Чор дарвеш. Баёни саргузашти дарвеши дуюм


Баёни саргузашти дарвеши дуюм

chor_darvesh

Азизоне, ки бар сар ҳуш доранд,
Ки як соат ба ҳарфам гӯш доранд?

Дарвешон ва азизон, бидонед, ки бандаи шумо подшоҳзодаам, аз вилоят Аҷам ва падарам аз ҷинси фарзанд ҳам ин маро дошт. Ба умеди он ки ҷонишини ӯ бошам. дар ҳини ҳаёти худ бандаро валиаҳди худ гардонида, корҳои мамлакатро ба ихтиёри ман гузошт. Банда низ бо вуҷуди хурдсолиам тамоми корҳои мамлакатро ба роҳ мебурдам ва ба айшу ишрати безаҳмат ва меҳнат фармонфармойӣ мекардам. Аз он ҷо, ки тақозои ҷавонӣ аст, аз ҷумлаи лаҳву лааб 1 ба сайру шикор машғул ва моил будам.

_________________________

1 Лаҳву лааб — бозии беҳуда, рӯзгузаронӣ бо шӯхиву бозӣ, рӯзгузаронӣ бо айшу нӯши барзиёд.

Навбате азми шикори чилрӯза намудам, амр кардам, то ки миршикорон бозу шоҳину шунқору қарчиғаю чарғ, трумтою тула ва тозӣ тайёр кунанд. Ҷарга ба вақти муайян ҷамъ шуданд ва мо ба соати хуб ба саҳро рафтем. Рӯзе, ки ба азми шикор савор шудам, амирзодагон ва тозиён ба сайру шикор ва ба сайдафганӣ машғул шуданд ва худ савор шуда бар баландие истода тамошо мекардам, ки ногоҳ дар миёни ҷарга оҳуе ба назарам даромад, ки забон аз таърифи ӯ қосир (кӯтоҳ) аст. Он оҳу кулолаи (гарданбанди) мурассаъ дар гардан, ҷалоҷили 1 тиллоӣ дар даст дошт, шохҳои ӯ ба тилло бор гирифта ва донаҳои қимати мурассаъ карда шуда буд. Он ғизоли аҷоиб ба хилофи ваҳшиёни дигар ба осудагӣ дар ҳар тараф дар ҷавлон буд сайркунон мехиромид, аз одамон намерамид. Ман хостам ки онро зинда гарам. Ғофил аз он, ки вай доми балост. Ба гирифтани ӯ амр кардам. Диловарон камандҳоро ба сари даст гирифта ба сӯйи ӯ тохтанд. Чанд каманд якбора ба қасди гирифтани ӯ андохтанд. Аз қазо ҳеч каманд дуруст наафтод ва он ғизол аз онҳо ҷудо шуда ба тарафи ман рӯ кард. Ман низ ба ӯ каманд андохтам. Оҳу аз ман ҳам гурезон шуд ва ба тарафи биёбон чун об равон шуд. Гуфтам:

— Касеро ба ӯ коре набошад, худ ба гирифтани ӯ меравам. Касе аз пайи ман наояд, ки оҳу аз издиҳом рам менамояд…

Ман, каманд дар бозу, аз дунболи оҳу дар такопӯ даромадам. Он роҳнамойи ваҳшихӯ ҳамин. ки маро дур медид, ба чаро машғул мегардид, чун наздик мешудам ва каманд меандохтам, аз пеши ман бадар мерафт. Аз чоштгоҳ то ба қарибии фурӯрафти офтоб аз пайи ӯ дашту кӯҳ мепаймудам. То он ки аспам аз рафтор монд ва худам ҳам бетоб шудам, қаҳрам омад. Камандро ба дур партофта камонро гирифтам ва тири уқобпареро ба зеҳи камон пайвастам ва чилларо ба он фитнаҷӯ рост карда, гӯш то ба гӯш кашидам ва ба ҷониби ӯ шаст кушодам. Он тир ба ёрии қоиди 2 тақриб ба рони оҳу тарозу шуд (расид) ва такутоз бозмонд ва

_________________________

1 Ҷалоҷил — I) ҳалқачаҳое, ки барои садобарорӣ ба гардани дойра парчин мекунанд; 2) зангӯлачаҳое, ки дар гарданбанд ва ё пойбанди одамон ва ҳайвонот қатор мебанданд.
2 Қоид — дар нусхаи аслӣ ин калима хато шула, ба шакли «қоида». навишта шудааст, ки дар ин ҷо ҳеч маънӣ надорад Чунки «тақдир» қоида надорад ва одатан ҳамаи чизҳои «беқоида»-ро ба тақдир ҳамл мекунанд. Бинобар ин дурустии ин калима «қоид» аст, ки дар асли луғат «асокаш» гуфтан аст. Аммо дар адабиёт бо маънои лашкаркаш ва умуман ба маънои роҳнамо меояд (Аз муҳаррир).

кӯҳи рафие (баланде) дар он наздикӣ буд, ки бад-он сӯ рӯ намуд, ҳамин ки қадаре лангон-лангон роҳ паймуд, аз назар нопадид гардид.

Бо худ гуфтам: «Албатта аз по даромада бошад…» Пиёда шуда ба ҷустуҷӯйи ӯ машғул гардидам. Бисёр ҷуста ӯро наёфтам. Шаб омад ва наздик шуд, ки ҷаҳон торик шавад. Нигоҳ кардам, дар камари кӯҳ гунбаде ва чанд дарахте дидам. Равон ба он сӯ шудам, ба азми он ки шабро ба он макон рӯз оварам. Чун наздик расидам, чашмаи обе дидам, ки ёд аз зулоли Хизр медод. Бар канори он чашма нишастам, дастурӯ шустам ва ба фикру хаёл ғарқ шудам. Ногоҳ овози касеро аз даруни гунбад шунидам, ки бо дилсӯзии тамом мегуфт:

— Э рафиқи ҳамдам ва э аниси1 дили пурғам. Оё кадом золим ин зулм бар ту раво дида ва андешае накарда, ки баҳра аз рафиқон ва мусоҳибон набинад ва ба зудӣ ба рӯзи мани зори ҳазин нишинад…

Ин суханҳоро шунида дилам сӯхт, қадам ба дарун гузоштам: дидам, марди мӯсафеде нишаста ва оҳуро дар оғӯш кашида мебӯсид, мегирист. Либоси он марди соҳибдард монанди либоси руҳбонон 2 саропо сиёҳ буд. Ба он мард салом додаму ҷавоб гирифтам. Хост барои истиқболи ман аз ҷо хезад, ман узр хоста зуд нишастам ва гуфтам:

— Э марди аҳли дард. Ин хато аз ман сар зада, аммо дар ҳолате ки аз худ бехабар будам. Боре гуноҳи маро умеди афв ҳаст?

Он мард гуфт:

— Эй ҷавон! Худо гуноҳони ту ва ҳамаи бандагонро афв кунад.

Дарвешон! Ба рафоқати пир тирро аз ҷасади оҳу баровардем ва ҷароҳаташро бастем… баъд аз он ба сӯҳбат нишастем. Он мард таоме, ки дошт, ҳозир кард, баъд аз таом хоб бар ман ғалаба кард, ба девор такя намуда, ба роҳат ғунудам (хоб кардам).

_________________________________

1 Анис — ҳамнишини дилхоҳ, ҳамнишини улфатгирифта, унсгирифта.
2 Руҳбон — зоҳид ва гӯшанишини дини христианӣ ва ғайра.

Дарвешон! Даруни гунбад чор суфа дошт. Пеши яке аз суфаҳо парда кашида шудагӣ буд. Нимишаб бедор шудам, овози навҳа ва гиряву зории он мард аз паси парда ба гӯшам расид. Чун диққат карда гӯш кардам. мегуфт:

Эй фалак, то ба чанд хунборам?
Раҳм овар бад-ин дили зорам.
Рӯзам аз ғусса гашт чун шаби тор,
Корам аз даст рафту даст аз кор.
Нолаам нест боасар, чӣ кунам?
Сӯхтам, сӯхтам, дигар, чӣ кунам?
Охир, эй сангдил, бикун раҳме!
Шӯхи паймоншикан бикун раҳме!
Дил зи теғи тағофулат хун шуд,
Дидаам ҳамчу рӯди Ҷайҳун шуд.
Як сухан з-он даҳон ҳавас дорам,
Гар ба бӯса на дастрас дорам.

Ва боз мегуфт:

Нола ҳарчанд боасар бошад,
Чӣ кунад бо диле, ки сангин аст.

Маро аз ҳол ва мақоли (гуфтори) он тааҷҷуб омад ва ба ақиби парда рафта, домани пардаро бардоштам ва назар ба даруни парда гузоштам. Тахте дидам дар пешгоҳи суфа гузошта шуда ва ба болои он тахт рахт густурда, нозанине бар болои тахту рахт нишаста ва либоси ба равиши хубони фаранг дарбар, кулоҳи шамсаи фарангӣ бо ҷеғаи навмурассаъ 1, бар сар, пойро дароз карда ва он пири бечораи фақир рӯй бар пойи он хуршедсимо мемолид ва бо камоли аҷз 2 менолид. Он нозанинсанам аз ғурури ҳусн ба ҷониби ӯ илтифот намекард.

Дарвешон! Дар назари аввал ақл ва хирадам ба тороҷ рафт.

_________________________________

1 Мурассаъ — ба маънии он чи ки дар он ҷавоҳирот ба сар нишонда бошанд.
2 Аҷз – нотавонӣ, бемадорӣ, беиқтидорӣ, оҷизшавӣ.

НАЗМ

Бибурд аз ман қарору тоқату ҳуш,
Бути сангиндилу симинбаногӯш.
Нигоре, чобуке, шӯхе париваш,
Ҳарифе маҳваше, турке қабопӯш.
Зи тоби оташи савдои ишқаш,
Ба сони дег доим мезанам ҷӯш.
Чу пероҳан шавам осудахотир,
Гараш ҳамчун қабо гирам дар оғӯш.
Агар пӯсида гардад устухонам,
Нагардад меҳраш аз ҷонам фаромӯш.
Дилу динам, дилу динам бибурдаст,
Бару дӯшаш, бару дӯшаш, бару дӯш!
Давои ту, давои туст, Ҳофиз,
Лаби нӯшаш, лаби нӯшаш, лаби нӯш!

Беихтиёр наъра зада беҳуш шудам. Вақте ба худ омадам, ки он мард оби сард ба рӯям мезад ва гирён-гирён мегуфт:

Ҳар бедиле, ки гашт чу ман мубталои ишқ,
Бечоратар зи мост, бар ӯ раҳм воҷиб аст!

Гуфтам:

— Эй пири пур аз макр ва тазвир1. Ин турфа санам кист, ному насабаш чист? Ин гул аз кадом гулзор аст ва ин сарв аз кадом ҷӯйбор аст? Ба кадом дудамон (хонадон) шикаст додаӣ ва ин ҳурвашро чӣ сон ба даст овардаӣ?

Гуфт:

— Аз худаш пурс!

Сар бараҳна карда, пеш рафтам ва салом гуфтам:

— Бараҳна пеши ту оям ба расму роҳи фарангӣ,
Ки ман гадои фарангам, ту подшоҳи фарангӣ!

Ҷавоби салом нагардонд ва илтифот накард. Гуфтам:

— Эй моҳи зӯҳраҷабин ва эй гулъизори нозанин! Тағофул

_____________________________________

1 Макр ва тазвир — ҳила ва фиребгарӣ, қаллобӣ.

агарчи расми гулрухон аст, аммо начандон ки аз ҳад бигзарад. Охир, на ҷавоби салом воҷиб аст? Фидоят шавам! Агар аз пир озурдагӣ дорӣ, ишора фармо, то ӯро сазо диҳам.

Ӯ ҳеч ҷавоб надод. Ҳарчанд ҷазаъ (бетоқатӣ) кардам, қабул нашуд. Наздикаш рафтам ва сар ба пояш ниҳодам, сарам ба дард омад. Чун некӯ мулоҳиза намудам, дидам, ки он нозанинпайкарро аз санг тарошида буданд ва наққошони мониқалами мушкинрақам чеҳракушоӣ намуда. Оҳ аз дил кашидам ва ба худ гуфтам, ки «дидӣ, охир дил ба чӣ сангдиле додӣ ва ба рӯйи худ абвоби (дарҳои) меҳнат ва машаққатро кушодӣ!..»

Рӯй ба пир оварда гуфтам:

— Э ҷоҳили гумроҳ! Э пири дилсиёҳ! Э шайхи шӯъбада(найранг)-боз, э найрангфурӯши фусунсоз! Ин ҳама аҷибу ғариб сохта ва пардохтаӣ, ин чӣ доми балост, ки андохтаӣ ва бечорагонро ба ин васила мерабойӣ ва ба бутпарастӣ роҳ менамойӣ?!

Он мард табассум кард ва ҷавоб дод, ки:

— Э ҷавони тундхӯ! Кош, гузори ту ба ин макон намеафтод. Ман кай розиам, ки касе бо ман шарик бошад.

Гуфтам:

— Бале! Алҳол, ки ба доми тазвир (ҳила) банд шудаам:

Дидор менамойиву парҳез мекунӣ,
Бозори хешу оташи мо тез мекунӣ!

Ҳамоно дуое, ки аввали шаб кардӣ, муассир афтод: мегуфтӣ, ки илоҳӣ ба рӯзи ман нишинӣ. Алҳол фикри дили зори маро кун ва чораи ҷони фигорам намо! Аввал гӯй, ки соҳиби ин суратро куҷо дидаӣ ва кист? Аз ин суратпарастӣ чӣ дидаӣ? Матлаб аз ин канораҷӯйии халқ чист? Туро чӣ ном аст ва ин санам чӣ ком аст?

Гуфт:

— Э фарзанд! Ин ҳикоят нагуфтанӣ аст ва нашунуданӣ. Ҳамон беҳ, ки аз ин моҷаро даргузарӣ ва ранҷи беҳуда набарӣ. Ин суратро нодида ангор (гумон кун) ва чунон пиндор, ки хобе дидаӣ!

Гуфтам:

— Сурат надорад, ки то таҳқиқи ин сурат накунам, аз сари он даргузарам .

…Чӣ кунам оҳ. ки нақди дилу дин бохтаам,
Рафтаам сангдилеро бути худ сохтаам.

Алқисса пир насиҳати бисёр кард. нашунидам… ниҳоят гуфт:

— Э ҷавон, агар нагӯям, ту меранҷӣ.

Ман гуфтам:

— Ту бигӯ, баъд аз он маро ба ман бигузор!

Гуфт:

— Э фарзанд! Маро Нӯъмони сайёҳ мегӯянд. Ҷойи таваллудам Ироқи араб аст. Аз падар моли зиёд ба мерос ёфтам ва дар аввали ҷавонӣ ба сафар шитофтам ва тамоми умр дар тиҷорат мепаймудам. Аммо дар ҳеч вилояте беш аз чанд рӯз намеистодам. Дар ҳафт иқлим рӯз мегузаронидам. То ба ҳадде ки ба сайёҳӣ машҳур шудам. Аз қазо навбате гузарам ба мулки фаранг афтод. Ба шаҳре ки онро Аржанги дунё меноманд, рафта расидем. Сифати он шаҳр ҳамин, ки ду маъмураи 1 васеъ буда, дар канори дарё воқеъ аст ва рӯдхонаи бузурге мобайни он ду маъмура ҷорист. Дар ҳар як аз он ду маъмура подшоҳе алоҳида фармонфармойӣ мекунад ва он рӯд ҳадду садди (девори) қаламрави онҳост. Мо ба яке аз он ду шаҳр, ки ба калонӣ аз они дигар мумтоз аст, фуромадем. Чанд рӯз, ки гузашт, овозаи омадани савдогарон дар он вилоят паҳн шуд. Рӯзе дар аввали сабоҳ дар ҳуҷра нишаста будам, ки хоҷасарой 2 бо пиразане ва чанд нафар мулозим дохили корвонсарой шуда, хосткори коло шуданд. Савдогарон онҳоро ба ман далолат карданд. Вақте ки онҳо ба дари ҳуҷраи ман расиданд, аз вазъи онҳо фаҳмидам, ки ходимони бузургонанд. Онҳоро баодоб қабул намуда, аз матлабашон пурсидам.

Хоҷа гуфт:

— Маликаи офоқ матоъ ва қумош талабида. Акнун ту аз ҳар ҷинс матои нафисе, ки дорӣ, бо худ бардор, то ба хизмати малика мушарраф шавӣ.

____________________________________

1 Маъмура — ободонӣ, ҷойи одамнишин.
2 Хоҷасарой — сарпосбони ҳарам, мутасаддии корҳои ҳарам (барои подшоҳон ва табақаҳои болои феодалҳо).

Ман зуд матои бисёр, чи аз худ, чи аз савдогарони дигар гирифтам ва бо онҳо рафтам. Ба хонаи подшоҳ расидем. Маро ба дарун бурданд. Чун ба ҳарам даромадам, иморати олие дидам, пур аз нозанинсанамони фарангӣ… ҳама хуршедлиқои1 моҳпайкар, ҳама нозукандоми симинбар, ҳама зӯҳраҷабин ва рашки қамар. Дар он миён нозаниндилороме, нозукандоме, моҳрухсоре, оҳунигоҳе, мижгонсиёҳе, писталабе, симинғабғабе, мушкинмӯе, камандгесӯе, ғунчадаҳоне, ширинкаломе… чун оби ҳаёт дар сиёҳӣ ниҳон гашта, бар болои нимтахте нишаста ва дигар моҳпайкарон монанди ситорагон бар гирдаш саф баста. Лекин он подшоҳи сурату маънӣ дар айни бедимоғӣ сар ба зер афганда ва асари малол аз пешонаи ҳолаш намоён буд.

Чун ба он маҷмаи ҳуру парӣ ва он хутбаи фалаки дилбарӣ назарам афтод, дил аз дастам рафт ва тири ишқ дар синаам то пар нишаст: матои сабр аз каф додам ва ба доми ғам афтодам.

Ба сари зулфи дарозаш на дили шайдо рафт,
Ҷону сар низ ҳама дар сари ин савдо рафт.

Маҳви ҷамоли хуршедмисол гардидам. Наздик ба он расид, ки гиребон пора кунам! Боз худдорӣ кардам, вале…

…Аз муҳаббат чун шавам монеъ дили девонаро,
Кай тавонад манъ кард аз сӯхтан парвонаро!

…Ёрои гуфтор ва қуввати рафторам намонд, бар ҷо хушк шудам. Баъд аз ламҳае (лаҳзае) он саромади хубон сар баровард (бардошт) ва ба сӯйи ман назар кард ва лаб ба табассум кушода, гуфт:

— …Муслимӣ 2, пеш биё, матои худро кушо!

Чун нигоҳи лутфомез ва ишваангезро дидам, пеш давидам ва ба ин мазмун тараннум кардам:

— Э, ба рӯйи ту чашми ҷон равшан,
В-аз фурӯғи рухат ҷаҳон равшан!

_______________________________________________

1 Хуршедлиқо — офтобрӯ.
2 Муслимӣ – мусалмон.

Матои худро пеш бурдам, аммо аввал нақди ҷон пешкаш кардам. Вай баъд аз мулоҳиза ва боздид чанд ҷавоҳир ва чанд тоқа матоъ писандид ва гуфт:

— Муслимӣ, инҳоро мону фардо биё, баҳояшонро мегирӣ!

Ман гумон кардам, ки ба ман дунёро доданд. Зеро ки боз як бори дигар дидаам ба нури ҷамоли он фариштахисол мунаввар мешавад. Бинобар он забон ба дуо кушодам:

— Дорам уммед, ки нахли карамат хам нашавад,

Сояи марҳаматат аз сари мо кам нашавад.

Ва аз он маҷлис… бо дили ҳазин ва ҷони ғамгин берун омадам. Вақте ки ба ҳуҷра расидам, ба гӯшаи сӯгвор (мотамиёна) нишастам ва дар ба рӯйи худ бастам ва ба гиряву нола дарпайвастам… гоҳ худро маломат карда мегуфтам, ки: «Э дили беҳосил! Ин чӣ нодонист?! Маълум аст, ки висоли он симинбар ба ту муяссар нахоҳад шуд. Акнун аз ҷоми фироқ хунҳои бисёр хӯрӣ ва бисёр рӯзҳо дар водии ҳиҷрон ба сар барӣ. Занни ғолиб он ки ҷони ширин ба ёди он лаъли ширин дарбозӣ (бой диҳӣ)!..»

Гоҳо мегуфтам: «Хушо ҳолат, агар ба зудӣ ҷон фидо кунӣ ва дар ҷаргаи (сафи) вафодорон нашъунамо кунӣ!..».

То он ки рӯзу шаб ба сад гуна тааб гузашт. Рӯзи дигар дар баробари баромадани офтоб, бо дили бетоб ба сӯйи давлатсаройи он хуршедлиқо рӯ овардам..

Чун он ҳурназирро назар ба ман афтод ва дид, ки музтарибам, меҳрубонӣ намуда, ба нишастан амр фармуд. Арз кардам:

— Умрат дароз бод! Инҳоро қадре нест. Он чӣ лутфи малика бошад, хуб аст.

Лабе ширин карда ба ходимон ишора кард, кисаи заре оварда дар пеши ман гузоштанд. Ман сар ба зер карда, аз хиҷолат дида пӯшидам, ба маломати худ кӯшидам ва ба ҳазор ҳасрату афсӯс гуфтам: «Э вой, баъд аз ин чӣ кунам?».

Хостам аз ҷо хезам, гуфт:

— Муслимӣ, ба ҷоят бинишин, ки ман ба ту коре дорам.

Аз ин ҳарф хушвақт шуда нишастам. Бо амри ӯ хизматгорҳо ширинӣ ва шарбат оварданд. Он фитнаангези балоҷӯ ҳар замон нигоҳи лутфомез мекард ва бо ин васила оташи ишқи маро тез мекард… ҳамин ки таоми чошт оварда, дастурхон паҳн карданд, он лолаузор беихтиёр чун абри баҳор, сиришки хунин монанди дурри шоҳвор бар сафҳаи рухсор фурӯ рехт… баъд аз нолаву оҳ чанд луқма ба зӯр тановул карда, даст пок кард. Баъд аз ғундоштани дастурхон хизматгорҳо ба ҳар тараф рафтанд ва маҷлис бартараф шуд. Ӯ рӯ ба ман карда, гуфт:

— Муслимӣ, сармояи тиҷоратат чанд аст?

Гуфтам:

— Фидои ту гардам, ба даҳ ҳазор туман мерасад.

Дар як сол чӣ қадар фоида мегирӣ?

— Он чӣ Худо диҳад.

Аз ин сафари фаранг чӣ қадар фоида гирифтан мехоҳӣ?

— Он чӣ Худо диҳад. Гуфт:

— Хуб, оё ҳазор туман фоида мекунӣ?

— Якчанд матоъ дорам, агар фурӯхта шавад, шояд бирасад.

— Агар тавонӣ, ба ту як хизмат мефармоям.

Дар ҷавоб гуфтам:

— Бад-ин мужда гар ҷон фишонам равост,

Ки ин мужда осойиши ҷони мост…

Гуфт:

— Агар дар ин боб кӯшиши дуруст ба кор барӣ, аҷри хуб ҳосил мешавад.

Гуфтам:

— Аҷри ман, таваҷҷӯҳи ту асту бас!

Ӯ гуфт:

— Агар ба ту музди хизмат даркор набошад, ба мо ҳам хизмати бемузд лозим нест.

Гуфтам:

— Майл ва ихтиёр ба дасти туст.

Гуфт:

— Муслимӣ, коғазеро ба ту медиҳам, бояд ба ҷое, ки гӯям расонӣ ва ҷавоби онро гирифта биёрӣ. Аммо навъе ҳаракат кунӣ, ки касе хабардор нашавад. Зеро ки ин кори хатарнок аст, мумкин аст ҷон талаф шавад.

Ман гуфтам:

— Сар, ки на дар роҳи азизон бувад,
Бори гарон аст кашидан ба дӯш!

Гуфт:

— Эҳтиёт шарт аст. Алҳол ана ин кисаи панҷсадтуманиро гир, агар тавонӣ молу матоъҳои худро ба он тарафи рӯдхона — ба он тарафи ҳудуди қаламрави падарам, ки золим аст, гузарон ва биёву хизмати ба ту ҳаволашударо иҷро намо. Агар рафту душмане бохабар шавад, ту бояд зуд ба он тараф гузарӣ ва ба ин тараф чизе надошта бошӣ.

Аз ин тавр эҳтиёт карданҳои ӯ маро тааҷҷуб омад… боре зарҳоро гирифта ба ҳуҷра баргаштам ва ба рафиқон гуфтам, ки:

— Дар ин шаҳр мондани мо ба худамон зулм кардан аст. Зеро ки ҳокими ин шаҳрро хеле золим мегӯянд ва ҳокими он тараф одил будааст. Бинобар он ба он тараф рафтани мо беҳтар аст.

Раъйи ман ба савдогарон маъқул шуд. Мо зуд молҳои худро ба канори дарё бурдем ва ба заврақ гузошта ба он тараф гузаштем. Дар он сӯ ба сарое ҷо гирифтем… Шабро ба ёди он нӯшлаб ба сад азобу уқубат ба рӯз расонидам…

Вақте ки ман ба хизмати он ягона мерафтам, рафиқон гуфтанд, ки:

— Куҷо меравӣ?

Гуфтам:

— Барои гирифтани пулҳои моли ба малика додагиам меравам.

Чун аз об гузашта, ба хизмати он қиблаи офтобпарастон расидам, маро ба хилват бурда меҳрубонии беш аз пеш кард ва гуфт:

— Шарт он аст, ки то тавонӣ, чунон кунӣ, ки касе хабардор нашавад.

Баъд аз ин коғазе сар ба мӯҳр, рӯмоли зартор ва ангуштаре, ки номаш дар он нақш буд, ба ман дода, гуфт:

— Аз шаҳр берун, ба ҷониби шимол, як фарсах дуртар аз шаҳр боғест. Бар дари он боғ ҷамъе ба қаровулӣ машғуланд. Саркардаи онҳо Кайхисрав ном дорад. Ту ин ангуштаринро ба ӯ чун нишона бинамо ва ба ҳар кас, ки ӯ бигӯяд, коғаз ва рӯмолро супор, баъд ҷавобашро гирифта биёр. Чун назди он ғариби мазлум бирасӣ, ҳаминро гӯй:

— Саломат мерасонад нотавоне,
Ҳазине, мубталое, хастаҷоне;
Ки эй, ёри азизи меҳрубонам,
Таманнои дилу ороми ҷонам;
Маро худ дил зи ҳаҷрат тарки хун аст,
Ҷигар хокистар аз сӯзи дарун аст.

Замин бӯсидаму равон гардидам. Аз роҳе, ки гуфта буд, мерафтам, то ба дари он боғ расидам. Дар он ҷо ҷавони шерсавлатеро дидам, ки бар болои сандалии зар нишаста ва қариб сад нафар мусаллаҳ дар хизматаш саф бастаанд. Чун ӯ маро дид, пеш талабид ва аз аҳволам пурсид:

Гуфтам:

— Роҳ гум кардаам.

Гуфт:

— Муслимии тоҷир менамойӣ?

Гуфтам:

— Дуруст мефармойӣ!

Гуфт:

— Чизе ҳамроҳ дорӣ?

Ман ҳам фурсатро ғанимат дониста он ангуштаринро ба дасташ додам ва ба канор истодам. Чун ангуштаринро дид, сурху сафед гашт, баъд бархоста ба тарафи боғ рафт ва маро ҷеғ зада пинҳонӣ пурсид, ки:

— Инро аз куҷо овардӣ?

Гуфтам:

— Соҳибаш барои нишона дод ва ба хизмати ту фиристод.

Гуфт:

— Дигар чӣ дорӣ?

Гуфтам:

— Рӯмоли зарторӣ дорам, мехоҳам ба соҳибаш супорам.

Гуфт:

— Ба боғ даро, дар миёни боғ ҳар киро бинӣ, ба ӯ деҳ ва зуд берун баро!

Инро гуфта ба ҷояш баргашт. Ман чун миёни боғ расидам, дар зери дарахти беде қафаси пӯлодие дидам, ки ба даруни он ҷавоне дар синни бистсолагӣ… чун мурғи болбаста нишаста, сар ба зери зонуи тафаккур гузоштааст.

Аз ин ҳол ман дар ҳайрат шуда пеш рафтам ва салом кардам. Ҷавон сар бардошта ба ман гуфт, ки:

— Э мард, ту кистӣ, ки ба ман салом мекунӣ? Магар намедонӣ, ки саломат аз ман дур аст.

Гуфтам:

— Қосидам, нома аз муҳиббу муштоқ дорам.

Гуфт:

— Кадом дӯст, чӣ нома ва чӣ пайғом дорӣ?

Ман нома ва рӯмолро аз рахнаи қафас ба ӯ расонидам ва пайғоми забониро низ ба ӯ гуфтам. Вай аз чашм ашки гулгун равон карда, баъд аз хондани нома сар ҷунбонид ва гуфт:

— Э марди аҳли дард, ба он ёри вафодор бигӯ, ки Худо сабабе созад ва ин хоҳ аз ин раҳгузар хезад, вагарна тадбирҳо ҳама ҳеч аст. Инро ҳам гӯй, ки фидои ту гардам, ҳарчанд медонам, ки висол рӯзӣ нахоҳад шуд, аммо орзу дорам, ки як бор туро бинам ва ҷон диҳам. Инчунин гӯй, ки номаву пайғомро бас кун, ки мабодо сабаби фитна ва фасод гардад.

Ҷавон инҳоро мегуфт ва мегирист. Ман ба аҳволи ӯ нигоҳ карда дар ҳайрат будам, ки ногоҳ ғулғула ва ғавғои азимеро шунидам. Баргашта нигоҳ кардам, ҷамъе аз қӯрчиёни ғазаби подшоҳ аз дарвозаи боғ ба дарун даромаданд. Ҳар кадом ҳарба 1 дар даст доштанд. Инчунин чанд ҳабашии сиёҳи қавиҳайкал шашпарҳо дар даст пеш-пеши онҳо медавиданд. Вақте ки ба ман расиданд, ҳарбаро ба фарқи ман заданд, ки ду пари он ба фарқам ғӯтид.

Дарвешон! Он марди пир сари худ кушуд ва дар тарафи чапи сараш захми он шашпар менамуд, ки ҳоло беҳ шуда буд. Пирамард ба суханаш давом карда, гуфт:

— Ин захми он шашпар аст. Чун он захм хӯрдам. бехуд шуда афтодам. Дигар надонистам, ки чӣ ҳодисаҳо рӯй дод. Вақте ки ба ҳуш омадам, ҷаҳонро бар худ торик дидам ва худро бар дӯши шахсе ҳис кардам, ки роҳ мерафт ва ба рафиқи худ мегуфт: «Аҷаб, ки ба сабаби ин бадбахт аз тамошо мондем», они дигаре мегуфт. «Ин мардро партофта ба тамошо равем». Шахси аввал боз гуфт, ки: «Мехоҳӣ, ки он девона ҳар дуи моро сиёсат кунад (ҷазо диҳад). Аммо ҳайф, сад ҳайф, ки шоҳзода бегуноҳ кушта мешавад!..» Ман гуфтам, ки:

— Ёрон, ин чӣ тамошоест, ки аз нарафтани он таассуф мехӯред? Ва чӣ шавад, ки маро ҳам ҳамроҳи худ баред?

______________________________________

1Ҳарба — найзаи кӯтоҳ, умуман силоҳи ҷанг.

— Чӣ тамошо аз ин аҷибтар аст ки ошиқ маъшуқро хоҳад кушт.

— Гуфтам:

— Ёрон! Ман дар ин ҳол ин муамморо намефаҳмам. Бигӯед, ки ошиқ кист ва маъшуқ кист? Боиси қатли маъшуқ чист?

Гуфтанд:

— Ошиқ духтари подшоҳ, маъшуқ писари амаки вай аст, ки ту барои ӯ нома бурдӣ ва ин фитнаро барпо кардӣ.

Гуфтам:

— Чаро ӯро мекушанд? Гуфтанд:

— Шарҳи он дуру дароз аст.

Гуфтам:

— Маро ҳам бо худ баред, ки ба сабаби шумо ин тамошоро бинам.

Онҳо чун орзуи маро дарёфтанд, аз роҳ баргаштанд ва ба хонаи подшоҳӣ даромаданд: маро ба замин гузошта, худ низ дар зери дарахтон ба сайр истоданд. Ман чун назар кардам, дар миёни боғ ҳавзе буд, дар лаби ҳавз подшоҳ бар курсии зар нишаста ва чанд машъал бар атрофи ӯ месӯхт. Ногоҳ хиёбон ба ҳаракат омад ва он нозанини дилрабо бо сари бараҳна, дар зару зевар намудор шуд. Вай чун ба назди падар расид, таъзим кард. Подшоҳ ӯро дар бар кашида, дар паҳлуи худ шинонид ва нисбат ба он гулъузор меҳрубонии бисёр фармуд. Ман аз онҳое, ки маро бардошта оварда буданд, пурсидам, ки

— Ёрон, ин чӣ рамз аст?

Онҳо гуфтанд:

— Он ҷавон писари подшоҳи бузурги мо буд. Ҳанӯз вай кӯдак буд, ки падараш бар бистари марг афтод ва бародари худ — ҳамин подшоҳи ҳозираро ҷеғ зада, ноиб ва вакили салтанати писари худ кард. Инчунин аз ӯ аҳд гирифт, ки чун ин писар калон шавад, тахту нигинро ба ӯ супорад ва духтари худро, ки ҳамсоли ӯст, ба занӣ ба ӯ дода, худаш ба гӯшаи фароғат нишинад… чун ӯ мурд, бародар ба тахти подшоҳӣ нишаст. Баъд аз он ки лаззати фармонравоӣ чашид, васияти бародарашро фаромӯш кард ва ҷоми шароби ғурур ва ғафлат нӯш кард.

Чун ин ҳар ду амзода (амакбача) бо ҳам бузург шуданд, шефтаи муҳаббат ва фирефтаи улфати ҳамдигар гашта, ишқ меварзиданд. Чун писар ба ҳадди балоғат расид, осори қобилият аз симояш пайдо гардид. Подшоҳ дар бораи дафъ кардани он писар бо вазири худ маслиҳат кард. Вазир чунон маслиҳат дод, ки писарро ба девонагӣ муттаҳам созанд ва дар ҳабс нигоҳ доранд, то ки мардум ба ӯ майл накунанд. Подшоҳ низ маслиҳати ӯро салоҳи давлат дониста, писарро банд кард ва хабари девонагии ӯро паҳн кард. Духтар ин хабарро шунида ба дафъи он кӯшид ва пинҳонӣ, баъзе аз дӯстони шоҳзодаро аз ин сир огоҳ сохт. Ошкор шуда истодани асрорро баъзеҳо ба шоҳ хабар доданд. Шоҳ аз тарси он, ки мабодо писарро аз банд халос накунанд, бо машварати вазир ва ҳукамо 1 омӯхт, ки дар ҳузури хосу ом бардурӯғ ба девонагии писар шаҳодат диҳанд. Онҳо дар ҳузури ҳама гуфтанд, ки:

— Будани ин писар дар хонаи ҳавояш паст муносиб нест Ҳамон беҳ, ки дар боғе бошад. Гулу райҳон ва обу давои он ва нолаи мурғони хушилҳон ва холӣ аз мардумон будани он ҷо ба вай таъсир мекунад ва фоида мебахшад. Барои он ки ҳаракати номаъқуле накунад, бояд қафасе созанд, ки аз фӯлод бошад ва ӯро дар он қафас ҷо кунанд. То бо ин васила шояд ҳушаш ба ҷо ояд.

Дар натиҷа писарро ба қафас андохтанд ва дар он боғе, ки ту дидӣ, бурда ба дарахт овехтанд ва ба қаровулии ӯ Кайхисрав ном ғуломи шоҳро бо сад нафар аз мулозимони мӯътамад муайян карданд. Чанд гоҳест, ки ба ӯ хӯрок ва давоҳои номуносиб мехӯронанд, шояд ки бимирад ва мақсади онҳо ҳосил шавад. Аммо дар зоҳир ба ӯ ҳеч даст намерасонданд, аз сипоҳ ва халқ метарсиданд (?). Боз духтар ба дафъи он зарар кӯшид; бо ҳар гуна роҳ Кайхусравро ба дасти худ гирифта, хату хабарро давом кунондан гирифт. Ҳамин номае, ки ту бурдӣ, мазмунаш ин буд. ки; «Дил хуш дор. Айёми ҳиҷрон ба охир расид. Ба ҳар ҳила, ки бошад, мо падарро мекушем ва худро ва туро аз меҳнату азоб мераҳонем». Як хабаркаш ин хабарро ба падараш расонд. Ӯ низ амр кард, ки қӯрчиён қосидро сару даст шикаста, писарро бо қафас ва Кайхусрав

______________________________

1 Ҳукамо — ҷамъи ҳаким – ҳакимҳо, донандагони илми ҳикмат.

ба даргоҳи ӯ ҳозир кунанд. Чун ба фармуди ӯ амал карда ҳамаро оварданд, ту ба сар захми мӯҳлик доштӣ ва беҳуш будӣ. Бинобар он ба ту аҳамият надода, ба кӯча партофтанд. Аммо подшоҳ бо вазири дилсиёҳ ба куштани он бегуноҳ машварат кард. Вазир гуфт, ки «ба фикри ман маликаро бар он дорем, ки маҷбур кунем, ки ӯро бикушад, то ки мардум аз шумо надонанд ва гӯянд, ки духтар аз барои дафъи бадномӣ ӯро кушт». Подшоҳ гуфт:

— Агар ин гесубурида розӣ шавад…

Бо фармуди подшоҳ вазир ба назди духтар омада, ба ҳилаву найранг сар карда ва духтарро маломат кард ва гуфт:

— Ин ба шумо барин шоҳзодадухтар магар нанг нест, ки мардум гӯянд: «Духтари подшоҳ ошиқи ҷавоне шудааст».

Аммо духтар ба маслиҳати вақт мункир шуд. Инро шунида. вазир гуфт, ки:

— Агар ту рост мегӯйӣ ва мехоҳӣ, ки забони бадгӯён баста шавад ва падарат аз ту хушнуд гардад, бояд ки писаракро кушӣ.

— Майлаш! — гуфт духтар ва ба шаб ваъда кард. Вазир ба назди шоҳ рафта ин суханҳоро арз кард. Чун шаб даромад, вазир боз ба назди духтар рафта, гуфт: «Одами бошараф ҳар гоҳ, ки ваъда кард, вафо мекунад». Духтар бечунучаро аз ҷо хеста ба сӯйи падар равона шуд. Дар сари роҳ туро афтода дида, гуфт, ки: «Ин бечораро ба канор баранд!». Чун туро ҳаракат додем, нола кардӣ ва нафас баровардӣ. Духтар чун донист, ки ту зиндаӣ, ба мо ду нафар фармуд, ки зуд туро аз рӯдхона гузаронем ва ба рафиқонат расонем ва баҳраманд шавем ва ба мо чанд ашрафӣ 1 барои муолиҷаи ту дод».

Гуфтам:

— Он пул ба шумо ҳалол бод!

Ногоҳ он ҷавонро аз қафас бароварданд ва дуртар аз духтар доштанд. Он хуршеди осмони вафодорӣ аз ҷо ҷаста, теғ баркашид ва ба қатли он ҷавон равон гардид ва чун раъд хурӯшон шуд. Вақте ки наздик расид, теғро ба канор андохт ва пеш тохта худро ба пойи дилдори хеш андохт. Дар он дам ин байтҳоро вирди забон сохт:

_________________________________________

1 Ашрафӣ — пули тилло.

— Соқӣ, биё, ба ёди шароби ту сӯхтем,
Бо он ки оташем, зи оби ту сӯхтем.
Дар шаб гузашти умр надидем субҳи васл,
Аз бахт дар гаронии хоби ту сӯхтем.

Балогардонат шавам, матлаб аз ин беадабӣ ин буд, ки як бори дигар дида ба дидорат равшан гардад.

Духтар ин бигуфт ва беҳуш шуд. Ин адо (ҳаракат) ба ҷигари подшоҳ халид, фармуд духтарро ба канора кашиданд ва ба вазир итоби бисёр карда, гуфт:

— Мақсадат ин буд, ки адои (ҳаракати) ин гесубуридаро рӯйирост бинам. Ҳоло бизан гардани ин писарро, ки дигар тоби шунидани ин ҳикоят надорам!

Вазир аз ғазаби подшоҳ тарсида теғ кашид ва ба қатли писар тохт. Ҳамин ки хост теғ ба кор барад, аз миёни духтарон тире омада ба синааш нишаст, ки соф аз пушташ берун шуд. Вазир оҳе кашид ва ғалтид. Баъд аз ин ғавғо баланд шуд. Подшоҳ низ аз ҷони худ тарсида ба ҳарам равона шуд. Садои «бигир, бигир» ба фалак печид. Ман аз даҳшат ва воҳима беҳуш шудам…

Вақте ба ҳуш омадам, ки худро дар ҳуҷраи ҷарроҳи фарангӣ дидам. Ҷарроҳ захмро мебаст.

— Э ҷавон! Чун муддати умрам боқӣ буд, ҷароҳатам беҳ шуд. Аммо рӯз ба рӯз захми дилам носур (реширавон)-тар мешуд. Ҳанӯз асари беморӣ ва беқувватии ман боқӣ буд, ки рафиқон рафтанӣ шуданд, маро ҳам бо худ берун оварданд. Ин маълум буд, ки васли он гавҳари якдона насиби ман намешавад, аммо хаёлаш бо ҷонам қарир буд… оҳиста-оҳиста кор ба ҷое расид, ки аз одамон безор шудам, дилам аз кори олам сард шуд:

Мӯе шудам аз ғами миёнат,
Мурдам зи ду чашми нотавонат.
Ҷонам ба лаб омаду надидам,
Коме зи лаби шакарфишонат.
Биншинаму бо ғами ту созам,
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам.

Дар вақти сафар гузорам ба ин макон афтод ва бо худ гуфтам:

Чун нест умеди васли дилбар,
Аз халқи ҷаҳон канора хуштар.

Бинобар он дар ҳамин ҷо манзил карда, аз ҳар мамлакат меъморон, сангтарошон ва наққошони моҳирро ҷамъ кардам, барои ин сӯмиа 1 ва ин сурат (ҳайкал) маблағи зиёд сарф намудам. Боқии мол ва нақдинаи худро ба ворисон тақсим кардам, фақат ҳазор туманро нигоҳ дошта, ба ғуломи озодкардаи худ ки амин ва мӯътабар буд, додам. Вай бо он зар савдогарӣ мекунад ва сол ба сол озуқаи маро ба қадри кифоя расонда меистад. Аз он замон дар ин гӯшаи кӯҳсор бо тимсоли он зебонигор ишқ мебозам ва худро ба ҳамин сабаб тасаллӣ медиҳам:

Чун даст намедиҳад висолаш,
Дасти ману домани хаёлаш!

Дарвешон! Вақте ки ман васфи ҳусну ҷамол ва хулқу камоли он офтоби ҷоҳу ҷалолро шунидам, якбора фирефта ва парешон гардидам. Аз ҷо хеста дасти он марди аҳли дардро бӯсидам ва гуфтам:

— Э хоҷа! Роҳи ошноӣ, ҳиммат ва меҳрубонӣ дареғ надор, ки дилу динам аз даст рафт…

…Ҳуҷум овард бар дил бори ишқи бемуҳобоӣ,
Ба ҷӯш овард мағзу тоқатамро шӯру расвоӣ!

Он мард аз изтироби ман мутаҳайир ва мутаассир гардид ва гуфт:

— Ишқ ҳақиқист, маҷозӣ магир,
Ин думи шерест ба бозӣ магир!

Гуфтам:

— Э мард, муҳаббат гувоҳ аст ки сар дар ин роҳ дареғ нахоҳам дошт. То ком нагирам, ором нагирам: «Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд!».

_________________________________________

1 Сӯмиа — ибодатгоҳи тарсоён, монастир ва умуман ибодатхонаи калони гунбаздор.

Он қадар тазаррӯъ ва зорӣ кардам, ки ӯро бар сари тараҳҳум овардам. Баъд аз насиҳати бисёре, роҳу равиш ва одоби мусофирӣ, тариқи ишқ ба ман омӯхт ва ба ҳаққи ман дуо карда, ба ман як мушт тангаву тилло низ дод. Ман тағйири либос намудам ва шарти видоъ ба ҷо овардем, ва аз он кӯҳ бо дили пурандӯҳ, селобвор ба зер омадам… шабу рӯз бо гиряву сӯз дар биёбон медавидам, дар ҳеч ҷо намеорамидам. Аҷоиб ва ғароиби бисёр дидам, заҳмат ва машаққати беҳадду бешумор кашидам, баъд аз заҳмати бисёр ва машаққати бешумор ба он диёр расидам. Мӯйи сар то ба камар расида, бадан заиф ва бемадор гашта буд. Муддате дар он диёр ба кофтукови он зебонигор, маҷнункирдор ба ҳар гӯша ва канор гардидам. Аз ҳеч тараф бӯйи файз ва насими шафқате нашамидам. Ҳамчунин то як сол дар талаби давлати висол, ба он ҳол мани парешонаҳвол бозичаи атфоли (бачагони) он маҳол (он ҷоҳо) будам. Дар охир он ҳаёт ба ҷонам расид, ба мурдан розӣ шудам… як шаб гиряву зории бисёре карда хоб кардам… чун рӯз шуд аз кунҷи вайрона бо дили девона ба дар давидам ва ба сари бозор равона гардидам. Чун ба сари чорсӯ расидам, дидам, халқ гурезонанд: афтону хезон ба бомҳо ва баландиҳо мебаромаданд. Дар як дам бозор аз мардум холӣ шуд. Аз як тараф ҷавони пурсавлате, палангтабиате ва шерҳайате, бо рӯйи чун офтоб, чашмон мисоли тоси пурхун, мӯй мисоли навдаҳои беди маҷнун; хафтони 1 чарм пӯшида, камари мурассаъ баста, занҷире ба даври сар ва як сипаре ба пушт овехта, аз ғазаб кафк бар лаб оварда, чун селоби бало ҷӯшон ва хурӯшон меомад. Аз паси ӯ ду ғуломи моҳталъат, ба синни чордаҳсолагӣ, саропо ба дурру гавҳар ғӯта зада, тобутеро ба дӯш бардошта меомаданд. Чун ба миёни чорсӯ расиданд, ба ишораи он ҷавон тобутро бар замин гузоштанд. Он ҷавон ба паҳлуи он тобут омада зону зада нишаст ва фарёд бароварда, ба оҳанги ҷигарсӯз ва дилхарош ин байтро хонд:

— Э, бе ту зи дида хоб рафта,
В-аз ҳар мижа хуни ноб рафта;

______________________________________

1 Хафтон — ҷомачаи пахтаноки ҷангӣ. Ҷомаи ҳарбӣ.

ва ба сони абри найсон ба гиряву фиғон даромад ва ба ҳадде, ки шӯр аз мардум баромад ва аксари мардум аз тобиши оташи ҷонсӯзи овози ӯ аз ҳуш рафтанд ва хурӯш баргирифтанд. Чандон гирист ва гирёнид, ки бетоқат гардида аз ҷо хест ва се навбат кафзанон ба гирди тобут гардид ва равон шуд. Ғуломон тобутро гирифтанду рафтанд.

Дарвешон!

Муҳаббат бо дили ғамдида улфат бештар гирад,
Чароғеро, ки дуде ҳаст дар сар, зуд даргирад.

Аз дидани он ҳол ва шунидани он манол якбора девонавор аз худ бегона шудам. Баъд аз изтироби бисёр ба худ андешидам: «…Ин мушкиле, ки ту дорӣ, маълум аст, ба ғайри ёрии ёре ва мададгоре тадбирпазир нест. Ҳарчанд гардидӣ, ба хизмати муршиди камон беҳтар ки ба дари девонагӣ равӣ ва даст ба домани ин гавҳари фарзонагӣ занӣ!.. Шояд ки бо ин восита шоми ғамро сабоҳе ва ин дари бастаро мифтоҳе 1 падид ояд».

Бо ин фикр аз ақиби он ҷавон равон шудам. Мардум инро дида аз гиребони мани нотавон гирифтанд.

Гуфтанд:

— Э ғариби ҷоҳил! Магар аз ҷон сер ва аз ҳаёт дилгир шудаӣ?!

Аммо ман худро ба девонагӣ зада, ба суханони онҳо гӯш намекардам. Дар он миён дардманде (каси таҷрибадидае) пайдо шуд ва гуфт:

— Э ёрон! «Девона чу девона бубинад ҳушаш ояд». Бинобар он даст аз ин бечора бидоред ва дилашро ба нохуни мумониат наёзоред, ба ҳоли худаш вогузоред!

Мардум чун маро диданд, ки манъро қабул намекунам, даст аз ман бардоштанд ва маро ба ҳоли худ гузоштанд. Ман аз паси он ҷавон шитобон равон шудам. Мардум аз пешаш мегурехтанд ва ман аз пасаш медавидам. Ҳар кӣ маро бад-он ҳол медид, дасти таассуф ба дандон мегазид. Он ҷавон мерафт ва ин суханҳоро мешунид, аммо ба ақиб нигоҳ намекард. То ки ба дари хонаи олие расид ва даромада рафт. Ман

______________________________________

1 Мифтоҳ — калид.

дар берун ҳайрон мондам. Баъд аз ламҳае (андак фурсат) як ғуломбачае дарро кушода маро ба дарун талабид. Ба дарун даромада боғе босафо ва иморати олибиное дидам. Вақте ки ба иморат даромадам, он марди мардона ба пешгаҳи хона нишаста буд. Дар болои як тахт тобут гузошт шуда ва дар пойи он шамъи кофурӣ месӯхт. Он ҷавон дар даст ҳамон шашпар, сараш хам, бо хаёле фурӯ рафта буд. Чун қадам ба дарун гузоштам, забон ба дуо кушодам ва салом додам. Вай сипандосо аз ҷо барҷаст ва гуфт:

— Э аблаҳ! Туро чӣ бар ин доштааст, ки сар дар пайи ман мекунӣ?! Ва шашпарро ба сари ман ҳавола кард. Ман сарамро хам карда, аз ҷон даст шустам ва гуфтам:

— Э ҷавон! Ба ҳаққи диле, ки дорӣ, маро халос кун, ки зиндагонӣ бар ман талх аст.

Вай аз шунидани ин сухан даст боздошта, шашпарро ба як сӯ монд. Аммо он чунон торсакие ба таги гӯшам зад, ки ба сар даромадам, ғалтидам ва аз худ рафтам.

Баъд аз он ки ба ҳуш омадам, сари худро дар канори он мард дидам. Риояти адаб намуда, аз ҷо ҷастам ва дар рӯ ба рӯяш нишастам. Вай боз ба ман бо хашм нигоҳ карда, гуфт

— Э беақли бечора! Чӣ дард, ки ақлу ҳушатро барбод додаӣ? Аз чӣ рӯ кор ба ҷон ва корд ба устухонат расида ва аз нони худ сер ва аз зиндагонӣ дилгир шудаӣ? Ҳаргиз касеро надидаам, ки аз ман нагурехта бошад. Магар ту (фақат ту), ки аз пайи ман овехтаӣ! Ҳоло дардатро баростӣ гӯй, ки раҳми ман ба ту омад.

Гуфтам:

— Э ҷавонмард!

Чу тифлон шиквае ҷуз гиря дар олам намедонам,
Намедонад касе дарди ману ман ҳам намедонам…

Инро гуфтаму гиря гулӯгирам шуд ва чандон гиристам, ки ӯро ба гиря даровардам. Баъд аз гиряи бисёре гуфт:

— Э сӯхтадил, бас аст! Ҳоло аҳволи худатро гӯй, ки ба ҳаққи Худо барои матлаби ту бикӯшам, он чӣ лозимаи ёрист ва мададгорӣ ба ҷо орам; ба шарти он ки аз ман чизеро пӯшида надорӣ.

Ман ҳам он чӣ дида будам ва шунида будам, баён кардам.

Он ҷавон ба фикр рафта, баъд сар бардошт ва гуфт: — Аз паси ин гесубурида чӣ фитнаҳо, ки бар сари мардум наёмада! Он ҷавони мазлум, ки хокаш ба хуни падари ӯ баробар буд, ба заҳри ситам кушта шуд. Чандин касони дигар низ ба ғайри ҳақ кушта шуданд. Э ҷавон! Шахсе, ки дар он доругир вазирро ба тир зад, манам ва дар ин тобут ҷасади он подшоҳзодаи мазлум аст. Ман аз фироқи он ҷавон девонавор аз худ бегона шудаам. Муддате сару по бараҳна дар кӯчаву бозор мегаштам. Ба ғайр аз подшоҳ ҳар кас, ки ба кушта шудани шоҳзода ҳамроҳ шуда бошад, ба сазо расонидам. Подшоҳ чун ба зоҳир пушаймон буд, ба вай кордор нашудам. Аз он рӯз сар карда ҳар моҳ як бор тобути ӯро дар кӯчаву бозор мегардонам ва расми азодориро тоза мекунам. Мардум маро девона гумон мекунанд ва аз ман метарсанд ва ман ҳам дар куштани золимон кӯтоҳӣ намекунам. Акнун ки ту озори бисёр дар роҳи он гулъизор кашидаӣ ва ниҳоят ба ман расидаӣ, ҳақ ба ҷониби туст. Ин кор ҳам танҳо аз дасти ман меояд. Аммо ба шарти он ки мабодо дар вақт ӯро диданат оҳу зорӣ ва беқарорӣ накунӣ. Агар хилофи ваъда карда овоз барорӣ, дар ҳамон ҷо ду нимтаат карда мепартоям…

Ман шарти ӯро қабул кардам. Он рӯзро шаб кардем, рӯзи дигар вақти баромадани офтоб он ҷавон мукаммал шуда, ишора кард, то ки як даст либоси нав оварда, ба ман пӯшониданд. Баъд як сари тобутро ба ман доду сари дигарашро ба ғулом дода равона шуд. Он ҷавон пеш-пеш, мо аз қафо мерафтем. Хеле дур рафтем. Ниҳоят, ба дари боғе расидем. Одамоне, ки дар он ҷо буданд, гурехтанд. Мо ба боғ даромадем. Дар миёнаи боғ ҳавзе буд ва дар чор бурҷи он чор чинор рӯйида буд. Ҷавон ишора кард. Мо тобутро бар лаби ҳавз ба замин гузоштем ва ба гӯшае нишастем. Он диловар аз дилу ҷигар чунон наърае кашид, ки тамоми он боғ ларзид. Он гоҳ фарёд кашида ин ғазалро хонд:

Бе ту, э сарви равон, бо гулу гулшан чӣ кунам?
Зулфи сунбул чӣ кашам, орази савсан чӣ кунам?
Эҳ, к-аз таънаи бадхоҳ надидам рӯят,
Нест чун оинаам рӯй зи оҳан чӣ кунам?
Ҳофизо, хулди барин хонаи мавруси 1 ман аст,
Андар ин манзили вайрона нишеман чӣ кунам?

Ҷавон ҳам чун абри найсон, дар он саҳни бӯстон сиришк аз чашмон меборид. Ман аз шавқи ваъдаи дидор масту саршор; мунтазири он зебонигор шуда нигарон ба ҳар гӯшаву канор будам, ки ногоҳ… бахт ёр шуд, толеъ мададгор: аз як тараф он офтоби бурҷи шараф ва толеъ намудор шуд.

Аз шароби шабона он дилдор,
Нимаи масту нимаи ҳушёр:
Наргиси масти ӯ ба ном Эзид,
Масттар мешавад ба вақти хумор.
Ашк ҳамчун гулоб меборид,
Бар гули оразу маҳи рухсор.
Чун бидидам хироми тамкинаш
Хираду ҳуш шуд зи ман безор.

Дарвешон, азизон, бародарон!.. Сару рӯй ба даст гирифтаму аз ҳуш рафтам. Вақте ба ҳуш омадам ва чашм кушодам ва он сарви нозро дидам, ки монанди оби ҳаёт ба сиёҳӣ ниҳон буд ва рӯмоли зарториро дар даст дошта, дар рӯ ба рӯйи он диловар бар курсии зар менишаст. Он ҷавон сухан мекард, ӯ бо гӯши ризо мешунид. Сухан ба ҷое расид, ки он гулъизор ба зории зор чун абри навбаҳор ба гиря даромад. Ин ҳоли ӯро дида ба худ печидам, наздик шуд, ки фарёд барорам, ҷома бидарам. Дар ин дам он шермард аз рӯйи хашм чунон заҳри чашме ба коми ҷонам рехт, ки аз воҳима бехуд шудам.

Гирам нишонд бахт ба паҳлуи ӯ маро,
Ку тоқати мушоҳида бар рӯйи ӯ маро?
Бигзор, э насим, ки чашмам бар ӯ фитад,
Як бор бехабар макун аз рӯйи ӯ маро!

Боз вақте ки ба ҳуш омадам, онҳо сӯҳбат карда менишастанд. Дар вақти гап, нохост он маҳи офтобшуоъ ангушти

_______________________________________

1 Маврус — меросӣ

қабул бар дида гузошт. Ман аз завқ боз ғаш кардам. Вақте ҳушёр шудам, ки он мояи ноз рафта буд. Дар ин дам он ҷавон низ аз ҷо хеста равон шуд. Аммо дили ман вайрон, чашмам гирён ва ин байтҳо ба ҳолам тарҷумон шуд:

— Менамояд тапиши дил раҳи парвоз ба ман,
Меравам, то чӣ кунад, толеи носоз ба ман.
Ошёнам чӣ шуд аз он ки баланд афтодааст,
К-офати ҷон шуда кӯтоҳии парвоз ба ман.
Дардро синаи озурдаи ман қонун 1 аст,
Шеван оғоз кунам, чанг наяндоз ба ман!
Баст гардун дари уммед ба рӯям, Шопур,
Магар аз ғайб даре боз шавад боз ба ман.

Дар байни роҳ, зери лаб навҳакунону оҳкашон будам. Чун ба хонаи он мард даромадам, ба як хилват хазидам, танҳоӣ гузидам ва дасти ҳайрат мегазидам…

Дарвешон! Баъд аз он ки он ҷавон соате хоб кард, бедор шуда маро талабид ва аз аҳволам пурсид.

Гуфтам:

— «Сарат гардам! Чӣ мепурсӣ зи ҳолам», «Рухи коҳиям, бину ашку оҳам!».

Гуфт:

— Фарзанд! Ситораи бахтат аз наҳсият баромад, муддати ҳиҷронат ба охир расид… хотир ҷамъ дор. ки кор ба мурод аст. Ҳеҷ донистӣ, ки дар бораи ту чиҳо гуфтам?

Гуфтам:

— …Ҷуз олами бехабарӣ, хабаре аз олам надоштам, фақат ду бор аз худ бохабар шудам. Навбати аввал вақте буд, ки он нозанин гирист, бори дуюм дидам, ки ангушти қабул бар дида ниҳод.

Гуфт:

— Бале, он ҳар ду сабаб дошт. Ман саргузашти туро муфассал гуфтам, ин ҷавон одами дуруст, гуфтам, аз дасти ту чунин парешон ва дар талаби ту аз ватан дур гардида ва муддате дар биёбонҳо давида, озори бисёр дар орзуи дидори ту

_________________________________

1 Қонун — ба маънии як олати мусиқӣ, ки тордор аст.

кашида, то худро ба ин диёр расонидааст. Алҳол ба ман илтиҷо овард. Акнун:

…Раво мадор, ҷавоне бимирад аз ғами ту,
Ту ҳам ҷавониву аз худ умедҳо дорӣ.

…Ва гуфтам, ки медонӣ барои ту хуни бисёр рехта шуд. Акнун, агар дилҷӯйии ин дилаздастдода кунӣ, ман низ мамнуни эҳсон шавам. Духтар ба ман гуфт, ки аз чашми бадон чӣ гуна халос шавам? Он тарафи кор ба ман аст, гуфтам. Шуморо беҳтар аз ҳар кас муҳофизат мекунам. Чун инро шунид, сокит гардид. Ман ӯро шаб мефиристонам, гуфтам, ту ҳозир бош ва бе ҳеч ибо ба хонаи ман равон шав. Дар ин ҷо вай ангушти қабул ба дида гузошт. Акнун бояд ту шабона ба дари боғ равӣ ва ӯро гирифта биёрӣ. Аммо дар роҳ эҳтиёт кун!..

Ба муждагонӣ дасташро бӯсидам… он рӯзро ба шодмонӣ гузаронидам. Ҳамин ки шаб расид, он мард як ғуломашро ҷеғ зада бо ман ҳамроҳ карда ва ба ӯ супориш намуда, гуфт:

— Ин ҷавон мусофир аст, роҳро намедонад. Ӯро ба дари боғи духтар гирифта бар ва худат дар каноре исто, ки касе туро набинад. Дар вақти баргаштан ҳам пеш-пеши онҳо биё ва бохабар бош!

Дарвешон! Аз он ҷавон ҳиммат талабидам ва равона шудам. Чун андак роҳ рафтем, надонистам ғулом чӣ ғараз дошт, ки кӯчаро ба ман намуда, гуфт:

— Ин роҳ рост ба боғ меравад. Ман дар ин ҳавлӣ кор дорам. Ту дар вақти бозгашт, ҳамин ҷо бош ва ба ман мунтазир шав.

Ғулом инро гуфту рафт. Ман бошам бе ҳеч ибое, бо шавқи муҳаббат ба дари боғ расидам ва дару деворро бӯса зада, гуфтам:

— Чашмро боз ба ҷойи дигаре дӯхтаам,
Ҳалқаи дидаи худро ба даре дӯхтаам.

Чун ламҳае (лаҳзае) гузашт, ногоҳ овозе баромаду умрам ба сар омад. Вақте ки дар он шаб дида ба хуршеди ҷамоли он шакарлаби симғабғаб равшан кардам, аз шодӣ ба замин афтодам ва бӯса бар қадами он нозанин додам ва гуфтам:

— …Ҳар ғам, ки насиби интизор аст,
Бо ваъдаи васл хушгувор аст.

Гуфт:

— Э ҷоҳил! Ҷойи истодан ва маҳалли сухан кардан нест. Пеш бош (пеш даро)!

Ман ба роҳ афтодам ва он нозанин аз пай равон шуд. Дарвешон! Аз хурсандии дидани ёр, шуур аз сарам дур шуда, хонаи он марди мардона ва шери фарзонаро гум кардам ва то субҳ дар он шаҳр саргардон мегаштам ва роҳ ба ҷое намебурдам. Он хуршедрӯ ва шӯълахӯ ҳар дам эътироз карда, мегуфт

— Э саргаштаи бахтбаргашта! Хонаи вайронаи ту дар куҷост? Ҳамин ки рӯз шавад, ба дасти душман гирифтор шуда, расво ва бадном мешавем…

Аммо ман ҷавобе дода наметавонистам. Ба ҳар тараф саросема медавидам. Қариби баромади офтоб ба кӯчае расидам, инони ихтиёр аз даст додам. Хостам. ки худро кушам ва беш аз ин хиҷолат накашам. Ногоҳ чашмам ба кунҷи кӯча, ба дарвозаи як иморати олие афтод, ки аз берун қуфл зада шуда буд. Инро дида даст бар даст задам ва пушти даст хойидам. Он ягонаи офоқ гуфт, ки:

— Э бехабар! Чӣ хаёл мекунӣ!

Гуфтам:

— Фидоят шавам! Намедонам, ин чӣ ҳолат аст, ки ба ман пеш омада. Як ғуломи дуруст доштам, ба вай бовар мекардам. Аммо ҳамин, ки ман ба хизмати шумо рафтам, вай ҳам дари хонаро қуфл карда, намедонам ба куҷо рафтааст.

Духтар ба сӯйи ман даст афшонду гӯё маро ба соддагӣ ва беақлӣ маломат мекард, баъд сангеро гирифта қуфлро зад ва шикаст. Дасту пойи ман меларзид. Ва бо худ гуфтам:

— Э вой, ки беҳ нашуд, бадтар шуд…

Он нозанин дарро боз карда ба дарун рафт. Ман низ лоилоҷ аз дунболи ӯ рафтам ва аз парешонии хотир дарро набастам. Он хона чӣ хонаи хубе будааст! Дарахтони сарв, санавбар, шамшод ва аръар, нор ва ҳар гуна дарахтони мевадор сар ба фалак кашида, гулҳои алвон дар ҳар тараф фаровон, ҷӯйҳои пуроб дар ҳар канор равон, ғунчаи гули сурх ба бевафоии мавсими баҳор табассум мекард, мурғони хушилҳон дар шохсор дар тараннум буданд. Дар хонаҳо фарши зебо партофта шуда, асбоби маҷлис ҳама аз нуқраву тилло ҷобаҷо монда шуда ва муҳайё… Он гуландом иморатро давр зада, хандон бар сари ҷойгоҳе, ки нарм печида шуда буд. нишаст. Ман бо фармуди вай дастурхони сарбастаро кушодам. Дар он нони майдаи латиф ва чанд мурғ бирён буд. Духтар табассум карда, гуфт:

— Э азиз! Агар ғуломат рафта бошад ҳам, асбоби айшро тайёр карда рафтааст.

Ва худ даст ба гардани мино (шишаи май) бурда пеш кашид ва ҷоме пур карда нӯшид. Баъд маро ҳам пеш талабида ҷоме дод. Ман ҳам суханашро ба ҷон гӯш кардам ва гузаштаву ояндаро фаромӯш кардам. Баъд аз нӯшидани ду-се ҷом димоғи он моҳи тамом саршор гардид ва ба ҳавои сайри гулзор баромад ва дар гӯшаи сарҳавз нишаст. Чун боз ҷоме нӯшид, майли маза кард. Ба дарун давидам, дастурхонро пеш кашидам. Баъд аз он он ёри ҷонӣ гоҳе худаш, гоҳе ба ман мехӯронд. Ман маст шудам, бо хурсандӣ мегуфтам:

Кӯ ба кӯ онро, ки меҷустам, ба домон ёфтам,
Ҳамчу субҳ ин давлат аз чоки гиребон ёфтам.
Дида лабрез аз нигоҳу дил зи толеъ узрхоҳ,
Иззатеро охир аз васлаш ба сомон ёфтам.

Аз он ҷониб, чун парасторони он зебосанам, аз гум шудани ӯ хабардор мешаванд, аз тарси ҷони худ ба пеши подшоҳ мераванд ва ӯро хабардор мекунанд. Подшоҳ дарҳол ба кофтукови ӯ сар мекунад: ба атрофи диёр кас фиристода ба посбонон менависад, ки бохабар бошанд. Инчунин чил зани маккораро дар шаҳр муқаррар мекунад ки дар байни маҳаллаҳо бароянд ва ба хонаҳои мардум дароянд, кофтуков кунанд, шояд он гулрӯро биёбанд. Яке аз кампирони фиребгар, бо қадди дуто, дар даст тасбеҳ ва асо, аз он кӯча мегузарад. Чун дари хонаро боз мебинад, ба дарун медарояд. Вақте ки ман хабардор шудам, вай асозанон ва дуогӯён ба дарун даромада омад.

Ӯ гуфт:

— Илоҳӣ, бо ҷавонӣ ва комронӣ ба якдигар арзонӣ бошед. Илоҳӣ, бадӣ ба пешатон наояд ва душманонатон фано шаванд, бадхоҳонатон гирифтори бало шаванд.

Кампир бо ин гапҳо чунон нолаву зорӣ кард, ки дили мо бар ӯ сӯхт. Духтар пурсид, ки:

— Э модар! Аз куҷоӣ ва парешону гирён чароӣ?

Гуфт:

— Ҷонам балогардонат шавад! Дар ин ҳамсоягӣ кулбаи вайронае дорам ва дар сояи давлатат шукргузорам ва ба луқмаи ноне ва либоси кӯҳнае қаноат кардаам. Духтаре дорам бори ҳамл дорад ва ду рӯз шуд, ки дард мекашад, аммо кушоише намеёбад. Қобила (доя) мегӯяд. ки агар чанд барги кабоб бӯ кунад, қувват меёбад ва сабук мешавад. Чун ба харидани кабоб дасти расо надоштам, қадам ба давлатхонаи шумо гузоштам, ки шояд ба тасаддуқи саратон раҳме ба ин пирканизи худ намуда чизе ба ман карам кунед.

Духтар ӯро талабида як-ду мурғи бирён ва чанд нон дод. Инчунин ҷомаи худро ҳам кашида ба ӯ инъом кард ва гуфт:

— Модар ҳар вақт — ҳар вақт омада исто, ман ба ту чиз медиҳам. Ҳоло зуд бирав, ки духтарат озор дорад.

Кампир ба ҳаққи он гулъизор дуои бисёре карда рафт. Духтар ба фикри он пиразан ба хоб рафт. Аммо ман дар фикри кори худ ҳайрон будам. Ногоҳ овози бастани дар баромад ва садои суми асп ба гӯшам расид. Чашм ба сӯйи дари хона дӯхтам, касе пайдо нашуд. Баъд аз дақиқае овози нолаи он пиразанро шунидам. Бо изтироб аз иморат берун давидам, ба миёни боғ рафта, дар паси гулбуне ҷо гирифтам. Назар кардам, ҷавоне дидам, ҳамчун шере жаён 1 ва бабри дамон 2, бозу монанди шохсори чинор ё шамшод; рӯяш монанди қурси қамар, маҳосинаш (ришаш) рашки мушки азфар, чакмани бахмали сиёҳ дар бар, телпаки барраи хуросонӣ бар сар, риштаи зартор ба даври кулоҳ печида, камарбанди мурассаъ дар миён баста, каманди шасти хашмӣ ба фитрок, шамшер ва ханҷар дар камар, шамшери дигар ҳамоил, ҷеба пуртир, сипари фарохдомане ба пушт; ҳар ду ҷониби доман баргардонида ба камар банд карда, оҳуеро ба фитрок 3 баста, дар дасте найза ва бо дасти дигар аз гиребони он аҷуза медошт. Ба рӯйи

___________________________________________

1 Шери жаён — шери бадқаҳр.
2 Бабри дамон — бабри ғуррон, бабри зӯр ва бадқаҳр.
3 Фитрок — тасмае, ки ба ду тарафи зини асп барои бастани шикор ва ғайра меовезанд.

ҳавлӣ расида, зуд аз асп фуромад ва аҷузаро чунон бардошта зад, ки ба замин нақш баст. Баъд найзаро ба дур андохту ба сари кампир тохт. Як пойи ӯро аз дарахте овехт ва пойи дигарашро ба даст гирифта, то ба ҳалқаш ба ду тақсим кард. Баъд аз он як нафас рост кард, оҳуро аз фитрок кушоду сар бурид. Ман чун ғазаб ва бебокии ӯро дидам, тамом ларзидам, тамаъ аз ҷон буридам ва яқин донистам, ки аз дасти он палангсавлат саломат халос шуда наметавонам.

Дар ин дам чашми вай ба ман афтод ва гуфт:

— Э ҷавон, пеш биё.

Лоилоҷ лоҳавлгӯён пеш рафтам.

Ӯ гуфт:

— Э бедавлат! Бе фикр мардум ин гуна корҳоро монанди ту мекунанд… Агар меҳмон намебудӣ, чунон ҳалқа дар гӯшат мекардам, ки тамоми ҷоҳилонро танбеҳ мешуд.

Чун ин сухан шунидам, ҷуръат пайдо карда пеш давидам, ки ба пояш афтам. Аммо вай бағал кушода маро дарбар кашид ва ҷабинамро бӯсид ва хандида, гуфт:

— Э золим! Касе ҳамчунин кори бузургеро пеш гирад ва боз чунин бепарво нишинад, лоақал дарро ҳам набандад?!

Инро шунидам, ба ёдам омад, ки дарро набаста будам. Донистам, ҳақ ба ҷониби ӯст. Забон ба узр кушодам ва дасташ бӯсидам.

Ӯ гуфт.

— Ин кушташударо мешиносӣ?

Гуфтам:

— Бале, даме пеш аз ин дида будам.

Гуфт:

— Сабаби кушта шуданаш чист?

Гуфтам:

— Намедонам!

Гуфт:

— Бародар, бахт ёр шуд ки ман дар вақташ расидам ва ин кампири фиребгарро дидам. В-агарна, ҳамин дам ба хории тамом бар дори сиёсат кашида мешудӣ. Ин маккора яке аз ҷосусон буд, ки ба талаби шумо гирди маҳаллаҳоро мегашт. Ҳоло оташе дар ин шаҳр месӯзад, ки шарҳи он натавон кард! Ман аз шикор гашта, дар шаҳр ин хабарро шунидам ва ба ин кӯча даромадам. Дидам, ки ин кампир мурғҳоро ба дур андохт ва мегуфт: «Ҳамин ҷома барои нишона бас аст!». Ман ба худ андешидам, ки дар ин кӯча ба ғайр аз хонаи ман хонаи дигар нест ва ин мурғи бирёнкардаи ман аст. Бинобар он кампирро ҷеғ зада аз ҳолаш пурсидам. Гуфт ки: «Духтарамро вазъи ҳамл (сабук шудан) наздик шуда озор мекашад. Бинобар он ба ин хона даромадам, ёрӣ талабидам. Хоҷа ва хоним, ки Худо умри дароз ба онҳо диҳад, инҳоро ба ман доданд». Аз ин гап шубҳаам рост баромад ва ба ӯ гуфтам: «Модар, биё. ки аз ин гӯшти шикорӣ ҳам ба ту қадаре диҳам!..» «Пиразан гуфт, ки: «Худо хайр диҳад, вақт мегузарад» ва хост, ки аз дастам гурезад. Ман зуд ӯро гирифта ба хона овардам ва сазояшро додам. Акнун дилхуш бош ва хотирҷамъ бинишин, ки агар сад сол дар ин хона бошӣ, эмин аз ҳар ошнову бегона бошӣ. Э фарзанд! Маро Беҳзодхони роҳзан мегӯянд, ки подшоҳони фаранг аз бими ман ва аз зарби шамшери ман хоби роҳат намекунанд. Ман чанд вақт пеш аз ин мулозими амаки ин духтар шуда хизмат мекардам. Вақте ки падари духтар бародарзодаашро кушт, тарки мансаби худро карда, роҳзаниро пеш гирифтам, подшоҳ ва сипоҳ бар ман тоб наёварданд… охир аз он кор тавба карда, дар хона танҳо менишинам ва гоҳ бедимоғ шавам ба шикор меравам ва бо касе мусоҳиб намешавам. Акнун ту гӯй, ки кайфияти аҳвол чист ва чӣ сон ба ин макон расидӣ? Ба чӣ сабаб дарро кушодӣ?

…Ман ҳам тамоми саргузаштамро аз аввал то ба охир гуфтам. Воқеаи ба дари хона расидан, дасти таассуф ба дандон газидан ва ба ғулом тӯҳмат задан — ҳама, ҳамаашро гуфтам. Он ҷавони бокамол аз шунидани ин мақол хушҳол шуд. Бори дигар чашмамро падарона бӯсид ва гуфт:

— Офарин, хуб кардӣ, мувофиқи хоҳиши ман сухан гуфтаӣ. Акнун аз ту ҳаминро хоҳиш мекунам, ки бузургона рафтор намойӣ ва ҳамон беҳ, ки маро ғулом гуфта хитоб кунӣ; агар ҳамин тавр кунӣ, ман аз ту хурсанд мешавам ва ба ҷону дил хизмат мекунам.

Ман сари хиҷолат ба пеш афгандам ва раҳмат гуфтам.

— Э бародар! — гуфт, — ба ҷойи худ шин ва ғам нахӯр!

Аз бисёрии дилдории он ҷавон шарманда ва сарафганда ба иморат рафтам. Он ҷавон оҳуро аз пӯст бароварда гӯшташро пора кард ва ба сихкабобпазӣ сар кард. То ба хестани духтар сихкабобро тайёр карду дасти адаб баста рост истод. Духтар бедор шуду аз омадани ӯ хабардор шуда ба дӯғ задан ва эътироз кардан сар кард. Он ҷавони қоидадон, монанди ғуломон рост истода сари хиҷолат ба зер афганда, гуфт:

— Э маликаи ҷаҳон! Гуноҳи банда беш аз он аст, ки шумо мегӯед. Аммо аз марҳамати шумо умеди афв ҳаст. Дар вақте ки қиблагоҳиям ба хизмати шумо рафтанд, фақирро ба хотир расид, ки ҳайф сад ҳайф, ки тӯҳфае барои пешкаш надорам. Бинобар он бо ҳамин мақсад ба саҳро рафтам ва шикоре карда овардам. Дигар, ихтиёр ба валинеъмат аст.

Дарвешон! Он ҷавонмарди аҳли дард ба навъе бо фурӯтанӣ (худашро паст зада) сухан мекард, ки аз хиҷолати ӯ наздик ба ҳалокат расидам. Аммо вай зуд шишаи майро ҳозир кард ва аз нуқлу маю мурғу маза дастурхони нав андохт. Баъд бо адаби тамом қадаҳ ба гуландом дод ва ба зудии зуд кабоби шикорӣ расонид. Он моҳталъат аз қобилияти ӯ хурсанд шуда, ба пешаш ҷеғ зада, ҷоми май ба ӯ бахшид. Вай гирифта таъзим карда, гуфт:

— Умрат бо комронӣ ва рӯзгорат бо шодмонӣ бод! Пас лоҷуръа даркашид.

Дарвешон! Қисса кӯтоҳ, се моҳ он мард камари хизмат бар миён баста дошт ва ягон чизи майдаро ҳам аз расму одоб фуру намегузошт. Баъд аз се моҳ. шабе маро ба хилват ҷеғ зада, гуфт:

— Бародар! То сад сол, агар дар хонаи ман бошӣ, агар зинда бошам, бандагиат мекунам. Дар ин бора чизе ба хотират нарасон! Аммо агар хоҳӣ, ки равӣ, ман дар хизматат ҷонфишонам ва туро бо маъшуқаат ба манзили мақсуд расонам.

Гуфтам:

— Ин маслиҳат дуруст аст, ин кори ту айни лутфу ёрист. Зеро медонам, ки падари пирамро аз аҳволи ман хабаре нест.

Чун ин суханро шунид, тайёрии сафарро сар кард. Рӯзи дигар ин маслиҳатро ба он симинбар гуфт. Вай низ фикри ӯро писандид. Рӯзи дигар он мард се сар асп, либоси сипоҳиёна, аслиҳа ва се хӯрҷини пур аз зару гавҳар ва тӯшаи сафар муҳайё сохт. Ман аспҳоро зин кардам ва худам мусаллаҳ ва мукаммал гардидам. Баъд хӯрҷинҳоро ба пушти аспҳо андохта савор шудем ва дари хонаро монанди пештара қуфл карда ба сӯйи дарвоза рондем. Мо гумон доштем, ки акнун ҳама роҳҳо аз ташвиш холӣ аст. Аммо баръакс, аз шабе, ки духтари подшоҳ ғоиб шуда буд, подшоҳ ҳукм бароварда буд, ки сипоҳиён дар шабҳо бар сари роҳ бошанд ва дарвозаҳоро банданд ва нагузоранд, ки касе берун равад. Касе, ки сафар карданӣ шавад, бояд подшоҳ аз ҳоли ӯ хабардор бошад. Мо аз ин воқеаҳо бехабар, чун ба дарвоза расидем. Беҳзодхон фарёд карда, дарвозабонро бедор кард ва гуфт:

— Э мардак, дарро кушо!

Дарбон моро дида, ларзид ва гуфт:

— Шумо чи касонед, ки аз ҳукми подшоҳ бехабаред?

Он ҷавон хандид ва гуфт:

— Э дузд! Магар кӯрӣ, ки ман Беҳзодхон ҳастам ва ин ҷавон домоди подшоҳ аст ва они дигар духтари подшоҳ. Мо ба вилояти Аҷам рафтанӣ ҳастем.

Баъд аз ин гап вай аз асп фуромад ва қуфли дарвозаро шикаст ва ба дарбон гуфт

— Э сагбача! Мехоҳам, ки хоҷаи нодонат бидонад, ки бо нусрати шамшер духтарро мебарам ва нагӯяд. ки гурехтаам. Бинобар он ҳам ба ту амон медиҳам. В-агарна, як шамшер ба фарқат мезадам, ки то ҷигаргоҳат медарид — рафта ба сардори золимон хабар деҳ, ки аз ақиби мо як фавҷ аскар фиристонад ва боз як бори дигар худро биёзмояд.

Аз ин суханони қаҳрамононаи ӯ тааҷҷуб кардам. Аммо банд-банди ман меларзид. Беҳзодхон моро аввал аз шаҳр берун карду пас худаш аз ақиб омад ва ба аспон ниҳеб дода (чу гуфта) ба зудӣ рондем. То субҳ роҳ рафтем. Қариби баромадани офтоб ба лаби наҳри азиме расидем, ки дар сари пули он як гурӯҳ аз сипоҳиён нишаста буданд. Онҳо моро дида аҳвол пурсиданд. Беҳзодхон ба онҳо низ ҳамон суханонро гуфт, ки ба дарбон гуфта буд. Ҳамаи онҳо сухани ӯро шунида якбора аз ҷо ҷастанд ва ба аспон нишаста роҳи моро бастанд. Он шердил наъра зада, бо теғи буррон ба онҳо ҳуҷум кард. Дар як дам ҷамъияти онҳоро парешон сохт, чанд касро маҷрӯҳ, чанд касро берӯҳ карду роҳро аз онҳо холӣ намуд ва гуфт

— Азизон, гузаред!

Чун фарсахе роҳ рафтем, боз аз паси мо аскар расида омад.

Беҳзодхон гуфт:

— Азизон! Аз равиши кор он аблаҳ ба гирифтани ман лашкар фиристодааст. Хуб, майлаш! Шумо асп давонда ба он пуле, ки аз дур менамояд, рафта истед ва корузорро тамошо кунед. Ман ҷавоби онҳоро гуфта, ба хизмати шумо мерасам.

Ин бигуфт, аз асп фуромада хӯрҷини худро ҳам ба ман доду пуштангро сахт баста ва чун шоҳини тезпар ҷаст ва бар зини таковар нишаст ва ба маҳмези хорангез аспро ба ҷасту хез даровард ва ҳамла бар он лашкар овард. Ба ҳар тараф, ки рӯ меовард, гурӯҳеро талаф мекард ва ба ҳар сӯ асп метохт, марди бисёрро аз асп ба пойин меандохт ва ба ҳар ҷониб, ки ҷавлон менамуд, ҷамъияти ҷамоатеро парешон менамуд, бо ҳамин роҳ ҷангида-ҷангида ба сӯйи байрақдор мерафт. То ин ки ба сардори лашкар расид. Онҳо бо ҳам ҳамла карданд. Ӯ низ яке аз диловарони номӣ буд. Дар вақти ҷанг ҳамлаҳои Беҳзодхонро далерона рад мекард. Охир Беҳзодхон наъра кашида, чунон шамшере ба фарқи он мард фуровард, ки сарашро шикофта то ҷигараш банд гардид. Баъд бо ҳамон шамшер байрақдорро бо байрақаш чор бӯлак карда партофт. Сипоҳиён сардорро кушта ва байрақро сарнагун диданд, рӯбоҳвор ба ақиб гашта гурехтанд. Он шерсавлат то ним фарсах аз ақиби онҳо метохт ва мезад. Баъд аз он ба канори наҳр баргашта, чангу чангол аз хуни хасм шуста, аз он ҷо бар асп нишаста, ба пойи пул омад ва ба мо узрхоҳӣ карда гуфт:

— Э азизон! Имрӯз озори бисёр кашидед, ба карами худ бар банда бубахшед.

Мо ба мардонагии он шери нарин таҳсин ва офарин хонда савор шудем. Он шаби тираро буридем, рӯзи дигар ба марғзоре расидем. Дар он ҷо фуромада истироҳат кардему боз ба роҳ даромадем, то он ки аз сарҳади Фаранг гузаштем. Аз оянда бехабар, ман хушҳол шуда асп мерондам. То он ки баъд аз нӯҳ моҳ қадам ба вилояти Аҷам ниҳодем ва аз ин ҳол падарам хабар ёфта, бо хавоси боргоҳ ва ходимони даргоҳ ва раияту сипоҳ ба истиқбол шитофт. Дар панҷ фарсангии шаҳр рӯдхонаи азиме буд. Мо вақте ки ба канори рӯд расидем, дидам, ки падарам дар он тараф ҷилав кашида мунтазир аст. Чун ӯро дидам, аз ҳамон ҷо аспро ба об андохтам. Бо сад гуна азоб аз он дами марг аспро ба канор кашидам ва чун ба назди падарам расидам, пиёда шуда рикобашро бӯсидам. Ногоҳ ғулғула ва ғавғо баланд шуд. Чун ба ақиб нигаристам, он шери болои мардумӣ ва мурувватро бо он дурри садафи иззу шараф дар миёнаи рӯдхона — дар ҳолати ғарқшавӣ дидам. Боиси ин кор ҳамин буд, ки аспе, ки ман ба ӯ савор будам, тойи модиёне буд, ки он дар зери парипайкар буд. Модиён, ки тойи худро миёни об дар изтироб мебинад, саркаш шуда худро дар миёни об меандозад. Ҳамин ки ба миёнаи рӯдхона мерасад, об ӯро мепечонад. Беҳзодхон инро дида ба сӯйи вай асп метозад ва барои халосии духтар худро ба об меандозад. Аммо об ӯро низ меғалтонад. Мо он замон хабардор шудем, ки ҳар дуро кор аз даст рафта буд ва дасту пояшон аз кор монда, аз зарбу лати мавҷҳо гоҳ ба рӯй намоён шуда, гоҳ ба так мерафтанд. Оббозон, шиноварон ва ғаввосон худро ба об андохтанд, ҳарчанд ҷустуҷӯ карданд, ҳарчанд ба ҳар тараф шитофтанд, аз он ҷо асаре наёфтанд.

Дарвешон! Мани саргашта ва парешон он ҳама дида, то он ки ба васли чунин маъшуқа расидам, аммо баногоҳ он моҳ дар қабзаи чунин бало мубтало гардид. Ҷигарсӯзтар аз ин, ҳалокати он ҷавонмард аст, ки дар роҳи мо он ҳама ҷонфишонӣ кард ва ниҳоят ба сараш он бало расид! Бинобар он гиребон пора кардам ва сару по бараҳна ба биёбон баромадам. То он ки аз зиндагӣ сер шудам ва хостам, ки худро ҳалок созам. Иттифоқо ман ҳам дар он қуллаи кӯҳ расидам ва он пири доноро дидам. Он пир ба ман ҳама чизе, ки ба ин бародарам гуфта буд, баён кард. Инак ба умеди ҳусули матлаб ба ин сӯ равона гардидам. Шукр, ки ба хизмати бародарон расидам ва нишонаи аввали он пирмард гуфтаро дидам. То бубинам, охири кор ба куҷо меанҷомад?

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!