Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 2-5

Ба офтоби оламтоб

«Э офтоби оламтоб. Агар офтоби олам дуру дароз рӯйи худро нанамояд, ҳамаи мавҷудоти ҷондор афсурда шуда мемиранд. Ту, ки офтоби ман мебошӣ, чаро рӯйи худро аз ман мепӯшӣ? Магар мехоҳӣ, ки ман аз фироқи ту афсурда шуда бимирам? Ман гумон намекунам, ки ту ин қадарҳо сардмеҳр ва номеҳрубон бошӣ! Ман ба хоки пойи ту сар монда аз ту мепурсам, ки ҳеҷ набошад, ягон бор ба ин муштоқи бисмилшудаат ҷамоли ҷаҳонороятро бинамойӣ. Агар ҳамин шаб баъд аз фурӯ рафтани офтоб ту, ки офтоби ман мебошӣ, ба ман рух нанамойӣ, ман худро дар чоҳи бобоят (дар чоҳи мазори Хоҷа Ӯбон) партофта ҳалок мекунам. Дар он вақт хуни ман ба гардани ҷавони ту мемонад…»
Мулло Бурҳон гуфт: Ман дар поёни ин ғазали худ як байтеро, ки гӯяндааш маълум набуда, дар охири мактубҳои ошиқона навиштани он дар байни ишқбозони Бухоро одат шуда буд, навиштам ва он байт ин аст:
Раво мадор ҷавоне бимирад аз ғами ту,
Ту ҳам ҷавонию аз худ умедҳо дорӣ!
* * *
Мулло Бурҳон гуфт: Ҳамон рӯз дар наздикии фуру рафтани офтоб Ситора омад. Ман аз вай пурсидам:
— Хату савод дорӣ?
— Не, — гуфт духтархона.
Ман аз бехату савод будани ӯ хушҳол ва як дараҷа хотирҷамъ шудам, чунки метарсидам, мабодо сирри мо ба воситаи ин духтарак фош гардад. Модом, ки хату савод надоштааст, ғазали маро хонда наметавонад, то ки аз мазмуни он ғазал ба воқеаи ишқбозии мо воқиф шуда фош кунад. Албатта, назар ба ақидаи ман як духтараки 12-солаи саҳроӣ на дили маро ва на дили духтари зеборо хонда наметавонист. То ин ки бо ин роҳ рози дили моро фаҳмида ошкоро намояд.
Ман аз он духтарак пурсидам:
— Пошшохонат хату савод дорад?
— Доранд!- гуфт ӯ дар ҷавоб, — гоҳо хат менависанд ва бисёр китоб мехонанд.
Ман ғазали худро ба Ситора супурда истода, барои эҳтиёт ба ӯ таъкид намудам:
— Ин ғазали маро ба касе нишон надеҳ ва ба пеши ман омада аз ман ба пошшохон хат бурданатро ба касе нагӯй!
— Аз шумо пештар ин гапҳоро ба ман пошшохонам таъин кардаанд, — гуфт ӯ табассумкунон.
— Бе ваъда додан ҳам ман ягон гапи он касро ва ягон кори он касро ба касе намегӯям, — гуфт духтарак бо қатъияти тамом ва илова кард: — пошшохонам маро бисёр дӯст медоранд, дӯстдорӣ мекунанд ва шабҳо дар як ҷогоҳ мехобем, ман ҳам он касро бисёр дӯст медорам ва аз гапашон намебароям.
Ситора коғази маро гирифта бурд. Ман дар дили худ гуфтам: О-ҳо! Ин духтараки 12-солаи саҳроӣ ҳам «ба шарофати даргоҳи Хоҷа Ӯбон» бӯйи бағалро шамида будааст. Мо бошем, бо вуҷуди хату савод доштан ва шоир будан беҳуда дар мадраса хок лесида хобида будем. Магар дили духтари соҳибҷамол (ман ӯро надида соҳибҷамол тасаввур мекардам) аз дили ман ҳам зиёдтар бетоқат будааст, ки аз миёна даҳ дақиқа гузашта-нагузашта Ситора боз омад ва аз табассумкунон омадани ӯ пай бурдан мумкин буд, ки вай барои ман як хабари хуш меорад. Ман ба чиллахона омада даромадани ӯро мунтазир нашуда беихтиёр ба дари ҳуҷра давидам, то ки он хабари хушро зудтар фаҳмам. Аммо духтархона сари дастони нозуки худро ба сари синаам ниҳода маро нарм-нарм ба пас — ба даруни чиллахона тела дод:
— Бесабрӣ накунед, дарун дароед, касе пай набарад! — гуфт.
Ман дар хиҷолат монда дар дили худ мегуфтам: — Оҳо, ин духтараки саҳроии содадил дар ишқбозӣ аз ман донотар будааст ва ман аз вай бехабар мондаам. Ҳайф аз он умри 20-рӯза, ки ба сабаби беҷуръатӣ ва нодонии ман дар даруни чиллахона дар танҳоӣ бо хуни дилхӯрӣ гузашт. Ман рафта дар ҷойи худ нишастам ва шарм медоштам, ки ба рӯйи духтархонае, ки муаллимаи ишқи ман шуда буд, сар бардошта нигоҳ кунам. Ӯ коғазеро аз даруни остини худ бароварда ба тарафи ман дароз кард ва ман, бе он ки сар бардорам, он коғазро аз дасти ӯ гирифтам. Ӯ ба хонда дидани ман он коғазро нигарон нашуда бо овози паст:
— Баъд аз торик шудани шаб ба таги дари партави мазор бароед. Ман омада шуморо гирифта ба ҷое мебарам, — гуфт ва зуд баромада рафт.
Ман дастхати ёри меҳрубони худро, чунонки қозикалон ба дастхати амир мекунад, аввал аз сарам болотар бардоштам, баъд фуроварда ба чашмонам молидам, баъд аз он ба лабонам оварда то тар шудани коғаз бӯсидам ва пас аз он кушода хондам. Он ёри меҳрубон дар он коғаз навишта буд: — «Акамулло! Хати ман бадхон аст, бинобар ин ҳамаи гапҳоро нанавиштам. Айб нафармоед! Ва ҳар чизе, ки Ситора гӯяд, ба ҳамон амал намоед!»
Ман торик шудани ҳаворо мунтазир нашуда (чунки аз бетоқатӣ дар даруни ҳуҷра нишаста наметавонистам), ба дари партави мазор баромадам ва дар дами дар ин сӯ-он сӯ қадам зада гаштам. Баъд аз тамоман торик шудани шаб Ситора омад, дар он вақт осмон ҳам пур аз ситора шуда буд. Ман ӯро аз дур дида ба тарафи ӯ рафтан хоста қадам партофтам. Аммо ӯ бо дасти худ ба истоданам ишора кард ва худ ба пешам расида омада:
— Бесабрӣ накунед! — гуфт.
Бо шунидани ин сухан аз тарсу ноумедӣ қариб буд дилам таркад, зеро ман «магар ваъда ба вақти дигар мондааст ва Ситора барои хабар додан омадааст», — гуфта пиндоштам. Аммо ӯ сухани худро давом дода гуфт:
— Ман рафтан мегирам, шумо 20 қадам пастар аз ман биёед!
Ман дубора шарманда шудам. Зеро аз сухани охирии духтархона маълум шуд, ки ин бесабрии ман ҳам монанди он бесабрӣ будааст, ки як соат пештар дар пеши ҳамин духтарак карда аз вай танбеҳ дида будам. Боз ҳамон ҳаракати сазовори танбеҳ аз ман сар зад. Духтархона рафтан гирифт, ман қадамҳои ӯро ягон-ягон бо диққат шумурда истодам. Вақте ки ӯ қадами 21-умро аз замин бардошт, ман ҳам қадами якуми худро бардошта баробари ӯ бар замин ниҳодам ва эҳтиёт мекардам, ки қадамҳои ман аз қадамҳои ӯ зиёду кам, тангу васеъ нашаванд ва баробар аз замин бардошта шуда баробар бар замин гузошта шаванд. Дар ин гуна роҳравӣ ман ба сарбозони амир монанд шуда будам, ки онҳо дар вақти машқ ба қадампартоии сардори худ нигоҳ карда роҳ мерафтанд.
Ман гумон доштам, ки ороми ҷони ман маро дар хонаи худ меҳмон хоҳад кард. Аммо Ситора ба тарафи дари даромади муқаррарии работи мутаваллӣ нарафта ва он дарро дар тарафи дасти чапи худ гузошта, шарқрӯя роҳ рафта дар паси работ гузашт ва аз он ҷо тамоман ба тарафи шарқ рӯ оварда, дар миёнаи хомаҳои рег рафтан гирифт. Ман ҳам аз пайи ӯ. Гоҳо хомаҳои рег ӯро аз ман панаҳ мекарданд ва ман қадамгузории ӯро надида мемондам. Дар он гуна вақтҳо аз тарс дар баданам ларза меафтод, ки мабодо ба вай наздик нарафта, ё ин ки аз вай дур намонда бошам, ки сеюмбора сазовори танбеҳ шавам.
Охир ӯ ба як пасхамӣ расида истод. Ман ҳам дар ҷойи будаам баробари ӯ истодам. Ӯ ин кори маро дида ба пеш рафтанам ишора кард. Ман монанди гунҷишки риштабарпое, ки ногаҳонӣ банди вай кушода шуда бошад, ба парвоз омадам ва хотирҷамъона аз шунидани таънаи «бесабрӣ» дар як сония ба ӯ расида гирифтам.
Ӯ ба ман оҳистекак:
— Шумо дар ин ҷо — дар пасхамии хомаи рег дароз кашида хобед, ки ҳеҷ равандаву оянда пай набарад ва пошшохонам ҳамин ҷо меоянд, — гуфт ва худ зуд баргашта рафт. Ситора дар ду сония аз назари ман пинҳон шуд, баробари аз назар ғоиб шудани ӯ ситораҳои осмон ҳам кам шудан гирифтанд. Чунки аз тарафи шарқ монанди алангаи аз дур намояндаи сӯхтор як рӯшноӣ пайдо гардид ва ин рӯшноӣ кам-кам паҳнтар, баландтар ва камрангтар шудан гирифт. Аз паси он рӯшноӣ аз ҳамон тараф як лаълии миси сандалигии калон барин, ки дар оташаш тафсонда сурх карда бошанд — як чиз намудор гардид. Ин моҳи 18 ё 19-рӯза буд, ки тулӯъ мекард. Баъд аз дақиқае мох ранги лаъличаи нуқрагини дурахшонро пайдо кард. Дар ин вақт рӯйи реги сурх ба шакли хомқаймоқи сахтбаста ба назар акс андохт. Акнун фазои биёбон ҳам як баҳри пуршир барин менамуд.
Мох баланд мешуд, аммо аз офтоби ман ҳанӯз дарак набуд. Ман дилтанг шудам, ҳазор гуна васвасаҳо дар дилам пайдо шудан гирифт. Эҳтимол падараш аз шаҳр ногаҳонӣ омада бошад, эҳтимол дар хонааш ягон меҳмони нохондаи шумқадам омада монда бошад, худо накарда, эҳтимол дар вай ягон бемории ногаҳонӣ рӯй дода бошад, ҳарчанд аз ақл дур бошад ҳам, эҳтимол, монанди баъзе духтарони ҳилагаре, ки дар афсонаҳо ҳикоя мекунанд, маро бозӣ дода худ духтархонаашро дар бағал кашида, «орзуи дӯғро дар моҳтоб шикаста», хандакунон маро масхара дошта, баҳузур дар ҷойгоҳаш хобида бошад ва ман дар ин ҷо «орзуи офтобро бо моҳтоб шикаста» то рӯз ситорашуморӣ кунам ва монанди инҳо…
Ман, бе он ки қад рост кунам, гаваккашон аз пасхамӣ худро бар болои хо-маи рег гирифтам. Дар он ҷо девори работи мутаваллиро аз назар гузаронидам — девор ҳам бо партави ширмаҳтоб шир барин менамуд. Диққат кардам, ки дар он ҷо як дари хурдтарак менамояд. Ман дар дил муқаррар кардам, ки «вай дари партави работ аст ва дари умеди ман ҳам бояд ҳамин дар бошад», бинобар ин монанди гурбае, ки чашми худро аз дари мушхона намеканад, ман ҳам мижа назада чашмонамро ба он дари умед дӯхтам.
Намедонам, боз ним соат ё чанд соат гузашт (дар ҳар ҳол ба ман шаби ялдо барин дароз менамуд), ногоҳ дари умедам кушода шуд, дили ман ҳам сахт-сахт задан гирифт — дил тақозо мекард, ки синаро даричавор шикофта аз он ҷо баромада ба тарафи он дар давад ва ороми ҷони худашро пешвоз гирад. Аммо ҳамаи умедҳои ману дил барбод рафт — ноумедона дидам, ки каси аз дар бароянда як каси қадпаст буд ва ҳол он ки ороми ҷону дили ман «болобаланду ишвагару сарви ноз» буд. Хуб диққат кардам: он бароянда Ситора барин намуд ва ҳол он ки ман нигарони баромадани «офтоб» будам. Ман дар дили худ гуфтам: «ана омад он духтараки содданамойи дарундор, ки имрӯзу имшаб бо дурӯғҳои худ маро фиреб дода дар азоби интизорӣ гузошта буд. Боз мехоҳад бо ягон баҳонаи дурӯғ маро гӯл зада дар оташи ноумедиам гузорад. Дар он сурат… дар он сурат барои ман худро сарнагун дар чоҳи мазор андохтан беҳтар аз он аст, ки ноумедона сар хам карда ба чиллахона равад.
Аммо духтархона ба тарафи ман наомад, балки таг-таги девори работ ба тарафи ҷануб — ба тарафе, ки маро оварда буд, рафт ва дар гӯшаи шарқи ҷанубии работ истода ба тарафи дари партави мазор, ки ман аз он дар баромада будам ва ба тарафи дари даромади расмии работ бо диққат нигарист ва баъд аз он бо ҳамон таг-таги девори работ ба тарафи шимол пас гашт ва аз пеши дари партави работ гузашта ҳамчунон роҳи худро ба тарафи шимол давом дод. Вақте ки ба гӯшаи шарқи шимолии работ расид, дар он ҷо истода ҳар тарафро бодиққатона аз назар гузаронида бозгашт ва ба дари партави работ расида аз вай дарун даромада ғоиб шуд.
Ман умедвор будам, ки баробари ғоиб шудани Ситора аз он дар «офтобам» мебарояд ва ман ӯро дар зери фаранҷии шоҳии паритовусӣ ва бо рӯбанди докаи сафед тасаввур мекардам. Аммо аз он ҷо ба ҷойи «офтобам» як нури сафед намоён шуд, ки аз замин ба тарафи осмон қад кашида буд ва ин нури равон пеш-пеш ба тарафи ман омадан гирифт. Чун наздиктар расид, фаҳмидам, ки он одам аст — он одамест, ки дар зери либоси сафед ҳамранги ширмаҳтоб шудааст ва агар касе монанди ман мунтазири омадани касе набошад, одам будани ӯро пай намебарад, балки ӯро парчае аз ширмаҳтоб гумон мекунад.
Чун он нури равон боз хам наздиктар расид, дар ман ҳеҷ шак намонд, ки ин ҳамон «болобаланду ишвагару сарви нози ман» будааст. Қомати он сарви ноз дар роҳ рафтан ба навниҳолони нозуктанаи баландқад монанд буд, ки дар зери бод ба ҳар тараф майл мекарда бошанд, ё як гулбуни пургуле буд, ки шохҳои вай аз ғояти хушборӣ ба ҳар тараф хам мехӯрданд, ё ӯ аз шароби ғурури ҳусн, ё ин ки аз бодаи шодмонӣ маст шуда буд, ки мастона қадам мениҳод.
Чун он маҳбубаи дилором наздик расид, ман аз сари хомаи рег шорида фуромада дар пасхамие, ки Ситора ба ман нишон дода буд (бояд Ситора ҳам он ҷоро ба ман бо нишондоди он офтоб таъин карда бошад) дароз кашидам. Аммо бисёр дер накашид, ки он офтоби оламтоб бар сари болини интизориам расид ва гӯё бахти баланд ба ман мегуфт, ки «эй, бар сарат офтоб омад, бархез». Ман фармони бахти баландро рад накарда, беихтиёр аз ҷоям ҷаста хестам ва дар рӯ ба рӯйи ӯ рост истодам.
Дар тани он сарви ноз куртаи шоҳии сафед буда, вай на монанди куртаи духтарони дӯшиза пешбаста, балки ба тарзи куртаҳои занони тифлдор пешкушода буд ва аз он ҷо сафҳаи синаи булӯринаш дар партави моҳтоб монанди сафҳаи сафеди дурахшоне дар назари ман метофт — дар ҳақиқат он бахти сафеди ман буд, ки пешаш кушода менамуд, остинҳои куртааш то болотар аз оринҷҳояш барзадагӣ буда, соидҳои сафедаш дар фазои моҳтобӣ монанди ширмоҳии зиндае, ки даруни об бошад, дилбарона ҷунбиш намуда, гӯё «мо барои бӯсаи ту омадем» гӯён ҳаваси касро оҳанрабовор ба тарафи худ мекашиданд. Бар сари он сарви сарандоз як сарандози шоҳии сафед буд, ки мӯйи сиёҳи дарози диловези ӯро сар то по мепӯшонид ва маълум буд, ки ӯ ин гуна сарандозро барои ҳамранг кардани тамоми баданаш бо маҳтоб ва пинҳон доштани худ аз рақиби нохалафи эҳтимолӣ ба сар гирифта буд. Аз таги ду тарафи пеши он сарандози сафед ду мила мӯйи сиёҳи нобофтаи зулфмонанд намудор буд, ки он духтари худоройи ишвапиро онҳоро аз ду баногӯшаш ба рӯйи рухсорааш гузаронида, ба наздикиҳои гӯшаҳои даҳони худ оварда каҷ карда гузошта буд ва ин вазъият ҳайати ӯро боз ҳам дилработар ва хушнамотар карда буд.
Ман намедонам, ки рӯйи сафеди гулобитоби ӯро ба чӣ монанд намоям? Ман он рӯйро офтоб гӯям ҳам, намешавад, моҳ гӯям ҳам, намешавад, гул гӯям ҳам, намешавад, оина гӯям ҳам, намешавад! Зеро инҳо чизҳоеанд, ки ҳар кас ҳар рӯз ҳар кадоми онҳоро мебинад ва шояд ба сабаби бисёр дидан бошад, бинанда ба онҳо ягон аҳамияти фавқулоддае ҳам намедиҳад. Охир, он рӯеро, ки одам ,ба як диданаш то нисор кардани ҷони худ тайёр аст, чӣ гуна ва бо кадом инсоф ба ин чизҳои оддӣ монанд мекунад?..
Ман ҳамин қадар гуфта метавонам, ки он рӯйи зебо бо он бинии латифи дилрабо, бо он чашмони сиёҳи муҳаббатнигоҳи меҳрафзо, бо он мижгонҳои дарози дилнавози шавқангез. бо он абрувони мушкинмӯйи нӯгтез, бо он пешонаи меҳрубони нишонаи лутфомез — бисёр шинам, бисёр дилкаш ва бисёр хушнамо афтода буд, ки одам аз диданаш сер намешуд. Ман меларзидам, ӯ мастона қадам монда ба ман наздик расид. Ман беихтиёрона бо ду дастам аз банди ду дасти булӯринаш гирифтам. Ӯ бе ҳеҷ ибо ва бе ҳеҷ гуна нозу истиғно ба ман наздиктар омад. Аз ӯ дар зимни бӯйи хуши дилкаши атр як бӯйи бегона ҳам омад. Ин бӯйи шароб буд, ки аз тарафи даҳони ӯ меомад. Ман дарҳол пай бурдам: аз он мусалласи шаръӣ, ки падараш барои «дар тоат қувват» ҳар субҳу шом, балки аладдавом менӯшид, ӯ имшаб барои ҷасорат пайдо кардан дар мулоқоти ошиқона ва беибо кушода партофта тавонистани дафтари ишқбозии худ дар пеши як ошиқи навгирифтори бегона — ду-се пиёла нӯшида баромадааст.
Дар тасвири ин ҳолат ва ҳайати ӯ, дар зери он пироҳани пешкушода ва остинҳои барзада, се байти Соиби Исфаҳонӣ ба хотири ман расид ва он байтҳо инҳо буданд, ки дарун-дарун замзама кардам:
Он маҳлиқо баромад аз хона май кашида,
Моил ба уфтодан чун меваи расида.
Нози баҳонаҷӯро дар як тараф ниҳода,
Шарми ситезахӯро дар хоку хун кашида.
Молида остинро то бӯсагоҳи соид,
То ноф пираҳанро чун субҳидам дарида.
Пошшохони ман ҳақиқатан ҳам як меваи расидае буд, ки он шаб ба дасти ман афтода буд — ӯ монанди шафтолуи шалили обдор буд, ки аз сар то пойи баданаш оби латофат ва тароват мечакид.
Бандҳои дастони латифи ӯ ҳанӯз дар дастонам буданд, дастони ман меларзиданд ва дастони нарм ва нозуки ӯ ҳам аз дастони ман камтар намеларзиданд. Ман дастони мулоими ӯро нарм- нармак мемолидам. Аммо сухане намеёфтам, ки ба ӯ гӯям. Ӯ якбора дастони худро аз дастонам кашида гирифта ва он дастон-ро дар ду тараф ёзонда, сари синаи софашро берун дамонда хамёзае кашид ва бо оҳанги ҷасурона:
— Охир, дар як ҷо бинишинем! — гуфт.
Дар оҳанги ӯ аломате буд, ки гӯё барои беҷасоратиам бо он оҳанг ба ман таъна мезад.
— Ба чашм, — гуфтам ман дар ҷавоби ӯ.
Ӯ дар ҳамон ҷое, ки истода буд, нишаст ва ман ҳам ба ӯ пайравӣ карда дар рӯ ба рӯйи ӯ ҷой гирифтам. Дар миёнаи ману ӯ аз ду ваҷаб зиёдтар фосила набуд. Ман ҳанӯз сухане намеёфтам, ки ба ӯ бигӯям, ё ин ки монанди гунгу лол суханҳои дар дил доштаамро ба ӯ гуфта наметавонистам. Боз ӯ ба гап даромада пурсид:
— Шуморо чаро «Бисмил» мегӯянд ва маънии ин сухан чист?
— Маънии бисмил — кушташуда мебошад; ман, ки кушташудаи ишқ мебошам, ба ҳамин муносибат маро «Бисмил» номидаанд, — гуфтам дар ҷавоб бо ҷасорате, ки ӯ ба ман бо пурсиши худ дода буд.
— Ишқи кадом маъшуқаи номеҳрубон шумо барин як ҷавони меҳрубони дилкашро куштааст, — гӯён боз пурсид он маъшуқаи меҳрубон.
— Аз гуфтани номи он маъшуқаи меҳрубон ва ба қавли ту «номеҳрубон» метарсам, — гуфтам ман дар ҷавоб тарсону ларзон.
— Магар кушташудаи ишқро давое нест, ки бо вай дубора зинда шавад? Агар бошад, он даво кадом аст ва аз куҷо ёфтани он мумкин аст?
Ин пурсишҳои сарпеч, ки ҳақиқатан калиди рози дили сарбастаи ман буданд, маро чунон бетоқат карданд, ки дигар дар ман на беҷасоратӣ монд ва на шарму ҳаё.
— Ҳаст! — гӯён пештари он маҳбубаи меҳрубон ғеҷида рафтам ва дастонамро бар замин ниҳода ва ба онҳо такя карда худро росттар гирифта лабонамро ба лабони ӯ наздик бурда истода:
— Бӯсаи ана ҳамин лабони ҳаётбахш давои зиндакунандаи куштагони ишқ аст! — гӯён лабони ларзони худро ба лабони тафсони ӯ часпондам. Дидам, ки ӯ аз ин ҳаракати ман нарамид, боз ҳам ҷасуртар шуда дастонамро аз зери бағалаш гузаронида, хостам дар оғӯшаш танг кашам. Аммо он духтари ҷасур дар ҳолате, ки ман пай мебурдам, хуни ҷавониаш дар ғалаён омадааст, бо як ҳаракати саркашона ду дасти худро ба сари синаи ман тир карда маро бо шиддат паснокӣ тела дод ва худро аз ҷойи нишастагиаш як қадам пас кашида, бо ҳамон вазъияти аввалиаш — дар рӯ ба рӯйи ман нишаста сар хам кард ва садои «пиқ-пиқ»-кунон гиристан аз вай шунида мешуд.
Алангаи оташи даргирифтаистодаи бадани ман якбора паст шуд. Сар то поям ҳанӯз ҳам месӯхт, аммо монанди ҳезуми тари нимсӯхта, ки аз ҳезуми хуш-ки шӯълавар дур афтода бошад, кӯрдудкунон месӯхт ва дуди ин сӯзиш дар димоғам зада мағзи сарамро метарконид. Духтар ором намегирифт ва гиряи гулӯгирашро давом медод. Сурур ба ғам, сур ба мотам бадал ёфт. Ман, ки ӯро дӯст дошта будам ва мақсади ман аз ҳар чӣ пештар хурсандӣ ва ризомандии у буд, ба ин ҳолати ӯ тоқат кардан аз иқтидори ман берун буд: пештараш рафтам ва дар мақоми узр гуфтам: — Э ҷони азиз! Ман ба меҳрубониҳои ту фирефта шуда, ба як ҳаракати густохона ният кардам. Ту саркашона маро танбеҳ, карда ҷодаамро ба ман нишон додӣ. Ман аз ин ҷиҳат аз ту миннатдорам. Аммо аз он ҷо, ки ман сабаби гаму андӯҳи ту шудам ва ба ҷойи он ки туро хандонам, гирёндам, худро гунаҳгор мешуморам ва аз ту бахшойиш металабам ва низ аз ту мепурсам, ки гӯй ман чӣ кунам, ки сабаби хурсандии ту- шавад ва ин ғаму андӯҳи туро бартараф намоям.
Гиряи духтар камтар шуд ва пайдо шудани камтар оромиро дар вай ҳис намудам. Аммо ба пурсишҳои ман ҷавоб намедод ва ҳамчунон дар зери бори гам сарашро ба замин хам карда менишаст, ман дубора ба сухан даромадам:
— Э маъсумаи покдомани ман! Агар хурсандии ту бо нест шудани ман муяссар мешуда бошад, ман тайёрам, ки дарҳол худро ҳалок намуда нест кунам, ҳеҷ набошад, ҳамин ҳоли ҳозир сарамро гирифта аз ин ҷоҳо ғоиб мешавам, ба тарзе ки баъд аз ин ҳеҷ кас ному нишони маро аз ин ҷоҳо наёбад ва агар мурда хок шавам, гарди ман ба домони поки ту нанишинад…
Ман хомӯш монда таъсири ин суханони худро ба ӯ мулоҳиза намудам: ӯ худро аз гиря боздошта буд. Аммо сар хамкунон дар андеша фурӯ рафта, бо сарангуштони челонмонанди худ бар рӯйи реги сурх хат мекашид. Ман сухани худро давом додам:
— Охир, ман туро дӯст медорам, барои ту, бар зарари худ ба бардоштани ҳар гуна азобу уқубатҳо тайёрам ва ҳар навъ бало, қазо, андӯҳу алам, ки аз ишқи ту ва аз тарафи ту ба сарам ояд, миннатдорона мебардорам. Аммо ба андӯҳгин шудани ту, ба дилгир гардидани ту, хусусан, ки ин андӯҳ ва дилгирӣ ба сабаби ман пайдо шуда бошад, тоқат надорам…
Ман боз хомӯш мондам ва чашмони худро ба умеди ҷавоб ба ӯ дӯхта истодам. Духтари ботамкин баъд аз фурсате, бе он ки сарашро рост кунад ва ба тарафи ман нигарад, ба сухан даромад:
— Ин хафагӣ, ғамгинӣ ва гиряи ман аз шумо ва ба сабаби ҳаракати густохонаи шумо нест, — гуфт ӯ ва илова кард, — албатта, ҳаракати густохонаи шумо нафорид ва худро аз дасти шумо раҳонидам. Аммо он гуна ҳаракате, ки халос шудан аз вай дар дасти худам бошад ва ман иқтидор дошта бошам, ки дар ҳар гуна маврид худдорӣ карда тавонам — он гуна ҳаракатҳо чаро сабаби андӯҳи ман шаванд… Агар ҳаракати густохонаи шумо ба гиряи ман сабаб мешуд ҳам, ман шуморо дар он ҳаракат айбдор намекардам ва ба айбдор кардан ҳақ ҳам надоштам. Чунки шуморо то ба ин андоза худам далер карда будам. Сабаби ҳақиқати андӯҳу алам ва гиряю ғами ман бахти сиёҳи ман аст, ки маро ба ҳамин дараҷа бебок ва беибо кардааст ва дар шароите, ки шариат ва муллоҳо ҳатто овози зан ва духтарро номаҳрам мешуморанд, ман шабона бо як марди бегона дар хилват бо рӯйи кушода сӯҳбат менамоям.
Духтар қадре хомӯш монда дар андеша фурӯ рафт ва баъд аз сонияе якбора сарашро баланд карда ва ба ман чашм дӯхта истода пурсид.
— Шумо маро чандсола тахмин мекунед?
Ман ба ин пурсиши ӯ ба зудӣ ҷавоб надодам. Ман ӯро 21-22-сола тахмин мекардам. Аммо, азбаски занон ва духтарон калонсол шуданро ва калонсол гуфтанро бад мебинанд, ман дар изҳори тахмини ҳақиқии худ андешаманд мондам ва барои хурсанд намудани ӯ хурдсолтар нишон додани ӯро лозим дониста:
— Ман туро 17 ё 18-сола тахмин мекунам, — гуфтам. Ӯ нимханде карда:
— Шумо маро бо гапи дурӯғ хурсанд кардан мехоҳед, — гуфт ва илова кард: -Ман дар ҳақиқат 28 соламро пур кардаам…
Дар гуфтани ин сухан он шукуфтагӣ, ки дар рӯйи вай ба сабаби тахмини бардурӯғи ман пайдо шуда буд, барҳам хӯрд ва авзои ӯро дубора пардаи сиёҳи андӯҳу алам печонда гирифт ва баъд аз лаҳзае хомӯш мондан давом намуд:
— Ман 28-солаам. Аммо ҳанӯз духтар мебошам. Бахти сиёҳи ман асосан ҳамин аст! Аммо сабаби ба ин бахти сиёҳ гирифтор шуда мондани ман дуру дароз аст. Агар шумо ба шунидани дарду алами ҷонгудоз тоқат дошта бошед, ман ба нақли саргузашти сиёҳбахтии худ тайёрам!
— Ба ҷон миннат дорам ва ҳама тан гӯш гардида мешунавам, — гуфтам ман дар ҷавоби он духтари ноком».

Саргузашти саросар дарду алами духтари ноком

— Ман аз модар 18-сола мондам, — гӯён гап сар кард духтари ноком, — ман дар хонадони падару модарам фарзанди ягона мебошам. Модарам хату савод дошт, маро худ хононда хату саводнок кард. Аз ғайри ин, пухтупазу дарзу дӯз барин ҳамаи ҳунарҳоро, ки дар хонадории як духтар лозим бошад, ба ман ёд дод. Баъд аз 16-сола шуданам ӯ мехост маро ба шавҳар дода тӯю тамошо кунад ва ба ин восита орзуву ҳаваси ягонаи худро, ки дар бораи фарзанди ягонааш дорад, шиканад. Ӯ дар интизори ягон ҷавони домодшаванда ду соли охири умри худро гузаронид. Аммо домодшавандае набаромад. — Духтарак дар ин ҷойи суханаш аз ман пурсид:
— Оё медонед, ки сабаби ин чист?
— Не, намедонам ва аз куҷо медонистам? — гуфтам ман дар ҷавоб.
— Албатта, шумо намедонед ва донистанатон ҳам мумкин набуд, — гӯён духтар ҷавоби маро тасдиқ намуд ва худ ба ҷавоби пурсиши худ давом кард.
— Хоҷагон ва аз ин ҷумла хоҷагони Хоҷа Ӯбонӣ духтарҳояшонро ба занӣ ба ғайр аз ҳамнажодони худ ба каси дигар намедиҳанд, аммо аз хешовандон ҷавоне ёфт нашуд, ки ба ман кас монад. Ана ба ҳамин сабаб модари меҳрубонам орзуҳои худро ба хок бурд.
— Баъд аз оши соли модарам падарам зани дигар гирифт, — гӯён духтари аламдида мусибатномаи худро давом дод, — ман дар вафоти модари пуршафқатам чӣ қадар сӯхта бошам ҳам, мусибати ҳақиқии тоқатнопазир баъд аз зани нав гирифтани падарам ба сарам омад, — гиря гулӯи духтарро гирифта хомӯш монд. Аммо ӯ сарашро баланд карда баъд аз як дами сарди дароз кашида роҳи шушу гулӯяшро бозкардан, боз суханашро давом дод.
— Мусибат сахт ва ҷонгудоз буд: дар он вақт дар хонадони падарам ду хизматгорзан буд. Аммо модари ӯгай ҳамаи корҳои сахт ва чиркини хонаро ба ман мефармуд: ман хона мерӯфтам, ман рӯйи ҳавлӣ мерӯфтам ва ман ҳатто ҷоҳои ногуфтаниро, ки рӯзе ду бор рӯфтани он ҷоҳо лозим аст, тоза мекардам. Хизматгорзанон танҳо ба ошпазиву нонпазӣ машғул мешуданд. Ҷомашӯйиро бошад, ман бо онҳо ҳамроҳ мекардам. Дар таом бошад, хӯрокҳои бадтарин ва дилнокаштаринро ба ман медод ва баъзан сарқути хизматгорон, ки онҳо ҳам он қадар чизи бомазза намехӯрданд, насиби ман мешуд. Агар дид, ки ман аз корҳо фориғ шуда дар гӯшае нишаста китоб хонда истодаам, баъд аз он ки маро «духтари китобхон вайрон ва котабоз мешавад» — гӯён ҳақорат мекард, маҳз барои дур кардани ман аз китобхонӣ, як кор ёфта ба ман мефармуд. Ба болои инҳо ман шабона аз паси дар мешунидам, ки ба падарам аз ман шикоят карда: «духтаратон ғазалҳои бешармиро бисёр мехонад, ӯ вайрон мешавад, саробашро гиред, ӯро нагузоред, ки китоб хонад ва зуд ба шавҳар дода аз ман дур кунед, ки ман ба дидани як духтари сабукпо тоқат надорам» — мегуфт. Падарам аз хешовандонаш домодшаванда ёфт нашуданашро сабаби кушода нашудани бахти ман нишон дода ба ӯ узр мегуфт…
Духтар баъд аз хомӯш мондани кӯтоҳе боз давом кард:
— Ман ҳам мехостам, ки агар марди ҳафтодсола бошад ҳам, маро зудтар ба шавҳар диҳанд, то ин ки аз шиканҷаи ин модари ӯгайи ҷавони нобакор халос шавам. Аммо илоҳӣ зоту зурёти (зуррияти) ин хоҷагон хушкида равад, аз инҳо ягон домодшавандае ёфт намешуд. Намедонам, инҳо чӣ бало доранд, ки дар авлодашон аз писар дида духтар зиёд аст. Писаронашон бошанд, ба болои ин, ки аз хешовандони худашон зан мегиранд, духтарони муриду мухлисҳошонро ҳам, ки назр гӯён дар қатори гову гӯсфандони назрӣ оварда мешаванд, ҳамхобаи худ мекунанд. Дар ин шароит ба мани сиёҳбахт, ки дар як биёбони регзор нишастаам, аз хешони худ шавҳар аз куҷо ёфт мешуд…
Бо шунидани қиссаҳои пурдарди ин духтари сиёҳбахт муҳаббати бо раҳм омехтаам нисбат ба ӯ чӣ андозае, ки зиёд шавад, нисбат ба модари ӯгайи бадкирдор ҳамон қадар ҳам оташи ғазабам боло мегирифт. Ман дар дили худ мегуфтам: «Даст ёбам, ки он золимро баста сарнагун ба чоҳи мазор андозам» ва аз шиддати ғазаб сухани он духтари мазлумаро бурида аз ӯ пурсидам:
— Ҳоло он модари ӯгаят ҳаст?
— Не! — гуфт ӯ дар ҷавоб ва давом кард, — баъд аз чор соли бо падарам зиндагонӣ кардан бо бемории ҳасба (сыпной тиф) вафот кард. Баъд аз панҷ моҳи вафоти ӯ падарам боз зани дигар гирифт. Аммо ин зан аз аввалӣ ҳам бадтар баромад. Ӯ дар кор фармудани ман дар корҳои паст, дар хӯрок ва дар манъ кардан аз китобхонӣ ва дар ҳақорат кардани ман бо вайронӣ аз модари ӯгайи пештараам бадтар ва сахттар ба ман муомила мекард. Ба болои инҳо ӯ на танҳо аз бозор куртаворӣ оварда ба ман додани падарамро манъ мекард, ҳатто барои фоида бурдани ман аз либосҳои модари марҳумаам ҳам роҳ намедод: «Мероси зан аз они зан мешавад, на аз они духтар» — гӯён пӯшокиҳои аз модарам мондаро дар сандуқаш андохта қулф зада монд ва барои ман пӯшокиҳои мурдашӯйии кӯҳнаро, намедонам, аз куҷо ёфта оварда маро ба пӯшидани он чизҳои дилнокаш маҷбур мекард ва ҳол он ки дар замони модари ӯгайи аввалиам аз либосҳои модарам фоида мебурдам, — духтарак ба куртаи сафеди пешкушоди занонаи худ ишора карда илова намуд, — ана ҳамин курта аз они модари марҳумаам мебошад…
— Ин золима ҳоло дар куҷост? — гӯён ман боз сухани ӯро буридам.
— Ҳоло дар куҷо будани ӯро намедонам. Аммо ҳамин қадараш ба ман маълум аст, ки ӯ чизҳои хонаи падарамро дуздида ба хонаи хешовандони худ бурдан гирифт. Падарам, ки бисёр молдӯст аст, ба ин кори ӯ тоқат карда натавониста аз вай чудо шуд ва ӯро аз хонааш бароварда пеш кард ва ман ягона «бонуи хона» шуда мондам. Корҳои хонаро ду хизматгорзан мекунад. Ман барои дастёрии худ Ситораро, ки мешиносед, вай дар он вақтҳо 9-сола ва бе падару модар буд, ёфтам. Ман уро монанди хоҳарам дӯст медорам. Ҳоло ягона маҳрами рози ман ва ёри дилнавози ман ӯст.
— Маълум мешавад, ки ҳоло зиндагониат ба хубӣ мегузарад, — гуфтам ман бо оҳанги суол.
— Зоҳиран ба хубӣ, — гуфт дар ҷавоб ва оҳе кашида давом намуд, — ман умри ҷавони худро — умреро, ки дар он вақт ҷавонон, умуман ва духтарон, хусусан, аз ғалаёни хуну орзуҳои ҷавонӣ девона барин мешаванд, дар зери шиканҷаи модари ӯгай гузаронда дилмурда шуда будам. Баъд аз он ки худ бонуи хона шудам, гоҳе дар дилам мегузашт, ки «акнун ман ба шавҳар равам, бад намешавад, чунки падарам пир шудааст ва ҳеҷ кас дар дунё абадӣ зинда намемонад. Агар ман аз он шавҳари мавҳумӣ фарзандон, ё ҳеҷ набошад, ягон фарзанд ёбам, баъд аз сари падарам танҳо намемонам», ин фикри ман на ба хоҳиши орзуи ҷавонӣ (зеро чунонки гуфта гузаштам, он гуна хоҳишҳои ман кайҳо мурда буданд), балки барои тадбири зиндагонии ояндаам буд. Дар ин сурат, албатта, кӣ будани он шавҳар ба ман фарқ надошт. Аммо як воқеа рӯй дод, ки ба ин хоҳиши ман хам роҳ надодани бахти сиёҳи худро донистам. Духтари бечора як хомӯш монда нафасашро рост гирифта, боз давом кард: ин воқеа ба ин тариқа рӯй дод: аз хоҷаӯбониҳои шаҳри Бухоро як каси 50-сола ҳаст, ки зани ӯ .мурда буд. Ӯ маро талаб карда хостгор фиристод. Ман дар паси дар истода ҷавоби ба хостгор додаи падарамро шунидам. Падарам дар ҷавоби талаби ӯ гуфт: — «Ман пир шудаам, фарзанди дигар надорам. Ин духтар ягона фарзанди ман аст, ки саровонии хонаи маро мекунад. Ман ӯро ба касе медиҳам, ки ба ман хонадомод шавад. Хостгор барои саровонии хона зан гирифтанро ба падарам маслиҳат дод. Падарам аз бадкирдорӣ ва дуздии занони сайиба (бева) шикоятҳо карда:
— Агар ягон духтари хурдсоли чашм накушода, масалан, 12-сола мешуд, мегирифтам, — гуфт ва илова кард, — дар он сурат ҳам духтарамро ба шавҳар дода аз хона дур карда наметавонистам, — падарам дар охири суханаш ба хостгор қатъӣ карда гуфт: — шарти якуми ман, ба домодшаванда қабули хонадомодӣ аст.
Духтар баъд аз нақли суханони ба хостгор гуфтаи падараш, давом намуда гуфт:
— Албатта, он домодшаванда, ки дар шаҳр ҳавлӣ дорад, дастгоҳи эшонӣ ва девонахонӣ дорад ва фарзандони баркамол ҳам дорад, хонадомодиро қабул накард. Баъд аз ин воқеа ба ман маълум шуд, ки ман аз дунё дар танҳоӣ ва бекасӣ хоҳам гузашт. Зеро аз Хоҷа Ӯбониҳо каси дигаре нест, ки шаҳрро гузошта ба ин биёбони регзор омада, ба дари хонаи падари хасиси искити ман хонадомод шуда нишинад.
Духтари сиёҳбахти ноком суханони охиринашро, хусусан он калимаҳоро, ки «аз дунё дар танҳоӣ ва бекасӣ гузаштани худаш»-ро ифода мекарданд, дар зери бори гаму андӯҳи гарон мегуфт. Баъд аз тамомияти суханаш ҳам ӯ ба офтобе монанд менамуд, ки дар зери абри сиёҳ монда бошад.
Аммо баъд аз фурсате дар чеҳраи духтар осори шодмонӣ пайдо шуд ва табассумкунон аз нав гап сар кард:
— Ман дар умри худ, ягон бор бошад ҳам, на танҳо ба назари муҳаббат, ҳатто ба назари оддӣ ҳам ба рӯйи марде нигоҳ накарда будам, — гуфт духтар ва эзоҳ дод, — зеро чунонки дар саргузашти худ гуфтам, ман дилмурда шуда будам ва, чунончи мардум мегӯянд «давуча нашуда ғӯлунг шуда будам», — духтар қадре хомӯш монд ва тобиши шӯълаи шодӣ дар чеҳрааш зиёдтар шудан гирифта давом намуд:
— Аммо дар ин миён коре шуд, ки ман ба як мард муҳаббат пайдо кардам. Рӯзе касе пайдо шуд, ки ба баъзе одатҳои анъанавии хоҷаӯбониҳо муқобил баромад. Ман, ки қурбони одатҳои хонадонии худ будам, дар дилам нисбат ба он қаҳрамон як муҳаббати ғоибона бедор шуд ва орзуи дидани ӯ дар дилам гузашт. Ман ин орзуи худро аз паси дару девор ба ҷо овардам ва дидам, ки он мард як ҷавони зебост, муҳаббати ман ба ӯ зиёдатар шуд. Баъд аз он кӯшиш кардам, ки ӯро аз наздиктар бинам ва овози ӯро шунавам. Хушбахтона, ин орзуям на як бор, балки чандин бор ба вуқӯъ омад ва дар ҳар боре, ки ӯро медидам, муҳаббатам нисбат ба ӯ аз пештара зиёдтар мешуд. Охир рафта-рафта ин муҳаббат ба дараҷае расид, ки вайро шоирон «ишқ» меноманд ва аз дасти сӯзу гудози вай чун моргазида меноланд…
Духтари моҳпайкар андаке хомӯш монд. Зоҳиран ёдоварии пайдо шудани ишқи аввалинаш дили ӯро ба ҳаяҷон оварда буд, ки ду кафи дасти худро аз ду тараф ба зери бағалаш бурда ба паҳлуҳои худ гузошт ва сахт молиш дода, ба сари сандуқаи синаи худ оварда ба ҳам пайванд дод, баъд аз он кафҳои дастонашро ба панҷаҳояш бо ҳам печонда, як-ду бор фишори сахт дода ба сухани худ давом кард:
— Муҳаббат, — гуфт ӯ, — ба фаҳми ман, дар дили ҳар ҷавон ҳаст. Аммо вай монанди оби пешбаста дар паси дамма афтида, ором меистад. Маълум аст, ки ин гуна об ба тарафе майл кунад ва роҳи ҳаракати худро ёбад, аввал кам-кам ҷорӣ мешавад ва рафта-рафта ҷараёни ӯ ба дараҷае мерасад, ки касе дубора пеши вайро баста наметавонад ва ӯ ҳамаи бандҳо ва монеаҳоро бардошта мепартояд. Ҳамчунин муҳаббати ман низ ба он ҷавон аввал як майли оддии қалбӣ бошад ҳам, кам-кам ва бо диданҳои пай дар пай ба дараҷаи камол расид ва рафта- рафта ба андозаи бардошта партофта тавонистани ҳамаи монеаҳо қувват гирифт…
Духтари рӯҳшинос хомӯш монд ва ин хомӯшии ӯ дароз кашид, аммо, монанди он ки ба ман чизе гуфта аз ман нигарони ҷавоб бошад, чашмони худро ба ман дӯхта меистод. Ман ба ин мулоҳизаи ӯ пай бурда дар мақоми ҷавоб аз ӯ пурсидам:
— Он марди хушбахт кӣ буд?
Духтар ба ҳамон вазъияти аввалиаш ба ман чашм дӯхта истода ва табассуми дандоннамое карда гуфт:
— Агар то ҳол аз ҳаракатҳои ман ва аз суханони дар ин ҷо гуфтаам кӣ будани он ҷавонмардро нафаҳмида бошед, ман ошкоро мегӯям, ки он шумо будед! Шумо будед, ки ҳилаҳои кафшпешмониҳои хоҷаӯбониҳои моро кушода, бо ҷасорати тамом ба падарам маълум карда, ӯро масхара намуда, дар доми худ кашидед, ин кори шумо буд, ки маро дар бораи ба воситаи шумо имконияти вайрон карда шудани баъзе анъанаҳои дигари хоҷаӯбониҳо умедвор кард ва ба ин сабаб ман ба шумо муҳаббат пайдо кардам ва рафта-рафта ин муҳаббат ба дараҷаи камол расид; ин шумо будед, ки маро дубора зиндадил карда, дубора дар дили ман орзуҳои ҷавониро бедор гардонидед! Ин шумо будед, ки мани 28-соларо дубора ба 18-солагӣ овардед, хулоса ин шумо будед, ки ишқатон маро ба вайрон кардан ва аз пеш бардошта партофтани ҳамаи монеаҳо водор кард, ниҳоят, ин шумо будед, ки ман аз ғалаёни хуни ҷавонӣ маҷбур шудам, ки дар пеши шумо сари ризову таслим хам кунам…
Бо шунидани ин суханҳои меҳрангез ишқи ман ба он духтари волоназар яке бар сад афзуда ҳаяҷони қалби маро ба ҷодае расонда буд, ки чӣ карданамро ва чӣ гуфтанамро намедонистам ва ман ҳаминро медонистам, ки ман ӯро девонавор дӯст дошта будам ва аз ғалаёни сӯзиши ишқ ва шавқ чун мӯйи оташдида ба худ мепечидам. Дар ин вақт он духтари моҳсимо ба назари ман на он духтар буд, ки дар аввали мулоқот ман девонавор майл доштам, ки ҳар чӣ зудтар ман ба ӯ наздик шавам ва бо бӯсаю канор оташи дили сӯзони худро таскин диҳам. Рости гап ин аст, ки ман дар аввали мулоқот ӯро як духтари сабукпойи ҳарҷойӣ гумон карда будам, ки он шаб насиби ман шудааст. Дар ин вақт он духтар ба назари ман як ҳусни муҷассам менамуд, ки дар зимни зебоии сурат камоли маънавиро дар бар гирифта буд. Агар хулоса карда гӯям, муҳаббати ман нисбат ба ӯ дар аввали мулоқот ишқи ҳайвонӣ бошад, ҳозир ба дараҷаи ишқи инсонӣ боло рафта буд…
Духтар дар андеша фурӯ рафта, маро гирифтори ҳаяҷон ва ошуфтагӣ дида, боз худаш ба сухан даромад:
— Оре, ишқи шумо маро маҷбур кард, ки ман сари таслиму ризо ба пеши шумо хам кунам, — гуфт ӯ ва давом кард, — лекин маънии таслиму ризои ман он нест, ки ман ҳоли ҳозир ба ҳар гуна ҳаракатҳои густохонаи шумо бардошт кунам. Ин кори духтарони ҳарҷойии сабукпой аст. Ман мехоҳам, ки агар тақдир рафта бошад, ман бо шумо бо никоҳи расмӣ рӯйирост зиндагонӣ намоям, вагарна ман дар танҳоӣ дар зери ғаму кулфату андӯҳ ҳалок шавам ҳам, ба он гуна ҳаракатҳои беномусонаи сабукпоёна тан нахоҳам дод.
— Ман на танҳо розӣ, балки аз ҷону дил ва девонавор роғиб мебошам, ки муҳаббати қалбии мо бо ҳам, дар зоҳир ҳам бо риштаи никоҳ баста шуда, мо бо ҳам инсонвор зиндагонӣ намоем, — гуфтам ман дар ҷавоб ва илова кардам: — Аммо ин корро назар ба фикри ту бо ин падари якраҳаи ту чӣ гуна ба вуқӯъ меорем?
— Як роҳ ҳаст, — гуфт ӯ, — ‘аммо бо он роҳ рафтан ва падарамро ба он роҳ даровардан вобаста ба кӯшиши ҷиддиёнаи шумо мебошад.
— Кадом роҳ аст он? — гӯён ман бо ҳаяҷон пурсидам.. Зеро назар ба фикри ман ягон роҳе ба назарам наменамуд, ки ман бо вай рафта ба хоҷаӯбониҳо домод шуда тавонам ва илова кардам: — ман тайёрам, ки дар он роҳ ба сарам равам ва агар сарам равад ҳам, аз он роҳ барнагардам!
Духтар табассуме карда гуфт:
— Агар он роҳ роҳе бошад, ки дар вай эҳтимоли рафтани сари шумо бошад, пас он роҳ барои ман чӣ даркорӣ дорад. Охир, сари шумо дар пеши ман на танҳо аз хоҳишҳоям, аз ҷонам, аз дилам ва аз ҳамаи ҳастии худам хам азизтар аст. Роҳе ки ман фикр кардам, роҳи оддӣ аст. Аммо падарамро ба он роҳ даровардан қадре душворӣ дорад, ки он ба кӯшиши шумо вобаста аст, Духтар дар эзоҳи он роҳ гуфт:
— Ман шунидаам, ки баъзе хоҷагони шаҳрӣ, вақте ки аз хешовандони худҳошон домодшаванда ёфт нашавад, духтарҳошонро ба муллоҳо медодаанд ва муллоҳоро дар шараф баробари хоҷагон мешуморидаанд. Шумо ягон касро ёфтанатон даркор аст, ки ин роҳро ба падарам маъқул кунонад ва шуморо барои хонадомодӣ тақдим намояд.
Ӯ хомӯш монда мунтазири ҷавоби ман шуд. Ман дар андеша афтода будам, ки кадом рӯбоҳро ёфта ба пеши ин гурги пир фиристонам, то ки ӯро ба ин роҳ дароварда тавонад. Духтар аз фикр карда мондани ман пиндошт, ки ман дар андешаи баъзе мулоҳизаҳои баъд аз никоҳ афтодаам, ӯ он мулоҳизаҳоро ба тарзи эҳтимол баён карда, дар роҳи бартараф кардани онҳо гуфт:
— Эҳтимол, шумо ба хонадомод шудан ва ба ин ҷо омада дар ин биёбони регзор зиндагонӣ намудан розӣ набошед. Лекин шумо ин шартро то никоҳ қабул карда истед, басанда аст. Баъд аз никоҳ ман канизаки шумо мешавам, дар он вақт ихтиёри ман мувофиқи шариат дар дасти шумо мешавад, — хоҳед, ин ҷо менишинед, хоҳед, аз ягон ҷой ягон кулба ёфта маро он ҷо мебаред.
Ман даҳан рост карда мехостам ҷавоб диҳам, аммо ӯ бо дасти худ маро ба хомӯш истодан ишора карда, дар пайи баёни як мулоҳизаи эҳтимолии ман ва дафъи он афтода давом намуд:
— Аҷаб нест, ки дар хотири шумо мулоҳизаи душвории рӯзгор афтода дар фикр фурӯ рафта бошед. Аммо ман дар ин бора пешакӣ гуфта мемонам, ки агар шумо маро ба шаҳр баред, ҳеҷ гуна вазнинии ман ба шумо намеафтад. Чунки ман дар муддати ин даҳсола танҳоӣ то фурсат ёфтам, китоб хонда саводи худро баланд кардам ва ҳар гоҳ, ки китобхонӣ дилгирам кард, ба дарздӯзӣ машғул шуда, ин ҳунарро ҳам ба камол расондам. Ман дар шаҳр метавонам, ки духтарони одамонро хононда, ё ин ки дарздӯзии касона карда як лаб нон ёбам. Ҳарчанд ман дар розӣ шудани падари ӯ шак дошта бошам ҳам, ба ӯ боварӣ додам, ки падарашро ба роҳ дароварда метавонам: аввал худ дидадаройӣ карда дили ӯро ба даст мегирам ва баъд аз он одами соҳибнуфузеро ёфта, ба ӯ хостгорӣ мефиристонам.
Дар ин вақт, ки моҳ аз болои сари мо гузашта ба тарафи ғарб майл карда буд, дар тарафи шарқ сафедии манорамонанде акси худро ба осмони кабуд андохта вайро сафедчатоб мекард.
Духтар аз ҷойи худ хеста истода гуфт:
— Шумо маро дубора зиндадил карда, орзуҳои ҷавониро дар дили ман бе-дор намудед. Ман дубора ба зиндагонии хушбахтона умедвор шудам. Баъд аз ин дар ин умед зинда мондани ман дар дасти шумост. Чунонки дар як баёз хонда будам:
То чӣ хоҳад кард бо ман даври гетӣ з-ин ду кор:
Дасти ту дар гарданам, ё хуни ман дар гарданат.
Ман, ки баробари ӯ аз ҷо хеста дар рӯ ба рӯяш рост истода будам, дастони ларзони худро ба гардани латифи атласи сафедмонанди ӯ андохтам, ӯ дастони тафсони худро аз бағалам гузаронида маро пеш кашид. Лабони тафсон монанди ду сими электрикӣ чунон ба ҳам сахт часпида буданд, ки аз ҳам ҷудо шудани онҳо душвор менамуд. Дар ин вақт рӯшноии рӯз чун бахти сафеди мо ба сари мо партав афганда буд. Аммо бахти моро сиёҳ кардани ин рӯшноӣ ҳам мумкин буд. Бояд ба ҳамин мулоҳиза бошад, духтар:
— Вой! Расвоӣ наздик расид, — гӯён маро сар дод ва гурехт. Ман як вақт аз худ хабардор шудам, ки монанди як ҳайкали беҷон шах шуда мондаам. Акнун сафедии рӯз ба дараҷае расида буд, ки аз сад қадам дуртар одам одамро шинохта метавонист. Ман, бе он ки ба работ наздик шавам, аз тарафи ҷанубтари вай, аз пасхамиҳои хомаҳои рег гузашта ба мазор расидам ва ба чиллахонаи худ даромада дарро ба рӯйи ошнову бегона бастам ва дар он кулбаи эҳзон бо хаёли ҷонон розу ниёз карда нишастам…
Рӯзи дигар мутаваллӣ аз шаҳр омад. Аз ҳама пештар ба зиёрати ӯ ман рафтам, ба ӯ бо хушмуомилагӯйиҳои мунофиқона дидадаройиҳо кардам ва барои дар вақти монда шуда омаданаш ӯро зиёда ташвиш надодан аз пеши ӯ зуд баргаштам. Баъд аз он ба ҳар муносибате пеши ӯ медаромадам ва дар сӯҳбат, дар рафти сухан гапро дар бораи аҳволи хусусӣ ва оилавии ӯ оварда кунҷковиҳо мекардам. Аммо дар хар бор он рӯбоҳи пир ба пурсишҳои ман ҷавобҳои кӯтоҳ дода, аҳволи хонаводагии худро намекушод, ки ман ба ӯ «маслиҳатҳо» диҳам. Вақт мегузашт. Аммо дар кори ман кушоише наменамуд. Ситора зуд-зуд пеши ман омада аз офтобам салом мерасонд ва аз чигунагии аҳволи ман мепурсид. Маълум буд, ки он моҳи меҳрубон ба рафти кӯшишҳои ман ва натиҷаи он бесаброна нигарон аст. Аммо он пиракӣ ба ҷое намерафт, ки ман ба дилороми худ вохӯрда бо суханҳои рост ё дурӯғ дили ӯро ором диҳам…
Охир воқеае рӯй дод, ки он гурги пир беихтиёрона аҳволи оилавии худро, лекин бо ҳилагариҳои рӯбоҳона, дар пеши ман кушода партофт: рӯзе аз хоҷагони баҳоуддинӣ — аз як хоҷаи 60-солаи занмурда ба духтари ӯ хостгор омад. Ӯ талаби он хостгорро рад карда фиристод. Ман аз ин воқеа фоида бурдан хоста, ба пеши ӯ даромада худро аз рад шудани талаби он хостгор бехабар нишон дода, ӯро бо тӯйи духтараш муборакбод гуфтам. Ӯ дар ҷавоб рад шудани талаби хостгорро ба ман нақл карда, дар бораи сабаби рад карданаш гуфт:
— Аҷдоди мо ба ҳазрати Усмон, ки ёри сеюми пайғамбаранд, мерасанд. Хоҷагони баҳоуддинӣ бошанд, номи хоҷагиро баъд аз Баҳоуддини Нақшбанд 74 ба худ бастаанд. Аммо киҳо будани бобоҳои Баҳоуддин номаълум аст. Аҷаб нест, ки силсилаи насабии Баҳоуддин ба оташпарастони пеш аз исломи Бухоро рафта расад. Дар ин сурат баҳоуддиниҳо дар шараф чӣ гуна бо мо баробар шуда метавонанд, ки мо ба онҳо духтар диҳем!
— Аз рӯйи шуниди ман, — гуфтам ба ӯ, — синни каримаи мастура (духтар)-ашон хеле калон шудааст. Аз рӯйи шариат яке аз ҳақҳои духтар ба падар он аст, ки баъд аз ба балоғат расиданаш зуд ӯро ба шавҳар диҳад. Ҳар чӣ зудтар он азизро ба шавҳар медоданд, беҳтар буд.
— Мо дар мадраса кам хонда бошем ҳам, шариатро медонем, — гуфт мутаваллӣ, — шариат ҳамеша дар вақтҳои зарурат аз қоидаҳои худ истисно мекунад. Чунончи дар «Чоркитоб» 75 дар мавриде гуфта шудааст, ки «гар зарурат бувад, раво бошад».
Мутаваллӣ дар бораи «зарурате», ки тӯйи духтарашро дер монондааст, аввал ёфт нашудани домоди «баробаршараф»-ро, баъд аз он аҳволи оилавиро, ки ман аз пошшохон шунида будам, бо тафсилоти дуздии зани охиринаш ягон-ягон гуфта, дар охири суханаш:
— Мо хоҳиш дорем, ки агар аз хоҷагоне, ки ба мо дар шараф баробар мебошанд, домодшавандае ёфт шавад, оҷизаамонро ба ӯ дода, ӯро хонадомод кунем. Аммо ҳамин гуна домодшаванда ёфт нашуда истодааст. Ҳама кор ба тақдиру насиба вобаста мебошад, — гуфт ва қадре хомӯш монда боз давом кард: — синни оҷизаро ба шумо магар бисёр калон нишон додаанд. Аммо ӯ дар ҳақиқат акнун ба 18 даромадааст. Дуруст аст, ки аз рӯйи шариат духтаронро дар 9-солагиашон ба шавҳар додан мумкин аст ва барои бастани чашми духтарон аз номаҳрамон ин як тадбири калон аст, аммо ба сабабҳое, ки арз карда шуд, бахти ҳамшираатон ба зудӣ кушода нашуда истодааст.
— Аз рӯйи шариат, — гуфтам, — муллоҳо ҳам дар шараф бо хоҷагон баробаранд. Модом, ки аз хоҷагон домодшаванда ёфт намешудааст, ягон муллои боб ёфта хонадомод кунанд, мешавад.
Ман як дам хомӯш монда, кӯшиш кардам, ки ба ӯ чӣ гуна таъсир кардани сухани охирини худро дар чеҳраи ӯ мушоҳида кунам. Бадбахтона дар чеҳрааш равшан дидам, ки аломати норизоии ғазаболуде пайдо шуда буд. Бо вуҷуди ин сухани худро давом додам:
— Аммо ба ҳар мулло бовар кардан дуруст нест, бояд муллои ба ҷанобашон хонадомодшаванда дар ин хонадон ғуломвор хизмат кунад, ӯ бояд мусофир бошад, дар шаҳр ҳавлӣ надошта бошад, то ки дар истиқомати ин даргоҳ собитқадам монад. Ба болои ин, бояд он муллои хонадомодшаванда аз сирри кашфу каромоти ин даргоҳ хабардор бошад, ки дар «изҳори каромот» ба ҷанобашон ёрӣ расонад. Агар ҷанобашон илтифот кунанд, он навъ муллое, ки ин сифатҳо-ро доро бошад, ба осонӣ ёфт мешавад. Албатта, ҷанобашон ба давлатманд будани домодшаванда мӯҳтоҷ нестанд. Давлати худашон, худо зиёда кунад, басанда аст. Хонадомоди қашшоқе, ки ба сифатҳои мазкур доро бошад, ба зиёда шудани ин давлати худодод сабаб ҳам мешавад.
Албатта, ман бо ин суханони охиринам худро ба хонадомодӣ тақдим карда будам. Чунки ҳамаи шартҳо ба худам рост меомаданд. Ман мусофири кӯлобӣ будам, дар Бухоро ҳавлӣ надоштам, аз сирри кафшпешмонӣ ҳам, ки аз ҷумлаи «каромоти» он даргоҳ буд, хабардор будам. Ба болои инҳо қашшоқ ҳам будам. Ҳарифи ҳилагар ҳам мақсади маро фаҳмида, аз чеҳрааш он аломати норизоии ғазаболудро дарҳол барҳам дода, ниқоби шодмонии сохтаро ба рӯйи худ кашид. Аммо дар зери он ниқоби сохта ҳанӯз нуҳуфта будани норизоии ғазаболуд аз чашмони кунҷкови ман пӯшида намонд. Бо ҳамаи ин ки он гурги борондида «ман» будани он домоди шартиро фаҳмида буд, худро ба нодонӣ зада, бо оҳанги ҳамон шодмонии сохта ҷавоб дод:
— Кошки, тақдир рафта бошаду ҳамин гуна ягон мулло ёфт шавад. Мо тайёрем, ки дарҳол аз кисаи худ тӯйи калон карда оҷизаи худро ба ӯ дода, як фарзанди худро ду намоем, — гуфт ӯ ва илова кард: — дар ин ҷо бо муллоҳо мулоқот кам меафтад. Чӣ мешавад, ки шумо дар ин кор ба мо ёрмандӣ расонед ва зудтар шаҳр рафта ягон муллоеро, ки сифатҳои мазкур дар вай рост ояд, ёфта, дар назари мардум аз ҷониби ӯ ба фиристодани ягон одами машҳури мӯътабар барои хостгорӣ сабаб шавед.
Сар то сари ин гуфтаҳои ин гурги солхӯрда пур аз ҳилаву найранг буда, мақсади ҳақиқии ӯ аз ғайри ранҷонидани ман зудтар рондани ман аз хонадонаш буд. Чунки ӯ будани як ҷавони занхоҳро дар наздикии як духтари калонсоли шавҳарталаб таҳлуканок медонист. Барои хостгорӣ талаб кардан як одами «машҳури мӯътабар» барои ин буд, ки назар ба урфу одат ҳеҷ як одами «машҳури мӯътабар» барои як муллобачаи қашшоқи пойлуч хостгориро қабул намекард ва ба ин сабаб талаби ман ба ӯ нарасида муаллақ мемонд.
Ман баъд аз ин сӯҳбат дар душвории сахте монда будам: ман мебоист «барои ба ӯ домоди боб ёфтан» зудтар ба шаҳр мерафтам. Ва ҳол он ки ман натиҷаи кӯшиши худро ба дилороми нокоми худ нафаҳмонда чӣ гуна рафта метавонистам. Пири сиёҳзамир бошад, ҳеҷ аз хона дур намешуд, ки ман бо духтараш фурсати мулоқот ёбам…
Охир, рӯзе мутаваллӣ ба тумани Ҷондор барои тӯйи яке аз муридонаш рафт. Ман мунтазири Ситора шуда аз хона набаромада нишастам. Ситора маро бисёр нигарон накарда омад ва гуфт:
— Пошшохонам ба шумо салом доранд. Мутаваллибобом имрӯз тӯй рафтанд, шабона меомадаанд. Пошшохонам таъин карданд, ки дар аввали торик шудани шаб шумо ба пеши дари партави работ равед будааст. Худашон дар паси он дар ба шумо нигарон меистодаанд.
Ситораи саодатшарора хабари хешро ба ман расонда рафт. Аммо ман дар миёнаи ҳисҳо ва ҳаяҷонҳо монда чӣ кор кардани худро намедонистам: якум он ки, ман баъд аз гузаштани муддати дароз аз мулоқоти аввалӣ боз имшаб дар торикӣ бо он моҳи тобон мулоқот мекардам. Ин лаззате буд, ки маро аз ҳаяҷон ба нишемангоҳҳои ҷаннати хушбахтӣ мебаровард, дуюм ман медонистам, ки ин мулоқот мулоқоти охирини мо хоҳад шуд. Тасаввур кардани ин бадбахтӣ маро ба дӯзахи ноумедӣ ва маҳрумӣ меандохт, сеюм, ман мебоист дар ин мулоқот дили беороми маҳбубаи дилороми худро бо суханҳои дурӯғ ором медодам, дар сурате ки ман медонистам падараш талаби маро рад хоҳад кард, сахттарин душвориҳо ин буд, ки агар духтар рӯзе фаҳмад, ки падараш талаби маро рад кардааст, саломатии ӯ, ҳатто зиндагиаш, дар зери хавф мемонд. Бо тасаввури ин ҳол ман метарсидам, ки имшаб дар вақти мулоқот дар пеши ӯ худдорӣ карда натавонам. Бо ин мулоҳизаҳо ман он шаб дертар омадани торикии шабро хоҳон будам. Аммо бадбахтона он торикӣ монанди бахти сиёҳи ман ва он духтар зуд омад ва ман ҳам оҳиста-оҳиста, таг-таги девори работ ба тарафи ваъдагоҳ равон шудам. Ман дар пеши дари партави работ расида будам, ки он дар кушода шуда аз он ҷо як парие, ки ман тасвири он гуна париҳоро дар китобҳои афсонавӣ бисёр хонда будам, баромад. Ин ороми ҷони ман, балки худи ҷони ман буд, ки ба шакл ва қиёфаи париёни афсонавӣ зоҳир шуда буд: дар тан куртаи атласи сиёҳтоб дошт, ки ӯро бо торикии шаб ҳамранг медошт, бар сараш на каллапӯш буд, на сарандоз, ба ҷойи онҳо мӯйҳои сиёҳи мушкинфоми нобофтааш аз гирдогирди сараш ба давродари камараш парешон гузошта шуда буданд, ки нӯгҳои он мӯйҳои диловези овезон аз хамгашти зонуҳояш пойин гузашта ба боло хам хӯрда, ҳалқаҳои қатори домҳои мӯйинро ба назар намоён мекарданд. Ҳақиқатан ҳам он ҳалқаҳо домҳое буданд, ки мурғи дили бинанда ғайр аз гирифтор шудан ба онҳо чорае надошт. Як қисми он мӯйҳои марғуладори пуршикан аз ду тарафи рӯйи он парисимо ба канораш фурӯ афтода, симои ӯро ҳақиқатан ҳам ба парии афсонавӣ монанд карда буданд. Маълум буд, ки ӯ сарашро шуста, мӯҳояшро шона зада, аммо ба бофтан фурсат наёфта ба пеши ман баромада буд, ё қасдан набофта баромадааст, ки бо нишон додани он зулфони парешон дар ҳолати табииашон, маро зиёфати видоӣ намояд.
Он парисимо бо як чобукии «париёна» аз дар баромад ва пеш аз он ки ман дастони ӯро дошта бибӯсам, ӯ аз банди дастонам гирифта маро дар зери девори работ кашид. Мо ҳар ду монанди сурати девор — беҳаракат рӯ ба рӯйи ҳам истодем. Ӯ маро бо як ҳаяҷони шодмонӣ табрик намуда:
— Шунидам, ҳамаашро аз паси дар шунидам, шумо ба падарам аҷаб моҳирона гап задед. Ман пай бурдам, ки ӯ мақсади шуморо фаҳмида дар дили худ розӣ ҳам шуд. Аммо аз шармаш худро ба нодонӣ зада, зимнан ба воситаи хостгор пешниҳод кардани матлабатонро талаб кард. Ин мӯйсафеди пурдида дар фаҳмидани замири дили одамон ҳамтоӣ надорад. Худ кай шаҳр меравед, кай хостгоршавандаатонро ёфта мефиристонед? То ҳол чаро нарафтед? Агар дар рӯзи дуюми он сӯҳбате, ки бо падарам кардед, мерафтед, кайҳо хостгоратон омада корро пухта мерафт. Кори хайрро дер монондан дуруст нест, «дар таъхир офатҳост» — гуфтаанд. Аз тарзи гуфтори ӯ маълум буд, ки вай суханони ба ман гуфтаи падарашро тамоман бовар кардааст. Ӯ бесаброна мехост, ки ман зудтар шаҳр рафта, хостгор фиристода корро пазонам. Назар ба ақидаи вай, «кори хайр» (никоҳ) фақат ба омада рафтани хостгор нигоҳ карда монда буд. Ҳамин ки хостгор омада рафт, даррав тӯю никоҳ шуда, мо рӯйирост бо ҳам мепайвастем.
Ман ба ҳамаи пурсишҳои ӯ ҷавоб надода, танҳо барои зуд ба шаҳр нарафтанам сабаб нишон доданро муносиб дидам ва гуфтам:
— Ман мехостам, ки зудтар рафта хостгор фиристонам. Аммо туро надида, аз ту иҷозат нагирифта, видоъ накарда чӣ гуна рафта метавонистам?..
— Хуб, акнун маро дидед, иҷозат ҳам мегиред, видоъ ҳам мекунед. Баъд аз он кай меравед? — гӯён сухани маро бурида пурсиши аввалини худро такрор кард.
— Падарат ки омад, аз вай рухсат гирифта ба раҳ мебароям!
— Падарам ҳозир меоянд. Ман Ситораро дар раҳрави берун мондам, ки ҳар вақт падарам аз дарвоза дарояд, ӯ давида омада ба ин дар наздик шуда сулфа кунад, то ки пеш аз ба ҳавлии дарун даромадани он кас ман худро дар даруни работ гирифта дарро аз дарун бандам, — гуфт ва илова кард: — ҳоло як хабари хуши дигарро ман ба шумо нагуфтаам: падарам барои шумо як ҷомаи рӯйпӯшии нав дӯзонда, як каллапӯшу як саллаи нав ҳам тайёр карда мондаанд. Маълум мешавад, ки мӯйсафеди дурандеш домодшавандаашро ба пеши хостгоршаванда рост карда (ороста) фиристоданро лозим донистааст.
Маълум мешуд, ки маҳбубаи содадили ман барои ман сарупо (либос) тайёр кардани падарашро «барои оростани домодшаванда» пиндошта, он ҳодисаро як «хабари хуш» гӯён ба ман мерасонад. Ва ҳол он ки он сарупо барои бастани даҳони ман аз фош кардани «сирри кафшпешмонӣ» буд, ки ӯро падараш дар рӯзҳои аввали омаданам ба ман ваъда карда буд. Аммо ман ҳам барои беқувват накардани далелҳои умедвории ӯ он хабарро як «хабари хуш» шумурдам ва барои ба ман расонданаш ба ӯ ташаккур баён намудам ва дар бораи ҷавоби суоли охиринаш:
— Агар падарат имшаб ояд, ман ҳам фардо пагоҳонӣ аз вай рухсат гирифта ба шаҳр меравам, — гуфтам ва дар ҳолате ки дар чашмонам об чарх мезад, дастонамро. ки ҳанӯз дар дастони ӯ буданд., кашидан хостам, ки пеш аз гулӯгир шудани гиряам, аз вай дур шавам, то ки бо ҳолати парешони худ ӯро дар ташвиш ва шубҳа наандозам. Аммо ӯ дастони маро сар надода боло бардошта ба ман наздиктар шуд. Табиист, ки ман ҳам ба ӯ наздик рафта худро ба ӯ часпондам, дастони боло бардошташуда аз ҳам ҷудо гардида аз гарданҳо ва бағалҳо гузаштанд. Аммо гиряи ман шиддат карда, оби дидаҳо шорида фуромада рӯю ришамро тар кардан гирифт ва садои ҳиққасзании гулӯи гирифтаам ба духтар шунида шуд. Ӯ бо оҳанги тааҷҷуб гуфт.
— Охир, чаро гиря мекунед? Вақти гиряи мо гузашт, замони хандаву шодмонии умриамон наздик расид. Магар дар ин вақт гиря муносиб аст?
— Ман чаро гиря накунам, ки, — гуфтам, — аз ту ҷудо шуда дур рафта истодаам! Дар вақтҳое, ки ман ин ҷо будам, аз ту дур бошам ҳам, ба дарат наздик будам. Акнун ман бояд ба ҷое биравам, ки аз дари ту панҷ фарсах дур аст.
Албатта, ин сабабе, ки ман ба гиряи худ нишон додам, барои пинҳон доштани сабаби ҳақиқии гиряам буд, аз он дилбари дилнавози соддадил. Аммо дар ҳақиқат ман барои он мегиристам, ки назар ба дарёфти худам, аз вай ба тарзи абадӣ ҷудо шуда истода будам. Аз ин ҳам зиёдтар маро аҳволи ояндаи ӯ дар ташвиш андохта буд, зеро агар ӯ ба рад шудани талаби ман яқин пайдо кунад, ба фикри ман, дар таҳлука мондани ҳаёташ муқаррар буд. Ин мулоҳиза маро ба ҷое расонда буд, ки барои зудтар халос шудан аз ин азоб ба ҳалокати худ толиб будам.
Ороми ҷони ман бо меҳрубонии тамом рӯю мӯйи худро ба чашму рӯйи тарам молида истода механдид ва дид, ки хандааш маро аз гиря бознамедорад, ҷиддиёна гуфт:
— Охир, бас кунед! Шумо бачаи хурдсол нестед. Дар дур рафтани шумо гиря кардан ҳаққи ман буд. Лекин ман ба умеди ояндаи хандон аз ҳамин вақт сар карда хандида истодаам. Ман шуморо ба ин дараҷа бесабр намепиндоштам. Дуруст аст. ки дарди ҳиҷрон зӯр аст. Аммо зӯрии вай аз шумо зиёдтар ба гардани ман афтода истодааст. Бо вуҷуди ин ман ин бори вазнини муваққатиро бо ёрии қувваи умеди ояндаи дурахшон бардошта истодаам. Шумо, ки мард мебошед, мардона шавед. Чун ӯ дид, ки ман бо он гуна тасаллидиҳиҳо тасаллиёб намешавам, аз ҷиддигӣ ба ҳазлу шӯхӣ гузашта ишвабозиро сар кард ва бо овози гиряи сохта: — Агар ором нагиред, ман ҳам гиря мекунам. Ана гиряам омад. Бинам канӣ ба гиряи ман чӣ навъ тоб меоред? — гуфт ва маро танг дар бағал кашид. Дар ҳамин вақт садои сурфаи Ситора баромад, духтари меҳрубон музтарибона болои ҳам бар рӯям ду-се бӯса зада дилкашолона маро партофта:
— Хайр, то дидан дар паноҳи худо бошед! Маро фаромӯш накунед! Хостгорро зудтар фиристонед Аз пайи вай худатон ҳам зудтар биёед! — гӯён ба работ даромада дарро баст ва ман ба девор такя карда хушкида мондам. Барои ман ҳама чиз тамом шуда буд. .. Баъд аз фурсате оҳиста-оҳиста таг-таги девор рафта, ба мазор даромада худро базӯр ба чиллахона гирифтам ва дар он ҷо, бе он ки овоз барорам, ба дилхоҳи худ дарун-дарун то рӯз гиристам. Баъд аз рӯз шудан ба сафари шаҳр тайёрӣ дидам.

Бадбахтии пурфоҷиаи духтари ноком

Ман баъди ба шаҳр омаданам, бо вуҷуди ин ки медонистам талаби ман аз тарафи он пирсаг рад хоҳад шуд, дар пайи хостгорфиристонӣ афтодам. Чунки агар хостгор намефиристодам, духтар муқаррар мекард, ки ман ӯро фиреб дода гурехтаам. Дар он сурат аз ин алам ғуссамарг шудани ӯ мумкин буд. Ба болои ин, ман дар назди ӯ фиребгари бевиҷдон шуда мемондам. Бинобар ин мулоҳизаҳо «ҳар чӣ бодобод!» — гӯён хостгор фиристоданро лозим донистам. Хостгоршаванда ҳам ёфт шуд. Ин як хоҷае буд аз хоҷагони шайхрангрезӣ, ки ду хоҳари худро ба сабаби аз хоҷагон домод ёфт нашудан ба ду мулло дода, ҳар дуи онҳоро ҳам хонадомод карда буд. Яке аз ин муллоҳо домуллои дарсхонагии ман буда, дигаре аз онҳо домуллои кунҷакиам буд. Ман ба хонаи домуллоҳоям барои дарсхонӣ ва дигар корҳои бисёр рафтуой мекардам ва ба ин муносибат бо он хоҷа ҳам ошноӣ пайдо карда будам. Ман бо маслиҳати домуллоҳои худ ва бо ёрмандии онҳо ана ҳамин хоҷаро, ки «одами машҳур ва мӯътабар» буда, ба талаби мутаваллӣ мувофиқ меомад, ба хостгорӣ фиристодам.
Хоҷаи хостгор рӯзи дуюми рафтани худ ба сари мазори Хоҷа Ӯбон баргашта омад. Аммо ӯ монанди гови ба фурӯш нарафтае, ки аз бозор гашта меояд, бисёр лакот шуда омада буд, лакотии ӯ танҳо ба сабаби мондагии роҳ набуда, мутаваллӣ ӯро бо ҷавоби ҳақоратомези худ шалпар карда гардонда будааст. Назар ба қавли хостгор, вақте ки ӯ дар сӯҳбати бо мутаваллӣ кардааш дар даромади сухан ба тарзи мисол ду муллоро хонадомод кардани худашро нақл намуда, баъд аз он маро ба хонадомодии ӯ тақдим карда ӯро ба тақлид кардани ба худаш даъват намудааст, мутаваллӣ дар ҷавоб «на бурда, на оварда» (бе ҳеҷ муқаддима):
— Ман ин гуна корҳои аҳмақонаро намекунам ва ба шумо афсӯс мехӯрам, ки ба ҳамин навъ кори аҳмақона миёнаравӣ карданро ба гардан гирифта, номи хоҷагиро ба … задаед, — гуфтааст ва илова намудааст: — ба ман хонадомоде даркор аст, ки як ҳафта ба атроф тӯй дода обрӯйи маро дар миёнаи мардум бардорад.
Ман аз рад шудани талаби худ он қадар дигаргун нашудам. Чунки ҳамин тарз шудани корро пешакӣ медонистам. Аммо дар натиҷаи ин рад ба сари он духтари ноком чӣ балоҳо омаданро ба ёд оварда, дар оташи ғаму алами ҷонгудоз афтодам. Чунки ман медонистам, ӯ дар паси дар истода ҷавоби падарашро тамоман мешунавад ва дар он ҳол, баъд аз он ҳама умедвориҳои ширини ҳаёт дар навмедии марговар афтоданаш муқаррар буд. Ба ин мулоҳиза бо шунидани ин хабари шум базӯр ба ҳуҷраи худ рафта тавонистам ва дар он ҷо дар бистари беморӣ афтодам.
Ин беморӣ панҷ моҳ дароз кашид. Баъд аз он қадре қувват ёфта ба кӯча баромадам. Дар кӯча аввалин кори ман бо хоҷаӯбониҳои шаҳрӣ алоқа бастан шуд, то ки аз оқибати кори он духтари сиёҳбахт хабаре ёбам. Ёфтани он гуна хабари марговар бисёр дер накашид. Назар ба қавли хоҷаӯбониҳо, духтари мутаваллӣ дар охирҳои тобистони гузашта баногоҳ девона шудааст, дар ҳамон шаби аввали девонагиаш дар даҳлези хонаи худ худро овехта куштааст. Мутаваллӣ, ки ягон духтари хурдсолро ёфта ба худ зан кардан мехостааст, баъд аз худкушии духтараш Ситора ном духтархонаи 12-солаи ӯро ба зери чашм гирифтааст ва баъд аз гузаронидани маросими чили духтараш он духтархонаро ба худ никоҳ кардааст. Духтархона дар шаби никоҳи худ девона шуда, «пошшохонакам, маро аз дасти мутаваллӣ халос кунед» — гӯён фарёд мекардааст, ӯ ҳам рӯзи сеюми никоҳи худ дар ҳамон ҷое, ки духтари мутаваллӣ худро кушта будааст, худро овехта куштааст.
Бо шунидани ин хабари ҳалокатасар дигар дар ман тоқати ҳаёт намонд ва зуд худро ба ҳуҷра кашида, «омад ба сарам ҳар он чӣ метарсидам» — гӯён фарёд мекардам. Дуруст аст, ки ман баъд аз рад шудани талабам аз тарафи мутаваллӣ, ба сари духтар омадани ягон фалокати гаронро ҳамеша нигарон будам. Аммо дили умедворам, бо ҳамаи навмедиҳо, умедҳо сохта бароварда худро тасаллӣ медод.
Шояд ба коре машғул шуда рад шудани талаби маро нашунида монда бошад ва ҳанӯз мунтазири хостгори ман буда, бо умеди ояндаи дурахшони хаёлӣ худро шодмон медошта бошад, агар рад шудани талаби маро шунида бошад ҳам, шояд ин ҳодиса ба ӯ, чунонки ман гумон мекунам, он қадар гарон наафтода бошад ва инро ҳам монанди рад шудани талабҳои домодшавандагони пештара як чизи оддӣ шуморад, агар ин ҳодиса ба андозае, ки ман мепиндорам, ба ӯ гарон омада бошад ҳам, шояд фақат ӯро монанди пештара «дилмурда» кунад ва ӯ монанди пештара зиндагонии маъюсонаи ҷисмонии худро давом диҳад… Аммо имрӯз фоҷиаи тоқатнопазире дар пеши назари ман монанди як ҳақиқати муҷассам ба камоли даҳшат ба ман тег кашида нигоҳ карда меистод, ин фоҷиа монанди кӯҳи калони сангине бо ҳамаи гарониҳои худ маро зер мекард, фоҷиаи Ситора — фоҷиаи он духтари заковатпешаи софдили хурдсоли маъсум — ба болои бори он кӯҳи гарон ба гардани мани аламзада сарборй буд.
Ман ин дафъа, чунонки дар шунидани рад шудани талаби худ шуда будам, бемор нашудам. Аммо мехостам сарупо бараҳна дар кӯчаҳо баромада маҷнунвор навҳакунон гардам. Ин сарахбори девонагӣ буд. Ман он гоҳ ақли худро ба кор андохтам: — «Барои маҷнунвор гаштан кӯчаҳои Бухоро тангӣ мекунанд» гуфтам, барои озодона фарёд кашидан кӯҳистони худамонро муносибтар дидам ва зуд ба он ҷо рафтам, дар он ҷо дар як сол ба ифоқа омада, дар соли дуюм қувват ёфтам. Ин аст, ки боз ба Бухоро омада ба ҷамоаи (синфи) худамон дар қатори шумоён даромадам.
Мулло Бурҳон дар охири саргузашти худ гуфт: — «Ҳанӯз як тарафи дили ман ба регзори Хоҷа Ӯбон банд аст. Бинобар ин аз ҳар каси он ҷо рафта омада, аз аҳволи он тарафҳо мепурсам. Баъд аз ба Бухоро омаданам аз касе шунидам, ки соли гузашта работи мутаваллиро дуздон зер карда, ҳама чизҳои пурқимат ва нақдинаашро бурдаанд. Ӯ ба ин алам тоб наёварда ғуссамарг шуда мурдааст, бақияи молу ашёаш, бинобар бе ворис буданаш, аз тарафи қозии он туман подшоҳӣ карда шудааст ва ба ҷойи ӯ як хоҷаӯбонии дигар мутаваллӣ шуда, пешаи «кафшпешмонӣ»-ро ба сифати «каромоти бузургвор» давом кунондааст».
Дар натиҷаи шунидани охири ҳикояти Мулло Бурҳон аҳли маҷлисро гаронии мусибатмонанде фурӯ гирифт. Мулло Раҳмати сартарош ба сухан даромада гуфт:
— Ман як воқеаи обнарасидаи хандаовар дорам, имсол тобистон аз сари худ гузаронидам. Ман мехоҳам барои сабук намудани гароние, ки аз саргузашти Бисмил пайдо шуд, он воқеаро нақл намоям.
Мулло Раҳмат бо талаби аҳли сӯҳбат он воқеаро нақл кард ва ман дар ин ҷо ба он воқеа аз тарафи худ сарлавҳа монда, аз забони муллои сартароши мазкур бо таҳрири худ кӯчондани вайро муносиб дидам.

«Зани мардгардида»

«Маро, — гуфт Мулло Раҳмат, — ин тобистон яке аз бойҳои Бухоро, ки барои пиллахарӣ ба Марғелон мерафт, ба худ мирзо (рӯйхатнавис) карда ҳамроҳи худ бурд. Корхонаи пиллахушконии хӯҷаини ман дар шаҳри Марғелон, дар канори як ҷӯйи обшоре воқеъ шуда буд. Дар даромади корхона хона, айвон ва болохонае буд, ки мо дар онҳо хобухез мекардем. Дигар тарафҳои корхонаро буғхонаи пиллабуғдиҳӣ, анборҳои пиллагузорӣ барин биноҳо фаро гирифта буданд. Дар миёнаҷойи корхона рафчаҳои болоиҳам, ки дар забони он ҷо вайро «сӯлчак» меноманд, бино ёфта буд. Дар он рафчаҳо пиллаҳои буғдодаро барои хушконидан паҳн мекарданд.
Дар он корхона як ҷавони бухороии дигар буд, ки шабу рӯз дар он ҷо — дар болои пиллаҳои хушку тар посбонӣ мекард. Ғайр аз ману он ҷавони посбон дигар ҳамаи коркунон ва коргарони он корхона марғелонӣ буда, бештарини коргарон (мардикорон)-ро занон, духтарон ва писарбачагони хурдсол ташкил мекарданд. Коргармардон дар пиллабуғдиҳӣ ва боркашонӣ машғул буда, занон, духтарон ва писарбачагони хурдсол аз субҳ то шом дар зеру болои рафчаҳо кор карда, пиллаҳоро ба хелҳо чудо мекарданд ва пиллаҳои офатзадаро аз миёни пиллаҳои дуруст чида мегирифтанд.
Дар вақтҳои гармии кор аз Бухоро як бой, ки бо хӯҷаини мо ошно будааст, ба Марғелон рафта дар корхонаи мо манзил кард. Ӯ рӯзҳои бозори Марғелон бозор рафта, аз он ҷо шоҳӣ, атлас ва беқасабҳои боби Бухороро харид мекард ва дигар вақтҳо ҳамеша бо мо буд. Хӯҷаини мо бошад, дар корхона ҳафтае аз як шаб бештар намехобид ва ӯ ҳар рӯз ба бозори атрофи Фарғона барои хариди пилла рафта шабона ҳам дар ҳамон бозорҳо мехобид. Дар корхона ман, ҷавони посбон ва он бойи меҳмон ҳамеша дар як ҷо будем.
Коргарзанон ва духтарони калонсолтар барои кор аз хонаашон бо фаранҷӣ оянд ҳам, дар вақти кор фаранҷиҳошонро ба мехҳои сутунҳои рафчаҳо овехта мемонданд ва ба сарашон як сарандоз гирифта кор мекарданд. Албатта, ин сарандоз рӯйи онҳоро тамоман намепӯшид, дар рафти кор аз сари коргарзан ба гарданаш мефуромад, ки диққаткунанда рӯйи он занро тамом дида метавонист.
«Бойи меҳмон ҳар рӯз дар болохона нишаста, аз он ҷо рӯйи он занҳоро аз назар мегузаронид ва ин кори худро ба мо «шӯхиҳои пирона» гуфта тавсиф мекард. Зоҳиран ҷамоли яке аз он занон диққати он пирамарди 60-соларо ба тарафи худ зиёда кашидааст, ки кам-кам «шӯхиҳои пиронаи» ӯ ба ҷиддиятҳои ҷавонона бадал ёфт ва ӯ аз болохона пойин фуромада, дар наздиктари рафчаҳо барои худ нишастгоҳ сохта, аз он ҷо он занро дар зери чашми худ гирифт.
Як бегоҳонӣ — баъд аз кор, вақте ки мо се нафар дар як ҷо нишаста ош мехӯрдем, пири «ҷавонгардида» оби даҳонашро чаконда-чаконда ҳусну ҷамоли он занро тавсиф кард ва дар рафти сухани худ гуфт:
— Рӯйи зебо ва чашмони сиёҳи пурхумори он зани ҷавон маро дубора ҷавони 25-сола гардонд. Акнун касе даркор аст, ки миёнаравӣ намуда, арзи муҳаббати маро ба ӯ расонад ва ӯро розӣ кунад, ки ҳеҷ набошад, ягон шаб тани худро дар оғӯши ман андозад.
Ман ба ин орзуи он пири солхӯрда муқобил баромада гуфтам:
— Кадом зани ҷавон (ҳарчанд вай ҳарҷойӣ ва сабукпой бошад ҳам) тани гарми худро дар оғӯши сарди шумо меандозад?
— Ин занон ва духтарон дар ин корхона аз сафед шудани рӯз то торик шудани шаб кор карда 7 тин музд мегиранд, ки аз ним тангаи Бухоро ҳам камтар аст. Агар ба онҳо панҷоҳ ё сад тангаро нишон диҳед, оғӯши сарди ман он сӯ истад, дар яхбурҷа ҳам медароянд, — гуфт ӯ дар ҷавоби ман ва илова кард: — фақат миёнарави ҳунарманде даркор аст, ки ин маъниро ба он зани соҳибҷамол расонад, — мӯйсафед хомӯш монда ба фикр фурӯ рафт ва ногаҳонӣ сарашро бардошта ба ҷавони посбон рӯй оварда:
— Додар! Ту аз ҷониби ман ба ҳамин зан як гап партофта бинӣ-чӣ? — гуфт.
— Ман магар ба шумо даллагӣ мекунам? — гуфт ҷавони посбон оташинона.
Ман дарҳол пойи он ҷавонро, ки дар паҳлуи ман нишаста буд, ба ишорати «ором исто!» зер карда, худ ба сифати ислоҳкунандаи байни он пиру ҷавон ба гап даромада:
— Далла касеро мегӯянд, ки дар миёнаи занон ва мардони вайрон миёна-равӣ карда музд мегирифта бошад ва ин кори пастро «касби ҳамешагии худ» карда гирифта бошад, — гуфтам ва баъд аз он ба ҷавон рӯ оварда давом намудам: — ту, ки аз ҷониби ин мӯйсафеди падармонандат ба он зан гап мепартоӣ, ҳеҷ гоҳ «далла» шуморида намешавӣ, чунки ту аз ин падар ба муқобили ин корат музд намегирӣ. Ниҳоят ту ин корро як бор ба хотири мӯйи сафеди ин кас мекунӣ. Агар ин кас аз ин кори ту хурсанд шаванд, дар ҳаққи ту дуо мекунанду бас, дигар чизе намедиҳанд.
Ҷавон заҳрхандае карда хомӯш меистод. Мӯйсафед суханони маро тасдиқ карда, дар бораи ман гуфт:
— «Қурбони одами доно шав» мегӯянд, ки ин тамоман дуруст аст. Мулло Раҳмати мо аз сартарошхона баромада бошанд ҳам, ба шарофати мадраса донишманди гузаро ва қадршиноси пирсолон шуда рафтаанд, — мӯйсафед ба ҷавони посбон рӯ оварда, — бародар, ту насиҳати акамуллотро ба гӯшат гирифта дуои ин пири ғуломро гир. Агар аз ҷониби ман ба он зан як гап партофта бинӣ, корат пеш наравад ҳам, то зиндаам, дар ҳаққи ту дуо мекунам! — гуфт.
Ҷавон монанди он ки ӯро каждуме неш зада бошад, печутоб мехӯрд, аммо бо ишорати ман худдорӣ мекард ва заҳрханда менамуд. Ман баъди он сӯҳбат ҷавони посбонро дар хилват дида ба ӯ таълим додам, ки худро ба он мӯйсафеди дилсиёҳ ба миёнаравӣ розӣ барин нишон диҳад, аммо бо он зан чизе нагуфта ва гап назада аз номи ӯ бо ин пирсаг савдо карда, як маблағ пули ӯро ба даст дарорад ва баъд аз он ман боз роҳи чӣ кор карданро нишон медиҳам. Дар рӯзи дуюм он ҷавон «барои он зан» аз он мард сад танга рӯёнид. Ман ба он ҷавон нишон додам, ки аз он пул як фаранҷии бахмали нав, як чашмбанди нав, як курта-лозимии занонаи атласи навро бо як кафшу маҳсии занонаи калонпойи нав, аз куҷо бошад, барои як шаб киро (иҷора) карда гирифта биёрад, як шишача атри хуб ҳам бихарад.
Ҷавон он чизҳоро ёфта овард. Мо ин ашёро дар як хонаи поёнӣ пинҳон карда мондем. Ҷавон бо таълимоти ман ба мӯйсафед дар ҳамон шаб «омаданӣ шудани зан»-ро хабар дод. Бой он шаб аз пули худ барои зиёфати он зан таомҳои гуногун фармуд. Аз бозор қурсу қанфит ҳам харида оварда дастархонро оро дод ва як шиша шароби хуб ҳам харида оварда монд. Вақте ки рӯз ба бегоҳӣ наздик расид, ман ба мӯйсафед гуфтам:
— Ман имшаб ба мадраса рафта мехобам, то ки ба айши шумо халал нарасад. Ин ҷавон ба шумо хизмат мекунад ва азбаски ӯ миёнарав аст, зан аз вай намерамад. Ман, ки бегонаам ва ба болои ин қиёфаи муллоӣ дорам, аз ман рамидани ӯ муқаррар аст.
Пиракӣ боз ба таҳсину офарини ман лаб кушод:
— Қурбони одами улфат шав — гуфтаанд, ки рост, — гуфт ӯ ва дар ҳаққи ман дуо кард.
Ман дуои ӯро гирифта, аз болохона пойин фуромадам ва дар он хона, ки либосҳои занонаро пинҳон карда будем, даромада худам ҳам пинҳон шудам. Ба ҷавон ҳам дар бораи он шаб чиҳо карданаш таълимоти лозимаро додам.
Шаб шуд, торикӣ ҳама ҷоро фурӯ гирифт. «Зан ҳанӯз намеомад», мӯйсафед бетоқатӣ мекард. Ҷавон ӯро тасаллӣ медод, ки зан шавҳарашро ба ягон ҷо гусел карда баъд аз он хоҳад омад», мӯйсафед барои таскини димоғсӯзии худ, ки аз дер мондани зан пайдо шуда буд, ҳар замон як пиёла шароб менӯшид. Бухори шароб ба димоғаш зада бетоқатии ӯро боз ҳам зиёдтар мекард. Чун бетоқатии мӯйсафед аз ҳад гузашт, ба ҳоли табоҳи ӯ раҳмам омад, зуд либоси занонаро дар бар карда худро ба шакли як зани ҷавони фаранҷидор сохтам. Атрро ҳам сар то ба поям зада худро хушбӯй ҳам кардам, фаранҷиро ба сар гирифта, чашмбандро бар рӯ кашида, бо ҳазор гуна «нозу карашма» аз зина боло баромадан гирифтам. Садои ғарч-ғарчи кафшу маҳсии қазониам бояд дили мӯйсафедро бетоқат карда бошад, ки аз ҷояш ҷаста хеста ба шабгаҳи болохона баромад. Домани куртаи атласам, ки дароз будааст, аз зери домони фаранҷии ҷавононаам берун баромада заминро рӯфта мерафт. Магар ин ҳол ҳаваси пири солхӯрдаи занбозро дуболо кард, ки оби даҳони ба лабонаш шорида фуромадаро лаззатгирона бо лабони худ лесида ва макида мегирифт.
Зоҳиран бӯйи хуши атри домонам аз худам пештар ба мӯйсафед расида ӯро ба тарафи худ кашида буд, ки ӯ беихтиёрона ба тарафи ман пеш давид. Аммо ҷавони посбон ӯро бо ишорат ба ором истодан фармон дод. Ман ба болохона даромада, ба гӯшае рафта дар канори дастархон ҳамчунон дар зери фаранҷӣ нишастам. «Ошиқи дилсӯхта»-ам маро гашта-баргашта ба таомхӯрӣ таклиф намуда истода даст дароз кард, ки рӯйи маро кушояд. Аммо ман бо дастонам аз дарун фаранҷӣ ва чашмбандамро маҳкам печонда гирифта ба кушодани рӯям роҳ надодам.
Ҷавон аз рӯйи шабгаҳ ба ёрмандии ман расида мӯйсафеди бетоқатшударо бо ишорат берун талабида бароварда ба ӯ гуфт:
— Чизе, ки шумо ба ӯ пешакӣ додед, ҳаққи қадами ӯ буд, бо омадани ӯ он пули шумо тамом шуд. Акнун бояд бо рӯйнамойӣ ӯро розӣ карда, баъд аз он фаранҷиашро аз сараш гиред. Кори занбозӣ бо зӯрӣ намешавад. Дар ин кор зар даркор аст, зар! Ҳар чӣ гуна зани саркаш бошад ҳам, бо дидани зар ром мешавад, «зар бар сари фӯлод ниҳӣ, нарм шавад» — гуфтаанд.
Ман аз паси чашмбанд медидам, ки мӯйсафед дастони худро ба сари синааш ниҳода, дар ҷавоби фармойишҳои ҷавон «ба чашм, ба чашм» гӯён ба болохона даромад ва дар паҳлуи ман нишаста, аз кисааш панҷ сӯм бароварда, бо одоби тамом ба пеши ман гузошта илтимос кард, ки иҷозат диҳам, то ки рӯямро кушояд. Ман «бо нозу истиғнои мағрурона» дастамро ба фаранҷӣ печонда, он пулро ба дур тела додам. Ҷавон ба мӯйсафед ба зиёда кардани маблағ ишора кард. Мӯйсафед боз 5 сӯм зам карда даҳ сӯмро пеши ман гузошт. Ман ҳамчунон то ба 25 сӯм расидани он маблағ пулро рад кардан гирифтам. Чун дидам дар ҳар боре, ки аз кисааш пул мебарояд, ҷонаш ҳам аз даҳонаш баромадан мехоҳад, ба афту башараи пуризтироби мӯйсафед «раҳмам» омада, 25 сӯмро рад накарда ором истодам. Мӯйсафед дид, ки «зани саркаш ром шудааст», дастони худро дароз карда бетоқатона фаранҷӣ ва чашмбандро аз сарам бардошт, ки аз ҳама ҷойи ман пештар чашмонаш ба ришам афтод. Мӯйсафед якбора:
— Вой, ин чӣ ҳол? Ман дар умри худ бори якум «зани мардгардида»-ро дида истодаам, — гӯён худро пас кашид. Хандаи ман ва ҷавони посбон баланд гардид. Мӯйсафед ҳам бори аввал бо мо ҳамроҳ шуда хандид ва баъд аз он дар гиря даромада:
— Шайтон маро расво кард. Лаънати худо бод ба шайтон! — гуфт.
— Инчунин лаънати худо ба касе ҳам бод, ки ба иғвои шайтон медарояд, — гӯён ман сухани ӯро пурра кардам.
Баъд аз ором ёфтани хандаи мо ва гиряи мӯйсафед, ӯ ба сухан даромада:
— Ҳар чизе ки ман то ҳол ба шумоён додам, ҳаққи ҳалоли шумоён бод. Боз ба шумоён 25 сӯм «мӯҳрона» медиҳам, ки даҳони худро мӯҳр карда ин сирро ба касе накушоетон, — гуфт ва худ ба ғундоштану бастани чизу чораҳояш даромад ва саҳари барвақт ба мо боз 25 сӯми дигар дода, роҳи Бухороро пеш гирифт.
Мулло Раҳмат дар охири ҳикояти худ гуфт: Баъд аз тамом шудани мавсими пиллағундорӣ ман ба шаҳр омадам, ки ӯ дар Бухоро нест ва дили мӯйсафеди дарунсиёҳ ба ваъдаи мо, ки дар бораи фош накардани рози худ аз мо гирифта буд, пур нашуда, аз Бухоро ба Самарканд кӯчида рафтааст. (Ман дар он вақт ҳикояи Мулло Раҳматро бовар накарда будам. Лекин дар соли 1912 худам дар Марғелон дар ҳамон заводи пилла, ки Мулло Раҳмат ҳикоя карда буд, монанди ҳамин як воқеаро дидам, баъд аз он суханони Мулло Раҳматро бовар кардам ва дар вақти таҳрир камбудиҳои ҳикояи ӯро бо чизҳое, ки худам дида будам, пурра кардам.)
Ин маҷлис то соати дуи баъди ними шаб дароз кашид. Ман дар Бухоро бори якум сӯҳбати одамони зиндадил ва адабиётдӯстро дида истода будам, ки аз ҳаёти то он вақт дар он мадраса дидаам бисёр фарқ дошт. Домуллои кунҷакиам ва ҳамошони ӯ дар пеши инҳо ба назари ман мурда барин менамуданд. Дуруст аст, ки онҳо ҳам дар қатори меҳмонони худ дар мавридҳои ханда механдиданд. Аммо хандаи онҳо монанди хандаи «Хирси Бобозода» бе ҳис кардани сабаби ханда буд. (Ман ҳикояти «Хирси Бобозода»-ро дар қисмҳои ояндаи ёддоштҳоям нақл хоҳам кард.) 76 Оре дар байни меҳмонон ҳам Мулло Оқил барин касе, ки «миёни мурдаҳо шаҳид» номида шудааст, ёфт мешуд. Аммо ӯ ҳам ба сабаби «шаҳид» буданаш аз дигар мурдаҳо фарқ дошт.
Вақте ки меҳмонон барои рафтан аз ҷояшон хестанд, Шарифҷон-махдум ба ман ишора карда ба домуллоям гуфт:
— Агар ин бача дар пеши бародараш танг шавад, ба ҳавлии мо бурда монед. Дар он ҷо хизмат карда дарс хонда мегардад.
— Хуб! — гуфт домуллоям дар ҷавоб ва ман дар рӯзи дуюми он зиёфат ба ҳавлии Шарифҷон-махдум ба хизмат даромадам. (Ёддоштҳои ҳавлии Шарифҷон-махдум дар аввали қисми сеюми «Ёддоштҳо» медароянд.)

Эзоҳот

53 Астархониён ё аштархониён — сулолае, ки дар Осиёи Миёна дар давоми солҳои 1598-1753 ҳукм рондааст.
54 Сулолаи манғитиён — охирин сулолаи феодалӣ дар Бухорост, револютсияи халқии Бухоро ба он хотима дод.
55 Шоҳмурод (Маъсумбӣ) — сеюмин намояндаи сулолаи манғитиён ва яке аз мутаассибтарин амирони Бухорост, ки дар солҳои 1785-1800 ҳукумат дошт.
56 Китобҳои маноқиби шайхҳо — китобҳое, ки мавзӯи асосиашон зикри аҳвол ва кору кирдори шайхҳо мебошад.
57 Ғалча — одами қадпасти ғафс.
58 Охири ҳикояти Махдуми Гав ва Рустамча дар қисми сеюми «Ёддоштҳо» не, балки дар қисми чоруми он, дар бобҳои «Оқибати кори Махдуми Гав ва Пирак» омадааст.
59 Мулло Қамари тотор — яке аз муллоҳои ҷаҳолатпарасти гузаро буд, ки С. Айнӣ баъзе кирдори ӯро дар дигар асарҳояш ҳам баён кардааст. Дар повести «Ҷаллодони Бухоро» нависанда Мулло Қамарро «Яке аз сархелони гурӯҳҳои сиёҳ» номидааст. Ниг. «Куллиёт» ҷ. 1, саҳ. 112.
60 Фиръавн — унвони подшоҳони Мисри Қадим аст, ки дар адабиёти гузаштаи форсу тоҷик образи манфӣ ҳисоб мешавад, зеро Фиръавн гӯё худашро Худо эълон карда будааст.
61 Намруд — аз рӯйи тасаввуроти динӣ — хурофотӣ яке аз подшоҳони қадим буда, гӯё худро Худо эълон карда будааст ва ба ин ҷиҳат ба бадномӣ ва кофирӣ машҳур гардидааст.
62 Шаддод — подшоҳи афсонавии кадим аст, ки гӯё худро Худо эълон карда будааст ва ба кофирӣ ном баровардааст.
63 Ӯба — қишлоқ, деҳа (ба забони туркманӣ).
64 Маҷиди каҳкашонӣ — дар «Ҷаллодони Бухоро» чун яке аз ҷаллодон тасвир шудааст ва дар бобҳои «Пирзода» ва «Сирри мардон пӯшида» баъзе саргузаштҳои дигари ӯ низ нақл ёфтааст.
65 Шоҳлут — номи як навъ таоме, ки гӯшти кӯфтаи бо кабудиҳо ва ё дорувори хушбӯ омехтаро ба порчаҳои чарбуи гӯсфанд печонда мепазанд.
66 Шайхи Барсисо — ба маънои шайхи фиребгари хоин омадааст. Барсисо — шайхи афсонавии хоинест, ки ба духтаре таҷовуз карда, оқибат ӯро куштааст ва ин хиёнати худро пинҳон доштааст.
67 Қарзи ҳасана — қарзи бефоида.
68 Тазкираи Афзал-махдуми Пирмастӣ (вафот 1915) мебошад, ки «Афзал-ут-тазкор» ном дорад. Ин асар дар соли 1018 дар Тошканд чопи сангӣ шуда буд ва байти мазкур дар саҳ. 86 омадааст.
69 Тазкираи Садри Зиё — тазкираи Шарифҷон-махдуми Садри Зиёст, ки «Тазкори ашъор» ном дорад. Дар нусхаи дастнависи ин асар, ки дар ганҷинаи дастнависҳои Шӯъбаи Шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон маҳфуз аст, байти мазкур дида нашуд.
70 Хонаи рӯ ба боло — хонае, ки дару тирезаҳояш ба тарафи шимол аст ва аз ҳамин сабаб хеле салқин буда, хонаи тобистонӣ ҳисоб мешавад. Хонае, ки тирезаҳояш ба тарафи ҷануб аст, хонаи рӯ ба поён номида мешавад ва ин махсуси зимистон аст.
71 Ярлиқи тархонӣ — ҳуҷҷати расмие аз қабили фармони амир буд, ки дар асоси он соҳиби ярлиқ (тархон) ҳуқуқи аз андозҳои давлатӣ озод шудан пайдо мекард. Дар аморати Бухоро ярлиқи тархонӣ бештар ба наздикони амир, рӯҳониён ва савдогарони калон дода мешуд.
72 Мулло Назруллои Лутфӣ (вафот 1918) — яке аз зарофатгӯён ва шоирони охирҳои асри XX аст, ки шеъраш хеле кам боқӣ мондааст. Номи ӯ дар чанд ҷойи қисмҳои сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» низ зикр шудааст.
73 Мутаваллӣ — шахси маъмури корҳои хоҷагии мадраса ё хонақоҳ.
74 Баҳоуддин Нақшбанд (1318-1389) — яке аз калонтарин шайхҳои мутасаввиф буд, ки дар асоси таълимоти ӯ дар тасаввуф шохае бо номи нақшбандия сар шудааст. Нақшбандия дар аввалҳои пайдоиши худ аз равияи нисбатан пешқадамтари тасаввуф буда, хусусан дар асри XV бештар тарафдор пайдо карда буд. Абдурахмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ пайрави таълимоти нақшбандия буданд. Вале дар асрҳои минбаъда рӯҳониёни ислом онро барои истисмори ваҳшиёнаи оммаҳои халқ маккорона истифода кардаанд.
75 «Чоркитоб» — яке аз китобҳои дарсии мактаби кӯҳна буд, ки аз «Номи ҳақ», «Бидон», «Қол-ан-набӣ» ва «Ҳамди беҳад» ном китобчаҳо иборат буда, Мавлоно Шарафуддини Бухороӣ аз асарҳои Фаридуддини Аттор ҷамъ овардааст.
76 Ҳикояти «Хирси Бобозода» дар қисмҳои минбаъдаи «Ёддоштҳо» (қисмҳои III ва IV) нақл нашуда мондааст. Мумкин аст, ки муаллиф дар қисмҳои баъди чорум нақл кардани онро ба назар дошта бошад, вале маатаассуф, «Ёддоштҳо» нотамом мондаанд.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.