Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 4, боби 5

Абдуҳамид Тағоев / Июл.19.2013. / Гузориш нест

Фасли чорум
ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДАВРАИ ТАРАҚҚИЁТ
ВА УСТУВОРШАВИИ СОХТИ ФЕОДАЛӢ

Боби панҷум
ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ДАВЛАТИ ТЕМУР ВА ТЕМУРИЁН

1.ТАЪРИХИ СИЁСӢ. ҶУНБИШҲОИ ХАЛҚӢ

Темур ва аввалин қадамҳои ӯ дар роҳи ба даст овардани ҳокимият

Хонҳои муғул батадриҷ дини исломро қабул карда, ба атрофи худ намояндагони уламо ва тоҷиронро ҷамъ намуда, сиёсати марказият додани ҳокимияти ҳомиро пеш гирифтанд. Чунин рафтори онҳо норизогии пешвоёни қабилаҳои муғул ва туркро ба вуҷуд меовард. Ин буд, ки дар нимаи аввали қарни ХIV дар улуси Чағатой, яъне Мовароуннаҳр муборизаи байни хонҳо ва аъёни қабилаҳои аксар турк ва туркшуда ниҳоятдараҷа шиддат гирифт. Дар натиҷаи ин мубориза пешвоёни қабила хеле нуфуз пайдо намуда, вале ҳокимияти хонӣ бисёр заиф гардид.
Дар нимаи асри ХIV дар саҳнаи сиёсати Мовароуннаҳр писари беки қабилаи барлос — Темур зуҳур менамояд. Темур аввалҳо «дар хидмати хонҳои гуногун ҳамчун сардори кондотйерҳо сар мебардорад» ва, сипас, ташкилкунандаи давлати бузурге мегардад.
Темур соли 1336 дар деҳаи Хоҷаилғор, ки дар қарибии шаҳри Кеш воқеъ гардидааст, таваллуд ёфт. Ин деҳа дар масофаи 13 км аз Шаҳрисабз ҳоло ҳам вуҷуд дорад. Падари ӯ — Тарағай аз аъёни қабилаи барлос буд. Барлосҳо ҳанӯз дар аввалҳои асри ХIV дар водии Қашқадарё маскан намуда, дар баробари ба сар бурдани ҳаёти бодиянишинӣ ба зиндагонии муқимӣ мегузаштанд ва ҳамчун дигар муғулҳои сокини Мовароуннаҳр забон ва урфу одати аслии худро гум карда, бо туркҳои ин сарзамин омезиш ёфта буданд.
Темур аз соли 1360 сар карда, муддати даҳ сол гоҳ ба тарафи як феодали ҳукмрон ва гоҳ ба тарафи ҳокими дигар гузашта, меҷангид ва дар айни замон барлосҳоро ба атрофи худ муттаҳид менамуд.
Дар соли 1361 хони Муғулистон — Туғлуқ Темур Самарқанд ва шаҳри Кешро ишғол кард. Темур дар ин вақт ба тарафи истилокорон гузашта, хидмати Туғлуқ Темурро қабул намуд ва бо кӯмаки ӯҳокими Кеш гардид. Аммо Темур дар хидмати хони Муғулистон бисёр давом накард. Вай бо ҳокими Балх амир Ҳусайн, ки бо Туғлуқ Темур муносибати душманона дошт, созиш карда, ба ҳомии аввалаи худ хиёнат намуд.
Амир Ҳусайн ва Темур ба муқобили Туғлуқ Темур сар бардоштанд, вале дар ҷанг шикаст хӯрда, маҷбур гардиданд, ки Осиёи Миёнаро гузошта, ба Систон гурезанд. Темур дар Систон ҳангоми яке аз моҷароҳои ҳарбии худ аз даст ва пои росташ захмдор гардида, то охири умр ланг шуд. Баъд аз ин вайро бо унвони «Темури Ланг» низ ёд карданд.
Дар соли 1364 амир Ҳусайн ва Темур муваффақ шуданд, ки Мовароуннаҳрро аз таҳти тасарруфи хони Муғулистон берун оварда, ҳукмронии худро дар он ҷо барқарор намоянд. Халқҳар ду амирро, хусусан Ҳусайнро, ки ба золимӣ ном бароварда буд, бад медид. Ҳусайн ҳангоми шунидани арзу хоҳиши мардуми Самарқанд дар даст шашпари оҳаниро дошта меистод. Аксар вақт ӯ ба ҷои ҷавоб ба додхоҳ дарафтода, ӯро бераҳмона бо шашпар мезад.
Дере нагузашта, писар ва вориси Туғлуқ Темур Илёсхоҷа ба мақсади дубора ғасб кардани Мовароуннаҳр бар зидди Ҳусайн ва Темур лашкар кашид.
Дар соли 1365 амир Ҳусайн ва Темур аскар ҷамъ намуда, дар соҳили дарёи Чирчиқ ба қувваҳои ҳарбии душман рӯ ба рӯ шуданд. Муҳорибае, ки дар ин ҷо рӯй дод, бо номи «ҷанги гилӣ» машҳур аст, зеро дар вақти задухӯрд чунон борони сел меборид, ки аспҳо дар гилу лой лағжида меафтоданд. Дар ин муҳориба Темур ва Ҳусайн комилан торумор гардиданд. Онҳо Самарқанд ва Шаҳрисабзро ба ҳоли худ гузошта, худҳоро ба он тарафи дарёи Аму гирифтанд ва ба сӯи Балх фирор намуданд. Қӯшуни хони муғул Илёсхоҷа рост ба шаҳри Самарқанд равон шуд. Аҳолии шаҳр ҳама саросема гардида, чӣ кор кардани худро намедонистанд, чунки қувваи ҳарбии Самарқанд низ бо ҳамроҳии амир Ҳусайн ва Темур гурехта буд.

Ҷунбиши сарбадорон

Дар ҳамин гуна як вақти навмедӣ ва лаҳзаи мураккаб мардуми заҳматкаш ташаббуси мудофиаи шаҳрро ба дасти худ гирифтанд. Ҳангоме ки аҳолии Самарқанд ба масҷиди ҷомеъ омаданд, Мавлонозода ном яке аз шогирдони мадраса ба минбар баромада, дар ҳоле ки атрофи ӯро гурӯҳе бо шамшерҳои бараҳна иҳота карда буданд, чунин арз кард: «Фавҷи беҳисоби лашкари муғул, ки барои ғорат намудани мол ва ашёи мардум ба ин мамлакат фурӯ рехтааст, ба шаҳр наздик мешаванд. Ҳукуматдори мо, ки бо унвони боҷу хироҷ аз ҳар як сар нуфус маблағи зиёдеро ситонида, мувофиқи майли худ харҷ менамуд, дар баробари падидор шудани душмани мо, мусулмононро партофта, аз кофирон гурехт ва ҷони худро халос кард. Акнун мардуми Самарқанд ба ивази ҷони худ ҳар андозае хунбаҳо диҳанд ҳам, аз душман раҳоӣ намеёбанд. Ҳоло кист, ки мехоҳад вазифаи мудофиа намудани аҳолии шаҳрро қабул карда, дар ҳузури бузургон ва мардуми авом ин масъулиятро ба ӯҳда бигирад? Мо дар пеши чунин шахс сари таъзим фуруд оварда, ба иҷро намудани вазифаҳои худ машғул хоҳем шуд».
Аъён ва ашрофи Самарқанд дар ҷавоби даъвати Мавлонозода хомӯш монданд. Он гоҳ Мавлонозода бо ризогии ҳамаи ҳозирон вазифаи сардории мудофиаи шаҳрро ба ӯҳдаи худ гирифт. Дар худи ҳамин ҷо 10 ҳазор нафар ҷавонони мусаллаҳ баҳри ҳифзи ватан пеши ӯ савганд ёд карданд. Дар ташкили мудофиаи шаҳр ғайр аз Мавлонозода боз ду нафари дигар – Мавлоно Хурдаки Бухороӣ ва Абӯбакр Калавии Наддоф низ роҳбарӣ намуданд.
Се шабу се рӯз пешвои шӯришгарон — Мавлонозода дам нагирифта кор кард: мудофиаро ташкил кардан ва ба ин мақсад қувваҳоро ҷо ба ҷо гузошта, шаҳрро ба қалъаи мустаҳкам табдил додан лозим буд. Дар ин кор қадре ҳам таъхир кардан мумкин набуд, зеро душман торафт ба шаҳр наздик меомад.
Мудофиаи шаҳр хеле моҳирона ташкил карда шуд. Дар наздикии дарвозаҳои шаҳр дидбонҳо гузоштанд. Шаҳрро ба қитъаҳо тақсим карданд ва ғайр аз даромадгоҳи калон – кӯчаи ом дигар ҳамаи дарвозаҳоро бастанд. Дар ду тарафи ин кӯча сангарҳои мустаҳкам сохта, одамони бо камон ва туфанг мусаллаҳро гузоштанд. Дар охири кӯчаи ом худи Мавлонозода бо садҳо тирандозони хуб қарор гирифт. Ба аҳолии шаҳр амр дода шуд, ки хоб накунанд ва дар қитъаи таъиншудаи худ ҳушёрона машғули иҷрои вазифа бошанд.
Хони муғул, ки аз фирор кардани амир Ҳусайн ва Темур воқиф буд, боварӣ дошт, ки шаҳр тамоман бемудофиа мондааст. Бинобар ин дастаҳои пешҷанги ӯ ба Самарқанд расида, бе ҳеҷ як эҳтиёткорӣ ба воситаи хиёбони асосӣ ба даруни шаҳр равон шуданд. Ҳангоме ки онҳо ба ҷои камингирифтаи дастаи Мавлонозода расиданд, ба мудофиакунандагони шаҳр ишораи ҳуҷум дода шуд. Дастаҳои мудофеин аз се тараф ба аскарони муғул ҳамла намуданд. Мудофиакунандагони шаҳр аз паси сангарҳо истода, муғулҳоро ба зери борони санг гирифтанд. Онҳо на фақат бо даст, балки бо фалахмон низ душманро сангборон мекарданд. Муғулҳо аз кушта ва захмӣ талафоти калон дода, маҷбур шуданд ақиб нишинанд.
Рӯзи дигар қӯшуни муғул дубора ба Самарқанд ҳуҷум овард. Ҳарчанд муғулҳо усулҳои тактикаи ҳарбии бодиянишинии худро (чунончи, бардурӯғ ақиб гурехта, ногаҳон ҳамла намуданро) ба кор бурда бошанд ҳам, вале муваффақият ба даст оварда натавонистанд. Он гоҳ муғулҳо барои муҳосираи давомдор дар атрофи шаҳр мавқеъ гирифтанд. Лекин ин тадбири онҳо низ натиҷае набахшид. Пас аз чанд вақт дар урдугоҳи бодиянишинони муғул марази тоуни асп пайдо шуд ва, чӣ навъе ки яке аз муаррихони он давра хотирнишон кардааст, «муғулҳо дандонҳои худро ҳарисона ба ҳам фишурда» маҷбур шуданд, ки аз муҳосира даст кашанд ва фақат ба ғорати атрофи шаҳр қаноат намуда, пас гарданд.
Дар Самарқанд муборизаи фақирон бар зидди тавонгарон ба амал омада, оммаи заҳматкаш аз судхӯрони манфур ва дигар золимони худ ниқор гирифтанд. Ин ҳаракати аҳолии Самарқанд дар адабиёти таърихӣ ҳамчун «ҷунбиши сарбадорон» шӯҳрат ёфтааст. Ифодаи «сарбадор» қадре пештар (дар солҳои 1336-1337) ба муносибати шӯрише, ки дар Сабзавор ном маҳалли Хуросон ба муқобили хонҳои муғул ва заминдорони калони маҳаллӣ сар зада буд, пайдо шудааст. Ин истилоҳ аз чунин шиори шӯришиён бархостааст, ки гуфтаанд: «Назар ба он ки аз тарс ҳалок шавем, беҳтар аст, сари худро ба дор бинем». «Сарбадор» калимаи мураккаб аст, ки аз ду калима («сар» ва «дор») бо илова кардани пешоянди («ба») таркиб ёфтааст.
Муаррихони феодалии давраи Темур ба калимаи «сарбадор» маънии «дорбоб»-ро додаанд ва роҳбарони ҳаракати соли 1365-уми Самарқандро ҳамчун исёнӣ, яъне мухолифони ҳукумати «қонунӣ»-и мавҷуда тасвир намуда, онҳоро ба ҳамин унвон ёд кардаанд. Чунон ки муаллифи «Равзат-ус-сафо» Мирхонд мегӯяд: «Гурӯҳе аз онҳо (аҳолии Самарқанд.– Б.Ғ.), ки зӯру тавоно ва ошӯбгару ҷинояткори гузаро буданд, ҷуръати гузаштан аз ҳадди муҷоз намуданд, ҳокимиятро гирифтанд ва ба ситам шурӯъ карданд». Ӯқадре поинтар аз ин навиштаҳои худ илова мекунад: «Сарбадорон муртакаби ҳар гуна рафтори қабеҳ гардиданд».
Мирхонд роҷеъ ба он ки «рафтори қабеҳ»-и сарбадорони Самарқанд дар чӣ зоҳир гардидааст, чизе намегӯяд ва фақат бо ҳусни назар қайд мекунад, ки Ҳусайн ва Темур «ром кардан ва бо сари итоат овардани ононро (сарбадоронро. — Б.Ғ.) амри хайр донистанд».
Муаррих Хондамир, ки бародарзода ва давомдиҳандаи кори Мирхонд мебошад, агарчанде хидмати сарбадоронро дар бобати дафъ кардани ҳуҷуми муғулҳо ба эътироф намудан маҷбур шудааст, вале мисли Мирхонд ба онҳо баҳои бӯҳтономез медиҳад: «Пас аз он ки сарбадорони Самарқанд ин кори хеле муҳимро (дафъи ҳуҷуми муғулро.– Б.Ғ.) бомуваффақият анҷом доданд, ба роҳи шарора ва фитна даромада, дасти ғорат ба моли раият заданд».
Муаррихи дигар Шарафиддин Алии Яздӣ дар бораи сарбадорони Самарқанд чунин менависад: «Ба сари як гурӯҳ мардум боди ғурур ва ифтихор вазид: онҳо ба берун аз ҳадди худ қадам гузоштан ҷасорат намуда, дастони хунрези ситамовари худро ба ҳар тараф дароз карданд». Муаллиф ин баҳои ба сарбадорон додаи худро бо шеъре тақвият менамояд, ки мазмунаш ин аст: «Эй борхудоё, магузор, ки гадо шахси мӯътабар гардад».
Сарбадорон манфиатҳои пешаварон ва табақаҳои поини аҳолии шаҳрро ҳимоя мекарданд. Бинобар, ин тамоми иқдомоти онҳо мухолифи манфиатҳои аъён ва ашрофи Самарқанд буданд.
Вақте ки хабари аз муҳосираи Самарқанд даст кашида, ақибнишинӣ кардани муғулҳо ба гӯши Темур расид, ӯ фавран ба пеши амир Ҳусайн қосид фиристода, ҳақиқати воқеаро ба вай хабар дод. Амир Ҳусайн ва Темур ба зудӣҳамдигарро мулоқот намуда, дар ин бора маслиҳат карданд ва қарор доданд, ки дар ишғоли Самарқанд шитоб накунанд. Зеро онҳо, зоҳиран, аз дучор шудан ба муқовимати сахти мудофиакунандагони шаҳр метарсиданд. Ин буд, ки онҳо ба муборизаи ошкорои зидди аҳолии Самарқанд ҷуръат накарда, тасмим гирифтанд, ки ононро бо макру ҳила ба даст дароранд.
Онҳо барои ба ғафлат гузоштани мудофиакунандагони Самарқанд ба унвони роҳбари мудофиаи шаҳр нома навишта, изҳор намуданд, ки идораи шаҳрро ба ӯ вогузор кардаанд ва ҳеҷ яке аз сокинони он ҷазо дода нахоҳанд шуд. Онҳо ин ваъдаҳояшонро бо қасамҳо тасдиқ намуда, номаро бо либосҳои фохира ва тӯҳфаҳо фиристоданд ва инчунин бо ҳамроҳии элчиҳои хушзабон намояндагони махсуси худро равона карданд, ки ба шаҳр дохил шуда, барои забт намудани Самарқанд замина ҳозир кунанд ва дар ин амр аз гуногунии ҳайъати сарбадорҳо истифода баранд.
Қувват гирифтани фаъолияти ҷосусони амир Ҳусайн ва Темур, ки гурӯҳҳои дудилаи аҳолии шаҳрро ба тарафи худ мекашиданд, инчунин ноустуворона кор бурдани қисмати давлатманди сарбадорон ва омодаи созиш будани ашхоси бонуфузи онҳо дар байни аҳли ин ҷунбиш ихтилоф ба вуҷуд овард.
Дар аввали баҳори соли 1366 амир Ҳусайн ва Темур бо лашкари худ ба Самарқанд расида, пас аз қарор гирифтан дар он ҷо ба сарбадорон мактуб навиштанд ва гуфтанд: «Мо ба шумо боварии куллӣ дорем ва бо шумо беҳтар аз дигар ҳукмронон рафтор хоҳем кард». Роҳбарони сарбадорон ба ин суханони маккорона бовар карда, ба лашкаргоҳи амир Ҳусайн равон шуданд ва ҳамин ки ба он ҷо расиданд, ҳама дастгир гардида, кушта шуданд. Аз ин миён фақат Мавлонозода бо хоҳиши Темур халосӣ ёфт. Ба ҳамин тариқ, ҷунбиши сарбадорони Самарқанд бераҳмона фурӯ нишонда шуда, амир Ҳусайн ва Темур дубора ҳукмрони ин шаҳр гардиданд.
Ҷунбиши солҳои 1365-1366, зоҳиран, на фақат Самарқанд, балки деҳаҳои атрофро низ фаро гирифта будааст. Лекин манбаъҳои таърихӣ дар ин бора хеле кам маълумот додаанд. Аз муаррихони он замон фақат Хондамир дар ин хусус баъзе мадракҳоро овардааст. «Баъд аз он ки амир Ҳусайн Самарқандро ишғол намуд,– мегӯяд ӯ,– дигар вилоятҳо низ худсарӣ ва итоатнопазириро тарк карданд».
Маълумоти манбаъҳои хаттӣ роҷеъ ба ин ҷунбиш, ки дар таълифоти таърихнигорони феодалӣ оварда шудаанд, хеле ноқис ва ниҳоят бадғаразона мебошанд. Дар бораи программаи иҷтимоӣ ва сиёсати роҳбарони шӯриш ба ҷуз чанд ишорае дигар ягон мадрак мавҷуд нест. Ин аст, ки мо аз аксари ҳамон тадбироте, ки онҳо дар вақти шӯриш ба амал оварда буданд, чизе намедонем.
Одатан дар асарҳои умумии илми таърих ва, ҳатто дар тадқиқоти махсуси оид ба масъалаи мавриди баҳс ҷунбиши сарбадорони Самарқанд ҳамчун аксуламали аҳолии шаҳр нисбат ба хавфи ҳуҷуми муғулҳо тавсиф ёфтааст. Агар, дар воқеъ, ҳамин тавр бошад, пас гумоне ба миён меояд, ки ҳамагӣ дар чанд рӯз бар зидди душмани сершумор ва хеле кордида ин тариқа мудофиаи мустаҳкамеро ташкил карда тавонистани шаҳриён амри маҳол аст. Бинобар ин, аз эҳтимол дур нест, ки дар арафаи ҳуҷуми муғулҳо ва шояд хеле пештар аз ин воқеа дар шаҳр ташкилоти пуриқтидори сарбадорон ва қувваҳои бо шиору мақсадҳои сарбадорӣ баромадкунанда мавҷуд бошад.
Чӣ навъе ки маълум аст, дар ғарби Хуросон солҳои 1337-1381 тақрибан дар зарфи ним аср давлати сарбадорон мавҷудияти худро нигоҳ дошт, солҳои 1350-1392 дар Мозандарон ва аз соли 1370 дар Гелон давлати сайидҳо ба вуҷуд омад. Ҷунбиши сарбадорони Самарқанд (1365-11366) ва Карминаро (1373) на ин ки дар ҷудоӣ, балки дар қаринаи ҳамаи ин ҳаракатҳо бояд дид, ки баъзе ғояҳои муайяни онҳо, албатта, ба шакли махфӣ, дар миёна ва чоряки севуми асри ХIV ба Осиёи Миёна низ нуфуз кардаанд.
Давлати сарбадорон ҳам мисли дигар давлатҳои ҳамсоя бар принсипи салтанатӣқарор гирифта буд. Аммо асоси иҷтимоии он ба куллӣ фарқ мекард. Ҳокимияти давлатҳои сарбадорӣ дар дасти феодалони хурд буда, мавҷудияти ин давлатҳо фақат ба пуштибонии деҳқонону пешаварон вобастагӣ дошт. Қувваҳои ҳарбиро сарбозони аз байни заминдорони камбизоат ва деҳқонони озод даъватшуда ташкил медоданд. Феодалон ва дастаҳои ҷангии онҳо ба ин кор ҷалб карда намешуданд. На фақат қӯшун, балки идораи он низ демократӣ гардид. Ҳарчанд дар сари давлат ашрофи сарбадорӣ меистод, аммо намуди зоҳирии он тамоман дигар буд. Ҳокимон ҳам либоси оддӣ мепӯшиданд, тақсими баробари ғаниматҳои ҳарбӣҷорӣ гардида, барои ҳамаи ояндагон ғизохӯрии умумӣ барпо карда мешуд. Соле як бор хонаи ҳоким «барои ғорат»-и мардум вогузор мегардид. Ҳамаи инҳо натиҷаи ба тамоюли баробарии қаноти радикали сарбадорон мутобиқшавии аъёну ашроф буда, дар зери фишори оммаи халқ ба амал меомаданд.
Чунон ки И.П.Петрушевский дуруст қайд мекунад, «давлати сарбадорӣ демократияи деҳқонӣ набуд, вай давлати заминдорони хурд буд, ки танҳо ба туфайли гузаштҳои муҳим ба деҳқонон мавҷудияти худро нигаҳ дошта метавонист». Ин гузаштҳо фақат ҷиҳатҳои зоҳириро дарбар намегирифт. Гуфтан кофист, ки тамоми андоз ва маҷбуриятҳои ғайришаръӣ умуман бекор карда шуданд. Заминҳои феодалони калон мавриди мусодира қарор гирифтанд ва маҳз қисми зиёди ҳамин заминҳо ба ихтиёри табақаи ашрофи сарбадорон гузаштанд. Зоҳиран, вазъияти аҳолии шаҳр низ қадре беҳтар гардид. Дар натиҷаи тадбирҳои бо фишори оммаи халқ амалишуда аҳолии меҳнаткаши шаҳр барои худ шароити нисбатан мусоиди зистро муҳайё гардонид. Вилоятҳое, ки ба таркиби давлати сарбадорони Хуросон дохил мешуданд, ҳам шаҳрҳо ва ҳам қишлоқҳо, ҳақиқатан ҳам чун гул шукуфон гардиданд.
Ҳатто аз чунин як тавсифи мухтасари сарбадорони Хуросон, нақшаҳо ва сиёсати онҳо то чӣ андоза барои мардуми Мовароуннаҳр қувваи ҷазбкунанда доштани ин ҷунбиш равшан мешавад. Аз афташ, ҷунбиши сарбадорон дар Самарқанд решаҳои амиқи худро дошт. Бинобар ин, Темур бо наҷот додани Мавлонозода эҳсоси аслан барояш бегонаи «инсондӯстӣ»-ро зоҳир намуда, ҳамчун сиёсатмадори маккор ва дурандеш кӯшиш кард, ки ҳусни таваҷҷӯҳи аҳолии шаҳрро нисбат ба худ ба вуҷуд оварад. Аммо ин кӯшиши ӯ бароре пайдо накард, дар оянда ҳам оммаи халқ муттасил бар зидди ӯ сар мебардоштанд.
Дар бораи анъанаҳои пурқуввати ҷунбиши сарбадорони Самарқанд чунин далел ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки пас аз барқарор гардидани ҳокимияти Темур низ ҳар бор, ки ӯ дуртар сафар кунад, аҳолии Самарқанд шӯриш мебардоштанд. Дар давоми ҳаждаҳ сол (1370-1388) аз ин қабил шӯру ошӯб нӯҳ мартаба сар зада, самарқандиҳо бо вуҷуди он ҳама рафторҳои бераҳмонаи Темур, мардонавор барои озодии худ мубориза мебурданд.

Ба сари ҳокимияти Мовароуннаҳр омадани Темур ва футуҳоти минбаъдаи ӯ

Муборизаи сулолавии Темуриён

Ҳукмронии Улуғбек

Қатли Улуғбек. Низоъҳои феодалӣ

2. ХОҶАГӢ. МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ
Вазъи умумии хоҷагӣ ва истисмори деҳқонон

Категорияҳои моликияти феодалон ба замин. Суюрғол дар асри ХV

Тиҷорат

Шаҳр ва касбу ҳунар

3. МАДАНИЯТ
Бинокорӣ ва меъморӣ

Санъати наққошӣ ва миниётур

Илму адаб дар нимаи дувуми асрҳои ХIV-ХV


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


7 + 7 =


error: Content is protected !!