Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 3, боби 1

3_bobi_1

Фасли севум
Пайдоиши муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна

Боби якум
Тоифаҳо ва халқиятҳои Осиёи Миёна дар асрҳои IV-VI милодӣ

1. Таърихи сиёсӣ

Давлати Сосониён

Дар ибтидои асри III милодӣ дар натиҷаи ҷангҳои дурударози пуртаҳлукаи зидди римиҳо ва низову хархашаҳои дохилӣ давлати Порт завол ёфт. Зиддияти синфии байни ашрофу ғуломдор ва аҳли ҷамоату ғуломон якбора тезутунд шуда рафт; дар дасти ашроф бисёр заминҳои киштбоб ҷамъ омад.
Барои барпо намудани идораи давлат чунон мубориза авҷ гирифт, ки он тавонист, ҳам истеҳсолкунандагони бевоситаро дар итоат нигоҳ дорад ва ҳам ба афзудани иқтидору сарвати ашроф мусоидат намояд: ашрофони Форс бо коҳинони зардуштия ҳамдастӣ карда, дар ин мубориза мақоми намоёнро соҳиб шуданд.
Дар аввали соли 220 милодӣ ҳукмрони вилояти Истахр (дар Форс) Ардашери I Бобакони Сосонӣ ҳокими тамоми Форс гардид. Соли 224 Ардашери I лашкари охирин намояндаи Оли Ашкониён Ардавони 1-ро торумор намуда, ҳокимиятро ба даст гирифт ва давлате таъсис дод, ки дар тамоми сарзамини Эрон вусъат дошт.
Ба ҷойи портҳо омадани Сосониёнро табдили муқаррарии подшоҳон гуфтан ғалат аст. Оли Портҳо, ки «дар задухӯрдҳои зидди Рим суст гашта, дар банди зиддиятҳои мураккаби иҷтимоӣ монда, дар байни Ғарби ғуломдорӣ ва Шарқи ҷамоатию авлодӣ мекалавид, ба инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ таҳрик дода натавонист. Ин корро давлати Сосониён кард».
Давлати Сосониён зиёда аз 400 сол (224 ё 226–651) вуҷуд дошт. Дар аҳди Сосониён чунин ҷиҳатҳо ҷолиби диққат аст. Якум, тақрибан аз асри IV милодӣ дар давлати Сосониён муносибатҳои феодалӣ босуръат инкишоф меёбад. Дувум, бар хилофи қувваҳои марказгурези волию ҳокимони алоҳидаи баъзе ноҳияҳо мақоми ҳокимияти марказӣ дар Эрон баланд мешавад, бинобар ҳамин Ф. Энгелс давлати Сосониёнро «подшоҳии… батартиб» номида буд. Севум, таъсири коҳинони зардуштия ниҳоят баланд мешавад, дини зардуштӣ ба дараҷаи дини давлатӣ мерасад ва ба Ардашери I чунин ҳикматро нисбат медиҳанд: «Тахт пояи меҳроб асту меҳроб пояи тахт».
Дар аҳди писар ва вориси Ардашер шоҳ Шопури I (солҳои 242–272) Сосониён лашкари римиҳоро торумор карданд, дар як муҳориба як императори Рим кушта шуду дар муҳорибаи дигар боз як императори Рим асир афтод. Давлати Сосониён дар аҳди Шопури II (солҳои 309-379) хеле қувват гирифта, дар шарқу ғарб дар чандин муҳорибаҳо ғолиб омад ва шаҳрҳо таъсис намуд. Шоҳ Яздигурди I (солҳои 399-420) кӯшид, ки ба насрониён такя карда, ҳуқуқи ашроф ва коҳинони зардуштиро маҳдуд намояд; бояд гуфт ки дар давлати Сосониён насрониён бисёр буданд.
Тартиботи бераҳмонаи давлати Сосониён боиси эътирози сахти халқҳо, аз ҷумла, боиси эътирози сахти халқҳои ноҳияҳои тасхиргаштаи Осиёи Миёна ва Моварои Кавказ шуд. Шӯриши ин ноҳияҳо, таҷовузи кӯчманчиён давлати Сосониёнро ба ларза меовард ва шоҳу шоҳзодагони сосонӣ ба асирӣ меафтиданд ё гарави кӯчманчиёни Осиёи Миёна мешуданд ва яке аз ин гуна шоҳон Пирӯз (солҳои 459–484) аст. Дар Эрон наҳзати иҷтимоӣ низ ҷой дошт, ки яке аз онҳо наҳзати маздакия мебошад ва дар айни он дар зери зарбаҳои тавонои халқ қариб буд, ки давлати Сосониён вожгун шавад.
Давлати Сосониён дар аҳди Хусрави I Анӯшервон (солҳои 531–579) ба авҷи иқтидори худ расид. Хусрави I ҷангу ҷидоли бисёре карда, ҳатто Ямани Арабистонро тасхир намуд ва аз ғайри ин чанд ислоҳоти ҳарбӣ гузаронд, ки онҳо муносибатҳои навбунёди феодалиро мустаҳкам карданд ва ба инкишофи минбаъдаи он мусоидат намуданд. Ислоҳоти соҳаи андоз, ҳарбӣ ва маъмурии Хусрави I аҳамияти калон дошт. Ин ислоҳот ғайр аз ин ҳокимияти марказиро ҳам тақвият дод.
Шоҳони сосонӣ кӯшиданд, ки воҳаҳои Осиёи Миёнаро ба давлати худ ҳамроҳ кунанд ва ин кӯшиши онҳо барабас нарафт. Дар миёнаҳои асри V онҳо ноҳияҳои Осиёи Миёнаро аз даст медиҳанд ва ин ҷойҳо ба дасти кӯчманчиён мегузарад. Вале андаке сонитар ноҳияҳои Туркманистони ҷанубӣ боз ба тасарруфи Сосониён медарояд. Давлати Сосониён дар миёнаи асри VII милод аз зарбаи арабҳо суқут ёфт.

Кидориён

Мадраки асосӣ роҷеъ ба Кидориён дар ахбори маъхазҳои зерин ҳастанд. Дар солномаи Бэй-ши ривоят мешавад, ки ҳокими йуҷиҳо аз ҳамлаи жожҳо хавф бурда, дарбори худро ба шаҳри Боло кӯчонд. «Пас аз ин подшоҳи диловари йуҷиҳо Сидоло аз кӯҳҳои баланд убур карду ба шимоли Ҳиндустон ҳамлавар шуд ва шимолтар аз Гантоло панҷ давлатро зери даст овард». Баъди ин солнома воқеаҳои соли 424-ро нақл мекунад. Аз дигар ривояти Бэй-ши маълум мешавад, ки Сидоло ба ноҳияҳои йуҷиҳои сағир ҳам ҳукмфармо будааст, вале сонӣ «хуннҳо ӯро пеш кардаанд ва ӯ ба ғарб рафтаасту» ҳукуматро ба дасти писараш додааст.
Чанд навъ тангаҳо ҳастанд, ки дар рӯйи онҳо ба браҳмӣ «Кидара Кушона ша» навишта шудааст. Ҳуруфоти танга далолат мекунад, ки он дар ким-кадом ноҳияи ҷануб, дар паси Ҳиндукуш бароварда шудааст ва мувофиқи маълумоти нумизматӣ ба давраи солҳои 390–430 нисбат дорад. А. Бивар ин тангаҳоро таҳлил намуда, ба хулосае омад, ки ин гуна тангаҳоро паси ҳам камаш ду ҳоким сикка мезаданд. К. Еноки исбот мекунад, ки Кидориён тақрибан дар солҳои 412–437 Тахористон ва Қандаҳорро тасарруф карда буданд.
Дар маъхазҳои ғарб (Приски Понӣ) гуфта мешавад, ки «гуннҳое, ки онҳоро кидориён меноманд», солҳои 456 ва дар солҳои минбаъда зидди Эрони сосонӣ мубориза бурдаанд. Дар зери санаи соли 456 Приски Понӣ (19) хабар медиҳад, ки шоҳи «портӣ» (яъне сосонӣ) зидди гунну кидориён меҷангид. Худи ҳамон маъхаз зери санаи соли 464 менависад, ки ҳукумати Сосониён чунин иддаое дошт: «Римиён (Византия. – Б.Ғ.) ӯҳдадор шуданд, ки агар форсҳо зидди гунну кидориён ном тоифае ба ҷанг дароянд, ёрии пулӣ хоҳанд расонд, зеро агар дасти форсҳо боло шавад, барои римиён суд ҳамин мешуд, ки гуннҳоро (кидориёнро) рухсат намешуд ба сарзамини Рим дароянд» (Приски Понӣ, 25).
Маълум, ки Сидолои маъхазҳои Хитой (талаффузи қадимиаш (kiwo-tâ-lâ) ва Кидораи рӯи тангаҳо худи ҳамон як ном аст. Ба ҳар ҳол, дар бораи дигар ҷиҳатҳои масъала алҳол бо итминон ягон гапи муайян зада намешавад. Агар ба маъхази Хитой бовар кунем, мо ҳам гуфта метавонем, ки кидориён хеши кушониён ва ҳатто як ҷузъи кушониён буданд, вале ин иддаоро дигар маъхазҳо тасдиқ намекунанд. Масъалаи муносибати кидориёни ба Ҳиндустон рафта ва он кидориёне, ки ба қавли Приск, зидди Сосониён ҷангидаанд, мутлақо норавшан аст. Чанд фарзияи зарифона пешниҳод шудааст, мувофиқи яке аз ин фарзияҳо кидориёну хиёниён қариб як тоифаанд ва азбаски хиёниён ба ном тобеи шоҳи кидориён буданд, бинобар ин онҳоро ҳам «кидориён» меномиданд. Маълумоте ҳаст, ки Кидориён ҳанӯз соли 477 аз Гандҳара ба Хитой ҳайъати сафорат фиристодаанд.

Хиёниён

Соли 346/47 шоҳи Сосониён Шопури II дар сарҳади шарқии давлати худ меистод, зеро ба он ҷо, ба қавли Аммиан Марселлин (16, 9, 4), «хиёниёну авсанҳо», ки худ «еусан» мегуфтаанд, ҳуҷум карданӣ будаанд. И. Маркварт ақидае пеш ниҳод, ки дар калимаи «еусан» як ҳарф ғалат рафта ва онро «кусан» яъне кушон хондан даркор. Агар ин гуна ислоҳро эътироф кунем (бисёр муҳаққиқон инро раво мешуморанд), пас хиёниён бо кушониён (бо кидориён ҳам?) ҳамгун ва ҳатто якҷоя мешаванд. Баъди ин (17, 5, 1) Аммиан Марселлин нақл мекунад, ки ба Шопур муяссар шудааст бо халқҳои дурдаст–«хиёниён ва гелонҳо» муоҳада бандад.
Соли 359 дар асоси муоҳада хиёниён дар ҳайъати лашкари Шопури II дар қарибии шаҳри Сурия–Умеда ба ҷанг медароянд. Сардори лашкари хиёниён Грумбат ном «марде будааст тоза ба тахт нишаста ва синнаш аз миёна боло нарафта, вале чеҳра пур аз чину ожанг гашта ва дар сиёсат заковати комил дошта ва аз зафарҳои бешумор шӯҳрат ёфта. Ҳамроҳи вай писараш низ будааст ҷавоне барно, вале дар коргоҳ ҳалок гашта» (Аммиан Марселлин, 18, 6, 20, 19, 1, 7–11).
Дар охири солҳои 60-ум ва миёнаи солҳои 70-ум Шопури II ду бор ба сари «кушониён», ки пойтахти онҳо дар Балх будааст, лашкар кашидааст. Тафсилоти ин муҳорибаҳоро муаррихи арман Фавст Бузанд ба қалам додааст. Бори аввал «шоҳи кушониён» Шопури II шахсан худаш дар сари лашкар будааст, вале ин ба форсҳо мадад накардааст. «Лашкари кушониён лашкари форсҳоро торумор кард, бисёр форсҳоро аз дами теғ гузаронд»,– менависад муаррихи арман. Бори дувум Шопури II ба нияти ниқор лашкар кашид, вале ин дафъа ҳам ҳоли форсҳо табоҳ шуд.
Маълум, ки дар ин маврид дар зери номи «кушониён» ким-чи хел дигар як тоифа – кидориён, хиёниён ё худ, эҳтимол, ҳар дуи онҳо дар назар дошта шудааст.
Дар катибаи Самадрагупта, ки дар сутуни Оллоҳобод нақш ёфтааст, аввал «дайвапутра-шахи-шаханушахи-шака-марунда» зикр гардида, баъд арзи аҳолии Сарандеб барои ҷазираҳо забт шудааст ва дар аризаи худ мардуми ин ҷазираҳо ба Самадрагупта изҳори итоат намуда, ба вай занҳо ва духтаронро пешкаш мекунанд ва аз вай ярлиқе металабанд, ки аз рӯи он ба шарти эътироф намудани ҳукмронии Самадрагупта мамлакати худро худашон идора карда тавонанд. Муҳаққиқони ин катиба унвонеро, ки дар боло дар нохунак оварда шуд, ҳар хел тавзеҳ медиҳанду ҳар як олим (мувофиқи салоҳдиди худаш) онро ба ҷузъҳо тақсим мекунад. Дар байни ин тавзеҳот тавзеҳи олими ҳинд Будҳа Пракаш ба назар дурусттар менамояд. Ба ақидаи вай тамоми ибораи «дайвапура-шахи-шаханушахи» як истилоҳи том буда, кадом як аз подшоҳони барҷастаи миёнаи асрҳои IV-уми Кушониёнро дар назар дорад (санаи катиба ҳам ба санаи ин давра мувофиқ аст).
Ба фикри дигар муаррих А. С. Алтекар, дар катибаи Оллоҳобод Кидара зикр шудааст ва ин фикр ҳам ҷолиби диққат мебошад. Дар ин маврид дар байни ахбори Фавст Бузанд роҷеъ ба «шоҳи кабири Кушониён» ва унвони катибаи ҳиндӣ, ки дар он аз «шоҳаншоҳи» улвӣ сухан меравад, иртиботе пайдо мешавад. Вале ба доираи маъхазҳо дохил кардани ин катиба ҳам тамоми авзоъро қобили идрок карда наметавонад, масалан, маълум не, ки муносибати байни кидориён ва хиёниён чӣ гуна буд.
Вале шояд маъхазҳои хитойиро ба инобат гирифтан даркор бошад? То вақтҳои охир ақидае вуҷуд дошт, ки онҳо дар бораи хиёниён маълумот намедиҳанд. Алҳол олими японӣ К. Еноки исбот мекунад, ки ахбори маъхазҳои хитоӣ роҷеъ ба Судэро тасхир кардани «хуннҳо» ва чунин ривоят, ки онҳо «ҳокими Судэро кушта, заминҳои вайро забт намуданд» (ва зимнан ҳоким Хунн насли чорумин пас аз он воқеаҳо будааст), ба Суғд нисбат дорад ва дар ин ҷо зери номи «хуннҳо» аслан хиёниён маҳфуз мебошанд. Вале тамоми он чизе, ки аз ин ахбор гирифтан мумкин аст, танҳо зикри ҳамин воқеа, ки Суғдро дар ким-кадом давра хиёниён забт карда будаанд ва таҳлили санаҳо (ахбор ба соли 437 дахл дорад) нишон медиҳад, ки онҳо, эҳтимол, Суғдро қабл аз пайдо шудани худ дар ҷануби Осиёи Миёна забт кардаанд, яъне аз Суғд гузашта рафтаанд.
Бояд қайд кард, ки дар маъхазҳо хиёниёну кидориён байни худ омехта мешаванду вале байни маълумотҳо дар бораи хиёниён ва ҳайтолиён ҳад гузоштан аз ин ҳам мушкилтар аст. Ин гап ба воқеаҳои нимаи аввал ва миёнаи асри V нисбат дорад. Муаррихони араб Табарӣ ва Диноварӣ хабар медиҳанд, ки ба тахти Сосониён Варахрони V Баҳроми Гӯр (солҳои 420–437) нишасту дере нагузашта ба Хуросон ҳоқони «туркон» дарафтод ва мамлакатро ба ғорат бурд. Баҳроми Гӯр вонамуд, ки ба Озарбойҷон меравад, вале худаш бо эҳтиёти тамом пинҳонӣ ба «туркҳо» наздик омад, ки онҳо дар қарибии Марв хайма зада, бепарвоёна дам мегирифтанд. Инак, сарбозони Баҳроми Гӯр наъраи мудҳише кашиданду «туркҳо» рӯ ба гурез ниҳоданд. Баҳроми Гӯр хоқони «турк»-ҳоро кушт, зани ӯро ба даст овард ва лашкари ӯро то худи Амударё таъқиб намуд ва дар назди Омул аз дарё убур карду ба «туркҳо» наздик шуда буд, ки онҳо арзи итоат намуданд ва илтимос карданд, ки байни онҳо ва худаш сарҳаде муқаррар кунад ва онҳо аз ин сарҳад нахоҳанд гузашт. Баҳром маҳаллеро, ки ба хоки «туркҳо» хеле амиқ мерафт, интихоб намуд. Фармуд, ки дар он ҷо бурҷе бардоранд ва ин ҷоро сарҳад таъин кард» – менависад Диноварӣ.
Табарӣ менависад, ки дар байни туркҳо ва ноҳияҳое, ки бо «кишвари туркҳо» ҳамсарҳад буд, сарҳад муқаррар карда шуд. Вай муфассал номбар мекунад, ки Баҳроми Гӯр чӣ ғанимате ба даст оварда буд. Вале муҳимаш ҳамин ки вай волии Хуросонро таъин мекунад ва мегӯяд, ки қароргоҳи вай дар Балх буд . Пас сарфи назар ба ғалаба вазъияти сарҳади шарқӣ назорати доимиро тақозо дошт. Шояд гуфтаи Фирдавсӣ роҷеъ ба он ки пас аз шикасти «туркҳо» ашрофи Чағониёну Хатлону Балху Бухоро маҷбур буд ба Эрон хироҷ диҳад, ба ҳамин воқеа алоқа дошта бошад.
Дар бораи кадом «туркҳо» сухан мерафта бошад? Шакке нест, ки худи ин ном анахронизм аст. И. Маркварт ба ду ҷиҳат диққат дод – аввалан, дар як достони паҳлавӣ («Ёдгори Зарирон») аз разми шоҳи Эрон Виштосп ва шоҳи хиёниён Арҷосп сухан меравад ва зимнан корзор дар даштҳои ноҳияи Марв будааст. Баъди ғалаба Виштосп ба Балх бармегардад. Ҳамаи ин тафсилоти муҳорибаҳои Баҳроми Гӯрро ба ёд меоварад. Дувум, валиаҳди Хуросон ба унвони «марзбони кушон» (яъне «сарҳадбони кушон») соҳиб мешавад. И. Маркварт дар асоси ҳамин ба хулосае меояд, ки Баҳроми Гӯр, дар ҳақиқат, ба хиёниён ҷангида буд ва ин хулосаи вай боварибахш аст.
Чаро унвони валиаҳди Балх «марзбони кушон» буд? Ин ду сабаб доштанаш мумкин. Якум, ба қавли Табарӣ, Баҳроми I Гӯр як қисми хоки Ҳиндустонро, ки дар он маҳалҳо мулки Кушониён вуҷуд дошт, ба мамлакати худ ҳамроҳ карданӣ буд ва инак, унвони мазкур гӯё як навъ намойиши сиёсӣ ҳам буд. Дигар сабаб ҳамин: дар Эрон гумон доштанд (ё медонистанд), ки байни хиёниёни навомада ва Кушониёни аз қадим маълум ким-чӣ хел алоқае ҳаст. Сабаби дувумро ҳамин як далел ҳам тақвият медиҳад. Дар аҳди Яздигурди II (солҳои 438–457) зидди кӯчманчиёни шимол ҷанг идома дошт. Иштирокчӣ ва ҳамасри ин ҷанг муаррихи арман Егише Вардапет хабар медиҳад, ки шоҳи Сосониён «ногаҳон ба кишвари хиёниён тохт, ки онҳоро Кушониён ҳам мегӯянд ва ду сол ҳарб зад, вале натавонист онҳоро ба итоат дарорад». Хуллас, ду маъхазе, ки бо ҳам мутлақо вобаста нестанд, хиёниёнро бо кушониён алоқаманд кардаанд. Ин исботи ақидаест, ки хиёниёнро аз кушониён ҷудо кардан нашояд.
Яздигурди II ҳатто маҷбур шудааст, ки қароргоҳи худро ба шимол кӯчонад. Авзои пуртаҳлука дар ин ҷо зиёда аз даҳ сол тӯл кашид. Худи ҳамон муаррихи арман Егише Вардапет менависад, ки соли 450 «Яздигурд лашкари бешумор гирд оварда, раҳсипор шуд ва ба кишвари ҳайтолиён расид. Шоҳи кушониён инро дида, ҷуръати ҳарб наёфт ва рӯ ба гӯшаҳои дастнораси биёбон фирор кард». Баъди ин Яздигурди II сарзамини Кушониёнро ба ғорат бурд, бисёр шаҳрҳо, асирон ва сарватро ғанимат гирифт. К. В. Тревер дар асоси ибораи «кишвари Ҳайтолиён»-и ин матн хулосае мебарорад, ки ҳайтолиён дар ин давра «аз афти кор, ҳанӯз бар кушониён ҳукмфармо набуданд». Вале мо ба ин фикри К. В. Тревер розӣ не, баръакс, ба фикри мо, матни мазкур далели он аст, ки ҳайтолиён бар хиёниён ҳукмфармо шудаанд ва тамоми хоки («кишвари») онҳо аз они ҳайтолиён ҳисоб мешуд, вале онҳо ҳанӯз дар ҷангҳои зидди Эрон иштирок намекарданд.

Ҳайтолиён

2. Масъалаҳои таърихи этникӣ. Муборизаи синфӣ

Масъалаи пайдоиши хиёниён ва ҳайтолиён

Ҷамъияти ҳайтолиён

Наҳзати Маздак

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.