Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 1-11


1. Тӯқумшуллук

2. Хари аҳлӣ

3. Кабӯтар

4. Кирми лойхӯрак

5. Фароштурук

6. Шабпарак

7. Лаклак

8. Кӯрмуш

9. Хук

10. Гамбуски саргин

11. Хирс

ДАВОҲОИ ҲАЙВОНӢ

1. Тӯқумшуллук

Ин ҷонвари хазандаест, ки аз худ моддаи шилмак
бармеоварад. Дар вақти зимистон ба даруни зиреҳи
садафини худ даромада хоб мекунад, вале баҳор, ки
шуд, як қисми баданашро аз он берун оварда ё бата-
мом аз он баромада, зиндагӣ ба сар мебарад, барги
нозуки гиёҳҳоро мехӯрад.
Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи дуввум сард ва тар
аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро агар бихӯранд, дар
бадан зуд ба хуни солим мубаддал мегардад; барои
иллатҳои махав, қӯтур, хориши бадан, девонагӣ ва ба
бемориҳои гуногуни савдовӣ нафъ мебахшад.
Гӯшти ҳамаи навъҳои тӯқумшуллук ҳангоми хӯрдан
дар бадан балғам ва гиреҳҳоро пайдо мекунад, аммо
ташнагӣ ва тафси аъзоро, ки сабабаш моддаи сафро
бошад, таскин медиҳад.
Ҳамаи қисмҳои тӯқумшуллукро сӯхта, маҳин ос
карда, бо асал даромехта, ба чашм кашанд, доғи да-
руни чашмро, ки аз пайдо шудани захм боқӣ монда
бошад, дур мекунад.
Гӯшти ин ҷонварро сӯхта, бо қатрон (дёготь) хамир
карда, баъд аз кандани мӯйи чаппарӯйида ба он ҷо би-
моланд, дигар мӯй намерӯяд.
Оби садафаки майдаи наҳриро дар вақти барома-
дани обила дар чашм чаконанд, зуҳури онро дар он
манъ мекунад, вале агар баъд аз баромадан бичако-
нанд, обилаи нағзакро таҳлил медиҳад, дафъ мекунад;
шиддати сӯзиш ва тафсидани чашмро таскин медиҳад.
Садафаки зиндаи наҳриро бо сӯзан сӯрох кунанд ва
оби онро ба мӯйи дар чашм чаппарӯйида бичаконанд,
онро нест мекунад. Агар ин обро ба пешонӣ бимоланд,
моддаҳои зарарнокро аз рехтан ба чашм манъ мена-
мояд. Агар инро ба атрофи гӯш бимоланд, барои дафъ
81
кардани рутубатҳои аз даруни гӯш равоншаванда да-
во мебошад.
Тӯқумшуллукро сӯхта, бо сирко хамир карда, ба
пешонӣ бимоланд, хуни биниро қатъ мекунад.
Гӯшти хоми онро фурӯ баранд, дарди меъдаро си-
хат мебахшад. Гӯшти хушккардаи онро кӯфта бихӯ-
ранд, беҷо равон шудани ҳайзро ислоҳ менамояд.
Гӯшти ин ҷонварро гузошта банданд, варами ниқ-
рисро, ки варам ва дарди ангуштони дасту поҳо ме-
бошад, таҳлил медиҳад; аз рӯ ба ҷигар гузошта бан-
данд, суулқиня ном иллатро, ки суст ва заиф гашта-
ни ҷигар аст, шифо мебахшад. Агар ба ягон ҷойи бадан
тир ё хор даромада ва дар ҳамон ҷо монда бошад, аз
болои он ин гӯштро гузошта банданд, он чизи бегона-
ро аз бадан хориҷ мекунад; инчунин заҳри саги де-
вона газидаро ҳам кашида мегирад.

2. Хари аҳлӣ

Ин ҳайвони маълум аст.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва дар
аввали дараҷаи саввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ дерҳазм ва га-
ронҳазм аст. Ҷигарашро кабоб карда, ба дили наҳор
бихӯранд, саръ (припадка) ва таби дурӯздармиёнро
шифо мебахшад.
Сумашро сӯхта, ос карда, аз он ҳар рӯз 15 грамм
бихӯранд, иллатҳои кузоз (столбняк) ва саръро дафъ
мекунад.
Саргинашро бо сирко хамир карда, ба пешонӣ би-
моланд, хуни биниро қатъ мекунад.
Оби саргини тарашро ҳар рӯз дар бинӣ бичаконанд
ё хушкашро ос карда, ба он сирко пошида, дар бинӣ
кашанд, барои саръ фоида дорад.
Пешобашро бинӯшанд, дарди гурдаро дафъ меку-
над.
Саргинашро фишурда, обашро гирифта бинӯшанд,
зардпарвинро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва хи-
чакро (пешобдонро) майда карда мерезонад, бачаи за-
нони ҳомиларо аз шикам меафтонад, ҳамроҳаки (ёра-
ки) бачаро зуд хориҷ мегардонад.
Сумашро сӯхта, занҳои ҳомила дар вақти таваллуд
кардан худро ба дудаш бидоранд, зойиданро осон ме-
82
кунад. Агар сумашро бо сӯҳон тароша (реза) карда
бихӯранд, заҳрро аз бадан дафъ мекунад, иллати ма-
хавро шифо мебахшад.
Ин сумашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, пӯс-
ти тарқида ва кафидаи баданро, ки кӯҳна шуда бэ-
шад, ба ибро меоварад; агар инро бо равғани зайтун
хамир карда, гузошта банданд, ханозерро (хукгардан-
ро) шифо мебахшад; иллатҳои буғумҳо ва носурро
дафъ менамояд.
Ҷигарашро сӯхта, бо равғани зайтун хамир карда,
муттасил гузошта банданд, ханозерро таҳлил медихад;
агар бо шароб хамир карда гузошта банданд, каҷии
нохун ва доғҳои сафеди рӯйи нохунро дафъ мекунад.
Равғанашро гузошта банданд, доғи аз захм ва реш
боқимондаро барҳам медиҳад, ҷароҳатҳои узвҳои да-
руни шикамро сиҳат мебахшад.
Саргини хари гиёҳхӯрро дар шароб як шабонарӯз
тар карда, онро соф намуда биёшоманд, каждумгази-
даро даво мешавад.
Агар мағзи сарашро бо равғани зайтун сиришта
бимоланд, мӯй мерӯёнад ва онро дароз мекунад.
Дандони онро ба зери болишт бигузоранд, одамо-
ни бехобро хоб меоварад.
Сипурзашро занҳо бихӯранд, шири онҳоро зиёда
мегардонад.
Хуни онро бимоланд, бавосирро дафъ мекунад.
Ширашро дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро
таскин медиҳад. Агар инро биёшоманд, сурфаи гарми
кӯҳна, сил ва иллати диқро, ки баданро бағоят лоғар
мегардонад, фоида дорад.
Мӯйи думи онро дар шароб андохта, баъд он шароб-
ро бинӯшанд, арбада меоварад.
Пешоби онро бар ҳар заврақ, ки бимоланд, ба он
ҷо моҳиён бисёр ҷамъ мешаванд.
Пӯсти пешонии онро ба гардани тифлони тарсончак
биёвезанд, онҳо аз ин беморӣ наҷот меёбанд.
Ним грамм чирки гӯши онро ба тифлони гирён-
чак бихӯронанд, онҳоро аз гиря манъ мекунад.
Ҳакими асри якуми милод Ҷолинус гуфтааст, ки
равғани онро се бор то чор маротиба бимоланд, донаи
бавосирро меафтонад.
Агар каси каждумгазида назди хар рафта, ба гӯ-
шаш бигӯяд, ки маро каждум газид, хар фукҳояшро
83
ба ҳаракат меоварад, гӯё ки кавша мекарда бошад,
дардаш сокин мегардад —ин аҷиб аст.
Агар закари онро дар кӯзаи обнадида андохта, ба
оташ гузоранд, ки қариб ба сӯхтан расад, баъд онро
кӯфта, бо равғани зайтун сиришта, ба сар бимоланд,
мӯй мерӯёнад ва онро дароз мекунад.

3. Кабӯтар

Ин мурғест ба ҳама маълум, навъҳои хонагӣ ва ҳам
саҳроӣ дорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум
хушк аст. Вале мизоҷи саҳроияш гармтар ва хушктар
мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти онро ба ҳар та-
риқ, ки бошад, пухта бихӯранд, бемориҳои фолиҷ
(шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), каҷ шудани
рӯй, ларзак, суст ва нотавон шудани узвҳоро шифо ме-
бахшад. Хуни солим аз хӯрдани он ҳосил мешавад;
истисқои (водянкаи) обдор ва бодиро дафъ мекунад;
баданро фарбеҳ мегардонад; гурда ва боҳро қавӣ месо-
аад, манӣ ҳосил мекунад.
Сангдони нав кушташудаи онро аз олойиш дару-
наш пок карда, кӯфта бихӯранд, таъсири заҳри мор-
ро аз бадан дур мекунад, агар газида бошад.
Бачаи кабӯтарро бе обу намак дар равғани кунҷид
пухта бихӯранд, санги гурда ва хичакро ҳамон соат
майда карда мерезонад.
Хунашро ба пешонӣ бимоланд, хуни биниро, ки аз
пардаҳои мағзи сар меомада бошад, қатъ мекунад. Аз
хуни хушки он ба андозаи боқило бихӯранд, инчунин
хуни гармогармии онро ба ҷароҳати сар бимоланд ё
бирезанд, агар ҷароҳат ба устухони сар расида бо-
шад, дору мешавад.
Аз бачаи кабӯтари нав парбароварда парашро би-
кананд ва аз ҷойи парканда хун таровиш мекунад. Ҳа-
мон хунро дар чашм чаконанд, барои ҷароҳатҳои
чашм, хун хоб рафтан, пардаеро, ки чашмро торик ме-
гардонад, пардаи дудмонанди чашм ва шабкӯриро до-
ру мебошад.
Мизоҷи саргинаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Инро аз 3,5 то 10,5 грамм дар як рӯз бихӯранд, ба-
84
рои ҳама навъҳои истисқо (водянка), ки аз сардӣ бо-
шад, шифо мебахшад; 10,5 грамми инро ба 7 грамм
дорчинӣ бихӯранд, санги гурда ва хичакро майда кар-
да мерезонад.
Саргинашро сӯхта, ба атрофи бинӣ бимоланд, дар
манъ кардани хуни бинӣ назир надорад. Чун саргини
онро сӯхта, намакашро ҷудо карда бигиранду бо оби
турб фурӯ баранд, санги гурда ва хичакро майда кар-
да мерезонад.
Ин саргинро бо тухми кӯфтаи индов ва хардал
(горчица) даромехта гузошта банданд, барои дарди
сари кӯҳна, дарди нимсар, дарди паҳлу, дарди буғум-
ҳо ва ниқрис дору мешавад; инро бо орди ҷав сириш-
та банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад; бо
равғани зайтун хамир карда банданд, барои сӯхтагии
оташ даво мебошад; бо сирко сиришта банданд, хано-
зерро (хукгарданро) таҳлил медиҳад; бо кӯфтаи тух-
ми зағир даромехта барбанданд, пучакро мекафонад
ва карахши захмҳоро меканад. Чун саргини кабӯтарро
бо орди гандум ва оби гарм, камтар қатрон (дёготь)
марҳам сохта, се шабонарӯз ба доғи пес гузошта бан-
данд ва баъд бишӯянду аз нав ин амалро такрор на-
моянд, яъне марҳами нав сохта, се шабонарӯз гузош-
та банданд, дар бобати дафъ кардани пес бағоят пур-
таъсир аст. Ин саргинро бо сирко хамир карда гу-
зошта банданд, ширинчаҳо, ҳамаи намуди истисқоро
шифо мебахшад. Агар ин саргинро дар об ҷӯшонида,
дар он об то ноф даромада нишинанд, пешоби банд-
шударо мекушояд, душвории шошиданро ислоҳ меку-
над.
Равғанашро бимоланд, доғи решҳоро дафъ мена-
мояд.
Сарашро бо пар ва мӯй сӯхта, ос карда, чун сур-
ма ба чашм кашанд, пардаеро, ки чашмро торик ме-
кунад, торикии чашм ва шабкӯриро шифо мебахшад.
Чун шиками бачаи кабӯтарро шикофта, гармогарм
ба ҷойи каждумгазида бибанданд, заҳри онро кашида
берун мекунад.
Мизоҷи тухми кабӯтар бисёр гарм аст. Агар инро
хом бихӯранд, шахшӯлӣ ва дуруштии узвҳои даруни
синаро ислоҳ мекунад, ранги рухсорро неку мегардо-
над. Агар инро кӯдакон бо асал бихӯранд, ба зудӣ ба
сухан меоянд, яъне зуд забонашон бармеояд. Панҷ
донаи ин тухмро бо равғани хук даромехта, ба закар
85
бимоланд, барои ба ҳаракат овардани шаҳвати мардӣ
бисёр фоида мебахшад.
Заҳраи кабӯтарро чун дар чашм кашанд, зардоби
дар гавҳарак фуромада ва гули чашмро дафъ меку-
над ва пардаеро, ки чашмро торик мекунад, низ дур
менамояд.
Устухони соқи пойи кабӯтарро бисӯзанд ва ос карда
духтароне, ки бакораташон (дӯшизагиашон) рафта бо-
шад, аз таг бардоранд, бакорат аз нав барқарор ме-
гардад — ин аз асрор аст.
Аммо агар бачаи кабӯтарро бо мудовамат бихӯ-
ранд, иллати песро пайдо мекунад. Ҳамаи кабӯтарҳои
саҳроӣ ва аҳлӣ ба одамони гарммизоҷ зарар доранд:
дарди сар меоваранд, хунашонро месӯзонанд. Кабоби
бачаи кабӯтарро бо давоҳои гарм бардавом бихӯранд,
хунро месӯзонад, иллати махавро пайдо мекунад. Дар
ин мавридҳо онро бо оби ғӯраи ангур ё сирко, ё каш-
низ пухта бихӯранд ва бо косниву бодиринги тару то-
за истеъмол намоянд, ислоҳи зарар менамояд.
Касе, ки обила бароварда бошад, дар макони кабӯ-
тарон муттасил сокин бошад, аз он беморӣ шифо меё-
бад. Агар ба кабӯтарон наздик зиндагонӣ ба сар ба-
ранд, аз бемориҳои вобаста ба майна, асабонӣ ва уфу-
нӣ (сирояткунанда)-и монанди: фолиҷ, сакта, субот
(летаргия), саръи кӯдакон (карахтӣ) ва тоун эмин ме-
монанд, инчунин иллати тарсончакӣ ва вайронии ҳа-
воро дафъ мекунад.

4. Кирми лойхӯрак

Ин кирми дарози сурх аст, ки дар заминҳои нам-
нок пайдо мешавад ва дар вақтҳои боридани борон ва
рӯзҳои мавсимҳои баҳору тирамоҳ аз замин берун ме-
ояд. Вақтҳои дигар дар даруни хокҳои намнок ва чим-
зор умр ба сар мебарад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: 10,5 граммашро сойида,
бо оби ангур биёшоманд, пешобро меронад; бо обгӯшт,
яъне бо шӯрбои гӯштии бо нахӯд ва лӯбиё пухта бо-
шанд, бихӯранд, боҳро (пушти камарро) хеле қавӣ ме-
гардонад. Инро дар равғани кунҷид ҷӯшонида бихӯ-
ранд, дарди гулӯи шадид ва сурфаи кӯҳнаро давои
хеле хуб мебошад. Агар инро бо равғани бодом якҷо
86
кӯфта бихӯранд, ҷурра (дабба)-ро, ки шикам дарида,
рӯдаҳо сӯйи хояҳо фуромада бошанд, шифо мебахшад
ва ҷойи даридаи шикамро ба ҳам меоварад; инчунин
инро занҳо бихӯранд, зойиданро осон мекунад, санги
гурда ва хичакро майда карда мерезонад; агар бо ша-
роб бихӯранд, ранги баданро, ки аз зардпарвин зард
гашта бошад, ҳамон соат ба ислоҳ меоварад.
Агар инро дар об ҷӯшонида, бо равғани қоз (ғоз)
дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад,
Чун як миқдор кирми лойхӯракро ҷамъ нанмуда, бар
он намак бипошанд, оберо, ки аз он ҷудо шавад, дар
гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Ин кирмро пачақ карда, гузошта банданд, варами
забонро ва ҳалқро таҳлил медиҳад, рехта шудани наз-
лаҳоро манъ мекунад.
Кирми лойхӯраки зиндаро кӯфта, ба асаби канда-
шуда гузошта банданд ва то се шабонарӯз накушоянд,
онро пайваст ва сиҳат мекунад; инчунин бардавом гу-
зошта банданд, ҷароҳатҳои асабониро шифо мебахшад;
бо гарди осиё хамир карда гузошта банданд, буғуми
аз ҷойи худ баромада беҷогаштаро ба ҷойи аслиаш ва
ба ҳоли аслиаш меоварад; барои ҷоҳои зарбхӯрда ва
латхӯрда бибанданд, ба ибро меоварад; агар инро бо
равғани мағзи зардолу сиришта, ҳамин амалро баҷо
оваранд, бавосирро шифо мебахшад.
Ин кирмро дар равғани зайтун пухта ва ё инро
кӯфта бо зифт ва барги каду хамир карда бимоланд,
барои калон кардани олоти мардӣ давои бисёр пур-
таъсир аст.
Кирми лойхӯракро бо шароб биёшоманд, пешоби
бандшударо равон мекунад. Чун кирми лойхӯракро бо
гамбуски саргингардон ва наботи зард бипазанду би-
моланд, барои бавосир, хунравӣ ва кафидани мақъад
(махраҷгоҳ) доруи бемисл мебошад.
Аз кирми лойхӯрак равған ҳам тайёр мекунанд:
санъати тайёр карданаш ин аст. Кирми лойхӯракро
ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд, покиза бишӯянд, дар
ду баробари вазни кирмҳо равғани кунҷиди тоза ё
равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим биҷӯшонанд,
то он ки кирмҳо сӯхта сиёҳ гарданд. Баъд соф наму-
да, равғанро ба кор баранд. (Агар маҳз дар равғани
зайтун бипазанд, қувваташ муддатҳо нигоҳ дошта ме-
шавад). Ин равғанро хоҳ бихӯранд ва ё бимоланд,
барои аксари бемориҳои асабонӣ ва вобаста ба ҳола-
87
ти майна монанди: фолиҷ (шал шудани нимаи бадан
ба дарозӣ), каҷ шудани рӯй, суст ва нотавон гаштани
аъзо, дардҳои буғумҳо ва сурин, ирқуннасо (радику-
лит), ниқрис (подагра), сустии олати таносул ва заи-
фии пушти камар шифо мебахшад.

5. Фароштурук

Ин парандаи маълум аст.
Мизоҷи гӯшташ дар миёнаи дараҷаи саввум гарм
ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро кабоб карда
бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, зард-
парвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад; санги
хичакро майда карда мерезонад. 4,5 грамм гӯшти хуш-
ки онро кӯфта бихӯранд, қуввати чашмро зиёда мегар-
донад; 7 грамм гӯшти намакини хушкашро бихӯранд,
дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ шудани хун дар мав-
зеи ҳалқ бошад, шифо мебахшад. Агар инро сӯхта,
хокистарашро бо об даромехта, бо он об ғарғара ку-
нанд, барои дарди гулӯи мазкур даво мебошад ва ҳа-
маи бемориҳои ғадудҳои бодомшакли ҳалқро дафъ ме-
кунад. Агар ин хокистарро бо асал даромехта, ё сӯх-
таи онро бо асал даромехта, бардавом ба ком бимо-
ланд, низ ҳамин таъсирро дорад.
Бачаашро сӯхта, сойида, бо хунаш сиришта, ба чашм
бимоланд, қуввати биноии чашмро меафзояд.
Мағзи сарашро бо асал сиришта ё саргинаш ва ё
хокистари онро бо асал даромехта, ба чашм кашанд,
ба гавҳараки чашм фуромадани обро, ки дар ибтидо
бошад, шифо мебахшад; қӯтури чашм, сурхии он ва
нохунаки чашмро шифо мешавад. Ҳамчунин хуни гар-
могарми он ва саргинаш бағоят поккунанда мебошад,
барои некуии ранги рухсор ва дафъ кардани доғи са-
феди пӯст хеле давои хубест, инчунин пӯстро аз доғ-
ҳои дигар пок мегардонад. Агар бо заҳраи гов даро-
мехта бимоланд, мӯйи сиёҳро сафед менамояд.
Чун чанд рӯз ҳар рӯз 4,5 грамм хокистари ошёни
фароштурукро занҳо бихӯранд, душвории зойиданро
осон мекунад.
Заҳраи онро дар бинӣ чаконанд, мӯйи сар ва ришро
сиёҳ мекунад.
Чашмҳои онро бо равғани занбақ (савсани сафед)
88
ё равғани савсани кӯҳӣ даромехта, ба нофи занон би-
моланд, душвории зойиданро осон мегардонад.
Фароштурук дар як сол ду бор бача меоварад.
Агар шиками бачаи якум баровардаи онро чок кунанд,
сангреза аз он зоҳир мегардад: яке якранг ва дигаре
гуногунранг. Сангрезаи якранги онро дар пӯсти гӯсо-
ла, ки дар вақти зойида шуданаш бадани он ба замин
нарасида бошад, дар даст муаллақ бардошта сарашро
бибурранду пӯсташро ҷудо карда бигиранд ва дар он
пӯст он сангрезаро баста, дар гардан ва бозуи гириф-
тори иллати саръ (припадка) банданд, аз он иллат
наҷот меёбад. Ва санги гуногунранги мазкурро дар
ҳарири сафед печонида, бо худ нигоҳ доранд, марта-
баи баланд ва бениёзиро соҳиб мегарданд.
Ба қавле чун бачаи онро бо заъфарон ва дигар
ранги зард ранг кунанд, ки дар вақти ранг кардан мо-
дар ва падари ӯ набинанд, барои дафъи зардии ранги
бачаи худ санги зардпарвинро ба ошёнаш меоваранд.
Он санг барои иллати зардпарвин дору мебошад.
Чун сари фароштуруки нар ва мода — ҳар дуро бо
оташ сӯхта, дар шароби мардуме, ки шароб мехӯранд,
андозанд, он шароб маст намекунад.
Тайёр кардани равғани занбақ ин тавр аст. Гулҳои
савсани сафедро дар зарфе, ки дар он равғани кунҷи-
ди тоза ё равғани зайтун рехта бошанд, пур карда, ба
офтоб мегузоранд. Баъд аз як ҳафта ранги гул мепа-
рад, он гулро фишурда дафъ карда, аз гули нав пур
менамоянд. Ҳамин тавр то чор-панҷ мартаба гулро
иваз мекунанд. Баъд гулро фишурда дур мегардо-
нанд—ин равғани занбақ аст. Занбақ — савсани са-
федро мегӯянд.

6. Шабпарак

Ин ҷонварро бинобар он, ки рӯзона парвоз наме-
кунад, саҳван кӯршабпарак меноманд. Инро ҳама ме-
донанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар чорум
хушк аст. Гармии гӯшташ камтар аст аз ҳарорати сар-
гини он.
Хислатҳои шифобахши он: онро шӯрбо карда бихӯ-
ранд, ахлоти нодаркор ва инчунин зардобро бо исҳол
аз бадан дафъ мекунад, истисқо (водянка) ва дарди
89
суринро шифо мебахшад. Агар онро дар равғани зай-
тун муҳарро пухта бихӯранд, иллатҳои фолиҷ, ларзак,
дардҳои буғумҳо, дарди пушт ва ниқрисро (подагра-
ро) ба ибро меоварад, варамҳои сардро таҳлил меди-
ҳад; агар дар равғани кунҷид ҳамон тавр пухта, ба-
такрор бимоланд, ирқуннасоро шифо мебахшад.
Гӯшти онро дар равғани занбақ ё дар равғани сав-
сани кӯҳӣ дар деги чӯян ё мис ба ҳадде бипазанд, ки
равған хушк шавад ва аз нав равған андохта бипа-
занд, то шабпарак муҳарро гардад. Баъд равғанро
соф намуда бимоланд, барои фолиҷи қадим, ларзак,
дамкӯтаҳӣ, ниқрис, дарди аъзо, манъи рехтани мӯй до-
руи аҷиб мебошад; ва агар инро занҳо ба пистони худ
бимоланд, намегузорад, ки онҳо калон шаванд. Агар
ин шабпаракро дар об муҳарро пухта, ба закар би-
моланд, пешоби бандшударо мекушояд. Он обро, ки
шабпарак пухта шудааст, дар сӯрохи закар батакрор
бичаконанд ва ё дар он об даромада нишинанд, фолиҷ
ва сусту нотавон гаштани аъзоро шифо мебахшад.
Мағзи сари онро дар оби пиёз ҳал карда, ба чашм
кашанд, оби дар гавҳарак фуромадаро дафъ ва чашм-
ро бино мегардонад; агар инро бо асал сиришта би-
моланд, гули чашмро нест мекунад.
Хуни онро ба зери нофи тифлон бимоланд, ба он
ҷо мӯй намерӯяд, агар ба пистони духтарон бимоланд,
пистон бисёр бузург намегардад. Агар ин хунро ба
чашм бимоланд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро
торик мекунад, дафъ менамояд.
Шабпаракро сӯхта, хокистарашро чун сурма ба
чашм кашанд, чашмро тез ва гули дар он афтодаро
дафъ мекунад. Агар ин хокистарро дар шароб андо-
занд, нӯшандагонаш маст намегарданд.
Заҳраи онро занҳо ба андоми шарми худ бимоланд,
душвории зойиданро барҳам медиҳад, яъне зойишро дар-
ҳол осон мекунад.
Агар майнаи онро ба зери по бимоланд, қуввати
пушти камарро (боҳро) бармеангезад.
Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк то дараҷаи
чорум мерасад. Агар инро ос карда, чун сурма ба
чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Агар онро
ба шукуфаҳои пӯст бимоланд, онҳоро дур менамояд.
Шири шабпарак низ дар мизоҷ бисёр гарм аст ва
поккунандаи доғҳо мебошад. Агар аз ин 4,5 грамм
бихӯранд, ҳалок мекунад, яъне мекушад. Як грамми
90
инро бихӯранд, санги гурда ва хичакро (пешобдонро)
майда карда мерезонад.
Дар болои ошёни онҳо чизи сафеди сахт ёфт ме-
шавад ба миқдори банди ангуште (баъзан калонтар
ва баъзан хурдтар аз он) монанди ишхор, вале сафед-
тар аз он, сӯрохдор, яъне ковокдор. Агар инро ос кар-
да бимоланд, озахҳоро хушк мекунад ва мӯйро чун
тарошидашуда аз пӯсти бадан ҷудо мекунад, вале
пӯстро захмин месозад.
Пешоби ин ҷонвар низ мизоҷ ва хислати шири онро
дорост, моддаҳои сахт ва тафси баданро мегудозад.
Агар онро ба чашм бикашанд, гули чашмро дафъ ме-
кунад. Инчунин шираш ҳам гули чашм ва нохунаки
чашмро дур менамояд. Вале ин ҳар ду ба чашм зарар
низ мекунад. Бинобар ҳамин аз истеъмолашон ба
чашм, беҳтар аст, ки худдорӣ намоянд.
Агар нафаҳмонда сари онро ба зери болини касе
бигузоранд, он шахсро хоб намебарад. Инчунин чашм
ва дили он ҳам ҳамчунин таъсирро дорад.
Агар дар бурҷи (ҷойгаҳи) кабӯтарон сари онро
дафн намоянд, ба он ҷо кабӯтарони бисёр ҷамъ ме-
шаванд. Агар инро дар сӯрохи муш гузоранд, ҳамаи
мушон аз он хона мегурезанд.
Дилашро ба гардани худ овезанд, барои ҳаракати
ҷимоъ ёрӣ медиҳад.
Мағзи сари онро бар закар бимоланд, онро қавӣ
мегардонад.

7. Лаклак

Ин парандаи калонҷусса, гардану по ва нӯли дароз
дорад, ки ба ҳама маълум мебошад. Аз чӯбмайда ва
хорҳои шахшӯл барои муҳофазати бачаҳои худ ошён
месозад. Азбаски душмани бачаҳои он мор аст, худаш
морро мехӯрад. Бинобар он, ки хӯрокаш аз ҷонварони
номарғуб аст, гӯшташ бадбӯ мебошад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бихӯранд, ба-
рои иллати фолиҷ, каҷ шудани рӯй, карахтӣ, бодҳои
ғализ, ҷой гирифтани сардӣ дар узвҳои бадан, сустии
боҳ (пушти камар), заҳрҳои ҷонварони газанда даво
мебошад. Хӯрдани гӯшти бачааш беҳтар аз гӯшти лак-
лаки калон аст.
91
Гӯшти лаклак ба одамони гарммизоҷ зарар меку-
над. Дар ин ҳолат равғани кунҷид бихӯранд ё онро
бо сирко, карафс, кашнизи бисёр, равғани зайтун ва
равғани бодом пухта бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад,
вале аз болои гӯшти лаклак шароб ва май набояд
ошоманд.
Тухми он барои табобат дар аксар ҳолат аз гӯшти
он қавитар аст.
Заҳраи онро ба чашм бикашанд, шабкӯриро дафъ
мекунад.
Хунашро бимоланд, доғи сафеди пӯстро нест месо-
зад. Агар инро бо сирко даромехта хоҳ бимоланд ва ё
гузошта банданд, ҳамин таъсирро дорад.
Саргинашро гузошта банданд, доғи сафеди пӯст,
доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ ме-
созад. Инро бо тухмаш якҷо карда бимоланд, мӯйро
сиёҳ мегардонад, иллати саръро дафъ менамояд.

8. Кӯрмуш

Ин ҷонвари бадбӯ, бечашм, дум ва поҳои он аз ин
узвҳои муш кӯчактар, хокистариранг, вале ба қавле
чашми он дар зери пӯсташ ҷой гирифтааст. Дар за-
минҳои намнок мешавад, пайваста заминро сӯрох ме-
кунад ва решаҳои гиёҳ ва дарахтонро мехӯрад, хусу-
сан қисми заминӣ — пиёзи гандано ва пиёзро дӯст ме-
дорад, ки бихӯрад. Агар гандано ва пиёзро ба даҳани
сӯрохаш бигузоранд, ба бӯйи он берун меояд.
Мизоҷаш бағоят гарм ва хушк, аз ҷинси заҳрҳои
қаттол аст.
Хислатҳои шифобахши он: хуни тарафи дунболаи
онро бимоланд, гули чашмро дафъ мекунад ва пӯсти
баданро аз доғҳои гуногун пок менамояд, ҳатто хол-
ро ҳам бармедорад, ханозерро (хукгарданро) таҳлил
медиҳад.
Мағзи сари онро бо равғани гулисурх даромехта
бимоланд, хуни биниро ва хунравиро аз ҳар мавзеъ,
ки бошад, қатъ мекунад, варамҳо ва ханозерро таҳлил
медиҳад; барои нест кардани доғҳои пес, доғи сафед,
шукуфаи пӯст, доғи кунҷидак ва ҳар чӣ аз бадан ба-
рояд, давои беҳамто мебошад. Хунаш ҳам чунин таъ-
сир дорад.
Сари онро сӯхта, бо зоки сафед ос карда, чун дар
92
гӯш ё дар бинӣ гузоранд — ҳар дуро, ки бадбӯ бошад,
бӯйи бадашро дафъ менамояд; агар ба гардани бемори
таби дурӯздармиён банданд, аз иллат шифо меёбад.
Инро бимоланд, барои дарди сар даво мебошад.
Сари кӯрмушро сӯзонида, худро ба дудаш бидо-
ранд, душвории шошиданро ба ибро меоварад.
Заҳраи онро бо оби решаи юнучқа даромехта, дар
бинӣ резанд, каҷ шудани рӯйро сиҳат мебахшад.
Лаби болои онро ба худ овезанд, таби дурӯздарми-
ён ва саръро шифо мебахшад, дандони тифлон ба осо-
нӣ мебарояд.
Дандони онро ба миёни мардуми пурозор парто-
янд, зуд ҳамаи онҳо пароканда мегарданд, инчунин
равғани онро дар оташ андозанд, ҳамин тавр ҳодиса
рӯй медиҳад.

9. Хук

Ин ҳайвон ҳам аҳлӣ ва ҳам ваҳшӣ низ мебошад.
Гӯшташ ширин, монанди гӯшти инсон аст. Пеш аз
пайдоиши мазҳаби ислом тоҷикон гӯшти онро мехӯр-
данд ва дар бозорҳо фурӯхта мешуд. Баъд дини ислом
онро ҳаром ҳукм кард ва хӯрдан, инчунин фурӯхту
харидаш манъ гардид.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум гарм ва дар
дараҷаи саввум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, ги-
реҳҳои узвҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ месозад,
барои мизоҷи инсон мувофиқтарин гӯшт аст, ҳамаи он
баъд аз ҳазм ёфтан ҷузъи бадан мегардад, ба қавле
дар бадан хилти (моддаи) ғафс пайдо мекунад, ҳирси
шадидро ба амал ва дарди давомнок меоварад, ба ил-
лати филпо, ки пойҳои одамӣ монанди пойҳои фил
ғафс мегарданд, гирифтор менамояд; бинобар тарии
мизоҷаш дар буғумҳо дард пайдо мекунад; ақлро паст
месозад, мурувватро нест мекунад, яъне камҳиммат
мегардонад; ғайратро суст менамояд. Ҳамаи ин хис-
латҳои бадашро шароб нӯшидан, шакар ва қанд ошо-
мидан ба ислоҳ меоварад.
Ҳангоми истеъмоли гӯшти хук бояд синну соли кас,
меъёр ва миқдори хӯрданаш, инчунин мизоҷи хӯранда
риоя карда шавад. Яъне ба кӯдакон ва ҷавонон, аз-
баски мизоҷи онон тари баланд аст, зарар дорад, зеро
93
мизоҷи кӯдакон ва ҷавонон аксар ба тарӣ моил мебо-
шад, тармизоҷон бояд инро нахӯранд ва дигарҳо низ
миқдори бисёр истеъмол нафармоянд ва ғайра.
Буҷулаки пойи онро орд барин кӯфта, 9 грамми он-
ро бо шароб бихӯранд, барои газидани ҷонварони
заҳрнок дору мебошад. Агар ин ордакро бо асал ха-
мир сохта, гузошта банданд, доғи песро дафъ меку-
над— ин озмуда шудааст; 4,5 грамми онро ба дараҷае
сафед шудан сӯхта бихӯранд, дард ва бодҳои рӯдаҳо-
ро, ки кӯҳна шуда бошанд, дафъ мекунад.
Пешоби хуки ваҳширо бинӯшанд, санги хичакро
(пешобдонро) майда карда мерезонад. Пешобашро би-
моланд, доғи кунҷидакро аз пӯст пок мекунад; бо сир-
ко даромехта бимоланд ё дар даҳан бигардонанд, дар-
ди дандонро таскин медиҳад. Агар инро бо ҳазорис-
панд ҷӯшонида, бо он узви карахтро бишӯянд, ба ҳис
меоварад, яъне шифо мебахшад.
Чун зираро як шабонарӯз дар пешоби хукбача тар
карда, баъд онро бароварда хушк намуда, маҳин кӯф-
та, ҳар рӯз мувофиқи бардошти мизоҷ аз ин тановул
намоянд, ба иллати истисқо (водянка) фоида дорад.
Инро бо пешоби одамӣ даромехта, бемори таби дурӯз-
дармиён доштаро поҳо бишӯянд, шифо мебахшад.
Саргини хушки онро бо об ё бо шароб бихӯранд,
хун қай карданро, ки он хун аз даруни сина меомада
бошад, дафъ мекунад, дарди паҳлуро шифо мебахшад.
Саргини онро бо сирко хамир сохта, гузошта бан-
данд, сустии мушакҳоро ба ибро меоварад; бо муми
занбӯри асал ва равған якҷо омехта гузошта банданд,
асабҳои печидаро рост мегардонад.
Заҳраи онро чаконанд, реш ва захмҳои даруни гӯш-
ро сиҳат мекунад; агар инро бар бавосир бимоланд,
онро дафъ месозад; бо асал ва мурчи кӯфта хамир
сохта, бимоланд, мӯйи сари калро мерӯёнад.
Бо равғанаш ҳуқна (клизма) кунанд, иллатҳои рӯ-
даҳоро дафъ мекунад.
Чарбиашро ба зери ноф гузошта банданд, дардҳои
бачадон ва мақъадро таскин медиҳад, сӯхтагии оташ
ва сармозадагиро шифо медиҳад.
Равғани кӯҳнашудаи онро бихӯранд, дарунро му-
лоим ва гарм мегардонад. Равғани онро бо шароб
шуста, ба оҳак ё хокистар даромехта гузошта банданд,
варамҳои гарм ва варамҳои пардаҳои даруни синаро
таҳлил медиҳад.
94
Ҳакими машҳури асри якуми милод Ҷолинус гуфта-
аст, ки мӯмиёро дар равғани бенамаки он ҳал карда,
дар гӯш чаконанд, карии гӯшро, ҳатто агарчи модар-
зод бошад, шифо мебахшад.
Равғани онро ба узвҳои ҷингакшуда бимоланд, он-
ҳоро ба ибро меоварад; агар муттасил бимоланд, ба-
рои пучак ва ханозер (хукгардан) дору мешавад.
Хуни хук дар ҳама бобат монанди хуни инсон аст.
Агар инро бимоланд, пистони бузурги занҳоро кӯчак
мегардонад, шир дар пистон шах шуда бошад, таҳлил
медиҳад ва инчунин варамҳоро мегардонад.
Устухони сӯхтаи онро ос карда, бар бавосир бимо-
ланд, онро сиҳат мебахшад.
Сумашро сӯхта, ос карда, бихӯранд, беихтиёр ра-
вон шудани пешобро ба ислоҳ меоварад.
Мӯяшро бо муми нефт якҷо сӯхта, бо равғани гу-
лисурх даромехта бимоланд, захмҳои бедаворо шифо
мебахшад.
Аз пӯсти хук пашшаҳо мегурезанд.

10. Гамбуски саргин

Ин ҷонварест гуногун, болдор ва бебол, калон ва
майда—ҳама сиёҳ мебошанд. Дар пойи деворҳо, хок-
рӯбаҳо ва саргин мақом дорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар ин ҷонварро як
шаб дар об тар карда, баъд он обро бинӯшанд, ахлоти
меъда, рӯдаҳо ва ҷигарро бо исҳол дафъ мекунад, ис-
тисқоро шифо мебахшад.
Онро пачақ карда, ба ҷойи каждумгазида гузошта
банданд, заҳри онро дафъ мекунад. Қисми дунболаи
онро канда, баъд онро бифишоранд, аз он рутубат зо-
ҳир мешавад, ин рутубатро ба чашм кашанд, чашмро
қавӣ мегардонад, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро
торик месозад, дафъ мекунад.
Табиб Юнус гуфтааст, ки гамбуски саргин, ки дар
хокистари гиёҳи тугмачагул пайдо шавад, онро кӯфта,
ба чашм кашанд, дарди чашмро шифо мебахшад; ва
боз гуфтааст, ки чун пардаи ақиби сари онро бардо-
ранд, рутубате, ки зоҳир шавад монанди афюн, ба
қадри 14 грамм дар садафе бигиранд ва онро фати-
лаи борики лоиқи сӯрохи закар сохта, он фатиларо ба
95
он рутубат олонда, дар сӯрохи закар гузоранд, боқиро
ба зери ноф, каши рон, хоя ва атрофи он бимоланд,
ҳамон дам пешоби бастаро мекушояд. Ин рутубатро
ба чашм кашанд, пардаи торикиовари чашмро дафъ
мекунад ва торикии чашмро шифо мебахшад.
Гамбуски саргинро кӯфта гузошта банданд, захм
ва реши соқи пойро дафъ мекунад.
Равғани зайтунеро, ки дар он гамбуски саргин ҷӯ-
шонида шуда бошад, нимгарм дар гӯш чаконанд, дар-
ди онро ҳамон соат таскин медиҳад; агар ин равғанро
бимоланд, ханозер ва бавосирро таҳлил медиҳад.
Ин гамбускро дар найча андохта, ба рони зан би-
банданд, душвории зойиданро осон мекунад.
Чун ин ҷонварро дар гули сурх гузоранд, гул паж-
мурда мегардад ва худаш мемирад ва онро дар сар-
гин дафн кунанд, аз нав зинда мешавад.
Агар сари онро дар бурҷи кабӯтарон гузоранд, ка-
бӯтарон ба он ҷо ҷамъ мешаванд.

11. Хирс

Ин ҳайвони маълум аст.
Мизоҷаш гарм ва тариаш бисёр аст, вале мизоҷи
хирси пир хушк мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: заҳраи он гиреҳҳои ба-
данро башиддат кушоянда аст. Ним граммашро бо
асал бихӯранд, иллати саръро шифо мебахшад; бо
сиркоасал, асал ва мурч бихӯранд, дарди ҷигареро, ки
аз сардӣ бошад, сиҳат мекунад; истисқои лаҳмӣ ва
обиро ба ибро меоварад; ду граммашро бихӯранд, қу-
линҷи ҷунбандаро (подвижной колитро) шифо мебах-
шад. Агар заҳраи хирсро бо асал ва оби бодён (ар-
пабодиён) даромехта, ба чашм кашанд, чашмро қавӣ
ва гули дар он афтодаро дафъ мекунад, мижаҳои рех-
таро аз нав мерӯёнад.
Агар инро бо асал ва мурчи кӯфтагӣ даромехта,
ҳар рӯз як мартаба то панҷ рӯз бимоланд, решҳои
хӯранда ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад, инчунин ба
сар мӯй мерӯёнад.
Ширдони бачаи хирсро, ки ҳанӯз ба ғайр аз шир
чизи дигар нахӯрда бошад, панирмояи хирс меноманд.
Агар инро бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад. 4,5
грамм аз он бихӯранд, саръро, ки сабабаш ҷамъ шу-
96
дани балғам дар мағзи сар бошад, шифо мебахшад
Агар дар милки чашм мӯйи чаппа рӯйида бошад ва дар
чашм бихалад, онро баъд аз кандан инро ба чашм ка-
шанд, дигар мӯй намерӯяд. Агар инро ба ҳар ҷойи ба-
дан бимоланд, рӯйидани мӯйро дар он ҷо манъ меку-
над; бар пучак бимоланд, ба зудӣ онро мепазонад.
Мизоҷи равғанаш дар дараҷаи саввум гарм ва
хушк аст.
Агар инро гузошта банданд, дарди кӯҳнаи буғумҳо-
ро бартараф мекунад, асабҳо ва узвҳои шахшударо
мулоим мегардонад, агар ягон устухон беҷо шуда ё
шикаста бошад, беҷоро баҷо меоварад ва шикастаро
пайваст мекунад, латхӯрдаи узвҳоро ислоҳ менамояд;
ба сина гузошта банданд, сурфаеро, ки аз хушкӣ бо-
шад, шифо мебахшад. Ба доғи пес ва гирдак-гирдак
мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, шифо мебах-
шад.
Равғани хирсро дар вақти зойида шуданашон бар
бадани тифлон бимоланд, онҳо аз ҳамаи ҳодисоти за-
рарноки табиат эмин мешаванд.
Чун даруни анорро тамоман холӣ карда, равғани
хирс ва равғани зайтун баробарвазн дар он андохта,
ба оташ гузошта гарм намуда бимоланд, барои рӯёни-
дани мӯйи абру доруи хубест; ба гирдак-гирдак мӯй-
рехта сар ва риш, бавосир, носур ва саъфа (ширинча)
дору мешавад.
Мизоҷи пӯсташ бисёр хушк аст. Агар бар он бар-
давом бишинанд, фолиҷ, ниқриси тармизоҷон ва бемо-
рии аъзошиканиро шифо мебахшад.
Чун хояи онро чок карда, кӯфтаи мозу ва татум ба
он пур намуда, хушк кунанд, баъд сойида бихӯранд, ис-
ҳолро басуръат манъ мекунад.
Саргинашро гузошта банданд, варамҳо ва дарди
гулӯи шадидро, ки аз ҷамъ шудани хун сар зада бо-
шад, таҳлил медиҳад. Агар инро бихӯранд, дарди рӯ-
даҳоро дафъ мекунад.
Мӯяшро бисӯзанд, аз дуд ва бӯйи он ҷонварони за-
рарнок мегурезанд.
Чашми рости онро ба худ биёвезанд, ҷонварони ваҳ-
шӣ аз он кас мегурезанд. Агар ҳар ду чашми онро
дар латта баста, ба гардани бемор биёвезанд, таби ду-
рӯздармиёнро шифо мебахшад.
97

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!