Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 3.1.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби сеюм.
Оинҳои тозардуштӣ

Эътиқод ва боварҳои ҳиндуориёиҳо

Ориёиҳо мисли соири халқҳои ҷаҳон дар ибтидо ба ҳодисаҳо, падидаҳо ва унсурҳои табиӣ, аҷсоми самовӣ эътиқод доштанд.[1] Аз назари инсоне, ки ба ҷаҳони атроф назорат мекард, дур намемонд, ки табиат дар ҳаракати доимӣ қарор дошта, зуд-зуд дигаргун мешавад ва дар ҷараёни он зиддиятҳои гуногун ба мушоҳида мерасад. Этнографи франсавӣ Л. Леви-Брюл дар китоби худ «Тафаккури ибтидоӣ» ҷараёни андешаи инсониро мавриди таҳлил қарор дода, зикр кардааст, ки дар тафаккури одамони аввал ҳаракати умумӣ, ашёҳои ҷудогона ва лаҳзаҳои зуҳури онҳо воҳид ва аз ҳам ҷудоинопазир зуҳур карда, айнияти ҷузъу кул, сабабу натиҷа, амалу амалкунанда ба мушоҳида мерасад.[2]

Тавре ки осори боқимондаи хаттӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва гӯйишҳои халқӣ гувоҳӣ медиҳанд, ориёиҳо, аз як сӯ, одамони ҳушёру кунҷков, зиндадилу кӯшо ва фаъолу серҳаракат буда, аз ҷониби дигар, ташаббускор ва соҳиби андешаҳои хаёлии босамар ва дурпарвоз будаанд. Онҳо ашёи ҷаҳонро муқобилгузорӣ карда, чунин мепиндоштанд, ки тамоми ҷаҳон ва аносиру падидаҳои он дорои рӯҳу ҷон буда, ҳар ашё соҳиби олами ботинии худ мебошад. Табиист, ки рӯҳи ин ашёву падидаҳо, мувофиқи суду манфиате, ки меоварданд ва ё зараре, ки мерасонданд, ба арвоҳи хубу бад тақсим карда шуда, бо истилоҳи маиню зикр мегардид.[3] Дар тасаввури онҳо ҳар чизе дорои маиню буд. Онҳо ҳар чизеро, ки медиданд ё дида наметавонистанд, ба маиню нисбат медоданд. Масалан, маинюи себ, маинюи хок, маинюи фикр, маинюи Хуршед, маинюи кӯл ва ғайра. Ашё ва падидаҳои зараррасони, хилофи табиати инсон ва ба зиндагии онон таҳдидкунанда ва тахрибгар низ соҳиби маиню пиндошта мешуданд. Тӯфон, бахилӣ, ҷанг, ғазаб, қаҳтӣ ва ғайра маинюҳое буданд, ки зиндагии одамонро аз роҳи мӯътадил берун карда, боиси харобиҳо мегардиданд.

Ба ақидаи онҳо, ин падидаҳо ҷузъи таркибии ин ё он ашё ва ё ҳодисаҳо набуда, дорои нерӯи ҷудогона ва мустақил мебошанд.

Онҳо бовар мекарданд, ки ҳамаи маинюҳои хуб ва бадро ба воситаи қурбонӣ, дуо, саҷда, ниёиш нарм карда, ба онҳо таъсир расондан мумкин аст. Бахусус ба таъсири қурбонӣ ва намоз эътиқод мекарданд. Худоён ва маинюҳои нек роҳнамойи корҳо, амалҳо, равишу шеваҳои шойистаю нек ва судрасон буда, шаётин ва аҳриманон амалу падидаҳои зараровар ва носудманд дар зиндагии инсонро роҳбарӣ мекарданд. Мардум дар он давра таҳти таъсири бештари табиат қарор доштанд. Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир мебошад. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд.

Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоду қавмҳои зиёди олами бостон ситойиш ва парастиш шудааст. Дар ин бобат Ҳеродот чунин маълумот медиҳад; «Масагетҳо аз миёни худоён ба Хуршед эътиқод доранд ва ба он аспҳо қурбонӣ мекунанд. Мафҳуми қурбонӣ иборат аз он аст, ки ба худои тездав (босуръат) ҳайвони тездав бояд қурбонӣ карда шавад».[4] Бояд гуфт, ки маълумоти ӯ бо муҳтавои Авесто комилан мувофиқат мекунад. Дар Авесто, ба хусус Хуршедяшт номи Хуршед, Офтоб даҳҳо маротиба зикр карда шуда, ҳамеша он бо унвон ё лақаби Аурват-аспа, яъне тезасп, босуръат, тездав ёд мешавад.

Чун дашту саҳроҳо ба воситаи боришоти барфу борон обёрӣ мегардид, ориёиҳои куҳан эътиқод доштанд, ки оби зиндагии онҳо дар осмонҳо ҷорӣ буда, барояшон аз осмонҳо сарозер мешавад. Дар тасаввури онҳо Аредвисура Анаҳито[5] – фариштае мебошад, ки обҳои осмонӣ ва минуиро нигоҳбонӣ карда, болои замин ҷамъ мекунад. Онҳо медонистанд, ки дар рехтани об ба замин абрҳо нақши ҳалкунанда доранд. Аз ин ҷиҳат абрҳоро низ ба абрҳои судрасони боронзо ва абрҳое тақсим карда буданд, ки обро дар батни худ ҳабс карда, пеши боридани онро мебанданд.

Дар тасаввури онон абрҳое, ки бар фарози замини хушк истода, бо душманӣ, бархилофи хоҳиши одамон ба замин борон намерезанд, дар осмон ба василаи риштаҳои дурахшону оташбори барқ, яъне писари Осмон шикофта шуда, дар ин мубориза аксаран шикаст мехӯранд ва маҷбур мегарданд, ки обҳои ҳабскардаи худро ба замин фурӯ резанд. Дар тасаввури онҳо Тиштрйа – фариштаи раъду барқ, борон, фаровонҳосилӣ ва ризқу рӯзӣ дар паи ҷустуҷӯйи нозу неъмати одамон бо деви Апауша, ки душмани инсон, фаровонӣ ва ҳабскунандаи борон мебошад, ҳамеша дар набард ва мубориза мебошад.

Ин мубориза яке аз саҳифаҳои дурахшони асотири бостонии ориёӣ мебошад, ки андешаҳои жарф, амалӣ ва дурпарвози ниёгони моро нишон медиҳанд. Моҷарои набарду пирӯзии Тиштрйа бар Апауша — деви хушкӣ тамсиле аз фасли тобистон, хушкию камобии даштҳои беканори Осиёи Марказӣ ва кӯшишҳои асотирие, ки омехта бо эътиқодҳои оммавӣ ҷиҳати тавлиди борон мебошад. Ориёиён чунин мепиндоштанд, ки Тиштрйа[6] ситораи падидоварандаи боронҳои судманд дар тобистон ва бавуҷудоварандаи обҳои зинда мебошад. Мувофиқи ин устура, Апауша — деви палиди хушкӣ обҳоро зиндонӣ сохта, ба замин намедод ва аз уҳдаи раҳоию кушодани обҳо ғайр аз Тиштрйа каси дигар намебаромад.

Аз ин ҷиҳат мардум ӯро дӯст медоранд, ӯро ситоиш мекунанд ва намоз мегузоранд. Дар Яшти ҳаштум (Тиштаряшт) ориёиён ба вай чунин муроҷиат мекунанд:[7] «Тиштрйа-ситораи роюманду фараҳмандро меситоем, ки нутфаи об дар бар дорад. Он тавонои бузурги неруманди дурбинандаи баландмартабаи забардастро. Касеро, ки чорпоёни хурду бузург ва мардумон интизоранд. Чӣ вақт барои мо Тиштрйаи роюманди фараҳманд тулӯъ хоҳад кард? Чӣ вақт сарчашмаҳои об ба қуввати аспе аз нав равон хоҳад шуд?» (Банди 5).

Чунин муноҷоту намозҳои мардум мавриди қабул ва хушнудии Тиштрйа воқеъ мешавад. Ҳангоме ки вай аз қурбонӣ ва намозу ниёишҳои муъминон хушнуд ва масрур мегардад ба шакли аспи сап-сафеди зебое бо гӯшҳои заррин ва зину лаҷомҳои зарнишон ба баҳри Вуурукаша[8] фуруд меояд. Вале дар ин байн деви хушкӣ Апауша низ дар канор наистода, бо ёлу думи сип-сиёҳи ваҳмангез ба дарёи Вуурукаша фуруд меояд. Деви хушкӣ ва фариштаи борон се шабонарӯз ба набарди шадиду саҳмгин мепардозанд. Вале нисбати ин ки одамон ба Тиштрйа дар ин муддат кам муроҷиат карда, ба ӯ кам қурбонӣ ва намоз бурдаанд, мубориза бо шикасти фариштаи борон ва ғалабаи деви хушкӣ анҷом мепазирад.

Тиштрйа маҷбур мешавад ҳазор қадам ақибнишинӣ кунад. Он гоҳ вай бо хурӯш нола карда ба Аҳуромаздо муроҷиат мекунад: Агар мардум дар намоз аз ман ном бурда, ситойиш кунанд, ҳамчунон ки аз эзидони дигар ном бурда меситоянд, ман қуввати даҳ асп, неруи даҳ шутур, нерӯи даҳ гов, нерӯи даҳ кӯҳ ва даҳ оби қобили киштиронӣ хоҳам гирифт. (Банди 24).

Хурӯши Тиштрйа порсоён ва муъминонро водор мекунад, ки вайро ситойиш ва ниёиш кунанд ва қурбониҳо анҷом диҳанд. Дар натиҷаи чунин рӯйдодҳо Тиштрйа фариштаи роюманди фараҳманд бори дигар ба сурати аспи сафедгун, бо гӯши тиллоӣ ва зину лаҷоми зарнишон даромада, аз нав ба баҳри Вуурукаша фуруд меояд. Деви сиёҳи хушкӣ низ ба шаклу намуди ваҳмангези худ барои ҷангу мубориза ба майдони набард ҳозир мешавад. Ҷанги дигаре бо шиддату неруи бештаре дар миёни онҳо дармегирад, то саранҷом, дар нимарӯз деви хушкӣ шикасти шадид хӯрда, аз баҳри Вуурукаша ҳазор гом ақибнишинӣ мекунад. Эзиди борон ва фаровонҳосилӣ бонги шодмонӣ мебароварад: «Тиштрйаи роюманди фараҳманд хурӯши шодкомӣ ва растагорӣ баровард: хушо ба ман, ай Аҳуромаздо, хушо ба шумо, ай обҳо ва гиёҳҳо, хушо ба дини маздаясно, ба шумо мамолики (ориёӣ), (хушо ба) рӯду ҷӯйҳои шумо (ки) бидуни монеае ба тарафи маҳсул, бо донаҳои дурушт ва чарогоҳ бо донаҳои рез ва ба сӯйи ҷаҳони моддӣ равон гардад». (Банди 29).

Сипас Тиштрйа пирӯзмандона ба дарёи Вуурукаша фурӯ меравад, дарё ба ҷунбишу талотум даромада, бухорҳои боронзо аз дарё баланд мешаванд. Абру бухор падид омада, пахш мешаванд ва ҳамчун борону жола ба мазрааю киштзорҳои атроф фурӯ мерезанд. Зиндагӣ бо суботу таҳким идома пайдо мекунад.

Устураи зебое, ки дар боло оварда шуд, яке аз устураҳои Авесто буда, аз як сӯ, инъикоскунандаи тарзу усули тафаккури ниёгони дури мо, аз сӯи дигар, жарфу умқи хаёлоти дурпарвози онҳо мебошад. Ин устура намунаи беҳтарини диалектикаи ибтидоӣ ва рамзи ҷидду ҷаҳд, ҷаҳонкушоӣ ва зиндагидӯстии мардуми ориёӣ аст. Он мақоми пурарҷи обро ҳамчун яке аз унсурҳои умдаи чоргонаи табиат, ки гузаштагони мо онро муқаддас медонистанд, ба вазоҳат нишон медиҳад.

Яке аз унсурҳои муқаддас, ки барои сокинони кӯҳистону даштҳо сарчашмаи ҳаёт ба шумор мерафт, оташ буд. Дар замони бостон тавлиди оташ заҳмати фаровон тақозо мекард. Аз ин ҷиҳат одамон кӯшиш менамуданд, онро ҳифз кунанд ва дар муддати тӯлонӣ нигоҳ доранд. Чунин ақида мавҷуд буд, ки дар миёни шаклу намудҳои эъҷозу эҳтироми худоён ва эзидон ва нармдилу мулоим кардани онҳо, қурбонӣ мавриди писанди бештари онҳо воқеъ мегардад. Онҳо боварӣ доштанд, ки бо иҷрои маросими қурбонӣ байни худоён ва қурбонидиҳандагон аҳде баста хоҳад шуд ва худоён маҷбур ба иҷрои он мегардиданд. Дар Авесто нишонаи эъҷоз, ниёз, бо эҳтиром нисор кардан бо калимаи заосра ифода шуда, баъдан мафҳуми қурбонӣ ва пешкаш карданро гирифтааст. Тавре ки Мэри Бойс зикр кардааст, қурбониҳои гуногуни ориёиҳои бостон аксаран аз се унсур иборат будааст. Масалан, унсурҳои қурбонӣ ба об аз шир, нӯшоба ва баргҳои ду хел растанӣ иборат буд. Аслан рақами се ва ҳафт дар миёни ориёиён мафҳуми созмондиҳанда ва ҷаҳонофарин дошта, ба онҳо эҳтироми махсус мегузоштанд. Қурбонӣ ба оташ низ иборат аз се унсур будааст: кунда ва ҳезумҳои хушки дарахтони муқаддас, хушбӯйиҳо (алафҳо ва баргони дарахтони хушбӯй) ва пораи равған. Қурбонӣ ба оташ ва об аз рукнҳои умдаи ҳар намоз ҳисоб мешуд. Барои онҳо ҳайвонро ҳам қурбонӣ мекарданд. Вале яке аз хусусиятҳои мушаххаси ориёиҳо иборат аз ин буд, ки ҳеҷ гоҳ беҳуда ҳайвонотро намекуштанд. Онҳо чунин ҳисоб мекарданд, ки маиню (рӯҳ)-и ҳайвони кушташуда ба зиндагии худ идома медиҳад. Аз ин рӯ, пеш аз он ки ҳайвонеро қурбонӣ кунанд, аввал онро бо дуову аврод тақдис ва татҳир мекарданд.[9]

Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки бо мурури замон вусъати шинохти ҷаҳон ва пешрафти зиндагии моддӣ, табобати маънавии мардуми ориёӣ низ дигаргун гардида, боварӣ ва эътиқодоти онҳо мураккабтар ва амиқтар мегардид. Чунин тағйироту дигаргуниҳо дар Ведаҳо, бахусус китоби нахустини он Ригведа ва ҳамчунин Авесто инъикос ёфтааст. Тавре ки муҳаққиқон овардаанд, дар замони пеш аз ҳазрати Зардушт ориёиён ба шумори фаровони худоён, эзидон ва фариштагон эътиқод доштаанд.[10] Дар баробари худоёну эзидони зикршуда, парастиши чунин эзидоне мисли Атар (оташ), Вота (фариштаи бод), Ҳаума[11], Геуша–Урвана (рӯҳи Гови нахустин)[12] низ интишор пайдо карда буд. Илова ба онҳо худоён ва эзидоне парастиш мешуданд, ки унсурҳои мухталифи ҳодисаҳо ва падидаҳои табиатро муаррафӣ мекарданд. Онҳо худоёни нигоҳдорандаи осмон ва замин, моҳу хуршед, боду ҳаво буданд. Имрӯз низ дар забони тоҷикӣ калимаҳое аз он даврони бостон боқӣ мондаанд, ки ҳамарӯза истифода мешаванд ва мазмуни оддӣ дорад, вале дар он аҳди бостон маънои муқаддас дошта, мавриди парастиш қарор мегирифтанд. Масалан, Осмон — номи худои чарх, Зам ё замин – номи худои хок, Моҳ – номи худои моҳ, Хвар — номи худои Хуршед, Вота – номи Худои бод ва Ваю номи худои ҳаво буданд.

Ваю — худои ҳаво ҳам дар Ригведа ва ҳам дар Авесто сутуда шудааст. Вота худоест, ки абрҳоро дар пеши худ ҳаракат дода, болои «ҳаптакаршвара»- ҳафт кишвар мебарад ва ба кӯмаки Тиштрйи оби онҳоро болои онҳо мерезонад. Ориёиён ҷаҳони замони худро иборат аз ҳафт иқлим, қитъа ё мамлакат медонистанд. Ному мавқеи ҳар яке аз онҳо дар Меҳряшт ва Вандидод оварда шудааст.

Мувофиқи бовардошти ориёиёни бостон, дар табиат қонуне мавҷуд аст, ки дар асоси он Офтоб дар мадори муътадили худ ба гардиш пардохта, фаслҳои сол падидор мешаванд, шабу рӯз ба вуҷуд меояд ва ба василаи ин дар мавҷудияту зиндагии тамоми ҳастӣ назму тартиби муайяне таъмин карда мешавад. Ин қонун дар Ригведа дар шакли рта ва дар Авесто дар шакли аша омадааст.[13]

Вақте ки порсоён ва муъминон ба худоёни мухталифи худ муроҷиат мекарданд ва барои ҳифзу нигоҳдории ҷаҳон ва файзу фазояндагии зиндагии худ дуою ситойиш мекарданд, чунин ақида доштанд, ки бо ин амали худ қонуни ҳамагониро неру ва тақвият мебахшанд. Аз ҷониби дигар, чунин ақида мавҷуд буд, ки аша (рта) раҳнамойи инсони воқеӣ буда, рафтору ахлоқи ӯро идора мекунад. Ҳақиқат, ростӣ, адолат, ҷавонмардӣ ва сидқу вафо – хусусиятҳои инсони воқеӣ ҳастанд. Дар миёни хусусиятҳои боло ба ҳақиқату ростӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода мешуд. Ориёиёни бостон ростӣ, ҳақиқат ва дурустиро ба дараҷаи қудсият бардошта, ҳар чизе, ки бо он мувофиқат намекард, дурӯғ (авестоӣ-друг, санскрит-друх) ҳисоб мекарданд. Аз ин рӯ, одамонро ҳам сарфи назар аз тамоми мансубиятҳо ба ду гурӯҳи калон тақсим карда буданд: ашаван — пайрави ростӣ, ҳақиқат, воқеият ва другван — пайрави дурӯғ. Ростӣ — баландтарин ва арзишмандтарин хусусиятҳои инсонӣ ҳисоб карда мешуд. Сухан, лафз-арзиши баландтарин дошта, иҷрои амалии он ҳатмӣ буд. Аҳду паймон зинаи боз ҳам баландтари он ҳисоб мегардид. Дар забони авестоӣ он бо калимаи мисра ё Меҳр (зоҳиран аз решаи ҳиндуаврупоии мен — мубодила, таъвиз)[14] ифода карда шуда, бо мурури замон он ба худои неруманде мубаддал гардид, ки баъдан мавриди парастиши на танҳо халқҳои Осиё, балки саросари Аврупо гардид.

Ин ҳикмати ниёгонамонро, ки воқеан ҳам маънои амиқ ва фалсафаи бузурги ахлоқӣ дорад, махсусан дар давраҳои душвори ҳаёти сиёсии кишварамон бештар дарк намудам. Шахсонеро медидам, ки бо суханони зебо ва фиребанда, вале аслан аз ҳақиқат дур мардумро фиреб медоданд, аз содагӣ ва дилсофии ӯ суистифода менамуданд ва ба ин восита мақсадҳои ғаразолуди хешро амалӣ кардан мехостанд.

Имрӯз низ аз таҷрибаи чандинсолаи худ ба ҳайси сарвари давлат қувваи ҳақиқат ва ростиро борҳо эҳсос карда, ҳикмати арзишмандтарини ниёгонамон – пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори некро сармашқи амали хеш қарор додаам. Ва бисёр мехоҳам, ки падарону модарон, муаллимону мураббиён, зиёиёни эҷодкори мо насли ҷавонро дар рӯҳи ростию покӣ ва адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии таърихӣ бо истифода аз мероси маънавии ахлоқии миллатамон ва гузаштагони ориёиамон тарбият намоянд.

Ориёиҳо мисли имрӯз гузаштагони худро эҳтиром мекарданд. Онҳо оташ ва оташдони хонаводагиро низ муҳтарам мешумурданд. Одатан оташу оташдони хонавода дар ихтиёри писари калонӣ гузошта шуда, вай давомдиҳандаи кори бобоҳои пештара ва ё авлод ба ҳисоб мерафт. Бо мурури замон, бисёре аз маинюҳо, ки дар ибтидо мафҳуме беш набуданд, шахсият ёфта, ба худоёни бузурге мубаддал гардиданд. Масалан, худои оташ дар байни қавмҳои ведоӣ ба номи Агни ва қавмҳои авестоӣ Атар номида шуда, аз худоёни маҳбуб ва мавриди алоқаи онҳо ба шумор мерафт. Бисёре аз донишмандон муътақид ҳастанд, ки дар ибтидо Индра муҳимтарин худои ориёиҳо будааст. Ба ақидаи донишманди аврупоӣ Смит, Индра аввалин ва бузургтарин худои ориёиҳои нахустин буда, худои ҷанг ҳисоб мешудааст. Тавре ки дар Ригведа омадааст, вай дар нӯшидани саума (ав. ҳаума) ҳамто надошта, дорои қудрати азими ҷанговарӣ ва соҳиби нерую тавони беканор мегардидааст.[15] Ориёиҳо ғайр аз Индра, Митра, Варуна ва Агни дорои худоёни дигар низ буданд. Яке аз хусусиятҳои худоёни ориёӣ иборат аз ин буд, ки дар ибтидо мазҳари унсури мушаххасе буда, баъдан ба ӯ хосиятҳои ҷадид илова мекарданд. Масалан, Индра дар ибтидо ҳамчун худои ҷанг зуҳур карда, баъдан ба он худовандии хушунат, раъду барқ, тӯфон, борон изофа карда шудааст. Митра бошад, дар аввал худои нигоҳбони аҳду паймон буда, баъдан ҳамчун худои ҷанг, пирӯзӣ, фурӯғ, рӯшноӣ, ҳофизи хонавода маъруф гардид.[16]

Ориёиҳои ғарбӣ, ки миёни юнониён бо номи скиф ё сак маъруф буданд, дар ҳазораи охирини қабл аз мелод дар қаламрави васеъ зиндагӣ карда, то дарёҳои Днепр ва Днестр густариш ёфта буданд[17] Муаррихону нависандагони юнонӣ ва румӣ дар бораи скифҳои шимоли баҳри Хазар ва Сиёҳ, ки ба онҳо наздик буданд, бештар маълумот додаанд. Ҳеродот бошад, як боби «Таърих»-и худро ба онҳо бахшидааст. Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки юнониҳо тамоми халқҳои ғайриюнониро барбар гуфта, нисбат ба скифҳо низ муносибати хайрхоҳона надоштанд. Вале сарфи назар аз ин, аз асарҳои муаррихон ва нависандагони Юнону Рум, ки дар бораи скифҳо ё сакҳо навиштаанд, маълумотҳои нодир ва пурарзиши таърихӣ ёфтан мумкин аст. Масалан, Ҳеродот дар бораи эътиқодоти скифҳои ин минтақа менависад: «Онҳо фақат худоёни зеринро тақдис мекунанд. Пеш аз ҳама Гестияро баъд Зевс ва Геяро (онҳо Геяро ҳамсари Зевс ҳисоб мекунанд). Пас аз онҳо Аполлон ва Афродитаи осмониро, Геракл ва Аресро. Ин худоёнро ҳамаи скифҳо намоз мегузорданд, скифҳои шоҳӣ бошанд ба илова ба Посейдон ҳам қурбонӣ нисор мекунанд. Дар забони скифӣ Гестия — Табити номида шуда, Зевс (ва ба назари ман, комилан дуруст аст) — Папей номида мешавад. Гея-Апи, Аполлон Гайтасир, Афродитаи осмонӣ – Аргимпаса, Посейдон — Фагимасад».[18]

Дар ин ҷо мушоҳида мешавад, ки сохтори зинагии худоёни скифҳои шимоли баҳрҳои Хазар ва Сиёҳ бо сохтори динҳои куҳани ориёӣ комилан мувофиқат мекунад. Фақат номҳои зинаҳои мухталиф аз номи худоёне, ки дар Ригведа ва Авесто зикр шудаанд, мутафовит аст. Яке аз муҳаққиқони навини рус, ки мавзӯъро мавриди пажӯҳиш қарор додааст, дар бораи матни боло менависад. «Агар фикр кунем, матни мазкури Ҳеродот аз ҳама нофаҳмо ва мармуз ба чашм мехӯрад, ҳатто ҷолибтар аз ҳикояҳо дар бораи гипербориягиҳо ва амазонкаҳо. Аввалан, худи дастаи худоёни скифҳо бисёр ҷолиб ҳастанд. Пеш аз ҳама дар миёни худоёни аз ҳама дӯстдоштаю муҳтарами кӯчманчиҳои ашаддӣ ногаҳон дидани Гестия – худованди учоқи хонаводагӣ тааҷҷубовар аст. Гея – худованди кишоварзист ва тамоман нофаҳмо аст, ки сокинони хушкигарде, ки аз ким кадом даштҳои Осиёи Миёна ба Аврупо омадаанд, Посейдон – ҳокими баҳру уқёнусҳоро ситойиш мекунанд. Сониян, — ба суханони худ идома медиҳад И. Коломийцев, — маълум мешавад, худоёни скифҳо ба сокинони Олимп[19] чандон шабоҳат доранд, ки Ҳеродот бидуни хиҷолат номи юнонии онҳоро зикр мекунад. Аз ин чунин хулоса мешавад, ки асотири эллинҳо бо дини сокинони даштҳои шимоли баҳри Сиёҳ амалан якхела аст, ба истиснои ҷузъҳои алоҳида, масалан, Гея ба сифати зани Зевс.[20] Албатта тавре ки баъзеҳо ақида доранд, чунин пешбинӣ кардан мумкин аст, ки скифҳо бовардоштҳои мазҳабии худашонро аз мусофирони юнонӣ, ки дар асрҳои VI-V то м. Понти Евксинро маскани худ ихтиёр намуданд, ба орият гирифта бошанд. Вале худи Ҳеродот дар бораи хусусиятҳои скифҳо чунин менависад; «Скифҳо мисли соири халқҳои дигар аз расму суннатҳои бегона шадидан гурезон ҳастанд. Онҳо натанҳо аз расму анъанаҳои халқҳои дигар, балки, бахусус, юнонӣ канорагирӣ мекунанд».[21] И. Коломийцев мулоҳизаронии худро чунин ҷамъбаст мекунад. «Аз ҳама ҷолиб он аст, ки Ҳеродот номи худоёни скифҳоро зикр карда, дар бораи лақаби скифии Зевс, ки дар миёни кӯчманчиён ҳамчун Папей маъруф аст, ногаҳон ёдовар мешавад ва мегӯяд, ки ба назари ӯ ин ном нисбат ба истеъмоли он дар миёни юнониён комилан дуруст аст. Тасаввур кунед, ки юнонии ориф, намояндаи миллат, ки нисбат ба ҳамаи ҳамсояҳо бидуни истисно бо такаббуру ҳавобаландӣ муносибат мекунад, ногаҳон эътироф менамояд, ки номи худои бузурги пантеони эллинӣ, падари тамоми худоён, дар забони кӯчманчиён нисбат ба забони худаш дурусттар ифода гардидааст. Папей: беҳтараш «папай», бе шакку шубҳа аз калимаи ориёии падар, бобо гирифта шудааст… Зоҳиран, худои бузурги эллинҳо замони пеш чунин ном дошта, ҳанӯз хотираи он дар даврони Ҳеродот аз хотирҳо маҳв нашуда будааст.[22]

Донишманди даниягӣ Артур Кристенсен муътақид аст, ки бовардоштҳои ориёиёни эронӣ ва ориёиёни ҳиндӣ дар ибтидо муштарак буда, вале он бо гузашти замон ва бахусус пас аз ҷудоӣ ва раҳсипор шудани онҳо ба сарзаминҳои таърихии худ аз ҳам тафовут пайдо кардааст. Бо вуҷуди он ки аксари худоёни онҳо муштарак будаанд, вале тафовуте миёни гурӯҳҳои худоёни калонтарини онҳо мавҷуд будааст. Дар ҷомеаи ориёӣ ду гурӯҳи худоён вуҷуд доштаанд, ки як дастаро девҳо мехонданд ва дар сари онҳо худои ҷангҷӯ бо номи Индра қарор дошт ва дастаи дигарро асураҳо (ба эронӣ аҳураҳо) мегуфтанд ва сардастаи онҳо Варуна ва Митра буданд. Бисёре аз донишмандон бар онанд, ки Маздои эрониён, ки бо маънои доно ва бузургтарин аст, ҳамон Варунаи қадим аст, фақат ин ном бо мурури замон аз хотири ориёиёни эронӣ фаромӯш шудааст. Ба ақидаи А. Кристинсен «аз лаҳзаи вуруди эрониён ба арсаи таърих мо ба ду шакли мухталифи мазҳаби ибтидоии онҳо бархӯрд мекунем: як даста бо парастиши Митра машғуланд, ки дар ин ҳангом дар раъси девҳо (ба маънии изадон) қарор дорад ва дастаи дигар, ки худои бузурги онҳо Аҳуромаздо мебошад».[23]

Дар ин давра дар атрофи Митра чунин худоёне мисли Рашну (худои ростӣ ва озмойиши динӣ), Срауша (худои итоат ва уммат), Аши (олиҳаи борварӣ ва заношӯйӣ), Веретрағна – худои ҷанг ва пирӯзӣ, Хварена ё Фарр – худои ҷалолу иқболи шаҳриёрӣ гирд омада буданд. А. Кристенсен ва муҳаққиқи шведӣ Г. Нюберг чунин мешуморанд, ки Зардушт маҳз дар ҳамин давра ба арсаи таърих омада, бар зидди бисёрхудоӣ ва политеизм қиём кард ва оини яктопарастии зардуштияро бунёд намуда, онро бар пояи мустаҳками тавҳидӣ устувор намуд.[24]

Тавзеҳот

_______________

[1] Кристенсен А. Эрон дар замони сосониён. – с. 48.

[2] Брагинский И.С. Из истории таджикской и персидской литератур. – с. 110.

[3] Бойс М. Зороастрийцы. – с. 24.

[4] Древние авторы о Средней Азии. Ташкент, 1940. – с. 143

[5] Яшти ҳаштум (Тиштаряшт) ба ин фаришта бахшида шудааст.

[6] Пурдовуд Тиштрйаро ситораи Сириус донистааст (Яштҳо. ҷ. I. Теҳрон, 1377. – с. 325).

[7] Аз тарҷумаҳои Пурдовуд истифода ба амал омадааст.

[8] Вуурукаша (дорои ҳаҷмҳои дур) — уқёнус ё баҳри афсонавиест, ки авестошиносон онро ба кӯли Арал нисбат медиҳанд.

[9] Бойс М. Зороастрийцы. – с. 20-21.

[10] Бойс М. Зароастрийцы. – с.19; Оштиёни Ҷ. Зардушт.– с. 16: Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литератур. – с. 111.

[11] Дар Авесто – ҳаума ва Ригведа сома – растание, ки аз ҷавҳари он нӯшобаи масткунанда ба даст меояд. Яке аз навъҳои эфедра.

[12] Мувофиқи асотири зардуштӣ аз ҷисми Гови нахустин, ки аз ҷониби Аҳриман кушта шуд, тамоми анвои ҳайвонот ва наботот падид омаданд.

[13] Муминджанов Х.Х. Философские проблемы зороастризма. Душанбе, 2000. – с. 231.

[14] Бойс М. Зароастрийцы. – с.27.

[15] Оштиёни Ҷ. Зардушт. – с. 16.

[16] Куман Ф. Оини пуррамзу рози митроӣ. – с. 24-25.

[17] Тамара Т. Райс. Скифы. М. 2004. – с. 11.

[18] Геродот. История. М. 2006. – с. 253.

[19] Олимп баландтарин қаторкӯҳ дар Юнон буда, мутобиқи мифологияи онҳо маҳалли зиндагӣ ва буду боши худоёни юнонӣ бо сардории Зевс мебошад

[20] Коломийцев И. Тайны великой Скифии. М. 2005. – с. 49.

[21] Геродот. – с. 259.

[22] Каломийцев И. Тайны великой Скифии . – с. 51.

[23] Кристенсен А. Эрон дар замони сосониён. – с. 48-49.

[24] Нюберг Г. Динҳои Эрони бостон. – с. 65-66.

← Ба пас, ба мундариҷа

Навиштаҳои дигар

Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 2.3... Боби II. Халқи тоҷик дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917) § 3. Инкишофи пахтакорӣ ва саноат дар ...
Китобхона — ИСК ИСК Искусство таджикского народа: Сб. статей. Вып. 1-2 Искусство таджикского народа. Вып. 3 Исламов С. И., Кониев С. К. Асосҳои демография Ислом. ...
Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 255-263... 255. Бӯстонафрӯз 256. Пиёз 257. Харбуза 258. Тарбуз 259. Чилмангӯштак 260. Матинҷ 261. Балут 262. Кирмрезонак 263. Бунафша ...
Китобҳо. Фарҳанг ва вожаномаҳо... Китобҳо Фарҳанг ва вожаномаҳо Таҳрири охирин 26.08.2018. Файлҳое, ки бо айби махзан фарокаш намешуданд, ислоҳ гардиданд. Агар файле фарокаш нага...
Диданд: 108

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>