Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 4, боби 3

Абдуҳамид Тағоев / Июл.19.2013. / Гузориш нест

Фасли чорум
ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДАВРАИ ТАРАҚҚИЁТ
ВА УСТУВОРШАВИИ СОХТИ ФЕОДАЛӢ

Боби севум
ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСРИ ХI — ИБТИДОИ
АСРИ ХIII. ДАВЛАТҲОИ ҒАЗНАВИЁН, ҚАРОХОНИЁН,
ҒУРИЁН ВА ХОРАЗМШОҲИЁН

1. ТАЪРИХИ СИЁСӢ

Муборизаи бесамари Абӯиброҳими
Мунтасир барои аз нав барқарор намудани
ҳокимияти Сомониён

Дар солҳои аввали асри ХI, пас аз забт кардани Мовароуннаҳр ба Қарохониҳо лозим омад ба муқобили амалиёти бародари Абдулмалик Абӯиброҳим Исмоил ибни Нӯҳ, ки дар муҳорибаҳои зидди Қарохониён бо номи Мунтасир (фотеҳ) маъруф гардида буд, мубориза баранд. Мунтасир аз Ӯзген, ки дар он ҷо маҳбуси Қарохониҳо буд, ба Хоразм фирор намуд ва аз тарафдорони хонадони сомонӣ лашкаре фароҳам оварда, ба сӯйи Бухоро ҳаракат кард ва ҳокими Қарохониро ронда, шаҳрро соҳиб шуд. Боқимондаи лашкари шикастхӯрдаи Қарохониҳо ба Самарқанд паноҳ бурданд.
Ҷаъфартегин ном бародари хони қарохонӣ, ки дар ин вақт ҳукумати Самарқандро ба дасти худ нигоҳ медошт, наздик расидани лашкари Мунтасирро шунида, бо қувваи муттаҳидаи Самарқанд ва Бухоро ба муқобили ӯ равон шуд, вале ба шикасти сахт дучор гардида, худ бо бисёр саркардагонаш ба дасти душман асир афтод. Мунтасир баъд аз ин ғалаба ба Бухоро баргашта, ба сари ҳукумат қарор гирифт.
Лекин вақте ки хони қарохонӣ Насри Илокхон қувваҳои асосии худро бар зидди ӯ равона намуд, Мунтасир ба онҳо муқобилат карда натавонист ва бе ҳеҷ муҳориба Бухороро ба дасти душман гузошта, ба тарафи Хуросон ҳаракат кард. Дар он ҷо Абулқосими Симҷурӣ ба вай ҳамроҳ шуд ва ҳар ду бар зидди Маҳмуди Ғазнавӣ мубориза сар карданд, вале сарфи назар аз баъзе комёбиҳои ҷузъӣ, ин мубориза бемуваффақиятона анҷом ёфт.
Дар соли 1003 Мунтасир ба Мовароуннаҳр баргашта, бо ёрии ғузҳо дубора бар зидди Қарохониҳо сар бардошт.
Дар Осиёи Миёна ғузҳо қабилаҳои туркзабони аксаран бодиянишин буданд. Дар асри Х манзили ғузҳо дар дашту саҳроҳои паҳновар – аз маҳалҳои ҷанубии назди Балхаш то поёноби Волга парешон гардида, фақат дар наздикиҳои Каспӣ, Сирдарё ва атрофи Арал иқоматгоҳҳои сернуфуси онҳо ба вуҷуд омаданд . Қисми камтару нисбатан камбағали ғузҳо дар ин вақт ба шаҳру деҳот ҷойгир шуда, ба корҳои зироат машғул гардиданд. Дар охири асри IХ ва аввали асри Х дар наздикиҳои баҳри Арал давлати ғузҳо таъсис ёфт. Марказ ва қароргоҳи зимистонии онҳо шаҳри Янгикент (воқеъ дар поёноби дарёи Сир) буд. Ашрофи феодалии ғузҳо кӯчманчиён ва зироаткорони қаториро беш аз пеш истисмор мекарданд. Авҷ гирифтани зиддиятҳои синфӣ дар муҳити ғузҳо сабабгори дар ҳудуди асрҳои Х–ХI аз по афтодани давлати сирдарёии ғузҳо гардид.
Ҷангҳои пайдарпай бо мардуми муқимии ҳамсоя манбаи доимии афзойиши сарвати ашрофи қавму қабилавии ғузҳо буд. Барои дафъи ҳуҷуми онҳо дар гирдогирди воҳаҳо истеҳкомоти зиёде месохтанд. Аз тарафи дигар, эҳтиёҷ ба ғалла, мубодилаи озуқаворӣ дар байни хоҷагиҳои муқимӣ ва кӯчманчӣ ғузҳоро водор менамуд, ки бо аҳолии зироаткори воҳаҳо робита барқарор кунанд.
Дар аввал амалиёти Мунтасир хеле муваффақиятнок давом намуд. Вай қувваҳои аскарии Насри Илокхонро торумор карда, 18 нафар сарлашкарони қарохониро асир гирифт. Лекин ба зудӣ дар байни Мунтасир ва саркардаҳои ӯ дар бобати тақсими ғаниматҳои ҳарбӣ муноқиша ва носозиҳо сар шуд. Мунтасир, ки дар миёни аҳолии Мовароуннаҳр такягоҳе надошт, аз тарси он ки рӯзе саркардаҳояш бо Қарохониҳо созиш намуда, ба ӯ хиёнат накунанд, ба ҷустуҷӯйи иттифоқчиёни дигар қарор дод. Ӯ дар охирҳои тирамоҳи соли 1003 бо 700 нафар аскари савора ва пиёда аз дарёи Аму гузашта, хост мавқеи худро дар Абевард ва Нисо (дар қарибии Ашқободи ҳозира) мустаҳкам кунад, лекин дар ин ҷо ба дастаи ҳарбии Хоразмшоҳ дучор омада, шикасти сахт хӯрд ва пас аз ин бо аскарони боқимондаи худ боз аз нав ба Мовароуннаҳр рӯ овард.
Дар муборизаи минбаъдаи зидди Қарохониҳо Мунтасир қувваи ҳарбии дар Бухоро гузоштаи Насрро шикаст дод. Дар натиҷаи ин муваффақияти Мунтасир дар як қатор маҳалҳои Мовароуннаҳр ҳаракати аз нав барқароркунии ҳокимияти Сомониён сар шуд. Сардори дастаи ғозиҳои Самарқанд Ҳорис, ки бо лақаби Ибни Аламдор машҳур гардида буд, бо қувваи сеҳазорнафараи худ ба Мунтасир пайваст. Ғайр аз ин, шайхҳои шаҳр садҳо ғуломонро мусаллаҳ намуданд. Ниҳоят, ғузҳо низ дубора омада ба Мунтасир ҳамроҳ шуданд. Ба ҳамин тариқ, Мунтасир лашкари худро пурқувват кард ва дар ҷанги назди Бурнамад ғалабаи калоне ба даст оварда, қувваи асосии Насри Илокхонро торумор намуд.
Бо вуҷуди ин, муваффақияти ҳарбӣ Мунтасир мавқеи худро дар Мовароуннаҳр мустаҳкам карда натавонист, зеро Илокхон фавран қувваҳои тоза ҷамъ намуда, дар чӯли байни Ҷиззах ва Хавос ба ӯ ҳуҷум овард. Ғузҳо, ки дар ҷанги назди Бурнамад ғанимати зиёд ба даст дароварда буданд, дар ин муҳориба иштирок кардан нахоста, ба маҳалли бодиянишинии худ ақиб гаштанд. Илова бар ин, дар вақти нозукии кор яке аз сарлашкарони бузурги Мунтасир ба ӯ хиёнат намуда, бо 4 ҳазор аскар ба тарафи Илокхон гузашт. Ин буд, ки Мунтасир фишори Қарохониҳоро бартараф карда натавониста, маҷбур шуд, ки ба тарафи Хуросон рӯ ба гурез ниҳад.
Лекин ҳатто пас аз ин ҳам Мунтасир аз фикри дубора таъсис намудани давлати сомонӣ даст накашид. Ӯ ба зудӣ аскар ҷамъ намуда, дафъаи чорум ба Мовароуннаҳр ҳаракат кард. Вале ин дафъа ҳам дар натиҷаи хиёнати сарлашкаронаш мағлуб гардид ва ниҳоят дар сари соли 1005 ба дасти яке аз роҳбарони қабилаҳои бодиянишин кушта шуд.
Мунтасир ягона намояндаи сулолаи Сомониён буд, ки барои дубора барқарор намудани ҳокимияти ин хонадон дар Мовароуннаҳр беоромона мубориза бурдааст. Вале азбаски Сомониён аз заминаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ маҳрум гардида, аз тарафи гурӯҳҳои асосии аҳолӣ пуштибонӣ намедиданд, кӯшиш ва фаъолияти шахсии Мунтасир ҳеҷ як натиҷае набахшид.
Пас аз марги Мунтасир мубориза барои тақсими мероси давлати сомонӣ фақат дар байни Маҳмуди Ғазнавӣ ва Қарохониён давом мекунад.

Халқи тоҷик дар давраи салтанати Ғазнавиён

Давраи ҳамчун як маркази сиёсӣ сар бардоштани Ғазнин ҳанӯз аз аввалҳои нимаи дувуми асри Х сар мешавад.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ Сабуктегин ҳамчун асосгузори сулолаи Ғазнавиён дар асри Х эътироф гардидааст. Зеро Сабуктегин на фақат истиқлолияти Ғазнинро таъмин намуд, балки заминҳои ҳавзаи дарёи Кобулро ба он ҳамроҳ намуда, хоки давлати худро васеътар кард. Илова бар ин, ба ивази кӯмаке, ки ба амири сомонӣ Нӯҳи II расонида буд, ҳокимияти Хуросон низ ба ихтиёри ӯ гузашт. Сабуктегин дар соли 997 вафот намуд.
Маҳмуди Ғазнавӣ, ки писари бузурги ӯ буд, вориси қонунӣ ҳисоб мешуд. Лекин Сабуктегин дар вақти касалии худ писари хурдаш Исмоилро валиаҳд эълон намуд. Ба ин тариқ, пас аз вафоти ӯ Исмоил ба тахт нишаст. Аммо ҳукмронии ӯ зиёда аз 7 моҳ давом накард. Дар мамлакат саркашӣ ва исёнҳои феодалони маҳаллӣ бар зидди ҳокимияти марказӣ қувват гирифт. Маҳмуд аз вазъият истифода намуда, бо қувваи лашкар ба Ғазнин равон шуд ва Исмоилро шикаст дода, салтанатро ба дасти худ гирифт.
Вақте ки дар соли 999 давлати сомонӣ аз тарафи шимол ба ҳуҷуми Қарохониҳо дучор гардид, Маҳмуд ҳам аз тарафи ҷануб ба муқобили Сомониён бархоста, тамоми Хуросонро ба таҳти тасарруфи худ даровард.
Аз тарафи халифаи Бағдод шинохта шудани салтанати Маҳмуд ва ба ӯ дода шудани лақабҳои ифтихорӣ асоси ҳукмронии Маҳмудро хеле мустаҳкам намуд. Дар соли 1002 Маҳмуд Сиистонро ишғол кард.
Аввалҳо дарёи Аму ҳамчун сарҳади байни Ғазнавиён ва Қарохониён муқаррар гардида буд. Соли 1008 дар ноҳияи Балх муҳорибаи шадиде дар миёни қӯшунҳои ғазнавӣ ва қарохонӣ ба амал омада, бо ғалабаи комили Маҳмуд анҷом ёфт. Ин ҳолат мавқеи Маҳмудро дар тамоми Хуросон мустаҳкам намуд.
Дар айёми ҳукуматдории Маҳмуд (998–1030) давлати ғазнавӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид.
Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз соли 1002 то соли 1026 беш аз 15 маротиба ба Ҳиндустон лашкар кашид. Асли мақсад аз ин ҷангҳое, ки дар таҳти шиори «ғазовот» бурда мешуданд, фақат ғорат кардани Ҳиндустон ва ба даст даровардани сарватҳои ин сарзамин буд.
Ҳамаи ин лашкаркашиҳои Маҳмуди Ғазнавӣ барои халқи Ҳиндустон харобӣ ва бадбахтиҳои аз ҳад зиёде овард. Сарбозони ӯ аҳолиро тороҷ мекарданд, ёдгориҳои гаронбаҳои таърихиро несту нобуд менамуданд. Маҳмуд на танҳо шаҳрҳоро вайрон карда ба яғмо мебурд, балки нисбат ба аҳолӣ низ аз ҳеҷ гуна ваҳшоният рӯй намегардонид. Масалан, ӯ дар соли 1019, пас аз ишғол кардани қалъаи Маҳован (ё худ Моҳобон), ба сабаби он ки ҳокими қалъа пеш аз омадани вай гурехтааст, тамоми сокинони онро қатли ом намуда буд.
Султон Маҳмуд дар лашкаркашии соли 1019 илова бар ҷавоҳирот ва дигар сарвати фаровон 350 фил ва 57 ҳазор ғулом ба Ғазнин овард. Чунон ки сарчашмаҳои таърихӣ қайд мекунанд, миқдори асирони овардаи Маҳмуд то дараҷае зиёд буд, ки биноҳои мавҷудаи шаҳр кифоя накард ва барои ҷойгир кардани онҳо ба сохтмони биноҳои махсус шурӯъ намуданд.
Дар солҳои 1010–1011 Султон Маҳмуд ба сарзамини Ғур (вилояте дар Афғонистони кунунӣ) ҳуҷум оварда, ба ивази додани талафоти зиёд як қисмати онро ишғол кард. Ӯ дар соли 1017 аз кушта шудани Маъмуни Хоразмшоҳ истифода бурда, Хоразмро забт кард ва онро низ ба давлати худ ҳамроҳ намуд. Инчунин дар соли 1024 бо лашкари зиёд ба Балх омад ва бо баҳонаи ин, ки мехоҳад зулми Алитегини Қарохониро аз сари аҳолии Мовароуннаҳр дур кунад, аз дарёи Аму гузашта Чағониён, Қабодиён, Хатлон ва баъзе ҷойҳои дигарро ба даст даровард. Илова бар ин, дар соли 1029 Райро ишғол намуда, ҳокими онро ба ҳабс гирифт ва ғаниматҳои дарёфт кардаашро ба Ғазнин фиристонид. Ба ин тариқа, аз қисматҳои шимолӣ ва шимоли ғарбии Ҳиндустон сар карда, то Чағониёну Хоразм ва дар ҳудуди Эрони имрӯза то Исфаҳон ва Рай вилоятҳои сершумор ба давлати Маҳмуди Ғазнавӣ дохил гардиданд.
Лашкаркашиҳои истилогаронаи Маҳмуди Ғазнавӣ, махсусан ҷангҳои дар Ҳиндустон бурдаи ӯ, ки сарчашмаи асосии сарватмандии султон, гвардияи вай ва лашкариёнашро ташкил менамуданд, дар айни ҳол халқи меҳнатиро ба муфлисӣ ва маҳрумиятҳо гирифтор мекарданд. Дар арафаи ҳар як лашкаркашӣ аз аҳолии маҳаллӣ андозҳои бисёре ситонида мешуд. Ин тариқа, андозҳо то дараҷае зиёд буд, ки халқи заҳматкаш пас аз адо кардани он, ҳатто аз воситаҳои рӯзгузаронии худ низ тамоман ҷудо мегардид. Аз ин сабаб хоҷагии мамлакат торафт рӯ ба вайронӣ ниҳода, воҳаҳои зироатӣ ва наҳрҳои обёрӣ дар аксарияти маҳалҳо аз кор мемонданд.
Дар натиҷаи паст рафтани хоҷагии қишлоқ соли 1011 дар Хуросон қаҳтӣ рӯй дод. Барвақт омадани сармои зимистон ва камборонии айёми баҳорон ба ниҳоят кам шудани ҳосил боис гардид. Ин аҳвол вазъияти душвори аҳолиро боз ҳам сахттар кард. Мувофиқи маълумоти воқеаномаҳои таърихӣ дар як худи Нишопур ҳазорон нафар одамон аз гуруснагӣ ҳалок шудаанд. Бо вуҷуди он ки баъзан дар Нишопур то 400 ман ғалла ба фурӯш нарафта, дар бозор мемонд, лекин аҳолӣ то андозае қашшоқ шуда буд, ки барои харидани он иқтидоре надошт. Дар соли қаҳтӣ мардум сагу гурбаҳоро кушта мехӯрданд ва дар баъзе ҷойҳо, ҳатто гӯшти одамхӯрӣ ҳам ба амал омада буд.
Маҳмуди Ғазнавӣ барои аз гуруснагӣ ва марг халос кардани аҳолии Хуросон тамоми васила ва имкониятҳоро дошт. Вале дар ин бора ҳеҷ як чораи қатъӣ надид ва фақат барои намуд ба ҳокими Хуросон амр дод, ки ба камбағалон як маблағи ночизе кӯмаки пулӣ расонад.
Султон Маҳмуд гоҳо баъд аз лашкаркашиҳои навбатии худ ба умрону обод намудани пойтахташ машғул мешуд, ки масҷид ва мадрасаи машҳури Ғазнин аз ҷумлаи бинокориҳои ӯст. Лекин сохта шудани ҳар як иморат ба сари аҳолӣ маҳрумият ва мусибатҳои зиёде меовард. Тахтасанги мармар ва дигар сангҳои пурқимате, ки дар тоқҳо ва саҳни масҷиди ҷомеи Ғазнин кор фармуда шудаанд, чӣ навъе ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ҳама аз ҷойҳои дурдаст бо қувваи халқ кашонида шуда буданд. Ҳатто хароҷоти ҳарсолаи боғи Дилкушои Маҳмуд, ки дар Балх воқеъ гардида буд, комилан аз тарафи аҳолии ин шаҳр адо карда мешуд.
Маҳмуд тамоми аҳолии мамлакатро ба ду гурӯҳ – ба қувваҳои мусаллаҳ ва халқи оддӣ тақсим мекард .Ӯ ба аскарон моҳона медод ва ба ивази ин аз онҳо талаб менамуд, ки ҳама гуна амри ӯро бо садоқат иҷро кунанд. Вай барои ин ки гӯё халқи мамлакатро бо қувваи аскари худ аз ҳуҷуми душманони хориҷӣ муҳофиза мекунад, аз аҳолии оддии заҳматкаш ҳам талаб мекард, ки ҳар як фармони ӯро бегуфтугӯ ба ҷо оранд ва илова бар ин, андозҳои давлатиро адо карда истанд.
Султон Маҳмуд марди хеле хасис ва дар масъалаи ҷамъ кардани молу сарват бағоят ҳарис буд. Ӯ он ҳама сарвате, ки аз Ҳиндустон ва дигар гӯшаву канорҳои мамлакат бо роҳҳои гуногун ҷамъ карда буд, дар хазина нигоҳ медошт. Муаррихи асри ХV Мирхонд дар далели хасисӣ ва ҳирсу ози Маҳмуди Ғазнавӣ чунин ҳикояти аҷиберо овардааст: «Гӯянд, ки султон ду рӯз қабл аз вафоти худ фармон дод, то аз хазина дирам… ва динорҳои сурх ва анвои ҷавоҳири нафис ва ғайраро, ки дар айёми салтанат ҷамъ оварда буд, ҳозир карданд ва дар саҳни сафҳаи ариз (васеъ) ҳамаро бигустурданд ва он саҳн дар назари бинандагон бӯстоне менамуд, ки ба гулҳои мулавван аз сурх ва зард ва бунафш ва ғайра ороста бошанд. Султон ба чашми ҳасрат дар онҳо менигарист ва зор-зор мегирист ва баъд аз гиряи зиёд бифармуд, то ҳамаро ба хазина бибурданд ва фулусе аз он ҳама ҷинс ва нақд ба мустаҳиқе надод, бо он ки медонист, ки дар он ду рӯз ҷони ширин ба сад талхӣ хоҳад дод».
Маҳмуди Ғазнавӣ дар лашкаркашӣ ва ҷангҳои ғоратгарона мақсади асосии худро бо шиори ғазовот – ҷанги муқаддаси ислом мепӯшонид, ки ба туфайли ин аз тарафи халифа ҳимоят медид ва хеле мусулмонони мутаассиби «ғазоталаб»-ро ба қӯшуни худ гирд меовард. Илова бар ин, ӯ худро пайрави мазҳаби суннӣ (ки дар он вақт мазҳаби ҳукмрони ислом буд) эълон намуда, ба муқобили ҳама гуна норозигиҳо ва ҳаракатҳои зидди тартиботи феодалӣ, ки беш аз ҳама дар сурати ақидаҳои бидъатомези қарматиҳо, исмоилиҳо, шииҳо ва аҳли дигар ҷараёнҳо зоҳир мегардиданд, мубориза мебурд. Вай молу мулки тарафдорони ин ҷараёнҳоро мусодира намуда, бо ин роҳ низ сарвати бисёреро ба дасти худ ҷамъ мекард. Ба ин тариқ, эътиқод ва тарафдории садоқатмандонаи Маҳмуд нисбат ба мазҳаби суннӣ фақат як воситае буд, ки бо ин роҳ ӯ мавқеи ҳокимияти худро мустаҳкам мекард ва сарваташро меафзуд.
Маҳмуди Ғазнавӣ ба корҳои таҷассуси давлатӣ ҳам ниҳоятдараҷа аҳамият медод. Ғайр аз ҷосусони махфие, ки дар ҳузури ҳар як ҳоким гузошта мешуданд, дар пеши ӯ маъмури махсус низ бо унвони «мушриф» кор мекард, ки аз вазъияти дохилӣ, кордорӣ ва аҳволи рӯҳияи ҳокимон хабар дода меистод. Султон Маҳмуд ҳатто аз паси фарзандони худ ва аз он ҷумла Масъуд, ки валиаҳди салтанат буд, ҷосус мегузошт.
Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба қӯшуни сершумори хуб ташкил ва мусаллаҳшуда такя мекард. Дар ихтиёри ӯ бисёр филҳои ҷангӣ, барои муҳосираи қалъа мошинҳои сангандоз, барои убури дарё пулҳои шиновар мавҷуд буданд. Нафароти зиёди қӯшуни султонро ғуломони зархарид ва таълими ҷангигирифта ташкил медоданд. Дастаҳои сарбозони ғулом аз туркҳо ва ҷанговарони дигар халқҳо фароҳам меомад, ки дар байни онҳо тоҷикон кам набуданд.
Султон Маҳмуд ҳаққо, ки сарлашкари бузург ва ҳокими ғаюру соҳибиродае буд. Ӯ дар бораи ҳашамат ва шавкати зоҳирии давлати худ ғамхорӣ карда, биноҳои зебову муҷаллал месохт, ба шоирону уламои дарбор сарпарастӣ менамуд. Аммо вай дар роҳи тараққиёти хоҷагии қишлоқ ягон коре накард. Дар аҳди ӯ зироат ба харобӣ рӯ оварда, равобити иқтисодии байни вилоятҳои ҷудогонаи мамлакат заиф гардид. Ноустувории давлати барпокардаи султон Маҳмуд, хусусан пас аз вафоти ӯ (с. 1030), боз ҳам равшантар зоҳир шуд.

Салҷуқиҳо ва суқути давлати Ғазнавиён

Давлати Ғуриҳо

Салҷуқиҳо ва Низомулмулк

Наҳзати исмоилия

Қарохониён

Қарохониён ва қарахитойиҳо

Хоразм ва давлати Салҷуқӣ

2. ХОҶАГӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ
Иқтаъ ва заминдории шартӣ дар асрҳои ХI–ХII

Моликияти замин ва деҳқонон

Шаҳрҳои Осиёи Миёна дар асрҳои ХI–ХII

Касбу ҳунар дар асрҳои ХI–ХII

Муомилоти пул

3. МАДАНИЯТИ АСРИ ХI-ИБТИДОИ АСРИ ХIII
Бинокорӣ, меъморӣ ва ҳунари амалӣ

Илму адаби тоҷик дар асри ХI– аввали асри ХIII

Паҳн шудани тасаввуф ва роҳ ёфтани он ба адабиёти форсу тоҷик


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


8 − 6 =


error: Content is protected !!