Ба корванд-1

Корванди гиромӣ!

Дар чанд соли охир сомонаи мо қад афрохт, равон шуд ва тавонист, ки барои бархе аз Шумо як ҳамсӯҳбати хубе гардад. Мо кӯшиш кардем бисёр маводи камёбро барои Шумо бепул дастрас гардонем ва дар оянда низ чунин хоҳад буд. Ва имрӯз ба Шумо барои дарёфти файлҳое дасти ёрӣ дароз карданӣ ҳастем, ки дар ҳеҷ ҷо нестанд ва онҳо маҳсули меҳнати шахсии коргоҳи сомона мебошанд. Ва бисёр мехостем, ки онҳоро мисли ҳарвақта бепул пешкаш намоем.
Вале вазъи иқтисодии сомона ба ин имкон намедиҳад. Чунки сомонаҳои тоҷикӣ дар Торкада аз ягон имтиёзе бархурдор нестанд. Абарсомонаҳое монанди Google ва Yandex ҳама роҳҳои пулкоркуниро барои сомонаҳо — дорандагони забони тоҷикӣ бастаанд. Вале пардохти хостинг, домен, CMS ва дигар хидматонаҳои Торкада бори миёншикан аст барои як фарди тоҷики сомонадор. Аз ин рӯ Сомона дар ҳолатест, ки ба ӯ дасти ёрӣ дароз намоянд. Дар акси ҳол пас аз чанд моҳ баста мешавад.
Ва мо, ҳарчанд барои мову шумо ногувор бошад ҳам, чунин маҳдудиятро ба кор бурдаем:

1. Файлҳо ба корвандоне фиристода мешавад, ки барои рушди сомона бо маблағи муайяне саҳм гузоштаанд, яъне ба мо ҳамёрӣ кардаанд.

2. Маблағҳо бо рубли русӣ ва ё доллари амрикоӣ ба суратҳисоби сомона дар бонки абрии Webmoney гузаронида мешаванд.

3. Маблағҳо танҳо бо пули русӣ ба суратҳисоби сомона дар бонки абрии Яндекс-Деньги гузаронида мешаванд.

4. Суратҳисобҳои сомонаро метавонед бо ин пайванд пайдо кунед: http://zarowadk.ru/mo/
Барои ба суратҳисобҳо гузаронидани пул аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир истифода баред.

5. Пас аз гузаронидани пул таърихи гузаронидан, рақами расид (квитанция) ва маблағи гузаронидаро дар ин саҳифа хабар диҳед: http://zarowadk.ru/baroi-nomaho/ Инчунин нишон диҳед, ки кадом файлҳоро мехоҳед дастрас намоед (на бештар аз 3 файл).

6. Маблағи пули гузарондашаванда ихтиёрист ва аз ҳиммати Шумо вобастааст.

loading...

Навиштаҳои дигар

Ҳофиз. Ғазалиёт 76-100 76 Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист? Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист? Ҳолиё хонабарандози дилу дини ман аст, То дар оғӯши кӣ мехус...
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 10.4... Боби X. Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (солҳои 1920-1924) § 4. Иғвои Анварпошо ва Салимпошо. Комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ (Диккомиссия) оид ба Б...
Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 2.6.... Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ Боби дуюм. Ташаккули давлатҳои ориёӣ ва рушди тамаддуни ориёиҳо Давлати Сосониён ва тамаддуни ...
Чанд сухан дар бораи Қоидаҳои нав... (Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудааст) ...
Диданд: 223

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>