Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 2.4.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби дуюм.
Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо

Давлати Кушониён ва тамаддуни ориёӣ

Ташкилшавии давлати Кушониён бо ҳодисаҳое алоқаманд мебошад, ки дар ноҳияҳои дохилии шимолу шарқии Осиёи Марказӣ рух дода буданд. Дар бораи ин ҳодисаҳо солномаи хитойи Ши — сзи (боби 123) маълумот додааст.[1] Дар минтақаи номбаршуда байни қабилаҳои хуннҳо ва юэҷҳо ҷанги калон сар мешавад. Дар ин ҷанг хуннҳо ғалаба карданд ва юэҷҳо тақрибан соли 165 то м. маҷбур шуданд, ки макони зисти худро тарк карда ба ғарб ва шимоли кӯҳҳои Тиёншон раванд. То омадани юэҷҳо дар ин ҷо қабилаҳои ориёии сакоиҳо зиндагӣ мекарданд. Дар ҷанге, ки байни ин қабилаҳо сар зада буд, сакоиҳо шикаст хӯрда, ба ғарб ва ҷануб ҳаракат мекунанд. Аммо дере нагузашта қабилаҳои уссун ба юэҷҳо ҳуҷум карда, онҳоро аз ин минтақа берун меронанд. Як қисми хурди юэҷҳо ба ҷануби Туркистони Шарқӣ рафта, онҷо маскан гирифтанд. Қисми калони онҳо аз Фарғона гузашта, Бохтарро ишғол намуданд.[2]

Чунин аст таърихи мухтасари Бохтарро забт кардани юэҷҳо, ки дар солномаҳои хитоӣ нақл шудааст. Сарчашмаҳои юнонӣ низ дар ин бора хабар додаанд. Мувофиқи нақли Юстин ва Помпей, Трог Бохтарро аз дасти юнониён, қабилаҳои ассиан, пасиан, тохар ва сакараулҳо, ки аз он тарафи Яксарт (Сирдарё) омада буданд, кашида гирифтанд. Дар бораи мансубияти ин қабилаҳо фикрҳои гуногун вуҷуд доранд. Аксари олимон сакараулҳоро бо сакоиҳои хаумаварга, пасионҳоро бо апа-сака, яъне сакоиҳои назди об як мешуморанд. Юэҷҳоро бо тохарҳо як шумурда, онҳоро як шохаи қабилаҳои масагетӣ мепиндоранд. Тибқи хулосаи олимон Бохтарро қабилаҳои сакоӣ-масагетии шимоли Осиёи Миёна ва шимолу шарқии он забт карданд.

Ин ҳодиса байни солҳои 141-128 то м. рух дода буд. Юстин охирин бор шоҳони юнонии Бохтарро соли 141 то м., вақте ки онҳо дар иттифоқ бо шоҳи Селевкиён бар зидди Парфия баромада буданд, ёдоварӣ кардааст.[3] Соли 128 то м. вақте сайёҳи хитоӣ Чжан — Тсян ба Бохтар омад, дар ин ҷо аллакай қабилаҳои саҳронишини юэҷ ҳукмронӣ мекарданд.[4] Дар аввал қароргоҳи ин қабилаҳо дар соҳили рости Амударё буд. Мувофиқи маълумоти солномаи хитоӣ, Хоу Хан-шу, баъдтар ҳокими онҳо қароргоҳи худро ба соҳили чапи Амударё, ба шаҳри Ланши (яъне Бохтар) кӯчондааст.

Дар солномаи Хоу Хан-шу гуфта мешавад, ки баъди Бохтарро ишғол кардан қабилаҳои юэҷ онро ба панҷ мулк тақсим карданд, ки яке аз онҳо Гуйшуан (яъне Кушон) ном дошт. Баъди тақрибан аз 100 сол ҳокими Кушон Киоцзюкю (Куҷула Кадфиз) чор мулки дигарро ба худ тобеъ карда, худро ҳокими (давлати) Кушонӣ эълон кард.[5]

Чуноне ки мушоҳида мешавад, солномаҳои хитоӣ дар бораи таърихи зиёда аз 100-солаи Кушониён баъди Бохтарро забт ва ба панҷ мулки алоҳида тақсим шудани он ҳеҷ гуна маълумоте надоданд. Дар ин бора дар ягон сарчашмаи дигари хаттӣ низ маълумот нест. Эҳтимол дар ин солҳо дар Бохтар ягон ҳодисаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ рух надода буд, ки диққати солноманависони хитоиро ба худ ҷалб намояд. Ин давраи парокандагии сиёсӣ дар Бохтар буд.

Дар робита ба ин давраи таърихи Кушониён сиккаҳои нуқрагини калонҳаҷми ба даст омада, ки 16-17г вазн доранд, ҷолиби диққат мебошанд. Бори нахуст ин сиккаҳо дар водии Вахши Тоҷикистон ёфт шуданд.[6] рӯи онҳо симои подшоҳ дар тарафи рост тасвир шудааст. Ӯ чеҳраи ориёӣ-аврупоӣ — рӯяш барҷаста, биниаш баланд ва чашмони калони бодомшакл дорад. сараш пешонабанди подшоҳӣ — дайҳим мавҷуд аст. пушти ин сиккаҳо ҳамон шоҳе, ки дар рӯи сиккаҳо ҳаст, аспсавор тасвир шудааст. пушти сари ӯ худои юнонии ғалаба — Ника истодааст. гирди сикка матни юнонӣ ба мазмуни — «ҳоким Ҳерай Санаб, кушонӣ» навишта шудааст, ки калимаи кушонӣ дар он барои мо хеле муҳим аст. Аз рӯи сохту хусусиятҳои тасвирӣ ин сиккаҳо ба асри I то м. тааллуқ доранд ва подшоҳ кушонӣ будани худро дар матни зарбшудаи сиккаҳо таъкид кардааст.

Бо назардошти ахбори солномаҳои хитоӣ олимон дуруст фарз кардаанд, ки Ҳерай – Санаб подшоҳи яке аз панҷ мулки Бохтар буд, ки Гуйшуан, яъне Кушон ном дошт. Ин шоҳ на танҳо сиккаҳои калон (тетрадрахма), балки сиккаҳои хурд (обол= 0,6-0,7г) низ мебаровард. Оболҳои Ҳерай – Санаб дар бисёр ноҳияҳои Тоҷикистон — Қубодиён, Шаҳртус, Ҳисор, Данғара, Фархор (димнаи Саксанохур) ва Ховалинг ёфт шудаанд.

Дар ин марҳила аз панҷ мулки ҷудогонаи Бохтар танҳо ҳокими мулки Кушон сикка мебаровард. Ин ҳодиса ҳокӣ бар он аст, ки ин мулк аз чор мулки дигар пурзӯртар будааст. Бо эҳтимоли зиёд пойтахти ин мулк дар ш. Бохтар ҷойгир буд. Беҳуда нест, ки дар солномаи хитоӣ танҳо номи ҳамин мулк зикр шудааст. Яъне дар атрофи мулки Кушон муттаҳид шудани чор мулки дигари Бохтар тасодуф набудааст.

Ҳамин тавр тақрибан каме бештар аз як асри баъди Бохтарро забт кардани қабилаҳои сакоӣ — масагетӣ давлати ягонаи Кушониён ташкил шуд. Дақиқ муайян кардани санаи ин ҳодиса амри муҳол аст. Аммо муайян будани санаи Бохтарро забт кардани Кушониён (байни солҳои 141-128 то м.) имконият медиҳад, ки ин ҳодисаро ба охири асри I то м., тахминан ба солҳои 20 то м. нисбат диҳем. Ин сана то андозае шартист, вале он барои муайян намудани санаи тақрибан ҳукмронии шоҳони кушонӣ зарур аст.

Дар бораи Куҷула Кадфиз (Киоцзюкю) солномаи хитоӣ хабар медиҳад, ки ӯ бо Парфия (Анси) ҷангида, Гаофа (Кобул)-ро ишғол кард, Пуду (Арахосия ё Ғазнӣ) ва Гибин (Кашмир)-ро торумор намуд. Ӯ аз 80 сол зиёдтар умр дид. Муҳаққиқон дар асоси катибаҳо муайян кардаанд, ки Куҷула Кадфиз тақрибан 50-60 сол ҳукм рондааст. Аммо солҳои дақиқи салтанаташ маълум нест. Дар катибаҳое, ки номи ӯ зикр шудааст, солҳои 103-136 сабт шудаанд, аммо ин рақамҳо ба кадом солшуморӣ тааллуқ доранд, маълум нест.

Дар робита бо санаи ҳукмронии шоҳони кушонӣ чунин нуқтаро ёдовар шудан лозим аст, ки дар асоси сиккаҳо ва катибаҳо пайдарҳамӣ ва давомнокии тахминии ҳукмронии онҳо аз ҷониби олимон пешниҳод шуда буд. Ин пешниҳоди олимон дар бораи пайдарҳамии ҳукмронии шоҳони кушониро катибаи Работак (чор шоҳи аввали давлати Кушониёни Бузург аз Куҷула Кадфиз то Канишка) пурра тасдиқ кард. Шубҳае нест, ки ҳукмронии силсилаи шоҳони боқимонда низ дуруст муайян карда шудааст. Аммо дар мавриди оғози ҳукмронии аввалин шоҳи Кушониёни Бузург — Куҷула Кадфиз ва шоҳони баъдии он фикру ақидаҳои олимон гуногунанд. Масалан, оғози ҳукмронии яке аз бузургтарин шоҳони кушонӣ Канишкаро олимони гуногун ба солҳои 78, 128, 144 ва ҳатто 278 нисбат додаанд.

Дар санаҳое, ки то ин дам пешниҳод шуда буданд, номи Вима Такту набуд. Пайдо шудани номи ин шоҳ тақозо мекунад, ки ҳамаи ин санаҳо аз нав дида баромада шаванд. Мушкилоти кор боз дар он зоҳир мешавад, ки идомати ҳукмронии шоҳони дигар дар асоси маълумоти катибаҳо бо солшумории номуайяни зикршуда ба таври тақрибӣ муайян карда шудааст. Аммо солҳои ҳукмронии Вима Такту, ки номаш танҳо дар катибаи Работак зикр шудааст, маълумоте мавҷуд нест. Ин ҳолат тартиб додани шаҷараи тахминии ҳукмронии шоҳони кушониро боз ҳам душвортар мегардонад. Аз ҷузъиёти баёни ин масъалаи баҳснок ва аз бисёр ҷиҳат норавшан, ки тадқиқоти иловагиро талаб мекунад, сарфи назар карда, танҳо як чизро таъкид карданием. Дар ҳалли ин масъала мо бояд ба ахбори сарчашмаи хитоӣ дар бораи баъди беш аз 100 соли пас аз Бохтарро ишғол кардани Кушониён сар шудани ҳукмронии Куҷула Кадфиз такя кунем. Аз рӯи ин ахбор ҳукмронии Куҷула Кадфиз ба охирҳои асри I то м. рост меояд. Дар робита ба солҳои ҳукмронии шоҳони кушонӣ ақидаи олимоне, ки ба ин ахбор такя кардаанд, ба ҳақиқат наздиктар аст ва мо низ дар баёни минбаъдаи мавзӯъ ба онҳо пайравӣ ҳохем кард.

Аз рӯи фикри Лохвизен — де – Леев, Куҷула Кадфиз тақрибан то соли 35 мелодӣ ҳукмронӣ кардааст. Ин санаи таърихи боэътимод ба назар мерасад. Агар фарз кунем, ки Куҷула Кадфиз тақрибан 55 сол салтанат кардааст, пас ҳукмронии ӯ ба солҳои 20 то м.- 35 мелодӣ рост меояд.[7] Дар давраи ҳукмронии ӯ давлати Кушониён васеъ шуда, то Кобулу Кашмир ва дар ҷануб то Арахосия расид.

Куҷула Кадфиз аз номи худ сиккаҳои мисин мебаровард. Ин сиккаҳо мусаввараҳои гуногун доштанд ва дар пайравӣ ба сиккаҳои Рум, Парфия, Бохтари замони ҳукмронии юнониён сохта шудаанд. Як намуди сиккаҳо бо номи ин шоҳ ҷолибанд. Дар рӯи онҳо чеҳраи шоҳи юнонӣ-бохтарӣ Ҳермей ҳамроҳ бо номи ӯ ва дар пушташон сурати Ҳеракл ва номи Куҷула Кадфиз тасвир шудаанд. Дар бораи сабаби пайдоиши ин сиккаҳои дунома фарзияҳои зиёд вуҷуд доранд. Дар байни онҳо ақидаи дар пайравӣ ба сиккаҳои Ҳермей аз номи Куҷула Кадфиз бароварда шудани онҳо ба ҳақиқат наздиктар менамояд.

Дар ин давра сиккасозии Кушониён дар марҳилаи ташаккулёбӣ буд ва ҳанӯз шакли устувор ва ба худ хосро нагирифта буд. Дар робита ба Куҷула Кадфиз бояд зикр кунем, ки сиккаҳои ӯ дар Осиёи Миёна ёфт нашудаанд. Ҳоло он ки дар Афғонистон онҳо ба миқдори кофӣ ба даст омадаанд. Аз ин ҷо фарз кардан мумкин аст, ки Бохтари Шимолӣ ва умуман Осиёи Миёна ба ҳайати давлатӣ Куҷула Кадфиз дохил намешуданд ва ин минтақаҳо танҳо дар давраи ҳукмронии писари ӯ Вима Такту ба ҳайати давлати бузурги Кушониён дохил карда шуданд.

Баъди Куҷула Кадфиз писари ӯ Вима Такту ҳукмронӣ кардааст. Номи ин шоҳи кушонӣ то ба наздикӣ маълум набуд. Номи ӯ танҳо дар катибаи Работаки Афғонистон, ки соли 1993 ёфт шуда буд, сабт шудааст. Ин катиба бо хати юнониасоси кушонӣ ва забони бохтарӣ навишта шудааст ва ба шоҳ Канишка нисбат дорад. Дар он шоҳи номбаршуда, дар бораи сохтмони маъбади худоҳои зардуштӣ, модархудои ориёӣ Умма ва худоҳои ҳиндӣ фармон додааст. Ҳамчунин дар ин катиба Канишка фармон додааст, ки дар маъбади сохташаванда муҷассамаҳои аҷдодони ӯ — падараш шоҳ Вима Кадфиз, бобояш шоҳ Вима Такту ва бобокалонаш, шоҳ Куҷула Кадфиз гузошта шаванд.[8]

Аз ин катиба дақиқ маълум мешавад, ки баъди Куҷула Кадфиз писараш Вима Такту ҳукмронӣ кардааст. Ин маълумоти нав талаб мекунад, ки дар шарҳи як ахбори солномаҳои хитоӣ таҷдиди назар карда шавад. Мувофиқи он, баъди Куҷула Кадфиз (Киоцзюкю) писари ӯ Янгаочжен (шакли қадимаи хитоиаш Йем — кау — тиен) ба тахт нишаст. Муҳаққиқон дар асоси сиккаҳо ӯро Вима Кадфиз мешумурданд. Акнун мо Янгаочженро бояд Вима Такту ҳисоб кунем.

Аз рӯи ахбори солномаи хитоӣ Хоу хан-шу Янгаочжен (Вима Такту) баъди ба ҷои падараш ба тахт нишастан Тянчжуро (Ҳиндустони Марказӣ) забт карда, идора кардани онро ба яке аз сарлашкарони худ супорид. Аз ҳамин вақт давлати юэҷҳо нерӯманд ва сарватманд шуд. Ин ахбори солномаи хитоиро то андозае сиккаҳо тасдиқ мекунанд ва дар ин бора мо поёнтар сухан хоҳем гуфт.

Катибаи Работак боз ба як муаммои таърихи Кушониён равшанӣ андохт. Дар байни сиккаҳои кушонӣ як намуд сиккаҳои сершумор ва васеъ паҳнгаштае ҳастанд, ки мансубияташон то бозёфти катибаи Работак маълум набуд. Сухан дар бораи он меравад, ки дар ин сиккаҳо номи шоҳ зикр нашуда, танҳо унвонҳои ифтихории ӯ — «Басилевс Басилеон Сотер Мегас» — «Шоҳаншо Наҷотдиҳандаи Бузург» навишта шудаанд. Ин навиштаҷот мудаввар буда, дар пушти сиккаҳо ҷойгир аст. Дар дохили он шоҳи аспсавор бо кулоҳи нӯгтез, дайҳим ва табарзин дар дасти росташ тасвир шудааст. Дар рӯи ин сиккаҳо чеҳраи шоҳи ҷавон бо нурҳои офтоб дар гирди сараш ва найзаи кӯтоҳ дар дасташ наққошӣ шудааст.[9]

Баъзе олимон дар асоси ин нурҳо, ки рамзи тақдиси илоҳӣ мебошанд, тасвири мазкурро ба худои Митра нисбат медиҳанд. Дар бораи дурустӣ ё нодурустии ин фарзия чизе гуфтан мушкил аст. Аммо дар як намуди дигари сиккаҳои Сотер Мегас ӯ бо тоскулоҳ тасвир шудааст ва дар болои сараш нур надорад. Шояд набудани нур ба тоскулоҳ вобаста бошад. Ба ҳар ҳол дар бораи тасвир шудани шоҳ дар ин сиккаҳо шубҳае вуҷуд надорад. Бояд таъкид намоем, ки сурати шоҳи тоскулоҳдор ва бекулоҳи гирди сараш нурдор бо ҳам монанд мебошанд, гарчанде ки аввалӣ калонсол вале дар назар миёнасол менамояд. Дар ин асос гуфтан мумкин аст, ки дар ҳарду намуди ин сиккаҳо подшоҳи кушонӣ Вима Такту тасвир шудааст.

Сотер Мегасро (худаш ё ҳамзамононаш) то андозае бузург мешумурданд, ки дар сиккаҳо сабти танҳо унвонҳои ифтихориашро барои шинохтани ӯ кофӣ ҳисоб мекарданд. Аз афти кор ин шоҳ бо унвони Мегас хеле маъруфу машҳур буд ва ҳамзамононаш аз рӯи ин унвон ба ӯ мансуб будани ин сиккаҳоро мефаҳмиданд. Аммо барои олимон, махсусан сиккашиносон набудани номи шоҳ дар муайян кардани мансубияти ин сиккаҳо мушкилоти зиёде пеш овард. Сиккашиносон ва олимони дигар ин сиккаҳои беномро асосан ба ду шоҳи кушонӣ — Куҷула Кадфиз ва Вима Кадфиз нисбат медоданд.

Баъди бозёфти катибаи Работак, тавре ки дар боло гуфтем, аниқ маълум шуд, ки баъди Куҷула Кадфиз писари ӯ Вима Такту ҳукмронӣ кардааст. Аммо дар байни сиккаҳои кушонӣ сиккаҳои мансуб ба номи ин шоҳ вуҷуд надоранд. Аз ҷониби дигар ҳеҷ имкон надошт, ки ин шоҳ сикка набароварда бошад. Бо дарназардошти ин санадҳо муҳаққиқ ва тарҷумони катибаи Работак Симс-Вилямс пешниҳод кард, ки сиккаҳои кушонии беном бо унвони Сотер Сегас ба шоҳ Вима Такту нисбат дода шаванд.

Ин пешниҳод қобили қабул аст ва алҳол ягон олим дурустии онро зери шубҳа нагузаштааст. Аз рӯи хусусияти мусаввараҳо низ сиккаҳои Сотер Мегас дар байни сиккаҳои Куҷула Кадфиз ва Вима Кадфиз меистанд ба туфайли бозёфти катибаи Работак боз як муаммои таърихи пурасрори Кушониён ошкор гардид. Сиккаҳои беноми Сотер Мегас баъди қариб ду ҳазор сол аз нав соҳиби худро пайдо карданд.

Бозёфти сиккаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки «Наҷотдиҳандаи Бузург» (Сотер Мегас) номидани шоҳ Вима Такту чандон беасос ҳам набудааст. Сиккаҳои ӯ дар масоҳати хеле паҳновар — аз ш.Таксилаи шимоли Ҳиндустон то сарҳадҳои Чоч дар Осиёи Миёна ба миқдори фаровон ёфт шудаанд. Дар Тоҷикистон низ сиккаҳои Сотер Мегас- Вима Такту ба миқдори хеле зиёд дар шакли алоҳидагӣ ва чун дафина ба даст омадаанд. Аз ҷумла дафинаҳои калони сиккаҳои ин шоҳи кушонӣ дар Ҳисор, Данғара (деҳаи Булёни Поён) ва Қубодиён (димнаи Тахти Сангин) пайдо карда шудаанд.

Сиккаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар давраи ҳукмронии Сотер Мегас-Вима Такту давлати Кушониён хеле васеъ шуда, шимоли Ҳиндустон, Афғонистон ва тамоми Осиёи Миёнаро то сарҳади Чоч дар бар мегирифт.

Муайян кардани давомнокӣ ва солҳои ҳукмронии Вима Такту кори душвор ва амалан ғайриимкон аст. Чунки дар ин бора мо ягон хел маълумот надорем. Ягона санади тахминӣ, ки ба он метавонем такя кунем, ин ба соли 35 нисбат додани анҷоми ҳукмронии Куҷула Кадфиз мебошад, ки дар ин бора мо дар боло гуфта гузаштем. Дар мавриди давомнокии ҳукмронии Вима Такту ҳаминро гуфтан лозим аст, ки дар як намуд сиккаҳо, тавре пештар гуфтем, шоҳи ҷавон (агар он Меҳр (Митра) набошад) ва дар намуди дигари сиккаҳо шоҳи миёнасол тасвир шудааст. Дар ин асос фарз кардан мумкин аст, ки Вима Такту тӯлонӣ, эҳтимол на камтар аз 30-40 сол ҳукмронӣ кардааст. Ин рақамҳо албатта тахминӣ ҳастанд. Аммо набудани дигар санадҳо дар ин бора моро водор месозад, ки барои аққалан ба таври умумӣ пайдарҳамии таърихи кушониёнро тасаввур кардан онро истифода барем.

Шояд дар оянда маълумоти наве пайдо шаванд, ки онро тасдиқ, ислоҳ ва ё тағйир дода, ҳалли ин муаммои таърихи норавшани Кушониёнро осонтар гардонанд. Ба ҳар ҳол агар фарз кунем, ки Вима Такту 30-40 сол (ба ҳисоби миёна 35 сол) ҳукмронӣ кардааст, пас подшоҳии ӯ ба солҳои 35-70 рост меояд.

Баъди Вима Такту писараш Вима Кадфиз подшоҳи давлати Кушониён шуд. Номи ӯ дар як катибаи аз Ладака (Табати Хурд) ёфт шуда, ки ба соли 187 солшумории номаълум тааллуқ дорад, зикр шудааст. Дар Матхураи Ҳиндустон ҳайкали сангини шоҳро ёфтаанд, ки дар болояш номи Вима Кадфиз навишта шудааст. Шоҳ дар тахт нишастааст ва дасти чапаш дар камарбандаш мебошад, дар дасти росташ шашпар дорад. Ду пояи пеши тахт дар шакли сурати шер сохта шудаанд. Дар бораи ин шоҳ дар сарчашмаҳои хаттӣ дигар ҳеҷ гуна маълумот нест. Агар охири ҳукмронии Вима Тактуро шартан соли 70 ҳисоб кунем, пас ҳукмронии Вима Кадфиз мувофиқи тартиби санагузории дар боло пешниҳодшуда, ба солҳои 70-71 рост меояд.

Дар бораи давраи ҳукмронии Вима Кадфиз сиккаҳои ӯ маълумоти муайянро дар бар мегиранд. Сиккаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Вима Кадфиз ислоҳоти пулӣ гузаронда, бори нахуст ба муомилот сиккаҳои тиллоиро мебарорад. Пешгузаштагони ӯ Куҷула Кадфиз ва Вима Такту танҳо сиккаҳои мисин бароварда буданд. Эҳтимол дар замони онҳо сиккаҳои нуқрагини тақлидии Евкратид ва сиккаҳои нуқрагини Ҳерай – Санаб дар муомилот буданд. Сиккаҳои тиллоии Вима Кадфиз воҳиди асосии пулӣ буда, қариб 8г вазн доранд.

Ба ақидаи баъзе олимон, Кушониён дар пайравӣ ба сиккаҳои тиллоии Рум барои сиккаҳои худ ин вазнро интихоб кардаанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳанӯз сиккаҳои тиллоии Ҳахоманишиён 8 г вазн доштанд. Ва аз эҳтимол дур нест, ки Кушониён ин вазнро на аз румиҳо гирифтаанд, балки дар асоси анъанаҳои маҳаллӣ интихоб намудаанд. Ба ақидаи олимон, Кушониён дар зери таъсири Рум, ки бо он алоқаҳои зичи савдоӣ доштанд, ба муомилот сиккаҳои тиллоиро бароварданд.

Новобаста аз ин бояд зикр намоем, ки ҳанӯз дар давраи юнонӣ — бохтарӣ гарчанде ки дар муомилот сиккаҳои нуқрагин мавқеи асосиро ишғол мекарданд, сиккаҳои тиллоӣ низ бароварда мешуданд. Яъне анъанаи муомилоти пулҳои тиллоӣ дар Бохтар пеш аз Кушониён низ вуҷуд дошт. Кушониён сиккаҳои тиллоиро ба воҳиди асосии пул табдил доданд. Ин сиккаҳоро, тавре ки аз адабиёти гуптӣ бармеояд, динор меномиданд, ки аз калимаи румӣ «денариус» гирифта шудааст.[10]

Дар рӯи сиккаҳои Вима Кадфиз нимпайкараи шоҳ тасвир шудааст. Ӯ дар сараш кулоҳи баланди доирашакли каме дарозрӯя ва дар гирди сараш дайҳим дорад. Дар дасти росташ ҳалқа — тоҷи рамзии салтанат ҳаст ва аз китфи чапаш шуълаҳои оташ партавафшонӣ мекунанд. Чеҳраи шоҳ ориёӣ-аврупоӣ аст. Ӯ рӯи калони барҷаста, бинии баланду калон, чашмони калони бодомшакл дорад. Дар пушти сари шоҳ нишони махсуси сулолавӣ — чоршохаи поядор тасвир шудааст. Дар пушти сиккаҳои тиллоии Вима Кадфиз суратҳои гуногун ҷойгиранд.

Дар баробари сиккаҳои тиллоӣ Кушониён барои муомилоти хурду миёнаи ҳамарӯза сиккаҳои калони мисин мебароварданд, ки 16-17г вазн доштаанд. Баръакси сиккаҳои тиллоӣ дар сиккаҳои мисин суратҳои якхела ҷойгир буданд. рӯи онҳо шоҳ дар назди оташдони муқаддаси зардуштӣ дар ҳолати ниёиш тасвир шудааст. Ӯ дар тан кифтон (ҷома)-и дарози аз зону поёни пешаш кушода, дар сараш кулоҳи баланди доирашакли дарозрӯя ва гирди сараш дайҳим дорад.

Дар тарафи чапи шоҳ гурз ва нишони сешоха ва дар пеш сешохаи дароздаста ҷойгиранд. Шоҳ рӯй, бинӣ ва риши калон дорад. Дар рӯи сиккаҳо матни юнонӣ ва дар пушташон матни ҳиндии зерин зарб шудааст: Басилевс басилеон сотер мегас Вима Кадфиз (шоҳи шоҳон наҷотдиҳандаи бузург Вима Кадфиз). Матни ҳиндии ба ғайр аз ду калимаи иловагӣ айнан мисли матни юнонии рӯи сиккаҳо мебошад: Маҳараҷаса раҷадираҷаса сарвалога исвараса маҳесвараса Вима Катфизаса тратараса (Шоҳи шоҳон наҷотдиҳандаи бузург, парастандаи Шиво). Аз ин матн чунин бармеояд, ки шоҳ мисли падараш Вима Такту унвони Сотер Мегасро доштааст.

Сиккаҳои Вима Кадфиз дар бисёр ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Қубодиён (димнаи Тахти Сангин) Шаҳртус (димнаи Теппаи Шоҳ), Колхозобод, Душанбе, Ёвон ва ғайра ёфт шудаанд. Яъне онҳо дар ин ҷо ба таври васеъ дар муомилот буданд. Сикка задан аз тилло нишони пешравии иқтисодиёт ва иштироки васеи Кушониён дар савдои байналхалқӣ буд. Ин амал обрӯйи сиёсии онҳоро дар арсаи байналхалқӣ боз ҳам болотар бардошт.[11]

Давлати Кушониён дар давраи ҳукмронии шоҳ Канишка, ки писари Вима Кадфиз буд, ба авҷи тараққиёти худ мерасад. Дар асоси катибаҳо муайян карда шудааст, ки ӯ на камтар аз 23 сол ҳукмронӣ кардааст. Агар ин санаро шартан то 30 сол дароз кунем, пас Канишка мувофиқи тартиби санагузории мо пешниҳодкарда, тақрибан дар солҳои 110-140 ҳукмронӣ кардааст.

Ӯ дар Ҳиндустон қаламрави кушониёнро дар самти шарқ то поёноби дарёи Ганга ва дар самти ҷануб то дарёи Нарбад васеъ намуд. Пойтахти ӯ дар ш. Пешовар ҷойгир буд.[12] Ақидае низ ҳаст, ки ӯ якчанд пойтахт дошт ва яке аз онҳо Пешовар буд. Дар асоси катибаҳои Сурхкӯтал ва Работак метавонем фарз кунем, ки ш. Бохтар низ яке аз пойтахтҳои муҳими Канишка буд.

Пеш муҳаққиқон чунин мешумориданд, ки Осиёи Миёна маҳз дар давраи Канишка ба ҳайати давлати Кушониён ҳамроҳ карда шуд. Яке аз далелҳои ин ҳодиса дар тамоми ин минтақа паҳн будани сиккаҳои ин шоҳ буд. Ҳамчунин тахмин мекарданд, ки сиккаҳои Сотер Мегас низ маҳз дар давраи Канишка дар тамоми Осиёи Миёна паҳн шуда буданд. Аммо тавре ки дар боло қайд гардид, баъди бозёфти катибаи Работак сиккаҳои Сотер Мегасро ба Вима Такту нисбат медиҳанд. Аз он чунин бармеояд, ки Осиёи Миёна на дар давраи Канишка, балки дар давраи ҳукмронии бобои ӯ Вима Такту (тақрибан солҳои 35-70) ба давлати Кушониён ҳамроҳ карда шуда буд. Мувофиқи адабиёти буддоӣ Канишка дар паҳн кардани ин дин саҳми калон дошт.

Канишка дар эҳё ва интишори забони бохтарӣ баъди истилои юнониён нақши намоён гузоштааст. Дар ин бора то вақтҳои охир сиккаҳои ӯ шаҳодат медоданд. Пешгузаштагони ӯ дар сиккаҳояшон матнҳои юнонӣ ва ҳиндӣ (кхарошти) (Куҷула Кадфиз ва Вима Кадфиз) ё танҳо юнонӣ (Сотер Мегас — Вима Такту) истифода мекарданд.

Ӯ дар ин соҳа ислоҳот гузаронда, ба ҷои ин матн дар сиккаҳояш танҳо навиштаҷоти ориёиро ҷойгир намуд. Дурустии ин хулосаи олимонро катибаи Работак возеҳу равшан тасдиқ ва собит намуд. Дар ин катиба, ки ба соли якуми ҳукмронии Канишка тааллуқ дорад, ӯ фармон дод, ки аз ин пас ҳамаи катиба ва ҳуҷҷатҳо ба ҷои забони юнонӣ бо забонӣ бохтарӣ навишта шаванд.[13] Ин амал аҳамияти калони сиёсӣ ва фарҳангӣ дошт. Баъди зиёда аз 400 соли ҳукмронии забони юнонӣ дар Бохтар ӯ дуюмбора ба забони бохтарӣ мартабаи баланди давлатӣ дод. Ин хизмати босазои ӯ дар назди халқҳои ориёӣ буд.

Ҷолиби диққат аст, ки дар ин катиба, ки тақрибан соли 111, яъне дар соли аввали ҳукмронии Канишка тартиб дода шудааст, мафҳуми забони ориёӣ истифода шудааст. Олимон муайян кардаанд, ки ин катиба бохтарӣ аст. Ин забон дар қатори забонҳои суғдӣ, хоразмӣ ва ғайра ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дохил мешуд. Дар ҳамин вақт дар баробари ин забонҳои ғарбии эронӣ — паҳлавӣ, портӣ ва баъзеи дигар амал мекарданд.

Номҳои забонҳои бохтарӣ, суғдӣ ва ғайраро олимон аз рӯи номҳои ҷуғрофии минтақаҳои мазкур нисбат додаанд. Аз катибаи Работак бармеояд, ки ҳамаи ин забонҳо бо номи умумӣ ориёӣ ифода мешуданд. Мафҳуми забони ориёӣ то аввали асри II истифода мешуд. Шояд он дар асрҳои минбаъда то пайдоиши мафҳуми забони форсӣ ва дарӣ, тақрибан то истилои арабҳо боқӣ монда буд. Дар як ҳуҷҷати бо забони бохтарӣ иншошуда, ки ба асри VII тааллуқ дорад ва дар Афғонистон ёфт шудааст, калимаи ориёӣ дучор мешавад.[14]

Канишка низ мисли падараш Вима Кадфиз аз тилло ва нуқра сикка мебаровард. Сиккаҳои тиллоии ӯ якдинора (8г) ва нимдинора (4г) буданд. Сиккаҳои мисинаш 15-16г вазн доштанд. Дар рӯи сиккаҳо боз ҳамон саҳнаи ибодати шоҳ дар назди меҳроби оташи муқаддаси зардуштӣ бо кифтони дароз ва найза дар дасти чапаш тасвир шудааст. Дар пушти аксари сиккаҳои ӯ изадони гуногуни зардуштӣ — Меҳр, Мао (Моҳ), Нана, Оташ, дар як намуди сиккаҳо Шива ва дар намуди дигараш Буддо тасвир шудаанд.[15]

Сиккаҳои Канишка дар тамоми қаламрави ин империя, аз ҷумла аз Осиёи Миёна то Чоч ба миқдори зиёд ёфт шудаанд. Дар Тоҷикистон ин сиккаҳо аз ноҳияҳои Кӯлоб, Колхозобод (тиллоӣ), Ҳисор, Шаҳртус, Қубодиён, Душанбе (мисин) ва ғайра ба даст омадаанд.

Солномаҳои хитоӣ дар бораи муносибати Кушониён бо Хитой дар охири асри I-аввали асри II маълумот додаанд. Аз маълумоти онҳо чунин бармеояд, ки Туркистони Шарқӣ як муддат дар зери дасти Кушониён будааст.[16] Аммо соли 84 артиши Хитой бо сардории Бан Чао ба Кошғар ҳуҷум кард. Кошғариҳо муқобилият нишон доданд ва шоҳи Кангха артиши худро ба ёрии онҳо фиристод. Эҳтимол байни Хитой ва Кушониён доир ба тақсими доираи нуфуз ягон аҳднома баста шуда буд, чунки кушониҳо на танҳо ба пешравии артиши Хитой дар Туркистони Шарқӣ монеъ нашуданд, балки ба шоҳи Кангха фишор оварданд, то лашкари худро пас хонад. Дар натиҷа хитоиҳо Кошғарро ишғол карданд. Дере нагузашта онҳо Турфонро низ забт намуданд.

Баъди ду-се сол муносибатҳо байни Хитой ва Кушониён бад шуданд. Сабаби бадшавии муносибатҳо ҳабси сафирони кушонӣ буд, ки бо туҳфаҳои гаронбаҳо ба дарбори императори Хитой ба хостгории духтараш барои писари шоҳи Кушониён ё худи шоҳ рафта буданд. Дар ҷавоб шоҳи Кушонӣ ба муқобили хитоиҳо ба Туркистони Шарқӣ лашкари 70 ҳазор нафараро бо сардории ҳокими Сэ фиристод. Аммо кушониҳо барои ин ҳамла тайёрии хуб надида буданд. Баъди ба Туркистони Шарқӣ дохил шудан лашкари Кушониён бинобар нарасидани озуқаворӣ ба гуруснагӣ дучор шуданд. Кӯшиши дар Кучор ба даст овардани озуқаворӣ низ бенатиҷа анҷом ёфт. Аз ҳамин сабаб Сэ маҷбур шуд бо Бан Чао гуфтушунид карда, лашкарашро аз Туркистони Шарқӣ барорад. Аз ин вазъият истифода бурда Бан Чао соли 91 Кучарро низ ишғол кард.

Аммо баъди ин ҳам Кушониён муборизаро барои ба итоати худ даровардани Туркистони Шарқӣ қатъ накарданд. Дар давраи ҳукмронии император Ан (соли 114-116) ҳокими Қошғар амакаш Чен Панро аз мамлакат ронд. Ӯ ба дарбори Кушониён рафт. Ӯро бо хушнудӣ қабул карданд. Баъди вафоти ҳокими Кошғар Кушониён ба Чен Пан ҷанговар доданд ва ӯ рафта Қошғарро ишғол карда, ҳокими он шуд. Солномаҳои хитоӣ дар ин бора хабар дода навиштаанд, ки кошғариҳо Чен Панро ба хушнудӣ пазируфтанд, чунки онҳо аз юэҷҳо (кушониён) метарсиданд. Аммо ҳокимияти Кушониён дар Кошғар дер напойид. Соли 125 хитоиҳо аз нав Қошғарро ишғол намуданд. Соли 132 Кушониён бори дигар кӯшиш карданд, ки Туркистони Шарқиро тасарруф намоянд. Аммо натиҷа ва ҷузъиёти ин ҳодиса маълум нест. Солномаи хитоӣ дар ахбор доир ба сафорати Кушониён шоҳи онро ёд кардааст, аммо номашро зикр накардааст.

Агар тартиби санагузории пешниҳодшудаи Кушониёнро ба назар гирем, бархӯрдҳои Кушониён бо Хитой дар Туркистони Шарқӣ дар нимаи дуюми ҳукмронии Вима Кадфиз ва ҳукмронии Канишка рух дода буданд. Эҳтимол ба Канишка муяссар шуд, ки гумоштаи худ Чен Панро ба тахти Кошғар шинонад. Ин фарзия бо ахбори сарчашмаҳои хитоӣ дар бораи ҳавзаи Тарими Туркистони Шарқиро ишғол кардани Канишка мувофиқат дорад.

Мувофиқи маълумоти навиштаҷоти ҳиндӣ баъди Канишка Васишка ва баъди ӯ Хувишка ҳукмронӣ кардаанд. Аммо дар байни сиккаҳои Кушониён нусхаҳое бо номи Васишка пайдо карда нашудаанд. Шояд мисли Вима Такту ягон намуд сиккаҳои бе ном ба ӯ тааллуқ дошта бошанд. Ба ақидаи Лохвизен-де-Леев, ӯ ҳамагӣ панҷ сол ҳукмронӣ кардааст.[17] Агар ин ақидаро қабул намоем, мувофиқи тартиби санагузории мо, Васишка тақрибан солҳои 141-146 ҳукмронӣ кардааст.

Номи Хувишка дар 18 катибаҳои ҳиндӣ ёд карда шудааст. Матнҳои катиба бо солшумории Канишка аз соли 28 то 60 санагузорӣ шудаанд. Яъне ӯ тақрибан 32 сол ҳукмронӣ карда буд. Пас мувофиқи санагузории мо ҳукмронии Хувишка ба солҳои 147-179 рост меояд.

Хувишка баръакси Васишка аз худ шумораи зиёди сиккаҳои тиллоӣ ва мисинро боқӣ гузоштааст. Аз рӯи хусусиёти суратҳо сиккаҳои ӯ аз сиккаҳои пешгузаштагонаш то андозае фарқ мекунанд. Дар рӯи аксарияти сиккаҳои тиллоӣ нимпайкараи ӯ тасвир шудааст. Шоҳ дар дасти чапаш найзаи кӯтоҳ ва дар дасти росташ кавкаба (рамзи ҳокимият) дорад. Тоҷи шоҳ бо сангҳои қиматбаҳо оро дода шудааст. Гирдогирди сурати шоҳ чунин навишта шудааст: «Шоҳаншо Хувишка, кушано». Дар як намуди сиккаҳои тиллоӣ ин шоҳ савори фил тасвир шудааст. Сурати фил маъмулан бо анъанаҳои ҳиндӣ алоқаманд мебошад. Дар як намуди дигари сиккаҳои тиллоӣ шоҳ чорзону дар болои курсӣ нишастаст.

Дар пушти аксарияти сиккаҳои тиллоии Хувишка изадони зардуштӣ – Меҳр (Митра), Мао (Моҳ), Фарро, Ардохша ва ғайра наққошӣ шудаанд. Дар пушти ду намуд сиккаҳои тиллоии ӯ мутаносибан худоҳои ҳиндӣ Шиваи чордаста ва Сегал ҷойгиранд.

Дар рӯи сиккаҳои мисини Хувишка шоҳи филсавор ва шоҳи дар курсӣ якпаҳлу нишаста тасвир шудаанд. Дар пушти сиккаҳо худоҳои гуногуни зардуштӣ ҷойгиранд. Мусаввараҳои сиккаҳои мисин дар пайравӣ ба сиккаҳои тиллоӣ сохта шудаанд.

Сиккаҳои тиллоии Хувишка якдинора ва чорякдинора буданд. Бештари бозёфтҳоро сиккаҳои якдинора ташкил мекунанд. Мусаввараҳои сиккаҳои Хувишка ва дигар шоҳони кушонӣ асосан ба ду шохаи маданияти ориёӣ — осиёимиёнагӣ ва эронию ҳиндӣ тааллуқ доранд.

Бозёфтҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сиккаҳои Хувишка дар тамоми Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон роиҷ буданд. Дар осорхонаҳои Термез (9 дона), Самарқанд (15 дона) ва Тошканд (28 дона) як миқдор сиккаҳои мисини ин шоҳ маҳфузанд, ки бо эҳтимоли зиёд, бозёфти маҳаллӣ мебошанд. Дар Тоҷикистон ин сиккаҳо асосан дар ноҳияҳои ҷанубӣ – Қубодиён, Шаҳртус, Вахш, Хуросон, Ёвон, Регар ёфт шудаанд. Аз ноҳияҳои шимолӣ онҳо танҳо дар Панҷакент пайдо карда шудаанд.

Дар байни шоҳони кушонӣ сиккаҳои тиллоиро аз ҳама бештар Хувишка баровардааст. Дар ин бора бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд. Аммо дар Осиёи Миёна то ба наздикӣ сиккаҳои тиллоии Хувишка ёфт нашуда буданд. Ҳол он ки дар Бохтари соҳили чапи Амударё онҳо ба миқдори кофӣ пайдо шудаанд. Сиккашиносон ҳатто гумон доштанд, ки онҳо дар ин минтақа дар муомилот набуданд. Аммо як бозёфт дар ҷануби Тоҷикистон ба ин шубҳаҳо хотима гузошт. Дар димнаи Ҳалқаҷар дар назди деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон (собиқ ноҳияи Ғозималик) 29 феврали соли 1999 ҳини шудгори замин ду сокини маҳаллӣ – тракторчӣ ва бригадир як кӯза тангаи тиллоӣ ёфтанд.[18] Мутаассифона, то хабардор шудани олимон ва мақомоти ҳукуматӣ тангаҳои тиллоӣ, аз даст ба даст гашта гум шуданд. Ҳоло фақат як сикка аз он дар Пажӯҳишгоҳи таърих нигаҳдорӣ мешавад. Олимони сиккашинос зимни омӯзиши он муайян карданд, ки он ба шоҳи кушонӣ Хувишка тааллуқ дорад. Як сиккаи дигар аз ин дафинаро Вазорати Амнияти Миллӣ ба Пажӯҳишгоҳи таърихи АИ ҶТ тақдим кард, ки он ба Хувишка мансуб аст. Сиккашиносон дар дасти ашхоси гуногун зиёда аз 20 сиккаи ин дафинаро ташхис карданд, ки ҳамаи онҳо ба Хувишка тааллуқ доштанд. Аз рӯи овозаҳо дар ин дафина аз 50 то 600 танга буд. Боиси таассуф аст, ки бо вуҷуди супоришҳои қатъӣ дар бораи ҷамъ карда ба осорхонаи миллии бостонӣ супоридани тангаҳои ёфтшуда, ин кор ҳанӯз ҳам амалӣ нагардидааст. Агар гӯем, ки барои Тоҷикистон баъди бозёфти ҳуҷҷатҳои суғдӣ дар қалъаи кӯҳи Муғи ноҳияи Айнӣ (соли 1933) ин дуюмин бозёфти нодир ва машҳури асри ХХ буд, хато намекунем.

Аз рӯи сиккаҳо баъди Хувишка шоҳ Васудева ҳукмронӣ кардааст. Дар асоси катибаҳои ҳиндӣ ӯ аз соли 64 то соли 98 (бо солшумории Канишка), яъне 34 сол подшоҳ буд.[19] Аммо мушкилот дар он аст, ки катибаҳо метавонистанд на ба як, балки ба ду ё се Васудева тааллуқ дошта бошанд. Дар ҳар сурат, агар мо 34 соли ҳукмронии Васудеваро ба тартиби санагузории пешниҳод кардаамон ҳамроҳ намоем, ҳукмронии ӯ ба солҳои 180-214 рост меояд.

Васудева ба мисли пешгузаштагони худ аз тилло ва мис сикка мебаровард. Дар рӯи сиккаҳои тиллоии ӯ саҳнаи ибодати шоҳ дар назди оташдони муқаддаси зардуштӣ тасвир шудааст. Навиштаҷоти ин сиккаҳо мисли сиккаҳои Канишка ва Хувишка бо забони ориёӣ (бохтарӣ) буда, чунин аст: Шоҳаншоҳ Васудева, кушонӣ. Дар пушти сиккаҳои ин шоҳ худои ҳиндӣ Шива дар назди гови муқаддас Зебу тасвир шудааст. Зеймаль Е.В.[20] кӯшиш кардааст, ки сиккаҳои бо ин ном мавҷударо ба се Васудева нисбат диҳад. Аммо ин сиккаҳо аз якдигар ягон фарқи ҷиддӣ ва назаррас надоранд. Бинобар ин аз рӯи аломатҳои тасвирӣ онҳоро ба шоҳҳои гуногун нисбат додан душвор аст. Аммо новобаста аз ин, онҳо метавонистанд ба шоҳони гуногуни ҳамном тааллуқ дошта бошанд. Яъне аз чунин фарзия низ набояд сарфи назар кард.

Таърихнависи қадими арманӣ Моисейи Ҳаронӣ шоҳи Кушониён Вахсадҷонро ёдоварӣ кардааст, ки дар иттиҳоди зидди сосонӣ дохил мешуд. Ҳамаи олимон якдилона Вахсадҷонро бо Васудева як шахс мешуморанд. Баҳс дар сари кадом Васудева – якум ё дуюм будани ӯ меравад. Р. Гиршман ӯро Васудеваи I ва Лохвизен — де — Леев Васудеваи II мешуморанд.[21] Кушониён дар иттиҳоди номбаршуда бо сардории Вахседҷон (Васудева) солҳои 227-229 ба муқобили Сосониён ҷангида буданд. Аммо иттиҳод ягон муваффақият ба даст наоварда, пароканда шуд ва Сосониён дар ин ҷанг ғолиб баромаданд. Аз рӯи тартиби санагузории мо ин ҳодиса ба солҳои ҳукмронии Васудеваи I (180-214) рост намеояд. Пас мо метавонем ба фикри Лохвизен-де-Леев ҳамроҳ шуда, Вахсадҷонро Васудеваи II шуморем. Ҳамин Васудева барои дар ҷанги дарпешистода бо Сосониён такягоҳи сиёсӣ ва шояд дастгирии ҳарбӣ низ доштан 5 январи соли 230 ба Хитой сафорати калон мефиристад. Натиҷаҳои ин сафорат ва тайёриҳои минбаъдаи Кушониён барои ҷанг бо Сосониён маълум нестанд. Аммо соли 242-243 лашкари Шопури I ба Кушониён шикасти сахт дод. Дар вақти ин ҳодисаҳо кадом шоҳи Кушониён ҳукмронӣ мекард, маълум нест.

То ин ҷанг, мувофиқи навиштаҷоти Шопури I, дар Каъбаи Зардушт давлати Кушониён аз Пешовар то Кошғар, Суғд ва Чоч доман паҳн карда буд. Баъди дар ин ҷанг ғолиб баромадан Сосониён як қисми калони мулкҳои ғарбии Кушониёнро ишғол карданд. Онҳо дар ин ҷо ҳокимони худро таъин карданд, ки унвони «шоҳи кушонӣ»-ро доштанд.

Тақрибан дар байни солҳои 266 – 28 Кушониён як қисми сарзаминҳои худро дар Ҳиндустон аз даст доданд. Дар баробари Хитой, Рум ва Кушониён дар сарчашмаҳои хаттӣ ҳамчун давлати пуриқтидор Ҳинд низ номбар карда мешавад. Дар охири асри III кушониён Хоразмро низ аз даст доданд.[22]

Таърихи сиёсии Кушониён баъди ҳукмронии Васудева дар давоми асри III ва асри IV норавшан аст. Аз сарчашмаҳои хаттӣ аниқ маълум аст, ки ин давлат бо вуҷуди аз даст додани бисёр мулкҳояш, ҳанӯз неруманд буд ва то асрҳои IV ё ҳатто V вуҷуд дошт. Аммо кадом шоҳон дар ин давра ҳукмронӣ кардаанд, маълум нест. Фарзияи олимон дар бораи дар давлати Кушониён ҳукмронӣ кардани якчанд Васудева ва Канишка дуруст аст ва фазои холиеро, ки баъди Васудеваи I пайдо шуда буд, пур мекунад. Аммо номи ин шоҳон ба ғайр аз Вахсадҷон — Васудеваи II номбар нашудааст ва сиккаҳое низ вуҷуд надоранд, ки бешак ба шоҳони нимаи дуюми асри III-IV мансуб бошанд.

Соҳаи асосии машғулияти аҳолии Осиёи Миёна дар давраи Кушониён, мисли пештара, кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ буд. Махсусан кишти обӣ инкишоф ёфта буд. Дар ин бора ҷӯйҳои калони тӯлонӣ, ки бостоншиносон дар водии Вахш, Зарафшон ва Хоразм ёфтаанд, шаҳодат медиҳанд. Кандани ҷӯйҳо имконият медод, ки масоҳати заминҳои корами обӣ зиёд шавад. Ин ҳолат дар навбати худ барои пайдо шудани шаклҳои наву пешқадами коркарди замин парвариши зироатҳо ва растаниҳои нав, такмили олоту асбоби кишоварзӣ мусоидат мекард. Аз ҷумла, дар ин давра сипорҳои оҳанӣ ва осиёбҳои дастӣ васеъ паҳн мешаванд. Дар ин бора бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд.[23]

Дар доманакӯҳҳо зироаткории лалмӣ инкишоф ёфта буд. Мавҷудияти ёдгориҳои замони Кушониён дар минтақаҳои кӯҳистон шоҳиди инкишофи ин мавзеъҳо дар баробари водиҳо мебошад. Кишоварзӣ дар Осиёи Миёна то андозае пеш рафта буд, ки ҳатто хитоиҳо барин халқи зироатпеша парвариши ришқа (юнучқа), чормағз ва баъзе растаниҳои дигарро аз сокинони ҳамин минтақа ёд гирифтанд.

Шаҳрҳо аломати муҳими инкишофи маданияти кишварҳо мебошанд. Дар бораи шаҳрҳои Кушониён сарчашмаҳои хаттӣ ва асосан бостоншиносӣ маълумот медиҳанд. Мувофиқи ахбори Птолемей, ки ба а. II тааллуқ доранд, дар кишвари Арея 35 шаҳр ва деҳа, дар Паропамисад (вилояти Кобул) 16 шаҳр, дар Дрангиана (Сакистон) 11 шаҳр, дар Арахосия 12 шаҳр ҷойгир буданд. Яке аз калонтарин шаҳрҳо Бохтар буд, ки унвони «модари шаҳрҳо»-ро дошт. Дар Бохтар мутобиқи маълумоти Птолемей, 18 шаҳр мавҷуд буд.[24] Ковишҳои бостоншиносӣ ин маълумоти ҷуғрофидонони атиқаро тасдиқ карда, бо санадҳои мушаххас такмил медиҳанд.

Аз ҳафриёти бостоншиносӣ бармеояд, ки бисёр шаҳрҳое, ки дар замони юнонӣ-бохтарӣ ва аз он ҳам пештар пайдо шуда буданд, дар замони Кушониён обод буданд. Ба ин қатор Бохтар, Самарқанд, Марв, димнаҳои Саксанохур, Тахти Сангин ва баъзе шаҳрҳои дигар дохил мешаванд. Дар баробари онҳо бисёр шаҳрҳои нав низ бунёд мешаванд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин давра, нисбат ба давраи юнонӣ-бохтарӣ дар Осиёи Миёна шумораи шаҳру шаҳракҳо хеле меафзояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон ба замони Кушониён димнаҳои Кайқубодшоҳ дар ноҳияи Қубодиён, Теппаи Шоҳ дар ноҳияи Шаҳртуз, Куҳна-Қалъа дар ноҳияи Қумсангир, Ҳалқаҷар дар ноҳияи Хуросон (собиқ Ғозималик), Гаравқалъа ва Тамошотеппа дар ноҳияи Ёвон, Саксанохур дар ноҳияи Фархор, Қалъаи Чармгарони Поён (Қалъаи Мир) дар ш. Кӯлоб, Шаҳринав, Душанбеи қадим дохил мешаванд. Аксарияти ин шаҳрҳо қалъа, девор ва бурҷҳои мудофиавӣ ва биноҳои истиқоматии гуногун доштанд. Аз рӯи сохташон шаҳрҳои он замонро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин. Ба гурӯҳи якум шаҳрҳое дохил мешуданд, ки нақшаи ягона надошта, аз гузарҳо ва маҳаллаҳои қисман пароканда ҷойгир шуда, иборат буданд. Инҳо, пеш аз ҳама, шаҳрҳое буданд, ки ҳанӯз то давраи кушониён пайдо шуда буданд. Ба ин қатор Самарқанд (Афросиёб), Бохтар, димнаи Шаҳринави Тоҷикистон ва ғайра дохил мешуданд. Дарозии девори димнаи Шаҳринав 7 км буда, баъди ҳар 25 см бурҷ дошт. Ғафсии девор 3,5 м ва баландиаш 6 метрро ташкил мекард. Шаҳр масоҳати 350 га дар бар мегирифт. Девор на танҳо шаҳр, балки маҳаллаҳои наздишаҳриро низ фаро гирифта буд.[25]

Димнаи Ҳалқаҷар низ ба гурӯҳи якуми шаҳрҳо дохил мешавад. Он дар соҳили рости дарёи Вахш, дар назди деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон воқеъ гардидааст. Бостоншиносон дар ин ҷо ҳафриётҳои начандон калон гузаронда, якчанд хонаҳои хоҷагиро кушоданд. Дар ин ҷо сиккаҳои кушонӣ ва дигар ашёҳои қадим ёфт шуданд. Дар Ҳалқаҷар, тавре ки дар боло ишора карда будем, дафинаи сиккаҳои тиллоии Хувишка ёфт шуд. Мавқеи ҷойгиршавии димнаи Ҳалқаҷар ҷолиби диққат аст. Он дар наздикии дарёи Вахш воқеъ буда, эҳтимолан хусусияти бандарӣ дошт. Дар Амударё киштиҳои тиҷоратӣ мегаштанд ва ба Хоразм мол мебурданд. Ба гурӯҳи дуюм шаҳрҳое дохил мешуданд, ки мувофиқи анъанаҳои атиқа аз рӯи лоиҳаи ягона сохта шудаанд. Аз ёдгориҳои Тоҷикистон ба ин гурӯҳ димнаҳои Кайқубодшоҳ, Теппаи Шоҳ ва баъзеи дигар дохил мешаванд. Димнаи Кайқубодшоҳ шакли росткунҷаро дорад, масоҳаташ 375-285 м мебошад. Деворҳои он бо 32 бурҷ мустаҳкам карда шудаанд.[26]

Шаҳр-Қалъаи Теппаи Шоҳ чоркунҷа буда, масоҳаташ 80х80 мебошад. Маркази онро саҳни ҳавлӣ ташкил мекунад. Қалъа дорои девори мудофиавӣ бо бурҷҳо мебошад. Димнаи Саксанохур низ ба гурӯҳи дуюми шаҳрҳо дохил мешавад. Он дар а. II то м. пайдо шуда, то а. IV мелодӣ вуҷуд дошт. Қалъа росткунҷа буда, аз қаср, гузари ҳунармандон, биноҳои хоҷагӣ ва истиқоматӣ иборат буд. Ҳини ҳафриёт аз ин ҷо шумораи зиёди бутакҳои гилин ва қолабҳо барои тайёр кардани онҳо, гӯшвор ва тугмаҳои тиллоӣ, мусаввараҳои девории ранга ва дигар ашёҳо ёфт шуданд. Аммо аз ҳама бозёфти нодир аз ин шаҳр сагаки тиллоии тасма мебошад, ки дар он саҳнаи шикор тасвир шудааст. Дар саҳна шахси аспсавор бо найза гурозро зада ғалтондааст.

Дар димнаи Саксанохур шумораи зиёди тагсутунҳои сангин, ки боқимондаҳои айвонҳо ва биноҳои боҳашамати сутундор мебошанд, ёфт шудаанд.[27] Боқимондаҳои шаҳр аз он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз марказҳои калони на танҳо минтақаи Кӯлоб, балки тамоми Бохтари Шимолӣ будааст.

Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб низ дар давраи Кушониён шаҳр вуҷуд дошт. Боқимондаҳои онро бостоншиносон дар мавзеи Қалъаи Чармгарони Поён пайдо кардаанд. Бостоншиносон дар ин ҷо як бинои хоҷагӣ бо якчанд хумҳои калон, қубури обрав, шумораи зиёди зарфпораҳои сафолӣ ва як миқдор зарфҳои бутун, ҳайкалчаи худои ишқ ва обҳои равон Анаҳито ва бисёр ашёи дигар ёфтанд.[28]

Дар водии Сурхандарё, Суғд, Фарғона, Чоч ва Хоразм низ дар ин давра як қатор шаҳрҳо ба вуҷуд омада буданд. Яке аз шаҳрҳои калон Термез буд. Дар ин ҷо якчанд дайрҳои калони буддоӣ (димнаҳои Қаротеппа, Фаёзтеппа, Чингизтеппа) мавҷуд буданд, ки харобаҳои онҳо аз ҷониби бостоншиносон ҳафриёт шудаанд. Шаҳр дар соҳили дарё ҷойгир буда, гузаргоҳи муҳими тиҷоратӣ ва бандари дарёӣ буд.

Дар қисми шимолии Сурхандарё ду шаҳри калон – димнаҳои Халчаён ва Дилварзин воқеъ гардида буданд. Халчаён девори мустаҳками мудофиавӣ, қалъа, қаср, толорҳо ва хонаҳои пуршукӯҳи истиқоматӣ бо муҷассамаҳо ва девормусаввараҳои ранга дошт.[29]

Дуюмин шаҳри калони Сурхандарё димнаи Дилварзин буд. Он 40 гектарро дар бар гирифта, девори мудофиавӣ, қасру маъбади муҳташам, толору хонаҳои истиқоматии мусаввару мунаққаш дошт. Дар Суғд ба ғайр аз Самарқанд деҳкадаи Тали Барзу, дар Фарғона Мунчактеппаи назди Бегобод, деҳкадаи назди Ашт, Каунчитеппа ва як силсила ёдгориҳои дигар ба ҳамин давра мансубанд.

Дар болооби Зарафшон афзудани шумораи кӯшку қалъа ва деҳкадаҳо дар замони Кушониён ба мушоҳида мерасад. Муҳаққиқон ин ҳодисаро бо рафтани як қисми аҳолӣ аз водиҳо ба кӯҳистон алоқаманд менамоянд. Шояд ин кор ҷой дошт. Аммо дар маънидод кардани ин ҳодиса омили дигар – афзойиши дохилии аҳолии кӯҳистонро дар натиҷаи беҳтар шудани некуаҳволии мардум, сарфи назар кардан мумкин нест. Гумон кардан, ки бори нахуст мардуми аз водиҳо рафта ноҳияҳои кӯҳистони болооби Зарафшонро дар давраи кушониён обод карданд, дуруст нест. Масалан дар кӯҳистони минтақаи Кӯлоб 800 ҳазор сол пеш аз ин ва баъди он аллакай одамони ибтидоӣ зиндагӣ мекарданд[30] (зистгоҳҳои асри санги Кулдара, Хонақо ва Лоҳутии Ховалинг). Дар ин асос қиёс кардан мумкин аст, ки кӯҳистони дигар минтақаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, болооби Зарафшон низ хеле пештар аз замони Кушониён обод буданд ва дар ин замон танҳо афзойиши аҳолӣ, васеъшавии масоҳати ободиҳо ва пайдо шудани қалъаву деҳкадаҳои нав дар ин минтақа ба амал меояд.

Дар Хоразм низ дар ин давра шаҳри калон (димнаи Тупрокқалъа) вуҷуд дошт. Шаҳр девори мудофиавӣ, бурҷҳо, қалъа, гузарҳо ва кӯчаву растаҳои калон дошт. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон димнаи Топракқалъа шаҳри Фир мебошад, ки дар сарчашмаҳои хаттӣ зикр шудааст.[31]

Калонтарин шаҳри давлати Кушониён пойтахти он шаҳри Бохтар буд. Дар ин давра масоҳати шаҳр васеъ шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд, шаҳр бо девори нави мудофиавӣ иҳота карда мешавад. Махсусан мавзеи Теппаи Заргарон сераҳолӣ буд[32]. Берун аз девор низ гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд. Тавре ки дар боло гуфтем, дар давраи ҳукмронии Канишка пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонида шуд. Аммо Бохтар низ мавқеи худро ҳамчун пойтахт нигоҳ доштааст. Чун қисмати калони давлати Кушониён – Осиёи Миёна аз ҳамин марказ идора карда мешуд.

Яке аз шаҳрҳои калони Бохтар Каписо буд. Он пойтахти вилояти Паропамисад (вилояти Кобул) ба шумор мерафт. Харобаҳои он 60 км шимолтари Кобул дар назди шаҳри Багром воқеъ гардидаанд. Масоҳати шаҳр 25 га буда, девори мудофиавӣ дошт. Иншооти мудофиавии димнаи Багром ва Кайқубодшоҳ якхела мебошанд, ки ин дар бораи мавҷудияти анъана ва меъёрҳои ягонаи меъморӣ – сохтмонӣ шаҳодат медиҳад.

Аз байни шаҳри Каписа кӯчаи дароз мегузашт. Қасри подшоҳ дар маркази шаҳр воқеъ гардида буд. Ҳини ҳафриёт бостоншиносон дар ин ҷо шумораи зиёди ашёҳои нафис – қуттичаҳои сиёҳи ҷилодори хитоӣ, зарфҳои шишагини мунаққашу мусаввари румӣ, садафҳои гачӣ бо саҳнаҳои асотирии юнонӣ, ҷузвҳои мунаққаши аз устухони фил сохташудаи курсиҳо ва ғайраро ёфтанд, ки ҷолиб ва мафтункунанда мебошанд.

Ин бозёфтҳо дар бораи алоқаҳои васеи фарҳангӣ ва тиҷоратии Бохтари замони Кушониён бо мамолики Ғарбу Шарқ шаҳодат медиҳанд.

Дар вилояти Бағлони Афғонистон дар назди деҳаи Работак шаҳраки замони кушониён ҷойгир аст. Дар бораи аҳамияти калон доштани он катибаи аз он мавзеъ ёфтшудаи Канишка шаҳодат медиҳад. Дар Бохтари Ҷанубӣ димнаҳои зиёди замони Кушониён мавҷуданд, аммо бисёрии онҳо ҳанӯз аз ҷониби бостоншиносон омӯхта нашудаанд.

Дар замони Кушониён дар шимол ва маркази Ҳиндустон низ шаҳрҳои зиёд вуҷуд доштанд. Калонтарини онҳо Пурушапура (Пешовар) буд. Аз рӯи адабиёти буддоӣ-ҳиндӣ Канишка ин шаҳрро пойтахти худ интихоб карда буд. Дигар шаҳри калони ин минтақа Таксила ба шумор мерафт. Харобаҳои он дар наздикии ш.Равалпиндии имрӯза воқеъ гардидаанд. Хулоса, шаҳрсозӣ ва шаҳрнишинӣ, ки нишонаи тараққиёти баланди маданияти халқу миллатҳо мебошанд, дар давлати Кушониён инкишоф ёфта буданд.

Дар бораи тиҷорат сарчашмаҳои хаттӣ (румӣ ва чинӣ), сиккаҳо ва бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Роҷеъ ба савдои дохилӣ танҳо як сарчашмаи хитоии мансуб ба нимаи дуюми а. II то м. мухтасар ишора кардааст. Дар он гуфта шуда, ки сокинони Бохтар савдогарони моҳиранд ва дар пойтахташон бозор доранд.[33] Дар ин бора мо бештар аз рӯи сиккаҳо метавонем хулоса барорем. Ҳамаи шоҳони кушонӣ аввал танҳо аз мис (то ҳукмронии Вима Кадфиз) ва баъд аз тилло ва мис сикка мебароварданд. Дар ёдгориҳои замони Кушониён бостоншиносон ба миқдори зиёд сиккаҳои мисинро пайдо намуданд, ки нишонаи тараққиёти савдои чаканаи дохилӣ мебошад. Савдои яклухти дохилӣ низ тараққӣ карда, ки дар ин бора бозёфти сиккаҳои тиллоии кушонӣ дар шакли дафина аз димнаи Ҳалқаҷар шаҳодат медиҳанд.

Дар давраи Кушониён савдо махсусан бо минтақаҳои шарқии империяи Рум ва Миср хеле инкишоф меёбад. Кушониён қисмати калони «Шоҳроҳи тиҷоратӣ»-и байни Шарқ ва Ғарбро, ки аз ҳудуди давлати онҳо мегузашт, зери назорати худ доштанд.

Тиҷорат байни кушониён ва румиён хеле инкишоф ёфта буд. Омили муҳими густариши ин тиҷорат Шоҳроҳе буд, ки аз соҳилҳои баҳри Миёназамин ба воситаи Эрон то қаламрави давлати Кушониён мерасид. Аз Марв ин роҳ ба якчанд шоха тақсим шуда, ба самти шарқ мерафт. Як шохааш то Бохтар омада, ба ҷануб тоб хӯрда то Каписа (шимоли Кобул) ва аз он ҷо то Ҳиндустон мерасид.

Аз Марв ба Ҳиндустон боз як роҳи дигар низ буд. Он аз Арея (Ҳирот), Дрангиана ва Арахосия мегузашт. Бояд дар назар дошт, ки қисмати ғарбии Шоҳроҳи тиҷоратӣ зери назорати Парфия қарор дошт. Парфия қариб ҳамеша бо Рум дар ҳолати ҷанг буд ва кӯшиш мекард, ки барои барқарор шудани алоқаи мустақим байни он ва Кушониён ва ҳамчунин Хитой монеъ шавад. Аз ҷониби дигар Парфия дар тиҷорати Хитой бо Ғарб нақши миёнаравро иҷро мекард, яъне абрешимро аз хитоиҳо харида, бо фоидаи калон ба румиҳо мефурӯхт. Муносибати Парфия бо Кушониён низ чандон хуб набуд, байни онҳо барои вилоятҳои сарҳадии Арея ва Марв зуд-зуд бархӯрд ва муноқиша сар мезад. Эҳтимол аз ҳамин сабабҳо дар баробари роҳи тиҷоратии хушкӣ роҳи обӣ, ки аз баҳри Сурх сар шуда, ба воситаи баҳри Араб ба Ҳиндустон мерафт, аҳамияти калон пайдо карда буд. Ин роҳ на танҳо Рум ва Мисрро бо Ҳиндустон, балки ба воситаи он бо Бохтару Суғду Хитой низ пайваст мекард.

Дар бораи алоқаҳои савдоии Бохтар ва Суғд бо Рум ва Миср бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Дар ин минтақаҳо бисёр осори санъати амалӣ ва оройишоти румӣ ёфт шудаанд, ки сарватмандон ва ашрофони маҳаллӣ истифода мебурданд. Барои аёният якчанд мисол меорем. Дар Тирмиз зарфе ёфт шудааст, ки маҳсули дасти устоҳои ғарбӣ мебошад. Дар димнаи Багром зарфҳои шишагини мунаққашу мусаввар, ҳайкалҳои зебои биринҷии Ҳиппократ, Ҳеракл, садафҳои гачӣ бо тасвири саҳнаҳои асотирӣ ва асбобу ашёҳои дигари румӣ ёфт шудаанд.

Дар бисёр ноҳияҳои Осиёи Миёна аз ҷумла, Тоҷикистону ҷануби Ӯзбекистон сиккаҳои румӣ ба даст омадаанд. Масалан, дар деҳаи Муҷуми ноҳияи Ғончии Тоҷикистон қариб 300 дафинаи сиккаҳои нуқрагини румии мансуб ба а. I-II мелод пайдо карда шудаанд.[34] Якчанд сиккаи нуқрагини румӣ чанд сол пеш дар ноҳияи Сари Осиёи вилояти Сурхандарё ёфт шуда буданд. Шубҳае нест, ки ашё ва сиккаҳои номбаршуда, ба воситаи тоҷирон ба Осиёи Миёна омадаанд. Дар навбати худ устухонҳои кандакоришудаи кушонӣ-ҳиндӣ дар Помпей ва сиккаҳои Канишка дар Скандинавия ёфт шудаанд.[35]

Дар китоби «Перипли баҳри Эритрей» дар бораи роҳи баҳрӣ аз Ғарб ва Шарқ ва бандарҳои он дар Ҳиндустон маълумоти муфассал дода шудааст. Дар Ҳиндустони Ғарбӣ дар резишгоҳи дарёи Ҳинд бандари Арбарикон ва дар резишгоҳи дарёи Нарбада бандари Баригаз мавҷуд буданд.[36] Дар ин бандарҳо тоҷирони Рум, Ҳинд, Бохтару Суғд бо ҳам доду гирифт мекарданд. Хабар дода мешавад, ки дар ин бандарҳо динорҳои румиро бо пулҳои маҳаллӣ иваз кардан мумкин буд. Абрешими хитоӣ ба воситаи тоҷирони Суғду Бохтар ба ин бандар оварда мешуд. Муаллифи «Перипли баҳри Эритрей» менависад, ки аз кишварҳои ҳамсоя ба бандари Баригаз махсусан пахта ва матоъҳои пахтагин ба миқдори зиёд оварда мешуданд. Ба ин кишварҳои ҳамсоя бешубҳа Бохтар низ дохил мешуд. Румиҳо аз тоҷирони ҳинду, бохтарӣ ва суғдӣ абрешим, матоъҳои пахтагин, сангҳои қиматбаҳо, устухони фил, рангҳои растанӣ, шакар ва дигар молҳоро харида ба Ғарб мебурданд.[37] Онҳо дар навбати худ ба Ҳинд матоъ ва пӯшок, зарфҳои шишагӣ, ҷавоҳирот ва шароб меоварданд. Мувофиқи ахбори Плиний ҳар сол аз Ҳинд ба Рум ба маблағи 55 млн сестерсий мол ворид мешуд. Як қисми калони ин молҳо аз ҳудуди давлати Кушониён, аз ҷумла, аз Бохтар ва Суғд бурда мешуданд.

Давлати Кушониён бо якчанд шохаҳои Шоҳроҳи тиҷоратӣ, ки онро румиҳо «Роҳи абрешим» меномиданд, бо Хитой пайваст мешуд. Яке аз ин роҳҳо аз Бохтар ба воситаи Помир ба Хитой мерафт. Роҳи дигар аз Бохтар ба воситаи Термез, Шумон, Вашгурд ва Рашт (Қаротегин) ва Олой ба Ош ва аз он ҷо то Туркистони Шарқӣ ва Хитой мерасид. Як шохаи бузурги Шоҳроҳ аз Осиёи Миёна, ки дар тасарруфи Кушониён буд, мегузашт. Он аз Марв ба воситаи Бухоро, Самарқанд, Фарғона то Хитой мерафт. Ин роҳ як шохаи дигар низ дошт, ки ба воситаи Чочу Ҳафтрӯд ба Хитой мебурд.

Мувофиқи маълумоти солномаҳои хитоӣ қариб ҳар сол аз ин кишвар ба Ғарб, аз ҷумла, Осиёи Миёна корвонҳои тиҷоратӣ фиристода мешуданд. Ҳамин солномаҳо дар бораи «сафоратҳо» аз кишварҳои Осиёи Миёна ба дарбори императорони Хитой хабар додаанд. Дар ҳайати ин сафоратҳо тоҷирон мавқеи муҳимро ишғол мекарданд. Дар яке аз ахборҳои маъмури чинӣ доир ба сафорати ҳокими Гибин (а. I то м.) рӯйирост гуфта шудааст, ки дар он ягон хеши шоҳ ё ашрофи дарборӣ нест ва ҳамааш тоҷирони қаторӣ мебошанд, ки ба мақсади савдо кардан омадаанд.[38]

Аз Хитой ба Осиёи Миёна пеш аз ҳама шоҳӣ (абрешим) ва ҳамчунин оинаҳои биринҷӣ, маҳсулоти рангмолӣ ва ғайра меоварданд. Дар савдо бо Хитой бохтариҳо ва суғдҳо мавқеи калонро ишғол мекарданд. Мувофиқи маълумоти номаҳои суғдии а. IV, ки дар Дунхуани Туркистони Шарқӣ ёфтаанд, дар ин шаҳр 100 оилаи озодагони (ашрофони) суғдӣ зиндагӣ мекарданд.[39] Тахмин кардан мумкин аст, ки қисми зиёди ин суғдиҳо тоҷир буданд ва дар савдо байни Осиёи Миёна ва Хитой фаъолона иштирок мекарданд.

Дар Панҷакенти қадим сиккаҳои сулолаи хитоии Ван Ман (солҳои 7-22) ёфт шудаанд.[40] Ин гуна сиккаҳо дар ҷануби Тоҷикистон низ ба даст омадаанд ва шоҳиди мавҷудияти алоқаҳои тиҷоратӣ байни ин кишварҳо мебошанд. Дар бораи бозёфти қуттичаҳои ҷилодори хитоӣ дар димнаи Багром мо дар боло ишора кардем.

Мувофиқи маълумоти Маҳабҳарата, дар а. IV ба подшоҳи пандавҳои Ҳинд Юдхиштхира аз Бохтар ба сифати туҳфа кӯрпаҳои маҳини пашмӣ, матоъҳои қиматбаҳо бурда буданд. Тохарҳо ба ин шоҳ аспҳои тезгард ва дургардро туҳфа карданд.[41] Ин молҳо дар тиҷорат низ истифода мешуданд.

Алоқаҳои тиҷоратӣ дар самти шимол бо Урал ва ҳавзаи Кама низ вуҷуд доштанд. Дар ин бора бозёфти сиккаҳои кушонӣ ва зарфи нуқрагини хоразмӣ дар ин минтақаҳо шаҳодат медиҳанд.

Дар бораи хат ва забони Кушониён сангнавиштаҳо ва сиккаҳои шоҳони ин сулола маълумот медиҳанд. Воқеан ҳам, имрӯз ба забони модарӣ ва рушди он, дар коргузорӣ ва умури давлатӣ васеъ шудани онро як рукни сиёсати давлат қарор додем. Таҷрибаи Кӯшониён имрӯз низ ибратбахш аст.

Тавре ки дар бобҳои гузашта дида будем, ҳанӯз дар давраи Ҳахоманишиён (а.V-IV то м.) дар Осиёи Миёна хат ва забони оромӣ дар коргузории давлатӣ истифода бурда мешуданд. Дар ҳудуди Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон навиштаҷоти оромии мутааллиқ ба а. IV то м. ёфт шудаанд.

Дар заминаи хати оромӣ ҳанӯз дар асрҳои IV-III то м. халқҳои ориёии Осиёи Миёна — бохтариҳо, парфиёниҳо, суғдҳо ва хоразмиҳо алифбоҳои худро сохтанд. Дар димнаи Ойхонум (а. III-II то м.) навиштаҷоти бохтарӣ бо хати оромӣ ёфт шудааст. Ин гуна навиштаҷот дар давраи Кушониён низ буданд. Онҳоро дар димнаҳои Ҷигатеппа (шимоли Афғонистон) ва Фаёзтеппаи назди Тирмиз пайдо кардаанд.[42] Аммо забткории юнониён-мақдуниҳо ин равандро халалдор намуд ва дар Эрону Осиёи Миёна дар давоми зиёда аз се аср забони юнонӣ ба сифати забони коргузории давлатӣ ҳукмрон шуд. Албатта ин ҳодиса маънои онро надошт, ки забонҳои маҳаллӣ, яъне ориёӣ аз байн рафтанд ё аз тараққиёт бозмонданд. Аксарияти мардуми маҳаллӣ ҳамоно бо забони модариашон гап мезаданд ва достону ривоятҳо меофариданд. Ҳатто аъёну ашроф, ки таъсири забону маданияти юнонӣ дар онҳо баръало эҳсос карда мешуд, забони модарии худро медонистанд ва онро дар муошират бо ҳамнажодони худ истифода мебурданд. Таъсири забони юнонӣ дар коргузории давлатӣ чунон сахт буд, ки ҳатто баъди ба дасти сулолаҳои маҳаллӣ гузаштани ҳокимият низ як муддат онро дар ҳуҷҷатгузорӣ истифода мебурданд. Бо вуҷуди ин раванди эҳёи забонҳои ориёӣ ва ҷои забони юнониро гирифтани онҳо бебозгашт буд. Аллакай дар а. II-I то м. дар Парфия забони парфиёниро истифода мебурданд (ҳуҷҷатҳои Нисо). Тақрибан дар ҳамин замон (а. I то м.) дар Суғд ва Хоразм алифбоҳои маҳаллии оромиасос пайдо мешаванд. Дар Бохтар тӯл кашидани ҳукмронии юнониён раванди ташаккулёбии алифбои маҳаллӣ ва гузаришро ба забони бохтарӣ ба таъхир андохт. Танҳо дар давраи ҳукмронии Канишка (тақрибан с. 110-140) ин кор иҷро карда шуд.

Ҳолат ва мавқеи забонҳо дар давраи кушониён дар сиккаҳои онҳо баръало инъикос ёфтааст. Сиккаҳои Ҳерай-Санаб ва Вима Такту навиштаҷоти танҳо юнонӣ доранд. Сиккаҳои Куҷула Кадфиз ва Вима Кадфиз дар рӯяшон навиштаҷоти юнонӣ ва дар пушташон навиштаҷоти ҳиндӣ доранд. Навиштаҷоти юнонии ин сиккаҳо вазъияти забонии Бохтарро инъикос карда, дар бораи дар коргузории давлатӣ нуфузи калон доштани анъанаҳои давраи ҳукмронии юнониён гувоҳӣ медиҳанд.

Дар масъалаи забон дар давраи Канишка тағйироти куллӣ ба амал омад. Олимон дар асоси навиштаҷоти якзабонаи сиккаҳои ин шоҳ ба хулосае омада буданд, ки дар давраи ҳукмронии ӯ Кушониён дар коргузории давлатӣ аз забони юнонӣ ба забони маҳаллии бохтарӣ мегузаранд. Катибаи Работак ин фикри олимонро пурра тасдиқ кард. Он ба шоҳ Канишка тааллуқ дорад. Дар он Канишка возеҳу равшан гуфтааст, ки ин ҳуҷҷат аз забони юнонӣ ба забони ориёӣ баргардонда шавад.[43] Ин ҷумла маънои онро дорад, ки бо фармони Канишка дар коргузории давлатӣ ба ҷойи забони юнонӣ забони ориёӣ ҷорӣ карда шуд.

Тавре ки дар боло ишора кардем, забони катибаи Работакро Канишка ориёӣ номидааст. Ин нукта ҷолиб аст, чун то ҷое, ки мо огоҳӣ дорем, ин мафҳум нисбат ба забон дар сарчашмаҳои қадим бори аввал вомехӯрад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки оё танҳо забони бохтариҳоро ориёӣ меномиданд? Забони халқҳои дигари ориёӣ — суғдҳо, хоразмиҳо, парфияниҳо, модҳо, форсҳо, сакоиҳоро чӣ меномиданд? Гап дар сари он аст, ки номҳои зикр шуда мафҳумҳои этникӣ-ҷуғрофӣ мебошанд. Катибаи Работак имконият медиҳад фарз намоем, ки забонҳои бо ҳам ва бо бохтарӣ хеши халқҳои номбаршударо низ ориёӣ меномиданд. Яъне ин халқҳо ба қавми ориёӣ мансуб будани худро на танҳо дар давраҳои хеле қадим, балки дар а. II мелодӣ низ медонистанд.

Катибаи Сурхкӯтал, ки ҷанубтари Кундузи Афғонистон ёфтшуда низ бо забони катибаи Работак навишта шудааст. Навиштаҷоти сиккаҳои Канишка ва ворисони ӯ низ бо ҳамин забон сабт шудаанд. Алифбои ин катибаҳо юнониасос буда, танҳо як ҳарфи иловагии кушонӣ дорад. Ин алифбо, тавре ки поёнтар хоҳем дид, баъди Кушониён дигар истифода бурда намешавад.

Мувофиқи хулосаи олимон забони ориёии (бохтарии) катибаҳои Сурхкуталу Работак, аз як тараф, бо забонҳои пушту ва помирӣ ва, аз тарафи дигар, бо суғдӣ, хоразмӣ ва парфиёнӣ хеши наздик аст. Ин забони модарии мардуми таҳҷойии Бохтар буд. Худи Кушониён, ки аз шимолу шарқи Осиёи Миёна омада буданд, ба ақидаи олимон бо забони ориёии сакоӣ гап мезаданд. Аммо аз ин забон ягон осори хаттӣ боқӣ намондааст. Аз сабаби хеш будани забонҳои ориёии бохтарӣ ва сакоӣ Кушониёни аз шимолу шарқ омада, бо аҳолии таҳҷойӣ омехта шуда, забону урфу одати онҳоро қабул карданд. Дар Суғд ва Хоразм забонҳои мутаносиб бо хати оромиасоси маҳаллӣ роиҷ буданд.

Дин як шакли шуури ҷамъиятӣ буда, дар ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ҳатто ҳолати рӯҳии афрод ва аҳли ҷомеа нақши намоён дорад. Бо назардошти аҳамияти хоси ин соҳа ва вазъи динии мамлакат шоҳон сиёсати муайянро пеш мегирифтанд. Дар ин сиёсат онҳо бояд талаботи маънавии ҷомеа ва манфиатҳои сиёсии давлатро дар мадди назар қарор медоданд.

Дар робита бо дини Кушониён дар байни олимон ду ақидаи бо ҳам мухолиф вуҷуд дорад. Як қисми олимон ба адабиёти буддоӣ ва аз ҷониби бостоншиносон дар Осиёи Миёна кушода шудани як қатор дайрҳои буддоӣ такя карда, ба хулосае омадаанд, ки дар давлати Кушониён дини асосӣ ва давлатӣ дини буддоӣ буд. Гурӯҳи дигари олимон ин ақидаро нодуруст шумурда, дар асоси сиккаҳо, катибаҳо ва маводи дигар собит сохтаанд, ки дини асосии Кушониён дар Бохтар ва дигар қисматҳои Осиёи Миёна дини зардуштӣ буд.[44] Ин олимон дуруст таъкид кардаанд, ки дар ҳалли ин масъала нодида гирифтан ё аз будаш кам нишон додани маълумоти сиккаҳо ҷоиз нест. Кашфи катибаи Работак дурустии ин ақидаро тақвият бахшид.

Ба ақидаи мо, дар робита ба ин масъала мо бояд дар назар дошта бошем, ки давлати Кушониён аз лиҳози динӣ-этникӣ ба ду қисми асосӣ ҷудо мешуд: 1. Бохтар, Суғд ва дигар минтақаҳои Осиёи Миёна то Чочу сарҳади Ҳафтрӯд. Дар ин минтақаи калон аз қадим дини зардуштӣ ҳукмрон буд; 2. Ҳиндустон. Дар ин ҷо динҳои ҳиндуӣ ва пеш аз ҳама шивопарастӣ ва буддоӣ роиҷ буданд. Кушониён хоҳ нохоҳ маҷбур буданд сиёсати динии худро бо назардошти ин воқеияти этно-динӣ амалӣ намоянд. Сиккаҳо, ки дар тамоми қаламрави давлат дар муомилот буданд, сиёсати расмии диниро инъикос мекарданд. Таҳлили тасвирҳои сиккаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки шоҳони кушонӣ кӯшиш мекарданд ҳам эътиқоди динии бохтариҳо, суғдиҳо ва ҳам ҳиндуҳоро қаноатманд созанд. Дар сиккаҳо худоҳои ҳамин халқҳо ҷои асосиро ишғол мекунанд.

Аз лиҳози миқдор ва аҳамият дар сиккаҳо худоҳо ва дигар мусаввараҳои зардуштӣ ҷойи аввалро ишғол мекунанд. Масалан, дар рӯи аксари сиккаҳои шоҳони кушонӣ аз Вима Кадфиз то Васудева сурати шоҳ дар назди оташдони муқаддас тасвир карда шудааст. Олимони тоҷик дуруст исбот кардаанд, ки ин саҳна ба дини зардуштӣ тааллуқ дорад.[45] Дар рӯи сиккаҳои Хувишка нимпайкараи шоҳ тасвир шудааст, ки аз китфи росташ шуълаҳои оташ баромада истодаанд. Ин аломат низ ба дини зардуштӣ мансуб аст. Ҳамин тавр, суратҳои рӯи аксарияти кулли сиккаҳои кушонӣ, ки аҳамияти аввалиндараҷа доранд, пурра бо дини зардуштӣ алоқаманд мебошанд.

Илова бар ин дар пушти сиккаҳои Канишка ва Хувишка аз ҳама бештар худоҳои зардуштӣ тасвир шудаанд. Масалан, аз 21 намуд сиккаҳои Канишка дар 16 намуд ва аз 51 намуд сиккаҳои Хувишка дар 45 намуд худоҳои авестоӣ – Миҳр, Моҳ, Оташ, Фарро, Веретрағна, Ардохша, Шаҳривар ва ғайра тасвир шудаанд.[46]

Дар ҷойи дуюм дар сиккаҳо суратҳои худоҳои шивопарастӣ меистоданд. Дар пушти ҳамаи сиккаҳои ду шоҳи кушонӣ – Вима Кадфиз ва Васудева як саҳна тасвир шудааст – Шива дар назди гови муқаддас Нанди. Дар пушти якчанд намуд сиккаҳои Канишка ва Хувишка низ Шиво тасвир шудааст. Тасвирҳои буддоӣ дар сиккаҳои кушонӣ мавқеи назарногир доштанд. Танҳо дар пушти ду намуд сикакаҳои Канишка Буддо тасвир шудааст.

Дар як намуди аввалин сиккаҳои тиллоии Канишка худои юнонӣ Ҳелиос (Хуршед) тасвир шудааст. Шояд аз давраи юнонӣ-бохтарӣ гурӯҳҳои хурди этникӣ – юнониҳо боқӣ монда будаанд, ки ин худоро мепарастиданд.

Дар пушти як намуди дигари сиккаҳои кушонӣ худое тасвир шудааст, ки дар навиштаҷоти мудаввараш Охшо номида шудааст. М.М.Дьяконов, Б. Ғафуров, Б.Я.Ставиский ва баъзе олимони дигар онро эзиди (фариштаи) дарёи Вахш мешуморанд,[47] ки ба назар боварибахш менамояд. Дар ҳақиқат ин ду ном Охшо ва Вахш бо якдигар хеле монанд мебошанд. Ин фикрро як бозёфти нисбатан нав аз димнаи Тахти Сангин то андозае тасдиқ менамояд. Ин ҳайкалчаи биринҷие мебошад, ки дар пояи сангини он номи эзиди дарёи Вахш дар шакли юнонӣ – Окс навишта шудааст. Ин ҳайкалчаро як ашрофи бохтарӣ бо номи Атросак ба Окс (Вахш) бахшидааст.[48]

Аммо сиккашинос Е. В. Зеймаль мавҷудияти номи Охшо дар сиккаҳои кушонӣ бо тасвири Шиворо бо истинод ба адабиёти динӣ номи дарёи Вахш марбут намедонанд.[49] Ба ақидаи ӯ, дар он сиккаҳо низ номи Охшо ба худои ҳиндӣ Шиво тааллуқ дорад. Алҳол муайян кардани ҳақиқати ин ҳол душвор аст.

Дар бораи мавқеи асосиро ишғол кардани дини зардуштӣ сарчашмаҳои дигар, аз ҷумла катибаҳои шоҳони кушонӣ низ шаҳодат медиҳанд. Дар катибаи Работак чунин гуфта шудааст: «Подшоҳ Канишка ба Шофар фармон дод … маъбаде … барои худоён бисозад, ки дар миёни онҳо Уммаи машҳур дар ҷои аввал (меистад), баъд Нана, Ҳурмуз, офарандаи хушиҳо, Суруш, Нарса, Меҳр …».[50] Дар ин навиштаҷот ҳамаи худоҳои номбаршуда, ғайр аз Умма, ба дини зардуштӣ тааллуқ доранд. Ба ақидаи Ю. Яъқубов, Умма модархудои сакоиҳо буд. Агар ба қабилаҳои сакоӣ – масагетӣ мансуб будани кушониёнро ба назар гирем, ин фарзия ба ҳақиқат наздик менамояд. Яъне Кушониён дар баробари худоҳои авестоӣ, модархудои қабилавии худро низ парастиш мекарданд. Эҳтимол Умма яке аз худоҳои қадимаи тозардуштии ориёиҳо буд.

Дар бораи густариши дини зардуштӣ дар Бохтар маъбади оташ, ки бостоншиносон дар димнаи Сурх Кутал дар шимоли Афғонистон, ҷанубтари Қундуз кушоданд, низ шаҳодат медиҳад. Маъбад хеле боҳашамат буда, дар болои таҳкурсии баланд сохта шудааст. Ба маъбад ба воситаи се зинапояҳои баланду васеъ мебаромаданд. Дар маркази димна маъбади калони росткунҷа бо меҳроби муҳташами оташи муқаддас ҷойгир буд. Маъбад аз се тараф бо долонҳо иҳота гардида, дар ду паҳлуяш ду маъбади хурдтар дорад. Ба ақидаи баъзе олимон, ин маъбад вазифаи маъбади сулолавии шоҳони кушониро низ иҷро мекард.

Дар бораи дини суғдиён дар қатори дигар мавод мактубҳои суғдии аз Туркистони Шарқӣ ёфташуда низ шаҳодат медиҳанд. Дар ин номаҳо, ки ба а. IV тааллуқ доранд, шумораи зиёди номҳои шахсӣ вомехӯранд, ки дар таркибашон номҳои худоҳои авестоӣ мавҷуданд. Махсусан номҳои дар таркибашон исми Нана (Анаҳито) дошта зиёд буданд. Дар ин асос Б. Ғафуров ба хулосае омадааст, ки ин худои зардуштӣ дар байни суғдиён мартабаи калонро соҳиб буд.[51] Аз катибаи Работак маълум мешавад, ки ин эзад дар байни бохтариён низ мақоми хеле баланд дошт.

Дар катиба Канишка гуфтааст, ки ба ман ҳокимияти шоҳиро Нана ва худоҳои дигар додаанд. Поёнтар дар рӯи рӯйхати худоҳо Нана баъди Умма дар ҷои дуюм гузошта шудааст. Ном ва сурати ин худо дар сиккаҳои Канишка ва Хувишка дучор мешаванд.

Дар забони суғдӣ маъбадро «вагн» мегуфтанд. Калимаи «ваг» бо эҳтимоли зиёд «баг»-худо мебошад ва пасоянди «ан», «он» маконро ифода мекунад – яъне «макони худоҳо». Дар Бохтар ибодатхонаро «багалагго» меномиданд. Тавре ки мебинем, қисми якуми ин калима низ «бага» (худо) мебошад. Ин умумиятҳо то андозае табиӣ мебошанд, чун бохтариҳо ва суғдҳо амалан як халқ буда, дину маданияти муштарак доштанд.

Дар адабиёти динии буддоӣ ба фаъолияти Канишка дар густариши ин дин баҳои баланд дода шудааст. Хизматҳои ӯро бо саҳми шоҳи ҳиндӣ Ашока, ки буддоиро дини давлатӣ эълон карда буд, баробар шумурдаанд. Ӯро ташаббускори даъвати анҷумани бузурги буддоиҳо тақрибан дар соли 109 ҳисоб мекунанд. Сохтмони дайри бузург ва ступҳаи боҳашамати назди Пешоварро низ ба ӯ нисбат медиҳанд. Дар адабиёти буддоӣ Канишкаро пайрави босуботи дини буддоӣ номидаанд.[52] Аммо тавре ки мо дар боло гуфтаем, сиккаҳо ва катибаи Работак дар бораи пайрави дини зардуштӣ будани Канишка шаҳодат медиҳанд. Муҳаққиқон дуруст муболиғаомез будани маълумоти адабиёти буддоиро таъкид кардаанд. Албатта, Канишка чун подшоҳи кишвар метавонист буддоияро пуштибонӣ карда, дар инкишофу густариши он саҳм гирад. Барои муқоиса мо метавонем Куруши Кабирро мисол орем, ки динҳои бобулиён ва яҳудиёнро пуштибонӣ карда, маъбадҳои онҳоро барқарор намуд. Аммо дар эъломияи машҳури худ мегӯяд, ки ба ӯ ҳокимиятро Аҳуро Маздо додааст. Яъне пайрави дини зардуштӣ будани худро таъкид кардааст. Амалҳои Канишка барои густариши буддоия айнан мисли амалҳои Куруш буда, бештар моҳияти сиёсӣ доштанд. Ӯ мехост бо ин васила рӯҳониён ва пайравони дини буддоиро ба худ ҷалб намояд.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ дар бораи дар Бохтар ва баъзе вилоятҳои дигари Осиёи Миёна паҳн гаштани дини буддоӣ шаҳодат медиҳанд. Дар Термез ва атрофи он дайрҳои буддоии Айртам, Қаротеппа, Фаёзтеппа кушода шуданд. Дар Тоҷикистон дайрҳои буддоии Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш ва Хиштеппа (Чепивол) дар ноҳияи Ховалинг ҳаффорӣ шудаанд. Дар сарчашмаҳои хаттӣ номи мубаллиғони маъруфи буддоия, ки марвӣ ва бохтарӣ буданд, зикр шудаанд. Суғдиҳо дар тарҷума кардани матнҳои буддоӣ ба забони хитоӣ саҳми калон гузоштанд. Бо вуҷуди ин бозёфтҳо мо набояд нақши буддоияро дар давлати Кушониён аз будаш зиёд нишон диҳем.

Дар Осиёи Миёна ҷамоаҳои алоҳидаи пайравони динҳои насронӣ ва монӣ низ буданд.

Дар бораи санъати тасвирии Кушониён сиккаҳо, ҳайкалу муҷассамаҳо, девормусаввараҳои барҷаста, бутакҳои гилин, девормусаввараҳои ранга ва ашёҳои дигар, ки бостоншиносон ҳини ҳафриёти ёдгориҳои ин давра пайдо кардаанд, шаҳодат медиҳанд. Сураткашӣ дар сикка барин ашёҳои хурдҳаҷм маҳорати баланд ва махсусро талаб мекард. Дар сиккаҳои шоҳони аввали кушонӣ (Ҳерай-Санаб, Куҷула Кадфиз, Вима Такту) таъсири санъати тасвирии юнонӣ-румӣ баръало эҳсос мешавад. Аммо дар ин сиккаҳо низ услуби маҳаллӣ, яъне бохтарӣ ҳузур дошт. Шоҳи аспсавор дар пушти сиккаҳои Ҳерай-Санаб ва Сотер Мегас – Вима Такту бо услуби то андозае шартӣ-ишоравӣ тасвир шудааст. Аммо аллакай дар суратҳои сиккаҳои Вима Кадфиз ва шоҳони баъди ӯ сабки бохтарӣ-ҳиндӣ бештар ба назар мерасад. Дар сиккаҳо наққошон шоҳонро бо сару либоси миллиашон ва шукӯҳу шаҳомату аломатҳои хосашон тасвир кардаанд. Ин ҳолат дар назди наққошон вазифаҳои нави тасвириро мегузошт ва онҳо маҷбур буданд эҷодкорона амал карда, меъёрҳои замони юнонӣ-бохтариро тағйиру такмил дода, сабки сифатан нави тасвириро ба вуҷуд оваранд. Тасвири шоҳ дар назди оташдони муқаддаси зардуштӣ ҳайкалмонанд аст ва ба ақидаи олимон, аз ҳамин санъати тасвирӣ гирифта шудааст. Масалан, агар сурати Канишкаро дар сиккаҳо бо ҳайкали дар Матхура ёфт шудаи ин шоҳ муқоиса намоем, онҳо хеле монанд буда, бо як услуб сохта шудаанд. Дар сиккаҳо аломатҳои хоси шоҳ – тамға, яроқ, чеҳраи хоси ӯ бо риши калони сермӯй, бинии калону баланд бо маҳорат ва амиқ тасвир шудаанд. Дар тасвири худоҳо дар пушти сиккаҳо омезиши ботинии санъати нафиси юнонӣ ва бохтарӣ эҳсос карда мешавад.

Санъати боҳашамати тасвириро ҳайкалҳои сангин, гачӣ ва деворнаққошиҳои барҷаста намойиш медиҳанд. Ин намуди санъати тасвирӣ дар Гандхара (Покистон), дар ёдгориҳои сершумори буддоӣ пайдо карда шудааст ва аз ҳамин сабаб шартан санъати гандхарӣ ном гирифтааст. Дар девормусаввараҳои барҷастаи гандхарӣ Буддо ва ёрдамчиёну пайравони ӯ дар ҳолати орому осоишта ва фориғ аз васвасаҳои дунёи фонӣ тасвир карда шудаанд. Намунаҳои сабки гандхарӣ берун аз ин минтақа, аз ҷумла, дар Бохтар низ ёфт шуданд.[53]

Ҳайкалҳои аз димнаи Халчаёни водии Сурхандарё ёфтшуда намунаи барҷастаи санъати муҷассамасозии кушониён мебошанд. Дар ин ҷо бештар ҳайкалҳои шоҳон, шоҳзодагон, маликаҳо, ашрофон, сарбозон ва дигар ашхоси мулкӣ ёфт шудаанд. Масалан, ҳайкали шоҳи дайҳим хеле ҷолиб ва ифоданок тасвир шудааст. Шоҳ чеҳраи хеле зебо, бинии росту баланд, чашмони калони бодомшакл дорад. Чеҳраи шоҳ пурра ориёӣ-аврупоӣ мебошад. Сурати ӯ бо сурати Ҳерай-Санаб дар сиккаҳо хеле монанд мебошад. Ба ақидан олимон, ҳайкал низ ба ҳамин шоҳи кушонӣ тааллуқ дорад.[54]

Дар Хадда, дар наздикии Ҷалолобод низ як силсила ҳайкалҳои гачии услуби гандхарӣ ёфт шудаанд. Дар давлати Кушониён анъанаи сохтани ҳайкалҳои шоҳон инкишоф ёфта буд. Канишка фармон додааст, ки дар маъбади сохташаванда ҳайкалҳои аҷдодаш гузашта шаванд. Дар Матхура муҷассамаи сангини шоҳ Вима Кадфиз дар болои тахт ва муҷассамаи ростистодаи шоҳ Канишка ёфт шудаанд. Ин муҷассамаҳо бо сабки бохтарӣ-ҳиндӣ сохта шудаанд.

Деворнигораҳои барҷаста аз Айртам (назди Тирмиз) ёфтшуда бо тасвири мусиқанавозон намунаи олии санъати тасвирии замони Кушониён мебошанд. Дар баробари муҷассамасозӣ бутакҳои гилини пухта шуда низ месохтанд. Тарҳи рӯй ва сару либоси бутакҳо сатҳӣ ва шартӣ ифода шудааст. Онҳо аломатҳои хос дошта, худоҳои гуногун, асосан худоҳои дини зардуштиро ифода мекунанд. Бутакҳо дар Афросиёб, Багром ва дигар ёдгориҳо ёфт шудаанд.

Санъати тасвирии давраи Кушониён маҳсули тафаккури эҷодии муштараки бохтариён, суғдиён ва ҳиндуҳо мебошад. Онҳо дар ҷараёни офаридани ин осор табиист, ки аз таҷрибаи пешина, яъне давраи юнонӣ-бохтарӣ фаровон ва эҷодкорона истифода бурдаанд. Санъати кушониён дар се пояи бузург қарор дошт: бохтарӣ, ҳиндӣ ва юнонӣ-румӣ.

Ба хулосаи олимон, дар давлати Кушониён меъёрҳои ягонаи санъати тасвирӣ, ки хоси тамоми вилоятҳои тобеи он бошанд, ташаккул наёфта буданд. Бо вуҷуди ин, дар сохтани муҷассамаҳои расмӣ (ҳайкалҳои шоҳон, мусаввараҳои сиккаҳо) ва маъбаду қасрҳо сабки то андозае ягона пайдо шуда буд, ки намунаи барҷастаи он дар Ҳиндустони Шимолӣ ва Бохтар ёфт шудаанд ва шартан аз ҷониби олимон санъати гандхарӣ номида шудаанд. Ин услубро метавонем бохтарӣ-ҳиндӣ номем. Тавре ки мебинем, дар қадим низ халқу миллатҳо дар ҳама соҳаҳо ҳамкорӣ карда, аз беҳтарин дастовардҳои якдигар истифода бурда, санъатро инкишоф медоданд ва шаклҳои сифатан ва мазмунан нави онро меофариданд.

Кушониён дар таърихи давлатдории халқҳои ориёӣ, аз ҷумла халқи тоҷик мақоми хос доранд. Он кореро, ки парфияиҳо дар барқарорсозии давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ — ориёӣ дар ғарби Эрон иҷро карданд, Кушониён ин корро дар шарқи Эрон, аз ҷумла Осиёи Миёна анҷом доданд. Онҳо, ки худ ориёнажод (сакоӣ-масагетӣ) буданд, ба ҳукмронии қариб 200-солаи юнониён дар Бохтар хотима бахшида, ҳокимияти сиёсии ориёиҳоро (сакоиҳо-масагетҳо ва бохтариҳоро) дар ин минтақа аз нав барқарор карданд. Ҳиндустонро ба давлати худ ҳамроҳ карда, таъсири Бохтарро дар ин кишвар афзуданд ва барои ҳамбастагӣ ва инкишофу ҳамкории ин ду халқи ориёӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.

Тавзеҳот

_______________

[1] Бичурин, II. – с.151-152.

[2] История таджикского народа, т.I. – с. 342-343.

[3] Юстин, XXXVI1, 4.

[4] Бичурин, II. – с.151.

[5] Бичурин, II. – с.227-228.

[6] Давидович Е. А. Клады древних и средневековых монет Таджикистана. М., 1979. – с. 17-35.

[7] История таджикского народа, т.I. – с. 355.

[8] Симс-Вильямс Н. Новые бактрийские документы // ВДИ, 1997, №3. – с. 3-10.

[9] Зеймаль Е. В. Древние монеты Таджикистана. – с.160-177.

[10] Зеймаль Е. В. Древние монеты Таджикистана. – с. 178.

[11] Таърихи халқи тоҷик. – с.146.

[12] Ниг: История таджикского народа, т.I, 1963. – с.356-357; Гафуров Б. Таджики. – с.151.

[13] Симс-Вильямс Н. Новые бактрийские документы. // ВДИ, 1997, №3. – с.3-10.

[14] Ҳамон ҷо. – с.3-10.

[15] Зеймаль Е. В. Древние монеты Таджикистана. – с. 190-204.

[16] Ниг. История таджикского народа, т.I. – с. 357-359.

[17] История таджикского народа, т.I. – с. 366.

[18] Довуди Д. Тайна Газималикского клада. //Мероси ниёгон, 2001, №5. – с. 91.

[19] Зеймаль Е. В. Древние монеты Таджикистана. – с. 215.

[20] Зеймаль Е. В. Древние монеты Таджикистана. – с. 219.

[21] Ниг: История таджикского народа, т.I. – с.367.

[22] Ҳамон ҷо.

[23] Гафуров Б. Таджики. – с. 159.

[24] Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. Т.I. М., 1964. – с. 169.

[25] Гафуров Б. Таджики. – с. 156.

[26] Ҳамон ҷо. – с. 156.

[27] Древности Таджикистана. Душанбе, 1985. – с. 115.

[28] Сафарзода Х. Қалъаи Мир. // Ҷумҳурият, 30 марти соли 2006.

[29] Пугаченкова Г. А. Скульптура Халчаяна. М., 1971, с. 13.

[30] Ранов В. А. Каменный век. Глава II в кн.: История таджикского народа, т.I, 1998.

[31] Яъқубов Ю. Таърихи халқи тоҷик. Алмато, 2000. – с. 196-197.

[32] Массон В. М., Ромодин В.А. История Афганистана. – с. 189.

[33] Массон В. М., Ромодин В.А. История Афганистана. – с. 176.

[34] Зеймаль Е. В. Древние монеты Таджикистана. – с. 63-68.

[35] История таджикского народа, т. I, 1963. – с. 372.

[36] Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. – с. 177.

[37] Таърихи халқи тоҷик, 2003. – с. 153-154.

[38] Гафуров Б. Таджики. – с. 162-163.

[39] Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. – с. 180.

[40] Смирнова О. И. Каталог монет с городища Пенджикент. М., 1963. – с. 60.

[41] Гафуров Б. Таджики. – с. 163.

[42] История таджикского народа, т. I, 1998. – с. 520.

[43] Симс-Вильям Н. Новые бактрийские документы. // ВДИ, №3. – с.3-10.

[44] Гафуров Б. Таджики. – с. 166: История таджикского народа, т. I, 1963. – с. 375.

[45] Довутов Д. Каким богам поклонялись кушанские цари? // Мероси Ниёгон, 1995, №2. – с. 30-32.

[46] Таърихи халқи тоҷик. – с. 157.

[47] Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан (1950-1951) // МИА СССР, №37. М.-Л., с. 290. Гафуров Б. Таджики. – с. 167; История таджикского народа, т. I. — 1963. – с. 375.

[48] Пичикян И. Р. Культура Бактрии. М., 1991. – с. 170.

[49] Зеймаль Е. В. Древние монеты Таджикистана. – с. 192.

[50] Симс-Вильямс Н. Новые бактрийские документы. // ВДИ, 1997, №3. – с. 3-10.

[51] Гафуров Б. Таджики. – с. 166.

[52] История таджикского народа, т. I, 1963. – с. 374.

[53] Массон В. М. Ромодин В.А. История Афганистана. – с. 188.

[54] Пугаченкова Г. А. Скульптура Халчаяна. М., 1971. – с.57; Шлюмберже Д. Эллинизированный Восток. М, 1985. – с.52.

← Ба пас, ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.