Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 12-21


12. Мурғи хонагӣ

13. Кирмак

14. Магас

15. Алокузанг

16. Гург

17. Занбӯри сурх ва сиёҳ

18. Калтакалос

19. Мор

20. Сангпушт

21. Бедона

12. Мурғи хонагӣ

Ин маълум аст.
Мизоҷи мурғи ҷавони фарбеҳ дар дараҷаи якум
гарм ва дар тарӣ мӯътадил, вале дар мурғчӯҷа тарӣ
бисёртар аст. Ҳарорат, яъне гармии мизоҷи хурӯс
нисбат ба мокиён камтар ва хушкии он зиёдтар аст,
вале хурӯсчӯҷа дар мизоҷ мӯътадили моил ба тарӣ ме-
бошад.
Хислатҳои шифобахши он: Гӯшти инро муҳарро
пухта бихӯранд, ғизоияташ бисёр, хӯроки сабуктар
назар ба дигар мурғон ва хуни солим аз он пайдо ме-
шавад; ақл ва маниро зиёда мегардонад; агар муҳар-
ро пухта нашавад, зидди хислатҳои номбурдаро дорад.
Гӯшти хурӯси солхӯрдаро бо нахӯду лӯбиё пухта
бихӯранд, моддаҳои ғафсро таҳлил медиҳад, дарунро
мулоим мекунад, моддаи савдоро аз бадан хориҷ ме-
намояд, барои иллати қулинҷ, ки варам ва дарди рӯ-
даҳои ғафс аст, шифо мебахшад. Беҳтараш он, ки ху-
рӯси пирро кушта, дар об бисёр биҷӯшонанд, то он
ки муҳарро гардад, баъд онро нимгарм бихӯранд, мод-
даҳои савдовиро ихроҷ мекунад.
Чӯҷамурғро шӯрбо карда бихӯранд, барои одамони
заифбадан ва нимҷон, инчунин меъдаашон тафс дошта
бошад ва ба табҳои сафровӣ мувофиқ аст; барои мӯъ-
тадил гардонидани миқдори моддаҳои нодаркор, муло-
им кардани дарун, бо мудовамат бихӯранд, ғизои бис-
ёр хуб мебошад.
Қавле мавҷуд аст, ки гӯшти чӯҷаи мокиён модда-
ҳои нодаркори баданро ронда хориҷ мегардонад, вале
гӯшти мурғи мокиён онҳоро нигоҳ медорад.
Хурӯси пирро бисёр давонида, хаста гардонида,
кушта, чизҳои даруни шикамашро дур сохта, намак
карда, аз гиёҳи шибит пур намуда, бо оби бисёр би-
ҷӯшонанд, то он ки обаш ба миқдори даркорӣ бимо-
над. Баъд шаб дар зери осмон гузоранд, субҳ онро би-
хӯранд, моддаҳои нави даруни ҷигарро, ки ғафс гашта
бошанд, бо исҳол дафъ мегардонад; барои табҳо, дар-
ди шуш, ки кӯҳна шуда бошад, барои ларзак, дамкӯта-
ҳӣ, дарди буғумҳо, бардамидани меъда, беҳад нармии
узвҳо ва қулинҷ даво мебошад ва заҳрҳои хӯрдашу-
даро дафъ мегардонад. Баъзеҳо ҳангоми пухтани ин
карами тоҷикӣ ё тухми маҳсар, ё шибит ва ё ҳар серо
изофа менамоянд — ин қавитар аст дар бобати давои
98
мазкура, инчунин барои дафъ кардани балғам пурзӯр-
тар мебошад.
Гӯшти хурӯси ҷавон маниро зиёда ва соф мекунад,
ранги рухсор ва овозро соф ва равшан мегардонад. Аз
они хурӯсчӯҷа барои одамони камқуввати нав аз бе-
мори хеста, инчунин барои бемориҳои гарммизоҷ му-
вофиқ аст дар бобати фарбеҳ кардани бадан, дур на-
мудани лоғарӣ, соф кардани ранги рӯй ва овоз, зиёда
гардонидани ҷавҳари майна, фаҳм ва манӣ, дафъ кар-
дани хаёлҳои вайрон ва фикрҳои бад давои хуб мебо-
шад. Агар инро бо равғани нав пухта бихӯранд, сур-
фаи хушкро шифо мебахшад. Гӯшти инро шӯрбо пух-
та, ҳар рӯз як порчаи онро то як ҳафта бо нонреза би-
хӯранд, зардии рухсораро, ки сабабаш маълум набо-
шад, ислоҳ мекунад. Агар инро кабоб карда бихӯранд,
одати гил, хок ва дигар чизҳои раддӣ хӯрданро ислоҳ
менамояд, барои меъдаи тармизоҷ мувофиқ аст.
Ҷигари мурғ серғизост, дерҳазм ва агар ҳазм ёбад,
баданро фарбеҳ мекунад.
Мизоҷи мағзи сараш дар гармӣ мӯътадил ва руту-
бати часпак дорад. Инро хом бо шароб бихӯранд, заҳ-
ри ҷонварон, хун қай кардан ва хуни биниро, ки аз
пардаҳои майна меомада бошад, дафъ мекунад. Агар
пухта бихӯранд, ҷавҳари майнаро зиёд мегардонад,
қуввати тафаккурро афзун месозад, зеҳнро тез ва овоз-
ро соф мекунад, вале агар инро бардавом бихӯранд,
касро аҳмақ мегардонад.
Равғанашро бихӯранд, сахтиҳои баданро мулоим
мекунад, моддаи савдоро ихроҷ менамояд. Ва агар ин-
ро нимгарм ба сар бимоланд, молихулиё (меланхо-
лия) -ро шифо мебахшад; ширинча, кафидагӣ ва барои
ҳамаи бемориҳои аз хушкӣ баамаломада нафъи аҷиб
дорад, хусусан се мартаба паси ҳам бимоланд, бил-
кулл шифо мебахшад.
Мурғи мокиёнро камаш 12 рӯз бо тухми маҳсар па-
расторӣ намуда, баъд кушта, пухта бихӯранд, барои
махави нав дору мешавад.
Чун пардаи миёни сангдони хурӯсро хушк карда,
сойида бо шароб бихӯранд, дарди меъда ва сустии, яъне
поён фуромадани меъдаро ва вайрон шудани феъли
онро дафъ мекунад.
Хояи хурӯсро хушк карда, кӯфта, бо зардаи тухми
мурғи нимпухта бихӯранд, барои қавӣ гардонидани
пушти камар (боҳ) бисёр пуртаъсир аст. Агар онро
99
бо равғани савсани сафед ё равғани савсани кӯҳӣ да-
ромехта, ба зери ноф, кунҷи рон гузошта банданд, ола-
ти мардиро серҳаракат мегардонад.
Хурӯсро дар фасли баҳор кушта, ҳама чизҳои да-
рунашро ба ғайр аз хояҳояш, бароваранд ва дар ши-
ками он намак пур карда, дар соя хушк намоянд. Баъд
ҳамаашро бикӯбанду дар шиша нигоҳ доранд, вақти
ҳоҷат камеро аз ин талқон бо шири гови навдӯшида
бихӯранд, боҳро хеле қавӣ мегардонад.
Хуни хурӯс ва мурғро биёшоманд ва хушккардаи
онро дар бинӣ бирезанд, хуни биниро қатъ мекунад.
Хуни боли онро, ки нав сихпар гашта бошад, бичако-
нанд, гули чашмро дафъ мекунад.
Устухони мурғи сиёҳро бо ҳамвазни он чӯби ток —
ҳар дуро якҷо сӯхта, ос карда бипошанд ё бо муми
занбӯри асал сиришта, аз таг бардоранд, агар дӯши-
загӣ, яъне бакорати духтар рафта бошад, аз нав боки-
ра (дӯшиза) мегарданд — ин аз асрор аст.
Сангро, ки дар даруни мурғ пайдо мешавад, кӯфта
бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро (пешобдонро)
майда карда мерезонад.
Саргини мурғ тунд ва поккунанда аст. Агар аз он
4,5 граммашро бо шароб ва ё бо сирко бихӯранд, қу-
линҷро (колитро) дафъ мекунад, заҳри занбӯруғҳоро
нобуд мегардонад. Агар тари онро гузошта банданд,
доғи сафеди пӯст ва песро шифо мебахшад ва дигар
доғҳои пӯстро пок мекунад. Саргини хурӯсро бо сирко
хамир карда, гузошта банданд, барои саги девона га-
зида нафъ дорад, хусусан саргини мурғеро, ки бо ғи-
зоҳои сара парвариш карда бошанд, дар ин амал қа-
витар таъсир дорад.
Яке аз хусусиятҳои мурғ чунин аст, ки агар шика-
ми онро чок карда, гармогарм ба мавзеи газидаи ҷон-
варони заҳрнок ва мор бибанданд, ҳамаи он заҳрҳоро
ба худ мекашад, агар мурғ хунук шавад, дигарашро
ҳамон тавр карда банданд. Агар ин тавр ба сари бе-
мори сарсом (менингит) бибанданд, ҳушёр мешавад.
Хосияти дигараш чунин аст, ки пардаи мақъади зин-
даи онро тамоман канда партофта, худашро ба ҷойи
моргазида бигузоранд, заҳрро ба худ мекашад ва ме-
мирад. Пас мурғи дигарро ҳамон тавр ба ҷойи он бигу-
зоранд ва ҳамчунин амал кунанд, то моргазида сиҳат
ёбад.
Гӯшти мурғро бо шир, ҷуғрот, чакка, панир, дӯғ ва
100
дигар маҳсулоти ширӣ бихӯранд, иллати қулинҷро
пайдо мекунад ва агар бардавом бихӯранд, ба иллати
ниқрис (подагра) ва инчунин ба бавосир гирифтор ме-
намояд. Дар ин маврид давоҳои гарммизоҷ, шароб,
оби ангури ҷӯшонидаро бихӯранд, ислоҳи зарар мена-
мояд. Агар ба одамони гарммизоҷ ин ҳодиса рӯй ди-
ҳад, сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, кифоя аст.

13. Кирмак

Ин кирми пилла аст, ки ҳамаи мо бо он шинос ҳас-
тем.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум
хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 10,5 грамм кирмаки
хушккардаро кӯфта бихӯранд, дилтапак (дилбозиро)
шифо мебахшад; ҳар рӯз 10,5 грамм кӯфтаи хушки он-
ро бо шӯрбои гандум то чанд рӯз бихӯранд, баданро
фарбеҳ мегардонад, ранги рӯйро неку месозад, боҳро
(пушти камарро) қувват мебахшад.
Кирмакро дар равғани кунҷид пухта, гузошта бан-
данд, дарди гулӯи шадидро шифо мебахшад, варам-
ҳои дигареро ҳам, ки аз сардӣ бошанд, таҳлил меди-
ҳад.
Кирмакро ба гардани мурғ биёвезанд, он мурғ бис-
ёр фарбеҳ мегардад. Хӯрдани гӯшти он мурғ баданро
фарбеҳ мекунад, боҳро қувват мебахшад.
Хокистари кирмакро бипошанд, рутубати захмҳоро
хушк мегардонад ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда си-
ҳат мебахшад; агар гузошта банданд, доғҳои гуногуни
пӯстро дафъ мекунад.
Як адади кирмаки калонро дар латтаи арғувонӣ
баста, ба худ биёвезанд, табро дафъ мекунад.

14. Магас

Ин яке аз ҳашаротҳои парвозкунанда аст: хурд ва
калон мешавад. Калони онро хармагас меноманд. Дар
ранг онҳо гуногунанд: сиёҳ, сабз ва зард. Беҳтарини
ҳамаи онҳо барои табобат магаси сиёҳ аст, баъд аз он
навъи сабзаш мебошад. Бадтарини ҳама—зарди он
аст ва он безаҳр намебошад.
101
Мизоҷи магас дар дараҷаи якум гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар онро бо шароб би-
хӯранд, зойидани занҳоро осон мекунад.
Чун хармагасро дошта, сари онро дур намуда, ба
гавмижаи чашм бо мудовамат бимоланд, онро дафъ
мекунад. Агар ба ҷойи газидаи занбӯр бақувват бимо-
ланд, дардашро таскин медиҳад ва заҳрашро ҳам ме-
кашад.
Магаси майда ё калони онро бо зардаи тухми мурғ
маҳин сойида, гузошта банданд, дарди чашмро таскин
медиҳад ва гӯшти зоиди онро батаҳлил мебарад (агар
сахт нашуда бошад). Агар инро ба гирдак-гирдак мӯй-
рехтаи сар ва риш башиддат ва бардавом бимоланд,
мӯ мерӯёнад, вале батанҳоӣ бимоланд, варами чашм-
ро таҳлил медиҳад.
Табиб Муҳаммад бинни Аҳмад гуфтааст, ки хӯр-
дани магасро хоҳ хом ва хоҳ пухта бошад, ҳиндуҳо
барои қувват бахшидани чашм ва дафъ кардани ҳа-
маи офатҳои он озмуданд.
Сари магаси сабзро дар сӯрохи закар гузоранд, он
закарро башиддат ба ҳаракат меоварад.
Саргини магасро чун бо об ва асал бинӯшанд, ба-
рои дафъ кардани дарди рӯдаҳо, қулинҷ (колит) ва
дарди гулӯи шадид озмуда шудааст.
Ҳаким Бағдодӣ навиштааст, ки як тӯда мардон ва
занон гуфтанд, ки таҷриба кардаанд онҳо: саргини ма-
гасҳоро, ки шабхо ба ресмон менишинанд, биёшоманд
ва дар офтоб нишаста, доғи сафеди пӯст ва доғи пес-
ро кушода доранд, то ки обила кунад, ҳар дуи ин ил-
латро дафъ мекунад ва дар ин бобат хислати тухми
гиёҳи пойи зоғро дорад.
Магасҳоро дар равғани кунҷид андохта, як ҳафта
дар офтоб гузоранд, баъд магасҳоро полида дур ку-
нанду аз нав магас андозанд, ҳамин тавр чор-панҷ
мартаба магасҳоро иваз карда, баъд фишурда, рав-
ғанро соф намоянд — ин равғани магас номида меша-
рад, равғани магасро бимоланд, ҳатман мӯй мерӯёнад.

15. Алокузанг

Ин ҳашароти парвозӣ аст, ду навъ мебошад: ка-
лон ва майда. Калонаш ба андозаи занбӯр аст ва май-
дааш аз магас калонтар, паҳн, бадбӯ, ба гиёҳҳои тару
102
тоза мешинад ва дар ҳамон ҷо сокин гашта, афзоиш
меёбад. Алокузанги калонро руи болҳояш хатҳои зард
дорад. Дар тиб қисми калонаш истифода мешавад. Ин
аз ҷинси ҷонварони заҳрнок аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум
хушк аст. Ба қавли баъзе табибон хушкиаш низ дар
дараҷаи саввум аст.
Хислатҳои шифобахши он: бисёр тез, бадбӯ, реш-
кунандаи пӯст ва аз заҳрҳои қаттол ҳисоб меёбад.
Агар инро сӯхта бихӯранд, сипурзро ба дараҷае пок
мекунад, ки ёфтанаш душвор мегардад; санги гурда
ва хичакро майда карда мерезонад; пешоб ва ҳайзро
равон мекунад. Низ сӯхтаи онро бо шӯрбои гӯшти гов
ё бо равғани зайтун бихӯранд, дар одамони саги дево-
на газида хавфро дафъ мекунад — дар ин бобат беҳ-
тарини давоҳост. Корозмоҳо мегӯянд, ки якҷоя бо пе-
шоби он одам лахтакҳои хуни шахшуда дафъ мегар-
дад, инчунин санги гурда ва хичакро майда карда ме-
резонад.
Сӯхтани алокузанг ин тавр аст. Агар ба латта пе-
чонида, ба бухори сиркои ҷӯшон бидоранд, то он ки
он бимирад—ин сӯхтаи алокузанг ҳисоб меёбад. Ис-
теъмоли инро раво медонанд.
Сӯхтаи онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм
кашанд, нохунаки чашмро дафъ менамояд. Инро бо
сирко сиришта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар
ва риш гузошта банданд, мӯй мерӯёнад; ба доғҳои са-
феди пӯст ва сафедии нохун гузошта банданд, шифо
мебахшад; ба варамҳо банданд, онҳоро таҳлил меди-
ҳад. Агар инро бо муми занбӯри асал ва равған даро-
мехта, гузошта банданд, нохуни каҷ ё пӯсидаро афто-
нида, ба ҷояш нохуни солим мерӯёнад. Инро бо сирко
хамир карда гузошта банданд, доғи сафеди пӯст, пес,
шукуфаи пӯст, каждумгазида ва озахҳо—ҳамаашро
шифо мебахшад.
Чун пойҳои онро ҳангоми зинда буданаш канда
партофта, дар соя хушк карда, дар равғани бунафша
бисоянд, баъд онро дар равғани зайтун то ғафс гашта-
наш биҷӯшонанду инро нимгарм бичаконанд, гаронии
гӯш ва дарди гӯшро ба ибро меоварад. Агар ин тар-
кибро бимоланд, мӯйи абруро мерӯёнад, ба ҷоҳои гир-
дак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш низ бимоланд, мӯй
мерӯёнад.
Чун навъи сиёҳи болҳояш нуқтаҳои сурх доштаи
103
алокузангро гирифта, дар равған андохта, шаш моҳ
дар офтоб гузоранд, барои дафъ кардани качалӣ
(калъяра), ки ҳарчанд кӯҳна шуда бошад ҳам, даво
мешавад.
Алокузанги сӯхтаро бо хардал (горчица) даромех-
та бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Миқдори хӯрдани он аз сӯхтааш дар як рӯз як
адад аст. Гуфтаанд, ки агар аз сеяки грамм зиёда би-
хӯранд, қаттол аст. Беҳтар он, ки инро ба дарун ис-
теъмол накунанд. Ва агар бихӯранду зарар кунад,
дарҳол оби шибитро, ки дар равғани гов ҷӯшонида
бошанд, нӯшида қай кунанд, равғани зағир бихӯранду
қай намоянд; равғани гулисурх ва сафедии тухми мурғ
дар сӯрохи закар бичаконанд.

16. Гург

Ин ҳайвони ваҳшии маълум аст, ду навъ мебошад:
навъе бисёр далер, ҷонварони ваҳширо дошта мехӯ-
рад, инчунин аз хӯрдани чорпоёни мардум ҳам сар на-
мепечад; навъи дигаре гурги дӯлта ном дорад, ки ин
намудаш ҷонварони мурда ва кушташударо тӯъмаи
худ мегардонад. Қисми дуввумаш барои даво шоям
нест.
Мизоҷи гург дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҷигарашро бихӯранд,
барои бемориҳои ҷигар бағоят фоидабахш аст. Миқдо-
ри ним грамми онро сойида, агар табнок бошад, бо об
ва агар таб надошта бошад, бо шароб бихӯрад, ба-
рои истисқо (водянка) ва табҳои сардмизоҷ дору ме-
шавад; бо сиканҷабин (сиркоасал) бихӯрад, зардпар-
винро шифо мебахшад ва бо оби барф биёшомад, ба-
рои бемориҳои сипурз нафъ дорад.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҷигари он дар як рӯз
0,5 грамм аст.
0,5 грамм заҳраи онро бо шароби мусаллас ё бо
асал биёшоманд, таби дурӯздармиёни кӯҳна, қулинҷ ва
истисқоро дафъ месозад. Миқдори як нахӯди онро бо
обе, ки дар он нахӯд ҷӯшонида шуда бошад, бихӯ-
ранд, дар бобати қавӣ гардонидани боҳ (қуввати пуш-
ти камар) давои бемисл аст ва агар инро молида ис-
танд, низ ҳамин асарро дорад.
Хоҳ инро бихӯранд ва хоҳ бимоланд, дар бобати
104
дафъ кардани ҷингакшавин узвҳо, саръ (припадка),
кузоз (столбняк), кашида шудани асаб, хусусан, ки аз
сардӣ бошад, давои аҷибест. Агар инро ос карда, дар
бинӣ бирезанд, назлаҳои шадидро дафъ мекунад; бо
оби лаблабу даромехта дар бинӣ бирезанд, сурхии
чашмро ҳамон дам ба ислоҳ меоварад; бо сиканҷабин
даромехта, дар бинӣ андозанд, саръро ба ибро меова-
рад.
Заҳраи хушкашро ос карда, чун сурма ба чашм ка-
шанд, торикии чашм, фуромадани об дар гавҳарак ва
пардаи ба чашм афтодаро, ки онро торик мегардонад,
дар як рӯз шифо мебахшад. Инро бо гиёҳи испарак
якҷо кӯфта, гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва пес-
ро дафъ мекунад; бо оби пиёз ё оби барги лаблабу
даромехта банданд, иллати пӯстпартоиро ба ибро мео-
варад, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва ришро мерӯё-
над; барои дарди буғумҳо дору мешавад.
Мегӯянд, ки чун заҳраи онро ба закар молида, бо
зан муҷомаат кунанд, марди дигар ба он зан қодир
намегардад.
Агар ин заҳраро занҳо аз таг бардоранд, ҳомила
шуданро манъ мекунад.
Дандони озахи онро хушк карда, кӯфта, ним грам-
ми онро бо шири навдӯшида бихӯранд, барои таби ду-
рӯздармиён ва бемориҳои шуш бағоят доруи хуб мебо-
шад.
Чарбиашро бимоланд ё гузошта банданд, мӯйи гир-
дак-гирдак рехтаи сар ва ришро мерӯёнад; варамҳои
кӯҳнаро мегардонад.
Мағзи сарашро ба миқдори 0,19 грамм бо шири
навдӯшида бихӯранд, саръро манъ месозад. Инро дар
оби судоб ва равғани зайтун гудохта, бар бадан би-
моланд, ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ баамаломадаи бе-
руни бадан ва дохили онро шифо мебахшад.
Мӯяшро сӯхта дуд кунанд, ҷонварони зиёнкор аз
он ҷо мегурезанд. Агар инро дар навшодир маҳлул
карда бимоланд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад ва
дигар ранҷҳои ҷигарро дафъ мекунад.
Устухони соки пояшро бо закари он якҷо сӯхта,
кӯфта, гузошта банданд, барои бавосир дору мебошад.
Чун думи онро дар зироат, алафзор ва чарогоҳи
гов биёвезанд, ҳарчанд, ки гов гурусна бошад, аз он
ҷо алаф намехӯрад, ҳатто ба он майдон дохил наме-
гардад.
105
Агар пешоб ё хуни онро занҳо бихӯранд, ҳомила
шудани онҳоро қатъ мегардонад. Агар инро аз таг
бардоранд ҳам, ҳамин асарро дорад.
Хояашро бирён карда бихӯранд, қуввати боҳро аф-
зун мегардонад.
Чун хояи рости онро кӯфта, бо равғани зайтун
бирён карда, ба порчаи пашмин олуда, зан ба худ
бардорад, шаҳваташ нест мегардад.
Арасту фармудааст, ки 4,5 грамм аз хояи хушки
он бо оби индов биёшоманд, дарди узвҳои даруни си-
на, дарди паҳлу ва бо кокутӣ бихӯранд, дарди тиҳигоҳ
(холияки паҳлу)-ро дафъ мекунад.
Агар зан бар болои пешоби он бишошад, ҳаргиз
ҳомила намешавад.
Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва башиддат таҳ-
лилдиҳанда аст. Беҳтарин саргинаш он аст, ки гург
устухон хӯрда бошад. Аломати он бисёр сафед буда-
ни саргин аст, ки шахшӯл мебошад. 4,5 грамми инро
бо оби гарм ё бо шароби сафед ва ё бардавом бо мурч
ва намак бихӯранд, иллати қулинҷро ба зудӣ шифо
мебахшад.
Саргинашро бо асал даромехта, дар об ҳал карда,
бо ин таркиб ғарғара кунанд, дарди гулӯи балғамиро
шифо мебахшад. Агар инро сӯхта дуд кунанд, ба он
мавзеъ мушон ҷамъ мешаванд.
Устухони буҷулаки пойи онро ба зону бибанданд,
дарди зонуро, ки сабабаш ҷамъ шудани бод дар он ҷо
бошад, инчунин аз заҳмати ҳаракат ва нотавон гаш-
тан аз бисёр рафтан бошад, дафъ менамояд.
Бар пӯсти он бихобанд, қулинҷро (колитро) дафъ
мекунад.

17. Занбӯри сурх ва сиёҳ

Ин ба ҳама маълум аст, ки занбӯрҳои калон вақти
зимистон дар хонаашон ҷо шуда, берун намеоянд ва
ҳангоме ки ҳаво гарм гардад, берун меоянд, парвоз
мекунанд. Агар ба вай равған бирезанд, мемирад, ва-
ле боз сирко аз болояш бирезанд, аз нав зинда шуда,
ба ҳаракат меояд. Ин ҷонвар неши заҳрафкан дорад,
мегазад.
Мизоҷаш бисёр гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: онро кӯфта, бо асал ва
106
намак сиришта бимоланд, доғи песро дафъ мекунад,
варамҳои сарди нармро таҳлил медиҳад.
Агар ба ин занбӯр одамони гирифтори иллатҳои
сардмизоҷи кӯҳнаи асабониро, ки монанди: фолиҷ (шал
шудани нимаи бадан ба дарозӣ), сусту нотавон шуда-
ни аъзо ва ғайраро битавонанд, бағоят фоида дорад.
Баъзе табибон мегӯянд, ки бачаи онро хушк наму-
да, сойида, бо полуда (атолаи аз нишоста пухташуда)
бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад.
Занбӯри сиёҳи кабудтобро чун дар равғани зайтун
пухта, бимоланд, доғи пес, доғи сафеди пӯст ва доғҳои
дигари чуқур бошанд, аз пӯст дафъ мекунад.

18. Калтакалос

Инро дар як қатор маҳалҳо ба таври гуногун: ке-
лас, калпеса, калписа низ меноманд. Ин даштӣ ва ҳам
ғайридаштӣ мешавад. Беҳтарини он дар бӯстонҳо бу-
дааш мебошад.
Мизоҷи ҳар ду навъи он дар дараҷаи саввум гарм
ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта, гузош-
та банданд, тири дар бадан даромадаро кашида берун
меоварад, инчунин хорро ҳам; озахҳоро хушк карда
меафтонад, мӯрчагазакро шифо мебахшад.
Ҷигари хушккардаашро ба дандони кирмхӯрда би-
гузоранд, дардашро таскин медиҳад.
Калтакалоси хушкро кӯфта, бо равғани зайтун си-
ришта, ба сар ва ғайри он бимоланд, мӯй мерӯёнад;
ба зери ноф бимоланд, пешоби бандшударо мекушояд.
Шиками онро чок карда, ҳамон тавр ба ҷойи гази-
даи каждум бигузоранд, дардашро таскин медиҳад.
Саргинаш ё пешобаш ва ё хуни онро бо равғани
зайтун даромехта, дар сӯрохи чуки тифлон бичако-
нанд, ҷурраи онҳоро шифо мебахшад. Инчунин онро
дар об ҷӯшонида, тифлро дар он об бинишонанд, низ
ҳамин асарро дорад.
Вале хӯрдани калтакалос иллати сил ва бемори-
ҳои шушро пайдо мекунад. Агар хӯрда бошанду зарар
ёбанд, шарбати ревоч (чукрӣ) биёшоманд, ислоҳи за-
рар мекунад.
Он ҷӣ дар баъзе мардум ривоят хаст, ки агар инро
бихӯранд, пес мешудаанд—беасос аст.
107

19. Мор

Қисмҳои ин гуногун аст: кофчак, сиёҳ, зард ва
ғайра.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст бо
қуввати хушккунандагӣ.
Хислатҳои шифобахши он: равғанашро ба чашм
моланд, фуромадани оби зарарнокро ва гавҳараки
чашм манъ мекунад.
Пӯсташро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро ним-
гарм дар гӯш чаконанд, дарди онро шифо мебахшад.
Инро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар даҳан гар-
донанд, дарди дандонро таскин медиҳад.
Чун мори сиёҳи хонагиро дар кӯзаи нав андохта,
дар оташи ҳаммом гузоранд ё дар оташи танӯр бимо-
нанд, то ки мор бисӯзад, баъд бароварда сойида, бо
асал сиришта ба чашм кашанд, чашмро бағоят қавӣ
мегардонад. Инро бо равғани зайтун сиришта бар ха-
нозер (хукгардан) бимоланд, онро таҳлил медиҳад;
бо сирко хамир карда, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯй-
рехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад ва ба но-
сур бимоланд, хушк мекунад.
Пӯсти морро сӯхта, бо равғани зағир даромехта,
чанд рӯз ҳамон тавр бимонанду баъд ба носурҳои кӯҳ-
на бимоланд, хеле хуб таъсир мекунад.
Чун дум ва заҳраи онро дар равған андохта, то му-
ҳарро шудан биҷӯшонанд, баъд онро ба махав ва озах
бимоланд, онҳоро дур мекунад.
Дандони морро дар зинда буданаш канда, бо риш-
та дар латтае баста, ба гардан овезанд ва ё муттасил
дили онро биёвезанд, таби дурӯздармиёнро шифо ме-
бахшад.
Пӯсти онро, ки ҳар сол як бор мепартояд, ба рони
занони ҳомила бибанданд, зойидани онҳо осон мегар-
дад. Агар инро сӯзонида, занҳои ҳомила худро ба ду-
даш бидоранд, бачаи онҳоро аз шикам меафтонад;
касони гирифтори бавосир мақъади худро ба ин дуд
бидоранд, донаи бавосирро хушк мекунад.
Тухми морро бо сирко ва танакор бисоянду ба до-
ғи пес бимоланд, песро дафъ мекунад.
Табиби қадими юнонӣ Мақротис гуфтааст, ки чун
шиками мор аз сар то думаш чок карда, чизҳои дару-
ни шикамашро гирифта дур сохта, ба ҷойи онҳо шоҳи-
тараи хушкро, ки дар об тар карда, нам гиронда бо-
108
шанд, пур кунанду баъд ҷойи чокро дӯхта, дар оташ
гузоранд, то, ки бипазад. Сони шоҳитараро бароварда,
ба доғи пес гузошта банданду баъд аз як шабонарӯз
бикушоянд, тамоман сиҳат мегардонад.
Мизоҷи пӯсти мор дар дараҷаи дуввум гарм ва
хушк аст, ба қавли баъзеҳо дар саввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: 3,5 грамм пӯсти морро
реза карда, бо 7 грамм орди ҷав хамир сохта, монан-
ди нони кӯмоч дар зери сангрезаҳои тафсони оташ
пухта бихӯранд, бавосири зоҳирӣ ва ботиниро дафъ
мекунад.
Агар ҳар рӯз то се рӯз 3,5 грамми онро бо се адад
хурмо бихӯранд, аввалан баромадани озахҳоро манъ
мекунад ва агар баромада бошад, хушк карда мере-
зонад.
3,5 грамм пӯсти морро бо зок, ки сӯхта хокистар
гардонида бошанд, бихӯранд, санги хичакро майда
карда мерезонад.
Пӯсти морро дар сирко ҷӯшонида, он сиркоро дар
даҳан гардонанд, дарди дандон ва дарди милки дан-
донро дафъ мекунад ва захмҳои милкро шифо мебах-
шад.
Равғани зайтунеро, ки дар он пӯсти мор ҷӯшонида
шуда бошад ё муддате ҳамон тавр дар офтоб гузошта
шуда бошад, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин
медиҳад ва моддаи аз даруни он равонро хушк меку-
над. Ин равғанро дар чашм чаконанд, қӯтури чашм,
обравӣ, суст ва нотавон шудани пилкҳо, рехтани ми-
жаҳо ва шилпуқиро дафъ мекунад, чашмро тез ва қа-
вӣ мегардонад. Агар инро дар мақъад бичаконанд, ка-
фидани онро сиҳат мекунад.
Пӯсти морро дар шароб ҷӯшонида, он шаробро дар
гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва агар
ин шаробро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро со-
кин мекунад.
Пӯсти морро бо барги кавар дар об ҷӯшонида ва
мумравғанеро, ки аз равғани зайтун ва муми занбӯри
асал тайёр намуда, дар ҳамин об ҳал карда, ин тар-
кибро дар даҳан бигардонанд, барои дард ва кафида-
ни лаб ва мақъадро дору мешавад.
Пӯсти морро сӯхта, бо навшодир даромехта гузош-
та банданд, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад
ва дигар доғҳоро низ аз пӯст дур месозад.
Сӯхтаи пӯсти морро бо равғани зайтун ё бо шароб
109
даромехта бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрех-
таи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Агар онро бисӯзанд, аз дуд ва бӯяш ҷонварони за-
рарнок мегурезанд. Ин дудашро занҳои ҳомила ва зе-
ри шикам ва миёни поҳои худ бигиранд, бачаи онҳо
ва ҳамроҳаки (ёраки) тифли онҳоро ҳамон дам аз ши-
кам меафтонад; агар ин дудро ба решҳои тар бирасо-
нанд, онҳоро хушк мекунад.
Пӯсти морро занҳо ҳангоми зойидан ба рони худ
банданд, таваллудро осон мекунад.
Пӯсти морро батанҳоӣ бихӯранд, чашмро торик ме-
созад ва монанди мор пӯст мепартоёнад. Дар ин ҳолат
кашниз бояд бихӯранд, ки ин зарар ислоҳ ёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз пӯсти мор дар як рӯз то
3,5 грамм аст.

20. Сангпушт

Ин ҷонварест маълум, ки даштӣ, баҳрӣ ва наҳрӣ
мебошад.
Мизоҷи сангпушти баҳрӣ ва наҳрии он дар дараҷаи
дуввум гарм ва дар якум тар, вале мизоҷи даштиаш
гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ошомидани гӯшти он
боҳ ва камарро қувват мебахшад. Агар гӯшти онро
кабоб карда бихӯранд, ҳайзро банд мекунад; бо хояи
сагобӣ бихӯранд, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, ҷур-
раро (даббаро), ки нав аз даридани пардаи шикам
ҳодис шуда бошад, ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.
Хуни сангпушти даштиро бихӯранд, саръ (припад-
ка)-ро шифо мебахшад ва ба ҷингак шудани узвҳо
нафъ дорад. Чун хуни инро бо орди ҷав ва асал хамир
сохта, он хамирро ба андозаи мурч ҳабҳо баста, баъд
ҳангоми субҳ як ҳаб ва вақти шом як ҳаб, инчунин
пагоҳи дигар як ҳаб бихӯранд, барои иллати саръ да-
вои бемисл аст.
Хуни сангпушти даштиро ба дасту поҳо батакрор
бимоланд, барои дарди буғумҳо ва ниқрис (подагра)
даво мешавад.
Хуни онро бо хояи сагобӣ даромехта, бо он ҳуқна
(клизма) кунанд, барои ҷингак шудани узвҳо дору ме-
шавад.
Заҳраашро бимоланд, варами ҳалқро таҳлил меди-
110
ҳад ва решҳои раддии бадфиоли даҳани кӯдаконро
шифо мебахшад. Инро бар бинии беморе, ки ба илла-
ти саръ гирифтор бошад, бимоланд ё дар биниаш би-
резанд, барои саръ шифо мебахшад. Заҳраи хушкаш-
ро бо асал даромехта ба чашм кашанд, оби дар гавҳа-
рак фуромадаро дафъ мекунад, инчунин гули чашм ва
обравии онро ба ибро меоварад.
Чун шиками сангпушти даштиро шикофта, баъди
куштан чизҳои дарунаш бударо гирифта партоянду
баъд онро то сафед гаштан сӯзонида, бо равғани гов
сойида, ба латтаи карбосӣ молида, ба саратони реш-
гашта гузошта банданд, онро аз рим пок мекунад ва
даҳанашро ба ҳам меоварад—дигар пайдо намеша-
вад; инчунин барои захмҳои дигар ва сӯхтагии оташ
ҳам даво мешавад.
Тухми онро ба миқдори донаи мурч бо ҳарираҳои
форами мизоҷ бихӯронанд, сурфаи кӯҳнаи кӯдаконро
шифо мебахшад. Тухмашро бо даҳяк миқдори он ар-
пабодиён якҷо карда бихӯранд, барои варами хояҳо
давои бемисл аст. Агар тухми онро бо шири модараш
ба тифл бихӯронанд, дард ва боди хояи тифлонро дафъ
мекунад, инчунин ин тухмро дар равған ҷӯшонида би-
моланд, низ онро шифо мебахшад.
Равғанашро бимоланд, ҷингак шудани аъзо ва ку-
зозро (столбнякро) ба ибро меоварад.
Сангпуштро дар об ҷӯшонида, дар он об даромада
нишинанд, ё заҳраашро дар об ҷӯш дода, дар он об
даромада нишинанд, ҷурраи (даббаи) кӯдаконро ши-
фо мебахшад.
Гӯшти онро бихӯранд, ҷингак шудани узвҳо ва ку-
зозро шифо мебахшад, пушт ва боҳ (пушти камар)-ро
қавӣ мегардонад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад
ва маниро зиёда менамояд.
Косаи сангпуштро сӯхта, бо равғани гулисурх ва
ё равғани тухми мурғ ё равғани кунҷид хамир сохта
гузошта банданд, мӯйро мерӯёнад.
Дар омади гап, гирифтани равғани тухми мурғ ин
тавр аст. Тухми мурғро дар об пухта, зардаи онро ҷу-
до карда, дар рӯйи чумча ё тунукае ба оташ мегузо-
ранд. Чумчаро андак каҷтар мемонанд, то ки равғани
аз зардаи тухм ҷудошуда ба як тараф резад. Вақте ки
аз зардаи тухм равған ҷудо шавад, боз бо ягон чиз он
занд, ки сафед гардад, баъд онро бо равғани гов ва (?)
тар ҷудо гардад. (?)
111
Ҳамаи қисмҳои сангпуштро якҷо ба дараҷае бисӯ-
занд, ки сафед гардад, баъд онро бо равғани гов ва
дигар равғанҳо сиришта бимоланд, барои саратони
решгашта давои беназир аст; бо сафедии тухми мурғ
даромехта бимоланд, барои кафидагии мақъад ва ди-
гар узвҳо, хусусан кафидагии поҳо даво мешавад. Агар
ин сӯхтаи онро бипошанд, захмҳои илоҷаш душворро
сиҳат мебахшад. Агар ба он хокистари сӯхтаи он даҳ-
як мурч дохил карда, бо асал сиришта, пагоҳӣ ба ди-
ли наҳор ва вақти шом як чумча, ки 14 грамм аст,
биёшоманд, барои иллати лаҳс, ки аз шиддати машақ-
қат гирифтагии нафас ва баромадани забон аст, ин-
чунин барои сил ва дамкӯтаҳӣ даво мебошад.
Устухонашро маҳин сойида, ё сӯхтаи онро чун сур-
ма ба чашм ҳар кас, ки бикашад, бидуни дард кӯр ме-
гардад.
Хуни сангпушти баҳриро биёшоманд, ҳамаи навъ-
ҳои заҳрро аз бадан дафъ мекунад. Агар косаи таги
шикамашро сӯхта, дудашро ба машом бикашанд, таб-
ро дафъ мекунад.
Аз косаи пушташ об ба сар бирезанд, барои дафъ
кардани қуввати мубошарати занон бағоят таъсирбахш
аст.
Хӯрдани сангпушт ба рӯдаҳо зарар дорад —дар ин
ҳолат асал бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз сӯхтаи он
3,5 грамм, аз тухмаш 0,2 грамм ва аз хунаш 0,6 грамм
аст.

21. Бедона

Ин парандаи маълум аст, ки агар хушксол ояд, шу-
мораш кам ва агар соли серборон ояд, шумораш бис-
ёр мегардад.
Мизоҷаш гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз хуш-
кии он зиёда мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти он яке аз беҳта-
рин гӯштҳои парандаҳо мебошад, зуд аз меъда мегуза-
рад, боҳро ба ҳаракат меоварад, бинобар гармии ми-
зоҷаш ташна мекунад, дар бадан хориш пайдо мена-
мояд, дар пӯст доначаҳо медамонад. Агар бисёр би-
хӯранд, ба андӯҳи нафасгир мубтало месозад—дар
ин ҳолат бо чизҳои турш ва равған бипазанд,— зара-
112
раш ислоҳ меёбад. Ҷӯшонида, пухтаи он беҳтар аз
кабоби он аст. Зеро ки кабоби онро агар ба зудӣ пух-
та бошанд, аз меъда дер мефурояд.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!