Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 2, боби 1

Абдуҳамид Тағоев / Июл.16.2013. / Гузориш нест

Фасли дувум
АҶДОДИ ТОҶИКОН ДАР ДАВРАИ
ТАРАҚҚИЁТИ МУНОСИБАТҲОИ ҒУЛОМДОРӢ

Боби якум
ОСИЁИ МИЁНА ДАР ҲАЙАТИ ДАВЛАТИ ҲАХОМАНИШИҲО

1. ТАЪРИХИ СИЁСИИ ОСИЁИ МИЁНА
ДАР АСРИ VI — ИБТИДОИ АСРИ V ПЕШ АЗ МИЛОД

Ба вуҷуд омадани давлати Ҳахоманишиҳо

Пайдоиши нахустин падидаҳои давлат дар Эрон ба асрҳои IХ-VII пеш аз милод тааллуқ дорад . Дар ин асрҳо аксари ноҳияҳои Эрони ғарбӣ ба ҳайати давлатҳои Ошур ва Урарту дохил мешуд (вилоятҳое, ки баъдтар маркази салтанати мидиҳо гардидаанд, дар таҳти тасарруфи давлати Ошур буданд; тоифаҳои форсии ҷанубу ғарби Эрон, ки аввалҳо ба подшоҳии Аллом ва баъд ба Ҳахоманишиҳо итоат мекарданд, тақрибан дар соли 640 пеш аз милод тобеияти худро нисбат ба Ошур эътироф намуданд). Дар асрҳои VIII–VII қисмати муҳими хоки шимолу ғарби Эрон дар зери идораи давлати подшоҳии Монӣ муттаҳид гардид.
Тоифаҳои эронизабон дар марҳилаҳои аввали нуфузи худ ба Эронзамин (аз охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милод) ҳанӯз ба ҳамон дараҷаи тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ, ки таъсиси иттиҳодияе мисли давлат имкон медода бошад, нарасида буданд. Фақат баъдтар дар асоси ин тоифаҳо ва ба онҳо омехтани аҳолии маҳаллии як қатор вилоятҳои Эрон тамаркузи (консолидатсияи) унсурони эронизабон ба амал омада, дар натиҷаи инкишофи он дар чоряки дувуми асри VII пеш аз милод давлати подшоҳии Мидӣ таъсис меёбад, ки аввалҳо дар ҳудуди ноҳияи Экботан (Ҳамадон) ва чанде аз вилоятҳои ҳамсоя қарор гирифта, пас аксарияти вилоятҳои Эрон (аз ҷумла, вилояти Форс), хоки давлатҳои Монӣ ва Урарту, як идда ноҳияҳои тобеи давлати Ошур, қисмати шарқии Осиёи Хурдро тасарруф намуд ; ҳудуди он дар шарқ то сарҳади Осиёи Миёна расида буд.
Дар миёнаҳои асри VI пеш аз милод ба ҷойи давлати Мидӣ давлати Ҳахоманишиҳо ба вуҷуд меояд. Бо зуҳури давлати ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо ҳамон протсесҳои хоси давраи гузашта (асрҳои IХ-VI пеш аз милод), ки тамоюли ба як давлат муттаҳид кардани халқу кишварҳои мухталифи Шарқи бостониро (чунон ки давлатҳои Ошур, Урарту, Мидӣ ва Бобули Нав муттасил вусъат меёфтанд) ифода менамуд, ба анҷом расиданд.
Бунёди давлати Ҳахоманишиҳоро подшоҳи тоифаҳои форс Куруши II гузошт, ки пештар чун вассал ба салтанати Мидӣ тобеъ буд. ӯ дар натиҷаи муборизаҳои сахт ва дуру дароз на фақат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз милод давлати Мидиро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшоҳи Форс унвони подшоҳи Мидиро ҳам соҳиб шуд.
Куруши II ҷангҳои зиёде кардааст. ӯ аввал тамоми мулкҳои тобеи давлати Мидиро тасарруф намуд. Сипас, дар соли 547 ё 546 пеш аз милод давлати юнонии Осиёи Хурд – Лидияро, ки мамлакати пурсарвате буд, ба салтанати худ тобеъ кард.

Футуҳоти Куруши II дар Осиёи Миёна

Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруши II ин буд, ки давлати ҳахоманишӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид, нуфуси мамлакат ва манбаъҳои моддии он афзуд. Ҳамаи ин барои амалӣ гардидани ниятҳои Куруш дар бобати ба вуҷуд овардани давлати паҳновари фарогирандаи тамоми Осиё шароит ва имконият муҳайё сохт.
Пас аз фатҳи Лидия, ба қавли Геродот (I, 153), «дар сари роҳи Куруш кишвари Бобул, мардуми бохтар, сакоиҳо ва мисриён қарор гирифта буданд, ки дар набардҳои зидди онҳо ӯ мехост шахсан худаш сардорӣ кунад, аз ин рӯ, ба ҷанги зидди иониҳо сарлашкари дигареро фиристод». Чунин нақшаи Куруш тасодуфӣ набуд: аз афташ, ӯ дар бораи иқтидор ва омодагии ҳарбии халқҳои Осиёи Миёна вуқуфи комил дошт. Бинобар ин, ӯ дар ин сафарҳои ҷангӣ фармондиҳии қӯшунро, ҳатто ба наздиктарин сарлашкарони худ ҳам бовар карда супурда наметавонист.
Мо дар бораи он ки истилои Осиёи Миёна чи гуна сурат гирифт, чизе ба яқин намедонем. Вале ҳаминаш маълум аст, ки истилогарон дар роҳи расидан ба ниятҳои худ бераҳмиҳои аз ҳад зиёде кардаанд. Чи навъе ки Геродот хабар медиҳад (I, 177), «Қисми зиёди аҳолии Осиёи поёнро Гарпаг ва Осиёи болоро худи Куруш, ки халқҳои онро паси ҳам, ба ҳеҷ яке раҳм накарда, ба асорат дучор мекард, аз дами теғ гузарониданд». Муаррихи Бобули асри III пеш аз милод Беросс ҳамчунин хабар медиҳад, ки Куруш танҳо пас аз мутеъ кардани тамоми Осиё ба Бобул лашкар кашид. Ҳамаи ин далелҳо нақлу ривояти Николаи Димишқиро («Таърих», 75) дар хусуси ин ки пас аз ғалабаи Куруши II бар давлати подшоҳии Мидӣ гӯё сатрапи Гиркон ба пои худ омада, изҳори итоат карда бошад ва «сипас, сатрапҳои портҳо, сакоиҳо, бохтариҳо ва соири халқҳо паси ҳам, яке пештар аз дигаре омада, дар назди ӯ ба замин зону зада бошанд», комилан рад мекунанд. Ҳамаи ин гуфтаҳо иштибоҳи маҳз аст, зеро бохтариҳо ва сакоиҳо ба ҳайати давлати Мидӣ намедаромаданд ва онҳоро тасхир кардани Куруш ҳоло дар пеш буд. Ин гуфтаҳо, зоҳиран, дар ҳаққи дигар вилоятҳо ҳам нодуруст аст. Дар ин бобат ахбори Трог дар нақли Юстин (1, 7, 2) ба ҳақиқат наздиктар аст: «Давлатҳое, ки пеш тобеи мидиҳо буданд, тағйири ҳокимиятро тағйироти вазъи худ пиндошта, аз Куруш ҷудо шуданд; ин барои Куруш баҳонае гардид, ки ба ҷангҳои сершумор оғоз намояд».
Баъзе тафсилоти футуҳоти Куруши II дар Осиёи Миёна аз тарафи Ктесий (фиқраи 9/29) низ баён ёфтааст. Ӯ хабар медиҳад, ки Куруш «бо бохтариҳо меҷангид, вале дар муҳориба бартарии ягон тараф аён нагардид». Фақат пас аз он ки бохтариҳо аз устувории вазъияти сиёсии дохили давлати ҳахоманишӣ огоҳ шуданд, «ихтиёран» ба Куруш сари итоат фуруд оварданд.
Махсусан, маълумоти навиштаҷоти кӯҳи Бесутун , ки бо амри Дорои I сабт шудааст, аҳамияти калоне дорад. Аз ин навиштаҷот роҷеъ ба ҳайати давлати ҳахоманишӣ то замони ҷулуси Дорои I бисёр мадракҳои баҳснопазир ба даст овардан мумкин аст. Дар айни замон бояд дар назар дошт, ки дар фосилаи байни вафоти Куруши II ва ба тахт нишастани Дорои I, яъне дар солҳои 530-522 пеш аз милод Ҳахоманишиҳо на ин ки ба тобеъ кардани вилоятҳои нави Осиёи Миёна, балки ба фатҳи Миср ва умури дохилии давлати худ машғул буданд . Доро дар сутуни аввали навиштаҷоти мазкур: «Ин аст он кишварҳое, ки бо меҳрубонии Аҳуромаздо насиби ман гардидаанд» мегӯяд ва аз ҷумлаи ин кишварҳо Порт, Ориё, Хоразм, Бохтар, Суғд ва ҳамчунин вилоятҳои ҷануби Афғонистон ва шимолу ғарби Ҳиндустон: Қандаҳор, Сатагидия, Арахосия ва дар миёни ду вилояти аввал «Сака»-ро (эҳтимол, сакоиҳои ҳавмаварға дар назар дошта шуда бошад) ном мебарад. Дар сарчашмаҳои Юнони Қадим ахборе (Плиний, VI, 23) мавҷуд аст, ки Куруш Каписаро (муҳаққиқон одатан онро ба маҳалли Бағроми назди Кобул нисбат медиҳанд) хароб намуд.
Дар асоси хулосаи он далелу мадракҳои хеле кам, ки мо дар даст дорем, метавон тахмин кард, ки ба Куруши II фатҳи Порт, Бохтар, Хоразм, Суғд ва кадом як қисмати сакоиҳо, яқинан сакоиҳои ҳавмаварға, муяссар гардидааст . То куҷоҳо тӯл кашидани ҳудуди давлати ҳахоманишӣ дар қисмати шимолу шарқ ба мо маълум нест. Як вақтҳо чанде аз муҳаққиқон ба баъзе сарчашмаҳои баъдина, ки бунёди шаҳри Кирополро ба Куруш нисбат медоданд, истинод намуда, то Фарғона расидани ҳудуди давлати ҳахоманиширо тасдиқ карданӣ мешуданд. Вале ин иддао дар асоси таҳқиқу таҳлили мадракҳои забонӣ то андозае аҳамияти худро аз даст дод. Чунин мулоҳизае баён ёфт, ки шаҳр, дар воқеъ, Куру-(ш)-ката ном дошта, қисми аввали калима мумкин аст номи қабила бошад ва юнониҳо ин калимаро каме дигар карда, Кирэсхата хондаанд ..

Куруш ва Томирис.
Шикасти қӯшуни ҳахоманишӣ

Дар соли 539 пеш аз милод Куруши II Бобулро сарнагун карда ба қасди истилои Миср афтод. Аммо вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне Осиёи Миёна ӯро доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ӯ дубора ба сӯйи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи ақибгоҳи худро бартараф намояд. Куруш дар садади торумор кардани бодиянишинони муқтадири Осиёи Миёна худ дар сари қӯшун қарор гирифта, ба набарди зидди онҳо мерафт.
Аксари муаллифони қадим роҷеъ ба ин ҷангҳои Куруш маълумот медиҳанд, аммо ҳар кадоми онҳо воқеаро ба таври худ баён менамоянд. Яке мегӯяд: Куруш аз дарёи Аракс убур карда, ба сарзамини массагетҳо дохил шуд, ки сарвари онҳо малика Томирис буд. Дигаре ҳам тақрибан ҳамин тавр нақл мекунад: Куруш бо скифҳо, ки дар сари онҳо Томирис меистод, ҷангҳо кард. Севумӣ чунин меоварад: Куруш бо дарбикҳо задухӯрд намуд. Ниҳоят, ривояти дигаре ҳаст, ки аз ҷангидани Куруш дар «даштҳои дайҳо» хабар медиҳад.
Геродот, Трог-Юстин ва дигар муаллифонро дар бораи ин ҷангҳои Куруш ва натиҷаи онҳо ҳикоятҳои муфассале ҳаст. Ба тариқи мисол аз ҳикояти Трог-Юстин мазмунан фиқраи зеринро меоварем: Куруш Осиёро тасхир ва тамоми Шарқро ба ҳокимияти худ мутеъ намуда, ба ҷанги зидди скифҳо рафт. Он вақт ҳукмрони скифҳо Томирис буд. Вай бо вуҷуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Томирис метавонист пеши роҳи убури қӯшуни душманро аз дарёи Окс бигирад, аммо вай ин тавр накард, ба гузаштани душман имкон дод. Зеро малика ба чунин мулоҳизае расида буд, ки дар ҳудуди давлати худ бо душман ҷанг кардан барояш осонтар аст, вале барои душман, ки дарё пеши роҳашро бастааст, гурехта ҷон ба саломат бурдан амри маҳол хоҳад шуд. Куруш қӯшуни худро аз дарё гузаронид ва чанд фарсах ба дарунтари мамлакати скифҳо даромада, дар ҷое таваққуф намуд. Рӯзи дигар мисли ин ки аз тарс фирор мекарда бошад, дафъатан ӯрдугоҳро тарк кард ва гӯё аз саросемагӣ ба қадри фаровон май ва тамоми асбоби зиёфатро партофта рафт. Вақте ки инро ба малика гуфтанд, вай писари ҳанӯз ҷавони худро бо сеяк ҳиссаи лашкари скифҳо барои таъқиби душман фиристод. Ҷавони кори ҳарбро наозмуда, ҳамин ки қадам ба ӯрдугоҳи душман ниҳод, худро на дар майдони разм, балки дар саҳни базм дарёфт, душманро фаромӯш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнадида аз майхӯрӣ масти лояъқил шаванд ва май онҳоро пештар аз силоҳи адӯ ба мағлубият дучор гардонид. Чун Куруш аз ин ҳол воқиф шуд, шабонгаҳ пас гашт ва ин сарбозони масти афтода ва оҷизу нотавонро ҳамроҳи писари малика сар аз тан ҷудо кард. Томирис ин қадар қӯшунро ва аз ҳама аламноктар ягона фарзанди дилбанди худро аз даст дода, тасаллои дили пурдарди худро на дар ашкҳои сӯзон, балки дар интиқоми ҷонситон дид ва мисли ҳамон тадбири душмани маккор, ки ҳоло дар нишоти барори дирӯза кайфу сафо дорад, тадбир андешид. Вай чунон вонамуд кард, ки гӯё пас аз ин зарбаи сахт ба қувваи худ бовар надорад ва роҳи гурезро пеш гирифта, Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. Ҳатто ягон пайке ё ҷондоре, ки форсҳоро аз ин шикасти даҳшатангез огоҳ мекарда бошад, боқӣ намонд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеҷ гоҳ аз он сер намешудӣ» (Юстин, I, 8, 1-13).
Ҳикояти Геродот (а, 205-214) боз ҳам муфассалтар аст. Аз он маълум мешавад, ки Куруш аввал ба воситаи фиристодагони махсуси Томирис ба малика заношӯ шуданро пешниҳод карда будааст. «Лекин Томирис,– менависад Геродот,- на хостгори вай, балки хостгори салтанати массагетҳо будани Курушро пай бурда, ин пешниҳодро рад намуд» (I, 205). Писари Томирисро «Спаргапис» меномиданд (I, 211) вай кушта нашуда, балки асир афтода, худашро кушта будааст (I, 213). Доир ба муҳорибаи массагетҳо ва қӯшуни Ҳахоманишӣ чунин нақл карда мешавад: «…Ин муҳориба аз тамоми задухӯрдҳое, ки барбариҳо иштирок доштаанд, шадидтар буд. Аз рӯйи шунидам, вай ин тариқа рӯй додааст: аввал ҳарду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир паррондаанд, сонӣ, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта, найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз ба ҳам муқобил истода, ҳеҷ яке аз тарафҳо ба гурез рӯ наниҳодааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшуни форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст» (Геродот, I, 214). Страбон ба (ХI, 8, 5) ин ахбор чунин як маълумоти хеле муҳимро илова менамояд, ки дар вақти ин ҷанг душманони бодиянишини Куруши II (ӯ онҳоро сакоӣ меномад) қӯшуни ҳахоманиширо ду бор шикаст доданд.
Масъалаи аниқ муайян кардани самти ҳаракати Куруши II ва маҳалли ҷангҳои ӯ хеле мураккаб аст. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки ин Сирдарё, Амударё ва ё Узбой аст. Шояд маҳалли охирӣ ба ҳақиқат наздиктар бошад.
Аз тарафи массагетҳо шикаст хӯрдани Куруш дар охири июлу ибтидои августи соли 530 пеш аз милод воқеъ шудааст, ки ин ягона санаи яқинан муқарраршудаи таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад.
Чунон ки М. М. Дяконов менависад: «Куруш яке аз барҷастатарин симоҳои таърихи қадим буд». Ин, бешубҳа, ҳақ аст, зеро Куруш дар фаъолияти худ, ҳамчун ифодакунандаи бисёр тамоюлҳои пешқадами замони худ баромад мекард. Илова бар ин, захираҳои фаровони давлати паҳновари ҳахоманишӣ, кӣ тӯли он аз Осиёи Хурд то водии ҳинд кашида мешуд, дар ихтиёри ӯ буд. Ба ин ҳама нигоҳ накарда, ӯ дар мубориза бо бодиянишинони Осиёи Миёна на фақат ба шикасти сахт дучор шуд, балки худаш ҳам ҳалок гардид. Ин ҷо асли гап на дар ноомади кор ва на дар бахти ноустувор аст. Мардумоне, ки барои муҳофизати озодӣ ва истиқлолияти худ камар бастаанд, тамоми қувваи худро ба муқобили душман сафарбар менамоянд. Тимсоли чунин муборизаҳои қаҳрамонона чи дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва чи умуман дар таърихи ҷаҳон бешумор аст.

Шӯриши зидди Ҳахоманишиҳо дар аҳди Дорои I

Ғалабаи бодиянишинони Осиёи Миёна бар Куруши II дар ҳалли тақдири давлати ҳахоманишӣ роли калоне бозид. Аз як тараф, бунёдгузори тавонои давлати ҳахоманишӣ кушта шуд, аз тарафи дигар, писар ва валиаҳди ӯ Камбуҷиё маҷбур гардид, ки сафари ҷангии кайҳо муқарраршудаи Мисрро мавқуф гузорад. Дертар Камбуҷиё ба ҳар ҳол ба Миср лашкар кашида, ин мамлакатро ҳам ба таҳти тасарруфи Ҳахоманишиҳо даровард.
Дар соли 522 пеш аз милод ҳокимияти Эронро яке аз намояндаҳои сулолаи Ҳахоманишӣ Дорои I ба даст даровард (ӯ то соли 486 салтанат рондааст). Бесарусомониҳои хонадони подшоҳӣ ва муборизаҳои тоҷутахтталабӣ, ки дар муҳити бӯҳрони сиёсиву иҷтимоӣ ба вуқӯъ меомад, ба парешонии давлати ҳахоманишӣ ва сар задани ҷунбишҳои истиқлолиятхоҳонаи як қатор вилоятҳо оварда расонид. Дар навиштаҷоти машҳури кӯҳи Бесутун, ки Доро ба мақсади ҷовидон гардонидани корҳои худ сабт кардааст, аз хусуси фурӯ нишондани чунин ошӯбҳо ба таври муфассал нақл карда мешавад.
Халқҳои Осиёи Миёна ҳам барои аз дӯш барандохтани юғи асорати Ҳахоманишиҳо аз ин фурсат истифода намуданд. Порт, Марғиён ва мамлакати сакоиҳо сар бардоштанд (навиштаҷоти Бесутун, 6-8). Шӯриш махсусан дар Марғиён вусъати зиёд пайдо кард. Дорои I дар навиштаҷоти Бесутун (катибаи Бесутун, III, 10-12) дар ин бора чунин нақл мекунад: «Доро гӯяд: кишвари Марғиён ба ошӯб омад. Якеро бо номи Фради Марғиёнӣ сардор хонданд. Пас, ман як марди форсро бо номи Додоршиш, банда ва волии ман, ба Бохтар фиристода, ба ӯ гуфтам: «Бирав ва мағлуб соз лашкареро, ки худро на лашкари ман гӯяд». Сипас, Додоршиш бо қӯшун бирафт ва бар сари Марғиёниён битохт. Аҳуро-Маздо ба ман мададгор шуд. Бо марҳамати Аҳуро-Маздо қӯшуни ман лашкари ошӯбгаронро торумор намуд. Рӯзи 23-и моҳи ассиядия ҷанг оғоз шуд». Пас аз ин, Доро мегӯяд (навиштаҷоти Бесутун, III, 19-20) «кишвар мутеи ман гардид».
Санаи ин навиштаҷот мутобиқи 10 декабри соли 522 пеш аз милод аст ва ин ҳам мисли санаи шикасти Куруш аз қадимтарин санаҳои аниқ муайянгардидаи таърихи СССР ба шумор меравад.
Қӯшуни ҳахоманишӣ бо сардории волии Бохтар шӯришро бераҳмона пахш кард, дурусттараш ба хун ғарқ намуд. Тибқи ривояти бобулӣ ва нусхаи оромии навиштаҷоти Бесутун 55 ҳазор кушта ва 6,5 ё 7 ҳазор кас асир гирифта шуд. Пешвои шӯришгарон Фрад аввал раҳойӣ ёфт, вале баъд аскарони ҳахоманишӣ ӯро ҳам дастгир карданд. Шӯришҳои Порт ва кишвари сакоиҳо низ бераҳмона фурӯ нишонда шуд.
Дорои I дар соли севуми салтанати худ (соли 519/518 пеш аз милод) махсус ба муқобили сакоиҳои тиграхуд лашкар кашид (навиштаҷоти Бесутун, V, 20-30). Дар муҳориба сакоиҳо шикаст хӯрданд. Қисме аз онҳо асир афтод. Дар миёни асирон пешвои сакоиҳо Скунҳа ҳам буд. Дорои I барои сакоиҳо пешвои дигар таъин намуд.
Муаллифи Юнони Қадим Полиен (ХII, 12) дар асоси ривоятҳои то ба ӯ расидаи сакоӣ роҷеъ ба як лавҳаи муборизаи диловаронаи сакоиҳо чунин нақл мекунад: Дорои I бо қӯшуни сершуморе ба муқобили онҳо равона шуд. Замоне ба ӯрдугоҳи ӯ саиси сакоӣ Шерак омад. Аъзои баданаш маъюб, рӯяш аз ҷароҳат баднамо, гӯшу биниаш бурида буд. Шерак арз кард, ки ҳамқавмонаш ҳамин тариқа ҷазояш доданд ва инак, ӯ ташнаи ниқор аст. ӯ роҳбаладиро ба зимма гирифта, ваъда кард, ки қӯшуни форсҳоро бо пайраҳаҳои фақат ба худаш маълум якбора ба ақибгоҳи сакоиҳо мерасонад. Пас аз ҳафт рӯзи роҳи пурмашаққат аскарони форс ба биёбони хушку холӣ баромада монданд. Онҳоро хавфи ҳалокат таҳдид мекард. Форсҳо фиреб хӯрдани худро фаҳмиданд. Шерак, дар ҳолате ки душман ба сараш теғ мекашид, бо ифтихор ҷавоб дод: «Ман ғалабаро ба даст овардам, зеро барои аз сари ҳамватанони худам – сакоиҳо дур кардани фалокат форсҳоро аз гушнагиву ташнагӣ ба ҳалокат супурдам». Форсҳо сари саисро аз тан ҷудо карданд. Ин сафари ҷангии Дорои I, чи навъе ки аз гуфтаҳои Полиен бармеояд, бемуваффақият анҷом ёфт..

2. ҶАМЪИЯТИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРҲОИ V-IV ПЕШ АЗ МИЛОД
Осиёи Миёна дар ҳайъати давлати ҳахоманишӣ

Сохти иҷтимоию иқтисодӣ, маданият ва дини Суғд, Хоразм ва Бохтар дар асрҳои VI–IV пеш аз милод

3. ОСИЁИ МИЁНА ВА ЭРОН ДАР АҲДИ САЛТАНАТИ ҲАХОМАНИШИҲО


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


+ 9 = 17


error: Content is protected !!