Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 1, боби 2

Абдуҳамид Тағоев / Июл.13.2013. / Гузориш нест

ФАСЛИ ЯКУМ
СОХТИ ҶАМОАТИ ИБТИДОӢ ВА ЗАВОЛИ ОН
ДАР САРЗАМИНИ ОСИЁИ МИЁНА

Боби дувум
ТОИФАҲОИ ШАРҚИЭРОНИИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР ОҒОЗИ
ПАЙДОИШИ ҶАМЪИЯТИ СИНФИИ ИБТИДОӢ
(АСРИ IХ — МИЁНАҲОИ АСРИ VI ПЕШ АЗ МИЛОД)

1. МАТЕРИАЛҲОИ АРХЕОЛОГИИ АСРИ АВВАЛИ ОҲАН

Металлургияи оҳан

Материалҳои археологӣ бо қиёси баъзе мадракҳои забонӣ ва ҳамчунин сарчашмаҳои хаттии қадим, ки ба давраҳои баъдтар тааллуқ доранд, манзараи ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Миёнаи охири ҳазораи II – ибтидои ҳазораи I пеш аз милодро равшан месозанд.
Дар ибтидои ҳазораи I пеш аз милод сокинони Осиёи Миёна аз маъдан истеҳсол кардани оҳанро ёд гирифта буданд. Ф.Энгелс аҳамияти оҳанро дар таърихи ҷамъияти инсонӣ муайян намуда, навиштааст: «Оҳан аз тамоми ашёи хоме, ки дар таърих роли револютсионӣ бозидааст, охирин ва муҳимтарин, то худи пайдо шудани картошка навтарин навъи ашёи хом буда, ба одам хизмат мекардагӣ шуд.
Оҳан барои дар майдонҳои васеъ ривоҷ додани зироат ва ба мақсади киштукор тоза кардани бешаҳои паҳновар имконият фароҳам овард; вай ба дасти ҳунарманд чунон асбоби сахт ва тезе дод, ки ҳеҷ як санг ва ҳеҷ як металли то он замон маълум ба вай муқобил истода наметавонист. Ҳамаи инҳо якбора муяссар нашудаанд; аввалин оҳани ҳосилкардашуда бисёр вақтҳо аз биринҷӣ ҳам мулоимтар буд» .
Шиносоӣ бо усули аз маъдан истеҳсол намудани биринҷӣ ба инсон дар бобати бо протсесси металлургӣ ба даст овардани оҳан ёрӣ расонд. Оҳан дар кӯраҳои дошӣ, ки ҳарорати он то 1300–1400° мерасид, гудохта мешуд. М.С. Андреев дар солҳои бистуми асри ХХ ҳамин гуна кӯраҳоро, ки ҳанӯз мавриди истифода буданд, дар водии Ванҷ пайдо карда буд .
Барои инсони ибтидоӣ ба моддаи сахти ёзанда мубаддал гардидани як порча санги бешакл, яъне маъдан мӯъҷизаосо ва пурасрор менамуд. Ин боиси пайдоиши эҳтироми махсус нисбат ба оҳангару фулузсозон ва ҳар гуна биму ҳароси хурофотпарастона гардид. Дар миёни бисёр халқҳо ин навъ муносибат то вақтҳои охир давом карда омадаааст. Чунончи, аз ҷумла дар баъзе районҳои Помир оҳангарон одами хеле мӯҳтарам ва корхонаи онҳо ҷойи муқаддас дониста мешуд, мардум ба онҳо саҷда мекарданд ва пас аз ҷамъоварии ҳосил дар оҳангархона маросими қурбонӣ барпо мегардид. Дар баробари ин аз рӯйи дигар эътиқодҳои динӣ оҳангарон фиристодаҳои шайтон ва иблис ҳисоб меёфтанд ва дар истифодаи оҳан мамониатҳои гуногун гузошта мешуданд, ки ин асари ҳамон тарсу ваҳми хурофии одамон аз фулузот буд .
Олоти оҳанӣ хеле оҳиста паҳн мегардид. Аввалҳо оҳанро асосан ба мақсади зебу зинат кор мефармуданд. Сонӣ тадриҷан аз он асбобу аслиҳа месохтагӣ шуданд. Оҳанро ба моддаи ёзанда табдил дода, ба ин васила асбобу олот тайёр кардан аз сохтани олоти биринҷӣ дида чандин мартаба душвортар буд. Техникаи нав ба сустӣ азхуд карда мешуд. Аз ин рӯ, бартариҳои фулузи нав зуд ва якбора аён нагардид. Дар аввалин марҳилаҳои зуҳури асри оҳан дар Осиёи Миёна бештар асбобу аслиҳаи оҳану биринҷӣ, чунончи, ханҷарҳои теғааш оҳаниву дастааш (қисман ё тамоман) биринҷӣ сохта мешуданд.
Дар Осиёи Миёна ғалабаи асри оҳан хеле барвақт ба амал омад. Баъзе кишварҳои дигар, масалан, Хитой дар ин бобат аз Осиёи Миёна чандин садсолаҳо ақиб монда буданд.

Масканҳо

Ёдгориҳои асри аввали оҳан дар Осиёи Миёна назар ба ёдгориҳои пешини асрҳои санг ва биринҷӣ ниҳоятдараҷа кам кашф ва таҳқиқ гардидаанд.
Дар ҷануби Туркманистон баъзе масканҳои қадима, ки ҳаёти онҳо ҳанӯз аз аҳди энеолит шурӯъ гардида буд, мавҷудияти худро дар асри оҳан низ давом медоданд. Чунончи, дар худи Анав қабатҳои маскуни мансуб ба асри аввали оҳан кашф гардида, аз ин маснуоти оҳанӣ, аз ҷумла қадимтарин дар Осиёи Миёна досҳои оҳанӣ, пораи корд ва ғайра ёфт шудаанд.
Дар қисмати ҷанубу ғарби Туркманистон, дар он ҷое, ки фалоти Машҳади Мисриён воқеъ аст, масканҳои истеҳкомӣ ва беистеҳкоми маданияти дигаргунаи аз Анав фарқкунанда вуҷуд доштаанд. Баъзе аз онҳо ниҳоят калонанд, масалан, масоҳати маскани Иззатқулӣ ба 50 гектар мерасад. Хонаҳо аз хиштҳои хеле калони дарозиаш 3/4-метра сохта шудаанд.
Водии Машҳади Мисриён ба воситаи каналҳо аз дарёи Атрек шодоб мегардид. Зироат дар зиндагонии аҳли масканҳо мавқеи муҳимеро ишғол мекард. Ба ин нафақат шабакаи обёрӣ, балки фаровонии осҳо ва дастгоҳҳои ярма низ шаҳодат медиҳанд. Ба кор фармуда шудани досҳои оҳанӣ набояд шубҳа кард, вале, дар баробари ин, истифодаи досҳои қадимаи сангӣ ҳам, ки теғаи аз санги чақмоқ сохташудаи онҳо пайдо гардидаанд, ҳанӯз давом дошт.
Дар масканҳо лӯндаҳои дажғоли оҳан ёфт шудаанд. Аз биринҷӣ яроқу аслиҳа, аз ҷумла шамшер ва пайкон сохта, бо чархи кулолӣ олоти сафолии хушсифат, вале бенақшу нигор тайёр мекардаанд .
Ниҳоят, гурӯҳи (аз ҷиҳати ҳудуд) севуми ёдгориҳо дар Туркманистони ҷануби шарқӣ, дар резишгоҳи Мурғоб, яъне дар Марғиёни охир кашф гардидааст. Калонтарин маскани ин ҷо Ёзтеппа мебошад, ки ба масофаи 34 км дуртар дар тарафи шимоли ғарбии Байрамалӣ воқеъ аст. Ин маскан иборат аз қалъаи тақрибан ростгӯшае буда, дар саҳни он манзилҳо ҷой гирифтаанд. Масоҳати умумии Ёзтеппа дар ин вақт (вай баъдҳо низ вуҷуд дошт) 16 гектар будааст. Дар қалъа рӯйи суфаи хиштии баландиаш ҳаштметра бинои калоне сохта шуда буд, ки чанд манзили дарозрӯя ва мураббаъшакл, аз ҷумла толори бузурги ростгӯшае дошт. Маълум гардид, ки ин қалъа аслан кӯшки пуршукӯҳе буда, ҳамчун қароргоҳи ҳокими ин маҳал хизмат мекардааст.
Қисмати асосии бозёфтҳои маскани Ёзтеппаро сафололот ташкил менамояд. Олоти сафолии ин ҷо аз олоти сафолии Машҳади Мисриён бо он фарқ мекунад, ки вай бештар дастӣ сохта шудааст.
Асри аввали оҳан дар Тоҷикистони ҷанубӣ ва Ӯзбекистони ҷанубӣ осори худро дар сурати масканҳои Кучуктеппа (вилояти Сурхондарё), Макони Мор (райони Фархори ҷанубии Тоҷикистон) ва баъзе бозёфтҳои дигар боқӣ гузоштааст.
Маскани Кучуктеппа дар дашти Музробод воқеъ гардидааст. Вай ҳанӯз дар айни авҷи тараққиёти аҳди биринҷӣ ба вуҷуд омада, мавҷудияти худро то худи миёнаи ҳазораи I пеш аз милод нигоҳ доштааст. Дар давраи мавриди баҳс дар ин маскан бинои байзашакли аз хиштҳои дарозрӯя сохташудае мавҷуд будааст (дар солҳои 1962–1964 ҳамагӣ 17 хона кофта тоза карда шуд). Ин бино бо девори мудофиавии мудаввар иҳота гардидааст. Аз ин ҷо қолабҳои рехтагарӣ, маснуоти биринҷӣ ва сангӣ, аз ҷумла досҳои сангӣ пайдо шуданд .
Бостоншиносони тоҷик дигар маскани онвақтаро дар поёноби Қизилсу, дар мавзеи Макони Мор кашф намуданд. Биноҳои ин маскан хароб гардида, фақат сафолоти фаровон ва инчунин баъзе маснуоти дигари марбут ба он замон боқӣ мондааст.
Маснуоти ҷудогона ва маҷмӯи асбобу олоти асри аввали оҳан аз дигар ноҳияҳои республика низ ёфт шудаанд. Аз ҷумла, охирин маҷмӯи бозёфтҳои Қайроққум, баъзе сағонаҳои дар Помири шарқӣ пайдошударо ҳам ба ҳамон давра нисбат додан мумкин аст .

2. ҶАМЪИЯТИ ОСИЁИ МИЁНА ДАР АСРИ АВВАЛИ ОҲАН

«Авесто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ

«Авесто», ки аз маҷмӯи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат аст, муҳимтарин маъхази оид ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна мебошад. Ҳоло ғайр аз теъдоди андаке дар Эрон, зиёда аз 100 ҳазор зардуштиён дар Ҳиндустон зиндагӣ менамоянд, ки ононро одатан «порсиён» меноманд. Порсиён натанҳо дини қадима, балки матнҳои қадимии диниро маҳфуз медоранд.
Дар миёнаҳои асри ХVIII Анкетил Дюперрони франсавӣ, ки нисбат ба омӯзиши дину мазҳабҳои қадим шавқу рағбати махсусе дошт, ба Ҳиндустон сафар намуд. Ӯ назди мӯбадони порсӣ маросими динӣ ва хондани матнҳои қадимиро (ба дараҷае ки мӯбадон балад буданд) омӯхт ва якчанд дастхатро харида гирифт. Ба ватан баргашта, баъдан ӯ тарҷумаи франсавии «Авесто»-ро бо мулҳақоти чанде аз матнҳои марбут ба он интишор дод . Ба воситаи ин корнамоии илмии ӯ маълумот дар бораи «Авесто» дастраси аҳли илми Европа гардид. Вале тарҷумаи Дюперрон хеле ноқис буд. Аксари порчаҳоро ӯ нодуруст фаҳмида ва ё комилан нафаҳмида буд.
Дар асри ХIХ ба сабаби инкишофи забоншиносии муқоисавӣ наздикии забони «Авесто» бо забонҳои қадимии хуб омӯхташуда ва аз рӯйи бисёр ёдгориҳо маълуми ҳиндӣ-ведоӣ (бо ин забон «Ригведа» ва ёдгориҳои қадими дигари Ҳинд навишта шудаанд) ва санскрит исбот гардид. Ҳамчунин пайдо шудани мифтоҳи дувумин забони машҳури эронии қадим – форсии қадим, мутолиа ва баррасии минбаъдаи адабиёти зардуштии пасазавестоӣ ва истифодаи васеи маълумотҳои забоншиносии муқоисавии ҳиндуаврупоиро қайд кардан зарур аст. Омӯзиши забонҳои эронии миёна, аз он ҷумла забонҳои мурда (хоразмӣ, суғдӣ, хутану сакоӣ) ва зиндаи (забонҳои помирӣ) эронии шарқӣ низ аҳамияти бисёр калон дошт. Ҳамаи ин кори тарҷумаи илмии «Авесто»-ро нисбатан осон намуд . Вале ба ин нигоҳ накарда, тарҷумаи «Авесто» ҳанӯз мушкилоти зиёде дорад ва мӯътабартарин мутахассисон ҳам баъзе ҷойҳои муҳими «Авесто»-ро ба таври мухталиф тарҷума мекунанд .
Муддатҳои зиёде «Авесто» мисли дигар ёдгориҳои динӣ ва ҳамосии ҳиндӣ ва эронӣ ба таври шифоҳӣ, ки ягона шакли дақиқан маҳфуз мондан буд (ғайр аз баъзе тағйироти муайяне дар талаффуз), нақл карда мешуд. Ин тарзи нақл ва хониш боз муддати дуру дарозе, пас аз сабти хаттии «Авесто» ҳам, дар иҷрои ниёиш, таълим ва ғайра, инчунин дар маҳфуз мондани матни анъанавии он аҳамияти умда дошт.
То ба вуҷуд овардани алифбои авестоии ҳозиразамон (яъне алифбое, ки дастхатҳои то замони мо расидаи «Авесто» китобат шудаанд) матнҳои авестоие вуҷуд доштанд, ки бо алифбои дар асрҳои VI–V пеш милод дар Эрону Осиёи Миёна мустаъмали оромӣ таълиф ёфта буданд. Тибқи навиштаҷоти зардуштии давраи форсии миёна, ки доир ба бисёр масъалаҳои таърихи пешини зардуштия маълумоти дақиқе надошт, дар замони Ҳахоманишиҳо маҷмӯи китобҳои «Авесто» мавҷуд буда, ҳангоми забти Искандари Мақдунӣ аз байн бурда шуд, баъдтар шоҳи ашконӣ — Валахш (яъне Вологес, одатан ӯро бо Вологеси I, ки дар асри I милодӣ ҳукмфармойӣ кардааст, айни як кас мешуморанд) фармон дод, ки бақияи матнҳои авестоӣ ва он чӣ ба таври шифоҳӣ байни мӯбадон монда буд, ҷамъ оварда шавад . Олимони имрӯза чунин маълумотро, яъне аслан вуҷуд доштани «Авесто»-и замони Ҳахоманишиёнро беасос мешуморанд ва баъзеҳо, ҳатто ба мавҷудияти матни ашконии «Авесто» ҳам шубҳа доранд. Вале, зоҳиран «Авесто»-и хаттӣ дар нимаи дувуми давраи Порт (Парфия) ва яқинан дар оғози давраи сосонӣ вуҷуд дошт. Дар асоси баъзе мадракҳои асноди портҳо, ки аз Насо ёфт шудааст, И.М. Дяконов ва В.А. Лившитс тахмин доранд, ки дар шарқи давлати Порт дар асри I пеш аз милод матни хаттии «Авесто», ҳеҷ набошад, қисмати ҷудогонаи он, мавҷуд буд.
Баъдтар «Авесто» бо алифбое, ки махсус барои навишти он ихтироъ шуда буд, китобат гардид. Ин алифбо дар заминаи хати паҳлавӣ (яъне ҳуруфи китобҳои зардуштии форсии миёна), ки инкишофи яке аз намудҳои хати оромиасос ҳисоб меёбад, ба вуҷуд омадааст. Вале алифбои авестоӣ хеле зиёдтар (бештар аз ду баробар) ҳуруф, аз ҷумла, 14 ҳарфи садонок дорад. Ин алифбои бо тамоми ҷузъиёташ коркардашуда имкон медод, ки матнҳои «Авесто» бо нигоҳ доштани тарзи талаффузи анъанавии гӯяндагони он аз давраи пайдоиши ин ёдгорӣ хеле дақиқ ва саҳеҳ сабт гардад; ба замми ин чунин сабт бо як қатор хусусиятҳо (бештар марбут ба хусусиятҳои қадимаи лаҳҷавӣ) симои забони эронии қадимаро, ки ҳангоми пайдоиши матнҳои авестоӣ мустаъмал буд, пурра ва комилан инъикос менамояд.
Алифбои авестоӣ зоҳиран дар асри VI, аниқтараш дар замони Хусрави I (531 – 579) ба вуҷуд оварда шудааст. Матнҳои бозмондаи «Авесто», ки қадимтарини онҳо ба асрҳои ХIII ва ХIV тааллуқ доранд, ба ҳамин китобати давраи охири сосонӣ мансуб мебошанд.
Китобати «Авесто» ба алифбои то замони мо расидааш аслан дар асоси нақли лафзии он сурат ёфтааст. Худи номи «Авесто» аз калимаи форсии миёнаи араstāk, баъдан аbastāv – ба маънии «асос» (ва ё мувофиқи тафсироти дигар «гузориш», «дастур», «ниёиш» ва ғ.) аст, ки бевосита ба матни маҳфузмондаи «Авесто» нисбат дорад. Замимаҳои он «Занд» (калимаи форсии миёнаи zand «дониш», «таълимот») номида мешуданд. Зоҳиран, матни хаттии «Авесто» (дар сабти алифбои кӯҳна ва шояд дар давраҳои аввали китобати нав) ва ҳамчунин дигар иловаву тафсирҳои дастури авестоиро низ «Занд» мегуфтанд. Вале баъдтар номи «Занд» бештар ба тарҷума ва тафсири дар замони Сосониён анҷомгирифтаи «Авесто» (ҳамаи дастхатҳои қадимии «Авесто» дорои тарҷумаи таҳтуллафзӣ ба забони форсии миёна мебошанд) нисбат дода мешуд.
Аз ҳамин ҷост, ки муддатҳои зиёде дар илми Европа номи нодурусти «Авесто» – «Занд-Авесто» ва номи забони авестоӣ дар шакли «забони зандӣ» ривоҷ дошт.
«Авесто» дар зарфи мавҷудияти чандинасраи худ борҳо кодификатсия шудааст. Чунон ки сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ҷамъоварӣ ва танзими қавонини «Авесто» дар замони Вологеси I Ашконӣ (зоҳиран, асри I милодӣ), Сосониёни аввалия (асри III), Шопури II (асри IV), ки таҳрири пураҳамияти китоби муқаддас зери роҳбарии Атурпати Меҳроспандон анҷом ёфт ва ниҳоят, пас аз ҳаракати маздакиён, дар аҳди Хусрави I (асри VI), ки аз «Авесто» баъзе матнҳои дар асрҳои IV – V вуҷуддошта партофта шуданд, ба вуқӯъ пайвастааст.
Пас аз ин таҳрири охирин «Авесто» аз 21 китоб (наск) иборат буд, ки ном ва мазмуни мухтасари онҳо аз рӯйи асари оид ба дини зардуштӣ дар асри IХ таълифкардаи Денкарт маълум аст (ин хулоса на аз рӯйи матни авестоӣ, балки аз рӯйи тарҷумаи форсии миёнаи «Авесто» аст). «Авесто»-и то замони мо расида чаҳоряк қисмати китобати давраи охири сосониро ташкил медиҳад. Ин, пеш аз ҳама, фаслҳоеро дар бар мегирад, ки барои тоату ибодат заруранд; ҷузъҳои мавҷудаи «Авесто», китобҳои «Ясно» ва ғайра низ мувофиқи ҳамин мақсад тартиб ёфтаанд. Аз ин китобҳо танҳо «Видевдат» комилан ба яке аз китобҳои «Авесто»-и қадим мутобиқат мекунад.
«Авесто»-и имрӯза аз китобҳои «Ясно» – «назр», «ниёз», маҷмӯи матнҳои маросимӣ; «Яштҳо» («Яшт»– «ниёиш», «ситойиш»), сурудҳо дар васфи худоёни дини зардуштӣ; «Видевдат» – «қонун ба муқобили девон» (шакли баъдинаи нодурусташ «Вандидод»), дастурҳо дар бораи покизагӣ ҳангоми тоату ибодат (як қатор муқаррароти динӣ ва шаръӣ, порчаҳои асотири қадим, ҳамосӣ ва ғайраро дар бар мегирад); «Виспрат» – «ҳама родҳо» (номи баъдинаи каме носаҳеҳи он «Виспарад»), аз маҷмӯи дуо ва матнҳои ибодатӣ иборат аст. Ғайр аз ин, ба «Авесто» якчанд қисматҳои ҳаҷман хурд ва камаҳамият дохил мешаванд .
Аз 72 боби «Ясно» 17-тоашро «Готҳо» («Сурудҳо»-и пайғамбар Зардушт — асосгузори зардуштия), 7-бобро «Ясна ҳаптаҳатӣ» («Яснои Ҳафтбоба»), ки аз ҷиҳати забон ва замони офариниш ба «Готҳо» наздик аст, ташкил менамоянд. Лаҳҷаи «Готҳо» ва «Яснои Ҳафтбоба» нисбат ба ҷузъи дигари «Авесто», ки «Хурд-Авесто» ном гирифтааст, кӯҳнатар мебошад ва аз он бо хусусиятҳои лаҳҷавӣ фарқ мекунад.
Баъзе муҳаққиқон (П. Тедеско, А. Мейе) забони авестоиро ба забонҳои эронии ғарбӣ нисбат додаанд, дигарон (мисли Х. Нюберг) онро аз гурӯҳи забонҳои шарқиэронӣ меҳисобанд. Ақидаҳои дигаре низ мавҷуданд, ки мувофиқи онҳо ин забон дар байни забонҳои эронӣ мавқеи алоҳида (К. Гоффман) ва ё дар байни гурӯҳи забонҳои ғарбӣ ва шарқӣ мавқеи васатӣ дорад (В. Ҳеннинг). Як қатор хусусияти алоҳидаи забони авестоӣ, аз ҷумла, лаҳҷаи «Готҳо» бо забонҳои шарқиэронӣ мувофиқат мекунанд. Дар «Хурд-Авесто» таъсири забонҳои эронӣ (аз он ҷумла, забонҳои ғарбӣ) дар минтақае, ки забони авестоӣ ҳамчун забони муқаддас интишор ёфта буд, ҳис карда мешавад.
Масъалаи замон ва макони пайдоиши ҷузъҳои «Авесто» то имрӯз аз бисёр ҷиҳат баҳснок аст. Мувофиқи анъанаи дини зардуштӣ, ки дар замони Сосониён тасдиқ ёфтааст, замони зиндагии Зардушт ва офарида шудани «Готҳо»-ро ба охири асри VII – нимаи аввали асри VI пеш аз милод нисбат медиҳанд. Ин ақидаро муҳаққиқоне тарафдоранд, ки анъанаи мазкурро комилан асоснок мешуморанд. Вале баъзе олимон ба саҳеҳии он шак доранд; онон қайд мекунанд, ки ин анъана дар давраи баъдтар тасдиқ ёфтааст ва эҳтимолан пайдоиши он ҷанбаи ривоятӣ дорад. Дар замони ҳозира, ба ҳар ҳол, бо мушкилӣ метавон ба эътимоднокии ин таърих бовар намуд, гарчанде имкон дорад, ки, дар ҳақиқат, Зардушт дар охири асри VII – оғози асри VI пеш аз милод зистааст.

«Авесто» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ (давомаш)

Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти «Авесто»

Масъалаи ташаккули қадимтарин давлатҳо

Зардуштия

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


1 + = 8


error: Content is protected !!