Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 3-4


Шайхи рехтагар ва корхонаи ӯ

Мадрасаи Бадалбек дар як баландие воқеъ шуда буд, ки ин баландӣ дар пушти он мадраса — дар тарафи шарқиаш то як гузар ва дар паҳлуи шимолиаш то як гузар давом мекард (тарафи ҷанубӣ ва ғарбиаш пастӣ буда, ин пастӣ то Регистон боз ҳам нишебтар шуда мерафт) ва се кӯчаро, ки дар ин баландӣ воқеъ шуда буд, Болокӯча меномиданд.
Мадрасаи Бадалбек ва мазоре, ки дар тарафи шарқи мадраса буда, вайро қадамгоҳи Қутайба ибни Муслим (фотеҳи Бухоро аз тарафи арабҳо) мегуфтанд, дар байни ду болокӯча афтода буданд, ки инҳо аз роҳи калони паҳлуи масҷиди калон ҷудо шуда, аз нишеб ба фароз боло мерафтанд.
Дар сари болокӯчаи пушти мадраса ҳавлие буд, ки дарвозааш аз болокӯча буда, пушташ ба мазори Қутайба мепайваст. Соҳиби ин ҳавлӣ Бобохоҷа ном дошта, касби асосиаш рехтагарӣ ва касби иловагиаш шайхӣ буд. Бинобар ин ӯро шайхи рехтагар мегуфтанд.
Шайхи рехтагар дар замони ҷавониаш дар ҳавлии худ дӯконча сохта, рехтагарӣ мекардааст ва дар айни замон худро «ҷорӯбкаши мазори Қутайба» номида, аз зиёраткунандагони он мазор назру ниёз ҳам меситондааст.
Вақте ки шайх аз ду роҳ, хусусан аз роҳи назрхӯрӣ пули бисёре меғундорад, дар фикри ба як корхонаи рехтагарӣ табдил кардани дӯкончаи худ меафтад ва ба ин мақсад ҳавлии худро вайрон карда, аз сари нав месозад. Дар таъмири дуюм замини ҳавлиашро баробари замини роҳи калони Регистон чуқур кофта, атрофашро бо хишти пухта девор мекашад ва дар миёнаҳои ин хонаи васеи зеризаминӣ сутунҳои ғафси чӯбигуҷумӣ гузошта, болояшро мепӯшонад ва он хонаи зеринро барои корхона тахсис мекунад. Болои ин хонаи зеризаминиро ду тақсим карда, нимаи вайро ҳавлии даруни худ ва нимаи дигарашро чиллахона ва ҷойи ибодати худ қарор медиҳад.
Шайх рехтагарони бедӯкону дастгаҳро ба домаш кашида, корхонаи худро ривоҷ медиҳад. Кам-кам рехтагарони яккадаст, ки дар роҳи Регистон дӯкончае дошта, кор карда маҳсули худро мефурӯхтанд, бо шайхи сердастмоя рақобат карда натавониста, онҳо хам ба коркунони шайх табдил ёфта, ба ӯ бо тартиби корбайъ кор мекардагӣ шуданд,
Дар вақтҳое ки ман дар мадрасаи Бадалбек будам, дар паҳлуи масҷиди калон ва дар канори роҳ чор дӯкони рехтагарӣ буд, ки дар ҳар кадоми онҳо як усто ва чанд шогирд кор карда, маҳсулоташонро ба тарзи корбайъ ба шайх месупориданд. Ин устоҳо на танҳо маҳсулоти молиашонро ба шайх медоданд, балки ба болои ин маҷбур буданд, ки шогирдони усто шуда ба воя расидаашонро ҳам ба шайх супоранд, ки бо инҳо корхонаи вай боз ҳам равнақ гирад.
Дӯсти ман Шарофҷон ҳам ҳунар омӯхта, ба дараҷаи устоӣ расида буд, ки ба корхонаи шайх кӯчид ва ман ҳам барои дидан ва бо ӯ сӯҳбат кардан ба он корхона рафта меомадагӣ шудам.
Дар корхонаи шайх даҳ кӯра ва даҳ сандон буд, ки дар онҳо тахминан чил нафар одам кор мекард: баъзе аз онҳо дампахшкун, баъзеашон гудозгар, қолибгир, сӯҳонгар, бӯтасоз 158 ва монанди инҳо шуда кор мекарданд. Моли хоми дар ин корхона сарфшуданӣ: мис, биринҷӣ, руҳ, қалъагӣ ва қӯрғошим барин фулузот (металлҳо) буд. ангишташ — ангишти қандум буд, ки ангиштгарон аз чӯби дарахтони мевадор тайёр карда оварда медоданд. Қолибҳои чизҳои рехташуданиро аз реги сиёҳ месохтанд. Бӯтаҳо ба шакли қадаҳи хурду калон сохта мешуданд, ки фулузотро ба қадри даркорӣ ва мувофиқи талаби чизҳои рехташуданӣ майда карда, ба ҳам омехта, дар бӯта андохта, ба кӯра ниҳода мегудохтанд ва он фулузоти омехтаи гудохташударо ба қолибҳои чизҳои сохташуданӣ мерехтанд. Ин фулузоти омехта баъд аз гудохта шудан номи ҳар кадоми аҷзои таркибии худро гум карда, як номи нав мегирифт, ки вайро «хӯла» мегуфтанд.
Маҳсулоти корхонаи рехтагарӣ гуногун буда, аз ҳама бисёртараш зангӯлаи шутур буд. Дар шароити Бухорои собиқ, ки ҳамаи нақлиёташ хоҳ дар дохила ва хоҳ дар хориҷа (чӯли Қазоқ, Хева, Афғонистон, даштҳои туркманнишин) бо шутур буд ва умуман дар Осиёи Миёна, хусусан дар зиндагонии бодиягардон — кӯчманчиён, ки шутур ягона воситаи нақлиёт буд, зангӯла аз молҳои сермасриф ба шумор мерафт.
Ғайр аз ин, асбоби металлии асп, ҳалқаҳою қуббаҳои дарвоза ва дарҳо ва монанди инҳо дар рехтагарӣ аз хӯла сохта мешуданд.
* * *
Шайхи рехтагар, ки тахминан шастсола буд, қади баланд, бадани фарбеҳ, рӯйи сафеди пурра дошт. Торҳои зардчае, ки дар миёнаи риши сафедаш менамуд, дар ҷавонӣ малламӯй будани ӯро нишон медод: чашми сурхчарангаш мижгон ва пешонаи васеи пурчинаш қариб абру надошт.
Шайх дастори сафеди калони шайхона мебаст ва ҷомаи банораси* муллоёна мепӯшид ва дар дасташ тасбеҳ гирифта, бисёртари вақташро пичир-пичир кунон дар чиллахонааш мегузаронид. Ӯ на хат дошту на савод. Бо вуҷуди ин дар намозҳои ҷамоатӣ, ки дар чиллахонааш адо меёфт, худаш имоматӣ мекард.
___________
* Банорас — як бофтаи майданақши сиёҳу сафед аст, ки тораш абрешиму пудаш ресмон мешавад. Номи дигари ин бофта парипашша аст.

Ин шайх мурид намегирифт, аммо мухлисонаш бисёр буданд, ки ба зиёрати қадамгоҳи Қутайба омада, ба ӯ назр медоданд. Ӯ дар ёздаҳуми ҳар моҳи қамарӣ барои ёдоварии Ғафсулаъзам — Абдулқодири Ҷелон* «ёздаҳум» мекард.
____________
* Ғафсулаъзам — яке аз аҳли тасаввуфи кадим.
Дар «ёздаҳум» ҷаҳриҳо омада, дар чиллахонаи ӯ ҷаҳр мекарданд ва ихлосмандон ва ё тамошобинон омада, аз он ҷаҳр «баракат мебурданд» ва ё онро тамошо мекарданд.
Ҳар кадоми ихлосмандонаш барои «ёздаҳум» ёздаҳ танга ҳадя меоварданд, ки ин шумора махсуси назри Ғафсулаъзам буд ва фарзандталаб ҳам барои ба «ёздаҳум» харҷ кардан ёздаҳ тангагӣ назр медод. Шайх як қисми ин пулҳоро харҷ карда, палав пухта, ба «ёздаҳум» омадагонро зиёфат мекард ва боқимондаи он маблағи ҳавоӣ ба сармояи умумии шайх зам мешуд.
Ягона саховати шайх ин буд, ки ба дарди чашм шудагон бепул дору медод. Он доруро худаш месохт: ӯ сӯхтаи руҳро, ки тӯтиё меноманд, дар сирко хобонда мехушконду як чизи хока дуруст мекард ва ба талабгорон як миқдори он хокаро ба коғаз печонда медод.
Ман бо баҳонаи доруталабӣ, аммо дар ҳақиқат барои шайхро аз наздик дида ба ӯ ҳолдон шудан, боре худро озоричашмнок сохта, ба чиллахонаи ӯ рафтам. Вай дар пешгоҳи чиллахона пушт ба як дарича, ки ба тарафи мазор кушода мешуд, бар рӯйи ҷойнамози маллае, ки бар болои чор қабат кӯрпачаи серпахта паҳн карда шуда буд, тасбеҳ гардонда менишаст. Ӯ бо даромада салом додани ман пичир-пичирашро монда дастҳояшро ба рӯ кашида ба саломи ман ҷавоб гардонд ва:
— Чӣ хизмат? — гуфта аз ман пурсид.
Ман озори чашми худро ҳикоя карда, аз вай доруи дарди чашм пурсидам.
— Фақир ба хизмати фуқаро ҳозир аст! — гӯён сандуқчаеро, ки дар паҳлуяш буд, кушод ва аз даруни вай як коғазпеч бароварда ба ман дода, тариқаи кор фармудани онро ба тарзи зерин таълим дод:
— Рӯ ба ҳаво мехобӣ, бо ангуштони дасти чап пилкҳои чашматро мекушоӣ ва бо нӯги ду ангушти дасти ростат аз ин дору як чимдӣ гирифта, «ё шофӣ (шифодиҳанда, яъне Худо), ба ҳурмати имом Қутайба ба чашмони ман шифо деҳ!» гӯён ба чашмат мерезӣ. Бо ҳамин дарди чашми ту бартараф мешавад.
Баъд аз он шайх гуфт:
— Ин фақири пуртақсир (пуркӯтоҳӣ — пургунох) ҳар чӣ ёфтам, аз шарафи хокрӯбии мазори пуросори ҳазрати имом Қутайба ёфтам. Дар замони ҷавониам, дар ҷавори (ҳамсоягии) ин даргоҳ дар як дӯконча рехтагарӣ мекардам. Боре дарди чашм шуда, як ҳафта аз кор мондам ва дорую давои табибон фоида надод. Баъд аз он ба рӯҳонияти ҳазрати имом Қутайба илтиҷо бурдам. Шаб дар хобам ҳазрати имом ҳозир шуда, сохтани ин дору ва кор фармуданашро ба ман таълим дода, васият карданд, ки ин доруро ба дарди чашм шудагон бепул диҳам… (Дар ҳақиқат ин дору ихтирои он шайх ё таълимоти Қутайба набуда, дар китобҳои тибби қадимӣ аз руҳ сохтани инро тасвир карда, ба он «тӯтиё» ном додаанд ва дар адабиёт ҳам ҳар чизи чашм равшанкунандаро ба тӯтиё ташбеҳ мекунанд).
Ман барои шайхро боз гап занондан аз вай пурсидам:
— Афту андом ва либоси имом Қутайба чӣ гуна будааст? Шайх дар ҷавоби ин пурсиши ман Қутайба ва либоси ӯро чунон тасвир кард, ки тамоман ба афту башара ва қиёфаи худаш баробар меомад.
Ман барои шайхро шарманда кардан, бо оҳанги эътироз ба ӯ гуфтам:
— Арабҳое, ки аз Арабистон ба Бухоро меоянд, ҳамаашон сиёҳчеҳра, ҷингиламӯ ва чашмкалон мебошанд, либосашон ҳам ба либоси аҳолии Бухоро монандӣ надорад. Маълум мешавад, ки имом Қутайба на дар афту ва на дар либос ба арабҳо монандӣ надоштаанд.
Аммо дар чеҳраи шайх ҳеҷ дигаргунӣ пайдо нашуд ва монанди касоне, ки ба гуфтаи худ тамоман боварӣ доранд, ба ман ҷавоб дод:
— Як дарахти себ чанд хел ҳосил медиҳад: баъзеш калони пурра, баъзеш мижморуқи офтобзада, баъзеш каҷу килеб ва баъзеш кирмхӯрда ва ҳоказо. Мисли ҳамин одамони як мамлакат ҳам якранг намешаванд. Дар хусуси либос бошад, ҳамин тарз гуфтан мумкин аст, ки имом Қутайба аҷаб нест барои бо мардуми маҳаллӣ ҳамранг шуда, онҳоро ба дини ислом кашидан, либоси маҳаллӣ пӯшида бошанд.
Ман боз бо оҳанги шубҳаомез ва бо саволи инкорӣ гуфтам:
— Магар ҳазор сол аз замони мо пештар ҳам мардуми Бухоро монанди ҳозира либос мепӯшидаанд?..
— Аҷаб нест, ки ҳазор сол пеш ҳам бобоҳои мо монанди мо либос мепӯшида бошанд! — гуфт шайх. Аммо ӯ пай бурд, ки ман аз ҷавобҳои ӯ қаноат ҳосил накардаам, бинобар ин рафти суханашро дигар карда, ба ман бо забони шайхҳои ҷоҳили дар мунозира мулзамгардида гап зада, маро хомӯш кардан хост:
— Агар пир шуда аз умр бархурдор шудан хоҳӣ, шаккокӣ накун! Ҷавонони шаккок ва беодоб ҷавонмарг мешаванд, — гуфт дар ҳолате ки ба пешона ва рӯяш хун давида буд.
Албатта, акнун ҷойи гап намонда буд. Ман ба давои бепул додааш ташаккур карда, аз ҷо хестам. Шайх дар ҳолате ки чашми сурхчааш бо оташи ғазаб боз ҳам сурхтар гардида буд, нофорамона сар ҷунбонда, маро гусел кард.
* * *
Шайх ба корхонаи рехтагариаш кам медаромад: фақат рӯзе як бор даромада, молҳои тайёршударо ҳисоб карда гирифта, ба анбораш мегузаронид. Азбаски ҳамаи коркунони вай корбайъ буданд, дар будан ва набудани ӯ якзайл кор мекарданд. Вай фурӯши маҳсулоташро дар чиллахона мекард. Азбаски харидорони ӯ ҳама вофурӯшон (ҷаллобон) буданд, чиллахона ба пеши вай даромада савдоро баробар карда, пул медоданд ва шайх моли фурӯшшударо аз анбор бо дасти худ гирифта ба онҳо медод.
Шайх фарзанд надошт. Аъзои оилааш танҳо як зани кампираш буд, ки ӯ фолбинӣ карда, ба сармояи шавҳараш пул зам мекард.
Ман ба корхонаи шайх, ба пеши Шарофҷон ҳар вақт рафтан хоҳам, шабона мерафтам, ки фурсати бекориам фақат дар шабҳои таътил ёфт мешуд. Аммо дар он ҷо аз ним соат зиёда нишастан мумкин набуд: дуди тези ангишти қандум, ки аз даҳ кӯра печида мебаромад, бо бӯйи тунди фулузоти гудохта ба ҳам омехта, шушу дили одамро аз ҳаракат бозмедошт. Коркунони он ҷо то даруни чашму гӯшу биниашон тамоман сиёҳ шуда рафта буданд, ки ранги аслиашон маълум набуд. Онҳоро танҳо бо калонию хурдии ҷасадашон аз якдигарашон фарқ кардан мумкин буд. Ҳамаашон сахт-сахт сурфа мекарданд ва аз даҳонашон як чизи сиёҳи часпак мепартофтанд. Аз ин маълум мешуд, ки то пешгаҳи димоғу даруни ҳалқу шушашон ҳамагӣ сиёҳ шуда рафтааст. Корхона шабона ҳам, рӯзона ҳам торик буд, чунки дар вай ғайр аз ду равзани тагишифтӣ, ки ба тарафи кӯча кушода мешуд, ҷое набуд, ки аз он равшанӣ дарояд. Ин равзанҳо ҳам ҳамеша бо дудҳое, ки печида мебаромаданд, банд буданд, корхона мӯрии дудкаш ҳам надошт. Дар он ҷо шабонаву рӯзона дар пеши ҳар кӯраву сандон як шамъи ҷой- дорӣ месӯхт. Азбаски лампа ҳанӯз дар Бухоро умумӣ нашуда буд ва муллоҳо дар бораи аз рӯйи шариат раво будан ё раво набудани лампасӯзӣ ҳанӯз дар мунозира буда, ба як қарор наомада буданд, шайх ҳам «барои эҳтиёт» дар корхонаи худ ҳанӯз лампа надароварда буд. Бӯйи дуди шамъи чарбугӣ бо дуди ангишту бӯйи фулузоти гудохта омехта, як ғубори дилбеҷокунанда пайдо мекард.
Коркунони ин корхона то нимаҳои шаб кор карда, вақти хоб дар байни асбобу абзоли корашон мехобиданд ва дар вақти хоб бӯйи дуду фулузотро, ки корхона ҳамеша бо вай пур буд, мадҳушона ба даруни худ мекашиданд.
Шарофҷон, ки нав ба шонздаҳ даромада буд, дар понздаҳ рӯз аз қувват рафта, ба зӯр роҳ мерафтагӣ шуд. Ӯ, ки устои қолибгир буда, дар дӯкони беруни корхона як қолибаш ҳам вайрон намешуд, дар ин ҷо дасташ ларзида, аз ҳар ду қолиби гирифтанӣ шудааш яктааш мешикаст ва пош мехӯрд.
Ман ин аҳволро дида ба вай гуфтам:
— Ба ин ҷо даромадани ту дуруст набуд ва дӯкони берун барои ту аз ин ҷо беҳтар буд.
— Агар ихтиёр дар дасти худам мебуд, ба ягон касби дигар медаромадам, аз ҳама беҳтар буд, — гуфт ӯ бо табассуми заҳромез ва баъд аз ду-се бор сурфа кардан сухани худро давом дод: — Ман аз падар дувоздаҳсола мондам. Модарам дар зиндагӣ мӯҳтоҷ шуда, аз шайх панҷоҳ танга бунак (аванси музди кор) гирифта, маро ба ӯ ба шогирдӣ дод. Шайх маро барои усто кардан дар назди устои дӯкони берунаш монд. Он усто одами хуб аст. Дар бадали чор сол ба ман ҳамаи ҳунарҳои рехтагариро ёд дод. Ман ба вай шогирд бошам ҳам, аз сӯмикори худаш дар рӯзҳои кор маро сер карда истод. Лекин барои модарам ва барои либос аз шайх боз пеш-пеш бунак гирифтам, ки қарзам ба сад танга расид. Акнун ман маҷбурам, ки то тамом шудани қарзам аз шайх дар ин ҷо кор кунам.
— Қарзи шайх бобарака аст, ҳеҷ тамом намешавад, — гуфт хандакунон як устои калонсол, ки дар наздикии мо, дар пеши сандон нишаста, бо хоискча барои зангӯлаҳо забонак месохт. Баъд аз ин усто вазъияти ҷиддӣ гирифта, сухани худро давом дод: — Ман бист сол боз дар ин корхона кор мекунам, аммо қарзам аз шайх тамом намешавад, балки сол то сол зиёд мешавад. Чунки музди кор ба харҷи заруриам намерасад, боз ночор панҷу даҳ бунак мегирам. Ман сахтҷон будаам, ки дар муддати бист сол дар миёнаи ин бӯю дуди заҳролуд то ҳол намурдаам. Вагарна дар ин муддат манаҳи бисёр ҷавонони ҳамкорамро бо дасти худ бастам (яъне мурданд). Шайх ба ҷойи ин ки дар ҳаққи он бечорагон дуою фотеҳа кунад, «пули маро хӯрда рафтанд» гуфта, ҳанӯз онҳоро дуои бад мекунад.
Суханони он устои солхӯрдаро коркунони дигар сарашонро пасу пеш ҷунбонда тасдиқ мекарданд. Агар ранги онҳоро дудаи ангишт сиёҳ накардагӣ мебуд, аз даҳшати ин суханон, ки аз талафшавии бемаҳалли онҳо хабар медод, дар рӯйи онҳо аломати маргро мушоҳида кардан мумкин мешуд. Аммо бо шунидани ин суханон дар тамоми аъзои бадани ҷавони навраси ноком — Шарофҷон аломати ноумедӣ аз ҳаёт зоҳир шуда, ларзиш пайдо шуд.
Ман бо мақсади таъсири суханони устои солхӯрдаро сусттар карда, зимнан ба Шарофҷон тасаллӣ додан:
— Ҳеҷ кас беаҷал намемурад, — гуфтам.
Дар пешонаи сиёҳи устои солхӯрда чин пайдо шуд ва ӯ оташинона гуфт:
— Эй саҳроӣ! Ба боми мадраса баромада, худатро ба замин партофта озмуда бин, ки мемурӣ ё намемурӣ?
* * *
Шарофҷон шаш моҳ дар он корхона кор кард. Рӯз то рӯз аҳволаш гаронтар ва сурфааш зиёдтар шудан гирифт. Охир аз ҳаракат бозмонда, дар хонааш афтода хобид ва баъд аз як моҳи дар хона хобиданаш хабари марги ӯро ба ман устои собиқаш расонид. Ман бо ӯ барои таъзиярасонӣ ба хонаи Шарофҷон рафтам. Ба навҳаву фиғони модараш тоқат карда намешуд. Устои солхӯрда ҳам бо чанд нафар коркунони корхонаи шайх ба ҷаноза расида рафт. Мурдаро бурда, ба пуштаи Туркиҷандӣ гӯронидем. Дар бозгашт ман, устои солхӯрда ва устои собиқи Шарофҷон ҳамроҳ шудем. Марги ҷавони наврас ба ҳамаамон бад таъсир карда буд, ҳеҷ кас чизе намегуфт. Вақте ки ба кӯчаи тарафи ғарби масҷиди калон — ба манзили худ наздик расидем, устои солхӯрда оҳе кашида ва ба касе нигоҳ накарда худ ба худ гуфт:
— Ин шайхи бадмур, ки ҳамаро беаҷал мекушад, худаш кай беаҷал мемурда бошад?
Боз хомӯшӣ сар шуд. Дар гӯшаи ғарби шимолии масҷиди калон мо аз ҳам ҷудо шудем ва ҳар кас ба ҷойи худ рафт.

Сӯхтор

Баъд аз як моҳи вафоти Шарофҷон як бегоҳи ҷумъа ману Мулло Рӯзӣ ба базм рафта будем. Соатҳои яки шаб ба мадраса баргашта омада, ҳар кадомамон ба ҳуҷраи худ даромада хобидем. Чӣ қадар хобиданамро намедонам, аммо ҳам ин қадарро медонам, ки бо фарёди даҳшатноки одами бисёре, ки бо садои зарба хӯрдани чизҳои мисини омехта меомад ва садои табли реза ва табли қаторак 159, ки ба ҳаво мепечид, аз хоби сахт бедор шудам. Даҳшати ғулғула, чунон ки хоб дида истода бошам, давом мекард, аммо монанди сиёҳӣ (кобус) пахшкардагон дасту поям ҳаракат намекард ва аз ҷоям ҷунбида наметавонистам. Баъд аз сонияе ҳавоси худро ҷамъ карда, чашм кушодам: даруни ҳуҷра равшан буд ва ба дарпардаи коғазин монанди партави офтоб равшании тезе акс мекард, аммо он равшанӣ монанди партави офтобе, ки дар рӯзи шамоли сахт аз байни баргҳои дарахтон гузашта омада бошад, бо сояпарчаҳо омехта, дар ҷунбиш ва беқарор буд.
Ман либосҳоямро пӯшида, зуд аз ҳуҷра фуромада, ба рӯйи мадраса рафтам. Бомҳои ҳуҷраҳои тарафи шарқии мадраса аз одам пур буд ва аз ҳамон тараф — наздик ба мадраса шӯълаи оташи дудолуд паҳн шуда, забона зада ба ҳаво мепечид ва монанди тирукамони ҳаво (қавси қузаҳ) забони оташ гуногунранг метофт. Кошинҳои гунбазҳои масҷиди калон ва мадрасаи Мирзо Араб бо акси шӯълаи оташ чашмхиракунона медурахшиданд.
Ман ҳам ба боми мадраса баромадам. Кӯчаи калони байни масҷиди калон ва мадраса ва болокӯчаи шарқи шимолии мадраса, бомҳои ҳамсояҳо пури одам буданд. Одамон аз кӯчаву бомҳо «шаҳр сӯхт, ёрӣ расонед!» гӯён фарёд мекарданд ва дар бомҳо дегҳои мис ва лаълиҳоро бо чӯбакҳо ки доштанд, мезаданд, дар кӯчаи калон шабгардон бо таблкӯбҳо таблҳои реза аз қаторакро бо бонги хатар менавохтанд.
Оташ дар сари ҳавлии шайхи рехтагар аланга мезад. Баъзеҳо бо сатилҳо ва машкобон бо машкҳошон аз ҳавзи қозикалон, ки як гузар онсӯтар аз ҷойи сӯхтор ва дар чуқурии чорметрӣ воқеъ шуда буд, об мекашонданд. Одамон бар болои бом истода сатилу машкҳоро аз дасти обқашҳо ба бом кашида бароварда, ба тарафи оташ мепошиданд. Обҳои бар рӯйи оташ пошхӯрда монанди обе, ки дар деги равғани доги даргирифтаистода рехта шуда бошад, оташро боз ҳам шӯълавартар мекарданд.
— Як тарафи ҳавлиро вайрон карда, роҳи оташро буретон! — гӯён фарёд карданд касоне, ки бар боми мадраса буданд ба касоне, ки бар боми ҳамсояи тарафи шимолии ҳавлии шайх меистоданд. Одамони дар бом буда, ки аз даҳшати сӯхтор гаранг шуда, чӣ кор карданашонро надониста истода буданд, бо ин нидо ҳушёр шуда каландҳо, тешаҳо ва табарҳо ёфта оварда, як тарафи он ҳавлиро ғалтонда, чӯбҳояшро кашида гирифта, аз ҳавлии шайх ҷудо карданд. Бо ин тадбир хавфи ба ҳавлии ҳамсояҳо паҳн шуда рафтани оташ барҳам хӯрд. Чунки тарафи шарқӣ ва ҷанубии ҳавлии шайх кӯча ва тарафи ғарбиаш мазори хокӣ ва дар паси вай мадрасаи хиштипухтагӣ буд.
Сӯхтор давом мекард, торафт одамҳои обкаш бисёр мешуданд, аммо обҳои пошида ба оташ таъсири намоёне намекарданд. Рӯз шуд, тамошобинон ва ёридиҳандагон боз ҳам бисёртар шуданд. Шояд ба сабаби сӯхта тамом шудани чизҳои сӯхтанӣ бошад, алангаи оташ паст шудан гирифт. Дар ин миён одамон намадҳои бисёреро оварда, об зада тар карда, бар рӯйи оташ паҳн кардан гирифтанд. Бо ҳамин шӯълаи оташ тамоман хомӯш гардид. Аммо аз ҳама ҷойи намад ва ҷоҳои бенамадмонда кӯрдуд бо бухори об омехта баромада меистод. Обпошӣ ҳанӯз давом мекард. Дар соатҳои дувоздаҳи рӯзи дигар дуд намебаромадагӣ шуд, фақат бухори бадбӯйи ғализ баромада меистод.
Ҳеҷ кас намедонист, ки дар ин сӯхтор чӣ қадар одам талаф шуда бошад.
Ҳама тасдиқ мекарданд, ки дар аввали аз хонаи шайх аланга задани оташ зани сӯхтаистодаи ӯро халос карда бароварда, ба ҳавлии хешовандонаш фиристодаанд. Аммо тақдири худи шайх ва коргарони ӯро касе намедонист ва онҳоро касе дар вақти сӯхтор надида буд. Рӯзи дигар одамони ҳокимони шаҳр ҷавононро ба ҳашар оварда, аз як сар ҷойи сӯхторро каландгардон кардан гирифтанд. Азбаски хонаи нишаст ва чиллахонаи шайх бар болои корхона бино ёфта ва тамоми чизҳои сӯхта дар даруни деворҳои хиштипухтагии корхона рехта буданд, каландгардон кардани он ҷо бисёр душвор буд. Бо вуҷуди ин то замини корхона каландгардон карда дидан лозим шумурда шуд, то ки мурдаҳои сӯхтаи одамон бароварда шаванд.
Аммо дар корхона ғайр аз фулузоти сӯхтаи сиёҳшуда, абзолҳои рехтагарӣ, зарфҳои мисинаи ҳавлӣ, табақҳо ва бӯтаҳои шикаста дигар чизе дида нашуд.
Баъд маълум шуд, ки ба сабаби бегоҳи ҷумъа будани он шаб дар вақти сӯхтор дар корхона ягон нафар ҳам устою коргар набудааст. Аммо ёфт нашудани нишонаи мурдаи шайх ҳамаро дар ҳайрат меандохт. Баъзеҳо ба тарзи ҳазлу шӯхӣ ва баъзе содадилон ҷиддиёна «аҷаб нест, ки дар вақти сӯхтор шайх ба ҳаво парида рафта бошад» мегуфтанд.
Ҳамаи ҳашарчиён якҷоя шуда хокистар, ангишт ва хокҳои ҷоеро, ки чиллахона дар он ҷо фурӯ рафта буд, тамоман ба тарафи дигар кашиданд. Аммо аз мурдаи шайх ҳанӯз нишонае набуд.
Дар ин вақт чашми яке аз ҳашарчиён ба як сӯрохие, ки ба тарафи девори мазор воқеъ шуда буд, афтод. Ин сӯрохӣ ҷойи даричае буд, ки ба девори мазор шинонда шуда буд. Ҳашарчиён ба болои хоктӯдае баромада, ба даруни он сӯрохӣ нигоҳ карданд, дар он ҷо чизе дида намешуд. Баъд аз он нардбон ниҳода, шамъ гиронда, ба пеши он сӯрохӣ баромада, ба дарун даромаданд. Он ҷо як хоначаи хиштипухтагии сақфаш равоқӣ будааст, ки шайх камари хоки мазорро кофта, вайро сохта бо дарича ба чиллахонаи худ пайванд дода, он ҷоро ганҷинаи худ (ҷойи гузоштани чизҳои пурқимат) қарор дода будааст.
Ба дарун даромадагон дар пешгоҳи он ганҷина як чизи сиёҳро мебинанду муоина мекунанд; маълум мешавад, ки ҷасади сӯхтаи шайх як сандуқи сӯхтаро дар бағал гирифта хобидааст. Ҷасади сӯхтаро пас кашида, даруни сандуқи сӯхтаро мебинанд. Дар он ҷо тиллову тангаҳои бо дуд сиёҳшуда будаанд.
Ба ҳама маълум мешавад, ки шайх бо сар шудани сӯхтор аз хонаи хобаш хеста, давида рафта, ба он ганҷина даромадааст, ки сандуқи нақдинаи худро бардошта бароварда аз сӯхтор халос кунад. Аммо аз ҷиҳати пирӣ ба бардошта-ни он сандуқ қувваташ нарасидааст, ё ин ки забонаи дудолуди оташ аз дунболи ӯ ба даруни ганҷина даромада, ӯро ба бардошта баромадани сандуқ имкон надодааст.
Мувофиқи масали «оби ганда ба хандақ» тангаву тиллои шайхи беворис подшоҳӣ шуда, «Қадамгоҳи Қутайба» ба хокистартӯда бадал ёфта монд.
* * *
Дар бораи сабаби сӯхтор дар миёнаи мардум овозаи аҷиб афтод: мегуфтанд, ки «шайх хиштакмурдор будааст, ки ба яке аз занони фарзандталаб ҳаракати ношойиста кардааст. Бинобар ин арвоҳи имом Қутайба ӯро зада, бо хонаву ҷою корхонаву асбобаш сӯзонда нест кард».
Аммо баъд аз гузаштани чанд ҳафта ва баъд аз он ки сӯхтори хонаи шайх ва худи ӯ аз хотирҳо баромада рафт, сабаби ҳақиқии он сӯхторро фаҳмидам; ман дар ин хусус бо устои собиқи Шарофҷон сӯҳбат кардам. Ӯ аввал бо хандаи истеҳзоомез сабаби сӯхторро «ҳаромхиштакии шайх» нишон доду илова кард:
— «То шаҳре насӯзад, кабоби дарвеше напазад» — гуфтаанд. Сабаби сӯхтор ҳар чӣ бошад — бошад, бо ин кор даҳҳо рехтагарон, ки ҳар кадом аз шайх панҷсад танга, ҳазор танга бунакдор буданд ва пеш аз адо кардани ин қарз дар он корхонаи пурдуди заҳролуд беаҷал мурда мерафтанд, ҳамагӣ аз он ғуломии озодношуданӣ якбора озод шуданд.
— Назар ба фикри шумо, дар ин кор бояд дасти коргарони ӯ бошад? — гуфтам ба усто бо оҳанги савол.
— Ман инро равшан гуфта наметавонам, — гуфт ӯ, — аммо агар дар хотир дошта бошӣ, рӯзи мурдаи Шарофҷон он устои солхӯрда, ки Мурод-луччак ном дорад, гуфта буд, ки «ин шайхи бадмур, ки ҳамаро беаҷал мекушад, худ кай беаҷал мемурда бошад?». Мурод-луччак одамест, ки ягон чизро орзуи хушк карда намемонд ва орзуҳои ӯ ҳамеша бо корҳои амалиаш яканд ва ба вуҷуд меоянд; ӯ аз олуфтаҳои кӯҳнаи Бухорост. Фақат баъд аз он ки дар доми шайх афтод, шушаш дудзада шуд ва ба сабаби пурқувват будани дилаш намурда бошад ҳам, дигар корҳои олуфтагиашро давом кунонда натавонист. Вақте ки Шарофҷон ҷавон мурд, дили ӯ ба вай ва модараш бисёр сӯхт. Дар вақти он суханҳоро гуфтани ӯ ман дар дили худ гузаронда будам, ки «вай дар ҳаққи шайх ягон кор хоҳад кард». Аҷаб нест дар ин кор дасти ӯ бошад. Усто баъд аз қадаре хомӯш истодан боз давом кард:
— Дар шаби ҷумъа воқеъ шудани ин кор, ки дар он вақт дар корхона касе набуд ва дар кӯраҳо оташ ҳам набуд (чунки оташи кӯраҳоро одатан соати дувоздаҳи он рӯз мекушанд), қасдан ва бо тартиби муайян оташ дода шудани корхонаро нишон медиҳад. Ҳарифон ин корро ба тартибе кардаанд, ки оташ дар саҳар — дар вақти ба хоби ширин будани ҳамаи шаҳр аз ҳама ҷойи корхона якбора даргирифта, ҳама ҷойи ҳавлии шайхро якбора печонда гирад.

Хонадории шоир

Ман дар ҳуҷраи Мулло Рӯзӣ бо Мулло Вафо ном шоири Ваҳшитахаллус шинос шудам. Ӯ одами тахминан чилупанҷсола, баландқомат, қоқбадани сафедчеҳраи рангканда буда, риши мошубиринҷшудааш тор-тор аз ҳам ҷудо шуда меистод. Ӯ ором нишаста наметавонист: ҳамеша гоҳ китфи худ, гоҳ бозуҳои худ, гоҳ сари сина ва миёни худ ва гоҳо зонуҳои худро ҷудогона-ҷудогона ҷунбонда меистод. Ӯ кам гап мезад ва пеш аз гап сар карданаш дастонашро як ҷунбонда ва мижгонҳояшро афшонда, ба ҳамсӯҳбати худ ваҳшиёна нигоҳ мекард.
Шеърҳояш бисёр, лекин ғамангез, хеле паст ва иборат аз такрори бемуваффақияти мазмунҳои обшустаи марсияномаҳо буданд. Ӯ ҳафтае як бор ба ҳуҷраи Мулло Рӯзӣ меомад ва дар ҳар омаданаш бағали худро аз шеърҳои дар ҳамон ҳафта гуфтааш пур карда оварда, онҳоро аз як сар хондан мегирифт, аммо шунавандагон ба шеърҳои ӯ гӯш медиҳанд ё не ин масъала барои вай аҳамият надошт.
Лақаби ӯ «безан» буд, ки ин диққати маро бисёр ҷалб мекард. Чунки дар байни муллоҳо безанон бисёр буданд, бо ҳамаи ин чаро ин лақаб ба ӯ махсус шудааст? Сабаби инро аз худи вай пурсидан мумкин набуд. Зеро агар калимаи «зан» ё «безан»-ро дар пеши ӯ гӯянд, дарҳол шӯрида ва дашномҳои қабеҳ дода, ҳамаи аъзоҳояшро якбора ҷунбонда хеста мерафт. Дар аввалин мулоқот карданам бо ӯ дар ҳуҷраи Мулло Рӯзӣ дар вақти сӯҳбат (ҳоло дар хотир надорам, ки ба чӣ муносибат бошад) калимаи «зан» аз даҳони ман баромад. Ӯ якбора шӯрида ва тамоми аъзои баданашро ҷунбонда ба ман гуфт:
— Ҳоло ки хурдсол мебошӣ, ба гардани ту таклифҳои одоби муошарат (одоби зиндагӣ)-ро бор кардан мумкин нест. Вагарна дар ҷазои ин суханат забонатро аз даҳонат кашида мепартофтам, — ӯ баъд аз қадаре оташинии худро паст кардан илова намуд: — агар беодоб шавию умри дароз бинӣ, аз ман ба ту насиҳати таҷрибакорона ин аст, ки хонадор нашав!
Ҳар вақт, ки шунидани шеърҳои бемазаи вай ба дили Мулло Рӯзӣ занад, ӯ мегуфт:
— Шарик, беҳтар аст, ки ту шоириро парто ва як зан гирифта, осуда зиндагонӣ кун!
Ӯ мешӯриду дарҳол ҳамаи аъзояшро ларзонда аз ҷояш мехест:
— Эй лаблабуфурӯш! (падари Мулло Рӯзӣ лаблабуфурӯш буд). — Ман туро одам гуфта пеши ту омада будам, аммо надонистам, ки ту саги аккосӣ шуда будӣ, — гӯён аз ҳуҷра баромада мерафт. Аммо ҳафтаи дигар боз омада шеърхонӣ сар мекард.
Ман аз Мулло Рӯзӣ пурсуков карда, тарҷимаи ҳоли ӯ ва сабаби лақаб ва нафрати ӯро аз калимаи «зан» фаҳмида гирифтам.
Назар ба қавли Мулло Рӯзӣ падари Мулло Вафо Мулло Мардихудо ном ғармӣ буда, дар хурдсолиаш ба Бухоро омада, дар мадрасаҳо дарс хонда буд ва бинобар қашшоқиаш дарсхонии худро то охир давом дода натавониста, ба Ғиждувон рафта, дар деҳаи Абедӣ имом шуда ва баъд аз чанд сол дар он ҷо хонадор шуда буд, ки аз он зан ҳамин Мулло Вафо таваллуд ёфтааст.
Мулло Мардихудо одами хушсавод буда, писарашро хононда хушсавод карда буд. Писараш Мулло Вафо чанд сол дар мадрасаи Ғиждувон дарс хонда, баъд аз вафоти падар ва модараш ба Бухоро омада, дар ин ҷо дарсашро давом дода, бо Мулло Рӯзӣ шарикдарс шуда буд. Ҷойи истиқомати Мулло Вафо дар Бухоро дар мадрасаи Шодимбӣ буда, шоири ҷавони машҳур Шоҳин ҳам дар он ҷо истиқомат дошт. Азбаски Мулло Вафо ба шеъру адабиёт ҳавасманд буд, бо Шоҳин алоқа баста, дар ҳуҷраи ӯ бо девонҳои классикҳо ва бо шеърҳои худи Шоҳин ошно шуда, худаш ҳам ба шеъргӯйӣ даромада ва барои худ номи худаш калимаи «Вафо»-ро тахаллус қарор дода буд.
Мулло Вафо аз шеърҳои шоирони гузашта бештарин шеърҳои ошиқонаро хонда, аз мавзӯъ ва мазмуни он шеърҳо барои худ ва дар хаёли худ як дилбари зебоҷамоли вафодори дилоромро ёри оянда ва маъшуқаи хаёлии худ қарор дода монда буд.
Назар ба тасаввур ва тасвири Мулло Вафо, маъшуқаи ояндаи ӯ расоқомат, сафедбадан, борикмиён, ғунчадаҳон, ранги рӯяш гандумгуни ба сафед моил, чашмонаш сиёҳи обдори пуришваву ноз, мижгонҳояш дарози нӯгхамида, абрувонаш сиёҳи тӯсии нӯгтез, гӯшҳояш лолаи нав шукуфта барин тару тоза, баёзи гарданаш дарози сафеди дилрабо, мӯҳои сиёҳмушкинаш то хамгашти зонуҳояш дароз буд ва ҳоказо.
Мулло Вафо ҳар вақт ӯро дар хаёли худ хушомад мегуфт ва навозиш мекард ва ӯ бо чашмони дурахшони нимпӯшидашуда, бо рӯйи аз ҳаё сурхчагардида, бо табассуми ширини дилнавоз ба ӯ ҷавоб медод. Ҳар гоҳ вай дасти маъшуқаро гирифта, аз нӯги панҷа то соидҳояш мебӯсид, маъшуқаи дилором дасти дигарашро ба гардани вай партофта, чунон пеш мекашид, ки лабҳо ба лабҳо мерасиданд ва ҳоказо.
Дар он вақтҳо рӯйи ягон зан ё духтари қадрасро дидан мумкин набуд. Бинобар ин Мулло Вафо ҳар вақт ки ба кӯча барояд, маъшуқаи хаёлии худро аз байни занон ва духтарони рӯпӯшида бо нишонаи фаранҷӣ ва пӯшоки онҳо муайян мекард. Назар ба гумони Мулло Вафо, ҳар зану духтаре, ки дар кӯча бо фаранҷии кӯҳна ва бо кафшу масҳии фарсуда барояд, ӯ баднамо буд. Маъшуқи вай аз байни он занон ва духтарон ёфт шуданаш мумкин буд, ки фаранҷии шоҳӣ ва кафшу масҳии амриконии навпардоз пӯшида баромада бошанд. Агар яке аз ин гуна занон ва духтарони хушпӯшок дар роҳ рафтан ҷилва карда қадам гузорад, садои хишир-хишири форами куртаҳои оҳории вай ба гӯш расида истад ва бӯйи хуши атру мушк, чунонки аз гулзор дар вақти шамол меояд, дар ҳар ҷунбиши ӯ аз вай вазад — маъшуқаи ба ҷон баробари Мулло Вафо ҳамон зан буд.
Ӯ аз дунболи ин гуна занон аз дур ҳам бошад, нигоҳкунон ва ҳасратхӯрон мерафт ва дар дили худ мегуфт: «Оҳ! Агар шароит роҳ медод, пеши роҳи ин маъшуқаро гирифта, чашмбандашро аз рӯяш бардошта, арзи ниёзи ошиқонаи худро мекардам ва ба пеши пойи ӯ афтода, чашмони ашкборамро ба кафшҳои мушкинбӯяш мемолидам…»
Мулло Вафо ҷононаи ояндаи худро бо аломатҳои бародарони духтарон ҳам интихоб мекард: ҳар писарбачаи дӯстрӯйи зеборо, ки дида монд, роҳе ёфта бо вай шинос мешуд ва бо пурсуков мефаҳмид, ки вай ҳамшира дорад ё не? Агар он писарбача ҳамшираи қадраси ҳанӯз ба шавҳар набаромада дошта бошад, ӯро маъшуқаи ғоибонаи худ қарор медод. Мувофиқи мақоли машҳур, ки мегӯянд: «Арӯс чӣ гуна аст — додарарӯс намуна аст», он писарбачаро намунаи ҳамширааш фарз карда, дар хаёли худ ба ӯ мӯҳои дарози сиёҳмушкин мебаст ва либосҳои хуби занона пӯшонда, дар тасаввури худ ӯро ошиқона парастиш мекард.
Аммо Мулло Вафо нияти ба ягон маъшуқаи хаёлӣ ва ғоибонаи худ хостгор фиристода талаб кардан надошт. Чунки ҳамаи он гуна духтарони хушлибоси ишвагар духтарони боён, муллоҳои калон ва саркардагон буданд, ки онҳо на ба сифати домод, ҳатто ба сифати гадой ҳам ӯро ба хонаи худ роҳ намедоданд. «Рақибони шуми бадкирдор», ки Мулло Вафо дар шеърҳои шоирони гузашта мехонд ва ҳамон «рақибоне», ки худаш ҳам дар шеърҳои худ ба онҳо лаънат, нафрин мефиристод, ҳамин гуна падарон ва домодшавандагони онҳо буданд.
Мулло Вафо қашшоқ буд, аз падару модараш мероси ба харҷи ӯ кифоякунанда намонда буд. Аз онҳо парчапалосе ва як ҳавлии вайронаи қишлоқӣ монда бошад ҳам, ҳамаи онҳоро вай фурӯхта, дар аввалҳои истиқоматаш дар Бухоро сарф карда буд. Бинобар ин баъд аз ришу мӯйлаб бароварда калонсолтар шуданаш тобистон ба деҳаҳои туманҳо рафта, имоматӣ мекард ва ҳар чизе, ки аз он имоматӣ ба дасташ дарояд, зимистон дар мадраса истода харҷ карда мехонд.
Як сол ӯ дар Қалтӣ ном деҳа, ки дар тарафи шимоли шаҳри Бухоро буда, шонздаҳ километр аз шаҳр дуртар ва дар тарафи ғарби роҳи Вобканд воқеъ шудааст, имом шуд. Он деҳа обшор ва хушҳаво буда, одамонаш ҳам бо ӯ хуб созиш карданд. Азбаски деҳқонони он ҷо дар вақтҳои бекориашон ба суффачаи пеши масҷид ҷамъ шуда, ба шеърхониҳои имоми худ сар ҷунбонда изҳори таассур ва хушнудӣ мекарданд, имом ҳам онҳоро дӯст дошт. Хусусан вақте ки Мулло Вафо шеърҳои худро ба онҳо хонда медод ва аз они худаш будани он шеърҳоро маълум мекард, деҳқонон ба ӯ мафтун мешуданд ва дар ҳайрат меафтоданд. Чунки то ҳол онҳо имоми хату саводнокро надида буданд. Ин имом, ки ба ақидаи он деҳқонон «аз даруни худ шеър мебаровард», ба назари онҳо пайғамбар барин менамуд ва шеъргӯйии ӯро мӯъҷиза мешумурданд.
Ҷавонони сурудхони деҳа пеши имом омада, аз вай илтимос мекарданд, ки ғазалҳои худро ба онҳо диҳанд, то ки дар шабнишиниҳо чизҳои нав хонда, шунавандагони худро дар ҳайрат андозанд. Бинобар ин Мулло Вафо ғазалҳои худро ба он ҷавонон ёд кунонд. Вақте ки ҷавонони сурудхон шеърҳои имомро хонда, бо тахаллуси «Вафо» тамом мекарданд, ғулғулаи таҳсину офарин нисбат ба гӯяндаи он ғазал ва хонандаи он аз маҷлис бармехост, ки табъи имом аз ҳад зиёд меболид ва «сӯрохи шеърбарории ӯ» боз ҳам васеътар мешуд.
Мулло Вафо дар Қалтӣ ҳам маъшуқаи хаёлӣ ва ғоибона ёфт: ин духтари Наим ном арбоби деҳа буд. Он духтар бо ҳар ду аломат ҳам ба Мулло Вафои шоир маъшуқа шуда метавонист. Аз ҳар чиз пештар Мулло Вафо пӯшоки он духтарро аз назар гузаронид; дар деҳа дар вақте ки ҳамаи занон ва духтарон бо куртаҳои чиркини дарида, бо кафшҳои фарсуда, ба сари худ як ҷомачаро гирифта мегаштанд, ӯ ягона духтаре буд, ки бо фаранҷии раҳ-раҳи майданақши сурхи шоҳӣ ва аз чарми дӯхташуда бошад ҳам, бо кафши пошнабаланди лок зада пардоз кардашуда, бо масҳии қайроқии пошнааш гулдӯзӣ кардашуда мегашт. Ӯ сари синаи худро ба пеш бароварда, сари худро андак пасу пеш ҷунбонда, танг-танг қадам монда, нозукона роҳ мерафт ва ба қавли Шоҳин: «Пой мемонд чу нозуксанамон қад-қади ҷав».
Дар роҳ рафтан аз либосҳои вай бӯйи хуши атру мушку гулоб намевазид. Лекин ин ҳол барои Мулло Вафо аҳамият надошт. Чунки агар толеъ тозаду ӯ ба он дилбари дилором восил шавад, ба ду танга як шиша атри аъло аз Бухоро харида оварда, ин камбудии вайро ислоҳ кардан мумкин буд.
Камбудии асосии ин духтар пастии қоматаш буд. Аммо Мулло Вафо фикр мекард, ки «шояд пастии қадаш аз хурдии солаш бошад, агар ӯ ҳоло чордаҳсола бошад, то ба ҳаждаҳ даромаданаш сарв барин баландболо, шамшод барин зебо ва санавбар барин раъно хоҳад шуд».
Аломати дуюм ҳам дар ҷояш буд: он духтар як бародари аз худ калонсол дошт, ки ришу мӯйлаб бароварда бошад ҳам, аз рухсораву чашму абруяш ҳусну ҷамоли духтаракона намоён шуда меистод.
Мулло Вафо ҳар боре ки он духтарро дар кӯча медид, ишқи ғоибонааш нисбат ба вай зиёдтар мегардид. Аммо ҳеҷ гоҳ ӯ дар зиндагӣ восил шудани худро гумон надошт. Арбоби деҳа, ки соҳиби замини бисёр буда, ҷуфти говҳои қатор ва гӯсфандони бешумор дорад, чаро духтарашро ба имоме, ки лоақал хонаи нишаст надорад, бидиҳад?.. Шоир ҳатто ҷасорат намекард, ки дар кӯча дар пеши одамҳо ба тарафи он духтар нигоҳе кунад. Зеро аҷаб набуд, ки аз нигоҳҳои ҳасратомезаш ва аз паридани рангаш мардум ба ишқи ӯ пай баранд ва ин ҳолро ба падари ӯ хабар диҳанд. Дар он вақт, албатта, арбоб ин ҳолати имомро нисбат ба худ ва духтари худ таҷовузи ҷинояткорона шумурда, ӯро зада-зада аз деҳа пеш мекард. Дар он ҷо сурат ошиқи нокоми бечора аз наздикии кӯйи маъшуқаи дилором маҳрум ва ба ҳиҷрони ҷонгудоз гирифтор мегардид,
Бинобар ин Мулло Вафо кам-кам дар кӯчаҳо аз пайи дидани маъшуқаи худ намегаштагӣ шуд. Ягона тасаллии ӯ дар пеши мардум шеърҳои ошиқонаро бо сӯзу гудоз хонда, дар хаёли худ он маъшуқаи ғоибонаро ба худ мухотаб тасаввур кардан ва дар танҳоӣ аз охири як банди тарҷеъбанди Абдураҳмони Ҷомӣ се байти зеринро бо овози баланд (ҳарчанд бадовоз бошад ҳам) сурудан буд:
…З-ин сон, ки рахи умед бастаст
Бар ман ғами ишқи ту зи хар сӯ.
Он беҳ, ки ба кунҷи ноумедӣ
Пой дар доману сар ба зону
Биншинаму бо ғами ту созам,
Пинҳон зи ту бо ту ишқ бозам!
Вақте ки Мулло Вафо аз дидани маҳбубаи худ дар кӯчаҳо даст кашида, шабҳои дарози ҳиҷрон дар хаёли рӯйи ҷонон бо оҳу нолаву афғон дар ғамхонаи худ менишастагӣ шуд, он маҳбуба дар хаёли ӯ боз ҳам соҳибҷамолтар ва зеботар намудан гирифт. Ҳатто пастии қомати ӯ, ба дараҷаи пӯшоки духтарони шаҳр зебо намудани фаранҷӣ, чашмбанд ва кафшу масҳии ӯ ҳам аз назараш дур гашта 5 он маъшуқа монанди парие, ки дар афсонаҳо бо либоси нур тасвираш менамоянд ва ё мисли ҳуре, ки бо ҳуллаҳои биҳишташ зебу зинат медиҳанд, дилрабойи беҳамто ва нестдарҷаҳони ӯ гардид.
Шоир дар ин ҳол ба ҳиҷрони он маъшуқа тоқат оварда наметавонистагӣ шуд ва қариб буд, ки маҷнунвор сарбараҳна фарёдкунон ба дашту биёбон баро-яд. Дар ин вақт воқеае рӯй дод, ки ба сабаби он ба васли ҷонон умедвор гардида; қариб буд шодимарг шавад. Рӯзе ду-се нафар аз мӯйсафедони деҳа ба ҳуҷраи масҷид ба пеши ӯ даромада, баъд аз муқаддима таклиф карданд, ки хонадор шавад ва онҳо ба ӯ духтари хуби ношикастае (покдомане)-ро ёфта медиҳанд.
Мулло Вафо гумон кард, онҳо ягон нафари он деҳқондухтаронро, ки бо либосҳои даридаи чиркин ба сарашон ҷомача гирифта, ба кори деҳқонӣ ва говчаронӣ мераванд, ба ӯ ба занӣ медиҳанд. Бинобар ин таклифи онҳоро дар сурати қатъӣ рад карда ва ба рад кардан сабаб нишон дода гуфт:
— Ман ҳоло хондани худро тамом накардаам, бинобар ин то хатми дарси мадраса хаёли хонадор шудан надорам ва дигар ин ки ман хонаю ҷой надорам ва агар хонадор шавам, зани худро дар куҷо мешинонам?
Мӯйсафедон дар роҳи рад кардани сабабҳои ӯ гуфтанд:- Илме, ки шумо ҳозир доред, аз илми садҳо муллои хатмкарда зиёд аст. Дар мо муллоҳои хатмкардае имом шуда буданд, ки як хати аз ягон ҷой омадаро хонда наметавонистанд, аз забони мо хокпошон (деҳқонон) ба ҷое дуою салом навиштан он сӯ истад, ба навиштани номи худашон ҳам қодир набуданд. Аммо шумо на танҳо хату савод доред, ҳатто аз дарунатон ғазал мебароред, ки ин ҳунари шумо марду зани деҳаи моро ба шумо ошиқ кардааст.
Мулло Вафо бо шунидани суханҳои охирини деҳқонон дар дили худ мегузаронд: « Чӣ мешуд, ки он маъшуқаи ғоибонаам ҳам ба ман ошиқ мешуд. Дар он вақт падараш надиҳад ҳам, худам гирифта гурехта бурда, дар пеши ягон қозӣ никоҳ карда мегирифтам ва ба сабаби ин ишқи дутарафа хушбахттарини одамони дунё мегаштам».
Мӯйсафедон дар роҳи рад кардани сабаби дуюми имомашон, ки бехонаву ҷой буд, гуфтанд:
— Аз ваҷҳи хонаву ҷой шумо ғам нахӯред. Мо шуморо ба касе домод мекунем, ки хонаҳои тайёр дорад. Шумо хонадомод шуда, кадоми он хонаҳоро, ки хуш кунед, дар ҳамон хона бо арӯс зиндагонӣ мекунед.
Мулло Вафо фикр карда дид, ки дар он деҳа ғайр аз Арбоб Наим касе нест, ки ҳавлии серхона дошта бошад. Ҳавлиҳои дигар ҳама вайрона буда, як ё ду хонаи оғилмонанд дорад, ки дар яке аз он хонаҳо тамоми аъзои оила нишинад, дар дигараш гову гӯсола мебанданд. Бинобар ин ба мӯйсафедон гуфт:
— Пурсидан айб нест, шумоҳо ба падарарӯсии ман киро муносиб дидетон?
— Ба домодии шумо ҳама духтарнокҳо толиб мебошанд. Лекин мо касеро падарарӯс мекунем, ки ба шумо муносиб бошад. Масалан, агар мо Арбоб Наимро ба падарарӯсии шумо муносиб бинем, чӣ мегӯед?
Бо шунидани ин таклиф ҳуш аз сари Мулло Вафо парид. Ӯ ба толеи худ ҳеҷ бовар надошт, ки он маъшуқаи ғоибона бо худаш ҳамхона шавад. Ӯ дар дили худ мегузаронд: «Аҷаб нест, ки ин мӯйсафедон ба ман шӯхӣ карда маро бозӣ медода бошанд». Бинобар ин ба онҳо гуфт:
— Э, ҳа!.. Ман киву Арбоб Наим кӣ? Он кас духтарашонро ба касе медиҳанд, ки ба худашон дар молу давлату обрӯй ҳамкаҷова (баробар) бошад. Он кас ҳеҷ. гоҳ ба ман барин муллои пойлуч духтар .намедиҳанд.
— Ҳарчанд «аз ман нагӯетон» гуфта бошанд ҳам, — гуфт яке аз мӯйсафедон, -мо барои дили шуморо пур кардан рости гапро мегӯем…, ки худашон моро ба ҳамин мақсад ба пеши шумо фиристоданд. Он кас моро ҷеғ зада бурда, зиёфат карда, ба мо гуфтанд: « Ман аз давлати дунё ҳеҷ камӣ надорам. Акнун мехоҳам ягон муллоро ба худ хонадомод карда, давлати охиратро ҳам ба даст дарорам.
Ҳарчанд фикр кардам, аз имоми худамон беҳтар муллое ба назарам нанамуд. Бинобар ин шумоёнро дарди сар дода ҷеғ зада овардам, ки миёнравӣ кунетон, то ки он кас оҷизаамро ба канизӣ (ба занӣ) қабул кунанд. Аммо барои баъзе мулоҳизаҳо, аз тарафи ман шунидани ин таклифро ба он кас нафаҳмонда, аз тарафи худатон корро пазонетон».
Як мӯйсафеди дигар илова карда гуфт:
— Шумо барои тӯй ҳеҷ ташвиш накашед, ҳамаи хароҷотро барои хурсандии шумо ва духтарашон худи арбоб мекунад.
— Кор ин тавр бошад, — гуфт Мулло Вафо, — сухани арбоб барин соҳибҳиммати илмдӯстро шикастан беҳурматӣ ва куфрони неъмат мешавад. Шумоён қабул ва саломи маро ба арбоб расонетон. Ман ваъда медиҳам, ки ба он кас на фарзандвор, балки ғуломвор хизмат карда, бо ин роҳ кам ҳам бошад, миннатдории худро маълум намоям.
Мӯйсафедон рафтанд. Аммо ҳанӯз Мулло Вафо ба худаш рӯ овардани ин хушбахтии ногаҳониро бовар намекард ва дар дили худ: «Ин ки мебинам ба бедорист, ё раб, ё ба хоб?» мегуфт. Чашмони худро молида ва калон-калон кушода, ба ҳар тараф нигоҳ мекард, ҳама чизро медид. Боз бовариаш намеомад. «Аҷаб нест, ки хоб бошад. Хуб, агар хоб бошад, илоҳӣ аз ин хоби ширин то қиёмат бедор нашавам, то ки талхии ҳиҷронро дигар начашам» — мегуфт дар дилаш.
Дар ҳавлии арбоб тӯйи калоне барпо шуд, ба домод ҳам оши тӯй бо лаълиҳои пурҳалво ва сару пойи домодӣ (як рахт либоси пурра) омад. Акнун ҳеҷ шакку шубҳа намонд, ки хушбахтии ошиқи дилсӯхта дар бедорӣ будааст.
Шаб Мулло Вафоро бо либосҳои нав ороста, ҷавонони деҳа «ҳо Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ» — гӯён ва ғазалхонон ба ҳавлии арӯс бурданд. Баъд аз маросими никоҳ ва саломномахонӣ ӯро ба пеши арӯс дароварданд. Арӯс дар паси парда (чимилиқ) рост истода буд. Чашми домод ҳамин ки ба ҳайкали дар зери парда печондашудаи арӯс афтод, ба ларза даромада, мадҳушвор ба замин ғалтид. Аммо бемуносибатии ин ҳолатро ҳис карда ва аз занони тамошобин, ки ҳар як ҳаракати домодро бо диққат аз назар гузаронда истода буданд, шарм дошта, барои ислоҳ кардани хатои беихтиёронаи худаш рӯйи худро ба пойи масҳидори арӯс молид. Гӯё ки ӯ на бетоқат шуда, балки барои изҳори ҳурмати ошиқона кардан ба ихтиёри худ ба пои арӯс афтода буд.
Арӯс дар ҷавоби ин ҳаракати шоири «лирик» сари ӯро бо пояш дуртар тела дод. Ҳарчанд ин кори арӯс як дараҷа дағалона ва аз тарафи як дилороми нозанин номуносиб буд, домод ин ҳаракати ӯро ба бетаҷрибагӣ ва хурдсолиаш ҳамл карда, ба дили худ гарон нагирифт ва аз ҷояш хеста, ба паҳлуи арӯс рост истода бо ду дасти пуродоб хост, ки пардаро аз рӯйи ӯ бардорад, то ки зудтар ҷамоли ҷаҳоноройи ӯро дида, чашми дар алами ҳиҷрон хунгиристаи худро об диҳад.
Аммо арӯс бо ду дасти худ пардаро ба рӯяш чунон маҳкам печонда нигоҳ дошта буд, ки барои кушодан зӯри дасти домод нарасид ва дар пеши худ қарор дод, ки «аз нӯги хамир фатир» гӯён имшаб ба бӯсидани дасти ӯ қаноат кунад ва бӯсид.
Фардои он шаб ба ҳуҷраи масҷид аҳолии деҳа ягон-ягон омада, имомро табрик мекарданд, миёнаравон ва баъзе ҷавононе, ки ба ӯ густох буданд, баъд аз табрик чӣ гуна будани арӯсро аз вай мепурсиданд.
Ӯ шарм мекард, ки ба ин пурсиш «имшаб рӯйи арӯсро кушода натавонистам ва ҳанӯз надидаам» — гӯяд. Балки дар ҷавоб маъшуқаи хаёлии худро ба тарзе ки дар хаёлаш сурат баста буд, тасвир мекард.
Аммо шунавандагон, хусусан ҷавонон, бо шунидани ин ҷавоб табассуми истеҳзоомезе карда мемонданд.
Шаби дуюм домод ба дидани рӯйи арӯс комёб шуд. Лекин кошкb комёб намешуд! Ҳамин ки чашмаш ба рӯйи ӯ афтид, қариб буд, ки ғуссамарг шавад:
Рӯе пур аз доғи нағзак ва монанди рӯйи мурда бенур, бинии пасти пачақи пучуқмонанд, чашмоне монанди чашмони аз шишаи тира сохташуда беҳаракат ва бемижгон ба назараш намоён шуданд.
Ба болои инҳо устухони сандуқи синааш то чанбари гардан ба сабаби кадом беморӣ ба тарафи пеш ҷаста баромада буд, ки сарашро рост гирифта ва пеш хам карда наметавонист, бинобар ин каллаи ӯ ҳамеша ба қафо хам хӯрда, ҷунбида меистод, сабаби пастии қоматаш ҳам ҳамон беморӣ будааст, на хурдсолӣ. Вагарна аз зӯрии дасташ маълум шуда меистод, ки синнаш аз бисту панҷ хам гузаштааст.
Мулло Вафо ҳамон замон аз пеши арӯс баромада, роҳи Бухороро пеш гирифт ва ба шаҳр даромада, аз мадрасаи Шодимбӣ, ки ҷойи истиқомати айёми ҷавониаш буд, ҳуҷрае ёфта, дар он ҷо зиндагонии муҷаррадона сар кард.
Лекин ин зиндагонии муҷаррадонаи озодонаи Мулло Вафо ҷавонона набуд: акнун ӯ ба хондани шеърҳои ошиқона ҳеҷ ҳавас надошт, маъшуқаҳои хаёлиро ҳам ҳеҷ ба ёдаш намеовард. Ҳоло ҳам бисёр шеър мехонд, лекин шеърҳоеро ёфта мехонд, ки мазмуни онҳо шикоят аз фалак, аз замон, аз бахту толеъ бошанд.
Шеъргӯйии Мулло Вафо аз сари нав сар шуд. Лекин мазмунҳои ин шеърҳои наваш монанди марсияномаҳо ҳамагӣ шикоят аз фалак, аз бахту толеъ ва аз бевафоии дунё буданд. Азбаски Мулло Вафо умуман аз мардум, хусусан аз зан ва номи ӯ ваҳшиёна мегурехт, дар давраи дуюми шоириаш тахаллусашро ҳам «Ваҳшӣ» гузошт.
Сабаб ин буд, ки ба Мулло Вафо одамони бепарвои бедард «безан» лақаб доданд ва ӯ аз ин лақаб ва умуман аз калимаи «зан», чунонки аз мор гурезанд, мегурехтагӣ шуд.

Дуздӣ

Дар аввалҳои соли 1894 дар мадрасаи Бадалбек ба ман нисбат ба аҳволи онрӯзаам як зарари калон расид: он вақтҳо дар дасти ман аз китобҳои адабӣ «Махмуд ва Аёз» ном девончаи байтбаракӣ (чӣ гуна ба дасти ман даромадани он китобча дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» қайд шудааст) 160, як «Мунтахаботи ғазалиёти Навоӣ» бо дастхати падарам ва аз китобҳои дарсӣ як «Матни Қофия», ки амонати муаззини мадрасаи Олимҷон Абдуфаттоҳи кӯлобӣ буд ва инчунин як «Шарҳи Мулло» — амонати Зуҳур-махдум буд. Ман «Шарҳи Мулло»-ро барои мутолаа бардошта пеши бемори сил — Аллом-махдум рафтам, ки ҳам ӯро хабардорӣ кунам (чунки бемории ӯ вазнин шуда буд) ва ҳам дарсамро аз назар гузаронам…
Шаб дар пеши бемор хобида, саҳар ба ҳуҷраи худ омадам, ки дари даромад кушодагӣ аст. Аввал гумон кардам, ки дар вақти рафтанам аз хотир фаромӯш карда, дарро набаста рафтаам. Чун ба ҳуҷра даромада, шамъро даргиронда, он сағонаи зиндагонро аз назар гузарондам, дидам, ки дар он ҷо девончаи байтбаракӣ, «Мунтахаботи ғазалиёти Навоӣ» ва «Қофия»-и амонат нестанд.
Маълум шуд, ки кадом хасдузди ноинсоф дари ҳуҷраамро кушода, ин китобҳоро бурдааст, ва ҳол он ки ҳамаи онҳоро дар бозори тез панҷ танга намегирифтанд, аммо барои ман он ду китоб хазинаи ноёб буданд ва гум шудани китоби амонат бошад, сабаби хиҷолат мешуд. Бо ҳамаи ин шукр кардам, ки хайрият, «Шарҳи Мулло»-и амонатро ҳамроҳи худ бурда будаам ва дар ҳуҷра палосу либоси короие надоштам, ки дузд барад. Аммо парешонии хавос дақиқа ба дақиқа зиёдтар мешуд, чунки маро фикри ба Мулло Абдуфаттоҳ чӣ гуна ҷавоб гуфтан парешонҳол мекард. Ӯ як одами хасис, ба болои ин дуруштмуомила буд. Ман пул надоштам, ки дода ӯро розӣ кунам.
Ин «ҳисси пеш аз вуқӯъ» дуруст баромад: ҳанӯз офтоб набаромада, Мулло Абдуфаттоҳ ба мадраса даромада омад. Ман дар он вақт дар пеши бемор буда, ба ӯ хӯрок мехӯрондам. Абдуфаттоҳ лабҳояшро ларзонда ба он ҷо даромад ва бе ҳеҷ муқаддима, бо оҳанги ҷангталабона «китоби маро ёфта деҳ» гуфт. Ҳуш аз сари ман парид. Ман дар ҳайрат афтодам, ки ӯ чӣ гуна аз ҳама пештар гум шудани китобашро фаҳмидааст?
— Хуб, — гуфтам ман, — беморро ором кунам, ба ҳуҷра рафта, ваҷҳашро ба шумо мегӯям.
— Ман ҳеҷ ваҷҳ-паҷҳро намешунавам, барои ман китоби худам даркор аст, -гуфт ӯ бо овози боз ҳам баландтар ва шӯридатар.
Пас дар пеши бемор бо ин инодкор гуфтугузор карданро муносиб надониста, зуд аз ҷоям хеста, аз ҳуҷра баромадам ва ӯ ҳам аз дунболи ман баромад. Ман дар рӯйи мадраса ба ӯ:
— Як кори ношуданӣ шуд, имшаб ҳуҷраамро дузд зада, дар қатори китобҳои худам китоби шуморо ҳам бурдааст. Ба кадом роҳе, ки шумо розӣ шавед, ман ба ҷавоб гуфтан тайёрам… Ӯ овозашро боз ҳам баландтар карда ва аз даҳонаш кафкҳо парронда гуфт:
— Ман медонам, ки ту он китобро дар куҷо бошад, пинҳон карда мондаӣ ва мехоҳӣ, ки аз они худ кунӣ. Худат дузд мебошӣ, дузди дигаре дар ин миён нест. Агар хуш ба хушӣ надиҳӣ, ман метавонам, ки аз ту китобро зада гирам, — гӯён ба тарафи ҳезуме, ки дар офтобрӯя чида мондагӣ буд, давид ва аз он ҷо як тарошаро гирифта, ба тарафи ман ҳуҷум кард. Ман гурехтам, ӯ маро пеш кард. Ман дар давидан аз ӯ чобуктар будаам. Ман гурезон мадрасаро давр мезадам, ӯ ҳам аз дунболам медавид.
Ҳама бошандагони он мадраса аз ҳуҷраҳошон баромаданд. Зуҳур-махдум ба ӯ мулоимона муроҷиат кард:
-Шарик! (ӯ бо бародарам ва Зуҳур-махдум дар пеши домулло Икром шарикдарс буд) Ором шавед, ба ҳуҷраи ман дароед! Як ислоҳ мекунем.
Аммо ӯ гӯш намедод. Аз миёнаи муллобачаҳо Мулло Бобомурод ном деҳнавиабдуллоҷонӣ буд, ки ӯ хам бо Абдуфаттоҳ ва бародарам шарикдарс буд. Ӯ як одами қадпасти кӯзапушт бошад ҳам, дар паҳлавонӣ машҳур буд. Ӯ «хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» гӯён пеши роҳи Абдуфаттоҳро гирифт. Абдуфаттоҳ даст ёзонд, ки бо тароша ба сари Бобомурод занад. Аммо ӯ фурсат надода, бо ду дасташ аз миёни Абдуфаттоҳи баландқомат гирифта боло бардошт ва аз сараш як чарх занонда, ба рӯйи фарши хиштипухтагии мадраса пуштнокӣ сахт зад. Бо ҳамин Бобомурод аз ӯ даст кашид.
Аммо муллобачагони деҳнавӣ, ки ҳамсоядеҳаи тағоиҳои ман буда, баъзеашон бо ман шарикдарс буданд, барои қад рост кардан ба Абдуфаттоҳ фурсат надода, ба болои ӯ ҳуҷум оварданд ва ӯро бо мушту лагад задан гирифтанд. Ӯ монанди хирси калтак хӯрдаистода бонг мезад.
Дар ин вақт бародарам ба мадраса даромада омад,. ки ӯ ҳар рӯз ба пеши Зуҳур-махдум омада, ҳамроҳи вай ба дарсхона мерафт. Ӯ ин аҳволро дида, муллобачагонро аз болои Абдуфаттоҳ дур кард. Акнун хирси ваҳшӣ «мулло шуда», ром гардида буд. Бародарам ӯро аз ҷояш хезонда, ба ҳуҷраи Зуҳур-махдум бурд. Ӯ сар хам карда, бе он ки чизе гӯяд ва ба касе нигоҳ кунад, нарм-нарм қадам мениҳод ва дар ҳар қадам дасташро ба миёнаш бурда ҷоҳои зарбхӯрдаашро мемолид.
Дар ҳуҷраи Зуҳур-махдум бародарам ба ӯ аз махдум ду танга гирифта дод. Ӯ баъд аз чой нӯшидан изҳори розигӣ карда, бо онҳо ба дарс рафт. Аммо дар роҳ рафтан ҳеҷ гоҳ аз Мулло Бобомурод пештар қадам намегузошт ва метарсид, ки ӯ боз ба сараш мушт намонад.
* * *
Бошандагони мадраса мегуфтанд, ки ин дуздӣ кори худи Абдуфаттоҳ аст. Ба ин даъвои худ далел карда, ҳаминро нишон медоданд, ки ҳанӯз аз дуздӣ дар ин мадраса ҳеҷ кас хабар наёфта, чӣ навъ мешавад, ки ӯ дар мадрасаи дуртар аз ин ҷо фаҳмида пагоҳонӣ барои талаби китоби дуздбурдаи худ меояд? Дар ин сурат бе шакку шубҳа равшан аст, ки худаш китоби худашро бо китобҳои дигар дуздида бурда, ба ҷое пинҳон карда монда, барои талаби товон омадааст.
Аммо ман ин фикрро бовар намекардам ва дар дили худ мегуфтам: «Одаме, ки даҳ ҳазор танга пули нақд дорад, барои ҷинояткорона ба даст даровардани ду танга чаро ҳамин қадар дилсиёҳӣ ва беобрӯйӣ кунад?»
Вақте ки ман бо зиндагӣ зиёдтар ошно шудам ва донистам, ки одами ҳарис, хусусан агар ӯ судхӯр бошад, ҳар чӣ қадар ки бойтар шавад, ҳамон қадар ҳаристар, назараш пасттар гардида, барои ба даст даровардани андак чиз аз ҳар гуна ҷиноят ва беномусӣ рӯй намегардондагӣ мешудааст, фикри болоиро тасдиқ кардам, ки дузд худи Абдуфаттоҳ аст.

Саёҳати саҳро

Дар тобистони соли 1894 аҳволи бемор вазнинтар шуд. Бародар ва хешовандонаш қарор доданд, ки ӯро дар айёми гармо ба ягон саҳро фиристонанд, ки ҳавои соф гирад. Шояд ин тағйири ҳаво ба сиҳатии ӯ фоида расонад.
Бо ин мақсад бародари бемор ба саҳро рафта, дар деҳаи Деших (Деҳаи Шайх), боғи яке аз қадрдонони падарашро барои истиқомати тобистонии бемор муайян карда омад ва маро ба он ҷо кӯчонида бурда монд. Ин боғ дар канори ҷӯйи Дешиҳ буда, хеле обшор ва хушҳаво буд: Мо дар меҳмонхонаи соярави он боғ ҷой гирифтем, ки пешаш гулзор ва аз паси гулзор сарҳавз ва дар он тарафи сарҳавз дарахтони мевадор ва толорҳои ангур буданд.
Ман дар пеши сарҳавз оташдоне сохтам, ки дар он ҷо хӯроки пагоҳонӣ ва бегоҳониро пухта, чой меҷӯшондам. Аз ғайри ин дар беруни боғ, дар канори ҷӯйи Деших, дар зери қаторбедҳои соядор суффае дуруст карда, дар поёни суффа ҳам як оташдони эҳтиётӣ сохтам.
Мо, рӯзона, дар вақти шиддати гармии ҳаво, бар он суффа ба оби равон чашм дӯхта менишастем ва ман таоми пешиниро ҳам дар он ҷо тайёр мекардам. Дар он тарафи ҷӯй киштҳои сабзавотӣ (сабзӣ, пиёз, карам) ва полезӣ (харбуза, тарбуз, зомуча, каду) паҳн шуда рафта, манзараи дилкушоеро дар пеши назар ҷилва медоданд.
Ман дар он вақт ин ду мисраи зеринро навишта будам:
Сояи беду лаби ҷӯ, пеши кишт –
Турфа маконест чу боғи биҳишт!
(Ман дар вақтҳои китоби хониш навиштани худ — дар солҳои 1908 — 1910 «Ҳасан зад» ном достоне навишта, ин ду мисраъро дубора кор карда, ба он китобча дароварда будам, номи он китобча «Таҳзиб-ус-сибён» буд. 161)
Мо дар он боғ пагоҳонӣ ва бегоҳонӣ дар сарҳавз нишаста, шабона бар рӯйи суффаи меҳмонхона — пеши гулзор мехобидем. Соҳиби боғ, ки Нурмуҳаммад ном дошт, як одами қариб шастсола буда; чеҳраи сиёҳчатоб, риши кулӯтаи сиёҳи камсафедӣ ва чашмони сиёҳи обдор, лекин андӯҳгин, пешонаи васеъ, лекин пурчин дошт. Дар танаш як ҷомаи кории нимпахтаи сар то по дарида буд, ки аз болои эзори пурямоқ пӯшида миёнашро бо ресмоне аз рӯйи вай мебаст, сари синааш бараҳна буда, аз даридагиҳои ҷомааш дигар ҷоҳои бадани сиёҳтобаш ҳам намуда меистоданд. Поҳояш ҳам бараҳна буда, нӯгу рӯю кафу пошнаи поҳояш ҳамагӣ якранг сиёҳ, чиркин ва кафидагӣ буданд. Поҳояш ба назар чунон менамуданд, ки гӯё аз лойи шиттаи сиёҳ қолиби пойро сохта, дар оташ хушконда бошанд, ки ҳама ҷояш дарзу чок пайдо карда бошад. Дастони фарохкафи дарозпанҷаи ин одам пур аз ғӯзаобилаи хушкида буд, ки бинанда гумон мекард кафҳои дасташро бо ангуштонаш марази ағаз печонда гирифтааст.
Нурмуҳаммад се писар дошт, ки калони онҳо тахминан сисола, миёнааш биступанҷсола буда, ҳар дуи онҳо ҳам хонадор буданд. Писари калонаш се духтар дошт, ки аз ҳашт сола то дусола тахмин кардан мумкин буд. Писари миёнааш як писарчаи дусола дошт. Писари аз ҳама хурдаш 18-19-сола менамуд, ки ҳанӯз хонадор нашуда буд. Аммо ҳамаи фарзандон ва наберагони Нурмуҳаммад дар пӯшок аз худи ӯ фарқ надоштанд, ранги рӯю баданашон ҳам монанди худи ӯ сиёҳчатоб буда, фақат фарқашон аз якдигар дар калонию хурдии солашон буд.
Нурмуҳаммад ду таноб (ним гектар) боғ дошт, ки дар як тарафи ин боғ ҳавлии беруну дарунаш бино ёфта буд ва чунонки дарҳои меҳмонхона ба тарафи бог кушода мешуданд, дарҳои нишасти ҳавлии дарунаш ҳам ба тарафи бог кушода мешуданд. Чунонки писари хурдаш ба ман нишон дод, дар беруни боғ — дар канори ҷӯйи Деших ҳашт таноб замини корам ҳам дошт. Аз чорпо як гови ҷӯшоӣ, як ҷуфт гови корӣ ва як сар хар дошт.
Аъзои ин оила ҳама корӣ ва пуркор буда, дар ҳамон шабҳои кӯтоҳи тобистон дар торикии рӯз каланд, дос ва белчаҳои сабзавотхишовакуниро ба дастҳо гирифта, ба киштзор мерафтанд. Баъд аз рост шудани офтоб ва шиддат кардани гармии ҳаво ба хонаашон омада, чизе хӯрда, ба ҷойи ин ки истироҳат кунанд, барои кор ба ҷоҳои соярави бог мебаромаданд ва гашти рӯз боз ба киштзор баромада, то тамом торик шудани шаб корашонро давом медоданд.
Писари калони Нурмуҳаммад, ки ҷуфтрон буд, дар соатҳои даҳи шаб говҳоро ҷуфт баста, ба кор мерафт ва баробари баромадани офтоб ҷуфтрониро тамом карда омада, баъд аз хӯрок ба ҷойи хобидан боз ба кори каланд ё дос мебаромад ва фақат ба кори гаштирӯзӣ набаромада, то вақти ҷуфтронӣ мехобид.
Писари хурдаш бештарин бо хар ба шаҳр меваю сабзавот мекашонд, ки ҳар рӯз се-чор бор рафта меомад.
Заминҳои канори ҷӯйи Деших ва аз ҷумла заминҳои Нурмуҳаммад милки ҳур буданд, ки аз онҳо ба подшоҳӣ андози замин — молиёт намедоданд. Хароҷоти замин танҳо ҳашари ҷӯй, Шаҳррӯд, Дуоба ва ҳашари қалъаи шаҳр буд, ки ин хароҷот ба он заминҳои обшори ҳосилхез он қадар гаронӣ намекард. Бо вуҷуди ин аъзои оилаи ин хонадон ҳамагӣ бепӯшок ё бадпӯшок ва пойбараҳна буда, ягон таоми гарми гӯштдор хӯрданашон ҳам маълум набуд. Онҳо фақат бо ширу ҷуғрот, бо хӯрокҳои ширӣ, ки аз гови худашон ҳосил мешуд ва бо нон, ки аз деҳқониашон мерӯйид, қаноат мекарданд.
Ман гумон мекардам, ки шояд Нурмуҳаммад ва фарзандони ӯ хасиси гузаро бошанд, ки фоидаи аз деҳқонӣ ёфтаашонро нахӯрда, напӯшида, захира мекарда бошанд. Баъзе ҳаракатҳои аъзоҳои он оила ин фикри маро нодуруст мебароварданд. Чунончи, хар кадоми аъзои ин оила, ки дар вақти таомхӯрии мо ба назар намояд, ҳарчанд бо зорию зӯрӣ илтимос намуда ба таом даъват кунем ҳам, намеомад ва «саломат бошед, завқ кунед, нӯши ҷонатон шавад! Ман ҳозир хӯрок хӯрдам» — гӯён узр гуфта мерафт.
Ҳар гоҳ ки мо оши палав пазем, як коса ошро пур карда ба ҳавлии дарунаш медодем. Албатта, мо аз вай зиёдатар дода наметавонистем. Лекин ман «аъзоҳои ин оилаи калон ин як коса дар байни худ чӣ гуна тақсим мекарда бошанд?» гуфта худ ба худ хиҷолат мекашидам.
Рӯзе раги кунҷковиам даста дода, аз набераи панҷсолаи Нурмуҳаммад пурсидам:
— Аз оши палави ман бурда додагӣ ба ту ҳам доданд-мӣ?
— Ҳа, — гуфт духтарча.
— Ба ойтӯтет ва ба укет ҳам доданд-мӣ?
Ба ин саволи ман духтарча ҷавобе дод, ки дигар ба пурсуков кардан эҳтиёҷи ман намонд:
— Калонҳо нахӯрданд. Бобом ҳамаашро ба ман, ба ойтӯтем, ба укем ва Акрам (писарчаи писари миёнаи Нурмуҳаммад) хӯронд, — гуфт.
Ана ҳамаи ин корҳо хасис набудани Нурмуҳаммад ва аъзои оилаи ӯро, ҳам ба бачагони хурдсол меҳрубон будани онҳоро нишон медод.
Рӯзе ба ман бо Нурмуҳаммад сӯҳбати дуру дароз кардан рост омад, ки бо он мусоҳиба ҳақиқати аҳволи он оиларо тамоман фаҳмида гирифтам.
Як пагоҳонӣ Нурмуҳаммад бо ҳамон ҷомаи кориаш аз ҳавлӣ баромада рафт ва рӯзона на дар боғ ва на дар киштзор — ҳеҷ нанамуд. Шаб шуд, ҳаво софи ороми пурмаҳтоб буд. Шабнам бисёр рехт. Сурфаи бемор зиёд шуд. Ман ӯро ба даруни меҳмонхона дароварда хобондам ва худ ба рӯйи суффа баромад, ба моҳи 12 — 13-шаба, ки тамоми партавашро бар рӯйи суффа ва гулзор монанди шир рехта буд, чашм дӯхта нишастам. Дар ҳақиқат ҳам гӯё ҳамаи равшании маҳтоб махсуси нишемангоҳи ман буд, дарахтҳои шох ба шох печидаи сарҳавз ва боғ дар торикӣ монда буданд.
Дар он вақт касе сурфакунон аз дарвозаи ҳавлӣ даромад ва наздик расид. Дидам, ки Нурмуҳаммад аст.
— Амак! Имрӯз нанамудед, куҷо будед? — гуфта пурсидам.
— Эй, саргардонӣ-дия, писарам, — гуфт ва омада ба наздикии ман, ба лаби суффа нишаста, поҳояшро ба поёни суффа дароз карда, суханашро давом дод: — ба Галаосиё ба ноибхона рафта будам.
— Дар он ҷо чӣ гап буд? Чӣ кор доштед? — гуфта боз пурсидам.
— Дар ноибхона чӣ гап мешавад? Ҷанҷол-дия!
— Хӯш, чӣ гуна ҷанҷол?
— Эй писарам, шумо напурседу ман нагӯям! Саргузашти ман дуру дароз ва дарди ман бедавост. Шунидани он гапҳо шуморо дарди сар ва дилатонро сиёҳ мекунад.
— Ман ба шунидани дарди сарҳои зиндагии одамҳо бисёр толиб мебошам. Агар гуфта доданаш ба шумо малол набиёрад, марҳамат кунед, мешунавам.
— Ин боғ, ҳавлӣ ва заминҳои кораме, ки дар дасти ман мебинед, аз падару амакам ба ман мерос мондаанд. Падарам ва амакам — ҳар ду ҳам девкор буданд. Онҳо аз кор кардан монда намешуданд. Ман ҳам дар паҳлуи онҳо даромада кор мекардам. Лекин вақтхушӣ ҳам мекардам. Бо муллобачаҳои шӯх ва ин махдумҳои базмии Бухоро ҳам ошно шудам. Падари ин махдуми шумо (ба тарафи беморе, ки дар хона хобида буд, ишорат карда) ҳам ҳамон вақтҳо бо ман ҷӯра шуда буданд. Он кас як махдуми базмӣ буданд, ҳар тобистон ду-се бор бо шариконашон аз Бухоро дастаҳои созонда оварда, дар боғи мо базм мекарданд, ман ҳам гоҳо ба ҳуҷраҳои онҳо рафта палави мадрасагӣ мехӯрдам…
Нурмуҳаммад қадаре хомӯш монду сари синаашро дамонда, сарашро ба қафо хам дода, чашмонашро ба моҳ дӯхта, як дами сарди дарунӣ кашид ва баъд аз он суханашро давом дод:
— Оҳ! Он давру даврон гузашт, он рӯзҳо гашта намеоянд, ман намебинам ва фарзандони рӯзсиёҳи ман ҳам он рӯзҳоро намебинанд…
Овози ҳамсӯҳбати ман торафт ларзиш пайдо карда, пасттар шуда мерафт ва дар гап задан аломати хушкии ҳалқаш ҳам намоён мешуд. Ман ҳис кардам, ки ӯ ҳам ташна асту ҳам гушна, бинобар ин дастархонеро, ки бо нонбурдаҳо дар он ҷо истода буд, кушода ба пеши ӯ кашидам ва аз чойники бо рӯмол печондагӣ як пиёла чойи ширгарм кашида ба ӯ дароз кардам. Ӯ ду-се луқма нон хӯрда, чойро нӯшида, боз ба гап даромад:
— Ман яккаписар будам, амакам ҳам фарзанд надошт. Бинобар ин писари ӯ ҳам ман будам. Маро дар вақташ хонадор карданд. Онҳо аз дунё чаш пӯшиданд, модарам ва зани амакам ҳам вафот карданд. Ин мулку асбоб ҳамагӣ ба ман монд. Писари калонам ба паҳлуи ман даромад. Мо девкории падаронро зинда гардондем. Боғро аз пештара ободтар кардем. Ман аз чорбоғҳои бойҳои шаҳрӣ ва подшоҳӣ ниҳолҳои мевадори зотӣ оварда шинонда сабзондам ва навдаҳо оварда, ниҳолҳои хасаки боғро пайванд кардам. Зиндагонии мо бароҳат мегузашт. Дуруст аст, ки баъд аз рӯзгор ба сарам афтодан, ман базм намерафтам ва базм намекардам, аммо худи кори деҳқонӣ ба боғдорӣ аз ҳар гуна базм ҳам кайфамро чоқтар мекард. Ман аз кор монда намешудам.
Аммо он рӯзҳо дароз накашид: писари калонро хонадор кардан даркор шуд. Арбоб шуданд, оқсаққол шуданд, калону хурд ба миёна даромаданду маҳру тӯёнаи арӯсро аз ҳад зиёд калон карданд. Ба болои ин байни фотиҳаву сартӯйии никоҳро се сол кашол доданд. Дар муддати ин се сол ҳар иду сайре, ки меомад, дар бурдуовард ба хонаи арӯс аз ман баробари он харҷе, ки падарам ба хонадории ман сарф карда буд, пул харҷ мешуд. Аз ман дар он тӯй даҳ ҳазор танга пул рафт, ки се ҳазор тангаи он қарз буд. Қарзи ман аз як фоидахӯри галаосиёӣ буд, ба се ҳазор танга ҳар моҳ ҳафтоду панҷ танга фоида медодам. Ин маблағ ба ман, ки он вақтҳо нимча (500 грамм) ангурро як пул (чоряки тин) мефурӯхтам, гаронӣ кард. Дар он миён ба ман як «раҳмхӯр» баромад, ки ӯро Аловуддини Говҷигар меномиданд…
— Истед! — гӯён ман сухани Нурмуҳаммадро буридам. — Ин Аловуддини Говҷигар ҳамон кас нест, ки дар шаҳр чойфурӯшӣ мекунад?
— Худи ҳамон кас аст, ки дар пеши мадрасаи махдумони шумо дӯкончае дорад.

Аловуддини Говҷигар

Дар ҳақиқат ман Аловуддини Говҷигарро мешинохтам. Ӯ дар рӯ ба рӯйи гӯшаи ғарби ҷанубии мадрасаи Бадалбек, пайваста ба девори масҷиди калон дӯкончае дошт, ки дар вай чойфурӯшӣ мекард. Дӯкончааш бисёр танг ва ба девори масҷид часпидагӣ буд, ки худаш дар он ҷо базӯр ҷойгир мешуд ва ба болои сараш то шифти дӯкон аз тахта як қатор рафчаҳо бастагӣ буд, ки дар онҳо чойҳои нимчагии коғазпечро чида мемонд.
Ӯ як одами қадпасти фарбеҳи ғалча буд: рӯяш сафед, чашмонаш танги. кабудтоб ва ришаш малламонанди кам, ки фақат нӯги манаҳашро пӯшонда меистод. Ҳар кас, ки ба пеши ӯ ба тарзи ошноӣ ё барои коре ояд, ба пеши дӯкон рост истода гапзанон мекард: дурусташ гапҳои ҳеҷ тамомношудании соҳиби дӯконро мешунид. Аловуддин ба оянда як пиёла чой дода, гап сар мекард. Овози ӯ борику ҷарангосӣ буд ва калимаҳоро аз даҳонаш бурро, вале чунон тез мебаровард, ки шунаванда барои аз пеши ӯ рафтан маҷол намеёфт.
Вай ҳеҷ гоҳ ба пули нақд намефурӯхт ва аз нимча (500 грамм) кам ҳам намефурӯхт. Ҳар вақт ки дар рафчаҳо чой кам монад, дӯконашро набаста, ба ҳамсояаш — устои рехтагар — таъин мекард, ки «ҳар кас ояд, то омадани ман истад, ман зуд меоям» ва як халтаи васеи суфро гирифта медавиду баъд аз чанд дақиқа онро аз чойҳои дар коғазҳо нимчагӣ басташуда пур карда гирифта меовард ва ба одаме, ки ба дасташ афтад, ба гап медаромад. Мавзӯи сухани ӯ ҳамагӣ тарҷимаи ҳоли қарздорон ва атвору кирдори онҳо буд. Ӯ ҳар як қарздори худро хоҳ дар он ҷо бошад, хоҳ набошад, бо хусусиятҳояш мешиносонд. Кӣ дар қарздорӣ танте, кӣ бадмуомила — ҳамаро як ба як гуфта медод.
Мегуфтанд, ӯ судхӯрест, ки фоидаро «мувофиқи шариат карда» мехӯрад. Бинобар ин ӯ ба касе пули нақд қарз намедод ва ҳар кас, ки аз вай пул қарз гирифтан хоҳад, бо нархи баланд ва бо ваъдаи муайян чой медод. Он қарздор он чойро фурӯхта, пулашро ба эҳтиёҷи худ сарф мекард. Масалан, ба касе панҷ танга пул қарз гирифтан лозим ояд, ӯ нимча чойро, ки панҷ танга арзиш дорад, бо ваъдаи дар ду моҳ гардонда додан ба ӯ даҳ танга нарх карда медод. Ҳар қадар қарзталаб пулро бисёртар хоҳад, ҳамон қадар нархи чойро арзонтар мекард, то ки харидор ба доми ягон судхӯри пули нақд қарздиҳанда наафтад.
Мӯҳтоҷе, ки ба бадали пул чой гирифтааст, дар фурӯхтани вай ташвиш мекашид. Бинобар ин Аловуддини Говҷигар фурӯши чойи қарздоронро ҳам худ-ташкил карда буд: вай дар сарои пӯст, ки ба пеши дӯконаш наздик буд, ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, дар он ҷо касеро шинонда, ба дасти ӯ пули нақдро супурда монда буд. Қарздор, ки аз ӯ чойро ба бадали пул гирифт, ӯ ба вай он ҳуҷраро дарак медод, ки чояшро бурда ба ҳамон ҳуҷра ба касе, ки дар он ҷо ҳаст, ба осонӣ фурӯхта метавонад. Қарздор нимча чойро, ки дар ҳақиқат панҷ танга арзиш дорад ва аз хӯҷаин даҳ танга баҳо карда гирифтааст, бурда ба одами худи ӯ ба чор танга мефурӯхт. Бинобар ин ҳамеша сад-дусад нимча чой дар байни дӯкон ва ҳуҷраи Говҷигар гардиш карда меистод. Қарздорони ӯ ҳамагӣ саҳроиёни атрофи Галаосиё буданд.
Ҷойи таваллуд ва бошишгоҳи Аловуддин деҳаи Япалоқ буд, ки ба Деших наздик аст. Ӯ ҳар пагоҳ аз он ҷо аспсавор ба шаҳр омада, бегоҳӣ ба деҳааш бармегашт. Ӯ дар мадрасаи Бадалбек бо Қорӣ Абдулқайюм ном шаҳрӣ дӯсти бисёр наздик буд. Мегуфтанд, ки Қорӣ Абдулқайюм пештар дар шаҳр майдасудхӯрӣ мекард. Баъд аз он ки бо кадом муносибат бошад, бо Аловуддин шинос шуд, ба ӯ таклиф кард, ки пулҳои ӯро ба саҳро бурда дар миёнаи деҳқонони мӯҳтоҷ чалонад, бисёр мешавад ва худаш хам аз як лабаш мехӯрад.
Аловуддин он вақт диндор ва «судхӯрӣ ба шариат рост намеояд» гуфта, ин таклифро рад кард. Баъд аз он Қорӣ Абдулқайюм ба ӯ ҳамин ҳилаи шаръиро ёд дод, ки молро бо дучанд нарх баҳо карда ба қарздор диҳад, ки ин кор тиҷорат мешавад, на судхӯрӣ. Аловуддин, ки он вақтҳо чойфурӯши камдастмояи чорбозоргард буд, ин корро ба воситаи чой ба амал овард. Вақте ки сармояаш зиёд шуд, аз дуздон тарсида, дар шаҳр дӯконча ва ҳуҷра гирифта, корашро ба ин ҷо кӯчонид, ҳамаи чизи пурбаҳо ва пули нақдашро дар ҳамон ҳуҷра гузошт ва дар он ҳуҷра касеро посбон кард, ки вай дар харидани чойҳои ба қарздорон баҳо карда додашуда ба ӯ гумоштагӣ ҳам мекард.
Аловуддин бо Қорӣ Абдулқайюм шарикдавлат шуда, ҳар ду дӯсти бисёр наздик гардиданд, қорӣ ҳар рӯз пешин дар ҳуҷрааш палав мепухт, Аловуддин дӯконашро набаста, ба худаш нигарон шуда истодани ояндагонро ба устои рехтагар таъин карда, саросар ба ҳуҷраи қорӣ даромада, ошро хӯрда мебаромад.
Аловуддин ҳам ҳафтае як бор-ду бор қориро бо ошноҳояш ба саҳро бурда зиёфат мекард ва базм карда медод.
Дар бораи ба Аловуддин лақаб шудани калимаи «говҷигар» мегуфтанд, ки судхӯрони дигар ба касе пул қарз доданӣ шаванд, аввал мулку асбоби ӯро тафтиш карда медиданд ва агар ба назарашон пули ба он одам қарз медодагиашон намесӯхтагӣ барин намояд, яъне асбобу ускунаи вай ба қарзаш мерасидагӣ барин бошад, пул қарз медоданд.
Аммо Аловуддин дар пайи тафтиши мулку асбоби ягон қарздораш намегашт. Ӯ «ба ман асбобу ускунаи касе даркор нест, ба ман одам даркор» мегуфт ва ба ҳар одаме, ки рост ояд, ҳарчанд ӯ чизе надошта бошад ҳам, аз сӯхтани пулаш натарсида, қарз додан мегирифт. Бинобар ин судхӯрони дигар ба ӯ калимаи «говҷигар»-ро, ки нотарс гуфтан аст, лақаб доданд.
Аловуддин дар ҳақиқат аз ин кораш зарар намедид, ба ӯ худи ҳамон одами қарздор кифоя мекард. Агар ягон қарздораш қарзашро дода натавонад ва чизи фурӯхта доданӣ ҳам надошта бошад, ӯ он одамро бурда ба ягон бойи серзамин ятим монда, пули худро мерӯёнид. Агар арзиши миёнаи хизмати яксолаи як ятим панҷсад танга бошад, ӯ ба сесад танга мемонд, то ки бойи заминдор барои ятимро арзонтар кор фармудан ба Аловуддин пулро пешакӣ диҳад.
Нурмуҳаммад суханашро аз ҷумлаи буридашудааш гирифта давом дод: — Аловуддини Говҷигар ба ман «раҳмхӯрӣ» карда гуфт, ки ман шунидам, шумо ҳар сол ба се ҳазор танга қарз ҳазору дусад танга фоида медодаед. Ин ба ҳоли шумо ҷабр аст, зулм аст ва ноинсофист. Ман мехоҳам, ки ба шумо се ҳазор танга ёфта дода, шуморо аз қарз халос кунам. Лекин ман ба он пул аз шумо фоида намегирам. Чунки аз рӯйи шариат фоидахӯранда ҳам, фоидадиҳанда ҳам дар оташи дӯзах месӯзанд. Фақат шумо заминҳотонро ба ман ҳосилгарав мекунед ва ман ҳосили ҳарсолаи онҳоро ба худи шумо ҳар соле ба ҳазор танга мефурӯшам. Дар ин сурат шумо ҳар сол ба ҷойи ҳазору дусад ҳазор медиҳед, ки дусад танга ба фоидаи шумо мемонад. Ҳам кори ман, ҳам кори шумо ба шариат ороста шуда, ҳар дуямон аз оташи дӯзах халос мешавем, «на сих месӯзад, на’ кабоб!» Фақат шумо ба ман як некӣ карданатон даркор аст: медонед, ки ман деҳқонӣ надорам, вақти мева ва тархӯрӣ маро зиёфат кунед, гоҳо ба аспам ҷаву беда диҳед. Ман ки боғ надорам, агар меҳмони шаҳрие омада монад, ба боғи шумо биёрам, шумо меҳмонро бо пешонаи кушода қабул кунед. Албатта харҷи меҳмондорӣ аз худам мешавад».
Нурмуҳаммад мегуфт:
— Мани нодон «ҳар сол ба ман дусад танга фоида мешавад» гуфта, таклифи ӯро қабул кардам ва дар бораи ёрмандиҳои ӯ пурсидагӣ гуфтам, ки «ман ҷаву бедаву мева-чеваро аз бозор намехарам. Агар аз чизи деҳқоние, ки худо ба ман додааст, андак ба шумо одамгарӣ кунам, зарар надорад». Дар бораи меҳмондорӣ гуфтам, ки «ман меҳмонро нав надидаам. Дар вақти зинда будани раҳматӣ падарам худам ҳар ҳафта аз шаҳр меҳмон меовардам. Агар шумо меҳмон биёред, болои дида, «харҷашро худам мекунам» нагӯед, ин барои ман айб мешавад. Мегӯянд, ки «ризқи меҳмон пеш аз худаш меояд», ҳар кас дар ҳар ҷо ризқи худашро мехӯрад».
Нурмуҳаммад боз суханашро давом дод:
— Ҳамин тариқа шуда заминҳои ман ба Аловуддини Говҷигар дар пеши ноиби дар Галаосиё будаи қозикалон — Мирзохоҷа бо васиқаи қозихонагӣ ҳосилгарав шуд. Соли якум муомилаи ман бо хӯҷаини нав ба хубӣ гузашт. Ман ба ӯ ғайр аз ҳазор танга як ман ҷав, сад банд беда додам. Ҳар ҳафта ба хонааш яксабадӣ ангур фиристода истодам. Се бор чорнафарӣ меҳмон овард, ки бо обу явғон зиёфат кардам. Дар соли дуюм модари бачаҳо гуфт, ки «дар вақти чашмамон кушода будан писари миёнаро ҳам хонадор кунем», ман қабул кардам. Барои ин кор соҳибмаслиҳати якуми ман Аловуддин шуд. Ӯ, ба қавли худаш, як ҷойи баобрӯйро аз Кӯшкиуммар ёфт. Замона ҳам сахт шуда буд. «Бурду овард» бисёр шуд. Аловуддин базмӣ будааст, ғайр аз созандаҳои шаҳр, аз Вобканду Ғиждувон созанда оварда, базми калон кард. Мани бадбахт саргарми тӯй шуда, ҳеҷ чизро ба ҳисоб нагирифтаам. Дар охир Аловуддин ҳисоб дод, ки ғайр аз чизҳои аз хонаи худам ва пулҳои аз кисаи худам сарф шудагӣ, боз аз Аловуддин панҷ ҳазор танга қарздор шудаам, — Нурмуҳаммад суст шуд ва ҳалқаш хушкид.
Чой додам, нӯшиду сухани худро давом дод.
— Аловуддин маро тасаллӣ дода: «Ҳеҷ гап нест. Ман ба шумо бародарвор хизмат мекунам. То ҳол ҳамаи заминҳотон ба се ҳазор танга ҳосилгарав бошад, акнун ба онҳо боғу ҳавлӣ ҳамроҳ шуда ҳамааш ба ҳашт ҳазор танга ҳосилгарав мешавад» гуфт ва пули ҳосили яксолаи замину боғу ҳавлиро, яъне фоидаи ҳашт ҳазор тангаро баробари нархи фоидахӯрони дигар 2400 танга ҳисоб кард, «ҳозир пул қимат шудааст, фоидахӯрон ҳар ҳазорро соле ба 400 танга монда истодаанд, ки бо он нарх ба ҳашт ҳазор танга бояд соле 3200 диҳед. Ман ба шумо 800 танга гузашт кардам» гуфта, маро миннатдор ҳам карда монд. Чӣ чора? Дандон ба дандон монда қабул кардам ва дар пеши ноиб васиқаро нав кардем, ки ба вай ҳам хеле хароҷот шуд. Аммо ангур фурӯхта, сабзию пиёз фурӯхта, дар як сол 2400 танга ёфта додан осон набуд. Мо бо писарон меҳнатро боз хам зиёдтар кардем, келинҳоро ҳам ба кор баровардем. Ҳосил хуб шуд. Лекин Аловуддин ҳам «нағмаҳои тоза» баровардан гирифт…
Нурмуҳаммад хомӯш монд. Ман дар дили худ гуфтам: «Аҷаб нест, ки ӯ шунидани саргузашташро барои ман малоловар гумон карда, ҳикояи худро нотамом гузошта бошад», бинобар ин бо оҳанги ҳавасмандона пурсидам:
— Баъд чӣ шуд?
— Баъд чӣ мешуд? Ҳама чиз барбод рафт, — гӯён давом намуд, — нағмаҳои тозаи Аловуддин ҳамин шуд, ки у ҷаву бедаро ба қадре талаб кард, ки дар як сол ба як асп расад. Аввал ин ки он қадар ҷаву беда аз деҳқонии ман намерӯйид, дуюм, ин ҷаву бедаи яксолаи як асп аз ду ҳазор танга зиёд мешавад. Ӯ бо ин қаноат накарда, ҳар рӯз як сабад ангур ва дар тирамоҳ се ман (24 пуд) ангури зимистонӣ ва 500 харбузаи тирамоҳӣ талаб кард, ки «ин аз тоқати ман берун» гуфтам ман ба ӯ. Ӯ хандакунон ҷавоб дод: « Аз тоқат берун буданашро дар вақти ваъда карданатон бояд ба ёд меовардед. Акнун вақт гузашт». Ғайр аз ин, ҳар ҳафта панҷ кас, шаш кас меҳмон овардан гирифт. Дар ҳар бор, чунонки ба хонаи худаш меҳмон оварда бошад, «меҳмонон одамони калонанд. Аввали шаб тушбера, нимаи шаб угро, палав ва пагоҳонӣ ширбиринҷу ҳалвоитар кунед!» мегуфт. Дар як тобистон се бор базми хонагӣ (бе дойрахабар ва бе саргардонӣ 162) карда меҳмони бисёре овард, ки ҳамаи харҷҳо аз ман шуд. Ман дар он аҳвол на танҳо ба худам ва ба бачагон ҳам пӯшок гирифта натавонистам, балки ҳамон ду ҳазору чорсад тангаи ба фоидаи қарз доданӣ шудаамро ҳам пур карда натавонистам ва аз пули фоида, ба қавли Аловуддин «аз пули ҳосили замину бог» ҳам ҳазор танга ба гарданам монд. Ночор ба дари судхӯрони дигар рафтам, ки «ҳар ҳазор танга соле чорсад танга бошад ҳам, майлаш, мегирам ва аз қарзи Аловуддин халос шуда, бори ҷаву бедаву мева-чева ва зиёфатҳоро аз гарданам дур мекунам». Аммо ягон судхӯр пеш наомад. «Вақте ки замину боғу ҳавлиат ба Говҷигар ҳосилгарав аст, мо пул дода наметавонем. Аввал онҳоро аз вай халос кун, баъд аз он болои он чизҳоят ба ту қарз медиҳем» — гуфтанд. Ман ба пеши ноиб Мирзохоҷа рафта арз кардам, ки «ман мувофиқи он чизе, ки дар васиқа навишта шудааст, ба Аловуддин ҳар сол 2400 танга медиҳам, аммо бедаву ҷав, ‘мева ва монанди инҳо чизҳои саргумро, ки ба як миқдори муайян қарор дода нашудааст, дода наметавонам ва инчунин ба меҳмондорӣ қуввати ман намерасад. Ман як одами аёлманди хокпош мебошам, ба ман ҷӯрабозиро кӣ мондааст? Хусусан бо Аловуддин ҷӯра шуда наметавонам, ӯ қарзхоҳ, ман қарздор мебошам. Дар ин ҳол ҷӯрагии ману вай монанди ҷӯрагии гӯсфанд бо гург мешавад, ки ин мумкин нест».
Ба ин суханони ман ноиб аввал хандиду баъд аз он гуфт: «Ту нодон мебошӣ, шариатро намедонӣ! Дар вақташ, ки заминҳо ва боғу ҳавлиатро ба Аловуддин ҳосилгарав кардӣ, ҳама ҳосилоти замину боғ ва ҳаққи иҷораи ҳавлӣ — аз они ӯ мешавад. Вай ҳақ дорад, ки дар вақти ҳосилот ҳамаашро ғундошта гирад. Барои ҳавлӣ ҳам ҳақ дорад, ки гӯяд: «соле 500 танга деҳ, нишин, вагарна хез, ман ба дигар кас иҷора мемонам». Ҳоло ҳам Аловуддин ба ту гузашт карда, аз ту кам гирифта истодааст. Як гапи ту маъқул аст, ки «чизҳои додашудании саргум» мегӯйӣ. Дар ҳақиқат, ҳар чизеро ки доданаш лозим бошад, муайян карда дар васиқа даровардан даркор аст. Ман ба хотири ту фардо Аловуддинро ин ҷо ҷеғ зада меорам, ту ҳам биё! Ҳамон чизҳои саргумро бо маслиҳат ва бо розигии тарафайн ба пули нақд гардонда, ба васиқа дохил мекунем».
Нурмуҳаммад мегуфт:
— Ман имрӯз ба ноибхона рафтам, Аловуддин он ҷо буд, дар вақти гуфтугузор вай ба ноиб гуфт: «Замину бог ҳар сол камаш даҳ ҳазор танга даромад дорад. Аммо ман ба ҳашт ҳазор розӣ мешавам, дар ҳавлӣ муфт нишастан гирад.
Лекин акнун дили ман аз Нурмуҳаммад бад бурд: дар васиқа нависед, ки агар тирамоҳ ҳамаи пулро ёфта надиҳад, ман замину богу ҳавлиро соҳибӣ карда, ӯро мебарорам». Ноиб «сулҳ» карда, талаби ӯро ба ҳафт ҳазор фуровард. Ҷамъи қарзам дар худи ҳамин сол аз вай понздаҳ ҳазор танга шуд. Дар васиқа навиштанд, ки агар дар тирамоҳ ҳамин понздаҳ ҳазор тангаро ёфта надиҳам, замину богу ҳавлиро месупорам.
Нурмуҳаммад оҳи ҷонкоҳе кашида, аз ҷояш хеста:
— Дар ин манзил ман ҳам монанди шумоён мусофир ва меҳмон мебошам. Дар тирамоҳ маҷбур мешавам, ки кӯчи худро ба кӯча барорам, чунки понздаҳ ҳазор танга он тараф истад, панҷ ҳазор ҳам ёфта дода наметавонам, — гӯён ҳиққос зада ба тарафи ҳавлии дарунаш рафт. Гиря гулӯи ӯро гирифта буд.
Ман лаб-лаби ҷӯйи Деших як рӯз ба боло — ба тарафи шарқи шимолӣ, як рӯзи дигар ба поён — ба тарафи ғарби ҷанубӣ то ду деҳа он сӯтар аз манзили худамон сайр кардам. Умуман он ҷоҳо обшор ва заминҳояшон ҳосилхез буд. Дар ҳар деҳа ду-се боғи хуб ба назар менамуд, дар ҳар кадоми он боғҳо соянишинҳо (касоне, ки сояи боғеро иҷора мегиранд, на меваашро) буданд.
Ин соянишинҳо бухороиҳо набуда, савдогарони кавказӣ, эронӣ, афғон ва ҳиндустониҳо буданд. Ҳар кадоми инҳо одамоне буданд, ки аз савдогарӣ хуб фоида мебурданд ва дар ду моҳи чиллаи тобистон ба гармои ҷонсӯзи Бухоро тоқат накарда ба ҳавохӯрӣ баромада буданд. Аз инҳо ҳар гурӯҳ як боғро ишғол карда буданд, дар аксари гурӯҳҳо як-ду нафар беморон ҳам буданд. Онҳо дар зери сояи дарахтони бед козаҳо сохта, ба замини коза ҳам навдаҳои борики хушбарги бедро паҳн карда, беморҳошонро дар он козаҳо хобонда буданд. Тандурустон дар лаби оби равон, дар сояи дарахтон қалён кашида менишастанд. Афғонон ва ҳиндустониён банг, эрониён тарёк ҳам мекашиданд. Аз чашмони бангкашидагон оташ меборид, худҳошон гоҳ гиря мекарданд, гоҳ ханда. Ранги тарёккашон монанди ранги мурда бенур ва худҳошон ҳам мурдавор бедармон буданд. Онҳо бо пулҳои калоне сояи боғро ба иҷорат гирифта буданд, як гурӯҳи панҷнафарӣ сояи боғро дар ду моҳ ҳазор танга, як гурӯҳи чорнафарӣ як боғро ба ҳафтсад танга иҷора гирифта буданд. Мева ва сабзавотро бошад, ба пули нақд харида мехӯрданд. Ҳатто ҳезумро ҳам, ки дар саҳро фаровон буд, бо нархи шаҳр мехариданд.
Ман ин ҳолро дида, дар дили худ «деҳқонони боғдори ин ҷо дар айёми тобистон хуб фоида мекардаанд» гуфтам. Аммо сонӣ фаҳмидам, ки сояи ин пул ҳам ба деҳқононе, ки бевосита дар бог кор мекунанд, намерасидааст. Ман дар як боғ аз деҳқоне, ки ӯро соҳиби боғ гумон карда будам, аз сояи бог чӣ қадар даромад доштанашро пурсидам.
Ӯ аввал хандиду баъд гуфт:
— Аз сояи боғ фоидаи ман ҳамин, ки дар вақти дамгирӣ ҳамин ҷо омада менишинам.
— Магар ин боғ аз они худатон нест? — боз пурсидам.
— Пештар аз они худам буд, — гуфт ӯ оҳ кашида, — баъд аз он ба дасти як бойи шаҳрӣ гузашт, ман хизматгор шуда мондам.
— Бой ба шумо чӣ гуна нигоҳубин мекунад?
— Ба тарзе ки намурда аз хок берун гаштем. Мо чор нафар дар боғу киштзори бой кор мекунем, — гуфт ӯ, — аз бозе ки ба ин ҷо меҳмонон (соянишинон) омаданд, масолеҳеро ҳам, ки бой барои таоми гарми мо ҳафта ба ҳафта медод, надода истодааст; «меҳмонон оши зиёдатии худро медиҳанд, ҳамон бас аст» мегӯяд.
* * *
Мо думоҳа шиддати гарморо дар Деших гузаронда, дар охирҳои август ба шаҳр кӯчидем. Ҳарчанд ҳавои боғу саҳро ба бемор фоидаи намоёне нарасонда бошад ҳам, ба ман манфиати калон расонид: ман, ки таъсири бади вабои порсоларо ҳанӯз дар худ ҳис мекардам, дар он ду моҳ солим ва пурқувват шуда, ба шаҳр баргаштам.
Дар тирамоҳи он сол он бемор мурд. Баъд аз дафни ӯ бародараш Зуҳур-махдум хонадор шуда, аз мадраса ба ҳавлӣ кӯчид, ки кӯчкашонии ӯро ҳам ман кардам. Дар вақти кӯчкашонӣ Зуҳур- махдум:
— Аз ҷомаҳо ё аз китобҳои додарам ягонтаашро барои ёдгорӣ хоста гир! -гуфт.
Ман як «Девони Соиб»-ро, ки ҳар вақт вайро мутолаа мекардам, хостам.
— Чаро ягон чизи қиматбаҳотарро нагирифтӣ? Агар ин китобро ба бозор фурӯшӣ, панҷ танга намегиранд, — гуфт ӯ тааҷҷубкунон.
— Ман ин китобро барои фурӯхтан нагирифтаам, — гуфтам ман, — худи ин барои ман аз ҳар чиз пурбаҳотар аст.
— Хуб, майлат. Дар дасти мо бекор истода буд. Шояд ту хонӣ, китоб «ба тасбеҳ медарояд», хуб мешавад, — гуфт ӯ. (Ин «Девони Соиб» ҳанӯз дар дасти ман аст.)
* * *
Дар соли таҳсили 1895 -96 дарси дарсхонагии ҷамоаи мо дар пеши домулло Икромча бо қоригии Мулло Иброҳим-бойбачча давом намуд. Иброҳим саводи тоҷикии хуб ва хати хоно дошт: дӯстдори адабиёт буд, ҳатто худаш ҳам шеър машқ мекард. Аммо саводи арабиаш паст буд, қоидаро кам медонист ва донистагиҳояшро ҳам ба амал татбиқ карда наметавонист. Соли гузашта аз шарикон як каси беқувваттар дарси ӯро тайёр карда медодааст, ки фоидааш кам мерасидааст. Ӯ имсол маро барои дарстайёркунӣ ба худаш ҷалб кард.
Падари Иброҳим, ки Ҷӯрабой ном дошта, дар миёнаи савдогарони Бухоро ва Хева даллолӣ мекард, мурда, Иброҳим бо Неъмат ном бародараш монда буд. Ҳар ду дар як ҳавлӣ зиндагонӣ мекарданд. Неъмат хонадор буд ва савдогарӣ мекард; Иброҳим мероси падарашро харҷ карда мехонд. Пухтупазу шустушӯяш дар хонаи додараш мешуд.
Иброҳим як ҷавони миёнақомати сафедрӯйи навриш буд, ки ришаш сиёҳи маллатоб менамуд.
Чашмонаш мешии обдор буда, дар нигоҳҳои ӯ осори ваҳшигӣ дида мешуд.
Ӯ дар шеър Осим тахаллус мекард. Дар адабиёт Мулло Холӣ ном як ӯротеппагӣ устоди у буд. Аммо ман ҳис мекардам, ки дар фазилат ҳар ду аз якдигар кам фарқ доштанд. Мулло Қурбон ном як шоири конибодомӣ хам он ҷо омада мерафт, ки тахаллуси ӯ Ҷонӣ буд. Фазилати ин шоир аз ду шоири аввалӣ ҳам пасттар буд.
Ҳарчанд тахаллуси Холӣ ба «хол» ва Ҷонӣ ба «ҷон» мансуб бошад ҳам, Мулло Назруллои Лутфӣ «Холӣ»-ро «тиҳӣ аз маънӣ» ва «ҷонӣ»-ро «ҷинояткори шеър» маънидод мекард.
Ман ҳам он вақтҳо кам-кам шеър мегуфтам, аммо шеъри худро ба касе нишон намедодам. Қабоҳати ҳар шеъре, ки гуфтаам, баъд аз понздаҳ рӯз ё як мох ба худам маълум мешуд ва дарҳол сӯхта мепартофтам. Ман бадии шеъри худро аз бадии шеърҳои Холӣ ва Ҷонӣ мефаҳмидам. Шеъри худам ба назари худам дар аввали гуфтанам хуб менамуд. Чун шеърҳои онҳоро мешунидам, ки бад аст, дар дубора хондан он бадиҳоро дар шеъри худам ҳам медидам. Иброҳим ғайр аз дарси дарсхонагӣ, ки дар ҷамоаи мо мехонд, дарсҳои дигарашро хам (агарчи дар он дарсҳо ман бо вай шарик набудам) бо ман тайёр мекардагӣ шуд. Бинобар ин ӯ ба хӯроки ман тамоман мутасаддӣ гардид ва барои он зимистон пӯшок ҳам дод.
Рафтуомад ба хонаи Иброҳим ба ман душворӣ намекард. Чунки дар он ҷо ош намепухтам, хона намерӯфтам ва ҷомашӯйӣ намекардам, — ҳамаи ин гуна корҳои уро зани додараш ва хизматгорзанаки ӯ мекарданд. Ман дар он ҷо танҳо’ ба корҳои илмӣ ва адабӣ машғул мешудам.
Хонаи ӯ монанди хонаи Шарифҷон-махдум маркази адабиётчиён набошад ҳам, аз аҳли адабиёт ва ҳаваскорони он холӣ набуд. Ба болои ин шабҳои таътил мусиқачиён хам меомаданд, ки дар он гуна шабҳо агар ман ба ҷое ба базм наравам, он ҷо мерафтам. Насруллобой ном як шашмақомхони шастсола буд, ки вай хар шаби таътил ба он ҷо меомад. Ӯ дегфурӯшӣ мекард ва дар ин касб рӯзгораш намегузашт. Азбаски Иброҳим ба ӯ ёрмандии моддӣ мекард, пояшро аз хонаи ӯ намеканд, вагарна Насруллобой сурудхони касбӣ ва ҷойрав набуд.
Албатта ба ин гуна харҷи бедаромад меросе, ки аз падари нимчабояш (бойи хурд) мондааст, кифоя намекард. Чун дар дасти ӯ пул кам монда буд, мегуфт: «Бо охирин маблағе, ки дар дастам мондааст, ба баҳонаи ҳаҷ дунёро як тамошо карда меоям ва баъд аз он монанди муллобачагони қашшоқ як ҳуҷраи ориятӣ ёфта гӯша мегирам».
Вай дар охири ҳамон сол ҳаҷ рафт ва дар рӯзи ба сафар тайёр шуданаш, ки ман барои хушбошӣ ва гуселкунӣ ба хонааш рафта будам, ба ман як девони чопаи Абдураҳмони Ҷомиро ба тарзи ёдгорӣ дод (ин девони Ҷомӣ ҳанӯз дар дасти ман аст).
Иброҳим баъд аз омаданаш аз сафари ҳаҷ, ҳақиқатан ҳам гӯшагир шуд. Ӯ дар ҳуҷрае, дар пеши масҷиди Поччоқул-ҳоҷӣ зиндагонӣ сар кард. Зиндагониаш тамоман қашшоқона буд. Чунки дар дасташ аз мероси падар чизе намонда буд ва додараш ҳамаи чизҳояшро, ҳатто ҳавлии нишасти шарикиашонро ҳам фурӯхта, дар роҳҳои бад нобуд карда, ба яке аз ҳокимони амир шогирдпеша шуда, аз шаҳр баромада рафта буд. Иброҳим бо ёрмандии садақамонанди ошноҳои пештарааш зиндагонӣ мекард. Бо вуҷуди ин хурсандӣ изҳор карда мегуфт: «Додарам мероси падар ва бозёфти худашро дар роҳҳои беҳуда нобуд карда, худаш ҳам бадном ва нобуд шуда рафт. Аммо ман ҳар чӣ доштам, дар роҳҳои одамгарӣ харҷ кардам ва ҳарчанд ҳозир чизе надорам, мардум маро ҳурмат мекунанд».
Аммо дар вазъияти Иброҳим осори ҷунун зоҳир шуда буд. Шеърҳояш аз ҷиҳати техника нисбат ба пештара хубтар шуда бошанд ҳам, таъбир ва ташбеҳҳояш девонаворона гардида буданд. (Зикри Иброҳими Осим дар саҳифаи 428 «Намунаи адабиёти тоҷик», чопи Москва, соли 1926, қайд шудааст.) Осим дар соли 1915 дар ҳамон ҳуҷра, дар ҳолате ки аз ҳама алоқаашро бурида буд, вафот намуд.
* * * .
Баъд аз ҳаҷ рафтани Иброҳим дар ҷамоаи мо дар пеши домулло Икром Ҳомидхоҷа ном як ҷавони бухороиро, ки ба тозагӣ ба мо шарик шуда буд, ба қоригӣ интихоб карданд. Ҳомидхоҷа дар сол баробари ман буда, ҷавони озода ва беозори нарммуомила буд. Ӯ дар ҳама ҷо ва ҳамеша табассум карда меистод, ба ҳадде ки осори табассум дар рухсора ва чашмонаш ҳувайдо буд. Ҳомидхоҷа дороӣ ва даромади дурусте надошт. Бинобар ин дар аввал қоригии ҷамоаро, ки харҷи барзиёд талаб мекард, қабул нанамуд. Аммо аз он ҷо, ки ӯ мақбули омма шуда буд, шарикон қарор доданд, ки ба гарданаш харҷи зиёдӣ бор накунанд ва аз вай зиёфати «қориёна», ки қориёни ҷамоа ҳар сол як бор ба шарикони худ медоданд, талаб нанамоянд ва дар ифтитоҳона (харҷи дарссаркунӣ — ҳаққи таҳсили «ихтиёрӣ») ӯро дар қатори шарикони оддии миёнаҳол шуморанд ва ӯ ҳам бо ҳамин шартҳо қоригиро қабул кард.
Ҳомидхоҷа писари Мирзо Абдулваҳҳоб ном котиби хушнавис буд, ки падараш дар замони худ зиндагиашро бо китобат ва котибии қозиҳо гузарондааст. Ҳомидхоҷа як бародари аз худ калон дошт, ки номаш Аҳмадхоҷа буда, аз фозилони ҷавони он замон ба шумор мерафт. Ӯ ҳам аз шогирдони домулло Икром буда, дар он вақтҳо хатми дарс намуда буд. Ӯ дар қатори дарсҳои расмии мадрасаҳои Бухоро дар ҳисоб (математика) ҳам тахассуси дуруст дошт. Вай ҳам монанди бародараш хандонрӯй, нармгуфтор ва беозор буд. Ӯ хонадор буд ва ҳар ду бародар дар гузари Лаби Ҳавзи Арбоб, дар ҳавлие, ки аз падарашон мондааст, зиндагонӣ мекарданд — Аҳмадхоҷа дар дарун бо зану бачаҳояш, Ҳомид-хоҷа дар берун — дар болохона. Аз падари инҳо дар мадрасаи Турсунҷон як ҳуҷра монда буд, ки Аҳмадхоҷа вақфи онро ба додараш бахшида буд ва худ бо даромади мударрисии як мадрасаи хурд, ки дарсхона надошт, фақирона зиндагӣ мекард ва дар болохонае, ки дар вай додараш истиқомат дошт, дарсгӯйӣ менамуд. Дар пеши ӯ аз дарсҳои расмӣ дида зиёдтар ба дарсҳои математика шогирдҳо ҷамъ шуда буданд.
Ин ду бародар чунон ба якдигар меҳрубон буданд ва ба он дараҷа якдигарро ҳурмат мекарданд, ки ман дар зиндагӣ он гуна бародаронро надида будам ва то ҳол ҳам надидаам. Аҳмадхоҷа додари худро на танҳо падарвор дӯст медошт ва навозиш мекард, ҳатто писарвор эҳтиром ва хотирхоҳӣ ҳам менамуд.
Ҳомидхоҷа саводи тоҷикии хуб, хати хоно дошт.
Аммо саводи арабиаш сусттар буд. Лекин бародараш дарси ӯро хуб тайёр карда медод, ки дар пеши домулло дар хондани иборати арабӣ дар хиҷолат намемонд.
Ҳомидхоҷа ҳам монанди талабагони навдарсхони бухороӣ ҳаваскори шоирӣ буда, «Меҳрӣ» тахаллус мекард. Аммо қобилияти шоириаш кам буд, пеш намерафт ва пеш нарафт. Ӯ аз рӯзи аввале, ки бо ман шарикдарс шуд, дӯсти наздик ҳам шуд ва то охири умри ӯ ин дӯстӣ дар байни мо барқарор буд.
Ҳомидхоҷа дар ҳаракатҳои маорифпарварӣ ва озодихоҳӣ бо мо иштирок мекард ва дар соли 1918 ба муносибати воқеаи Колесов дар ҳамин роҳ дар зиндони амир ваҳшиёна кушта шуд. (Дар ояндаи «Ёддоштҳо» ба чандин муносибат аҳволи ӯ ёд карда хоҳад шуд.)

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4



error: Content is protected !!