Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 3-2

Аҳволи ман дар ҳавлии Шарифҷон-махдум

Аҳволи ман дар ҳавлии Шарифҷон-махдум ҳам хуб буду ҳам бад. Хуб буд барои ин ки ман дар он ҷо ҳафтае се шаб бо аҳли илм ва адабиёт, бо касоне, ки донишманд ва озодфикри ҳамон замон ба шумор мерафтанд, бо латифагӯён ва суханварони замон, ки аз шунидани гапҳои онҳо хазинаи дониши кас аз лафз ва маънӣ пур мешуд, ҳамсӯҳбат мешудам. Худи Шарифҷон-махдум бошад, дар вақти танҳо монданаш девонҳои классикҳо ва китобҳои ҳикояро бисёр мутолаа мекард ва ҷоҳои фавқулодда дилчаспи онҳоро ба ман ва Мирзо Абдулвоҳид шарҳ дода, ба завқи худ моро ҳам шарик менамуд. Баъзан китобҳоро ба мо хононда хатоҳоямонро ислоҳ мекард ва ҷоҳои нафаҳмидагии моро эзоҳ дода мефаҳмонд.
Китобхонаи Шарифҷон-махдум беҳтарин ва бойтарини китобхонаҳои хусусии шаҳри Бухоро буд. Дар вай нодиртарини китобҳоро бо хати хубу хоно ва бо китобати ба замони таълиф наздик ва баъзан бо дастхати муаллиф ёфтан мумкин буд, худи ин ҳол барои як талабаи маъниҷӯй як хазинаи маълумоти беинтиҳо буд 128.
Хусусан ба шахсияти хизматгор нарасидани хӯҷаин ва бо ман барин хизматгори саҳроӣ навозишкорона муомила кардани ӯ, дар замоне ки хӯҷаинони дигар ба хизматгорони худ бе дашном ва нафрини кӯчагӣ як даҳан нон намедоданд, дили маро бурда буд.
Дар он ҷо аҳволам бад буд барои ин ки бисёрии хизмат, хусусан хизматҳои вазнин, аз фурсат ва тоқати ман зиёд буд. Ман рӯзона барои дарс хондан ва дарс тайёр кардан ҳеҷ вақт намеёфтам, бинобар ин се дарсеро, ки соли пеш дар вақти дар мадрасаи Мири Араб буданам доштам, ба як дарс фаровардам: аз гузари Чорхарос то мадрасаи Мири Араб, ки қариб як километр роҳ буд, давон-давон рафта, бо хавоси парешон дар пеши Мулло Абдусалом як дарс аз «Қофия» хонда меомадам ва боз китобамро ба тоқча монда, ба хизмат машғул мешудам. Ва ҳол он ки мақсади асосиам аз истиқомати Бухоро ва кашидани душвориҳо дарсхонӣ буд.
Ба болои ин шароити пӯшок аз ҳад зиёд бад буд: ман бо ҳамон либосҳоям, ки аз саҳро пӯшида омада будам, хизмат мекардам. Дар зери хизматҳои сахти бисёр либосҳоям тамом аз кор баромаданд. Аз се курта-лозимӣ дуяш дарида, якаш монд. Агар курта-лозимӣ аз ҳад зиёд чиркин шавад, дар вақти набудани хӯҷаин ман ба тарафи аспхона гузашта, дар сатил об гарм карда, аввал куртаро шуста гирифта, хушконда мепӯшидам, баъд аз он — агар фурсат бошад, ҳамон рӯз, вагарна кадом рӯз ки фурсат шавад, лозимиро шуста хушконда мегирифтам.
Як ҷомаи пахтаноки ғиждувонии майдалаганда доштам, ки ҳам рӯпӯшӣ ва ҳам тагпӯшӣ ба шумор мерафт. Ин ҷома аз зӯри тарошакафонӣ, ҳавлирӯбӣ ва борбардорӣ тамоман дарида ҷиғда-ҷиғда шуда ва остинҳояш чунон дарида чиркин шуд, ки худ аз худ нафрат мекардам.
Аммо хӯҷаини нозуктабиати ман, ки бо магас мубориза эълон карда буд, аз ҷомаи ман нафрат намекард ниҳоят мегуфт, ки «остинҳоятро то оринҷ бар зан, дастонатро бо собун покиза шӯю биё, бо мо ош хӯр». Аммо, ҳеҷ набошад, ба ман як ҷомаи ошхӯрӣ карда намедод, ки дар вақти бо худаш ҳамтабақ шуданам пӯшам.
Ман ҳанӯз бемаҳсӣ будам ва кафши сарипойии маҳаллии обгузарам кайҳо дарида рафта буд, ки панҷаҳои поям аз нӯгаш баромада меистод. Дар вақтҳои борону барф ва лойгарӣ бо вакили харҷ рӯзе чанд бор ба бозор бо ҳамон кафш мебаромадам, ки харидҳои ӯро бардошта биёрам.
Бо он кафш дар кӯчаҳои бесангфарш ва бепиёдагарди Бухоро роҳ рафтан бисёр душвор буд: гоҳо як пойи он кафш дар лой банд шуда, аз поям ҷудо шуда, аз худам як қадам пас мемонд, гоҳо як пояш дар вақти бошиддат ва тезтар қадам партофтанам аз поям баромада, парида аз худам чанд қадам пеш мерафт. Рафта-рафта кор ба ҷое расид, ки дар кӯчаҳои пурлой ман кафшҳоямро аз по кашида, ба даст гирифта, аз дунболи вакили харҷ побараҳна медавидам.
Магар ин ҳолро вакили харҷ ба хӯҷаин гуфтааст, ки рӯзе ӯ ба кафшам назар дӯхта истода:
— Кафшат аз кор баромадааст, магар кафши дигар надорӣ, ки пӯшӣ? — гуфт ва ба даҳлез даромада, кафши нимдошти сарипойии худро аз тоқча гирифта ба ман дод:
— Хуб, кафши дигар надошта бошӣ, инро пӯшида гард!
Аммо ӯ фикр накард, ки кафши одами 28-сола ба пои бачаи 14-сола рост меояд ё не.
Албатта, ман он кафшро пӯшида натавонистам ва ба акаам бурда додам. Акаам кафши кӯҳнаи маро ба кӯҳнадӯз ямоқ кунонда дод ва ваъда кард, ки агар пул ёбад, ба ман як кафш харида медиҳад ва он кафшро худаш пӯшид.
Дар ин миён зани хӯҷаин зойид. Дар Бухоро одат ин буд, ки агар зани калонон зояд, хизматгорҳояшонро ба дӯстонашон барои муждарасонӣ мефиристоданд, он дӯст ба он хизматгор ягон чиз муждагонӣ (севанчӣ) медод.
Хӯҷаин маро ба тағои Ҳоҷӣ Султон ном як ошнояш барои муждарасонӣ фиристод. Ин Ҳоҷӣ Султон бойи шикастагӣ ва бекор шудамонда буд, ки хӯроки ҳаррӯзаашро аз хонаи одамҳо ба воситаи ширинкориаш мехӯрд. Ӯ ширинкори ӯҳдабаро ҳам набуд. Ширинкории вай иборат аз ҳамин буд, ки ба овози мурғон ва ҳайвоноти дарранда тақлид карда садо мебаровард ва ширинкорбозон бо ҳамин рӯдаканона хандида дилкушоӣ мекарданд.
Хӯҷаини ман ҳам дар вақтҳое ки аз мутолаа ва мушоара дилгир шавад, хислати феодалиаш ба ҳаракат омада, тағоӣ Ҳоҷиро кас монда меовард ва ба тақлидҳои ӯ хуб хандида, шиками ӯро бо ягон чиз сер карда гусел мекард.
Ман ана ба ҳамин кас хабари хуши ба хӯҷаин пайдо шудани «меҳмони нав» (зойида шудани фарзанд)-ро расондам. Дар тани ӯ ҳамон вақт як ҷомаи ресмонии рӯпӯшии нимдошт буд, ки онро кашида, «муждагонӣ» гӯён ба ман дод. Ман он ҷомаро оварда ба хӯҷаин тақдим кардам, аммо ӯ нагирифт. — Ин аз они туст, худат пӯш, — гуфт.
Аммо як ҷомаи васеи дарози барои як одами калон дӯхташударо пӯшидани ман мумкин набуд. Инро ҳам бурда ба акаам додам.
Ана ҳамин ду чиз буд музди хизмати ман аз Шарифҷон-махдум баъд аз даридани ҳамаи либосҳоям дар хонаи ӯ ва дар зери кори ӯ.
Баъдҳо фаҳмидам, ки ҳамаи хизматгорон дар он ҷо бе музд ва бе либос кор мекардаанд.
Вакили харҷ Мирзо Бадеъ барои он бе музд кор мекардааст, ки хӯҷаин баъд аз хатми дарсҳояш (ки як сол монда буд) дар ҷое қозӣ шуда, пули бисёр хоҳад ёфт. Аммо ҳис кардан мумкин буд, ки дар вақти харид ӯ, кам-кам ҳам бошад, дуздида музди хизматашро мебарорад. Инро ман аз ҳамин ҳис мекардам, ки ӯ дар вақти харид ҳисобҳо ва нархи чизҳоро аз ман пинҳон мекард ва дар вақти ҳисобӣ бо хӯҷаин онҳо тунду тез мешуданд.
Мирзо Абдулвоҳид мисли ман бепадару модар будааст, ки яке аз қадрдонҳои падараш ба воситаи ошно буданаш бо Шарифҷон-махдум ӯро оварда ба хизмати ин кас супурдааст, то ки дар кӯчаҳо сарсарӣ гашта нобуд шуда наравад. Дар ин ҷо бошад, ба замми муҳофиза ёфтанаш аз кӯчагардӣ, ягон чиз ҳам хоҳад омӯхт. Бинобар ин ӯ дар берун ба ҳамон қадрдони падараш як дарс хонда омада, дар хонаи хӯҷаин дар вақти фароғаташ аз хизмат, ки кори ӯ хеле сабук — танҳо хизмати даруни меҳмонхона буд, ба хатмашқкунӣ, ба иншонависӣ ва ба машқ кардани васиқа ва мактубнависӣ машғулӣ мекард, то ки дар вақти қозӣ шудани хӯҷаин ба мирзохонаи ӯ соҳиб шавад. Либосашро, ки хеле озода ва шаҳриёна буд, аз мероси падараш мекардааст.
Бародари калони саис — Абдулкарим — бо Шарифҷон-махдум ҳамдарс буда- аст ва ба ӯ ба умеди ба воситаи Шарифҷон-махдум даҳяк 129 гирифтан — ба мукофоти илмӣ соҳиб шудан — додарашро ба ин хизмати паст оварда монда будааст ва либоси саисонаи ӯро, ки чандон қимат намеафтод, ҳамон бародараш гирифта медодааст.
Танҳо ман будам, ки дар ин хонадон бе музду миннат ва бе ҳеҷ мақсади оянда танҳо бо мақсади шикамро сер карда ба дарсхонӣ машғул шудан, кор мекардам.
Вақте ки бисёрии кор ба дарсхониам монеъ шуд ва бе либос гаштан тоқатфарсо гардид, ман дар фикри халос шудан аз ин даргоҳ афтодам. Хусусан баъд аз он ки бародари саис даҳяк (мукофоти илмӣ) гирифт ва баъд аз ҳосил шудани мақсадаш бародарашро аз хизмати саисӣ гурезонд, кори ман боз ҳам душвортар шуд, чунки ман маҷбур будам ба ду асп ҳам худам нигоҳубин кунам.
Ман дар фикри халос шудан аз хизмати Шарифҷон-махдум афтодам. Дар ин хусус бо акаам машварат кардам ва аз ӯ пурсидам, ки маро дар ҷое хизматгор монад, ки кораш камтар бошад ва аз ғайри хӯрок пӯшоке ҳам диҳад.
Акаам дар он вақтҳо дар мадрасаи Олимҷон, ки ба ҳавлии Шарифҷон-махдум наздик буд, бо додарам истиқомат мекард. Дар он мадраса аз ҳуҷрадорони он ҷо Мирсолеҳ ном касе буд, ки акаам шарикдарс буда, ба вай ҳуҷраро хам ёфта дода буд. Акаам аз хусуси ман бо ӯ машварат кард.
Ӯ ваъда дод, ки маро дар ҳамон мадраса фаррош (рӯфтурӯбкунанда) таъин кунад, лекин ду моҳи дигар сабр кардан даркор буд: Ҳозир дар ин мадраса як муллобачаи қашшоқи кӯлобӣ фаррош аст, ки баъд аз ду моҳ ба Кӯлоб рафтан мехоҳад, дар он вақт ман метавонам, ки туро ба ҷойи ӯ гузаронам.
Ман ду моҳи дигар дандон ба дандон монда дар ҳавлии Шарифҷон-махдум истодам ва дар вақти муайян кардашуда ба мадрасаи Олимҷон фаррош таъин шуда, бе он ки ба соҳиби хона хабар дода аз вай рухсат гирам, ба кори нав рафтам. Чунки барои рухсат гирифтан* далели ба хӯҷаин маъқулшавандае надоштам, агар бисёрии кор ва белибосиро сабаб нишон диҳам, ба ӯ маъқул намешуд ва аз ман меранҷид. Ва ҳол он ки ман ӯро ранҷондан намехостам, чунки ҳарчанд ман аз ваҷҳи моддӣ аз вай норозӣ бошам ҳам, маънан ӯро ҳурмат мекардам ва аввалин тарбиягари маънавии худ медонистам.
Баъд аз ба хизмати мадрасаи Олимҷон даромаданам рӯзе аз пеши дарвозаи Шарифҷон-махдум мегузаштам, ӯ дар таги дар рост истода будааст, маро дида ҷеғ зад, ба пешаш рафтам:
— Бесабрӣ кардӣ, аз пеши мо рафтӣ. Ман барои ту либос тайёр кунонда истода будам. Аз нӯгаш як яктаҳ (ҷомаи беастар) тайёр шуда буд, биё гирифта бар, пӯш! — гуфт ва маро ба ҳавлӣ дароварда аз меҳмонхона як яктаҳи читро бароварда ба дастам дод. Маълум шуд, ки даҳан ба даҳан сабаби гурехтани маро фаҳмида будааст.
Ман ба мадраса омада, он яктаҳро пӯшида дидам, ки аз қади ман як ваҷаб дароз аст. Маълум буд, ки вай барои ман дӯхта нашуда, тасодуфан аз ҷое ба дасти хӯҷаин афтода будааст. Ин буд ҳисоби охирини ман бо хӯҷаин дар бадали хизмати ҳаштмоҳа.

Дар мадрасаи Олимҷон

Бинои мадрасаи Олимҷон ба бинои анъанавии мадрасаҳои Бухоро ҳеҷ монандӣ надошт ва соҳиби мадраса ҳам он биноро дар аввал барои мадраса насохта будааст. Ин бино дар аввал ҳавлии Олимҷон ном як бойе будааст, ки ӯ инро баъдтар ба мадраса гардондааст. Дар ин мадраса боло-пойин ҳамагӣ даҳ дар ҳуҷра буд, ки онҳо ба воситаи девор кашида ба хоначаҳо ҷудо карда шудани хонаҳои нишаст пайдо шудаанд.
Ошёнаи якуми ин мадраса сангин — хишти пухтагӣ буда, ошёнаи дуюмаш чӯбин буд. Пеши як айвони поёниро девор кашида масҷид ва пеши як айвони болоиро девор кашида дарсхона сохтаанд.
Бинобар ин ҳуҷраҳои ин мадраса монанди катаки мурғон тангу торик ва масҷиду дарсхонааш монанди як дутаӣ борики дароз буданд, хусусан дар ҳуҷраҳои пойини тарафи шимолиаш, ки пешайвон доштанд, дар рӯзи равшани офтобнок ҳам чизеро дидан ва хондан мумкин набуд. Бародарам бо додарам дар яке аз ҳамин ҳуҷраҳои пойин зиндагӣ мекарданд ва дар рӯзҳои дар ин ҷо фаррош таъин шудани ман бародарам мисли порсола боз ба чӯли Каркӣ барои муаллимӣ рафт ва ман дар ҷойи ӯ дар ҳамон ҳуҷраи тангу торик бо додарам мондам.
Ин мадраса дар Чорсӯйи шаҳри Бухоро як сарои вақф дошт, ки номи он ҳам сарои Олимҷон буд. Аз даромади ҳамин сарой ба саҳми фаррош ҳар моҳ даҳ танга (як сӯму панҷоҳ тин) мерасид, ки мо ҳар ду баробар бо ҳамин маблағ зиндагонӣ мекардем.
Хизмати асосии фарроши ин мадраса он қадар зӯр набуд: як рӯзе як бор рӯфтани як мадрасаи ҳавлимонанд ва дар вақтҳои барф пок кардани бомҳои он ба монанди ман як ҷавони коркӯфта он қадар душворӣ намекард. Лекин хизматҳои иловагии фаррош аз ҳад зиёд буда, маро аз дарстайёркунӣ ва машғулӣ кардан ба адабиёт бозмедошт.
Дар ду ҳуҷраи ин мадраса ду нафар ориятнишин: яке ман, дигаре муаззин мадраса будем ва дар ҳашт ҳуҷраи боқимонда касоне менишастанд, ки ҳуҷраҳо-шон «мулки хусусӣ» ва зархариди худҳошон буд ва ҳамаи инҳо бухороӣ буда, тобистону зимистон дар мадраса буданд ва хонадорҳошон ҳам рӯзе як бор ба ин ҷо омада мерафтанду алоқаашонро аз мадраса ҳеҷ намеканданд.
Яке аз ин ҳуҷрадорон шарикдарси бародарам ва ҳомии ман Мирсолеҳ буд. Мирсолеҳ як одами баландқомату борикбадани сафедрӯю малламӯйи камриш буда, бинии калоне дошт. Ӯ одами хушгапи нармгуфтор буда, аммо қадаре бо пешгоҳи димоғаш гап мезад, ки суханонаш манқамонанд мебаромаданд. Мирсолеҳ дар дарс аз ҷумлаи ҳамдарсони хушфаҳмаш буда, адабиётро дӯст медошт ва хатро бисёр зебо менавишт. Фазилати аз ҳама сифатҳояш намоёнтари Мирсолеҳ ин буд, ки ӯ одампарвар буд, бо вуҷуди даромади зиёд надоштан ва баъзан дар харҷҳои зарурӣ дасткӯтоҳӣ кашиданаш ба афтодагон ва бароҳмондагон, хусусан ба муллобачагони қашшоқ, бо ягон роҳ ёрмандӣ расонда меистод.
Мирсолеҳ падару модар ва бародарон дошт, ки дар ҳамон гузари Чорхарос дар ҳавлӣ зиндагонӣ мекарданд. Бинобар ин баъзе вақтҳои Мирсолеҳ дар ҳавлиаш мегузашт.
Дигаре Мирқодир-махдум ном дошта, аз шарикдарсони ман ва аз хешовандони Мирсолеҳ буд. Мирқодир як ҷавони баландқомати қоқбадани сиёҳчеҳра буда, табиати на он қадар мӯътадил дошт. Ӯ дар гуфтор ва кирдорҳояш як қадар тундмизоҷӣ нишон дода меистод. Ӯ дар дарсхонӣ бисёр ҳарис буда, зеҳнаш пасттар бошад ҳам, худро аз хушфаҳмон мешумурд.
Аммо бо ҳамаи ин, агар хатоҳояш бо устоӣ нишон дода шаванд, қабул мекард. Ӯ дар синну сол аз ман калон ва дар дарс баробари ман буда, ба зудӣ бо ман ҳаммуколима (ҳамроҳ дарс тайёркунанда) ва дӯст шуд. Мирқодир дар рӯ ба рӯйи мадраса як ҳавлича дошт, ки бо тағоиаш муштарак буда, дар як хонаи он модараш менишаст. Бинобар ин ӯ рӯзона ва шабона ҳам то соатҳои 10-11 дар мадраса буда, вақти хобашро дар ҳавлӣ, дар пеши модараш мегузаронд. (Мирқодир дар ҳаракатҳои револютсионӣ ҳам иштирок кард, ки дар поёнтари «Ёддоштҳо» зикр хоҳад ёфт.) 130
Дигар дар он мадраса се бародарон буданд, ки онҳоро Ботурчаҳо мегуфтанд. Инҳо писарони мулло Ботурча ном касе будаанд, ки вай дар қадпастӣ, сархурдӣ ва саллакалонӣ дар Бухоро машҳур будааст. Яҳёхоҷа, ки зикраш дар боло гузашт, боре бо ӯ дар кӯча дучор омада, ин байти Бедилро ба ӯ хитоб карда хондааст:
Як нахӯд каллаву сад ман дастор,
Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?
— Ва саллаи ӯро аз сараш чанг зада гирифта ба кӯлмаки об ҳаво додааст.
Ду нафар Ботурчаҳои калонсол ҳам монанди падарашон қадпасти хурдкалла, рӯйборик ва камриш буда, саллаҳояшон монанди соябони калон буд, ки ба сари чӯби борик шинонда бошанд. Инҳо хатмкарда, ҳар кадом дар гузаре имом, хонадор ва аз гузари Сиёҳкорони Бухоро ҳавлидор шуда, асосан дар ҳавлӣ зиндагонӣ мекарданд. Аммо ҳар дуи онҳо дар мадраса ду ҳуҷраро банд карда монда, рӯзе як бор ба он ҷо омада мерафтанд.
Ботурчаи хурдсол навдарсхон ва сохти баданаш нисбат ба бародаронаш мӯътадилтар, дар рафтору кирдор ба бародарони худ муқобил буд ва ҳамеша онҳоро масхара дошта мегашт. Аммо ҳар сеи ин Ботурчаҳо ҳам кӯрсавод буда, ягон сатр хати ба забони тоҷикӣ навишташударо бурро хонда наметавонистанд ва ҳеҷ хат надоштанд.
Аз ҳуҷрадорони он ҷо яке усто Ҷӯрабой ном сартарош буд, ки рӯзона ба лаби ҳавзи Девонбегӣ рафта, дар дӯконе нишаста сартарошӣ мекард ва шабона дар ҳуҷрааш хуфтухоб менамуд. Ин одам тамоман бехату савод буда, дар ном ҳам ба муллоҳо ҳеҷ алоқа надошт ва дар хурдсолиаш ҳам дарс нахондааст. Бо вуҷуди ин бошандаи мадраса буда, аз ҳуқуқи вай дар қатори дигар ҳуҷрадорон баробар фоида мебурд.
Боз чанд нафар муллонамоҳо буданд, ки дар он мадраса доимӣ дар ҳуҷраи худ зиндагонӣ мекарданд. Аммо ба дарс хондан ва дарс гуфтан ҳеҷ алоқа надоштанд ва ғайр аз вақфи ҳуҷраашон даромади дигар доштанашон ҳам маълум набуд. Мирқодир-махдум ва Ботурчаи хурд, ки Маъсумхон ном дошт, мегуфтанд, ки онҳо майдасудхӯрӣ мекунанд ва ба баққолҳои майда бо фоида пул қарз медиҳанд.
Хизмати иловагие, ки ба муносибати фаррошиам ба гардани ман афтода буд, хизмати ана ҳамин гурӯҳ буд. Аз ин ҳуҷрадорон Мирқодир-махдум ба ман ҳеҷ кор намефармуд, балки як дараҷа маро ҳурмат мекард. Ботурчаи хурд — Маъсумхон бошад, коре надошт, ки ба ман фармояд. Мирсолеҳ-махдум бе музд коре намефармуд ва ҳатто бе ҳеҷ хизмат ба ман бо чою нон ва бо либоси кӯҳна ёрмандӣ карда меистод. Ӯ либосҳои кӯҳнаи худро мувофиқи қади ман дар хонаи худ аз сари нав дӯзонда оварда ба ман медод. Боқимондаи ҳуҷрадорон ба ман чунон муомила мекарданд, ки гӯё ман ғуломи падари онҳо бошам: рӯфтани ҳуҷраҳошон, кафондани тарошаҳошонро ба ман мефармуданд ва ҳавлидорҳошон барфрӯбӣ ва тарошакафонии ҳавлиҳошонро ҳам ба гардани ман бор мекарданд. Бо ҳамаи ин бо ягон бурда нон ва ягон пиёла чой ёрмандӣ намекарданд. Ҳатто Ҷӯрабойи сартарош хам ҳуҷраашро ба ман мерӯбонд, ки ин бисёр алам мекард.
Мутаваллии 130 мадраса як одами бесавод буда, мувофиқи шарти вақф даҳяки (даҳ протсенти) вақфи мадрасаро мехӯрд. Ӯ дар ҳавлиаш ягон кори зӯртар барояд, ӯ ҳам маро бурда кардани он корро мефармуд.
Дар айёми тобистон сарои Олимҷонро, ки вақфи ин мадраса буд, таъмир намудан ва шикастурехтҳояшро дуруст кардан лозим шуд. Мутаваллӣ маро бурда, ба болои иморат ба сифати саркор кор фармуд ва худаш, ки бехату савод буд, рӯйхати хароҷотро ҳам ба ман менависонд.
Ман дар он ҷо дар гармии офтоби майнасӯзи Бухоро дар миёнаи лою хоку чанг ва хишту гаҷу оҳак ду моҳ кор кардам. Аммо мутаваллӣ ба ман як пул ҳам ҳаққи хизмати иловагӣ (ғайри моҳонаи фаррошӣ) надод.
Калонон, ҳуҷрадорон ва имому мударрис ба ман таъин карданд, ки пинҳонӣ хароҷоти ҳақиқии таъмирро тафтиш карда истода, рӯйхати алоҳидае тартиб намуда, ба онҳо диҳам, то ки миқдори дуздии мутаваллиро онҳо бифаҳманд. Ман барои иҷрои ин вазифаи пинҳониам аз мардикоре пурсидам, ки мутаваллӣ ӯро рӯзе ба чанд пул қарор карда овардааст. Ӯ гуфт:
— Ҳар кадоми мо даҳ нафарро рӯзе яктангагӣ (15-тинӣ) қарор карда овард.
Ва ҳол он ки мутаваллӣ дар рӯйхат хароҷоти ҳар мардикорро рӯзе дутангагӣ (30-тинӣ), ҷамъашонро рӯзе 20 танга (се сӯм) менависонд.
Лекин мутаваллӣ дар байни мардикорон ҷосус доштааст, ки ба воситаи онҳо ё ин ки бо фаросати худ тафтиши пинҳонии маро фаҳмидааст, бинобар ин маро ба гӯшае бурда гуфт:
— Ту аз пайи тафтиш кардани хароҷоти таъмирот нагард. Ман медонам, ки ин корро ба ту вақфхӯрони мадраса фармудаанд. Аммо агар ман хоҳам, туро дар як рӯз аз фаррошӣ мебарорам ва он калонон ҳеҷ кор ҳам карда наметавонанд. Ту дар пайи хотирхоҳии ман бош!
Ман ин ҳолро ба Мирсолеҳ, ки ҳомиям буд, гуфтам. Ӯ гуфт: ;
— Мутаваллӣ рост мегӯяд. Ту дар паси тафтиши кори ӯ нагард. Дуздии мардумро мову ту бартараф карда наметавонем. Бештарин одамон дузданд. Агар яке аз ин одамонеро, ки дуздии мутаваллиро пешгирӣ кардан мехоҳанд, ба болои иморат монанд, даҳ баробари мутаваллӣ дуздӣ мекунад.
Ман ҳам дигар дар пайи тафтиши хароҷот нагаштам. Аммо барои ман дар он сарой тафтиши корҳое баромад, ки барои худам ҳавасангез буданд: дар он сарой ҳиндуҳои судхӯр менишастанд, ки дар пайи тафтиши касбу кор ва маишати онҳо афтодам.

Ҳиндуҳои судхӯр

Ҳиндуҳои судхӯр одамони бисёр чиркин ва бадбӯй буданд ва ҳарчанд ҳар пагоҳ сару тани худро як бор шӯянд ҳам, ба бӯйи баданашон тоқат кардан мумкин набуд. (Мегуфтанд, ки онҳо ба баданашон ҳар рӯз баъд аз шустушӯй равғани махсус мемоланд.) Бӯйи бади ҷойи истиқоматашон бошад, аз пеши дари даромадгоҳ нафаси касро мегардонд.
Касбу кори онҳо аз зисту зиндагониашон ҳам чиркинтар буд: онҳо ба афтодатарин ва камбағалтарини мардуми шаҳру саҳро бо фоидаи бисёр калон пул қарз медоданд. Зеро одаме, ки аз ягон ҷойи дигар пул қарз карда тавонад, ба онҳо муроҷиат намекард.
Гурӯҳи калони қарздорони онҳо сарбозони амир буданд. Инҳо аз даҳ танга то 20 танга (аз як сӯму панҷоҳ тин то се сӯм) қарз мегирифтанд ва ин маблағро ба ҳафтаҳо тақсим намуда, дар як ё ду моҳ дучанд карда медоданд.
Ҳиндуҳо додугирифти худро ба дафтаре наменавиштанд. Қарздоронашон ҳам ҳамагӣ одамони бехату савод буданд. Онҳо ҳисоби муомилаи худро бо «хатчӯб» нигоҳ медоштанд. «Хатчӯб» иборат аз як чӯби ниморшинии чоррах буд, ки паҳнии ҳар рӯяш ду сантиметр меомад. Ба ҳар як қарздор як хатчӯби махсус буда, ҳинду номи қарздор ва маблағи қарзашро ба сари он чӯб бо хати ҳиндугӣ навишта мемонд. Азбаски ӯ пули худро аз қарздор бо тақсимоти муайян меситонд, дар ситондани ҳар қисми қарз ба он хатчӯб як хат мекашид.
Ҳиндуҳо ҳар рӯз то соатҳои 12 дар ҳуҷраҳошон менишастанд (ғайр аз он рӯзе, ки амир ба сарбозон аз аввали пагоҳ ба Регистон — ба арки амир мерафтанд, ки аз сарбозони қарздор пули худро рӯёнанд), дар ин миён қарзталабон омада қарз мегирифтанд.
Қарздиҳии ҳиндуҳо ба ин тариқа буд: масалан, як мӯҳтоҷ агар 20 танга қарз гирифтан хоҳад, ҳиндуҳо ин маблағро бо даҳ танга фоида, ба шарти дар ду моҳ гардонда додан медоданд ва дар хатчӯб ин маблағро 30 танга қайд мекарданд ва ин 30 тангаро ба ҳашт қисм тақсим менамуданд ва қарздор маҷбур буд, ки ҳар ҳафта як қисмати он маблағро ба қарзхоҳ гардонад.
Ҳиндуҳо соатҳои дувоздаҳи рӯз ҷомаи майданақши сиёҳеро, ки барои онҳо аз тарафи ҳукумати Бухоро бинобар «кофир» буданашон таъин карда шуда буд, аз рӯй мепӯшиданд, аз рӯйи он ҷома як ресмончаи канабиро ба миёнашон мебастанд, ба сарашон ҳам як телпакчаи чоррахи белабакиро мениҳоданд. 40 — 50 хатчӯбро (мувофиқи адади қарздоронашон) дар як халтаи чиркин андохта, дар бағалашон ҷой мекарданд, халтаи хатчӯбро дар бағал чунон ҷой мекарданд, ки қисми номи қарздор навишташудаи чӯбҳо аз бағал берун ва намоён шуда меистод, то ки қарзхоҳ дар вақти вохӯрданаш ба қарздор хатчӯби ӯро ба осонӣ ёфта барорад.
Ҳиндуҳо дар ҳамин қиёфат ва ҳолат то бегоҳирӯзӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва дар саройҳое, ки қарздоронашон зиндагонӣ мекарданд, гардиш карда пул мечиданд ва баъд аз он ба манзили худ баргашта сабзобнӯшӣ менамуданд.
Сабзоб як нӯшокии масткунанда буд, ки ҳиндуҳо вайро аз як алафи барги канабмонанд мекашиданд. Ин алафро тар карда, дар ӯғурча кӯфта, монанди оби кӯкнор аз латтаи софӣ мегузаронданд ва баъд он оби софкоришударо дар қадаҳҳои фулузии (металлии) ҳиндустонӣ рехта менӯшиданд. Зоҳиран, қувваи масткунандагии ин об хеле баланд буд, ки дар вақти нӯшонӯш баъзан дар байни ҳарифон ҷанҷолу занозанӣ барпо мешуд.
Дар сарой Бойарҷӣ ном як ҳинду буд, ки нисбат ба дигарон як дараҷа камбӯйтар ва озодатар буд ва ҳуҷрааш ҳам он қадар бӯйи бади дилбеҷокунанда надошт. Ӯ хати хуби тоҷикӣ дошт, ки бо алифбои араб менавишт ва саводи тоҷикиаш ҳам бурро буд. Ӯ ҳар гуна китобҳо дошт, аз китобҳои адабии тоҷикӣ «Гулистони масаррат» 131, «Девони мирзо Мазҳарҷони Ҷонон» 132ва тазкираи «Хизонаи Омира»-ро 133, ки ҳамаи онҳо чопи Ҳиндустон буданд, аввалин бор дар ҳуҷраи ӯ дидаам. Аммо аз китобҳое, ки бо забону хати ҳиндугӣ навишта ё чоп карда шудаанд, бисёр дошт. Ӯ ҳар вақт ё китобҳои тоҷикӣ, ё китобҳои ҳиндугиро мутолаа карда менишаст ва барои мутолаа кардани китобҳои тоҷикиаш ба ман ҳам рухсат медод.
Бойарҷӣ судхӯрӣ намекард, касби маълуми ӯ ҷавоҳирфурӯшӣ буд. Аммо сангҳои пурқимат надошт, сангҳое ки ӯ мефурӯхт, ҳамагӣ арзонбаҳо ва оддӣ буданд, ки заргарҳо ё мисгарҳо харида, ба нигинакориҳои зарфҳо кор мефармуданд.
Ӯ дар ҷавоҳиршиносӣ машҳур буд, бинобар ин сангҳои қиматбаҳоеро, ки дар Бухоро дар байни одамон хариду фурӯш мешуд, ба вай нишон дода нарх мекунонданд ва ӯ бадали ин хизмати худ аз фурӯшгору харидор даллолӣ мегирифт. Ҳукумати Бухоро ҳам агар санги пурқиматеро аз ҷое ба даст дарорад, ба ӯ нарх мекунонд.
Бойарҷӣ рӯзе дар бораи ҳамватанони судхӯраш, ки ман ба вазъияти зисту зиндагонии онҳо бо нафрат тааҷҷуб баён кардам, гуфт:
— Ин гуна одамҳо дар Ҳиндустон миллионҳо ҳастанд, ҳар сол аз онҳо садҳо ҳазор кас аз гуруснагӣ ва аз чиркинии ҷойи зиндагӣ мемиранд. Ин натиҷаи кордории англисҳо аст. Баъзеҳо агар тавонанд, барои як лаб нон ёфта худро аз марги муайян халос кардан ба ҳар тараф мегурезанд. Инҳое, ки ту дар Бухоро мебинӣ, аз ҳамон ҷумлаанд. Инҳо ғайр аз як лаб нон ёфта шиками худро сер кардан ва сабзоб нӯшидан мақсади дигаре надоранд. Чунки инҳо аз бозе ки аз модар рӯйидаанд, на рӯйи озодагиро дидаанд ва на зиндагии одамонаро ба худ тасаввур кардаанд ва дар Ҳиндустон шароите нест, ки одам ба ин гуна фикрҳо афтад. Вақте ки инҳо ба Бухоро омада дидаанд, ки касби аз ҳама осонтар ва беташвиштар майдасудхӯрӣ аст, ба ҳамин кор машғул шудаанд.
Бойарҷӣ аз чилими худ, ки вайро қалён меномид, баъд аз як-ду қуллоб кашида дудашро аз димоғаш баровардан, сухани худро давом кунонда гуфт:
— Дар ҳақиқат ба аҳволи нафратангези инҳо дар навбати якум ҳукумати англис ва дар Бухоро ҳукумати Бухоро ҷавобгар аст. Зеро агар ҳукумати амир ба ин кори инҳо, ки сабаби хонавайронии раияҳои камбағали худаш аст, роҳ намедод, инҳо маҷбур мешуданд, ки бо ҳаммолӣ ва муздурӣ шиками худро сер кунанд.
* * *
Дар шаҳри Бухоро се саройи ҳиндуҳо буд, ки дар ҳар кадоми онҳо аз сад то саду панҷоҳ нафар ҳиндуҳои судхӯр зиндагонӣ мекарданд. Ҳукумати Бухоро ба болои инҳо як маъмур гузошта буд, ки вайро «ясавули ҳиндуҳо» меномиданд. Ясавули ҳиндуҳо ба замми ин ки корҳои ҳиндуҳоро назорат мекард, ба воқеанависони (ҷосусони) амир ҳам сардорӣ менамуд. Ясавул дар навбати аввал сифати сарҷосусии худро дар ҳаққи ҳиндуҳо кор. мефармуд, ӯ фаҳмида меистод, ки ҳар ҳинду чӣ қадар пул ёфтааст ва чӣ қадар пул ба киҳо қарз додааст.
Ясавул ва умуман маъмурони ҳукумати Бухоро ба насӯзонда рӯёндани қарзи ҳиндуҳо ёрӣ медоданд. Чунки дороии ҳиндуҳо ва пайдову пасандози онҳоро аз они ҳукумати Бухоро медонистанд. Дар ҳақиқат ҳам агар ҳиндуе бимирад ва дар пеши худ вориси муайяне надошта бошад, ҳамаи дороии ӯ ва нақду насияи ӯ аз тарафи ҳукумати Бухоро забт мешуд. Азбаски ясавул ҳамаи дороии ӯро тафтиш карда меистод, ӯ дар вақти мурданаш пулашро ба ягон ҳамватанаш ҳам гузаронда наметавонист.
Ин аҳвол ҳаминро равшан нишон медод, ки дар судхӯрии ҳиндуҳо ва дар кори камбағалони Бухороро хонавайрон кардани онҳо ҳукумати амир бевосита манфиатдор аст.
Дар районҳо — дар Ғиждувон, Вобканд, Қаршӣ ва дар дигар ҷоҳои музофоти Бухоро ҳам саройи ҳиндуҳо буда, онҳо дар зери ҳимояти ҳукумати онҳо дар районҳо боз ҳам пурфоҷиатар буд. (Ман материалҳои бобҳои «Қарзи ҳинду» ва «Ҳиндуи салланок»-и «Дохунда»-ро дар ҳамон вақт омӯхтаам. 134)

Машғулияти илмӣ ва адабии ман дар мадрасаи Олимҷон

Таҳсили солҳои 1892 — 1893 сар шуд. Дар ин сол «Шарҳи мулло»-хон шудани ман, яъне шарҳеро, ки Абдураҳмони ‘Ҷомӣ дар матни «Қофия» дар бораи наҳви забони араб ба забони арабӣ таълиф кардааст, хондани ман даркор буд.
Барои як дарс ғайр аз домуллои кунҷакӣ, ба пеши ягон домуллои дарсхонагӣ ҳам рафтан лозим буд. Ин домулло ҳам муайян карда шуд. Ин — домулло Икромча буд, ки яке аз машҳуртарини мударрисони он замон буда, бародари калонам ва домуллоҳои кунҷакиам — Мулло Абдусалом ва Мулло Бозор ҳам дар пеши он кас мехонданд.
Домулло Икромча он вақтҳо яке аз 40 нафар мударрисони мадрасаи Ҷаъфархоҷа буд, ки он мадраса бо вуҷуди бисёрии мударрисонаш дарсхона надошт. Бинобар ин домулло дар ҳавлии худ, дар гузари Хоҷа Булғори Бухоро дарс мегуфт.
Дар пеши домулло Икромча шарикдарсони мо аз ҳафтод нафар беш буда, дар ҳаррӯза дарс аз шаст нафар зиёдтари инҳо ҳозир мешуданд. Ҳавлии домулло Икромча бисёр танг буда, бар болои боми хонаи нишасти даруниаш болохонае бино карда, вайро ба худ дарсхона қарор дода буд.
Мо шаст нафар дар вақти дарсхонӣ дар ҳамин болохона монанди ҳозирони маъракаи маддоҳӣ пасу пеш бо ҳам ҷафс шуда менишастем. Дар миёнаҷойи ҳалқаи дарс — дар сафи пеш қории ҷамоа менишаст ва ӯ иборати дарсҳо ба забони арабӣ аз рӯйи китоби худ мехонд, домулло аввал тарҷима, баъд аз он шарҳ карда, он дарсро ба мо фаҳмондан мехост. Аммо бештарини шогирдон фаҳмида нафаҳмида, ду ба ду, се ба се фарёд мекарданд ва гӯё онҳо бо ҳам дар мунозира афтода буданд.
Аммо домулло, ки ба усули дарсгӯйии Бухоро моҳир буд, бо овози ғафс ва баланди худ ва бо нигоҳҳои тези чашмони пуроташи таъсирнокаш он ғавғоро хомӯш карда, ихтиёри суханро ба дасти худ гирифта, бо эзоҳ ва тамсилҳои устодона ба касоне, ки қобилият доштанд, мақсади муаллифи китобро бо забони тоҷикӣ мефаҳмонд ва бо ҳамин як соат вақт гузашта, дарси якрӯзаамон тамом мешуд. Ман ҳис мекардам, ки ҳаштод протсенти он талабагон чизеро нафаҳмида буданд. Бо ҳамаи ин, вақте ки ба кӯча баромаданд, мунозираеро, ки бо зӯрии домулло бас карда буданд, аз сари нав сар мекарданд, ҳар гоҳ ки ба ҷоҳои серодами кӯча мерасиданд, овозашон боз ҳам баландтар ва якдигарро дашном доданашон боз ҳам тезутундтар шудан мегирифт. Маълум буд, ки онҳо бо ин ҳаракати худ муллобачаи «хушфаҳм» будани худро ба одамон фаҳмондан мехостанд.
Аз рӯйи одати дарсхонаҳои Бухоро дар ҳар гурӯҳе, ки дарсашон як буда, дар пеши як мударрис мехонда бошанд, як нафарашон қории ҷамоа таъин мешуд. Қориёни ҷамоа одатан аз муллозодаҳо таъин карда мешуданд. Агар дар як ҷамоа чанд нафар муллозода бошанд, кадоми онҳо, ки падараш номдортар ва мансабкалонтар бошад, ӯ қории ҷамоа мешуд. Дар ҷамоаи мо Ғафурҷон-махдум, ки додари Шарифҷон-махдум буда, қозикалонзода буд, қорӣ таъин шуд. Аммо Ғафурҷон баръакси бародараш ва монанди бештарини муллозодаҳои Бухоро тамоман бесавод буда, ҳатто алифро аз бе фарқ карда наметавонист. Ман ба ӯ дар вақти дар ҳавлии Шарифҷон-махдум буданам ҳолдон шуда будам, ки ӯ вақти худро ба мурғбозӣ ва вартишбозӣ (бедонабозӣ) сарф мекард. Ҳамсӯҳбатони ӯ ҳам мурғбозон ва бедонабозони Бухоро буданд. Ӯ баъзан бо қарта қиморбозӣ ҳам мекард.
Ана ҳамин махдум аз ман хоҳиш кард, ки ҳар пагоҳ ба хонаи ӯ равам ва пеш аз дарс бо ӯ дарси ҳамон рӯз хондашуданиро «муколама» кунам. Албатта ӯ ба муколама, ки маъниаш гуфтушуниди ду нафар дар болои ягон масъалаи илмӣ аст, ҳеҷ қобилият надошт. Мақсади вай аз ин таклиф он буд, ки ман ҳар рӯз рафта, иборати дарси ҳамон рӯз хондашуданиро ба ӯ ёд диҳам, то ки ӯ пеши домулло ва шарикдарсон расво нашавад.
Ман ин таклифи ӯро ба тарзи қатъӣ рад кардам. «Хизмати фаррошӣ ва мадраса дар гарданам аст, дастам намерасад» — гуфтам. Аммо сабаби ҳақиқии рад карданам аввал ин буд, ки ин кор барои ман бисёр душвор ва беманфиат буд. Ҳақиқатан ҳам ба як одами бесаводи тоҷик иборати арабиро рост ёд додан кори осон набуд, дуюм ин ки, агар таклифи ӯро қабул мекардам, бояд ҳар рӯз ба ҳавлии Шарифҷон-махдум рафта, аз пеши назари ӯ гузашта, ба хонаи додараш медаромадам. Ва ҳол он ки ман аз ӯ шарм медоштам, чунки аз хонаи ӯ бе рухсат гурехта будам.
Ғафурҷон-махдум магар аз байни шарикон ягон каси дигари бобро наёфт, ки боз дар пайи ман афтод ва ин дафъа худ ба ман муроҷиат накарда, домуллоро восита кард. Домулло Икром, ки аз шогирдони падари ӯ буд ва аз рӯйи одати Бухоро фарзандони устодро ба дараҷаи падараш ҳурмат кардан барои шогирд лозим буд, маро маҷбур кард, ки таклифи ӯро қабул кунам. Ман ҳам, ки сухани устоди худро рад карда наметавонистам, ин корро қабул кардам.
Ман ки чандин сол боз қоидаҳои забони арабро мехондам, як дараҷа ба он забон ошно шуда будам, ба болои ин, аз рӯйи одати Бухоро, ки дарси дарсхонагиро пеш аз дарсхона рафтан дар пеши домуллои кунҷакӣ мехонданд, ман ҳам дарси ҳаррӯзаро як рӯз пеш дар пеши домуллои кунҷакӣ хонда хуб аз худ мекардам. Бинобар ин он чизеро, ки ба махдум ёд додан мехостам, медонистам. Аммо ӯ дар омӯхтани дарс як девори похса барин тамоман беҳис буд ва як соат зӯр зада иборати дарси хондашуданиро, ки аз ду сатр зиёд набуд, ба ӯ базӯр тӯтивор ёд мекунондам.
Аммо аз рафтуомад ба ҳавлии Шарифҷон-махдум ва аз рӯ ба рӯ шудан бо ӯ ба ман ҳеҷ шарм оид нашуд, чунки Шарифҷон-махдум ба шарм кардани ман роҳ нагузошт. Вақте ки ман бо ӯ рӯ ба рӯ мешудам, бо навозиши ҳурматомез ба ман муомила мекард ва осори як навъ хиҷолат дар чеҳраи ӯ пайдо мешуд, ҳис мекардам, ки қозикалонзода шуда истода ба як муллобачаи саҳроии (мардуми Бухоро умуман қишлоқиҳоро «саҳроӣ» гуфта таҳқир мекарданд) пойлуч мӯҳтоҷ шудани додараш барои ӯ ногувор буд ва раги калонзодагии ӯро ба ларзиш оварда, ӯро сурх мекард.
Аммо додараш аз ин кор ҳеҷ шарм намекард. Бо вуҷуди ин ки ӯ ба ман мӯҳтоҷ буд, ҳоло ҳам рӯфтани хонаашро ба ман мефармуд, гӯё ки ҳоло ҳам хизматгори бародараш бошам. Ҳарчанд душвор бошад ҳам, ба ин кор одат кардам, аммо аз ин кор ба ман як душвории дигар рӯй дод, ки ба вай тоқат карда наметавонистам: Ғафурҷон-махдум ба ман таъин кард, ки ҳар рӯз аз нонвойхонаи гузар якта нон гирифта дарорам, ӯ чой тайёр карда мемонад. Мо ҳар ду дар вақти «дарстайёркунӣ» он чою нонро бо ҳам мехӯрем.
Ман одат доштам, ки ҳар пагоҳ ба 5 пул (як тину чоряк дуда) нон мехаридам ва бо додарам бо чой мехӯрдем. Вақте ки махдум нон оварданро ба ман фармуд, ман боз мисли пештара дута нон харида, яктаашро ба укаам дода, дигарашро бурда бо «махдумҷон» мехӯрдагӣ шудам. Вақте ки ин кор ду моҳ давом кард, ба ҷонам расид, чунки якта нони пагоҳиам ба нимта омада буд, ҳатто ман аз рӯйи одоб оҳиста-оҳиста мехӯрдам, махдум бошад, бепарвоёна бурдаҳои нонро ба даҳонаш метиққонд, ба ин ҳисоб ҳақиқатан якта нони пагоҳиам ба чоряк фуромада буд. Ин ба сиҳат ва қуввати ман бетаъсир намонд.
Рӯзе Мирсолеҳ аз аҳволи Ғафурҷон-махдум ҷӯё шуда, ба ман ёрмандӣ кардан ва накарданашро пурсид. Ман ин ҳолро ба ӯ ҳикоя кардам. Ӯ ба ман чизе нагуфт. Аммо маълум шуд, ки ӯ ин воқеаро ба ягон касе, ки ба пеши махдум рафтуомад дошта будааст, гуфтааст.
Рӯзе махдум қадаре сурх шуда аз ман пурсид:
— Магар ту ҳар рӯз нонро аз пули худат харида меойӣ?
— Оре, — гуфта тасдиқ кардам ман.
— Беҷо кардӣ. Бародарам ба нонвойхонаи гузар таъин карда мондааст, ки нони даркории маро диҳад ва худи ӯ ҳар моҳ пулашро хоҳад дод. Баъд аз ин ту аз нонвойхона як нон барои махдум гуфта гирифта омадан гир ва пул надеҳ!
Бо ин ман аз харҷи барзиёд халос гашта, ҳар рӯз мисли пештара бо додарам чою нонро мехӯрдагӣ шудам ва ба махдум нони бепулро аз нонвой бурда медодам. Аммо махдум пули нони ду моҳи гузаштаро надод.
Ман ғайр аз дарси дарсхонагӣ, чунонки дар боло гуфтам, ҳамон дарсро пешакӣ дар пеши домуллои кунҷакиам — Мулло Абдусалом мехондам. Ба пеши ин домулло аз «Матни Қофия» ҳам бобҳои то он вақт нахондаамро мехондам. Мулло Абдусалом мисли пештара дар мадрасаи Мири Араб буд. Баъд аз дарси дарсхона ба он ҷо рафта, ду дарси мазкурро хонда меомадам. Ғайр аз ин як дарси «хотирхоҳӣ» дар мадрасаи Олимҷон ҳам мехондагӣ шудам, ин дарс «Мухтасари Виқоя» 135 буд, ки бо Мирқодир-махдум дар пеши тағоии ӯ мехондем.
Тағоии Мирқодир-махдум як одами баландқомати миёнагӯшти серриш буд, ки дасторашро бисёр калон карда мебаст. Ӯ тахминан панҷоҳсола буда, дар гузаре имом буд ва ғайр аз барои панҷ вақт намоз ба ҷойи имоматиаш рафта омадан, кори дигаре ҳам надошт. Ӯ бо ҳеҷ кас рафтуомад намекард ва дар роҳ рафтан ғайр аз пеши пояш ба ҷое нигоҳе ҳам намекард. Ӯ дар ҳавличае зиндагонӣ мекард, ки берун ва меҳмонхона надошт.
Ана ҳамин одам дар ҳавои дарсгӯйӣ афтодааст, аммо ягон кас наёфтааст, ки ба худ шогирд кунад, бинобар ин ҳамшираашро дар миён мондааст, ки писараш Мирқодирро гӯяд, ки дар пеши ӯ як дарс хонад. Мирқодир-махдум, ки ба ман шарик ва дӯст шуда буд, аз ман илтимос кард, ки бо ӯ дар пеши тағоии ӯ як дарс хонам.
Ман қабул кардам ва дарси «Мухтасари Виқоя» (оид ба илми фиқҳ)-ро, ки ду сол пеш аз он дар мадрасаи Мири Араб ба пеши Мулло Авези Хуҷандӣ сар карда будам ва нотамом монда буд, дар пеши ин домуллои шогирдталаб хонданӣ шудам ва бо Мирқодир он дарсро дар пеши он домулло сар кардем.
Аммо ин домуллои бечора дар мадраса ҳуҷрае надошт ва ҷойи дигаре хам надошт, ки дар он ҷо нишаста дарси моро гӯяд. Бинобар ин қарор дода шуд, ки ӯ ҳар рӯз баъд аз пешин ба мадрасаи Олимҷон омада, дар ҳуҷраи хоҳарзодааш Мирқодир нишаста дарси моро гӯяд.
Дар вақти дарс ман фаҳмидам, ки ӯ он қадар муллои бад набудааст ва дарсеро, ки мегуфт, худ медонист ва нағз фаҳмонда ҳам медод. Аз ин воқеа ман ҳаминро пай бурдам, ки барои дар Бухоро шӯҳрат ёфтан ва шогирд ҷамъ кардан он қадар муллои хуб будан шарт набуда, балки як дараҷа ҳунарманд ва фиребгартоб будан ва худситойӣ карда, худро мулло нишон додан ё ин ки ҳуҷраи бисёреро ба даст дароварда ба муллобачагони беҳуҷра дода, онҳоро ба ин восита ба худ шогирд гирифтан шарт будааст.
Бародарам дар он сол баъди аз чӯли Каркӣ омаданаш ба воситаи Мулло Абдусалом боз аз мадрасаи Мири Араб ҳуҷра ёфта, дар он ҷо ба танҳоӣ истиқомат кард ва додарам дар пеши ман монд. Аммо ӯ бесавод буд, бинобар ин ман ҳар рӯз як соат вақтамро сарф карда ӯро алифбо хонондам ва то баҳор саводашро нимкора бароварондам.
Дар мадрасаи Олимҷон ғайр аз Мирсолеҳ касе набуд, ки аз адабиёт хабар дошта бошад, ӯ ҳам ба адабиёт ба тарзи ҷиддӣ машғулӣ намекард, аз китобҳои адабӣ дар ҳуҷраи ӯ фақат девони Ҳофиз ва девони Камоли Хуҷандӣ буд. Ғайр аз инҳо ӯ як баёзи бисёр калон дошт, ки дар вай аз шоирони гузашта ва замонӣ байтҳои дилчаспро бо хати худаш, ки хеле зебо буд, навишта монда буд ва он баёз варақҳои холӣ ҳам дошт, ки агар байти тозаеро аз ҷое ба даст дарорад, дар ҳамон ҷоҳои холӣ менавишт. Ман хар гоҳ, ки ба ҳуҷраи ӯ медаромадам, ба қадри фурсат аз он баёз ва девонҳо фоида мебурдам.
Ман газетаро якумин бор дар ҳамин мадрасаи Олимҷон дидам. Ин «Тарҷумон» 136 ном газета буд, ки нимааш дар забони тотории қримӣ ва нимаи дигараш дар забони русӣ — тарҷимаи ҳамон мундариҷаҳои тоторӣ буд ва аз Боғчасарой ном мавзеи Қрим баромада меомад. Ин газетаро ба ман Мирқодир-махдум нишон дод, ки ӯ инро аз Саидаҳмад ном хеши худ гирифта будааст.
Саидаҳмад аз хешовандони наздики Мирсолеҳ ва Мирқодир буд. Ӯ баъд аз хатми дарс ба мансабҳои муллоӣ майл накарда, ба тиҷорати китоб шуғл кардааст. Ба ин кори ӯ Шарифҷон- махдуми Мӯътасим, ки яке аз гурезагони Бухоро буда, дар Россия ва Туркия ба нашр кардани китобҳои дарсӣ машғулӣ мекардааст (тафсилоти аҳволи Мӯътасим дар поёнтар хоҳад омад), сабаб шудааст.
Саидаҳмад тахминан чилсола буда, қомати миёна, ранги сурхчатоб ва ришу мӯйи хурмоӣ дошт. Аммо ҳамеша риши худро канда мегашт, ба ҳадде ки ҳеҷ гоҳ нӯгҳои ангуштони дасти ӯ аз торҳои ришаш дур намешуданд ва ҳар тора риш, ки ба нӯги ангуштонаш вохӯрад, канда мепартофт.
Назар ба қавли Мирқодир, ӯ ҳар сол як бор барои китоб харида овардан ба тарафи Россия то Қазон ва ба Туркия сафар мекардааст ва дар он ҷоҳо либоси европагӣ пӯшида, риши худро тарошида мегаштааст ва дар Бухоро, ки риши худро тарошида гаштани як одами мусулмон мумкин набуд, ӯ ришашро канда мегаштааст. Аммо одамони беруна мегуфтанд, ки ӯ девона аст ва ба балои ришканӣ гирифтор шудааст.
Саидаҳмад дар ҳамин сафарҳои худ ба Боғчасарой ворид шуда, ба қатори хонандагони газетаи «Тарҷумон» даромадааст ва обуна шудааст, ки дар вақтҳои ба Бухоро буданаш ба номи худаш ба ҳавлиаш меомадааст.
Мирқодир баъзе шумораҳои газетаро аз Саидаҳмад гирифта, пинҳонӣ ба мадраса меовард, чунки он вақтҳо дар мадрасаҳои Бухоро рӯйрост газета хондан мумкин набуд. Он вақтҳо ман забони туркиро намефаҳмидам. Мирқодир даъво дошт, ки ӯ дар газетахониҳои хешаш бисёр иштирок карда, он забонро хуб аз худ кардааст, бинобар ин ӯ он газетаро ҷумла-ҷумла ба забони тоҷикӣ тарҷима карда медод.
Як рӯз дар газета калимаи «парламент» баромад. Ман бо одати худ, ки маънии калимаҳои номафҳумро бодиққат пурсуков карда фаҳмидан мехостам, маънии калимаи мазкурро аз муаллими газетадони худ пурсидам. Ӯ эзоҳ дода гуфт:
— Дар миёнаҷойи рӯйи дунё як шаҳри азим ҳаст, ки вайро Пориж ё ин ки Порис меноманд ва дар миёнаҷойи он шаҳр як бинои бисёр калон ҳаст, ки номи вай «Парламент» аст. Дар Парламент одамони бисёр донишманди рӯйи ҷаҳон ҷамъ шуда нишастаанд, ҳар кас дар кадом гӯшаи дунё ки бошад, дар масъалае, хусусан дар масъалаҳои сиёсӣ дар монад, ҳалли он масъаларо бо телеграф аз Парламент мепурсад, аъзоҳои Парламент ҳам бо телеграф ба ӯ ҷавоб медиҳанд.
Он вақтҳо амир Абдулаҳад ба Бухоро надаромада, бисёртари вақташро дар Кармина ва атрофи он мегузаронид. Дар ин бора дар байни мардум гап-гап бисёр буд: баъзеҳо мегуфтанд, ки қушбегӣ дуохонӣ кунонда, дили амирро аз шаҳри Бухоро сард кунонда, ӯро ба ин ҷо намедаромадагӣ кардааст, то ӯ худаш дар ҷойи ӯ мустақилона ҳукмронӣ кунад.
Баъзеҳо мегуфтанд, ки амир дар вақти ба Россия сафар карданаш ба як зан зӯрӣ карда, дар пеши ҳукумати Россия «бенавбат» (виноватый) шудааст. Подшоҳи Россия барои ҷазо ба амир ҳукм кардааст, ки ба пойтахташ надаромада, дашт ба дашт гардад. Бинобар ин амир ба шаҳри Бухоро намедарояд.
Мирқодир ба тарзи мисол ана ҳамин масъалаи ба Бухоро надаромадани амирро гирифта гуфт:
— Масалан, як машкоби Бухоро ба телеграфхона рафта, ба Парламент телеграф карда аз вай пурсад, ки «уй! Парламент! Чаро амири Бухоро ба шаҳри Бухоро намедарояд?» Парламент дарҳол сабаби ҳақиқии инро ба он машкоб хабар медиҳад.
Ман ба ин ҷавоби муаллими худ шубҳа карда, гуфтам:
— Корҳои амири Бухоро ҳамагӣ ба давлати Русия вобаста аст, телеграфхона, ки моли давлати рус аст, чаро масъалаи ба амир ва давлати Русия дахлдорро ба Парламент расонад ва чаро ҷавоби Парламентро ба як машкоб оварда диҳад.
Мирқодир ҷавоб дод:
— Парламент чунон зӯр аст, ки, — гуфт ӯ, — на танҳо телеграфчӣ аз вай метарсад. Агар, фарз кунем, касе ба Парламент телеграф карданӣ шаваду дар ҳамон вақт худи подшоҳи Русия ҳам сари телеграф бошад, аз тарс ларзида, «паҷолиска-паҷолиска» (пожалуйста-пожалуйста) гуфтан мегирад… (Ман баъдҳо фаҳмидам, ки муаллими адабиёт калимаҳои хориҷиро, ҳатто маънии бештарин калимаҳои туркӣ ва тоториро ҳам надониста, беҳуда вақти худ ва вақти маро ба ин кор сарф мекардааст.)

Шариф-махдуми Мӯътасим ва Шукурбеки «дузд»

Бояд ман дар ин ҷо мувофиқи ваъдае, ки дар порчаи боло додаам, дар бораи Шариф-махдум ва ба муносибати саргузашти ӯ дар бораи Шукурбеки дузд маълумот диҳам: Шариф-махдуми Мӯътасим писари қозӣ Мулло Абдураҳими балхӣ буд, ки дар Бухоро таваллуд ёфта, касби камол кардааст. Ӯ донишманди ҷавони замони худ буда, қувваи шеърии баланд доштааст.
Шариф-махдум дар аввалҳои замони ҳукумати амир Музаффар дар тумани Вобканд раис — мӯҳтасиб (назораткунандаи бозорҳо ва корҳои динӣ) шудааст. Ӯ табъан озодфикр будааст ва баъд аз он ки маъмури ҳукумат шуда, аз кирдорҳои амалдорон воқиф гардидааст, ба онҳо сахт нафрат пайдо кардааст.
Дар он вақтҳо Абдусаттор ном касе дар Вобканд амлокдор (ғундорандаи андозҳои замин) будааст, ки ба мардуми деҳқон бисёр зулм мекардааст. Азбаски раисҳо аз рӯйи одати дарбори Бухоро ҳақ доштаанд, ки нодурусткориҳои ҳаммансабони худро пинҳонӣ ба амир маълум карда истанд, Мӯътасим ҳам ҷабру зулми ба фуқаро кардаистодаи амлокдорро чандин бор ба амир арз кардааст. Аммо амир дар ҷавоби аризаҳои ӯ дар ҳаққи Абдусаттор коре накардааст ва ӯро танбеҳе дода аз зулм бознадоштааст.
Аз ин ҳодиса Мӯътасим ба хубӣ фаҳмидааст, ки «об аз боло лой» буда, айбдор танҳо худи амлокдор набудааст.
Дар он вақтҳо дар деҳаи Косагарони Вобканд Шукур ном як деҳқон будааст, ки дар аввалҳо осудаҳолона зиндагонӣ мекардааст. Аммо рафта-рафта ба сабаби зулми ҳокимон ва барои ӯро ба дасти худ даровардан ба ҳокимон ёрӣ додани бойҳои деҳа тамоми заминҳо, асбоби деҳқонӣ ва ҳатто ҳавлии нишасташ ҳам аз даст рафта, худ дар дасти Хидир-ҳинду* ном як судхӯри серзамин ятим (батрак) шуда мондааст.
______________
* Дар Бухоро судхӯрони бисёр ноинсофро ба ҳиндуҳои судхӯр монанд карда, ба номи онҳо калимаи «ҳинду»-ро илова менамуданд.

Шукур баъди ҳавлиаш аз даст рафтан оилаашро, ки иборат аз як зану духтар будааст, дар як коза шинонда, худ кори ҳар касро карда мегаштааст. Аммо занаш, ки дар асл беморнамо будааст, ба зиндагонии коза, хусусан дар рӯзҳои барфу борон, тоб оварда натавониста, тамоман барҷомонда шудааст.
Вақте ки Шукур ба Хидир-ҳинду ятим шудааст, зану бачаи худро ба қисми молхонаи ҳавлии бой кӯчонда оварда, дар он ҷо дар гӯшаи як коҳхона зиндагонӣ сар кардааст. Аммо бемории зани барҷомондааш рӯз то рӯз вазнинтар шуда, дар андак вақт ӯ вафот намудааст.
Шукури мусибатзада баъд аз мурдани занаш бо духтараш дар хизмати бой давом намудааст. Шукур дар корҳои деҳқонӣ ва нигоҳубини чорпоҳои бой машғул шуда, духтараш дар ҳавлии даруни бой дастёрӣ мекардааст ва вақти хоб падару духтар дар ҳамон коҳхона мехобидаанд. Духтари Шукур дар зебоҷамолӣ дар ҳамон давру пеш монанд надоштааст, ӯ дар зери либосҳои камбағалона монанди ёқуте менамудааст, ки дар миёнаи хасрӯба афтода монда бошад. Бой, бо вуҷуди се зан доштанаш, ин духтари покдоманро дар зери назари мурдоронаи худ гирифтааст, аввалҳо ба ӯ бо навозишкории оддӣ муомила карда, кам-кам талаби ҳайвононаи худро ба вай изҳор намудааст.
Духтар он талаби бойро аввалҳо бо шармгинии духтаракона рад кардан гирифтааст. Чун талаби бой ва ҳаракатҳои таҷовузкоронааш сахттар шудааст, духтар бо ҳар алфози баде ки медонистааст, вайро дашном дода, ин воқеаро ба падараш маълум кардааст.
Шукур бо шунидани ин ҳодиса фавран аз як деҳаи дурдаст барои худ кулбае ёфта, хостааст, ки аз хизмати бой баромада, тамоман ба он ҷо кӯчида равад. Аммо бой барои бурдани духтар ба Шукур роҳ надодааст:
— Дар беморӣ ва мурдаи занат ту аз ман ҳазор танга (150 сӯм) қарздор шудаӣ. Пули маро бидеҳ, баъд аз он духтаратро ба ту месупорам, — гуфтааст ва духтарро дар ҳавлии дарун, дар хонае дароварда, дарро аз болои ӯ қулф зада мондааст.
Шукур ба қозихонаи Вобканд омада аҳволро арз карда, аз бой гирифта додани духтарашро ва музди дусола хизматашро талаб намудааст.
Қозӣ бинобар масъалаи ғасби духтар дар миёна будан, ба ин кор аҳамияти калон дода, ҳамроҳи мулозими худ миршаби туманро ҳам фиристода фармуда-аст, ки ин корро дар ҷояш тафтиш намуда, агар мумкин бошад, дар ҳамон ҷо ислоҳ намоянд, вагарна ба қозихона биёранд.
Дар вақти ба хонаи бой омадани мулозими қозӣ ва миршаби туман амлокдор Абдусаттор ҳам, ки барои андозандозӣ ба деҳа баромада будааст, ҳамон рӯз дар ҳамон ҷо меҳмон будааст. Бой мулозим ва миршабро зиёфати калон карда ва ба онҳо аз чашмдошташон зиёдтар хизматона дода, барои қозӣ ҳам ба воситаи мулозим мӯҳронаи дурусте тақдим намуда, корро ба манфиати худ ҳал кардан хостааст ва дар ҷавоби даъвои Шукур гуфтааст, ки «Ҳаққи хизмати ӯро занаш ва духтараш хӯрданд ва пӯшиданд, хароҷоти мурдаи занаш, ки ман кардаам, дар гардани ӯ мебошад. Бо ҳамаи ин ман духтари ӯро ғасбан (бо зӯрӣ) нигоҳ надоштаам, балки ба он сабаб нигоҳ доштаам, ки духтар маро ба худ падар хондааст ва намехоҳад, ки бо падари сарсаригардаш дар кӯчаҳо сару по бараҳна гардад».
Мулозим ва миршаб ҷавоби бойро маъқул шумурда, хостаанд, ки масъаларо ба манфиати бой ҳал карда раванд ва ин маъниро ба қозӣ маълум намуда, дар бораи ҳал шудани ҷанҷол хати ибро (сулҳнома) нависонда, мӯҳр кунонда ба бой расонанд.
Аммо, аз як тараф, Шукур ба ин гуна ислоҳ розӣ набудани худро маълум намуда, фарёду фиғон сар кардааст ва «дар хонаи бой ба ихтиёри худ монданӣ будан ё набудани духтарам дар пеши одамони ҳоким аз худи ӯ пурсида шавад» гуфтааст ва, аз тарафи дигар, амлокдор, ки таърифи ҳусну ҷамоли духтари Шукурро шунида, дар пайи ба дасти худ даровардани ӯ будааст, зоҳиран тарафи Шукурро гирифта гуфтааст:
— Аз рӯйи шариат дар бораи як духтари ба балоғатрасида аз худаш напурсида ҳукме баровардан дуруст нест, бинобар ин ман таклиф мекунам, ки талаби Шукурро қабул карда, духтарро бароварда худамон аз худаш пурсем.
На бой ва на мулозиму миршаб таклифи амлокдорро рад карда натавониста, духтарро барои пурсиш ба меҳмонхона баровардаанд. Албатта духтар гуфтаҳои бойро бо шиддат ва нафрат рад карда, «маро аз ин палид халос кунед» гӯён ба домани падараш часпидааст. Бой ҳам фарёдкунон хонаро ба сараш бардошта, «духтар аз шарми рӯйи падар ин гапҳоро мегӯяд, вагарна аз шумшакли падараш безор аст» гуфтааст.
Амлокдор худро холис нишон дода, боз таклиф даровардааст:
— Ман одами холис мебошам, на бойро ва на падари духтарро рӯй мебинам, бинобар ин салоҳи кор ҳамин аст, ки ман духтарро ба хонаи худ бурда нигоҳ медорам. То он вақт духтар ин ҷанҷолҳоро аз ёд бароварда ва осуда шуда, чӣ будани таги дилашро дар ғайби бой ва падараш ба ман мегӯяд ва дар он вақт мувофиқи хоҳиши духтар амал хоҳем кард.
Бой далеле надошт, ки таклифи амлокдорро, ки яке аз чор ҳокими туман аст, рад кунад.
Инчунин мулозим ва миршабро ҳам, ки ҳаққи хизмати худ ва мӯҳронаи қозиро пешакӣ ситонда буданд, ҷуръате набуд, ки таклифи амлокдорро рад карда, дар миёни худашон, ӯ ва қозӣ ихтилоф андозанд. Бечора Шукури софдил, ки амлокдорро хайрхоҳи худ гумон мекард ва ба духтараш хам дилаш пур буд, ба ин таклиф розӣ шуд ва дар натиҷа амлокдор монанди қассобе, ки гӯсфандро аз чанголи гург раҳонда ба куштан бурда бошад, духтарро аз дасти бой гирифта, ба хонаи худ бурдааст.
Бой, ки мувофиқи мақоли «забони мурғонро мурғон медонанд», мақсади амлокдорро фаҳмида будааст, кайҳо аз духтар умеди худро канда, дар дили худ «хасдуздро роҳзан зад» — гӯён дигар аз паси духтар ба хонаи амлокдор нарафтааст. Аммо Шукури мазлум, ки амлокдорро «холис» гумон кардааст, баъд аз як ҳафта ба хонаи амлокдор рафта, духтари худро талаб кардааст. Амлокдор аввал Шукурро бо далелҳои сохта қаноат кунонда, якчанд рӯзи дигар дар хонаи худаш мондани духтарро ба ӯ салоҳ нишон додааст. Шукур баъд аз ой ки чанд рӯз давида, аз амлокдор духтари худро гирифта натавонистааст, ба ӯ сахттар муомила карда, бошиддаттар духтарро талаб кардааст.
Амлокдор ҳам ӯро дашном дода, «дузд» гӯён аз хонаи худ пеш кардааст ва ба одамони худ фармудааст, ки ӯро зада-зада ба кӯча бароварда ҳай кунанд ва дубора вайро ба амлокдорхона роҳ надиҳанд.
Акнун аз чор ҳокими туман танҳо раис монда буд, ки ҳанӯз Шукур ба ӯ муроҷиат накарда буд. Ҳарчанд Шукур аз раис ба кори худ ёрмандие умед надошта бошад ҳам, «ҳар чӣ бодо- бод» гӯён ба пеши ӯ рафта, фоҷиаи аз сар гузаронидаистодаи худро баён карда, аз вай ёрмандӣ илтимос кардааст.
Ин воқеа дар вақтҳое рӯй дода буд, ки раис Мӯътасим ба воситаи аризаҳои пинҳонии худаш, ки дар бораи амлокдор ва миршаб ба амир менавишт, ҳеҷ гуна натиҷа набаромаданашро фаҳмида буд, ҳатто аз муомилаҳои дурушти амир ба худаш лай бурда буд, ки аризаҳои шикояти вай аз зулми ҳокимон ба амир намефорад. Бинобар ин раис баъд аз шунидани дарди дили Шукур ба ӯ ба тарзи зерин ҷавоб додааст:
— Барои илоҷи кори ту аз дасти ман ҳеҷ чизе намеояд. Мо дар замоне зиндагӣ карда истодаем, ки ҳеҷ кас ғами дигареро намехӯрад ва хӯрда ҳам наметавонад. Аз зулми золимон ба ҳокимон, ҳатто ба худи амир шикоят кардан ҳам ҳеҷ фоида надорад. Ҳар кас бояд давои дарди худро худ кунад. Барои ситондани ҳақиқат ва ҳифзи номусат, агар аз дастат ояд, худат коре кун, вагарна ба тақдират тан деҳ!
Аз ин ҷавоби раис раги интиқомҷӯйии Шукур илҳом ёфта, ба ҳаракат омадааст ва баъд аз дақиқае фикр кардан аз раис пурсидааст:
— Агар як мазлум золимеро кушад, дар пеши шариат гунаҳгор мешавад ё не? Раис ҷавоб додааст:
— Вақте ки золим зулм кардан мехоҳад, ҳеҷ гоҳ аз ягон муфтӣ намепурсад, ки зулм дар шариат равост ё не? Он мазлум аҳмақ аст, ки интиқомгирии худро ба шариат мувофиқ кардан хоҳад. Мазлуми боақл он аст, ки «давои қурут оби гарм» гӯён худ ба фикри худ амал карда кор барад, на ба фикри муфтӣ.
Ин ҷавоби ракс ташвиқи рӯйрост шудааст Шукурро ба интиқомгирӣ ва ӯ аз пеши раис дар ҳолате баромадааст, ки дилаш нисбат ба золимон бо оташи ғазаб ва интиқомҷӯйӣ аланга мезадааст.
* * *
Ман дар ин ҷо пеш аз он ки тарзи интиқомгирии Шукурро ҳикоя кунам, мехоҳам он чизеро, ки дар бораи тарҷимаи ҳоли айёми ҷавонии ӯ дар деҳа ва баъд аз он ба муносибати зикр ёфтани аҳволи Мӯътасим дар мадрасаи Олимҷон шунида будам нақл намоям.
Шукур дар вақтҳои ҷавонии худ — дар замони зиндагии падараш бо ҷавонони олуфтаи тумани Вобканд улфат шуда, ба ҳар гуна моҷароҳо иштирок мекард, азбаски ӯ яккаписар буд, падараш ҳам ба ҳаракатҳои вай монеъ намешуд ва «бигузор, писарам дар вақти зиндагии ман вақташро хуш кунад» мегуфт.
Шукур аввал ба гӯштингирӣ шуғл карда, як паҳлавонҷавони номдор шуд, баъд аз он ба ҳавои тарфбозӣ афтода, яке аз ҷавонони пешгарди Вобканд гардида, дар тарфбозиҳои тарафона ба муқобили ғиждувониён иштирок менамуд. Чун аз шӯҳрат ва шуҷоати вай рашк карда, ба муқобилаш ҳарифон бисёр шуданд, ӯ ба машқи сангдастӣ даромад, ки ин ҳунар дар он замонҳо як воситаи мубориза буд дар ҷангҳои байни ҷавонон. Шукур дар сангандозӣ чунон моҳир гардид, ки то он замон монандашро касе надида буд.
Ӯ бо санг нишонаро монанди сайёдони моҳир бехато мезад. Мегуфтанд, ки рӯзе дар майдони озмойиш бузеро оварда дар пешаш алаф партофтанд, буз каллаашро баланду паст бурда, алаф мехӯрд. Шукур ба рӯ ба рӯйи он буз дар масофаи панҷоҳ қадам истода, пешонаи бузро нишон гирифта, сангеро, ки баробари тухми мурғ меомад, ба тарафи он ҳаво дод. Санг ба нишона бехато расида, буз ҷо ба ҷо афтода мурд. Шукур дар ин гуна бозиҳои зӯрозмоёна бисёр давом карда натавонист: ба зудӣ падару модараш мурданд. Ӯ зан гирифта, гирифтори деҳқонӣ ва ташвишҳои зиндагӣ гардид,
Шукур чун аз зану фарзанд ва аз замину ҳавлӣ ҷудо шуд (чунонки дар боло дидем), ба ҳамон ҳаёти ҷавонии муҷаррадона бозгашт. Фақат фарқ дар ин ҷо буд, ки агар дар вақти ҷавониаш ҳунарҳои зӯрозмойии худро барои бозӣ ва дилхушӣ кор мефармуда бошад, акнун барои интиқомгирӣ аз душманҳои пурзӯр кор фармудан хост. Ӯ дар навбати аввал фурсат ёфта, сари Хидир-ҳиндуро бо санг кӯфта, кори ӯро тамом кард ва баъд аз он тамоман аз мардум рӯй пинҳон карда, дар пайи амлокдор афтод.
Аммо ӯ дар тамом кардани кори амлокдор ҳеҷ фурсати муносиб намеёфт. Дар вақти ин оворагӣ ва гурезагардиҳо ба таъмини маишат мӯҳтоҷ шуд. Ягона роҳи таъмини маишат дар шароити зиндагонии ӯ дуздӣ буд. Аммо ӯ монанди дуздони оддӣ ҳар моли ба ҳар ҷо ростомадаро дуздидан нагирифт, дар дуздии худ ҳам як мазмуни интиқом аз золимонро дод. Бинобар ин ӯ моли арбоби ҳукумат, бойҳои калон ва судхӯронро рост оварда медуздид ва аз молҳои ба даст даровардааш ҳар чизе, ки аз хӯроку пӯшокаш зиёдатӣ кунад, ба камбағалтарин одамоне, ки ба онҳо дилаш пур шавад, тақсим карда медод.
Азбаски арбоби ҳукумати туманҳо аз дасти ӯ ба ҷон омада, аз бими ҳуҷуми ӯ шабона ба ҷое рафта наметавонистанд ва рӯзона ҳам аз роҳҳои камодам ибо мекарданд ва бойҳои калон ҳам аз аҷал тарсидагӣ барин аз ӯ метарсиданд, оммаи мардум ҳокими ҳақиқии туманҳо ӯро шумурда, ба номи ӯ калимаи «бек»-ро ҳамроҳ карда, ӯро «Шукурбек» гуфтан гирифтанд. Аммо арбоби ҳукумат ӯро «дузд» мегуфтанд. Бинобар ин ӯ дар тамоми шаҳру саҳро бо номи «Шукурбеки дузд» машҳур шуд.
Духтари Шукурбек ба амлокдор гардан нафуровард, амлокдор, ки баъд аз хушомадгӯйиҳои мунофиқона аз духтар комаш ҳосил нашуд, ӯро ба зарбу лат кардан ва шиканҷаю азоб додан даромад. Духтар дар сесола азобу уқубат тоб наоварда, охир вафот намуд. Шукурбек, ки ин хабари мусибатсамарро шунид, ғазабаш нисбат ба амлокдор боз ҳам зиёдтар гардид.
Дар ин миён амлокдор аз кор гирифта шуда, ба шаҳри Бухоро кӯчид. Шукурбек ҳам фаъолияти интиқомҷӯёнаи худро аз саҳро ба шаҳр кӯчонид. Аммо дар он ҷо ҳам амлокдорро дар ҷойи муносиб рост оварда натавонист. Лекин дар он ҷо ҳам маъмурони ҳукумат ва бойҳоро тохта ба камбағалони шаҳр тақсим карда дода мегашт. Дар шаҳр номи Шукурбек ҳама бойҳо ва арбоби ҳукуматро дар ларза андохт. Амир ба миршаб фармуд, ки бо ҳар роҳе ки бошад, Шукурбеки дуздро ба даст дарорад. Миршаб ба зиндадорандаи Шукурбек даҳ ҳазор танга ва ба кушандаи ӯ панҷ ҳазор танга пул ваъда карда, ин ваъдаашро ба воситаи ҷорчӣ дар шаҳр эълон кард. Аммо худи миршаб дар вақтҳои гардиши шабонааш дар шаҳр тамоми одамҳои худро мусаллаҳ карда, аспсавор мегашт ва бо ҳамаи ин, вақте ки ғурриши санги Шукурбекро аз дур мешунид, пас гашта бо камоли суръат мегурехт.
Гоҳо баъзе касон ба ваъдаи миршаб фирефта шуда, дар ҳаваси дастгир кардан ё куштани Шукурбек меафтоданд. Ин гуна одамон аз ғурриши санги ӯ натарсида, ба тарафи ӯ мерафтанд. Аммо Шукурбек ин гуна касро ба нишон нагирифта, то ба худаш рӯ ба рӯ шуданаш сабр карда меистод, вақте ки он зӯрозмо ба худаш наздик расид, ба вай маҷоли ҳуҷум надода, аз миёнаш озод бардошта, ба зери худ мегирифт, аввал гулӯи ӯро як нафас буғ мекард, баъд аз он бар сари синааш як-ду кундазону мезад. Вақте ки он паҳлавонтарош аз ҳол рафт, ханҷарро ба гардани ӯ молида мақсадашро мепурсид. Ҳарифи мағлуби дар тарсу ларз афтода ҳам иқрор мекард, ки вай ба умеди гирифтани мукофоти миршаб ба ин кор ҷасорат кардааст. Шукурбек он касро аз ин гуна кори пуртаҳлука тавба кунонда ва ба вай харҷӣ гӯён як маблағ пул дода мегуфт:
— Ин пулро гиру аз ин шаҳр бадар рав! Агар дар ин ҷо монӣ, аҷаб нест, ки дуюмбора ба ин гуна ҷасорат қадам гузорӣ, дар ин сурат ман ҷонат амон намедиҳам.
Умуман Шукурбек одамкушӣ намекард. «Одамони бадкирдорро бо куштан тамом кардан мумкин нест» мегуфт. Ӯ фақат арбоби ҳукумат ва бойҳои ноинсофро тороҷ карда, ба камбағалон тақсим мекард. Ӯ танҳо Хидир-ҳиндуро кушта буд ва акнун дар пайи куштани Абдусаттори амлокдор мегашт, лекин вайро ҳеҷ рост оварда наметавонист. Чунки ӯ аз тарси Шукурбек ҳеҷ ба кӯча намебаромад ва ҳар шаб ҷойи хобашро ҳам дигар мекард.
Шариф-махдуми Мӯътасим, ба сабаби аризаҳои шикояташ аз ҳаммансабони худ, ба ғазаби амир гирифтор шуда, аз кор гирифта шуда буд ва баъд аз маъзулиаш ба шаҳри Бухоро омада, дар мадрасаи Абдуллохон дар ҳуҷраи худ муллобачавор (лоуболона) зиндагонӣ мекард. Шукурбек баъд аз кӯчонидани фаъолияти худ аз саҳро ба шаҳр илҳомдиҳандаи худ Мӯътасимро ёфта, бо ӯ алоқа баст. Гоҳо шабона, баъди ними шаб ба ҳуҷраи вай омада, дар он ҷо ош пухта хӯрда мерафт ва умуман ҳар шаб бештарин дар Қӯшмадраса — дар атрофи мадрасаҳои Абдуллохон ва Модари он гардиш мекард. Чунки ҳавлии Абдусаттор — амлокдор дар Қӯшмадраса дар паҳлуи мадрасаи Муҳаммадалӣ-ҳоҷӣ буд.
Як шаб, аввали шаб ҳанӯз кӯчаҳо пуродам ва дӯконҳои сари бозори Қӯшмадраса кушода буданд, ки Абдусаттор аз ҳавлиаш барои гӯштхарӣ баромад ва аз дӯкони қассобии Қӯшмадраса харидашро карда, зуд ба хонааш баргашт ва дар вақти баргаштан дар миёнаи ду мадраса, дар ҳолате ки саҳнҳои ҳар ду мадрасаро муллобачагон пур карда дарс такрор намуда нишаста буданд, Шукурбек рост омад.
Шукурбек ҳам, ки душмани худро дар ягон ҷойи хало рост оварда натавониста гашта буд, аз ҳамин тасодуф фоида бурдан хост, ба бисёрии оянда ва равандагон ва аҳли сари бозор нигоҳ накарда, «ҳар чӣ бодо бод» — гӯён ба ӯ ҳуҷум кард, аммо на бо санг, балки бо дастони пурзӯраш ӯро аз миёнаш гирифта ба ҳаво бардошта ба замин зад. Абдусаттор бо ҳамин зарба ба мурдан расида буд, лекин Шукурбек ба ин қаноат накарда, ханҷари худро аз ғилоф кашида, ба сари дили ӯ то гулбандаш фурӯ равонда кашида гирифт ва ханҷари хунолудро ба ҷомаи мақтул пок карда қад рост кард.
Оммаи мардум Шукурбекро шахсан намешинохтанд ва дар ҳар кӯча, ки садои ғурриши сангашро шуниданд, ба ӯ рӯ ба рӯ нашуда мегурехтанд. Дар ин ҷо, ки Шукурбек санг наандохта, бо дасту ханҷар ҳуҷум кард, ӯро дузду қотили оддӣ пиндошта, аз ду тарафи кӯча ба вай ҳуҷум оварданд ва «дуздро намон, дуздро намон» гӯён ғавғо бардоштанд.
Шукурбек барои ба худ роҳ кушодан ба омма ҳуҷум оварданро муносиб надид, «мабодо ба одамони бегуноҳ зараре расад» — гуфта мулоҳиза кард. Бинобар ин ҳеҷ тарафи он кӯчаи калон нарафта, ба мадрасаи Абдуллохон даромад ва дар он ҷо ба ҳуҷраи Мӯътасим, ки дар ошёнаи дуюм буд, баромада ба муаллими худ воқеаи ҳозир аз сар гузаронидаи худро ҳикоя кард. Мӯътасим бо шунидани ин хабар дар ташвиш ва андеша афтод: ӯ фикр мекард, ки албатта муллобачагони дарстакроркунанда ва аҳолии мадраса ба ҳуҷраи ман даромадани ин одамро диданд, ҳамин замон одамони ҳукумат бо оммаи тамошобинон барои дастгир кардани ҷинояткор ба ҳуҷраи ман ҳуҷум хоҳанд кард, дар он вақт ман ҳам мисли шарики қотил дастгир хоҳам шуд.
Мӯътасим бо ин мулоҳиза роҳи халосии худ ва меҳмони худро меҷуст. Дере нагузашта аз рӯйи мадраса овози одами бисёре шунида шуд. Мӯътасим ба равоқи пеши ҳуҷрааш баромада дид, ки рӯйи мадраса пур аз одам аст ва ба онҳо муллобачагон зинаи баромади ҳуҷраи ӯро нишон дода истодаанд.
Мӯътасим ҳам фурсат надода, Шукурбекро аз паси худ гирифта, ба сари зинае, ки ғайри зинаи ҳуҷраи худаш буд, рафта пойин фуромад ва аз он ҷо ҳар ду ба тарафи халоҷойи мадраса гузашта, аз деворчаи пастак худҳоро ба кӯчаи пушти мадраса ҳаво доданд. Шукурбек дар он ҷо ба ду кӯча ду санг ғурронд, то ки одамони раванда ва оянда кӯчаро холӣ кунанд ва аз он ҷо ҳар кадом бо кӯчаи дигар гурехта рафтанд.
Мӯътасим чанд рӯз дар даруни шаҳри Бухоро, дар хонаи яке аз дӯстонаш пинҳон шуда хобид ва баъд аз он ки кофтукови ҳукумат пасанда шуд, пинҳонӣ аз музофоти Бухоро баромада, рост ба Туркия рафт. Дар он ҷо ба хизмати яке аз матбааҳо даромад, китобҳои дарсии арабиро тасҳеҳ намуда ба чоп тайёр карда медодагӣ шуд. Азбаски ӯ донишманди забардаст буд, китобҳои дар зери дасти вай чопшуда ба мадрасаҳои Шарқ шӯҳрат пайдо карданд ва китобфурӯшони Бухоро хам бо ӯ алоқа бастанд.
Чун рағбати китобфурӯшони Бухороро ба маҳсулоти худ дид, баъзе китобҳоро ба Қазон оварда, дар матбааи Харитонов чоп мекард, ки аз он ҷо ба Бухоро фиристодани онҳо осонтар буд.
Мӯътасим, ки бо падари Саидаҳмади ришкан дӯст ва ҳолдон буд, ба ӯ хату хабар фиристода, вайро ҳам ба пешаи китобфурӯшӣ кашид. Сабаб ҳамин буд, ки Саидаҳмад барои китоб овардан ба Россия ва Туркия сафарҳо карда, газетахон шуд. (Як эпизод аз корномаҳои Шукурбек бо унвони «Дузди Шукурбек» дар «Наводир-ул-вақоеъ» ном асари Аҳмад-махдуми Дониш дарҷ шудааст 137 ва зикри Мӯътасим бо намунаи ашъораш дар саҳифаҳои 350 — 351 «Намунаи адабиёти тоҷик», чопи Москва, соли 1926, қайд ёфтааст.)

Никоҳи духтари нӯҳсола

Дар мадрасаи Олимҷон Мулло Абдуфаттоҳ ном як муллои кӯлобӣ муаззин буд. Ӯ як одами баландқомати пуропурбадани биринҷирӯй, сурхчамӯй ва мешчашм буда, аммо чашмонаш на бо нури зако ва зиракӣ, балки бо оташи қаҳру ғазаб ҳамеша дурахшида меистоданд. Аз чашмони ӯ бинанда гумон мекард, ки вай ягон одамро ҳозир куштааст ва ё куштан мехоҳад. Гап задани ӯ ҳам хашмгинона буд ва дар вақти сухан аз даҳонаш ба ҳар тараф кафк мепарид. Ӯ тахминан чилсола бошад ҳам, бо бародари калони ман ва Мирсолеҳ ҳамдарс ва дар пеши домулло Икромча шарикдарс буд. Мегуфтанд, ки вай дар калонсолиаш аз Кӯлоб ба Бухоро барои хондан омада буд, бинобар ин бо бачагони навхон шарик шуда, дарсро давом додааст. Ӯ хату саводи тоҷикӣ дошт ва китобҳои дарсиашро худ аз рӯйи китоби шариконаш рӯйнавис карда мегирифт.
Дар вақти аз Кӯлоб ба Бухоро омадан, аввалин бор бо Мирсолеҳ шарикдарс шудааст. Азбаски ӯ тамоман қашшоқ ва беҷой будааст, Мирсолеҳи хайрхоҳ ӯро дар мадрасаи Олимҷон муаззин карда, аз ҳамин мадраса ба ӯ ҳуҷраи истиқоматӣ ёфта додааст.
Мирсолеҳ мегуфт, ки «ӯ дар вақти нав ба Бухоро омаданаш бисёр сода ва ҳам бисёр хасис буд. Баъд аз муаззин шуданаш ҳам даромади худро кам харҷ мекард ва шиками худро бо чизҳои бисёр арзон пур мекард, ҳатто пӯстҳои сабзӣ ва шалғамро, ки одамон бароварда мепартофтанд, аз замин чида гирифта, шуста тоза карда, гов барин чалпоссзанон мехӯрд».
Ӯ як рӯз иштии* гаҷиеро, ки баққолон барои бозии бачагон зағомаҳоро пур карда мемонданд, дида ва як чизи хӯрдании арзонбаҳо гумон карда, чор донаи вайро ба чор пул харида оварда, ба Мирсолеҳ нишон дода, аз вай «инҳо чӣ ном доранд ва инҳоро чӣ тарз мехӯранд?» — гуфта пурсидааст.
____________
* Иштӣ — чизи лӯндае буд, ки калон ё хурдтар аз оҳан, қӯрғошим ё санги кӯҳӣ барои бозӣ месохтанд. Гаҷини ҳамин иштиро қурутмонанд карда, аз гаҷ рехта тайёр менамуданд.

Мирсолеҳ, ки одами шӯхмизоҷ буд, ба ӯ гуфтааст: «Инро қурути фарангӣ мегӯянд, ки аз қурути ҷойдорӣ қадаре сахттар аст, бо об дар дег меандозанд ва қаланфури бисёре ҳамроҳ карда ҷӯшондан мегиранд, вақте ки пухт, мехӯранд, ки бисёр балаззат мешавад». Абдуфаттоҳ ин таърифро шунида, шакароби кӯҳистон ба ёдаш омада гаҷлӯндаҳоро бо қаланфур ҷӯшондан гирифтааст, аммо аз пагоҳӣ то бегоҳӣ ҷӯшонда бошад ҳам, онҳо нарм нашудаанд. Бегоҳонӣ як лӯндаи онҳоро ба тағоии Мирқодир нишон дода, сабаби ба зудӣ напухтани онҳоро аз ӯ пурсидааст.
Тағоии Мирқодир, ки одами рости софдили сода буд ва чӣ будани ҳазлро намедонист, чизҳои нохӯрданӣ будани онҳоро ба ӯ рӯйрост гуфтааст.
Баъд аз чандсола истиқомати Бухоро содадилии Абдуфаттоҳ тамоман барҳам хӯрда, ҳатто фиребгари гузаро шуда бошад ҳам, хасисиаш барҳам нахӯрда, ҳатто ба дараҷаи искитӣ расидааст. Ӯ пулҳои аз муаззинӣ даромадшударо ба баққолони майда бо фоида қарз дода, соҳиби чандин ҳазор танга гардидааст.
Дар вақтҳое ки ман дар мадрасаи Олимҷон будам, ӯ аз шарми мардум пӯсти сабзию шалғамро ғундошта нахӯрад ҳам, таоми асосии вай сабзии хом буд, ки дар бозори Бухоро аз вай чизи хӯрдании арзонбаҳотар набуд ва агар дилаш таоми гарм хоҳад, шалғамро дар оби холис ҷӯшонда, қадаре намак пошида мехӯрд.
Дар девори масҷиди мадраса аз берун як сабадча овезон буд, ки ҳар кас чойникашро тоза кардан хоҳад, шаммаашро дар ҳамин сабадча резад.
Ӯ шаммаҳои дар он сабадча ғуншударо ҳар рӯз як бор бар рӯйи як тахта рехта, дар шамолу офтоб хушконда мегирифт. Ва ҳар гоҳ ки чой нӯшидан хоҳад, аз ҳамон шаммаи хушкида як каф дар чойник андохта, чой дам карда менӯшид. Мегуфтанд, ки ӯ шаммаҳои хушкидаи аз худаш барзиёдмондаро ба бозор бароварда, ба деҳқонони аз саҳро омада «чой» гуфта мефурӯшад. Дар вақтҳое ки ман дар он ҷо будам, мегуфтанд, ки пули нақди ӯ ба даҳ ҳазор танга расидааст ва дар дасти қарздорон ҳамеша фоида зойида истодааст.
Абдуфаттоҳ, ки дороиаш ба як маблағи калон расида буд, хост, ки зан гирад. Ӯ ба ҳар духтар, ки кас мефиристод, соҳибони он духтар маҳри калон мепурсиданд ва ба домодшавандаи хасис нархи он духтар гаронӣ карда, боз дар пайи духтари дигар меафтод.
Дар ин миён бахти Абдуфаттоҳ кушода шуда, касе духтари нӯҳсолаашро ба бадали ҳазор танга ба ӯ таклиф кард. Ин кас калонсолтарини Ботурчаҳо буд. Ин корро аз ҳама пеш ман фаҳмидам: хар вақт ки ба ҳавлии Ботурчаҳо барои барфрӯбӣ ё тарошакафонӣ мерафтам, духтарча аз ман намегурехт ва бозӣ карда мегашт. Як рӯзи дигар, ки ман барои тарошакафонӣ рафтам ва духтарча ҳам монанди пештара дар айвон бозӣ карда нишаста буд, падараш ӯро ҷеғ зада ба хона даровард ва занашро дашном дод, ки ӯ чаро духтари «қадраси ба шавҳар бароянда»-ро ба сари худ гузоштааст, ки дар пеши ҷавонони номаҳрам бозӣ карда гардад. Ман ба ин ҳол тааҷҷуб кардам. Тааҷҷубам дар ин набуд, ки падари духтар маро номаҳрам шумурда, вайро аз ман гурезонд, зеро он вақтҳо духтарони нӯҳсоларо дар зери фаранҷӣ гирифта, аз номаҳрамон гурезондан одат буд. Аммо тааҷҷуби ман дар ин буд, ки падараш вайро «қадрас ва ба шавҳар бароянда» гуфта буд. Ва ҳол он ки шариат рухсат дода бошад ҳам, мардумони Бухоро духтарашонро пеш аз чордаҳсолагӣ ба шавҳар намедоданд.
Ман ин тааҷҷуби худро ба Ботурчаи хурд — Маъсумхон, ки бо ман ошно шуда буд, маълум карда, сабаби он сухани бародарашро аз вай пурсидам. Ӯ гуфт:
— Ҳақиқатан ҳам бародарам духтарчаашро ба шавҳар доданӣ аст. Ҳатто домодшаванда ҳам муайян шуда, гуфтушуниди маҳру асбоби тӯй ҳам қарор ёфтааст ва ба наздикӣ тӯю никоҳ ҳам мешавад.
Ман ба ин хабари ӯ ҳайрон монда, кӣ будани домодшавандаро аз ӯ пурсидам. Чун ӯ Абдуфаттоҳ будани домодшавандаро гуфт, тааҷҷуби ман боз ҳам зиёда шуда, ҳуш аз сарам парид. Зеро ман аввал гумон карда будам, ки духтари нӯҳсоларо ба ягон писарбачаи дувоздаҳсола медодагианд. Аз гуфтаи ӯ фаҳмидам, ки як охубарраи ширмакро ба хартуми як фили ваҳшӣ мепечондаанд. Ман ба Маъсумхон гуфтам: — Магар бародарат девона шудааст, ки ин корро мекунад ва магар шумо, ду бародари дигар, чунон сангдилед, ки ба бародарзодаи ширмакатон раҳм намекунед ва мегузоред, ки падараш ӯро ба дасти ҷаллод супорад?
— Бародари калонам бисёр хасис ва хомтамаъ аст, — гӯён Маъсумхон сухан сар карда, — ӯ пеш аз никоҳ ҳазор тангаи нақд мегирад, ки онро як хазинаи аз осмон афтода мешуморад. Дигар ин ки чӣ қадар пул доштани Абдуфаттоҳро медонад ва медонад, ки ӯ ҳавлӣ надорад ва ҳавлӣ ҳам намехарад, хонадомод мешавад ва бародарам гумон мекунад, ки Абдуфаттоҳ, ки хонадомод шуд, ҳамаи дороияш ба хонаи ӯ меравад ва қозикалон ҳам, ки кӯлобист, баъд аз хатми дарс ӯро ба мансабҳои илмии калон мерасонад ва дар он вақт бародари ман ба домоди бообрӯе соҳиб мешавад. Аҷаб нест, ки худи ӯ ҳам ба воситаи домодаш ба мансабҳои калони илмӣ расад.
Маъсумхон дар бораи монеъ шудан ва нашудани худаш ва бародари дигараш гуфт:
— Мо бисёр монеъ шудем ва «агар ин корро кунӣ, алоқаамонро аз ту меканем» гуфтем. Аммо ӯ ба мо гуфт: «Ман коре, ки мухолифи шариат бошад, накардаам. Модом ки шариат ба шавҳар додани духтари нӯҳсоларо рухсат додааст, ман медиҳам. Ин духтари ман аст, на духтари шумоён, духтар ёбед, то бевапир шуданаш дар хонаатон нигоҳ доред, ман надорам…»
Дере нагузашта ин тӯю никоҳ ва вуқӯъ омад, муллоҳои мадраса муаззинашонро домодбарӣ карда, дар хонаи падарарӯсаш монда омаданд. Ӯ хонадомод шуд, шабона ба хонаи арӯс мерафт ва аввали субҳ — дар вақти азони бомдод — ба мадраса омада, то хонда шудани намози хуфтан дар ин ҷо мемонд.
Аз пагоҳонии якуме, ки домод аз хонаи арӯс омад, баъд аз намози бомдод муллобачагони шӯх ба гирди ӯ ғун шуда, чигунагии арӯс ва аз кайфияти хонадориаш мепурсиданд. Ӯ ҳанӯз ба вуқӯъ наёмадани ягон «коре»-ро маълум мекард, пурсидагон ӯро ба сустӣ нисбат дода, масхара медоштанд. Дар пагоҳи панҷум ба пурсидагон Абдуфаттоҳ гуфт:
— Ин як духтарчаи беҳоли рангканда будааст, ҳанӯз маззаи бӯйи бағалро намефаҳмад, ҳар вақт ки ман ба ӯ даст ковам, чунонки аз дев тарсида бошад, ғаш карда худро ба дару девор мезанад ва фарёдкунон аз хона гурехта баромада, худро ба бағали модараш меандозад. Пулам месӯхтагӣ барин менамояд. Пагоҳи ҳафтум домод хандону шукуфон буд, ҳама фаҳмиданд, ки ӯ имшаб коми дилашро ҳосил кардааст, бо вуҷуди ин «сухан аз даҳони Луқмон хуш аст» гӯён чӣ гуна гузаронидани шабро аз вай пурсиданд.
— Ман имшаб масъаларо ба пеши падарарӯс қатъӣ мондам, — гуфт ӯ, — гуфтам, ки ё духтарашро розӣ кунад, ки ба ман сар фурорад ва ё ин ки ҳазор тангаи маро бо хароҷоти тӯй баргашта диҳад, ки ман аз даъвои зандорӣ гузарам.
— Як шаби дигар сабр кунед, — гуфт падари духтар дар ҷавоб ва шабона вақти хоб ба хонаи ман чор адад мехи чӯбинро бо теша оварда, дар чор гӯшаи ҷойхоб ба замин зад ва дасту пойи духтарашро бо чор рӯмол ба чор мех баст… Ана аз ҳамин тадбири падараш ман коми дил ҳосил кардам.
Ҳамон рӯз соати 12 Маъсумхон ба мадраса омада, аҳолии мадрасаро ба ҳавлии худҳошон ба ҷаноза хабар кард: маълум шуд, ки духтарча дилкаф шуда мурда будааст.

Вабо

Дар тобистони соли 1893 (1310 ҳиҷрӣ) дар Бухоро боз вабо пайдо шуд (вабои якум, ки оилаи мо ҳам фалокати вайро кашида буд, дар соли 1889 (1306) буд, ки дар қисми якуми «Ёддоштҳо» тасвир ёфт 138). Дар даруни як ҳафта дар кӯчаҳо одами тандуруст кам дида мешуд ва дар ҳафтаи дуюм аз ҳар гузар ҳар рӯз якчанд ҷаноза баромадан гирифт. Дар вақти намози пешини хонақоҳи Девонбегӣ ва Болои Ҳавз, ки одатан мардуми Бухоро мурдаҳои худро дар вақти мазкур дар ҳамон ҷоҳо бурда ҷаноза мехонданд, ду тарафи саҳни масҷидҳо аз ҷаноза пур мешудагӣ шуд, ба ҳадде ки имом намедонист ба кадом мурда ҷаноза хонда истодааст. Бинобар ин уламои Бухоро фатво доданд, ки монанди майдони ҷанг мурдаҳоро қатор монда, дар ҳар гурӯҳ як бор ҷаноза хонда шавад, равост.
Чунин аҳвол мардуми Бухороро дар даҳшат андохт, аз ҷамъ шудани даҳҳо мурда дар як ҷо одамони тандуруст ҳам дар хавф афтода бемор шудан гирифтанд. Ҳукумат фармон баровард, ки ҳар мурдаро дар пеши масҷиди гузари ҳамон мурда ҷаноза хонанд ва ба хонақоҳи Девонбегӣ ва Болои Ҳавз набиёранд.
Ҳукумати Бухоро дар муқобили вабо чорае дид, ки хеле хандаовар буд: вай ба воситаи қозикалон фармон баровард, ки муаззинҳои гузарҳо ва қориҳои хушовоз чор-чор ва панҷ- панҷ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ҳар шаб баъд аз хуфтан то саҳар кӯчаҳои шаҳрро гардиш карда, дар сари гузарҳо ва дуроҳаҳо бо як овоз азони бемаҳал гуфта гарданд, то ки «худованди карим ба шарофати он азонҳои бемаҳал ваборо аз «сари мардум бардорад».
Маъмурони Россияи подшоҳӣ, ки дар Когон менишастанд, дар ин кор бетараф намонданд: онҳо дар Когон, ки бевосита дар таҳти тасарруфи худҳошон буд, беморхонаи вабоӣ ташкил намуданд ва дар вокзали роҳи оҳан қоидаи карантинро ҷорӣ карданд. Ба ҳукумати Бухоро ҳам таклиф намуданд, ки беморхонаи вабоӣ кушоянд ва дар роҳҳои корвонгузар карантин барпо кунад.
Дар Бухоро зотан як беморхона буд, ки дар он як доктори рус, як тарҷумон аз одамони маҳаллӣ ва як фелдшери қашқарӣ (кошғарӣ) кор мекард. Ин доктор ва фелдшер ҳам дар беморхона ва ҳам дар амбулатория, ки дар даруни бинои ҳамон беморхона буд, кор мекарданд. Ин беморхона дар наздикии дарвозаи Шайх Ҷалол воқеъ шуда буд, ки дар ифлосӣ аз ҳамаи қитъаҳои шаҳри Бухоро пешӣ мекард.
Одамони ҳолдон мегуфтанд, ки он доктор он қадар маҳорат надорад ва маълумоташ аз маълумоти як фелдшер беш нест. Бинобар ин бойҳои калони Бухоро, агар бемор шаванд, аз Чорҷӯй ё аз Самарқанд доктор ҷеғ мезаданд ва агар бемориашон ба сафар монеъ набошад, ба шаҳрҳои мазкур рафта муолиҷа мекунонданд.
Тақдири вабозадагони Бухоро ана ба ҳамин доктор ва фелдшер супурда шуд ва беморхонаи вабоӣ ҳам дар зери назорати ҳаминҳо ташкил ёфт.
Беморхонаи вабоиро дар беруни дарвозаи Шайх Ҷалол, ки ба беморхонаи шаҳр наздик буд, барпо карданд. Аммо дар он ҷо на бино буд, на дарахт ва на оби ҷорӣ. Дар он ҷо як кӯли васеъ буд, ки дар зимистон пуроб гардида, дар тобистон ҷоҳои баландаш мехушкид. Аммо дар як тарафи он кӯл, ки хандақи лойхонаи девори қалъаи шаҳр буд, оби бадбӯйи сабзи сурхчатоб ҷамъ шуда мехобид ва дар тарафи ғарбии ин кӯл як пушта (теппаи пастак) буд, ки дар вай мазори шоири машҳур Хоҷа Исмати Бухороӣ 139 воқеъ шуда буд ва дар он пушта аҳолие, ки ба он ҷо наздик буданд, мурдаи худро мегӯрониданд.
Беморхонаи вабоӣ дар ҳамин кӯли хушкида, ки тарафи шимолаш хандақ-заҳкаши зери девори қалъа, ғарбаш мазори Хоҷа Исмат, шарқаш роҳи калон ва ҷанубаш замини нокорам буд, ташкил дода шуд.
Бинои «беморхона» иборат буд аз каппаҳои бурёӣ ва чодирҳои оддии ҷӯгигӣ, ки ин «биноҳо» на офтоби майнагудози Бухороро нигоҳ медоштанд ва на тафбоди ҷигарсӯзи вайро.
Дар ҳафтаи аввали ташкил дода шудани ин беморхона маъмурони Бухоро — мулозимони қозикалон ва раис, шогирдпешагони қушбегӣ ва одамони миршаб беморони тасодуфан дар кӯча дучоромадаро дошта, ба ин беморхона, ки ҳақиқатан кушишхонаи одамон буд, оварда, дар дасти доктор ва фелдшери мазкур супурдан гирифтанд. Атрофи беморхонаро сарбозони амир посбонӣ мекарданд, ки барои гурез ба беморон роҳ набуд. Аммо дар ҳафтаи аввал аз даҳҳо беморон, ки дар он ҷо оварда буданд, яке ҳам саломат ёфта набаромад; ҳар кадоми онҳо дар он ҷо аз як шабонарӯз то се рӯз зиндагӣ мекарданд ва баъд аз он аз мурдаву зиндаи онҳо касе хабар намеёфт ва мегуфтанд, ки мурдагонро шабона дар ҳамон мазори Хоҷа Исмат, ки дар паҳлуи беморхона буд, пинҳонӣ мегӯронданд.
Ба муқобили ин аҳвол мардуми Бухоро ғавғо бардоштанд, касе сарашро баста ба кӯча намебаромад ва рангкандагон ҳам, ки бештарини мардуми Бухороро ташкил мекарданд, хонанишин шуданд, бозорҳо баста шуд ва аз қитъаву гузарҳо одамони баҷуръаттари тандуруст гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, ба арки амир рафта, ба қушбегӣ бо фарёду фиғон аз ин аҳвол шикоят кардан гирифтанд.
Оқибат ҳукумати амир ба беморхона бурдани раияҳои Бухороро манъ кард. Акнун вазифаи беморхонаи вабоӣ фақат куштани раияҳои Россия шуда монда буд: ду маъмури ҳукумати Бухоро, ду казаки савора аз посбонони гумоштаи сиёсии давлати Россияи подшоҳӣ ва як ходимаи тиббии беморхона кӯча ба кӯча шаҳрро гардиш мекарданд ва ҳар беморе, ки дучор шавад, ҳуҷҷатҳои шахсии вайро тафтиш намуда ва раияи давлатии Россия буданашро муайян карда, баъд аз он ба беморхона мебурданд.
Рӯзе ман ба воқеаи зерин рост омадам: ду маъмури Бухоро бо як ходимаи тиббӣ як занро, ки аз қиёфаташ арманизан менамуд, дар як фойтуни дуаспа зер карда ба тарафи беморхона мебурданд. Казакони савор дар ду тарафи фойтун посбонӣ мекарданд. Занак «ман мусулмон шудаам, ман раияи ҷаноби олӣ шудаам» гӯён фарёд мекард ва ӯ чунон пурзӯр буд, ки аз таги дасти се нафар дар даруни фойтун рост хеста, худро партофтанӣ шуда, аз миён болояшро ба замин хам карда, бо дастони пурзӯраш заминро ханҷол мекард ва саворони казак бо қамчин ба дасту сари ӯ мезаданд, аммо ӯ ҳеҷ парвое надошт ва фарёд мекашид, ки «ман мусулмон, ман раияи ҷаноби олӣ мебошам, ҳақ надоред, ки маро ба куштан баред!».
Карантинҳои ҳукумати Бухоро яке дар роҳи Қаршӣ — дар мавзеи Четариғ, дигаре дар роҳи Кармина — дар мавзеи Хонработ ташкил шуда буд. Дар ҳар кадоми он ҷоҳо, ки дар домани дашт воқеъ шудаанд, як табиби маҳаллии бухороӣ ва як даста навкарони савораи амир меистоданд ва дар он ҷоҳо ҳам каппачаҳои бӯрёӣ сохта буданд ва дар паҳлуи он каппачаҳо дар ду-се деги калони мис об ҷӯшида меистод, ба даҳони дегҳо ба ҷойи сарпӯш бӯрё пӯшонда буданд.
Навкарон роҳгузаронро аз роҳу бероҳа дошта меоварданд, табиб набзи онҳоро дида, ба тандуруст будани онҳо ҳукм мекард, баъд аз он роҳгузарҳо ҳар кадом либосҳошонро кашида ба каппа даромада, аз сарашон як сатил об мерехтанд ва либосҳошонро маъмурон ба рӯйи бӯрёи сари дег паҳн карда буғ медоданд. Аммо таншӯйии роҳгузарон ҳам аз оби ҳамон дегҳо буд. Бо ҳамин маросими «дезинфексия» тамом шуда, роҳгузар либоси бо буғ намгирифтаи худро пӯшида, ба роҳи худ мерафт.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.