааст. Чун ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ба Эроншаҳр дар соли 330 қабл аз милод сурат гирифтааст, таърихи таваллуди Зардушт дар ҳудуди соли 660 то м. муқаррар шудааст.[10]

Дар суннати мазҳабии маздаясна омадааст, ки Зардушт аз таблиғи дини худ дар ватани хеш ноком гардида, ба дарбори подшоҳи каёнӣ Виштосп раҳсипор гардид ва дар он ҷо динаш пазируфта шуд. Дар асоси ин ривоят, баъзе муҳаққиқон сулолаи каёниро бо сулолаи ҳахоманишӣ ва подшоҳони сулолаи Мод яке дониста, Кай Гуштосп — подшоҳи каёниро бо Виштосп — падари Дорои 1 монанд кардаанд.[11] Зардушт дар Готҳо аз Кай Гуштосп тавре сухан меронад, ки гӯё ӯ шоҳи афсонавӣ набуда, шоҳи зиндаи қодиру тавоност ва ҷалолу ҷабарути вай мояи тарсу ҳароси подшоҳони дигар аст. Ҳертсфелд ва Ҳертел тасаввур кардаанд, ки Кай Гуштоспи Авесто ҳамон Виштоспи падари Дорои 1 (522-486 то м.) аст, ки аз номи писараш дар вилояти Порт ё Парсава фармонраво буд. Худи Доро дар катибаи Беҳсутун аз падари худ ҳамчун яке аз шаҳрбонҳои маъмулӣ ном мебарад. Доро дар ин сангнавишта чунин овардааст: «Парсава (бахше аз Эрон, Туркманистон ва Ӯзбекистони кунунӣ) ва Варкона (Гургон) зидди ман шӯриш бардоштанд ва худро ҷонибдори Фравартиш эълон карданд. Мардуми он ҷо аз падарам Виштоспа, ки дар Порт буд, итоат накарданд. Он гоҳ лашкар, ки ба Виштосп вафодор монда буд, берун рафт ва дар як шаҳри Порт ба номи Виспа Узатиш ба мубориза пардохт. Аҳуромаздо ӯро ёрӣ намуд, ба хости Аҳуромаздо Виштоспа лашкари шӯришиёнро саркӯб кард. Ин ҳодиса дар 22 моҳи вияжна (5.11.521 то м.) рӯй дод». Доро дар охири ин катиба мегӯяд: «Ман аз Рай лашкаре ба ёрии Виштоспа фиристодам ва дар як шаҳри Порт бо номи Патиграбона дубора дар аввали моҳи гармапада (мутобиқ бо 3.IV. 520 то м.) ҷанге воқеъ шуд ва Виштоспа қувваи шӯришиёнро дарҳам шикаст ва кишвари Порт дигарбора зери фармони ман даромад».[12] Аз ин далелҳо чунин бармеояд, ки аввалан, Виштоспа — падари Доро соҳиби унвони шоҳӣ намебошад. Сониян, суннати зардуштӣ Балхро ба унвони марказ ва пойтахти ин шоҳ зикр менамояд. Дар асоси далели боло Ҳертел ва Ҳертсфелд Зардуштро ҳамасри Доро ва падари вай медонанд.

Омӯзиши илмии дини маздаясно, Авесто ва паёмбари он дар асри XVIII шурӯъ шуда, то ба имрӯз идома дорад. Дар ин давра дар баробари таҳқиқоти васеи осори хаттӣ, забоншиносии муқоисавӣ падид омада, ковишҳои нисбатан васеи бостоншиносӣ сурат гирифтанд. Риштаҳои мутазаккираи илм, ба иловаи топография, топонимика, ономастика барои равшан кардани таърихи бостон ҳаҷми зиёд ва рангоранги маълумотҳоро дар ихтиёри олимон гузошт. Партав ва муҳтавои ин маълумотҳо донишмандонро ба кашфи бисёр мушкилот, аз он ҷумла ба таъини замони зиндагии Зардушт наздик кард. Вале сарфи назар аз он як гурӯҳ муҳаққиқони муосир, аз ҷумлаи Ҳеннинг, Алтхайм, Мейе ва ғайра таърихи суннатии ба паёмбарӣ баргузида шудани Зардуштро пазируфтаанд.

Ҳеннинг дар натиҷаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи суннатӣ, се давраро ҳамчун замони зиндагии Зардушт пешниҳод кардааст: 553-650: 551-628: 541-618.[13] Бобоҷон Ғафуров низ дар «Тоҷикон» таърихи суннатиро ҷонибдорӣ карда, замони зиндагии Зардуштро охири асри VII аввали VI то м. ҳисоб мекунад, вале эҳтимол медонад, ки он чанд сада пештар бошад.[14]

Ҳиндушиноси маъруфи ҳолландӣ Ф. Кёйпер чунин мешуморад, ки забони Зардушт, ки аз унсурҳои умдаи лаҳҷаҳои гуногун мураттаб гардида, забони адабии он замон мебошад, аз бисёр ҷиҳат нисбат ба забони Ригведа бостонитар аст. Вай аз рӯйи муқоиса ва меъёрҳои забоншиносӣ замони зиндагии Зардуштро пеш аз соли 800 то м. медонад.[15]

Гурӯҳи дигар ба замони қадимтар ишора менамоянд. Масалан, Ломмел назарияи Ҳертелро дар бораи он ки Гуштоспи Авесто падари Дорои 1 аст, ба куллӣ беасос медонад. Вай ба катибаи Саргон — подшоҳи Ошур, ки дар соли 714 то м. тартиб дода шуда, дар он номи Маздо ба чашм мехӯрад, ишора кардааст. Дар асоси ин катиба вай зуҳури Зардуштро хеле пеш аз соли 714 то м. ва пеш аз салтанати Ҳахоманишиҳо ва Модҳо медонад. Эдуард Мейер ҳам ба катибаи подшоҳони Ошур ишора менамояд. Дар онҳо номи баъзе аз ашрофони модӣ Маздаҳу номида шудааст. Вай ин номҳоро нишонае аз маздопарастии қабилаҳои Мод дониста, даврони зиндагии вахшури ориёиро пеш аз садаи 1000 то м. намешуморад.[16]

Ҳарлез ба ривоятҳои юнонӣ дар бораи замони ҳаёту фаъолияти Зардушт аҳамияти нисбӣ дода, ба ҳуҷҷату катибаҳое, ки марбут ба садаи XIV то м. дар наздикии Анқара ба даст омадааст, таваҷҷуҳ намудааст. Вай забони Готҳо ва санскритро муқоиса карда, ба чунин хулоса омадааст, ки ин замон набояд аз садаи XIV то м. поёнтар бошад. Бартоломе даврони зиндагии паёмбари ориёиро дар асри 1Х то м. ва Везендонг дар миёни садаҳои 1000 ва 900 то м. донистаанд. Виндишман, Гейгер, Тил, Олденберг ривояти суннатии зиндагии Зардуштро комилан нодуруст дониста, онро бо далелҳои муътабар рад мекунанд ва даврони ҳаёту фаъолияти ӯро дар ҳудуди солҳои 1200 то 800 то м. медонанд.[17]

Авестошиноси немис Мултон бар зидди онҳое, ки Зардуштро шахсияти афсонавӣ ҳисоб мекунанд (Гусинг, Дармстетер) баромада, ибрози эътимод мекунад, ки таронаҳои Зардушт дар давраи бисёр қадим падид омадааст. Готҳо, образҳои ба вуҷуд овардаи он, эҳсосоти Зардушт, одамон ва муносибатҳои онҳо бо паёмбар аз он ҳикоят мекунанд, ки гӯяндаи ин сурудҳо шахси таърихӣ буда, нобиғаест, ки асари бузургеро ба вуҷуд овардааст. Мултон ба воситаи назарияҳои нуҷумӣ аз истилоҳоти Готҳо чунин хулоса мекунад, ки зуҳури Зардушт байни солҳои 1800 то 900 то м. аст.[18]

Авестошиноси маъруфи англис Мэри Бойс дар китоби худ «Зардуштиён» замони зиндагии паёмбари орёиро байни солҳои 1500 ва 1200 то м. дониста, дар таҷдиди ин асар дар асоси таҳқиқи лаҳҷа ва истилоҳоти Готҳо ба чунин хулоса омадааст, ки Зардушт дар ҳудуди солҳои 1200 то м. умр ба сар бурдааст.[19] Ин мутахассиси номдори Авесто дар китоби наваш «Чакидаи таърихи кеши Зардушт» ақидаҳои худро чунин баён месозад: Ба фикри ӯ, сулолаи ҳахоманишӣ ҳадди ақал аз замони Куруш,[20] яъне дар миёнаҳои садаи VI то м. дини зардуштиро пазируфта буданд.[21] Онҳоро низ мисли соири қабилаҳои Порс муғҳои Мод ба ин дин ташвиқ карда буданд. Ба фикри ӯ, худи муғони Мод низ пеш аз соли 700 то м. ин динро пазируфта наметавонистанд. Аз ин чунин хулоса мегирад, ки матнҳои Авестои навшуда бояд пеш аз ин таърих ба шакли қатъии худ даромада бошанд. Сипас барои ёфтани далел ба Авесто муроҷиат мекунад. Дар Фарвардиняшт (банди 97) ба ному фравашии Саена[22] ном шахсе дуруд фиристода шудааст. Пас аз гузашти замоне дар банди 126-и ҳамин яшт ба ному фравашии касоне дуруд фиристода мешавад, ки наберагони ҳамин Саена мебошанд. Яъне Тиру Накасва, Утаюти ва Фруҳакафра. Ба фикри ӯ, агар ба ҳар насле 30 сол ҷудо кунем, аввал ин ки ҳамин бандҳои Фарвардиняшт пас аз 90-соли банди 97 ба ин яшт ҳамроҳ карда шудааст. Сониян, барои тартибу тадвини комили он 100-150-сол зарур аст. Аз инҳо ва далелҳои дигар чунин натиҷагирӣ мекунад, ки яштҳои куҳани Авесто дар садаҳои XI-VIII то м. таҳаввулу такомул пайдо кардаанд. Аз тарафи дигар Саена писари Аҳумстут, ки аз ӯ дар банди 97 сухан рафтааст, нахустин рӯҳонии ориёӣ буд, ки мувофиқи Авесто ба беш аз 100 талаба тадрис мекард. Аз ин муҳаққиқ ба чунин хулосаҳо мерасад, ки дар он давра мактабҳои доимӣ ва босуботи мазҳабӣ амал мекарданд ва дини зардуштӣ чунон вусъату интишор пайдо карда будааст, ки дар пеши як нафар устод беш аз 100 шогирд тарбия шуда, ҳамаи онҳо ба ҷомеа ирсол мешудаанд. Ба ақидаи донишманд, барои он ки дини ҷадид ба чунин зинаи пешрафт ноил ояд, тахминан 150-200 соли дигар лозим аст. Ва аз ҷамъбасти ҳамаи инҳо ба чунин хулоса меояд, ки наздиктарин замони бунёдгузории дини зардуштӣ садаи ХI то м. мебошад.[23]

Ричард Фрай нисбат ба солшумории суннатӣ, ки ҳудуди соли 600-уми то м.-ро даврони зиндагии вахшури ориёӣ мешуморад, асри Х то м.-ро санаи воқеитар медонад.[24] Артур Кристенсен дар бораи ин масъала чунин менависад: «Кеши зардуштӣ пеш аз муҳоҷирати бузурги қабоили ориёӣ дар миёни қабоили эронӣ мунташир шуда буд ва модҳову порсиён ҳангоме, ки дар нимаи аввали қарни нуҳуми қабл аз мелод ё дертар шурӯъ ба ҳаракат ба тарафи мамолики ғарбӣ карданд, ин кешро бо худ оварда буданд. Лекин баъдҳо дар натиҷаи ҷудо гардидани ақвоми шарқӣ ва ғарбии ориёӣ, оини зардуштӣ ба суратҳои мухталифе дар ин минтақа такомул ёфт. Агар ҳақиқати амр ҳамин бошад, бисёр душвор аст, ки аҳди Зардуштро замони муаххир аз ҳазор соли пеш аз мелоди Масеҳ донист».[25] Чун овардани ҳамаи фикру мулоҳизаҳо, аз имкони мо берун аст, ба асарҳое, ки фақат дар солҳои охир ба чоп расидаанд, иктифо мекунем. Масалан, авестошиноси маъруфи рус С.Н. Соколов дар муқаддимаи китоби «Авеста дар тарҷумаҳои русӣ (1861-1996)», ақидаҳои гуногунро ҷамъбаст карда, ҷонибдори он аст, ки Зардушт дар давраи пеш аз империяи ҳахоманишӣ (551-330 то м.) зиндагӣ кардааст.[26] Кляшторный С.Г. ва Султонов Т.И. даврони зиндагӣ ва фаъолияти паёмбари ориёиро охири ҳазораи 2 ва ибтидои ҳазораи 1 то м. ҳисоб мекунанд.[27] Донишманди дигари рус И. М. Стеблин-Каменский низ андешаи баъзе муҳаққиқони Ғарбро дар бораи афсонавӣ будани шахсияти Зардушт комилан рад карда, даврони зиндагии ӯро ҳудуди охири ҳазораи 2 ва аввали ҳазораи I то м. зикр мекунад.[28]

Крюкова В.Ю санаи И. М. Стеблин — Каменскийро тарафдорӣ карда, маҳалли хурӯҷи Зардуштро доманакӯҳҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷануби Урал то кӯҳҳои Саяну Олтой, ба шумули доманаи кӯҳҳои Тиёншон, Помир, Алтай ва Ҳиндукуш муайян мекунад.[29]

Дар ин бобат ибтикору ташаббуси донишмандони эронӣ низ қобили ёдоварӣ аст. Устод Иброҳими Пурдовуд ақидаи ҳамаи муаррихон ва файласуфони Юнони қадим ва Румро, ки дар ин мавзӯъ ибрози назар кардаанд, ҷамъоварӣ ва таҳлил намуда, дар охир аз ақидаи муаррихи юнонӣ, ки даврони зиндагии паёмбари ориёиро садаи ХI то м. медонад, ҷонибдорӣ кардааст.[30]

Муҳаққиқи дигари эронӣ Забеҳи Беҳрӯз менависад: «Зардушт дар соле, ки Кай Гуштосп ба тахт нишаста буд, мутаваллид шудааст. Дақиқӣ дар «Шоҳнома» таърихи ҷулуси Гуштоспро бо ин байт додааст:

Ҳаметофт бар ҷаҳон яксара,
З-урдибиҳишт офтоб аз бара.

Бинобар ин байт ду таърих барои мелоди Зардушт ба даст меояд. Яке соли 260 то м. ва дигаре соли 1767 то м.. Маълум аст, ки соли 260 то м. ба аҳди Зардушт тавофуқ надорад.[31]

Забеҳи Беҳрӯз дар натиҷаи таҳлили солшумориҳои бостонии Эроншаҳр (форсии қадими динӣ, яздигурдӣ, пешдодӣ ва баҳизакӣ) аз се тариқ соли таваллуди Зардуштро соли 1767 то м. хулоса кардааст, ки ба овардани яке аз онҳо иктифо намудем.[32] Муҳаққиқони дигари эронӣ Жолаи Омӯзгор ва Аҳмади Тафаззулӣ даврони ҳаёт ва фаъолияти вахшури бостониро миёни садаҳои 1200 то 1000 то м. ҳисоб мекунанд.[33]

Ҷалолиддини Оштиёнӣ пас аз таҷзияю таҳлилу муқоисаи сарчашмаҳои ведоӣ ва Авесто ба чунин натиҷа расидааст, ки Готҳо ва Ригведа ҳамзамон тадвин гардида, таърихи зуҳури Зардушт дар асрҳои XVIII ва XIV то м. сурат гирифтааст.[34]

Ақидаҳо дар бораи зодгоҳи Зардушт гуногун аст, ки овардани ҳамаи онҳо аз ҳудуди имкони мо хориҷ аст. Ба сабаби жарфияти замон, даврони бисёр дури зиндагии Зардушт, мавҷуд набудани далелҳои муътамаду боварибахш дар Авесто ва санадҳои катбии дигар муҳаққиқон маҷбур буданд, аксаран аз ишораҳои алоҳида, нишонаҳои ҷудогона ва далелҳои ночизу номуътамад хулосаҳои бузург дарёфт намоянд. Дар баробари ин норасоии дигаре низ вуҷуд дорад, ки он хулосабарориҳои ҷиддӣ танҳо дар асоси бозёфтҳои бостоншиносӣ мебошад.

Муаррих ва бостоншиноси маъруфи рус Массон В.М., ки асарҳои илмӣ ва бозёфтҳои бостоншиносии ӯ дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ қобили қабули тамоми донишмандони ҷаҳон қарор гирифтааст, дар ин бора менависад: «Воқеан бояд дар назар дошт, ки баҳсҳои бостоншиносӣ дар муқоиса бо ҳуҷҷатҳои катбӣ, одатан, ба хотири нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот ихтисос дода намешуданд. Онҳо фақат натиҷа ё ҳамсафари ин ё он ҷараёнҳое буданд, ки дар ҷомеаҳои бостонӣ ба вуҷуд омада, пеш аз ҳама, ҷараёнҳои культурогенезро инъикос мекарданд. Аз ин рӯ, истифодаи маводи бостоншиносӣ дар азнавсозии манзараи таърихӣ эҳтиёти фаровонро тақозо мекунад».[35]

Чунин муносибатҳои якҷониба боис гардидааст, ки ҳудуди ватани Зардушт аз соҳили баҳри Миёназамин қариб тамоми Осиёро фаро гирифта, то ҳудуди Евразия муайян шавад. Бахусус муаррихони асри миёна, ки таҳти таъсири таҳрифоти даврони сосонӣ қарор гирифта буданд, маълумоти гуногун додаанд. Масалан, Табарӣ, Ибн-ал Асир, Мирхонд чунин навиштаанд, ки ӯ аз аҳли Фаластин буда, фаъолияти мазҳабии ӯ дар қаламрави Озарбойҷони муосир сипарӣ шудааст. Муҳаммади Шаҳристонӣ дар асараш «Ал-милал ва-н-ниҳал» падари Зардушт Пурушасбро аз аҳолии Озарбойҷон ва модараш Дуғдуяро аз мардуми Рай медонад.[36] Муаллифони «Низом-ут-таворих» ва «Нафоис-ул-фунун» вайро аз Хуросон ҳисоб карда, чунин мешуморанд, ки Гуштосп дар ин ҷо ба ӯ гаравидааст.

Ибни Хурдодбеҳ, Балозурӣ, Ибн-ал Фақеҳ, Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Ёқут ва Қазвинӣ маҳалли валодати ӯро Урмияи Озарбойҷон гуфтаанд.[37] Китоби паҳлавии «Шаҳристонҳои Эрон» ӯро аз Рай гуфтааст.[38] Зоҳиран муаллифони он ба яснои 19, банди 18 такя кардаанд, зеро ки дар он шаҳри Рай бо истилоҳи «Рагаи Зардушт» ёд шудааст.

Дар даврони омӯзиши илмии Авесто дар Аврупо, ки аз асри XVIII оғоз гардидааст, ҳамон мушкилот боқӣ монда, ба хотири равшан кардани даврони зиндагии Зардушт имрӯз ду риштаи нисбатан наве ба фаъолият оғоз карданд, ки пажӯҳишҳои бостоншиносӣ ва забоншиносии муқоисавӣ мебошанд. Ба илова, имрӯз таваҷҷуҳи инсонҳои бохирад, сарфи назар аз вобастагиҳои гуногуни онҳо ба гузаштаи худ, бахусус таърихи бостонӣ хеле афзуда, сафи донишмандон ва муҳаққиқонро бештар кардааст ва ба неруи пажӯҳишии онҳо вусъат бахшидааст. Бозёфтҳои бостоншиносии собиқ шӯравӣ дар солҳои 50-80-уми асри гузашта дар ҷануби Русия, Қазоқистони марказӣ, доманаҳои кӯҳҳои Тиёншон ва Помир, Ҳафтрӯд, дар Хоразму Бохтар ва бахусус кашфи Аркаим таваҷҷуҳи донишмандони ҷаҳонро ба ин минтақа ҷалб намуд.

Профессор Артур Кристенсен дар асари маъруфи худ «Каёниён» мубоҳисони маҳалли валодати Зардуштро ба се гурӯҳ тақсим карда ба гурӯҳи аввал онҳоеро мансуб намуда, ки Зардуштро аз навоҳии ғарбии Эрон медонанд, ба гурӯҳи дуюм онҳоеро ҷой дода, ки маҳалли валодати ӯро машриқи Эроншаҳри бостон мепиндоранд ва ба гурӯҳи сеюм назари онҳоеро номбар кардааст, ки ба фикри онҳо, Зардушт дар мағриби Эрон таъқиб шуда, барои интишори оини хеш ба машриқи ин кишвар рафтааст.

Ин донишманди даниягӣ нисбати он ки эрониён дар давраҳои мухталифи таърихӣ мувофиқи манфиати сиёсии худ маҳалли «Айиряна Ваеҷа» ватани Зардуштро тағйир медоданд, чунин менависад: «Дар оғози давраи Ашкониён «Айиряна Ваеҷа»-ро ба ноҳияи Хоразм интиқол дода буданд ва ҳол он ки баъдҳо, ки маркази шоҳаншоҳӣ муҷаддадан ба мағриби Эрон интиқол ёфт, сайъ шуд, ки «Айиряна Ваеҷа»-ро дар ҳудуди Озарбойҷон ҷустуҷӯ кунанд».[39]

Бо вуҷуди ин ки имрӯз ба бисёр масъалаҳои таърихи дури гузаштаи ин минтақа равшанӣ андохта шуда, дар масъалаҳои гуногун дидҳои ҷадид ва мулоҳизоти наве падид омадаанд, аммо маҳалли сукунату зиндагии Зардушт то ҳанӯз ба таври дақиқ мушаххас нагардидааст. Масалан, Бартоломе зодгоҳи Зардуштро шимолғарбии Эрон медонад. Ба фикри ӯ, паёмбар мактаби худро дар Озарбойҷон поягузорӣ карда, баъдан маҷбур гардид ба минтақаҳои шарқи Хуросон ва Афғонистони кунунӣ муҳоҷират намояд. Чун вай дар қаламрави давлати каёнӣ қарор дошт, Гуштосп -подшоҳи мамлакат ба вай имон оварда, пайрави ӯ гардид.[40] Ба ақидаи ин донишманд густариши дини маздаясно дар атрофи кӯли Ҳомун, воқеъ дар ҷануби Афғонистон оғоз гардида, ба сӯи шимол интишор пайдо кардааст. Чун растохез дар атрофи кӯли Чаечести авестоӣ оғоз хоҳад шуд ва Ҳертсфелд онро кӯли Ҳомун медонад, ба ақидаи ӯ маҳалли зуҳури вахшури ориёӣ инҷост.[41] Профессори дигари немис Гелднер хостгоҳи паёмбарро, бино ба таҳлили забони Готҳо ба минтақаи байни Парфия ва дарёи Ҳинд нисбат медиҳад. Вай маҳалли пайдоиши Ведаҳо — китобҳои муқаддаси ҳиндуёни қадимро дар Ҳинди муосир ҳисоб карда, нисбати шабоҳати забонӣ маҳалли пайдоиши Авесторо дар ҳамсоягии он, яъне Систони имрӯза медонад. Аз ин хулоса мебароранд, ки зуҳури Зардушт дар ин сарзамин сурат гирифтааст.[42] Ричард Фрай ҳам забони ду лаҳҷа – Готҳо ва Хурда Авесторо муқоиса карда, мутмаин аст, ки ин забонҳо бо забони вилоятҳое, ки дар байни биёбонҳои марказӣ ва кӯҳҳои Афғонистон қарор доранд, бештар мувофиқат мекунанд.[43]

Чун падари Дорои 1 (522-486 то м.) Гуштосп ном дошта, ҳокими яке аз сатрапҳои шарқии империяи ҳахоманишӣ будааст, Ҳертел падари Дороро ҳамон Гуштоспи Готҳо дониста, муътақид аст, ки Зардушт дар ғарби Эрон ба камол расида, баъд ба хотири густариши дини худ ба шарқ муҳоҷират намудааст. Ба фикри ӯ, Зардушт дар дарбори Гуштоспи ҳахоманишӣ -ҳокими Парсава пазируфта шуда, дар шахси ӯ пуштибон ва ҳимоятгари худро пайдо кардааст. Ҷексон низ боварӣ дорад, ки Зардушт аҳли Озарбойҷон ва ватани модари ӯ ҳамин минтақа аст. Баъдан вай ба сӯйи шарқ равон шуда, Готҳоро дар он ҷо танзим кардааст. Сабаби ин ки баъзеҳо маҳалли валодати ӯро бахшҳои ғарбии Эрон ташхис додаанд, иборат аз он аст, ки Рай ва Озарбойҷон дар давраи Ашкониён ва Сосониён марказҳои муҳими дини зардуштӣ буда, оташкадаҳои маъруфи бостонӣ ба он ҷо интиқол дода шуда буданд.[44]

Чизи муҳими дигаре, ки дар ин ҷо бояд зикр кард ва он ба таъини маҳалли валодати Зардушт халал мерасонад, иборат аз он аст, ки сарнавишти дини маздаясно пас аз интиқоли он аз шарқ ба ғарб дар ихтиёри муғони модӣ қарор гирифт[45] ва онҳо на танҳо дар ҷуғрофия, балки дар муҳтавои Авесто тағйироти фаровон ворид намуданд. Аз ин рӯ, дар бораи ҳаёту фаъолияти Зардушт ривоятҳои гуногуни суннатии мазҳабӣ мавҷуд аст, ки маҳалли зиндагии ӯро дар минтақаҳои мухталиф нишон медиҳад.[46]

Мувофиқи яке аз онҳо, Зардушт дар хонаводаи подшоҳони Мод ба дунё омадааст. Зодгоҳи ӯ дар Озарбойҷон, дар соҳили кӯли Урумия мебошад. Исми хонаводагии ӯ Спитама, номи падараш Пурушасп ва модараш Дуғду будааст. Падари ӯ марди донишманду фозил буда, модараш духтари яке аз ашрофони эронӣ мебошад. Пас аз таваллуд номи Спитама, ки номи бобои Зардушт будааст, ба ӯ гузоштаанд. Яке аз муъҷизаҳое, ки Зардушт ҳангоми таваллуд нишон додаст, гӯё ин аст, ки вай бо садои ханда қадам ба ин ҷаҳон ниҳодааст. Пас аз таваллуд вай муъҷизаҳо ва каромоти зиёде нишон додааст. Вай дар 15-солагӣ аз ҳамсолон канорагирӣ карда, аксаран дар олами фикру андеша будааст. Дар 30-солагӣ Зардушт ба нубувват мабъус гардида, дар чеҳрааш нури илоҳӣ дурахшидааст. Готҳо тавассути ваҳйи худовандӣ ба ӯ дар кӯҳи Сиблони воқеъ дар Озарбойҷон мерасад. Вай дар ғарби Эрон 12 сол дини худро таблиғ кард, вале чун дар ин минтақа гӯши шунавое пайдо накард ва мавриди таъқиби рӯҳониёни динҳои политеистӣ ва табақаи ҳокимаи замонааш қарор гирифт, маҷбур ба тарки зодгоҳи худ шуд. Ӯ аз ғарби мамлакат ба шарқи он, яъне навоҳии Балху Хоразм раҳсипор шуда, дар он ҷо ба таблиғи дини худ пардохт.

Дар Бохтар Гуштосп — подшоҳи он сарзамин бо мушкилоти зиёде ба дини вай имон овард. Интишори дини Зардушт аз Бохтар оғоз гардида, ба сарзаминҳои дигар интишор ёфт. Дар густариши дин ба ӯ Гуштосп -подшоҳи охирини каёнӣ, Фрашуштра ва Ҷомосп-вазири вай ҳомӣ ва пуштибон гардиданд. Арҷосп-подшоҳи Тӯрон душмани асосии интишори дини Зардушт буд. Пас аз 35 соли зуҳур ва инкишофи дини маздаясно, Зардушт дар яке аз ҷангҳои охирине, ки байни Гуштосп ва Арҷосп сурат гирифт, дар сини 77-солагӣ кушта шуд. Номи қотили ӯро тӯроние бо исми Бротрукраш овардаанд.[47]

Донишманди эронӣ Ҷалолиддини Оштиёнӣ ақидаҳоеро, ки тибқи он шимол ва шимол-ғарбии Эрони муосир ва Озарбойҷон ватани Зардушт аст, ҷамъбаст намуда, чунин навиштааст: «Тақрибан тамоми донишмандоне, ки маҳалли валодати Зардуштро дар ғарби Эрон донистаанд, таҳти таъсири ривояти суннатӣ ва устураи мазҳабӣ қарор гирифта, ҳеҷ гуна далеле ғайри ин ривоятҳо пешниҳод накардаанд. Дар ҳоле ки имрӯз мусаллам шудааст, ки ин сарчашмаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ асолат надоранд. Ҷолиб аст, ки худи ҳамин муҳаққиқон ин ҳақиқатро таъйид мекунанд. Дар баррасии шарҳи ҳоли Зардушт мантиқ ҳукм мекунад, ки бо равиши систематикӣ ба кашфи ҳақиқат пардозем ва чун ривоятҳои суннатӣ дар рӯи устураҳои афсонагун устувор аст, аз такя ба онҳо парҳез намоем».[48]

Дар илми авестошиносӣ, мисли соири илмҳо, ҳар тадқиқоти ҷиддӣ, ки аз ҷониби пажӯҳишгарон сурат мегирад, ба гӯшае аз мубҳамот ва норавшаниҳои мавзӯъ равшанӣ меандозад. Чун имрӯз заминаи амалии тадқиқот васеъ гаштааст, аксари донишмандон дар натиҷаи таҳлили амиқи матнҳои Авесто, муқоисаи он бо Ведаҳо, сарчашмаҳои паҳлавӣ, осори муаррихони асрҳои миёна ва бахусус истифодаи васеи бозёфтҳои бостоншиносӣ, топография, топонимика, забоншиносии муқоисавӣ ба чунин хулоса омадаанд, ки зодгоҳи вахшури ориёӣ дар шарқ ва шимол-шарқии Эроншаҳри бостон воқеъ будааст.

Рукниддин Ҳумоюн Фаррух – яке аз донишмандони Эрони муосир дар ин бора навишта: «Ба тавре ки медонем, он 16 кишвар[49] ҳама дар шарқи Эрон ҳастанд, бинобар ин дар Авесто ному нишони як шаҳр ё як кишвари воқеъ дар ғарби Эрон наомада ва метавон гуфт, ки ин маврид беҳтарин далелу гувоҳи содиқ аст ба ин ки Зардушт ҳеҷ гоҳ дар ғарби Эрон ва ё Озарбойҷон назистааст, чӣ агар ҷуз ин буд, имкон надошт, аз зодгоҳи худ мутлақан ёде накунад ва номи кишвар ё шаҳрро набарад».[50] Зултсер –шарқшиноси олмонӣ дар баррасие, ки дар соли 1979 ба амал оварда буд, навиштааст, ки то садаи охирин назарияе, ки дар замони Сосониён аз тарафи теологҳои зардуштӣ баён мешуд ва мутобиқи он Зардушт аз шимол-ғарбии Эрон, сарзамини Модҳо ё Озарбойҷон реша гирифта буд, мавриди қабул қарор гирифтааст. Ахиран собит шудааст, ки ин тасаввур фақат пояи сиёсӣ дошта ва фақат афсонае будааст. Аз ин фикр Дюшен-Гийемен ҷонибдорӣ кардааст.[51] Омили муҳими дигаре, ки донишмандон манотиқи ғарби Эронро мардуд медонанд омили забонист. Забони авестоӣ дар муқоиса бо дигар забонҳои эронӣ забонест, ки мутааллиқ ба шарқи Эроншаҳри бостон аст ва дар ин китоб ҳеҷ нишоне аз вожаҳое, ки асли модӣ ё форсии бостон дошта бошанд, дида намешавад.[52]

Аз ин рӯ, дар охири нимаи аввал ва дуюми асри гузашта пажӯҳишгарон ҷиҳати таъини зодгоҳи паёмбари дини нахустини яктопарастӣ ба шарқ ва шимолу шарқии Эроншаҳри бостон рӯ оварданд. Дар ин давра ҳам, чун таъини ҳудуди мушаххаси зодгоҳи Зардушт минтақаи васеъро дарбар мегирифт, мушкилоти зиёде ба вуҷуд овард. Дар суннати зардуштӣ Балх (Бохтар)- маркази мазҳабии ин дин ба шумор мерафт. Аз ин ҷиҳат аксари донишмандони муосир ин маҳалро зодгоҳи паёмбар шинохтаанд. Масалан, Винденгрен ватани Зардуштро дар ҳудуди Хоразм, Бохтар, Суғд ва атрофи кӯли Арал нишон медиҳад. Зеҳнер бахшҳои шимоли Афғонистонро чунин минтақа медонад.[53] Неолӣ бар он аст, ки зодгоҳи Зардушт дар ноҳияе миёни Ҳиндукуш ва Ҳомун дар Афғонистон аст. Ба назари вай шимолтарин ноҳияе, ки ҳудуди фаъолияти Зардушт будааст, Балх, Ҳирот ва ҷанубтарин ноҳия Заранг ва Рахҷ аст.[54] Маркварт маълумоти Ҳеродотро ба эътибор гирифта, ба чунин натиҷа расидааст, ки он водиҳои дарёи Таҷан мебошад.[55]

Имрӯз муҳаққиқон минтақаи Бохтарро, ки аз рӯйи ривояти суннатии дини зардуштӣ маркази мазҳабии дини маздаясно ба шумор меравад, бо дастовардҳои имрӯзаи авестошиносӣ муқоиса карда, ҳоло ин маҳалро иқоматгоҳи муваққатии қабилаҳои эронӣ дар сари роҳи онҳо ба ватани таърихии онҳо медонанд. Гузашта аз ин, далелҳои забоншиносӣ, ки дар исботи масъала мақоми муҳим доранд, номувофиқатии забонҳои авестоӣ ва забони бохтарии қадимро ифшо намудааст. Дар пешгуфтори «Авесто дар тарҷумаҳои русӣ (1861-1996)» дар ин бора чунин навишта шудааст: «Масъалаи нақши Бохтар дар ташаккул ва марҳилаи ибтидоии инкишофи зардуштия бисёр муҳим аст. Замоне як гурӯҳ олимон дар лаҳҷаи бохтарӣ забони авестоӣ пиндошта, ин мамлакатро маҳди ватани Зардушт ва зардуштия дидан мехостанд. Ҳоло, зоҳиран, аз кӯшишҳои тавъам донистани забони Авесто ва забони бохтарӣ бояд сарфи назар карда шавад. Осори забони бохтарии тоза бадастомада, сарфи назар аз он ки ба замони дуртаре (асри 11 мелодӣ) марбут аст, нишон медиҳад, ки забони бохтарии куҳан ҳанӯз дар ҷараёни ташаккули худ, нисбат ба авестоӣ ва забони умумии эронӣ бо роҳи дигаре рушд мекардааст».[56]

Аз ин рӯ, донишманди олмонӣ Шаедер маншаи Зардуштро дар шимолу шарқии Эроншаҳри бостон, яъне Туркистони шарқӣ ва минтақаи атрофи кӯли Арал медонад. Вай муътақид аст, ки Зардушт ҳеҷ гоҳе ба сарзамини кунунии Эрон, сарзамини Озарбойҷон ва ҳатто дар Афғонистон қадам нагузошта, ҳама ривоятҳои мазҳабӣ мебошад, ки баъдан мураттаб гардидааст.[57] Ба назари Нюберг – донишманди шведӣ, Зардушт дар ибтидо дар соҳили рӯди Сайҳун (Сир) зиндагӣ кардааст. Чун дини ӯро дар ватанаш напазируфтанд, вай аз он ҷо гурехта, ҷониби дарёи Ҷайҳун (Ому) муҳоҷират кардааст. Оҳиста-оҳиста дини ӯ то ба шаҳри Рай расида, он ба яке аз марказҳои мазҳабии Зардушт мубаддал гардидааст. Ба фикри ӯ, дар он замон, дар тамоми Эроншаҳри бостон панҷ раҳбар ё сарвар вуҷуд доштааст: нманапаити – сарвари хона, виспаити – сарвари авлод, зантупаити – сарвари қабила, даҳюпаити – сарвари вилоят ё мамлакат ва манупаити – сарвари рӯҳонӣ ё мазҳабӣ.[58]

Алтҳейм, Хумбах, Миллз, профессор Лентс, зодгоҳи Зардуштро дар бахшҳои шимоли шарқии Эроншаҳри бостон, ба хусус Бохтар, Суғд ва Туркистони шарқӣ ҳисоб кардаанд. Артур Кристенсен, ки Готҳо — таронаҳои шахси Зардуштро мавриди мутолиаи амиқ қарор дода, бо таҳқиқоти замонааш мутобиқ гардондааст, дар ин бобат чунин навиштааст: «Аз ҷиҳати иқтисодӣ, зоҳиран миллати Готҳо кӯчнишини зореъ буд. Дар он ҷо як ҳолати мутағайири иқтисодӣ мушоҳида мешавад, ки хоси Осиёи дохилӣ ва ҳамчунин сарзаминҳои мухталифи эрониёни даврони баъд аст. Дар ин ҷо қабила дорои масокини зимистонӣ ва муайяне буд, ки ба наҳви ибтидоӣ дар он ба зироат иштиғол дошт ва аз селобҳо ё рӯдхонаҳо барои обёрии арозии худ истифода мекард. Тобистонҳо ин қабила шурӯъ ба муҳоҷират ба чарогоҳҳо менамуд, ки маъмулан дар навоҳии муртафеъ ва дар кӯҳистонҳо қарор дошт».[59] Донишманд соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми Готҳоро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, дар охир чунин менависад; «Бо таваҷҷуҳ ба ин муқаддамот, нисбати набудани ягон нишонаи осори тамаддуни Осиёи Улё (Осиёи ғарбӣ) дар Готҳо, моро бар он медорад, ки сарзамини аслии кеши зардуштиро тақрибан дар шимол ё дар машриқи заминҳое тасаввур кунем, ки дар аҳди солифа маскани қабоили ориёӣ буда ва осори кӯчнишинии мақрун ба зироат дар он мушоҳида мешудааст. Қабоили зореъ, хусусан дар доманаҳои ҷибол ё дар шуаби арозии кӯҳистонӣ зиндагӣ мекарданд ва бинобар ин метавон қабоили вобаста ба тамаддуни Готҳоро сокини Суғд ё Фарғона ё Балх ва ба заҳмат Хоразм тасаввур кард».[60]

Мэри Бойс дар китоби ҷадиди худ «Чакидаи таърихи кеши Зардушт» бисёр проблемаҳои мавҷудро аз диди нав мавриди мутолиа қарор дода, дар натиҷаи таҳлили Готҳо дар бораи Зардушт чунин андеша иброз медорад: «Матнҳои авестоии куҳан, яъне Готҳо ва ду мантраи[61] (тарона – Э.Р.) муваҷҷаз ва яснои ҳафтҳот[62] дорои ишораҳо ва далелҳои гаронбаҳо ва боаҳамият дар бораи ҷомеаест, ки Зардуштро дар домани хеш парваронда буд. Ҷомеае, ки худро аз назари нажодӣ ва қавмӣ ошкоро якдасту якпорча медид ва ба ақвоми бегона ва ноориёӣ ишорае надорад. Ҷомеа назми устувор дорад, ки такрор ба такрор ба он ишора мешавад…

Он тасвире, ки аз мутолиаи матнҳо, аз ҷомеаи бостонии авестоӣ ба чашм мехӯрад, ба он чӣ ки аз чигунагии зиндагии иҷтимоии қавмҳое, ки дар охири ҳазораи 2 то м. дар шимоли рӯди Сайҳун (Сир) мезистаанд, мутобиқат дорад. Сарзамини паҳновари пӯшида аз саҳрою дашт ва ҷангалҳои кон ва рӯдсор ва кӯҳсоре, ки имрӯз бар он номи Қазоқистонро итлоқ мекунанд ва аз назари вусъат тақрибан баробар аст бо ниме аз масоҳати Аврупои Ғарбӣ».[63]

Забоншиноси забардасти рус Абаев В.И. Зардуштро намояндаи қабилаи тӯр дониста, маҳалли ӯро соҳилҳои дарёи Сир муайян мекунад. Ба фикри ӯ, Зардушт дар миёни ҳамқавмони худ ба тарғиби оини ҷадид шурӯъ карда, онҳоро ба пайравӣ аз оини маздаясно даъват намуд. Вале пайравони оинҳои мухталиф, бахусус пешвоёни динии онҳо ба ӯ зиддият карда, ба таҳдиду таъқиб пардохтанд ва ӯ маҷбур гардид маҳалли сукунати худро тарк карда, мусофиратҳои дуру дароз анҷом диҳад.[64]

Ба вуҷуди он ки дар миёни ҷомеаи Готҳо ва қабилаҳои сакҳо (скифҳо) донишмандон гоҳе фосилаи ночиз ва гоҳе нисбатан тӯлонӣ қарор медиҳанд, бозёфтҳои бостоншиносӣ силсила ва пайдарҳамии фарҳангҳои авестоӣ ва сакоиро собит менамояд. Бостоншиноси маъруфи рус Бернштам А.Н., ки дар тӯли беш аз даҳ соли миёнаҳои асри ХХ масоҳати бузурги Осиёи Марказиро мавриди тадқиқу ковишҳо қарор додааст, Рангҳаро номи бостонии дарёи Сир дониста, маҳалли пайдоиши зардуштияи ибтидоиро дар ноҳияи Ҳафтрӯд (доманаи кӯҳҳои Тиёншон ва Помир) медонад: «Мушоҳидаи умумии ин сарзамин ба мо имкон медиҳад, навоҳии марказиро аз маҳалҳои атроф ҷудо кунем. Ҷойи шубҳа нест, ки маркази асосии тамаддуни сакоӣ моварои дарёҳои Или ва Чу ва бахусус водии дарёи Чу аст. Доманаҳои кӯҳҳои Тиёншон, ба хусус Помир теппаҳои на чандон калон дорад. Дар ин минтақа, дар водии дарёи Или, ба хусус Турген, Иссиқ, Талгар ва шарқтар то водии Иртиш, шоҳқабилаҳои сакоиҳо зиндагӣ мекарданд».[65]

Дар Тоҷикистон низ солҳои охир дар заминаи пайдо кардани ватани мушаххаси Зардушт таҳқиқоти муайяне анҷом дода шудааст. Масалан, донишманд бостоншиноси тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов паёмбари ориёиро аз Бохтар, аз деҳкадае ба номи Дориҷ — Дуродж воқеъ дар Бадахшони Афғонистон ҳисоб мекунад. Вай дар мубоҳиса бо Пянков И.В. чунин далел меоварад, ки мутобиқи фаргарди ХХ Вандидод, деҳе, ки Зардушт таваллуд шудааст, Дориҷ номида мешавад.[66] Бояд зикр кард, ки на танҳо дар Вандидод, балки дар тамоми адабиёти динии зардуштӣ чунин рустое вуҷуд надорад. Мувофиқи Вандидод (фаргарди 19 банди 4,11) Бундаҳишн (боби Х) ва сарчашмаҳои дигари паҳлавӣ Дреҷо ё Дареҷа рӯди борониест, ки шохоби дарёи неки Даитя аст ва хонаи падари Зардушт дар соҳили он қарор дорад. Донишманди дигари Тоҷикистон Пянков И.В. рӯди Даргамро, ки дар боби 9-и Бундаҳишн омадааст, бо рӯди Дарғом дар Суғд мувофиқат дода, он маҳалро зодгоҳи паёмбари ориёӣ медонад.[67] Муҳаққиқи дигар Мӯминҷонов Ҳ. дар асоси муқоиса ва мутобиқкунонии матнҳои Авесто ва адабиёти зардуштӣ топография ва топонимикаи он бо дастовардҳои илми авестошиносии имрӯз ба чунин хулоса омадааст, ки зодгоҳи паёмбари ориёӣ дар гирду атрофи Иссиқкӯл ва вилояти куҳани Ҳафтрӯд воқеъ дар Қирғизистон ва Қазоқистони муосир қарор дорад.[68]

Зардушт дар Готҳо дар бораи худ маълумоти мустақиме намедиҳад. Вале ҷолиб аст, ки тамоми фаъолияти Аҳуромаздо ва паёмбари ӯ дар «Айиряна Ваеҷа» (Ориёвиҷ) сипарӣ мешавад. Фаргарди аввали Вандидод ин сарзаминро сарзамини аввалини офаридаи Аҳуромаздо муаррифӣ мекунад ва он дар тамоми бахшҳои Авесто муқаддас дониста шуда, сутуда мешавад. Кӯли муқаддаси Чаечест, дарёи неки Даитя, шаҳр ё зистгоҳи маъруфи бунёдкардаи Ҷамшед бо номи Вараҷамкард, канал ё рӯди сохтаи Афросиёб — Новтог зодгоҳи Зардушт тахмин мешавад. Мувофиқи Гузидаҳои Зотспарам (фасли 2) мулоқоти нахустини Зардушт бо Аҳуромаздо – худованди бузург дар «Айиряна Ваеҷа» ба амал омад. Ҳамин сарчашма (боби 22) маълумот медиҳад, ки муколимаи Зардушт бо ҳафт амшоспанд дар ҳамин сарзамин сурат гирифт. Дар асоси Бундаҳишн (фасли 32 банди 3) Зардушт бори нахуст дар ин сарзамин ба Аҳуромаздо маросими ситойиш ба ҷо овард ва Мадюмоҳ – писари Оростӣ, амакбачаи паёмбар пайрави нахустини ӯ гардид.

Дар бандҳои 104-105 яшти 5 (Обоняшт) Зардушт пас аз ба ҷо овардани маросими ситойиш дар Ориёвиҷ, дар соҳили дарёи Даитяи нек, аз Аредвисура Анаҳито дархост кард, ки барои ба дин рӯ овардани Кай Гуштосп вайро комёб гардонад. Дар бандҳои 25-26 яшти 9 (Гушяшт) Зардушт пас аз тақдими назр ва анҷоми намоз дар Айиряна Ваеҷаҳ, дар соҳили дарёи Даитя аз фариштаи муваккили чорпоён – Друвосп дархост намуд, ки Хутаосаи неку озод — ҳамсари Кай Гуштосп ба дини ӯ гарояд. Гузашта аз ин мувофиқи маълумоти Бундаҳишн (боби 20 банди 32) рӯди Дареҷа (Дреҷо) монанди дарёи Даитя дар «Айиряна Ваеҷа» аст ва дар канори он хонаи Пурушасп — падари Зардушт қарор дошт. Дар ҳамин сарчашмаи паҳлавӣ (боби 24 банди 15) чунин омадааст: «Рӯди Дареҷа сарвари рӯди боронӣ аст, зеро ки хонумони падари Зардушт дар соҳили он буд ва Зардушт дар он ҷо зода шуд». Фаргарди 19 Вандидод (бандҳои 4, 11) менависад, ки Дреҷо рӯдест, ки дар пушта ва баландии он хонаи Пурушасп падари Зардушт қарор дошт.

Аз матнҳои боло чунин бармеояд, ки Зардушт дар маркази «Айиряна Ваеҷа», дақиқтар дар соҳили дарёи неки Даитя ва боз ҳам дақиқтар дар пуштае дар канори рӯди боронии Дареҷа, ки шохоби Даитя буда, дар он баландӣ хонаи падараш будааст, чашм ба ҷаҳон кушодааст. Чунин рӯдҳои боронӣ одатан дар даштҳо ва доманаи кӯҳҳо ба вуҷуд меомаданд.

Дар Авесто, Афросиёб – писари Пашанг ва подшоҳи Тӯрон ду бародар дорад: Ағрирас ва Гарсиваз. Ҳар яке аз бародарони Афросиёб дар минтақае аз Тӯрон ҳукмронӣ мекарданд. Гупат яке аз минтақаҳои Тӯрон будааст, ки дар он ҷо Ағрирас ҳукмронӣ мекардааст ва бо номи Гупатшоҳ маъруф будааст. Минуи Хирад (боби 62 банди 3) менависад: «Гупатшоҳ дар Айиряна Ваеҷаҳ андар кишвари Хванирас[69] аст». Дар Дотистон диник (боби 90 банди 4) омадааст; «Салтанати Гупатшоҳ дар мамлакати Гупат муҷовири Айиряна Ваеҷаҳ дар канори оби Даитя мебошад». Дар Бундаҳишн бошад (боби 29 банди 5) сарзамини Ағрирас Сакавастан (зоҳиран Сакистон) номида шуда, лақаби худи ӯ ва писараш Гупатшоҳ омадааст.

Аз ин матнҳои сарчашмаҳои паҳлавӣ чунин ба назар мерасад, ки сарзамини Афросиёб, яъне Тӯрон ё бахше аз он дар ҳудуди Айиряна Ваеҷаҳ қарор доштааст. Бундаҳишн (боби 29 банди 13) дар ин бобат навишта: «Мамлакати Сакавастан дар сари роҳи Туркистон ба тарафи Чин воқеъ аст»[70]. Сарчашмаҳои паҳлавии «Динкарт» (китоби ҳафтум, бандҳои 16-19), Динкарт (китоби 7, бандҳои 2-14), гузидаҳои Зотспарам (боби 9-10), Виҷаркард динӣ (бандҳои 10-14) Заротуштнома дар бораи ӯ ривоятҳои суннатии мазҳабӣ оварда, Зардуштро дар иҳотаи душманонаи тӯрониён, соҳирон ва ҷодугарони тӯронӣ нишон додаанд.

Аз маълумоти бахшҳои гуногуни Авесто дар бораи зодгоҳи Зардушт ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ватани ӯ «Айиряна Ваеҷа» – сарзамини зебою дурахшони ориёиҳо буда, зоҳиран, дар яке аз хонаводаи сокин дар маҳали наздикӯҳӣ ва ё дараи кӯҳистонии шарқи Бохтари қадим ба дунё омадааст. Ин ақидаҳоро далелҳои дигар низ собит мекунанд.

Зардушт дар ҳоти 32-и Ясна ҷуғрофияи маскунии замони куҳанро истифода намуда, аз истилоҳи «ҳафт бум» баҳра бурдааст, ки он баъдан дар бахшҳои дигари Авесто, ба хусус Яштҳо, дар шакли каршвар (кишвар, сарзамин, мамлакат) зикр гардидааст. Шумораи ҳафт дар назди ориёиёни бостон рақами муқаддас будааст. Дар Ведаҳо ҳиндувони бостон ба ҳафт Адитя ё ҳафт худо дуою намоз мебурданд. Дар Авесто низ ҳафт амшоспанд рамз ё мазҳари худованд буда, ёдоварони муқаддасу наздиктарини Аҳуромаздо дар идораи ҷаҳон мебошанд. Ҳафт буми Авесто дар китоби динии бараҳманон низ шакли Септа двипа (Septa dvipa) дошта, маънии ҳафт бум, ҳафт сарзаминро медиҳад. Дар тақсимбандии ведоӣ сарзамини нахустин – Ҷамбу, дуюм — Палакша, сеюм – Шалмолӣ, чорум – Куша, панҷум – Краунч, шашум – Шака ва ҳафтум – Пушкара омадааст. Дар ривояти ҳиндӣ ҳам мисли эрониҳо ҳар кишвареро аз кишвари дигар об, дурусттараш як дарё ҷудо мекардааст. [71]

Дар китоби Виспарад (кардаи 10 банди 1) номи ҳамаи ҳафт бум ё кишвар оварда шуда, ҳар яки онҳо мадҳу ситоиш шудаанд. Исми онҳо чунин аст: Аризаҳӣ, Саваҳӣ, Фрадазафшу, Видазафшу, Вууруберешти, Вууруҷарештӣ ва Хванирас. Аз ҳафт бум ё кишвар дар Готҳо (яснои 32 банди 3), дар Ясно (ҳоти 57 банди 13, ҳоти 65 банди 5), Тиряшт (бандҳои 9,40), Меҳряшт (бандҳои 15, 67, 133), Рашнуяшт (бандҳои 9-15), Вандидод (фаргарди 19 банди 39), Ҳодухт (фаргарди 1 банди 14), Баҳманяшт (фасли 3 банди 47), Обоняшт (банди 5) ва ғайра ёдоварӣ шудааст.

Бундаҳишн маълумоти ҳамаи бахшҳоро ҷамъбаст карда, дар бораи ҳафт кишвари мутазаккира ва ривоятҳои атрофи он гузориши муфассале медиҳад: Андар дин гӯяд, ки замин сию се гуна аст. Онгоҳ, ки Тиштрйа[72] борон фурӯ борид, аз он баҳр падид омад, замин дар ҳама ҷо нам гирифт ва ҳафт пора гардид, он пора, ки дар миён ҷой дода шуд, дар бузургӣ ба андозаи шаш пораи дигар, ки гирдогирди онро фаро гирифта, он шаш пора бо ҳам ба андозаи як пораи марказист, ки Хванирас аст. Ба он пораҳо «кишвар» ном ниҳоданд, зеро ҳар якеро марзе ҳаст. Порае, ки ҷониби Хуросон (шарқ) аст, сарзамини Аризаҳи аст, порае, ки ҷониби Ҳурварон (мағриб) аст, сарзамини Саваҳи, ду порае, ки дар тарафи Нимрӯз (ҷануб) аст, Фрадазафшу ва Видазафшу ва ду пораи дигар, ки дар тарафи Бохтар (шимол) аст, Вууруберештӣ ва Вууруҷарештӣ ва он ки миёни онҳост, Хванирас аст. Гуфта шудааст, ки дар миёни Аризаҳӣ ва Саваҳӣ ва Хванирас дарёест, ки аз баҳри Вуурукаша пиромуни он аст. Дар миёни Фрадазафшу бешаест. Дар миёни Вууруберештӣ ва Вууруҷарештӣ кӯҳи баланде бархоста, он чунон аст, ки кишвареро, бо кишвари дигар мепайвандад, аммо аз ин ҷо ба кишвари дигар гузашта намешавад.[73]

Дар Авесто дар миёни сарзаминҳои номбаршуда, аз кишвари Хванирас мадҳу ситоиши фаровон ба амал омадааст. Ин сарзамини ориёиҳо аст. Он аз ҷиҳати масоҳат баробари шаш кишвари дигар буда, нисбат ба Айиряна Ваеҷа – ки ҳостгоҳи аввалини ориёиҳост, бамаротиб бузургтар ва васеътар аст ва зоҳиран, кишварҳоеро ба худ шомил месозад, ки бо мурури замон дини зардуштиро пазируфта буданд. Хванирас дар тамоми Авесто бо унвони «дурахшон» ёдоварӣ карда шудааст.

Дар Меҳряшт бо чунин сатрҳо бармехӯрем: (Меҳр) Нахустин эзиди минавӣ, ки пеш аз Хуршеди фанонопазири тезасп дар болои кӯҳи Ҳаро[74] барояд, нахустин касе, ки бо зиннатҳои заррин ороста аз фарози (кӯҳи) зебо сар ба дар оварад, аз он ҷо (он Меҳри) бисёр тавоно тамоми манзилгоҳҳои ориёиро бингарад (Банди 13); Он ҷо, ки шаҳриёрони далер қувваҳои бисёр мураттаб созанд, он ҷое, ки кӯҳҳои баланд ва чарогоҳҳои бисёр барои чорпоён… мавҷуд аст, он ҷое, ки дарёҳои амиқу васеъ воқеъ аст, он ҷое, ки рӯдҳои паҳну қобили киштиронӣ бо хези амвоҷи хурӯшон ба санги хоро ва кӯҳ бархӯрда, ба сӯйи Ишката, Парута, Марв, Ҳирот, Суғд ва Хоразм ҷорӣ мешаванд (Банди 14); Ба (кишвари) Аризаҳӣ ва Саваҳӣ, ба Фридазафшу ва Видазафшу, ба Вууруберештӣ ва Вууруҷарештӣ ва ба кишвари Хванираси дурахшон. Он ҷое, ки сутурон (ҳайвонот) ором доранд ва паноҳгоҳи боварибахши сутурон аст. Меҳри тавоно нигарон аст (Банди 15).

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои паҳлавӣ, чун ин сарзамин аз ҳама беҳтару зеботар буда, файзу баракати фаровон дошт, Аҳриман низ дар он ҷо осебу газанди фаровон падид овард. Аҳриман мушоҳида кард, ки дар ин ҷо ростию дурустӣ, покию порсоӣ бештар буда, сарзамини далерону паҳлавонон, мамлакати пешдодиёну каёниён ва сарзаминест, ки дар ин ҷо дини маздаясно зуҳур карда, ба мамлакатҳои дигар интишор пайдо кард ва дар ин ҷо Сушиёнтҳо – расулони охирини Аҳуромаздо пайдо шуда, рӯзи растохез (охиратро)-ро созмон медиҳанд ва ӯро нотавону мағлуб хоҳанд кард.[75]

Дар боби 29 Бундаҳишн аз ҳафт кишвар ёдоварӣ шуда, зикр гардидааст, ки ҳар яке аз онҳо раде (сарваре) доранд ва номҳои ин сарварон оварда шудааст. Дар он ҷо Зардушт сарвари Хванирас ва ҳамаи кишварҳои дигар хонда шудааст. Дар «Додистони дениг» чунин омадааст: ҳангоми зуҳур кардани Сушиёнтҳо – паёмбарони охирини Аҳуромаздо, аз ҳар яке аз ин кишварҳо яке аз покон (номи онҳо оварда шудааст), ба ёрӣ хоҳанд омад ва аз ёварони ҷовидонии Сушиёнт хоҳанд буд. Дар «Минуи хирад» омадааст: «Хӯроки мардуме, ки дар Аризаҳӣ, Саваҳӣ, Фрадазафшу, Видазафшу, Вууруберештӣ ва Вууруҷарештӣ зиндагӣ мекунанд, шири гӯсфандон ва говон аст ва ғизои дигаре нахӯранд ва мардуми ширхор тандурусттар ва зӯрмандтаранд ва низ таваллуди фарзандонашон бегазандтар бошанд».[76] Ҳамин сарчашма ба мавқеияти ду кишвари аввалӣ низ ишора карда менависад: «Резиши ҳамаи обҳо дар ҷаҳон аз кишвари Аризаҳӣ аст, он ҷо ки Хуршед барояд ва ҳаракати он ба сӯйи кишвари Сава аст, он ҷо ки хуршед фурӯ равад».[77] Бундаҳишни ҳиндӣ мавзӯъро идома медиҳад; «Аз он ҷо, ки хуршед ба баландтарин рӯз барояд, то ба кӯтоҳтарин рӯз дарояд, дар Хуросон (машриқ) кишвари Сава аст. Аз он ҷо ки кӯтоҳтарин рӯз барояд, то ба рӯзи кӯтоҳ биравад, ноҳияи Нимрӯз (ҷануб) – кишвари Фрадазафш ва Видазафш аст. Аз он ҷо ки ба рӯзи кӯтоҳ андар шавад, то ба рӯзи баланд андар шавад, кишвари Аризаҳӣ аст. Аз он ҷо ки ба рӯзи баланд андар ояд, то он ҷо ки ба рӯзи кӯтоҳ андар шавад, Апохтар (шимол), кишвари Вууруберешт ва Вууруҷарешт аст. Чун Хуршед барояд, (ба) кишвари Сава, Фрадазафш ва Видазафш ба ниме аз Хванирас тобад, ҳангоме ки ба он сӯи (кӯҳи) Тирак андар шавад, ба кишвари Аризаҳӣ, Вууруберешт ва Вууруҷарешт ва ниме аз Хванирас тобад. Ҳангоме ки ин ҷо рӯз аст, он ҷо шаб аст».[78]

Бо вуҷуди он ки донишмандон дар асоси маълумотҳои боло пиромуни кишвару сарзаминҳои мутазаккира тахмину мулоҳизарониҳои фаровон анҷом додаанд, вале то ҳоло дар бораи маҳалли дақиқи воқеияти онҳо далелҳои эътимодбахши таърихӣ вуҷуд надорад. Аммо дар бахшҳои гуногуни Авесто пиромуни Хванирас ва мавқеияти он маълумоте пароканда нуҳуфта аст. Масалан, Бундаҳишн дар боби чордаҳуми худ чунин менависад: «Дар кишвари Хванирас бас ҷойҳои дигар аст, ки… паноҳгоҳҳои Хванирас хонда мешавад, ба монанди Кангдеж, замини Сакавастан (ё Саукавастан), дашти Пешонсӣ, рӯдхонаи Новтог, Эронвиҷ (ав. Айиряна Ваеҷа), Вараҷамкард ва Кашмири андарунӣ». Агар номҳои ҷуғрофии сарчашмаи паҳлавиро мавриди таҳлил қарор диҳем, маълум мешавад, ки аксари аъзами онҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва ё Тӯрони бостон қарор доранд. Масалан, дар Бундаҳишн (боби 29 банди 10) омадааст, ки Канг дар тарафи машриқ воқеъ аст. «Минӯи Хирад» (боби 62 бандҳои 13, 14) навиштааст, ки Кангдеж дар машриқ дар сарҳади Эронвиҷ аст.

Тавре ки маълум аст, Афросиёб, Ағрирас ва Гарсеваз – писарони Пашанг, подшоҳони Тӯрон буданд. Бундаҳишн (боби 29 банди 5) маълумот медиҳад, ки Ағрирас – писари Пашанг подшоҳи мамлакати Сакавастан аст ва ӯро Гупатшоҳ мегӯянд. «Минӯи хирад» (боби 62 банди 31) чунин навиштааст: «Гупат дар Ориёвиҷ андар кишвари Хванирас аст. «Додистони деник (боби 90 банди 4) мавқеияти ин маҳалро боз ҳам дақиқтар месозад: «Салтанати Гупатшоҳ дар мамлакати Гупат, муҷовири Ориёвиҷ, дар канори оби Даития мебошад». Артур Крестенсен дар асари маъруфи худ «Каёниён» чунин менависад: …Метавон ин сарзамин (Сакавастан)-ро дар самти шимол, дар сари роҳи Туркистон ба сӯи Чин донист, яъне ҳамон тараф, ки Кангдижро бояд ҷустуҷӯ кард».[79] Юсти — донишманди аврупоӣ, ки дар ин бобат таҳқиқот анҷом додааст, чунин менависад; «Ба назар мерасад ин маҳал, ки чиниҳо низ онро таҳти исми Канг мешинохтанд ва як қисм биҳишти рӯи замини ориёиён маҳсуб мешудааст, ба воситаи як даста аз ориёиён дар васати хоки Тӯрон, дар тарафи шимоли Сирдарё барпо шуда буд».[80] Самюэл Нюберг – авестошиноси шведӣ исмҳои ҷуғрофии зикргардидаро мавриди таҳлил қарор дода, онҳоро муқаддасоти ибтидоии дини зардуштия медонад ва онҳоро дар гирду атрофи дарёи Сир ва бахусус саргаҳи он қарор медиҳад.[81] Дар Фарвардиняшт (банди 120) ба фурӯҳари (рӯҳи) Явишта-яке аз писарони Фриёна, ки тӯронӣ буда, аз дӯстони наздики Зардушт шумурда шудааст, дуруд фиристода шудааст. Дар «Додистони дениг» (боби 90 бандҳои 1-3) ҳамин Явишта аз ҷовидонҳои мазҳабии дини маздаясно ва яке аз подшоҳони Хванирас сабт гардидааст. Муҳаққиқи тоҷик Ҳ.Мӯминҷонов номҳои ҷуғрофии зикргардида ва теъдоди зиёди дигари номҳои мундариҷ дар Авесторо мавриди таҳлилу таҷзияи ҳамаҷониба қарор дода, аксари онҳоро марбут ба Осиёи Марказӣ медонад ва чунин мешуморад, ки шаҳру навоҳӣ ва маҳалҳои муқаддаси дини маздаясно дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Миёна қарор доранд.[82] Донишманди дигари тоҷик, профессор Ю. Ёқубов, ки дар мавзӯи Тӯрон тадқиқотҳое анҷом додаст, ҳудуди Осиёи Миёна ва гирду атрофи онро сарзамини Тӯрон ҳисоб мекунад.[83]

Аз фикру мулоҳиза ва санаду далелҳои боло чунин хулоса кардан мумкин аст: Ҳамвориҳои Тӯрон, ки дар шарқи баҳри Арал ва ду ҷониби соҳили дарёи Сир қарор дорад, маҳалли исботшудаи зиндагонии қабилаҳои ориёӣ шуморида мешавад. Самти шарқ моро ба доманаҳои кӯҳҳои Помир, Тиёншон то ба Хутан мерасонад. Ориёвиҷ низ дар ҳамин ҳудуд қарор дошта, ишораҳои норавшани матнҳои Авесто ва сарчашмаҳои паҳлавӣ минтақаҳои мутазаккираро яке аз бахшҳои марказии Хванирас муаррифӣ мекунад.

Дар бораи фаргарди аввали Вандидод, ки дар он 16 сарзамини аввалину беҳтарини офаридаи Аҳуромаздо зикр шудааст, солҳои тӯлонист, ки дар атрофи он донишмандон мубоҳиса мекунанд. Нисбати ин ки муносибатҳо дар баробари Авесто гуногун аст, мавқею ҷобаҷогузории ин сарзаминҳо дар харитаи ҷуғрофӣ низ мухталиф мебошад.

Дар Вандидод кишварҳо бо назму тартиби зерин оварда шудаанд: «Нахустин сарзамин ва кишвари неке, ки ман Аҳуромаздо офаридам, Айиряна Ваеҷа (Ориёвиҷ) буд, бар каронаи дарёи неки Даития. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, осеби аждаҳоро биофарид ва зимистони девофаридаро ба ҷаҳон ҳастӣ бахшид. Дар он ҷо даҳ моҳ зимистон аст ва ду моҳ тобистон ва дар он ду моҳ ҳам ҳаво барои об, хок ва дарахтон сард аст. Зимистон бадтарин осебҳоро дар он ҷо фуруд меоварад; дуюмин сарзамини неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, сарзамини Суғд буд. Пас Аҳримани маргофарин омада, осеби ҳашароти «скаитя»[84]-ро офарид, ки марг дар галаи говон ба вуҷуд овард; сеюмин сарзамин ва кишвари некӣ, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Марви неруманду пок буд. Пас Аҳримани маргофарин омада, осеби «хоҳишҳои гуноҳолуд»- ро биофарид; сарзамини чорум ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Балхи зебои парчамафрошта буд. Пас Аҳримани маргофарин омада, балои «бровара»-ро падид овард; панҷумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман Аҳуромаздо офаридам, Нисояи миёни Балх ва Марв буд. Пас он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, гуноҳи «сустбоварӣ»-ро офарид; шашумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Ҳирот ва кӯли он буд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, гуноҳи «Сиришку нолаю фиғон»-ро падид овард; ҳафтумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Ваекеретаи бадсоя буд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, парии «Хненсаити»-ро офарид, ки ба Гаршосп пайваст; ҳаштумин сарзамини неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Урваи дорои чарогоҳи фаровон буд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада гуноҳи «ҳукмронии ситамгарона»-ро ба вуҷуд овард; нуҳумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман — Аҳуромаздо офаридам, Хнента дар сарзамини Веҳркона (Гургон) аст, онгоҳ Аҳримани маргофарин омада, гуноҳи набахшудании «Наруваепа»-ро офарид; даҳумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам Харахвайтии зебо буд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, гуноҳи набахшидании «Ба хоксупории мурдагон»-ро падид овард; ёздаҳумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Ҳаэтумант (Ҳилманд)–и роюманду фараҳманд буд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, ҷодугарии зиёноварро офарид; дувоздаҳумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Рай буд, ки се сарвар дар он фармонравоянд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, гуноҳи «бедор кардани сустбоварӣ»-ро офарид; сездаҳумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Чахраи неруманду пок буд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омода, гуноҳи набахшудании «мурдасӯзон»-ро офарид; чордаҳумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Варенаи чоргӯша буд, ки Фаридун – дарҳамкӯбандаи Ажидаҳока (Заҳҳок) дар он зода шуд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, моҳонаи ноҳинҷори занон ва бедодгарии фармонравоёни бегонаро падид овард; понздаҳумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, Ҳафтрӯд буд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, дар он ҷо осеби «Дахшча» ва гармои сахтро офарид; шонздаҳумин сарзамин ва кишвари неке, ки ман – Аҳуромаздо офаридам, сарзамини атрофи рӯди Рангҳа буд, ҷое, ки мардумони бе сарвар зиндагӣ мекунанд. Он гоҳ Аҳримани маргофарин омада, ба ҷаҳон зимистони девофарида овард».

Аз як сӯ, аз худи матн маълум мешавад, ки то ҳанӯз баъзе калимаҳои он номаълум боқӣ мондааст. Аз ҷониби дигар бо вуҷуди он, ки чанд номи ҷуғрофии аввали он маълум ва мавқеияти ҷуғрофии онҳо муайян аст, мубоҳиса дар атрофи ҷобаҷогузории номҳои дигар дар харитаи ҷуғрофӣ идома дорад.[85] Махсусан ин мушкилот пас аз сарзамини шашум оғоз мешавад. Осебу балои офаридаи Аҳриман, ки мушаххасоти сарзаминҳоро ташкил медиҳад, зидду нақиз буда, ҳамчунин мушкилоти мавҷудро ҳал карда наметавонад. Сарфи назар аз инҳо илми муосир дар бораи сарзаминҳои номбаршуда маълумоти муайяне ҷамъоварӣ намудааст.

Сарзамини аввалини офаридаи Аҳуромаздо Айиряна Ваеҷаҳ (Ориёвиҷ) аст. Нисбати ин, ки ин сарзамин ватани аввалини ориёиҳо будааст, дар тамоми бахшҳои Авесто бисёр тавсиф шудааст. Он дар матнҳои Авесто дар шакли Айиряна Ваеҷа воқеъ дар соҳили дарёи Даитя омадааст. Ҷолиб аст, ки тамоми тафсилоти ҷараёни офариниши Аҳуромаздо дар ҳамин сарзамин сурат гирифта, дар ҳамин ҷо зиндагиро ба сурати гиёҳӣ ба вуҷуд овард, дар ин ҷо Гови якто ва Инсони Нахустин – Каюмарсро офарид. Говро дар соҳили рости дарёи Даитя, инсони нахустинро дар соҳили чапи он. Дар ҳамин ҷо ҷамъомади Аҳуромаздо бо эзидон ва фариштагон, дар ҳамин ҷо маҷлиси Ҷамшед бо инсонҳои беҳтарини ҷаҳон сурат гирифт. Дар ҳамин ҷо Ахуромаздо Ҷамшедро дар бораи тӯфони шадид[86] огоҳ кард ва ба ӯ дастур дод, ки ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории намунаҳои беҳтарини одам, ҳайвон ва растанӣ Вара (ҷой, ғор, шаҳр) бисозад. Ин Вара, ки бо номи Вараҷамкард маъруф аст, дар ҳамин ҷост. Волидайни инсонҳои муосир, тамоми намунаҳои ҳайвоноти судманд дар ин ҷо падидор гардиданд.[87] Тавре ки дар боло зикр гардид ва тамоми сарчашмаҳои паҳлавӣ таъкид мекунанд, хонаи падари Зардушт дар теппае дар соҳили дарёи Дориҷа – шохоби дарёи неки Даитя дар Ориёвич қарор дошт. Муколамаҳои паёмбари ориёӣ бо Худованди Бузург Аҳуромаздо ва амшоспандон дар ин ҷо ба амал омада, Зардушт дар ин ҷо ба паёмбарӣ баргузида шуд.

Чунин сарзамини зебо ва пурфайз, ки ориёиҳо дар он ҷо бори нахуст бори иқомат афганда, ном бароваранд, маҳорату истеъдоди фавқулоддаи худро истифода намуда, барои худ ватани ормонӣ ва афсонагун ба вуҷуд оварданд, дар он ҷо тамаддуни зебою нотакрор падид оварда, барои саросари ҷаҳони куҳан намунаи ибрат гардиданд ва теъдодашон зиёд гардида, гурӯҳе ба ғарб, гурӯҳе ба шарқ ва гурӯҳе ба ҷануб раҳсипор гардиданд, дар куҷо аст? Оё мавқеияти Ориёвич (ав. Айиряна Ваеҷа)-ро муайян кардан мумкин аст?

«Миуӯи хирад» (боби 44, бандҳои 17-20) менависад: Ва деви зимистон дар Ориёвиҷ тавоно аст ва дар дин пайдост, ки дар он ҷо даҳ моҳ зимистон ва ду моҳ тобистон аст ва ин ду моҳи тобистон ҳам сард аст барои об, замин ва гиёҳ. Ҳамин сарчашма (боби 62 банди 12-14) менависад: «Кангдиж дар сарҳади Ориёвиҷ аст». Канг шаҳрест, ки аз тарафи Сиёвуш – писари Кайковус дар сарзамини Тӯрон, ҳангоми подшоҳии Афросиёб сохта шудааст. Дар маъхази мутазаккира (боби 62 банди 31) чунин омадааст; «Гупатшоҳ дар Ориёвиҷ андар кишвари Хванирас аст». Маълум аст, ки Гупатшоҳ лақаби Ағрирас – бародари Афросиёб буда, сарзамини ҳукмронии ӯ дар ҳудуди Тӯрон мавқеият дошт. «Додистони дениг» (боби 90 банди 4) низ маълумоти мушобеҳе медиҳад: «Салтанати Гупатшоҳ дар мамлакати Гупат, муҷовири Ориёвиҷ дар канори оби Даитя мебошад». Чун дар он замон сарзамини подшоҳии Эрон аз Тӯрон ҷудо буд, дар китоби Динкард (китоби 9 боби16 сатри 14) чунин омадааст; «Гупат дар мамлакати хориҷа аст». Зоҳиран, ин сарчашма зери мафҳуми мамлакати хориҷа мамлакати Тӯронро дар назар дорад. Бундаҳишн (боби 29 банди 5)дар ин мавзӯъ далелҳои нав оварда, маълумоти моро пурратар мегардонад: «Ағрирас писари Пашанг дар мамлакати Сакавастан (ё Саукавастан)[88] аст ва ӯро Гупатшоҳ хонанд». Ин сарчашма дар боби 29 банди 13 мавқеияти Тӯронро боз ҳам дақиқтар мекунад: «Мамлакати Сакавастан дар сари роҳи Туркистон ба сӯи Чин воқеъ аст».

Аз далелҳои боло чунин хулоса кардан мумкин аст, ки Тӯрон яке аз бахшҳои муҳими Ориёвиҷ буда, дар сари роҳи Туркистон ба сӯи Чин қарор дорад. Пурдовуд дар бораи сарзамини ориёиҳои бостон чунин ақида дорад; «Ин мамлакат (Ориёвиҷ) ва рӯдаш (Даитяи нек)-ро дар ҳамон ҳудуде, ки сарзамини достони миллӣ ва дини маздаясно аст, бояд тасаввур кард. Мамолике, ки имрӯза Туркистони Руссия[89] номида мешавад ва тамоми мамолики шимоли шарқӣ ва шарқии Эрон ва дар ҷузви он қисмате аз хоки Афғонистон сарзамини нашъунамои дини зардуштӣ аст ва ҳамин мамлакатҳо низ сарзамини достони миллии мо ва майдони корзори ялону номварон аст».[90]

Сарфи назар аз ин донишмандони ғарбӣ дар бораи ватани ибтидоии ориёиҳо ақидаҳои мухталиф иброз доштаанд. Ҷолиб аст, ки ҳазор сол муқаддам муҳаққиқони исломӣ бо истифода аз маълумоти Авесто ва бидуни таваҷҷуҳ ба далелҳои Таврот ва Қуръони шариф, Хоразмро хостгоҳи ориёиҳо таъин карда буданд. Берунӣ ва Хоразмӣ аз ҷумлаи чунин донишмандон мебошанд. Эдуард Мейер – муҳаққиқ ва муаррихи олмонӣ бахшҳои шимолии баҳри Сиёҳ ва Хазарро ватани аввалини ин қабилаҳо дониста, чунин мешуморад, ки баъдан онҳо то ба кӯли Арал интишор пайдо карданд. Донишманди дигари олмонӣ профессор Ҳирт дар аввали асри ХХ Аврупои Марказиро ватани ибтидоии ориёиён муайян карда буд.[91]

Дар солҳои охир бо рушди чашмгири забоншиносии муқоисавӣ, антропология ва бахусус вусъати ковишҳои бостоншиносӣ масоҳати дид ва пешгӯйии донишмандон васеъ шуда, таваҷҷуҳи аксари онҳо ба масоҳати муайяни ҷуғрофӣ нигаронида шуд. Аз Макс Мюллер – ведашиноси маъруфи олмонии охири асри ХIХ сар карда то аксари донишмандони ХХ аврупоӣ Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои гирду атрофи онро ҳамчун хостгоҳи ориёиҳо интихоб кардаанд. Ба фикри Дарибу Жубенвил – донишманди франсавӣ чунин минтақа ҳавзаҳои дарёҳои Сайҳуну Ҷайҳун, Отто Шредер – донишманди олмонӣ ва Чайлд Гордон – олими англис – ҷануби Руссия, профессор Мултон ҷанубу шарқии Русия мебошад. Ҳ.Ломмел — шарқшиносӣ олмонӣ ва мутахассиси тамаддуни ҳиндуэронӣ аз истилоҳоти ведаӣ ва адабиёти қадими ҳиндугерманҳо натиҷа мегирад, ки маҳалли аввалини зиндагии ориёиҳо дар замони тадвини таронаҳои аввалини Ведаҳо бояд дар минтақаи сард буда, нуру ҳарорати оташ таъсири лаззатбахше барои ин мардум дошта бошад. Вай аз пажӯҳишҳои худ ба ин натиҷа мерасад, ки имкони ҷануби Руссия беш аз ҳар нуқтаи дигар аст.[92]

Ҳ.Кипперт Ориёвиҷро дар машриқи шимолӣ дар ҳудуди Фарғона ва Кӯҳистони муосир дониста, менависад, ки дарёи Даитя, ки дар Авесто дарёи Ориёвиҷ аст, руди Зарафшон мебошад. Тил низ Ориёвиҷро дар шимолу шарқ дониста, чунин менигорад: Ориёвиҷ бино ба тартибе, ки дар фаргарди аввали Вандидод омадааст, нахустин иқоматгоҳи ориёиён аст. Онҳо баъдан аз он ҷо рафта ба Суғд, Марв, Балх, Нисо, Ҳирот, Кобул, Ҳилманд дастандозӣ карданд ва пас аз он ба мамолики Эрон рӯй оварданд.[93] Профессор Олмстед, Смит – донишмандони англис, Нюберг-донишманди шведӣ, профессор Винклер-донишманди олмонӣ минтақаҳои ҷануби Русия ва бахшҳои шимолии Осиёи Марказӣ ва навоҳии кӯли Аралро хостгоҳи ибтидоии ориёиён медонанд.[94] Донишманди шведӣ Нюберг дар ин бобат чунин мегӯяд, ки сарзамини Ориёвиҷ дар шимоли Суғдиёна ва Маргиёна мавқеият дорад.[95]

Мэри Бойс – менависад: «Матнҳои Авестои куҳан, яъне Готҳо ва ду мантра (тарона)-и муваҷҷаз ва Яснои ҳафтҳот дорои ишораҳо ва маълумоти гаронбаҳо ва боаҳамият дар бораи ҷомеаест, ки Зардуштро дар домани худ парваронда буд. Ҷомеае, ки худро аз назари нажодию қавмӣ ошкоро яккадасту якпорча медид. Ба қавмҳои бегона ва ғайриориёӣ ишорае надорад. Чанд исми хос, ки дар он омадааст, ҳама оҳанги ориёӣ доранд. Бархилофи порае аз дугонагиҳои боварӣ ва ақидатӣ ба назар меояд, ки ибодат ва дин бунёди муштарак доштааст. Тавре ки мушоҳида мегардад, ҷамъият назми устувор дорад, ки мукаррар ба он ишора мешавад. Воҳидҳои он ба тартиб иборатанд аз хонавода (хваету), ободӣ (варазана), тоифа (аиряман) ва сарзамине, ки онро тоифа аз худ медонад – даҳю. Намедонем, оё Айиряна Ваеҷаро як даҳю медонистанд ва ё сарзамине мураккаб аз чанд даҳю иборат буд». Ба ҷиҳати иқтисодии зиндагии қавмҳои ориёӣ дахл карда, ба суханони худ чунин идома медиҳад; «Чаҳорпоёне, ки зикр шуд (гов, асп), ба иловаи гӯсфанду буз, ки аҳамияти иқтисодӣ доштанд, муддатҳои дароз буд, ки дар саҳроҳои Осиёи Марказӣ аҳлӣ шуда буданд. Аз ҳазораи 3 то м. истифода аз гову шутур барои кашондани аробаҳое, ки чархҳои гирд доштанд, дар Осиёи Марказӣ расм шуда буд. Аммо дар ҳаволии соли 1800 то м. буд, ки гардуна (фойтун) таҳаввул ёфт ва ихтироъ шуд. Василаи нақлиёти босуръаттар, ки чархҳояш миладор буд ва асп онро мекашонд ва дар шикор, мусобиқа ва ҷанг истифода мегардид».[96]

Ю.Яқубов менависад, ки ватани ибтидоии ориёиҳо ба ғайр аз Осиёи Марказӣ, бахшҳои шимолии баҳри Сиёҳ, болооби дарёи Волга, Сибири ғарбӣ ва кӯҳҳои Олтойро дар бар мегирифт. «Осиёи Марказӣ яке аз қисмҳои он ба шумор мерафт. Бесабаб нест, ки номи Ориён Вейҷ ба тариқи хеле кӯтоҳшуда –Айваҷ – дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон то имрӯз вуҷуд дорад. Забоншиносон ақидае доранд, ки калимаи Айваҷ ҳамон Ориён Вейҷи авастоӣ аст».[97]

Муҳаққиқи дигари тоҷик Ҳ.Мӯминҷонов дар асоси истифодаи матнҳои Авесто, Ведаҳо, сарчашмаҳои паҳлавӣ, тадқиқотҳои гуногун ва муқоисаи онҳо бо флора ва фауна, топография ва топонимикаи имрӯз ба чунин ақида омадааст, ки Ориёвиҷи ибтидоӣ масоҳати нисбатан маҳдудеро дарбар мегирад; «Агар Айиряна Ваеҷа – хостгоҳи ориёиҳо дар ибтидо фақат ҳудуди доманаҳои кӯҳҳои Тяншан то ба Хутан ва кӯҳҳои Олтойро дар бар гирад, баъдан он то ба дарёҳои Урал, Қазоқистони муосир ва водиҳои Фарғонаю Зарафшон имтидод пайдо кардааст».[98] Ба андешаи ӯ, бо мурури замон, вақте ки онҳо пешрафт карда, афзоиш ёфтанд, зина ба зина интишор пайдо карда, ба саросари Хванираса (Эроншаҳри бостон) густариш ёфтанд. Академик Н.Неъматов «Айрана ваеҷа»-ро минтақаи бузурги Евразӣ медонад, ки шомили манотиқи ҷангалу саҳроии байни Олтой ва Карпат дар шимол, навори бузурги сиёҳ аз доманаи ғарбии Ҳимолой то Загрос дар ҷануб ва дар байни онҳо: ҳамаи Тиёншон, Помиру Олой ва Ҳиндукуш, фалоти Эрон, ҳамвории Омую Сирдарё ва Туркистон буд.[99]

Сарзамини дуюме, ки дар фаргарди аввали Вандидод номбар шудааст, Сугда аст. Сугда ҳамон калимаи муосири Суғд аст. Номи ин сарзамин дар Авеста дар ду шакл оварда шудааст: Суғд ва Гава. Тавре ки дар Бундаҳишн (боби 20 банди 8) омадааст, номи сеюми он дар паҳлавӣ Сурок аст. Дар он ҷо чунин омадааст: «Ман боз мегӯям, ки Аранг рӯде аст ва дар хусуси он гуфта шудааст, ки он аз Албурз меояд ва ба мамлакати Сурок меравад ва дар он ҷо онро (Оми) меноманд». Чун ин сарчашма дар боби 15 банди 29 Суғд ва Сурокро яке донистааст, аз матни боло чунин бармеояд, ки сухан дар бораи Суғд ва дарёи он Зарафшон меравад. Ин ном дар банди панҷуми фаргарди аввали Вандидод дар шакли Суғд ва дар банди 14 Меҳряшт дар ҳар ду шакл, яъне Суғд ва Гава омадааст. Нисбати ин ки калимаи Гава дар забони авестоӣ мафҳуми фаровон дорад, донишманди франсавӣ де Ҳарле мӯътақид аст, ки Гава бояд пойтахт ва маркази ҳукумати суғдиён бошад. Суғд бештар дар шакли Суғза-шаяна истифода шудааст, ки маънии сарзамини буду боши суғдиёнро медиҳад. Ин ном дар катибаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ дар Беҳсутун дар шакли Сугуда омадааст.[100] «Донишномаи Эрони бостон» дар бораи ин сарзамин чунин маълумот медиҳад: «Суғд дар асри бостон аз сӯи шарқ ва шимол ба саҳрои Сибир ва Муғулистон ва аз ғарб ба Хоразм ва аз ҷануб ба Балх (Бохтар, Бактрия) ҳаммарз буд. Куҳантарин сарзамини шинохташудаи ориёиён, ки дар он ҷо бинои тамаддун ва шаҳрҳои ободеро ниҳоданд, ки овозаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва ҳатто то садаҳои панҷуму чоруми ҳиҷрӣ низ ончунон шуҳрате дошт, ки гавҳари дурахшони Шарқ номида мешуд. Мардонаш далеру ҷанговар буданд. Ҳангоме ки Искандар Дорои III-ро шикаст дод ва ба сӯйи Ховар равона шуд, суғдиҳо буданд, ки дар баробараш мардона истодагӣ карданд. Чун суғдиҳо мағлуб шуданд, бо саркашиҳо ва муқовимати мусбат корро бар мақдуниён ва муздурони юнонии онҳо чунон танг сохтанд, ки Искандар дастур ба қатлиоми ваҳшатноке дод. Сардороне, чун Спитабатес ва Оксиартес муқовимат ва рашодаташон дар таърих машҳур аст».[101] Мувофиқи маълумоти ин китоб дар миёни садаҳои VI то IV то м. Суғд дар авҷи аҳамият ва қудрату эътибор буда, бо фарҳанги махсуси ориёии худ ҳамчун машъали тобандае будааст. Мувофиқи маълумоти ин сарчашма, дар он давр Суғд яке аз самтҳои чоргонаи дунё ҳисоб мешуд. Авҷи шукӯҳи ҷалоли он дар нимаи дуюми қарни сеюми ҳиҷрӣ, дар замони фармонравоии подшоҳони сомонӣ ҳамчунон пойдор монда буд.[102]

Китоби паҳлавии «Шаҳристонҳои Эрон» (боби 2 банди 5) дар бораи ин сарзамини бостонӣ чунин маълумот медиҳад: Самарқанд — пойтахти Суғдиёнро Кайковус (ав. Кави Усан) ва Сиёвуш (ав. Кави Сиёваршан) пай афганданд ва Оташи Баҳромро Сиёвуш барпо кард. Дар Самарқанд буд, ки Зардушт ба дарбори Кай Гуштосп омад ва он ҷо бо хоҳиши шоҳ Авесторо лавҳаҳои заррин нақш кард ва дар хазонаи маъбад ба амонат гузошта шуд ва саранҷом Искандари малъун онҳоро ёфт ва нобуд сохт.[103]

Сарзамини сеюме, ки Аҳуромаздо барои ориёиён офаридааст, дар Вандидод дар шакли Мӯру омадааст, ки ҳамон Марв аст. Дар он мардони неруманду тавоно зиндагӣ мекарданд, аммо Аҳримани маргофарин дар ин ҷо чунин хоҳишҳои гуноҳолуд мисли тамоюли хунрезӣ, бетамкинӣ ва рафторҳои нописанд падид овард. Дар катибаҳои ҳахоманишӣ дар шакли Маргу омада, яке аз сатрапияҳои империяи ҳахоманишӣ будааст.[104]

Ҳамчунон ки Марв дар давраи авестоӣ шаҳри бузургу мутамаддин ва сернуфусу пурҷамъият буд, дар давраҳои исломӣ низ пойтахти минтақаи васеи ҳукумати Хуросон ба шумор мерафт. «Ҳудуд-ул-олам», ки яке аз аввалин асарҳои ҷуғрофӣ ба забони тоҷикӣ буда, дар асри X таълиф шудааст, дар бораи Марв менависад; «Шаҳри бузург аст ва андар қадим нишасти мири Хуросон он ҷо буд ва акнун ба Бухоро нишинад, ҷойи бо неъмату хуррам ва дорои қалъаест, ки онро Таҳмурас бунёд кардааст. Андар вай кӯшкҳои бисёр ва ҷойи хусравон будааст. Андар ҳамаи Хуросон шаҳре нест, ки чунин бозори неку дошта бошад».[105] Муаллифони фарҳангҳои асри миёна ин шаҳрро хостгоҳи маъруфтарин хирадмандони Шарқ донистаанд. Бино ба маълумоти онҳо ватани Барзавейҳи табиб, Бузургмеҳр, Борбади мутриб шаҳри бостонии Марв аст.[106]

Сарзамини чорум ва кишвари неке, ки Аҳуромаздо офарид, дар Авесто Бохзи номида шуда, имрӯз ҳамон Балх аст. Он ҳамчун Балхи зебо ва дорандаи парчамҳои афрошта тавсиф шудааст. Аммо Аҳриман бар зидди он мӯрчаҳои фаровон ва гиёҳҳои заҳролуд падид овард. Ин ном дар катибаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ дар шакли Бахтрӣ омадааст.[107] Юнониён бошанд онро дар шакли Бактриана мешинохтанд. Аломати парчамҳои афрошта, зоҳиран, ишора ба шаҳри низомӣ ё маркази низомӣ будани он аст. Чун аз давронҳои қадим тахтгоҳ ё маҳалли ҳокимнишин будааст, парчамҳояшро дар ҳолати афрошта нигоҳ медоштааст, ки киноя аз ҷанговарии мардум ва ҳамеша омода будани онҳо ба ҷангу пайкор аст. Балх аз қадим «Умм-ул-билод» модари шаҳрҳо хонда мешудааст.[108] Саид Нафисӣ дар китоби «Аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ» (ҷ 1 с. 152-163) дар бораи мавқеияти ин шаҳр ва аҳамияти он дар даврони бостон менависад: « Ба ҳамин ҷиҳат ин ноҳия аҳамияти бисёр дар робитаи давлатҳо дошт, зеро ягона роҳи хушкӣ дар миёни Осиёи Ғарбӣ ва Ҳиндустон, аз як сӯ, ва Тотористону Чин, аз сӯйи дигар, буд. Дар ҳамон ноҳия буд, ки нахуст миллати ҳиндуориёӣ дар он ҷо мутаваққиф гашт ва пас аз гузаштан аз сарзамини кӯҳистонии шимолу шарқӣ ба Эрон омад ва нажоди эронии имрӯзро ташкил дод ва низ ҳамон ноҳия сарчашмаи бисёре аз ақидаҳои айнии Зардушт буд. Шаҳри Бактрия, ба қавли муаррихони қадим, пойтахти ин иёлат буд ва онро қадимтарин шаҳрҳои ҷаҳон медонистанд ва онро модари шаҳрҳо лақаб дода буданд. Маъмулан дар ҳар чиз иёлати Бохтар бо иёлати Суғд, ки дар миёни Ҷайҳуну Сайҳун буд, дӯш ба дӯш роҳ мерафт ва дар ҳар коре ҳамдостон ва ҳамёр буд ва ҳарду ноҳияро Куруши Кабир ва Искандари Мақдунӣ бо ранҷу заҳмати фаровон фатҳ карданд».[109] Муаллифи «Донишномаи маздаясно» менависад: Чанде аз муаррихон созандаи Балхро Лӯҳросп ва гурӯҳи дигар Искандар донистаанд. Балх сарзамине будааст, ки Зардушт дини худро ба Кай Гуштосп арза кард. Мирхонд дар «Равзат-ус-сафо» менависад, ки оромгоҳи Таҳмураси девбанд дар Балх аст. Масъудӣ маълумот медиҳад, ки Кайковус пойтахти худро аз Ироқ ба Балх интиқол дод. Аз Лӯҳросп ба баъд суҳбат аз пойтахт — Истахр нашуда, балки Балх пойтахти Эрон аст. Дини Буддо низ аз Ҳинд ба он ҷо омад ва теъдоди зиёди маъбадҳои буддоӣ бунёд гардиданд, ки маъруфтарини онҳо маъбади Навбаҳор мебошад. Вале маъбади буддоии Навбаҳорро набояд ба оташкадаи маъруфи Балх яке донист.[110] Балх дар замони Сосониён, тавре ки Масъудӣ зикр намудааст, оташкадае дошт, ки аз бузургтарин оташкадаҳои зардуштиён будааст. Раиси мубадони онро Бармак мегуфтанд ва Бармакиҳо аз насли ӯ буданд ва ин мақомро аз замонҳои бостон ба дӯш доштанд. Деворҳои оташкадаи Навбаҳорро бо ҷавоҳири гаронбаҳо ороста ва пардаҳои зарбофта ба рӯйи деворҳои он кашида буданд. Аксаран, бахусус дар мавсими баҳор, гулҳои бисёр бар он мениҳоданд ва ба ҳамин ҷиҳат Навбаҳор хонда мешуд.

Дар ҳамин давра буд, ки аз ҳар сӯ ба ин ҷо зоирон мешитофтанд. Бар фарози оташкада гунбади бузурге афрошта буданд, ки атрофи он 360 ҳуҷра дошт, ба андозаи хизматгузорони оташкада, ки ҳар кадом як рӯз дар хизмати маъбад қарор мегирифт ва боқимондаи сол осуда буданд. Болои гунбад парчамҳое, аз порчаҳои абрешимӣ афрошта буданд, ки ҳангоми вазиши бод ба ҳар сӯ ба алвонҷ медаромад. Чандин бут ва аз он ҷумла бути аъзам он ҷо вуҷуд дошт ва аз Кобул, Ҳинд ва Чин мардуми бисёр ба зиёрат шитофта, пас аз он ки дар баробари бут саҷда мекарданд, дасти Бармак, нигоҳбони бузургро мебӯсиданд. Заминҳои атрофи Навбаҳор ба масоҳати ҳафт фарсах вақфи ин оташкада буд ва хароҷоти калони оташкада аз даромади ҳамин заминҳо таъмин мешуд. Дар замони Усмон Ибни Аффон, ки Аҳнаф бинни Қайс Хуросонро фатҳ кард, оташкадаи Навбаҳор хароб гардид ва аҳолии он марзу бум ба дини ислом даромаданд.[111]Бино ба маълумоти ҳамин маъхаз, дар китоби «Фазоили Балх», ки соли 1350 ҳиҷрӣ тавассути Абдулҳай Ҳабибӣ нашр гардидааст, омада, ки дар ин ҷо то садаи VII ҳиҷрӣ оромгоҳи Зардушт мавҷуд будааст.

Сарзамини панҷуми Маздоофарида Нисоя мебошад, ки миёни Марв ва Балх воқеъ шудааст ва Аҳриман бар зидди он балою гуноҳи шакку тардидро ба вуҷуд овард. Мутобиқи ҳафриётҳои бостоншиносие, ки гузаронида шудааст, шаҳри Нисоя яке аз марказҳои бузурги замони қадим буда, дар 18-километрии шимоли ғарби Ашқобод — пойтахти Туркманистони муосир қарор дорад. Ричард Фрай ин шаҳрро на танҳо яке аз шаҳрҳои бузургтарини Осиёи Марказии даврони бостон, балки зодгоҳи яке аз қабилаҳои бузурги сакоӣ-парнҳо ҳисоб мекунад.[112] Тоҷгузории поягузори силсилаи подшоҳони империяи Ашконӣ Аршак маҳз дар ин ҷо сурат гирифтааст. Империяи Ашкониҳо (252 то м. — 222 мелодӣ) тавре ки зикр шуд, яке аз давлатҳои бузурги ҷаҳони бостон буда, бо империяи Рими қадим муқобилати шадид дошт. Нисо аз давраи подшоҳи дуюми силсилаи Ашконӣ-Тиридот (248-214 то м.) пойтахти мамлакат будааст.[113]

Сарзамини шашуми Маздоофарида Ҳаруя номида шуда, ки ба иттифоқи орои донишмандон Ҳирот шинохта шудааст. Чун Аҳуромаздо онро офарид, Аҳриман низ дар он ҷо болои жолаи шадид ва фақр падид овард. Балои овардаи Аҳриманро донишмандон ба таври гуногун тарҷума кардаанд: сиришк ва нолаю фиғон, офати пашша ва ғайра. Дар катибаҳои подшоҳони ҳахоманишӣ дар шакли Ҳарайва омадааст.[114] Имрӯз ин сарзамин дар ҷониби шимоли ғарбии Афғонистон мавқеият дорад. Муаллифи «Донишномаи Эрони бостон» дар бораи ин шаҳр менависад: «Дар замони бостон Ҳирот мисли Балх, Марв, Нисоя, Хоразм, Суғд, Кобул ва Гургон аз кишварҳои бузург ба шумор намерафт, балки аҳамияти он дар даврони исломӣ мебошад ва аз шаҳрҳои маъдудест, ки ҳатто дар замони муғулон шуҳрату эътибори фаровоне дошт»[115]

Тавре ки Ибн Ҳавкал ва Муқаддасӣ — ҷуғрофиёшиносони бузурги асри миёна навиштаанд, Ҳирот шаҳри бузург буда, қалъа ва девори баланде дошт. Дар шимоли шаҳр кӯҳистоне буд, ки аз шаҳр ду фарсах фосила дошт. Хоки он қобили зироат набуд. Аз он ҷо сангҳои осиёб ба сангҳои махсус барои сангфарш ба даст меомад. Дар қуллаи яке аз баландиҳои он оташкадаи куҳнае дида мешуд ба номи оташкадаи Сиришк, ки дар қарни IV ҳиҷрӣ ҳанӯз зардуштиҳо ба зиёрати он мешитофтанд. Ободию равнақи Ҳирот то замоне, ки муғулҳо онро истило карданд, боқӣ монда буд.[116]

Сарзамини ҳафтум, ки дар банди 10-уми Вандидод зикр гардидааст, Ваекерета ном дорад. Агар дар таъини ҳамаи сарзаминҳои дар боло номбаршуда, аксари донишмандон ҳамфикру ҳамақида бошанд, дар муайян кардани аксари сарзаминҳои боқимонда ақидаҳои мухолифи ҳамдигар баён шудаанд. Атрофи кӯли Ҳомун дар Афғонистон ва ё кули Урумия дар шимоли Эрон Мэри Бойс чунин ақидаҳоро беасос ва ғайриилмӣ медонад. Гурӯҳе аз авестошиносон, ки пайрави равияи суннатии маздаясно ҳастанд, Ваекеретаро Кобул ва гирду атрофи он медонанд.

Вале яке аз донишмандони маъруфи фарҳанги ориёӣ, олими шведӣ Ҳенрих Самюэл Нюрберг менависад: ҳафтумин бахш аз сарзаминҳое, ки Аҳуромаздо офарид, Ваекерета буд, ки хорпушт лона дорад. Офати ин сарзамин, ки Анграмайню офарид, зани ҷоду (паирика,ба тоҷикӣ парӣ)-и Хненсаити аст, ки ба Кирисоспа[117] пайваста буд. Ин сарзамин бо Кирисоспа бастагӣ пайдо мекунад ва чунон ки дидем, ӯ касест, ки худованди Ваю[118] дар Гуза (Яшти 15, банди 28), шохае аз рӯдхонаи Рангҳа, яъне дар бахшҳои пиромуну миёна ва ё болоии рӯдхонаи Сайҳун қурбонӣ карда буд. Аз ин рӯ, ман Ваекерета ва суратҳои дигари монанди онро гунае навишта аз вожаи Ваю-Керета — сарзамини офаридаи Ваю, ҷое, ки Ваю ба бартарини худоён буд, медонам ва онро бо сарзамини Гуза яке медонам. Тарҷумаҳои паҳлавӣ ин сарзаминро дар Кобул ва пиромуни он ҷустуҷӯ мекунанд, вале ин танҳо тахмин аст. Сабаби он ин аст, ки ин вожа пушти сари Ҳоруя меояд. Зани ҷодуи Хненсаити танҳо дар ҳамин ҷо ёд мешавад. Паирикоҳо аз бовардоштҳои Тӯрони бостон буд. Пайванди Кирисоспа бо чунин мавҷуде бояд аз як даста афсонаҳои тӯронии пеш аз Зардушт ва дар гирди шахсияти ӯ бархоста бошанд».[119] Ба ақидаи донишманди шведӣ, ки барои исботи андешаҳои худ далелҳои боварибахш меорад, Ваекерета бо номи паҳлавони маъруфи ривоятҳои тоҷикии замони бостон – Соми Гаршосп ё Соми Наримон вобастагии ому том дошта, ин сарзамин бояд дар гирду атрофи дарёи Сайҳун ҷустуҷӯ карда шавад. Ҳ.Мӯъминҷонов низ Ваекеретаро дар ҳамин минтақа пиндошта, онро бо шаҳри Боткен, ки дар 40 километрии шимолу шарқии Исфара, дар қаламрави ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад, вобаста мекунад.[120]

Ҳаштумин сарзамине, ки Аҳуромаздо барои ориёиён офарид, Урва мебошад. Ин сарзамин саршор аз сабзаҳои фаровон ва чарогоҳҳо дониста шудааст. Дар бораи мавқеияти ин сарзамин донишмандон фикру мулоҳизаҳои гуногун иброз доштаанд. Масалан, Дармстетер Ч, дар асоси ишороти Ҳеродот ба шароити хуби кишту кор ва сарсабзии заминҳо дар Бобул, ҳамин минтақа, яъне соҳилҳои дарёи Фуротро сарзамини Урва донистааст. Де Ҳарле муътақид аст, ки ин сарзамин бояд дар бахшҳои шарқии Эрони бостон қарор дошта бошад.[121]

Сарзамини нуҳуми офаридаи Аҳуромаздо Хнента дар Веҳркона (Гургон) мебошад. Дар катибаҳои ҳахоманишӣ дар шакли кишвари Варкона ёд шудааст. Юнониён онро Гиркания мегуфтанд. Дар ин минтақа таҳти номи Хнента ё наздик ба он маҳаллае пайдо намешавад.

Замоне ки Дорои I ба тахти ҳахоманишӣ соҳиб гардид, Парсава (Парфия) ҳудуди заминҳои вилояти ҳозираи Хуросон ва Гарканияро, ки дар соҳилҳои ҷанубу шарқии баҳри Хазар қарор дошт, дарбар мегирифт.[122] Шаҳрҳои маъруфи он Қумис аст, ки дар даврони ислом машҳур шуд. Ғайр аз он шаҳри Саддарвозаи Гекатомпил ва Задракарта аз аҳди қадим маъруф аст. Ҳангоми ҳамлаи Искандар ба Эрон (с. 331 то м.) ин кишвар зери фармони сардори эронӣ бо номи Фратафарн қарор дошт.[123] Бо фатҳи ин шаҳр дар ин ҷо ҳокими мақдунӣ бо номи Филиппро интихоб карданд. Ин ҳоким дар соли 318 то м. аз тарафи яке аз фармондеҳони Эрон, ки волии Ироқ буд, кушта шуд. Пас аз парокандагии империяи Искандар чанд шаҳр иттиҳод карда, вориди давлати селевкӣ шуданд.[124]

Кишвари даҳуми офаридаи Аҳуромаздо Ҳарахваитии зебо буд. Аҳримани маргофарин дар он ҷо гуноҳи дафни мурдагонро ба вуҷуд овард. Дар катибаҳои даврони подшоҳони ҳахоманишӣ ин ном дар шакли Ҳараувати (дорандаи рӯдҳои фаровон) омада, баъдан шакли Рухҷро гирифтааст. Чун ҳудуди он дар соҳилҳои Арғандоб дар Афғонистон қарор дорад, ин маҳалро Арғандоб низ мегӯянд. Чун ин минтақа бештар ба Ҳинд наздик буд, дини Зардушт дар миёни мардум камтар маъмул буда, нуфузи динҳои ҳиндӣ бештар буд. Чун заминҳои ин кишвар аз қадим ҳосилхез буд, теъдоди зиёди одамонро бо ғизо таъмин карда метавонист. Ба ифодаи Ҳеродот, дар замони ӯ дар ин сарзамини ғанӣ таманайҳо зиндагӣ мекарданд (китоби сеюм, 93 117). Дар асрҳои 2-1 пеш аз милод қабилаҳои саккоӣ дар баробари Заранг, Бохтар ва Гандҳара ин заминро тасарруф намуда, маскани худ ихтиёр намуданд.[125]

Сарзамини ёздаҳуми офаридаи Аҳуромаздо Ҳирманд (ав. Ҳаетумант)-и роюманди фараҳманд аст. Аҳримани маргофарин дар он ҷо гуноҳи бузурги сеҳру ҷодуро бавуҷуд овард. Ин калима дар санскрит Ҳетуманд, дар юнони Емимандра ва дар катибаҳои ҳахоманишӣ дар шакли Заранка (Заранҷ) омадааст. Нисбат ба ин, ки суннати мазҳабии зардуштӣ кӯли Чаечест ё кули Ҳомунро дар ин минтақа ҷой медиҳад, авестошиносон ба он таваҷҷуҳи махсусе зоҳир карда, чанде аз онҳо ин сарзаминро хостгоҳи Зардушт медонанд. Вақте ки сакоиҳо асри II-I то м. ин сарзаминро тасарруф намуданд, номи худро ба ин сарзамин доданд ва он ба Сакистон ё Сиистон мубаддал гардид.[126] Сарзамини Ҳилманд ё Ҳирманди бостон заминҳои атрофи дарёи Ҳилманд ва кӯли Ҳомунро дар бар мегирифт, ки имрӯз шомили қаламрави Эрон, Афғонистон ва Балуҷистон аст. Мутобиқи суннати Мазҳаби Сиистон зодгоҳи Рустам ва Сом — паҳлавонони номдори ориёӣ буда, дар даврони Каёниён аҳамияти фавқулоддае дошт. Дар даврони ислом Сиистон аз ин ҷиҳат шуҳрат пайдо кард, ки подшоҳони силсилаи саффорӣ — аввалин муборизони зидди салтанати араб аз ин сарзамин буданд.[127]

Сарзамини дувоздаҳуми зебои хубе, ки Аҳуромаздо барои ориёиҳо офарид, кишвари Рага аст, ки имрӯз Рай ном дошта, дар кишвари Эрон қарор дорад. Дар катибаҳои Ҳахоманишиён дар шакли Раго омадааст. Дар аҳди бостон ин шаҳр бахше аз кишвари Мод будааст. Дар катибаҳои Ҳахоманишиён маҳз истилоҳи Рага дар Мод омадааст. Дар ҳоти 19 банди 18 ясна Рай ҳамчун ватани Зардушт муаррифӣ шудааст. Ин шаҳр аз қадим яке аз шаҳрҳои обод буда, дар замони ислом низ мавқеияти худро аз даст надода буд. Ибн Ҳавкал менависад, ки баъд аз Бағдод ободтар аз Рай шаҳре дар Шарқ набуд.[128] Мэри Бойс, аввалан, чунин мешуморад, ки ду шаҳри Рага мавҷуд буда, он шаҳри дар Вандидод номбаршуда нест. Сониян, дар бораи яснои 19 банди 18, ки ин шаҳрро ватани Зардушт мешуморад, чунин менигорад; “Медонем, ки ҳатто дар давраи сосонӣ низ гоҳе матолиби ҷузъиро дар шароити хос ва бо ҳадафҳои муайян ба Авесто илова мекарданд. Барои ворид кардани матлабҳои нав дар Авесто мебоист аз тариқи иқтибос ё ба таркиби вожаҳои ошно ва истилоҳоти авестоӣ амал кунанд. Бинобар ин вуҷуди вожаи тақрибан ҳамрешаи Рага ба муғони модӣ имкон дод, ҷумлаи кӯтоҳеро таълиф ва вориди Авесто созанд, то муқаддастарин шаҳр, Рагаи худашонро тасбит кунанд ва онро вориди дуоҳои Ясно намоянд.[129]

Кишвари сездаҳуми офаридаи Аҳуромаздо, ки дар банди 17 фаргарди аввали Вандидод зикр шудааст, Чахраи неруманду тавоно ва поку беолоиш буд. Аммо Аҳриман дар ин ҷо гуноҳи сӯзондани мурдагонро падид овард. Муҳаққиқони ин мавзӯъ то ҳоло натавонистаанд мавқеият ва маҳалли ин шаҳрро таъин намуда, бо ҷуғрофияи бостонӣ татбиқ диҳанд. Масалан, Дармстетер ин мамлакатро яке аз шаҳрҳои Хуросон, Шпигел шаҳри Чаҳрам ва ғайра тахмин кардаанд. Чахра ба маънии чарх аст.[130] Ба назари ман аз эҳтимол дур нест, ки Чахре номи таърихии Пули Чархӣ бошад, ки воқеъ дар Афғонистон аст. Аз ин рӯ, ин ноҳияро зодгоҳи мутафаккир ва намояндаи тасаввуфи бузурги асри XIV тоҷик Мавлоно Яъқуби Чархӣ медонанд, ки оромгоҳи ӯ дар канори ҷанубии шаҳри Душанбе воқеъ гардидааст ва мақбараву боғи он ҳоло хеле обод шуда, зиёратгоҳи мардум мебошад.

Сарзамини чордаҳуми Маздоофарида, кишвари чоргӯшаи Варена мебошад, ки дар он ҷо Фаридун (ав. Сраетауна) — нобудкунандаи Заҳҳок (ав. Ажи Даҳака) таваллуд гардид. Аммо Аҳриман барқасди офаридаи нек дар ин ҷо як силсила гуноҳҳои нобахшуданиро ба вуҷуд овард. Дар Яшти 5 (Обоняшт, банди 22) ва Яшти 9 (Гӯшяшт, банди 4) Яшти 15 (Ромяшт, банди 7-8) Ҳушанг ба Аредвисура Анаҳито фариштаи муваккили дарёи Рангҳа қурбонӣ карда, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ба ӯ дар ғалаба болои девони мазандарӣ ва друвандони Варена кӯмак намояд. Дар бораи мавқеияти ин сарзамин низ тахмин ва фикру мулоҳизаҳои гуногун баён шудаанд. Баъзе аз донишмандон ин мавзеъро Дайлам ва Гелон дар шимоли Эрони муосир медонанд.

Аммо дар ин бобат Нюберг андешаи дигар иброз медорад. Мувофиқи маълумоти Авесто, Заҳҳок дар ибтидо подшоҳи сарзамини Бабар[131] буд. Донишманд ин аломатро роҳнамое дониста чунин менависад; «Ҷойи он дар сарзамини Бабар, яъне он ҷо ки сарзамини Ажидаҳака буд. Пас он пиромуни рудхонаи Сайҳун (Сирдарё) аст, зеро ки бабар ҳайвони муқаддаси Аредвисура Анаҳито буд. Донишманди мазкур ёдовар мешавад, ки мардуми ин сарзамин ҳамеша якҷоя бо сакоиҳо зикр мешаванд. Аз ин рӯ, вай ин мамлакатро дар шимоли Суғдиёна ва Бактриёна ҷой медиҳад.[132]

Сарзамини понздаҳум, ки Аҳуромаздо барои ориёиён офаридааст, Ҳапта Ҳенду мебошад. Аҳримани маргофарин дар ин ҷо гармои шадид падид овард. Ин ибора дар Ригведа дар шакли Сапта Синдава омадааст. Ибораҳои авестоӣ ва ведоӣ ҳарду мафҳуми Ҳафтрӯд ё ҳафт дарёро медиҳад. Хусусияти мазкур ва гармои ҳаво, ки мушаххасоти сарзамини мазкур аст, донишмандонро водор кардааст, ки чунин сарзаминро кишвари Ҳинд бидонанд. Вале дар таъину муаррифии ҳафт дарёи мазкур дар сарзамини Ҳинд дар миёни ведошиносони чи ин мамлакат ва чи аврупоӣ мухолифат ва андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Дар ҳар феҳрист номи дарёҳои гуногун ба мушоҳида мерасад, ки баъзан исми дарёҳои мамлакатҳои дигарро низ дарбар гирифтааст.

Мӯминҷонов Ҳ. ақида дорад, ки Ҳафтрӯди (дарёҳои Или, Қаратол, Биён, Оқсу, Лепса, Басканд ва Сарканд) Қазоқистон ва Қирғизистони муосир, ки дар тамоми фарҳангҳои ҷаҳонӣ яке аз марказҳои тамаддуни даврони бостон шуморида шудааст, Ҳапта Ҳендуи авестоӣ ва Сапта Синдаваи ведоӣ мебошад. Ин ақида чунин мерасонад, ки замоне қабилаҳои ҳиндуэронӣ дар як ҷо зиндагӣ карда, дорои решаи воҳиди тамаддун мебошанд.

Ғайр аз ин бояд тазаккур дод, ки ин минтақаҳо то истилои муғул аксаран мардуми ориёӣ буда, дар ин минтақаҳо тоҷикон то имрӯз боқӣ мондаанд ва ба ҳунармандию косибӣ бештар шуғл меварзанд. Онҳо гузаштагони худро сокинони бумӣ ва доимии он ҷойҳо медонанд.

Сарзамини шонздаҳуми Маздоофарида сарзамини обшори канори дарёи Рангҳа мебошад, ки дар он ҷо мардум бе подшоҳ зиндагӣ мекунанд. Аҳримани маргофарин дар ин ҷо зимистони шадиди девофаридаро ба вуҷуд овард. Яке аз унвонҳои дарёи Рангҳа дар Авесто «аурвант» омадааст, ки тунду тез, чолоку тавоно, далеру паҳлавон тарҷума мешавад. Дар Авесто аз ин дарё беш аз ҳама ёдоварӣ ва тавсиф шудааст. Бартоломе ва Вест ин дарёро афсонавӣ пиндоштаанд. Маркварт муътақид аст, ки он дарёи Зарафшон аст.[133] Дармстетер ин рӯдро дарёи Даҷла медонад. де Ҳарлез онро бо дарёи Ому татбиқ мекунад. Аммо аксари умдаи донишмандони ин мавзӯъ назар ба мушаххасоти он, дарёи Рангҳаи Авесторо дарёи Сир медонанд. Гейгер, Шпигель, Юсти, Нейберг аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Фариштаи муваккили ин рӯди бузург, ки умқи ҳазор қади одамиро дорад (Яшта 14 банди 29), Аредвисура Анаҳито – яке аз худоёни бостонии мардуми Тӯрон аст. Дар яшти панҷум дар бораи ин дарё маълумоти мушаххас пайдо кардан мумкин аст. Дар бораи мавқеияти ин дарёи авестоӣ Пурдовуд навишта: «Аз банди 81-и ҳамин яшт метавон фаҳмид, ки Рангҳа дар машриқи Эроншаҳр аст ва эҳтимол дорад, ки Сирдарё бошад, чаро ки Юишта – аз хонадони Фриёни тӯронӣ дар ҷазираи мавҷшикани Рангҳа барои Аредвисура Анаҳито қурбонӣ намуд. Фриёни тӯронӣ ҳамон аст, ки дар Готҳо (яснои 46 банди 12) аз ӯ исм бурда шуда, аз дӯстони Зардушт шумурда шудааст. Эҳтимол хонадону бозмондагони ӯро муносибтар аст, ки дар сарзамини худ, дар хоки Тӯрон қурбонӣ кунанд, то дар канори Даҷла…».[134] Дар яшти 15 (Ромяшт, банди 27) Гаршосп – паҳлавони ривоятҳои тоҷикӣ дар соҳили дарёи Рангҳа барои эзиди Ваю[135] назру қурбонӣ анҷом медиҳад. Аз ин дарё дар яшти 10 (Меҳряшт, банди 104), яшти 12 (Рашнуяшт, банҳои 18, 19), яшти 14 (Баҳромяшт, банди 29) ёдоварӣ ба амал омадааст. Дар Бундаҳишн (боби 9, банди 87) омадааст, ки ин рӯд аз кӯҳи Ҳара Березайтӣ битозад ва ба сарзамини Суғд ояд. Донишманди шведӣ Самюэл Нюберг дар бораи мавқеияти ин рӯд чунин менигорад: «Ба далелҳое, ки акнун хоҳад омад, ин номро ман ба сарзамини обрез, пуроби рӯдхонаи Рангҳа бармегардонам, яъне обрези рӯдхонаи Сайҳун, ки зимнан дар даврони бостон басе ҷанубтар аз имрӯз буд, ҷое, ки имрӯз Перовск хонда мешавад, рӯдхонае, ки ба шимолу ғарб меравад ва ба шимолтарин нуқтаи худ мерасад, сипас ба ҷануби ғарб печида ба бистари тақрибан 500 километри дароз, ки акнун хушк шуда, дар кӯли Арал, тақрибан дар миёнаи соҳили шарқии он мерезад»[136].

Дар Фарвардиняшт пиромуни қавму қабилаҳои ориёӣ маълумоте нуҳуфтааст, ки дар бахшҳои дигари Авесто дида намешавад. Масалан, дар он чунин омада: «Фурӯҳарҳои мардони покдини сарзаминҳои ориёиро меситоем. Фурӯҳарҳои занони покдини сарзаминҳои ориёиро меситоем. Фурӯҳарҳои мардони покдини сарзаминҳои Туйиряро меситоем. Фурӯҳарҳои занони покдини сарзаминҳои Туйиряро меситоем. Фурӯҳарҳои мардони покдини сарзаминҳои Саиримаро меситоем. Фурӯҳарҳои занони покдини сарзаминҳои Саиримаро меситоем» (Банди 143); «Фурӯҳарҳои мардони покдини сарзаминҳои Саиниро меситоем. Фурӯҳарҳои занони покдини сарзаминҳои Саиниро меситоем. Фурӯҳарҳои мардони покдини сарзаминҳои Доҳиро меситоем. Фурӯҳарҳои занони покдини сарзаминҳои Доҳиро меситоем». (Банди 144).

Тавре ки дида мешавад, дар ин ҷо сухан дар бораи панҷ қавм, панҷ қабила ё гурӯҳи қабилаҳо меравад; ориёиҳо, тӯрониҳо, саиримаҳо, саиниҳо ва доҳиҳо. Аз матни боло чунин фаҳмида мешавад, ки ин панҷ қавм ё қабилаҳо дар саргаҳу сарчашмаи дини зардуштӣ қарор дошта, дар сарнавишту интишори он мақоми муштарак доранд. Дар ин матн ҳеҷ кадоме аз қавмҳо ҷудо карда нашуда, ҳиссаи баробари ҳамаи панҷ қабилаю қавми ориёӣ махсус хотирнишон карда шудааст. Нуктаи дигаре, ки ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ёдоварӣ ва зикри махсуси баробарии мардону занон аст. Эҳтироми махсуси ориёиҳо ба занон, муносибати нек ва бахусус баробарии ҳуқуқи мардону занонро тамоми муаррихони даврони бостон хотирнишон кардаанд.[137] Сарнавишти ин қавму қабилаҳо дар саҳифаҳои рӯзгори таърих чӣ гуна аст, дар куҷо зиндагӣ мекарданд ва чӣ осоре аз худ боқӣ гузоштанд? Баъди гузаштани беш аз се ҳазор сол ва ба ин сарзамин сарозер гардидани даҳҳо халқу қавму қабилаҳои дигар, ҷавоб ба ин савол ниҳоят мураккаб аст. Чизе, ки маълум аст, иборат аз он мебошад, ки бахши пойдору мустаҳками ин қабилаҳо дар сарзаминҳои бобоии худ боқӣ монда, бахши дигар ба гӯшаҳои мухталифи Осиё кӯч бастанд ва бахши сеюм дар зери фишори мардуми тозаворид бо онҳо омехта шуда, аз саҳифаи таърих нопадид гардиданд.

Муносибат ба ин қавму қабилаҳо, чи дар гузашта ва чи дар даврони муосир гуногун будааст. Муносибати манфии муаррихони Юнон ва Руми қадимро ба ин сарзамин ва бошандагони он аксари муҳаққиқон хотирнишон кардаанд.[138] Яке аз донишмандони асри XIX-и рус Григорев В.В., ки асоси мустаҳками омӯзиши илмии таърихи Осиёи Миёнаро дар Русия поягузорӣ кардааст[139], дар ин бобат чунин ибрози ақида мекунад: «Масалан, Арриан дар китоби худ «Таърихҳо дар бораи лашкаркашии Искандари Бузург», ки зоҳиран, аз рӯзномаҳои ҳамсафарони Искандар навишта мегирифт, дар бораи фарҳанги пешрафтаи Бохтар, Суғд, Хоразм, ки истиқлолияти худро аз истилогарони мақдунӣ бо далерию ҷасорати мардона муҳофизат мекарданд, оё ақаллан ишорае кардааст? Арриан дар бораи аҳолии ин заминҳо ҳамчун «барбарҳо» сухан ронда, мегӯяд, ки онҳо аз скифҳои бодиянишин фақат бо он тафовут доранд, ки соҳиби шаҳру шаҳракҳо мебошанд. Ҳол он ки мо аз сарчашмаҳои дигар бидуни ягон шакку шубҳа медонем, ки сарзаминҳои номбурда маҳду гаҳвораи яке аз тамаддунҳои бостонитарин дар ҷаҳон мебошанд, дорои сармояи беҳтарини ақлонӣ буданд, бо истеҳсолоти худ шуҳрат доштанд ва бештар аз ҳама бо фаъолияти васеи тиҷоратии худ машҳури ҷаҳон гардида буданд. Дар бораи ҳамаи ин чизҳо мо аз Ҳеродот ҳам маълумоте гирифта наметавонем». Ва дар охир илова мекунад; «Бо ин ҳама, сатҳи бузургию дурахши тамаддуни онҳо ҳаргиз паст намешавад»[140].

Тамоми сарчашмаҳо ҳамаи панҷ қабилаи номбурдаро ориёӣ медонанд. Дар Авесто аз ориёиҳо бисёр зиёд ёдоварӣ ба амал омадааст. Аз ҷумла дар Фарвардиняшт аз бунёдгузор ё нофи дудмони ориёӣ — Каюмарс (ав. Гайомаретана) сухан рафтааст: «Фурӯҳари Каюмарси покро меситоем, нахустин касе ки ба гуфтору омӯзиши Аҳуромаздо гӯш фаро дод. Аз ӯ хонаводаи мамлакатҳои ориёӣ ва нажоди ориё ба вуҷуд омад». (Банди 87).

Дар ин китоби муқаддас анаря – ғайриориёӣ, бегона гуфта шуда, дар муқобили «аря» истифода гардидааст. Ба гуфтаи Страбон, ҷуғрофиядони юнонӣ, ки дар асри охирини то мелод зиндагӣ мекардааст, ҳамаи ин халқҳо бо як забон, вале лаҳҷаҳои гуногун суҳбат мекарданд.[141]

Ривояти ба се гурӯҳ тақсимшавии ориёиҳо, зоҳиран, решаи бисёр қадимӣ дорад. Яке аз онҳоро, ки марбут ба сакоиҳо аст. Ҳеродот, дар китоби чаҳоруми худ чунин баён мекунад: Аввалин сокини ин сарзаминҳои васеъ шахсе ба номи Таргитай буд. Вай се писар дошт: Липоксаис, Арпоксаис ва аз ҳама хурдӣ Колаксаис. Дар давраи подшоҳии онҳо аз осмон ба сарзамини скифҳо (сакҳо) ашёи зерини заррин афтоданд; сипор, юғ, табарзин ва паймона. Аввалин шахсе, ки ин чизҳоро мушоҳида кард, бародари калонӣ буд. Вале ӯ ба ин чизҳо наздик шуда буд, ки бардорад, рӯйи ашёи тиллоиро дуд фаро гирифт. Он вақт вай ақиб баргашт ва бародари дуюм ба он наздик шуд. Вале тиллоро боз забонаҳои оташ фаро гирифт. Гармии забонаҳои оташи ашёи заррин бародарони калониро маҷбур кард, ки ақибнишинӣ кунанд. Вале вақте ки бародари кӯчак ба он наздик шуд, оташ хомӯш гардид ва ӯ ашёи зарринро бардошта ба хонаи худ бурд. Баъди ин бародарони бузург розӣ шуданд, ки подшоҳиро дар ихтиёри ӯ бигузоранд[142].

Ин ривояти ориёӣ дар муқоиса бо ривояте, ки дар поён оварда, мешавад, бо ризоят ва хушии бародарон анҷом мепазирад. Дар ягон бахши Авесто дар бораи тақсими мамлакати Фаридун миёни се писарони ӯ ҳеҷ маълумоте вуҷуд надорад. Бо вуҷуди он ки дар бораи худи Фаридун (ав. Сраетауна) – мағлубкунандаи Заҳҳок зиёд ёдоварӣ мешавад, дар китоби муқаддас ҳатто номи писарони ӯ наёмадаанд. Фақат боре дар Фарвардиняшт (банди 131) номи Айирява, ки Эраҷ аст, оварда шуда, ба фурӯҳараш дуруд фиристода шудааст. Бино ба маълумоти Динкард (китоби 8, боби 13 банди 9-10), ин ривоят дар Авесто ба номи Читрадот мавҷуд будааст[143]. Вале бояд зикр кард, ки ин ривоятро тамоми муаррихони асри миёна ва «Шоҳнома» ба тафсил зикр кардаанд. Масалан, Балъамӣ ин қиссаро чунин тасвир кардааст: «Ва ӯро (Фаридунро) се писар буд: меҳтариро ном Тӯр ва миёнгинро ном Салм ва кеҳтариро – Эраҷ.

Афридун ҳама мулкро ба зиндагонии хеш миёни фарзандон қисмат кард ва ноҳияти Турк, Хазарон ва Чинистон мар Тӯрро дод ва ӯро Фағфур ном кард, замини Рум, Сақлоб, Рус ва замини Мағриб мар Салмро дод ва ӯро Қайсар ном кард ва замини Ироқ, Ҳилла, Басра, Восит, Ҳиҷоз ва то ҳадди Яман ҳама Эраҷро дод. Ва Афридун Эраҷро дӯсттар дошт. Пас Афридун бимурд ва ҳар се писар ба подшоҳӣ бинишастанд ва бар бародари кеҳтар ҳасад бурданд ва ҳарду омада ба ӯ ҳарб карданд ва ӯро бикуштанд ва ҷаҳон ба ду ним карданд»[144]. Бино ба ҳамин сарчашма Манучеҳр – писари Эраҷ бар зидди амакҳои худ лашкар кашида, ҳардуро ба интиқоми падараш ҳалок намуд.[145] Ривояти боло ба хотири нишон додани сарчашмаи зиддияти байни Эрону Тӯрон дар ҳамаи осори таърихӣ оварда шудаанд. Вале таҳлилу таҷзияи ҳамаҷонибаи ривояти боло нишон медиҳад, ки он сохтаю бофтаи даврони сосонӣ ва ё андаке пештар аз он аст. Артур Кристенсен ин мавзӯъро мавриди баррасии дақиқ қарор дода, ба чунин хулоса омадааст, ки ривояти мазкур аз ҷониби мубадон дар охири даврони ҳукмронии силсилаи ашконӣ сохта шудааст.[146] Тавре ки муҳаққиқи тоҷик Ҳ.Мӯминҷонов овардааст, ин зиддият дар натиҷаи афзойиши истеҳсолоти моддӣ, сарвату бойигарӣ ва бахусус афзудани нуфуси аҳолии Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омад[147].

Далели раднопазири дигаре, ки дурӯғро мардуд месозад, иборат аз он аст, ки дар бандҳои 143 – 144-и Фарвардиняшт сухан дар бораи фақат се қабила нарафта, дар ин ҷо дар бораи панҷ қабила, ки мушаххасоти умумӣ ва муштаракдошта меравад, ки баробар мебошанд ва яке бар дигаре бартарӣ надорад.

Ҳаракати қабилаҳои эронӣ аз ҷануби Осиёи Миёна ба сӯйи ватани таърихии худ дар охири ҳазораи II ва аввали ҳазораи I то м. оғоз гардида, ҷараёни сукунати онҳо дар ҷануби Эрони муосир дар ҳамин давра сабт карда шудааст.[148] Аммо муаллифи «Донишномаи Эрони бостон», ки тамоми сарзамини шимоли шарқ (Осиёи Марказӣ)-ро сарзамини Эрон медонад ва фикру мулоҳизаҳои донишмандони эрониро ҷамъбаст намудааст, дар ин маврид мулоҳизаи дигаре дорад: «Он чӣ ки бо итминони қотеътаре метавон ба он такя кард, он аст, ки эрониён ҳангоми вуруд ба фалот, ба ду гурӯҳи умда тақсим шуданд. Дастае зиндагии шаҳрнишиниро интихоб карда ва ба кишоварзӣ пардохтанд ва дастаи дигар, чун равиши маълуф (одат)-и гузашта ба галачаронӣ, биёбонгардӣ ва гирдоварии озуқа идома доданд. Хасоиси ин ду навъ зиндагӣ, чунон ки хоҳем дид, душманӣ миёнашон ба вуҷуд овард ва ин душманӣ бо мурури замон бисёр амиқ шуд. Ононе, ки равиши зиндагии гузаштаро идома доданд, ҳамон тӯрониён мебошанд. Дастаи дуюм, ки ба шаҳрнишинӣ ва кишоварзӣ пардохтанд, эрониён мебошанд».[149] Донишманди эронӣ чун далелҳои воқеан раднопазире надоштааст, ҳамин суханони беасосро далели қотеъ шумурдааст.

Донишманди рус Л.Н.Гумилев сабаби ҷудоии қавмҳои ориёиро аз паҳлуи дигар мавриди баррасӣ қарор дода, сабаби онро дар ислоҳоти мазҳабии Зардушт мебинад: «Онҳоро нажод ё забон аз ҳам ҷудо накарда, мазҳаб ҷудо карда буд. Ташаббуси ҷудо гардидани ваҳдати фарҳангии ориёиёни бостон, ба Зардушт, ки дини яккахудоӣ оварда, ситойиши Аҳуромаздоро тарғиб мекард, қаламдод мешавад… Вай ба ҷойи дастаи худоёни куҳани ориёӣ — даеваҳо, ки юнониҳо онҳоро дар кӯҳи муқаддаси Олимп ва германиҳо дар Валгалла ҷой дода буданд, фариштагони нав овард. Ҷонишинҳои Аҳуромаздо — амшоспандон ва худоёни бузурги юнониҳо ва асураҳои ҳиндӣ – душманони даеваҳо, ҳамсангу ҳамвазн мебошанд. Дар дини ҷадид устура ва таквини ҷаҳон мавқеи худро 180 дараҷа тағйир дода буд. Дини ҷадидро на ҳама пазируфтанд. Ҳатто дар Эрон он ба зудӣ ҳамагонӣ нагардид. Ҳамаи ориёиёне, ки имону эътиқоди худро нисбат ба динҳои бостонии худ ҳифз карда буданд, тӯронӣ гардида, онҳое, ки дини зардуштиро қабул карда буданд, эронӣ шуданд».[150] Ин ақидаи донишманди рус то андозае воқеъбинона буда, аз як сӯ, воқеияти таърихиро инъикос мекунад ва аз ҷониби дигар бо мундариҷоти Авесто мувофиқат дорад.

Дар Авесто тура ва туйиря сифат буда, маънии тӯронӣ, марбут, вобаста ба Тӯронро медиҳад. Тӯра ба маънии далер, нотарс, паҳлавон омадааст. Дар забони санскрит ва фарҳангҳо низ ин калима ҳамин маъниро дорад. Дар Авесто ин қавм бо унвони баланду ифтихоромези асу-аспа — дорандаи аспҳои тездав ёд шудаанд.

Дар Авесто аз Тӯрон бисёр зиёд ёдоварӣ шудааст. Вале тавре ки дар боло омад, нисбати ин ки тӯрониҳо бо зуҳури дини зардуштӣ, дини ҷадидро напазируфта, дар эътиқодоти куҳани худ боқӣ монданд[151] ва дар Авесто нақши манфӣ пайдо карданд. Бо вуҷуди он ки Зардушт – паёмбари нахустин дини яктопарастӣ дар сарзамини Тӯрон мутаваллид гардида, дар он ҷо ба таблиғи дини худ пардохтааст, ин мазҳаби ӯро дар ин сарзамин напазируфтанд. Бинобар он ӯ маҷбур гардид, ба сарзамини дигар, яъне Эрон — рақиби Тӯрон сафар кунад. Вай дар ин ҷо бо гармӣ истиқбол гардида, подшоҳони каёнӣ дини ӯро пазируфтанд.[152] Нисбати ин ки подшоҳи каёнӣ Гуштосп ва дарбориёни ӯ дини вайро пазируфта, барои интишори он кӯшишҳои фаровон анҷом доданд, дар Готҳо борҳо сутуда шудаанд.

Афросиёб – паҳлавони тӯронӣ яке аз шахсонест, ки дар сарнавишти мардуми ориёӣ мақому манзалати хосса дорад. Мувофиқи маълумоти Бундаҳишн (боби 31 банди 21), вай дар замони Манучеҳр яке аз подшоҳони охирини пешдодӣ хурӯҷ карда, ӯро шикаст дод ва пояи мустаҳками давлати мустақили Тӯронро гузошт. Достони маъруфи Ораши камонгир маҳз марбут ба ҳамин давра мебошад. Абӯрайҳони Берунӣ дар ин бора чунин менависад; Пас аз он ки Афросиёб бар Манучеҳр ғалаба намуда, ӯро дар Табаристон муҳосира кард, ҳарду подшоҳ ба ин қарор омаданд, ки ҳудуди хоке, ки аз Эрон бояд ба Тӯрон вогузор гардад, ба воситаи парришу хатти сайри тир муайян карда шавад. Дар ин ҳангом фариштаи Исфандормаз ҳозир гашта, амр кард, то тиру камоне, чунон ки дар Авесто баён шудааст, баргузинанд. Он гоҳ Орашро, ки марди шарифу ҳаким ва диндоре буд, барои андохтани тир биёварданд. Ораш бараҳна шуд, бадани хеш ба ҳозирон нишон дод ва гуфт: ай подшоҳ ва ай мардум, бингаред, маро захму маразе нест, вале яқин дорам, ки пас аз андохтани тир қитъа-қитъа шуда, фидои шумо хоҳам гардид. Пас аз он даст ба чаллаи камон бурда, ба қувваи худодод тир аз шаст раҳо кард ва худ ҷон таслим намуд. Худованд ба бод амр фармуд, то тирро ҳифз намояд. Он тир аз кӯҳи Рӯён ба болотарин нуқтаи машриқ — Фарғона расид ва ба решаи дарахти чормағз, ки дар дунё бузургтар аз он дарахте набуд, нишаст. Он мавзеъро сарҳади Эрону Тӯрон қарор доданд. Аз он ҷое, ки тир партоб шуд ва то ба он ҷое, ки фурӯ нишаст, шаст ҳазор фарсах фосила аст. Бинобар ин ҷашни Тиргон ба муносибати сулҳи Эрону Тӯрон мебошад.[153]

Сарчашмаҳои дигар чунин маълумот додаанд, ки тири Ораш аз кӯҳи Айирюхшуса партоб гардида, ба кӯҳи Хвонвант фуруд омад. Дигарон маҳалҳои гуногунро нишон додаанд.[154] Аз ин матн ва гузориши «Минуи хирад» (боби 27 банди 44) маълум мешавад, ки то хурӯҷи Афросиёб тӯрониён ва эрониён дар сарзамину ватани воҳид зиндагӣ карда, ҳодисае боиси зуҳури чунин зиддиятҳо гардидааст. Дар бахшҳои гуногуни Ясно ва Яштҳо зиндагии муътадил, осуда ва босаодати қавмҳои ориёӣ тасвир карда шудаанд. Артур Кристенсен менависад: «Кишвари Тӯрон Туряна ном дорад. Дар Обоняшт маҳалли ин қавм, яъне маҳалли ҷанги онон бо сардории хонадонаи Виса (ав. Ваесака) бо Тӯс — сарлашкари Эрон наздики Канҳа маълум шудааст. Дар бораи ин ки қавми тӯр аз чӣ нажоде будаанд, бояд донист, ки аз рӯйи таҳқиқоти охирин ва ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба далелу қароине, ки аз Авесто бармеояд, метавон гуфт, ки тӯрониён аз ҷумлаи ақвоми ориёӣ будаанд, ки ҳанӯз оини маздаясноро қабул накарда буданд ва дар он сӯи Ҷайҳун сукунат доштанд[155]

Ба ақидаи Иброҳими Пурдовуд, ба андешаи донишмандону шарқшиносон тӯрониён тоифаҳое буданд, ки дар даштҳои Руссия, Қазоқистону Қирғизистон ҳамчун чорводору чодирнишин зиндагӣ мекарданд ва аз баҳри Хазар то рӯди Сирдарё пароканда буданд.[156]

Вале дар мавриди маҳаллу мавқеияти сарзамини Тӯрон ақидаю мулоҳизаҳои дигар низ вуҷуд дорад, ки дар саҳифаҳои пештар мавриди таҳлилу таҷзия қарор гирифтанд. Л.Н.Гумилев чунин мешуморад, ки исми Тӯрон яке аз номҳои бостонии Осиёи Марказӣ буда, ҳамвазни Эрон аст ва сокинони ин сарзаминҳо ориёиҳое буданд, ки аз ҳар ҷиҳат бо ҳам наздик буданд. Ба фикри ӯ Тӯрони бостон ҳудуди Осиёи Миёна ва Афғонистонро дарбар мегирифт.[157] Донишманди асри XIX немис Франсуа Ленорманн, ки мавзӯи Тӯрон ва тӯрониёнро мавриди таҳқиқи амиқ ва ҳамаҷониба қарор додааст, тӯрониёнро яке аз қавмҳои мутамаддини бостонӣ медонад, ки пеш аз муҳоҷиратҳои қавмҳои сомӣ ба Шарқи Наздик муҳоҷират карда, дар пайдоиш ва ташаккули тамаддуни шумериҳо, калдониҳо, бобулиҳо ва халқҳои дигари ин минтақа саҳми қобили мулоҳиза гузоштаанд. Вай ҳатто мавқеи ҷуғрофии сукунати як гурӯҳи қабилаҳои тӯрониро муайян мекунад: «Вақте ки сомиҳо (арабҳо) аз як сӯ ва эрониён аз сӯйи дигар муҳоҷират карда, дар ватанҳои таърихии худ маскан ихтиёр карданд, аҳолии тӯронӣ дар миёни онҳо, аз халиҷи Форс сар карда, дар кӯҳҳо ва водиҳои дарёҳои Даҷла ва Фурот, боқӣ монданд».[158] Аз рӯйи тасвире, ки муҳаққиқи олмонӣ медиҳад, дар минтақаи мазкур яке аз шохаҳои хонаводаи ориёӣ – мардуми нотарсу муборизи курд зиндагӣ мекунанд.

Ин муҳаққиқ дар бораи аслу маншаъ ва фарҳанги тӯрониҳо чунин менигорад: «Маркази ибтидоӣ, аз ҷое ки ҳамаи қавмҳои тӯронӣ дар ҷаҳон интишор пайдо карданд, самти шарқии баҳри Арал буд. Онҳо дар он ҷо, дар даврони ниҳоят бостон дорои тамаддуни худ буданд, ки бо дини дурушти собеӣ, вале самти материалистии дараҷаи баланд, норасоии илҳоми ахлоқӣ, вале дар баробари ин инкишофи фавқулоддаи самтҳои муайяни дониш, комёбиҳои бузург дар ҷиҳатҳои муайяни моддӣ фарқ мекард, дар сурате ки тарафҳои дигари он дар ҳолати ибтидоӣ боқӣ монда буд. Чунин тамаддуни аҷиб дар бахшҳои зиёди Осиё интишор пайдо карда, ба гуфтаи муаррихи юнонӣ Юстин 15 аср идома дошт. Ҳамаи тӯрониёни Осиё ба ҳар сарзамине, ки сафар кунанд, ин фарҳангро ба он ҷо интиқол медоданд. Яке аз шохаҳои онҳо, ки имрӯз эстониҳо мебошанд, пеш аз ҳама чудо шуда буданд. Ин фарҳанги аҷиб дар Шумер(сумер)-и соҳили Даҷла ва дравидҳо дар Ҳинд ба вуҷуд омадааст».[159] Бисёре аз донишмандон ҳамаи қавмҳои ориёии маскуни Осиёи Марказӣ, ба хусус сакоиҳоро тӯронӣ номидаанд.[160] Портҳо ва сарматҳо низ аз ҷумлаи онҳо ҳисоб карда шудаанд.[161] Дорои 1 дар катибаи Беҳсутун дар Тахти Ҷамшед дар қатори мамлакатҳое, ки дар зери фармони ӯ буданд, Тӯронро ном набурда, аз се гурӯҳи қабилаҳо — сака-ҳаумаварка (сакҳои ситояндаи ҳаума), сака-тиграхауда (сакҳое, ки болои кулоҳашон нӯгтез аст) ва сака-тарадрайя (сакҳои он сӯи дарё) зикр мекунад.[162]

Олими тоҷик Ю. Ёқубов аз ақидаи бостоншиноси рус Э. Новгородова пуштибонӣ карда, ватани ибтидоии тӯрониёнро дар давраи неолит, энеолит, биринҷ ва аввали асри оҳан дар Муғулистони Марказӣ медонад. Вай чунин мешуморад, ки калимаи тӯр аз номи говҳои зоти тӯр гирифта шуда, тотем-лақаби ҳамаи чорводорони ориёӣ ба шумор меравад.[163] Ба ақидаи муҳаққиқи дигари тоҷик Ҳ. Мӯминҷонов дар ибтидо Тӯрон сарзамини васеъ набуда, бахше аз Айиряна Ваеҷаро ташкил медодааст. Он дар аввал доманаҳои кӯҳҳои Тиёншон, Помир, Қазоқистони муосир, вилояти Ҳафтрӯд дар шарқ то ба Ҳамвориҳои Тӯрон ва кӯли Арал дар ғарб имтидод доштааст. Бо мурури замон, ки нуфузи қабилаҳои тӯронӣ бештар гардид, ҳудуди Тӯрон низ торафт васеъ шуда, дар ҳазораи аввали пеш аз мелод тамоми сарзамини Осиёи Миёна бо ин ном мусаммо гардид.[164]

Сарзамини Саиримаро ҷонибдорони равияи суннатии мазҳабӣ мутобиқи ривоят сарзамини Салм ё Сарм – писари Фаридун донистаанд. Мувофиқи маълумоти Бундаҳишн (бандҳои20, 29) он сарзамини Рум буда, ба он Осиёи Хурд ва Сурия шомил мешудааст.[165] Вале аксари муҳаққиқон ва донишмандон бар онанд, ки Саирима сарзамини Сарматия ва халқи он сарматҳоро дар назар дорад, ки дар аксари сарчашмаҳо аз онҳо ёдоварӣ ба амал омадааст. Аксари муаррихони бостон бар ин ақидаанд, ки сарзамини сарматҳо дар ғарби кӯли Арал то дарёи Волга имтидод доштааст. Чун машғулияти асосии ин халқ чорводорӣ буда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи чарогоҳҳои нав мегардид, ҳанӯз Гиппократ (460-377 то м.) — маҳалли зиндагии онҳоро дар гирду атрофи баҳри Азов медонад. Ба гуфтаи донишманди эронӣ Руқия Беҳзодӣ табиати онҳо бо халқҳои ориёӣ мушобеҳ буда, забонашон вобаста ба забони авестоӣ мебошад. Онҳо ғарбитарин шуъбаи қабилаҳои сакоӣ буда, бо яке аз лаҳҷаҳои сакоӣ сухан мегуфтанд.[166] Аз рӯи маълумоти муаррихони Юнони бостон Диодор ва Плиний Модҳо, ки дар Осиё аввалин давлати бузурги ориёиро ба вуҷуд оварда буданд, худро мансуб ба ин қавм медонистанд.[167] Чун дар асари муаррихони румӣ ва юнонӣ аз ду халқ – сармат ва севромат сухан рафтааст, Йозеф Маркварт ҳардуро яке донистааст.[168] Ҳеродот дар китоби чоруми худ (бандҳои 110-117) дар бораи сарматҳо ва ба хусус тарзу усули зиндагии онҳо ҳикояти аҷибе овардааст.[169] Зоҳиран, сарматҳо гурӯҳи қабилаҳо буда, аз қавму гурӯҳҳои гуногун иборат будаанд, ки яке аз дигаре бо лаҳҷа тафовуте доштаанд. Онҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардаанд: ёзигҳо, роксоланҳо, сиракҳо, аорсиҳо ва атноиҳо.[170] Мувофиқи маълумоти донишманди англис Тамара Райз, қабилаҳои скифҳо ва сарматҳо аз ҳазораи I то м. аз Дон то ба Днепр интишор пайдо карда, дар зиндагии иҷтимоӣ ва бахусус фарҳанги даврони муҳоҷирати халқҳои Аврупои Марказӣ, Скандинавия ва ба василаи онҳо ба санъату ҳунари даврони асримиёнагии Ирландия ва Англия таъсири фаромӯшнашаванда боқӣ гузоштанд.[171]

Страбон дар бораи ёзигҳо яке аз қабилаҳои сарматҳо, ки бо номи яксаматаҳо низ ёд мешуданд, навишта, ки онҳоро сокинони водиҳои дарёи Дон медонистанд, вале онҳо дар поёни садаи II то м. ғарби дарёи Днепр ва шарқи Днестрро иқоматгоҳи худ ихтиёр карда буданд. Сиракҳо бошанд дар асри охирини пеш аз мелод дар дараҳои Кубан ва шимолғарбии Қафқоз зиндагӣ мекарданд.[172] Муаллифи китоби «Қавмҳои куҳан дар Осиёи Марказӣ ва фалоти Эрон» чунин мешуморад, ки қавми имрӯзии осетии аланҳо мероси неруманд ва пурҷамъияти тоифаи сарматҳо ба шумор меравад.[173]

Дар Тоҷикистон низ дар ин мавзӯъ тадқиқоти муайяне анҷом гирифтааст. Масалан, бостоншиноси тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов дар ҷамъбасти яке аз тадқиқотҳои худ менависад; «Ба ақидаи мо, Сарима ин номи ҷуғрофии сарзамини сакоиҳо буда ва ба он аз Дунай то Сайрами Қазоқистон ва умуман ноҳияҳои сакоинишини Қазоқистон дохил мешаванд. Номи рӯд ва водии Сайрам то кунун дар Қазоқистон боқӣ мондааст».[174]

Бино ба навиштаи донишмандони авестошинос тадқиқоти тӯлонӣ дар муайян кардани мавқеъ ва маҳалли сарзамини Саинӣ, ки дар банди 144-и Фарвардиняшт омадаааст, натиҷаи муътамаде ба бор наовардааст.[175] Бо вуҷуди он ки донишмандони гуногун дар таъини ин сарзамин фарзияҳое пешниҳод кардаанд, вале бунёди истидлоли онҳо суст мебошад. Масалан, Вест гумон кардааст, ки Саинӣ ҳамон Самарқанд аст. Дар Бундаҳишн (боби 15 банди 29) шаҳре ба номи Сенӣ ёд шуда, зикр гардидааст, ки он Кинистон ё Самарқанд аст. Ин далел барои таъини мушаххаси мамлакати Саинӣ ниҳоят суст аст. Ё ки Юстӣ бино ба ривояти Ёқут, ки Сонро деҳе дар Балх медонад, сарзамини Саиниро ҳамон Сон медонад.[176]

Виндишман ва Дармстетер Саиниро сарзамини Чин донистаанд. Анкетил Дюперрон – муҳаққиқ ва тарҷумони нахустини Авесто ин сарзаминро кишвари Суван донистааст, ки бино ба ривояти Страбон дар шимоли баҳри Хазар мавқеият доштааст.[177] Ю. Ёқубов дар ин бобат ақидаи дигаре дорад. Вай чунин менависад; «Мо дар нашри аввал ва дуюм замини Саиниро ба Хутану Синд нисбат додем, ки нодуруст будааст. Ин заминҳо ба Тӯрон дохил мешаванд. Таҳлили сарчашмаҳои бостонӣ (археологӣ) моро водор сохтанд, ки мулки Саиниро ба заминҳои Олтой ва Сибири Шарқӣ нисбат диҳем».[178]

Сарзамини панҷум ва охирини зикр кардаи банди 144-и Фарвардиняшт сарзамини доҳӣ (доҳа) аст. Доҳиҳо қабилаҳое мебошанд, ки ба иттифоқи орои донишмандон дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Туркманистон, дар минтақаҳои шарқии баҳри Хазар зиндагӣ мекарданд.[179] Аз рӯи маълумоти Страбон, ки қабилаи парнҳоро[180] бахше аз иттиҳодияи қабилаҳои доҳа ҳисоб мекунад,[181] маълум мешавад, ки қавми мазкур сернуфус буда, аз чанд қабилаи неруманду тавоно иборат будааст. Номи ин халқи авестоӣ дар исми Даҳистон, вилояте, ки дар бахши шарқӣ ва ҷануби шарқии баҳри Каспий мавқеият дошт, сабт гардидааст. Муаллифони асри қадим ба хешовандӣ ва наздикии парнҳо ва сакоиҳо борҳо ишора кардаанд. Дар империяи Ашконӣ, ки дар даврони рашодату паҳлавониҳо зуҳур карда буд, ривояту достонҳои бостонӣ дар бораи подшоҳон ва қаҳрамонони замони қадим аз нав зинда гардида буд. Аз ин рӯ, забони портӣ номи забони паҳлавӣ ё паҳлавониро гирифта, худи портҳоро паҳлавон хитоб мекарданд.[182] Ин қавм бо нотарсӣ, далерӣ ва ҷанговарӣ ном бароварда буд. Ба қавли Беросс – муаррихи келдонии асри III пеш аз мелод, Куруш бо қабилаҳои доҳа ҳамеша дар ҳолати зиддияту ҷанг будааст. Арриан – муаррихи юнонии асри I милодӣ дар сафи лашкариёни Дорои III дар ҷанги Искандари Мақдунӣ аз саворони тирандози доҳа ном мебарад. Бахше аз лашкари муътамади подшоҳони Ашконӣ низ онҳо будаанд. Ба Меҳрдоди II (248-214 то м.) подшоҳи дуюми Ашконӣ муяссар шуд, ки ба кӯмаки онҳо аз болои Селевкиҳо ғолиб ояд.[183]

Тавзеҳот

_______________

[1] Муминджанов Х. Древнетаджикская и древнегреческая философии; тождество различия и различие тоджества. В сб.: Зороастризм и его значение в развитии цивилизации народов Ближнего и Среднего Востока. Душанбе., 2003. – с. 29.

[2] Фрагменты ранных греческих философов. М., 1989. – с. 94

[3] Мӯминҷонов Ҳ. Зардушт ва оини ӯ. Душанбе, 1993. – с. 28.

[4] Ҷанги Троя дар ҳудуди асри XII то м. сурат гирифтааст.

[5] Пурдовуд И. Ясна, ҷ. 1. Теҳрон, 2536. – с. 75 ба баъд.

[6] Кузнецов Б. И. Древний Иран и Тибет. Санкт – Петербург, 1998. – с. 232.

[7] Ҷаҳони фравашии Авесто бо ҷаҳони мусули Афлотун баробар аст.

[8] Ҷаҳони фравашии Авесто бо ҷаҳони мусули Афлотун баробар аст.

[9] Моле М. Эрони бостон. Теҳрон, 1377. – с.121; Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. Мюнхен, 1980. – с. 60.

[10] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 60.

[11] Муин М. Маздаясно ва адаби порсӣ. Теҳрон, 1338. – с. 97-99.

[12] Хрестоматия древнего Востока. М.,1978. – с. 492.

[13] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 41-42

[14] Гафуров Б. Таджики. – с. 64

[15] Кёйпер Ф. Б. Я. Труды по ведийской мифологии. М., 1986. – с. 9.

[16] Оштиёнӣ. Зардушт. – с. 62.

[17] Кристенсен А. Каёниён. – с. 26.

[18] Оштиёнӣ. Зардушт. – с. 63.

[19] Бойс М. Зороастрийцы. М. 1988. – с. 27; Зороастрийцы. Санкт- Петербург, 2003. – с. 18.

[20] Куруш – поягузори сулолаи Ҳахоманишиён дар моҳи августи соли 530 аз ҷониби масагетҳо яке аз қабилаҳои ориёии Осиёи Миёна кушта шуд. (Таджики. Душанбе, 1989. с. 88).

[21] Бойс М. Чакидаи таърихи кеши Зардушт. Теҳрон, 1377. – с. 40-41.

[22] Дар Авеста Саена ба маънии Симурғ аст.

[23] Бойс М. Чакидаи таърихи кеши Зардушт. – с. 43.

[24] Фрай Р. Наследие Ирана. М. 2002. – с. 52.

[25] Кристенсен А. Каёниён. Теҳрон, 1381. – с. 9.

[26] Авеста в русских переводах. Санкт-Петербург, 1997. – с. 9.

[27] Кляшторный С. Г. Султонов Т. И. Государства и народы Евразийских Степей. Санкт-Петербург, 2004. – с. 24.

[28] Стеблин-Каменский И. М. Авеста. М., 1993. – с. 3.

[29] Крюкова В. Ю. Зороастризм. С.П., 2005. – с. 18.

[30] Пурдовуд И. Ясно.ҷ. 1. Теҳрон, 2536. – с. 110.

[31] Беҳрӯз Б. Замони Зардушт. Теҳрон, 1346. – с. 5.

[32] Мӯъминзода Ҳ. Зардушт ва оини ӯ. Бахши аввал. – Душанбе, 1993. – с. 29.

[33] Омӯзгор Ж. Тафаззулӣ А. Устураи зиндагии Зардушт. Теҳрон, 1380. – с.22.

[34] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 110.

[35] Массон В. М. Историография древней истории Средней Азии В.сб. «Историография истории древного Вастока». Санкт-Петербург, 2002. – с. 50.

[36] Донишномаи Эрони бостон. ҷ. II. Теҳрон, 1381. – с. 1078.

[37] Муин М. Маздаясно ва адаби порсӣ. – с. 60-65.

[38] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт . – с. 31.

[39] Кристинсен А. Каёниён. Теҳрон. – с. 4.

[40] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 31.

[41] Кистенсен А. Каёниён. Теҳрон, 1381. – с. 4.

[42] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 21-24.

[43] Фрай Р. Наследие Ирана. М., 2002. – с. 55.

[44] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 21-24.

[45] Авеста в русских переводах. – с. 13.

[46] Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. – с. 39-42.

[47] Баҳор М. Пажӯҳише дар асотири Эрон. – с. 190-213; Омӯзгор Ж., Тафаззулӣ А. Устураи зиндагии Зардушт. Теҳрон, 1380. – с. 29-46.

[48] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 26.

[49] Донишманд 16 кишвареро дар назар дорад, ки дар фаргарди аввали Вандидод зикр шудаанд.

[50] Маҷаллаи «Баррасиҳои таърихӣ». 1347, № 5 – с. 299.

[51] Оштиёнӣ Ҳ. Зардушт. – с. 33-34.

[52] Омӯзгор Ж. Тафаззулӣ А. Устураи зиндагии Зардушт. – с. 23.

[53] Оштиёнӣ Ҳ. Зардушт. – с. 33-34.

[54] Омӯзгор Ж. Тафаззулӣ А. Устураи зиндагии Зардушт. Теҳрон, 1382. – с. 24.

[55] Маркварт И. Веҳруд ва Аранг. Теҳрон, 1367, – с. 14.

[56] Авеста в русских переводах (1861-1996). – с. 9-13.

[57] Пурдовуд Ясно. Ҷ. 1. – с. 34-36; Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с. 31-33.

[58] Нюберг Г. Х. Динҳои Эрони бостон. – с. 64.

[59] Кристенсен А. Маздопарастӣ дар Эрони қадим. Теҳрон, 1376. – с. 22.

[60] Ҳамон ҷо. – с. 23.

[61] Ҳар ҳоти 17-гонаи Зардушт бо номи мантра (тарона) ёд мешаванд.

[62] Яснои 35 то 42 аз ҷиҳати қадимат ба Готҳо наздик буда, аз ҷониби шогирдони паёмбари ориёӣ навишта шудаанд.

[63] Бойс М. Чакидаи таърихи Кеши Зардушт. Теҳрон, 1377. – с. 44-49.

[64] Абаев В. И. Скифский быт и реформы Зороастра. АО,т. 24, 1956. – с. 23-56 Мӯъминзода. Ҳ. Зардушт ва оини ӯ. Душанбе, 1993. – с. 36.

[65] Бернштам А. Н. Материалы и исследования по археологии СССР №26. Историко-археологические очерки Центрального Тяньшаня и Памиро-Алая. М., 1952. – с. 214.

[66] Яқубов Ю. К проблеме времени и места рождения Заратуштры. В. Сб. Авеста в истории и культуры Центральной Азии. Душанбе., 2001. – с. 39.

[67] Авеста в истории и культуре Центральной Азии. Матер. Межд. конф. Душанбе, 2001. – с. 39.

[68] Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. Душанбе, 2004. – с. 86.

[69] Ориёиёни бостон ҷаҳонро ба ҳафт бахш тақсим карда буданд. Кишвари марказӣ, ки худи онҳо мезистанд ва аз ҷиҳати масоҳат бо шаш бахши дигар баробар буд, Хванираса (дорои фойтунҳои зебо) ном дошт.

[70] Ба вуҷуди он, ки донишмандон дар бораи хостгоҳи ориёиён ибрози ақида кардаанд, дар бораи таъйини мушаххаси сарзамини Айиряна Ваеҷа камтар ибрози назар намудаанд. Кипперт онро ба ҷанубу шарқии Фарғона, Гейгер ба Фарғона ва Кӯҳистони ҳозира нисбат дода, Даитяро дарёи Зарафшон медонад. Баъзе донишмандон дар зери таъсири ислоҳоти даврони сосонӣ Арон — воқеъ дар шимоли Эрони муосирро Айиряна Ваеҷа донистаанд. Гейгер пас аз 14 соли таҳқиқ, дар ақидаи худ собит монда, чунин навиштааст: «Айияна Ваеҷа ҳатман дар бахшҳои болоии шимолу шарқии Эроншаҳр қарор дорад ва мумкин нест, ки Арон бошад». (Пурдовуд И. Ясно ҷ. 1. с. 41) Тил низ ин сарзаминро дар шимолу шарқи Эроншаҳри бостон медонад. Фрай дар шарқи Эрон ба шумули сарзаминҳои имрӯзаи Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳисоб мекунад. (Фрай Р. Наследие Центральной Азии. Душанбе, 2000. – с. 80) Донишманди шаҳири эронӣ Иброҳими Пурдовуд Ориёвиҷ (Эронвич)-ро дар Туркистони Руссия тасаввур кардааст (Пурдовуд И. Ясна. Ҷ.1. –с. 47) Муаррих ва бостоншиноси тоҷик Неъматов Н. даштҳои Олтой то дарёи Волга ва соҳили баҳри Хазарро чунин минтақа медонад (Неъматов Н.Н. Прародина ариев. Душанбе, 2005. –с. 28) Муҳаққиқи тоҷик Мӯминҷонов Ҳ.Ҳ. доманаи кӯҳҳои Олтой, Тяншон ва Помир, Қазоқистони муосир, баҳри Хазар, дарёи Урал ва водиҳои Фарғонаю Зарафшонро Айиряна Ваеҷа муайян кардааст. (Мӯминҷонов Ҳ.Ҳ. Тӯрон. Гаҳвораи тамддуни ориёӣ. Душанбе, 2004. –с. 28).

[71] Разӣ Ҳ.Донишномаи Эрони бостон. ҷ. IV. – с. 2420-21.

[72] Тиштрйа – фариштаи раъду барқ, борон ва фаровонҳосилӣ.

[73] Бундаҳишн. Теҳрон, 1378. – с. 75; Пурдовуд И. Виспарад. – с. 112-113.

[74] Ҳаро (ав. Ҳара Березайти) кӯҳест, ки нимаафсонавӣ буда, баъзе муҳаққиқон онро бо силсилакӯҳҳои Тибет ва баъзеи дигар бо кӯҳи нимасотирии Албурз яке медонанд.

[75] Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381. – 13-20.

[76] Минӯи хирад. Теҳрон. 1379. – с.37.

[77] Минӯи хирад. Теҳрон. 1379. – с.57.

[78] Бундаҳишн (Ҳиндӣ). Теҳрон, 1368 – с. 82-83.

[79] Кристенсен А. Каёниён. – с.82.

[80] Пурдовуд И. Яштҳо. ҷ. I. – с. 220.

[81] Нюберг Г. С. Динҳои Эрони бостон. – с. 257

[82] Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. – с.65 ба баъд.

[83] Якубов Ю. Религия древнего Согда. Душанбе, 1996. – с.31, 121.

[84] Ин калима возеҳ тарҷума нашудааст.

[85] Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литературы. – с.50.

[86] Ин тӯфон дар ривояти исломӣ номи тӯфони Нӯҳро гирифтааст.

[87] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон, ҷ I. -с. 155 –168: Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно. Теҳрон, 1371. –с. 46.

[88] Кристенсен А. тарзи қироати Саукавастанро машкук медонад. Тарзи қироати Сақавастан ба ҳақиқат наздик буда, маънои сарзамин ё кишвари сакоиҳоро медиҳад.

[89] Дар давраи Шӯравӣ ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро мустаъмираи русҳо медонистанд.

[90] Пурдовуд И. Ясно. ҷ I.Теҳрон, 2536. – с. 47.

[91] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт – с. 4.

[92] Оштиёнӣ Ҷ. Зардушт. – с.5.

[93] Пурдовуд И. Ясна ҷ.I. – с.41.

[94] Оштиёнӣ Ҷ. Зартушт. – с. 3-6.

[95] Нюберг. Динҳои Эрони бостон. – с.326.

[96] Бойс М. Чакидаи таърихи кеши Зардушт. – с.46.

[97] Яъқубшоҳ Ю. Тоҷикшинос. Душанбе, 1999. – с.15-16.

[98] Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамаддуни орёӣ. – с.28.

[99] Негматов Нумон. Таджикский феномен: Теория и история. Душанбе, 1997. – с. 21.

[100] Пурдовуд И. Яштҳо. ҷ. I. – с.431.

[101] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ.II. – с. 1431.

[102] Ҳамон ҷо. – с. 1431.

[103] Бойс М. Чакидаи таърихи кеши Зардушт. – с. 25.

[104] Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно – с. 432.

[105] Ҳудуд-ул-олам мин-ал-машриқ ил-ал-мағриб. Теҳрон, 1383. – с. 301-302.

[106] Фарҳанги Деҳхудо ҷ.40. Теҳрон, 1352. – с.22.

[107] Фарҳанги Деҳхудо ҷ, 9. – с. 1432.

[108] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон, ҷ. III. – с. 1432.

[109] Фарҳанги Деҳхудо, ҷ IX. – с. 186.

[110] Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно. – с. 168 – 169.

[111] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. III. – с.1433.

[112] Фрай Р. Наследия Ирана. М., 2002. – с. 245-246, 265, 271.

[113] Фарҳанги Деҳхудо. ҷ. 43. – с.466.

[114] Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно. – с.488.

[115] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ.III. – с.1435

[116] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ.III. – с.1436

[117] Крисоспа – дар Шоҳнома Гаршосп омадааст. Паҳлавони ривоятҳои бостонии тоҷикӣ, ки мисли Геракли юнонӣ аст.

[118] Ваю – фариштаи муваккали ҳаво. Дар Авесто ду Ваю аст: Ваюи нек ва Ваюи бад.

[119] Нюберг Г.С. Динҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1359. – с. 317-318.

[120] Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамаддун ориёӣ. – с. 214.

[121] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ.III. – с. 1437. – 38.

[122] Фрай Р. Наследие Ирана. – с. 79.

[123] Ҳамон ҷо. – с. 180.

[124] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. I. – с. 180.

[125] Фрай Р. Наследие Ирана. – с. 31, 231.

[126] Фрай Р. Наследие Ирана. М. 2002. – с. 78 – 79.

[127] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ. III. – с. 1440.

[128] Ҳамон ҷо. – с. 1141.

[129] Бойс М. Чакидаи таърихи Кеши Зардушт. – с.9.

[130] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ.II. – с. 1442.

[131] Бабар ё Баври – номи мамлакати Заҳҳок ва номи ҳайвонест, ки дар русӣ бобёр ва дар тоҷикӣ қундуз мегӯянд.

[132] Нюберг. Динҳои Эрони бостон. – с. 321 – 322.

[133] Маркварт Ҷ. Веҳруд ва Аранг. Теҳрон, 1368. – с. 152 ба баъд.

[134] Пурдовуд Ҷ. Яштҳо. ҷ. I. – с. 226.

[135] Ваю – фариштаи муваккали ҳаво.

[136] Нюберг Г.С. Динҳои Эрони бостон. – с.323

[137] Древние авторы о Средней Азии. Ташкент, 1940. – с.23-24.

[138] Скифы (хрестоматия). М. 1992 – с.8; Колледж М. Парфяне. М. 2004. – с. 5.

[139] Историография истории Древнего Востока. Санкт-Петербург, 2002. – с.53-54.

[140] Григорьев В. В. О скифском народе саках. Санкт-Петербург, 1871 – с.60-61.

[141] Страбон. География. – с.672.

[142] Геродот. История. – 236.

[143] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон – ҷ. I. – с. 169.

[144] Таърихи Табарӣ. – с. 90.

[145] Дар ҳамон ҷо – с. 205.

[146] Кристенсен А. Маздопарастӣ дар Эрони қадим. Теҳрон, 1376. – с. 112.

[147] Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамаддуни орёӣ. – с. 127.

[148] Ставиский Б. Я., Яценко С. А. Искусство и культура древних иранцев. М. 2002. – с. 15; Дандамаев М.А. Политическая история Ахеменидской державы. М. 1985. – с. 5.

[149] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон. ҷ.I. – с. 625.

[150] Гумилев Л. Н. Тысячелетие вокруг Каспия М. 1993. – с. 57.

[151] Ҳамон ҷо. – с. 57 –58.

[152] Мӯъминзода Ҳ. Зардушт ва оини ӯ. бахши I. Душанбе, 1993. – с. 24 ба баъд.

[153] Берунӣ А. Осор-ул-боқия. – 220; Пурдовуд И. Яштҳо. ҷ. I. – с. 335.

[154] Пурдовуд И. Яштҳо. ҷ.I. – с. 334.

[155] Кристенсен А. Маздопарастӣ дар Эрони қадим. – с. 96.

[156] Пурдовуд М. Ясно. ҷ. I. – с. 57.

[157] Гумилев Л. Н. Тысячелетие вокруг Каспия. – с. 57 – 61.

[158] Ленорман Ф. Руководство к древней истории Востока до персидских войн. т. II. Киев, 1876. – с. 218.

[159] Ҳамон ҷо. – с. 219.

[160] Пурдовуд И. Ясно. ҷ. I. – с. 60.

[161] Гумилев Л. Н. Тысячелетие вокруг Каспия. – с. 62.

[162] Авдиев В. И. История древнего Востока. М. 1953. – с. 518.

[163] Яъқубшоҳ Ю. Тоҷикшинос. — 19-20.

[164] Мӯъминҷонов Ҳ. Тӯрон – гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. –с. 38 ба баъд.

[165] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон ҷ.III – с. 1340.

[166] Беҳзодӣ Р. Қавмҳои куҳан дар Осиёи Марказӣ ва фалоти Эрон. Теҳрон, 1380. – с. 42.

[167] Пурдовуд И. Ясно ҷ. I .– с. 59.

[168] Ушидарӣ Ҷ. Донишномаи маздаясно. – с. 316.

[169] Геродот. История. М. 2006 – с. 270-272.

[170] Беҳзодӣ Р. Қавмҳои куҳан дар Осиё Марказӣ ва фалоти Эрон. – с. 62.

[171] Райз Т. Скифы. М. 2004. – с. 11.

[172] Беҳзодӣ Р. Қавмҳои куҳан дар Осиё Марказӣ ва фалоти Эрон. – с. 250.

[173] Ҳамон ҷо. – с. 65.

[174] Ёқубшоҳ Ю. Тоҷикшинос. – с. 20.

[175] Кристенсен А. Маздопарастӣ дар Эрони қадим. – с. 97.

[176] Разӣ Ҳ. Донишномаи Эрони бостон ҷ. III. – с. 1342.

[177] Ҳамон ҷо. – с. 1344.

[178] Ёқубшоҳ Ю. Тоҷикшинос. – с. 20.

[179] Фрай Р. Наследие Ирана. – с. 67.

[180] Подшоҳони империяи бузурги Ашконӣ номояндагони ҳамин қабила буданд.

[181] Страбон. География. М. 1994 – с. 481

[182] Фрай Р. Наследие Ирана. – с. 79-80.

[183] Пурдовуд И. Ясно. ҷ. I. – с. 62

← Ба пас, ба мундариҷа

Навиштаҳои дигар

Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-6...   1    2    3    4    5    6   7   8 Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойи...
Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 1, боби 2... Фасли якум сохти ҷамоати ибтидоӣ ва заволи он дар сарзамини Осиёи Миёна Боби дувум тоифаҳои шарқиэронии Осиёи Миёна дар оғози пайдоиши ҷамъияти с...
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1.2... Боби I. Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна § 2. Ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро Т...
Китобхона — МАХ МАХ Махсумов А. Н. Основные проблемы богарного земледелия Таджикистана Махсумов А. Н. Шудгори замин: ба кор бурдани пору Махсумов А. Н. Юнучқаи лал...
Диданд: 148

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>