Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 3, боби 2

Абдуҳамид Тағоев / Июл.19.2013. / Гузориш нест

Фасли севум
ПАЙДОИШИ МУНОСИБАТҲОИ ФЕОДАЛӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Боби дувум
ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРИ VI – ИБТИДОИ АСРИ VIII

1. ВОҚЕАҲОИ АСОСИИ ТАЪРИХИ СИЁСӢ. МУБОРИЗАИ СИНФӢ

Хоқонии турк ва нуфузи ҳокимияти он дар Осиёи Миёна

Дар асри VI хеле дур аз ҳудуди Осиёи Миёна дар Олтой зери унвони «Хоқонии турк» (солҳои 551-744) иттиҳоди давлатие пайдо шуд, ки дар таърихи Осиёи Миёна роли муҳим бозид. Туркҳо дар сарчашмаҳо бо номҳои гуногун маълуманд, вале бояд гуфт, ки ин номҳо ба ҳамдигар хеле айният доранд. Хитоиҳо онҳоро «тутсзюе» мегуфтаанд (гумон меравад, ки талаффузи қадимии он tiuet kiwat буд ва ин худи ҳамон тюркют мебошад, ки он номи туркҳо дар забони жожҳои муғулзабон аст). Мувофиқи катибаҳо худи туркҳо худро тюрк мегуфтанд, суғдиёну форсҳо онҳоро «турк» меномиданд. Роҷеъ ба этимологияи ин калима олимони гуногун ақидаҳои гуногун доранд.
Ҳокими туркҳо Бумон аввал теле ном қабилаеро мутеъ сохта, қувват гирифту баъд зидди иттиҳоди қабилаҳои жожҳо, ки то ин дам бар туркҳо ҳукмронӣ мекарданд, ба ҷанг даромад ва дар Муғулистону Олтой давлати пурқувват таъсис дод. Вусъати минбаъдаи ин давлат дар давраи яке аз валиаҳдҳои Бумон хоқон Мӯҳон (солҳои 553-572) хеле авҷ гирифт. Ба лашкаре, ки сӯйи ғарб раҳсипор гардид, бародари Мӯҳон Истам сарварӣ мекард. Соли 555 вай ба «Дарёи ғарбӣ» расид (эҳтимол, баҳри Арал бошад). Катибаи калони Кӯлтегин хабар медиҳад, ки «онҳо (яъне, Мӯҳону Истам – Б.Ғ.) халқи худро то таги Темурқапиқ маскун намуданд». Темурқапиқ («Дарвозаи оҳанин») номи асримиёнагии убургоҳи кӯҳиест, ки аз Суғд ба Тахористон мебурду худаш дар кӯҳҳои Бойсун воқеъ буд. Дастаҳои пешгарди лашкари туркҳо ба сарҳади Эрон мерасанд, дар ғарб то худи баҳри Сиёҳ рафта, Босфори Қиммериро ишғол мекунанд. Империяи бениҳоят калони кӯчманчиён пайдо мешавад, ки аз худи Корея то соҳилҳои баҳри Сиёҳ масоҳати азимеро фаро мегирифт. Хитой амалан вассали туркҳо шуд ва ҳар сол товони ниҳоят калон медоду бо ҳамин ҷонашро халос мекард. Дар назди ин «фавқулдавлат»-и туркҳо дигар ду давлати калонтарини он давра — Эрон ва Византия ба ҳарос меомаданд.
Вале иттиҳод насиби ин давлати бузурги туркҳо нашуд. Ҷангҳои байниҳамдигарӣ авҷ гирифтанд ва дар ибтидои асри VII (солҳои 600–603) хоқонӣ ба ду қисм – ба Хоқонии шарқии туркҳо ва ба Хоқонии ғарбии туркҳо тақсим шуд (Осиёи Миёна дар ҳайъати Хоқонии ғарбии туркҳо монд). Солҳои 630–682 Хоқонии шарқии туркҳо тамоман аз қувват рафт ва амалан дигар вуҷуд ҳам надошт. Дар охири асри VII дар муборизаи зидди Хитой Хоқонии дувуми шарқии туркҳо таъсис ёфта, зуд қувват мегирад. Ин давлат, алалхусус, дар аҳди Моҷо ё худ Қапаганхоқон (солҳои 691–716) хеле пурқувват мешавад. Боз ливои туркҳо дар таги девори қалъаи Пекин ба ҷавлон меояд ва боз лашкари Қапаганхоқон ҳуҷумкунон аз дарёи Хуанхэ мегузарад. Туркҳо дар саросари шимоли Хитой ҳукмронӣ мекарданд, даҳҳо, садҳо ҳазор сокинони онро мекуштанд ё ба даштҳо гирифта мебурданд, сарвати беандозае ғорат мекарданд. Рӯ ба ғарб ба Осиёи Миёна ҳам тохтутози худро оғоз менамуданд.
Дар охири асри VII ва миёнаи асри VIII арабҳо ноҳияҳои асосии Осиёи Миёнаро ишғол намуда, ҳукмронии сиёсии туркҳоро дар ин кишвар аз байн бардоштанд.

Туркҳо ва Ҳайтолиён

Ҳанӯз вақте ки туркҳо ба Осиёи Миёна сар медароварданд, бояд ба Ҳайтолиён дучор меомаданд. Вақте Хоқонии турк ба нияти тасхири Осиёи Миёна афтод, задухӯрд ногузир гардид.
Вазъияти Ҳайтолиён барои ҳамин ҳам мушкил буд, ки онҳо дар байни ду оташ монданд, ки яке туркҳо буданду дигаре Эрони сосонӣ. Эрон маҳз дар ҳамин давра, яъне дар аҳди Хусрави Анӯшервон (солҳои 531–579) комилан ташаккул ёфта, иқтидори он хеле афзуд ва ба Ҳайтолиён дигар боҷ ҳам намедод.
Ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри VI дар шимоли Осиёи Миёна туркҳо ба Ҳайтолиён дучор омаданд. Аз афти кор, Ҳайтолиён, ҳатто гумон накардаанд, ки бо чӣ гуна душмани тавоно рӯбарӯ шудаанд. Сардори Ҳайтолиён, ҳатто ба ҳуҷум гузашта, туркҳоро пеш карданӣ шуд, вале Қотулф ном вазираш ӯро аз ин кор боздошту гуфт, ки қуввати Ҳайтолиён дар хоки худашон фузунтар аст (Менандр, порчаи 10). Ҷанг (аз афти кор, бо баъзе танаффус) хеле тӯл кашид. Сарвари туркҳо Силзибул аварҳоро тарсонд, ки баъди торумор кардани Ҳайтолиён дигар душманони худро ҳам ба хок яксон хоҳад кард (Менандр, порчаи 10).
Хусрави Анӯшервон бо туркҳо гуфтушунид мекунаду мақсад аз он таъсиси иттифоқе буд, ки бояд ҳайтолиёнро барҳам медод. Ҳамаи ин воқеаҳоро Фирдавсӣ хеле муфассал ба қалам додааст:
Зи Балху зи Шукнону Омӯю Зам,
Силеҳу сипаҳ хосту ганҷу дирам.
Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд,
Зи ҳар сӯ сипаҳ андаровард гирд .
Дар ин мобайн Ғотифар лашкар ҷамъ кард. Аз Балх, Шуғнон, Хатлон, Вашгирд ё Висагирд (ноҳияи Тоҷикистони ҷанубӣ), Тирмиз, Омул, Зам лашкари бисёре омада, дар атрофи Бухоро ҷой гирифт. Муҳорибаи асосӣ дар қарибии Бухоро шуд.
Бухоро пур аз гурзу кӯпол буд,
Ки лашгаргаҳи шоҳи Ҳайтол буд,
Бишуд Ғотифар бо сипоҳе чу кӯҳ,
Зи Ҳайтол гирд оваридӣ гурӯҳ,
Ба ҷанг андаромад зи ҳар сӯ сипоҳ
Зи тангӣ бубастанд бар бод роҳ.
Ҳикояти Табарӣ ҳам дар ин бора аниқу мухтасару мӯҷаз аст: «Тавонотарину муқтадиртарини туркҳо Санҷибу буд, ки аз лашкари бешумори шоҳи ҳайтолиён В. р. з. наҳаросида, ба ҷанг даромад. В. р. з. ва лашкари ӯро нобуд сохт, сарвату мулки ӯро ғасб кард, ба ҷуз он ҷойҳое, ки пештар Хусрави I тасарруф карда буд .
Инак, ҳар ду тараф мекӯшид, ки аввалин шуда ба Ҳайтолиён зарба занад ва амалан Ҳайтолиён бар зидди ду душмани муқтадир танҳо меҷангиданд. Дар масъалаи номҳо бошад, Синҷибуи муаррихони араб, бешак, ҳамон Синзибули маъхазҳои византӣ мебошад. Т. Нёлдеке таклиф мекунад, ки номи подшоҳи Ҳайтолиён Варз хонда шавад (вале ин аниқ не). Агар ин таклифро қабул кунем, пас ин калимаи форсиест, ки маънояш «гуроз» мебошад. Баъзе волиёни шарқиэронӣ, масалан, волиёни Марв, Ҳирот, Ғарҷистон, Нисо чунин унвон («вараз») доштанд . Маънои ин номро дигар хел шарҳ додан ҳам мумкин – эҳтимол, ки маънои он «баланд» бошад (ниг.: rz– варзи суғдӣ).
Ба ақидаи Э. Шаванн, ки ин маъхазҳоро хеле муфассал тадқиқ кардааст, туркҳо Ҳайтолиёнро дар ким-куҷои мобайни солҳои 663 ва 567 торумор кардаанд, вале мувофиқи тахмини А. М. Манделштам, ин сана ба ибтидои он фосила наздиктар мебошад, яъне мумкин аст, соли 563 бошад; Г. Моравчик бошад, мегӯяд, ки ин санаро умуман «қарибиҳои соли 560» гуфтан даркор.
Дар ин ҷанги шадид, ки, аз афти кор, масоҳати зиёди Осиёи Миёнаро фаро гирифт, пеш аз ҳама, сокинони шаҳру деҳот зарар диданд.
Байни иттифоқчиён низоъ афтоду аз ҳам ҷудо шуданд ва ҳар яке мехост, ки аз шароити мавҷуда, аз афти кор, ҳаддалимкон фоида барад. Ба қавли Табарӣ, таҷовузро туркҳо сар карда, талаб намудаанд Эрон ҳамон боҷеро, ки замоне ба Ҳайтолиён медод, акнун ба онҳо диҳад. Диноварӣ, баръакс, хабар медиҳад, ки Хусрави Анӯшервон то Бухорову Кешу Насаф расидани туркҳоро шунида, бо сардории валиаҳди худ зидди онҳо лашкар мефиристад, вале туркҳо аз ҷанг рӯ тофта, ақиб мегурезанд ва тамоми ин ноҳияҳо ба дасти Сосониён мемонад. Ҳанӯз Т. Нёлдеке ишорат карда буд, ки ин хабари Диноварӣ ба дигар маъхазҳо мувофиқат намекунад ва, дар ҳақиқат, ин ноҳияҳои маркази Мовароуннаҳр дар дасти туркҳо буд, вале шубҳае нест, ки ба ҳар ҳол байни иттифоқчиён носозие ба вуҷуд омада буд.
Низои байни Сосониёну туркҳо ба фоидаи Ҳайтолиён буд. Ҷанубитарин ноҳияҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла территорияи ҳозираи ҷануби Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар тасарруфи Эрони сосонӣ ва ноҳияҳои шимолӣ дар ихтиёри туркҳо монд. Байни онҳо сарҳади муайян набуд ва баъзе маҳалҳои (ҳатто ноҳияҳои) мобайнӣ маҷбур мешуданд, ки якбора ба ду тараф боҷ диҳанд. Ҳайтолиёни водии Зарафшон ба туркҳо боҷ медоданд (Менандр, порчаи 18). Ҳайтолиёни ҷанубии Осиёи Миёна, аз афти кор, муддате мустақилона ҳаёт ба сар бурданд. Вале, мувофиқи ривояти Масъудӣ, Хусрави Анӯшервон, зоҳиран, баҳонае ёфта, ба ноҳияҳои паси «дарёи Балх», яъне Амударё лашкар дароварда, то ба Хатлон расид, шоҳи Ҳайтолиён (ки номаш Хушнавоз будааст ва шояд ин ном не, балки унвон бошад) кушта шуд ва Хусрав мулки ӯро ба мамлакати худ ҳамроҳ кард.
Ана ҳамин тавр, давлати Ҳайтолиён вуҷуди худро қатъ карду аз забони маъхазҳо гуфтан мумкин, ки «сипас, тукуесҳо (яъне туркҳо– Б.Ғ.) мулки е-даро (яъне Ҳайтолиёнро– Б.Ғ.) ба ғорат бурданд ва ба авлодҳо қирон омад…»

Низои туркҳо ва Сосониён. Иқтисодиёт ва сиёсат

Ҳамин ки давлати Ҳайтолиён барҳам дода шуд, байни собиқ иттифоқчиён низоъ хест. Дере нагузашта алангаи низоъ боло меравад ва акнун сабаб на манманиҳои сиёсии тарафайн, балки зиддияти манфиатҳои иқтисодии онҳо буд.
Мо медонем, ки дар давраи Кушониён аз Осиёи Миёна роҳҳои тиҷорат, аз ҷумла, «роҳи абрешим» мегузашт, ки Осиёи Марказӣ ва Римро ба ҳам мепайваст. Баъдтар кирмакдорӣ ва шоҳибофӣ дар худи Осиёи Миёна ривоҷ меёбад. Дар ғарб истеҳсоли шоҳӣ умуман вуҷуд надошт, бинобар ҳамин ҳам империяи Византия ва ҳам Рим фақат нигарони шоҳие буданд, ки аз Осиёи Марказӣ ва Миёна оварда мешуд ва зимнан, дар ин савдо савдогарони форс миёнҷигӣ мекарданд. Византиҳо чанд бор кӯшиданд, ки бевосита аз Ҳиндустон шоҳӣ гиранду дар ин кор ба форсҳо мӯҳтоҷ набошанд, вале кӯшишҳо бар абас рафт, зеро Эрон ба ин кор зид буд. Форсҳо аз миёнҷигии худ пули ниҳоят калон мегирифтанд, бинобар ҳамин онҳо, аз як тараф, намемонданд, ки Византия бевосита бо фурӯшандагони абрешим робита дошта бошад ва, аз тарафи дигар, чӣ қадар хоҳанд, ҳамон қадар нархи молро боло мебардоштанд. Ҳукумати Византия, ки нархи абрешимро ба тартиб андохтанӣ буд, ба ҳеҷ кор муваффақ нашуд. Дар миёнаҳои асри VI тухми кирмак ба Византия ҳам оварда шуд, вале барои тараққии саноати шоҳӣ вақти тӯлоние лозим буд.
Суғдиён, ки худашон шоҳибофӣ мекарданду бо абрешимфурӯшон бевосита алоқа доштанд, дар барори савдои Осиёи Миёнаву Византия беш аз ҳама манфиатдор буданд. Роҳи қулайтарини савдо аз Эрон мегузашт. Вале маҳз дар ҳамин ҷо манфиати савдогарони форс ва суғд ба ҳам дучор омад.
Дар айёми муносибатҳои мӯътадил ва, эҳтимол, ҳатто ҳамкории байни туркҳову Эрон бо ташаббуси суғдиён қарор дода шуд, ки ба Эрон ҳайъати сафорат фиристода, маслиҳат кардан лозим омад, ки оё шоҳиро аз хоки Эрон гузаронда, ба Византия ба фурӯш бурдан ё худ ақаллан ба худи савдогарони форс шоҳӣ оварда, фурӯхтан имкон дорад ё не. Сардори сафорат Монияҳ ном «сарвар»-и суғдиён будааст. Менандр (порчаи 18), инчунин хабар медиҳад, ки хоқони турк ба суғдиён иҷозат додааст «худашон ҳайъати сафорат фиристонанд». Ин факт далели ҳамин аст, ки туркҳо Суғдро ҳамчун давлат нест накарда, фақат ба худ мутеъ намуданд. Ин кор, бешубҳа, инъикоси вазъияти сиёсии реалии Осиёи Миёна мебошад. Мо дар ин масъала ақидаи Н. В. Пигулевскаяро пурра тарафдорӣ мекунем ва Л. Н. Гумилёв, ки ӯро танқид кардааст, ҳеҷ асосе надорад. Вале Л.Н. Гумилёв ҳам мисли ҳамаи дигар муҳаққиқон дар як бобат ҳақ аст, корро тавре тасаввур кардан лозим не, ки чӣ тавре Н.В. Пигулевская менависад, «туркҳо ба муомилоти васеи тиҷоратӣ рағбат надоштанд». Аслан гирем, ашрофи туркҳо хеле «пухта» шуда буд ва нағз мефаҳмид, ки муомилоти васеи тиҷоратии байналхалқӣ, алалхусус, фурӯши шоҳӣ чӣ манфиате дорад. Маҳз ба ҳамин сабаб ташаббуси суғдиён ба хоқони турк маъқул шуд.
Ҳайъати сафорати Монияҳ ҳеҷ кор карда натавонист: пас аз нею нестону кашолакориҳои зиёд Хусрави Анӯшервон ҳамин баҳонаро ёфт, ки ба Эрон омадани туркҳо мувофиқи мақсад нест, бинобар ҳамин тамоми таклифҳои ҳайъати сафоратро рад кард. Алалхусус, яке аз вазирони шоҳ– Катулф ном ҳайтолӣ ба суғдиён сахт муқобилат кард. Ин ҳамон Катулфе мебошад, ки баъди Ҳайтолиёнро торумор кардани туркҳо дар Эрон паноҳ ёфта буд. Бо маслиҳати ин вазир шоҳ тамоми абрешими суғдиёнро хариду баъд дар пеши чашми онҳо ҳамаашро сӯхта партофт. Н. В. Пигулевская дуруст менависад, ки «бо кирдори худ форсҳо маълум карданд, ки ба моли суғдиён мӯҳтоҷ нестанд, зеро ин абрешим аз туркҳо омадааст.»
Хоқон инро шунида, қарор дод, ки ин сафар аз номи худаш сафорат фиристонад ва ба ҳайъати он фақат туркҳоро дохил кард. Маълум, ки сафорати якум тамоман нобарор баромад, вале сарфи назар ба ин, хоқон исроркорона сафорати дувумро ирсол менамояд ва ҳамаи ин далолат мекунад, ки дар таги ин коса нимкоса, яъне тақозои сиёсати «олӣ» ниҳон мебошад. Аз афти кор, туркҳо фаҳмиданӣ буданд, ки Эрони сосонӣ бо онҳо тинҷу осуда зиндагонӣ карданӣ ё худ ба ҷанг тайёрӣ дидан даркор. Рад шудани таклифи сафорати якумро чунин шарҳ додан мумкин буд, ки форсҳо бо давлати мутеъ гуфтушунид кардан нахостанд. Вале шоҳи Эрон ба хоқони тавоно, ки ба қарибӣ иттифоқчии ӯ буд, чӣ ҷавоб медода бошад? Ҷавоби шоҳи Эрон басо равшан буд: аз тамоми ҳайъати сафорат фақат якчанд кас гашта омад, дигарон дар Эрон кушта шуданд, гарчанде форсҳо худро сафед карда бошанд ҳам, маълум буд, ки ба аксари сафирон заҳр дода куштаанд. Ҳамаи ин муносибати туркҳо ва Эронро хеле тезутунд кард. Ҳар ду тараф фаҳмиданд, ки ба ҷанг тайёрӣ дидан даркор, зеро ҷанг дар ҳар лаҳза сар шуданаш мумкин буд.
Ба ин сабаб ҳукумати хоқон хост, ки бо душмани азалии давлати Сосониён – империяи Византия робитаи сиёсӣ бандад. Агар чунин робита баста шавад, масъалаи фурӯши шоҳӣ ҳам худ ба худ ҳал мешуд, ҳол он ки ин масъала ашрофи Суғдро (ва ҳам туркҳоро) хеле ба ташвиш меоварду аз анҷоми неки он нишоне ҳам набуд. Сардори ҳайъати сафорате, ки бояд ба Византия мерафт, боз ҳамон Монияҳ таъин шуд. Вай дар даст мактубҳои лозима ва аз инъому пешкашҳо «бисёр шоҳивории қиматбаҳо дошт». Маълум, ки ин сафорат аз хоки Эрон гузашта наметавонист, инак, роҳи дигар интихоб шуд – сафорат қад-қади соҳили шимолии баҳри Каспий мерафту аз Кавказ гузашта, ба Византия мерасид.
Ҳайъати сафорат ба Византия омада, инъому пешкашҳо ва мактуберо ба императори Византия супурд, ки ба ақидаи худи византиҳо «бо саводи суғдӣ» (эҳтимол, бо хати суғдӣ бошад) навишта шуда буд. Муоҳидаи ҳарбие баста шуд, ки муқобили Эрон буд. Худи ҳамон соли 568 сафорат ба ватан баргашт ва зимнан ҳамроҳи онҳо ҳайъати сафорати ҷавобии византиҳо омад, ки дар сари он Зимарх ном шахсе меистод. Иттифоқи ҳарбию сиёсии туркҳову Византия аз ҳамон вақт сар карда, арзи вуҷуд намуд, алалхусус, ки аз паси ин ҳайъати сафорат боз чандин сафар ба Византия рафта омад.
Маъхазҳо хабар медиҳанд, ки соли 581 бар зидди туркҳо Хутан, Форс ва Ҳайтолиён шӯриш бардоштанд. Вале аниқ не, ки ин кадом Ҳайтолиён бошад. Ба гумон аст, ки маъхазҳо аз Хутану Форс сухан ронда, балвои хурдеро дар назар дошта бошанд, аз афти кор, ин шӯриши калоне буд. Эҳтимол, дар ҳамин солҳо, яъне пас аз вафоти Хусрави Анӯшервон (соли 579) дере нагузашта, туркҳо вазъияти пурталотуму пуртаҳлукаи Эронро ба ҳисоб гирифта, хостаанд, ки давлати буферии Ҳайтолиёнро ба мулки худ ҳамроҳ кунанд, ки ин давлат дар Тахористон вуҷуд дошту, аз афти кор, дар охири солҳои 70 ва аввали солҳои 80-уми асри VI мустақил шуда буд. Вале дар ҷангҳои ҷануб туркҳо якбора ҳам ба лашкари Ҳайтолиён ва ҳам ба лашкари Эрон дучор омаданд. Мувофиқи хабару ривоятҳо маълум мешавад, ки ғалабаи туркҳо пурра набудааст – ба онҳо фақат Ҳайтолиёни соҳили рости Тахористон мутеъ шудаанду Ҳайтолиёни соҳили чап мисли пештара мустақил мондаанд.
Якчанд сол гузашт, инак соли 588 туркҳо бо сардории Совашоҳ ба ҳудуди давлати Сосониён зада даромаданд. Зидди онҳо сарлашкари забардасти Эрон – Баҳроми Чӯбина мебарояд. Ин мард ҳам дар зиндагӣ ва ҳам баъди вафоташ ниҳоят машҳур буд. Дар адабиёти паҳлавонӣ қиссае вуҷуд дошт, ки корубори ӯро ситойиш мекард, дар маъхазҳои ба он давраҳо наздик номи вай хеле бисёр зикр шудааст. Вале ҳамаи онҳо то ба рӯзҳои мо нарасидаанд, мадракоти онҳоро Фирдавсӣ ва муаррихони араб истифода бурдаанд. Вале маҳз чунин будани ҷараёни воқеаҳо набояд боиси шубҳа бошад. Лашкари туркҳо ҳуҷумкунон аз Амударё гузашта, тамоми Тахористонро ишғол мекунаду ба ғарб рафта, то ба Ҳирот мерасад. Дар муҳорибае Баҳроми Чӯбина бо дастаи яккачини лашкари худ ба қароргоҳи сарлашкари туркҳо зада медарояд. Мувофиқи ривояти Диноварӣ, «сипас, шоҳи туркон аспашро талабид, савор шуд ва ба арса баромад ба рӯбарӯи Баҳром; Баҳром тире аз камон зад, ки туркро ба хок яксон намуд ва туркҳо гурехтанд». Баъди ин «Пармуда» (аз рӯи дигар маъхазҳо «Елтегин») ном писари волии кушташудаи туркҳо лашкари нав ҷамъ карда, ба он қисмҳои лашкари пештараро ҳам дохил мекунад. Дар бораи ҷараёни минбаъдаи воқеа ду ривоят ҳаст –мувофиқи як ривоят, форсҳо аз Аму гузашта, бори дувум туркҳоро шикаст додаанд; мувофиқи ривояти дувум, дар соҳили Аму дар қарибии Тирмиз тарафайн сулҳ бастаанд.
Дар баробари ин ду хабар боз як ривоят ҳаст, ки ба епископи арман ва муаллифи китобҳои пурбаҳои таърихи Себеос тааллуқ дорад. Ривояти вай хусусан ба ҳамин сабаб ҷолиби диққат ва мӯътабар мебошад, ки Себеос дар ҷавониаш дар боргоҳи Сосониён зиндагӣ кардааст ва нақли ин воқеаҳоро шунида будааст. Ба қавли Себеос, Баҳроми Чӯбина «лашкари теталиёнро (яъне ҳайтолиёнро.-Б.Ғ.) шикаст дод, Балхро гирифт ва тамоми кишвари Кушониёнро то он тарафи дарёе, ки онро «Ваҳруд» (яъне Амударё.-Б.F.) мегуфтаанд, ишғол намуд… Баҳром дар ин вақт бо шоҳи аъзами маскутҳо меҷангид, ки онҳо дар он тарафи наҳри калон сукунат доштанд ва Баҳром лашкари бешумори онҳоро қир кард, худи шоҳро кушт ва хазинаи ин давлатро ба ғорат бурд». Ин ривоят, ки дар адабиёти махсус борҳо муҳокима шудааст (хусусан И. Маркварт муфассал тадқиқ кардааст), ба ҳамин сабаб бениҳоят муҳим мебошад, ки зидди Эрони сосонӣ ҳамроҳи ҳайтолиёни шимоли Афғонистон баромадани туркҳоро равшан нишон медиҳад.
Дар ибтидои асри VII дар солҳои 616–617 Эрони сосонӣ бори дигар мекӯшад, ки Ҳайтолиён ва ҳомии онҳо – туркҳоро шикаст диҳад. Лашкаркаши Эрон – Симбат Багратунӣ ба ноҳияҳои соҳили рости Тахористон ду бор тохтутоз мекунад. Дар ин ноҳияҳо якчанд мулки Ҳайтолиён воқеъ буд, ки ба волии Балх итоат доштанду дар зери ҳокимияти туркҳо буданд. Аз рӯйи хабари Себеос Ҳайтолиён дар он солҳо дар Ҳирот, Бодхез, Толиқон ва Балх зиндагӣ мекардаанд. Гарчанде сарлашкари Эрон дар чандин муҳорибаҳо ғолиб омада, ғанимати бисёре ба даст оварда бошад ҳам, аз афти кор, маълум, ки ин ноҳияҳо дигар ба ҳукумати Сосониён итоат намекарданд ва туркҳо дере нагузашта аз он ҷойҳо дастаҳои лашкари форсҳоро дур ронданд.

Муносибати хоқони турк ва ҳокимони маҳаллӣ. Синтези Осиёи Миёнаву турк

Наҳзати Абрӯй

2. ТАХОРИСТОН ДАР АСРИ VI – ИБТИДОИ АСРИ VIII
Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи вазъияти Тахористон дар асри VI – ибтидои асри VIII

Таърихи сиёсӣ

Обёрӣ. Хоҷагии қишлоқ

Ҳунармандӣ ва тиҷорат

Бинокорӣ. Меъморӣ

Санъати тасвирӣ

Ҳайкалтарошӣ, кандакории чӯб ва дигар намудҳои санъат

Дин

3. СУҒД ДАР АСРҲОИ VI-VII
Тавсифоти умумӣ

Сюан-сзан ва Хой Чао дар бораи Суғд

Таърихи сиёсӣ

Обёрӣ. Хоҷагии қишлоқ

Ҳунармандӣ ва тиҷорат

Мустамликадории Суғдиён

Кашфи Қалъаи кӯҳи Муғ ва ҳафриёти Панҷакенти қадим

Самарқанд, Варахша ва дигар бошишгоҳҳои шаҳрӣ

Бинокорӣ

Санъати тасвирӣ

Ҳайкалтарошӣ. Санъати мусиқӣ ва рақсӣ

Хати суғдӣ ва адабиёти он

Ақоиди мазҳабӣ

4. ДИГАР НОҲИЯҲОИ ОСИЁИ МИЁНА
Уструшан

Фарғона

5. СОХТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ.
ТАШАККУЛИ МУНОСИБАТҲОИ ФЕОДАЛӢ


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


5 − = 4


error: Content is protected !!