Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 2-3

Саёҳати саҳро

Ман ҳамроҳи домуллои кунҷакиам — Мулло Абдусалом, ки аз хӯҷаинҳои асосӣ ва ҳомии ман дар пеши ҳамошонащ буд, аз шаҳр баромада ба деҳаи Маҳалла, ки хонаи ӯ дар он ҷо буд, омада фуромадам ва аз он ҷо ба деҳаи Маҳаллаи Боло ба хонаи бобову модаркалони модариам рафтам, ки додаронам он ҷо буданд.
Аммо маро дар он ҷо як мусибати бисёр сахт пешвоз гирифт: додари хурдтаракам — Киромиддин, ки ман ӯро бисёртар дӯст медоштам ва як одами дуруст шуда баромадани ӯро умедвор будам, дар зимистони ҳамон сол мурда будааст. Аммо тағоиҳоям барои моро дар айёми таҳсил ба гам наандохтан ва парешонҳол накардан ин хабарро ба мо нарасонда будаанд.
Аҳволи додари калонам — Сироҷиддин ҳам бад буд… Ӯ дар асл заифбадан ва сустбунёд буда, дар хонаи модаркалонам боз ҳам сусттар, заифтар ва лоғартар шуда буд. Маълум буд, ки додари хурдам бо вуҷуди ин ки баданаш нисбат ба солаш қавӣ буд, аз ҷиҳати хурдсолиаш ба камхӯрокӣ ва бадхӯрокӣ тоб оварда натавонистааст. Додари калонам, ки калонсолтар буд, як дараҷа ба зиндагонии сахт тобоварӣ карда, то ҳол зинда монда бошад ҳам, аҳволаш ба мурдан наздик расиданашро нишон медод.
Аҳволи зиндагонии хонаводаи бобоям назар ба пештара чанд дараҷа бад шуда буд: пагоҳонӣ як каф мошро бо як каф орди ҷувории сафед ба як деги калони пуроб андохта ҷӯшонда номи вайро «мошоба» монда, ҳар кас яккосагӣ аз вай оби мошнок дам мекашид, пешин нони зағораи аз орди ҷувории сафед пухташударо бо оби сард мехӯрданд ва бегоҳӣ бо ду сар пиёз пиёба (пиёзоба) пухта бо ҳамон зағора мехӯрданд, ё ин ки оби мошноки пагоҳониро дар шаб ҳам такрор мекарданд,
Модаркалони ҳафтодсолаам бо таъсири доғҳои фарзанд ва бадии зиндагонӣ аз ҷо ҷунбида наметавонист. Бобоям, ки синнаш аз ҳаштод гузаштагӣ буд, аз зани худ пурқувваттар наменамуд. Равшанниёз ном тағоиям ба корҳои деҳқонӣ машғулӣ мекард. Чанд рӯзе, ки ман дар он ҷо будам, аҳволи ӯро бо диққат мулоҳиза кардам ӯ бегоҳонӣ, баъд аз торик шудан аз ёбон меомад, ба хонаи модараш даромада дами гарми барои худаш гузоштаро хӯрда аз ҷояш мехест, ба падару модараш як нигоҳи ҳасратомезе мекард ва ба чашмонаш об чарх мезад. Баъд аз он ба касе чизе нагуфта, ба хонаи худаш рафта мехобид, боз пагоҳонӣ аз ҳамон оби гарми мошдор як косаашро фурӯ бурда як дона зағораро дар бағал гирифта ба кори саҳро мерафт.
Назар ба қавли модаркалонам, «Равшанниёзро Худо фақат аз барои меҳнат офаридааст».
Ӯ мегуфт:
— Дар солҳое ҳам, ки аҳволи зиндагонии мо ин қадар бад набуд, Равшанниёз ба касе гап назада ва барои худ ягон чиз талаб накарда, кор мекард. Аммо он вақтҳо ин қадар ғамгин ва маъюс набуд. Аммо дар солҳои охир аҳволи мо бисёр бад шуд: соли вабо аз деҳқонӣ чизе нарӯйид, соли гузашта як миқдор ҳосил рӯйида бошад ҳам, дар мо ғайр аз се ман (24 пуд) мош, 5 ман (40 пуд) ҷувории сафед чизе намонд. Тухмии киштро, ки аз Абдураҳмонбой қарз гирифта будем, аз сари хирман дучанд карда ба ӯ додем, молиёти замин (андоз) ва даҳяки вақфро амлокдори хонасӯхта ва иҷорадори худобехабар се чанд карда гирифтанд ва андози ҳосили дар соли вабо ба сабаби беҳосилӣ нарӯйидаро ҳам ба ҳосили соли гузашта зам карда ситонданд. Ана, баъд аз ҳамин аҳволи Равшанниёз ба дараҷае расид, ки ман ба бисёр умр дидани ӯ умед надорам.
Тағоии аз ҳама хурдам — Ниёзхон чӯпонӣ мекард, ӯ чанд сар гӯсфандони касони дигарро дар чӯл мечаронид ва бештарин вақтҳои тобистони ва зимистонии ӯ дар чӯли Қизил мегузашт. Назар ба қавли модаркалонам гӯсфандон дар соли вабо бенигоҳубин ва лоғар монда, дар зимистони соли вабо бештарини онҳо дар чӯл ҳаром мурдаанд. Барраҳои гӯсфандони зиндамондаро барои зиёд кардани наслашон имсол накуштаанд ва бинобар ин аз чорво имсол ҳеҷ даромад нашудааст (даромади гӯсфандони қарокӯлӣ пӯсти барраи онҳост, ки дар вақти зойиданашон мекушанд), ҳаққи чӯпонӣ, ки иборат аз пашми гӯсфандони касона аст, ба ҳисоби закоти гӯсфандони соли вабо талафшуда ба закотчӣ рафтааст ва хӯроку пӯшоки тағоии чӯпонам ба гардани деҳқонии ношуд бори барзиёд шуда мондааст.
Қурбонниёз, ки баъд аз мурдани тағоии калонам — Мулло Деҳқон калонтарини тағоиҳоям шуда монда буд, баъд аз қозигиро партофта рафтани қозӣ Абдулвоҳид, ӯ мулозимиро тарк кардааст ва ба пахтакашӣ даромадааст: ӯ аз пахтаҷаллобон ғӯзаи ҷойдориро баркашида мегирифт. Ғӯзаро кашида аз ҳаллоҷӣ гузаронида пахта ва пунбадонаро баркашида ба бой месупурд ва дар ин хизмати худ ҳаққи ночизе ба ӯ мерасид.
Модаркалонам гуфт:
— Ман ва бобоят фақат бо ғайрати ҳамин тағоият намурда истодаем. Ӯ аз ин кори худ пӯшокии аҳли хонаводаро ба қадри зарур тайёр карда, ба болои ин ба мо гоҳо камтар гӯшт ва набот ҳам оварда медиҳад, ки дар ин пирӣ дар тани фартутшудаи мо мадоре мешавад. Назар ба қавли модаркалонам, Қурбонниёз аз пахтакашӣ ҳар чӣ ёбад, фақат аз ғайрати худ ва аз бисёр кор кардани худ меёфтааст. Вагарна даромади ночизи ин кор ба касоне, ки аз одат берун бисёр кор карда наметавонанд, ба ҷое намерасидааст.
Дар ҳақиқат бо ғайрат кор кардани ин одами оҳанинбадан маро дар ҳайрат андохт: дар вақте, ки ман ба он ҷо рафтам, мавсими пахтакашӣ тамом шуда буд, бо вуҷуди ин Қурбонниёз дар ба дари пахтаҷаллобон рафта як ман-ду ман ғӯза ёфта меомад. Вақте ки ғӯза ба дасташ даромад, худаш, занаш ва зани Равшанниёз ба ғӯзакашӣ медаромаданд. Баъд аз як миқдор пахта кашида шудан ӯ ба сари ҳаллоҷӣ менишаст ва тири ҳаллоҷии вай монанди чархи осиё тез мегашт. Ғӯзакашон, ки ду нафар зан буданд, ман ҳам ба онҳо ёрӣ медодам, чолу кампир ҳам ба қадри қувваташон ба ғӯзакашӣ ҳамроҳӣ мекарданд — ҳамаи инҳо ба ҳаллоҷии вай пахта расонда наметавонистанд.
Тағоии дигарам, ки Алихон ном дошта аз Қурбонниёз ва Равшанниёз хурд ва аз Ниёзхон калон буд, бо вуҷуди дар ҳавлии падар зиндагонӣ кардан, аз оилаи падар ҷудо буд. Ӯ чойфурӯши чорбозоргард буд. Дастмояи ӯ як асп, як хӯрҷин чой ва як санги тарозуи хурди чойбаркашӣ буд. Ӯ ғайр аз рӯзи ҷумъа 4, ҳар рӯз ба бозоре мерафт, дар он ҷо дар суффачае ё айвончае нишаста чойи худро мефурӯхт. Ҳар вақт, ки чояш кам монд, ба Ғиждувон ё шаҳри Бухоро рафта чой мехарид.
Дар хона пухтупаз ва хӯрокаш ҳам аз дигар аъзоёни оила ҷудо буд. Маълум буд, ки ӯ бо занаш чизҳои бомазатар мехӯрданд, занаш ҳам ба ягон кори оилавӣ иштирок намекард. Ӯ ғиждувонӣ буда, ҷомаҳои серпахтаи майдалагандаи ғиждувонӣ медӯхт. Назар ба қавли Қурбонниёз, даромади Алихон бад набуд. Ва ӯ аз ҳунари занаш ҳам фоида мебурд. Аммо хасис буд ва ба падару модараш ҳеҷ нигоҳубин намекард. Модаркалонам гуфт:
— Алихон ҳар рӯз бозор меравад. Аммо ягон бор надидаам, ки барои ман ё падараш ягон кулчаи ширмол оварда бошад ва ҳол он ки меъдаи фартутшудаи мо ин зағораи сабилмондаро ҳазм карда наметавонад. Боре падараш ба забон омада: «Барои мо аз бозор як кулчаи ширмол биёр!» — гуфт. Аммо наёвард ва «дар бозор кулчаи ширмол набудааст» — гуфт. Албатта ин гапи ӯро як бачаи яксола ҳам бовар намекунад.
Вақте ки мо додарамонро дар хонаи бобо монда Бухоро рафтем, аҳволи танги ин хонавода ба мо маълум буд. Аммо умедвор будем, ки тағои савдогарамон ба ҳамширазодагони худ ёрӣ дода, ошҳоро аз мурдан нигоҳдорӣ хоҳад кард. Аз ҳикояи модаркалонам пай бурдам, ки ӯ ба додаронам ҳеҷ ёрӣ надодааст. Бо вуҷуди ин, барои дурусттар фаҳмидани ин ноодамгарии ӯ ба модаркалонам гуфтам:
— Маълум мешавад, ки Алихон ба додарони ман хуб нигоҳ накардааст. Ва ҳол он ки ҳамаи умеди мо аз вай буд.
— Хуб нигоҳ накардан он сӯ истад, — гуфт модаркалонам, — ҳеҷ нигоҳ накард. Киромиддин аз зағорахӯрӣ ба бемории бадҳазмӣ гирифтор шуд. Ӯ зағора мехӯрд ва даррав қай мекард. Баъд аз соате боз нон талаб мекард. Мо аз рӯйи буд боз зағора медодем, боз қай мекард. Он бачаи фарбеҳ шуданӣ дар ин беморӣ дар муддати як моҳ гӯё барф буд, ки об шуд ва чорчӯбчаи қоқ шуда монд. Як бор аз Алихон ва занаш барои вай як парча нони гандум пурсидем, «надорем» гуфта надоданд. Ва ҳол он ки ҳар ҳафта як танӯр нони гандум мепухтанд.
Модаркалонам як оҳи дароз кашида, боз давом намуд:
— Ба додаронат нигоҳ кардан он тараф истад, ҳатто ӯ ба шумоён даъво кардан ҳам мехост, — гуфт модаркалонам.
Ман аз ин сухани модаркалонам дар тааҷҷуб афтодам, ки тағоиям ба мо чӣ даъво дошта бошад? Ва ҳол он ки дар байни мо ва ӯ ва дар байни падару модари мо ва ӯ ҳеҷ муомилаи пулӣ нагузаштааст, ки ба даъво оид шавад. Нохост мулоҳизаи зерин ба хотирам расид: «Шояд Алихон дар бораи аз мо гирифтани хароҷоти мурдаи модарам ба падару модараш чизе нагуфта бошад ва аз он ваҷҳ моро қарздор нишон дода ва «харҷи мурдаи духтаратонро ман кардам» гуфта онҳоро аз худаш миннатдор карда гашта бошад» ва ба ин мулоҳиза ба модаркалонам гуфтам:
— Агар даъвои тағоиям аз ваҷҳи хароҷоти мурдаи модарам бошад, ӯ он хароҷотро аз мо тамоман ва ба ҳисоби мо ҳатто барзиёд рӯёнда гирифта буд. Боз чӣ даъво доштааст?
— Аз он ваҷҳ не! — гуфт модаркалонам.
Бо шунидани ин ҷавоби модаркалонам мулоҳизаи аввалинам хато ва даъвои тағоиам ҷиддӣ баромад. Парешонии сахте дар аҳволам рӯй дод, аз як тараф, барои ин даъвои беасоси номаълум, ки аз тағоии худам — аз додари модарам ба мо шуданӣ будааст, оташин мешудам ва аз тарафи дигар, аз кадом ваҷҳ будани он даъворо нафаҳмида дар ҳайрат мемондам. Охир бо оҳанги ғазаболуд аз модаркалонам пурсидам:
— Пас, аз кадом ваҷҳ будааст, он «даъвои нони қоқ?*»
Модаркалонам вайрон шудани вазъи ман ва парешон шудани аҳволамро пай бурда аз гапи гуфтагиаш пушаймон. шуд ва рӯйи он гапро пӯшондан хоста гуфт:
— Алихон аз чорбозоргард шуданаш боз хасис ва тангчашм шудааст. Феълу атвори бойҳои калонро тақлид карда баваҷҳу беваҷҳ ба ҳар кас даъвогар шудан мегирад. Пир шудаам, майнаам холӣ шудааст, гапамро ҳар замон гум мекунам ва чӣ гуфтанамро нафаҳмида мемонам, набошад, ба шумоҳо даъвогар шуданашро нашунидаам ва надониста гуфтаам. Албатта, ман бо ин «ислоҳкории» бемантиқонаи модаркалонам қаноат накардам ва парешонҳолиам давом кард. Лекин дар рӯзи дуюми ин сӯҳбат ҳақиқати он даъво ба ман равшан гардид.
* * *
Рӯзи якшанбе рӯзи бозори Деҳнави Абдуллоҷон буд. Бозорҷо ба деҳаи тағоиҳоям паҳлу ба паҳлу буд. Ман ҳамроҳи тағоии калонам — Қурбонниёз ба бозор рафтам. Мо ба сари дӯкони тағоии чойфурӯшам, ки дар як суффачаи баланд буд, нишастем. Аз чойхарони шинос ҳам чанде он ҷо ғун шуданд. Сухан бар болои шинохта шудан ё нашудани сифати чойи хушк мерафт. Баъзеҳо мегуфтанд: «Чойро то дам карда нанӯшед, шинохтан мумкин нест», баъзе дигарҳо мегуфтанд: «Фақат бо дам карда даррав нӯшидан ҳам сифати чой муайян намешавад, балки баъд аз дам кардан чанд дақиқа дам дода мондан даркор аст. Агар дар муддати дароз ранги оби чой барнагардад ва бӯйи бегона пайдо накунад, маълум мешавад, ки чойи аъло будааст».
Баъзеи дигар мегуфтанд, ки: «бо ранги чойи хушк ва бӯяш сифати он ва дараҷаи пастиву баландии он маълум мешавад. Ба дам карда монда нӯшидан ҳеҷ эҳтиёҷ нест». Қурбонниёз ба гап ҳамроҳ шуда гуфт:
— Хоҳ чой бошад, хоҳ орд, хоҳ биринҷ бошад, хоҳ чизи дигар, дар ҳолати хомиашон шинохтан мумкин аст, фақат як қадар таҷриба даркор аст. Аммо дар дунё як чиз ҳаст, ки шинохтани вай ҳеҷ мумкин нест. Агар солҳо таҷриба кунӣ ва шинохтам гуфта қарор диҳӣ, ногоҳ маълум мешавад, ки як ҷойи вайро нашинохта будӣ. Ин чизи касношинос — одам аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки «одамро аз зоту зурёташ шинохтан мумкин аст. Агар бобову аҷдод ва падару модари касе нағз бошанд, ӯ ҳам нағз мешавад, агар бад бошанд, бад мешавад». Ин нодуруст аст. Бо зот нағзиву бадии ҳайвонотро муайян кардан мумкин аст. Аммо одам зот надорад. Бисёр мешавад, ки аз одами нағз бад мерӯяд ва аз одами бад одами нағз. Одам безот аст. Ҳар кадоми одамҳо бо хислати ҷудогона мерӯянд, парвариш меёбанд ва калон мешаванд.
Тағоиам чойи дар даст доштаашро нӯшида пиёларо ба додараш Алихон дода ва ба ӯ як нигоҳи тезу тунд карда давом намуд:
___________
*Дар Бухоро даъвои беасосро даъвои нони қоқ мегуфтанд.
— На танҳо одамҳои берунаро шинохтан мумкин нест, ҳатто як одами махсусро, масалан, як хеши наздики худатро, умре таҷриба кунӣ, «акнун шинохтам» гуфта муқаррар намойӣ, рӯзе як нағма мебарорад, ки он «нағма» пештар ба ту маълум нашуда буд. Ба тариқи мисол: ман бародари худам Алихонро нишон медиҳам.
Чашмони аҳли сӯҳбат бо тааҷҷуб ба тарафи Алихон дӯхта шуд ва Алихон бо шубҳа ва ҳайрат ба бародари калонаш диққаткорона менигарист. Ӯ ба як изтироби дарунӣ гирифтор шудагӣ барин менамуд — ӯ бесаброна мунтазири шунидани шарҳи хислатҳои худ аз забони бародараш буд.
Қурбонниёз сухани худро давом дод:
— Ана ҳамин Алихон додари ман мешавад. Мо ҳар ду аз як падару модар рӯйидаем. Ман аз ин ҳашт сол калонтар мебошам. Гуфта метавонам, ки ман ӯро бардошта калон кардаам. Бинобар ин мебоист ман ӯро дуруст шинохта гирифта бошам. Лекин ҳамин сол фаҳмидам, ки ман то ҳол ӯро дуруст намешинохта будаам.
— Чӣ навъ?.. Чӣ навъ? — Аз ҳар кадом дар он ҷо ҳозирбудагон суол афтодан гирифт.
— Ана ин тавр, — гӯён Қурбонниёз ба сухани худ давом кард, — ин (маро ни-шон дода) ҷияни мо — писари ҳамшираамон мешавад, ки вай ҳам бо мо аз як падару модар рӯйидааст. Ин як бародари калон ҳам дорад, ки бештарини шумоён вайро мешиносед. Инҳо ду додар ҳам доштанд, ки яке аз онҳо ин зимистон мурд. Ҳозир ин ҷиянҳо се нафаранд. Соли вабо падару модари инҳо мурданд. Ин бачагон дар рӯзи сахт афтоданд. Бо вуҷуди ин ин ва бародари калонаш барои хондан ба Бухоро рафтанд. Ана ҳамин додари савдогарам, ба ҷойи ин ки ба инҳо ёрмандӣ кунад, даъвогар шуда баромад.
Чӣ навъ?.. Чӣ навъ?..
Боз суоли тааҷҷубомези аҳли сӯҳбат такрор ёфт. Дили ман бошад, дар печутоб ва синаам ба нафаскашӣ тангӣ кардан гирифт. Чунки дирӯз боз, аз бозе, ки бо модаркалонам сӯҳбат кардам, чӣ будан ва аз кадом ваҷҳ будани он даъвои беасос дар дили ман як ғудда (гиреҳи гӯштӣ) шуда монда буд ва ман дар бораи аз кадом ваҷҳ будани вай ҳарчанд фикр мекардам, ақлам ба ҷое намерасид. Акнун вақти он омада буд, ки ман чӣ будан ва аз кадом ваҷҳ будани он даъворо фаҳмам. Аммо дилам то шарҳ додани Қурбонниёз тоқат карда наметавонист. Ман бесаброна мехостам, ки ӯ чӣ будани он даъворо на бо сухан, балки монанди як парча санг ё кулӯх ба даст гирифта нишон диҳад, то ки ман зудтар фаҳмам ва ғуддаи дилам кушода шавад. Қурбонниёз давом намуд:
— Дар вақте, ки ҳамшираи моро ба падари инҳо никоҳ мекарданд, аз рӯйи одати муқаррарӣ дар маҷлиси никоҳ аз хешовандони домод талаб кардаанд, ки маҳри муаҷҷалро, яъне маҳреро, ки дар вақти барҳам хӯрдани никоҳ — хоҳ бо талоқ бошад, хоҳ бо марги яке аз зану шавҳар, — дода мешавад, муайян кунанд. Онҳо барои ин маҳри мӯҳлатӣ рӯйидаричаи дар деҳаи Соктаре доштаи язнаамонро таъин кардаанд.
Тааҷҷуби шунавандагон торафт зиёд мешуд ва ҳеҷ кас намефаҳмид, ки ин ҳикоят ба даъво чӣ дахл дошта бошад ва тааҷҷуби ғазаболуди ман аз дигарон зиёдтар боло мегирифт. Қурбонниёз давом намуд:
— Ин додари савдогарам, намедонам, ин воқеаро аз кӣ шунида будааст, ки баъд аз мурдани падари инҳо аз рӯйи шарти никоҳ ҳамон рӯйидарича моли ҳамшираи мо мешудааст ва аз ду таноб замин, ки аз падари инҳо мондааст, ба тариқаи мерос низ ҳаштяк ба ҳамшира мерасидааст, ки чоряки таноб мешавад. Ин бо чоряки таноб рӯйидарича — ҳамагӣ ним таноб мешудааст. Азбаски ҳамшираамон дар зиндагии падару модараш мурд, аз рӯйи шариат шашяки моли духтарашон, яъне шашяки ҳамон ним таноб замин ба падару модарамон мерасидааст. Ана ҳамин додари боямон хост, ки аз ҷониби падару модарамон ба ҷиянҳои дар роҳ мондаамон даъво карда, шашяки ҳамон ним таноб заминро гирад.
«Ҳай, ҳай»-ҳо ва сарҷунбониҳои афсӯсомез аз тарафи аҳли сӯҳбат сар шуд. Намедонам Алихон шарм дошт ё не. Аммо ман ба сабаби тағоиам буданаш аз кори ӯ шарм дошта на ба одамон нигоҳ мекардам ва на ба ӯ.
— Шумо фикр кунед, ки, — гӯён Қурбонниёз давом кард, — ин чӣ қадар пастӣ ва тангчашмист. Ман хасисӣ ва тангчашмии додарамро медонистам, на ба хешу таборҳо, ҳатто ба падару модараш ҳам раҳм надоштан ва ғамхӯрӣ накардани ӯро кайҳо фаҳмида будам ва медонистам, ки ин худписанд, худбин ва худхӯрам аст, аммо ба ин дараҷаи пастӣ фуромада рафтани ӯро ҳамин сол фаҳмидам.
Қурбонниёз чойи дар даст доштаашро нӯшида боз давом намуд:
— Агар ҳамин даъворо карда, ҳамон шашяки ним таноб заминро мегирифт ҳам, ба ӯ чӣ мерасид? Ҳоли ҳозир чизе ба ӯ намерасид, чунки вай моли падар ва модарамон ҳисоб меёфт. Аммо баъд аз сари онҳо — агар то он вақт ин савдогар зинда монад, дар қатори панҷ нафар меросхӯр як саҳм мегирифт, ки ба пули нимча (500 грамм) чой баробар намешуд. Ин ниҳоят дараҷаи пастӣ ва пастназарист. Ҳар чӣ бошад, падару модарамон ба ин беобрӯйӣ ва пастӣ роҳ надоданд ва бе ваколати онҳо ин аз ҷониби онҳо даъво карда наметавонист. Лекин ҳар рӯз падару модари пири худро азоб медиҳад ва гапҳои сахт мезанад, ки «чаро ба ӯ барои ин даъво ваколат намедиҳанд?»
Ман баъд аз тамом шудани ҳикояти Қурбонниёз қадре сабук шуда, сар бардошта ба аҳли маҷлис нигаристам. Нохост чашмам ба тағоии савдогарам афтод: ӯ дар зери обу арақи шармандагӣ монда буд, сар хам карда менишаст, на ба ман, на ба бародараш ва на ба он касоне, ки дар он ҷо буданд, нигоҳ карда наметавонист. Чойнӯшон ва харидорон барои сабук намудани бори шармандагии ӯ ягон-ягон хеста рафтанд.
Баъд аз танҳо монданамон Алихон, бе он ки сар боло кунад, ба бародараш гуфт:
— Дар пеши мардуми бегона маро шарманда карданат лозим набуд.
— Ман мехостам, ки, — гуфт Қурбонниёз, — туро барои ин хислати бадат ҷазои сахт диҳам. Лекин, агар туро зада дасту поятро мешикастам ҳам, ҷазо мувофиқи гуноҳат намешуд ва ҳеҷ нафъе ҳам надошт. Ба болои ин, даст ба гиребон шудани мо бародарон сабаби ранҷиши падару модар мегардид, ки ин ба назари ту чизе набошад ҳам, ба назари ман гуноҳи азим аст. Ман фикр карда-фикр карда ҳамин ҷазоро ёфтам, ки туро дар пеши мардум шарманда кунам, то ки ту ин одатҳои бади худро партоӣ. Агар ту бо ҳамин дуруст шавӣ ва ба падару модарат бадмуомилагӣ накунӣ, ман ин ҷазоро барои ту басанда ва худро хушбахт мешуморам. Не, агар боз бо роҳи ҳамон одатҳои паст ва бади худ рафтан гирӣ, ба дидани шармандагии аз ин ҳам бадтар ва сахттар ҳозир бош!
Ман аз ин сӯҳбат хеле хурсанд шудам: аввал он ки ман ҳақиқати даъворо ва бе кӯшиши мо, бародарон, бартараф шудани онро дониста аз шубҳа ва парешонӣ баромадам; дуюм ин, ки тағоиҳои худро шинохтам ва инро ҳам фаҳмидам, ки тағоии савдогарам чӣ қадар бадтинат ва пастназар бошад, тағоии пахтакашам ҳамон қадар олиҳиммат ва донишманд будааст. Ва ҳол он ки ҳар дуи онҳо ҳам бесавод, дар як хонадон, дар пеши як падару модари бесавод, дар як деҳа ва дар як муҳит парвариш ёфта калон шуда буданд. Аммо ман дар он вақтҳо намедонистам ва намефаҳмидам, ки ба тағоии савдогарам феълу атвори савдогарон таъсир карда, ӯ хислати тангчашмии савдогарӣ пайдо кардааст ва тағоии калонам ба замми ин, ки бо меҳнати ҳалол зиндагӣ мекард, дар вай таъсири қозӣ Абдулвоҳиди Сарир буд, ки ӯ шоир ва донишманди замони худ буда, аз ҳамфикрони Аҳмад-махдуми Калла буд.
* * *
Қурбонниёз барои хабар гирифтани додараш ба чӯл рафтан хост:
— Агар ба саёҳати чӯл ҳавас дошта бошӣ, туро ҳамроҳи худ мебарам, гуфт ӯ ба ман.
— Ман бо хурсандӣ қабул кардам. Чунки бӯйи бади шаҳри Бухороро фақат шамоли чӯл метавонист аз димоғи ман бубарад. Қурбонниёз як танӯр зағора пазонда ба хӯрҷин андохт. Мо ҳар ду ба ду хар савор шуда роҳи чӯлро пеш гирифтем. Баъди аз деҳа баромаданамон қадам ба қадам ҳаво беҳтар мешуд. Чун аз рӯди кӯҳнаи Шофирком гузашта аз ободонии мадании деҳот баромадем, ҳаво боз ҳам форамтар шуд. Бо вуҷуди охири баҳорон ва аввали тобистон будан ба сабаби серборонии он сол алафҳои худрӯйи дашт ҳанӯз сабзу хуррам буданд, ҳар ҷо-ҳар ҷо парча-парча лолазорҳои гуногунранг ҳам ба назар менамуданд.
— Тағоиам магар аз хомӯшона рафтан дилтанг шуд, ки аз дидаву шунидаҳояш гап сар кард. Ӯ бештарин аз аҳволи қозӣ Абдулвоҳид ва аз хубиҳои ӯ гап мезад.
— Ман аз ӯ пурсидам:
— Шумо чаро баъди қозигиро партофта рафтани қозӣ Абдулвоҳид ба ягон қозии дигар мулозим нашудед? Магар пахтакашӣ ба шумо душворӣ намекунад?
— Ҳа, — гӯён ӯ дар ҷавоби ман гап сар кард, — вақте ки қозии марҳум қозигии Ғиждувонро партофта Бухоро рафтан хост ва мо чанд нафар мулозимони қадрдонаш кӯчи ӯро то шаҳр бурда ба хонааш фуровардем, ӯ моро дар он ҷо як шаб меҳмон кард. Пагоҳонии он шаб бо вуҷуди бемориаш маро ҷеғ зада ба пеши худ дароварда пурсид. «Боз ба ягон қозӣ мулозимӣ кардан мехоҳӣ?» Ман, ки дар он вақт ҳамаи қозиҳоро монанди ӯ гумон мекардам, бе ибо «мехоҳам» гуфтам. Ӯ ба фикр фурӯ рафт. Баъди андак хомӯшӣ гуфт: «Писари Орифхони аълам – Порсохон дар ҳамин рӯзҳо қозӣ шудааст. Аҷаб нест, ки ҳанӯз ба зулму бедод одат накарда бошад. Майлат, агар мулозимӣ кардан хоҳӣ, туро ба пеши ӯ мефиристонам. Чанд мулозими қадрдони дилгарм ҳам ба ҷое барои мулозимӣ фиристоданашонро талаб карда буданд, онҳоро ҳам ҳамон ҷо мефиристонам ва ба ҳамаатон як хат медиҳам». Мо панҷ нафар будем. Ҳамон рӯз бо мактуби қозӣ Абдулвоҳид ба қозихонаи Порсохон рафтем, ки дар тумани Гаждумак буд. Мо мактубро ба ӯ додем. Вай баъд аз ду рӯз ҳамаи моро якҷоя ба пеши худ даровард. Баъд аз пурсидани аҳвол ва чанд сол мулозимӣ кардани ҳар кадоми мо, ӯ гуфт: «Равияи қозӣ Абдулвоҳид, ки шумо дар дари хонаи ӯ тарбия ёфтаед, дигар буд ва кордории мо, ҷавонқозиён, дигар аст, чунонки ҷаноби олӣ ба мо ба андозаи ба давлат чӣ гуна хизмат карданамон ва ба хурсандии зоти олӣ чӣ навъ кӯшиданамон баҳо медиҳанд, мо ҳам ба мулозимони худ ба андозаи коркунии онҳо баҳо медиҳем. Мулозими кордон ва коркун он аст, ки то метавонад аз фуқаро мӯҳронаи қозиро зиёдтар рӯёнад ва аз мурофиачиён ҳаққи хизматро бештар ситонда ва нимаи онро ба соҳибдавлати худ (ба қозӣ) супорад. Агар шумоён ҳамин тарз хизмат карда тавонед, аз шумо ҳам ман розӣ мешавам, ҳам ҷаноби олӣ хушнуд. Як сар аспи худатон ҳам ду сар шуда, ба хушӣ рӯзгор мегузаронед. Вагарна дар пайи ягон кори бечорагии дигар меравед». Ман бо шунидани ин «насиҳати» қозии ҷавон, бе он ки аз вай рухсат гирам, ба хонаи худ баргаштам ва аз ҳамон рӯз сар карда дар пайи кори пахтакашӣ афтодам.
— Хуб, аз пахтакашӣ зиндагӣ чӣ навъ мегузарад? — ман боз пурсидам. Тағоиам баъд аз қадре хомӯш истодан ҷавоб дод:
— Пахтакашӣ дар асл кори бад нест, касе ки қувват ва сиҳат дошта бошад, барои ӯ ин кор душворӣ ҳам намекунад ва агар соҳибкорон бо ростӣ музд диҳанд, зиндагӣ ҳам аз ин кор бад намегузарад. Аммо афсӯс, ки ҳамаи пахтаҷаллобон, ки хӯҷаинони пахтакашон ҳисоб меёбанд, дузд ва фиребгаранд. Бо дуздии дар баркаш якта нони пахтакашро як бурда карда медиҳанд.
— Дар ин ҷо тағоиам мазмуни он чизҳоеро, ки дар бобҳои IХ-Х ва XII қисми якуми романи «Ғуломон» дар бораи аз деҳқонон баркашида гирифтани ғӯза ва ба пахтакашон баркашида додани он дар ҳавлии Абдураҳимбой ва дар бораи ҷанҷоли бой бо пахтакашон тасвир ёфтааст, ба тафсил ҳикоя карда, дар он ҷанҷол ба қозихона кашида шудани худашро ҳам нақл намуд (дар боби XII қисми якуми романи «Ғуломон» ман образи ин тағоиамро бо номи «Тӯтибурути Рустам» нишон додаам).
* * *
Мо — дар ин вақт ба сари як ҷӯйи ботилшуда расидем, ки аз рӯди хушкшударафтаи Ҷилвон дар вақти серобии он об мегирифтааст. Ман номи он ҷӯйро аз тағоиам пурсидам. Ӯ ҷавоб дод:
— Азбаски ин ҷӯй дар замони серобиаш Тезгузар ном деҳаро об медодааст, ба вай «ҷӯйи Тезгузар» ном додаанд.
Ман, ки дар фаҳмидани маънии калимаҳо ва муносибати номҳо ба соҳибонашон ҳавас доштам, аз ӯ пурсидам:
— Он деҳаро чаро Тезгузар номидаанд?
Ӯ дар ин бора як афсонаи халқиро ҳикоя карда дод. Назар ба нақли ӯ, дар замони пеш дар лаби ҷӯйи деҳа бойдухтари соҳибҷамоле менишастааст. Ӯ дар даст косае доштааст, ки бо вай аз ҷӯй об гирифта менӯшидааст.
Дар ҳамин вақт чӯпонписаре аз чӯл пиёда бо тарафи дигари ҷӯй меомадааст. Чун чашми чӯпонписар ба рӯйи зебои духтарак афтодааст, ба ҳусну ҷамоли ӯ мафтун шуда, ба ӯ нигариста рост истода мондааст.
Духтарак аз вай пурсидааст:
— «Ин чӣ нигоҳи аҷиб!
Рӯяма хӯрдӣ қариб».
Чӯпонписар ҷавоб додаст:
— «Ошиқаму беқарор!»
Духтарак косаи дар даст доштаашро ба тарафи ӯ дароз карда гуфтааст:
— «Косая бар зар биёр!» Чӯпонписар ҷавоб додаст:
— «Муфлисаму раҳгузар!»
Бойдухтар ба ӯ мағрурона гуфтааст:
— «… нахӯру тез гузар!»
Ана ба ҳамин муносибат номи он деҳа Тезгузар шуда мондааст.
* * *
Мо аз рӯди Ҷилвон гузашта ба мазори Чилдухтарон расидем. Ин мазор дар домани чӯл буд. Дар он наздикиҳо на деҳа буд, на девор, на дарахте буд, на киштзор. Фақат дар он ҷоҳо буттаҳои алафҳои худрӯ буд, ки саракҳои онҳоро рамаҳои раҳгузар каллак карда хӯрда ба дарунтари чӯл гузашта рафта буданд. Тағоиам дар бораи номи мазори Чилдухтарон афсонае нақл кард. Назар ба қавли ӯ, дар замони гузашта дар деҳаҳои Тезгузар ва Боғи Афзал ғуломдорӣ бисёр авҷ гирифта будааст. Дар ин ду деҳа аз канизакон чил духтар будаанд, ки мирзоҳошон (соҳибонашон) ба онҳо бисёр зулм мекардаанд.
Чун «кор ба ҷону корд ба устухони» он канизакон расидааст, як шаб ҳамаашон гапро як ҷо монда, баъд аз хобидани соҳибонашон ба тарафи чӯл гурехтаанд. Баъд аз гурехтани духтарон мирзоҳошон хабардор шуда, ба миёнашон шофу шамшер баста, бар аспҳои бидав савор шуда, аз пайи онҳо баромадаанд ва дар лаби Ҷилвонрӯд сиёҳии онҳоро дида, аз дунболашон асп давондаанд.
Каниздухтарон, ки ба худашон наздик расида омадани хӯҷаинҳошонро дидаанд, ба Худо зурна кардаанд, ки онҳоро дар зери замин ҷо диҳад, то ки онҳо дигарбора ба дасти он золимон афтода гирифтори азобу уқубати тоқатфарсо нашаванд.
«Худо дуои онҳоро қабул карда заминро кафондааст». Он чил духтар аз шикофи кафидагӣ ба зери замин даромадаанд ва ҷойи кафидагӣ боз ба ҳам омада дар зери вай рафтани он чил духтар номаълум шуда мондааст ва ба ҳамин муносибат номи ин ҷо «Чилдухтарон» шудааст. Мо аз он ҷо гузашта ба Хариз ном ҷое расидем, ки чорводорони деҳаҳои тобеи Деҳнави Абдуллоҷон дар он ҷо буда, дуртар аз якдигар хонаҳои сиёҳ зада нишаста буданд.
Хизматгорони онҳо гуппӣ мезаданд. Аммо рамаҳоро чӯпононашон барои чаро ба ҳар тарафи чӯл ронда бурда будаанд. Дар қатори онҳо чӯпон тағоиам ҳам гӯсфандони ба худаш супурдашударо ба чаро бурда будааст (тағоиам дар сабаби номи Хариз вобаста ба афсонаи Чилдухтарон як ҳикоя гуфта буд. Аммо нақли он дар ин ҷо муносиб дида нашуд).
Қурбонниёз маро дар пеши хонаи сиёҳи додараш гузошта, худ ба кофтукови ӯ рафт ва баъд аз соате ӯро ёфта омад. Ниёзхон тағоиам моро ҷурғот зиёфат карда, худ бо ҷувории сафед оши кашкпазӣ сар кард. (Ман зиндагонии чӯпонон ва оши кашкпазии онҳоро дар бобҳои V ва VI қисми сеюми романи «Ғуломон» тасвир кардаам.)
Қурбонниёз ба даруни хонаи сиёҳ даромада хобид. Ман оҳиста-оҳиста қадам зада барои гардиш аз он ҷо дур шудам. Дар он ҷоҳои биёбон хомаҳои хурд-хурди реги сурх ва талчаҳои пастак-пастак қатор шуда рафта буданд. Чун аз ду-се хомаву теппа гузаштам, аз тарафе овози ҳазини найи чӯпонӣ баромада маро ба тарафи худ кашид.
Ман боз аз якчанд хома ва талча гузашта ба теппачае, ки аз болои вай садои най мебаромад, расидам. Дар камари талчаи пастак гӯсфандон мечариданд. Ман ба болои теппа баромадам. Дар он ҷо пирамарди 80-солае, ки мо ӯро Бобоғулом мегуфтем ва писараш бо акаам ширхӯра буд, рамаи аз тарафи хӯҷаинаш ба дасташ супурдашударо ба чаро сар дода, худ най навохта нишастааст. Ман ин одамро бинобар ширхӯра будани писараш бо акаам дар хурдсолиам чандин бор дида бошам ҳам, ба аҳволи ӯ диққат накарда будам. Ӯ маро дида шинохт ва найро ба як сӯ гузошта, баъд аз вафоти падару модарам чӣ гуна гузашта истодани зиндагонии моро пурсид: Ман ба таври кӯтоҳ ба ӯ ҷавоб дода хостам, ки саргузашти ӯро дониста гирам, Чунки ғулом будани ӯро ва дар хурдсолӣ аз тарафи туркманон тохта оварда фурӯш шудани ӯро медонистам ва аз ӯ пурсидам, ки дар он бора ба ман ҳикоя карда диҳад.
Ӯ ба ман бо тафсил саргузашти худаш ва ҳамдеҳаҳояшро нақл кард. Ин ҳамон Раҳимдод буд, ки аз тарафи ғоратгарони туркман тохта шуда бо номи Неқадам (Некқадам) дар ҳафтсолагиаш ба Абдураҳимбой ном маҳаллаи болоӣ фурӯш шуда буд. (Саргузашти ин пирамард сюжети асосии қисми якуми романи «Ғуломон»-ро ташкил кардааст.)
Ман дар шунидани саргузашти Бобоғулом чунон ғарқ шудаам, ки тағоиҳоямро фаромӯш карда бегоҳ шудани рӯзро ҳам нафаҳмида мондаам. Як вақт садое ба гӯшам расид, ки касе маро ном бурда ҷеғ мезад. Ман ба болои тал рост шуда ба тарафи омади садо чашм дӯхтам: тағоии хурдам — Ниёзхон ба болои теппачае рост истода, кафи дасташро ба паҳлуи даҳонаш гирифта ва ба ҳар тараф рӯяшро гардонда маро ҷеғ мезад. Ман дарҳол бо садо ҷавоб дода пеши ӯ расида омада бо вай ба хонаи сиёҳ даромадем. Қурбонниёз аз ғоиб шудани ман хеле парешон шуда «мабодо ба чанголи гург наафтода бошад» гуфта тарсида будааст. Баъди хӯрдани кашк ман бо Қурбонниёз аз чӯл баргаштем ва баъди се соат аз шаб гузаштан ба хонаи бобо расида омадем.
Дар пеши ман ҳал кардани масъалаи додари зиндамондаам — Сироҷиддин истода буд. Агар ӯ боз дар хонадони бобоям мемонд, мурданаш муқаррар менамуд. Бинобар ин дар дили худ қарор додам, ки ӯро ҳамроҳи худ шаҳр барам, «ҳар чӣ шавад, дар пеши назари худамон шавад». Аммо пеш аз он ки ба шаҳр равам, ба Соктаре, ба хонаи худамон рафта омаданам лозим буд. Дар ҳамин муддат дилам нахост, ки додарамро аз худ ҷудо кунам — ӯро ҳам ҳамроҳи худ ба Соктаре бурдан хостам.
Як рӯзи бозор Қурбонниёз тағоиам моро то Ғиждувон бурда монд, мо аз он ҷо бо бозорчиёни Соктаре ба деҳаи худ рафтем. Парешонии аҳволи хешу таборон, харобии ҳавлӣ ва рӯйидаричаи худамон маро парешонҳол ва дилгир кард: Тӯтапошшо мурдааст ва баъд аз марги ӯ хонааш аз аввалааш ҳам харобтар шуда мондааст. Дар рӯйи ҳавлиаш шӯра ва алафҳои бадбӯй рӯйида хушкида монда буданд. Дари хонааш кушодагӣ, аммо ҳамон пӯстакча, ки ягона палоси хонаи вай буд, бо чағбутҳои чиркин дар рӯйи хонааш мехобид. Вақте ки ман гӯё «барои ёд кардан ва хурсанд намудани рӯҳи ӯ» ба хонааш даромадам, аз мағзи чағбутҳояш як гурбаи ёбоӣ, ки дар он ҷо хобида будааст, ҷаста хест ва ба тарафи ман ғурроси ваҳшиёна карда аз дар баромада гурехт. Ин буд ягона ҷонишини он кампир.
Аз он ҷо ба тарафи хонаи Султонпошшо, ки зани Иброҳимхоҷа буд, гузаштам. Ӯ бемор мехобид ва дар паҳлуяш як писарчаи 4-солааш буд, ки вай ҳам бемор буд. Ҳомидхоҷа — хоҳарзодаи шавҳараш бемордорӣ мекард.
Султонпошшо маро дида аҳволпурсӣ кард ва ба ман таъкид намуд, ки ба хонаи Тӯтапошшо нигоҳ накунам, чунки «дар он ҷо деви ҳафтсар хона монда будааст». Магар ин бечораи хаёлотӣ ҳамон гурбаи ваҳширо «деви ҳафтсар» гумон кардааст. Шавҳарашро пурсидам:
— Дар сари мазор чилла нишастааст ва як моҳ боз ба хона наёмадааст, — гуфт. Аз он ҷо ба хонаи Усто амак рафтам. Дар ҷойи он одами хушвақти чақчақии боғайрат як одами ба мурдан наздикрасида мехобид, ки қувваи гап задан надошт. Ӯ бо садои вингоси магасмонанд аз ман аҳволпурсӣ кард. Баъд, аз сари зимистон боз бемор хобиданашро, кор карда натавонистанашро ва як порча заминашро маҷбур шуда бо нархи арзон ба қозибачаҳо фурӯхта хӯрданашро ҳикоя кард.
Ман аз ӯ аҳволи писараш Икромхоҷаро пурсидам.
— Аз бозе, ман бемор шудаам, ӯро надидаам. Бе ҷавоби ман харро савор шуда баромада рафтааст. Мегӯянд, ки «ӯ дар Вобканд дар хонаҳои хешони модараш будааст», — гуфт дар ҷавоб ва илова кард, — Сайид Акбарро агар дар шаҳр бинӣ, бемории маро ба ӯ фаҳмон ва аз забони ман гӯй, ки аз ман хабардор шуда истад ва мурдаи маро гӯронад.
Дар хона, дар атрофи Усто амаки бемор занаш, ду духтари хурдаш ва як писари навзодаш буданд, ки ранги рӯйи онҳо ҳам аз бемори чандинмоҳа беҳтар набуд. Аҳволи ҳавлӣ ва рӯйидаричаи худамон ҳам маро дар андӯҳ андохт. Аммо аҳволи ҷое, ки тамоман бекас монда бошад, аз ин беҳтар нашуданаш табиӣ буд; дарахтҳои мевадори рӯйидарича ва пойини суффа аз об нахӯрдан сархушк шуда мондаанд, ҷойи кадукории ман шӯразор ва хорзор шуда мондааст. Кӯрпаҳоро муш задааст, дар намад куя пайдо шудааст ва ҳоказо.
Заминро акаам ба як деҳқон супурда буд, аз вай хабар гирифтам, назар ба қавли ӯ, як таноб ғӯза кишта будааст, ки вай ҳам пояхушк шудааст, як танобро гандум кишта будааст, ҳосили вай ба хароҷоти худи замин нарасидааст. Дар охири суханаш он деҳқон ба ман таклиф кард, ки заминҳоро ба худи ӯ, ё ба қозибачаҳо фурӯшам. Аммо ман қабул накардам ва «бе ҷавоби акаам ҳеҷ кор карда наметавонам» — гуфтам.
Дар пеши ман масъалаи дар тобистон таъмин кардани маишати худам ва додарам истода буд. Бинобар ин ман ба фурӯхтани асбоби хона даромадам. Аввал кӯрпа ва кӯрпачаҳои мушзадаро бо намади куязада ва дегу табақ фурӯхтам. Баъд аз он дӯкони бофандагии падарро бо абзоли чархтарошиаш пул кардам. Ва ба ин восита аҳволи хӯроки мо дар тобистон бад нашуд, рӯйи додарам ҳам сурхӣ пайдо кард.
Аз ғайри ин аз он пул мо ҳар ду ду куртаву лозимӣ ҳам карда гирифтем.
Аз ҳамдеҳагони мо — аз он касони солхӯрда ва миёнсол, ки дар соли вабо намурда монда буданд, бештаринашон дар он зимистон мурда ва замини як қисми онҳо дар хароҷоти гӯру кафанашон ба қозибачаҳо, ки заминдори калони он деҳа буданд, гузаштааст ва фарзандони он мурдагон мардикор ва чоряккор шуда мондаанд. Дар қатори он зимистон мурдагон Лутфулло Гӯппон ҳам буд, ки ба вай дилам бисёр сӯхт.
Аз чӣ бошад, деҳаи Соктаре аз деҳаи Маҳаллаи Боло ба назари ман беҳтар намуд. Чунки аз даруни вай ҷӯйи калон мегузашт ва Зарафшон ҳам наздик буд. Ҳатто дар он рӯзҳо дар он деҳа як ҳолати навро дидам, ки аз он пеш набуд: аз ошноҳои имом ва хатиби деҳаамон — Мулло Шоҳ ном дарвозӣ он тобистон ба пеши имом омада мондааст. Ӯ муллои ба хатм наздикрасида буда, ба адабиёт ҳам ҳавас доштааст. Он вақтҳо имоми деҳа бештарин бемор буда, камтар берун мебаромад ва муллои меҳмони ӯ — Мулло Шоҳ бо муллобачаҳои мадрасаи он ҷо дар айвони масҷид машғулӣ мекард. Машғулии ӯ аз дарсҳои расмӣ зиёдтар бо адабиёт буд. Талабаҳоро ба гирди худ ғун намуда бедилхонӣ мекард.
Ман аз ин ҳол хабар ёфтам ва ҳар рӯз дар вақти бедилхонии муллои дарвозӣ рафта, дар ҳалқаи ӯ менишастам. Дар дасти ӯ як девони мунтахаботи дастхати Бедил буд, ки аз вай ғазалҳоро байт-байт хонда ба талабаҳо маънидод ва шарҳ мекард. Як рӯз як ғазали Бедилро, ки бо байти зерин сар мешавад, ба хондан даромад:
Э, хаёли қоматат оҳи заифонро асо,
Бар рухат наззораҳоро лағжиш аз ҷӯши сафо.
Вақте ки ба байти зерин расид, ба ин тариқа хонд:
Нашъаи сад хум шароб аз чашми мастат ғамзае,
Хунбаҳои сад чу ман аз ҷилваҳоят як адо.
Табиист, ки чӣ навъ хонда буд, ҳамон навъ маънидод кард. Дар ман маънии калимаи «чу ман» ба он байт намечаспидаги барин намуд. Оҳиста хам шуда ба китоби дар пеш кушодагӣ нигоҳ кардам, ки дар ҳақиқат дар нусха он калима ба шакли «чу ман» навишта шудааст. Аммо дарҳол ба хотирам расид, ки бояд нусха хато бошад ва он калима ба шакли «чаман» бошад (дар ҳақиқат як вақт нусхаи дигарро дидам, ки «чаман» навишта шудааст). Аммо изҳор кардани ин фикри худро дар пеши калонсолон муносиб надидам.
Бедилхон давом кард ва байти зеринро ба ин тариқа хонд:
Теғи мижгонат ба оби ноз доман мекашад,
Чашми махмурат ба хуни нок мебандад ҳино.
Ва ба тарзе, ки хонда буд, шарҳ дод ва назар ба шарҳи ӯ, бояд даруни нок пурхун бошад. Мулло Баҳром ном як талаба, ки аз ҳамсоядеҳаи мо буд, ба ин маънидод розӣ нашуд ва «дар хонаи мо як дарахти нок ҳаст, ҳар сол ҳосил медиҳад. Аммо ҳеҷ гоҳ надидаам, ки даруни меваи вай пурхун ё сурхи хунмонанд бошад» — гуфт.
Аммо Мулло Шоҳ ба ин розӣ нашуд ва гуфт:
— Дар Дарвози мо чунон нокҳо ҳастанд, ки агар ба думчаи яке аз онҳо корд расонӣ, чунонки гулӯи хурӯсро бурида бошӣ, хун ҷӯшида баромада дастонатро хунолуд мекунад. Ман дар дили худ гуфтам, «хуб аст, ки монанди гулӯи буридашудаи гӯсфанд аз нокҳои Дарвоз хун фаввора зада намебаромадааст. Вагарна дасту даҳону сару рӯйи нокхӯрон бо саллаву ҷомаву кафшу маҳсиҳошон пурхун мешуд».
Аммо ман гумон кардам, ки бояд нусхаи аслӣ «нок» набуда «ток» бошад ва аз мунозираи Мулло Баҳром ҷасорат пайдо карда ин фикри худро ба домуллои «бедилшинос» изҳор намудам. Аммо ӯ ин дафъа магар зӯъмӣ ва якраҳагӣ карда нишастанро муносиб надид, ки гуфт:
— Мумкин аст, ки дар асл «ток» бошад ва котиби бесавод «нок» навишта моро дар хато андохта бошад.
Мулло Баҳром дар ин мутолаа ҳам баҳс расонда даъво кард, ки «ток» ҳам хун надорад. Аммо домулло бо адабиётшиносии анъанавиаш шарҳ дода ӯро қабул кунонид, ва:
— Ба истилоҳи шоирон хуни ток — шароб аст, — гуфт.
Ҳарчанд дар ин гуна бедилхониҳо бо ғалат будани нусха ва хато хондани домулло хеле ғалатфахмиҳо ба майдон меомад — бо вуҷуди ин, он кор дар он деҳа як дилхушии нав буд. Ман он ҳолро то он вақт на танҳо дар он деҳа, балки дар мадрасаи Мири Араби Бухоро ҳам надида будам.
***
Вақти ангурпазӣ расид, мо бо додарам ба деҳаи Маҳаллаи Боло — ба хонаи бобоям баргаштем. Дар он ҷо — дар боғи бобо чанд рӯз ангурхӯрӣ кардем.
Чун моҳи мизон — аввали таҳсили мадрасаҳои Бухоро наздик расид, ки аввалҳои сентябр буд, барои ба шаҳр баргаштан тайёрӣ дидам ва Қурбонниёз тағоиам маро бо додарам ба шаҳр бурда монданӣ шуд.

Дар роҳи шаҳр ва Маҷиди каҳкашонӣ

Қурбонниёз тағоиам мо ду бародарро ба як хар савор кард ва худаш ҳам ба як хар савор шуд. Мо ба тарафи шаҳр равона шудем. Харҳо хеле лоғар ва пир будаанд, бинобар ин мо дар роҳ дар чанд ҷой маркабҳои худро дам дода ва алаф хӯронда баъд аз як соат аз шаб гузаштан — вақти хуфтан ба Галаосиё расидем, ки аз он ҷо то шаҳр як фарсах (8 километр) роҳро тай кардан лозим буд ва ҳол он ки дарвозаҳои шаҳр аз сари хуфтан баста шуда, то азони бомдод баромад-даромад ба шаҳр бозмеистод. Акнун дар беруни шаҳр хобидан лозим буд. Аммо тағоиам, шояд аз харҷаш гурехта бошад, дар самоворхонаҳои сари бозори Галаосиё хобиданро муносиб надид ва:
— Дар роҳ дар ягон ошхона мехобем, — гуфт.
Мо ним фарсах роҳи дигар тай карда ба деҳаи Каҳкашон расидем, ки дар адлмиёнаи шаҳр ва Галаосиё воқеъ шудааст.
Тағоиам дар он деҳа ба пеши дарвозае рафта дарро кӯфт. Баъд аз ду-се бор тақ-тақ кардан касе омада дарро кушода, баъд аз салому алек:
— Ба кӣ кор доред? — гуфта пурсид.
— Ҳавлии Маҷид ҳамин аст? — тағоиам ба пурсиши ӯ бо ин пурсиш ҷавоб дод.
— Ҳа, ҳамин аст! Чӣ мегӯед? — боз пурсид он кас.
— Мо шаҳр рафта истода будем, дер мондем. Агар мумкин бошад, меҳмон мешудем, — гуфт тағоиам дар ҷавоб.
— Марҳамат! — гуфт ва дарвозаро калон кушод.
Мо ба ҳавлӣ даромадем. Боз як кас аз меҳмонхона баромада хар дуяшон ду харро гирифта ба таги собот бурда бастанд ва моро ба меҳмонхона дароварданд.
Меҳмонхона як хоначаи панҷболор буд. Дар пешгаҳаш як сандалӣ буд, дар ду кодокаш ду мӯйсафед нишаста ғӯза мекашиданд. Пешгоҳи кодоки сандалӣ аз пахтаи кашидашуда ва рӯйи вай аз кокула (пӯчоқи ғӯза) пур буд. Дар ду тарафи хона — дар зери деворҳо чор ҳаллоҷӣ рӯ ба рӯйи ҳам меистод, ки паси онҳо аз пахтаи тозаву пешашон аз пунбадона пур буд ва дар зери тири ҳаллоҷиҳо яктагӣ парда кашида шуда буд, ки он пардаҳо ба омехтани пахтаи тоза бо пунба роҳ намедоданд. Дар пойини сандалӣ бар рӯйи чароғпояи баланде чароғи сиёҳ месӯхт, шакли ин чароғи сафолин ба шакли чароғҳои оддии яклунҷа набуда, балки ба шакли киштича сохта шуда буд, ки аз ду тараф ду лунҷи пилтасӯз ва дар миёнаҷояш дастгири камонӣ дошт. Чароғ бар рӯйи чароғпоя дар вазъияте гузошта шуда буд, ки ҳам рӯйи сандалӣ — пеши чашми ғӯзакашонро, ҳам пойини хона — пеши ҳаллоҷикунонро рӯшноӣ медод.
Дар пеши ҳаллоҷии поёнӣ як ҷавони тахминан 20-сола кор мекард, ки бо даромадани мо ӯ аз ҷояш хеста ба мо салом дод ва боз ба сари кораш нишаста кори худро давом кунондан гирифт. Аммо он ду касе, ки моро пешвоз гирифта ба хона дароварда буданд, дар кодоки пойини сандалӣ дар наздикии мо нишастанд.
Аз миён фурсате нагузашта аз дар як ҷавони калонсолтаре ба хона даромад. Бо дидани ин ҷавон тағоиам аз ҷояш ҷаста хест ва як-ду қадам ба тарафи ӯ давид. Оянда ҳам чолокона қадам монда ба тағоиам расид ва ҳар ду якдигарро дар бағал кашида вохӯрдӣ карданд ва аз рӯйи ҳамдигар бӯсиданд. Баъд аз он нишаста ҳар ду аз саломатии якдигар пурсупос карданд. Пас аз он, он ҷавон ду марди мӯйсафедро амакҳоям ва он ду каси моро пешвоз гирифтаро амакбачаҳоям ва он ҷавони ҳаллоҷикунандаро додарам гӯён ба тағоиам шиносонд. Тағоиам гуфт:
— Мо меҳмонони ногуфт (нохонда) шуда омадем, шумо дар хона набудед, ба вуҷуди ин, беномусӣ карда даромадем.
— Аз беномусӣ Худо нигоҳ дорад, — гуфт соҳибхона, — ин хонаи худатон аст, магар ба хонаи худ даромадани як кас беномусии ӯ мешавад. Ин тавр нагӯед, ки ман хафа мешавам! — соҳибхона ба додари худ чою дастархон фармуда давом намуд:
— Вақте ки дарвоза тақ-тақ шуд, ман дар ин ҷо будам. «Аҷаб нест, ки барои дастгир кардани ман одамони ҳоким омада бошанд», — гуфта берун баромадам ва рӯй пинҳон кардам. Баъд аз ба хона даромада нишастани шумо ман ба пушти дари боло омада, аз тарқиши дар нигоҳ кардам ва дар равшании чароғ шуморо шинохта хотирҷамъ шуда ба хона даромадам.
— Бисёр хуб! — гуфт Қурбонниёз, — гӯед канӣ, зиндагонӣ чӣ навъ гузашта истодааст?
— Агар ба ҳоли худам монанд, бад нест, — гуфт соҳибхона, — ба касе кордор намешавам, бечорагӣ карда зиндагӣ мекунам. Мебинед, ки пахтакашӣ карда истодаам. Ин кори осон нест. Дар ин кор нохунҳои кас мепарад ва шонаҳои кас мефурояд. Лекин меҳнати ҳалол аст. Касе, ки номус ва ғайрат дошта бошад, аз ин гуна меҳнат наметарсад.
— Ман ҳам пахтакашӣ мекунам, — гуфт тағоиам, — кори бад нест. Лекин музди кор ба меҳнаташ баробар намеояд. Агар пахтаҷаллобон дар баркашу дар нағзиву бадии ғӯза фиребгарӣ кунанд- чӣ? Дар он вақт музд нагирифтан он тараф истад, товон ҳам медиҳӣ.
— Аввалҳо ба ман ҳам фиребгарӣ карданд, — гуфт соҳибхона,-аммо ман ба фиреби онҳо бо муштам ҷавоб додам. Ҳоло ба ман бо эҳтиёт муомила мекунанд.
Чою дастархон омад, нонхӯрӣ сар шуд. Соҳибхона чойро гардонда аввал худ нӯшид ва баъд аз он ба тағоиам чой кашида дода суханашро давом кунонид:
— Лекин ҳокимон ба меҳнати ҳалол роҳ намедиҳанд. Ҳамин ки фаҳмиданд, ман дар хонаам ҳастам, танам пӯшида шуда, шикамам ҳам қариб сер шуда истодааст, мулозим аз пайи мулозим, шогирдпеша аз пайи шогирдпеша, шабгард аз пайи шабгард омадан мегиранд, маро меҷӯянд. Дар он вақт ман маҷбур мешавам, ки боз гуреза шавам, ба ҷоҳои дурдаст равам ва бо роҳҳои нодуруст (яъне дуздӣ) шиками худро сер кунам.
Мо баъд аз нӯшидани чой ва хӯрдани таом хобидем. Дар торикии рӯз бо соҳибхона «хушбошӣ» карда ба роҳи шаҳр даромадем.
* * *
Ман дар роҳ кӣ будани соҳибхонаро аз тағоиам пурсидам. Ба ҷойи ҷавоб ҳикоят сар кард:
— «Дар вақтҳое ки ман, — гуфт у, — дар пеши қозии Ғиждувон мулозим будам, амлокдори он ҷо ба Бухоро — ба хазинаи амир молиёт (пули аз андозҳои замин ҷамъшуда)-ро фиристод. Аз рӯйи одат, азбаски молиёт ва пешкаш ҳар вақт бояд пагоҳонӣ — дар вақти саломгирии амир мерасид, амлокдор қофилаи худро аз Ғиждувон шабона бароварда гусел кардааст. Аммо дуздон аз ин кор хабар ёфта ба корвони амлокдор дар наздикии деҳаи Розмоз ҳуҷум овардаанд ва ба посбонони амлокдор ғалаба карда як қисми пешкаш ва пули нақдро тохта бурдаанд.
Ҳокимони Ғиждувон ва Бухоро ва ҳокими Вобканд, ки ин дуздӣ дар тумани онҳо воқеъ шуда буд, ҳарчанд кофтуков карданд, аз дуздон ва аз моли дуздидашуда асаре наёфтанд. Баъд аз чанд гоҳ амир ба воситаи воқеанависони худ (ҷосусони худ) фаҳмидааст, ки як гурӯҳ аз дуздон дар наздикии Тализарангарӣ, дар як работи холӣ шабона ҷамъ шуда манзил мекарданд ва аз он ҷо ба ҳар ҷо тохт меовардаанд.
Амир бо гирифтани ин ахборот ба қозиву раису амлокдору миршаби Ғиждувон — ба чор ҳоким фармон фиристод, ки шабона дар вақти ҷамъ шудани дуздон дар он работ, он ҷоро пахш кунанд ва ба қадри имкон дуздонро зинда дастгир карда ба рикоби олӣ фиристонанд. Ҳокимони Ғиждувон бо гирифтани ин фармон одамони худро яроқдор карда муҳайё шуда истоданд ва шабона ғайр аз қозӣ, ки пирии худро сабаб гардонда дар ин сафар иштирок накард, се ҳокими дигар пеш даромада ба он работ ҳуҷум оварданд ва ман ҳам дар қатори мулозимони қозӣ бо онҳо ҳамроҳ будам.
Одамони ҳокимон машъалҳоро даргиронда атрофи он работро чароғон карданд. Як қисми одамони яроқдор аз ҳар тарафи работ пахш карда даромаданд ва қисми дигарашон дар гирдогирди работ ҳар ҷо-ҳар ҷо қаровул истоданд. Ман ҳам дар қатори қаровулон будам, ки ба даст шамшер гирифта дар пеши рахнае қаровул меистодам. Рахна танг буда, бо як похса девор банд карда шудагӣ буд.
Як вақт аз ҳаёти работ як ҷавони савор асп давонда ба тарафи рахна омад, ки аз он ҷо баромада гурезад. Ман муҳайёи он шудам, ки пои аспи он ҷавонро бо шамшер қалам карда ғалтонам. Ҷавон ба мақсади ман пай бурда гуфт:
— Э ҷавонмард, ба ҷавонии ман раҳм кун! Маро роҳ деҳ, ки аз ин ҷо баромада халос шавам. Дидам, ки дар ҳақиқат вай як ҷавони зебоест. Раҳмам омад ва шамшери худро хобондам, ӯ аз рахна баромада бадар рафт.
Баъд аз қозигиро партофта рафтани қозӣ Абдулвоҳид ман ҳам мулозимиро тарк кардам. Дар зимистони ҳамон сол рӯзе бисёр барф борид ва сармо сар шуд. Додарам дар чӯл буд. Падарам аз ман хоҳиш кард, ки ба ӯ либоси гарм ва озуқа бурда диҳам.
Ман ҳамон шамшери мулозимро, ки ҳанӯз дар дастам буд, ба миён бастам ва аспи мулозимиро ҳам, ки ҳанӯз нафурӯхта будам, зин кардам, либос ва озуқаро ба хӯрҷин андохта аспро савор шуда роҳи чӯлро пеш гирифтам.
Баъд аз бурда додани либос ва озуқа ба додарам чанд пӯсти қароқӯли тақир (норасида)-ро, ки додарам аз шиками гӯсфандони худмурда гирифта монда будааст, ба хӯрҷин андохта бозгаштам.
Шаб торик шуд. Вақте ки ба Хариз расидам, асп гӯшҳояшро сих карда хост, ки рамида гурезад. Лекин фурсат наёфт — аз ҷилаваш касе маҳкам дошта буд. Ман ба қабзаи шамшер даст бурдам, ӯ ба ман фармон дод:
— Аз асп фуро!
Ман ба ҷойи ба ҷо овардани фармони ӯ шамшерро ба тарафи дасти ӯ ҳавола кардам. Ҷилави асп раҳо шуд ва фаххосзанон барои гурез ҳаллос зад. Аммо дар хези аввал асп муаллақзанон ғалтид ва ман аз болои вай парида рафтам. Лекин ба қад рост карда аз ҷо хестан фурсат наёфтам: маро се ҷавони тануманд, ки рӯйҳошон бо рӯймолҳо бастагӣ буд, пахш карда гирифтагӣ буданд ва дастони маро дар пушт бастанд. Асп дар замин тапаррос зада мехобид — пои вайро бо шамшер қалам карда будаанд.
Вақте ки маро дастгир карданд, касе, ки аввал ҷилави аспи маро дошта буд ва панҷааш бо шамшери ман бурида шуда будааст, таклиф кард, ки маро дар ҳамон ҷо бикушанд. Аммо ҳамкоронаш қабул накарданд ва «ин кори мо худсарӣ мешавад. Ба пеши сардор мебарем, — ӯ чӣ ки фармояд, ба ҳамон амал мекунем» — гуфтанд ва маро пеш андохта бо шамшеру хӯрҷинам дар як пасхами чӯл ба хонаи сиёҳе бурданд.
Дар хонаи сиёҳ чанд кас менишаст, ки сару рӯйи ҳамаашон бо рӯймолҳо бастагӣ буд, фақат пеши чашмҳошон кушодагӣ барин менамуд. Яке аз он касоне, ки маро дастгир карда буданд, моҷарои байни худашон ва ман воқеъшударо ба нишастагон ҳикоя кард. Дар ин ҷо ҳам касе, ки панҷааш бо шамшери ман бурида шуда буд, талаб кард, ки фурсат надода маро дарҳол бикушанд.
Аммо касе, ки аз оҳанги гап заданаш сардори онҳо буданаш маълум мешуд, таклифи дарҳол куштанро қабул накард ва гуфт:
— Албатта, куштан даркор аст ва мекушем, лекин дарҳол не. Мо бояд пеш аз куштанамон донем, ки киро мекушем? — ва аз ман гап пурсид. Ман ҷавоб надодам. Ман фикр мекардам: «Модом ки маро мекуштаанд, чӣ мешуд, ки фурсат ёфта пеш аз кушта шуданам яке аз инҳоро мекуштам. То ки хуни худро худ пешакӣ мегирифтам». Аммо дастони бастаам барои баҷо овардани ин фикр роҳ намедоданд.
Сардор дид, ки ман кӣ будани худро маълум накардам, фармуд, ки нӯкчаи чӯбчаи латтаи равғанӣ печондашударо даргиронда ба пеши рӯйи ман доштанд. Вақте ки рӯйи ман ба онҳо намудор шуд, он каси сардормонанд:
— Воҳ, ин дӯсти ман, ин касест, ки маро аз марг халос кардааст, — гуфт ва ба ман часпида аз сару рӯям бӯсид ва дастонамро бо дасти худ кушод.
Охир маълум шуд, ин ҳамон ҷавон будааст, ки ман як сол пеш аз он ҳодиса, ӯро аз дастгир шудан ба чанги ҳокимон раҳоӣ дода будам. То он вақт ман ӯро дигар надида будам ва намешинохтам, аммо ӯ дар рӯзи равшан чанд бор маро дида ва бо пурсуков шинохта монда будааст. Баъд аз он ҳодиса мо бо ӯ дӯст шудем». . .
Баъд аз он ки тағоиам ҳикояташро ба ин ҷо расонид, гуфт:
— Ана ҳамин соҳибхона ҳамон ҷавон аст, ки ӯро Маҷиди каҳкашонӣ 64 меноманд. (Ман образи Маҷиди каҳкашониро дар «Ҷаллодони Бухоро» ном асари худ нишон додаам.)

Соли дуюм дар мадрасаи Мири Араб

Мо пагоҳонӣ ба шаҳр даромада ба ҳуҷраи акаам фуромадем, ки аз Каркӣ омада будааст. Ҳуҷраи ӯ ҳамон ҳуҷрае буд дар мадрасаи Мири Араб, ки соли гузашта дар вай зиндагонӣ мекардем.
Тағоиам ҳамон рӯз ба саҳро баргашт. Агар ӯ намерафт, хобидани чор нафар дар он ҳуҷра душворӣ мекард. Зоҳиран Қурбонниёз ҳам ҳамин маъниро пай бурд, ки бо вуҷуди сахт илтимос кардани мо шабхобиро қабул накард.
Аввал акаам барои ба шаҳр бурдани додарам ба ман изҳори норизоӣ кард. Баъд аз он ки ман аҳволи хонадони бобо ва мурдани додари худамро ҳикоя кардам, розӣ шуд ва «хуб кардӣ, ки овардӣ» — гуфт.
Домуллои кунҷакиам — Мулло Абдусалом ва ҳамошони ӯ ҳам омада будаанд. Ман монанди порсола боз ба ҳамонҳо ошпаз шудам. Дарс ҳанӯз сар нашуда буд. Аз дилтангӣ дарпардаи (тирезаи коғазии) ба тарафи кӯча кушодашавандаи ҳуҷраро во кардам, ки роҳгузаронро тамошо карда нишинам. Аммо аз кӯча як бӯйи бади тоқатнопазир омад, ки димоғи касро қариб буд тарконад. Ин як бадбӯйии бегонае буд, ки ҳарчанд фикр мекардам, чӣ будани вайро намеёфтам. Зуд дарпардаро пӯшонда, аз ҳуҷра пойин фуромада ба рӯйи саҳни берунии мадраса баромадам ва ба тарафи шимоли саҳн рафта ба болои боми самоворхона ба ҳамон мақсади тамошо кардани кӯчагардон нишастам. Аммо ҳамон бӯйи бад дар ин ҷо ҳам меомад. Ночор ба лаби ғарбии саҳн рафта нишастам.
Дар он ҷо он бӯйи бад кам буд, аммо ба ҷойи вай ғалмағали одамон гӯши касро метарконд, чунки дар он ҷо — дар байни саҳни мадраса ва масҷиди калон (ҷомеъ) як ҷойи танги чуқур буд, ки дар он вақтҳо бозори ғӯзаи Бухоро дар ҳамон ҷо буд.
Садҳо нафар деҳқонони атрофи шаҳр садҳо ҷувол ва қанор ғӯза оварда борҳошонро дар гирдогирди тарозуҳои каппонӣ болоиҳам монда мунтазири баркашонда ба ғӯзаҷаллобон додан ва дар фикри бесаҳву хато пулашонро аз дасти одамони он ҷаллобон гирифтан буданд. Паллабардорон бошанд, гӯё барои ягон деҳқонро «дилмонда накардан» аз даҳ-дувоздаҳ ҷувол якбора баркаш сар мекарданд.
Ман ҳайрон будам, ки он паллабардорон дар айни замон якбора аз чанд деҳқон бор баркашида, шумури ҳар кадоми онҳоро ҷудогона чӣ гуна нигоҳ медоранд ва дар шароите, ки бори ҳар тарозуи баркашидашударо ба чоши як ҷаллоби дигар мерезанд, бори киро ба кӣ доданашонро чӣ навъ фаромӯш намекунанд. Ман ҳамин қадарашро мешунидам, ки ҳар паллабардор ба пеши ҳар деҳқон ки ояд, бо овози баланд як шумораро такрор мекард. Масалан, ба пеши як деҳқон «се-се» гуфта равад, ба пеши деҳқони дигар «панҷ-панҷ» гӯён мерафт.
Бисёр мешуд, ки деҳқон он шумораро қабул накарда, масалан «панҷ не, шаш шуд» — гуфта фарёд мекард. Аммо паллабардор ба фарёди вай гӯш надода кори худро давом медод. Агар деҳқон «нинакшахӣ карда» ба даъвои худ сахт истад ва барои қабул кунондани шумораи худ ба паллабардор аз лаби зағома нигоҳ дорад, паллабардор зағомаро аз дасти вай кашола карда гирифта, ғӯзаро ба пеши ҷуволи у ба замин рехта, ба пеши як деҳқони дигар, ки ба ӯ нигарон аст, мерафт ва то зорӣ карда илтиҷо намудани «деҳқони ҳисобдон» бори ӯро барнамекашид.
Дар вақти пули бори худро гирифтани ҳар деҳқон низ ҳамин гуна ҷанҷол сар мешуд — деҳқон шумораеро, ки ғӯзаҷаллоб мегуфт, қабул намекард ва ҷаллоб бошад, ба гапи худ сахт меистод. Агар деҳқон паллабардори худро ба шоҳидӣ ҷеғ занад, ӯ сари худро як ҷунбонда ба кори худ рафтан мегирифт ва аз он ишорати вай даъвои деҳқонро тасдиқ ё рад карданашро ҳеҷ кас намефаҳмид. Дар ин ҷо хам агар деҳқон «гарданшахӣ карда» ба даъвои худ сахт истад, ҷаллоб ё одами ӯ ҳисоботи ӯро як сӯ монда ба ҳисоб кардани деҳқони дигар мегузашт, ки албатта онҳо аз даҳ кам набуданд.
Ман ғарқи тамошои ҷанҷоли бозори ғӯза будам, ки касе аз паси сарам оҳистекак дошт. Ман сар бардошта нигоҳ кардам, ки Пирак аст. Ман аз саҳро омаданам боз ӯро надида будам, ӯ ҳам бо акааш чандрӯза ба саҳроҳои атрофи шаҳр рафта будааст, ки ҳамин рӯз омадааст.
Баъд аз пурсуҷӯйи аҳволи якдигар ӯ ба ман гуфт:
— Чаро дар ин занбӯрхона (бозори ғӯза) омада нишастӣ! Магар боми самоворхона аз ин ҷо осудатар нест? Ман бӯйи бади он ҷоро ба ӯ гуфта чӣ будан ва аз куҷо омадани он бӯйро аз ӯ пурсидам.
— Вай бӯйи кушишхона аст, — гуфт ӯ дар ҷавоб ва эзоҳ дод, — пештар кушишхонаи қассобии пеши мадрасаи мо дуртар ва дар наздикии бозори чӯб буд. Қассобон «он ҷо дурӣ мекунад» гуфта аз раиси калон рухсат гирифта ба ин ҷо оварданд, — Пирак илова кард, — чанд сол боз ин бӯйи бад насиби бозоричӯбиҳо буд. Аҳолии мадрасаи Мири Араб ва мардуми атрофи ин ҷо ҳам аз ин «неъмат баҳра баранд» — гуфта раис барои ин ҷо овардани кушишхона рухсат додаст.
— Охир, ин «бадбӯйхонаро» аз ҷоҳои одамнишин дуртар ва дар беруни шаҳр сохтан даркор буд, на ин ки дар пеши бинии ҳазорҳо одамон оварда монанд, — гуфтам ман бо оҳанги тааҷҷуб ва афсӯс.
— Оҳо! Дирӯз аз саҳро омада ба калонони Бухоро, ки худро «нозуктабиаттарини мардуми дунё» мепиндоранд, озодагифурӯшӣ мекунӣ. Ва ҳол он ки агар дар пеши мадрасаи мо кушишхона ҳамин сол омада бошад, дар пеши мадрасаи Кӯкалтош, ки калонтарин ва машҳуртарини мадрасаҳои Бухорост, солҳо боз кушишхона ҳаст ва касе гап намезанад. Инро ҳам як тараф монем, кушишхонаи қассобии Регистон дар рӯ ба рӯйи арк аст ва бӯяш рост ба димоғи ҷаноби олӣ ва мири қушбегӣ мерасад. Аммо шикоят намекунанд.
Пирак ин суханҳоро бо оҳанги пичинг гуфта, калонони Бухороро масхара медошт, ки ман мақсади ӯро фаҳмидам. Ӯ сухани худро давом дод:
— Дар шаҳри Бухоро ғайр аз қассобии пеши мадрасаи мо боз се қассобии калон аст. Яке аз онҳо қассобии Таги Шӯр аст, ки аз сад дӯкон зиёдтар дорад ва кушишхонаи вай дар ғарбии мадрасаи Кӯкалтош дар паҳлуи масҷиди ҷомеи Шайхшост, ки вай ғайри уламои мадрасаи Кӯкалтош, рӯзҳои ҷумъа димоғи ҳазорон нафар ҷумъахононро ҳам «хушбӯй» мекунад.
Дуюм, қассобии Регистон аст, ки дар он ҷо аз дусад зиёдтар дӯкони қассобӣ ҳаст. Кушишхонаи вай дар паҳлуи масҷиди машҳури Болои Ҳавз ва чунонки гуфтам, дар рӯ ба рӯйи арки амир аст, сеюм, қассобии растаи Хиёбон аст, ки кушишхонаи вай дар паҳлуи мадрасаи Хиёбон ҷой гирифтааст. Ғайр аз инҳо дар бозори Нав, бозори Хӯҷа, сари бозори Ғозиён ва дар дигар бозорчаҳо ва чорбаққолиҳо қассобон ҳастанд, ки молҳошонро дар даруни дӯконашон кушта мефурӯшанд.
Пирак хеле шӯрида рафта буд ва дар охир ба тарзи илова гуфт:
— Ҳоло ту барои дар даруни шаҳр будани кушишхонаи гӯсфандон ва говон изҳори норизоӣ мекунӣ ва ҳол он ки дар даруни шаҳр кушишхонаи одамҳо хам ҳаст. Ман як қад парида пурсидам:
— Вай дар куҷост ва чӣ гуна аст?
— Ман як рӯз ба ту нишон медиҳам, — гуфт Пирак ва магар коре дошт, ки аз паҳлуи ман хеста рафт.
Ғалмағали бозори ғӯза аз аввалиаш ҳам зиёдтар боло гирифта буд. Аммо ба гӯши ман дигар он ғалоғула намедаромад. Чунки хавоси ман ба кушишхонаи одамҳо банд буд.
* * *
Домуллои кунҷакиам-Мулло Абдусалом қассоберо ба ман шиносонда монда буд, ки ман бояд гӯшти ошро аз вай мегирифтам, «туро хурдсол гуфта ҳам дар баркаш фиреб медиҳанд ва ҳам серустухон карда медиҳанд. Худам, ки туро нишон дода ва гӯшти хуб доданашро таъин карда мондам, дигар аз фиреб додан ибо мекунад » гуфта буд.
Ман як рӯз барои гӯшт пеши қассоб рафтам, ки ӯ нест, аммо дӯконаш кушодааст. Аз ҳамсоядӯконаш пурсидам, «сабр кун, ҳозир меояд» — гуфт. Чанд дақиқа нигарон шудам. Аммо наёмад, «дар куҷо бошад?» — гуфта аз ҳамсояаш пурсидам. «Дар кушишхона, ҳозир меояд», — гуфт дар ҷавоб.
— Кушишхона дар куҷо?
— Дар ҳамин ҷо наздик аст, дар сари паскӯча, — паскӯчаеро, ки дар наздикии дӯконаш буд, қассоб ба ман нишон дод.
Ман дар дили худ фикр кардам: «Агар қассоб дер ояд, ош дер мемонад, ки сабаби ранҷиши хӯрандагон мешавад. Беҳтар он аст, ки ба кушишхона рафта қассобро ҷеғ зада оям ва дар ин миён манбаи бадбӯйиро ҳам дида мемонам ва мефаҳмам, ки кушишхона чаро ин қадар бӯйи бад медиҳад».
Ман рафтам. Дари кушишхона дутабақаи калони говдаро буд. Вақте ки ба он дар наздик расидам, бӯйи бад монанди кӯрдуд ба димоғам задан гирифт. Димоғамро бо ангуштонам дошта дарун рафтам. Он ҷо як хонаи чоркунҷаи калони нимторик буд, ки дар чор ҷойи сақфаш чор сутун гузошта будаанд. Дар атрофи хона қанораҳоро дар девор қатор задагӣ буданд, дар қанораҳо нимтаҳои гӯсфанд овезон менамуданд. Дар миёнаҷойи хона як хандақи дарозрӯя буд, ки девораҳои вай бо хишти пухта сохта шуда буд. Дар лаби хандақ аз ду тараф гӯсфандон ва говонро саллохон мекуштанд. Хандақ аз хун пур буд, ба болои вай ишкамбаҳои молҳои кушташударо ҳам он ҷо холӣ мекардаанд, ки намуда меистод. Аз миёнаҷойи шифти кушишхона дар рӯ ба рӯйи миёнаҷойи хандақ як сӯрохи бодкаш буд, ки вай аз ҳуҷраи мо намуда меистод. Маълум шуд, ки он бӯйи бад аз ҳама пештар ва бештар ба ҳуҷраи мо, ки болоҳуҷра буд, мерафтааст. Ман аз пеши саллохҳо қассоби худро ёфтам, ки вай дар он ҷо дар пеши чашми худ гӯсфандонашро мекушонид. Ман ба ӯ талаби худро гуфтам. Ӯ барои ба ман гӯшт додан ҳамроҳи ман аз кушишхона баромад. Ман дар роҳ ба ӯ гуфтам:
— Хандақ аз хун ва ифлосӣ қариб пур шудааст. Баъд аз пур шудан чӣ кор мекунетон? Дар он вақт хуни ҳайвоноти кушташуда ба куҷо меравад?
— Дар паси он сарои хархонае, ки дар рӯ ба рӯйи саҳни мадраса бино ёфтааст, як чуқурии калони обгурез ҳаст. Обҳои барфу борони ин кӯча дар ҳамон чуқурӣ меравад. Вақте ки хандақ пур шуд, саллохон хунҳои бастаро шабона он ҷо бурда мерезанд, ки сагҳои дайду хӯрда мераванд. Дигар чӣ кор мекардем? — гуфт қассоб бо тааҷҷуб.
Аз дидани кушишхонаи ҳайвонот дар сари ман хаёли дидани кушишхонаи одамон нафратангезона пайдо шуд ва бо вуҷуди нафратангез будани он ҷо, азбаски вай ба тақдири одамон дахлдор буд, нодида монданаш барои ман мумкин набуд, бинобар ин ман аз Пирак сахт илтимос кардам, ки ӯ зудтар он ҷоро ба ман нишон диҳад, ӯ ваъда дод, ки фардо пагоҳонӣ бурда нишон медиҳад.
— Агар толеат тозад, худи одамкуширо ҳам тамошо мекунӣ, — гуфт.

Тамошои Регистон — «дарихона», 75 чӯб. Машқи сарбоз ва кушишхонаи одам

Дар торикии рӯз ман ва Пирак ба тарафи Регистон равона шудем. Назар ба қавли Пирак, агар дер монем, дар Регистон барои тамошо ҷойи хуб намеёфтаем. Ҳанӯз рӯз сафед нашуда мо ба Регистон, ки майдончае буд дар пеши дарвозаи арки амир, расидем.
Дар он вақтҳо майдони Регистон хеле танг буда, масоҳати тахминан як таноб (чоряки гектар) заминро ба худ мегирифт. Тарафи шимоли ин майдонро мадрасаи Дорушшифо, ки дар замонҳои пеш мадрасаи тиббӣ будааст ва ҷанубашро девори масҷиди ҷомеи Поянда иҳота мекард, дар тарафи шарқи ин май дон арки амир, ки бар болои теппаи баланде бино ёфтааст, воқеъ шуда буд, дарвозаи арк ба миёнаҷойи майдон рост меомад, ки ба вай бо як пул аз нишеб ба фароз баромада мешуд ва ин пулро Тахтапул меномиданд. Дар тарафи шимоли Тахтапул қӯрхонаи (аслиҳахонаи) амир воқеъ шуда буд, ки ин бино аз тарафи ғарб аз мадрасаи Дорушшифо бо як тангкӯча ҷудо мешуд ва аз тарафи шарқ ба теппаи арк мепайваст. Дар тарафи ҷануби Тахтапул як айвони дарозе воқеъ шуда буд, ки пушти вай ба девори шарқии масҷиди Поянда мепайваст ва рӯяш ба тарафи девори арк буда, дар миёнаи айвон ва девори арк як майдончаи дарозрӯяе воқеъ шуда буд. Дар зери ин айвон тӯпҳои амир меистоданд.
Дар зери Тахтапул канахона ном ҳабсхонаи амир буда, берунтар аз вай (берун аз Тахтапул) хоначае пайваста ба вай бино ёфта буд, ки дар он ҷо мирзои аризанавис менишаст. Дар майдони Регистон дар рӯ ба рӯйи сари Тахтапул пайваста ба девори масҷиди Поянда дар паҳлуи дари даромади шимолии масҷид якчанд тӯпҳои шохдори қадимӣ гузошта шуда буданд.
Тарафи ғарби майдони Регистон асосан кушодагӣ буда, ба кӯчаи калон мепайваст ва баъд аз кӯча то бинои Болои Ҳавз низ майдоне буд, ки дар вай аз шарқ ба ғарб дӯкончаҳои муваққатии каппамонанди мевафурӯшӣ ва умуман хӯрокфурӯшӣ воқеъ шуда буданд.
Дар вақте, ки мо ба Регистон расидем, бомҳои мадрасаи Дорушшифо ва ҷомеи Поянда аз тамошобинҳо пур шуда буд. Дар зери девори масҷиди Поянда ҳам одамон дуқатора-сеқатора менишастанд. Мо бо вуҷуди барвақт омаданамон аз ҷоҳои боб монда будем ва ба умеди ҷойи хубтар ёфта нишастан аз пеши қатори одамҳо ба тарафи шарқи майдон рафтем. То пеши тӯпҳои калон ягон ҷойи холӣ набуд. Бо таклифи Пирак мо ба тарафи тӯпҳо гузашта ба болои яке аз онҳо поҳоморо ба замин дароз карда нишастем. Баъзе тамошобинон оҳиста-оҳиста «он ҷо нанишинетон, ба тӯпҳои ҷаноби олӣ беодобӣ мешавад» – гуфта бошанд хам, сарбози посбон ва пешхизматони амир ва қушбегӣ, ки ба арк даромада-баромада истода буданд, ба ин кори мо чизе нагуфтанд. Зоҳиран, онҳо як чизи бекора будани он тӯпҳоро медонистаанд.
Дар ҷойи нишасти мо дарвозаи арк ва болои Тахтапул намуда меистод. Аз беруни дарвозаи арк ба болои Тахтапул як занҷири калоне кашида шудагӣ буд.
Пирак он занҷирро дида гуфт:
– Агар имрӯз «дарихона» мешуда бошад, он занҷирро мебардоранд ва хуб тамошо мешавад ва агар «дарихона» намешуда бошад, он занҷир то пешин ба ҳамин ҳол меистад ва аҳли дарихона ҳам умедашонро канда аз Регистон гашта мераванд.
Аз миён фурсате нагузашта ду фаррош аз дарвозаи арк давон баромада занҷирро дукаса бардошта дар тарафе ғундошта монданд. Баробари ин кор аз тарафи ғарби майдони Регистон – аз тарафи шимол ва ҷануби кӯчаи калон, ҳам аз байни дӯкончаҳои хӯрок ва мевафурӯшӣ саворҳо асп давонда омаданд. Инҳо ҳама сипоҳиёни дарборӣ буда, аз рӯйи ҷомаҳои зарбофту шоҳиву атласу адрасашон миёнашон бо камарҳои амрикоӣ ва дар сарашон дасторҳои сафеди шалғамӣ баста шуда буд. Дар миёни баъзеи онҳо шамшерҳои ғилофтиллоӣ ё нуқрагин ҳам ҳамоил буд.
Дар ҷилави ҳар кадоми инҳо як ҷавони тануманд ҳам, ки бо либосҳои оддӣ, аммо миёнаш аз рӯй бо фӯта бастагӣ буда, ба сар телпак ва ба пой мӯзаи булғорӣ дошт, медавид ва ҳар кадоми он ҷавонон аспҳои ғайри аспи хӯҷаини худҳошонро ба тумшуқаш зада мехостанд, ки аспи хӯҷаини худро пеш гузаронанд ва баъзеи инҳо аз ҷилави аспи хӯҷаинашон гирифта пеш мекашиданд ва агар асп бадраҳӣ ва бадгардӣ карда тӯдаи аспонро дарронда пеш гузаштанро нахоҳад, он ҷавон бо овози баланд «ҳа, фалонӣ, соҳибатро фалон кунам» гӯён як ҳақорати қабеҳи кӯчагии чапанона мекунад. Инро шунида тамошобинон қаҳқосзанон механданд. Аммо ин ҳақорат, ки бевосита ба соҳиби он асп мерасид, ба домони «бузургвории ӯ» ҳеҷ гарде намешинонид. Чунки ҳамаи хавос ва диққати ӯ дар ин банд буд, ки аспаш аз аспи дигар ҳампешагонаш гузашта ба дами Тахтапул пештар расад.
Вақте ки саворон аз асп фуромаданд, як каси ҷомаи зарбафтпӯш, ки миёнаш аз рӯй бо камари тиллопулак бастагӣ буда, дар даст асои зарҳалнақши қуббатилло дошт ва бар болои остонаи дарвозаи арк ба асояш такя карда меистод, чунонки як касро мезада бошад, ба ҳаво бардошт ва бо он асо сипоҳиёни аз асп фуромадаро таҳдид карда бо овози ғафс фарёд кашид:
— Ясав (тартиб ) — атонро нигаҳ доред, вагарна адабчӯб мехӯред!
Бо шунидани ин овоз сипоҳиёни аз асп фуромада, ки мехостанд дар пиёдагӣ ҳам аз якдигар пеш гузаранд, суст шуданд ва ба тартиб даромаданд: аввал зарбафтпӯшон, аз думболи онҳо шоҳипӯшон ва баъд аз он атласу адраспӯшон қатор шуда оромона ба арк баромада рафтанд. Он одами асонокро удайчӣ меномиданд, ки вазири ташрифот гуфтан аст.
Ҷавонони ҷилавдор баъд аз фуромадани хӯҷаинҳошон ба он аспҳо савор шуда бо тозиёна ба сари аспи якдигар мекӯфтанд, ки пеш гузаранд, инҳо бо ҷангу ҷидоли кӯбкоритозона (бузкашона) ба зери девори мадрасаи Дорушшифо рафтанд, думи аспҳошонро ба девори мадраса ва сарҳои онҳоро ба пеш ба тарафи майдон карда дар паҳлуи ҳамдигар қатор истоданд ва ҳар ҷавоне, ки чолоктар ва аспаш зӯртар буд, дар аввалтари қатор ба Тахтапул наздиктар ҷо гирифт ва ноӯхдабаротарон пойинтар — аз арк дуртар рафтанд. Инҳо саис (асп- бон)-ҳо буданд ва барои болотар истодан ба ин сабаб ҷандала мекардаанд, ки дар вақти аз Арк фуромадани хӯҷаинашон ӯро пештар аз дигарон ба асп савор карда, аз дигарон пештар аз Регистон баромада раванд.
* * *
Баъд аз ба арк баромада рафтани сипоҳиён бо музикаи ҳарбӣ аскарони савораи амир аз казармаҳошон ба Регистон омаданд. Номи умумии ин аскарони савора «Кафкоз» буда, дӯхти либосҳошон умуман ба шакли либосҳои мардуми Доғистон ва Кафкази Шимолӣ буд. Аммо назар ба ранги либосҳошон ҳар даста «кубански», «тверски», «турк» барин номҳои ҷудогона мегирифт. Либоси ҳар даста ранги алоҳида дошта, умуман либосҳошон онҳоро аз ҳарбиҳо зиёдтар ба артист ва артисткаҳои сирк монанд карда буд. Инҳо тамоман казарманишин буда, казармаи инҳо, амир дар куҷо ки бошад, ба наздикии боргоҳи ӯ тайёр карда мешуд ва ба кӯча ба тарзи хусусӣ баромада гаштани инҳо мумкин набуд.
Дар ҳайати аскарони «Кафкоз» бачагоне буданд, ки калонтарини онҳоро аз 18-сола болотар тахмин кардан мумкин набуд ва аз ин аскарон синни кадомашон, ки аз 18 гузарад, аз асп фуроварда ба ҳайати сарбозони пиёда дохил мекарданд. Муддати «хизмати ҳарбии» сарбозони пиёда бошад, то охири умрашон, то мурданашон буд.
Аскарони савора баъд аз он ки бо музика ба арки амир саломи низомӣ доданд, аз майдони Регистон баромада рафтанд. Пас аз рафтани онҳо ба Регистон сарбозони пиёда даромаданд. Умуман сарбозони пиёдаи амир ду қисм буда, қисми якуми онҳоро «шанбегӣ» ва дуюмашонро «сешанбегӣ» меномиданд. Шанбегиҳо ҳар ҳафта дар рӯзҳои шанбе, якшанбе ва душанбе, «сешанбегӣ»-ҳо дар рӯзҳои сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе — ҳар ҳафта серӯзӣ пагоҳонӣ ба ду соат машқ кардан маҷбур буданд, дигар вақтҳои инҳо ба қаровулӣ, ба бегории (хизмати маҷбурӣ) саркарда ва юзбошиҳо, ё ин ки ба корҳои хусусии худашон сарф мешуд.
Яроқи шанбегиҳо милтиқи дунболапури яктираи русӣ — берданка буда, онҳо казарманишин буданд, яъне баъд аз машқ яроқҳояшонро дар казарма монда, касе навбати посбонӣ надошта бошад, ба бегорӣ ё ба ҳар ҷо ки хоҳад, мерафт, фақат дар рӯзи машқ ба соати муайян ба расида омадан маҷбур буд.
Яроқи сешанбегиҳо милтиқи болопури яккатир буд, ки тираш аз даҳонаш бо сунба ҷой карда мешуд. Инҳо казарма надоштанд, инҳо ба тарзи пароканда аз сарое ҳуҷраеро иҷора гирифта менишастанд. Милтиқи инҳо дар дасти худҳошон буда, ба саришта карда нигоҳ доштани вай худҳошон маҷбур буданд.
Сешанбегиҳо баъд аз машқ бештарин вақтҳошонро ба бегорӣ- ба хизмати маҷбурии бемузди саркардаҳо ва юзбошихояшон сарф менамуданд. Агар аз ин кор фориғ шаванд, барои таъмини маишати худ мардикорӣ, кӯҳнадӯзӣ ё ягон кори дигари саридастӣ мекарданд. Сарбозони пиёда либосҳои низомиашонро дар вақти машқ аз рӯйи либосҳои миллиашон (ҷома, курта, лозимӣ) мепӯшиданд, ки ба назари кас хеле тануманд ва фарбеҳ менамуданд. Дар вақти фароғаташон аз машқ дар либоси оддӣ гаштан мегирифтанд.
Сарбозҳо умуман ҳар моҳ 20 танга (3 сӯм) моҳона мегирифтанд. Дигар ба онҳо на хӯрок медоданд ва на пӯшок. Либосҳои низомиашон ҳам ба ҳисоби ҳамон моҳона нарх карда дода мешуданд. Фақат шанбегиҳо, вақте ки дар казарма посбон шаванд, рӯзе як бор ҳар даҳ кас як лаган ярма мехӯрданд (фақат дастаи «Кафкоз» аз ин мустасно буда, либос ва хӯрокашон ба ҳисоби подшоҳӣ дода мешуд).
Дар рӯзе, ки ба Регистон рафтем, навбати машқи беҳтарини сарбозони пиёдаи амир — шанбегиҳо буд. Асбоби музикаи инҳо монанди дуҳул, най, сурнай ва санҷ (ду лаъличаи ба ҳам задашаванда) — асбоби миллӣ буд. Инҳо баъд аз он ки бо музикаашон ба рӯ ба рӯйи арки амир ҳавои низомӣ навохта саломи низомӣ доданд, дар Регистон саф кашида истоданд. Дар ин вақт чор бандиро аз зиндон оварданд, ки дастҳои онҳо ба пушт бастагӣ буданд. Онҳоро шабгардони миршаб, ки либосҳояшон оддӣ буда, дар даст себандҳо (калтакҳои дарози себанддор) доштанд, посбонӣ карда меомаданд.
Ман ба ҳаяҷон омада аз Пирак пурсидам:
— Магар инҳоро мекушанд?
— Не, — гуфт ӯ, — инҳоро бо чӯб ҷазо медиҳанд, — ва илова кард, — дастони кушташавандагонро ба пеш мебанданд, на ба пушт.
Бандиҳоро аз байни сафи сарбозон, ки монанди кӯчабоғе кушодагӣ дошт, гузаронда, ба Тахтапул бароварданд ва дар охири Тахтапул дар наздикии остонаи дарвозаи арк нигоҳ доштанд ва ба болои сари онҳо миршаб, ки дар даст табарзин дошт, омада рост истод. Шабгардони себанддор ба тарафи пойини бандиҳо дар рӯйи Тахтапул қаровул истоданд. Мирғазабҳо (иҷрокунандагони ғазаби амир) омада ба рӯ ба рӯйи миршаб аз тарафи дигари бандиҳо саф кашида истоданд. Як мирғазаби дигар як бағал чӯби якунимгазии илғайро оварда ба пеши назари бандиён партофт ва худ дар қатори мирғазабони дигар рафта рост истод.
Қушбегӣ (сарвазир), ки дар зери либосҳои расмии худ дар суффачаи даруни дарвозаи арк менишаст, аз ҷояш фуромада омада ба болои остонаи дарвоза рост истод ва коғазеро аз бағали худ бароварда аз назараш гузаронид ва яке аз бандиёнро ба одамони худ ва аҳли дарбор, ки дар дарун ва беруни дарвозаи арк саф кашида рост истода буданд, нишон дода пурсид:
— Ин бандӣ Аҳмад аст ё не?
Ҳамаи он одамҳо бо овози баланд ҷавоб доданд:
— Ин Аҳмад аст ва куштанбоб аст!
Аз тамошобинон як одами миёнсол, ки ба мо наздик нишаста буд, пиққос зада оҳиста хандид ва худ ба худ зери лаб гуфт: «Ин одамҳо ин бандии бечораро дар хоби шабашон ҳам надидаанд».
— Пас сабаб чист, ки кӣ будани он бандиро аз ин одамҳо мепурсанд? Он одам аз ҷояш ғежида ба ман наздиктар омад ва оҳиста ҷавоб дод:
— Баччем, ту ҳоло хурдсол мебошӣ, маънии ин корҳоро намефаҳмӣ, ин корро «ҳикмати подшоҳӣ» мегӯянд, он одам паҳлунишинони худро зери чашм аз назар гузаронида, зоҳиран, баъд аз он ки ба гапи вай диққат накардани дигаронро фаҳмид, давом кард:
— Пас гуноҳи ин бандиён чӣ бошад? — ман боз пурсидам.
— Гуноҳи инҳо агар ба ҷойи гунаҳгори дигар оварда нашуда бошанд, маълум аст, — гуфт он одам ва эзоҳ дод, — бояд инҳо деҳқононе бошанд, ки ба сабаби нобудагӣ молиёти подшоҳиро — андозро дода натавониста бошанд, ё ин ки ба ҳокиму қозиҳои вилоятҳо саркашӣ карда бошанд ва агар гуноҳашон бисёр калон бошад, бояд духтарашонро ба духтарёбони амир насупурда бошанд ё розӣ нашуда бошанд, ки писарашонро одамони амир оварда ба ӯ пешкаш карда, баъд аз он ба чиркобхонаи сарбозони «Кафкози ӯ» дароварда нигоҳ доранд, дигар чӣ гуноҳ медоштанд инҳо?
— Аҷаб нест, ки дузд бошанд? — гуфт Пирак. Он одам зери лаб хандида оҳиста ҷавоб дод:
— Мумкин аст. Аммо бештарин дуздон дар рӯзи дастгир шуданашон, бисёр дер монанд, баъд аз ягон моҳ дар зиндон хобидан ба воситаи ришваву пора халос шуда боз дар пайи кори худ (дуздӣ) рафтан мегиранд.
Қушбегӣ, баъд аз «муайян намудани кӣ будани бандӣ» ба мирғазабон ишорате кард. Онҳо либоси рӯйи он бандиро кашиданд. Як мирғазаби қадпасти ғалча ӯро ба пушташ гирифта хам шуда истод. Ду мирғазаб аз тарафи пеши бандибардор дастҳо ва поҳои он бандиро маҳкам нигоҳ доштанд. Як мирғазаб куртаи бандиро барзада ба гарданаш оварда монд, ки тахтапушташ аз паси гардан то зери миён тамоман кушода шуд. Ду мирғазаб ду чӯби илғайро ба дасташон гирифта, дар ду тарафи бандии пуштбараҳна рост истоданд.
Дар ин вақт музикантҳои сарбозон дар ҳавои яккарез асбобҳои музикаи миллиро ба навохтан даромаданд, ду мирғазаби чӯбдор аз ду тарафи бандӣ ба пушти бараҳнаи ӯ задан гирифтанд. Онҳо бандиро, чунонки оҳангарон дукаса шуда оҳанро бар рӯйи сандон бо хоиск мекӯфта бошанд, бо навбат сахт мезаданд ва дар вақти аз пушти бандӣ бардошта шудани чӯби як мирғазаб чӯби як мирғазаби дигар омада ба ҷойи вай мерасид.
Бандӣ фарёд мекард. Аммо дар зери садои музикаи сарбозӣ чӣ гуфтани ӯ ба тамошобинон маълум намешуд. Тамошобинон ҳаминро медиданд, ки дар вақти бардошта шудани ҳар чуб пӯстпораҳои пушти бандӣ ба он чӯб часпида аз ҷояш мехест ва аз ҷойи ҷароҳат чакраҳои хун ба ҳар тараф пош мехӯрданд.
Баъд аз 75 чӯб зада шудан бо ишорати қушбегӣ чӯбҳо дар ҳаво боз истоданд ва бандибардор бандии маҷрӯҳшударо ба замин партофт. Ӯ монанди мурда дар пеши пои миршаб ва мирғазабон мехобид. Ду мирғазаб аз поҳои маҷрӯҳ кашола карда, ӯро ба тарафи даруни дарвозаи арк бурданд.
— Акнун ӯро дар обхона (зиндони даруни роҳрави арк) андохта ҳабс мекунанд, — гуфт он одами миёнсол, ки ба мо наздик нишаста буд.
Навбати ҷазо додани се бандии дигар расид, онҳоро ҳам ягон-ягон монанди бандии аввал зада ба обхона бурданд ва навбати машқи сарбоз расид.
* * *
Саркардаи сарбозон ба воситаи карнайчии худ бо карнай як фармон дод. Командирҳои майда мувофиқи он фармон ба тӯдачаҳои худ забонӣ фармон доданд. Забони командадиҳии онҳоро мо намефаҳмидем. Мегуфтанд, ки ба «забони русӣ фармон медиҳанд». Аммо русидонҳо мегуфтанд, ки «забони командадиҳии он командирон ба забони русӣ ҳеҷ монандӣ надорад». Забони командадиҳӣ ҳар чизе, ки бошад, сарбозҳо бо вай ҳаракатҳои гуногун мекарданд. Як тӯдаи ҳашткаса бо яккақадам аз пеши мо мегузашт. Командир аз пушт бо овози баланд мад кашида фармон дод:
— «Наме-истӣ!»
Тӯда бо шунидани ин фармон қадами худро тезтар карда рафтан гирифт. Командир оташин шуда давон-давон ба пеши тӯда гузашт ва тӯдаро аз роҳ рафтан боздошта ба рӯйи ҳар кадоми онҳо якторсакигӣ зад ва ба онҳо гуфт:
— Падарлаънатҳо, як сол аст, ки ёд медиҳам, ёд намегиред, — ва боз мад кашида, аммо бо овози пасттар гуфт, — вақте ки «наместӣ» гӯям, истетон!
— Яке аз тамошобинон ба дигаре гуфт:
— Маълум мешавад, ки маънии забони русӣ чаппаи забони тоҷикӣ будааст, дар мо агар ба касе гӯянд «намеистӣ», маъниаш «рафтан гир» гуфтан аст. (Баъд-ҳо ба ман маълум шуд, ки ин команда дар русӣ «на месте» будааст.)
Баъд аз ба поён расидани машқи майдатӯдаҳо карнайчӣ бо фармони саркарда як командаи умумӣ дод. Майдакомандирон мувофиқи он фармон ҳама баробар ва якбора ба тӯдачаҳои худ фарёд кашида фармон доданд:
— Лапле-чу! (ба ҷойи «на плечо»).
Ҳамаи тӯдаҳо милтиқҳояшонро ба китфашон гирифтанд ва бо як фармони дигар чортагӣ қатор шуданд. Музика ҳавои «марш» навохт ва сарбозҳо ҳам бо командаи «марш» аз майдон баромада ба тарафи майдони машқи беруни шаҳр рафтанд. (Ман тартиби сарбозмашқдиҳии командирони амирро дар қисми дуюми «Дохунда», дар бобати «Яҳудии кӯзакаш» ба тарзи мисол акс кунондаам.)
* * *
Баъд аз холӣ шудани майдони Регистон аз сарбозон, таомфурӯшоне, ки таомҳои худро дар даст дошта дар он тарафи кӯчаи пеши майдони Регистон дар қатори тамошобинон рост истода буданд, якбора ба тарафи майдони Регистон давиданд, дар дасти баъзе аз онҳо лаганҳои пур аз калла-поча, дар дасти баъзе лаълии пуршаҳлут 65 ва ҳасиб, дар дасти баъзеи дигар дег ва кураи тухмбаракпазӣ ва монанди инҳо буд. Инҳо якдигарро паҳлу зада пеш медавиданд, ки дар майдон барои худ ҷойи хубтар ва созтарро ба даст дароранд.
Дар ҳамин вақт аз раҳрави арк «дарихоначиён» намудор шуданд, ки онҳо бо рухсати «ҷаноби олӣ» ба хонаи худ бармегаштанд. Бо намоён шудани онҳо саисҳошон аспҳошонро давонда ва барои пеш гузаштан аз якдигарашон бо ҳам задухӯрд карда ба пеши Тахтапул расиданд. Сипоҳиёни «дарихоначӣ» аз якдигар пеш давида ҳар кадоми онҳо кӯшиш мекард, ки аз ҳампешааш пештар ба аспаш савор шуда, аз Регистон пештар барояд. Чунки ин кор дараҷаи қобилияти ҳарбии онҳоро нишон медодааст.
Дигар дар ин вақт ба фарёд карда «ясав (тартиб)-ро нигоҳ дор» гуфтани удайчӣ касе гӯш намедод — сипоҳиён ба сари аспи ҳамдигар зада мехостанд, ки ҳампешаи худро пас мононда худ пештар асп давонанд ва дар ин задухӯрд аспҳои онҳо ба баъзе таомфурӯшон бармехӯрданд, ки лаганҳои онҳо чаппа шуда таомҳои фурӯшиашон ба замин мерехт. Он гуна таомфурӯшон бо ғур-ғур он сипоҳиро дашном дода, таоми хоколудашудаашонро аз замин гирифта, хокҳои бо нами таом лойшударо бо остинашон пок карда, дигарбора ба лаган андохта барои хӯрандагон тайёр мекарданд.
То баромада рафтани сипоҳиён аз майдон, таомфурӯшон он майдонро то пеши Тахтапул бо лаган, кӯра ва бо дегу табақи худ пур карданд. Дар он вақт Регистон аз майдони пеши қасри подшоҳӣ зиёдтар ба майдони таомфурӯшии сайри Файзобод, ки дар атрофи хонақоҳ ташкил меёфт, монанд шуда монд. (Таомфурӯшии сайри Файзобод дар аввалтари ин қисми «Ёддоштҳо» тасвир ёфтааст.)
Лекин таомфурӯшон ҳанӯз осуда нашуда буданд, онҳо акнун рӯйи кори таомфурӯшии худро рост карда буданд, ки аз тарафи Болои Ҳавз машкобони арк пайдо шуданд. Ҳар кадоми онҳо ба болои зини васеи чӯбини ҳар хари маст ду машк обро бор карда пеш меронданд. Харҳои маст монанди «дарихоначиён» дар давидан аз якдигар рашк карда, гӯшу гардани якдигарро газида, ба ҳамдигар лагад парронда арросзанон пеш медавиданд. Харҳо бо ин ҳаракати худ ба сари таомфурӯшон он балоеро, ки аспҳои сипоҳиён оварда буданд, барзиёд карда меоварданд. Дар он миён кори як калла-почафурӯш диққати маро ба худ бисёртар кашид: як хӯранда омада ба пеши он калла-почафурӯш нишаста буд, ки хари машкобе лагани ӯро лагад зада чаппа кард. Фурӯшанда машкобро нафринкунон бо дасти росташ аз домани харидор маҳкам медошт, ки вай хеста наравад ва бо дасти чапаш почаҳои ба замин пошхӯрдаро ғундошта, лойҳои онро ба лаби лаган молида «пок карда» ба пеши харидор тақдим мекард. Дар қатори машкобро дашном додан «бомазза» будани почаҳои худро ҳам таъриф мекард.
* * *
Мо аз Регистон баромадем. Пирак ба ман гуфт:
— Имрӯз одамкушӣ нашуд. Биё, ки ба ту кушишхонаи одамро нишон диҳам. Агар хоҳӣ, худат ягон вақт омада одамкуширо мебинӣ.
Ман қабул кардам ва мо ҳар ду аз майдоне, ки пайваста ба майдони Регистон буда, дар вай мевафурӯшон дар замин ё дар дӯкончаҳои каппагӣ менишастанд, гузашта ба гӯшаи ғарби шимолии он майдон расидем. Дар он ҷо як чуқурии лойдон буд, ки дар вақтҳои бориш оби барфу борони Регистон ва атрофи он дар вай ғун мешудааст. Ҳар вақт, ки он чуқурӣ бо лойҳои тагнишини оби барфу борон пур шавад, мардуми он ҷо лойи сиёҳи бадбӯйи вайро канда бароварда ба атрофаш мепартофтаанд. Ҳамон рӯзҳо ба тозагӣ канда будаанд, ки ба лойи сиёҳи пӯсидаи он чуқурӣ ва атрофи он тоқат кардан мумкин набуд ва бадбӯйии он ҷо аз бадбӯйии кушишхонаи пеши мадрасаи Мири Араб монданӣ надошт.
Аз рӯйи эзоҳи Пирак одамонро дар лаби ҳамин чуқурӣ мекуштаанд, ки хунашон ба ҳамин лойдон шорида мерафтааст. Пирак дар ҳамон лаби чуқурӣ истода хонаеро, ки дар баландии арк буда, даричаи шишанокаш ба тарафи майдони Регистон кушода мешуд, нишон дода гуфт:
— Амир пагоҳонӣ дар ҳамон хона, ки «саломхона»-аш меноманд, нишаста, саломи аҳли дарборро қабул мекунад ва аз ҳамон дарича ба Регистон нигоҳ карда машқи сарбоз, ҷазо додан ва кушта шудани одамонро тамошо мекунад.
Дар атрофи он чуқурӣ ва андак дуртар аз он ресмон (арғамчин)-фурӯшон дар замин нишаста молҳояшонро ба пешашон паҳн карда мефурӯхтанд, дар рӯ ба рӯйи он чуқурӣ дар девори бинои Болои Ҳавз ҳам чанд дӯкончаҳо буданд, ки дар онҳо низ ресмон (арғамчин) фурӯхта мешуд. Пирак онҳоро ба ман нишон дода гуфт:
— Як шоири бекормонда мазмуни дар як ҷо воқеъ шудани кушишхонаи одам ва бозори ресмонро ба кор бурда шеъри зеринро гуфтааст:
Дил бурда аз кафам санами ресмонфурӯш,
Ёрон, кунун сари ману бозори ресмон!
(Дар Бухоро «бозори ресмон» киноя аз кушишгоҳи одам буд.)

Ҳоҷӣ Зокирбойи ғӯзаҷаллоб ва кампири ҳафтодсола

Як рӯзи душанбе буд, ман дар лаби ғарбии саҳни берунии мадрасаи Мири Араб дар рӯ ба рӯйи дарвозаи Масҷиди Калон менишастам. Он рӯз бозори ғӯза ором буд. Шояд ба сабаби фардои рӯзи бозори калон буданаш бошад, он рӯз дар он ҷо на харидор буд, на фурӯшгор. Фақат чанд қанор ғӯза дар бозор мехобиданд, ки гӯё мунтазири кашонда бурдани соҳибашон (ягон ҷаллоб) буданд.
Дар лаби саҳни мадраса, дар наздикии ҷое, ки ман нишаста будам, қанор паҳн карда се кас ба рӯйи вай нишаста чой менӯшиданд ва нон мехӯрданд. Яке аз онҳо Ҳоҷӣ Зокирбой ном ғӯзаҷҷалоби машҳури гулобиёнӣ буд, ки умраш аз шаст гузашта ба 70 наздик расидагӣ барин менамуд. Номи аслии ин одам Зокирбой бошад ҳам, соли гузашта ба сабаби ба зиёрати Макка — ба ҳаҷ рафта омаданаш ба номи ӯ як калимаи «ҳоҷӣ» ҳам ҳамроҳ шуда буд, дуюмӣ аз он се нафар, як ҷавони 22-сола буд, ки акнун мӯйлаб сабз карда буд, номи ин ҷавон Ҳошим буда, аз ҳамсояҳои Ҳоҷӣ Зокирбойи мазкур, аз деҳаи Гулобиён буд. Ин ҷавон дар бозори ғӯза паллабардорӣ мекард ва дар вақти набудани тарозудор тарозудорӣ ҳам аз дасташ меомад. Ҳоҷӣ Зокир Комилҷон ном писар дошт, ки бо ғиждувониҳои мо ошно буда, ба ҳуҷраи Мулло Ҳомиди савтӣ рафтуомад мекард ва ҳаваси дарсхонӣ ҳам дошт, ба ин муносибат ман ба корҳои ӯ як дараҷа ошно шуда будам:
— Ғиждувониён Ҳоҷӣ Зокирро дар ғӯзаҷаллобӣ «бисёр ноинсоф буд» мегуфтанд ва илова мекарданд, ки «аммо баъди ба ҳаҷ рафта омаданаш аз гуноҳҳояш тавба карда» шайхҳо барин «худотарс ва парҳезгор шудааст». Ман ҳам монанди ғиждувониҳоямон аз ҳаҷ одами покиза шуда омадани ӯро бовар мекардам.
Сеюми он одамҳо Муроди пахтакаш ном як одами 70-солаи қоматхамидаи сафедчеҳраи доғикунҷитакдор буда, чинҳои рӯяш пӯсти себи хомхушкро ба назар намоён мекард. Ин одам дар вақти ҷавониаш пахтакашӣ мекардааст ва баъд аз дасту миёнаш аз кор баромадан ба бозори ғӯза ба қаровулӣ даромадааст.
Ҳоҷӣ Зокир дар вақти чойнӯшӣ аз сафари худ ба ҳаҷ гап мезад, дар Мадина қабри пайғамбарро чӣ гуна зиёрат карданашро, дар Макка ба хонаи Каъба чӣ гуна даромаданашро ба ҳамсӯҳбатони худ ҳикоя мекард, назар ба қавли ӯ, ки аз шайхи арабҳо нақл мекард, «ҳар кас, ки ба хонаи Каъба дарояд, аз ҳамаи гуноҳонаш тамоман пок шуда, аз модар нав зойидагӣ барин мешудааст».
Дар ҳамин вақт ба бозори ғӯза як кампир омад, ки ба сар фаранҷии пора-порашуда ва дар даст асое дошт. Ӯ як хари маслухро пеш андохта меомад, ки бар болои вай дар як ҷувол тахминан се пуд барин ғӯза буд. Кампир ба бозор даромада, дар он ҷо касе набуданро дида ба асояш такя карда ҳайрон шуда монд.
Ҳоҷӣ Зокир ба Ҳошим гуфт:
— Хез, ғӯзаи ин кампирро баркашида ба ҷуволи ман андоз. Лекин чунон баркаш, ки харҷи имрӯза чою нон ва пули гӯшт барояд.
— Агар рост баркаш мегуфтед, ба ҷон хизмат карда медодам, Ҳоҷӣ амак, — гуфт Ҳошим, — лекин…
Ҷавон баъд аз «лекин» чизе нагуфт ва ба замин нигоҳ карда монд.
— «Лекин дуздӣ намекунам» — гӯй! Ҳамин тавр не? — гуфта Ҳоҷӣ Зокир ба Ҳошим суол дод ва оташинона давом намуд, — кай боз «Шайхи Барсисо» 66 шудӣ? Дирӯз магар камакак дуздӣ кардӣ?
— Дуздӣ кардам ва баъд аз ин ҳам мекунам. Чунки «дили ғӯза сафед ҳам бошад, дили бозориғӯзагиён сиёҳ аст» — гуфтаанд. Дар миёни як тӯда ҷаллобон ва тарозудорони сиёҳдил, албатта, дили ман сафед намемонад. Лекин аз ин кампир дуздӣ намекунам, — гуфт ҷавон бо оҳанги андак тунду тез.
— Чаро? — суол дод Ҳоҷӣ Зокир тааҷҷубкунон.
— Агар ин кампир кас медошт, ба ҳамин ҳоли афтодагии худ ба бозор намеомад. Ин кампир чунон бекасе менамояд, ки агар зинда монад, танҳо пули ҳамин ғӯза харҷи зимистонии ӯ мешавад ва агар мурад, ба харҷи гӯру кафанаш меравад. Ман ҷони ҷавон дорам. Ман аз дуздидани харҷи зимистонии як кампири барҷомонда ва аз дуздидани пули гӯру кафани ӯ метарсам, — гуфт ҷавон.
— Бисёр хуб! — Ҳоҷӣ Зокир ҷомаи рӯяшро кашидан гирифта ва ҷавонро масхара дошта давом намуд, — дар воқеъ аз ҷони ҷавонат тарсиданат лозим аст.
Аҷаб нест, ки аз дуои бади ҳамин кампир дар худи ҳамин шаб мурда монӣ. Аммо пирҳо ҷонсахт мешаванд…
— Хусусан баъди ҳаҷ карда «аз гуноҳҳо пок шуда омадан», — гуфт Мурод-пахтакаш сухани Ҳоҷиро бурида.
Ҳоҷӣ Зокир баъд аз «боракалло» — гуфта сухани Мурод пахтакашро таҳсин кардан сухани аввалии худро давом кунонд, — «худам ғӯзаи ин кампирро мувофиқи табъам баркашида мегирам. Аввалаш ин ки ман аз дуои бади ин кампир наметарсам. Фарз кардем, ки аз дуои бади ҳамин кампир мурам ҳам, имшаб як гӯшти нахарт (гӯшти паҳлуи гӯсфанд) хӯрда мемурам».
Ҳоҷӣ Зокир ҷомаи рӯяшро ба рӯйи қанор гузошта аз зинаи саҳн ба бозор фуромад ва оҳиста- оҳиста пеши кампир рафта ба гап сар кард:
— Ҳамшира! Ин ғӯзаатон ала-қарақ (ғӯзаи аз кӯраки дар офтоб шукуфта) аст ё ғӯзаи покиза? — гӯён пурсид.
— Ғӯзаи сунбулагӣ, — гуфт кампир ва илова кард, — ҳоло моҳи мизон надаромадааст ва ғӯзаҳои бевақтӣ акнун шукуфта истодаанд. Дар ин вақт ала-қарақ аз куҷо ёфт мешавад?
— «Аҷаб нест, ки ала-қарақи порсола бошад, гуфтам-дия», — гуфт Ҳоҷӣ Зокир ва илова кард: — агар иҷозат диҳед, боратонро аз хар фуроварда бинам.
— Агар фуроред, дуо мекунам, — гуфт кампир, — аз набудани мадорам фуроварда натавониста истода будам.
Ҳоҷӣ Зокир ҷуволро аз хар фуроварда даҳонашро кушода дида гуфт:
— Ғӯзаатон бад нест, фақат аз ду об монда будааст. Кампахтатар шудааст, санг зер намекунад. Ҳар чӣ ҳам бошад, ҷаллобон «ҷон» гуфта мегирифтанд-куя, ҳайф, ки имрӯз дар бозор харидор нест. Чаро рӯзи бебозор овардед? Агар рӯзи бозор мебуд, ба ягон ҷаллоб фурӯхта дода ба шумо хизмат мекардам.
Ҳоҷӣ Зокир даҳони ҷуволро дубора баста ба кампир чашм дӯхта истод. Зоҳиран, ӯ ҳавои даҳани кампирро мепойид.
— Гӯр ба сари беодамӣ шавад, — гуфт кампир дар ҷавоб, — мардам аз шумо ҳам пиртар буд. Бо вуҷуди ин бо ҷуфти касона ҳамин баҳор ин ғӯзаро кишт, баъди аз каланд баровардан, Худо раҳмат кунад, бандагии Худоро ба ҷо овард (мурд). Ман аз ваҷҳи гӯру кафани вай аз бойи деҳа қарздор шуда мондам, арбоб молиёти замин (андоз)-ро ҳар рӯз талаб мекунад, худам як моҳ боз рӯйи дами гармӣ (таоми гарм)-ро надидаам ва аз ҳамсояҳо чанд нон қарздор шуда мондам. Ана ҳамаи инҳо ба болои ҳамин ғӯза бор шуда монд. Лекин 15 рӯз боз ягон кас ёфт нашуд, ки инро ба бозор оварда фурӯхта пул карда ба ман диҳад…
Аз сергапии кампир магар дили Ҳоҷӣ Зокир танг шуд, ки сухани ӯро бурида гуфт:
— Хуб, ғӯзаатонро ҳамин рӯз мефурӯшед ё не?
— Харидор бошад, албатта, мефурӯшам.
— Дида истодаед, ки харидор нест. Чаро дар рӯзи бебозор овардед? — мегӯям.
— Ман ҳам ба ҳамин гап ҷавоб додан мехостам, — гуфт кампир бо овози узрхоҳона ва давом кард, — охир, ман ин сабилмондаро (ғӯзаро нишон дода) ба пуштам бардошта оварда натавонистам. Хар наёфтам. Як ҳамсояи аттори чорбозоргард доштам. Вай фақат дар рӯзи душанбе ба додани хараш розӣ шуд. «Дар дигар рӯзҳо худам бозор меравам» — гуфт. Ночор ана ҳамин рӯз овардам.
— Хуб, имрӯз харидор нест, акнун чӣ кор мекунед? — Ҳоҷӣ Зокирбой аз кам-пир пурсид.
— Илоҳӣ барака ёбед, арзонтар бошад ҳам, кӯр шавад, ба ягон кас фурӯхта диҳед. Ман ин сабилмондаро ба куҷо гардонда мебарам. Агар гардонда барам, албатта, дубора ба бозор оварда наметавонам, гӯр ба сари бекасӣ ва нобудагӣ шавад.
Акнун вақти «бар рӯйи тахта гирифтани кампир расида буд», чунки ӯ худро монанди мурдае, ки ба дасти мурдашӯй афтад, ба дасти Ҳоҷӣ Зокир супурда буд. Ҳоҷӣ ба кампир гуфт:
— Хуб, майлаш, як кори савоб кунам. Одамҳо масҷиду мадраса меандозанд, ман ҳеҷ набошад, аз худам пул харҷ накарда дили шуморо ба даст гирам…
— Илоҳӣ имонатон ҳамроҳ шавад, тӯйи набераву абераҳотонро бинед, — кампир дуокунон сухани Ҳоҷиро бурид. Ҳоҷӣ давом намуд:
— Ман ғӯзаатонро арзон нарх намекунам. Баъд аз баркашашро муайян кардан пулашро нақд аз кисаи худам медиҳам. Фардо рӯзи бозор ба ягон ҷаллоб фурӯхта пули худро мегирам. Майлаш, пули ман то фардо монанди қарзи ҳасана 67 ба ғӯзаи шумо банд шавад. Худо аз ҷойи дигар мерасонад.
Кампир Ҳоҷиро аз таги дил дуо мекард ва Ҳоҷӣ Зокир ғӯзаро аз ҷувол ба зағома гардондан гирифт.
Дар вақте, ки Ҳоҷӣ Зокир бо кампир гуфтугӯй мекард, Мурод пахтакаш ба Ҳошим гуфт:
— Дар деҳаи мо Бозорча — Насими Хархӯр ном як кас буд. Ӯ харбоз буд ва харҳои хуби ҳангӣ нигоҳ дошта, дар миёнаи Бухорову Вобканд ва Бухорову мазори Баҳоуддин кирокашӣ мекард. Соли гузашта ӯ ба як фалокат гирифтор шуд — дуздон як роҳгузарро дошта ба замини ӯ, ки ҷуворӣ кишта буд, дароварда ҳама чизашро гирифта худашро кушта партофтаанд. Аз рӯйи шариат ҳар ҷиноят маълум нашавад, соҳиби замин гунаҳгор мешудааст. Бинобар ин миршаб ӯро дастгир карда, ба зиндони Бухоро андохт. Дар муддати як сол харҳои ӯро, ҳам замини ҷуворӣ киштаашро бародараш фурӯхта барои халосии додараш ба миршаб хӯронд. Аммо ӯ халос нашуд. Имрӯз шунидам, ки аз амир ҳукми куши ӯ баромадааст. Имрӯз миршаб ба акаи Хархӯр гуфтааст. «Агар ҳамин шаб ду ҳазор танга оварда надиҳӣ, фардо пагоҳонӣ додарат кушта мешавад». Лекин ӯ ду ҳазор танга он сӯ истад, ду ҳазор пули сиёҳ ёфта наметавонад.
Муроди пахтакаш дар охири ҳикояти худ гуфт:
— Агар ман амир мебудам, ба ҷойи Насими Хархӯр Ҳоҷӣ Зокирбойро мекуштам. Ин ҷаллоди бекорд ҳар рӯз хуни чандин деҳқонро мерезад. Охир «моли мӯъмин — хуни мӯъмин» гуфтаанд. Ҳоло мехоҳад, ки ин кампирро ҳам кушад…
Дар ин вақт фарёди кампир шунида шуд, — ӯ мегуфт:
— Ман худам ба дастам баркашида оварда будам. Дар тарозуи хурд баркашидам. «Дар бозор кам набарояд, ҳаққи тарозубон ва муштак ҳам барояд» гуфта қасдан вазнин баркашида будам..
— Хуб, гӯй ки чӣ қадар буд? — гӯён «ту-ту» гуфта Ҳоҷӣ Зокир ба кампир дӯғ мезад.
— Якта-якта баркашидам. Дар тарозу санги чорякӣ (дукилогӣ) монда баркашидам. Вақте ки хар тарозуро ба ҷувол меандохтам, дар як тараф як дона ғӯза мемондам. Баъд аз баркашида шудани ғӯза, он ғӯзаҳои барои гум нашудани шумур мондагиҳоямро шумурда дидам, ки бистаку чор (24)-та баромад. Ин як бистаку чор чоряк гуфтан аст. Охир, шумо 16 чоряк баровардед.
Ҳоҷӣ Зокир кампирро ҳақораткунон ғӯзаро ба ҷуволи кампир андохтан гирифт. Ӯ худ ба худ гуфт: «ба хизмат тӯҳмат» гуфтаанд, ки тамоман рост аст ва ба кампир хитоб карда гуфт:
— Магар ман барои туро фиреб додан соли гузашта чор ҳазор танга харҷ карда ба ҳаҷ рафта омадам? Ғӯзаатро гирифта бар, манҷалақ? Баъд аз мурданат арбоби деҳаат фурӯхта ба ту гӯру кафан мекунад.
Кампир суст шуд:
— Ман гардонда бурда наметавонам. Ҳар чӣ ки кунед — кунед, ман ба Худо месупорам, — гуфт ӯ.
— «Ба Худо месупурдааст», — гуфт Ҳоҷӣ Зокир худ ба худ ва ба кампир нигоҳ карда суханашро давом кунонид, — «Магар Худо кори дигар надорад, ки аз пайи ба амал овардани супориши ту медавад».
Охир Ҳоҷӣ Зокирбой баъд аз зорӣ ва илтиҷои кампир ғӯзаро ба ҷуволи худ андохта, намедонам, чанд пул бошад, ба кампир дод. Кампир он пулро нашу-мурда ба нӯги рӯймоли сарбандаш баст. Ҷуволи холиро ба болои хар партофта вайро пеш андохта асозанон аз бозор баромадан гирифт. Ман гумон кардам, ки ӯ бе ёрмандии касе ба хар савор шуда наметавонад. Бинобар ин ба пеши ӯ давида рафтам, ки ба хараш савор карда монам.
Аммо ӯ қабул накард:
— Ман пир шудаам, бар болои хар нишаста наметавонам, чашмам сиёҳ меравад ва меғалтам, — гуфт кампир, — илоҳӣ Худо ба ин нияти некат туро ба муродат расонад, — гӯён ӯ маро дуо кард ва дар ҳолате, ки аз чашмони хушкидааш ба рухсораи пажмурдааш об мешорид, аз бозор баромада рафт.
Ман аз бозори ғӯза баромада рост ба ҳуҷраи Пирак рафтам ва ба ӯ гуфтаҳои Мурод пахтакашро нақл намуда, ӯро аз эҳтимоли фардо пагоҳонӣ кушта шудани Насими Хархӯри бозорчагӣ хабардор кардам ва аз вай илтимос намудам, ки фардо пагоҳонӣ барои дидани одамкушӣ ҳамроҳи ман ба Регистон равад. Ӯ қабул кард, ман ба ҳуҷраи акаам рафтам. Хушам дар сар набуд ва хаёлам ба кампир банд буд. Шаб хобам набурд, ҳар вақт, ки чашмамро мепӯшидам, ҳайкали фартути кампир дар ҳолате, ки гирякунон ва асозанон аз бозор баромада мерафт, ба назарам намуда меистод.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.