Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 2.1.

Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе
ба таърих ва тамаддуни ориёӣ
Боби дуюм.
Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо

Давлатҳои қадимаи ориёӣ ва ташаккули тамаддуни онҳо

Чунонки баъзе муҳаққиқони имрӯзӣ низ қайд карданд, туркон дар давраҳои қадим дар болооби дарёи Амур ва қисматҳои кӯҳии Сибири Ғарбӣ иқомат дошта, ба шикорчигӣ машғул будаанд.[1]

Баъди вафоти Кайхусрав боз як парокандагӣ дар давлати ориёиҳо пайдо мешавад. Чунки Кайхусрав ворис надошт ва ба гуфтаи сарчашмаҳо, гӯё Кайхусрав пеш аз падруд гуфтан сипаҳсолор Кайлӯҳроспро шоҳи Эрон таъин менамояд, аммо аз маълумоти сарчашмаҳои авестоӣ бармеояд, ки Ориёнро ба кайҳои зиёд худи Кайхусрав дар вақти аз тахт даст кашидан тақсим карда буд.[2] Масалан Нимрӯзро ба Рустам, Куму Исфаҳон ба Гев, Хуросон ба Тӯс дода буд.

Тӯрониён аз ин парокандагӣ истифода бурда ба Эрон ҳуҷум менамоянд ва онро ба андоз додан маҷбур мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз Ориён то замони подшоҳии Лӯҳросп ба парокандагӣ гирифтор буд. Дар сарчашмаҳо Лӯҳроспро аз пушти Пешин ва насли Кайқубод гуфтаанд. Дар таърихи Табарӣ омадааст, ки Кайхусрав пеш аз даст кашиданаш аз тахтутоҷ сарони Эронро даъват намуд ва гуфт ин тахту мамлакат ҳар киро ки хоҳад, бидиҳанд. Пас сарон гуфтанд, Шумо номи ӯро гӯед ва мо вайро пазирем. Лӯҳросп он ҷо нишаста буд, даст ба сӯи ӯ кард ва хомӯш монд. Ҳамзаи Исфаҳонӣ менависад, ки Лӯҳросп писари амаки Кайхусрав буд, зеро ӯ писари Кайваҷон, пури Кайманиш пури Кайфашин пури Кайқубод будааст.

Дар Бундаҳишн фасли 31, банди 28 гуфта мешавад, ки Лӯҳросп писари Зов, писари Монуш, писари Кайпешин, писари Кайапива писари Кайқубод буд. Чӣ тавре ки мебинем, Лӯҳросп аз авлоди Каёниён аст, аммо ба Хусрав хешӣ надорад. Фарвардин Яшт банди 137 аз писари Кайхусрав Аҳуро ёд мешавад, аммо аз чӣ сабаб ӯро шоҳ таъин накардаанд, чандон равшан нест. Аз матнҳои «Шоҳнома» ва дигар асарҳо бармеояд, ки шоҳон интихобӣ буданд, яъне ба курсии шоҳӣ шахсони болаёқат интихоб мешуданд. Шояд аз камлаёқат будани Аҳуро ӯро сарони Эрон ба ҷои падар ба тахти шоҳӣ нашинонидаанд. Шояд сабабҳои дигар низ буд.

Бояд тазаккур диҳам, ки дар замони Сосониён маркази давлатӣ ва динии Каёниёнро Истахр гуфтаанд, баъзеҳо Сиистонро марказ меноманд, аммо дар асл маркази давлати Каёниён ҳама вақт дар Бохтар буд ва шояд пойтахти он Заринасп ном дошт. Давлати Каёниён танҳо заминҳои Осиёи Марказӣ ё ба ибораи дигар Эрони Шарқӣ яъне Хуросони бузурги баъдинаро фаро мегирифт. Дар он давраҳо дар Эрони Ғарбӣ давлати Илом арзи вуҷуд менамуд.

Дар «Форснома» дар бораи Лӯҳросп омадааст: «Лӯҳросп ибни Фанухӣ чун бар тахт бинишаст, ҳамагон ба мӯҷиби васияти Кайхусрав мутобиати ӯ шуданд ва итоат доштанд ва ӯ сирате сипард сахт писандида ва қоидаҳои накӯ ниҳод ва аз осори ӯ он аст, ки аввал касе, ки саропарда сохт ӯ буд. Ва девони лашкар ниҳод, ки мо онро «девони арз» хонем ва тахти зарини мурассаъ бо ҷавоҳирот сохт ва шаҳри Балхро девор кашид, иморатҳо кард ва мақоми ӯ бештар он ҷо буд. Ва ҳама ҷаҳонро иморат кард ва асовираро дастинаҳои зар дар дасти рост кард бар сабили икром ва ҳиммати баланд дошт ва мулки ҷаҳонро чунон мусаххар гардонид, ки аз Рум ва Синд ва Ҳинд хироҷ бад-ӯ мефиристоданд».[3]

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ Лӯҳросп чун подшоҳи одил ва раиятпарвар тасвир шуда, оғози салтанати ӯ аз сохтани оташкадаи Меҳрбарзин дар Балх ибтидо ёфтааст.

Чу Лӯҳросп биншаст бар тахти оҷ,
Ба сар барниҳод он дилафрӯз тоҷ,
Ҷаҳонофаринро ситоиш гирифт,
Ниёиш варо дар физоиш гирифт….
Яке шорсоне баровард шоҳ
Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.
Ба ҳар барзане ҷои ҷашни Сада,
Ҳама гирд бар гирд оташкада.
Яке озаре сохт Барзин ба ном,
Ки буд бо бузургиву бо фарру ком.[4]

Лӯҳросп барои ободонии шаҳристони Балх, бунёди бозору растаҳои тиҷоратӣ, корвонсарою марказҳои савдо заҳмати зиёде ба харҷ дода, равобити тиҷоратӣ ва фарҳангиро бо кишварҳои Ҳинду Чин ва Рум густариш дод. Гумони ғолиб он аст, ки шояд дар замони подшоҳии Лӯҳросп роҳҳои нави корвонгард кушода шуда, лоҷуварду булӯр ва дигар сангҳои қиматбаҳои Бадахшон ба кишварҳои дуру наздики олам интиқол дода мешуданд. Ва аҷаб нест, лоҷувардҳои бадахшии зикрашон дар боло рафтаро, ки чун ғанимат ба дасти лашкаркашони Ошур афтода буданд, маҳз савдогарони бохтарӣ тавассути шоҳроҳи лоҷувард ба қаламрави давлати Мод бурда бошанд.[5]

Аз гуфтаҳои Балхӣ, Дақиқӣ ва Фирдавсӣ бармеояд, ки шоҳ Лӯҳросп марди созанда ва ободкунандаи Эрон буд. Дар замони ӯ сохтмони қасру шаҳрҳо равнақ ёфт, ки то ин давра чандон расм набуд. Барои аз хатарҳо эмин будан гирди шаҳр девори ҳимоявӣ сохт. Ин маълумоти Балхӣ ба харобаи Дашлиз, ки онро В. И. Сарианиди дар масофаи 30 км аз рӯди Ому ба сӯи ҷанубу шарқ ҳафриёт кардааст, рост меояд.

Дар меъмории Даштлӣ — 3 қасри шоҳӣ ва маъбади мудаввар нақши асосӣ доранд. Гирдогирди шаҳрро се девори ҳимоявӣ печонидааст.[6] (расм 9,1) Шаҳраки Дашлӣ- 3 ба нимаи дувуми ҳазораи 2 то м. нисбат дорад.

Дигар урфияте, ки Лӯҳросп ҷорӣ намудааст, тахти заррини бо сангҳои қиматбаҳо ородода ва асовираи заррин аст. Асовира ин чӯбдастаи шоҳӣ, ки ӯро Аҳуромаздо ба Ҷамшед супурд ва номашро аштаро гуфт. Аштаро чӯбдастаи рамзӣ барои идора намудани давлат мебошад. Чӯпон бо асо рамаю галаро идора менамояд, шоҳ бо аштаро мардуми мамлакаташро. Аштаро яке аз рукнҳои давлатдорӣ буд. Дар давраҳои баъдин ин чӯбдаста бо номи шашпар маълуму машҳур гардид.

Курсӣ бо аштаро, суварҳо (нигин), тоҷ ва парчам аз шоҳ ба шоҳ ба мерос дода мешуданд. Бо гуфтаи ин сарчашма, Кайлӯҳросп девони лашкар бино кард, яъне лашкари доимӣ ташкил намуд, зеро замона ноором буд ва хавфи таҳдидҳои беруна, махсусан тохтутозҳои тӯрониёни чорводор зиёд буд.

Муҳлати подшоҳии Кайлӯҳросп 120 сол буд ва ӯ ҳанӯз дар замони дар ҳаёт буданаш тахтро ба писараш Кайгуштосп супорид ва худ ба тоату ибодат машғул шуд.

Кайгуштосп яке аз шоҳони бузургу мӯътабар ҳисоб мешавад, зеро дар замони ӯ аввалин пайғамбар — Зардушт зуҳур намуд ва дини яктопарастиро ба ҷаҳониён пешкаш намуд. Кайгуштосп 120 сол подшоҳӣ кардааст.

Бо Гуштосп гуфт: Эй ҷаҳон кадхудой
Расулам ба наздики ту аз Худой

Шоҳ Гуштосп дини ӯро пазируфт ва пуштибонӣ кард, аз ҳамин ҷиҳат дар Авесто дар бораи ӯ бештар маълумот омадааст.

Дақиқӣ чунин менигорад:

Чу Гуштоспро дод Лӯҳросп тахт,
Фуруд омад аз тахту барбаст рахт.
Ба Балхи гузин шуд бар он Навбаҳор,
Ки яздонпарастон буд он рӯзгор.
Мар он хонаро доштандӣ чунон,
Ки мар Маккаро тозиён ин замон…
Чу Гуштосп бар шуд ба тахти падар,
Ки фарри падар буду бахти падар.
Ба сар барниҳод он падардода тоҷ,
Ки зебанда бошад ба озода тоҷ.[7]

Гуштосп низ чун дигар подшоҳони каёнӣ шаҳри Балхро чун пойтахт ободу мӯҳташам нигоҳ дошта, дар девону давлатдорӣ қоидаҳои нав афзуд. «Аввалан оин овард, ки марҷаъи (руҷӯъи, оғози) ҳама корҳо бо вазир бошад, аз дахлу харҷ ва ҳаллу ақд. Ва вазирро бузургфармой хондандӣ… Ва соҳибдевони иншоро дабиркад (дабир, муншӣ) хондӣ ва ин дабир оқилтарин ва закитарин ва бедордилтарин аз ҳамагон будӣ. Аз он чӣ дабир забони подшоҳ аст ва масолеҳи (маслиҳати) мулк ба қалами ӯ мазбут (устувор) шавад. Ва ду девони дигар ниҳоданд, яке девони хироҷ ва дигар девони нафақот. Ҳар чӣ дахл будӣ, ба девони хироҷ асбот (сабт, рӯйхат) ва забт (ҳифз) кардандӣ ва ҳар чӣ харҷ будӣ ва мавоҷиби (маош, воҷибот) лашкарҳо ва ҳавошӣ (наздикон, ашроф) ва дигар ихроҷот (хароҷот) ба девони нафақот руҷӯъ будӣ. Ва дабире маъруфи мураттаб (тартиб) будӣ дар даргоҳ, ки мартабатҳои мардум нигоҳ доштӣ аз фарзандон то испаҳбадон, то сароҳангон, то ҳоҷибон, то хоҷагон, то табақоти ҳашам ва ҳавошӣ ва афнои (насабаш ноаён) мардум мартабаи ҳар як аз эшон дар нишастану истодан нигоҳ доштӣ ва ҷои ҳар кас дар хидмати боргоҳ ва девону сарой забт кардӣ, то ҳеҷ кас аз андозаи хеш нагаштӣ ва чун дар мартаба хилофе ё шубҳате будӣ, руҷӯъ бад-он дабир кардандӣ».[8]

Зикри подшоҳии Гуштосп дар «Яштҳо»-и Авесто, «Ёдгори Зарирон», «Бундаҳишн», ҳамчунин «Гуштоспнома» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки ӯро чун ҳомӣ ва паҳнкунандаи таълимоти Зардушт тавсиф намудаанд. Дар «Авесто» ва дигар осори адабиёти паҳлавӣ номи Гуштосп дар шакли Виштосп зикр гардидааст, ки маънояш дорандаи аспи чамуш (ноором) мебошад.[9]

Давраи подшоҳии Гуштосп авҷи муборизаҳои шадиди бошандагони муқимии зироаткору чорводори Бохтар ва сакоиҳои бодиянишини ориёинажод мебошад, ки аз рӯи дину оини собиқа тарзи зиндагии кӯчманчигиро афзалтар медонистанд. Сарчашмаҳои адабию таърихии мавҷуда, алалхусус «Ёдгори Зарирон» аз ҷанги беамони миёни подшоҳи Эроншаҳр (қаламрави Бохтар ва ориёиҳои собиқ бо ҳамин ном маъмул буд) Гуштосп ва душмани қаттоли ӯ — шоҳи Хиёниён Арҷосп маълумот медиҳанд. Мувофиқи тасвири «Ёдгори Зарирон», Арҷосп огоҳ мешавад, ки Гуштосп аз оини собиқа даст кашида, кеши зардуштиро пазируфтааст, номае навишта ба дасти ду тан муқаррабони номдораш — Бидрафши Ҷоду ва Номхости Ҳазорон ба дарбори Гуштосп мефиристад, ки дар асари номбурда чунин тавсир шудааст:

«Ва ишон даромаданд ва ба Виштоспшоҳ намоз бурданду нома бидоданд.

Авроҳими меҳтари дабирон бар пой истод ва нома (ба) бонги баланд бихонд. Ва бар нома чунин навишта шуда буд, ки «ман шунидам, ки шумо шаҳриёрон ин дини поки маздаясно аз Ҳурмузд пазируфтед ва гар онро боз надоред, моро гарон зиёну душворӣ аз ӯ шояд будан. Аммо агар шумо шаҳриёрон писандед (ва) ин дини пок бигзоред(у) бо мо ҳамкеш бошед, он гоҳ шуморо ба шаҳриёрӣ парастем, он гоҳтон диҳем сол ба сол бас зар (у) бас аспи неку ва бас гоҳи шаҳриёрӣ. Ва гар ин нагзоред ва бо мо ҳамкеш набошед, он гоҳ бар шумо расем, сабз хӯрему хушк сӯзем ва чаҳорпову дупо(ро) аз шаҳр барда (ғулом) кунем ва шуморо ба тамом гарон ва душворӣ кор фармоем».[10]

Гуштоспшоҳ ин пешниҳоди Арҷоспро намепазирад ва ба ҷанг омодагӣ мебинад. «Пас ҳар мардеро, ки аз фиристодагон огаҳӣ омад, ба даргоҳи Гуштоспшоҳ бо сипоҳ омаданд ва табл заданду най навохтанд ва бо говдумб (карнай) бонг карданд. Корвон гирд оварданд ва пилбон бо пил раванду сутурбон бо сутур раванд ва гардунадор ба гардуна (ароба) раванд».[11] Байни ду кишвар ҷанг оғоз ёфт. Дар ин ҷанг Зарир — бародари Виштосп баъди корнамоиҳои зиёде, аз дасти Бидрафши Ҷоду ҳалок мегардад. Писари хурди Зарир — Баствар бар кинхоҳии падар бархоста, ин ҷодуи палидро нобуд месозад. Лашкари Арҷоспро Спандидод (Исфандиёр) маҳв намуда, худи ӯро асир мегирад[12].

Номи Арҷосп дар қисмати «Яштҳо»-и «Авесто» («Обон-Яшт», Дрваспа-Яшт») ба шакли Ареҷат-аспа вомехӯрад, ки маъниаш «(дорандаи) аспи арҷманд» мебошад. Тавсифи ӯ «древант» — дурӯғпараст, шоҳи тӯронӣ, сарвари қабилаи хйаона (ҳиена — Э.Р.) ва аз душманони тавонои дини Зардушту таълимоти вай, лашкариёнаш ҷодувону девпарастон зикр шудаанд.[13]

Ба ҷанг бархостани мардуми муқимии зироаткору заминдор бо сарварии шоҳ Гуштосп, аз як тараф, ва довталабию зӯроварии қавмҳои чодарнишини кӯчманчию чорводор бо сарварии шоҳ Арҷосп, аз тарафи дигар, ки аслан ҳардуи онҳо ориёинажоду ориёизабон буданд, баҳона ва сабаби ҷангашон пазируфтан ё инкор кардани кеши нави зардуштист, қабл аз ҳама ба афзудани зиддиятҳои иҷтимоӣ, тезу тунд шудани муносибати табақаҳои гуногуни ҷомеа, бархӯрдани манфиатҳои иқтисодиву ҳаётан муҳими онҳо асос ёфтааст. Қавмҳои тӯронӣ ғолибан зиндагии кӯчманчигӣ доштанд ва бо тақозои пешаи чорводорӣ чодарнишиниро меписандиданду ҳангоми гармоҳои тамуз ва сармоҳои шадид аз сабаби кам шудани ғизои чорво маҷбур мешуданд, ки барои забт намудани заминҳои кишт ва аз ҳисоби марзҳои зироату ғалла афзудани чарогоҳҳои худ пайваста дар талош бошанд. Ва сарманшаи таҳдиди «сабз хурему хушк сӯзем» низ аз мушкилоти пешаи чорводориву тарзи ҳаёти кӯчӣ сар задааст. Фирдавсӣ низ ин матлабро хеле хуб гуфтааст:

В-ар эдун, ки напзирӣ ин панди ман,
Бисойӣ гарон оҳанин банди ман…
Биёрам сипоҳе зи туркону Чин,
Ки бунгоҳашон барнатобад замин,
Биянборам ин рӯди Ҷайҳун ба мушк
Ба машк оби дарё кунам пок хушк.
Бисӯзам нигорида кохи туро,
Зи бун барканам беху шохи туро.
Заминтон саросар бисӯзам ҳаме,
Танотон ба новак бидӯзам ҳаме.[14]

Ҷараёни ба табақаи иҷтимоӣ ҷудошавии бохтариҳову сакоиҳо (пешвоёну шаҳриёрон, родмардону озодагон, кишоварзону барзгарон, чорводорону галапарварон, бодиягардону чодарнишинон, маздопарастону девпарастон ва ғайра) идома ёфта, мартабаи аъёну ашроф ва пайравони кеши зардуштӣ меафзуд. Бошандагони муқимӣ дар паҳноҳои дарёи Вахшу Ому, водиҳои Қубодиён, Вахш, Ҳисор, Балх, Бохтар ва ҳаволии атрофи он, бодиягардон аз марзҳои Сакистон (Систон) то Сакошиму (Ишкошим) Бадахшон, аз канори Суғд (Сир) то даштҳои сералафу гулистонҳои Ҳафтрӯд мақом доштанд.

Дар сарчашмаҳои хаттии ахди Ҳахоманишиён, маъхазҳои ҳиндӣ ва манбаъҳои атиқаи асрҳои VI-V то м. доир ба сакоиҳои Ҳаумаварг (ситояндагони нӯшобаи муқаддаси ҳаома), сакоиҳои Таграхуд (кулоҳи нӯгтез), сакоиҳои Парасуғда (канори Суғд), сакоиҳои пара драйа (канори дарё) маълумотҳо дарҷ шудааст. Муаррихони атиқа аксаран сакоиҳоро бо скифҳо як дониста, дар илми таърихшиносӣ ба иштибоҳ роҳ кушодаанд. Мувофиқи маълумоти Катибаи Беҳсутун Дорои I соли 519 то м. пешвои сакоиҳои тиграхуд Скунхаро, ки бар зидди Ҳахоманишиён шӯрида буд, баъди ҷангҳои шадид асир мегирад ва ба ҷои ӯ шахси дигареро аз байни сакоиҳо пешво мегузорад. кӯҳи Беҳсутун пайкараи Скунхаи кулоҳи нӯгтез дар қатори тавонотарин рақибони Дорои I муҷассам гардидааст.[15]

Ҳеродот дар бораи пайдоиши сакоиҳо (скифҳо) ривоятеро меорад, ки мувофиқи он, нахуст бошандаи ин кишвари беохир шахсе буд бо номи Таргитай. Падару модари он худои бузург Зевс ва духтари рӯдҳо Борисфен буданд.[16] Скифҳо ба монанди Модҳо ва Порсҳо худро ориёӣ меномиданд. Ба ин номҳои шоҳони онҳо Ориёнтас, Ориёнсос Ориёраминос ва ғайра гувоҳӣ медиҳанд.[17]

Шубҳае нест, ки афсонаи Фаридун бо писаронаш бо ин ривояти устуравии сакоиҳо ва се оилаи аланҳо (осетиҳо) аз як сарчашмаи ориёӣ реша гирифтаанд. Дар асоси ин афсона ривояти славянӣ дар бораи се шоҳигарӣ пайдо шудааст. Мувофиқи ривояти славянӣ чизҳои зерини аз осмон афтидаро бародари хурдӣ соҳиб мешавад ва ӯро шоҳи офтоб меноманд, чунки ӯ дар аснои тулӯи офтоб ба дунё омадааст. Агар мо ба ривояти Ҷам (Ҷамшед) аввалин шоҳи ориёиҳо назар кунем вай писари офтоб ва шоҳи офтобӣ лақаб дошт. Ӯ лақаби хшатр — ҳукмрони тоҷи шӯъладорро дошт.[18]

Акнун бармегардем ба подшоҳии Гуштасп, ки 120 сол будааст. Дар 30-солагии салтанати ӯ аввалин пайғамбар — Зардушт Спитамон ба Балх ба назди ӯ омада ва гуфта, ки пайғамбарам аз ҷониби Худованд. Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар таърихи худ овардааст, ки соли 30-уми подшоҳӣ ва 50-уми соли умри Гуштосп буд, ки Зардушт аз Озорбойҷон омад ва дини худро ба ӯ пешниҳод намуд.[19]

Ясно ашу Зардушт аз Аҳуромаздо дархост мекунад, ки Гуштоспро дар фирдавс ҷой диҳад. Дараваспа Яшт бандҳои 29-31 гуфта мешавад, ки Кайгуштосп дар канори рӯди муқаддаси Доитиё (ки ба рӯди Панҷ (Хароб) — Ому як дониста мешавад) қурбонӣ меорад ва аз ӯ дархост менамояд, ки ӯро бар ҳаюнҳо ғолиб созад. Аз матнҳои авестоӣ ба хубӣ маълум мешавад, ки дар бораи Кайгуштосп китоби махсус буд мавсум ба «Наски даҳум», ки дар он ҷангҳои ӯ барои барқарор намудани оини Зардуштӣ тараннум шуда буданд. Мутаассифона, ин наск то замони мо наомадааст.

Гуштосп ба муқобили ҳаюниён то зуҳури Зардушт ҷангида мағлуб шуда буд ва ба онҳо андоз медод. Дар баъзе қисмҳои Авесто аз ҷумла Дин Яшт дар бораи баъзе рақибони тӯронии ӯ ба монанди кайҳо: Тасриёван Пушанавашт, Анворунат, Даришника, Васпинич, Урушак ва дигарон ёдовар мешавад, ки ба муқобили онҳо ҷангида аст. Дар Гуштосп яшт дар бораи аз ҷониби Исфандиёр озод намудани хоҳаронаш Ҳумои ва Офарӣ аз банди Арҷосп сухан меравад, яъне маълум мешавад, ки пеш аз Зардушт Гуштосп бо Арҷоспи тӯронӣ ҷангида мағлуб шудааст. Дар ин бора номаи Арҷосп ба Гуштосп гувоҳӣ медиҳад. Дар он гуфта мешавад, ки Шумо Зардуштро аз дарбор дур намоед, ба дини аҷдодӣ баргардед, ман андози Шуморо мебахшам вагарна мулкатонро хароб менамоям. Аввалин касе, ки зидди боҷ додани Эрониён ба Тӯрон баромад, Зардушт буд. Зардушт таъкид менамуд, ки бигзор тӯрониён ба ҷанг биёянд, мо бар онҳо ғолиб меоем.

Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Зардушти пир,
Ки дар дини мо набошад ҳушир.
Ки ту боҷ бидҳӣ ба солори Чин,[20]
На андархур ояд ба оину дин
(Фирдавсӣ)

Гуштосп ба бародараш Зарир фармуд то номае ба Арҷосп нависад ва ӯро огоҳ кунад, ки Худованд ба дунё пайғамбаре фиристодааст ва ӯ дини яктопарастӣ овардааст ва мо шумо тӯрониёнро даъват менамоем, ки онро қабул намоед ва китобҳои Худованд Авесто ва Зандро воҷиб донед. Агар ин даъватро қабул накунед:

Ба даймоҳ ар эдун ки хоҳад Худой,
Бипӯшам бузург оҳанина қабой.
Ба Тӯронзамин андароям сипоҳ,
Кунам кишвари Гургсорон табоҳ
(Фирдавсӣ)

Вақте Арҷосп номаро мегирад, фармон медиҳад лашкарро гирд оранд ва ба сӯи Эрон ба ҳуҷум тайёр шаванд. Ҳарду сипоҳ бо сарварии подшоҳони худ ба пешвози ягдигар меоянд. Дар даште вомехӯранд. Мувофиқи навиштаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ сарвари умумиӣ лашкари Эрон худи шоҳ Гуштосп буд, аммо сарфармондеҳи бевоситаи сипоҳиён Зарир — бародари шоҳ буд. Исфандиёр сарлашкари 50 ҳазор ва Настур ва Шедасп низ дастаҳои худро доштанд. Дар лашкари Тӯрон Арҷосп сарвари умумӣ буд, Гургсор, Бедиравш ба лашкари 100 ҳазорӣ роҳбарӣ менамуданд.

Мувофиқи урфи он замон, ҷанг аз муборизаи тан ба тани шахсони алоҳида шурӯъ мешуд. Бинобар ин аввал ба майдон аз ҷониби эрониён Ардашер ворид ва аз ҷониби паҳлавони тӯронӣ мағлуб мешавад. Баъд Ширу ба майдон меояд ва чанд нафар тӯрониёнро беҷон менамояд ва худаш низ ҳалок мешавад. Пас Шедаст ба майдон омад ва ба Кӯҳрам паҳлавони тӯронӣ ҷангид ва ҳарду аз захми якдигар ҳалок шуданд. Баъд ҷанги умумӣ сар шуд ва аз ҳарду тараф талафоти зиёде доданд.

Дар рӯзи дигар сарлашкари эрониён Зарир Паҳлавон ба майдон омад ва аз лашкари Тӯрон паҳлавонони зиёдеро ҳалок сохт. Тӯрониён тарсида буданд ва ҳеҷ кас вориди майдон намешуд. Арҷосп ваъда дод, ки касе сари паҳлавон Зарирро биёрад, духтарашро ба ӯ медиҳад. Сардори лашкари Тӯрон Бедиравши Ҷоду биёмад ва бо ҳилаю найранг ба жӯпини заҳролуд Зарирро захмӣ намуд. Ва Зарир беҳуш гашт ва ӯро бикушт ва парчами ковиёнро бо аспу либоси Зарир ба назди Арҷосп бурд.

Баъд Исфандиёр вориди майдон шуд ва ҳар кас, ки аз душман ба майдон меомад, ӯро мекушт. Тӯрониён аз ин паҳлавон ба тарс омада буданд. Рӯзи дигар Исфандиёр дар аспи шоҳ Гуштосп Беҳзот вориди майдон шуд ва Бедиравшро талабид. Бедиравш дар либосу аспи Зарир, ҷодувона гӯё Зарир бошад, наздик шуду ҳамла овард. Аммо Исфандиёр ӯро чобукона ба теғ дар миёнаш зад ва аз асп афтонд. Исфандиёр асп, парчаму либоси амакаш Зарирро гирифт ва боз ҳариф талабид, аммо Арҷосп тарсида, рӯй ба гурез ниҳод. Исфандиёр ба ҳама таслим шудагони лашкари Тӯрон амонӣ бахшид ва онҳоро барои ба ватан бозгаштан иҷозат дод.

Баъди ин ғалаба Гуштосп бо сарварии Исфандиёр лашкар ба ноҳияҳои Ориён фиристод то ӯ дини тавҳидии ашу Зардуштро ҷорӣ намояд.

Бад — ӯ гуфт: аспат ба зин андар ор,
Ҳама кишваронро ба дин андар ор.
Зи пеш андар омад гав Исфандиёр,
Ба даст андарун гурзи говсор.
Ҳама нома бинвишт зӣ шаҳриёр,
Ки мо дин гирифтем аз Исфандиёр
(Фирдавсӣ)

Дар ин ҷангҳо обрӯи Исфандиёр хеле баланд шуд ва падараш аз бими он, ки ӯ шоҳ нашавад, вақте ба пойтахт омад, ӯро зиндонӣ намуд. Ва худ сӯи Сиистон рафт. Арҷосп аз ин ҳодиса огоҳ шуд ва зуд ба сӯи Балх лашкар кашид. Ӯ Балхро ғорат ва Лӯҳроспу пайғамбарро кушт. Вақте Гуштосп аз Сиистон омад, дар мубориза шикаст хӯрд ва дар иҳотаи лашкари тӯрониён маҷбур шуд, ки вазираш Ҷомоспро фиристад то Исфандиёрро аз банд озод кунад ва ватанро аз лашкари Арҷосп пок намояд.

Исфандиёр дар ин ҷанг ғалабаи эрониёнро бар тӯрониён таъмин кард ва падарро аз иҳота озод намуд. Ӯ ба Тӯрон лашкар кашид ва хоҳарони асирашро озод намуд. Ва Арҷоспро кушта Тӯронро ба Эрон ҳамроҳ кард. Аммо рашки падар нисбат ба Исфандиёр кам нашуда буд ва ӯро ба Рустам ҷанг андохт, ки боиси ҳалокати Исфандиёр шуд.[21]

Дар адабиёти қадими авестоӣ баъди Исфандиёр дигар номҳои подшоҳони силсилаи Каёниён зикр нашудаанд. Шояд барои он бошад, ки китобҳои марбут ба ин дудмон боқӣ намондаанд. Номи Баҳман дар матнҳои паҳлавии замони Сосониён зикр мешавад. китоби «Динкард» дар боби 6-ум фасли 4-ум гуфта мешавад, ки дар миёни шаҳриёроне, ки баъди ашу Зардушт давлатдорӣ карданд, Ваҳуман Испандатон барои оини Мазда Ясно корҳои зиёд карда, росткорӣ ва одилиро дар ҷаҳон нигоҳ дошт. Ӯ бо номи Баҳмани Ардашери Дастдароз маъруф буд. Барои чӣ Баҳманро Дастдароз номидаанд, чандон маълум нест. Шояд барои он бошад, ки аз будаш беш дастҳои дароз дошт ё шояд барои он ки дасткушод — сахимард буда.

Дар «Бундаҳишн» навиштанд, ки «Ваҳуман писари Спандод 112 сол, Ҳумой духтари Ваҳуман 30 сол, Доро писари Хумой 12 сол, Доро писари Доро 14 сол ва Искандари Румак писари Доро 14 сол подшоҳӣ карданд.[22] Шояд Ҳумой писаре дошт бо номи Доро, аммо Дориюши ҳахоманишӣ ба ӯ ҳеҷ хешовандӣ надорад. Зеро замонашон дигар аст.

Дар фасли 3 китоби паҳлавӣ «Занд» Баҳман Яшт дар фиқраи 20-29 омадааст, ки «Аҳуромаздо дарахте ба Зардушт нишон дод ва гуфт: «Ин дарахт аз гетӣ ва ҳафт шохаи маъдан иборат мебошад, ки аз ҳафт даври таърихӣ дарак медиҳад».

Дар адабиёти замони Сосониён Ҳахоманишҳо ва Сосониён аз авлоди Кайёниён дониста шудаанд, ки аз ҳақиқати таърихӣ дур аст. «Форснома» тарҷумаи ҳоли Баҳманро ин тавр шаҳр додаанд. «Баҳман писари Исфандиёр сахт карим ва поксиришт буд ва ӯро Ардаршери Баҳмани оздаст гуфтандӣ. Он бисёр вилоятҳо бигирифт ва бирафт Сиистон биғоратид ва шаҳри Рустам биканду хароб кард, ба кини падару бародарони худ. Чун гузашта шуд , аз вай панҷ фарзанд монд, ду писар — яке Сосон дигаре Доро ва се духтар – яке Ҳумонӣ, дигар Фарансаҳ ва сеюм Баҳмандухт. Аммо Сосон бо он ки оқил, олим ва мардона буд, рағбат ба шоҳӣ надошт. Доро тифл буд ва подшоҳӣ бар духтари бузург Ҳумонӣ расид. Ривояте аст, ки Ҳумонӣ модари Доро буд ва то бузург шуданаш давлатдорӣ кард».

Бояд зикр кард, ки мӯҳлати подшоҳии Баҳманро саду дувоздаҳ сол гуфтаанд, ки дар он фаъолияти ду-се подшоҳи дигар ҳамроҳ мебошад, шояд Баҳмани I-III. Шояд Баҳмани III писар надошт, бинобар ин духтараш Ҳумонӣ подшоҳ мешавад.

Мувофиқи гуфтаи «Шоҳнома» Баҳман баъди подшоҳ шуданаш барои хуни падар ба Зобулистон лашкар кашид, то Рустамшаҳрро вайрон ва Золро асир намояд. Аз омадани Баҳман дили Зол пурхун шуд ва ба насиҳати вай омад ва ба ӯ гуфт, ки Исфандиёр Рустамро ба ҷанг кардан водор сохт. Ӯ насиҳат ва сулҳро напазируфт. Ман ва Рустам аз марги Исфандиёр сахт пушаймонем, аммо Баҳман ба насиҳати Зол гӯш надода вайро асир ва Рустамдижро хароб намуд. Фаромез, ки дар кинхоҳии Рустам дар Кобул буд, ба Зобулистон омад ва бо Баҳман ҷангид. Дар ин ҷанг Баҳман Фаромез ва бисёр аз лашкариёнро бикушт ва Зобулу Ҳилманро хароб сохт. Баъд аз кардаи худ пушаймон шуд ва Золро озод намуда, ба Балх бозгашта, то охири умр бо адолат давлатдорӣ кард.

Кайҳумоӣ (Ҳумонӣ), мувофиқи маълумоти адабиёти паҳлавӣ, сию ду сол подшоҳӣ кардааст. Азбаски аз авлоди Баҳман мард набуд, Ҳумой ба ҷои падар ба тахти шоҳӣ нишаст. Ҳумой лақаби Меҳрзодро дошт, зани зебо, хушқомат ва донишманд буд. Кайҳумой охирин насли Кайёниён аст. Дар таърих дигар ин дудмон зикр нашудааст. Чӣ тавре қайд шуд, таърихнигорон шоҳи ҳахоманишҳо Дорои Бузургро набераи Баҳман аз авлоди Кайёниён донистаанд, вале далели қотеъ дар ин бора вуҷуд надорад.

Баъзе таърихшиносони шинохтаи мо бар ин ақидаанд, ки шоҳони Ҳахоманишӣ ба сулолаи Каёниён тааллуқ доранд.[23] Вале баъзе муҳаққиқон тарафдори ин ақида нестанд ва бар ин назаранд, ки чунин фикр ғалат буда, он дар замони Сомониён ба вуҷуд омадааст.

Ман дар китоби «Аз Ориён то Сомониён» омӯзиши таърихи ин ду сулолаи ба таърихи халқи тоҷик мансуб доштаро таъкид карда будаам. Дар бораи таърихӣ будани сулолаи Каёниён авестошиноси маъруфи даниягӣ А. Кристенсен ҳанӯз солҳои 30-уми асри гузашта асаре бо номи «Каёниён» навишта, таърихӣ будани ин дудмонро исбот намуда буд, ки «Кавиҳо силсилаи муназзамеро ташкил медиҳанд ва шахсиятҳои комилан ориёӣ мебошанд. Таърихи онҳо бар манбаъҳои асотирӣ қарор надорад. Ҳаёти онҳо комилан оддӣ, инсонӣ ва корнамоиҳои онҳо башарӣ мебошанд. Дар фаъолияти подшоҳон Кайковус ва Кайхусрав ривоятҳои устуравӣ ворид шудаанд, вале ин чунин маъно надорад, ки мо таърихӣ буданашонро рад намоем. Подшоҳони асотирӣ дар Яштҳо бо унвони «кай» ёд намешаванд. Вожаи кай хоси мардумони Ориёии Шарқ мебошад ва барои шоҳони таърихии замони Зардушт истифода шудааст».[24]

Хушбахтона, дар таърихи бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» нашри соли 1998 муаллифи боби «Ташакули давлатҳои қадим» И. В. Пьянков менависад, ки ковиёҳо яъне каёниён мардумони таърихианд ва дар ин бахш шубҳае нест.[25] Ва баррасии асоснок ва мӯътамади онро анҷом додааст. Дар маҷмӯъ давлатҳои қадимии ориёӣ, қабл аз ҳама Каёниён, оғози давлатдории бостонии суннатии ориёӣ ва марҳалаи ниҳоят муҳими ташаккули таърихии тамаддуни ориёӣ будаанд. Бад-ин ҷиҳат шинохти илмии онҳо амри ниҳоят зарур аст.

Давлати Мод ва тамаддуни ориёӣ

Ман дар китоби «Аз Ориён то Сомониён» фикру мулоҳизаи худро ба таври мухтасар ба ҳар хонандаи кишварам хостам фаҳмо баён кунам. Доир ба масъалаҳое дахл карда будам, ки дар давраи соҳибистиқлолии миллати мо ниҳоят заруранд. Ин пеш аз ҳама ташаккули шуури саҳеҳи таърихӣ ва ифтихори миллӣ ва эҳсоси эҳтиром ба халқҳои дигар ба вуҷуд нахоҳад омад.

Бинобар ин дар китоби ҳозир фикрҳои дар китобҳои гузаштаам баён кардаро дар асоси мутолиаҳои нав, дар паҳнои васеътари таърихӣ мехоҳам шарҳ диҳам. Чун сухан дар бораи таърих ва тамаддуни ориёиҳо меравад, қаламрави васеи зиндагӣ ва амалиёти низомию бархӯрдҳои давлатҳои аввалини ориёӣ, динҳою фарҳангҳои онҳоро омӯхтан зарур аст. Зеро миллати мо то ба имрӯз чӣ гуна роҳҳои пурпечутоби таърихро дар таркиби давлатҳои ориёӣ ва ғайриориёӣ тай кардааст, мавриди алоқамандии бевоситаи мардуми мо, хосатан ҷавонон бояд қарор гирад.

Ба ҳамин манзур ман дар бораи давлатҳои аввалини ориёӣ, ки аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯза берун буда, вале ба рукни арзишманди давлатдории умумии ориёӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва донистани онҳо шарти ватандорию миллатдӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои бебаҳои муштараки мо мебошад, мехоҳам андеша ронам.

Яке аз чунин давлатҳо Давлати Мод мебошад. Дар бораи Давлати Мод ва сарзамини Модҳо мулкҳои тобеи онҳо осори хаттии мехии ошурӣ, катибаҳои бобулӣ ва таърихнависони Юнони қадим, махсусан Геродот (Ҳеродот) ва дигар ёдгориҳои таърихию бостоншиносӣ маълумот доданд. Ба ақидаи аксарияти олимон, иттиҳоди қабилаи Мод дар асрҳои XII-XI то м. ба шимолу ғарби Эрон омадаанд.[26] Аммо маълумоте низ мавҷуд аст, ки дар бораи аз ин ҳам барвақттар, дар асри XIII то м. ба шимолу ғарби Эрон омадани модҳо шаҳодат медиҳанд. Аз рӯйи маълумоти М. И. Дяконов, қадимтарин навиштаҷоти мехии ошурӣ, ки дар онҳо модҳо номбар шудаанд, ба миёнаи ҳазорсолаи 2 то м. тааллуқ доранд.[27]

Дар як ҳуҷҷати ошурӣ аз китобхонаи шоҳ Ашурбанипал номи худои олии оини зардуштӣ Аҳуромаздо дар шакли Ассор Мазаш зикр шудааст. Ин ҳуҷҷат ба асри XIII то м. тааллуқ дорад ва дар бораи аллакай дар он замон дар ҳамсоягии ошуриҳо сукунат доштани модҳо шаҳодат медиҳад. Номи ин худо метавонист танҳо ба воситаи Модҳо ба сарзамини ошуриҳо интишор ёбад.[28]

Дар бораи дар асри XIII то м. дар Эрони Ғарбӣ сукунат доштани Модҳо, ки худро ориёӣ меномиданд, маводҳои бостоншиносӣ низ гувоҳӣ медиҳанд. Дар маданияти моддии Эрони Ғарбӣ дар асрҳои XIII-XII то м. тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. То ин замон барои ёдгориҳои ин минтақа зарфҳои рангаи мунаққаш хос буданд. Дар асри XIII то м. дар саросари ин минтақа ёдгориҳое пайдо шуданд, ки барояшон зарфҳои хокистарранг хос мебошад. Бостоншиносон ин тағйиротро ба муҳоҷирати қабилаҳои нав дар ин сарзамин нисбат медиҳанд. Аксарияти олимон бар он ақидаанд, ки онҳо қабилаҳои ориёӣ буданд.[29] Маълумотҳои дар боло овардашуда шоҳиди онанд, ки ҳанӯз дар асри XIII то м. ориёиҳо ва пеш аз ҳама Модҳо дар Эрони Ғарбӣ пайдо шуданд.

Ҳамин тавр, Модҳо халқи ориёӣ буда, аллакай дар асри ХIII то м. ё аз ин ҳам барвақттар дар қисмати шимолу ғарбии Эрон зиндагӣ мекарданд. Дар бораи аз кадом минтақа ба ин ҷо омадани онҳо ду ақида вуҷуд дорад. Ба фикри аксарияти донишмандон, онҳо ба ин ҷо аз Осиёи Миёна ва Бохтар омадаанд. Дар ин бора ду фикри мухталиф мавҷуд аст. Мувофиқи фикри якум, таърих ва фарҳанги ягона ва муштарак доштани модҳо ва порсҳо бо бохтариён, суғдиён ва дигар халқҳои ориёии Осиёи Миёна ва сарзаминҳои ҳамҷавори он. Фикри дуюм ишора ба ҷуғрофияи Авесто дорад, ки асосан Бохтар, Суғд, дигар минтақаҳои Осиёи Миёна ва қисмати шарқии давлатии Модро дар бар мегирад. Яъне Осиёи Миёна ва шарқи Эрон макони ташаккулёбии халқҳои ориёӣ, аз он ҷумла модҳо ва порсҳо буд ва ба Эрони Ғарбӣ онҳо аз ҳамин ҷо рафтаанд. Ин ақида махсусан аз ҷониби И. М. Дяконов хеле муфассал ва боварибахш собит карда шудааст.[30]

Ба ақидаи гурӯҳи дигари олимон, модҳо ва порсҳо, яъне ин ду халқи ориёӣ ба Эрони Ғарбӣ аз даштҳои ҷануби Русия ба воситаи Кавказ омада буданд. Барои исботи ин фикр онҳо ҳанӯз дар миёнаи ҳазорсолаи 2 то м. дар Байнаннаҳрайни Шимолӣ сукунат доштани халқҳои ориёиро ҳамчун далел пешниҳод мекунанд.[31] Аммо ба ақидаи гурӯҳи якуми олимон, ориёиҳо ба Байнаннаҳрайн низ аз Бохтару Осиёи Миёна рафта буданд. Ақидае низ вуҷуд дорад, ки Модҳо аз ноҳияҳои баҳри Хазари Осиёи Ғарбӣ ба Осиёи Миёна (Бухорову Самарқанд) омада, тадриҷан ба тарафи ҷануб азимат намуданд ва дар Эрон сукунат пайдо карданд.

Тавре зикр шуд, дар даштҳои ҷануби Русия, шимоли баҳри Сиёҳ ва қисман Кавказ низ қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои қадим зиндагӣ мекарданд ва онҳо низ ба халқҳои ориёии Осиёи Миёна ва Эрони Шарқӣ фарҳангу таърихи муштарак доштанд. Аммо ин минтақаҳо, гарчанде ки дар фарҳанги халқҳои ориёӣ нақши барҷаста гузошта бошанд ҳам, макони ниҳоии ташаккулёбии онҳо набуданд. Макони ташаккули халқҳои ориёӣ, аз ҷумла модҳо ва тадвини китоби муқаддасашон — Авесто Осиёи Миёна ва Эрони бостон ба ҳисоб меравад. Ин фарҳанги муштараки бохтариҳо, суғдиҳо, портҳо, хоразмиён ва модҳову порсҳо дар давраҳои хеле қадим – охири ҳазораи 3 – нимаи аввали ҳазораи 2 то м. ба вуҷуд омада буд.

Дар бораи таърихи қадими модҳо (асрҳои ХIII-Х то м.) дар сарчашмаҳои ошурӣ, бобулӣ ва юнонӣ танҳо маълумотҳои ночизу пароканда мавҷуданд. Дар асрҳои Х-IХ то м. ошуриҳо чандин маротиба ба кишвари Мод ҳуҷум карда, кӯшиш карданд, ки онро тобеи худ созанд. Дар робита бо ин ҳодисаҳо дар сарчашмаҳои ошурӣ дар бораи модҳо маълумоти бештар ба назар мерасад.

Кишвари Мод аз чандин вилоятҳои мустақил иборат буд, ки ҳар кадом ҳокими худро дошт. Дар навиштаҷоти ошурӣ як дафъа «сардорони 22 қалъа» (деҳкадаҳои истеҳкомдор), дафъаи дигар «сардорони 30 қалъа» ва бори сеюм сардорони «45 қалъа» ёд карда шудаанд. Дар ҷойи дигар сухан дар бораи 1200 деҳкадаҳои (қалъаҳои) модҳо меравад.

Ноҳияҳои ғарбии Мод нисбатан тараққикардатар буданд. Дар он ҷо ҳанӯз дар асрҳои IХ-VIII то м. ориёиҳо якчанд давлатҳои хурди амирнишин ба мисли Гилзан, Алабрия, Манна ва ғайраро ташкил дода буданд, ки онҳо минбаъд ба ҳайати давлати Мод дохил шуданд. Дар Гелон низ ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои 2-1 то м. ҳокимияти мустаҳками сиёсӣ вуҷуд дошт. Дар ин бора осори маданӣ ва ёдгории Марлики аз ин сарзамин ёфтшуда, шаҳодат медиҳанд.[32]

Дар мавриди замони пайдоиши давлати Мод маълумоте, ки бо хати мехии ошурӣ ба даст омадааст, ҷолиб ба назар мерасад. Мувофиқи он соли 815 то м. шоҳи Ошур Шамши-Адад ба Мод ҳуҷум карда, пойтахти он Ҳангматана (Ҳамадони кунунӣ) ва 1200 қалъаи онро вайрону валангор кард.[33] Ошуриҳо Ҳангматанаро бо номи «шаҳри подшоҳ» ёд кардаанд. Аз рӯйи маълумоти мазкур чунин бармеояд, ки дар ибтидои ҳазораи якум модҳо ду нишонаи асосии давлатро доштанд, ки нишонаи аввал ҳокимияти олӣ дар симои шоҳ ва нишонаи дуюм пойтахт ҳамчун маркази маъмурию сиёсӣ мебошад. Нишонаи дигари давлатӣ низ баъди аз нуфузи ошуриён озод шудани модҳо ба вуҷуд омада буданд.

Ақидае низ дар байни олимон вуҷуд дорад, ки гӯё модҳо вақте ки дар Эрони Ғарбӣ сукунат ёфтанд, нисбат ба аҳолии маҳаллӣ дар зинаи пасти тараққиёт қарор доштаанд ва ҳаёти кӯчӣ ба сар мебурдаанд. Ин фикрро Э. А. Грантовский барҳақ иштибоҳи маҳз номидааст.[34] Ӯ таъкид мекунад, ки вақте ориёиҳо ба сарзамини Мод омаданд, анъанаҳои тараққикардаи фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ доштанд, ба чорводорӣ, аз ҷумла асппарварӣ, кишоварзӣ машғул ва истифода аз филизотро ба роҳ монда, аз гардунаву аробаҳои ҷангӣ истифода мебурданд.

Дар ҳақиқат ориёиҳо дар сарзамини камҷамъияти модҳо муқимнишин шуда, ба кишоварзӣ, ҳунармандӣ, чорводорӣ ва махсусан асппарварӣ машғул шуданд. Онҳо шаҳру қалъаҳои зиёд доштанд. Тасвири қалъаҳои модҳо дар катибаҳои ошурӣ ва бобулӣ ёд шудаанд ва дар яке аз навиштаҷоти ошурӣ дар бораи мавҷуд будани 1200 шаҳрқалъа сухан рафтааст.

Пойтахти Мод шаҳри Ҳангматана буд. Дар навиштаҷоти ошурии ба соли 815 то м. мансуббуда ин шаҳр бо ҳамин ном омадааст. Забоншиносон муайян кардаанд, ки Ҳангматана номи ориёӣ буда, маънояш «Анҷумангоҳ», «Маҷлисгоҳ» мебошад. Дар ин ҷо пешвоёни модҳо, яъне ҳокимони шаҳру вилоятҳо гирд омада, масъалаҳои муҳими ҳарбию сиёсиро ҳаллу фасл мекарданд. Ошуриҳо ин шаҳрро бо забони худ Сагбат ва юнониён Экбатан мегуфтанд. Шакли тоҷикӣ — форсии он Ҳамадон дар аввали асрҳои миёна пайдо шуда ва то имрӯз боқӣ мондааст.

Дар давоми асри VIII то м. ошуриҳо чандин маротиба ба Мод ҳуҷумҳои ғоратгарона карда, шаҳру қалъаҳои онро вайрон намуданд. Дар баъзе аз ин ҳуҷумҳо онҳо то канораҳои дурдасти шарқии ин кишвар, яъне то сарҳади Бохтару Суғд расиданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин ҳуҷумҳо ошуриҳо натавонистанд Модро пурра тобеи худ созанд. Онҳо танҳо ду ноҳияи начандон калони ғарбии ин кишварро ба ҳайати давлати худ дароварда буданд.

Ҷараёни ташкилшавии давлати ягона ва мутамаркази Модро Геродот дар шакли ривояти хеле ҷолиб нақл кардааст. Ба қавли ӯ, дар ибтидо дар кишвари Мод парокандагии сиёсӣ ҳукмфармо буд. Дар ин ҷо чандин вилояти мустақил вуҷуд дошт, ки ҳокимони онҳо байни якдигар дар ҷангу ситез буданд, ки дар натиҷаи он кишвар хароб мегардад.

Ҳокими яке аз ин вилоятҳо Дейок (шакли эрониаш – Даҳюк) модҳоро дар ҳайати давлати ягона муттаҳид намуда, пойтахти он шаҳри Ҳангматанаро бунёд кард. Чунонки Абдулазими Ризоӣ низ зикр кардааст, Дейок, ки шахси боҷуръат ва адолатпараст буд, тавонист мардумро аз ситам ва беадолатиҳо ва андозҳои табоҳкунанда озод намояд. бинобар ин сокинони сарзамини парокандаи модҳо подшоҳии ӯро қабул карданд ва эътибори Дейок ҳамчун асосгузор ва муттаҳидкунандаи давлати Мод хеле баланд шуд.

Вақте сафарҳое ба Эрон доштам, ба Ҳамадон таваҷҷӯҳи ман бештар буд. Зеро дар ин шаҳр фарзанди бузурги тоҷик, файласуф ва табиби оламшумул Абӯалӣ Ибни Сино мадфун аст. Ӯ ба ин шаҳр аз нобасомониҳои рӯзгор ва таъқиби Султон Маҳмуд фирорӣ шуда, дар ин ҷо манзилгоҳи охирини худро пайдо карда буд. Ҳамадон (Экбатани қадим) аз ҷониби Дейок ҳамчун пойтахт, рамзи иқтидор, муттаҳидӣ ва адолатпарварии давлати Мод сохта шуда буд. [35] Мутаассифона, Геродот санаи рух додани ин ҳодисаро нишон надодааст. Аммо як катибаи ошурӣ ба ин масъала то андозае равшанӣ меандозад. Дар он гуфта шудааст, ки «сардори як қалъа (деҳистон) дар мамлакати Манна ба номи Дайаукку бо подшоҳи Ошур Саргон ҷангида буд, аммо шикаст хӯрд». Ин ҳодиса соли 715 рух дода буд.[36] Ба ақидаи бисёр муҳаққиқон, ин Дайаукку ва шоҳи Моди бо Дейоки ёдкардаи Геродот як шахс мебошад. Ин фикр қобили қабул аст, гарчанде ки Э. А. Грантовский[37] дурустии онро зери шубҳа гузоштааст. Аз ин нукта чунин бармеояд, ки тақрибан дар ҳамин солҳо, яъне дар охирҳои асри VIII то м. модҳо бо сарварии Дейок (Даҳюк) аз асорати ошуриҳо озод шуданд.

Ба қавли Геродот[38], модҳо 156 сол дар Осиё ҳукмронӣ карданд. Агар ин солҳоро ба соли 550 то м., яъне соли барҳам хӯрдани давлати Мод зам намоем, санаи 706 то м. пайдо мешавад, ки аз санаи дар боло овардашудаи оғози ҳукмронии Даҳюк 6 сол фарқ дорад. Санаи ҳосилшуда ба ахбори дар боло зикршудаи катибаҳои ошурӣ дар бораи ҷанги Даҳюк бо шоҳи Ошур Саргони II (соли 715) наздик аст. Шояд соли 706 Даҳюк ба муқобили ошуриҳо мубориза бурда, истиқлолияти худро эълон кард ва шоҳи Мод интихоб шуд.

Ҳамаи шоҳони Мод, (ба ғайр аз Фравартиш) дар манбаъҳои ошурӣ зикр шудаанд ва дуруст будани ахбори Геродот дар ин бора тасдиқ мешавад. Дар катибаҳои ошурӣ шоҳоне низ номбар шудаанд, ки Ҳеродот онҳоро ёд накардааст. Масалан, вақте ки соли 670 то м. модҳо бар зидди ошуриҳо бархостанд, сардори онҳо Хшатрита (Каштарити) буда ва эҳтимол дорад, ки ӯ писари Даҳюк бошад.[39] Агар оғози ҳукмронии Даҳюкро соли 715 то м. шуморем, ин фарзия аз ҳақиқат чандон дур нест. Аммо фикри И. М. Дяконов[40] дар бораи як шахс будани Хшатрита ва Фравартиш чандон боварибахш ба назар намерасад.

Дар охири асри VIII то м. дар саҳнаи таърихии Шарқи Наздик боз ду халқияти ориёӣ – киммериҳо ва скифҳо (сакоиҳо) пайдо шуданд. Онҳо дар манотиқи шимоли баҳри Сиёҳ зиндагӣ мекарданд. Киммериҳо ба Осиёи Хурд ҳуҷум карда, қисми шарқии онро ишғол карданд. Онҳо ба Ошур ва Мидия борҳо тохта, шоҳону мардумони онро ба ваҳшат андохта буданд. Скифҳо низ борҳо ба сарзамини ошуриҳо ҳуҷумҳои ғоратгарона карда буданд ва боре тамоми Байнаннаҳрайн, Ошур ва Фаластинро ишғол карда, то сарҳади Миср расидаанд. Фиръавн Псамметихи I бо тӯҳфаҳои гаронбаҳо ба пешвози онҳо баромада, кишварашро аз ҳуҷуми онҳо раҳо бахшид.

Модҳо баъди гузаронидани ислоҳоти низомӣ, ба роҳ мондани тарзи коргузорӣ дар қаламрави худ ва муттаҳид намудани давлатҳои хурди амирнишин бо скифҳо ва киммериҳо иттифоқ баста, соли 672 то м. бар зидди ошуриҳо бархостанд. Сарвари модҳо Каштарити буд. Аммо шоҳи Ошур Ассархадон духтарашро ба пешвои скифҳо Партатуа ба занӣ дода, онҳоро аз ин амал боздоштанӣ шуд. Бо вуҷуди ин модҳо муборизаро давом дода, қалъаҳои Хархор ва Кишесуро муҳосира карданд.

Мувофиқи маълумоти Геродот, шоҳ (Фравартиш) Фраорт ба сарзамини ошуриҳо ҳуҷум кард. Ин муаррих Каштарита ва Даҳюкро дар робита ба ин ҳодиса зикр накардааст. Баъзе муҳаққиқон, гӯё хатои Геродотро ислоҳ карданӣ шуда, Фраорт ва Каштаритиро як шахс шумурдаанд.[41] Аммо ин фарзия чандон боварибахш ба назар намерасад.

Баъди шӯриши соли 672 то м. модҳо аз асорати Ошур пурра озод шуданд. Дар давраи ҳукмронии Фравартиш (солҳои 647-625 то м.) модҳо вилояти Порс, мамлакатҳои Манна ва Урартуро тобеъ намуда, қаламрави давлати худро хеле васеъ карданд.

Соли 653 то м. шоҳи Мод Хшатрита (ба қавли Ҳеродот Фраорт) ба Ошур ҳуҷум кард. Аммо скифҳо ба ёрии ошуриҳо омаданд ва модҳо ба фишори дутарафа тоб наоварда, шикаст хӯрданд. Бо вуҷуди ин нокомӣ модҳо аз нияти зарба задан ба Ошур даст накашиданд. Дар давраи ҳукмронии Хувахшатра (Киаксар, солҳои 625-585 то м.) иқтидори ҳарбӣ ва нуфузи сиёсии давлати Мод афзуд. Ин подшоҳ ислоҳоти низомӣ гузаронида, ба ҷойи дастаҳои ҷанговари халқӣ артиши касбиро ташкил кард. Дастаҳои ҳарбӣ аз рӯйи навъи яроқашон саф кашида меҷангиданд. Артиш бо саворагони сабуксилоҳ ва вазнинсилоҳ, найзадорон, камонварон ва дастаҳои дигар таъмин гардид. Ин ислоҳот дастоварди муҳими ҳарбӣ буда, қобилияти ҷангии артиши модро хеле зиёд кард. Бино ба маълумоти Геродот дар Осиё аввалин шахсе, ки ислоҳоти ҷиддӣ дар артиш гузаронид, Киаксар буд. Баъди ин модҳо ба давлати Бобулистон аҳднома баста, ҷангро бар зидди Ошур оғоз намуданд. Соли 614 то м. иттифоқчиён пойтахти Ошур ш. Ниневия (Нинво) -ро муҳосира карда, шаҳрҳои Тарбитса ва Ошурро ишғол намуданд. Соли 612 то м. модҳо бо кӯмаки бобулиҳо пойтахти Ошурро низ гирифтанд. Шоҳи Ошур қароргоҳи худро ба ш. Ҳеррон кӯчонд, аммо соли 610 то м. модҳо ин шаҳрро низ ишғол карданд.

Баъди ин ҳодиса Миср, ки иттифоқчии Бобул буд, аз қувват гирифтани ин давлат ба ҳарос афтода, ба ёрии ошуриҳо шитофт. Ҷанговарони Миср шаҳри Каркамишро ишғол карда, онро ба қароргоҳи муваққатии шоҳи Ошур табдил доданд. Аммо ба мисриён ба мӯҳлати дурудароз дар дасти худ нигоҳ доштани ин шаҳр муяссар нагардид. Моҳҳои май-июни соли 605 то м. модҳо ва бобулиҳо ба ин шаҳр ҳуҷум карда, онро ишғол намуданд. Подшоҳи Ошур аз охирин такягоҳи худ маҳрум гардид. Бо ҳамин давлати Ошур, ки чандин сол дар минтақа амалан ҳукмрон буд, барҳам хӯрда ва заминҳои вай байни Бобулистон ва Мод тақсим карда шуданд. Қисми шимолии Байнаннаҳрайн ва вилояти Ҳеррон ба давлати Мод ҳамроҳ карда шуданд.

Барои ба баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин баромадан модҳо ба Осиёи Хурд лашкар кашида, Каппадокияро ишғол намуданд. Аммо ба тасарруфи худ даровардани Лидия ба онҳо муяссар нагардид ва ҷанги панҷсола бо ин давлат соли 584 то м. бо сулҳнома ба анҷом расид. Барои мустаҳкам кардани ин сулҳ шоҳи Мод бо шоҳи Лидия алоқаи хешутаборӣ барқарор карда, духтари ӯро ба писараш ба занӣ дод.

Дар ин солҳо Мод дар қатори Миср ва Бобулистон пурзӯртарин давлати минтақа ба шумор мерафт. Аз лиҳози масоҳат он аз ду давлати номбаршуда хеле калонтар буд. Ба ҳайати он тамоми Эрон, Парфия, Гиркания, Арейя, Дрангиана, Манна, Урарту (Арманистон), шимоли Байнаннаҳрайн, қисми Шом (Сирия) ва қисмати шимолу — шарқии Осиёи Хурд (Каппадокия) дохил мешуданд. Ба ақидаи Е. Ҳерсфелд, ҳудуди давлати Мод аз ин ҳам васеътар буда, то соҳилҳои дарёи Яксарт (Сирдарё) ва Ҳинд мерасид. Аммо ин нуқтаи назарро на ҳамаи олимон қабул доранд.[42]

Охирин шоҳи Мод Ихтивируа (Астиаг, солҳои 585-550 то м.) буд. Ӯ 35 сол ҳукмронӣ кард. Дар бораи фаъолияти ӯ дар сарчашмаҳои хаттӣ маълумот хеле кам аст. Танҳо Геродот дар бораи солҳои охирини ҳукмронии ӯ ахбор додааст. Порс дуюмин вилояти калону бонуфузи давлати Мод буд. Ҳокимони он тобеи шоҳи Мод буданд. Аз ахбори Геродот[43] чунин бармеояд, ки дар солҳои охири ҳукмронии Астиаг ҳокимияти ӯ хеле суст ва фалаҷ шуда буд. Ашрофон ва дарбориён аз сиёсати ӯ норозӣ буданд. Ӯ шахси хеле золим буд. Геродот ривоятеро овардааст, ки мувофиқи он Астиаг ҳамчун ҷазо додан ба вазираш Гарпаг писари ӯро кушта, гӯшташро бирён карда, ноаён ба падараш хӯрондааст. То кадом андоза воқеӣ будани ин ривоят маълум нест, вале ин рафтори ӯ дар бораи золимии беандозаи Астиаг шаҳодат медиҳад.

Ихтилофи байни дарбориён ва Астиаг ба ҷое расида буд, ки онҳо бо сардории Гарпаг дар андешаи аз тахт сарнагун кардани ӯ мешаванд.

Дар ҳамин солҳо болоравӣ ва инкишофи вилояти Порс ва зиёд шудани нуфузи он ба назар мерасид. Давлати Порс ҳанӯз дар асри VIII то м. дар дохили давлати Мод таъсис шуда, сарварии он дар дасти хонадони ҳахоманишӣ буд. Он ҳокимияти олии давлатҳои муқтадири давр – Илом, Ошур ва Модро эътироф дошт. Дар нимаи аввали асри VI то м. он неруманд шуд. Подшоҳи он Куруши II ҳокимони тамоми ноҳияҳои Порсро ба худ тобеъ карда, ҳокимияти марказиро мустаҳкам кард ва артиши нерумандеро ташкил дод. Ӯ аз вазъияти ногувори шоҳи Мод Астиаг ва фалаҷ шудани ҳокимияти ӯ хуб огоҳ буд ва фурсати мусоидеро интизор буд, ки аз итоати ӯ барояд. Дар бораи ҷанги Куруш бо Астиаг Геродот маълумоти муфиде додааст. Гарчанде ки қисме аз маълумоти ӯ хусусияти ривоятӣ дорад ва аз воқеият то андозае дур аст, аммо дар маҷмӯъ ҷараёни мубориза ва марҳилаҳои асосии онро дуруст инъикос мекунанд.

Ба қавли Геродот[44], Гарпаг, ки аз вазъияти ногувори Астиаг хуб огоҳ буд, бо Куруш робита барқарор карда, ваъда медиҳад, ки агар ӯ ба Мод ҳуҷум кунад, ӯ ва ҳаммаслаконаш ба ӯ ёрӣ хоҳанд дод. Шоҳи Мод Астиаг аз тайёриҳои ҳарбии Куруш огоҳ шуда, ӯро барои аз роҳаш баргардондан ба дарбор — Ҳангматана даъват мекунад. Аммо Куруш, ки қувваи ҳарбиаш рӯз аз рӯз меафзуд, аз итоат сар печида, ба дарбори Астиаг ҳозир намешавад. Ба гуфти Геродот, Куруш набераи Астиаг буд. Ӯ духтараш Мандонаро ба ҳокими Порс ба занӣ дода буд ва Куруш фарзанди онҳо буд. Геродот ёдовар шуда, ки Астиаг пир шуда буд ва писар надошт. Аз ин рӯ Куруш ҳамчун набераи ӯ ба тахти Мод ҳуқуқ дошт.

Астиаг, ки аз сӯиқасд бехабар буд, лашкар ҷамъ карда, Гарпагро сарлашкар таъин кард ва бар зидди Куруш фиристод. Аммо зимни муҳориба Гарпаг бо қисми зиёди лашкар ба тарафи Куруш гузашт. Боқимондаи лашкари модҳо шикаст хӯрда, рӯ ба гурез ниҳоданд. Астиаг аз ин шикаст бохабар шуда, аз нав лашкар ҷамъ овард ва худаш бар зидди Куруш ба ҷанг даромад, аммо шикаст хӯрда ба асирӣ афтод. Баъди ин Куруш худро подшоҳи Порс ва Мод эълон кард. Ин ҳодисаҳо соли 550 то м. ба вуқӯъ пайваста буд. Тамоми сарзаминҳое, ки пеш тобеи Мод буданд, акнун ба итоати Куруш даромаданд. Аз равиши ин ҳодисаҳо маълум мегардад, ки лашкариён аз сиёсати Астиаг норозӣ буданд. Шояд онҳо хостори шоҳи пурзӯре буданд, ки лашкаркаширо ба кишварҳои дигар вусъат бахшида, ба ин васила мартаба ва таъминоти артишиёнро боло бардорад.

Ба дасти Куруш гузаштани ҳокимият ин амалан табаддулоти сиёсӣ дар дохили як давлат буд. Порс як ҷузъи муҳими давлати Мод буд. Аҳолии ҳарду вилоят ориёӣ (аз ориёиҳои ғарбӣ) буда, забон, дин ва таъриху фарҳанги муштарак доштанд. Байни шоҳони ин ду кишвари бонуфуз пайванди хешутаборӣ вуҷуд дошт. Давлати навбунёди Ҳахоманишиён амалан давоми мантиқӣ ва қонунии давлати Мод буд. Барои ҳамин юнониён форсҳоро дар бисёр мавридҳо мод меномиданд. Ин нукта гувоҳи дар минтақа, аз ҷумла дар байни юнониён шӯҳрати калон доштан модҳо мебошад. Дар натиҷаи ташкил шудани давлати Мод ориёиҳо дар минтақа ба қувваи пешбарандаи сиёсию низомӣ табдил ёфтанд.

Дар бораи сохтори маъмурии давлати Мод дар сарчашмаҳои хаттӣ маълумоти бевосита тақрибан вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, танҳо дар асоси маълумоти парокандаи ғайримустақим ба баъзе хулосаҳо омадан мумкин аст. Сохти идораи давлати Мод подшоҳӣ буд. Шоҳ таҷассуми ҳокимияти мутлақ дар тамоми қаламрави давлат ба шумор мерафт. Дар ибтидо ин вазифа интихобӣ буд. Ҳамон тавре ки дар боло зикр шуд, ба қавли Геродот[45], асосгузори давлати мутамаркази Мод Даҳюкро ҳокимони вилояту ноҳияҳо дар анҷуман ҳамчун подшоҳи тамоми кишвари Мод интихоб карданд. Аммо баъди Даҳюк ҳокимияти шоҳӣ хусусияти меросӣ аз худ гирифта, аз падар ба писар мегузашт. Дар сурати набудани валиаҳд тахти шоҳиро метавонист яке аз хешовандони наздики шоҳ ишғол намояд. Дар ин бора ахбороти Геродот шаҳодат медиҳад. Вақте ки шоҳи охирини Мод Астиаг фаҳмид, ки хеши наздикаш ва ноиби аввалааш Гарпаг ба ӯ хиёнат карда, бо форсҳо забон як кардааст, ӯро чунин сарзаниш мекунад: агар мақсадат маро сарнагун кардан буд, пас бояд худат подшоҳ мешудӣ ва тахтро ба форсҳо дода, модҳоро ғуломи онҳо намегардондӣ.[46]

Куруш гарчанде ки Модро бо қувваи силоҳ ишғол кард, аммо худро чун набераи Астиаг, вориси қонунии тахти ин кишвар эълон намуд. Бисёр вилоятҳое, ки ба Астиаг итоат мекарданд, қонунӣ будани ҳокимияти ӯро дар Мод эътироф карда, ба итоаташ даромаданд. Ҳатто бохтариҳо вақте мефаҳманд, ки Куруш набераи Астиаг будааст ва аз ҷониби ӯ шоҳи Мод таъин шудааст, муқобилатро бас карда, ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён дохил шуданд.

Нишонаҳои муҳими дигари давлат мавҷудияти дарбори шоҳӣ ва умури идорӣ, пойтахти он ҳамчун маркази маъмурию сиёсӣ, артиш, қонунгузорӣ ва ғайр мебошанд. Давлати Мод ҳамаи ин аломатҳоро дошт. Қоидаи ташрифоти дарборӣ амал мекард Он барои ҷорӣ намудани тартибу низом ва ба роҳ мондани умури коргузорӣ равона шуда буд. Дар бораи қоидаи ташрифоти дарбори шоҳи Мод Геродот ривояти ҷолиберо нақл кардааст, ки тибқи он Даҳюк баъди подшоҳ интихоб шуданаш дастур дод, ки ниёзмандон бо шоҳ танҳо ба воситаи хидматгоронаш муроҷиат намоянд.[47] Касе аз дарбориён ҳуқуқ надошт ҳар вақте, ки дилаш хоҳад, ӯро бубинад. Аризаҳоро хаттӣ ба мансабдорони мутасаддии дарбор месупориданд. Дарбор посбон, дарбон ва маъмурони ҳифозатӣ дошт. Идораи тамоми корҳои давлатӣ ба ӯҳдаи ноиби шоҳ гузошта шуда буд. Яке аз чунин ноибон — Гарпаг ҳамзамон вазифаи вазир ва сарлашкариро иҷро мекард. Яъне дар ин марҳилаи инкишофи сохтори сиёсӣ ин ду вазифаи муҳими давлатиро як шахс иҷро мекард. Ҳанӯз мақомоти сиёсӣ ва ҳарбӣ аз ҳам ҷудо ва мустақил нашуда буданд. Минбаъд зимни тараққиёти умури давлатдории ориёиҳо ин ду вазифаи муҳимро шахсони ҷудогона иҷро мекарданд.

Дар давлати Мод қонун амал мекард. Ҳеродот навиштааст, ки шоҳ адолатро риоя карда, танҳо дар асоси қонун амал мекард ва ҳукм мебаровард. Ӯ дар ҳама гӯшаву канори мамлакат гумоштагон ва ҷосусони худро дошт, ки дар бораи вазъият ва кору рафтори ҳокимони вилоятҳо ба ӯ хабар медоданд.[48]

Дар назди шоҳ шӯрои машваратӣ амал мекард, ки дар он масъалаҳои муҳими давлатӣ ҳаллу фасл карда мешуданд. Дар ин шӯро муғон (рӯҳониён) мавқеи муҳимро ишғол мекарданд.[49] Дар коргузории давлатӣ хати мехӣ ва забони ориёӣ ва аккадӣ истифода бурда мешуд. Дар ҳудуди Мод навиштаҷоте ёфт шудааст, ки бо забони аккадӣ буда, ба асри IХ то м. тааллуқ дорад. Он дар ду тарафи варақаи биринҷӣ навишта шудааст.[50]

Дар бораи сохтори иҷтимоии модҳо дар сарчашмаҳои хаттӣ маълумот ночизе мавҷуданд. Геродот дарбориён ва ашрофон, сарлашкарону ҷанговарон ва муғонро ёдовар шудааст. Ин се табақаи ҳукмрон ва бонуфуз буданд. Дар бораи табақаҳои дигари аҳолии Мод дар сарчашмаҳои хаттӣ ҳеҷ гуна маълумот мавҷуд нест. Аммо маълум аст, ки модҳо муқимнишин буда, ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Яъне ин табақаҳои аҳолӣ низ вуҷуд дошта, сарчашмаи асосии неъматҳои моддӣ буданд. Ба ҳар ҳол, дар замони модҳо сохтори табақотии ҷомеа баръало ҳувайдо буд ва дар давраи баъдӣ, хусусан дар аҳди Ҳахоманишиён он боз ҳам мушаххастар гардад. М. И. Дяконов дар мавриди сохти иҷтимоии Мод дуруст фармуда, ки он ба сохти иҷтимоии дар Авесто инъикосёфта шабоҳат дорад.[51] Яъне ҷомеа аз чор табақаи асосӣ – ашрофон, ҷанговарон, рӯҳониён ва кишоварзону ҳунармандон иборат буд. Ашрофон дар аҳди Модҳо ба табақаи мустақил табдил ёфта буданд ва ҷанговарону сарлашкарон низ ҷузъи табақаи ашроф маҳсуб мешуданд. Дар Авесто кишоварзону ҳунармандон ҳамчун ду табақаи мустақил номбар шудаанд. Шояд дар Мод низ чунин тақсимбандӣ вуҷуд дошт.

Геродот[52] шаш қабилаи модҳоро номбар кардааст – бус, парстакан, струхат, аризонгт, буди ва муғ. Дар ин замина баъзе муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки дар байни модҳо муносибатҳои қабилавӣ ҳанӯз аз байн нарафта буданд ва дар ҷомеа таъсиру нуфузи зиёд доштанд.[53] Э.А.Грантовский мӯътақид аст, ки дар давраи Модҳо тасаввурот дар бораи қабилаҳо ва номи онҳо боқӣ монда буданд, аммо худи қабилаҳо шояд вуҷуд надоштанд ва дар ҷомеа низ нақши боризеро намебозиданд. Яъне сохтори сиёсӣ — иҷтимоӣ дар заминаи муносибатҳои табақотӣ ташкил шуда буд, ки табақаҳо воҳидҳои деҳӣ ва шаҳриро ташкил мекарданд.[54]

Дар байни халқҳои ориёӣ, хусусан модҳо асппарварӣ хеле инкишоф ёфта буд ва онҳо дар ин соҳа таҷрибаи тӯлонӣ ва малакаи бой доштанд. Дар катибаи мехии ошурӣ гуфта мешавад, ки модҳо соли 716 то м. ҳамчун боҷ ба шоҳи Ошур Саргони II 1600 асп доданд.[55] Дар бораи аз Мод ба Ошур бурдани галаҳои асп дар дигар катибаҳои мехӣ низ сухан рафтааст. Дар лашкари модҳо ҷанговарони савора мавқеи муҳимро ишғол мекарданд. Ба ақидаи олимон, то омадани ориёиҳо ба Эрони Ғарбӣ дар Шарқи Наздик теъдоди ҷанговарони савора хеле кам буданд. Асп ва артиши савораро ба ин ҷо ориёиҳо оварданд.[56]

Дар ибтидо лашкари модҳо аз дастаҳои ҷанговарони вилоятҳо иборат буд ва дар муҳориба дастаҳои ҳар вилоят алоҳида саф мекашиданд. Дастаҳои вилоятӣ ҷасурона меҷангиданд ва маҳорати баланд нишон медоданд. Аммо аз нуқтаи назари санъати ҳарбӣ ин гуна сохтори артиш номукаммал маҳсуб мешуд. Баъди ташкили давлати мутамарказ модҳо мехостанд, ки ҳудуди қаламрави худро тавсиа диҳанд ва барои ба ин мақсад ноил шудан эҳтиёҷ ба артиши касбӣ ва хуб мусаллаҳшуда доштанд. Ин заруратро ба назар гирифта, шоҳи Мод Хувахштра (Киаксар – солҳои 625-585 то м.) ислоҳоти ҳарбӣ гузаронд ва сохтори артишро тағйир дод. Ба қавли Геродот «Киаксар нисбат ба шоҳони пешин ҷанговартар буд ва якумин шуда артиши Осиёро аз рӯи навъи аслиҳа ба дастаҳо тақсим кард ва ба ҳар як даста — найзадорон, камонварон ва саворагон фармон дод, ки дар саҳнаи муҳориба мустақилона амал кунанд. Пеш аз ин лашкар тартибу низоме надошт ва ба ҳам омехта буд».[57] Ин ислоҳот қобилияти ҷангии артиши модҳоро хеле зиёд карда, ба онҳо имконият дод, ки як қатор давлатҳои ҳамсояи худро забт кунанд. Ислоҳоти Киаксар дастоварди муҳими ҳарбии он замон буд.

Ҷанговарони Мод бо камон, найзаи дарозу кӯтоҳ, шамшер, ханҷар, сипар, ҷавшан мусаллаҳ буданд. Онҳо дар аспсаворӣ ва фатҳи қалъаҳо маҳорати калон доштанд. Тавре ки муҳаққиқон ёдовар шудаанд, ориёиҳо ихтироъкунандаи гардунаҳои ҷангии аспӣ буданд ва ин нақлиёти ҳарбӣ ва сафарӣ дар артиш ва ҳаёти онҳо дар ҳазорсолаҳои 3-2 то м. нақши муҳим мебозид. Аммо ба ақидаи И. М. Дяконов, аллакай дар асри IХ то м. дар артиши модҳо гардунаҳои ҷангӣ истифода намешуданд. Бино ба маълумоти «Инҷил», агар он рост бошад, модҳо ба шаҳри Ниневия ҳуҷум карда, онро ғорат намудаанд. Дар тасвири ин ҳодиса ду маротиба гардунаҳои ҷангӣ ёдовар шудааст: «Гардунаҳо оташбор ҷило медиҳанд… Садои қамчин ва чархҳои … гардунаҳои тезҳаракат баланд мешуд».

Ба қавли Геродот[58] Куруш бар зидди Мод лашкар ҷамъ карда, чунин муроҷиат мекунад: «Порсҳо, акнун ман ба шумо фармон медиҳам, ки бо дос мусаллаҳ шуда, (ба назди ман) ҳозир шавед». Шояд ҳузури калимаи дос дар ин муроҷиат ишора ба гардунаҳои ҷангӣ бошад, чунки онҳо бо теғҳои каҷи досмонанди чархзананда ҷиҳозонида шуда буданд. Агар ин шарҳи ба ахбори Геродот додаи мо дуруст бошад, пас фарз кардан мумкин аст, ки дар асри VII – VI то м. дар артиши модҳо ва форсҳо гардунаҳои ҷангӣ истифода бурда мешуданд.

Дар бораи дини модҳо Геродот, Авесто, катибаҳои мехии ошурӣ ва бобулӣ, номҳои шахсӣ ва осори филизии санъати амалии аз Луристон ва Зивиё ёфтшуда маълумот медиҳанд. Геродот[59] дар байни қабилаҳои модҳо қабилаи муғонро номбар кардааст. Аз Авесто ва дигар сарчашмаҳои хаттии қадим маълум аст, ки мӯбадон ё худ рӯҳониёни зардуштиро муғ меномиданд. Гарчанде ки Геродот муғҳоро қабила номидааст, аммо дар асл онҳо табақаи рӯҳониён буданд. Аз ахбори Геродот бармеояд, ки аввалин паҳнкунандагони дини зардуштӣ дар Эрони Ғарбӣ рӯҳониёни мод буданд ва онҳоро муғ меномиданд. Нуфузи муғҳои Мод дар Порс ва дигар минтақаҳои ориёнишини Эрони Ғарбӣ хеле калон буд. Шояд дар ибтидо аксари муғон аз як қавм ё қабила буданд ва барои ҳамин Геродот онҳоро ба унвони қабила ёд кардааст. Калимаи муғ дар Авесто мавҷуд аст. Дар Осиёи Миёна ёдгориҳои тоисломие ҳастанд, ки муғ ном доранд. Масалан, дар Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Қалъаи Муғ ва дар Истаравшан Муғтеппа мавҷуд аст.

Ба қавли Геродот,[60] форсҳо ҷасади мурдаро дар ҳавои озод мегузоштанд, то ки паррандагон ё сагон гӯшти онро хӯранд ва танҳо баъди он устухонашро дар устадон ҷой дода, дар наусҳо (сағонаҳо) мегузоштанд. Ӯ нақлашро идома дода, менависад, ки муғон ин расмро дақиқ риоя мекарданд. Аз Авесто ва адабиёти динии он замон аниқ маълум аст, ки ин тарзи гӯрондани майит хоси зардуштиён буд. Замин барои зардуштиён унсури муқаддас ба шумор мерафт ва ҷасади мурдаро, ки хосияти пӯсиданро дорад, ба замин намегӯрониданд.

Мувофиқи ахбори Геродот[61], дар дарбори шоҳи Мод шӯрои муғон амал мекард ва масъалаҳои муҳими давлатӣ аз қобили таъини вориси тахт ва дигар масъалаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар он ҳал карда мешуданд. Аз ин ахбор чунин бармеояд, ки дини зардуштӣ на танҳо дар байни модҳо паҳн шуда буд, балки он дар тамоми қаламрави Давлати Модҳо мақоми муҳим дошт.

Дар Авесто дар байни кишварҳои Аҳуромаздо офарида, яъне кишварҳое, ки мардумонашон ориёӣ ва пайрави дини зардуштӣ буданд, Роғ ва Марв низ номбар шудаанд. Ин вилоятҳо қисмати шарқии Модро ташкил мекарданд. Ба ибораи дигар, Мод яке аз минтақаҳое буд, ки дар он дини зардуштӣ пайдо шуда ташаккул ёфта буд. Мавқеи ин дин дар Мод то андозае мустаҳкам буд, ки мутобиқи Авесто (Ясна, 19-50) сардори муғон, яъне рӯҳониёни зардуштӣ ҳокими шаҳри Роғ (Рай) буд.

Дар навиштаҷоти ошурии ба асрҳои ХVI – ХIII то м. номи худои олии зардуштӣ Аҳуромаздо ёд мешавад. Баъзе олимон қимати ин навиштаҷот ва баъзеи дигарашон ба Аҳуромаздо нисбат доштани номҳои воқеъ дар катибаҳои ошуриро зери шубҳа гузоштаанд. Масалан, онҳо бе ягон далели мушаххас дар Ошур пайдо шудани номҳои худоҳои ориёиро ғайри имкон шуморидаанд.

Э. Мейер[62] номҳои модии ба асрҳои IХ-VII то м. тааллуқ доштаро омӯхта, дар таркиби онҳо мавҷуд будани номи Худои зардуштӣ Аҳуромаздо ва мафҳумҳои авастоии арта (ростӣ), хшатра (ҳокимият, ҳашамат), хварна ё фарна, фарро (нури илоҳӣ, осмонӣ) муайян карда, ба хулосае омад, ки ҳанӯз дар асри IХ то м. модҳо маздопараст ё зардуштӣ буданд. Чунин нуқтаро низ дар ин ҷо бояд қайд кард, ки ба ҷуз худоҳои ориёӣ дар Мод худоҳои бобулиро низ мепарастиданд. Ин ҷо сухан дар бораи он меравад, ки чун Модҳо ва ошуриён барои нуфузи сиёсии худ ҳамеша бо ҳам дар ҷангу ситез буданд, дар натиҷаи истилои якдигар як нав омезише низ байни Модҳо ва ошуриён ба вуҷуд омад. Дар марказ пойтахти Модҳо маҳалҳои аҳолинишини ошуриён низ вуҷуд доштанд, ки худои бобулӣ – Мардукро мепарастиданд.

Маълумотҳои дар боло зикршуда нишон медиҳанд, ки модҳо пайрави дини зардуштӣ бошанд ҳам, дар баъзе манотиқи он худоҳои ошуриён мавриди парастиш қарор гирифта буданд.

Барои муайян кардани машғулият ва маданияти модҳо сарчашмаи асосӣ бозёфтҳои бостоншиносон мебошанд ва барои давраи аввали пайдоиши ориёиҳо дар Эрони Ғарбӣ онҳо ваҷҳи муштарак доранд. Дар ҳудуди Мод бостоншиносон як силсила ёдгориҳоеро кашф кардаанд, ки ба давраи аввали асри оҳан мансубанд. Ба ин як силсила гӯристонҳо, аз он ҷумла, Сиалк, Хурвин, Калураз, Марлик ва деҳкадаҳо (қалъаҳо)-и истеҳкомдори Ҳасанлу, Годинтепа, Бобоҷонтепа, теппаи Нӯшиҷон ва ғайра дохил мешаванд.

Бостоншиносон муқаррар кардаанд барои ҳамаи ин ёдгориҳо зарфҳои сафолини дорои нақшҳои сиёҳи салибмонанд ва секунҷа ва зарфҳои сурхранг хос мебошанд.[63] Ин нишонаи маданияти наве буд, ки пеш дар ин минтақа вуҷуд надошта ва аксарияти олимон бар он ақидаанд, ки онҳо ба тамаддуни модҳо ва порсҳо мутааллиқанд.[64]

Дар катибаҳои ошурӣ тасвири чандин қалъаҳои модҳо ёд шудааст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ низ шаҳру деҳнишин будани модҳоро тасдиқу таъйид мекунанд. Яке аз онҳо шаҳр-қалъаи Ҳасанлу мебошад. Он дар ҷануби Озарбойҷон дар теппаи баландиаш 35 м ҷойгир аст. Шаҳр бо девори гирд иҳота шуда, 12 бурҷ дошт. Қалъаи шаҳр дуошёна буда, дар марказаш толори сутундор ҷойгир буд. Дар толор аз ду тараф қад кади девор суфаҳо мавҷуд будаанд. Дар маркази толор аз хишти хом оташгоҳи сутуншакл сохта шуда буд. Аз қафои толор анборҳо ҷойгир буданд.

Қалъа толори дигаре низ дошт, ки аз толори якум калонтар буда, ҳаҷмаш 25х19 м ташкил мекард. Дар маркази толор миҷмари биринҷии сепоя ҷойгир буд. Бино дуошёна буд ва дар ошёнаи дуюм хазина нигоҳ дошта мешуд. Дар ин бино сафолҳои зиёд ва ашёҳои дигар, аз ҷумла кӯзаи тиллоие ёфт шуд, ки тасвирҳои асотирӣ дорад. Берун аз девори шаҳр хонаҳои хурди истиқоматӣ ҷойгир буданд. Биноҳои тасвиршуда ба асрҳои ХIII – ХII то м. тааллуқ доранд.

Ёдгории дигари модҳо, ки ба асрҳои ХIII – Х то м. тааллуқ дорад, Годинтепа мебошад. Дар он толори сутундори шоҳ хеле ҷолиб мебошад. Он шакли росткунҷаро дошта, дар қади деворҳо суфаҳо ҷойгиранд. Дар яке аз деворҳо суфаи каён ҷойгир буд, ки паҳнтар буда, ҷудо шуда меистод ва дар он тахти шоҳ ҷойгир буд. Дар маркази толор оташгоҳ меистод. Дар толор маҷлису базмҳои шоҳона ва маросимҳои дигар, аз ҷумла динию оинӣ гузаронда мешуданд. Дар ҳини ин маросимҳо шоҳ дар болои тахт менишаст. Ҷолиби диққат аст, ки ҳамин гуна толорҳои шоҳӣ ба ориёиҳои Осиёи Миёна низ хос буда, аз давраҳои қадим то ибтидои асрҳои миёна боқӣ мондааст. Масалан бостоншиносони тоҷик дар Панҷакенти қадим димнаи Гардани Ҳисор ва қалъаи Кум (ноҳияи Айнӣ), қалъаи Ҳисорак (ноҳияи Масчоҳ) ва бисёр ёдгориҳои ибтидои асримиёнагӣ ҳамин гуна толорҳои шоҳиро бо суфаи каён ва оташгоҳ пайдо кардаанд.

Аз шаҳр-қалъаҳои ба асрҳои VIII – VI то м. мансуббудаи модҳо Теппаи Нушиҷон хеле ҷолиб мебошад. Он дар шахи баландиаш 30 м ҷойгир аст. Дар қалъа ду маъбад ва як толори сутундор мавҷуданд. Биноҳои шаҳр дуошёна буда, дар баландии 7 м боқӣ мондаанд. Дар ин ҷо шумораи зиёди зарфҳои нақшҳои сиёҳдошта ва зарфҳои сурх, оройишот, ашёи нуқрагин ва ашёҳои дигар ёфт шуданд.[65]

Биноҳои тасвиршуда аз хишти хом сохташуда, таҳкурсии сангин доштанд. Боми онҳо ҳамвор буда, толорҳои калони сутунҳои чӯбӣ ва тагсутунҳои сангӣ доштанд. Деворҳои мудофиавии шаҳр-қалъаҳо мудаввар буданд. Ин шаҳр-қалъаҳо дар бораи санъати баланди меъмории модҳо шаҳодат медиҳанд.

Калонтарин шаҳри модҳо пойтахти он Ҳангматана буд. Қабатҳои ба он замон нисбатдоштаи шаҳр кофтуков нашудаанд, чунки дар зери биноҳои шаҳри имрӯза ҷойгиранд. Геродот[66] қалъаи ин шаҳрро хеле ҷолиб тавсиф кардааст. Шаҳр ҳафт девори мудаввари дарун ба дарун дошт. Ҳар як девори дарунӣ аз берунӣ баландтар буд. Шаҳр манораи бузурги бисёртабақаро мемонд. Дар даруни девори охирин, яъне дар маркази шаҳр қалъаи подшоҳ ва хазина воқеъ шуда буданд. Ҳар як девор ранги ба худ хос дошт. Девори қалъаи подшоҳ зарандуд, девори дуюм нуқраандуд, сеюм сурхи бунафш, чорум кабуди паст, панҷум зарди сурхча, шашум сиёҳ ва ҳафтум сафед буданд.

Дар бораи санъати тасвирии Мод хазинаи ашёҳои тиллоӣ, нуқрагин ва аз устухони фил сохташуда, ки соли 1947 дар мавзеи Зивиё ёфт шуданд, маълумот медиҳанд. Ашёҳои ин хазина ба асрҳои VIII – VI то м. тааллуқ доранд. Хазинаи Зивиё 341 ашёро дар бар мегирифт. Дар байни онҳо камарбанд, тирдон, садаф, ғилоф ва дигар ашёҳои тиллоӣ ҷолиб ба назар мерасанд. Дар ин ашёҳо саҳнаҳои асотирии ошурӣ, урартуӣ, шомӣ, финикӣ, скифӣ ва ориёӣ сабт гардидаанд. Дар садафи шоҳӣ, ки доирашакл буда, бо занҷир дар гардан овехта мешуд, дарахти ҳаёти ҷовидонӣ ва дар ду тарафи он ду меш, дар поёнтари онҳо ду барзагов, юз ва заргӯши скифӣ тасвир шудаанд. Дар ашёҳои дигар ҷонварҳои афсонавӣ – симурғи болдор, ки сараш уқоб, танааш шер, пойҳояш парранда мебошанд; шери болдор бо думи каждум, говпатшоҳ, мешҳои болдор, деву фариштаҳо ва ғайра тасвир шудаанд. Дар ин осори санъат сабку асотири бисёр халқҳои онвақтаи Шарқи Наздик ва модҳову форсҳо ва скифҳо бо ҳам омезиш ёфтаанд. Ин ашёҳо марҳилаи ташаккулёбии санъати тасвирии модҳоро инъикос менамоянд. Ин санъат минбаъд дар давраи Ҳахоманишиён шакли ба худ хосро гирифтааст.[67]

Ташкилшавии давлати Мод дар таърихи халқҳои ориёӣ марҳилаи муҳим ва сифатан нав буд. Он яке аз аввалин давлатҳои калону мутамаркази ориёиҳо дар аввали асри оҳан буд. Модҳо бори аввал дар ҳайати як давлат ориёиҳои ғарбию шарқиро муттаҳид намуданд. Онҳо Шарқи Наздикро мағлуб намуда, таҷрибаи бои сиёсӣ ва фарҳангии онро самаранок ва эҷодкорона истифода бурданд.

Аз ҷониби дигар модҳо анъанаҳои фарҳангӣ ва сиёсии халқҳои ориёиро, ки собиқаи чандинҳазорсола доштанд, такмилу инкишоф дода, як сохтори сиёсии муназзам барпо карданд ва барои дар паҳнои Эрону Осиёи Миёна минбаъд ташкил шудани давлатҳои мутамарказу мутамаддин заминаи мустаҳкам гузоштанд. Онҳо дар Осиё ба қувваи пешбарандаи сиёсию фарҳангӣ табдил ёфта, ба бисёр халқҳои ҳамсоя таъсири мусбат расонданд ва онҳоро бо дастовардҳои худ шинос карданд. Модҳо дар саргаҳи тамаддун қарор доштанд, вале фурсате пайдо накарданд, ки саҳми бузурги худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ бигзоранд. Онҳо роҳро барои густариши фарҳанги Осиёи Миёна ва Эрони бостон дар аҳди Ҳахоманишиён ҳамвор намуданд.

Тавзеҳот

_______________

[1] Малолетко А. М. Древние народы Сибири. Томск, 2004с. с. – 254.

[2] Ниг. Пури Довуд. Яштҳо. ҷ.1. – с.264.

[3] Ибн Балхӣ. Форснома. Душанбе, 1989. – с. 52.

[4] Фирдавсӣ. Шоҳнома. ҷ.6. – с.5-7.

[5] Раҳмонов Э. Аз Ориён то Сомониён. Китоби 1. – с.73.

[6] Сарианиди В.И. Древние земледельцы Афганистана. М. 1977.

[7] Фирдавсӣ. Шоҳнома. Душанбе,1989. – ҷ.6. – с. 81.

[8] «Форснома»-и Ибн-ал-Балхӣ. – Душанбе, 1990. – с.52-53.

[9] Яъкубов Ю. Каёниён // Маърифат, 1996.№1-2. – с.30.

[10] Ёдгори Зарирон // Садои Шарқ, 1993. – №5-6. – с.123.

[11] Ҳамон ҷо. – с. 124.

[12] Ҳамон ҷо. – с.128.

[13] Пурдовуд. Яштҳо, ҷ.2. – с.223.

[14] Фирдавсӣ. Шоҳнома. ҷ.6. – с.93.

[15] Раҳмонов Э. Аз Ориён то Сомониён. Китоби 1. – с.73-76.

[16] Геродот. История. с.188; Яъқубов Ю. Тоҷикшинос. – с. 24-25.

[17] Оранский И. М. Введение в иранскую филологию. М. 1988. – с.72.

[18] Яъқубов Ю. Тоҷикшинос. – с. 24-25.

[19] Ниг. Пурдовуд. Яштҳо. ҷ 2, Теҳрон, 1999; Яъқубов Ю. Каёниён. «Маърифат». 1-2, 1998; Мӯминҷонов Ҳ. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. Душанбе, 2004. – с. 233-239.

[20] Солори Чин тӯрониёни Қошғару Хутанро дар назар дорад.

[21] Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷ.6, Душанбе, 1964. – с.120-145.

[22] Бундаҳишн. Фасли 34,8.

[23] Таърихи халқи тоҷик. Д, 2003. – с. 70.

[24] Кристенсин А. Оё давраи Каён асотирист ё таърихӣ. Маҷ // Фарҳанг. 4,2005. – с.11-12.

[25] Пьянков И. В. Древнейшие государственные образования // История Таджикского народа. – с.239.

[26] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. М., 1980. – с.40.

[27] Дьяконов И. М. История Мидии. – с. 176.

[28] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 306.

[29] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с.47.

[30] Дьконов И. М. История Мидии. – с. 124-125.

[31] Грантовский Э. А. Ранняя история иранских племен Передней Азии. М. 1970. – с. 10-11.

[32] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 71.

[33] История древнего Востока. М., 2004. – с. 519.

[34] Грантовский Э. А. О распространении иранских племен на территории Ирана. // История иранского государства и культуры. М., 1971. – с. 40.

[35] Абдулазим Ризоӣ. Таърихи даҳҳазорсолаи Эрон. ҷ. 1. – с. 190.

[36] Дандамаев М. А., Луконин В. Г.

[37] Грантовский Э. А. Ранняя история иранских племен Передней Азии. – с. 249-251.

[38] Геродот, I-130.

[39] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 76.

[40] Дяконов И. М. История Мидии. – с. 275-276

[41] Ҳамон ҷо. – с. 275-276.

[42] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 84.

[43] Геродот, I-123, 124.

[44] Геродот, I-123, 124.

[45] Геродот, I-97, 98.

[46] Геродот, I-129.

[47] Геродот, I-99.

[48] Геродот, I-100.

[49] Геродот, I-120.

[50] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 71.

[51] Дяконов И.М. История Мидии. – с. 180.

[52] Геродот, I-101.

[53] Дяконов И.М. История Мидии. – с. 175.

[54] История Ирана. – с. 41.

[55] История древнего Востока. – с. 521.

[56] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 41.

[57] Геродот, I-103.

[58] Геродот, I-125.

[59] Геродот, I-101.

[60] Геродот, I-140.

[61] Геродот, I-120.

[62] Ниг. Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 71.

[63] Ҳамон ҷо. – с. 44.

[64] Ҳамон ҷо. – с. 47.

[65] Дандамаев М.А., Луконин В.Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 88.

[66] Геродот, I-98.

[67] Дандамаев М. А., Луконин В. Г. Культура и экономика древнего Ирана. – с. 88.

← Ба пас, ба мундариҷа

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.