Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 2.2.1.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби дуюм.
Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо

Давлати Ҳахоманишиён ва рушди тамаддуни ориёӣ

Ҳангоми навиштани китоби «Аз Ориён то Сомониён» дар бораи сулолаҳои бузург, ки давлатҳои пурқудрати аҷдодии моро таъсис дода, дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳм гузошта буданд, фикр карда, аз як тараф ифтихор мекардам. Ифтихор аз ин ки мо, тоҷикон гузаштагони бузург дорем, таъриху анъанаи давлатдории беҳтарин насибамон шуда буд, воқеан ҳам нақши намоён дар таърих доштаем. Аз тарафи дигар, ҳисси таассуф ва суолҳои зиёд азият медоданд. Чаро давлатҳои миллии қадимаи халқи мо ва ё халқҳои эронӣ дучори таназзул ва шикаст шуданд? Чаро ба тасодуфҳо ва бӯҳронҳои таърихӣ тоб оварда натавонистанд? Ва чаро зиёда аз ҳазор сол тоҷикон давлатдории миллии худро аз даст доданд?

Ба ҳамаи ин суолҳо ман хостам, ки аз таърих ҷавоб ҷӯям. Ва яке аз ҷолибтарин ва сабақи пандомӯзи давлатдорӣ таърихи давлати Ҳахоманишиён мебошад.

Дар таърихи халқҳои ориёӣ давлати Ҳахоманишиён мақоми хосса дорад. Баъди ташкилшавии давлати Мод ориёиҳо дар Шарки Наздик ва Миёна ба қувваи пешбарандаи сиёсӣ табдил ёфтанд. Порсҳо (Форсҳо) баъди модҳо ин равандро тақвият бахшида, ба зинаҳои сифатан нав иртиқо доданд ва дар минтақаи паҳноваре ҳукмронӣ карданд, ки дар бузургӣ ва фарохии қаламрав собиқа надошт. Онҳо қаламрави ҳокимияти худро тавсиа дода, империяи ҷаҳониеро ташкил карданд, ки қисми зиёди олами мутамаддини он замонро дар бар мегирифт. Аммо то ба ин қудрату тавоноӣ расидан форсҳо роҳи тӯлонии пуршебу фарози тараққиётро тай кардаанд.

Форсҳо тақрибан дар нимаи дуюми ҳазорсолаи 2-1 то м. ё аз ин ҳам барвақттар дар силсилакӯҳи Эрон ва ҷанубу ғарбии он то Халиҷи Форс сокин шуданд. Онон хешовандӣ ва пайванди наздик бо модҳо доштанд. Порсҳо вориди равобити нисбатан наздик бо иломиҳо буданд ва таҳти нуфузи давлатӣ Иломиҳо амал мекарданд. Бо мурури замон форсҳо дар ин минтақа аксарияти аҳолиро ташкил карда, дар асри VIII то м. воҳиди сиёсӣ – давлатӣ ё подшоҳии худро таъсис доданд. Нахустин шоҳи Порс саравлоди дудмони ҳахоманишӣ – Ҳахоманиш (ҳудуди 700-675 то м.) буд. Вале ба фикри баъзе олимон, ӯ подшоҳ набуд, чунки Куруши Кабир дар навиштаҷоти аккадии худ дар шаҷараи мураттабкардаи шоҳиаш ӯро номбар накардааст. Дар ин шаҷара падараш Камбуҷиё, бобояш Куруши I ва бобокалонаш Чишпиш номбар шудаанд. Дар давраи Куруши I (тақрибан дар соли 640 то м.) вилояти Порс тобеи Ошур гардид. Дар байни солҳои 640 – 625 то м. Модҳо ин вилоятро ишғол карда, ба ҳайати давлати худ дохил намуданд. Дар натиҷаи ин иқтидори ҳарбӣ — сиёсии давлати Мод дучанд гардид ва минбаъд вилояти Порс қисми муҳими онро ташкил мекард[1].

Дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки тақдири онро ба куллӣ тағйир дода, неруҳои ниҳонии онро бедор карда, маданияти моддиву маънавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои Порсҳо (ва шояд ҳам на танҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Кабир буд.

Ӯ аз мартабаи шоҳи як вилоят ба дараҷаи шоҳаншоҳи як империяи бузурги ҷаҳонӣ расид. Аммо барои ба ин мартаба расидан ӯ саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳди зиёде кард ва монеаҳои зиёдеро дар сари роҳи худ бартараф намуд. Куруш аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданаш ба мустаҳкам кардани ҳокимияти марказӣ ва пурқувват кардани артиши худ шурӯъ кард. Вақте ки ӯ мустаҳкам будани ҳокимият ва пурқувват шудани лашкари худро эҳсос кард, соли 553 то м. бар зидди шоҳи Мод Ихтивируа (Астиаг) исён бардошта, бинобар бекифоягӣ ва заъфи қудрати ӯ қиём намуд ва аз итоати ӯ амалан баромад. Астиаг барои танбеҳ додани ин сарвари тобеаш ду маротиба ба Порс лашкар фиристод, аммо ҳарду дафъа ҳам ба нокомӣ дучор шуд. Баъди ин Куруш ботантана ба пойтахти Мод шаҳри Ҳангматана дохил шуд ва ӯро расман подшоҳи Порс ва Мод эълон карданд. Манбаъҳои таърихӣ дар бораи чӣ тавр сарзамини Модро ишғол кардани Куруш ба ҷуз се муҳорибае, ки байни онҳо сурат гирифтааст, иттилои дигаре надодаанд.

Ба ҳар ҳол, якбора подшоҳи ин ду кишвар эълон шудани Куруш ҳам нуфузу эътибори ӯро баланд бардошт ва ҳам мавқеи сиёсии ӯро мустаҳкам намуд. Дар он замон Порс барои давлати Мод аҳамияти хос дошта бошад ҳам, дар минтақа чун як вилояти мутеъ шинохта мешуд. Аммо Мод калонтарин ва пурқувваттарин давлати минтақа буд ва эътибори ҷаҳонӣ дошт. Агар ривояти Геродот воқеӣ бошад, Куруш набераи Астиаг буд. Аз ин рӯ, дар симои ӯ на ғосиби ҳокимият, балки вориси қонунии подшоҳони Модро медиданд. Акнун бояд тамоми кишварҳои тобеи давлати Мод бечуну чаро ба Куруш итоат мекарданд. Дар амал ҳамин тавр ҳам шуд.

Ман қаблан дар китоби «Аз Ориён то Сомониён» зикр карда будам, «воқеияти таърихӣ тасдиқ менамояд, ки Куруши Кабир баъди бар зидди шоҳи Мод – Астиаг қиём намудан ва ӯро мағлуб сохтан, ба устувор намудани иқтидори давлати Форс кӯшида, тақрибан солҳои 547-546 то м. пай дар пай аввал Парфия, Гиркания, Лидия ва давлатҳои юнонии Осиёи Хурдро забт мекунад. Сипас барои беҳтар намудани марзҳои шимолу шарқии қаламрави Форс, тақрибан солҳои 545-540 то м., яъне дар давоми бештар аз панҷ сол ба ҳудудҳои Марғиён, Хоразм, Суғд ва Бохтар, инчунин сарзамини скифҳо (сакоиҳои резишгоҳи рӯди Ому ва канораҳои Сир) лашкар мекашад.[2] Агар ба шарҳи ин масоил таваҷҷуҳ кунем, мушоҳида хоҳем кард, ки нақшаҳои ҳарбии Куруш бо гирифтани сарзамини модҳо хотима наёфтааст. Баъди Мод Куруш давлати Иломиҳоро, ки дар ҷанг бо Ошур заиф шуда буд, ба тасарруфи худ дароварда, пойтахти худро аз Аншон (Эншон) ба Шуш интиқол дод.

Тафсилоти ба даст овардани сарзамини Лидияро муҳаққиқон тасвир намуда, аз ҷумла қайд кардаанд, ки яке аз рақибони ҷиддии Куруш дар ғарб Лидия буд. Дар Лидия юнониёни муҳоҷир ва аҳолии маҳаллӣ – хетиҳо ва лувайҳиҳо аҳлона зиндагӣ мекарданд. Он баъди Мод, Бобул ва Миср чорумин давлати пуриқтидори минтақа буд. Лидия роҳҳои тиҷоратиеро, ки аз Байнаннаҳрайн ва Эрони Ғарбӣ ба воситаи Осиёи Хурд ба баҳри Эгей ва Юнону Аврупо мебурданд, зери назорати худ дошт. Тавре ки дар боби гузашта гуфта шуд, барои ба баҳри Эгей баромадан ва бойигарии Осиёи Хурдро ба даст даровардан ҳанӯз шоҳи Мод Фравартиш қисмати шарқии Осиёи Хурдро ишғол карда, панҷ сол бо Лидия ҷангид, аммо онро ишғол карда натавонист.

Дар бораи давлати Ҳахоманишиён бо Лидия Геродот (I, 69 – 71) муфассал ахбор додааст. Ташаббускори ин ҷанг шоҳи Лидия Крез буд. Баъди Модро ишғол кардани форсҳо ӯ хатарро эҳсос карда, ба ҷанг тайёрӣ дид ва бо Миср иттифоқ баст. Соли 547 то м. Крез бо лашкараш ба Каппадокия, ки баъди модҳо ба форсҳо итоат мекард, зада даромад ва дар назди ш. Синопа лашкаргоҳи худро сохт. Куруш низ бо лашкари худ ба ин ҷо омад. Куруш ҳанӯз дар ҳамин ҷанги нахустини хориҷиаш сиёсатмадори дурандешу нуктасанҷ ва одил будани худро нишон дод. Ӯ қосид фиристода, ба Крез пешниҳод кард, ки агар бе ҷанг таслим шавад, ӯро шоҳи Лидия таъин мекунад. Ӯ ба ҳамаи шаҳр-давлатҳои юнонии Осиёи Хурд низ ваъда дод, ки агар таслим шаванд, ӯ озодиҳо ва имтиёзҳои онҳоро нигоҳ медорад. Аммо ҳам Крез, ки ба қувваи худ боварии калон дошт ва ҳам шаҳрҳо пешниҳоди ӯро рад карданд. Танҳо шаҳри Милет дурандешӣ зоҳир карда, ин даъватро қабул кард. Баъди ин дар назди дарёи Галис задухӯрди хунин ба амал омад, аммо ғалаба насиби ҳеҷ кадом аз тарафҳо нашуд. Крез ба пойтахти худ ш. Сард баргашт, то ки барои муҳорибаи оянда хубтар тайёрӣбинад. Ӯ аз иттифоқчиаш Спарта хоҳиш кард, ки дар баҳор, яъне тақрибан баъди панҷ моҳ барои ёрӣ лашкар фиристад. Ба шоҳи Бобул Набонид барои бастани иттифоқи ҳарбӣ муроҷиат кард ва ҷанговарони зархариди юнониро, ки дар лашкараш буданд, то баҳор ба хонаҳояшон ҷавоб дод.

Дар ин миён Куруш, ғайричашмдошти Крез, фурсати баамаломадаро ғанимат шуморида, лашкари худро аз нав мураттаб намуд ва масофаи тӯлониро босуръат тай карда, ба шаҳри Сард расид. Крез маҷбур шуд лашкари худро барои муҳориба ба дашти назди шаҳр барорад. Дар задухӯрди баамаломада, лидиягиҳо шикаст хӯрда, ба шаҳр қафо нишастанд. Баъди 14 рӯзи муҳосира лашкари форсҳо ш. Сардро ишғол кард. Ин ҳодиса дар байни моҳҳои октябр – декабри соли 547 то м. рух дод. Иттифоқчиёни Лидия фурсат наёфтанд, ки ба ёрӣ биёянд. Куруш олиҳимматӣ зоҳир карда, Крези ба асирӣ афтодаро афв кард. Ӯ Табала ном форсро ҳокими Лидия таъин карда, дар ш. Сард дастаи ҷанговарони форсро ҷойгир намуд ва худаш ба Ҳангматана баргашт.

Баъди рафтани ӯ лидиягиҳо шӯриш бардоштанд, аммо лашкари форсҳо бо сардории Мазар омада, шӯришро пахш карда, шаҳрҳои дигари Осиёи Хурдро низ ишғол намуд. Баъди Мазар Гарпаги мод ҳокими Лидия таъин шуд ва шаҳрҳои боқимондаи юнониёни Осиёи Хурдро тасарруф намуд. Ин ҳамон Гарпаге буд, ки дар ишғол кардани Мод ба Куруш ёрӣ дода буд. Тавре ки мебинем, Куруш ба шахсони содиқ ва лаёқатманд мансабҳои баланди давлатиро медод ва дар аксар маврид онҳо вазифаҳои ба дӯшашон гузоштаро уҳдабароёна ва бо масъулияти том иҷро мекарданд.

Дар бораи Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёнаро ишғол кардани Куруш муаррихони Юнони қадим ва сарчашмаҳои дигар маълумоти хеле ночиз ва пароканда додаанд.Тамоми олимоне, ки дар бораи Ҳахоманишиҳо асар навиштаанд ин маълумотро истифода бурдаанд. Геродот (I, 153) навиштааст, ки баъди Лидияро ишғол кардани Куруш дар сари роҳи ӯ «бобулиҳо, бохтариҳо, сакоиҳо ва мисриҳо меистоданд». Ба қавли Ктесий, дар ҷанг бо бохтариҳо Куруш гоҳе муваффақ мешуд ва гоҳе ноком. Бохтариҳо танҳо баъди фаҳмидани он, ки Куруш писари шоҳи Мод Астиаг будааст, аз муқобилат даст кашида, ба ӯ тобеъ шуданд. Аз ин ахбор бармеояд, ки Куруш тавонист бо роҳи гуфтушунид бохтариҳоро ба бас кардани ҷанг моил созад. Ктесий ҳамчунин дар бораи сарзамини сакоиҳои хаумаваргаро ишғол кардани Куруш хабар додаст. Ба фикри бархе аз олимон, ин сакоиҳое буданд, ки дар он тарафи Сирдарё зиндагӣ мекарданд.[3]

Плиний (VI, 92) навиштааст, ки «Куруш шаҳри Каписаро вайрон кард». Ин шаҳр дар шимоли Кобул ҷойгир буд. Арриан ҳуҷуми Курушро «ба сарзамини ҳиндуҳо» ёдовар шудааст.

Сабаби чунин ахбори кӯтоҳ додани муаррихони зикршудаи юнонӣ дар бораи ҷангҳои Куруш дар Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёна аниқ маълум нест. Шояд онҳо дар бораи ин кишварҳои дурдасти шарқӣ маълумоти кофӣ надоштанд. Дар робита ба ин масъала як ахбори Геродот (I, 177 – 178) ҷолиби диққат аст. Ӯ таъкид кардааст, ки танҳо дар бораи ҷангҳои ба форсҳо душвориҳои зиёд овардаро нақл мекунад. Дар асоси ин ахбор мо метавонем хулоса барорем, ки аксарияти кишварҳои Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёна бе ҷанг ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил шуданд. Эҳтимол баъди он ки нерумандтарин давлати ин минтақа Бохтар ихтиёран ба итоати Куруш даромад, Суғд, Хоразм ва дигар кишварҳо низ ба он пайравӣ карданд.

Новобаста ба он, ки ҷараён ва ҷузъиёти Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёнаро гирифтани Куруш маълум нест, як чиз мусаллам аст – тамоми ин минтақа ҳанӯз дар давраи ӯ ба ҳайати империяи Ҳахоманишиён дохил карда шуда буд. Дар ин бора катибаи порсии Доро (Дориюш) дар кӯҳи Беҳсутун равшану возеҳ шаҳодат медиҳад. Дар он дар байни кишварҳои тобеи форсҳо — Марғинон (Марв), Арея (Ҳирот), Бохтар, Хоразм, Суғд ва баъзеи дигар номбар шудаанд.

Масъалаи дигари баҳснок кадом сол ба Осиёи Миёна ҳуҷум кардани Куруш мебошад. Муаррихони қадим соли дақиқи рух додани ин ҳодисаро нишон надодаанд. Онҳо дар ин бора маълумоти гуногун ва бо ҳам муқобил дода, се вақтро номбар кардаанд: 1) баъди Модро ишғол кардани Куруш, яъне байни солҳои 550 – 547 то м.; 2) баъди ишғоли Лидия, яъне байни солҳои 547 – 539 то м.; 3) баъди ишғоли Бобул, яъне байни солҳои 539 – 530 то м. Муҳаққиқони муосир низ ба се гурӯҳ тақсим шуда, яке аз ин санаҳоро дастгирӣ мекунанд. Масалан, яке аз олимони маъруфи ин соҳа М.А. Дандамаев ҷонибдори санаи дуюм буда, ин ҳодисаро байни солҳои 545 – 539 то м. медонад. Мутаассифона, ягон далели қотее вуҷуд надорад, ки ба мо имконият диҳад ба яке аз санаҳои зикршуда, бартарӣ диҳем. Бо вуҷуди ин, ба назар чунин мерасад, ки ин ҳодиса бояд то ҳуҷуми Куруш ба Бобул (соли 539 то м.) рух дода бошад.

Ба ақидаи олимони муосир, дар байни муаррихони Юнони қадим ахбори Ҳеродот аз хама боэътимодтар мебошанд. Аз рӯйи маълумоти ӯ, ин ҳодиса баъди Лидиро ишғол кардани Куруш рух додаст. Ба қавли Геродот (I, 177 – 178) вақте ки Гарпаг шаҳрҳои Осиёи Хурдро забт мекард, Куруш тамоми кишварҳои Осиёро паи ҳам ишғол намуда, танҳо баъди ин ба Бобул ҳуҷум кард. Шояд як сабаби ихтилофи назари муаррихони Юнони қадим дар ин масъала аз он иборат бошад, ки баъзе кишварҳои Эрони Шарқӣ ба мисли Гиркания ва Порт то забти Мод ва бевосита баъди ин ҳодиса ихтиёран ба Куруш тобеъ шуданд. Агар баъзе мамлакатҳои дигари Осиёи Миёна ба онҳо пайравӣ карда бошанд, аҷабе нест. Яъне ин ҳодиса ҳанӯз пеш аз забти Лидия сар шуда, эҳтимол якчанд марҳиларо дар бар мегирифт. Аз гуфтаҳои дар боло овардаи Геродот ва дигар муаррихони қадим як чиз то андозае аён мегардад: дар ин минтақа ҷангҳои калон рух надода буданд ва аз ҷониби дигар ин муаррихон дар бораи ҳодисаҳои дар ин минтақаи дурдасти шарқӣ ба вуқӯъпайваста маълумоти дақиқ надоштанд.

Баъди ишғол кардани Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёна дар сари роҳи Куруш барои ҳукмрони ҷаҳони мутамаддини давр шудан Бобул меистод. Он тараққикардатарин мамлакати минтақа, маркази маданият ва тиҷорат буд. Ишғол кардани ин давлат барои Порсҳо ҳам аҳамияти сиёсӣ – ҳарбӣ ва ҳам иқтисодӣ – фарҳангӣ дошт. Дар арафаи ҳуҷуми Куруш вазъияти дохилии Бобул ба манфиати шоҳи он Набонид набуд. Тоҷирон, ки дар Бобул нуфузи калон доштанд, барои ба дасти Порсҳо афтидани роҳҳои савдои Осиёи Хурд, рӯҳониёни мазҳаби бонуфузи худои Мардук барои таъқиб шуданашон, яҳудиёни асир ва тобеъ барои маҷбурӣ ба ин ҷо муҳоҷир гардиданашон аз Набонид норозӣ буданд. Куруш аз вазъияти дохилии Бобул огоҳ буд ва кӯшиш мекард аз он барои тасарруфи ин кишвар ҳаддалимкон истифода бурда, иқдомҳои муайяни сиёсӣ – дипломатиро ба кор барад. Аммо вазъияти баамаломада маънои онро надошт, ки тақдири Бобул аллакай пеш аз ҳуҷуми Куруш ҳал шуда бошад. Набояд фаромӯш кард, ки дар ҳама гуна муноқиша нақши ҳалкунандаро иқтидори ҳарбии тарафҳои муқобил мебозад. Куруш ин ҳақиқатро хуб медонист. Аз ҳамин сабаб ӯ барои ба Бобул ҳуҷум кардан хуб тайёрӣ дид. Лидия, Эрони Шарқӣ ва Осиёи Миёнаро ишғол карда, ақибгоҳи худро мустаҳкам намуд ва неруҳои ин кишварҳоро барои пурқувват кардани лашкари худ истифода бурд.

Баҳори соли 539 то м. лашкари Куруш ба хоки марзи Бобул дохил шуд. Шаҳрҳои он бо девору бурҷҳои мудофиавӣ мустаҳкам карда шуда буданд, аммо чандон муқобилати сахт нишон дода натавонистанд. Муҳорибаи ҳалкунанда моҳи августи ҳамон сол дар назди шаҳри Описа дар соҳили Даҷла ба амал омад. Ба лашкари Бобул писари шоҳ Набонид Белшарусур сарварӣ мекард. Сарлашкари форсҳо Гобрия буд. Дар муҳорибаи ба амаломада, форсҳо лашкари бобулиҳоро шикаст дода, пурра ғалаба карданд. 10 октябри ҳамон сол Гобрия бе ҷанг шаҳри Сиппар ва баъди ду рӯз Бобулро ишғол кард. 29 октябр Куруши Кабир ботантана вориди Бобул шуд. Набонид асир афтод, аммо Куруш ӯро ҷазо надода, афв кард. Вале писари ӯ Белшарусур ба қатл расонда шуд. Тавре ки мебинем Куруш дар ҳолатҳои зарурӣ нисбати душманони оштинопазир қатъият ва устуворӣ зоҳир мекард.

Баъди Бобулро гирифтан Куруш як қатор амалҳои сиёсӣ – дипломатиро иҷро кард, ки барои мустаҳкам кардани ҳокимияти Порсҳо дар Бобул равона шуда буданд. Ӯ маъбади асосии Бобул Эсагиларо барқарор намуда, ба худои Мардук қурбонӣ кард ва ҳуқуқу имтиёзҳои рӯҳониёни ин Худоро аз нав ба онҳо баргардонд. Ӯ эъломия интишор карда, ба ҳамаи халқҳо ҳуқуқ ва озодӣ дод, яҳудиёнро иҷозат дод ба ватани худ ва ё ба ҳар куҷое, ки хоҳанд рафта зиндагӣ кунанд. Подшоҳии Бобул ва сохти маъмурӣ – идоравии онро тағйир надод. Ин ва дигар чорабиниҳои Куруш аз ҷониби сокинони Бобул хуш пазируфта шуда, мавқеи ӯро дар минтақа мустаҳкам намуданд.[4]

Баъди Бобулро гирифтани Куруш Финикия ва Фаластин ихтиёрӣ ба итоати ӯ даромаданд. Акнун дар дасти Куруш Бобул ва тамоми Шарқи Баҳримиёназамин буд. Навбат ба ягона давлати тавонои минтақа — Миср буд, ки форсҳо онро забт накарда буданд. Ҳамаи муҳаққиқон комилан дуруст таъкид кардаанд, ки Куруш, бешубҳа, ният дошт ба Миср ҳамла намояд. Аммо бар хилофи чашмдошти ҳамзамонони Куруш ва олимони муосир ӯ ин корро ба таъхир гузошт.

Дар давоми 9 соли баъди забти Бобул ӯ, ки як империяи паҳновар ва тавонои ҷаҳониро офарида буд, ба Миср, ки дар наздикӣ ҷойгир буда, рақиби ягонааш буд, ҳуҷум накард. Сабаби чунин амали ӯ маълум нест. Дар ин бора муаррихони Юнони қадим ягон ишорае ҳам накардаанд. Геродот (I.201) навиштааст, ки баъди забти Бобул Куруш бар зидди массагетҳо ҳамла кард. Дар бораи 9 соле, ки дар байни ин ду ҳодиса буданд. Геродот ягон хел маълумот надодааст. Сабаби дар ин муддат ба Миср ҳуҷум накардани Куруш муаммои таърихест, ки гумон аст бо мурури замон пурра кушода шавад.

Баъди 9 соли забти Бобул соли 530 Куруш бар зидди массагетҳо ба Осиёи Миёна лашкар кашид. Ба назар чунин мерасад, ки агар массагетҳо ба бехатарии қисмати шимолу шарқии империя ҷиддӣ таҳдид намекарданд, Куруш чунин роҳи дурударозро тай карда, бар зидди онҳо ба ҷанг намерафт. Дар ҳар сурат ӯ ин корро кард ва дар бораи ин ҳуҷум Геродот ва дигар муаррихони Юнони қадим маълумот додаанд.

Ривояти Геродотро дар бораи ин ҷанг бисёр муҳаққиқони муосир дар мақолаву китобҳои худ овардаанд ва гумон мекунам ҳоҷат ба такрори он нест. Таърихшиносони муосир дуруст қайд кардаанд, ки дар нақли Геродот воқеият бо ҷомаи хаёлот ва бадеият оро дода шудааст.

Агар дар асоси ривояти Геродот асли ин воқеаро барқарор кунем, чунин ба назар мерасад, ки массагетҳо дар сарзаминҳои байни баҳрҳои Каспий ва Арал ва дар атрофи он зиндагӣ мекарданд. Пеш аз омадани Куруш онҳо ба қаламрави империяи ӯ, ба минтақаҳои муқиминишини Порт, Гиркания ва ноҳияҳои ҳамҷавор ҳуҷум карда, шаҳру деҳаҳои онро талаву тороҷ намуданд. Эҳтимол, ба ҳамин сабаб Куруш маҷбур шуд ба ин минтақа лашкар кашад. Масагетҳо аз ин бохабар шуда, қафо нишастанд ва ба даштҳои паҳновари худ рафтанд. Ин усули дӯстдоштаи ҷангии саҳронишинон буд. Онҳо бо ин восита душманро дар саҳроҳои беоб сарсону саргардон ва хаста намуда, ногаҳон ба ҳуҷум мегузаштанд.

Вақте ки Куруш ба сарҳади сарзамини массагетҳо расид байни намояндагони тарафайн музокира баргузор шуд. Ба қавли Геродот (I, 205, 206), маликаи массагетҳо Томирис ба Куруш мегӯяд, ки ба кишвари мо тамаъ накун ва ба ватани худат баргашта рав. Вақте ки Куруш ба назди малика хостгоронро мефиристад, Томирис ӯро айбдор мекунад, ки ӯ бо ин роҳ мехоҳад соҳиби мамлакати массагетҳо шавад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки эҳтимол Куруш аз массагетҳо талаб кард, ки пурра ба ӯ тобеъ шаванд, аммо ҷавоби рад гирифт. Тавре ки мебинем, Куруш ҳамеша пеш аз сар кардани ҷанг кӯшиш мекард бо воситаҳои дипломатӣ, яъне музокира муноқишаро бартараф созад. Баъди натиҷаи дилхоҳ надодани гуфтушунид Куруш бо дарбориёнаш машварат ороста, ба қароре меоянд, ки ба сарзамини массагетҳо дохил шуда, бо онҳо задухӯрд намоянд.

Куруш бо лашкараш аз дарёи Аракс (Амударё) гузашта, массагетҳоро дунболагирӣ кард. Дар муҳорибаи якум бо дастаҳои пешгарди массагетҳо форсҳо ғалаба карданд. Дар ин задухӯрд писари маликаи массагетҳо ҳалок гардид. Дар муҳорибаи асосӣ, ки ба қавли Геродот, хунинтарин муҳорибаи замон буд, форсҳо шикаст хӯрданд ва Куруш ҳалок шуд. Ҳеродот ривоят мекунад, ки Томирис бар қасоси хуни писараш сари Курушро аз танаш ҷудо карда, ба машки хун андохта, мегӯяд ки аз хун сер шавад.

Ин ривоят то чӣ андоза ба ҳақиқат наздик аст, маълум нест. Вале ман ин қиссаро барои он зикр кардам, ки оқибати тавсиаталабиҳо, забткориҳо ба чӣ анҷом меёбад.

Албатта, Куруши Кабир аз забткомону ҷаҳонкушоёну қудратталабоне мисли Чингиз, Темур ва ҳатто Искандари Мақдунӣ ва лашкаркашони араб тафовути куллӣ ва ҷиддӣ дошт. Ӯ ҳеҷ гоҳ ба қатли ом роҳ намедод, дар ҳамон давраҳои аввали инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро аз ҷумлаи аслҳои давлатдорӣ медонист. Эъломияи ӯ аз дурандешӣ ва хирадмандии ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ӯ бунёдгузори давлати нахустини муназзам ва мутамаддини инсонӣ буд.

Ҳангоми сафарҳоям ба давлатҳои дунё, ҳамчун сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ободию пешрафтҳои кишварҳо, дастовардҳои илму технология ва фарҳангҳои пешрафтаи онҳо ба ваҷд меоям. Вале аз он ки боз ҳам дар баъзе гӯшаю канори дунё хун мерезад, таркишҳо ба амал меоянд, таҳаммулнопазирӣ ва ифротгаройӣ боиси зиддиятҳои хунин мегардад, мутаассир мешавам.

Ба ҳар ҳол, аз сабақи мусбате, ки Куруш дошт, бояд ибрат гирифт. Ӯ ориёие буд, ки озодиро беҳтар аз ҳама чиз медонист ва душманони асиргирифтаашро ба ғулом табдил намедод.

Куруш дар вилояти Форс дар ш. Посоргод дафн карда шудааст ва мақбараи ӯ то имрӯз пурра ва беосеб боқӣ мондааст. Искандари Мақдунӣ ба сари қабри Куруш дар Посоргод ду маротиба рафта буд ва ин ҳодиса дар сарчашмаҳо зикр гардидааст. Аз рӯйи маълумоти Ктесий (Pers. 29,9), ҷасади Курушро писараш Камбуҷия ба воситаи ашроф Багапат ба Форс фиристода буд.

Ҷанги Куруш бо массагетҳо ба таври фоҷиавӣ ба анҷом расид. Дар бораи ҳодисаҳои баъди ин муҳориба рухдода ягон хел маълумот нест. Мо намедонем, ки массагетҳо аз ин ғалабаи худ чӣ манфиат ба даст дароварданд. Камбуҷия, ки баъди марги падараш ба тахти шоҳаншоҳӣ нишаст, дар ин минтақа ягон хел амалиёти ҳарбӣ бар зидди массагетҳо нагузарондааст. Эҳтимол баъди ин муҳорибаи хунин, ки дар он массагетҳо низ бояд талафоти калон дода бошанд, байни тарафҳо сулҳ ва аҳдномаи ба якдигар ҳуҷум накардан баста шуд.

Дар бораи ҷанги Куруш бо массагетҳо ҳанӯз дар давраи қадим ривоятҳои зиёд ва гуногун пайдо шуда буданд. Имрӯз ҳам дар тамоми мақола ва рисолаҳои ба таърихи давлати Ҳахоманишӣ бахшидашуда ин ҷанг батафсил таҳлил шудааст. Бояд дар назар дошт, ки сабаби шӯҳрати ин ҷанг танҳо дар марги фоҷиавии Куруш буд. Подшоҳи ҷаҳонгир, ки то ин муҳориба чандин кишварҳои зӯру тавоноро тасхир карда, ҳеҷ шикасте надида буд, дар муҳориба бо як қабилаи саҳронишин ба ҳалокат расид. Ин гуна фарҷомро ҳеҷ кас мунтазир набуд. Аммо аз лиҳози сиёсӣ — ҳарбӣ ин ҷанг барои давлати пурзӯри Ҳахоманишӣ ягон оқибати фоҷиавӣ ва ҳатто ҷиддӣ надошт. Баъди ин муҳориба массагетҳо ягон бор ҳам ба қаламрави Ҳахоманишиён ҳуҷум накарданд. Манзур аз ин суханон он аст, ки мо набояд ба ин ҷанг аз будаш зиёд баҳо диҳем.

Дар мавриди шахсияти Куруш бояд ёдовар шавем, ки ҳамзамонони ӯ ба фаъолияти сиёсию ҳарбиаш баҳои баланд додаанд. Беҳуда нест, ки рӯҳониёни Бобул ӯро фиристодаи худованд Мардук, яҳудиён фиристодаи худованд Яҳво ва юнониён сиёсатмадори бузург номидаанд. Олимони муосир дар бораи ӯ ҷилд — ҷилд асарҳо офаридаанд. Албатта, мо набояд хизматҳои шахсиятҳои таърихиро аз будаш зиёд карда, бо иғроқ роҳ диҳем. Аммо Куруш бе муболиға ба ҳама гуна бузургдошт сазовор аст. Барои тасдиқи ин фикр мо аз фаъолияти ӯ метавонем мисолҳои зиёд орем, аммо бо якчанд мисол иктифо меварзем.

Эъломияе, ки ӯ баъди тасхири Бобул интишор кард, падидаи комилан нави сиёсию фарҳангӣ буд. Ӯ ба мисли шоҳони пешинаи ин минтақа мағлубонро ғуломи худ эълон накард. Баръакс Куруш олиҳимматии сиёсӣ, адолат ва инсондӯстии бемисл нишон дода, ба халқҳои мағлуб озодӣ ва кафолатҳои ҳуқуқӣ эъто кард.

Куруш сиёсатшиноси нуктасанҷ буд. Пеш аз ҳама гуна муҳориба ӯ барои нарехтани хун ба рақибонаш бо кафолати амният, озодӣ ва бо шартҳои барои онҳо имтиёзнок бастани сулҳро пешниҳод мекард. Танҳо дар сурати аз ҷониби муқобил қабул нашудани пешниҳодҳояш даст ба ҷанг мезад. Баъди ғолиб баромадан кӯшиш мекард мағлубонро беҳуда озор надиҳад ва иззати нафси онҳоро паст назанад.

Ӯ одамшиносу инсондӯст буд ва шахсони лаёқатмандеро, ки ба ӯ содиқона хизмат мекарданд, қадр мекард ва ба онҳо мансабҳои калони давлатиро медод. Ағлаб ӯ подшоҳони мағлубшуда ва ба асирӣ афтодаро мебахшид. Шоҳи Лидия Крез, шоҳи Бобул Набонид ба ин мисол шуда метавонанд. Куруш дар ҳайати империяи худ қариб 70 қавму миллатҳои гуногунро муттаҳид карда, ба ҳамаи онҳо расман озодӣ ва баробарҳуқуқӣ ато намуд. Башарият метавонад имрӯз ҳам аз таҷрибаи инсондӯстӣ ва адолатпарварии ин шахсияти беназир истифода барад. Таҷрибаи давлатдории Куруши Кабир ибратомӯз аст, мо бояд онро ҳамаҷониба омӯзем, зеро сохтори давлатии ҳахоманишиён яке аз муҳимтарин тарзи ҳукуматҳои императории Аҳди бостон ба шумор меравад.

Сазовори ёдоварист, ки ӯ бори нахуст чандин кишварҳо ва халқҳои ориёиро дар ҳайати як давлат муттаҳид намуда, барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо мусоидат намуд.

Куруш ба вориси худ писараш Камбуҷия империяи паҳноварро мерос гузошт. Камбуҷия сиёсати кишваркушоии падарашро идома дод. Дар бораи панҷ соли аввали ҳукмронии ӯ дар сарчашмаҳои хаттӣ ягон хел маълумот нест. Муаррихони Юнони қадим аз вақти ҳуҷуми ӯ ба Миср сар карда, дар бораи ӯ ахбор медиҳанд. Куруш баъди Бобулро ишғол кардан бояд ба Миср ҳуҷум мекард. Аммо тавре ки мо дар боло ишора кардем, ӯ бо сабабҳои номаълум ин корро ба таъхир андохт. Дар натиҷаи марги ногаҳонӣ ва фоҷиавии ӯ ин нақша иҷро нашуд. Камбуҷия низ барои ба Миср ҳамла овардан шитоб накард. Эҳтимол ӯ мехост хубтар тайёрӣ бинад ва дар фурсати муносиб ин корро анҷом диҳад.

Соли 525 то м. Камбуҷия лашкари худро дар Фаластин ҷамъ карда, ба сӯи Миср равон гардид. Ба ёрии ӯ киштиҳои ҳарбии финикиҳо ва юнониёни Осиёи Хурд омада буданд. Нахустин муҳориба бо лашкари мисриҳо дар назди ш. Пелусия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин задухӯрди хунин форсҳо пурра ғалаба карданд. Боқимондаҳои лашкари Миср бетартибона қафо гаштанд. Баъди ин муҳориба форсҳо ба сӯйи пойтахти Миср ш. Мемфис ҳаракат карда, ягон муқобилияти ҷиддӣ надиданд. Онҳо ба шаҳр расида, онро муҳосира намуданд. Мисриҳо муқобилияти зиёд нишон надода, ба зудӣ таслим шуданд. Фиръавн Псаметихи III ба асирӣ гирифта шуд. Аммо Камбуҷия сиёсати падарашро давом дода, ӯро афв кард. Августи соли 525 то м. Камбуҷияро расман шоҳи Миср эълон карданд.

Барои таваҷҷуҳи аҳолии маҳаллиро ба худ ҷалб кардан ӯ либосҳои мисрӣ пӯшид ва маросими ба тахтнишиниаш мувофиқи қоидаҳои мисрӣ гузаронда шуд. Барои қонунӣ гардондани ҳукмрониаш ӯ худро вориси фиръавнҳо эълон кард. Баъди Мемфисро ишғол кардани Камбуҷия қабилаҳои Ливия ихтиёран ба ӯ тобеъ шуданд. Баъдтар ӯ қисмати шимолии Кушро (Эфиопия) ишғол кард.

Аз сарчашмаҳои хаттӣ бармеояд, ки ӯ бо баъзе амалҳояш рӯҳониёни Мисрро ба худ зид карда буд. Ба ӯ вайрону ғорат кардани якчанд ибодатхонаҳоро нисбат медиҳанд. Аммо ба ақидаи як қисми олимон, ин хабарҳо заминаи воқеӣ надоранд ва онҳоро рӯҳониён барои беобрӯ кардани Камбуҷия бофта баровардаанд. Дар ҳар сурат гумон кардан душвор аст, ки рӯҳониён ӯро бесабаб туҳмат карда бошанд. Шояд харобкунии ибодатхонаҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, пурра набошад ҳам қисман ҷой доштааст.

Камбуҷия чор сол дар Миср монд. Дар ин миён дар пойтахти империя вазъият ноором шуда буд. Аз набудани подшоҳ истифода бурда, мубад Гаумата, ки Камбуҷия идораи корҳои давлатиро ба ӯ супорида буд ва ба бародари Камбуҷия Бардия хеле монанд буд, худро шоҳаншоҳ эълон кард. Ҳол он ки мувофиқи ахбори Геродот Камбуҷия бародараш Бардияро пеш аз ҳуҷумаш ба Миср пинҳонӣ кушта буд. Ман дар ин бора дар китобам «Аз Ориён то Сомониён» нисбатан батафсил иттилоъ дода будам. Дар ин ҷо фақат чунин нуктаро қайд карданиам, ки хабари табаддулоти Бардияи дурӯғин моҳи марти соли 522 то м. ба Миср расид. Баъди шунидани ин хабар Камбуҷия лашкарро ҷамъ карда, ба сӯйи Эрон равон гардид, аммо дар роҳ ногаҳон бемор шуда, вафот кард. Марги ӯ асроромез буд ва ривоятҳои зиёдро ба миён овард. Аз рӯйи яке аз онҳо, ӯро ҷосусони мубад Гаумата заҳр дода куштанд. Марги Камбуҷия муборизаҳои дохилисулолавӣ ва дарбориро тезу тунд кард.[5]

Баъди Куруши Кабир дуюмин шоҳи машҳури давлати Ҳахоманишиён Доро ё худ Дориюши I буд. Ӯ дар давраи хеле мураккаб ва вазъи буғранҷ ба сари ҳокимият омад. Дар бораи ҳодисаҳои ин давра муаррихони қадим маълумоти гуногун ва дар бисёр маврид ба якдигар мухолиф додаанд. Асрори баъзе ҳодисаҳои ин давра ҳанӯз ҳам дар қаъри асрҳо ниҳон монда ва ба хотири фаромӯшӣ супурда шудаанд.

Тавре ки дар боло гуфтем, баҳори соли 522 то м. мӯбад Гаумата Бардияро бародари хунии Камбуҷия вонамуд карда, табаддулоти давлатӣ гузаронд ва ба тахти подшоҳӣ нишонд. Ҳокимияти Бардияи дурӯғинро аксарияти хшатрапанаҳо (вилоятҳо) эътироф карданд. Гаумата фармон бароварда, аҳолиро се сол аз андоз озод кард. Ӯ барои баланд бардоштани некуаҳволии мардум боз якчанд ислоҳот гузаронд. Ба назар чунин мерасад, ки табаддулоти Гаумата на танҳо хусусияти дохилисулолавӣ, балки ҷанбаи иҷтимоӣ низ дошт. Шояд Камбуҷия барои ҳамла ба Миср аз аҳолӣ андозҳои иловагӣ ҷамъ карда буд ё мансабдорон аз набудани ӯ истифода бурда, аз аҳолӣ аз будаш зиёд андоз ғундошта, аҳволи мардумро ба танг оварда буданд ва тадбирҳои Гаумата барои ислоҳи ин иқдом нигаронида шуда буданд.

Дорои I, ки писари Виштасп буд, дар ҳамин вақт ба арсаи сиёсӣ баромад. Ӯ аз хонадони Куруш набуд, балки намояндаи шохаи хурди дудмони Ҳахоманишиён буд. Дорои I дар атрофи худ шаш оилаи дигари бонуфузи форсро ҷамъ карда, бар зидди Гаумата баромад ва 29 сентябри соли 522 то м. ӯро аз тахт сарнагун карда, қатл намуд ва ҳокимиятро ба даст гирифт.[6] Дар катибаи машҳури ин шоҳаншоҳ дар кӯҳи Беҳсутун таърихи муборизаҳои ӯ бар зидди Бардияи дурӯғин ва дигар ошӯбгарон мушаххас зикр шудааст. Ин ахбори расмии давлатӣ буд. Вале дар бораи ҳодисаҳои он давра чи дар байни муаррихони қадим ва чи дар байни олимони муосир фарзияҳои гуногун вуҷуд доранд. Мазмуни асосии ин фарзияҳо дар он аст, ки ахбори расмии дар катибаи Доро ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ сабтшуда дуруст нестанд ва асли воқеаро инъикос намекунанд. Ихтилофи назар асосан дар масъалаи Бардияи дурӯғин аст. Мувофиқи ахбори расмӣ, Камбуҷия пеш аз ба Миср ҳуҷум карданаш фармон дода буд, ки бародараш Бардияро ба қатл расонанд, то ки ӯ мабодо дар набудани шоҳ табаддулот гузаронда, тахтро соҳиб шавад.

Гӯё ин кор махфӣ иҷро карда шуд ва мардум аз он огоҳ набуданд. Мубад Гаумата, ки ба Бардия хеле монанд буд ва аз ин сир огоҳ буд, аз набудани Камбуҷия истифода бурда, худро подшоҳ эълон кард. Аммо на ҳамаи муаррихони қадим ва олимони муосир ин ахбори расмиро қабул доранд. Ба назари баъзеи онҳо, ин ҳикоят бофтаю сохта ва дурӯғ буда, бо мақсади муайян, аниқтараш барои ҳақ баровардани амалҳои Дорои I нигаронида шуда буд. Дар асл ҳеҷ гуна мубад Гаумата худро Бардия эълон накардааст. Шахсе, ки табаддулот гузаронд, Бардияи ҳақиқӣ буд. Дорои I ва тарафдорони ӯ бар зидди Бардияи ҳақиқӣ мубориза бурда, ӯро сарнагун ва қатл намуданд. Марги ногаҳонии Камбуҷия низ тасодуф набуд, ӯро ҷосусони Дорои I заҳр дода куштанд. Чунинанд андешаҳои як қисми муаррихони қадиму олимони муосир дар бораи Бардияи дурӯғин. Дар ҳақиқат ду нуқтаи ин ҳодиса шубҳаовар ба назар мерасанд: 1) хабар надоштани халқ аз кушта шудани Бардия; 2) бисёр монанд будани мубад Гаумата бо Бардия. Шубҳаҳое, ки доир ба ин масъала дар қадим вуҷуд доштанд, имрӯз ҳам бартараф нашудаанд ва гумон аст, ки ин сир ягон вақт кушода шавад.

Дар ҳар сурат воқеият он буд, ки Доро Бардияро сарнагун карда, ба тахти шоҳӣ нишаст. Агар дар бораи чӣ тавр соҳиби тахт шудани ӯ шубҳае вуҷуд дошта бошад, дар бораи фаъолияти самаранокаш ва саҳми калонаш дар таҳкими давлати Ҳахоманишиён шубҳае нест. Вақте ки ӯ ба сари ҳокимият омад дар мамлакат ҳарҷу марҷ ва шӯру ошӯб ҳукмфармо буд. Ӯ фаъолона ба ҷорӣ кардани тартибу низом шурӯъ намуд.

Аз вазъияти ноором ва кашмакашиҳои дарбор истифода бурда, як қатор кишварҳо бар зидди ҳокимияти марказӣ шӯриш бардоштанд ва Илом, Порс, Миср, Порт, Марғинон ва сакоиҳо аз итоати он баромаданд.

Доро лашкар гирд оварда, бар зидди хшатрапанаҳои саркаш ҷангид ва онҳоро шикаст дода, ба итоати худ даровард. Дар катибаи машҳури худ дар кӯҳи Беҳсутун ӯ чунин навиштааст: «…Ман бо мадади Аҳуромаздо дар давоми як сол баъди ба тахт нишастанам чунин корҳоро иҷро кардам. Ман нуздаҳ бор муҳориба карда, ошӯбгаронро шикаст додам ва нӯҳ шоҳро ба асирӣ гирифтам… Подшоҳони пеш аз ман буда кореро, ки ман бо ёрии Аҳуромаздо дар давоми як сол кардам, дар тамоми умрашон иҷро накардаанд».

Дар кашмакашҳои ин давра Бохтар Дороро на танҳо дастгирӣ кард, балки дар пахш кардани ошӯбҳо ба ӯ ёрии бевосита расонд. Бо фармони Доро хшатрапани Бохтар Дададиш бо лашкари худ ба Марғинон рафта, ошӯбгаронро шикаст дод.[7]

Дар катибаи Беҳсутун дар байни ошӯбгарон сакоиҳои тиграхауда (тоскулоҳдор) низ номбар карда шудаанд. Соли 519 то м. Доро бар зидди онҳо лашкар кашид. Ӯ аз дарё гузашта, ба сакоиҳо ҳамла кард ва онҳоро шикаст дода, шоҳашон Скунхаро ба асирӣ гирифт. Ин сакоиҳо дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекарданд. Дар навиштаҷоти Доро аз Ҳамадон «Скифҳои он тарафи Суғд» зикр шудаанд.[8] Бо эҳтимоли зиёд Доро бо ҳамин скифҳое (сакоиҳое) ҷангида буд, ки дар он тарафи дарёи Сирдарё (Яксарт) зиндагӣ мекарданд. Тавре ки маълум аст, сакоиҳо халқи ориёӣ буданд ва табиист, ки забонашон низ ориёӣ буд. Дар зимн ҷолиб аст, ки калимаи «тиграхауда» дар забони тоҷикӣ (форсӣ) дар шакли «тир» (ба маънои аслиҳа ва тез, нӯгтез) ва худ (тоскулоҳ) боқӣ мондааст.

Ҳамчунин ҷолиби диққат аст, ки дар болои катибаи Беҳсутун Доро ғолиб, Гауматаи сарнагуншуда ва дигар шоҳони ошӯбгари ба асирӣ гирифташуда, аз ҷумла Скунха тасвир шудаанд.

Соли 518 то м. Доро ба Миср омада, ошӯбро хомӯш кард. Ӯ ибодатгоҳи худованд Птахаро таъмир карда, дар ш. Фив ибодатгоҳи калони изади Амонро сохт. Ба дину оин ва расму русуми мисриён эҳтиром гузошт. Доро, тавре ки аз катибаи ӯ бармеояд, пайрави дини ориёӣ, яъне маздопарастӣ (зардуштӣ) буд. Аммо ӯ хуб мефаҳмид, ки дин фишанги муассири сиёсӣ низ буда, ба воситаи он ба афкори ҷамъиятӣ таъсир расонида, онро ба маҷрои лозима равон кардан мумкин аст. Ӯ ин фишангро дар мавриди мисриён хеле моҳирона истифода бурд. Аз ин ҷост, ки мисриён ӯро хеле эҳтиром мекарданд ва рӯҳониён ба ӯ мартабаи пайғамбарӣ дода буданд.

Барои барқарор кардани роҳи бевоситаи алоқа байни Эрон ва Миср ӯ фармон дод то аз Нил ба баҳри Сурх ҷӯй кананд, ки дарозии он 84 км буд.

Баъди пахш кардани ошӯбҳо ӯ ба васеъ кардани империя шурӯъ карда, соли 517 то м. қисмати шимолу ғарби Ҳинд ва ҷазираи Самос, соли 516 то м. сакоиҳои соҳили баҳри Сиёҳ, шаҳрҳои юнониёни шимоли баҳри Эгейро забт кард. Дар байни соли 516-12 то м. ӯ аз Дунай гузашта, ба даштҳои ҷануби Россия баромад ва скифҳоро таъқибкунон ба даруни даштҳои беканор рафт. Аммо скифҳои тезгард ва серҳаракат хеле дур рафта буданд. Форсҳо, ки лашкарашон дар биёбони беоб хаста шуда буд, ба қафо баргаштанд. Доро ба Эрон бозгашт ва ба сарлашкари худ Мегабиз фармон дод, ки тасхири ин минтақаро давом диҳад. Мегабиз шаҳрҳои юнонии шимоли баҳри Эгейро ишғол кард. Баъди ин Фракия ва Македония ихтиёран ба форсҳо таслим шуданд.

Ҳамин тавр, Доро як порчаи қитъаи Аврупоро ба давлати Ҳахоманишиён ҳамроҳ кард. Куруш, Камбуҷия ва Доро халқҳои се қитъа — Осиё, Африқо ва Аврупоро дар ҳайати як давлати бузурги ориёиҳо муттаҳид сохтанд. Дар натиҷаи ин се тамаддуни хос ва пешрафтаи ҷаҳони онрӯза имконият пайдо карданд, ки якдигарро шиносанд ва аз дастовардҳои фарҳангии якдигар эҷодкорона истифода баранд.

Тарзи давлатдорӣ ва усули муттаҳид кардани давлатҳои гуногун дар дохили империяи бузурги Ҳахоманишӣ дар таърихи сиёсии ҷаҳонӣ диққати донишмандон ва сиёсатмадоронро ба худ ҷалб кардааст. Файласуфи бузурги олмонӣ Гегел, мардуми эрониро нахустин миллати таърихӣ шуморида, подшоҳии Ҳахоманишиёнро нуқтаи шурӯи таърихи ҷаҳонӣ донистааст.[9]

Бисёр шаҳр ва вилоятҳои юнониёни Осиёи Хурд (Лидия, Иония ва ғайра) ва соҳили баҳри Эгейро Куруши Кабир забт карда, ба давлати худ ҳамроҳ кард буд. Эрониён ба корҳои дохилии онҳо дахолат накарда, мухторият ва озодиҳои онҳоро нигоҳ доштанд. Дар маҷмӯъ, ин юнониён аз ҳукмронии эрониён розӣ буданд ва шаҳру вилоятҳои онҳо бомуваффақият инкишоф меёфтанд. Аммо барои ҳукмрони мутлақи минтақаи баҳри Миёназамин шудан Доро ният дошт, ки ба Афина ҳамла намояд. Оқибат баъди тайёриҳои ҳамаҷониба ӯ ба ин кор шурӯъ кард. Дар бораи ин ва дигар лашкаркашиҳои эрониён ба Юнон Геродот маълумоти муфассал додааст.

Юнон яке аз давлатҳои пешқадами замон буд. Аз ин рӯ, забт кардани он барои давлати ҳахоманишӣ аҳамияти калони сиёсӣ дошт. Бинобар ин бо истинод ба Геродот (VI, 100-117) ва дигар сарчашмаҳо дар ин бора маълумоти зерро манзури хонандаи гиромӣ намуданиам.

Мувофиқи ахбори Геродот эрониён соли 490 то м. дар 600 киштӣ ҷанговарони худро савор карда, аз канори ҷазираҳои Самос ва Икария, ки дар итоатшон буданд, гузашта, ба тарафи Афина равон шуданд. Онҳо ҷазираҳои дар сари роҳашон ҷойгир бударо паиҳам забт карда, ба ҷазираи Эвбей расиданд ва аввал шаҳри Кариста, сипас маркази он шаҳри Эретрияро ишғол карданд. Аз ин ҷо онҳо ба вилояти Аттикаи Юнон, ки марказаш шаҳри Афина буд, омада дар наздикии шаҳри Марафон ба хушкӣ фаромаданд. Ин мавзеъ васеъ ва барои амалиёти саворагон мувофиқ буд. Афинагиҳо, ки ба ёрдамашон илатейҳо омада буданд, бо сарварии Милтиад дар муқобили лашкари эрониён саф кашида, ба ҷанг омода шуданд. Дар мобайни сафи лашкари эрониён ҷанговарони форс ва сакоӣ ҷойгир буданд. Эрониён ба ҳуҷум гузашта, дар мобайни саф юнониҳоро танг карда, ба қафонишинӣ маҷбур карданд. Аммо дар қаноти чапу рости саф юнониҳо сахт муқобилат нишон доданд ва эрониён ақиб гаштанд. Аз ин ҳолат истифода бурда, юнониён тамоми нерӯи худро бар зидди маркази саф равон карда, форсҳо ва сакоиҳоро ба ақибнишинӣ маҷбур сохтанд. Эрониён то соҳил ақибнишинӣ карда, ба киштиҳои худ баргаштанд ва хостанд, ки ба Афина рафта, ба шаҳр ҳуҷум кунанд. Аммо юнониён бо киштҳои худ пеш аз форсҳо ба Афина расиданд ва эрониён дигар ҷуръат накарданд, ки ба Афина ҳамла кунанд ва бо роҳи омадаашон ба Эрон баргаштанд.

Баъди шунидани хабари задухӯрди Марафон ва шикаст хӯрдани форсҳо Дорои I ба ғазаб омада, фармон дод, ки хшатрапанҳо ва ҳокимони вилояту шаҳрҳо барои лашкар кашидан ба Юнон ҷанговар, киштӣ ва озуқа фиристанд. Аммо дар ҳамин солҳо дар Миср ва баъзе вилоятҳои дигар шӯришҳо ба амал омаданд ва Доро бо пахш кардани онҳо машғул шуда, имконият наёфт, ки ба Юнон лашкар кашад. Ин корро писари ӯ Хишоёршо (Ксеркс) амалӣ гардонид.[10]

Хишоёршо баъди пахш кардани шӯриш дар Миср чор сол барои лашкар кашидан ба Юнон тайёрӣ дид. Ӯ ба ҳамаи хшатрапанҳо, ҳокимони шаҳру вилоятҳо фармон дод, ки барои ин лашкаркашӣ ҷанговар, киштӣ, озуқаворӣ ва дигар лавозимот тайёр кунанд. Аз ахбори Ҳеродот бармеояд, ки дар шӯрои машваратӣ, ки аз наздикони шоҳ, сарлашкарон ва хшатрапанҳо иборат буд, як гурӯҳ бо сарварии Мардоний тарафдори лашкар кашидан ба Юнон ва гурӯҳи дигар бо сардории Артабон, амаки Хишоёршо зидди ин кор буданд.

Дар аввал шоҳ гапи Артабонро пазируфта, тасмим гирифт, ки аз ин кор даст кашад. Аммо ба Мардоний муяссар шуд, ки шоҳро барои лашкар кашидан ба Юнон розӣ кунад.[11] Хишоёршоҳ лашкари азиме ҷамъ кард, ки ба қавли Ҳеродот, пеш ягон шоҳ чунин лашкари сешумор гирд наоварда буд. Теъдоди лашкар аз 1 миллиону 700 ҳазор ҷанговари пиёдагард, 80 ҳазор савора ва 1207 киштии ҷангӣ иборат буд. Шояд Геродот, ки ин рақамҳоро оварда, муболиға карда бошад, аммо дар ҳар сурат лашкар хеле азим буд. Асоси ин лашкарро халқҳои эронинажод — форсҳо, модҳо, бохтариҳо, суғдиҳо, хоразмиҳо ва сакоиҳо ташкил мекарданд. Дар таркиби лашкар дастаҳои халқҳои дигари тобеи Ҳахоманишиён низ буданд. Лашкари эрониён соли 480 то м. ба воситаи Осиёи Хурд ба тарафи Юнон равон шуд. Лашкар аз Шуш ба воситаи Фригия ба маркази Лидия — шаҳри Сард омад. Аз ин ҷо Хишоёршо ба тамоми шаҳру вилоятҳои Юнон ба ғайр аз Афина қосид фиристода, аз онҳо обу замин, яъне итоат карданро талаб кард. Аз Сард лашкари форсҳо ба гулӯгоҳи Геллеспонт омада, ба воситаи пулҳое, ки махсус барои ба қитъаи Аврупо гузаштани лашкар сохта шуда буданд, ба он тараф гузашт ва қад-қади соҳили баҳри Эгей аз Фракия ва Македония убур карда, ба тарафи Афина равон шуд. Тавре ки дар боло гуфтем, Фракия ва Македония ҳанӯз дар давраи Дорои I ба итоати форсҳо даромада буданд. Вилояти юнонии Фессалия, ки дар шимоли вилояти Аттика воқеъ буд, бе ҷанг ба итоати форсҳо даромад. Юнониён аввал хостанд дар гузаргоҳи Фессалия пеши роҳи ҳаракати лашкари эрониёнро гиранд, аммо бо маслиҳати шоҳи Македония ин корро накарда, ба дарунтари Юнон рафтанд ва барои мудофиа гулӯгоҳи танги Фермопилро интихоб карданд.

Вақте ки киштиҳои форсҳо ба соҳили Магнесия расида, лангар партофтанд, тӯфони сахте шуд ва 400 киштӣ ғарқ ва несту нобуд гардид. Ин талафоти хеле калон буд ва нерӯи баҳрии форсҳоро, бо вуҷуди ҳанӯз ҳам хеле зиёд будани киштиҳояшон, суст гардонд.

Гузаргоҳи Фермопилро 300 ҷанговари якачини спартавӣ бо сарварии шоҳи Спарта Леонид ҳимоя мекарданд. Ин қисмҳои пешрави лашкари хушкигарди иттифоқи шаҳрҳои Юнон буд, ки шумораи умумиашон ба 5200 нафар мерасид. Эрониён ду бор дар гузаргоҳи Фермопил — як бор дастаи модҳо ва бори дуюм дастаи форсҳо ба ҳуҷум гузаштанд, аммо бинобар танг будани гузаргоҳ натавонистанд онро ишғол кунанд. Яке аз сокинони маҳаллӣ ба умеди гирифтани инъоми калон ба форсҳо пайраҳаеро нишон дод, ки онҳо шабона ба воситаи он кӯҳро давр зада, аз пушти мудофеони Фермопил баромаданд ва дар задухӯрди кушод онҳоро несту нобуд карданд. Ҳамаи 300 спартагӣ бо сардории Леонид дар ин задухӯрд кушта шуданд. Баъди ин ғалаба роҳ ба Афина барои лашкари пиёдагарди эрониён кушода шуд.

Юнониён барои задухӯрди баҳрӣ димоғаи Артемисро итихоб карда, 271 киштиро дар он ҷо ҷамъ карданд. Аммо аксари сардорони онҳо пешниҳод намуданд, ки дар ин мавзеъ задухӯрд накарда, ба обҳои дарунӣ раванд. Яке аз сардорони юнониён, ки мехост задухӯрд дар димоғаи Артемис шавад, аз ин қарор форсҳоро огоҳ кард, то ки онҳо пеши роҳи қафонишинии киштиҳои юнониёнро гиранд. Форсҳо 200 киштии худро фиристоданд то ҷазираи Эвбеяро давр зада, аз пушти киштиҳои юнониён бароянд ва пеши роҳи онҳоро гиранд. Дар ин миён як ҷанговари юнонӣ аз лашкари форсҳо гурехта, ба назди юнониён омад ва онҳоро аз ин кор хабардор кард. Як қисми киштиҳои юнонӣ ба пешвози киштиҳои эрониён, ки ҳеҷ гуна ҳуҷумро интизор набуданд, баромада дар задухӯрд 30 киштии онҳоро ишғол кард. Дар ҳамин вақт тӯфони сахт ба амал омад ва боқимонда 170 киштии форсҳо ғарқ ва несту нобуд шуданд. Ин дуюмин талафоти калони эрониён аз тӯфон буд. Баъди ин дар димоғаи Артемис задухӯрди баҳрӣ ба амал омад. Дар ин задухӯрд юнониҳо моҳиронатар ҷангиданд. Оқибат ҳеҷ кадом аз тарафҳо ғолиб наомада, талафоти зиёд доданд, аммо талафоти форсҳо бештар буд. Баъди ин муҳориба киштиҳои юнониён димоғаи Артемисро тарк карда, ба обҳои дарунии Юнон рафтанд.

Дар ин миён Хишоёршо бо лашкари пиёдагард қисми марказии Юнон Беотия ва Аттикаро ишғол карда, бисёр шаҳрҳои онро хароб кард. Форсҳо Афинаро низ забт карда, қаср ва ибодатхонаи онро хароб намуданд.

Муҳорибаи дуюми баҳрӣ дар назди ҷазираи Саламин рух дод. Эрониён 380 киштии юнониёнро, ки мехостанд ба Истм рафта, дар он ҷой муҳориба кунанд, ба иҳота гирифтанд. Юнониёни ба муҳосира афтода, маҷбур шуданд киштиҳои худро саф кашида ба ҷанг дароянд. Онҳо киштиҳояшонро доирашакл ҷойгир карда, сари онҳоро ба тарафи киштиҳои эрониён ва пушташонро ба тарафи якдигар гардонданд. Бар хилофи юнониён форсҳо киштиҳои худро хеле бемаҳоратона ва бетартибона ҷойгир карданд. Ҳини задухӯрд киштиҳои онҳо ба якдигар бархӯрда ғарқ шуданд.

Дар ин задухӯрди баҳрӣ юнониён қисми зиёди киштиҳои форсҳоро нобуд ва ғарқ карда, ғалаба ба даст оварданд. Хишоёршо ба тарс афтод, ки мабодо киштиҳои юнониён ба гулӯгоҳи Геллеспонт рафта, пулҳоро вайрон кунанд ва роҳи бозгашти эрониёнро ба ватан банданд. Барои ҳамин ӯ бо маслиҳату пешниҳоди Мардоний 300 ҳазор ҷанговари беҳтаринро барои давом додани забти Юнон бо Мардоний гузошта, худаш бо боқимондаи лашкар бо роҳи омадааш ба тарафи гулӯгоҳи Геллеспонт раҳсипор шуд ва баъди 45 рӯз ба он ҷо расид ва аз гулӯгоҳ гузашта ба ш. Сард омад.

Лашкари эрониён бо сардории Мардоний аз Афина ба Фессалия баргашта, зимистонро он ҷо гузаронд. Бо фаро расидани баҳори соли 479 то м. Мардоний ба назди афиниягиҳо қосид фиристода, сулҳ пешниҳод кард, аммо онҳо қабул накарданд. Мардоний мефаҳмид, ки агар афиниягиҳо ба тарафи форсҳо гузаранд, дигар юнониён қудрати муқобилати ҷиддӣ нишон додан надошта, ё бе ҷанг таслим ё мағлуб мешаванд. Баъди аз афиниягиҳо ҷавоби рад гирифтан Мардоний барои дуюмбора забт кардани Афина равон шуд. Вақте лашкари форсҳо ба Аттика расид ва ба Афина дохил шуд, дар шаҳр касе намонда буд, сокинони шаҳр бо киштиҳо ба ҷазираи Саламин рафта буданд. Форсҳо бинобар пешниҳоди сулҳро қабул накардани афиниягиҳо шаҳрро оташ зада, биноҳояшро хароб карда, ба қафо, ба Фива баргаштанд. Сабаби қафо баргаштани онҳо дар он буд, ки Аттика ҷои танг буда, барои задухӯрд мувофиқ набуд ва дар сурати шикаст хӯрдани форсҳо афинагиҳо метавонистанд роҳи ақибнишинии лашкарро, ки аз дараи танг мегузашт, банданд. Дар сарҳади байни Беотия ва Аттика ду лашкар ба муқобили якдигар саф кашиданд.

Юнониён дар доманаи кӯҳи Киферон қарор гирифта, барои баргардондани ҳуҷуми форсҳо тайёр шуданд. Лашкари савораи форсҳо ба ҳуҷум гузашта, юнониёнро танг карда, ба қафонишинӣ маҷбур кард. Аммо вақте ки ба ёрии спартавиҳ о ҷанговарони пиёдагард аз қувваҳои асосӣ омаданд, онҳо саворагони форсро танг карда, ба ақиб партофтанд. Ҳини ақибнишинӣ аспи сарлашкари эрониён Масистий тур хӯрда, ӯро ба замин партофт. Дар ҳамин лаҳза юнониён ӯро иҳота карданд. Масистий худаш танҳо ба муқобили юнониён мардонавор ҷангида, чандин нафарашонро ба ҳалокат расонд. Аммо қувваҳо аз ҳад зиёд набаробар буданд, Масистий дар ҳалқаи ҷанговарони юнонӣ танҳо буд ва оқибат ҳалок гардид. Баъди ин муҳориба юнониён ба мавзеи Платея гузашта, мавқеъ гирифтанд. Дар ин чо байни лашкари эрониён ва юнониён муҳорибаи сахт ба амал омад, ки дар он юнониён достболо шуданд. Дар ин ҷанг сарлашкари эрониён Мардоний кушта шуд. Яке аз сарлашкарони форсҳо бо номи Артабаз бо 40 ҳазор ҷанговар сари вақт ба ёрии Мардоний наомада, роҳи гурезро пеш гирифт ва ба воситаи гулӯгоҳи Геллеспонт ба Осиё баргашт.

Ба қавли Геродот, яке аз сабабҳои шикасти эрониён аслиҳаи вазнини ҷангӣ надоштани онҳо буд. Сабаби дигар бартарии ҷангии юнониён дар баҳр буд. Ҳамчунин ду тӯфони баамаломада қариб нисфи киштиҳои эрониёнро нобуд карда, ба ғалабаи юнониён хеле мусоидат намуданд. Аз ҷониби дигар юнониён шароити маҳалро хуб медонистанд ва барои задухӯрд мавзеъҳои ба худашон мувофиқро интихоб мекарданд. ҳамчунин ба ёрии онҳо пайваста неруҳои нави ҷангӣ аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Юнон меомаданд. Баръакси ин эрониён, аз ақибгоҳи худ хеле дур ва аз чунин имконият маҳрум буданд. Бинобар сабабҳои номбаршуда ва бисёр сабабҳои дигари аёну ноаён ба эрониён муяссар нагардид, ки ғалабаҳои дар Юнон ба даст даровардаашонро мустаҳкам карда, ин мамлакатро ба муҳлати дароз тасарруф намоянд.

Баъд аз шикаст хӯрдан дар ҷанг бо юнониён Ҳахоманишиҳо Македония, Фракия ва шаҳрҳои соҳили шимоли баҳри Эгейро аз даст доданд. Юнониён сади роҳи васеъшавии империя шуданд, гарчанде ки он ҳоло ҳам пурқувват буд. На Хишоёршо ва на дигар шоҳони баъдина барои васеъ кардани қаламрави империя кӯшиш накарданд. Барои ин шароити мусоид ҳам набуд. Бе ин ҳам нигоҳ доштани империяи хеле паҳновар рӯз то рӯз душвор мегардид. Табаддулотҳои давлатӣ тез-тез рух дода, аз сустшавии ҳокимияти марказӣ шаҳодат медоданд. Масалан, Хишоёршо ва писари ӯро соли 465 то м. сӯиқасдчиён куштанд. Аз ин бесарусомониҳо истифода бурда, хшатрапанҳо шӯриш бардоштанд. Дар давраи ҳукмронии Артахишоёршо (солҳои 465-424 то м.) дар Миср ва Сирия шӯриш сар зад. Афиниягиҳо ва дигар юнониён фаъол шуда, ба шӯришгарон бар зидди форсҳо ёрӣ мерасонданд.

Баъди марги Артахишоёршоҳ ду вориси тахт аз ҷониби сӯиқасдчиён пайҳам кушта шуданд ва баъди онҳо Дорои II (соли 423-404 то м.) ба тахт нишаст. Дар давраи ҳукмронии ӯ дар Лидия, Осиёи Хурд, Мод, Миср шӯришҳо ба амал омаданд. Соли 405 то м. дар Миср шӯриш сар зад ва ҳахоманишиён то соли 342 то м. онро аз даст доданд. Ҳамаи ин ва дигар шӯришҳо ва табаддулотҳо аз сустшавии давлати ҳахоманишиён гувоҳӣ медоданд. Артахишоёршоҳи II (солҳои 358-337 то м.) тавонист то андозае давлатро мустаҳкам кунад, аммо соли 337 то м. ӯро табиби шахсиаш Багой заҳр дода кушт. Багой амалан ҳокимиятро ба даст гирифта, дастнигарони худро ба тахт менишонд, то вақте ки яке аз онҳо – Дорои III худи ӯро маҷбуран заҳр хӯронда кушт. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, давлати Ҳахоманишён ҳамоно пурқувват буд ва қариб то охири мавҷудияташ сарҳадҳои пешинаи худро нигоҳ дошт.

Дар давраи ҳукмронии Дорои III ба арсаи сиёсӣ қувваи нав — Мақдуния баромад. Он рӯз ба рӯз қувват гирифта, тамоми Юнонро ба тасарруфи худ даровард ва соли 334 то м. ба қаламрави давлати Ҳахоманишиҳо ҳуҷум кард. Дар се муҳориба, ки охирин ва ҳалкунандааш 1 октябри соли 331 то м. дар мавзеи Гавгамел дар Сурия рух дод, эрониён шикаст хӯрданд ва империяи паҳновари онҳо амалан ба дасти Искандари Мақдунӣ гузашт. Дорои III то охири муҳориба дар майдони ҷанг наистода, буздилона онро тарк кард. Овозаи аз майдони ҷанг гурехтани шоҳ барқвор дар байни лашкариён паҳн шуда, боиси бесарусомонӣ ва навмедии сарбозон гардид ва онҳо бетартибона ба қафонишинӣ сар карданд. Ҳол он ки ба ақидаи баъзе муҳаққиқон дар ҳамин лаҳзаҳо дар бисёр қитъаҳои хатти муҳориба эрониён ба пешравӣ муваффақ шуда буданд. Шояд агар Дорои III ҷасорат ва истодагарӣ зоҳир мекард, ин муҳориба ба таври дигар анҷом меёфт. Дар ҳар сурат ӯ бояд то дами охирин ҳамроҳи ҷанговаронаш дар майдони ҳарб истода, онҳоро рӯҳбаланд мекард. Аммо афсӯс ки ин тавр нашуд ва дар муҳориба эрониён шикаст хӯрданд.

Яке аз сабаҳои асосии ғалабаи мақдуниҳо бартарии яроқу аслиҳа, тактикаи ҷангӣ ва тартибу интизоми артиши онҳо буд. Ҳахоманишиён халқу миллатҳо ва кишварҳои зиёдро муттаҳид сохта, барои инкишоф ва таъсири мутақобилаи фарҳанги онҳо шароити мусоид фароҳам оварданд. Онҳо амнияти роҳҳоро таъмин карда, барои инкишофи савдои минтақаҳои байни Шарқу Ғарб шароити мусоид ба вуҷуд оварданд.

Ҳахоманишиён барои халқҳои ориёӣ хизмати шоён ва таърихӣ карданд. Онҳо муттаҳидсозии қавму миллатҳои ориёиро, ки модҳо сар карда буданд, идома дода, ба марҳилаи нав расониданд. Онҳо ориёиҳои Осиёи Миёна, Эрон ва Шарқи Наздикро дар ҳайати як давлат муттаҳид карда, барои ташаккул ёфтани мардум ва фарҳанги муштараки ориёӣ замина фароҳам оварданд. Маҳз ҳамин буд, ки минбаъд аксарияти кулли ориёиҳои минтақаҳои номбаршуда анъанаҳои ориёиҳои қадимро идома ва такмил доданд. Ва бесабаб нест, ки тоҷикону эрониёни имрӯза меросдорони асосии тамаддуни ориёиҳои бостон мебошанд.

Санадҳои мавҷуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Бохтар дар ҳаёти сиёсии Империяи ҳахоманишӣ нақши калон мебозид. Дар бисёр маврид дар ин ҷо ворисони тахтро ҳоким таъин мекарданд ва онҳо номзадҳои воқеӣ барои ишғол кардани тахти шоҳаншоҳӣ буданд. Ба ин қатор писари калонии Дориюши I Ариаман, бародари Артахишоёршоҳ Виштасп, хешованди Дорои III Бесс ва яке аз бародарони Хишоёршо дохил мешуданд.[14] Аммо ба ин шоҳзодагон соҳиби тахт шудан муяссар нагардид. Мавқеи вилоятҳои ғарбии Ҳахоманишиён ҳанӯз мустаҳкам буд.

Ҳахоманишиён империяи бузургро ташкил дода буданд, ки он аз Мисру Ливия, соҳилҳои баҳри Эгей дар ғарб то Ҳинду сарҳади Хитойро дар шарқ дар бар мегирифт. Дар муқоиса ба он давлатҳои собиқи дар ин минтақа вуҷуддошта (Ошур, Бобулистон, Миср) хеле хурд буданд. Барои идора кардани чунин як империяи паҳновар сохтори наву мукаммали маъмурӣ зарур буд. Дар иҷрои ин кор форсҳо аз таҷрибаи ҳамсояҳои тараққикардаи худ эҷодкорона истифода бурда, амалан сохти нави маъмуриеро офариданд, ки ҷавобгӯйи тақозои империяи паҳновар буд.

Дар ҳайати давлати Ҳахоманишиён халқҳои зиёде муттаҳид карда шуда буданд, ки дар сатҳи гуногуни тараққиёт қарор доштанд. Табиист, ки умури идорӣ бояд бо назардошти ин вазъият сохта мешуд. Бо эътирофи умум Ҳахоманишиён аз уҳдаи иҷрои ин кор ба хубӣ баромада тавонистанд. Ба қавли М. А. Дандамаев[15] дар ташкил кардани идораи давлатӣ Ҳахоманишиён нисбат ба мисриҳо, ошуриҳо ва бобулиҳо муваффақиятҳои бузургтар ба даст дароварданд.

Куруши Кабир дар сохти маъмурии кишварҳои забткардааш ягон тағйироти ҷиддӣ надаровард. Камбуҷия низ дар ин соҳа дигаргунии амиқ дохил накард. Ин корро Дорои I иҷро намуд. Шӯришҳои дар оғози ҳукмронии ӯ сарзада номукаммал будани сохти идорию маъмуриро нишон доданд.

Сохти сиёсии давлати Ҳахоманишиён чунин буд: ҳокимияти олӣ дар дасти шоҳаншоҳ буд. Танҳо авлоди Ҳахоманишиён ҳуқуқ доштанд ба тахти шоҳӣ нишинанд. Ҳокимияти подшоҳӣ меросӣ буда, аз падар ба писар мегузашт. Дар сурати писар надоштани шоҳ тахтро метавонист намояндаи дигари авлоди Ҳахоманишиён ишғол намояд. Бо вуҷуди меросӣ будани ҳокимият шоҳаншоҳро амалан ашрофу аъёни бонуфузи дарбор аз байни ворисон қаблан интихоб мекарданд. Баъд аз ин маросими расмии ба тахтнишинии шоҳаншоҳ мувофиқи қоидаҳои мавҷуда иҷро карда мешуд. Маросими ба тахти салтанатӣ нишастан дар ватани Ҳахоманишиён дар Посоргод мегузашт.

Ҳокимияти подшоҳӣ мутлақ ба шумор мерафт. Ҳукми охиринро доир ба ҳамаи масъалаҳои муҳими давлатӣ шоҳаншоҳ мебаровард ва он тағйирнопазир буд. Аммо дар амал дар дарбори шоҳ шӯрое вуҷуд дошт, ки аз хешу табор, наздикони шоҳ ва ашрофу аъёни бонуфуз иборат буд. Шоҳаншоҳ пеш аз он ки доир ба ин ва ё он масъалаи муҳими давлатӣ қарор барорад, бо ин шӯро машварат мекард ва баъди ин бо назардошти хулосаи ин шӯро ҳукм мебаровард. Дар мисоли машаварат доир ба ҳамла кардан ё накардан ба Юнон мушоҳида мешавад, ки ба тасмими шоҳ гурӯҳҳои гуногуни дарбориён таъсир расонда метавонистаанд. Хишоёршо бо маслиҳати тағояш Артабон писари Виштасп аз ҳамла ба Юнон даст кашиданӣ буд, аммо Мардоний ӯро ба ҳамла розӣ кард ва шоҳаншоҳ дар ин хусус қарор баровард.

Шоҳаншоҳ на танҳо доир ба масъалаҳои муҳими давлатӣ, балки доир ба ҳамаи масъалаҳои дигар низ метавонист ҳукм барорад. Яъне ҳокимияти ӯ дар ин маврид номаҳдуд ва мутлақ буд.

Баъди шоҳ мақоми аз ҳама баландро ҳазорпат дошт. Ӯ сардори ҳокимияти иҷроия буда, аз болои тамоми мансабдорони давлатӣ назорат мекард. Ҳазорпат вазифаи вазирро иҷро мекард. Ӯ ҳамчунин сардори навкарони яккачини шоҳ буд ва дар вақти ҷанг вазифаи сарлашкарро иҷро мекард.

Дар давраи Дорои I девони марказӣ ташкил карда шуд, ки аз се вазоратхона – хазина, артиш ва додгустарӣ иборат буд. Ҳар девон сардори худро дошт. Дар девонҳо дабирон, муҳосибон ва дигар маъмурон кор мекарданд. Хазинадор ба ҷамъоварии хироҷ, ҳисобу китоб ва сарфи он роҳбарӣ мекард. Дар дастгоҳи подшоҳӣ хадамоти амниятию иттилоотӣ низ ба роҳ монда шуда будааст ва нозирони махфӣ амал мекардаанд. Аз фаъолияти онҳо мансабдорони хурду бузурги давлат дар тарсу ҳарос будаанд.

Ҳуҷҷатгузорӣ дар девони давлатӣ ба дараҷаи баланд ба роҳ монда шуда буд. Тамоми даромаду баромад, мукотиба ва дигар санадҳои муҳим дар дафтарҳои махсус сабт карда мешуданд. Дар тамоми фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ муҳри шоҳаншоҳ гузошта мешуд. Дар ин бора Ҳеродот ва дигар муаррихони Юнони қадим хабар додаанд. Муҳрҳои мудаввари найшакли шоҳони ҳахоманишӣ ва дигар мансабдорони олӣ дар Тахти Ҷамшед ва дигар мавзеъҳо ба миқдори зиёд ёфт шудаанд. Масалан, дар Даскилея муҳре ёфт шуда, ки матни он чунин аст: «Ман подшоҳ Хишоёршо (мебошам)». Дар Тахти Ҷамшед муҳри — амакбачаи Дорои I мансабдори калон Багапат ёфт шудааст.

Тамоми ҳуҷҷатҳои давлатӣ ба забони оромӣ тартиб дода мешуданд. Ин забон дар Шарқи Наздик ҳамчун забони тиҷорат ва ҳуҷҷатнигорӣ интишор ёфта буд. Хатти он алифбоӣ буда, нисбат ба хатти мехӣ бартарии зиёд дошт. Барои идора кардани давлати хеле паҳновар ва сермиллат ҷорӣ кардани забони ягонаи ҳуҷҷатгузорӣ шарти муҳим буд. Дар вилоятҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуҷҷатҳоеро, ки барои оммаи васеи аҳолии таҳҷойӣ таъин шуда буданд, метавонистанд бо забони маҳаллӣ тартиб диҳанд. Дар дабирхонаи шоҳӣ тарҷумонҳои забонҳои гуногун кор карда, арзу шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳои бо забони сокинони маҳаллии сатрапанҳо ворид шударо тарҷума мекарданд.

Забони муоширати давлатӣ форсии қадим буд. Ба ин забон шоҳон ва аъёну ашроф гап мезаданд, машваратҳои давлатӣ гузаронда мешуданд. Навиштаҷоти расмӣ дар кӯҳпораҳо бо забонҳои форсии қадим, иломӣ ва аккадӣ бо хатти мехӣ навишта мешуданд.

Дар идораи давлат форсҳо мақоми хос дошта, муҳимтарин мансабҳоро ишғол мекарданд. Вале дар муассисаҳои давлатӣ шумораи зиёди мутахассисон ва маъмурони ботаҷрибаи халқҳои дигар низ кор мекарданд ва соҳиби вазифаҳои баланд буданд. Ҳахоманишиҳо дар ин масъала таассуб зоҳир накарда, пеш аз ҳама, манфиати давлатро ба назар мегирифтанд. Қаламрави Ҳахоманишиён ба беш аз 20 воҳиди бузурги идорӣ — маъмурӣ тақсим шуда буд, ки сатрапия (хшатрапана) ном доштанд. Дар китоби Ҳеродот феҳристи онҳо оварда шудааст.

Кишварҳои Осиёи Миёна хшатрапанаҳои XII (Бохтар), XVI (Суғд, Хоразм ва Порт), XV (Сакоиҳо) ва XI (сакоиҳои соҳили баҳри Хазар)-ро ташкил мекарданд. Хшатрапанаҳо воҳидҳои маъмурӣ — андозсупорӣ буданд.

Сардори ин воҳидҳои маъмуриро хшатрапан (сатрап) меномиданд. Шакли ориёии ин калима «хшатрапан»[17] буд, ки маънояш «нигоҳбони ҳокимият» мебошад. Тавре ки мебинем, ин истилоҳи сиёсию маъмурӣ аз забони ориёӣ гирифта шудааст. Ин нукта барои муайян кардани сарчашмаҳои пайдоиши умури идораи давлатии Ҳахоманишиён аҳамияти хос дорад. Хшатрапанаҳо ҳанӯз дар давлати Модҳо вуҷуд доштанд. Аммо дар натиҷаи ислоҳоти Доро онҳо ба худ шакли наву тоза гирифта, мукаммал гардиданд. Хшатрапанаҳоро шоҳаншоҳ ба вазифа таъин мекард ва ё аз он озод менамуд. Онҳо танҳо ба шоҳаншоҳ итоат мекарданд. Дар назди хшатрапан дабири шоҳӣ фаъолият мекард. Тамоми мукотибаи марказ бо хшатрапанҳо ба воситаи ӯ иҷро карда мешуд.

Хшатрапанаҳо низ девон доштанд ва он дар шакли хурд аз девони олӣ нусхабардорӣ шуда буд. Дар он низ хазинадор, дабирон, муҳосибон, додварон ва дигар маъмурон кор мекарданд. Хшатрапан (сатрап) дастаи ҷанговарони худро дошт. Дар ҳолатҳои зарурӣ, масалан, дифои сарҳад аз ҳамлаи душманони берунӣ дастаҳои мусаллаҳ ташкил карда мешуданд.

Барои мустаҳкам кардани иртиботи сатрапҳо Ҳахоманишиҳо чораҳои иқтисодию молиявӣ низ медиданд. Чунончи, онҳо пули воҳидро ба номи «дарик» зарб карданд, ки дар тамоми қаламрави ҳокимияташон гардиш дошт. Ин пулҳо аз тилло ва нуқра зарб шуда, номи он, яъне «дарик» ишора ба зар мебошад.

Робитаҳои иқтисодию сиёсӣ ва маданӣ дар байни беш аз 20 сатрапи Ҳахоманишиён ба воситаи роҳҳои доимӣ барпо буда, аз ҷиҳати сиёсӣ нуфузи ҳокимияти марказиро бояд таъмин менамуданд. Дар фосилаҳои муайян корвонсаройҳо ё меҳмонхонаҳое ба унвони «манзили шоҳӣ» бунёд шуда буданд, ки аз ободӣ ва амнияти роҳҳои байни вилоятҳо гувоҳӣ медиҳанд. «Роҳи шоҳӣ»-и Ҳахоманишиҳо то фосилаи 2500 км. идома доштааст. Ин роҳҳо Сард, Мавсил, Бағдод, Шуш, минтақаҳои Форс, Марв, Бохтар ва Суғдро то сарҳади Чину Ҳинд пайваст мекард. Ва шояд аз аввалин роҳҳои эъмор кардаи аҷдодони мо будааст, ки дар вусъати тиҷорати байни давлатҳо нақши муҳим доштааст. Ва ин роҳ бо номи «Роҳи абрешим» баъдан маъруф гардид.

Аз иқдомоти муҳими Дорои ва шоҳони Ҳахоманишӣ сохтани шаҳрҳо низ буд. Харобаҳои имрӯзаи Тахти Ҷамшед дар наздикии Шероз (ки гувоҳи муҳташам будани ёдгори меъмории он сулола аст ва Искандар онро тақрибан пурра хароб карда буд) ва эъмори шаҳри Шуш гувоҳи он аст.

Роҷеъ ба падидаҳои зиёди фарҳангӣ, ки дар даврони Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада буданд, ман дар навиштаҳои қаблии худам ба онҳо ишора карда будам ва аз ин зиёда таваққуф намекунам.

Доро барои маҳдуд кардани қудрати хшатрапанаҳо дастаҳои ҷанговарони онҳоро ба итоати сарлашкар гузаронд, ки он бевосита аз марказ таъин карда мешуд ва ба шоҳаншоҳ итоат мекард. Бо ин роҳ мехост имконияти шӯриш бардоштани хшатрапанҳоро камтар кунад. Аммо тақсимоти ҳокимият ба мулкӣ ва ҳарбӣ на ҳамеша дақиқ риоя карда мешуд.

Доро аз рӯйи қоидаи «ғолиб ҳақ дорад» амал карда, хшатрапанҳоро дар аксар вақт аз ҳисоби форсҳо таъин мекард. Аммо ҳодисаҳои минбаъда нишон доданд, ки хшатрапанҳои форс ҳам дар кашмакашиҳои дарборӣ иштирок карда, барои касби истиқлолият сари ҳар чанд вақт бар зидди ҳокимияти марказӣ шӯриш мебардоштаанд.

Тавзеҳот

_______________

[1] Дандамаев М. А. Политическая экономическая и культурная история Ирана Ахеменидского периода. М., 1979. – с. 5-11.

[2] Раҳмонов Э. Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум. – с. 82.

[3] Гафуров Б. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972. – с. 73.

[4] Ниг. Геродот, I, 178 – 201; Дандамаев М. А. Политическая …, – с. 32-52.

[5] Дар бораи ҳамлаи Камбуҷия ба Миср ниг: Дандамаев М. А. Политическая … – с.55-63; Гафуров Б. Таджики. – с.71; История древнего Востока. – с.589-590.

[6] Дар бораи ҳукмронии Дорои I ниг: М. А. Дандамаев Политическая … – с.85-124; Геродот, III, 67; История Ирана. – с.50-64.

[7] Гафуров Б. Таджики. — с.72.

[8] Дандамаев М. А. Политическая история… – с.102; Гафуров Б. Таджики. – с.72.

[9] Ниг. Ҳазратқулов М. Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, 2006. – с. 128.

[10] Геродот, VII, 1.

[11] Геродот, VII, 4-6.

[12] Ниг: Геродот, VII, VIII, IX.

[13] Ниг: История Ирана. – с.66 ва баъди он.

[14] Таърихи халқи тоҷик. Душанбе, 2003. – с.82.

[15] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с.108.

[16] Истории Ирана. – с. 52-53.

[17] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 115

Давлати Ҳахоманишиён ва рушди тамаддуни ориёӣ (давомаш)
← Ба пас, ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.