Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 4, боби 1

Абдуҳамид Тағоев / Июл.19.2013. / Гузориш нест

Фасли чорум
ОСИЁИ МИЁНА ДАР ДАВРАИ ТАРАҚҚИЁТ
ВА УСТУВОРШАВИИ СОХТИ ФЕОДАЛӢ

Боби якум
ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ҲАЙЪАТИ ХИЛОФАТИ АРАБ

1. АЗ ПО АФТИДАНИ ДАВЛАТИ СОСОНИЁН

Арабистон дар арафаи ислом

Дар асарҳои таърихшиносӣ аксар вақт ақибмондагии арабҳо дар арафаи пайдоиши ислом таъкид мешавад. Ин ақида яктарафа ва нодуруст аст. Соли 1853 Ф. Энгелс навишта буд: «Дар ҷое, ки арабҳо зиндагии муқимӣ ба сар мебурданд, яъне дар қисмати ҷануби ғарбӣ,– зоҳиран, онҳо мисли мисриён, ошуриён ва ғайраҳо мардуми мутамаддин буданд, ки иншооти меъмории онҳо аз ин шаҳодат медиҳад». Материалҳои эпиграфӣ ва археологии аз он вақт ин ҷониб дарёфтшуда ҳаққонияти гуфтаҳои Ф. Энгелсро комилан тасдиқ менамоянд: тоифаҳои ҷануби араб воқеан ҳам дар замонҳои қадим давлатҳои муқтадир, маданияти баланд ва ба худ хосе ба вуҷуд оварда будаанд.
Дараҷаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии қисматҳои гуногуни Арабистон ба таври куллӣ фарқ мекард. Агар дар сарзамини Яман ва баъзе дигар вилоятҳои ин кишвар дар нимаи дувуми асри VI ва ибтидои асри VII зироаткорӣ ва зиндагии шаҳрӣ равнақ ёфта бошад, дашту саҳроҳои паҳновари он макони сукунати кӯчманчиёни бадавӣ ба шумор мерафт, ки уштур сарвати асосии онҳоро ташкил мекард. Ҳарчанд ташкилоти тоифавии авлодӣ дар байни арабҳо хеле қавӣ буд, муносибатҳои феодалӣ ба зуҳур омада, дар ҷараёни тараққиёти таърих аз қабилаҳои пароканда ва иттифоқи қабилаҳо давлати ягона таъсис ёфт. Дар оғози асри VII системаи нави динӣ бо номи ислом пайдо гардид.
Барои таҳлили сабаб ва шароити таърихии пайдоиши дини ислом ва бо як суръати фавқулодда аз тарафи арабҳо тасарруф шудани кишварҳои зиёде, пеш аз ҳама, таркиби синфии ҷамъияти он замон ва пешравиҳои дар ҳаёти ҳамон ҷамъият ба амал омадаро аз назар гузаронидан зарур аст. Ҳамон амри воқеӣ, ки дини ислом дар давраи таъсиси ҷамъияти синфии арабҳо ба вуҷуд омадааст, ҳеҷ як ҷои шубҳа надорад. Масъалаи муайян кардани хусусияти ҷамъияти нави синфӣ ва тарзи истеҳсолоте, ки дар арабҳо ва кишварҳои забткардаи онҳо мавқеи бартариро ишғол мекард, ҳамчунин омӯхтани протсесси синтези мураккаби иҷтимоие, ки дар он давра ба амал меомад, басо мушкилтар аст. Ҳалли ин масъалаҳо, хусусан, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки онҳо на фақат яке аз муҳимтарин давраҳои таърихи халқҳои шарқро равшан менамоянд, балки дар навбати аввал ба талаботи ғоявии кадомин синфҳо мувофиқ будани дини исломро низ аён месозанд. Ҳалли масъалаи охирӣ барои таҳлили марксистии ҷиҳати мафкуравии марҳилаҳои аввали ислом бояд замина фароҳам оварад.
Хеле кам будани манбаъҳое, ки доир ба сохти иҷтимоии Арабистони шимолии пеш аз ислом (дини ислом дар ҳамин ҷо ба вуҷуд омадааст) маълумот медиҳанд, хусусан таърихнигории асримиёнагӣ, ки диққати худро фақат ба баёни воқеаҳои сулолавӣ ва «муқаддас» равона сохта, ҳамеша ҳодисаҳои воқеиро бо афсона ва мавзӯъҳои мухталифи фолклорӣ омехта нақл менамояд, аз ҳамон сабабҳое мебошанд, ки ҳалли масъалаҳои дар боло номбаршударо ниҳоятдараҷа мураккаб гардонидаанд. Исломшиносии буржуазӣ далелу мадракаҳои зиёде доир ба он давра ҷамъ намуда, роҷеъ ба сабабҳои пайдоиши ислом бисёр фарзияҳои идеалистӣ ба миён овард, аммо аз ҷиҳати методологӣ дар таҳлили решаҳои иҷтимоии ислом тамоман оҷизу нотавон монд.
Дар илми таърихшиносии советӣ доир ба тавсифи ин ҷамъияти синфӣ ду нуқтаи назар мавҷуд аст. Бар тибқи нуқтаи назари аввал, дар ҷануби Арабистон ҷамъияти ғуломдорӣ ба ҳар ҳолат дар асри VI вуҷуд дошта, дар охири асри VI ва аввали асри VII дар Арабистони шимолӣ, дар Ҳиҷоз, Макка ва Мадина, ки дар роҳи асосии корвонгард воқеъ гардида буданд, ташаккули тартиботи ғуломдорӣ ба вуқӯъ меояд. Дар Арабистони дарунӣ, ки бадавиҳо, кӯчманчиёни чорводор сукунат доштанд, низ вайроншавии сохти ҷамоати падаршоҳӣ шурӯъ мегардад, вале он хеле суст ба амал меояд. Ба ҳар ҳол дар байни бадавиҳо ҳам, аз як тараф, сарватмандон – соҳибони рамаҳои калон ва баъзан замин, миқдори зиёди асирони ғулом, аксар вақт бо роҳи корвонӣ тиҷораткунанда ва, аз тарафи дигар, камбағалон пайдо мешаванд, ки дар ҳаққи онҳо шоири тоисломии араб аш-Шанфара гуфта буд: «(Марди бенаво) рӯзро дар як паноҳгоҳ ва шабро дар паноҳгоҳи дигар мегузаронад, ҳамеша танҳост ва савора дар дӯши хатар аст». Ин камбағалон ҳар чӣ бошад ҳам, ҳанӯз озод буданд.
Бо вуҷуди ин, дар шимоли Арабистон тартиботи ғуломдорӣ то дараҷаи форматсияи ҳукмрон сабзида нарасид, чунки дар айни бӯҳрони бавуҷудовардаи давраи гузариш ба ҷамъияти синфӣ ислом пайдо шуд ва Муҳаммад зуҳур намуд. Муҳаммад сарлашкари моҳире буд, дар бораи ғазовот (ҷанги муқаддас) ҳукми ислом қабул гардид, халифаҳои Муҳаммад роҳи халосиро аз бӯҳрон дар ҷангҳои истилокорона медиданд. Инак, тӯдаҳои араб ҳамчун «сарбозони ислом» ба сарзаминҳое, ки сохти феодалӣ босуръат роҳ меёфт ва ё кайҳо барқарор гардида буд, фурӯ рехтанд. Лекин дар кишварҳои забткардаи арабҳо тартиботи ғуломдорӣ ҳам тамоман барҳам нахӯрда буд, бинобар ин сохти ғуломдорӣ дар арабҳо муддати дуру дароз маҳфуз монд ва ҳатто дар натиҷаи ба даст овардани асирони зиёд дубора қувват гирифт. Умуман, муносибати феодалӣ дар хилофат баъди футӯҳоти бузург дар охирҳои асри VII ташаккул ёфт, ғуломдорӣ бошад, ҳамчун тарзи кӯҳнаи зиндагӣ боз вақти зиёде мавҷудияти худро нигоҳ дошт.
Мувофиқи ин нуқтаи назар, ислом аввал дар заминаи ҷамъияти ташаккулёфтаи ғуломдорӣ ба вуҷуд омад ва танҳо баъди футуҳот ҳамчун дини ҷамъияти феодалӣ қарор гирифт. Ин нуқтаи назарро Е. А. Беляев, инчунин А. Ю. Якубовский, С. П. Толстов, И. П. Петрушевский ба миён овардаанд.
Тибқи нуқтаи назари дувум, ҳанӯз пеш аз пайдоиши ислом, ҳам дар ҷануб ва ҳам дар шимоли Арабистон, на ин ки муносибатҳои ғуломдорӣ, балки феодалӣ ташаккул ёфта, то асри VII, яъне то футуҳоти бузург мавқеи ҳукмронӣ пайдо карда буд. Ба ин тариқа, ислом аз аввалин қадамҳои пайдоиши худ дини табақаҳои болонишини ҷамъияти навбунёди феодалӣ ба шумор мерафт. Ин нуқтаи назарро Н. В. Пигулевская, А. Г. Лундин, Н. А. Смирнов ва Л. И. Нодирадзе пешниҳод кардаанд. Пайравони ин нуқтаи назар диққатро ба чоряккорӣ, ки дар ҳамон шароити таърихӣ аз муҳимтарин зуҳуроти муносибатҳои феодалӣ буд, ҷалб менамоянд.
Ин ду нуқтаи назар нисбат ба вазъияти Арабистони асри VII ва шароити иҷтимоии пайдоиши ислом ҳоло фақат фарзияи ноқис ва шартӣ буда, ҳалли ҳамаҷонибаи ин масъала кори оянда аст.
Вале, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ҷамъияти хилофати охири асри VII дар сурати маҳфуз мондани тартиботи ғуломдорӣ, ба дараҷаи хеле зиёд феодалӣ гардида буд ва истилои Осиёи Миёна, шарқи Хуросон ва Мовароуннаҳр аз тарафи ашрофи ҳарбии феодалӣ, ки унсурҳои тарзи зиндагии бодиянишинро ҳам давом медод, ба амал оварда мешуд. Муносибатҳои хоси ин қабил ҷамъият ба муносибатҳои ҷамъияти феодалишудаи муқимӣ нақши худро мегузошт ва ба ин васила протсесси феодалишавиро тағйир ва суръат медод.

Пайдоиши ислом. Шикасти давлати Сосонӣ

Чанд сухан дар бораи пайдоиши ислом. Муҳаммад пайғамбари Оллоҳи таоло ва яккаву ягона гардид. Ӯ аслан аз калонтарин маркази Арабистон – шаҳри Макка буд, чун дар зодгоҳи худ ба чизе муваффақ нашуд, дар соли 622 бо пайравонаш ба Мадина кӯчид, ки аз ҳамин сана солшумории мусулмонии ҳиҷрӣ сар мешавад. Тоифаҳои Мадинаро ба итоати худ дароварда, баъд сокинони Маккаро ҳам ба «ҷамоати мӯътақидин» дохил намуда, як қатор қабилаҳои дигари арабро, ки ба Оллоҳ ва пайғамбари ӯ – Муҳаммад эътиқод баста буданд, ба таҳти тасарруфи худ даровард. Ислом, ки номи ин дини нав мебошад, маънии «таслим ва итоат»-ро дорад. Пас аз фавти Муҳаммад (соли 632) Абӯбакр (632–634) халифа эълон карда шуд; баъди ӯ Умар (634 — 644) халифа гардид, ки дар замони вай қабилаҳои арабро ба куллӣ тобеъ карда, ҳамаи онҳоро ба мусулмон табдил доданд. Давлати динии аз ҷиҳати марказият қавӣ ба вуҷуд оварда, лашкари сершумор ва хеле ҷангӣ ташкил дода шуд. Аъёну ашрофи араб истилокорӣ, тороҷгарӣ ва ғасб кардани сарватҳои мамолики дуру наздикро орзу мекарданд. Дар ин сурат норозигии табақаҳои пойини ҷамъияти араб ба муқобили мардуми ғайримусулмон, яъне кофирон равона карда, ба ин восита диққати онҳо аз муборизаи синфии зидди истисморгарони «худӣ» дур кашида мешуд. Илова бар ин, сарбозони қатории араб қисмате аз ғаниматҳои ҷангро соҳиб мегардиданд, ки ин онҳоро на камтар аз эътиқоди Оллоҳ рӯҳбаланд намуда, ба сӯйи корзор мекашид. Барои асилзодагони араб ҳукми шаръии ғазавот, дар воқеъ, пардае буд, ки ба пинҳон доштани асли мақсади ҷангҳои истилогаронаи онҳо хизмат менамуд.
Истилогарон қӯшуни худро қариб дар як вақт, ҳам ба муқобили Рум (Византия) ва ҳам ба муқобили Эрон ҳамлавар сохтанд. Саъю кӯшиши лашкаркашони охирин намояндаи сулолаи сосонӣ — Яздигурди III (632–651), ки пеши ҳаракати қӯшуни арабро гирифтанӣ мешуданд, натиҷае набахшид. Дар муҳорибаҳои назди Қуддусия (Қадисия) ва Наҳованд (солҳои 636 ва 642) қӯшуни араб қувваи якҷояи форсҳоро торумор намуда, ба мавҷудияти тақрибан панҷасраи давлати сосонӣ хотима дод. Дар зарфи 10 сол арабҳо хоки Эронро истило намуда, ба Рум зарбаҳои сахт заданд. Фаластин, Миср, Сурия ва Ироқро ишғол карданд.
Яздигурди III муддати 10 сол таҳти фишори арабҳо аз як маҳал ба маҳалли дигар ақиб нишаста, бо нияти бар зидди истилогарон хезондани аҳолӣ дар шаҳру кишварҳои гуногун сарсону саргардон гашт. Вале ин кӯшишҳои ӯ ягон натиҷае набахшиданд.
Оммаи асосии аҳолии давлати сосонӣ барзгарону ҳунармандон – аз тарафи амалдорони сосонӣ, феодалон ва рӯҳониёни зардуштӣ зулму ситам дида, илова бар ин, дар натиҷаи маҳдудиятҳои табақотӣ азият мекашиданд. Ҷангҳои дуру дарози Сосониён бо ҳайтолиҳо, туркҳо ва румиҳо аҳволи бе ин ҳам вазнини меҳнаткашонро табоҳ гардонида буданд. Ҳамаи ин боиси норозигии оммаи халқ гардид ва онҳо дар мубориза бар зидди арабҳо тарафи Сосониёнро нагирифтанд.
Ҷангҳои пай дар пай давлати сосониро аз иқтидори пешинаи сиёсӣ ва ҳарбии худ маҳрум ва заиф гардонида буданд. Ба сабаби баланд шудани мавқеи ашрофи маҳаллии феодалӣ роли ҳукумати марказӣ якбора хеле паст гардида, атроф аз тобеияти марказ баромадан гирифт. Ҳокимони маҳаллии вилоят ва музофотҳои ҷудогона дар вақти ҳуҷуми арабҳо ба ҳукумати марказӣ мададгорӣ накарданд.
Мавридҳое мешуданд, ки оммаи аҳолии мазлум барои сабуктар гардидани аҳволи тоқатфарсои худ ба арабҳо ва дини онҳо, ки баробарии ҳамаи мусулмононро ваъда медоданд, умед мебаст. Ҳаёт ба зудӣ бар абас будани ин умеди халқро нишон дода бошад ҳам, ба ҳар ҳол дар вақтҳои аввал бе таъсир намонд ва он саҳван ҳамчун эҳёи анъанаҳои наҳзати маздакия тасаввур карда шуд.
Ин буд, ки Сосониён сели хурӯшони арабҳоро боздошта натавонистанд ва давлати сосонӣ аз по афтод.

2. АЗ ТАРАФИ АРАБҲО ЗАБТ КАРДА ШУДАНИ МОВАРОУННАҲР (ДАВРАИ АВВАЛ)

Парокандагии сиёсии Мовароуннаҳр дар миёнаҳои асри VII

Арабҳо аз ҳамон рӯзе, ки ба Эронзамин қадам гузоштанд, ғасб кардани вилоятҳои дар ин сӯйи Омударё воқеъгардидаи Осиёи Миёна, яъне Мовароуннаҳрро мақсади асосии худ қарор доданд. Чи навъе ки дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ (асри Х) ва «Мӯъҷам-ул-булдон» ном асари ҷуғрофидони араб — Ёқут (асри ХIII) дида мешавад, арабҳо аз номи асосгузори дини ислом Муҳаммад ҳадисҳо оварда, пешниҳод мекарданд, ки забт намудани Мовароуннаҳр вазифаи муқаддас ва бошарафи пайравони дини ислом аст.
Дар ин вақт Мовароуннаҳр ҳамон ҳолати парешонии сиёсиро, ки ҳанӯз дар асрҳои IV–V сар зада, дар авохири ҳукмронии ҳайтолиҳо ва хоқонии турк боз ҳам бештар қувват гирифта буд, аз сар мегузаронид. То чӣ андоза будани ин парокандагиро аз ин ҷо ҳам фаҳмидан мумкин аст, ки дар лаҳзаи ба хоки кунунии Тоҷикистон дохил шудани арабҳо дар ин сарзамин миқдори зиёди мулкҳои мустақил ва ниммустақил вуҷуд доштанд.
Дар Фарғона мулкҳои шимолӣ ва ҷанубии ин сарзамин, дар ноҳияи Ӯротеппа – Уструшан (Истаравшан) бо пойтахти худ — Бунҷикат (дар қарибии Шаҳристони ҳозира) воқеъ буданд. Саргаҳи Зарафшон бо воҳа ва доманаҳои қаторкӯҳи Туркистон ва Зарафшон ба ҳайъати мулки Буттом дохил мешуд. Дар шимоли он мулкҳои Масчоҳ ва Парғар (Фалғари имрӯза), дар қисмати ғарбӣ шаҳри Панҷ – Панҷакенти ҳозира воқеъ гардида буданд.
Дар ноҳияи Ҳисор мулки Чағониён сар то сари водии дарёи Сурхон (Чағонруд) ва қисмати ғарбии водии Ҳисорро бо шаҳри бузурги худ — Чағониён (наздикии Деҳнав) дар бар мегирифт; дар шарқтари Чағониён–Аҳорун ва Шумон; дар байни дарёи Кофарниҳон ва Вахш – Вашгирд бо пойтахти худ Вашгирд (Файзобод); дар саргаҳи Кофарниҳон (дарёи Ромит) ва Вахш мулки Кумед арзи вуҷуд мекард.
Дар ноҳияи Қӯрғонтеппа тамоми паҳнои водиро мулки Вахш фаро мегирифт ва мулки Қубодиён бо шаҳри асосии худ — Қубодиён дар ҷараёнгоҳи пойини дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон воқеъ буд
Дар ноҳияи Кӯлоб – Хатлон (Хаталон – байни Панҷ ва Вахш бо пойтахти худ — Ҳулбук ва шаҳри Мунк (Балҷувон) арзи вуҷуд мекард. Ба Хатлон дар вақтҳои гуногун дигар мулкҳо, аз қабили Вашгирд, Қубодиён ва ғ. низ дохил мешудаанд.
Дар ноҳияи Ғарм мулки Рашт бо пойтахти худ шаҳри Рашт (Ғарм) ва мулки Дарвоз бо пойтахти худ — Қуррон воқеъ шуда буд.
Дар вилояти кӯҳистони Бадахшон мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон, ки бо Бадахшон алоқаи зич доштанд, мавҷуд буданд.
Ҳокими ҳар як мулк худашро мустақил ҳисоб мекард ва унвони махсус дошт. Набудани иттиҳод ва ягонагӣ дар байни ҳокимони Мовароуннаҳр кори муттаҳид намудани халқҳои Осиёи Миёнаро барои зарба задан ба истилокорони араб хеле душвор мекард.

Ба сарҳади Осиёи Миёна расидани лашкари араб. Ҳамлаҳои нахустин ба Мовароуннаҳр

Муборизаи суғдиён, тахористониҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна бар зидди истилогарон

Мудофиаи Самарқанд

Иттифоқи Суғд, Чоч, Фарғона ва Туркон

3. АЗ ТАРАФИ АРАБҲО ЗАБТ КАРДА ШУДАНИ МОВАРОУННАҲР (ДАВРАИ ДУВУМ)
Аҳволи халқҳои Осиёи Миёна

Муборизаи суғдиён, фарғониҳо ва туркон дар солҳои 720–722

Муборизаи Хатлонзамин бар зидди истилогарон

Оқибати ба хилофати араб ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна

4. РОЛИ ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР МУБОРИЗАИ БАЙНИ УМАВИҲО ВА АББОСИЁН
Гурӯҳҳои мухолиф дар хилофат

Наҳзати Абӯмуслим

Шӯриши Сумбоди Муғ ва наҳзати Муқаннаъ


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


8 − 2 =


error: Content is protected !!