Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 4-5


Театрбозии Ҳоҷӣ-махдум

Ҳоҷӣ-махдум, баъд аз он ки дар байни гурӯҳи анбӯҳи мардум ва дар ҳузури одамони ҳокимон аълами шаҳрро он ҳама ҳақорати болохонадор кард, агар рӯйрост мегашт, ҳукумат барои нигоҳдории ҳурмати мансабдори калон ва аълами уламои худ албатта ӯро дастгир карда ҷазо медод, бинобар ин ӯ бо пароканда шудани мардум ба Намозгоҳ нарафта бо тангкӯчаву паскӯчаҳо ба ҷое рафта, дар хонаи яке аз дӯстони худ рӯй пинҳон кард.
Аммо, чунонки дар ҳукуматдории феодалӣ одат шуда омадааст, мансабдорон, ҳокимон ва дарбориёни амир низ дар тороҷ кардани аҳолӣ ва дар забункушӣ бо ҳам якзабону якдил бошанд ҳам, дар мансабталошӣ ва ҷоҳталабӣ душмани қаттоли якдигар буданд.
Чунончи, қозикалон қозӣ Бадриддин, ки писараш Бурҳониддин дар Бухоро раис буд, орзу дошт, ки баъд аз сараш ӯ ба ҷойи худаш қозикалон шавад. Аммо вуҷуди Ғиёс-махдум барин муллоёни машҳури қозикалоншаванда ба ин орзуи ӯ халал мерасонид, бинобар ин зимнан аълам ва дӯстони ӯро душмани худ ва душманони ӯро дӯсти холиси худ шумурда, дар озори онҳо кӯшиш намекард.
Ба ин сабаб бо арзи ҳақоратталабии аълам аз Ҳоҷӣ-махдум, ҳарчанд бо хабар додани ҷосусони худ ҷойи пинҳоншудаи ӯро донад ҳам, ба аълам «ҳанӯз дар куҷо будани гунаҳгор маълум нест, мо кофтукови ҷиддӣ карда истодаем, албатта ба даст хоҳад афтод, дар он вақт мо ӯро чунон ҷазои намунавор медиҳем, ки ба дигарон ибрат шавад» — гӯён бо ваъдаҳои гарму ҷӯшон оташи ғазаби ӯро паст кардан мехост ва дар ҳақиқат бо чормағзҳои пуч домани ӯро пур менамуд.
Дар ин миён ҳангоматалабон «ҷанги Ҳоҷӣ-махдумро бо аълам» бо шарҳу иловаҳои муболиғадор дар меҳмонхонаҳо, дар самоворхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо нақл ва ҳикоя мекарданд, ки дар байни мардум заррае обрӯйи аълам намемонд ва ҳатто дӯстонаш ҳам аз ӯ нафрат ва ба ӯ таъна мекарданд. Ба ин сабаб эҳтимоли қозикалоншавии ӯ торафт кам шуда, қозикалон ва писари ӯро хурсанд мекард. Баъд аз се рӯзи он воқеа шабона Бурҳониддини раис махфиёна ба ҷойи пинҳоншудаи Ҳоҷӣ- махдум кас фиристода, ӯро ба ҳузури худ талаб кард ва ба ӯ расонд, ки мехоҳад ҷанги бо аълам кардаашро аз забони худи ӯ шунавад, чунки «сухан аз даҳони Луқмон хуш» — гуфтаанд.
Ҳоҷӣ-махдум, ки зиддияти байни қозикалону раис ва аъламро пурра медонист, талаби Бурҳониддинро хуш қабул карда, шабона ба хонаи ӯ омад. Раис бо фарзандон, домод ва бародараш ва бо гурӯҳи мулозимонаш барои шунидани ҳикояти Махдум интизорӣ мебурданд.
Чун раис аз Ҳоҷӣ-махдум ҳикояти ҷангашро пурсид, ӯ гуфт:
— Тақсир, ман дар вақти ба ҳаҷ рафтанам дар мамлакати Русия ва хориҷа тамошохонаеро дидам, ки вайро театр меномиданд ва дар он ҷо ҳикоятҳоро бо иштироки одамон муҷассам карда нишон медоданд, ки он ҳикоят хеле дилчасп шуда мебаромад. Агар шумо рухсат диҳед, ман дар ин ҷо намунаҳои бозиро сохта, ҳикояти ҷанги худро муҷассам карда нишон медиҳам, ки аз ҳад зиёд завқ мекунед.
Раис қабул намуд ва Ҳоҷӣ-махдум ҳам кор сар кард: ӯ аз шахси раис аълам сохт, ду писарашро дар либоси ду шогирди олуфтатароши аълам даровард, домоди раисро ба ҷойи Сиддиқчон гузаронид, чанд нафар мулозимонро одамони қозикалон, қушбегӣ ва роҳдорон гардонид ва боқимондаи мулозимонро гурӯҳи мардуми тамошобин фарз кард.
Ҳоҷӣ-махдум ҳамин тариқа карда худ «режиссёр» шуда, «артистони» худро машқ (репетитсия) кунонид ва баъд аз он ҳикояти худро ба тарзи саҳнагӣ намойиш дода, либоси як писари раисро, ки роли олуфтатароши паҳлуи ростро бозӣ мекард, дарронид ва писари дигари раисро, ки роли олуфтатароши паҳлуи чапро бозида корд кашида буд, чунонки дар боби боло гузашт, ҳақоратҳои болохонадори кӯчагӣ дод.
Раис, ки ба тарафи даҳлез истода ин тамошоро дида завқ мекард, бо ишорати «роҳдорон» пеш омад ва Ҳоҷӣ-махдум ӯро аълам фарз карда муомилаи дар боби боло ба аълам намудаашро чанд дараҷа қабеҳтар гардонида бо хотирхоҳи худ ӯро дашномҳо дод.
Раис ин тамошоро дида, ба дараҷаи рӯдакан шудан механдид ва илтимос мекард, ки Ҳоҷӣ-махдум тамошоро такрор кунад ва ба ҳамин тариқа раис чандин бор бозиро такрор кунонда хуб ҳақорат шунид ва писаронашро ҳам мувофиқи табъи Махдум ҳақорат шунавонид.
Ҳамон шаб мо дар мадрасаи Турсунҷон, дар ҳуҷраи Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ шабнишинӣ доштем. Ҳоҷӣ-махдум соатҳои яки шаб ногаҳонӣ даромада омада, «корномаи» имшабаашро ба мо бо тафсил ҳикоя карда, илова намуд:
— Ин аҳмақ (яъне раис), ки дар мурдорӣ, худписандӣ ва мансабпарастӣ аз аълам гузаронидааст, худ ва падари худро ҳокими мутлақи Бухоро шумурда, зану марди аҳолии ин мамлакатро ғулом ва канизи худ мепиндорад, хуб завқ кард, ки ман душмани ӯро беобрӯ кардаам. Аммо ман аз ҳад зиёд хурсандам, ки фурсатро аз даст надода, аз ин мурдор ва писаронаш ба қадри тавонистанам интиқоми мардуми зердастро гирифтам, яъне бо як тир ду шикорро задам.
Яке аз ҳозирони шабнишинии мо суханони Ҳоҷӣ-махдумро қувват дода ва кирдори ӯро таҳсин карда:
— Чӣ хуш бувад, ки барояд ба як карашма ду кор, — гуфт.

Моҳи рамазони Бухоро ва бозори шаб

Моҳи рамазони Бухоро як моҳи бисёр мураккаб буд. Вай, аз як тараф бо анъанаҳои динӣ «моҳи муборак», моҳи тоату ибодат, моҳи бахшойишу мағфират ба шумор мерафт ва мувофиқи ин анъана мусулмонон рӯза медоштанд, ба болои намозҳои панҷвақтии муқаррарӣ ҳар шаб намози таровеҳ мехонданд ва дар аксари масҷидҳо дар зимни намози таровеҳ Қуръонро аз аввал то охир хонда ё шунида «шабзиндадорӣ» мекарданд, дар хонақоҳҳо шайхҳо бо муридонашон дар даҳ рӯзи охири ин мох даҳа менишастанд ва монанди инҳо.
Аз тарафи дигар, ин моҳ барои одамони шикамсер ва ё сарсаригард моҳи бекорӣ, моҳи шикамсеркунӣ, моҳи айшу нӯш, моҳи қиморбозӣ ва моҳи ҷангу ҷидоли байни худ ҳисоб меёфт. Аҷобат дар ин ҷо буд, ки аксар корҳои бемаънии дар фиқраи дуюм нишондодашуда дар зимни корҳои диндоронаи дар фиқраи якум баёнёфта ба амал меомад. Агар ин маъниро хулоса карда ифода намудан хоҳем, «моҳи рамазони Бухоро моҳи риё, моҳи фитнаву фасод, моҳи беморӣ ва азобу машаққат буд», — гуфтан лозим меояд.
Сар шудани ин моҳ ҳам бо риёи расмии уламои дин ба амал меомад: аз рӯйи шариат сар шудан ва тамом шудани моҳи рамазонро бо ҳисоби астрономӣ исбот кардан дуруст нест, бояд сар шудан ва тамом шудани ин моҳ бо дидани мусулмонон моҳи навро собит шавад. Азбаски ҳамаи мусулмонон моҳи навро дида наметавонанд, бояд ду нафар ё зиёда аз он «мусулмони холиси диндор, ки дар умрашон дурӯғ нагуфтаанд», моҳи навро дида омада пеши қозӣ гувоҳӣ диҳанд, ки онҳо моҳи навро дидаанд. Агар қозӣ гувоҳии онҳоро мувофиқи шариат дарёбад, «фардо рамазон» ё ин ки «фардо ид» гӯён расман эълон мекунад.
Ин қонуни шариат аст! Акнун бинем, ки ин қонун дар «Бухорои шариф», ки унвони «шарифӣ»-ро ба сабаби маркази динии Осиёи Миёна буданаш ба худ гирифта буд, ба амал чӣ гуна татбиқ карда мешуд: «ҳисобдон»-ҳои оддии уламо, ки мохдармиён шаш моҳи қамарии ҳар солро 30-рӯзӣ ва шаш моҳи дигарашро 29-рӯзӣ ҳисоб карда ҳамеша моҳи рамазонро 30-рӯзӣ қарор медоданд, пешакӣ муайян мекарданд, ки «фалон рӯз моҳи рамазон сар мешавад».
Мувофиқи ҳамин қарордод шаби арафаи ҳамон рӯз муфтиён, қозикалон ва раиси шаҳри Бухоро дар Регистон ба дари масҷиди Поянда қариби вақти намози шом ҷамъ мешуданд. Халифаи раис ду-се нафар гувоҳони харида ва сохтаи худро ба болои мадрасаи Мири Араб мебаровард. Онҳо аз он ҷо, хоҳ абр бошад, хоҳ равшан, бе воситаи фурӯ рафтани офтоб «моҳи навро медиданд» ва давон-давон ба Регистон меомаданд, ки дар бораи дидани моҳи нав гувоҳӣ диҳанд.
То он вақт уламо ва қозикалон намози шомро адо карда, барои қабул кардани гувоҳии «бинандагони моҳи нав» тайёр шуда менишастанд. Халифаи раис «гувоҳони холис»-ро дар рӯ ба рӯйи қозӣ шинонда:
— Инҳо моҳи нави рамазонро дидаанд ва мехоҳанд, ки дар ҳузури шариатпаноҳӣ гувоҳӣ диҳанд, — гӯён такдим мекард. Қозикалон аз онҳо заруриёти динӣ ва дигар чизҳоро, ки аз рӯйи шариат донистани онҳо ба гувохидиҳанда лозим аст, мепурсид.
Онҳо ҳам ҳамон ҷавобҳоро, ки 15-20 сол пеш аз ин барои ба даст даровардани ин касб (гувоҳии ноҳакдиҳӣ) тайёр карда монда ҳар сол дар пеши қозикалон такрор мекарданд, медоданд.
Баъд аз он қозӣ онҳоро ба гувоҳӣ додан таклиф мекард. Ҳар кадоми онҳо дар навбати худ: «гувоҳӣ медиҳам аз барои Худо, на аз барои риё, ки моҳи навро дар тарафи ғарб дар вақти фурӯ рафтани офтоб дар шакли камонӣ дар вазъияте, ки як лингаш боло ва як лингаш пойин уреб меистод, дидам»- гӯён гувоҳӣ медоданд.
Қозикалон аз муфтиён аз рӯйи шариат қобили қабул будан ё набудани он гувоҳиҳоро мепурсид. Вақте ки муфтиён бо сарҷунбонӣ қобили қабул будани он гувоҳиҳоро тасдиқ карданд, қозикалон ҳукм мекард, ки фардо рамазон аст, расман эълон карда шавад.
Халифаи раис бо шунидани ин ҳукм пеши тахтапули арк омада, ба нақорачиён, ки бар болои дарвозаи арк дар нақорахона нақораҳошонро тафсонда таранг карда, чӯбакҳо дар даст тайёр меистоданд, ишора мекард, ки нақора зананд ва якбора даҳ-дувоздаҳ нақора ва кӯси калони хуммонанд ба садо медаромаданд.
Бо ҳамин мардуми шаҳр расман мефаҳмиданд, ки фардо рамазон будааст. Халифаи раис ба «гувоҳии холис» додагон ҳаққи «хизмат» дода, бо ташаккур гусел мекард.
Дар бораи сохта ва дурӯғ будани ин гувоҳӣ ва исбот дар байни аҳолии Бухоро латифае машҳур аст, аммо ин латифа мувофиқи мақом сохта ва бофта баровардаи ягон ширинкор набуда, ҳикояти воқеист: аз қозикалонони Бухоро домулло Абдушукури шустагар, ки аз фошофош гуфтани ҳила ва риёҳои шаръӣ ҳеҷ ибо намекард, аз яке он гувоҳон, ки пири фартут ва чашмони обрави сурхшуда аз кор баромада доштааст, пурсидааст:
— Падар! Мо, ки аз шумо ҷавонтар ва чашмонамон тезтаранд, ба болои боми арк, ки аз боми мадрасаи Мири Араб баландтар аст, баромада, ҳарчанд чашм дӯхтем, моҳи навро дида натавонистем. Шумо дар ин куҳансолӣ бо ин чашмони аз биниш монда чӣ гуна дидед?
Гувоҳи куҳансол ҷавоб додааст:
— Ман понздаҳ-бист сол боз моҳи навро дида-дида одат кардаам, агар чашмамро пӯшонда истам ҳам, моҳи нав монанди моҳи шаби чордаҳ ба чашмонам равшан менамояд.
Дар моҳи рамазон шабона ҳамаи дӯконҳо, саройҳою тиҷоратхонаҳо ва инчунин самоворхонаҳо, ошхонаҳо ва сартарошхонаҳо то ними шаб кушодагӣ буданд. Мардум харидуфурӯши ғайри молҳои озуқавиро шабона мекарданд.
Дар раставу бозорҳо ва чойхонаҳо ҳофизон сурудхонӣ менамуданд ва дар баъзе ҷоҳо қиссахонӣ мешуд. Ана ҳамин кори умумии шабонаро «бозори шаб» меномиданд.
Аҳолӣ, хоҳ кордор бошанд, хоҳ бекор, гурӯҳ-гурӯҳ дар кӯчаҳо гардиш мекарданд. Кӯчагардӣ баъд аз баста шудани бозори шаб, яъне баъд аз ними шаб ҳам мамнӯъ набуд. Барои аҳолии Бухоро, ки ёздаҳ моҳи сол аз сари хуфтан, яъне баъд аз яку ним соати фурӯ рафтани офтоб, то азони бомдод, яъне то вақте ки ба баромадани офтоб яку ним соат монда бошад, ба кӯча баромаданашон расман номумкин ва ба хонанишинӣ маҳкум буданд, ин имкони озодгардӣ фурсати ғанимат ва неъмати пурқимат ба шумор мерафт. Бинобар ин бештарини одамон, хоҳ коре дошта бошанд, хоҳ не, кӯчагардӣ мекарданд.
Дар бештарини масҷидҳои гузарҳо хатми Қуръон сар мешуд. Кӯчагардон ба онҳо ҳам сар тиққонда мегирифтанд. Дар масҷиде ки қориаш ҷавони навраси хушовоз бошад, равуойи «қуръоншунавандагон» дар он ҷо бештар мешуд ва дар вақте ки қории ҷавон Қуръон мехонд, шунавандагони вай:
Чӣ хуш аст савти Қуръон зи ту дилрабо шунидан,
Ба рухат назора кардан сухани Худо шунидан.
— гӯён дар байни худ замзама мекарданд.
Як қисми одамон, хусусан баъд аз баста шудани бозори шаб, дар хонаи яке аз дӯстонашон ҷамъ шуда бо базму суруд, бо қиморбозӣ ё бо ягон бозии дигар шабро мегузарониданд. Дар моҳи рамазон ҳамаи аҳолии Бухоро расман рӯзадор буданд. Ҳатто чиз хӯрдани яҳудиён дар пеши мусулмонон низ манъ карда шуда буд, то ки ҳаваси мусулмонони рӯзадор ба хӯрок рафта ташвиш накашанд ва ба рӯзаашон халал нарасад. Онҳое ҳам, ки рӯза намедоштанд, ба назари мардум худро чунон нишон медоданд, ки рӯзаанд: хамёза мекашиданд, аз сустии бадан ва аз душвории рӯзадорӣ шикоятҳо менамуданд.
Аксарияти аҳолӣ, хоҳ рӯзадори ҳақиқӣ бошанд, хоҳ сохта, шабро то қариби субҳи содиқ бедор мегузарониданд ва дар он вақт таоми саҳарӣ хӯрда мехобиданд ва ин хоб то соати дувоздаҳ ва дуи рӯз давом мекард. Баъд аз хестан аз хоб дасту рӯ шуста ба кӯча мебаромаданд, дӯкондорон ва савдогарон дӯкон ва тиҷоратхонаи худро мекушоданд.
Аммо бозори рӯзонаи ғайри молҳои хӯрокӣ ва хӯрокворӣ он қадар гарм намешуд, ин дӯкон ва тиҷоратхонакушоиҳо фақат аз барои рӯзгузаронӣ буд. Бинобар ин пештар аз намози аср дӯкон ва тиҷоратхонаҳоро баста, ҳама ба Лаби Ҳавзи Девонбегӣ мерафтанд. Бекорон ва сарсаригардон бошанд, бо хестанашон аз хоб кӯчаҳоро як гардиш карда, рост ба он ҷо раҳсипор мешуданд. Гурӯҳи анбӯҳе, ки Лаби Ҳавзи Девонбегӣ 267 ҷамъ мешуданд, дар маъракаи маддоҳӣ, ё найрангбозӣ, ё ин ки дар давраи қиссахонӣ менишастанд, ё ин тараф-он тараф ҳаракат мекарданд. Раиси Бухоро ҳам гашти рӯз ба Лаби Ҳавзи Девонбегӣ омада, дар равоқи дари паҳлуии хонақоҳ менишаст ва одамони ӯ дар атроф пароканда мешуданд, одамони бечора ва пойбараҳнаро — якеро «рӯзахӯр», дигареро «қиморбоз»- гӯён ва ё ба ягон гуноҳи дигар нисбат дода, дастгир карда меоварданд.
Раис гуноҳи ҳар кадоми онҳоро «таҳқиқ намуда», баъзеро ба ҷазои як кам чил дарра, баъзеро ба понздаҳ ё нӯҳ дарра ҳукм мекард. Одамони раис маҳкумшудагонро пуштбараҳна карда, яке аз онҳо он «гунаҳгор»-ро ба пушташ бардошта меистод ва даррадаст бо дарра ба пушти ӯ мувофиқи фармойиши раис мезад. Баъд аз он одами раис, ки ӯро дошта омадааст ва даррадаст аз вай, ба қадре ки рӯёнда тавонанд, «хизматона» мегирифтанд. Дар ҳақиқат, хизмати ба он бечора кардаи онҳо ҳамин буд, ки ӯро дастгир карда оварда зада буданд.
Кордории раис барои рӯзадорони ба Лаби Ҳавзи Девонбегӣ гирдомада тамошои «хеле завқовар» буд, ки дар ғайри моҳи рамазон камтар вомехӯрд. Раис дар ғайри моҳи рамазон ҳафтае як рӯз — рӯзҳои панҷшанбе — ба Лаби Ҳавзи Девонбегӣ меомад ва дар он омаданаш як кас ё ду касро мезад, дар рамазон бошад, ҳар рӯз меомад ва дар ҳар омаданаш даҳ-дувоздаҳ касро ҷазо медод.
Чӣ гуна ба мардум таъсир кардани ин гуна ҷазодиҳии раисро як воқеае, ки баъд аз револютсияи Бухоро рӯй дода буд, ба хубӣ равшан нишон медиҳад. (Ҳарчанд аз ҷиҳати таърих ҷойи нақл кардани он воқеа ин ҷо набошад ҳам, бинобар алоқаманд буданаш ба кордории рамазонии раис ва одамони ӯ дар ҳамин ҷо ёд кардани он воқеа муносиб дида шуд.)
Баъд аз револютсияи Бухоро дар яке аз моҳҳои рамазон ман дар Бухоро будам. Ҳанӯз тантанаи рамазони Лаби Ҳавзи Девонбегӣ давом мекард, фақат раис ва одамони ӯ ба сифати ҷазодиҳандагони мардум барҳам хӯрда буданд. Дар ҳамон рӯзҳо як вақти асрӣ дар саҳни хонақоҳи Девонбегӣ гардиш мекардам. Алоуддин ном даррадасти собиқи раиси замони амири низ дар байни мардум ҳаракат дошт. Як писарбачаи тахминан 9 — 10-сола пеш-пеши ӯ рӯяшро ба ӯ карда пуштнокӣ роҳ рафта:
— Эшони халифа, дарраатон куҷо шуд? Чаро акнун одамонро намезанед? Акнун ҳам одамонро занед-чӣ? Канӣ, бинам, читу (чӣ тавр) мезанед! — гӯён он даррадастро масхара медошт ва мардум механдиданд. Ин кори он бачаи хурд-сол тарҷумони забони ҳоли аҳолии тамоми Бухоро буд.
Тамошои дигари ҷамъомадагони Лаби Ҳавзи Девонбегӣ ҷангу ҷидоли байнихудии рӯзадорони сохта буд: рӯзадорони сохта, гӯё ки онҳоро хумори чилим ё нос гирифта бошад, дар байни худ сурху сафед шуда, аввал низои забонӣ мекарданд ва баъд аз он даст ба гиребон шуда, якдигарро мушткорӣ менамуданд ва баъзе мӯйсафедони содадил онҳоро рӯзадори ҳақиқӣ гумон карда, дар байнашон даромада аз якдигар ҷудо мекарданд:
— Рамазонӣ-дия, зарар надорад. Одами рӯзадор бо хумори чилиму нос девона барин мешавад. Лекин шайтонро «ҳай» гуфта, гапи якдигарро бардоштан ва ҷанг накардан даркор аст. Чунки ба сабаби бо якдигар ҷанг кардан, савоби рӯзадорӣ меравад — гӯён онҳоро насиҳат мекарданд. Ҷанги дар як ҷо пайдошуда ҳанӯз пасанда нашуда, аз чанд ҷойи дигар боз ҳамин тарз низову ҷанҷол мехест. Ба ҳамин тариқа, ин ҳол ҳам барои гардишкунандагони Лаби Ҳавзи Девонбегӣ як тамошо буд.

Ҷанги ҷойнамозпаҳнкунӣ дар рамазони Бухоро

Дар моҳи рамазони Бухоро дарсҳои мадрасаҳо тамоман таътил (каникул) мешуд. Дар ин моҳ талабагони қашшоқе, ки ба саҳро алоқаманд буданд, ба деҳаи худ рафта, ба корҳои деҳқонии падар ва ё ягон хеши наздикашон ёрӣ медоданд. Агар ин гуна талабаҳо ба саҳро алоқаи заминӣ надошта бошанд ва синнашон калонтар бошад, ба деҳае рафта имом мешуданд ва ба ин восита дар он ҷо шикамашонро сер карда, дар охири ин моҳ фитри рӯза (садақаи идӣ)-и деҳқононро ғундошта, барои худ қути лоямуте (хӯроквории аз мурдан нигоҳдорандае) захира карда меомаданд.
Аммо талабагони доро, бухороӣ ва он қашшоқоне ҳам, ки ба саҳро алоқа надошта, ба болои ин ба имоматӣ ҳам гардан намедоданд, дар мадраса мемонданд. Сарсаригардони бозори шаб ва «хатмтамошокунон»-ро бештарин ҳамин талабагони доро ва қашшоқони бекормонда ташкил мекарданд. Ин гуна талабагон ҳар рӯз баъди аз хоб хестан, гурӯҳ-гурӯҳ (аъзои ин гурӯҳҳо, албатта, дӯсти якдигар буданд) ба Лаби Ҳавзи Девонбегӣ омада, ҷойнамоз паҳн карда менишастанд ва дар давраи худ бо ҳар гуна гуфтугузорҳои бемаънӣ ва бомаънӣ машғулӣ мекарданд. Дар ин гуна гурӯҳҳо баъзе касони бухороӣ ҳам, ки бо вуҷуди талаба набуданашон бо ягон каси нуфуздори он гурӯҳ ё бештарини аъзои вай дӯст ва наздик буданд, иштирок мекарданд.
Ҷойи ҷойнамозпаҳнкунии ин гурӯҳҳо болоҳои боми сартарошхонаҳо буд. Ин сартарошхонаҳо аз гӯшаи ғарби ҷанубии ҳавзи Девонбегӣ то гӯшаи шимоли шарқии вай паҳлуи ҳам рӯ ба сӯйи ҳавз бино ёфта буданд. Пушти ин сартарошхонаҳо ба саҳни хонақоҳи Девонбегӣ ё бо гузаргоҳи он мепайваст. Азбаски саҳн ва гузаргоҳи вай аз замини сарҳавз панҷ-шаш зина баландӣ дошт, бомҳои мазкур аз тарафи пушт аз замини саҳн ва гузаргоҳи он ба қадри як метр баландӣ дошта, ҷойи баромад-фуромади он бомҳо аз ҳамон тараф буд.
Қадру манзалати бомҳои сартарошхонаҳо дар назари «ҷойнамознишинон» (албатта, ин таъбири шартӣ буда, ба хонақоҳнишинон ва масҷиднишинон алоқа-манд нест) ба нисбати наздикиаш ба саҳни хонақоҳ буд, яъне ҳар боме, ки ба саҳн наздиктар бошад, бақадртар ба шумор мерафт. Бинобар ин ҳар кадоми аз гурӯҳҳои ҷойнамознишин кӯшиш мекард, ки боми наздиктар ба саҳнро «соҳибӣ» кунад.
Хушбахтона, барои соҳибӣ кардани боме асоси анъанавие ҳукмрон буд, ки баробари ҳуҷҷати қонунӣ қувват дошт. Ин асос иборат аз он буд, ки ҳар гурӯҳ ҳар бомро, ки аз аввали рамазон, ҳатто аз рамазонҳои солҳои гузашта ишғол карда омада бошад, он бом аз они ҳамон гурӯҳ ба шумор мерафт. Аммо барои фоида бурдан аз ин «ҳуқуқи анъанавӣ» ҳамин шарт буд, ки он гурӯҳ, бисёр дер монад, то соати сеи рӯз ҷойнамозҳои худро паҳн карда монад. Бинобар ин ҳар гурӯҳ ҳар рӯз яке аз аъзоёни худро навбатдор таъин мекард, ки аз соати се пештар ҷойнамозҳои он гурӯҳро ба боми ба ӯ дахлдор паҳн карда мемонд. Агар ҳамин одати анъанавӣ намебуд, мумкин буд, ки ҳар рӯз бар болои ишғол кардани бомҳои нағз ҷангу ҷидолҳои хунин барпо шуда, чандин сару гардан шиканад.
Бо ҳамаи ин дар байни гурӯҳҳои ҷойнамознишинон бо баҳонаҳои гуногун задухӯрд шуда меистод ва баъзеи ин задухӯрдҳо ба ҷидолҳои хунин оид мегардид. Чунончи, боре нависандаи ин сатрҳо шоҳиди яке аз ин гуна задухӯрдҳои хунин шуда буд:
Ду гурӯҳи ҷойнамознишини шӯрапушти ба мадраса мансуб буданд, ки ҳар кадоми онҳоро яке аз шӯрапушттарин муллозодагони Бухоро сардорӣ мекард ва ҷойнамозҳои ин ду гурӯҳ пасу пеш пайваста ба ҳамдигар паҳн карда мешуданд.
Шариф-махдум ном як қозизодаи бухороӣ, ки лақаби ӯ «Даврапилта» буд, гурӯҳи пешнишинро идора мекард ва «Махдуми Шудгор»-лақаби як муллозодаи Бухоро — ёридиҳандаи ӯ буд (азбаски рӯйи ин муллозода ба сабаби доғи нағзак рош-рош барҷаста ва дағар-буғурҳои шудгормонанд дошт, мардуми Бухоро ба ӯ ин лақабро муносиб дида буданд ва бештарини одамҳо — аз ин ҷумла нависандаи ин сатрҳо — номи ӯро намедонистанд ва ӯро бо он лақаб ёд мекарданд).
Сардори гурӯҳи пастнишин Маҳмуд-махдум ном як муллозода буда, ӯ «Махдуми амирконӣ» лақаб дошт (сабаби ин лақаб он буд, ки дар нахустин бор омадани чармҳои локӣ аз Россия ӯ аз он чарм пойабзол дӯзонда пӯшида буд) ва ёрирасони ӯ низ аз муллозодагони Бухоро буда, ӯ «Махдуми Хушрӯй» лақаб дошт (азбаски рӯйи ӯ ба сабаби «решҳои афғонӣ» порча-порча фурӯрафтагиҳо ва доғҳои сурхи нафратовари баднамо дошт, мардуми Бухоро бо алоқаи зиддияти маъно ба ӯ ин лақабро дода буданд).
Рӯзе аз рӯзҳои рамазон навбатдори гурӯҳи Махдуми Даврапилта дер монда, ҷойнамозҳошонро то соати се паҳн накардааст. Гурӯҳи Махдуми амирконӣ, ки чанд гоҳ боз он бомро зери чашм карда гашта. будааст, аз ин фурсат фоида бурда, ҷойнамозҳои худро пеш кашида он ҷойро ишғол кардааст.
Дар вақте ки ҳамаи бомҳо бо ҷойнамознишинон пур буд, Махдуми Даврапилта бо гурӯҳи худ омад ва чун ҷойи худро аз тарафи гурӯҳи дигар ишғол кардашуда дид, бо нафарони худ боло ҷаста, бе ҳеҷ муқаддима ва гуфтугузор гурӯҳи «ғосиб»-ро, ки нафарони вай бехабар ва осуда бар рӯйи ҷойнамозҳо чорзону нишаста буданд, дар зери ҳуҷум гирифт ва то аз аҳвол хабардор шудани гурӯҳи «ғосиб» нафарони Даврапилта аввал сардори он гурӯҳ — Махдуми амиркониро, дуюм ёрирасони ӯ Махдуми Хушрӯйро бардошта ба зер — ба тарафи лаби ҳавз ҳаво доданд. То он вақт нафарони он гурӯҳ низ худро дошта гирифта, аз ҷо хеста бо ҳуҷумкунандагон даст ба гиребон гардиданд. Нафарони ин ду гурӯҳ якдигарро мушткорӣ мекарданд, бо нохуну чангол рӯю гардани ҳамдигарро мехарошиданд ва либосҳошонро медарониданд, Ду нафар аз ду тараф ҳамдигарро ба бағал гирифта, ҳар кадом мехост, ки ҳамҷанги худро бардошта аз бом ба лаби ҳавз ҳаво диҳад. Аммо. ҳеҷ кадоми онҳо ба мақсад нарасида, ҳар ду бо ҳам ба лаби бом расиданд, дар он ҷо пойи яке аз бом лағжид ва ҳарифаш хост, ки ӯро тамоман ба поён тела диҳад, ӯ ҳам дид, ки бо як пой бар лаби бом ва дар чанголи душман истодагарӣ карда наметавонад, хасмашро бо худ пойин кашид ва ҳар ду муаллақзанон ба поён афтоданд. Ин ҳолро дида, ҳар кадом аз тарафайн кӯшиш мекарданд, ки ҷангро дар миёнаи бом ва лаби пастаки он давом диҳанд. Аммо хумори ин ҷангарагони ваҳширо, ки аз ғазаб тамоман девона шуда буданд, ҷанги мушту чангол нашикаст ва ҳар кас дар фикри он афтод, ки ҳарба (силоҳе) ёфта, душмани худро тамоман мағлуб кунад ва ба ин мақсад ба ҳар тараф чашм меандохт. Дар пушти дӯконҳои сартарошхона як қатор кӯҳнадӯзҳо дар суффачаҳо ба болои сандаличаҳо нишаста кӯҳнадӯзӣ мекарданд ва чоку пораҳои пойабзоли мардумро дӯхта медоданд. Дар вақти ҷанг онҳо аз кор даст кашида, рост шуда, ҷангарагонро тамошо мекарданд. Дар дасти яке аз онҳо кӯбаи кафшдӯзӣ буд. Яке аз ҷангарагони силоҳталаб он кӯбаро дида, аз дасти кӯҳнадӯз кашида гирифта, бо он ба сари Махдуми Даврапилта зад, ки сари ӯ торс кафида, худ бар рӯйи ҷойнамоз ғалтид. Ин ҳолро дида, ҳамаи ҷангарагон ягон-ягон ба тарафи кӯҳнадӯзҳо давида аз сари кори онҳо яке кӯба, дигаре болқа, сеюмӣ анбӯр, чорумӣ шони мӯза ва масҳиро кашида гирифта ҷангро давом доданд.
Гурӯҳи анбӯҳи тамошобинон атрофи ҷангарагонро ҳалқавор фаро гирифта буданд, аммо касе ҷасорат намекард, ки ба миёна даромада, ин гургони ваҳширо аз ҳам ҷудо кунад. Чунки дар аввали кор як-ду нафар ба мақсади ҷудокунӣ ба миёна даромада, аз ду тараф ҳам мушт хӯрда, даст афшонда, худро канор кашида буданд. Баъд аз он ҳар кас, ки мехост ба миён дарояд, дигаре фарёд мекард: «гӯшти хар, дандони саг» — гуфтаанд, дидӣ, ки нашуд, мон, ки ин сагон гӯшти якдигарро ба ҷойи гӯшти хар «нӯши ҷон кунанд».
Дар охир одамони қозикалон ва қушбегӣ, ки дар ҷамъомадҳои калон мутасаддии тартибнигоҳдорӣ буданд, ба сари кор расида омаданд ва дар ин вақт бештарин аз тарафайн маҷрӯҳ шуда ба замин афтодагӣ ва давомкунандагони ҷанг ҳам сару рӯй кафида ва хуншор шудагӣ буданд.
Одамони ҳокимон давомдиҳандагони ҷангро дастгир карда, аз ҳамдигар ҷудо намуданд ва ароба оварда, маҷрӯҳони сахтро ба беморхона гусел карданд ва захмиёни сабукро ба қозихона барои ҳабс кардан бурданд.
Ин буд аҳволи «моҳи рамазони муборак» дар Бухорои «шариф».
Албатта, ин аҳволи моҳи рамазони Бухоро, ки дар ду боби болоӣ зикр ёфт, ба оммаи аҳолии меҳнаткаши ин шаҳр ҳеҷ дахл надорад ва дар моҳи рамазон азобкашандагон ҳам ҳамин омма буданд. Масалан, гирем машкобонро. Машкобон аз сафед шудани рӯз то торик шудани шаб машкҳои пуроби ҳафт-ҳаштсатилиро ба дӯши худ бардошта, ба ҳавлии қарориҳошон то ҳазор-ду ҳазор қадам мебурданд ва дар ошёнаҳои дуюми Кӯкалтош, Девонбегӣ ва Мири Араб барин мадрасаҳои калон бо зинаҳои 40— 50-поғундагӣ боло мебароварданд.
Дар ғайри моҳи рамазон низ ин кор хеле зӯрталаб бошад ҳам, машкобон дар байни кор гоҳо бо як луқма нон як пиёла чой нӯшида, қадаре дам гирифта, ба анҷом мерасонданд. Аммо дар моҳи рамазон дар зарфи 14 — 16-соата гуруснагӣ ин гуна корро давом додан қариб тоқатнопазир буд, ба болои ин ба муносибати рамазон ва меҳмондорӣ дар хонадонҳо сарфи об зиёдтар мешуд, ки вай ба болои машкобон сарборӣ буд.
Бинобар ин машкобон вақти шом ба хонаи худ монда ва хаста шуда меомаданд ва бо ҳамаи ин шиками гуруснаашонро маҷбур буданд, ки ба обу явғоне, ки занашон тайёр кардааст, пур кунанд, то ки барои фардо қуввати кор пайдо шавад. Баъд аз пур кардани шикам дар ҳолати мондагӣ хобидан боз онҳоро афсурдатар мекард. Бо ҳамаи ин маҷбур буданд, ки саҳар хеста таоме хӯранд ва аз бими гуруснагии дуру дарози рӯзона, хоҳ дилашон кашад, хоҳ накашад, чизеро ба даҳонашон тиққонда фурӯ мебурданд ва рӯз сафед шудан ҳамон ба кор мебаромаданд.
Баъзе пиртар, ҳатто миёнсолтари онҳо, дар даҳаи аввали рамазон, бисёр дер кашад, то понздаҳи он моҳ, аз кор баромада, бемори бистарӣ шуда мехобиданд.
Аҳволи пойабзолдӯзон ҳам наздик ба ҳамин буд: онҳое, ки дар устохонаҳо бо бунак баста шуда буданд, агар дар ғайри моҳи рамазон дар шабу рӯз дувоздаҳ соат кор кунанд, дар рамазон шонздаҳ соат кор мекарданд, чунки устокорҳо (соҳибони устохона) ба муносибати моҳи рамазон супориши идонаи бисёре мегирифтанд ва баҳои супориши идона аз супоришҳои оддӣ (дарозмӯхлат) қиматтар бошад ҳам, музди кори халифагон монанди пештара мешуд. Халифагон маҷбур буданд, ки то намози шом кор кунанд ва дар вақти ифтор (рӯзакушоӣ) чизе хӯрда, боз корро то вақти таоми саҳарӣ давом медоданд ва баъд аз таоми саҳарӣ, ки хеле дилнокашона мехӯрданд, бо ҳамон шиками зӯр ба зӯракӣ пур кардашуда мехобиданд. Аммо баъд аз чандсоата хоб устокор омада, ҳамаашонро бедор карда, ба кор меандохт ва баъд аз он худ ба хонаи дарунаш даромада то бегоҳӣ ба ҳузур мехобид.
Пойабзолдӯзон дар даҳаи охирини рамазон ҳатто то бист соат кор мекарданд, чунки ба воситаи наздик омадани ин талаби супоришдодагон сахттар ва ҷиддитар мешуд, ва устокор ҳам халифаҳои худро ба бисёртар кор кардан маҷбур мекард.
Онҳо се рӯзи охири рамазон то пагоҳи ид қариб нахобида кор мекарданд, то ки супоришҳои идона ба анҷом расад. Бинобар ин бештарини пойабзолдӯзони ҷавон ҳам ё дар миёнаи моҳи рамазон ва агар бисёртар тобоварӣ кунанд, дар рӯзи ид бемор шуда меафтоданд.
Пойабзолдӯзони яккадаст, ки дар хонаи худ ва ба сари худ ва «озодона» кор мекарданд, низ аз ин ташвиш озод набуданд: аз як тараф, онҳоро ба муносибати моҳи рамазон ва наздик омадани ид вофурӯшоне 268, ки молашонро харида мефурӯхтанд, ба бисёртар баровардани кор маҷбур кунанд, аз тарафи дигар, худи онҳо ҳам маҷбур буданд, ки дар ин моҳ супоришҳои берунаи гароннархро бисёртар гиранд, то ки хароҷоти барзиёди рамазониро таъмин кунанд, чунки дар моҳи рамазон онҳо маҷбур буданд, ки ҳар рӯз барои ифтор, ҳеҷ набошад, якто нони бозории кунҷидӣ, як коса нишалло ва обинабот гирифта пеши зану фарзандонаш гузоранд ва то рӯзи ид барои бачагон ва занашон либоси наве таҳия намоянд.
Аҳволи дигар ҳунарпешагон, масалан, бофандагон ҳам ҳамин тарз буд. Аҳволи гилкорон, дуредгарон ва наққошон ҳам дар моҳи рамазон танг мешуд, чунки дар ин моҳ иморатсозӣ тамоман таътил мешуд ва бинокорон маҷбур буданд, ки харҷи барзиёди моҳи рамазонро бо қарз гирифтан аз болои кори ояндаашон таъмин намоянд.
Аз ҳама сахттар ва бадтар аҳволи мардикорон буд: одатан камбағалони безамини саҳро ва пойбараҳнагони шаҳр ҳар рӯз дар Регистони Бухоро ҷамъ мешуданд ва одамони толиб омада онҳоро рӯзқарор ба корҳои сиёҳ мебурданд. Дар рамазон, ки корҳои бинокорӣ ва ҳар гуна корҳои сиёҳи дигар мехобид, мардикорон бекор мемонданд.
Агар аҳёнан ба касе мардикор даркор шавад ҳам, ба муносибати моҳи рамазон яке ё чанд нафари онҳоро нимрӯза ва бе хӯрок мебурд ва музди нимрӯзаи бехӯрок, ки онҳо мегирифтанд, ба нони хушки якрӯзаи худҳошон ҳам намерасид ва зану фарзандонашон тамоман гурусна мемонданд. Ба ҳамин тариқа, барои мардикорон, ки то дасташон наҷунбад, даҳонашон намеҷунбид, бекории рамазон як балои азим буд.
Аҳволи гаҷкӯбон, хоку хишткашонон, ки ба бинокорӣ вобаста буданд, дар моҳи рамазон аз аҳволи мардикорон беҳтар набуд ва барои хоку хишткашонон дар як моҳи бекории рамазон сер карда истодани харҳои боркашашон хароҷоти сарборӣ буд.
Ана ҳамин аҳволи умумии рамазонии оммаи меҳнаткашонро ба назар гирифта, яке аз шоирони ҳамон замон:
Рамазонро маразон* хонам аз он –
Рӯз бемораму шаб бадтар аз он
гуфтааст ва бо ин ду мисраи сода тарҷумони забони ҳоли умуми меҳнаткашон гардидааст.
_______________
* Маразон — агар ин калима тамоман арабӣ ҳисоб карда шавад, маъниаш ду беморӣ мешавад, агар «он»-и охири калима аломати ҷамъи тоҷикӣ ҳисоб карда шавад, бемориҳо мешавад.

Иди наврӯзӣ ва сайри Ширбадан

Иди Наврӯз, ки дар сари соли шамсӣ 269 дар аввали ҳамал 270 сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбон барин идҳои диниро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод.
Ба сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад. Аз ин ҷост, ки тоҷикон «ҳамал — ҳама чиз дар амал» мегӯянд. Дар ҳақиқат, ин ид ба ҳаракат омадани киштҳои ғалладона ва сар шудани киштукори дигар ҳосилоти заминӣ буд, ки инсонро сер карда, сабаби бақои ҳаёти ӯ мешуданд.
Дар замонҳои пеш деҳқонони тоҷик пеш аз соли нав-пеш аз моҳи ҳамал-дар ҳар деҳа ба майдонҳо ҷамъ шуда гӯштигирӣ ва дигар ҳаракатҳои баданӣ карда, гӯё ба тани аз сармои зимистон афсурдашудаашон қуввати нав медоданд ва дар аввали ҳамал се рӯз сайругашти умумӣ карда, ба киштукор медаромаданд.
Аммо рӯҳониён ба ин ид ранги динӣ дода, «ҳафт салом» 271 тар карда хӯрданро расм карда, ӯро як манбаи даромади худ қарор доданд. Ҳатто беҳаётарин муллоён «дар бораи шарафи ин ид» аз номи пайғамбар ҳадисҳо сохта бофта бароварданд.
Амирони охирии Бухоро бошанд, ин идро дар роҳи дуру дароз машғул доштани халқ ба корҳои бефоидаи зарари моддинок истифода карда, ба ин восита худ осуда зиндагонӣ кардан хостанд.
Аз амирони Бухоро он касе, ки иди Наврӯзро аз шакли халқигӣ бароварда ба вай ранги расмият дод, амир Музаффар буд. Ӯ ҳам ин корро баъд аз шикаст хӯрданаш дар ҷанги Россия кард. Аз рӯйи қавли одамони куҳансоли ҳақиқатбин, ки ба нависандаи ин сатрҳо гуфта буданд, барои амир Музаффар баъд аз шикаст хӯрдан дар ҷанг дар пеши мардум обрӯе намонд, хусусан баъд аз он ки ӯ мардумро тороҷ карда, хазинаи дар ҷанг холишудаи худро пур кардан хост, нафрати мардум боз ҳам аз вай зиёдатар шуд. Бинобар ин ӯ дар ҳар ҷо, ки манзил кунад, чавкӣ (базми умумӣ) барпо карда, мардумро ба тамошои вай машғул мекард, то ки ба ин восита оммаи халқро водор кунад, ки аз кирдорҳои нописандидаи ӯ чашм пӯшанд ва ё ин ки ба дидани он кирдорҳо фурсат наёбанд. Аз ин ҷумла, ӯ дар Ширбадан ном чорбоғи худ, ки дар тарафи шарқии шаҳр ва ду километр дуртар аз вай буд, хар баҳор сайри наврӯзӣ ташкил медод, ин сайрҳои ӯ то ду моҳ, ҳатто то ҳафтод рӯз давом мекард. Ӯ дар ин сайр аз туманҳо (районҳо)-и Бухоро ҳама созандагон ва паҳлавонони халқро ба тарзи маҷбурӣ меовард ва онҳоро чор ҳокими туман (қозӣ, раис, амлокдор ва миршаб) ғундошта меоварданд. Онҳо дар атрофи чорбоғи Ширбадан, дар ҳавлиҳои деҳқонон манзил карда, аз аввал то охири сайр бо харҷи худ зиндагӣ намуда, сайри амирро зинат медоданд.
Дар ин муддати дуру дарози аввали баҳорӣ ҳамаи корҳои деҳқониашон мемонд ва вақти киштҳои баҳорӣ мегузашт.
Дар ин сайр на танҳо онҳо аз кор мемонданд, ки аз тарафи эмир маҷбуран оварда мешуданд, балки бисёр деҳқонон ва деҳқонписарон хоҳ-нохоҳ барои тамошои сайр омада, хароҷот мекашиданд ва аз кор мемонданд.
Амир Музаффар дар ин сайр танҳо ба машғул доштани халқ қаноат на-карда, тарсондани онҳоро низ мақсад карда гирифта буд. Бинобар ин бо фармони ӯ дар сайргоҳ — дар ҷое, ки ҳар тамошобин аз он ҷо як бор-ду бор мегузашт, хандақе кофта монда буданд ва дар канори он хандақ дар пеши назари тамошобинон ҳар рӯз якчанд бандиро аз зиндон оварда мекуштанд, то ки ба мардум ибрат шуда, дигар дар пайи исён наафтанд, дар ҳаққи амир бадгӯйӣ накунанд ва аз фармонҳои ӯ сар напечанд. Мурдаҳои он мақтулон як рӯзи дароз дар лаби он хандақ меистод ва рӯзи дигар ҷойи мурдаҳои кӯҳнаро мурдаҳои нав мегирифтанд.
Амир дар он сайр ба овардани аҳолии туман (район)-ҳои Бухоро қаноат накарда, паҳлавонон ва аҳолии Қаршӣ, Шаҳри Сабз, Хатирчӣ, Кармина ва Нурато барин музофотҳои Бухороро ҳам ҷалб мекард. Аз ин бало танҳо аҳолии кӯҳистон халос буданд, ки барои дурии роҳ овардани онҳо имкон надошт.
Дар вақти Абдулаҳад аз тарси русҳо дар сайргоҳ одамкушӣ кардан барҳам хӯрда, муддати сайр ҳам то як моҳ ва понздаҳ рӯз кӯтоҳ шуда буд, аммо дар бадали ин кӯтоҳӣ дар Ситорамаҳхоса ном чорбоғе, ки ӯ сохта буд ва дар Кармина, ки бештарин худи ӯ дар он ҷо буд, баъд аз сайри Ширбадан понздаҳрӯзӣ ё якмоҳӣ боз сайр мешуд ва муддати ин се сайр бо ҳисоби андаряк баробари муддати сайрҳои падараш мегардид. Абдулаҳад дар сайри карминагии худ роҳи одамҳоро ба якдигар ҷанг андохтанро «ихтироъ» карда буд, ки мо дар бораи он кор дар боби дигар гап мезанем 272.
Дар Ширбадан сайргоҳи асосӣ дар ду тарафи роҳи калоне, ки аз пеши чорбоғи амир мегузашт, бино ёфта буд: дар вақти аз шаҳр рафтан дар дасти чап майдони атрофаш иҳота кардашудае буд, ки вайро чилтанобӣ (даҳгектарӣ) меномиданд ва дар он бо дарвозаи калоне даромада мешуд.
Дар даруни ин иҳота аввал масҷиди ҷомеъ, баъд аз он майдонҳои чавкӣ (базми умумӣ) ва дигар тамошохонаҳо воқеъ шуда буд ва дигар ҷоҳои онро озуқафурӯшон, қассобон ва ошхонадорон ишғол мекарданд.
Аз охири ин майдон бо як дарвоза ба роҳи калон баромада мешуд ва дар тарафи ҷануби ин ҷой роҳи дарвозаи чорбоғи амир ва дар паҳлуи дарвозаи чорбоғ айвонҳои пешкушода бино ёфта буд, ки дар он ҷо барои тамошо дарбориён менишастанд. Дар тарафи шимоли роҳ айвони дарозе буд, ки дар вай дар айёми сайр баззозон, ҳалвогарон, атторон ва дигар дӯкондорон ҷой мегирифтанд.
Баъд аз дӯконҳои ин дӯкондорон дар тарафи дасти чапи роҳ майдоне буд, ки вайро панҷтанобӣ (аз як гектар зиёдтар) меномиданд ва дар вай масҷиди панҷвақтӣ бино ёфта буд, ки дар он ҷо дар рӯзҳои сайр эшонҳои ҷаҳрӣ ҷаҳр карда нишаста «дӯкондорӣ» менамуданд.
Идоракунандаи сайр — қозикалон ё раиси Бухоро ҳам дар ҳамин майдон чодир зада менишаст.
Баъд аз он дар дасти рост як майдони васее буд, ки вайро ҳафтодтанобӣ (тахминан ҳаждаҳ гектар) меномиданд. Дар қисми пеши ин майдон саркардагон ва савдогарони калон чодир мезаданд ва қисми пасини он иловаи чорбоғи подшоҳӣ ба шумор мерафт, ки вайро дарахтони мевадор ва соядор фурӯ гирифта, заминаш пур аз сабзаву себарга буд.
Тамошогоҳи асосии сайр пеши дарвозаи подшоҳӣ буд, ки ҷойи тангтарини ин сайргоҳ ҳамон ҷо буд. Ҳар пагоҳ дар он ҷо аввал чавкӣ ва баъд аз он маъракаи гӯштигирӣ ташкил меёфт. Ин тамошоҳоро дар ин ҷо аввал дарбориён бо осудагӣ ва баъд аз он дӯкондорон бо нимосудагӣ медиданд.
Аҳолии шаҳру саҳро, ки гурӯҳ-гурӯҳ меомаданд, чизеро намедиданд, чунки ясавулон барои нигаҳдории майдони базм ва гӯштӣ онҳоро бо чӯбдасти худ зада пас шинондан мехостанд ва гурӯҳҳои нав, ки аз пас меомаданд, онҳоро зер карда пеш гузаштан мехостанд. Бинобар ин аҳолии оддии тамошобин на пеш рафта метавонист ва на пас, ба болои ин ҳар соат бими он буд, ки дар зери гурӯҳи анбӯҳ монда поймол шавад.
Нависандаи ин сатрҳо дар аввал бор диданам он сайру сайргоҳро таассуроти худро дар шакли достон ба назм дароварда будам ва мехоҳам он достонро интихоб ва ислоҳ намуда, ба хонандагон пешкаш намоям. Азбаски дар он вақтҳо ман «Шоҳнома»-и Фирдавсиро бисёр мехондам, шакл ва услуби вай ба ин достон бе таъсир намондааст.

Достони сайри Ширбадан

Зимистон гузашта, шуда навбаҳор,
Фалак беғубору замин сабзазор.
Ҳаво буд форам, на сарду на гарм,
Насимаш чу анфоси* маҳбуба гарм.
Чи беди сиёҳу чи беди сафед,
Ҳама гашта хушбӯй чун мушкбед.
Дарахтони серсабзаи мевадор
Шукуфта зи мастӣ чу рӯйи нигор.
Зи бас ҷашни фирӯзи Наврӯз буд,
Ҳама чиз гӯё ки фирӯз буд.
Шуда ҷашн барпо ба наврӯзгоҳ,
Ба як Ширбадан ном маъвои** шоҳ.
Равон гашта мардум ҳазорон-ҳазор
Ба он ҷашн, масрур ёрон ба ёр,
Фараҳнок буданду хурсанду шод,
Маро лек як кас намекард ёд.
Дар он рӯз берун зи байтулҳазан***.
Шудам, якка рафтам ба он анҷуман,
Ки асбоби ишрат муҳайё хама,
Раху растаҳо хубу зебо хама.
Фурӯшанда ҳар қисм гӯйӣ ту ҳаст,
Агар касби аъло, агар касби паст.
Хӯроки муҳайё зи хар гуна ош,
Палав бо чалав**** хар тараф чош-чош.
Ба пулдор рӯзӣ кабобу шароб,
Вале «бепулон хӯрда дуди кабоб».
____________
* Анфос — нафасҳо.
** Маъво — бошишгоҳ.
*** Байтулҳазан — ғамхона.
****Чалав — кабобест, ки бо палав хӯранд.
< .p>

Амирони аскар ба ҷойи васеъ
Зада хиргаҳу хаймаҳои рафеъ.
Ба як сӯй хиргоҳи туҷҷор 273 буд,
Ба як сӯй даллоли бозор буд.
Кашида ба хайма брезин* ба сар,
Ки то барфу борон насозад асар,
Бисоти ҳариру кати зарнигор
Ба ҳар хайма омода се то чаҳор.
Ба дарбори шоҳӣ нишаста ба саф
Сипоҳони зарринкамар ҳар тараф,
Ки дар наздашон базм барпой буд,
Ба созу ба овозу рақсу суруд.
Зи анбӯҳи мардум дар он анҷуман
Набуд лек як ҷойи сӯзан задан.
Ба мардум набуд роҳи осойише,
На ҷое, ки ёбанд оромише.
Ба по рост истода мекард гӯш
Тамошогар он созҳо, не ба ҳуш.
Ҳама ҳуш дар банди он ки мабод
Бияфтад, диҳад ҷони ширин ба бод.
Бале, кас бияфтад дар он растухез,
Шавад пайкараш бегумон рез-рез.
Мани хаста истода дар гӯшае,
Даҳан во, ду дида ба ҳар гӯшае,
Зи бими фитодан танам бемадор,
Баногоҳ як тӯдаи нобакор.
Ба сӯям чу тарма давон омаданд,
Дилу дасту поям ба ҷон омаданд.
Ғараз уфтодам зи по бар замин,
Ба тарзе, ки мақтуле аз рӯйи зин.
Ба як сӯ тани хешро дар замон.
Кашидам ба сад зӯр аз ҳавли ҷон.
Вале бими он буд дар айни хол
Ба анбӯҳи дигар шавам поймол.
Дар он хол як марди некусияр**
Раҳондам аз он вартаи пурхатар,
Ба дӯкони худ бурду ҷое шинонд
Зи қайди парешониам вораҳонд.
Мапурсидам аз номи он некмард,
Вале буд ӯро лақаб Ҳоҷӣ Зард.
Зи аҳли замон марди ғамхори кас
Тавон гуфт як Ҳоҷӣ Зард асту бас.
Басе сол гардида гирди ҷаҳон,
Сухансанҷу ҳаззолу 274 ширинзабон…
…Муяссар маро шуд чу ҷое чунон,
Нишастам, зи ғам дуру осуда ҷон.
Ба Ҳоҷӣ бигуфтам зи шукрон сухан,
Тамошокунон тарҳи он анҷуман.
Шуд охир чу ҳангоми созандагон,
Дафу ной бурданд аз он миён.
Пайи гӯштин маърака соз шуд,
Сӯйи гӯштин дидаҳо боз шуд.
Ҳама паҳлавонони зӯру далер
Қадам монда нотарс чун наррашер,
Раванда чу Рустам пайи корзор,
Чу Сӯҳроб дар ҷанги хасм устувор.
Ҳама чусту чолоку соҳибҳунар,
Ҳунарҳо нишон дода бар якдигар:
____________
*Брезин — Брезент.
** Некусияр — некутинат, некуботин.

Ба дастпечу қалмоқию қоқма
Занад он яке он дигареро ба та.
Чу ҳангомаи гӯштин даргузашт,
Тамошогарон ҳар тараф ҳафту ҳашт.
Хиромон гурӯҳе сӯйи сабзазор,
Ба ҳам гарми хар гуна гуфтугузор,
Гурӯҳе шуда дар пайи ошу об,
Гурӯҳе сӯйи чавкии Чилтаноб.
Ман он гаҳ тамошогаҳе кофтам,
Ба дарвозаи сирк раҳ ёфтам.
Чу белат гирифтам, шудам дар дарун,
Ки он ҷой будаст аълою дун:
Ба пеш устали ложагӣ буду бас,
Зада тахтаи «первойхо» зи пас,
Паси он зада тахтаи «ифтарӯй»
Ба тартиби нағзу ба тарҳи накуй,
Ба саввум макон низ ҷойи нишаст
Тамошогарон рост аз тахтабаст.
Чу буд белатам чорумин ҷойҳо,
Ба холи забуни паси тахтаҳо,
Ба по рост истода кардам назар
Ҳама кори он сиркро сар ба сар:
Нахустин кашиданд симе дароз,
Баромад зани русии симбоз.
Ба боло, чунон лаъб* оғоз кард,
Ту гӯйӣ, ки мурғест парвоз кард.
Ба таҳсини ӯ ҷумлагӣ ҳамзабон –
Ҳама офаринхон, хама кафзанон.
Пасон гоҳ як аспи шабранги хуб,
Намуда зани аспбозе рукуб.
Баромад, чунон сахт маҳмез кард,
Ки тавсан гаҳе резу гаҳ хез кард.
Набуд пешаш аз зина фарқи рикоб,
Ба ӯ буд болои зин ҷойи хоб.
Пас он гоҳ ду руси бисёр шӯх,
Сухан карда оғоз бо номи бух.**
Намуданд бо ҳазл гуфтушунуд,
Забоншон ба ман лек равшан набуд.
Дигар паҳлавоне ба сони ҳузабр,***
Сару синаву дасту поҳо ситабр.****
Баромад, ду-се санги вазнин зи ҷо
Ба сар бурду гардонду зад зери по.
Дигар нозанинони русинажод
Дилу ҳушу тоқат диҳанда ба бод.
Ба овози созу ба оҳанги кӯс
Басе ракс карданд дар роҳи рус.
Дар он байн духтарчае Нина ном.
Ба овози хубу ба ҳусни тамом.
Суруде саройиду раксе намуд,
Ба санъат ту гӯйӣ, ки мислаш набуд.
Ба овози ӯ ҳар касе гӯш кард,
Дигар созҳоро фаромӯш кард.
Пайи рақс печид бар худ чунон,
Ки гуфтанд ӯ ҳаст беустухон.
Пас он гаҳ иҷозат шуд аз он маком,
Ки берун бароед, бозӣ тамом.
__________
*Лаъб — бозӣ.
** Бух — бог, Худо.
*** Ҳузабр — шер.
**** Ситабр — азим ва ғафс.

Чу берун шудам, дидам аз рӯйи кор,
Ки соат гузаштаст хеле зи чор.
Маро буд дар шаҳр коре зарур,
Гузаштам зи савдои сайру сурур.
Ба дарвозаи Чилтаноб омадам,
На оҳиста, бо сад шитоб омадам,
Чу дидам яке фойтуне баҷо
Муҳайёст истода баҳри киро,
Зи чандию чунеш гуфтушунуд
Накарда, нишастам ба зудии зуд.
Зи дунбол се кас давон омаданд,
Сӯйи фойтун дапкунон омаданд,
Ки: «ин фойтун аст баста ба мо,
Фуро зуду бигзор чуну чаро!»*
Яке з-он кас лек хомӯш буд,
Ба чашми ман он некмарде намуд.
Бад-ӯ гуфтам: «эй марди некуамал!
Дигар фойтун нест дар ин маҳал?
Диҳетон дар ин ҷо маро низ ҷо,
Диҳам бекаму кост ҳаққи киро».
Бад-ин гуна як-ду суханҳои гарм
Дили он касон гашт филҷумла* нарм.
Вале фойтунчии шуми дағал
Маро дид бечораву камбағал:
«Қӯюнг шелани**», — гуфт, — мулло, тушунг!»
Намезад ба ман ҳарф, илло «тушунг!»
Фурӯд омадам пас ба сад изтироб,
Диле пур зи хун, дидаи пур зи об…

Дар вақте ки нависандаи ин сатрҳо дар сайри Ширбадан сирки русиро аввалин бор дидам ва чунонки дар достони «Сайри Ширбадан» ёд карда шуд, аз бозигарони сирк Нина ном духтарча диққати ҳамаро ва аз он ҷумла, диққати маро ҷалб намуд, ман пеш аз навиштани достони мазкур дар бораи он духтарча ғазале ба тарзи мувашшаҳ тасвид намуда будам.
Дар охири ин боб дар ин ҷо навиштани ҳамон ғазал ҳам муносиб дида шуд, ки ин савияи сайри адабии муаллифро дар жанрҳои гуногуни шеър нишон медиҳад.
Он ғазал ин аст:

Нозукбутеро дар сайргаҳ дӯш
Дар сирк дидем, гаштем мадҳуш.
Европазоде, русинажоде,
Насринбарудӯш, софибаногӯш.
Навбарниҳоле, дуҳафтсоле,
Натвон тамаъ кард з-ӯ бӯсу оғӯш.
Ҳар кас ки дида он наврасида,
Аз даст дода сабру дилу ҳуш.
Ҷону сару дин дар роҳи ӯ бин,
То ҳаст мумкин, дар васли ӯ кӯш!
Оромиҷоне, ҷони ҷаҳоне,
Озодсарве, сарве қабопӯш.
Номе гузорӣ, то ёдгорӣ,
Бо номи он шӯх Айнӣ қадаҳнӯш!
1317 ҳиҷрӣ (1899 милодӣ)
____________
*Филҷумла — андак.
**Шела- хушомади бардурӯғ, риёкорона.

Оқибати кори Махдуми Гав

Ман дар қисми II-и «Ёддоштҳо» дар қисми III ёд кардани оқибати пурфоҷиаи Махдуми Гав ва Рустамчаро ваъда карда бошам ҳам, ин воқеаҳо дар вай нағунҷиданду навиштани онҳо ба ин қисм рост омад. Ман мехоҳам дар ин боб ва дар боби оянда ба он ваъдаи худ вафо кунам.
Ман баъд аз кӯчиданам аз мадрасаи Мири Араб аз аҳволи Махдуми Гав ва Пирак бехабар мондам ва бо онҳо дар ягон маҷлис ҳамсӯҳбат шудан рост наёмад. Бо Пирак дар раставу бозорҳо дар ҳолати роҳгузарӣ гоҳо рӯ ба рӯ омада бошам ҳам, бо як саломалеки саризабонӣ аз ҳамдигар гузашта мерафтем, чунки дар кӯчаҳои танги шаҳри Бухоро дар байни анбӯҳи раванда ва ояндагон фурсати аҳволпурсӣ ёфт намешуд.
Махдуми Гавро бошад, дар кӯчаҳо ҳам рост наёварда будам. Аммо дар бораи ӯ гоҳ-гоҳ аз Мулло Ҳомида Савтии ғиждувонӣ ва Зайниддинхоҷа чизҳои аҷиби ақл қабулнакунанда мешунидам. Назар ба қавли онҳо, ӯ аввал кӯкнории гузаро шуда аз мардум рӯ гардонда, бо кӯкнориён унс ва улфат гирифтааст ва хобухези худро ҳам дар кӯкнорхонаҳо кардааст.
Баъд аз он аз онҳо ҳам рӯ гардонда, ба эшони Шояхсӣ даст дода — мурид шуда, хонақоҳнишин шудааст ва дар охир (дар вақтҳое, ки ман ба мадрасаи Кӯкалтош кӯчида будам) аз хонақоҳ ва шайхӣ ҳам дилгир шуда, дар мазори пуштаи Биҳиштиён, дар як гӯрхона истиқомат гузида, аз тамоми мардум худро канор гирифтааст ва танҳо бародараш Пирак ҳар рӯз як бор пеши ӯ рафта хӯрок ва наволаи нашъаашро бурда медодааст.
Чун ин ҳолати охирини ӯро ман шунидам, хостам бо ӯ мулоқот кунам. Рӯзе ҳамроҳи худ Муҳаммадсиддиқи Ҳайратро гирифта, ҳар ду ба қабристони пуштаи Биҳиштиён, ки дар тарафи шарқии қалъаи шаҳр буд, баромадем. Дар он ҷо гӯрхонаҳои харобшударо як-як дида, охир ба гӯрхонаи Муҳаммадшоҳи қушбегӣ расидем, ки бинои вай нисбатан қобили истиқомат буд. Чун даруни гӯрхона даромадем, дари як ҳуҷра кушодагӣ буда, аз он ҷо садои сурфаи касеро шунидем. Аммо ҳарчанд дари он ҳуҷраро кӯфтем, ҷавобе нашунидем ва бо вуҷуди ин ба он ҷо даромадем. Ана дар ҳамин ҳуҷра Махдуми Гав хобида будааст.
Дар вақте ки мо ба он ҳуҷра даромадем, Махдуми Гав мурдамонанд беҳаракат мехобид. Магар аз садои пойи мо огоҳ шуд, ки сар бардошта болишро дар зери паҳлуи худ кашида ба ҳамон вазъият якпаҳлу нишаст. Маълум буд, ки ӯ қуввати дузону нишастан надошт. Дар бадани ӯ аз он танумандӣ ва гӯштдории пештарааш асаре намондааст ва гуфта мешавад, ки «чорчӯби қоқ шудааст». Риши сиёҳи кулӯтааш монанди як порча намади сиёҳи чиркине ба манаҳ ва рӯяш часпидааст; ранги рӯяш, пештар сиёҳчатоб буд, ба хокистарии бо сиёҳии дег омехташуда мубаддал гардидааст; аммо чашмонаш ҳарчанд пажмурда, хира ва ба даруни косахона фурӯ рафта бошанд ҳам, монанди ситораи аз таги абр ногаҳон намоёншаванда гоҳ-гоҳ шӯълаи нуре медурахшонданд ва лабонаш ҳар чанд хушк ва қоқ шуда бошанд ҳам, табассуми доимии аввалаи худро ҳанӯз барҳам надода буданд.
Ӯ маро шинохта ва бо шиносондани ман бо Ҳайрат шинос шуда, аз мулоқоти мо хурсанд гардиданашро маълум кард ва ба хурсандии худ ба тарзи зерин далел овард:
— Чунки, — гуфт ӯ, — ман то ҳол ба одаме вонахӯрдаам, ки бо ман ҳақиқатан дӯстона ва холис вохӯрад. Ту, ки, — гуфт ӯ ба ман хитоб карда ( ҳарчанд дар он вақтҳо синни ман хеле калон шуда, ҳатто хӯҷаини пештараам ҳам ба ман «шумо-шумо» гӯён хитоб мекард, ӯ «ту-ту» гуфт. Маълум шуд, ки ӯ маро монанди бародари худ медонистааст), — ту, ки, — гуфт ӯ, — бо бародарам дӯсти холис будӣ, дили ман дарёфт, ки бо ман ҳам дӯсти холис мебошӣ ва ин рафиқи азизат (Ҳайратро нишон дода) бояд ҳамфикри ту бошанд.
Махдуми Гав сухани худро давом дода гуфт:
— Воқеаҳои дар солҳои охир аз сари ман гузаштаро ҳар кас донад ҳам, дар ин муддат дар дили ман чиҳо гузаштанро ҳеҷ кас, ҳатто бародарам ҳам, намедонад. Чунки ӯ аз ҳар кадоми он корҳое, ки ман дар вақтҳои охир кардам, маро манъ мекард. Аммо ман қабул намекардам. Чун медидам, ки таклифи ӯ дуруст будааст, шарм мекардам, ки сирри дили худро ба вай кушоям. Акнун ки поям ба лаби гӯр расидааст, мехоҳам дарди диламро ба шумо, ҷавонони қобил, кушоям, то ки ин сирҳо бо ман ба гӯр нараванд ва ҳам шумо аз аҳволи ман ибрат гирифта, дар дунё қадаматонро дониста монед.
Ӯ чойникеро, ки дар хокистари оташи қӯрдори гулхан то даҳану нӯлаш гӯр карда шуда буд, аз он ҷо бароварда гирифта, ба пиёла камтар чой рехта, ҳалқи худро тар кард ва баъд аз он дар мақоми узр гуфт:
— Ман аз ин чой ба шумоён намедиҳам, чунки қобили нӯшидани шумоён нест, чойнику пиёла бисёр чиркинанд. (Ҳақиқатан ҳам чирки пиёлаву чойник нафратовар буд.)
Ӯ баъд аз тар кардани ҳалқаш сухани худро давом дода гуфт:
— Махдумон ва қозизодагони Бухоро ба ман ғалаба карда натавонистанд. Ин «зотҳои шариф», ки аз ҳад зиёд мағрур ва дар бораи одамон бепарво буданд, бо нӯшондан ва кашондани арақу банги аз ҳад фузун ҳам натавонистанд, ки маро дузону шинонанд. Аммо дар охир худам худамро хароб кардам ва дида истодаед, ки оқибат ба ҳамин ҳол афтодам.
Ӯ баъд аз ин муқаддима чой нӯшида-нӯшида тамоми воқеаҳои дар солҳои охир аз сар гузаронидаашро ва ҳолатҳои аз дилаш гузаштаро ҳикоя кард.
Назар ба қавли Махдуми Гав, рӯзе Асадҷон-махдум, ки домоди қозӣ Сироҷ буд, барои ҳамроҳи худ саҳро бурдан ӯро ба хонааш ҷеғ задааст. Аммо дар вақти Махдуми Гав ба хонаи ӯ рафтан, худи ӯ дар он ҷо набудааст ва Исҳоқи аттор ном баршпаз* мехостааст, ки як қуттӣ барши кӯҳнаро аз нав қиём гирифта тоза кунад.
Дар ин ҷо ҳамин эзоҳро додан лозим аст, ки қозӣ Сироҷ додари қозӣ Бадриддин буда, ӯ баршхӯри гузаро буд ва дар ин кор чунон ҳарис буд, ки ҳар вақт дар хонаи худ чандин қуттӣ баршро анбор карда мемонд, чунки барш ҳар чӣ қадар кӯҳнатар шавад, ҳамон қадар зӯртар мешавад. Барши кӯҳнаро дар вақти ба кор бурдан аз нав қиём гирифта қадаре нарм мекарданд.
____________
* Барш — як маъҷуни серафюн аст, ки одамро маст мекунад ва баъд аз одат кардан, аз вай халосӣ мумкин нест. Исҳоқи аттор Махдуми Гавро фармудааст, ки барши кӯҳна ва сахтшударо бо белча аз қуттӣ канда ба деги асалдор андозад ва худи ӯ ба растаи атторӣ рафта, аз дӯконаш хабар гирифта омада, қиём хоҳад гирифт.

Исҳоқи аттор рафтааст ва Махдуми Гав кор сар кардааст. Ӯ дар ин бора гуфт:
— Ман як белча баршро канда ба дег андозам, белчаи дуюмро ба даҳани худ меандохтам, чунки таъми вай ширини тундакак буда, ба даҳонам форид ва аз таъсири ҳалокатовари ӯ дар он вақтҳо хабар надоштам.
Ин таъбири Махдуми Гав муболиғанок бошад ҳам, ҳамин маълум аст, ки ӯ дар ҳамон рӯз аз ҳад афзун барш хӯрдааст ва то он вақт соҳиби хона омада ва меҳмонони дигар ҳозир шуда, ҳамаашон аробасавор роҳи саҳроро пеш гирифтаанд.
То нимаи роҳ Махдуми Гав дар ҳолате афтодааст, ки чашмаш ҷоеро намебинад ва сар то пойи баданаш гӯё аланга бароварда месӯзад. Дар ин вақт ба лаби ҷӯйи калоне расидаанд, ки аробакаш аспро ба об мондааст. Махдуми Гав ба ин восита аз об хабардор шуда, худро бо либоси худ ба ҷӯй задааст.
Он рӯзҳо айёми зимистон буда, бар рӯйи об шӯшаҳои ях меомаданд. Баъд аз қадаре дар об истодан чашми Махдуми Гав кушода гардида, дилу баданаш ҳам қадаре осуда шудаанд. Дар ин вақт ӯ гуфт:
— Шӯшаҳои ях, ки баданамро харошида мегузаштанд, ба ман чунон мефорид, ки гӯё дар ҳаммом ходимчӣ танамро бо халта молиш дода собун зада истода бошад.
Хулоса, баъд аз соатҳо дар об истодан бадани Махдум сардиро ҳис карда, ӯ аз об баромадааст.
Баъди аз саҳро омадан, Махдуми Гав ин воқеаро ба Исҳоқи аттор ҳикоя кардааст ва ӯ дар ҷавоб гуфтааст:
— Нимаи он барше, ки шумо хӯрдед, агар каси дигар мехӯрд, ҷо ба ҷо мемурд. Бадан ва мизоҷи шумо, ки фавқулодда зӯр аст, ба он заҳри қотил тоб овардааст. Агар шумо ҳам ба яхоб намедаромадед, мурданатон муайян буд. Аммо агар баршро бо эътидол, мувофиқи фармудаи табибон хӯред, аз дигар нашъаҳо тамоман даст мекашед, чунки кайфи нозуки инро на шароб медиҳад ва на банг.
Махдуми Гав ҳикояти худро давом дода гуфт:
— Ман, ки арақу банг ба дилам зада буданд, баршхӯриро озмудам ва дидам, ки дар ҳақиқат кайфи нозуке дорад, ин корро давом додам.
Назар ба қавли Махдуми Гав, ӯ аввалҳо кам-кам барш хӯрдааст ва баъд аз одат шудан дидааст, ки таъсир намекунад, кам-кам зиёд кардааст ва дар охир ба дараҷае расидааст, ки дигар зиёд кардан мумкин нест. Чунки баъд аз хӯрдани он мурда барин шуда мехобидааст, аммо таъсире намеёфтааст ва ӯ тарсидааст, ки агар боз зиёд кунад, мумкин аст бимирад.
Дар ин миён кӯкнорие ба ӯ рост омада, ин ҳолати ӯро фаҳмида, гуфтааст:
— Беҳтарини нашъаҳо кӯкнор аст!
Махдуми Гав ин «тавсия»-ро озмуда дидан хоста, ба замми барш кӯкнор ҳам нӯшидааст. Чунки ӯ шунида будааст, ки хоҳ барш бошад, хоҳ кӯкнор, баъд аз одат шудан, тарк кардан мумкин нест, ҳар касе, ки ин корро кунад, баданаш реш-реш гардида, азоб кашида хоҳад мурд. Чун дар аввали кор кӯкнор «кайфи» хубе додааст, у ба ин кор тамоман дода шуда, манзили худро дар кӯкнорхонаҳо кардааст. Ӯ дар ин бора гуфт:
— Кайфи баршу кӯкнор ба ҳам омехта, маро тамоман аз дунё берун кард. Ман баъд аз хӯрдани барш ва нӯшидани кӯкнор сари худро хам карда ва чашмонамро пӯшида соатҳо дар дарёи хаёлот фурӯ мерафтам. Дар охир ба ҳамин қарор омадам, ки «ман тамоман аз дунё берун шудаам, ҳатто ба ман асаре аз одамият ҳам намондааст ва ман чаро ба ин ҳол афтодам? Пас чӣ бояд кард?» — Ӯ давом намуда гуфт: — Ҳарчанд фикр кардам, роҳи дубора ба дунё даромаданро наёфтам. Боз хаёлотам боло рафт ва дар назари ман «охират»-ро, «ҷаннат ва ҳуру ғилмон»-ро ҷилва дод ва дар он ҳол дар худ фикр кардам: «Модом ки дунё аз даст рафт, охиратро ба даст даровардан даркор аст!» Ва бо ин хаёл ба шайх даст додан — аз ҳама гуноҳҳо ва аз ҳама корҳои дун тавба карда, ба худо дода шуданро пеши худ қарор додам…
Ӯ баъд аз ҷуръае чой нӯшида ҳалқи худро тар карда дам гирифтан, боз сухани худро давом дод:
— Ман ин хаёлот ва ин қарори худро ба ҳамкосаҳоям — ба кӯкнориҳои дигар нагуфтам. Чунки борҳо ман мақсад ва орзуҳои онҳоро озмуда дида будам: онҳо ҳам аз ғами дунё ва ҳам аз фикри охират фориғ буданд. Ба назари онҳо кӯкнор нӯшида, сар хам карда, чашм пӯшида, ба якдигар гапҳои ширин гуфта нишастан аз ҳамаи давлати дунё ва «неъмати охират» беҳтар буд. Бинобар ин, бе он ки ба онҳо чизе гӯям, ба калонтарин хонақоҳи Бухоро, ки хонақоҳи Шояхсӣ мебошад, рафтам ва ба машҳуртарини шайхи замон, ки эшони Шояхсӣ аст, даст додам ва аз ҳама корҳои дун тавба кардам, ғайр аз баршу кӯкнор, ки барои нигаҳдории ҳаёт аз онҳо даст кашидан мумкин набуд. Шайх ҳам баршхӯрӣ ва кӯкнорнӯширо безарар шумурда, ба ман рухсат дод, ки ин кори худро давом диҳам. Аз муридонаш чанд кӯкнориҳо буданд, ки яке аз ҳуҷраҳои хонақоҳро ба худ кӯкнорхонаи хос карда гирифта буданд. Бо онҳо ҳамкоса шуданро ба ман маслиҳат дод. Барш бошад, Додарам қуттӣ-қуттӣ бурда медод, ки аз ин роҳ ҳам тангӣ намекашидам.
Баъд аз кайфро ба ҷояш овардан, ба умеди зуд ба Худо расида охиратро ба даст даровардан, вирду авроди шайх таълимдодаро такрор мекардам ва ҳар гуна корҳои сиёҳи хонақоҳ ва хонаи шайхро ҳам ба ҷо меовардам.
Назар ба қавли Махдуми Гав, ӯ як сол дар хизмати хонақоҳ ва шайх давом кардааст, аммо ҳарчанд кӯшиш намудааст, роҳи ба Худову охират расиданро наёфтааст, баръакс дар он ҷо аз тарафи шайх ва муридони наздики ӯ ба амал оварда шудани пасттарин корҳои дунёро пай бурдааст.
Муридони наздики шайх, ки аз чор ё панҷ нафар зиёда набуда, дар ҳарамсарой ва дар ҳуҷраи хос маҳрами ӯ буданд, ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки муридони беруна ҳамаи буду нобудашонро ба шайх супурда худ тарки дунё кунанд, яъне аз ҳосили дастранҷи худ, ки аз роҳи деҳқонӣ, ҳайвонпарварӣ ва аз касбу пешаҳои дигар меояд, худ баҳра набаранд, фақат ба хӯроку пӯшоки ба қадри зарур қаноат кунанд. Муридони муқарраб беҳаёиро ба ҷое расонда буданд, ки аз оммаи муридон касони духтардорро далолат мекарданд, то духтари худро ба шайх ҳадя карда оварда, ба ҳарамсаройи ӯ супоранд.
Соҳибҷамолтарини ин гуна духтарон аввал насибаи шайх, баъд аз он рӯзии муридони муқарраб мегардиданд. Ҳар гоҳ ки ба ҳарамсарой духтарони обнорасидаи тозатар пайдо шаванд, шайх кӯҳнаҳоро «падарӣ карда», ба муридони дараҷаи дуюм никоҳ карда медод. Духтарони баднамо ва дилнокаш дар хизмати ошхона, хамирхона ва ҷомашӯйхонаи шайх, ки ин «хонаҳо» бояд дар ҳар шабу рӯз барои садҳо нафар хонақоҳнишин кор мекарданд, мепӯсиданд.
Муридони муқарраб барои водор кардани оммаи муридони содадил ба ин фидокориҳо дар пеши онҳо дар бораи «кашфу каромоти» шайх ҳикоятҳо сохта ва бофта мегуфтанд.
Махдуми Гав ин аҳволро медид, мешунид, пай мебурд ва дар натиҷа дар дили худ қарор медод, ки «бояд роҳи бахудорасӣ ва охиратбадастдарорӣ ин набошад». Ӯ дар натиҷаи ин тафаккур дар ҳаққи шайх ва хонақоҳ дар шакку шубҳа меафтод, чунки ӯ дар тороҷ кардани мардум аз амир ва ҳокимонаш то шайху муридонаш ҳеҷ фарқ намедид. Фарқе, ки дар ин байн дида мешуд, якум ҳамин буд, ки агар амир ва маъмурони ӯ тороҷгарии худро дар тамоми қаламрави Бухоро ба амал оранд, тороҷгарии шайх ва муридони муқарраби ӯ дар доираи тангтар, дар байни оммаи муридон, ки аз ҳазор то панҷ ҳазор нафар буданд, ба амал меомад. Аммо ҳамаи шайхҳои хонақоҳнишини қаламрави Бухоро ба назар гирифта шаванд, доираи тороҷи инҳо ба доираи тороҷи амир ва маъмуронаш баробар меомад.
Фарқи дуюм дар ин буд, ки агар амир ва маъмуронаш мардумро бо зӯру зулм, бо задану зиндон кардан тороҷ кунанд, шайх ва муридони муқарраби ӯ бо найрангу фиреб ин корро ба амал меоварданд. Махдуми Гав аз «ҷиҳати духтарғундорӣ, фоидабарӣ ва ба дигарон инъомкунӣ ҳам дар байни ин ду гурӯҳ фарқ намедид. Чунки амир ҳам духтарони ҳокимон ва маъмурони худ ва дигаронро ба даст дароварда, аввал худ фоида мебурд ва сарқути худро ба аҳли дарбораш инъом мекард.
Махдуми Гав дар ин ҷойи саргузашти худ гуфт:
— Ман ҳама чизи худро бой дода бошам ҳам, ҳанӯз ақлу идрокамро тамоман бой надода будам, инчунин дар ман нишонаи зоҳирии инсоният намонда бошад ҳам, ҳисси инсоният ҳанӯз буд, бинобар ин мебоист ман баъд аз пай бурданам ба ин аҳвол дақиқае ҳам дар он ҷо намеистодам. Аммо фиребгарии шайх ба ақли заифшудаи ман, ки бо таъсири баршу кӯкнор ба хаёлот гирифтор гардида буд, ғалаба карда, боз як соли дигар дар он лойдон мондам. Назар ба нақли Махдуми Гав, шайх ҳар рӯз чанд бор, ҳеҷ набошад як бор, баъд аз вирду авроди муқаррарии хонақоҳӣ муридонро ваъзу насиҳат мекард. Мавзӯи ваъзу насиҳати шайх «васвасаи шайтонӣ» буд. Дар ин бора шайх мегуфт:
— Муридро аз расидан ба Худо ва аз соҳиб шудан ба кашфу каромот васвасаи шайтонӣ бозмедорад. Шайтон дар дили ӯ ҷойгир шуда нисбат ба шайх, нисбат ба хонақоҳ ва умуман нисбат ба сулуки машоих шакку шубҳа мерӯёнад. Ҳар кори шайхро, ки ба чандин ҳикмати пӯшидаи илоҳӣ вобаста аст, мухолифи шариат, ҳатто фисқу фасод карда нишон медиҳад. Муриде, ки дар ин мартаба монад, яъне шакку шубҳаро аз дил нест карда ба васвасаи шайтонӣ ғалаба накунад, гумроҳи абадӣ мешавад. Шарти аъзами муридӣ ва сулуки машоих (рафтан бо маслаки шайхҳо) бо зӯру қувват шакку шубҳаро аз дил рӯфта партофтан аст, яъне кори шайхро роҳи рост донистан аст. Маънии тасфияи ботин (пок кардани дарун) ҳам ҳамин аст.
Махдуми Гав баъд аз нақли тартиби ваъзу насиҳати шайх гуфт:
— Аммо ман баъд аз як соли дигар равшан фаҳмидам, ки «васвасаи шайтонӣ» иборат аз ҳамин гуна ваъзу насиҳатҳои шайх будааст. Барои аз нуқтаи пинҳонии шайх ва хонақоҳ хабардор шуданам муридони муқарраб (наздик)-и шайх ба ман «ёрӣ» доданд.
Назар ба қавли Махдум, муридони муқарраби шайх баъд аз як сол ба ӯ наздик шудан гирифтаанд. Дар бораи «то ҳол кушоиш рӯй надода, ба кашфу каромот соҳиб нашуданаш» афсӯси худро нишон додаанд ва ҳар бор дар паси ин гуна гуфтугузорҳо мегуфтаанд: «Дар бештарини мо баъд аз як сол ва дар баъзеҳо баъд аз яку ним сол кушоиш шуда, кашфу каромот рӯй дода буд. Дар шумо, ки дар бадали ду сол чизе рӯй намедиҳад, ҷойи афсӯс аст». Баъд аз он бо оҳанги ғамхорӣ ва роҳнишондиҳӣ илова мекардаанд: «Ба фаҳми мо, дер мондани қабзияти ботинӣ дар шумо ба сабаби ноқис будани хизмати шумо аст ба шайх, бинобар ин мо маслиҳат медиҳем, ки хизмати худро ба шайх зиёдтар карда бо сидки дил адо намоед».
Махдуми Гав, ки то он вақт рӯфтани хонақоҳ ва атрофи онро худ ба гардан гирифта каси дигареро ба ин кор роҳ намедод, монанди ҳезумшиканӣ ва обкашонии ошхонаи умумӣ ва хонаи шайхро ҳам худ мекард, дар пайи боз ҳам зиёдатар хизмат кардан афтодааст. Масалан, вакили харҷи шайх ба бозор барои чиз харидан равад, ӯ сару по бараҳна ҳамроҳ рафта ҳамаи чизҳои харидашударо ба дӯши худ бардошта меовардааст. Дар зимистон барфи боми хонақоҳ ва бомҳои ҳарамсаройи шайхро худ мерӯфтааст. Ӯ шунида будааст, ки Баҳоваддини Нақшбанд дар шабҳои зимистон офтобаи пуроби сафолро ба синаи худ часпонда гарм карда, саҳар барои таҳорат ба пири худ Миркулол тақдим мекардааст.
Ӯ ҳам ба болои корҳои дар боло ёд кардашуда дар шабҳои сармои сахти зимистон офтобаро бо тасфи синаи худ гарм карда, ба шайх оби таҳорат тайёр намуда додан гирифтааст. Аммо гуфтугузори муридони муқарраб ба ӯ дар мавзӯи лузуми дурусттар хизмат карданаш ба шайх ва хонақоҳ мисли пештара давом кардан гирифтааст.
Дар охир Махдуми Гав аз ин гуфтугузорҳои бесарубун ва аз ғамхориҳои бенатиҷа ва саргум ба ҷон омада, ба муридони муқарраб гуфтааст:
— Ман хусусан баъд аз талқини шумоён коре, ки аз дастам ояд ва чизе, ки ба ёдам расад, дар роҳи хизмати ҳазрати эшон (шайх) ва хонақоҳ дареғ надошта карда омада истодаам. Коре ва чизе, ки аз ғайри ихтиёри ман аз ман фурӯгузошт шуда бошад, шумоён ба ман фаҳмонетон, то ки дар адои вай ҳам ба қадри қувватам кӯшиш намоям. . .
Муридон гуфтаанд:
— Дар хизмати ҷисмонии шумо нисбат ба шайх ҳеҷ камбудӣ нест, ҳатто як қисми он барзиёд аст. Бо ин ҳама ин кифоя намекунад. Дар хизмати шайх коре кардан даркор аст, ки даромади молии хонақоҳ зиёд шавад, то ки маунати шайх ва муридонро бардорад. Шумо дида истодаед, ки доим сад-дусад каси худоҷӯй аз дастархони шайх ошу нон мехӯранд. Дар рамазон шумораи хӯрандагон аз ҳазор нафар мегузарад. Охир, ин дунё олами асбоб аст, бояд маблағи ба ин қадар хароҷот сарфшаванда ба воситаи мову шумо ба даст дарояд.
— Ман дорои чизи барзиёд нестам, ки оварда дар хизмати шайх ва хонақоҳ нисор кунам. Ман танҳо як дар ҳуҷра дорам, ки вақфи вайро додарам гирифта, ба обу нашъаи ман сарф менамояд. Ҳатто бисёр вақт мешавад, ки вақфи ҳуҷраи ман ба ин хароҷот намерасад ва додарам маҷбур мешавад, ки як қисми вақфи ҳуҷраи худро ҳам ба ман сарф намояд. Ба шумоён маълум аст, ки бе обу нашъа ман як рӯз ҳам зинда намемонам. Дар ин сурат ман чӣ гуна ба шайх хизмати молӣ карда метавонам? — мегӯяд Махдум дар ҷавоби муридон.
Яке аз муридон гуфтааст:
— Ҳеҷ кас аз шумо талаб намекунад, ки аз кисаи худ ба хонақоҳ ва шайх ёрии молӣ расонед. Агар шумо дорои молу ашё мешудед ҳам, ҳеҷ кас аз шумо ин талабро намекард, чунки шумо мулло ва муллозода мебошед. Ба мулло ва муллозодагон ҳамеша ёрии молӣ расондан лозим аст, на ин ки аз онҳо назру ниёз талаб карда шавад. Аммо мо ба шумо роҳе нишон медиҳем, ки агар шумо ба он роҳ равед, ба замми ин ки даромади молии хонақоҳро хеле зиёд мекунед, худатон ҳам бо осудагӣ зиндагонӣ менамоед, обу нашъаи шумо ҳам ба ҳисоби хонақоҳ таҳия шуда, вақфи ҳуҷраатон барои худатон захира ё барои хароҷоти додаратон сарф мешавад ва ӯ ҳам дар дунё осуда зиндагӣ менамояд ва самараи хизматҳоеро, ки ба шумо кардааст, дар ҳамин дунё мебинад.
Муриди муқарраби дигаре илова кардааст:
— Агар шумо бо роҳи нишондодаи мо равед, ба зудӣ хонадор шуда, ба як духтари соҳибҷамол шавҳар мегардед, ки ҳамаи мо аз давлати шайх бо духтароне, ки ба ҳарамсаройи шайх ба тариқаи ҳадя ва назр оварда шудаанд, хонадор гардидаем. Дар он сурат шумо дар яке аз ҳавличаҳои хонақоҳ манзил мекунед, зани нозанинатон танҳо хизмати маҳрамии тани шуморо ба ҷо меорад, ҷомашӯйӣ, хонарӯбӣ, ошунонпазӣ барин дигар хизматҳои рӯзгориатон ба воситаи ходимони хонақоҳ ва ходимагони ҳарамсаройи шайх адо меёбад.
Махдуми Гав дар ин ҷойи нақли саргузашти худ ба мо гуфт:
— Акнун дар ман ҳеҷ шакку шубҳае намонда буд, ки шайх ва муридони муқарраби ӯ ҳама фиребгари разил будаанд. Бо вуҷуди заиф шудани ақлам ман яқинан фаҳмида гирифта будам, ки ин роҳбарони хонақоҳ ҳама сайёдони одамшикор буда, «роҳи Худо, ба даст даровардани охират, неъматҳои алвони ҷаннат» дом ва донаи онҳост. Бо вуҷуди ин ман хостам чӣ будани он «роҳе»-ро, ки онҳо ба рафтани вай маро таклиф карда истодаанд, аз забони худи онҳо шунавам, бинобар ин аз онҳо пурсидам:
— Он роҳе, ки агар ман бо вай равам, ҳам даромади молии хонақоҳро зиёд мекунам ва ҳам худам осуда мешавам, кадом аст? Гуфтанд:
— Ин роҳ маълум ва осон аст, — ва шарҳ доданд: — Ба шумо маълум аст, ки аз шаҳру саҳро ба пеши шайх муридони содадил бисёр меоянд, хусусан деҳқонони саҳроӣ аз ҳад зиёд соддалавҳ мебошанд. Онҳо гумон кардаанд, ки бо омада ба шайх даст дода аз гуноҳҳои гузаштаашон тавба кардан, даррав ба Худо мерасанд ва охиратро ба даст медароранд. Онҳо намедонанд, ки барои ин кор ҷонсупорӣ ва молсупорӣ лозим аст, охир то кас аз баҳри моли дунё нагузарад, ба охират чӣ гуна мерасад? Ана ҳамин шартҳои муридиро ба онҳо фаҳмондан лозим аст. Ҳар кадоми мо ҳам ба қадри тавонистанамон муридонро ба фидои ҷону молу зану фарзанд далолат мекунем. Аммо аз он ҷо, ки чаласавод мебошем, баъзе шаккокон ба гуфтаи мо он қадар эътибор намедиҳанд. Шумо, ки мулло ва муллозода мебошед, суханони шумо зуд қабул меёбад, якзабон шудани шумо бо мо гуфтаҳои моро ҳам қувват медиҳад, хусусан ки дар бораи «кашфу каромоти шайх» дар пеши муридони беруна ҳикоятҳо кунед, ҳеҷ гоҳ гапи шумо дар замин намемонад ва монанди ваҳйи осмонӣ шунида мешавад.
Махдуми Гав нақли саргузашти худро давом дода ба мо гуфт:
— Ман барои боз ҳам равшантар фаҳмидани роҳи фиребгарии хонақоҳнишинон ба онҳо гуфтам: «Ман, ки дар муддати ду сол ягон кашфу каромот аз шайх надидаам* дар бораи «кашфу каромот» ба муридон чӣ гуфта метавонам?» Онҳо ҷавоб доданд:
— Дар китобхонаи шайх монанди «Тазкират-ул-авлиё» ва «Маноқиб» (тарҷимаи аҳволи шайхҳои гузашта) китобҳо ҳастанд ва дар он китобҳо дар бораи кашфу каромоти шайхҳои гузашта ҳикоятҳо бисёранд. Шумо, ки саводи хуб доред, онҳоро мехонед ва ҳар рӯз аз онҳо як-ду ҳикоятро мувофиқи ҳамин замон сохта, ба шайхи худ нисбат дода, ба муридони беруна нақл мекунед.
Дигаре аз он муридони муқарраб илова намуд:
— Вақте ки ба шумо кушоиш рӯй дода, қабзияти ботиниатон барҳам хӯрад, худатон ҳам аз шайх кашфу каромотҳо мебинед ва ба Худо мерасед. Махдуми Гав дар ин ҷойи саргузашти худ ба мо гуфт:
— Чун ҳамаи фиребу найранги хонақоҳнишинонро фаҳмида гирифтам, вазифаи ман он буд, ки разолати корҳои онҳоро бар рӯйи худашон зада, баъд аз он ҷо бароям. Аммо тарсидам, ки мабодо онҳо барои пӯшида нигоҳ доштани сирри худ маро талаф намоянд. Бинобар ин дар зоҳир ба онҳо «оре, бале» гуфта, ҳамон шаб аз хонақоҳ гурехтам ва дар ҳолате гурехтам, ки ман ҳам аз дунё ва ҳам аз охират маҳрум ва ноумед шуда будам. Агар пештар ман худро «дунёро аздастдода ва ба роҳи охират даромада» гумон карда бошам, акнун ба ман шакке намонда буд, ки роҳи охиратро ҳам ёфта наметавонам. Ба ҳамин тариқа, аз неку бади одамон нафрат кардам, бинобар ин дар мазор манзил гузидам, то ки ҳеҷ набошад, бақияи умри худро дар миёни мурдагон гузаронам, ки ба касе зарарашон намерасад ва худам ҳам дар ин ҷо ба касе зарар нарасонам.
Хонанда бояд дар хотир дошта бошад, ки Махдуми Гав дар аввали мулоқоти саримазориамон дар муқаддимаи нақли саргузашти худ ба мо гуфта буд, ки: «…худам худамро хароб кардам ва дида истодаед, ки оқибат ба ҳамин аҳвол афтодам».
Ин сухани Махдуми Гав нодуруст буд. Ӯ худ худро хароб накарда буд, балки ӯро муҳити пӯсидаи феодалии аз ҳад зиёд разилшудаи Бухорои амирӣ хароб карда буд. Он муҳит на танҳо Махдуми Гав барин паҳлавони одамдӯстро хароб карда буд, балки садҳо ва ҳазорҳо фарзандони қобили пуристеъдоди халқро несту нобуд гардонда буд. Хароб ва ҳалок шудани монанди Муҳаммадӣ-махдуми марди мардон, Барно-Тайёр, Шарофҷони ҳунарманд, Усто Муроди забардаст ва дигар аҳли касабае, ки дар «Ёддоштҳо» ёд карда шуданд ва онҳое, ки монанди Рустамча ёд карда мешаванд, Шоҳин, Ҳайрат барин шоирон, ки дар ёддоштҳо ва тазкираҳо мазкуранд, ҳатто хароб, ҳалок ва маъюс шуда аз дунё чашм пӯшидани Аҳмад- махдум барин мутафаккирон, — мисоли ҳамон харобӣ ва ҳалокати умумии давраи пӯсидаи амирӣ аст. Инҳо ҳамон қобилият ва истеъдодҳои номурдании халқ буданд, ки дар Бухорои амирӣ на танҳо тарбия ва инкишоф наёфтанд, балки сӯхта хокистар гардида ба боди фано рафтанд.
Агар он фарзандони пуристеъдоди халқ дар замони советӣ мебуданд, ҳар кадом қаҳрамони халқ, қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, адиб ва адабиётшиноси гузаро, мутафаккир ва файласуфи ҷаҳонӣ, ходими пурманфиати ҷамоат, ихтироъгари рӯйи дунё ва монанди инҳо мегардиданд.
Хонанда бояд аз саргузашти Махдуми Гав ва дигарон сарсарӣ нагузарад ва бояд диққат кунад, ки инҳо аз таърихи ҷамъият ва сохти замони амирӣ парчаҳоеанд, ки дар ҳеҷ китоби таърих навишта нашудаанд.

Кушта шудани пурфоҷиаи Рустамча, вафоти Махдуми Гав ва Пирак

Ман баъд аз мулоқоти якуми саримазориам бо Махдуми Гав дар баҳору тобистону тирамоҳ (агар дар шаҳр бошам) ҳафтае як бор ба боздиди ӯ ба пуштаи Биҳиштиён мерафтам ва дар рӯзҳои зимистон, вақте ки ҳаво хуб бошад, камаш дар ҳар понздаҳ рӯз як бор аз аҳволи ӯ хабар мегирифтам. Ӯ дар назари ман чунон менамуд, ки рӯз то рӯз лоғар ва бемадор шуда ба лаби гӯр наздик рафта истодааст.
Дар вақтҳои дар пеши Махдуми Гав буданам, ду-се бор бо додари ӯ Пирак мулоқот кардан ҳам рост омад. Аҳволи ҷисмонӣ ва рӯҳии Пирак ба назари ман аз аҳволи бародараш ҳам бадтар намуд. Пирак, ки дар асл одами хурдҷусса, борикбадан ва қоқ буд, акнун монанди мӯйи дар оташ афтода ба худ печида, миёнаш хам хӯрда рафта буд. Ӯ, ки бародарашро аз ҳад зиёд дӯст медошт, дар аҳволи пурфоҷиаи вай тоб наёварда ба ин ҳолат афтоданаш табиӣ менамуд. Ақл, ҳуш ва идроки Пирак тамоман дар ҷояш буд, ӯ ба хубӣ мефаҳмид, ки бародараш имрӯз набошад, фардо аз дунё чашм хоҳад пӯшид. Ӯ, ки ягона дилхушиаш дар дунё ҳамин бародараш буд, бо тасаввури ин ҳол тамоман аз рӯҳ афтода ва аз хушиҳои зиндагӣ ноумед шуда монда буд.
Ба ман ҳам аҳволи Пирак аз аҳволи бародараш бадтар таъсир кард, чунки ман фикр мекардам: «Агар Пирак пеш аз бародараш вафот кунад, пас аҳволи ин «мурдаи ҷоннок» чӣ мешуда бошад, луқмаи таом ва обу нашъаи ҳаррӯзаашро ба ӯ кӣ тайёр карда медода бошад?» Ман ҳарчанд фикр мекардам, дар худ он иқтидор, шароит ва қувваи моддиро намеёфтам, ки баъд аз вафоти Пирак ба ҷойи ӯ гузашта, хизмати ӯро ба бародараш ба ҷо орам. Бинобар ин аҳволи Пирак ба ман на танҳо ба сифати дӯсти хуби аввалини ман дар Бухоро буданаш бад таъсир мекард, балки ба ин, баъд аз вафоти у, таъсири бади тасаввури боз ҳам бадтар ва беилоҷтар шудани ҳоли бародараш зам мешуд.
* * *
Чунонки дар қисми дуюм тафсилан баён карда шудааст 275, дар сар шудани баҳорон, як моҳ пештар аз соли нав, дар Файзобод ҳафтае як рӯз (дар рӯзи ҷумъа) сайри халқӣ барпо мегардид. Дар яке аз ҳамин гуна рӯзи ҷумъа ману Ҳайрат ҳар ду ба сайри Файзобод баромадем. Ҳаво дар ғояти хубӣ буд, насими фораме аз киштзорҳо ва чорбоғҳо вазида, бӯйи хуши майсаҳои гандум ва ҷав; накҳати сабзаҳои худрӯйи лабиҷӯйӣ ва роиҳаи шукуфаҳои дарахтони зардолуро ба димоғи кас монанди як ҷони тоза мерасонид.
Мо дар ин гуна ҳаво дар байни гурӯҳи сайркунандагон дар самоворхонаҳо ва дар саҳни хонақоҳ нишастанро муносиб надида, дар чойҷӯше, ки дар даст доштем, аз самоворхона чойе дам карда, камтар донашӯрак гирифта, аз анбӯҳи саёҳагкунандагон канортар рафтем ва дар зери дарахти зардолуи сар то сар шукуфтае, ки дар канори киштзори гандум буд, кампал паҳн карда, ҳар ду рӯ ба рӯйи ҳамдигар якпаҳлу ёзида ба донашӯракхӯрӣ ва чойнӯшӣ даромадем. Ҳайратро қувваи ҳофиза чунон баланд буд, ки қасидаҳои дуру дароз ва парчаҳои пурмазмуни шоирони классики тоҷикро аз ёд медонист. Ӯ аз ин захираи тамомнашавандаи худ гавҳарҳои ноёбро шадда-шадда бароварда дар миён мегузошт. Дар таърифи баҳор, дар тавсифи сабзаву себаргаҳои канори ҷӯйбору киштзор, дар тасвири шукуфаҳои гуногуни дарахтони мевадор қасидаҳо ва қитъаҳои муносиб ва дилчаспро мехонд ва ман ҳама тан гӯш гардида, хондаҳои ӯро шунида, бо «ҳай-ҳай!» ва «бай-бай!» таҳсин мекардам.
Дар охир Ҳайрат ба хондани шеърҳое гузашт, ки онҳо бо баёни бардавом будани табиат аз ногузир будани вафоти инсон хабар медиҳанд ва одамро дар маъюсӣ меандозанд, чунки дар он вақтҳо дар мизоҷи ӯ осори бемории сил намудор шуда буд ва ҳаёти худро дар зери хавфи ҳалок ҳис мекард ва бо хондани ин гуна байтҳо гӯё чигунагии аҳволи сиҳҳии худро ифода менамуд.
Ӯ дар ҳамин қатор чор мисраи зерини Саъдиро ҳам хонд:
Дареғо, ки бе мо басе рӯзгор
Бирӯяд гулу бишкуфад лолазор.
Басе тиру даймоҳу урдибиҳишт
Биёяд, ки мо хок бошему хишт.
Ман бо шунидани ин байт саёҳатеро, ки чандин сол пештар аз он дар он ҷо карда будем, ба ёд меовардам. Дар он вақт ҳам дар ин киштзор ва боғот сабзаву себаргаҳо ба чашми кас нур ва ба дили кас ҳузур мебахшиданд, бӯҳои хуши шукуфаҳо димоғи одамро чоқ мекарданд. Мо дар ин ҷоҳо ҳавои тоза хӯрда қувват бар қуввати худ меафзудем. Аммо аз он рафиқоне, ки дар он вақт (чунонки дар қисми II «Ёддоштҳо» шарҳ ёфтааст) бо мо буданд, ду нафар беҳтаринашон — Махдуми Гав ва Пирак ба лаби гӯр расидагӣ менамуданд. Рафиқи ҳозираам Ҳайрат ҳам ҳаёти худро дар зери хавф медид. Сабзаву себаргаҳо ва шукуфаву майсаҳо бошанд, монанди ҳарсола месабзиданд, мерасиданд ва мешукуфтанд ва дар солҳои оянда ҳам монанди пештара ва ҳозира хоҳанд сабзид, расид ва шукуфт…
* * *
Ҳуҷуми хаёлот ва вазиши шамоли форами баҳорӣ моро дар зери пардаи пинак гирифта буд. Як вақт ҳушёр шудем, ки гашти рӯз шуда, дар яке аз заминҳои юнучқа дуртар аз мо маъракаи гӯштигирӣ барпо гардидааст.
Мо ҳам чойҷӯш ва пиёларо ба даст ва кампалро дар бағал гирифта, ба ҳамон тараф равона шудем. Дар маъракаи гӯштигирӣ монанди пештара аҳолии ноибнишини Мазор дар як тараф ва аҳолии ноибнишини Галаосиё дар тарафи дигар бо ҳам муқобил менишастанд. Аҳолии шаҳр бошанд, дар як тараф бетараф нишаста, барои ёрирасонӣ мунтазири мағлубияти тарафе аз тарафайн буданд. Мо ҳам ба сифати бетарафон дар қатори аҳолии шаҳр ҷо гирифта нишастем.
Маълум мешуд, ки мо дер монда будем ва аз ҳар тараф зӯрозмоён баромада, яке аз дигаре ғалтида ё ҳарифи худро ғалтонда буданд ва дар маърака танҳо як ҷавон талабгори ҳариф шуда рост меистод, қади ӯ кӯтоҳ, баданаш камгӯшт, рӯяш суп-сурх менамуд. Ӯ дар майдон бағоят шармгинона меистод. Чунонки дар сафи намоз ё дар пеши ягон одами калон бошад, ду дасташро пеш гирифта ва сараш-ро ба тарафи замин хам карда буд.
Паҳлунишинони мо ба мо маълум карданд, ки он ҷавон аз галаосиёиён панҷ нафарро пушт ба замин хобондааст, акнун мунтазири ҳарифи шашум аст. Дар ҳамин вақт яке аз саркорони маърака эълон кард, ки:
— Ба Рустамчаи шӯркӯлй Азими деҳчагӣ талабгор аст. Ҳамин ҳозир ҳар дуи инҳо тамошо хоҳанд дод. Тамошобинон ҳушёр бошанд!
Ман аз ин эълон дарёфтам, ки он ҷавони хурдҷуссаи шармгин Рустамчаи шӯркӯлй будааст, ки дар қисми П-и «Ёддоштҳо», дар боби «Сайри Файзобод» зикраш гузаштааст ва чунонки дар ҳамон ҷо қайд шудааст, ӯ дар вақти бистсолагиаш ба Маҳмуди Гав талабгор шуда баромада буд. Маҳмуди Гав ба ӯ раҳм оварда, қасдан ӯро нағалтонда буд. Дар вақте ки Рустамча аз ҷиҳати ҷасорати худ ба Махдуми Гав узр гуфт, ӯ вайро насиҳат карда буд, ки бисёртар машқ кунад, ба зӯру қувваи худ мағрур нашавад, дар оянда паҳлавони хуб хоҳад шуд.
Маълум шуд, ки Рустамча он тавсияҳои Махдуми Гавро ба амал овардааст. Ҳарчанд қадаш аз аввала наёзида ва баданаш ғафс нашуда бошад ҳам, дасту бозуҳояш бо соқу зонуҳои поҳояш сермушактар менамуданд. Аз мағрурӣ бошад, дар вай асаре набуд, бо вуҷуди панҷ паҳлавонро ғалтонданаш дар маърака чунон меистод, ки кас гумон мекард «ҳамин замон ӯ аз шармгинӣ об шуда ба замин хоҳад рехт».
Ба муқобили ӯ Азими деҳчагӣ баромад: қади ӯ аз қади Рустамча баландтар, баданаш ғафси сергӯшт ва синнаш ҳам аз вай болотар менамуд. Ӯ мағрурона маъракаро як давр зада омада, бар рӯ ба рӯйи Рустамча истод ва баъд аз бо ҳам «салом-алек» карданашон деҳчагӣ ду дасташро ба тарафи Рустамча ёзонд. Зоҳиран, ӯ мехост, ки панҷаҳои худро ба китфҳои ҳарифаш гузошта, бо як зӯр ӯро ба замин шинонад.
Аммо Рустамча ба ин роҳ надод, бандҳои дастони ёзондаи ҳарифро пеш аз он ки ба китфонаш расанд, бо ду панҷаи худ маҳкам дошт ва нагузошт, ки хасм пеш ояд ва бо лингҳои дарозаш ба почаҳои ҳарифаш зарба занад.
Азими деҳчагӣ кӯшиш мекард, ки дастонашро аз дастони ҳариф халос карда гирад ва бо ӯ бо ягон ҳунари дигари гӯштигирӣ мубориза намояд. Аммо Рустамча ба ин нияти ӯ роҳ намедод, панҷаҳои дастони ӯ ба банди дастони деҳчагӣ чунон сахт часпида буд, ки тамошобин гумон мекард: «гирои оҳанине оҳанеро сахт доштааст ва инро аз он ҷудо карда гирифтан мумкин нест».
Рустамча дастони ҳарифро маҳкам дошта ҳар замон пас тела медод ва пеш мекашид ва баъд аз чанд бор ин амалро ба кор бурдан ӯро ба тарафи дасти росту чап алвонҷ дода боз дар рӯ ба рӯйи худ нигоҳ медошт, Баъд аз чанд бор ин корро такрор кардан ӯ дид, ки дар ҳариф мадоре намонд, боз як бори дигар вайро ба тарафи дасти рости худ алвонҷ дода ва худ бо як чобукии ҳайратангез ба тарафи дасти чапи худ хам хӯрда хасмро монанди ҷуволчаи пургандум ба сараш бардошт ва сари худро андак хам карда ӯро баргардонда пуштнокӣ ба замин зад. Аммо дар вақти гардонда ба замин задан чунон оҳистагӣ ва устоӣ ба кор бурд, ки ҳариф ба замин сахт барнахӯрд, вагарна устухонҳои мӯҳраи пушташ реза-реза шуда, эҳтимоли ҳалок гардидан дошт.
Ин ҳунари гӯштигириро, ки «дастпеч» меноманд, мегӯянд Рустамча танҳо дар муборизааш бо деҳчагӣ ба кор бурд, чунки ҳариф бисёр зӯр буда, то он вақт касе пушти ӯро ба замин нарасонда буд.
Дар натиҷаи ин мубориза фарёди таҳсину офарин аз тамошобинон ба осмон расид. Ҳатто мӯйсафедони тарафи муқобил ҳам Рустамчаро ба миёна гирифта, «шо бош» (шод бош) гӯён навозишкорона ба китф ва пушти ӯ мезаданд ва бо ҳамин маъракаи гӯштигирӣ ҳам тамом шуда, одамон ба ҳар тараф паро-канда гардиданд.
* * *.
Ману Ҳайрат аз маъракаи гӯштигирӣ ба тарафи шаҳр равона гардидем. Роҳи мо аз болои хонақоҳи Файзобод меафтод. Мо оҳиста-оҳиста қадам мемондем ва то расиданамон ба хонақоҳ дар айвони он ҷо касе намонда буд ва самоворчиён ҳам аз рӯйи саҳн намад ва палосҳои худро ғундошта, барои ба шаҳр рафтан тайёрӣ медиданд. Ҳайрат гуфт:
— Одатан дар айвон ва деворҳои хонақоҳ ба ин ҷо омадагон чизҳо менависанд, хондани ҳамон чизҳо ҳам холӣ аз тамошое нест. Биё, мо ҳам айвонҳои хонақоҳро гардиш карда, чизҳои навишташударо хонда бинем.
Ман қабул кардам ва ба саҳн баромада ба айвони хонақоҳ, ки бо хишти пухта дар шакли равоқҳо сохта шудааст, даромадем. Ҳақиқатан, навиштаҳои он ҷо тамошо дошт: баъзе котибҳои хушнавис бо хати хуби зебо як ё ду байтро аз шоирони гузашта ба девор навишта буданд, аммо онҳо чунон хато ва калимаҳоро тағйир дода навишта буданд, ки аз бесаводии он котибони хушнавис кас дар тааҷҷуб фурӯ мерафт.
Баъзеҳо ба болои тағйир додани калимаҳо ва хатоҳои имло шеърҳои гузаштагонро чунон бо хати бад навишта буданд, ки барои хондани онҳо будани худи ҳамон нусханависон шарт буд. Баъзеҳо шеъри бади бемазмун ва фачи худро бо хате, ки аз шеърашон монданӣ надошт, навишта, дар зераш имзо ҳам гузошта буданд. Маълум буд, ки он гуна «шоиртарошон» на аз шеър хабар доштанд ва на аз хату имло, бо ҳамаи ин ба шеъру хати худ ақидаи хубе доштаанд, ки барои «таҳсину офарин шунидан» аз хонандагони ношиноси холис дар ин ҷо нақш кардаанд.
Баъди аз як сар дида баромаданамон он навиштаҷотро Ҳайрат гуфт:
— Маро дар вақти баромаданамон аз маъракаи гӯштигирӣ то омаданамон ба ин ҷо дар мавзӯи баҳор рубоие ба хотир расид, ки мехоҳам вайро дар ҳамин ҷо нависам, шояд одами саводноке ин ҷо расида, ин рубоиро хонда вақташ хуш шавад.
Ӯ баъд аз гуфтани ин суханҳо ба рӯйи саҳн, ба ҷое, ки самоворчиён самовор меҷӯшонданд, рафта, як лӯнда ангишт ёфта овард ва як ҷойи девори гаҷкории хонақоҳро, ки сафед буда, ҳанӯз дар он ҷо чизе навишта нашуда буд, писандида, бо сарлавҳаи зерин рубоии зеринро навишт:

РУБОИИ РАБЕИЯ (БАҲОРИЯ)
Эй толеам аз талъати рӯят фирӯз!
Ҳар рӯзи ман аз баҳори васлат наврӯз!
Бо ёди ту овони ман — овони шабоб 276,
Бе рӯйи ту айёми ман — айёми аҷуз 277!
Мо аз саҳни хонақоҳ фуромада, роҳи худро давом додем. Мардум ҳам ду-ду, чор-чор аз пасу пеш мерафтанд. Ман дар қатори аз пеш равандагон дидам, ки Азими деҳчагӣ бо Рустамча паҳлу ба паҳлу мераванд ва ҳар ду саргарми сӯҳбат ва чақ-чақ мебошанд. Ман ин ҳолро дида хеле хурсанд шудам, зеро он паҳлавонони номдор, баъд аз он ки дар маърака дар пеши мардум ҳунарнамойӣ карда, монанди ҷанговарони маъракаи муҳориба ба ҳам корзор намуда, зӯри худро нишон доданд, боз монанди дӯсти дерина бо ҳам мерафтанд, маълум буд, ки дар дили худ кинае аз ҳам пайдо накардаанд.
Хусусан ман аз Азими деҳчагӣ хурсанд шудам, ки ӯ, бо вуҷуди ғалтиданаш аз ҷавони хурдсолтар аз худ, аз ӯ наранҷида буд. Ин ҳол дар байни паҳлавонон ва олуфтагони онзамонии Бухоро дида намешуд ё кам дида мешуд.
Мо роҳи худро давом додем ва ба сари дураҳае, ки яке аз онҳо рост ба тарафи ҷануб, ба Ҷӯгихона меравад, дигаре ба дасти чап баргардида, ба тарафи ғарб нигоҳ карда рафта, аз болои Қаландархона ба тарафи дарвозаи шаҳр мегузарад, расидем. Мо роҳи худро рост ба тарафи ҷануб давом додем, зеро нияти боздиди Маҳмуди Гавро доштем, ки ба бошишгоҳи ӯ бо ин роҳ зудтар расида мешуд.
Рустамча бо Азими деҳчагӣ ҳам дар миёнаи равандагон бо ҳамин роҳ пеш-пеши мо рафта истода буданд. Дар ҳамин байн, намедонам ба чӣ сабаб, чашми ман аз онҳо канда шуда ба тарафи дигар афтод ва дар ҳамин вақт аз байни мардум бо фарёди ҷонкоҳ садои «кушт, кушт!» баромад ва равандагони пасу пеш давону тозон ба ҷое, ки Рустамча ва Азими деҳчагӣ мерафтанд, ғун шуданд. Мо ҳам чобукона ба ҳамон тараф шитофтем ва дар байни ҳалқаи мардум дидем, ки ҷасади Рустамча дар хоку хун оғушта шуда ба замин хобидааст ва яккакорди дарозтеғе, ки дастаи сафеди устухонӣ дошт, ба сари дили ӯ то гулбанд фурӯ рафтааст. Аз давродаври теғи корд хуни сиёҳ фавворазанон баромада ба ҳар тараф пош мехӯрд. Аммо Азими деҳчагӣ дар он миён набуд.
Яке аз ҳозирон сари маҷрӯҳро ҷунбонда аз вай пурсид:
-Туро кӣ зад?
Маҷрӯҳ, бе он ки чашми худро кушояд:
— Азими деҳчагӣ бо корд зад, — гуфт ва илова намуд: — Вой! — Дигар садое аз байн набаромад. Бештарини ғуншудагон на маҷрӯҳро медонистанд ва на Азими деҳчагиро. Ман дар бораи Рустамча ва Азими деҳчагӣ маълумоти кӯтоҳе ба гирдомадагон додам ва афсӯс хӯрдам, ки Азими деҳчагии номард гурехта рафтааст.
Баъд аз чанд дақиқа се ҷавони дигар пайдо шуданд, ки дар дасти ҳар кадоми онҳо яккакорди хунолуде буд, онҳо ба касе чизе нагуфта, ба сари Рустамча гузаштанд. Ҳарчанд ӯро ин тараф- он тараф ҷунбонданд ва гап пурсиданд, ӯ асари ҳаёте нишон надод. Аммо чашмонаш, ки дар вақти зиндагиаш пӯшида буданд, ҳоло кушода шуда, бенурона ҳам бошад, ба касоне, ки ба болои сари мақтул ҳозир мешуданд, гӯё нигоҳ мекарданд.
Вақте ки дар байни мардум аз гурехта рафтани қотил афсӯсҳо пайдо шуд, он ҷавонон ба даст афтода ба ҷазои худ расидани ӯро хабар доданд. Назар ба қавли онҳо, воқеа ин тавр шуда будааст:
Вақте ки Азими деҳчагӣ Рустамчаро ба ҳамроҳии худ таклиф карда ба роҳ даромадааст, ин ҷавонони шӯркӯлӣ дар шубҳа афтодаанд, бинобар ин гоҳо аз пеш ва гоҳо аз пас ҳаракати Азими деҳчагиро зери чашм гирифта ҳамроҳи онҳо равона шудаанд ва дар дили худ қарор додаанд, ки агар Азими деҳчагӣ ба Рустамча ҳамлаи номардонае кунад, ӯро мудофиа ва ҳимоят хоҳанд кард.
Аммо афсӯс ки дар вақти ба амал омадани ҷиноят онҳо аз қотил ва мақтул як-ду қадам пештар буданд ва аз вуқӯи ҷиноят монанди одамони берунаи роҳгузар бо шунидани садои «кушт, кушт» хабардор шудаанд. Онҳо бо шунидани ин садо ҳамин ки пас гаштаанд, қотил ҳам аз пеши онҳо гурезон гузашта рафтааст.
Ҳар чӣ хуб шудааст, ки онҳо ҳушёрӣ карда, на ба тарафи мақтул барои хабар гирифтани аҳволи ӯ, балки аз дунболи қотил барои дастгир кардани ӯ давидаанд.
Қотил (шояд аз хавфи дастгир шудан аз тарафи одамони роҳгузари аз пеш оянда бошад) бо роҳи рост гурехта рафтанро муносиб надида (барои пинҳон шудан), ба як дарвозаи кушодаи ҷӯгие гурехта даромадааст ва таъқибкунандагон ҳам расида рафта, барои пинҳон шудан ба ӯ фурсат надода, ӯро миёнагир карда ҳар сеяшон аз се тарафаш бо яккакордҳо ҳуҷум намуда, дар як ҳамла кори ӯро тамом намудаанд.
— Хушбахтона, — гуфт яке аз ҷавонони шӯркӯлӣ, — қотил саросема шуда, корди худро аз бадани мақтул кашида нагирифта гурехтааст, ки дар вақти ҳуҷуми мо ӯ тамоман беаслиҳа буд ва мо, бе он ки аз тарафи ӯ зараре бинем, интиқоми дӯсти худро гирифтем.
Ду нафар аз ҷавонони шӯркӯлӣ ба сари мурдаи мақтул ба тарзи посбонӣ истода, сеюмашон барои ароба ёфта оварда ҷасади мақтулро ба деҳа бурдан ба аробакашхона рафт. Мо ҳам дигар дар он ҷо истоданро кори барзиёд дониста, хостем ба пушта баромада, ба боздиди Махдуми Гав равем.
Аммо Ҳайрат бо он аҳволи парешон, ки аз воқеаи ногаҳонии пурфоҷиа дар мо рӯй дода буд, ба пеши бемори барҷомонда рафтанро муносиб надид:
— Эҳтимол, ин ҳолати мо ба Махдуми Гав таъсири бад кунад, — гуфт, — бинобар ин ҷое нишаста қадаре осуда шуда, баъд аз он ба боздиди бемор рафтан мувофиқ аст. Ман ин таклифи ӯро кабул кардам ва ҳар ду ба гӯрхонаи қозӣ Садриддин, ки дар он ҷо наздик буд, даромадем. Аз яке ҳуҷранишинони он ҷо оби сарде пурсида гирифта, дасту рӯямонро шустем ва нӯшидем.
Ҳайрат қаламе ва коғазе аз кисаи бағалии худ бароварда ҳарфҳои суханони Рустамчаро, ки дар охири умраш барои нишон додани қотили худ «Азими деҳчагӣ бо корд зад»- гуфта буд, бо ҳисоби абҷад шумурда дид ва ин шумора 1306 баромад. Ин рақам, аз таърихи ҳиҷрии ҳамон сол, ки 1318 буд, дувоздаҳ адад камӣ дошт. Баъд аз он ба ин рақам сухани вопасини мақтулро, ки «вой» буд, ҳисоб намуда зам кард. Ин рақам 1323 баромад, ки аз таърихи матлуб панҷ адад зиёд буд. Пас аз он ӯ ҳарфи охирини сухани вопасинро, ки «й» бошад, ба «ҳ» табдил карда «вой»-ро «воҳ» сохт. Дар натиҷа адади матлуб баромад ва ин ду сухан маънан аз якдигар фарқе надоштанд. Ба ҳамин тариқа, таърихи кушта шудани Рустамча аз забони худи ӯ: «Азими деҳчагӣ бо корд зад, воҳ!» гардид.
Шоири равонтабън бадеҳагӯй фавран чанд мисраи дигар тартиб дода, як қитъаи таърихӣ ба вуҷуд овард. Ман якчанд мисраи он қитъаро ҳам барои ёдоварии Рустамча, ки зӯрӣ, шуҷоат ва хоксории ӯро хеле дӯст дошта будам ва ҳам барои ёдоварии Ҳайрат, ки дӯсти азизи ман буд, дар ин ҷо нақл мекунам:
ҚИТЪА
…Фиғон аз дасти чархи бемурувват,
Ки Рустамча ба сад уммед ҳамроҳ
Ба рӯзи ҷумъа берун рафта бошад,
Қиёмат гардадаш он ҷумъа ногоҳ.
Яке афтад, дигар аз ҷо нахезад,
Ба хуни хештан оғушта дар роҳ,
Пайи таърихи қатли хеш гӯяд:
«Азими деҳчагӣ бо корд зад, воҳ!»
Азими деҳчагй хам нест эмин,
Қасоси даҳрро алҳамдулиллоҳ.
1318 ҳиҷрӣ (1900 милодӣ)
* * *
Мо баъд аз осуда шуда ором гирифтан, аз ҳамон ҷо ба болои пушта баромада рост ба гӯрхонаи Муҳаммадшоҳи қушбегӣ рафтем, ки Махдуми Гав он ҷо мехобид. Чун ба гӯрхонаи мазкур даромадем, дар он ҷо ба манзарае рост омадем, ки дар фоҷиавӣ будан аз манзараи қатлгоҳи Рустамча фарқ надошт: дар гӯшае Пирак мурдамонанд беҳиссу ҳаракат мехобид; дар гӯшаи дигар ҷасади Махдуми Гавро ба кафан печонда, ба тобут гирифта, аз рӯйи тобут як ҷойпӯши сиёҳро пӯшонда монда буданд.
Дар маросими ҷаноза ва дафн муаззини мадрасаи Мири Араб, фарроши он ҷо ва аз ошноёни кӯҳнаи Махдуми Гав Мулло Ҳомиди Савтии ғиждувонӣ ва Зайниддинхоҷаи миркулолӣ иштирок доштанд. Бо омадани мо адади иштироккунандагони маросими дафн, ғайр аз Пирак, ки ҳам соҳиби мурда буду ҳам худ мурдамонанд афтода буд, ба шаш нафар расид. Аз иштироккунандагони маросими дафн фарроши мадрасаи Мири Арабро ба пеши Пирак монданд, ки ба рӯйи ӯ оби сард зада ва ба гулӯяш оби сард рехта, ӯро ҳушёр гардонад ва барои зудтар дур кардани мурдаи бародари азизаш аз пеши назари Пирак мо панҷ нафар тобутро бардошта ба сари қабр бурдем, ки ба он ҷо наздик буд.
Муаззини мадраса барои мувофиқи урфу одат мурдаро дар қабр гузоштан, ба даруни лаҳад даромад. Мо чор нафар бо ёрии ду нафар гӯрков мурдаро аз тобут бароварда, ба миёнаш фӯта гузаронида, даст ба даст ба даруни қабр фурӯ фиристодем.
Баъд аз маросими дафн бозгашта ба гӯрхонаи Муҳаммадшоҳи қушбегӣ омадем, ки Пирак ба хуш омадааст, аммо ба касе чизе намегӯяд. Ба хар кас ва ба ҳар тараф мурдамонанд теғ кашида нигоҳ мекунад, дар чашмонаш асари ашк ва гиря ҳам нест. Гӯё оташи алами пуршиддати ӯ оби чашмонашро тамоман хушконида буд.
Фаррош барои ёфта овардани фойтуне ба кирокашхона фиристода шуд. Мо Пиракро аз бағалаш гирифта, гӯё ки ӯро бардошта, оҳиста-оҳиста аз пушта ба роҳи калон фуровардем. Фойтун ҳам омад. Муаззин, фаррош ва Зайниддинхоҷа, ки ҳанӯз дар мадрасаи Мири Араб истиқомат дошт, бо Пирак дар фойтун нишастанд, ки ӯро нигаҳдорӣ ва нигаҳбонӣ карда ба манзилаш расонанд. Мулло Ҳомиди Савтӣ, ки дар он вақтҳо дар мадрасаи Кӯкалтош зиндагонӣ мекард, бо мо ҳамроҳ шуд ва роҳи шаҳрро пеш гирифтем.
* * *
Маро тоқати он набуд, ки бо Пирак рӯ ба рӯ шавам, чунки аҳволи ӯ аз ҳад фузун аламангез буд, бинобар ин ба маросими таъзиярасонӣ ва сари хок нарафтам ва дар дили худ қарор додам, ки баъд аз як ҳафта ё даҳ рӯз, ки ӯ қадаре таскин ва тасаллӣ ёбад, пеши ӯ рафта, изҳори ҳамдардӣ хоҳам кард.
Аммо ин мақсади ман ба амал наёмад: баъд аз як ҳафта хабар расид, ки ӯ ҳам мурдааст ва мурдаи ӯро дар паҳлуи бародараш гӯронидаанд.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4



error: Content is protected !!