Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 2.2.2.


Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби дуюм.
Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо

Давлати Ҳахоманишиён ва рушди тамаддуни ориёӣ (давомаш)

Ҳахоманишиён артиши доимо амалкунанда доштанд. Чун сохтори табақотӣ дар аҳди Ҳахоманишиён амал мекард, табақаи ҷанговарон яке аз панҷ табақаи иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Артиши Ҳахоманишӣ аз 10 ҳазор навкарони яккачини форс ташкил шуда буд. Аз онҳо ҳазор нафар посбонони шоҳ буданд. Сарвари ин артиши яккачин ҳазорпат буд.

Ҳахоманишиён аз давраи ҳукмронии Дорои I сар карда, ҳокимияти ҳарбӣ ва ҳокимияти маъмур аз ҳам ҷудо карда буданд. Қаламрави империя ба чор минтақаи бузурги ҳарбӣ тақсим шуда буд. Ҳар минтақа сарфармондеҳи худро дошт ва ӯ бевосита ба шоҳаншоҳ итоат мекард. Кишварҳои Осиёи Миёна — Бохтар, Суғд, Хоразм ва сакоиҳо як минтақаи ҳарбиро ташкил мекарданд.

Ҳар хшатрапана артиши худро дошт ва фармондеҳи он ба сарфармондеҳи минтақаи ҳарбӣ итоат мекард. Хшатрапан танҳо ба корҳои маъмурӣ ва амлокӣ роҳбарӣ менамуд. Ин сохтор бо мақсади пешгирӣ кардани шӯришҳои эҳтимолии сарлашкарон таъсис шуда буд.

Артиш аз воҳидҳои 10, 100, 1000 ва 10 000 нафар ҷанговар дошта иборат буд. (Геродот, VIII, 81) Асоси онро саворагон ва пиёдагардон ташкил мекарданд. Дар вақти муҳориба амалиётҳои бо навбати саворагон ва камонварони пиёдагард хеле самаранок буданд.

Дар вақти ҷангҳои калон шумораи артиш ба садҳо ҳазор мерасид. Масалан, аз рӯйи ахбори Геродот дар вақти ҳамла ба Юнон шумораи лашкари хушкигарди форсҳо 1700 000 нафар буд. Бешубҳа ин рақам муболиғаи маҳз аст, вале аз сабаби он ки худи давлати Ҳахоманишӣ ба зӯри қудрат ба сари кор омада буд, ба артиш аҳамияти махсус медод, ҷавонҳо аз синни 20 – солагӣ ба хидмати сарбозӣ даъват мешуданд. Эътимоди шоҳ бештар ба гурӯҳи сарбозони форсҳо ва модҳо буд. Осиёи Миёна сипоҳи Ҳахоманишиёнро бо камонварони сакоӣ таъмин менамуд. Аз рӯйи ахбори Геродот дар ҷанг ба Юнон дастаҳои ҳарбии тамоми халқҳои империя — форсҳо, модҳо, ошуриҳо, бохтариҳо, сакоиҳо, портҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, дадикҳо, арабҳо, ҳабашҳо ва ғайра иштирок доштанд. Муаллифи номбаршуда, аслиҳаҳои халқҳои гуногунро тавсиф кардааст. Масалан, ӯ навиштааст, ки яроқи порсҳо ва модҳо як буд. Кулоҳи ҷангии бохтариҳо мисли модҳо буд, бохтариҳо камон ва найзаҳои кӯтоҳ доштанд. Сакоиҳо бо камон, ханҷар ва табарзин мусаллаҳ буданд. Сардори бохтариҳо ва сакоиҳо Виштасп писари Дорои I буд. Портҳо хоразмиҳо, суғдиҳо ва дадикҳо мисли бохтариҳо мусаллаҳ буданд.

Аз навиштаҳои Геродот бармеояд, ки силоҳи асосии артиши Ҳахоманишиҳо камон ва найза буд. Ҷолиби диққат аст, ки шоҳони ин сулола дар сиккаҳои тиллоӣ бо ҳамин ду яроқ тасвир шудаанд. Аз навиштаҳои бобулӣ маълум мешавад, ки ҷанговарони форс дар сар тоскулоҳ ва дар тан ҷавшан доштанд. Геродот лашкари халқҳоро аз рӯйи шумора ва нуфузашон пайдарҳам номбар карда, дар ҷойи якум форсҳо, дуюм модҳо, сеюм ошуриҳо ва чорум бохтариҳоро гузоштааст. Суғдиҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар ҷойи шашум номбар шудаанд. Аз ин бар меояд, ки асоси лашкари Ҳахоманишиҳоро халқҳои ориёӣ ташкил мекарданд.

Лашкар бо тартиби муайян ҳаракат мекард. Аз ҳама пеш мӯбадони зардуштӣ бо миҷмарони фурӯзон мерафтанд. Баъди онҳо 1000 савора ва 1000 пиёдагарди найзадор. Шоҳ дар мобайн буд ва аз пушти ӯ 1000 найзадор, 1000 савора ва 10000 пиёдагарди форс ва аз қафои онҳо ҷанговарони халқҳо ҳаракат мекарданд. Пеш-пеши шоҳ гардунаи Аҳуромаздо равон буд.

Дар бораи навъи қӯшунҳо, тарзи таъминоти онҳо бо аслиҳаҳои гуногуни он замон, тарзи ҳаракат ва ҳуҷуми қанотҳои қӯшун, вазифаҳои пиёданизом ва саворанизом дар муҳориба ва вазифаи гурӯҳҳои ҷангӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба артиши Ҳахоманишиён ва лашкари Искандари Мақдунӣ Б. Ғ. Ғафуров ва Д.И.Цибукидис таҳти унвони «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» асаре иншо намуданд, ки муроҷиат ба онро барои ҳамаи ҳаводорони таърихи сиёсӣ ва маънавӣ пешниҳод мекунам. Дар он нишон дода шудааст, ки қӯшуни форсҳо қобилияти баланди ҷангӣ дошт. Онҳо дар аксари муҳорибаҳо ғолиб меомаданд. Худи ташкил шудани империяи паҳновар далели возеҳи қудрати артиши онҳо мебошад.

Ҳахоманишиён ба таъминоти лашкар диққати ҷиддӣ медоданд Ҷанговарон маоши пулӣ (бо нуқра) ва озуқа мегирифтанд. Ба ҷанговарони пойгоҳҳои ҳарбии сарҳадӣ ба ғайр аз маош барои таъмини рӯзгорашон қитъаҳои замин низ медоданд.

Яке аз ҷиҳатҳои заъфи артиши Ҳахоманишиён, ки онро муаррихони қадим зикр кардаанд, надоштани ҷанговарони вазниняроқи пиёдагард буд.[1] Диодор (XIX, 21,3) навиштааст ки форсҳо камонварони хуб буданд, аммо пиёдагардони онҳо ба ғайр аз сипари сабук дигар аслиҳаи мудофиавӣ надоштанд. Ба фикри онҳо агар онҳо аз таҷрибаи юнониён истифода бурда, чунин дастаҳоро ташкил мекарданд, қобилияти ҷангии артишашон боз ҳам баландтар мешуд. Аммо онҳо ба ҷойи ин корро кардан дар ҳолатҳои зарурӣ ҷанговарони зархариди вазниняроқи юнониро истифода мебурданд. Шояд яке аз сабабҳои дар ҷанг бо юнониён шикаст хӯрдани форсҳо ҳамин бошад.

Дар кишварҳои ишғолкардаи худ, масалан, дар Миср форсҳо пойгоҳҳои ҳарбӣ сохта, дастаҳои ҷанговарони худро нигоҳ медоштанд. Дар бораи мавҷудияти пойгоҳҳои ҳарбии форсҳо дар Осиёи Миёна мо ягон хел маълумот надорем. Эҳтимол бинобар ҳамқавм будани форсҳо бо бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо ва сакоиҳо ба ташкил кардани пойгоҳҳои ҳарбӣ дар Осиёи Миёна ҳоҷат набуд.

Мувофиқи маълумоти Ксенофонт аз аввали асри IV то м. сар карда, дар артиши Ҳахоманишиҳо ҷанговарони зархариди юнонӣ зиёд мешаванд. Ва ин ба сарнавишти баъдии шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён шояд бетаъсир намонда ва гувоҳе аз оғози инқирози низомии давлат бошад.

Чунонки баъдтар, дар давраи Сомониён низ ин иштибоҳ такрор шуда буд. Афзудани ғуломони зархарид дар артиши Сомониён боиси дар ниҳояти кор ба сари қудрат омадани Сабуктегин ва Маҳмуди Ғазнавӣ гардид.

Дар бораи ҳуқуқ ва додварӣ дар давлати Ҳахоманишӣ Геродот, катибаҳои Беҳсутун, бобулӣ ва баъзе сарчашмаҳои дигар маълумот медиҳанд. Бо вуҷуди ночиз ва пароканда будани ин маълумот онҳо имконият медиҳанд, ки ҷиҳатҳои муҳими он муайян карда шаванд.

Мутаассифона, худи қонунҳои додварии Ҳахоманишиён боқӣ намондаанд. Аммо дар сарчашмаҳои номбаршуда дар қатори дигар маълумот ду истилоҳ вомехӯранд, ки дар ҳалли ин масъала аҳамияти калон доранд. Инҳо ибораҳои «мувофиқи доди (яъне қонуни) шоҳӣ» ва «додварони шоҳӣ» мебошанд.[2] Шакли қадимаи ориёии калимаи тоҷикии (форсӣ) дод — дата (қонун) мебошад. Истилоҳҳои зикршуда дар бораи дар давлати Ҳахоманишиён мавҷуд будани қонуни олӣ ва мақомоти олии додварӣ шаҳодат медиҳанд.

Аз рӯйи маълумоти мавҷуда соҳаи додварӣ дар давлати Ҳахоманишиён чунин сохт дошт: додвари олӣ шоҳаншоҳ ба шумор мерафт. Ӯ доир ба ҷиноятҳои вазнин ба мисли хиёнат ба шоҳ ва давлат ҳукм мебаровард. Ҳукми шоҳ тағйирнопазир буд. Аммо пеш аз ҳукм баровардани шоҳ додварони шоҳӣ масъаларо ҳамаҷониба тафтиш карда, натиҷаи тафтиш ва хулосаҳои худро ба шоҳ пешниҳод мекарданд. Шоҳ баъди бо ин ҳуҷҷатҳо шинос шудан бо додварон машварат ороста, баъд аз он ҳукм мебаровард.

Дар назди шоҳ шӯрои додварӣ иборат аз 5-7 нафар амал мекард. Пас аз шоҳ ин дуюмин мақомоти олии додварӣ буд. Ҳамчунин вазифаи додвари калони шоҳӣ вуҷуд дошт, ки дар сохтори додварӣ зинаи сеюмро ишғол мекард. Дар ҳамаи шаҳру вилоятҳо додварон фаъолият мекарданд. Дар хшатрапанаҳо додвари олӣ хшатрапан ба шумор мерафт. Дар назди ӯ гурӯҳи додварон муфаттишон амал мекарданд. Дар деҳот вазифаи додвариро маҷлиси ҷамоат иҷро мекард.

Дар давраи Дорои I мураттабсозӣ ва сабти қонунҳои додварӣ гузаронда шуд. Маълумоти мушаххасе ҳаст, ки соли 519 то м. Дорои I аз хшатрапани Миср талаб кардааст, ки ба ш. Шуш донандаи қонунҳои Мисрро фиристад.[3] Шояд ин ҷо сухан дар бораи мураттабсозии қонунҳои Миср ва ба қонуни шоҳӣ мутобиқ кардани онҳо меравад.

Ҳахоманишиён маҳз ҳамин роҳи дуруст ва имконпазирро интихоб карданд. Дар навиштани «қонуни шоҳӣ» гузаштагони мо анъанаҳои қадими мардумони ориёиро, ки дар Вандидоти Авесто инъикос ёфтаанд ва таҷрибаи халқҳои минтақаи Шарқи Наздик ва пеш аз ҳама, бобулиҳоро истифода бурданд. Дар ин замон қонуни бобулии Ҳамураппи хеле маъруф буд ва бисёр нусхаҳои ба ин давра тааллуқдоштаи он ёфт шудаанд.

Фикри баъзе олимон[4] дар бораи он ки ориёиҳо аз ҷумла, форсҳо қонунҳои оддӣ ва номукаммали урфиятӣ доштанд, асоси воқеӣ надорад. Афкори ҳуқуқии онҳо хеле қадим буда, дар Авесто инъикос шуда буданд. Як боби ин китоби муқаддас бо номи Вандидоди ба масоили ҳуқуқӣ бахшида шуда буд. Яке аз худоҳои ориёӣ Меҳр (Митра) ҳомии аҳду паймон мебошад.

Аз ҷониби дигар истилоҳҳои асосии ҳуқуқии Ҳахоманишиён ба мисли қонун (дата — дод), додвар (судя) ориёӣ буданд. Агар онҳо мафҳум ва меъёрҳои ҳуқуқиро аз бобулиҳо қабул мекарданд, бояд истилоҳҳои ҳуқуқиашон бобулӣ мебуд. Аммо дар воқеият ин тавр нест. Яъне асоси қонун ва меъёрҳои ҳуқуқии онҳоро анъанаҳои миллӣ ташкил мекарданд. Дар баробари ин онҳо, бешубҳа, аз қонунҳои бобулӣ эҷодкорона ва интихобан истифода бурдаанд. Зиёда аз ин, таъсири афкори ҳуқуқии форсҳо ба бобулиҳо ва дигар кишварҳои ғайриориёии минтақа хуб эҳсос мешавад. Дар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии бобулӣ дар ин давра истилоҳҳои ориёӣ пайдо шудаанд.

Аз болои додварон назорати қатъӣ бурда мешуд ва додварони ришвахӯрро ҷазои сахт медоданд. Геродот (V, 25) нақл мекунад, ки «Сисамн ном шахс додвари шоҳӣ буд. Барои пора гирифта ҳукми ғайриодилона бароварданаш шоҳ Камбуҷиё фармон дода, ки ӯро ба қатл расонда, пӯсташро канда гиранд. Баъди даббоғӣ кардан аз ин пӯст тасмаҳо сохта, бо он курсиеро, ки дар он Сисамн ҳини додварӣ менишаст, рӯкаш намуданд. Пас аз ин Камбуҷиё писари Сисамнро додвар таъин карда, мегӯяд, ки ӯ ба чӣ гуна курсӣ нишаста ҳукм бароварданашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунад.

Геродот (I,137) ба додварии форсҳо баҳои баланд додааст. Ба қавли ӯ, форсҳо ва ҳатто шоҳи онҳо наметавонанд танҳо барои як гуноҳ шахсеро ба қатл ҳукм кунанд. Фақат дар сурати аз корҳои некаш зиёдтар будани ҷиноятҳояш ба ӯ ҷазо медоданд. Ҷазоҳо вобаста ба вазнинии ҷиноят гуногун буданд: буридани даст, гӯшу бинӣ, бо химча задан, товон, ҳабс ва ғайра.

Як намуди мурофиаи додварӣ «вара» ном дошт. Он хеле қадим буда, ба воситаи қасам ёд кардани гумонбаршудагон ё бо оташ ва ё бо дигар воситаҳо санҷидани онҳо иҷро карда мешуд. Ин мурофиаҳо ҷанбаи динӣ дошта, бо иштироки мӯбад (ё мӯбадон) гузаронда мешуданд.

Қонуни доди шоҳии Ҳахоманишиҳо нишон медиҳад, ки аҷдоди ориёии мо пойбанд будан ба қонунро асли зиндагӣ қарор дода будаанд ва ҳамин хислат дар табиати миллати мо то ҳанӯз боқӣ мондааст. Ҳангоми муқовимати шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ бархостани аксарияти мардуми мо ва аз сулҳу салоҳ дифоъ намудани халқи тоҷик шаҳодати равшани сиришти миллии мост, ки хостори озодию адолат будааст.

Тавре ки маълум аст, тиҷорат бо муомилоти пулӣ алоқаи ногусастанӣ дорад. Ин ду соҳаи иқтисодиёт муҳаррики инкишофи якдигар мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар сиёсати иқтисодии Ҳахоманишиён ин соҳаҳо мавқеи муҳимро ишғол мекарданд.

Инкишофи муомилоти пулӣ дар давлати Ҳахоманишиён бо номи Дорои I алоқаманд мебошад (Геродот, IV, 166). Ӯ дар ин соҳа ислоҳот гузаронда, дар тамоми қаламрави империя низоми ягонаи пулиро ҷорӣ кард. Асоси онро мубодилаи сиккаҳои тиллоӣ ва нуқрагини нав ташкил мекард.

Сиккаҳои тиллоӣ 8,4 г вазн доштанд.[5] Дар рӯйи онҳо шоҳи дар сари як зону истода, тасвир шудааст. Ӯ дар пушташ тирдон, дар дасти чапаш камон ва дар дасти росташ найза дорад. Сурати шоҳ дар ҳамаи сиккаҳо якхела аст. Дар сиккаҳои тиллоӣ навиштаҷот нест. Бинобар ин муайян кардани мансубияти онҳо ба ин ва ё он шоҳ амалан ғайриимкон аст. Ба фикри баъзе сиккашиносон, ин тасвири рамзии шоҳ мебошад. Ба ақидаи дигарон, дар онҳо асосгузори давлати Ҳахоманишиён Куруши Кабир тасвир шудааст. Ин фикр мантиқ ва асоси бештар дорад. Сиккаҳои тиллоӣ дар давоми зиёда аз 200 сол бо ҳамон як мусаввара бароварда мешуданд.

Чӣ ном доштани ин пулҳои тиллоӣ бо забони форсии қадим дақиқ маълум нест. Юнониён онҳоро дарик меномиданд. Ба қавли муаррихи Юнони қадим Полукс , ин ном аз номи шоҳ Дорои I гирифта шудааст. Аммо на ҳамаи олимони муосир ин фикрро қабул доранд. Масалан, ба андешаи Дандамаев М. А. ин ном аз калимаи форсии қадим дараня, ки маънои тиллоро дорад, гирифта шудааст.[6] Танҳо шоҳ ҳуқуқ дошт сиккаҳои тиллоиро барорад. Онҳо аз тиллои холис буда, танҳо 2-3% омехтаи филизоти дигар доштанд. Аз ин сабаб дар савдо, аз он ҷумла, савдои байналхалқӣ онҳо мавқеи асосиро ишғол мекарданд.

Сиккаҳои нуқрагин сикл ном дошта 5,6г вазн доштанд. Мусаввараи рӯи онҳо мисли сиккаҳои тиллоӣ буд. Сиклҳоро бештар дар хшатрапанаҳои Осиёи Хурд мебароварданд. Ҳокимони вилоятҳо метавонистанд аз номи шоҳ сиккаҳои нуқрагин ва мисин бароранд.[7] Баъзан онҳо бо розигии шоҳ дар сиккаҳо ном ва тасвири худро ҷой медоданд. Сиккаҳои нуқрагини як қатор хшатрапанҳои Осиёи Хурд аз қабили Фарнабаз, Датам, Тирибаз, Тиссаферн то ба мо омада расидаанд. Дар баъзеи ин сиккаҳо навиштаҷоти оромӣ ё юнонӣ ҷойгир буд.[8]

Дар тамоми қаламрави империя дар баробари дарикҳо ва сиклҳо драхма ва тетрадрахмаҳои юнонӣ низ дар муомилот буданд. Дар ин бора дафинаҳои Амударё, Кобул ва бозёфтҳои дигар шаҳодат медиҳанд.

Муомилоти пулӣ аз ҳама бештар дар Лидия тараққӣ карда буд. Чун ин минтақа анъанаҳои қадимаи муомилоти пулӣ дошт. Масалан, ба қавли Геродот (VII, 28), яке аз сарватмандони ин ҷо бо номи Пифий 3 млн. 997 ҳазор дарик дошт ва онҳоро ба Хишоёршо бахшид, то ки ӯ барои артиш сарф намояд.

Дар Шарқи Наздик муомилоти пулӣ ҳанӯз чандон тараққӣ накарда буд. ин ҷо мубодилаи молӣ, мубодила ба воситаи нуқра ва тиллои вазнбайъ, сабикаҳо вуҷуд дошт. Ҳамаи ин намудҳои мубодила дар ҳуҷҷатҳо сабт шудаанд. худи вилояти Порс муносибатҳои пулӣ нисбат ба Лидия камтар инкишоф ёфта буданд. Масалан, мувофиқи ҳуҷҷатҳо ба коргароне, ки дар сохтмонҳои шоҳӣ кор мекарданд, ба ҷои маош озуқаворӣ медоданд. Порсҳо танҳо ба ҷанговарони зархариди юнонӣ бо сикка маош медоданд. Бо вуҷуди ин гардиши сиккаҳо дар ин ҷо низ тадриҷан боло мерафт. икҳо чунон машҳур буданд, ки Искандари Мақдунӣ баъди Эронро гирифтан зарб кардани онҳоро бо мусаввараҳои қадима идома медиҳад.[9]

Сиккаҳои ҳахоманишӣ бо қурби якхела ва устувор дар тамоми қаламрави империя роиҷ буданд. Онҳо то Осиёи Миёна низ омада расиданд. Сиккаҳои мазкур дар хазинаи машҳури Амударё, ки соли 1877 дар ноҳияи Қубодиён (резишгоҳи дарёҳои Панҷу Вахш) ёфт шуда буд, мавҷуданд. Як дарик дар Афросиёб ва дарики дигар дар назди Тирмиз пайдо шудааст. Чунин нуктаро бояд ёдовар шуд, ки маҳз дар давраи Ҳахоманишиён сокинони Осиёи Миёна бори нахуст бо пули сиккашуда шинос шуданд ва онҳоро истифода бурданд. Аллакай дар асри IV то м. дар Бохтар, дар пайравӣ ба сиккаҳои Афина, ки сурати бум доштанд, пулҳои маҳаллӣ мебароварданд.

Ниёгони ориёии мо дар инкишофи сикказарбкунӣ ва муомилоти пулӣ дар ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд. Онҳо баъди юнониён дуюмин халқе буданд, ки дар он давра сиккаҳои миллии худро бароварданд.

Дар бораи дини давраи Ҳахоманишиён як қатор сарчашмаҳо маълумот додаанд, ки дар байни онҳо катибаҳои шоҳаншоҳони ин сулола Куруши Кабир, Дорои I, Хишоёршо ва Артахишоёршои II мавқеи муҳим доранд. Онҳо ҳамчун ҳуҷҷатҳои расмӣ мансубияти динӣ ва сиёсати шоҳонро дақиқ инъикос намудаанд. Маълумоти Геродот низ дар бораи дини форсҳо дорои аҳамият мебошад. Гурӯҳи сеюми сарчашмаҳое, ки дар ин бора маълумот медиҳанд, маводи бостоншиносӣ мебошанд. Дар таҳқиқоти олимони муосир, ки ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд, ин сарчашмаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди ин дар ин бора байни олимон ҳанӯз фикри ягона ва аз тарафи умум эътирофшуда вуҷуд надорад.

Агар аз ҷузъиёти ин масъала сарфи назар шавад, дар мавриди дини Ҳахоманишиён ду ақида вуҷуд дорад, ки мувофиқи ақидаи аввал, дини онҳо зардуштия буда, тибқи ақидаи дуюм, Ҳахоманишиён Аҳуромаздоро мепарастидаанд, аммо зардуштӣ набудаанд.

Ба андешаи ман, шиносоии дақиқ бо сарчашмаҳои номбаршуда, бештар ба фоидаи ақидаи якум гувоҳӣ медиҳанд. Чунин нуктаро бояд ёдовар шуд, ки дар форсҳо қабл аз аҳди Ҳахоманишиён номҳои худоҳо ва изадони авестоӣ — Аҳуро, Маздо, Хшатра, Митра ва ғайра вомехӯрданд. Ба назар чунин мерасад, ки ҳанӯз дар аҳди Модҳо ва шояд ҳам аз он пештар нишонаҳои дини зардуштӣ дар вилояти Форс мушоҳида мешуд.

Дар боби гузашта мо гуфта будем, ки дар давлати Мод дини зардуштӣ роиҷ буд ва шояд ба худ мақоми давлатӣ гирифта буд. Аз ин рӯ, имкон надошт, ки ин дин дар вилояти Форс, ки ба ҳайати он дохил мешуд, интишор наёфта бошад. Ин ақидаро баробари олимони тоҷику эронӣ аксари олимони аврупоӣ низ дастгирӣ намудаанд.[10]

Далелҳои мавҷуда дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дини зардуштӣ ҳанӯз дар давраи Куруши Кабир мақоми давлатӣ дошт. Ӯ дар эъломияи худ, ки матни он бо забони аккадӣ боқӣ мондааст, чунин мегӯяд: «Ман Куруш акнун соҳиби тоҷ шудам ва то он даме, ки Маздои Бузург подшоҳиро ба ман арзонӣ дорад ва то даме, ки зинда ҳастам , ман ба ягон халқ ҳокимияти худро зӯран бор намекунам».

Дорои Бузург дар катибаи худ, ки бо номи Нақши Рустам маъруф аст, чунин мегӯяд: «Худованди Бузург Аҳуро Маздо, он ки замин, инсон ва хушбахтиро барои одамон офарид, он ки Дориюшро подшоҳ кард, подшоҳи ягонаи халқҳо ва шоҳони бисёр, ягонаи ҳокимони зиёд». Дар охири матн Доро мегӯяд: «Ҳар он кореро, ки ман кардам, бо мадади Аҳуро Маздо кардам. Аҳуро Маздо ба ман подош медиҳад. Эй инсон, фармудаҳои Аҳуро Маздо набояд ба ту нофорам бошанд. Аз роҳи рост берун нарав, ошӯбгар набош»[11].

Дар катибаи Беҳистун Дорои I мегӯяд: Ин сакоиҳо зидди мо буданд, Аҳуро Маздоро парастиш намекарданд. Ман Аҳуро Маздоро парастиш мекардам. Бо мадади Аҳуро Маздо чӣ хеле ки мехостам, ҳамон хел бо онҳо рафтор кардам.[12] Дар навиштаҷоти Хишоёршо низ Аҳуромаздо зикр шудааст. Ин шоҳ мегӯяд: «Бо фармони Аҳуро Маздо ман ин дайрҳои девҳоро вайрон кардам ва фармон додам, ки дигар ба девҳо саҷда накунанд. Дар ҷое, ки пеш девҳоро мепарастиданд, ман дар он ҷо парастиши Аҳуро Маздоро ҷорӣ кардам»[13].

Аз катибаҳои ёдшуда комилан аён аст, ки шоҳони ҳахоманишӣ Аҳуромаздоро парастиш мекарданд. Аз Авесто дақиқ маълум аст, ки Аҳуромаздо дар дини зардуштӣ Худои олӣ ва офаридгори олами ҳастӣ мебошад. Аз ин нукта чунин бармеояд, ки онҳо пайрави дини зардуштӣ буданд. Гузашта аз ин, онҳо барои мустаҳкам кардани ин дин ва интишори он дар байни ҳамқавмони худ, ки ҳанӯз онро қабул накарда, пайрави оинҳои қадимаи ориёӣ буданд, кӯшиш ба харҷ додаанд.

Зардушт парастиши худоҳои зиёди пешини ориёӣ, аз ҷумла дайва (дева, дев)-ро манъ карда, мардумро ба парастидани худои ягона — Аҳуромаздо даъват кард. Аммо девпарастону карапанҳо ба зудӣ дини ӯро қабул накарданд ва байни онҳо муборизаву бархӯрди шадид ба амал омад ва он то аҳди ҳахоманишӣ идома дошт. Маълум аст, ки Ҳахоманишиён барои таҳкими пояҳои давлати худ ба дини ягона ва неруманд эҳтиёҷ доштанд. Аз ин рӯ, дини зардуштӣ қабул намуданд ва ба он мақоми дини расмии давлатӣ доданд.

Мувофиқи ақидаи дуюм, Ҳахоманишиҳо Аҳуромаздоро, ки пеш аз пайдоиши зардуштия дар байни ориёиҳо ҳамчун изади бузург вуҷуд дошт, парастиш мекарданд. Аммо худованди алоҳида бо номи Аҳуро Маздо ва зиёда аз ин ҳамчун Худои ягона ва офарандаи олами ҳастӣ то зуҳури Зардушт вуҷуд надошт. Ҷонибдорони ақидаи дуюм дар катибаҳои шоҳони ҳахоманишӣ ёдрас нашудани Зардуштро чун далели пайрави дини ӯ набудани форсҳо мепиндоранд. Вале набудани номи Зардушт дар катибаҳо далели кофӣ барои роиҷ набудани оини зардуштӣ дар байни Порсҳо дар аҳди Ҳахоманишиён буда наметавонад.

Дорои I дар катибаи худ одамонро ба ростқавлию мубориза бар зидди дурӯғ даъват мекунад ва ин суханон бо таълимоти Авесто созгор аст ва яке аз унсурҳои асосии дини зардуштӣ далели раднопазири роиҷ будани зардуштия дар аҳди Ҳахоманишиён мебошад. Ҳамин мазмунро Геродот (1,131) низ дар асараш зикр намудааст.

Рӯҳониёни зардуштӣ ё худ муғон дар дарбори Ҳахоманишиён мақоми хосса доштанд. Он ба дараҷае буд, ки вақте Қамбуҷиё ба Миср лашкар кашиданӣ шуд, дар Тахти Ҷамшед (Персепол) ҳамаи корҳои давлатиро ба муғ Патизиф вогузошт (Геродот, III. 63).

Соли 441 то м. дар Давлати Ҳахоманишӣ ба таври расмӣ тақвими (гоҳшумории) зардуштӣ ҷорӣ карда шуд.[14]

Дар воқеъ дар бораи дини Ҳахоманишиён мусаввараҳои Тахти Ҷамшед ва дигар шаҳрҳо ва бозёфтҳои бостоншиносӣ низ маълумоти мӯътамад медиҳанд. Дар назди мақбараи Куруши Кабир дар Посоргод бостоншиносон се меҳроби бузурги оташро кашф кардаанд. Дар мусаввараҳо шоҳони ҳахоманишӣ дар назди оташгоҳи муқаддаси зардуштӣ тасвир шудаанд. Дар деворҳои Тахти Ҷамшед, Нақши Рустам ва дар ашёҳои гуногуни аз зери хок беруномадаи мансуб ба аҳди Ҳахоманишиён Аҳуромаздо бо болҳои кушод дар ҳалқаи офтоб тасвир шудааст.[15]

Геродот (I, 131) навиштааст, ки Порсҳо маъбад ва қурбонгоҳ намесозанд ва ба Зевс (Аҳуро Маздо) ва худоҳои дигар дар сари кӯҳҳои баланд қурбонӣ мекунанд. Аммо бозёфтҳои бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд, ки ахбори Геродот дар мавриди ибодатгоҳҳои форсҳо чандон саҳеҳ нест. Бостоншинос Э.Ҳерсфелд дар Тахти Ҷамшед маъбади оташро кашф кард. Дар навиштаҷоти ин замон калима «айадана» ба маънои ибодатгоҳ дучор мешавад.[16] Маъбади оташ дар Шуш низ ёфт шудааст. Дар ноҳияи Қубодиёни ҷануби Тоҷикистон ҳам бостоншиносон маъбади бузурги оташро кушоданд, ки мувофиқи меъёрҳои анъанавии зардуштӣ сохта шудааст. Он аз толори калон иборат буда, ба маъбадҳои оташи дар Тахти Ҷамшед ва Шуш ёфтшуда монанд аст.[17]

Дар масъалаи қурбонгоҳ насохтани Порсҳо эҳтимол Геродот ҳақ бошад. Зеро ӯ ин суханонро дар муқоиса ба юнониён гуфта ва онҳо барои қурбонии чорпоҳо дар ибодатгоҳҳо иншооти махсус месохтанд. Зардуштиён дар маъбад танҳо оташкада месохтанд.

Ҳамин тавр, таҳлили сарчашмаҳои гуногун аз он шаҳодат медиҳад, ки дини Порсҳо ва шоҳони ҳахоманишӣ зардуштия буд. Ин дин мақоми давлатӣ дошт ва шоҳони ҳахоманишӣ барои таҳкими пояҳои ғоявӣ ва сиёсии империя ба он манфиатдор буданд. Дар аҳди Ҳахоманишиён дар Осиёи Миёна беш аз ҳама дини зардуштӣ интишор ёфта буд ва дар байни олимон низ дар ин бора ихтилофи назар вуҷуд надорад.[18] Аксари кулли ориёиҳои муқиминишин, яъне сокинони Эрони Ғарбӣ ва Осиёи Миёна дар ин давра пайрави зардуштия буданд. Аммо қабилаҳои ориёии кӯчманчӣ, алалхусус сакоиҳо ҳанӯз дини зардуштиро напазируфта буданд ва ба худоҳои қадимаи ориёӣ, аз ҷумла ба Офтоб саҷда мекарданд. Дар ин бора ҳам матни «Готҳо»-и Авесто ва ҳам муаррихони Юнони қадим хабар доданд. Аз катибаи ёдшудаи Дорои I чунин бармеояд, ки ӯ ин сакоиҳоро ба худ тобеъ карда, дини зардуштиро дар байни онҳо ҷорӣ карданӣ буд.

Шояд байни аҳолии муқимнишини ориёӣ гурӯҳое низ буданд, ки дини зардуштиро ҳанӯз напазируфта буданд. Шояд ин гурӯҳҳо нуфузе пайдо карда, мухолифи ҳукумати марказӣ амал мекарданд. Аз ҳамин сабаб таблиғотчиёни оини зардуштӣ бар зидди ин девпарастон ва карапанҳо баромада, бутхонаҳои онҳоро вайрон карда, онҳоро барои гароидан ба дини зардуштӣ ташвиқ менамуданд. Ин амал ҳам ҷанбаи ғоявӣ ва ҳам сиёсӣ дошт.

Зеро такягоҳи асосии Ҳахоманишиён халқҳои ориёии Эрону Осиёи Миёна буданд. Барои муттаҳид нигоҳ доштани онҳо ягонагии оинӣ лозим буд. Бисёрмазҳабӣ дар байни мардум ихтилофу парокандагӣ ва оқибат сустиву заволро ба вуҷуд меовард.

Дар асоси катибаи Хишоёршо баъзе олимон ба хулосае омадаанд, ки ӯ дини Аҳуромаздоро дар тамоми империя бо роҳи зӯрӣ паҳн карданӣ буд.[19] Аммо дар ин хусус ягон санади дақиқ вуҷуд надорад. Муборизаҳои оинии қавмҳои ориёӣ бо ҷорӣ шудани дини Зардушт пайдо шуда то аҳди Ҳахоманишиён ва дар баъзе маҳалҳо аз он ҳам дертар ба назар мерасид.

Бо кишварҳои ғайриориёии қаламрави Ҳахоманишиён сиёсати динӣ дигар хел буд ва озодии динҳои маҳаллӣ эълон шуда буд. Куруши Кабир ба бобулиён ва дигар халқҳои забт кардааш на танҳо озодии эътиқод бахшид, балки ибодатхонаҳои харобшудаи онҳоро таъмир намуд. Шоҳони минбаъда низ ин сиёсати хайрхоҳона ва муросову мадоро бо динҳои кишварҳои ғайриориёиро идома доданд. Ҳуҷҷатҳои аз зери девори мудофиавии Тахти Ҷамшед ёфтшуда низ чунин фикрро тасдиқ мекунанд. Баробари рӯҳониёни зардуштӣ рӯҳониёни динҳои дигар низ барои гузаронидани маросимҳои динӣ ғалла ва дигар маҳсулот мегирифтанд. Шоҳони ҳахоманишӣ дар ин соҳа таассуб нишон намедоданд.

Сарчашмаи асосии даромади давлат андоз буд. Иқтидори иқтисодӣ, ҳарбӣ, некӯаҳволии аҳолӣ ва мавқеи сиёсии кишвар аз бисёр ҷиҳат ба ҳамин соҳа вобаста мебошад. Ин нуктаро на танҳо иқтисодчиёни имрӯза, балки маъмурони давлатии давраи қадим низ хуб мефаҳмиданд ва барои инкишофи он саъй менамуданд.

Ҳар давлат низоми андозғундории худро дорад. Дар давлати Ҳахоманишиён низ низоми ба худ хоси андозғундорӣ амал мекард. Ба ҳайати ин империяи паҳновар даҳҳо мамлакатҳо дохил мешуданд ва ҳар кадоми онҳо усули андозғундории худро доштанд. Низоми ягонаи андозро Дорои I ҷорӣ намуда буд. Дар давраи Куруши Кабир ва Камбуҷия низоми ягонаи андозгузорӣ вуҷуд надошт. Бино ба маълумоти Геродот, (III, 89) ҳаҷми андоз барои ҳар кишвар ҳанӯз дақиқ муайян нашуда буд. Кишварҳои тобеъ мувофиқи иқтидори иқтисодияшон аз рӯи салоҳдиди худ ба хазинаи Ҳахоманишиён молиёт месупориданд. Халқҳои тобеъ андоз насупорида, ба шоҳаншоҳ тӯҳфа пешкаш мекарданд. Набудани низоми устувор ва ягонаи андозгузорӣ ба даромади давлат таъсири манфӣ мерасонд.

Барои ҳамин Дорои I баъди ба тахт нишастан ва фурӯ нишондани оташи шӯришҳо даст ба ислоҳоти иқтисодӣ зад. Ӯ пеш аз ҳама дар соҳаи андоз низоми ягона ва мукаммалро ҷорӣ кард. Қаламрави империя ба беш аз 20 воҳиди маъмурӣ- андозпардозӣ тақсим шуда буд, барои ҳар як хшатрапана вобаста ба иқтидори иқтисодиаш андоз гузошта шуд. Ҳаҷми андоз аз рӯи масоҳати заминҳои корам, навъи зироат ва ҳосилнокии миёнаи он муайян карда мешуд (Геродот, VI, 42). Андозро бо нуқра месупориданд.

Аммо муҳаққиқон дар асоси маълумоти катибаҳо ва мусаввараҳо дуруст таъкид кардаанд, ки дар амал як қисми андозро мардум метавонистанд дар шакли маҳсулот (ғалла, чорво, ашёи ҳунармандӣ ва ғайра) супоранд. Дар вақти ҳисобу китоб қимати маҳсулоти ба сифати андоз супурдашуда мувофиқи нархҳои ҷорӣ бо нуқра нишон дода мешуд. Дар бораи он ки аҳолӣ чӣ қадари андозро метавонист бо нуқра ва чӣ қадарашро бо пул супорад, ягон хел маълумот нест. Бо нуқра ифода ёфтани андоз бартариҳои зиёд дошта, устуворӣ ва дақиқии ҳисоби онро таъмин мекард. Нархи маҳсулот бо сабабҳои гуногун метавонист тағйир ёбад, аммо нуқра дар он замонҳо нархи нисбатан собиту устувор буд.

Геродот (III, 90-95) ҳаҷми андози тамоми хшатрапанаҳои ва халқҳои империяи Ҳахоманишиёнро номбар кардааст. Аз ҳама бештар Бобул (1000 талант нуқра) ва баъди он Миср (700 талант нуқра) андоз месупориданд. Кишварҳои Осиёи Миёна ба миқдори зер ба хазинаи марказӣ андоз месупориданд: бохтариҳо 360 талант нуқра, портҳо, хоразмиҳо ва суғдҳо 300 талант, сакоиҳо ва каспиҳо 250 талант. Аз рақамҳои боло маълум мешавад, ки Бохтар аз ҳама бештар андоз медодааст. Як талант ба ҳисоби миёна ба 32 кг баробар буд. Яъне 360 талант муодили 11520 кг ё 11 тону 520 кг нуқра буд. Агар ин миқдор нуқраро ба пули ҳамон замон баргардонем 2 млн. 56 ҳазор 320 сикл (пули нуқрагини ҳахоманишӣ, ки вазнаш 5,6 г буд) ё 102 ҳазор 816 дарики тиллоӣ (вазни як дарик =8,4г) мешавад. Барои он замон ин маблағи кам набуд. Масалан, нархи як барра ба ҳисоби миёна 1-2 сикл буд. Бо андози Бохтар камаш 1 млн. 28 ҳазору 160 барра харидан мумкин буд.

Ҳаҷми умумии андози якcола, ки ба хазинаи шоҳӣ ворид мешуд 12 480 таланти бобулиро ташкил мекард. Он ба 400 тонна нуқра[20], 71 млн. 400 ҳазор сикл ва 3 млн. 570 ҳаз. дарики тиллоӣ баробар буд.

Ба ҷуз сатрапҳо аз бандарҳо, бозорҳо, рӯдҳои киштигард, пулҳо, молҳои воридотӣ ва ғайра боҷ ситонда мешуд.[21] Илова бар ин бисёр андозҳои сабтнашуда, аммо дар урфият қабулшуда, мавҷуд буданд. Масалан, дар соли нав (Наврӯз) ва дигар идҳои муҳим ҳамаи вилоятҳо ба шоҳаншоҳ тӯҳфаҳои гуногун, аз ҷумла ашёҳои қиматбаҳо пешкаш мекарданд.

Дар вақти ба ин ва ё он шаҳр омадани шоҳ сокинон ӯро бо тӯҳфа пешвоз мегирифтанд. Ҳини лашкаркашӣ сокинони шаҳру вилоятҳое, ки артиши шоҳ аз он ҷо мегузашт, онро бо хӯрок ва ему хошок таъмин мекарданд. Дар наққошиҳои Тахти Ҷамшед саҳнаҳои ба шоҳ пешкаш кардани тӯҳфаҳо ба назар мерасад.

Андоз бо калимаи форсии қадими «бажи» ифода шуда, ба маънои «боҷ»-и тоҷикию — форсӣ омадааст. Ин калима дар катибаи Беҳсутун ва катибаҳои дигар дучор мешавад. Барои андоз аз замин дар ҳуҷҷатҳои оромӣ калимаи «ҳалок» (хараги паҳлавӣ ва хироҷи арабӣ) истифода шудааст. Дар катибаҳо калимаи форсии қадим «бажикара» ба маънои боҷғундор мавҷуд аст.

Яке аз муҳимтарин муассисаҳои давлатӣ Дафтари умури молӣ буд, ки онро хазонаи шоҳ низ меномиданд. Дар он сардори дафтари умури молӣ (хазинадор) ва шумораи зиёди дабирон, муҳосибон ва маъмурони дигар кор мекарданд. Хазина анборҳои зиёд дошт. Тамоми молиёте, ки ҳамчун боҷу хироҷ, тӯҳфа ва ғаниматҳои ҷангӣ ба хазинаи давлат ворид мегардиданд, дар анборҳои он нигоҳдорӣ мешуданд. Коргузорӣ ва таҳияи санад дар хазинаи шоҳ ба дараҷаи олӣ ба роҳ монда шуда буд. Тамоми ашё ва маҳсулоти воридшуда ба хазина дақиқан шумурда шуда, ба дафтарҳои воридот сабт мегардиданд. Ҳамчунин ашё ва маҳсулоти аз хазина додашуда ба қайд гирифта мешуданд. Ҳуҷҷатҳои зиёде то ба рӯзгори мо боқӣ мондаанд, ки дар бораи ворид шудани тилло, нуқра ва ашёҳои дигари қиматбаҳо ба хазинаи Тахти Ҷамшед маълумот медиҳанд.

Бостоншиносон хазинаи Тахти Ҷамшедро ҳафр карданд, ки хеле боҳашамат буда, масоҳаташ 11000 метри квадратиро ташкил медод ва аз 110 ҳуҷра иборат буд. Хазинаҳои шоҳӣ дар Шуш, Ҳангматана, Бобул ва дигар шаҳрҳои бузурги ҳахоманишӣ низ мавҷуд буданд. Дар онҳо ба ғайр аз маҳсулот миқдори зиёди тилло ва нуқра ҷамъ шуда буд. Мутаассифона, шоҳони ҳахоманишӣ натавонистанд ин боигариро пурра ва самаранок барои ободии давлаташон истифода баранд ва он ба дасти ғосибон афтод. Мувофиқи маълумоти Диодор (XVII, 7) ва Курций Руф (II, 16, 9) Искандари Мақдунӣ аз хазинаи Тахти Ҷамшед 120000 талант = 3840 тонна тилло ва нуқраро ба ғанимат гирифт.[22]

Боҷгузорӣ ба Дафтари умури молӣ тааллуқ дошт. Сардори он ҳамчун хазинадор масъули ҷамъоварӣ, воридкунӣ, сабт, ҳисобу китоб, сарф ва нигоҳдории ҳамаи пулу ашёҳое буд, ки ба хазинаи подшоҳӣ ворид мешуданд.

Хазинаи шоҳиро ба забони форсии қадим «ганза» мегуфтанд, ки шакли тоҷикӣ – форсиаш «ганҷ» то имрӯз боқӣ мондааст. Дар катибаҳо калимаи «ганзбара» дучор мешавад, ки мутахассисон онро чун «нигоҳбони хазина», яъне хазинадор тарҷума кардаанд.

Дар хшатрапанаҳо масъули андоз хшатрапан буд. Дар дарбори ӯ маъмурони андоз ва муҳосибону дабирон, ҷараёни андозғундориро ба роҳ монда, баъди сабти онҳо ба дафтарҳои воридот мувофиқи дархости Дафтари умури молии марказӣ ба хазинаи шоҳ мефиристоданд. Дар шаҳру деҳаҳо низ ба ҳамин тариқ андоз меғундоштанд.

Андози ҷамъшуда дар хазона барои таъминоти дарбор, дастгоҳи идоравӣ, артиш, сохтмонҳои давлатӣ, иншоотҳои обёрӣ, роҳҳои тиҷоратӣ ва дигар корҳои давлатӣ сарф мешуданд. Низоми боҷгузорие, ки Дорои I ҷорӣ кард, хеле мукаммал ва самаранок буда, барои он замон дастоварди муҳими иқтисодӣ ба шумор мерафт. Ин тартибот на танҳо дар тамоми давраи мавҷудияти Империяи ҳахоманишӣ амал кард, балки дар давраи Искандари Мақдунӣ ва баъди ӯ низ боқӣ монд.

Дар давлати Ҳахоманишиён барои инкишофи савдои дохилӣ ва байналхалқӣ шароити мусоид фароҳам гардида буд. Ба туфайли ҷорӣ кардани низоми устувори сиёсӣ дар мамлакат нисбатан оромӣ ҳукмфармо гардид. Халқҳо ва кишварҳо имконият пайдо карданд, ки озодона бо якдигар доду ситад намуда, иқтисодиёти худро пеш баранд.

Аз ҷониби дигар аз дохили империя роҳҳои асосие мегузаштанд, ки се қитъаи ҷаҳон — Осиё, Аврупо ва Африкаро бо якдигар пайваст мекарданд. Ҳамаи ин роҳҳо дар зери даст ва назорати форсҳо буданд. Ҳахоманишиҳо ҳавасманд буданд, ки ин роҳҳо обод бошанд ва мунтазам амал кунанд. Роҳҳо на танҳо аҳамияти тиҷоратӣ, балки ҳарбӣ ва маъмурию сиёсӣ низ доштанд. Онҳо имконият медоданд, ки тамоми гӯшаву канорҳои империяи паҳновар бо марказ алоқаи доимӣ дошта бошанд. Алоқаи доимӣ дар навбати худ имконият медод, ки ноҳияву вилоятҳо самаранок идора карда шаванд ва ҳамеша зери назорати марказ бошанд.

Бино ба сабабҳои гуфташуда, Ҳахоманишиён дар ободии роҳҳои корвонгард ҳамҷониба ҳавасманд буданд ва барои ин маблағҳои зиёдро дареғ намедоштанд. Онҳо роҳҳои кӯҳнаро таъмир карда, роҳҳои нав месохтанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ қитъаҳои муайяни роҳҳоро васеъ карда, ҷойҳои лозимаро сангфарш мекарданд, ба бехатарӣ ва ободии роҳҳо диққати махсус медоданд. Дар ҳар 20 километри роҳ барои дамгирӣ ва истироҳати тоҷирон ва дигар мусофирон работҳо ва корвонсаройҳо сохта шуда буданд.[23] Дар работҳо барои мусофирон ҷои хоб ва хӯрду хӯрок муҳайё мекарданд.

Работҳо воситаи муҳими хабару номарасонӣ аз марказ ба вилоятҳо ва аз он ҷо ба марказ буданд. Дар онҳо барои номабарони (қосидони) шоҳӣ аспҳои эҳтиётӣ, тӯшаи роҳ ва дигар ашёҳои зарурӣ нигоҳ медоштанд. Муаррихони қадими юнонӣ, аз ҷумла Геродот (VIII, 38) ба низоми номарасонии форсҳо баҳои баланд додаанд. Номабарони шоҳӣ беист ҳаракат карда, дар корвонсаройҳо аспҳои худро иваз карда, дар як муддати нисбатан кӯтоҳ масофаҳои тӯлониро тай мекарданд. Масалан, корвонҳо роҳи байни Бобул ва ш.Сарди пойтахти Лидияро дар 90 рӯз тай менамуданд. Аммо номабарони шоҳӣ ин масофаро бо усули дар боло зикршуда дар 9 рӯз тай мекарданд. Номарасонҳо (чипорҳо)-и форсҳо муосиронашонро то андозае мафтун карда буданд, чун онҳо, ба қавли юнониён, аз паррандаҳои дурпарвоз ҳам тезтар ҳаракат мекарданд. Форсҳо хаткашонҳои шоҳиро «ҳангар» меномиданд. (Геродот, VIII, 98).

Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар қитъаҳои муҳими роҳҳо дар даромаду баромади дашту биёбонҳо, дар гузаргоҳҳои дарёӣ ва ҷойҳои дигар пойгоҳҳои низомӣ сохта, дар онҳо ҷанговаронро ҷойгир мекарданд. Роҳзанонро ҷазои сахт медоданд. Онҳоро дар сари роҳҳо ба дор овехта, ҷасадашонро намегирифтанд, то барои дигар қонуншиканон дарси ибрат шавад. Бо ин ва дигар чораҳои қатъӣ онҳо тавонистанд ҳаракати бехавф ва муназзами тоҷирон, маъмурон, хаткашонҳои шоҳӣ ва дигар мусофиронро дар роҳҳои империяи паҳновар таъмин намоянд. Дар ташкил кардани шабакаи давлатии хаткашонӣ онҳо, албатта, аз таҷрибаи давлатҳои тараққикарда, ба мисли Бобул истифода бурданд. Аммо онҳо ин таҷрибаро бо анъанаҳои миллии худ тақвият дода ва ғанӣ гардонда, дар шароити нав ва дар миқёси хеле калон татбиқ карданд. Яъне онҳо амалан шабакаи нав ва мукаммали номарасониро барпо намуданд.

Дар давраи Ҳахоманишиён якчанд роҳҳои асосие вуҷуд доштанд, ки пойтахти он ш.Шуш ва Тахти Ҷамшедро бо тамоми нуқтаҳои империя пайваст мекарданд. Як роҳ аз соҳили баҳри Эгей аз ш.Эфеси Осиёи Хурд сар шуда, ба воситаи пойтахти Лидия ш. Сард, шимоли Каппадокия, Арманистон қад-қади дарёи Даҷла то Бобул омада мерасид. Аз Бобул роҳи дигар сар шуда, то Шуш ва аз он ҷо то Тахти Ҷамшед мерафт. Ин роҳ Эронро бо Юнон ва Аврупо пайваст мекард ва онро «Роҳи шоҳӣ» меномиданд ва баъдтар он бо номи «Роҳи абрешим» маълуму машҳур гардид.

Дуюмин шоҳроҳи бузург аз Бобул сар шуда, ба воситаи Ҳангматана ва аз онҷо то Ҳинд мерафт. Ин роҳ мамолики Шарқро бо Эрон, Байнаннаҳрайн ва ба воситаи онҳо бо Ғарб ва Миср пайваст мекард.

Ба ғайр аз ин ду роҳи асосӣ якчанд роҳҳои дигар буданд, ки Эронро бо мамолики гуногун пайваст менамуданд. Яке аз ин роҳҳо ба воситаи канале, ки аз Нил то Суэтс омада, ба баҳри Сурх мерасид.[24] Эронро бо Миср, яъне бо қитъаи Африка пайваст мекард. Ба гуфтаи Геродот, ин каналро Дорои Бузург канда буд. Аммо ба ақидаи олимони муосир, ин ҷӯй ҳанӯз 100 сол пеш аз ин дар давраи ҳукмронии фиръавн Нехо вуҷуд дошт. Дар давраи Доро он вайрон шуда буд ва киштиҳо дар он гашта наметавонистанд. Доро ин ҷӯйро аз нав канда киштигард кард.

Як роҳи дигар ш. Тахти Ҷамшедро ба воситаи ҷануби Эрон ва Мукрон бо Ҳинд пайваст мекард. Як роҳ аз ҷануби Осиёи Хурд, аз ш. Тарас ба воситаи гузаргоҳи Киликия ба шимол то баҳри Сиёҳ мерафт. Аз шимоли баҳри Сиёҳ як роҳ ба воситаи даштҳои ҷануби Рус ва Урал то Сибир тӯл мекашид. Бо ин роҳ аз Сибир ба Ғарб, аз он ҷумла ба Эрон тилло меоварданд.

Барои кушодани роҳи баҳрӣ бо Ҳиндустон Дорои I тақрибан соли 518 то м. ба баҳрнавард Скилак фармон дод, ки аз дарёи Ҳинд ба воситаи резишгоҳи он ба баҳр баромада, бо соҳили ҷанубии Эрон то баҳри Сурх бо киштиҳо шино кунад. Скилак ин роҳро дар муддати 30 моҳ тай карда, ба соҳили баҳри Сурх омад.[25]

Савдо дар қисмати ғарбии империяи Ҳахоманишӣ бештар тараққӣ карда буд. Саҳми Бобул дар ин савдо махсусан калон буд. Лидия ва Миср низ дар ин савдо фаъолона иштирок мекарданд. Дар бораи тиҷорати фаъолона дар байни ин кишварҳо ҳуҷҷатҳои зиёд маълумот медиҳанд. Дар Бобул хонаводаҳои тоҷирони маъруф, ки сарвати калон дошта, амалиётҳои гуногуни молию пулӣ мегузаронданд, фаъолият доштанд. и баҳрӣ дар дасти финикиҳо буд, баъдтар он ба дасти юнониён гузашт.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда аз вилоятҳои гуногун ба шаҳри Тахти Ҷамшед ва дигар шаҳрҳои Эрон маҳсулоти гуногун ворид мешуд. Аз вилоятҳои Осиёи Миёна — аз Бохтар тилло, аз Суғд сангҳои қиматбаҳои ороишӣ (лоҷвард ва ақиқ) аз Хоразм фирӯза оварда мешуд.[26] Ҷолиби диққат аст, ки санги лоҷвардро бо забони ориёӣ (форсии қадим) капаутака меномиданд. Ин калима дар шакли кабуд (лаҳҷавиаш кабут) то имрӯз дар забони тоҷикӣ (форсӣ) боқӣ мондааст. Номи ин санг аз рангаш гирифта шуда буд. Баъдтар ин сангро лоҷвард номиданд, ки он ҳам тоҷикӣ (форсӣ) аст. Калимаи лоҷвард ба воситаи забони арабӣ ба забонҳои аврупоӣ, алалхусус, русӣ гузашта, шакли лазуритро гирифтааст ва то имрӯз мавриди истифода қарор дорад.[27] Чунин ба назар мерасад, ки халқҳои ориёӣ дар коркарди сангҳои қиматбаҳо ба мисли лоҷвард ва фирӯза (дар забонҳои аврупоӣ бирюза) таҷрибаи қадима доштаанд ва маҳз онҳо бори аввал ин сангҳоро ба Шарқи Наздик ва ба Аврупо паҳн карданд.

Ба Тахти Ҷамшед аз дигар вилоятҳо низ маҳсулоти гуногун меоварданд. Масалан, аз Миср гандум, тилло, устухони фил, нуқра, биринҷӣ, аз Лубнон ва Яман чӯби дарахти ҷалғӯза, мармар ва рухом, аз Лидия тилло, аз Осиёи Хурд нуқра, аз Ҳабашистон устухони фил, аз Ҳиндустон устухони фил ва тилло, аз Кипр мис, аз Юнон зарфҳои нафиси сафолӣ ворид мешуд.[28] Муҳаққиқон таъкид кардаанд, ки як қисми ин маҳсулот ба сифати боҷ ба Тахти Ҷамшед барои сохтмон ва ороиши қасри шоҳ ва қонеъ гардондани дигар эҳтиёҷоти дарбор оварда мешуданд, қисме аз ин молҳо бораи хариду фӯруш низ фиристода мешуданд.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ дар бораи алоқаҳои ориёиҳои Осиёи Миёна бо ориёиҳои ҷануби Урал дар давраи Ҳахоманишиён шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла дар наздикии Орск дар қӯрғонҳои сарматҳо, ки ба асри V- аввали асри IV то м. тааллуқ доранд, якчанд осори санъати амалии ҳахоманишӣ, аз ҷумла ҳайкалчаи нуқрагини асп, гарданбанди тиллоӣ ва чандин зарф бо катибаи Артахишоёршоҳи I ёфт шуданд.

Дар бораи алоқаҳои тиҷоратии Миср ва Осиёи Миёна маҳсулоти ҳунармандие, ки аз ҷониби устоҳои юнонӣ дар водии Нил сохта шудаанд, шаҳодат медиҳанд. Чунин алоқа, байни Эрону Осиёи Миёна ва Олтой низ мавҷуд будааст, ки ашёи зимни ҳафриёти бостоншиносӣ ба дастомада ба он ишора менамоянд. Ба ҳар ҳол, савдо ва тиҷорат ба дараҷаи муайян дар империяи Ҳахоманишӣ тараққӣ карда буд ва чунин давлати бузургро бе инкишофи тиҷорати хориҷию дохилӣ тасаввур кардан амри маҳол аст.

Дар робита ба ин масъла мо набояд фаромӯш кунем, ки доир ба Бобул ва дигар минтақаҳои ғарбии империяи Ҳахоманишиён ҳуҷҷатҳои хаттӣ бисёр боқӣ монда, то мо омада расидаанд. Аммо дар бораи Бохтар ва дигар вилоятҳои шарқӣ ҳуҷҷатҳои хаттӣ қариб, ки нестанд. Бинобар ин мо алҳол наметавонем дар бораи дараҷаи инкишоф ва ҷузъиёти тиҷорат дар ин минтақа аз ин беш ҳарф занем.

Ҳахоманишиён барои инкишофи маданият ва санъат шароити мусоид фароҳам оварданд. Халқу кишварҳои гуногун ба туфайли боз шудани роҳҳои иртиботӣ имконият пайдо карданд, ки бемамоният бо якдигар алоқа карда, аз дастовардҳои мадании якдигар истифода баранд. Форсҳо, бохтариҳо ва ғайра ба қувваи ҳукмрони сиёсӣ дар минтақа табдил ёфта, барои инкишоф додани маданияти худ имконияти бештар пайдо карданд. Онҳо дар бисёр соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварда буданд. Дар бораи баъзе дастовардҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, низомӣ ва ғайра мо дар аввали ин боб ишора намуда будем. Ҳоло роҷеъ ба маданияту санъати давраи таваққуф хоҳем кард.

Шаҳр маркази муҳими маданӣ ба шумор меравад. Дар давлати Ҳахоманишиҳо даҳҳо шаҳрҳои калон, аз ҷумла Посоргод, Тахти Ҷамшед, Шуш, Ҳангматана, Бобул, Мемфис ва дар шарқи империя Бохтар, Марв, Самарқанд мавҷуд буданд. Аксарияти ин шаҳрҳо ҳанӯз пеш аз Ҳахоманишиён вуҷуд доштанд, аммо дар замони онҳо бештар тараққӣ карда, васеътар ва ободу зебо шуданд. Пойтахти империя шаҳри Тахти Ҷамшед (Персепол) буд, ки ба забони форсии қадим Порс номида мешуд. Аммо маркази маъмурии империя ш. Шуш буд. Тамоми девонҳо ва вазоратхонаҳо дар ҳамин шаҳр ҷойгир шуда буданд. Ҳахоманишиён ба ободонии ин шаҳр аҳамияти калон медоданд. Бостоншиносон дар харобаҳои Шуш маҷмааи қасру биноҳои боҳашаматеро кашф карданд, ки ба фармони Дорои I сохта шуда буданд. Дар ин бора катибаҳои сохтмонӣ, ки аз зери таҳкурсии қаср ёфт шудаанд, шаҳодат медиҳанд. Дар онҳо номгӯи масолеҳи сохтмони истифодашуда дар бунёди қасрҳои Дориюш сабт гардидааст. Дар бораи ҳашамати қасрҳо толори маросимие гувоҳӣ медиҳад, ки зербанояш 10434м -ро дар бар гирифта, се қатор сутунҳои баландиашон қариб 20м дорад. Сарсутунҳо шакли сари барзаговро доранд. Ин гуна толорҳоро ба забони форсии қадим ападана меномиданд.[29]

Ҳахоманишиён на танҳо дар шаҳрҳои мавҷуда қасру биноҳои нав сохта, онҳоро тавсиа бахшиданд, балки якчанд шаҳрҳои нав низ бунёд намуданд, ки яке аз онҳо шаҳри Посоргод буд.

Ин шаҳр дар вилояти Форс, 80 км дуртар аз ш.Тахти Ҷамшед дар самти шимолу шарқии он ҷойгир шуда буд. Онро Куруши Кабир бунёд карда пойтахти Ҳахоманишиён эълон кард. Аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ пеш аз Куруши Кабир низ ин шаҳр вуҷуд доштааст. Қасру толорҳое, ки харобаҳои онҳо то ба имрӯз боқӣ мондаанд, ба давраи Куруши Кабир ва шоҳони баъдинаи ин сулола тааллуқ доранд. Маънои Посоргод ҳанӯз дақиқ муайян нашудааст. Дар асари Курсий (V, 6, 10) ва Анаксимени Лампсаки он дар шакли Персагада ва Парсагада омадааст ва олимон аксаран онро чун «манзили форсҳо» ва «лашкаргоҳи форсҳо» тарҷума кардаанд. Ба ақидаи М.А.Дандамаев ин номи иломӣ мебошад.

Баръакси Тахти Ҷамшед шаҳри Посоргод масоҳати калонро ишғол мекард ва қасру биноҳои он аз ҳамдигар дур дар байни боғҳо сохта шуда буданд. Як хусусияти дигараш аз санг сохта шудани он буд. Шаҳрҳои дигар маъмулан аз хишти хом сохта шудаанд. Дар бунёди ин шаҳр устоҳои модӣ, иломӣ ва ошурӣ ширкат варзидаанд. Дар сохтмони он усулҳои меъмории бобулиҳо, модҳо, иломиҳо мисрҳо ва юнониҳо эҷодкорона истифода шудаанд. Қасру толор ва дигар биноҳои ташрифотӣ, истиқоматӣ ва хоҷагӣ бо зебоӣ ва ҳашамати худ касро ба ҳайрат мегузоштанд. Ба қавли М.А.Дандамаев[30] усули сохтмони қасру маъбадҳои ҳахоманишӣ маҳз дар рафти сохтмони Посоргод ташаккул ва минбаъд инкишоф ёфт.

Посоргод ҳамчун пойтахти Ҳахоманишиён маҳалли ташрифоти тоҷгузорӣ ва ба тахтнишастани ҳамаи шоҳон буд. Он дар ҳаёти сиёсии ин сулола мақоми хос дошт. Дар он яке аз ёдгориҳои машҳури меъмории Ҳахоманишиён — мақбараи Куруши Кабир воқеъ аст. Он бинои начандон калон буда, пурра аз тахтасангҳои росту ҳамвор сохта шудааст. Мақбара дар болои таҳкурсии баланди аз тахтасангҳо сохташуда қарор дорад. Баландии умумиаш 11 м буда, сабки меъмории эронию бобулӣ истифода шудааст. Мақбараи Куруш яке аз ёдгориҳои нодири меъмории ориёиҳо ба шумор меравад, ки то имрӯз ба он осебе нарасидааст.

Дуюмин шаҳри бузурги форсҳо Тахти Ҷамшед буд. Он 50 км дуртар аз шаҳри Шероз дар самти шимол дар ҳамворӣ воқеъ мебошад. Ин шаҳрро Дорои I бунёд карда буд ва сохтмони он то соли 450 то м. давом кард. Харобаҳои шаҳр бо сутунҳои баланд, зинаҳои боҳашамат, ҳайкалҳои гуногуну деворҳои мусаввари сершумор дорад, ки бинандаро ба ҳайрат мегузаранд.

Шаҳр аз рӯи лоиҳаи ягонаи пешакӣ таҳияшуда, сохта шуда буд. Дар лоиҳа тамоми шабақаҳои обу қубурҳои обраву обпарто пешбинӣ шуда буд. Масоҳати шаҳр 135000 м буда, он дар болои таҳкурсии сангин, ки баландиаш 13 м мебошад, сохта шудааст. девори мудофиавии дуқабата дошт, ки баландиаш 11,5-15м ва ғафсаш 4,5-5,5м буд. Ба шаҳр ба воситаи силсилаи зинаҳои баланд медаромаданд.

Калонтарин бинои шаҳр Кохи Хишоёршо буд, ки 72 сутун дошт ва масоҳаташ 60х60м буд. Дар болои сарсутунҳо ду пораи санг, ки ба сурати сару гардани ду гови нар тарошида шуда пушт ба пушт меистод, қарор гирифта буданд. Аз ду тарафи зинаҳо деворҳои сангини мусаввар ҷойгир буданд. Дар онҳо намояндагони халқҳои гуногуни империя қатор паси якдигар бо либосҳои хоси миллиашон дар ҳоли тӯҳфа оварданашон ба шоҳ тасвир шудаанд.

Дар шаҳр қасрҳои боҳашамати Дорои I, Хишоёршо, хазинаи марказии шоҳӣ, толор барои занҳо ва биноҳои дигари истиқоматию хоҷагӣ воқеъ гардида буданд. Девори биноҳо аз хишти хом ва ҷои дару тирезаҳо аз санг сохта шудаанд. Сохтмони чунин қасру кӯшкҳои бузургу боҳашамат бешубҳа дониши амиқи санъати меъморӣ ва таҷрибаи калони сохтмониро тақозо мекард.[31]

Бештари олимон ақида доранд, ки шоҳони Ҳахоманишӣ дар Тахти Ҷамшед ба таври доимӣ зиндагӣ намекарданд. Ин шаҳри бузург қароргоҳи тобистонаи шоҳон ба шумор мерафт ва аксаран ҷашни Наврӯз дар Тахти Ҷамшед бо шаҳомату шукӯҳи хос баргузор мегардид. Ин шаҳр бузургиву қудрати империяи Ҳахоманиширо нишон медод.

Искандари Мақдунӣ барои паст задании ҳашамати Ҳахоманишиён ва нишон додани иқтидор ва ғолибияти худ баъди ишғол кардани Персепол онро ғорат карда, оташ зад.

Шаҳрсозӣ дар қисмати шарқии империяи Ҳахоманишӣ, яъне дар Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёна низ инкишоф ёфта буд. Мутаассифона, аз сабаби дур будани ин минтақа аз маркази империяи Ҳахоманишӣ сарчашмаҳои таърихӣ ва муаррихони Юнони қадим дар бораи шаҳрҳои он маълумоти кофӣ надодаанд. Ин камбудиро то андозае маълумоти бостоншиносӣ ҷуброн намудааст.

Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ, калонтарин шаҳрҳои ин минтақа Бохтар, Самарқанд ва Марғинон (Марв) буданд. Шаҳри Бохтар қалъа ва девори мудофиавӣ дошта, аз рӯи ҳафриёти бостоншиносӣ қариб 120 га заминро дар бар мегирифт. Самарқанд низ девори мудофиавӣ ва қалъаи мустаҳкам дошта, масоҳаташ аз 200 га зиёд буд.[32] Марви қадим ба қатори шаҳрҳои калон дохил мешуд. Харобаҳои он бо номи Гяурқалъа маълум аст. Дар қисмати шимолии димнаи он қалъа ҷойгир буд, ки дар болои таҳкурсии баланд сохта шудааст. Маъбад низ дар ҳамин ҷо воқеъ гардида буд. Атрофии шаҳр девори баланд дошт. Дар водии Марв димнаи Язтеппа низ ба ҳамин давра тааллуқ дорад.

Дар баробари шаҳрҳои калони ёдшуда як қатор шаҳрҳои нисбатан хурд низ вуҷуд доштанд. Ба ин шумор Киропол (Курушката), Хуҷанд, Кӯлоб, Қубодиён, димнаҳои Ширин, Нуртеппа, Байтудашт ва шаҳрҳои дигар дохил мешуданд.

Дар ин ҷо чанд сухан дар бораи шаҳри Киропол гуфтаниам. Баъд аз дар Ҷумҳурии азизамон таъмин шудани сулҳу ваҳдати миллӣ корҳои муҳимеро дар самти боло бурдани худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додем. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002 ҷашни 2500 солагии ш.Истаравшан бо шукӯҳ таҷлил гардид ва меҳмонони зиёде аз дуру наздик ва кишварҳои хориҷа иштирок карданд. Ин шаҳри қадима дар натиҷаи омодагиҳо ба ҷашн симои худро хеле дигар карда, асарҳои зиёди олимон дар ин бора ба табъ расиданд.

Имсол мо барои таҷлили бошукӯҳи яке аз шаҳрҳои машҳури Бохтар ва имрӯзаи Тоҷикистон 2700-солагии Кӯлоб омодагӣ дорем. Ва ин ҷашн низ барои ободии ин шаҳри бостонӣ ва болоравии ифтихори миллию ватандорӣ нақши муҳим хоҳад бозид.

Ин ҷашнҳо меваи истиқлолияти давлатӣ, мустақилияти халқи моро дар таъини сарнавишти таърихиаш нишон медиҳанд. Мувофиқи маълумоти муаррихони қадим, Кирополро Куруши Кабир бунёд карда буд. Калимаи юнонии Киропол маънои Шаҳри Кир (ё худ Куруш)-ро дорад. Мувофиқи тадқиқоти забоншиноси маъруф Э.Бенвинист шакли ориёии ин ном Курушката буд, ки маънои Шаҳри Курушро дорад. Ба ақидаи аксари олимон, ин шаҳр дар ҳудуди ш.Истаравшан (собиқ Уротеппа) ҷойгир буд. Аммо дар вақтҳои охир баъзе олимон дурустии ахбори муаррихони атиқаро зери шубҳа гузаштаанд. Онҳо мӯътақиданд, ки қисми якуми ин калима бо номи Кир (Куруш) ягон алоқаманди надошта, аз номи қабилаи маҳаллӣ — Куру гирифта шуда, муаррихони атиқа иштибоҳан ин номро ба Куруш нисбат додаанд. Онҳо таъкид намудаанд, ки Куруш ҳеҷ гоҳ ба ин минтақаи дурдасти Киропол нарафтааст. Чунин фикри чандон боварибахш ба назар намерасад. Мувофиқи маълумоти Геродот, баъди Лидияро гирифтани Куруш дар сари роҳи ӯ якчанд кишварҳои сакоиҳо меистоданд. Яъне ӯ аз ибтидо нияти ба сакоиҳо ҳамла карданро дошт. Ктесий ва Ксенофонт хабар додаанд, ки Куруш баъди Бохтарро гирифтан ба сакоиҳо ҳуҷум карда, онҳоро мағлуб ва шоҳи онҳо Аморгро асир мегирад. Катибаҳои Дорои I дар кӯҳи Беҳисутун ва Тахти Ҷамшед аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ нияти худро дар бораи тасарруф намудани баъзе кишварҳои сакоиҳо амалӣ карда буд. Дар катибаи Беҳистун (Беҳсутун) дар қатори кишварҳои тобеи Ҳахоманишиён Сака низ номбар шудааст. Сакоиҳо дар қисми шимолии Осиёи Миёна, дар он тарафи Сирдарё зиндагӣ мекарданд. Аз ин ҷо чунон бармеояд, ки Сака (яъне Сакистон) гуфта ҳамин минтақаро дар назар доранд.

Доро бар зидди сакоиҳои он тарафи Суғд ҷангида, онҳоро мағлуб кардааст.[33] Маълумоти фавқ ахбори муаррихони атиқаро дар бораи аз ҷониби Куруш сохта шудани шаҳри Киропол тасдиқ мекунанд. Ин шаҳр ҳамчун пойгоҳи низомӣ барои ҳимоя кардани сарҳадҳои шарқии империя сохта шуда буд.

Ба ҷуз Киропол (Курушката) дар ин мантиқа боз якчанд шаҳрҳои хурдтар низ вуҷуд доштанд. Яке аз онҳо димнаи Нуртеппа мебошад. Масоҳати он 18 га буда, қалъа ва девори мудофиавӣ дорад. Димнаи Ширин низ ба давраи Ҳахоманишиён муталлиқ аст.

Шаҳри Хуҷанд низ дар ҳамин давра ба вуҷуд омадаст. Боқимондаҳои он дар зери девори Қалъаи Хуҷанд ёфт шудаанд. Он шакли чоркунҷа дошта, 20 гектарро дар бар мегирифт.[34] Дар ноҳияи Панҷ шаҳре вуҷуд дошта, ки масоҳаташ 10 га буда, он девори мудофиавӣ, биноҳои зиёд ва оташгоҳҳои муқаддас доштааст.

Шаҳри дигар дар ноҳияи Қубодиён воқеъ буд, ки харобаҳои он бо номи Қалъаи Мир маъруфанд. Дар Кӯлоб низ асри VII то м. дар ин замон шаҳр вуҷуд дошт ва нишони он хумдони боҳашамати сафолпазӣ буд. Дар ин бора сафолҳое шаҳодат медиҳанд, ки аз дарун ва атрофи хумдон ёфт шудаанд.

Қалъа ва шаҳрҳо дар дигар вилоятҳои Осиёи Миёна низ вуҷуд доштанд. Дар Суғд ба ғайр аз Самарқанд (димнаи Афросиёб) димнаи Ёрқурғон низ ба давраи Ҳахоманишиён тааллуқ дорад. Ин шаҳр дар водии Қашқадарё ҷойгир буда, қалъа надошт, аммо бо девори мудофиавӣ иҳота шуда буд, масоҳати он 35 га-ро ташкил мекард.

Бостоншиносон дар Хоразм низ якчанд ёдгории ин давраро кашф намуданд. Калонтарини онҳо димнаи Калалигир I мебошад. Қалъаи он боҳашамат буда, аз толори сутундор ва ибодатгоҳ иборат буд. Ба ақидаи ҳаффори ин ёдгорӣ Ю.А. Рапопорт, нақшаи он бо Посоргод ва Тахти Ҷамшед шабоҳат дорад. Сарсутунҳои ин ёдгориҳо дар шакли симурғи шохдор ба якдигар хеле монанд мебошанд. Дар Хоразм боз як шаҳри дигар (димнаи Кюзелигир) вуҷуд дошт, ки девори дуқабата ва дар байн он роҳрав дошт. Масоҳати он 1000х500м буда, девори мудофиавиаш дорои бурҷ будааст. Бинои дигари серҳуҷраи истеҳкомдор дар Хоразм бо масоҳати 2100 м аз тарафи бостоншиносон кашф гардидааст.

Қисмати шимоли Парфия шаҳре (димнаи Елкентеппа) вуҷуд дошта, ки дорои қалъаи боҳашамат ва девори мудофиавӣ будааст.

Зарфҳои сафолӣ ва дигар ашёву асбоби ёфтшуда дар маҳалҳои дар боло номбаршудаи Бохтар, Суғд, Марғинон ва Хоразм бо як услуб сохта шудаанд. Аз ин ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки дар аксари ин кишварҳои ориёӣ маданияти ягона интишор ёфтааст. Дар Чоч ва Фарғона низ як қатор деҳкада ва шаҳракҳои истеҳкомдор мавҷуд буданд. Ҳаҷман онҳо чандон калон набуда, хонаҳои лойин ва заминкан доштанд. Баъзеи онҳо бо девор иҳота шуда буданд. Дар ин ҷо бештар зарфҳои сафолини дастисохт ва қисман чархӣ ёфт шуданд, ки аз зарфҳои Бохтару Суғд фарқ доранд. Ба қатори ин ёдгориҳо димнаҳои Шаштеппаи Чоч, Эйлатони Фарғона, Шӯрабашати Ош ва ғайра дохил мешаванд. Баробари ёдгориҳои номбаршуда дар Осиёи Миёна шаҳру шаҳрак, қалъа деҳкадаҳои истеҳкомдору беистеҳком зиёд буданд ва харобаҳои онҳо ҳанӯз мавриди таҳқиқи бостоншиносон қарор нагирифтаанд. Дар Помири Шарқӣ як қатор гӯристонҳои ин замон аз ҷониби бостоншиносон кофта шуданд. Зарфҳо ва ашёҳои гуногуни дар онҳо ёфтшуда, дар бораи маданияти моддӣ ва расму оини аҳолии ин минтақа маълумоти ҷолиб медиҳанд.

Дар бораи санъати бошукӯҳи тасвирии Ҳахоманишиён нигораҳои барҷастаи девори Тахти Ҷамшед, Посоргод, Шуш ва гӯристони кӯҳии шоҳаншоҳон маълумот медиҳанд. Ин тасвирҳо, пеш аз ҳама, бо миқдору ҳаҷму ҳашамат, услуби хосу такрорнашаванда ва дақиқии инъикоси воқеъият бинандаро ба ҳайрат мегузоранд. Дар онҳо асосан саҳнаҳои тӯҳфасупорӣ ба шоҳ, ҷанги шоҳ бо шер ва дигар ҳайвонҳои воқеиву асотирӣ, ҷанговарони форсу мод, гардунаҳои дучархаи ҷангӣ, маросимҳои гуногуни дарборӣ бо иштироки шоҳ ва ашрофону мансабдорон, ташрифи намояндагони халқҳои тобеъ ба дарбор ва мисли инҳо тасвир шудаанд. Тасвирҳои барҷастаи деворҳои паҳлӯи толори ташрифотии шоҳ дар Тахти Ҷамшед боҳашамат, муассир ва диққати бинандаро ба худ ҷалб мекунанд. Дар он қатори дурударози ҷанговарони форс, сафирони сатрапҳои қаламрави шоҳ бо тӯҳфаҳо бо инъикоси тамоми ҷузъиёти сару либос, яроқу аслиҳа, бо сабки ягона тасвир шудаанд. Суратҳо саҳнаҳои зиндаеро мемонанд, ки як лаҳза аз ҳаракат бозмондаанд. Якрангӣ ва такроршавии суратҳо ҳашамати онҳоро боз ҳам афзудаанд.

Дар Тахти Ҷамшед сабки шоҳии санъати боҳашамати тасвирии Ҳахоманишиён ташаккул ёфта, ба меъёри умумӣ барои тамоми империя табдил ёфта, он дар тамоми гӯшаву канори империяи паҳновар мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар офаридани ин сабку услуб форсҳо аз таҷрибаи пешиниёнашон — модҳо ва дигар халқҳои ҳамсоя ба мисли Бобулу Ошур ба таври фаровон ва эҷодкорона истифода бурданд. Дар натиҷа ба онҳо муяссар шуда, ки як санъати тасвирии боҳашамати навро, яъне ҳахоманиширо ба вуҷуд оранд, ки ҳамто надошт. Ин сабк то дараҷае дар байни ориёиҳо ва дигар халқҳои ҳамҷавор интишор ёфт, ки намунаҳои он дар гӯрхонаи Пазирики ориёиҳои Олтой низ ёфт шудаанд.[35]

Дар нигораҳои рӯи девори гӯрхонаҳои шоҳони ҳахоманишӣ саҳнаҳои пирӯзии онҳо дар ҷангҳо ва маросимҳои гуногуни дарборӣ бо иштироки шоҳ тасвир шудаанд. Суратҳо тасвири матни катибаҳое мебошанд, ки дар паҳлӯи онҳо воқеъанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин ёдгориҳо мусаввара ва катибаи Дорои I дар кӯҳи Беҳисутун мебошад. Баландии мусаввара он 3 м буда, одамон дар он дар ҳаҷми табииашон тасвир шудаанд. Аз ҳама боло пайкари Аҳуро Маздо бо болҳои кушода дар халқаи Офтоб тасвир шудааст. Дар зер Доро ва дигар иштирокчиёни саҳна наққошӣ шудаанд. Аҳуро Маздо бо як дасташ тоҷи рамзӣ — халқаи ҳокимияти шоҳиро ба Доро дароз кардааст ва дасти дигарашро боло бардошта, ба ӯ дуои хайр додаст. Доро дасти росташро барои саҷда ба Аҳуро Маздо боло бардошта, дар дасти чапаш камон дорад. Дар қафои ӯ ду дарборӣ ва дар пеш дар зери пояш Гауматаи сарнагуншуда ва баъди ӯ нӯҳ шоҳи исёнгари мағлуб тасвир шудаанд. Асирон бо як занҷири дароз гарданбанд карда шудаанд.[36]

Пайкари одамон, сару либос ва дигар нишонаҳои хоси онҳо чунон дақиқ тасвир шудаанд, ки муҳаққиқон шахсияти ду ашрофи дар пушти Доро истодаро муайян кардаанд. Яке аз онҳо найзабардор Гобрий ва дигараш камонвар Аспатин мебошад, ки сардори ин қисмҳои лашкари шоҳӣ буданд.

Санъати зарфсозӣ аз тилло ва нуқра хеле тараққӣ карда буд. Ин гуна зарфҳо зимни кофтуков аз Эрон ва Осиёи Миёна (Хазинаи Амударё) ёфт шудаанд. Махсусан ҷомҳо (ритон)-и тиллоӣ ва нуқрагини ҳахоманишӣ, ки дар Эрмитаж, Осорхонаи Метрополитени ШМА ва Музейи Британия маҳфузанд, ҷолиби диққат мебошанд. Қисми поёнии ин ҷомҳо бо суратҳои гуногун — сари шер, симурғи асотирӣ оро дода шудаанд. Ин ҷомҳо моҳирона сохта шуда, намунаи барҷастаи санъати тасвирии амалӣ мебошанд. Онҳо бо сабку услуби ягонаи хоси ҳахоманишӣ сохта шудаанд.[37]

Зарфҳои тиллоӣ ва нуқрагини ҳахоманишӣ дар таркиби Хазинаи Амударё низ мавҷуданд. Яке аз онҳо кӯзаи тиллоӣ мебошад. Устои қадим нӯги дастаро бо лаби кӯза бо тахайюлоти хеле ҷолибу муассир пайваст кардааст. Нӯги даста дар шакли сари шер, ки лаби кӯзаро газидааст, сохта шудааст.[38] Дар Хазинаи Амударё дастаи нуқрагини зарфе ҳаст, ки дар шакли бузи кӯҳӣ сохта шудааст. Дар Эрмитаж дастаи ба ҳамин шакли оҳуи холдор монанд мавҷуд аст.

Мӯҳрҳои найчашакли ҳахоманишӣ низ осори муҳими санъати тасвирии амалӣ мебошанд. Дар онҳо тасвирҳои анъанавӣ — шоҳ дар назди оташдони муқаддас, ҷанги шоҳ бо девон, муборизаи қувваҳои бадӣ ва некӣ дар шакли ҳайвонҳо кашида шудаанд. Дар Хазинаи Амударё мӯҳр — ангуштаринҳое ҳастанд, ки дар онҳо Анаҳито, шербарзагови болдор, барзагови дусара, гавазн, шер ва мисли инҳо тасвир шудаанд.

Дар хазинаи Амударё 200 ашёи тиллоӣ ва нуқрагин мавҷуд аст. Дар байни онҳо нусхаи хурди гардунаи тиллоии дучархаи чораспа, ки дар болояш ду нафар ашроф гардунасавор нишастааст, хеле ҷолиб ба назар мерасад.

Дар хазинаи Амударё ашёи гуногун, аз ҷумла ҳайкалчаҳои одамон, ҳайвонҳои муқаддас, косаҳои мунаққашу мусаввар, тугмачаҳои мусаввар, бо тасвири Аҳуро Маздо, варақаҳои тиллоӣ бо тасвири мубадони зардуштӣ, мӯҳрангуштаринҳои мусаввар, дастмонаҳои нӯгашон шакли сари мор, шер ва дигар ҳайвонҳо мавҷуданд. Ҳамаи онҳо осори санъати тасвирии амалии ҳахоманишӣ буда, бо маҳорати баланд сохта шудаанд ва дар бораи ин соҳаи санъат ва умуман дар бораи таърих, фарҳанг, маънавиёти ориёиҳо маълумоти ҷолиб ва гуногун медиҳанд. Хазинаи мазкур соли 1877 дар Қубодиён ёфт шуда буд ва ба воситаи тоҷирони Бухоро ба Ҳиндустон ва аз онҷо ба воситаи маъмурони англис ба Лондон интиқол дода шуд ва ҳоло дар Музейи Британия маҳфуз аст.

Ҳахоманишинҳо бо истинод ба фарҳангу маданияти қадимаи ориёии худ ва истифодаи эҷодкоронаи таҷрибаи тамаддунҳои ҳамсоя санъату маданияти сифатан наверо ба вуҷуд оварданд, ки зиёда аз 200 сол дар қисми калони қитъаи Осиё ҳамчун дастоварди муҳим роиҷ буд ва ин тамаддуни худро ворисони худ ба мерос гузоштанд.

Тавзеҳот

_______________

[1] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 231.

[2] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с.128.

[3] История древнего Востока. – с.634. Муфассал дар бораи додварии Ҳахоманишиён ниг. Дандамаев М.А., Луконин В.Г. Культура и экономик древнего Ирана. – с.127-140.

[4] Ҳамон ҷо. – с.128.

[5] История древнего Востока. – с. 648-649.

[6] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика. Древнего Ирана. – с.204.

[7] Авдиев В. И. История древнего Востока, М., – с.488.

[8] Зеймаль Е. В. Древние монеты Таджикистана. Душанбе, 1983. – с.22-25.

[9] Ҳамон ҷо. – с. 25, 34.

[10] История древнего Востока. – 2004. – с. 812.

[11] Herzfeld E. Zoroaster end his world. Vol. I-II.

[12] История таджикского народа, т. I, 1963. – с. 230.

[13] Авдиев В. И. История древнего Востока. – с. 500.

[14] История таджикского народа, т. I. – с. 233.

[15] Довуди Д. Этапы развития зороастризма в качестве государственной религии. Зороастризм и его значение в развитии цивилизации народов Ближнего и Среднего Востока. Душанбе, 2003. – с. 55.

[16] История таджикского народа, т. – с. 522, сн. 126.

[17] История древнего Востока. – с. 806-809.

[18] Б. Гафуров Таджики. – с. 76.

[19] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с.339.

[20] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана . – с.188.

[21] Ҳамон ҷо. – с. 199.

[22] Ниг. Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 213-216.

[23] Авдиев В. И. История древного Востока. – с. 489.

[24] История древного востока. – с. 650.

[25] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 216-218.

[26] История таджикского народа, т. I. – с. 208; История таджикского народа, т. I., 1998. – с. 262.

[27] Словарь иностранных слов. М., 1989. – с. 276, ниг. калимаи «лазурит».

[28] История древнего Востока. – с. 650.

[29] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с.255-258.

[30] Ҳамон ҷо. – с.246.

[31] Дар бораи шаҳрҳои тавсифшуда ниг: Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с.243-258; История древнего Востока. – с.656-690.

[32] История таджикского народа. – с.214.

[33] Довудӣ Д. Куруши Кабир ва масъалаи бунёди шаҳри Кирополи Истаравшан // Мақоми Истаравшан дар таърих ва тамаддуни Осиёи Маказӣ. Душанбе, 2002. – с.34-38.

[34] История таджикского народа, 1998. – с. 271-272.

[35] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с.260.

[36] Дандамаев М. А. Политическая… – с. 99-100.

[37] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с.261, 412, 414.

[38] Е. В. Зеймел. Амударинский клад. Каталог выставки. Л., 1979, №17.

← Ба пас, ба мундариҷа


Навиштаҳои дигар

Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 1.1.... Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ Боби аввал. Муруре ба сароғози таърих ва фарҳанги ориёиҳо Ҳиндуаврупоиҳо Фарҳанги ниҳоят ранг...
Хӯшае аз хирвори Туғрал Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ.Амали шодравон Муҳиддин Олимпур. Ба зодрӯзи ҳазрати Эшони Нақибхон (1865-1919), ки дар таърих бо унвони Нақибхони Туғрали А...
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 4.3... Боби IV. Афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX § 3. Ҳаракати ҷадидия Бавуҷудойии ҳаракати ҷад...
География География География (Географияи табиӣ), китоби дарсӣ барои синфи 6. Ҳ. Очилов, М. Раҳимов, Д. Ҷалолов. – Д.: 2002. - 192 с. Фаро...
Диданд: 15

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>