Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 2-2


Сайри Файзобод

Ман ҳаракати ҷисмонии чобукона ва паҳлавонии мардонаи Махдуми Гавро дар сайри Файзобод дидам.
Дар Бухоро дар он вақтҳо Наврӯзро, ки иди баҳории умумии форсизабонон аст, бисёр ҳурмат мекарданд. Ҳатто уламои динӣ ба ин ид, ки пеш аз исломият — пеш аз истилои арабҳо одатан миллӣ буда, баъд аз мусулмон шудан ҳам мардум ин идро тарк накарда буданд, ранги динӣ- исломӣ дода, аз вай фоида мебурданд, — аз оятҳои Қуръон хафтсалом навишта ба ғӯлунгоб, ки хӯрдани вай дар Наврӯз аз одатҳои миллии пештара буд, тар карда мехӯронданд ва пул мегирифтанд. Дар рӯзи Наврӯз дар арки амир як маросими динӣ ташкил намуда зиёфат мехӯрданд, пул мегирифтанд ва хилъат мепӯшиданд ва пас аз Наврӯз ба шарафи соли нав чандрӯза сайрҳои расмӣ ташкил мекарданд ва монанди инҳо.
Аммо халқ пеш аз соли нав, ки дар солҳои оддӣ 22 март ва дар солҳои кабиса (соле, ки феврал 29 мешавад) 21 март медарояд, сайрҳо ташкил намуда, гӯё барои пешвозгирии Наврӯз ҳозирӣ медиданд.
Калонтарини ин сайрҳои халқӣ дар Файзобод ташкил меёфт. Дар ин сайр, ки дар моҳи ҳут (аз 20 феврал то 22 март) барпо мешуд, мардум ҳар рӯзи ҷумъа ба Файзобод рафта сайр мекарданд. Файзобод деҳаест дар шимоли шарқии шаҳри Бухоро, дар масофаи як километр, ки боғоти хуб ва киштзори васеи сероб дорад ва ҳоло дар он ҷо колхози ба номи «Маориф» ташкил ёфтааст. Мо дар ҷумъаи дуюми мавсими сайри Файзобод, ки одатан бисёр гарм ва серодам мешавад, ба тамошо баромадан хостем. Ҳарчанд аз шаҳру аз деҳоти атрофи шаҳр одамон бо гурӯҳҳои калон ба он сайр бароянд ҳам, гурӯҳи мо он қадар калон набуд — дар гурӯҳи мо Махдуми Гав ва додараш Пирак, Мулло Ҳомиди савтӣ ва Зайниддинхоҷа, акаам ва ман — ҳамагӣ шаш нафар будем. Махдуми Гав аз ҳуҷрааш як чойҷӯши биринҷӣ, ки ба ҷойи чойник ба кор мерафт, ду пиёла ва як кампал (одеяло) гирифта баровард, ки кампалро Пирак дар бағал гирифт ва чойҷӯшу пиёлаҳоро ман бардоштам.
Мо соатҳои 9-и рӯз аз шаҳр — аз дарвозаи Мазор баромадем. Аз он дарвоза ба тарафи шарқ як роҳи калон буд, ки рост рафта ба мазори Баҳоуддини Нақшбанд мерасид (ба ин сабаб номи он дарвозаро «Мазор» ниҳодаанд, вагарна номи таърихии вай «Дарвозаи Об» аст, ки Шаҳррӯд аз тарафи он дарвоза ба шаҳр медарояд).
Аз ин дарвоза ба тарафи шимоли шарқӣ як роҳи калон меравад, ки вай аз пеши деҳаи Файзобод ва Дилкушои Берун гузашта, ба Ғурбун мерасад
Дар миёнаи ин ду роҳи калон як роҳи пиёдагард буд, ки аз байни пуштаҳои қабристон гузашта ба киштзор ва сайргоҳи Файзобод мерафт.
Мо ана бо ҳамин роҳи пиёдагард равон шудем. Вақте ки мо аз мазори Хоҷа Исҳоқи Калободӣ гузаштем, аз пеши мо як майдончаи чуқур баромад, ки тарафҳои шарқ, ҷануб ва ғарби вайро пуштаҳои баланди гулзори гулфурӯшон иҳота мекарданд. Дар ин майдонча якчанд бех дарахтони гуҷуми сархушк, якчанд суффачаҳои нишастгоҳи чойнӯшон буда, дар тарафи шимолаш як хонача, як айвонча ва як суффаи дарозрӯя ҷой гирифта буданд.
Дар суффачаҳо ва дар суффачаи дарозрӯя чойнӯшон менишастанд. Мо ҳам бо таклифи Махдуми Гав дар як суффача, ки дар канортари майдон воқеъ шуда буд, нишастем. Самоворчӣ ба пеши мо як чойник чойро бо пиёла оварда ниҳода:
— «Чарс» даркор аст? — гуфта пурсид.
Махдуми Гав, ки дар ин гуна мавридҳо вазифаи раҳбариро ба ҷо меовард, «не, даркор нест!» гуфта ҷавоб дод.
Мо дар вақти чойнӯшӣ бошандагони он манзилро ягон-ягон аз назар гузаронидем. Бар рӯйи суффаи дарозрӯя, ки дар пеши хонаву айвон воқеъ шуда буд, якчанд қаландарон менишастанд, ки онҳо рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе бо гурӯҳи калон зикргӯён шаҳрро тамоман раста ба раста гардиш намуда, каҷкӯлгадоӣ мекарданд.
Инҳо пешрави ҳамин гурӯҳ буданд, ки дар ин ҷо ҳам бо ҳамон либоси қаландарӣ-дарвешӣ менишастанд. Дар миёнашон камарбанди сербари гилемин бо «санги қаноат»* бастагӣ буда, аз рӯйи жандаҳои навдӯхти самарқандӣ** пӯшидагӣ буданд. Фақат «мутбахкаду»*** ва кулоҳи чортаркашон**** дар замин ниҳодагӣ буда, мӯйҳошон монанди мӯйҳои занони ба саршӯйӣ тайёршуда ба атрофи сару рӯяшон овезон ва парешон буд. Ҳар қаландар як сӯта — як асои ғафси харротии сарнайзадор ҳам дошт, ки он сӯтаҳо дар пеши девори хонача қатор дар замин рост халонда мондагӣ буд.
Дар пойини суффа ду саги ҳалқадуми дарозгӯш буд, ки онҳо шиками худро ба замин ниҳода тумшуқашонро дар миёнаи ду пойи пеши ба пеш дароз кардаашон гузошта чашмҳошонро ба қаландарон дӯхта буданд. Онҳо чунон беҳаракат буданд, ки на ягон аъзои худро меҷунбонданд ва на ба тарафе (ғайр аз он тарафе, ки қаландарон нишаста буданд) нигоҳе мекарданд. Онҳо айнан ба муридоне монанд буданд, ки дар он замонҳо дар пеши пирашон — дар вақти «таваҷҷӯҳ додани ӯ» бо беҳаракатии мурдагона менишастанд.
Дар давраи қаландарон якчанд нафар ҷавонони 16-18-сола ҳам менамуданд, ки қаландарон бо онҳо гарми чақ-чақ буданд. Ин ҷавонон хушлибос ва хушсурат буда, пурнурии чашмонашон ба пурқобилиятии табииашон гувоҳӣ медод.
Дар суффачаҳои дигар гурӯҳҳои одамони гуногун менамуданд, ки аз қиёфаашон аз табақаҳои гуногун буданашон маълум мешуд — дар он суффачаҳо талабаҳои оддӣ гурӯҳеро, махдумҳо — муллозодагон гурӯҳеро, бойбачагон гурӯҳеро, аҳли касаба ва бозориёни оддӣ гурӯҳҳои дигарро ташкил дода менишастанд.
Мо ҳанӯз як чойник чойро нӯшида тамом накарда будем, ки қаландарбачае аз хонача чилимеро бардошта баровард. Он чилим монанди чилимҳои оддии тамокукашӣ чӯбкадугӣ ё мисин набуда, аз чӯби чормағз ба шакли чӯбкаду сохта шуда буд. Фақат ин чилим нисбат ба чилимҳои оддӣ ғафстар ва шикамкалонтар буд. Сархонаи ин чилим ҳам нисбат ба сархонаҳои чилимҳои оддӣ васеъ ва баланд буд.
Қаландарбача сархонаи чилимро бо чизе, ки дар он вақт ман ҳанӯз чӣ будани онро намедонистам, пур карда бар рӯйи вай оташ гузошта аз найи чилим як-ду қуллоб кашид.
Махдуми Гав ин ҳолро дида:
— «Чарс», яъне бангкашӣ сар шуд, — гуфт ва ман дар он вақт фаҳмидам, ки он чизи дар сархона ниҳодашуда банг будааст.
Қаландарбача, баъд аз пазондани чилим, даргирондани оташи сархона бо бодкашии худ найи чилимро ба пешгоҳнишини қаландарон рост кард. Ин қаландар дар тан жандаи нав дошта қариб панҷоҳсола менамуд ва дар ришаш ҷо-ҷо
___________
* Санги қаноат — сангест, ки қаландарон — дарвешони расмӣ дар пеши камарашон мебастанд, гӯё он санг онҳоро дар гуруснагӣ бобардошт мекард.
** Пири қаландарони Осиёи Миёна дар қаландархонаи Самарқанд менишаст. Жандаро ҳеҷ қаландар бе бахшидани ӯ пӯшида наметавонист ва ин бахшиш ба муқобили маблағи калоне ба даст медаромад.
*** Мутбахкаду — кадуе буд, ки қаландарон тасмабандӣ карда дар гардиш ба бозуи худ овезон карда мегаштанд.
**** Кулоҳи чортарк — кулоҳи чоргӯшаи дарозрӯя буд, ки вайро ба хар қаландар пири қаландарон медод.

торҳои сафед пайдо шуда буд ва аз қиёфа ва намуди зоҳириаш маълум мешуд, ки ӯ бобои қаландарон аст.
Вақте ки бобои қаландарон чилими бангро дар даст гирифт, сагҳо бетоқат шудан гирифтанд. Ҳарчанд ҳанӯз ҳам онҳо аз ҷояшон намеҷунбиданд, аммо, пашмҳои баданашон аз беқароршавии асабҳояшон мепариданд ва меларзиданд.
Бобо баъд аз он ки чилимро ду-се қуллоб кашида бо наъраи қаландарона «ҳақ, дӯст…иллаллоҳ, пирам нақшбанд девона» гуфт, ба тарафи сагон табассумкунон нигарист. Онҳо ҳанӯз намеҷунбиданд. Аммо дар ҷавоби нигоҳи марҳаматомезонаи бобо думҳошонро ҷунбонда ба хок задан гирифтанд.
Бобо ба сагҳо нигоҳ карда:
— Биёед, ҷонварони ҳақгӯй! — гуфт.
Ҳар ду саг баробар аз ҷо ҷаста пеш омада рост шуда, поҳои пешашонро бар лаби суффа гузошта, даҳонашонро кушода ҳар ду дар паҳлуи якдигар чашмонашонро ба бобо дӯхта истоданд.
Бобо пушти чилими бангро ба даҳони яке аз он сагон рост карда сӯрохи дар пуштдоштаи вайро бо ангушташ баста ду-се қуллоб кашида оташи бангро даргиронид, вақте ки даруни чилим пур аз дуди банг шуд, ангушти худро аз сӯрохи чилим бардошта аз нӯли вай пуф кард. Саге, ки даҳонаш ба сӯрохи пушти чилим наздик буд, дудҳои аз он ҷо баромадаро бо завқи тамом фурӯ кашид. Бобо ба саги дигар ҳам ба ҳамин тариқа банг кашонид. Онҳо рафта ба ҷойи аввалиашон дар вазъияти аввалӣ дароз кашиданд.
Қаландарбача сархонаи чилимро тоза карда дар вай банг ва оташи нав гузошта қаландарон ва ҷавонони ҳамсӯҳбати онҳоро низ банг кашонид.
Сӯҳбати қаландарона гарм шуд ва садои «ҳақ дӯст, ё ҳу, ё ман ҳу» аз даҳони ҳамаи қаландарон ва ҷавонони ҳамсӯҳбаташон баланд гардид. Ҳатто сагҳо ҳам садои махсуси шодиёна бароварда ба хурсандии соҳибашон ҳамроҳӣ мекарданд. Дар ин вақт қаландарбачаи дигар як чилими чӯбичормағзии дигарро соз кард ва давраи чойнӯшони берунаро гардиш кард. Дар он давраҳо ҳам кам кас буд ки банг намекашид ва он гуна одам ба сабаби «ноулфатиаш» аз тарафи ҳамгурӯҳони худаш таъна медид ва масхара дошта мешуд. Ҳар гурӯҳ баъд аз кашидани банг ба андозаи калон ё хурд будани гурӯҳашон ба қаландарбачаи чилимдор аз ду танга (30 тин) то панҷ танга медоданд. Қаландарбача гоҳ-гоҳ рафта сархонаи чилимро тоза карда боз меомад.
Гурӯҳи мо дар аввали кор «чарс даркор не» гуфта бошад ҳам, қаландарбача бояд «барои ҳурмат» бошад, чилими тозакардаашро ба пеши мо оварда тақдим намуд. Махдуми Гав ба ишорати сар рад кард. Қаландарбача ба давраи дигар рафт.
Мулло Ҳомид ба Махдуми Гав гуфт:
— Ҳеҷ кадоми мо дар умри худ банг накашидаем. Аммо шумо, ки пештар ду сархона бангро якбора кашида пиёзро қурут гуфта хӯрда будед, чаро накашидед? Дар рӯйи Махдуми Гав як навъ дигаргунӣ пайдо шуд, ман бори аввал буд дидам, ки дар абрувони вай чин афтод. Аммо табассуми одатиаш ҳанӯз ҳам аз лабони вай дур намешуд ва ба ҳамин вазъият дар ҷавоби пурсиши Мулло Ҳомид ба ӯ нигоҳ карда гап сар кард:
— Шумо гумон кардед, ки ман қабоҳати бангро намедонам ва агар донам ҳам, дар сӯҳбати махдумон ин шумгиёҳро ба сифати як воситаи вақтхушӣ кашидаам. Агар шумо ҳамин тарз пиндошта бошед, хато кардаед.
Махдуми Гав пиёлаи чойи дар пешаш гузошташударо нӯшида боз сухани худро давом дод:
— Махдумони аҳмақ мехоҳанд, ки маро мағлуб намуда масхара карда тамошо кунанд. Ман, ки ба пеши онҳо мағлуб шуданро ор медонам, ҳар таклифи онҳоро рад накарда ба ҷо меорам. Ин кори ман як олати мубориза аст бо он аҳмақон. Дар натиҷа худи онҳо масхара шуда мемонанд.
Қаландарон боз як бори дигар сархонаҳоро пур карда банг кашиданд ва сагҳоро ҳам кашонданд. Ғулғулаи қаландаронаи онҳо боз ҳам баландтар гардид. Ҷавонони ҳамсӯҳбаташон гоҳо хандида ва гоҳо гириста, пироҳанашонро чок карда худашонро ба ҳар тараф мепартофтанд. Сагҳо бошанд, баъд аз дубора банг кашондан ба ҷойи аввалиашон рафта ёзиданд ва хобашон бурда мурда барин шуда монданд.
Махдуми Гав ба сухан давом кард:
— Ин қаландаронро, ки мебинед, — гуфт ӯ, — ҳамон касонеанд, ки ҳафтае ду бор шаҳрро гардиш карда ба номи худо, ба номи пайғамбар, ба номи Баҳоуддин ва азизони дигар аз мусулмонон пул меғундоранд ва дида истодаед, ки он пулҳоро ба чӣ роҳ сарф мекунанд. Инҳо на танҳо худашон мурдору харобанд, балки дигаронро ҳам мурдору хароб мекунанд. Ин ҷавонон, ки дар сӯҳбати онҳо нишастаанд, мурғакони бегуноҳи нодонанд, ки ба доми сайёди бераҳме афтодаанд. Оқибати инҳо дар дасти ин қаландарон ҳалокат аст. Агар ин ҷавонон ба касбу коре чанг мезаданд, дар қатори одамон даромада ягон ҷойи холии дунёро пур мекарданд. Ҳоло бошад, агар бахташон тозад, монанди «пирони худ» қаландар мешаванд. Ин қаландарони худобехабари бераҳм на танҳо фарзандони одамонро хароб мекунанд, балки ҳайвонҳоро ҳам аз кор мебароранд. Дида истодаед, ки ду саги тозии ҳушёр бо ду бор банг кашондан ба чӣ ҳол афтоданд.
Махдуми Гав, ки аз бисёр гап задан гулӯяш хушкида буд, аз чойник як пиёла чой кашида нӯшида боз давом намуд:
— Ин аҳволе, ки шумо дидед ва ман барои ибрат шумоҳоро ин ҷо оварда ин ҳолро нишон додам, аҳволи зоҳирии қаландарон аст. Аммо аҳволи шабона ва махфиёнаи инҳо боз ҳам нафратангезтар аст. Он сӯтаҳое, ки дар зери девор қатор карда рост мондаанд, яроқи тороҷгарии инҳост. Бештарин қаландарон ба садақаи рӯзона аз мардум ба ризои онҳо ситондаашон қаноат накарда, шабона дар роҳҳои хилвати атрофи шаҳр одами танҳо вохӯрдаро тороҷ ҳам мекунанд ва агар он одам муқобилат кунад, сарнайзаи сӯтаашонро аз шиками вай дареғ намедоранд. Инҳо дар ин ҷо рӯзона дар пеши мардум «боодобона» мастии бангиёна карда нишастаанд.
Аммо корҳое, ки инҳо дар маҷлиси бангкашӣ шабона мекунанд, одам аз гуфтан ва шунидани он гуна кор шарм медорад, агар одами бономустар он корҳои инҳоро бинад, ин мурдоронро накушта намемонад.
Маҷлиси қаландарон торафт меҷӯшид, аммо сӯҳбати мо дар бораи онҳо пир шуд, мо рафтан хостем. Ҳамаи рафиқон баробар дастҳояшонро ба кисаҳошон заданд, ки пули чойро диҳанд.
Аммо Махдуми Гав қабул накард:
— Пули чойи ин сайр аз ман шавад, — гуфт ва ӯ пули чойро дод. Мо ба тарафи сайргоҳ равона шудем.
* * *
Дар гӯшаҳои пасхами роҳи пиёдагард, ки шимолашро киштзорҳо ва ҷанубашро мазорҳо иҳота карда буданд, ҳар гуна киморбозиҳо ташкил ёфта буданд: ғирғиракбозӣ, қартабозӣ, тасмабозӣ ва буҷулбозӣ ба назар намоёнтарини он бозиҳои махфӣ буданд. Чун ба роҳи байни Ҷӯгихона ва Файзобод баргаштем, аз пешамон иштибозиҳо, чормағзбозиҳо, қандакбозиҳо (бо донаки зардолу) ва тухмбозиҳо баромаданд, ки инҳо қиморбозиҳои рӯйрост ба шумор мерафтанд ва иштироккунандагони ин бозиҳо барои қиморбози калон шудан тайёрӣ медиданд (репетитсия мекарданд). Мо пеш рафта ба маркази сайргоҳ, ки хонақоҳи Файзобод аст, расидем. Тарафҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубии хонақоҳро фурӯшандагон ва харидорон фурӯ гирифта буданд, фурӯшандагон ҳама ошфурӯш, нонфурӯш, гӯштфурӯш, каллапочафурӯш, мавизу чормағзу донашӯраку нахӯди бирёнфурӯш ва дигарҳо буда, харидорон ҳама хӯрандагони ин ашё буданд. Баъзеҳо рост истода ва баъзеҳо дар пеши фурӯшанда саридупо нишаста чизҳои харидаашонро мехӯрданд. Дар рӯйи саҳни хонақоҳ самоворчиён палос паҳн карда дӯкон ороста буданд, ки дар он ҷо тамошобинон бо гурӯҳҳои худ давра гирифта нишаста, чой менӯшиданд.
Мулло Ҳомид таклиф намуд, ки дар ягон ҷо нишаста чой нӯшем. Аммо Махдуми Гав қабул накард:
— Сайргоҳи ҳақиқӣ ҳоло дар пеш аст, он ҷо меравем ва агар чой нӯшидан хоҳем, дар чойҷӯши худамон дам карда менӯшем, — гуфт.
Мулло Ҳомид чор дона нон, Зайниддинхоҷа камтар донашӯрак, акаам як миқдор нахӯди бирён харид. Пирак аз самоворхона дар чойҷӯш чой дам карда гирифта ба дасти ман дод. Мо бо гурӯҳи худ ба тарафи шимоли хонақоҳ бо роши заминҳои кишташуда раҳсипор гардидем. Баҳори Бухоро 15 рӯз пештар аз баҳори Самарқанд сар мешавад. Бо вуҷуди ин ки ҳанӯз ба соли нав 15 рӯз буд, гандумҳо ва ҷавҳои тирамоҳ кишташуда ва алафҳои юнучқа чор ангушт қад кашида буданд. Сабзаҳои худрӯйи лаби ҷӯйчаҳо ва рӯйи рошҳо ҳам замини пурнами сиёҳтоби баҳориро тамоман пӯшонда буданд. Саҳро дар ин вақт ҳақиқатан дилрабо ва фараҳафзо буд. Майса ва сабзаҳо гӯё бахмали сабзпате буданд, ки бар рӯйи саҳро ба пешвози Наврӯзи дилафрӯз густурда шуда буданд. Ҳавои форами баҳорӣ бо бӯйи хуши сабзаҳои навхези атромез ба кас рӯҳи тоза ва шодмонии беандоза медод. Кас мехост, ки даҳонашро калон кушода он насими диловези анбаромезро то метавонад, фурӯ кашад. Парчаҳои абрҳои парокандаи сафеду сурху зарду бунафштоб, ки дар рӯйи ҳаво ҳаракат мекарданд, ба осмони кабуд зинати рангоранг медоданд ва сояҳои худро бар замини сабзи якранг афганда гӯё бартарии ҳаворо аз замин намойишкорона эълон менамуданд. Хулоса замину осмон дар ҷӯши рангангезӣ буд ва табиат саргарм аз навхезӣ.
Дар рӯйи киштзорҳои тарабафзо такутози бачагони паррандабоз тамошои дигар дошт: баъзе бачагон саъва, баъзеҳо зоғча ва баъзе дигар сочҳоро дар даст дошта, бо бозии худ дар ҷӯшу хурӯш буданд. Ин паррандагон дастомӯз шуда буданд, ки бо ишорат ва имои соҳибони худ фармонбардорона ҳаракат менамуданд.
Зоғчабозон ва сочбозон паррандагони худро ришта дар по карда ба ҳаво дар мусобиқа сар медоданд, ки онҳо то дусад метр парвоз менамуданд ва ҳар гоҳ ки он паррандагон осори кӯфтагӣ ва сустӣ дар худ ҳис мекарданд, бозгашт фурӯд омада ба сар ё ба дасти соҳиби худ менишастанд. Ҳар зоғча ва соче, ки рост ва баланд парвоз кунад ва дар ҳаво дер монад, вай мусобиқаро бурдагӣ ба шумор мерафт.
Саъвабозӣ боз тамошои дигар дошт — тамошобинон тахминан сад қадам дуртар аз саъвабоз дар рӯ ба рӯйи ӯ саф кашида меистоданд. Саъва, ки бар сари дасти соҳибаш нишастааст, ба тамошобинон бо диққат чашм медӯхт. Ҳар гоҳ ягон тамошобин дар байни ангуштони худ пул ва ё тангаро бардошта ба ӯ нишон диҳад, паррандаи хурдҷуссаи назарногир дар парвоз меомад ва ба сӯйи он кас рафта он пул ё тангаро дар нӯли худ гирифта бозгашт омада ба дасти соҳибаш менишаст ва тӯҳфаи овардаашро бар кафи соҳибаш партофта, дасти ӯро нозукона нӯл задан мегирифт ва соҳибаш аз кисаи худ пистарезаеро бароварда ба ӯ медод. Саъва баъд аз фурӯ бурдани ин «навола» боз ба тарафи тамошобинон рост шуда ба онҳо чашм медӯхт ва мунтазири тӯҳфаи нав мешуд.
Мо боз пештар ба тарафи шимол рафта аз одамон хеле дур шудем. Дар он ҷо дар замини юнучқазоре кампали худро паҳн карда бар рӯйи вай нишастем ва ба нонхӯрӣ ва чойнӯшӣ даромадем. Ҳар боре ки чойҷӯш холӣ мешуд, Пирак давон рафта аз самоворхона чойи тоза меовард.
Баъд аз хӯрок ҳар кадомамон бар рӯйи алафи навраста дароз кашида ёзидем. Аммо Мулло Ҳомид ва Зайниддинхоҷа наёзида ва пиёлаҳоро ба ҷойи дойра дар даст гирифта ба ғазалхонӣ даромаданд. Ҳавои суруд бо ҳавои форами баҳор омехта, ба кас ҷони тоза медод.
Ҳанӯз ғазалхонӣ ба поён нарасида буд, ки як гурӯҳ ҷавонон пайдо шуда дар роши замини юнучқае, ки мо дар вай ҷой гирифта будем, ҷаҳ-ҷаҳакбозӣ сар карданд: ду кас аз онҳо як- фӯтаи семетриро арғамчинвор тофта, бар болои рош он фӯтаро аз ду тараф кашида рӯ ба рӯйи ҳам истоданд. Дар аввали кор фӯтаро аз замин баробари зонуи худ баланд доштанд. Ҷавонони дигар аз болои он фӯта ҷаҳида гузаштанд. Дар навбати дуюм фӯтаро баробари нофи худҳошон баланд доштанд. Ин дафъа чанд нафар аз ҷаҳандагон, бе он ки пояшон ба фӯта бархӯрад, ҷаҳида гузашта тавонистанд, пойи ду нафар ба фӯта печида онҳо рӯйнокӣ бар замин афтоданд.
Дар дафъаи сеюм фӯтадорон баробари синаи худ доштанд. Дар ин дафъа нимаи ҷаҳ-ҷаҳакбозон гузаштанд ва нимаи дигарашон афтоданд, дар навбати чорум, ки фӯта баробари китфи фӯтадорон дошта шуда буд, ҳеҷ кас гузашта натавонист ва ҳамаашон афтоданд. Дар ин вақт ба дидани ин бозӣ хеле калонсолон ҳам расида омада буданд. Махдуми Гав то ҳол ҷаҳ-ҷаҳакбозиро аз ҷойи ёзидааш тамошо мекард, афтодани ҳамаи бозингаронро дида ба пеши фӯтадорон омад ва ба онҳо фармуд, ки фӯтаро баробари китфашон доранд, то ки ӯ ҷаҳида гузарад.
Ҳамаи тамошобинон аз ин таклифи Махдум дар ҳайрат афтоданд ва дар байни худ дар бораи то ин баландӣ ҷаҳида гузашта тавонистан ва натавонистани ин одами тануманди фарбеҳи вазнин баҳсу ҷавоб мекарданд ва бештарини тамошобинон ба гузашта натавонистани ӯ ҳукм менамуданд.
Махдуми Гав тахминан панҷоҳ қадам пас рафт ва аз он ҷо лӯккос зада пеш омад. Вақте ки ба наздикии фӯта расид, монанди ҳаппаки пурбод худро боло ҳаво дод ва аз болои фӯта баробари сари фӯтадорон аз баландӣ гузашта бо ду пойи худ дар замин қарор гирифт ва ғулғулаи таҳсини тамошобинон ба осмон баланд шуд.
Як одами баландқомат аз миёни тамошобинон баромада гуфт: — Ин бачаҳои фӯтадор чӣ қомат доранд, ки баландии китфашон бошад. Ман мехоҳам, ягон одами ҳамқади .ман ба майдон ояд. Мо бо ӯ фӯта дорем. Агар Махдум аз китфи мо ҳам гузаранд, ман дар ҳамон вақт ба ин кас гардан медиҳам (таслим мешавам).
Як одами баландқади дигар пайдо шуд, онҳо аввал баробари китфи худ, сонӣ баробари сари худ ва дар охир дастҳояшонро ба ҳаво баланд карда фӯта доштанд. Махдуми Гав аз ҳамаи ин баландиҳо бе ҳеҷ дудилагӣ ҷаҳида гузашта табассумкунон ба майдон рост меистод. Баъд аз ҷаҳ-ҷаҳакбозӣ дав-давакбозӣ сар шуд. Махдуми Гав дар охири ин бозӣ бо ғолибон, ки ҳамагӣ панҷ нафар буданд, баҳс-мабаҳс давидан хост. Майдони давишро, ки ҳаштсад қадам буд, ҳазор қадам қарор доданд. Махдуми Гав ин масофаро 150 қадам пештар аз ҳарифони худ тай карда сазовори таҳсини тамошобинон гардид.
Баъд аз дав-давакбозӣ гӯштигирӣ (кураш) сар шуд. Дар гӯштигирӣ эълон карданд, ки аҳолии тобеоти ноибнишинии Галаосиё бо аҳолии тобеоти ноибнишинии Мазор (Баҳоуддин) гӯштӣ хоҳад гирифт. Шаҳриҳо бетараф меистанд ва ҳар тараф, ки мағлуб шавад, ба вай ёрӣ медиҳанд.
Тамошобинон чор тарафи як таноб заминро фаро гирифта нишастанд: галаосиёиҳо дар тарафи ғарб ва нимаи тарафи шимол, мазориҳо дар нимаи дигари тарафи ҷануби замин ҷойгир шуданд.
Аввал дар маърака аз ду тараф ҷавонони хурдсол баромада зӯрозмойӣ намуданд — ғалтиданд ва ғалтонданд. Баъд аз он паҳлавонони миёнхел баромаданд ва дар охир навбат ба паҳлавонони номдор расид. Дар ин давраи гӯштигирӣ мазориҳо ғолиб омаданд ва шаҳриҳо ба ёрии галаосиёиҳо расиданд.
Дар ин дафъа ҳам ғалаба ба тарафи мазориҳо буд — дар оқибати ғалтондан ва ғалтидани бисёр касон аз ду тараф, дар тарафи мазориҳо 5 нафар буд, ки касе онҳоро ғалтонда натавонист. Дар ин вақт ба он панҷ нафар талабгор шуда Махдуми Гав ба майдон баромад ва ба навбат ҳар панҷи онҳоро ҳам пушт ба замин хобонда ва табассумкунон маъракаро як давр зада омада, дар ҷойи худ нишаст.
Махдуми Гав ҳанӯз нафасашро рост нагирифта буд, ки саркорони ҳар се тараф ба пеши ӯ омада маълум карданд, ки Рустамҷа ном як ҷавони 20-солаи шӯркӯлӣ ба гӯштӣ гирифтан бо ӯ талабгор шудааст.
Махдуми Гав аввал ин талабро рад кард — бо як ҷавони 20-сола гӯштӣ гирифтанро ба худ ор дошт. Аммо дар охир (шояд аз мағлубияти муфт тарсида бошад «хайр, майлаш, гӯетон барояд ва як зӯрозмойӣ карда бинад», — гуфт:
Он ҷавон ба майдон баромад. Ӯ на танҳо хурдсол буд, балки қадаш паст ва танаш қоқи камгӯшт ҳам буд, ки ин намуд ӯро аз 20-сола ҳам камтар нишон медод.
Махдуми Гав шармгинона ба муқобили ӯ рафта бо ӯ се-чор бор талош кард. Ҳар ду тараф ҳунарҳои гуногуни гӯштигириро ба кор бурданд. Лекин ҳеҷ кадом мағлуб нашуданд. Аммо осори мондагӣ дар аъзои ҷавон намоён шудан гирифт — ӯ сахт-сахт нафас мекашид. Дар охир саркорон ба миёна даромада ҳар дуи онҳоро аз ҳам ҷудо карда ва меҳрубонона ба бозуҳои онҳо даст зада ҳар дуяшонро ба ҷойи худҳошон гусел карданд ва бо ҳамин гӯштигирӣ тамом шуда, мардум аз ҷояшон хеста ба ҳар тараф пароканда шуданд.
Вақте ки мо бо рафиқони худ чойҷӯш ва кампаламонро бардошта ба тарафи шаҳр раҳсипор шудем, Рустамча бо саркори тарафи худ ба мо расида омад ва дасти Махдуми Гавро дошта бо ӯ вохӯрдӣ карда гуфт:
— Ака Махдум, шумо ба ман меҳрубонии бародарона кардед. Ман дар аввали кор фаҳмидам, ки марди майдони шумо нестам ва дар талабгории бо шумо як аҳмақии бачагона кардаам. Аммо дигар аз даст рафта буд ва ба ғалтидан дил бастам. Аммо шумо ба ман раҳм карда маро беобрӯй накардед, гӯё маро дубора зинда кардед. Вагарна шумо метавонистед, ки маро иштивор ба ҳаво бардошта ба дур партоед. Ман аз шумо, то зиндаам, миннатдорам.
— Бисёртар машқ кун ва ба қуввати худ ғарра нашав. Паҳлавони номдор хоҳӣ шуд — гуфт Махдум ба ӯ ва мо ба роҳи худ давом кардем (оқибати пурфоҷиаи Махдуми Гав ва Рустамчаро дар қисми сеюми ёддоштҳои худ нақл хоҳам кард) 58.

Мулло Туроб ва Мулло Қамар

Мулло Туроб яккаписари як деҳқони занданегӣ буда, дар мактаби деҳаи худ хонда кӯрсавод шуда баромадааст. Дар замони зиндагии падараш ду сол дар мадрасаҳои Бухоро истиқомат карда азоби беҳуҷрагиро кашидааст. Баъд аз вафоти падару модараш ҳавлӣ, замин, ҳайвонот ва асбоби деҳқонии падарашро фурӯхта ва алоқаи худро тамоман аз саҳро бурида ба шаҳр омадааст ва дар ин ҷо аз мадрасаи Мири Араб, ки яке аз беҳтарин мадрасаҳои Бухоро буд, як ҳуҷраи яккаравоқи хуберо харида ба тарзи талабагони осудаҳол зиндагонии озодона сар кардааст.
Бо як шарикдарсаш, ки самарқандӣ будааст, як тобистон ба сайри он шаҳр рафта обу ҳавои он ҷоро писандидааст ва дар он ҷо ошноҳо ҳам пайдо кардааст. Баъд аз он ҳар гоҳ, ки ҳавои бадбӯйи Бухоро дар дилаш занад, чанд рӯзе ба Самарқанд рафта ҳаво хӯрда тамошо карда меомадагӣ шудааст.
Дар рафтуомади Самарқанд — дар даруни поезд ва дар он ҷо дар сайругашти шаҳри нав, азбаски ба забони русӣ эҳтиёҷ пайдо кардааст, баъзе калимаҳои русии шунидашударо дар як дафтарча бо тарҷимаи тоҷикиаш навишта гирифта барои худ як луғатча сохтааст ва дар ҳар сафари Самарқанд ин луғатчаашро васеъ кардан гирифтааст.
Пирак ба муносибати ҳаммадрасагӣ аз аҳволи вай хабардор шуда, дар ҳаваси омӯхтани забони русӣ афтода, чунонки дар боло қайд шуд, баъзе калимаҳои ин забонро аз ӯ навишта гирифтааст.
Аммо вақте ки муллоҳо Мулло Туробро ба сабаби калимаҳои русиро навишта гирифтанаш аз мадраса баровардан хостанд, ӯ барои эҳтиёт ба Самарқанд камтар сафар намуд, навишта гирифтани калимаҳои русиро ҳам тарк кард ва навиштаҳои пештараашро ба касе нишон намедодагӣ шуд, ба Пирак ҳам, ҳарчанд, ки ба ӯ дилаш пур буд, дар бораи забони русӣ кам гап мезад.
Лекин бо ин ҳама эҳтиёткориҳо ҳуҷуми муллоҳо ба ӯ кам нашуд. Ба сабаби монеъ омадани қозикалон ҳарчанд ӯро аз мадраса пеш карда натавониста бошанд ҳам, аз таҳқир кардани ӯ, аз гап паррондан ба ӯ боз намеистоданд. Ҳар гоҳ ки ӯ аз миёнсаройи мадраса (даромадгоҳаш) мегузашт, «урус-урус»… «афташ ҳам ба урус монанд шудааст» ва монанди ин гапҳои бемантиқона мезаданд. Ва ҳол он ки афти ӯ ба русҳо ҳеҷ монандӣ надошт. Ӯ одами сиёҳчеҳраи дуруштмӯй буда, чашмони сиёҳи калон дошт, ки аз русҳо зиёдтар ба арабҳо монанд буд.
Боре ӯ аз Самарқанд як ҷуфт калӯш оварда будааст, ки дар як рӯзи борон ва лой пӯшида баромад. Вақте ки чашми муллоён ба ин пойафзоли ӯ афтод, ӯро ба «дуздӣ» тӯҳмат карданд. Назар ба ақидаи онҳо, «ин гуна пойафзоли беовозро фақат дуздони шабрав мепӯшидаанд, ки дар вақти ба дуздӣ рафтанашон соҳиби хона пай набарад».
Масъалаи «дузд будани» Мулло Туроб хеле кашол ёфт. Муллоҳо ҳар рӯз дар бораи «дузд будани ӯ» далелҳои нав ёфта мебароварданд. Назар ба дарёфти онҳо, «Самарқанд рафта омадани ӯ ҳам бесабаб набудааст: ӯ молҳои аз Бухоро дуздидаашро ба Самарқанд бурда фурӯхта ва моли бисёреро ҳам аз он ҷо дуздида оварда, дар Бухоро мефурӯхтааст. Вагарна магар мумкин будааст, ки як талаба ду сол дар ба дар ориятнишин шуда гардаду якбора аз мадрасаи Мири Араб як ҳуҷраи яккаравоқро соҳиб шавад. Ин кор бе дуздӣ як кори ношуданӣ будааст». Дар ин миён воқеае рӯй дод, ки Мулло Туроб ба кӯчидан аз мадрасаи Мири Араб маҷбур гардид. Он воқеа ин буд: Мулло Туроб аз Самарқанд як кафши дастакчарми қазонидӯхт оварда будааст, ки як бор ҳамон кафшро пӯшида ба рӯйи мадраса баромад. Ин кафш ба сабаби спиртӣ будани тагчармаш (подош) дар роҳ рафтан ғарч-ғарчкунон садо мебаровард.
Муллоҳое, ки ба сабаби бесадо будани калӯш соҳибашро ба «шабравӣ» (дуздӣ) айбдор карда буданд, акнун дар пайи он афтоданд, ки сабаби ғарч-ғарч карда садо баровардани ин кафшро дарёбанд, то ки ба он восита ба соҳибаш тӯҳмате баста тавонанд. Маҳмаддонотарини онҳо мегуфтанд, ки «албатта дар ин кафш як сирри пинҳонӣ ҳаст, аҷаб нест, ки урусҳо номи Худову расули ӯро бар ягон парча мис навишта дар мағзи зерини ин кафш гузошта бошанд, то ки он номҳои муқаддас дар вақти пӯшидан дар зери пойи одамон монда ҳақорат бинанд». Баъзе муллоҳо маслиҳат доданд, ки ба шогирдҳошон фармуда дар вақти ба намоз даромадани Мулло Туроб кафши ӯро дузданд, то ки зерашро дарронда бинанд, агар дар ҳақиқат дар мағзи вай номи Худову пайғамбар бошад, дар он вақт гуноҳи Мулло Туроб ба гарданаш дайн мешавад ва баъд аз он дар бораи кофир шудани вай аз муфтиён ривоят гирифта, ба сахттарин ҷазо дучор кардани вай осон мегардад.
Баъзе дигарҳошон ин тадбирро мувофиқ надонистанд: «Агар аз даруни вай номи Худо набарояд ва Мулло Туроб нобуд шудани кафшро фаҳмида ба қозикалон арз кунад ва қозикалон «чаро кафши урусдӯхтро вайрон кардетон» гуфта муллоёнро коҳиш кунад, ба мо хуб намешавад» — гуфтанд.
Дар охир маслиҳат бо ин қарор ёфт, ки ба ягон талаба фармоянд, то ки вай аз Мулло Туроб номаълум карда сабаби «ғарч-ғарч» кардани кафшро, урусҳо дар вақти дӯхтан дар мағзи вай чӣ гузоштанашонро пурсад. Дар он сурат аҷаб нест, ки Мулло Туроб содагӣ карда росташро гуфта монад, дар он вақт ба ӯ чӣ муомила карданашонро муайян хоҳанд кард.
Вақте ки талаба бо фармойиши муллоён аз Мулло Туроб сабаби «ғарч-ғарч» кардани кафшашро ва урусҳо дар мағзи вай чӣ гузоштанашонро пурсидааст, ӯ дар ҷавоб гуфтааст, ки «ин кафшро русҳо надӯхтаанд, балки тоторҳои Қазон дӯхтаанд ва дар даруни вай чӣ буданашро ва чаро «ғарч-ғарч» карданашро ман намедонам.
Ин ҷавоб барои кушодани «сирри ғарч-ғарч»-и кафш роҳбарӣ кард, чунки дар он мадраса Мулло Қамар ном як муллои тотори қазонӣ буд, ки аз вай пурсида ин сирро фаҳмидан осон намуд.
Мулло Қамар аслан тотори қазонӣ буда, бо домуллои кунҷакии ман — Мулло Абдусалом шарикдарс буд. Назар ба қавли касоне, ки тарҷимаи ҳоли ӯро медонистаанд, Махдумхоҷа ном яке аз савдогарони Бухоро ӯро дар 16-солагиаш ба худаш «мирзо» ё ин ки «маҳрам» карда аз Қазон ба Бухоро овардааст.
Мулло Қамар то калонсол шуданаш — то соҳиби «ришу фаш» шуданаш дар хонаи Махдумхоҷаи савдогар ба ӯ «мирзоӣ» ва «маҳрамӣ» карда зиндагонӣ намудааст. Баъд аз он ба сабаби савдогари мазкур барои худ «мирзо» ва «маҳрами» дигар ёфтан, ӯ барои хондан ба мадраса кӯчидааст. Назар ба қавли одамони ҳолдон, ҳанӯз ҳам маишати ӯро хӯҷаини пештарааш таъмин мекардааст. Талаба ва муллоҳои тотори дигар аз тарҷимаи ҳоли шубҳаноки ӯ ор карда, бо вай рафтуой намекарданд 59:
Дар ҳар ҳол, назар ба ақидаи калони мадрасаи Мири Араб, ягона «закун-дон» ва «донандаи аҳволи Русия ва русҳо», инчунин «донандаи аҳволи Қазон ва тоторони он ҷо» ӯ буд. Бинобар ин хар масъалаи ба русҳо ва тоторҳо оидро аз вай мепурсиданд ва аз ҳамин ҷумла сабаби «ғарч-ғарч» кардани кафши Мулло Туробро, ки қазонидӯхт будааст ва дар мағзи вай мис ё дигар чиз гузошта шуданашро аз ӯ пурсидаанд.
Мулло Қамар дар ҷавоб гуфтааст, ки «Қазонидӯхт» будани ин гуна кафш рост аст. Аммо ҳамаи кафшҳои қазонидӯхтро мусулмонони Қазон – тоторон намедӯзанд. Дар он ҷо дӯзандагони рус ҳам бисёранд. Аммо фарқ дар ин ҷост, ки кафшҳое, ки мусулмонон медӯзанд, ғарч-ғарч намекунад, аммо кафшҳое, ки русҳои Қазон медӯзанд, бинобар он ки онҳо дар мағзи тагчарми вай мӯйлаби хукро мемонанд, «ғарч-ғарч» мекунад. Мусулмонони Туркистон, ки ин ҳолро намедонанд, ҳамаи ин кафшҳоро «тоторон дӯхтаанд» гуфта харида пӯшидан мегиранд. Кафши Мулло Туроб ҳам дӯхти урусҳост, ки дар мағзаш мӯйлаби хук гузошта шудааст». Бо шунидани ин ҷавоби Мулло Қамари «донишманд» шӯрест, ки дар мадраса барпо шуд.
«Ин худобехабар (Мулло Туроб) мӯйлаби хукро бо кафшаш кашола карда оварда мадрасаро мурдор кард», «охир, ин бесавод намедонад, ки хук «наҷасулъайн» (айни наҷосат) аст», «чаро ӯ наҷасулъайн будани хукро надонад? Медонад. Аммо азбаски ӯ уруспараст шудааст, қасдан мехоҳад, ки ҷойи поки мусулмононро мурдор кунад»… Ин гуна фарёдҳо аз даҳонҳои гуногун мебаромад.
Мулло Туроби бечора, ки аз тарси ҳукм шудани худ ба кофирӣ намози ҷамоатро тарк накарда ба масҷид ҳозир мешуд, шогирдони он муллоҳо, ки бо талқини устодашон ба шӯр омада буданд, аввал кафши ӯро, баъд аз он худи ӯро аз масҷид бардошта бароварда, ба рӯйи ҳавлии мадраса ҳаво доданд.
Баъд аз фароғи намоз муллоҳои калон ин кори шогирдҳошонро таҳсин карданд, «аммо ин кам» гӯён давом намуданд, «ин гуна кафше, ки даруни вай пур аз «наҷасулъайн» аст, бояд дар даруни ҳуҷрае, ки Амир Абдуллоҳи яманӣ — Мири Араб сохтаанд, наистад, ҷойи вай даруни наҷосат аст» гуфтанд ва боз илова намуданд: «Шумо, бачагон, нодонӣ ва бетаҷрибагӣ карда як гуноҳи кабира кардетон, ки он кафшро бо дасти худ гирифтетон, хуб зарар надорад, худо гуноҳи нодониста кардашударо меомурзад. Баъд аз ин бояд он гуна кафш бо оташгирак гирифта шавад». Бо шунидани ин таълимот 10-12 нафар шогирдон ба ҳуҷраҳояшон раф-та оташгиракҳояшонро ба дасташон гирифта ба ҳуҷраи Мулло Туроб ҳуҷум оварданд. Ҳуҷраи ӯро кофтуков карданд, дафтари луғатчаашро ёфта бо оташгирак гирифта, бар рӯйи як куртаи аз тан кашидамондаи соҳиби ҳуҷра гузоштанд, бар болои вай ду дона хишти пухта ҳам ниҳоданд ва баъд аз он куртаро буғчавор баста бардошта бурда, ба даруни халоҷойи мадраса бо зарб ҳаво доданд, ки бо вазни худ, дар даруни чиркобҳо фурӯ рафт.
Мулло Туроб то шаб аз ҳуҷрааш берун набаромад ва шабона ғоиб шуда рафт, ки баъд аз он ӯро дар он мадраса касе надидааст. Ӯ як харидори судхӯри беруна ёфта, ҳуҷраи ба 15 ҳазор танга меарзидагиашро ба 12 ҳазор танга фурӯхтааст. Эҳтимол буд, ки калонони мадраса он гуна савдои берунаро қабул накарда, худҳошон он ҳуҷраро ба нархи аз ин ҳам арзонтар ба даст медароварданд. Аммо фурӯшгори маҷбур ва харидори фоидаталаб ин эҳтимолро ба назар гирифта ба пеши қозикалон рафта ба савдои ҳуҷра бо васиқа ранги расмият додаанд. Вақте ки харидор ба мадраса омада калононро зиёфат карда ба онҳо ширинкома (як маблағ пул) дода васиқаашро нишон дод, маълум шуд, ки Мулло Туроб ҳуҷраашро фурӯхтааст ва дар он васиқа «як дарпарда (газгир) ва як тағораи парҳезӣ (обрезӣ)-и дар як дар ҳуҷраи дар мадрасаи Мири Араб доштаи худро ба 12 ҳазор танга фурӯхтани Мулло Туроб» қайд шуда буд.
Азбаски ин харидуфурӯш дар ҳузури қозикалон шуда, бо мӯҳри у тасдиқ ёфта, ба вай мӯҳрона расида буд, калонон ба вайрон кардани ин савдо ҷасорат накарданд, зиёфати харидор ва пули ширинкомаи ӯро ғанимат шумурданд.
Назар ба қавли муллоёни куҳансол, ин аввалин савдои ҳуҷра буд, ки дар пеши қозикалон васиқа шуда буд. Вагарна то он вақт ҳуҷраҳои мадрасаҳо фақат дар ҳузури калонони мадраса савдо мешуд. Баъд аз он воқеа савдои ҳар ҳуҷрае, ки қадаре душворӣ дошта бошад — ҷанҷолнок бошад, дар қозихона васиқа мешудагӣ шуд. Калонони мадрасаи Мири Араб гуноҳи ин «бидъат»-ро ҳам ба гардани Мулло Туроби саргурезшуда бор карданд. Бо ҳамин русиомӯзии Пирак ва «Нисоб-ус-сибён»-созии ман ҳам ба поён расид (оқибати пурфоҷиаи Мулло Туроб дар охиртари ин қисм баён хоҳад ёфт).
Бо ҳамаи ин қадар ҷанҷол ва фитна ба касе маълум нагардид, ки хук мӯйлаби дурушти шахшӯли «ғарч-ғарч» — кунанда дорад ё не ва дар ҳақиқат дар даруни он кафш он гуна мӯй монда шудааст ё не. Чунки дар он вақт ҳеҷ кадоми мо (инчунин он муллоҳо ҳам) на хукро дида будем ва на мӯйлаби вайро, фақат бо иқрори Мулло Қамар ба пеши Мулло Абдусалом воқеа дигаргуна шуда баромад:
Мулло Абдусалом одами бечораи эҳтиёткор буд, ӯ ва ҳамошони ӯ ба ҷанҷоли кафш иштирок накарда буданд. Рӯзе барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол Мулло Абдусалом Мулло Қамарро дар ҳуҷраи худ зиёфат кард. Ҳамошони ӯ ҳам ҳозир буданд ва ман ош мепухтам. Мулло Абдусалом дар миёнаҳои сӯҳбат гапро ба болои кафши Мулло Туроб оварда аз ӯ ҳақиқати корро пурсид.
Ӯ дар ҷавоб гуфт:
— Ман дар 16-солагиам аз Русия ба Бухоро омадаам. Дар он ҷоҳо хукро дида бошам ҳам, ба мӯйлаби дурушт доштан ва надоштани вай диққат накардаам. Дар мағзи кафши «ғарч-ғарч»- кунанда мӯйлаби хук гузоштани русҳоро аз як муллои пирсол, ки дар Бухоро таҳсил карда буд, дар Қазон шунида будам. Дар Бухоро, вақте ки ман ин гапро ба Махдумхоҷаи савдогар гуфтам, ӯ ин маъниро рад кард: агар зерчарми кафш бо спирт (ҷавҳари арақ) парварда карда шуда бошад, «ғарч-ғарч» мекунад, — гуфта Мулло Қамар сухани худро боз давом кунонид, — барои ман дар даруни кафши Мулло Туроб мӯйлаби хук будан, ё ин ки тагчармаш бо спирт парвариш карда шуда будан фарқ надошт. Зеро ҳар кадоми инҳо ки бошад, он гуна кафш мурдор аст. Ман «дурӯғ нагуфтам», вақте ки муллоҳо аз ман ин масъаларо пурсиданд, шунидаи аввалиамро гуфтам. Аз ин кор зарар накашидам, ҷанҷолро тамошо кардам, зиёфати савдои ҳуҷраи Мулло Туробро дар қатори калонони мадраса хӯрдам ва ду танга (30 тин) ширинкома гӯён ҳам гирифтам (пеш аз он воқеа Мулло Қамар дар қатори калонони мадраса ба шумор намерафт).
Мулло Қамар ин суханони худро бо оҳанги шӯхиҳои оддӣ ва бо як бепарвоии ҳазломезона, ки он вақтҳо дар мадрасаҳои Бухоро одат буд, мегуфт ва шунавандагон ҳам гапҳои ӯро дар қатори чақ-чақҳои мадрасаҳои замони худ ҳузур карда мешуниданд. Аммо ҳеҷ кас фоҷиаҳоеро, ки аз ин фитна ба сари Мулло Туроби бечора рӯй дода буданд, ба хотир намеовард.
Диққат ва тааҷҷуби маро ана ҳамин нукта ба худ кашида буд.

Одами аҷиб

Рӯзе дар байни асру шом муллоҳо бо одати муқаррариашон дар миёнсаройи мадраса — дар нишастгоҳи даруни дарвозаи калонаш нишаста буданд, аз беруни мадраса як одам намоён шуд, ки ба даруни мадраса нигоҳ карда меомад. Ин одам қомати баланде дошт, баландии қоматаш ба дараҷае, ки ҷомаи банораси подшоҳии дар тан доштааш баробари зонуяш буд ва ҳол он ки ин гуна ҷома дар тани одамони оддӣ ба замин мерасид. Тани ин одам ба тарзе пурра буд, ки баландии қоматаш он қадар ҳис карда намешуд ва ба назар миёнақад менамуд. Гӯё дарзии табиат қаду бари ин касро ба як андозаи бисёр муносиб бурида дӯхта буд. Гардани ин кас мувофиқи қадаш дароз ва муносиби баданаш пурра буд.
Аммо сари ин одам аз одат берун калон буд. Шояд бори он каллаи калон ба он гардани дароз, бо вуҷуди пурра будани он, вазнинӣ мекарда бошад, ки дар вақти роҳ рафтан гарданаш гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф хам мехӯрд ва гӯё гардан мехост, ки дар бардоштани он сар аз бозувони соҳибаш мадад гирад.
Рӯйи ин шахс сабзина ва пурра буд ва бо вуҷуди ин ки синни ин касро аз шаст боло тахмин кардан мумкин буд, ба рӯяш он қадар чинҳои ҳискардашаванда наменамуд. Риши ӯ миёна ва кулӯта (лӯнда) буда, торҳои сафедаш аз сиёҳиаш бештар менамуд.
Ин кас дар даст асои русӣ (палка) дошт. Азбаски палкаҳо қомати одамҳои оддиро ба назар гирифта сохта шудаанд, он палка дар дасти он одами қоматбаланд қадре кӯтоҳӣ мекард ва дар вақти ба он палка такя карда қадам монданаш қадаш ба тарафи палка андак хам мехӯрд. Вақте ки ин одам вазнинона роҳ рафта аз дарвозаи мадраса даромад, миёнсаройнишинон — калонони мадраса ҳамагӣ аз ҷой хеста дастҳоро пеш гирифта таъзимкунон ба ӯ салом доданд. Аммо он кас ба тарафи саломдиҳандагон нигоҳе накард ва ба саломашон ҷавобе ҳам надод, фақат сараш андак ҷунбид. Лекин маълум набуд, ки ин ҷунбиши сар ишорат ба ҷавоби салом буд ё ҷунбиши оддии вай буд, ки бинобар вазниниаш ҳар вақт аз вай намоён мешуд.
Вақте ки ин одам аз миёнсарой гузашта ба даруни ҳавлии мадраса рафт, калонон дар ҷоҳои худ нишаста аз вай ғайбат сар карданд: яке мегуфт: «Ин кас боз омад, ки имшаб дар ҳуҷра бо ҷинҳояш, бо деву париҳояш ва бо шайтонҳояш сӯҳбат кунад ва фардо баромада гуфтаҳои онҳоро ба шогирдонаш нақл намуда, онҳоро ҳам монанди худ гумроҳ намояд».
Дигаре мегуфт: «Вай мегуфтааст, ки кадом вақт гирифтани офтобро ва кадом соат гирифтани моҳро ман медонам ва метавонам, ки пешакӣ хабар диҳам, ҳаҳ-ҳаҳ, ҳаҳ-ҳаҳ, ҳаҳ-ҳаҳ…» — баробар ҳама қаҳқосзанон механдиданд. Хандаи умумӣ ҳанӯз хомӯш нагашта касе гуфт: «Ғайбдон-ку фақат худо буд, ин бедин аз ғайб хабар доданро даъво карда худашро ба худо шарик сохта баромадааст».
Дигаре ба сухани ӯ илова кард: «Наузу биллоҳ (ба худо паноҳ металабем), ин худобехабар як кофир шуда намондааст, балки монанди Фиръавн 60 ва Намруду 61 Шаддод 62 даъвои худоӣ ҳам мекунад».
«Ман ҳайронам ба ин амиру қозикалон, ки, — гуфт дигаре, — як касро барои фарзи айн надонистан 39 дарра мезананд ва як касро бинобар надодани хироҷ мекушанд, аммо ба ин одам, ки рӯйрост гапҳои куфр мезанад ва даъвои худоӣ мекунад, гап намезананд, ҳатто дар қатори уламо ба ӯ ҷомаи банорас ҳам пӯшондаанд, ки пӯшида фахр карда мегардад». Чун гап ба болои амиру қозикалон омад, сӯҳбат ранги дигар гирифт, шунавандагонро як гаронии номаълум зер кардагӣ барин шуд, лабҳо аз ханда боз истод, дар башараи калонон асари он ҳаяҷони пурҷӯшу хурӯш намонд, хомӯшии умумӣ сар шуд.
Ниҳоят, муллои солхӯрдае сукути умумиро вайрон карда, ба гап даромад.
— «Салоҳи мамлакату мулк хусравон донанд» — гуфтаанд, ки ин бисёр дуруст аст, — гуфт ва ба нотиқи охирӣ хитоб карда давом намуд, — шумо мегӯед, ки «фарзи айн надонистагонро 39 дарра мезананд». Куҷои ин кор аҷиб аст? Магар ин кор мухолифи шариат аст? Агар ҷоҳилонро назананд, дар андак вақт дин аз даст меравад. Ҳамин дарраи раисон ва шамшери ҷаноби олист, ки дини исломро пойдор нигоҳ доштааст. Вагарна ҳамаи ин нодонон дар як рӯз гумроҳ шуда аз дин баромада мерафтанд, «хирс мулло мешавад аз зарби чӯб» — гуфтаанд,
гӯянда нафаси худро рост гирифта боз сухани худро давом дод:
— Агар ҷаноби олӣ саркашӣ карда хироҷ ва молиёти подшоҳӣ надодагонро танбеҳ накунанд, рӯзи амир ҳам, вазир ҳам, қозикалон ҳам ва дар қатори онҳо рӯзи мову шумо ҳам ба гадоӣ меафтад. Акнун омадем ба болои гап назадани онҳо ба ин бедини худобехабар. Охир бояд донед, ки ба ин кофир гап назадани онҳо «салоҳи мамлакат аст». Ҷаноби олӣ бо подшоҳи урус дӯст мебошанд. Такягоҳи ин кофир бошад, урусҳо аст. Ин гумроҳ чандин бор ба мамлакати урусҳо сафар кардааст ва мегӯянд, ки бо подшоҳи урусҳо ҳамсӯҳбат шуда дини насороро қабул намудааст. Агар ҷаноби олӣ ба ин бедин гап зананд, сабаби ранҷиши он подшоҳ мешавад ва дар он вақт мумкин аст, ки мамлакат вайрон шавад. Дар қатори ҳамин қадар урусҳо монед, ки як кофири дигар ҳам то ба пойи худ ба ҷаҳаннам рафтанаш зинда гардад. Ман аз ин тафсилоти ин муллои куҳансол, бо вуҷуди дар даст асои русӣ (палка) гирифта гаштани он одам, сабаби ба ин кори ӯ гап назадани муллоҳоро, ки ба сари калӯш ва кафши Мулло Туроб он ҳама ғавғо бардошта буданд, фаҳмида бошам ҳам, сабаби ба ӯ таъзим намуда салом додани онҳоро ҳанӯз нафаҳмида будам. Хусусан, баъд аз он ки дар ғайби вай аз ӯ бо иборатҳои бад шикоят карданд ва дар ҳаққи ӯ он ҳама носазоро гуфтанд, сабаб чӣ буд, ки дар рӯйи вай ӯро ҳурмат мекарданд?
Баъд аз пурсуков ман фаҳмидам, ки ин одами аҷиб Аҳмад-махдуми муҳандиси (ҳандасадони) Дониш будааст ва бинобар аз ҳад зиёд калон будани сараш ӯро «Аҳмади Калла» мегуфтаанд. Аммо сабаби дар рӯйи ӯ ҳурмат кардани муллоҳо, бо вуҷуди ақидаи бад доштанашон, дар ҳаққи ӯ ва боиси ба саломи онҳо ҷавоб надода, аз пеши онҳо калонгирона гузашта рафтани ӯ сонитар ба ман маълум шуд.
Аҳмади Калла дар гузари Ҷаъфархоҷа як ҳавлӣ дошт, ки дар он ҷо зиндагонӣ мекард ва дар мадрасаи Мири Араб як ҳуҷра ҳам дошт, ки дар вай домодаш истиқомат менамуд. Аҳмад- махдум ҳар гоҳ ки рафтуойи мардум ба дилаш зада ба болои ягон масъалаи душворе фикр карданро хоҳад, ба мадраса омада, як шабро дар ин ҷо — дар хилват гузаронда боз ба хонаи доимиаш мерафт.
Боре воқеа рӯй дод, ки ман овози Аҳмад-махдумро шунидам ва ба донишманди бузург будани ӯ ақида пайдо кардам: намедонам, дар ҳамон сол буд, ё соли дигар, ки Дониш бо одати муқаррариаш дар байни асру шом ба мадраса омад. Муллоҳои миёнсаройнишин ҳам бо одати муқаррариашон ба пой хеста таъзимкунон ба ӯ салом доданд. Ӯ ин дафъа ҳам ба саломи онҳо ҷавоб надод, лекин бе он ки ба рӯйи касе нигоҳ кунад ва гӯё ки худ ба худ гап мезада бошад, забонаш гирифта-гирифта (забони ӯ андак лакнат дошт, ки ҳарфҳои аввали калимаҳоро такрор карда мегуфт).
— Имшаб дар фалон соат моҳ мегирад, фалон дақиқа давом мекунад ва ҳар кас, ки дар ҳамон вақт ба болои боми мадраса барояд, ин ҳодисаи табиатро тамошо мекунад, — гӯён гузашта рафт.
Баъд аз гузашта рафтани ӯ бо одати муқаррарӣ боз шикояти муллоҳо сар шуд. Ман ҳарчанд пештар бо шикояти умуми муллоён дар ҳаққи Аҳмади Калла дар шубҳа монда бошам ҳам, ин бор ин шикоятҳоро бетарафона гӯш карда натавонистам. Балки дар фикри худ муҳокима мекардам. Зеро даъвое, ки ман он рӯз аз вай шунида будам, ба фикри худам хеле аҷиб буд. То он вақт ман аз одамон «моҳ аз шумии гуноҳ мегирад» гуфта шунида будам. Агар дар ҳақиқат имшаб гуфтаи ӯ рост барояд, маълум мешавад, ки ӯ олими бузург будааст. Мардум ӯро «мунаҷҷим» (яъне фолбин) мегуфтанд. Агар ин гуфтаҳояш дуруст бароянд, маълум мешавад, ки ӯ дар ҳақиқат мунаҷҷим (яъне ситорашинос) будааст, на фолбин. Ман ин дафъа аз шикоят ва ғайбати муллоён нисбат ба ӯ ва дониши ӯ бӯйи рашку ҳасад ҳис мекардам.
Шаб шуд, дар соати муайян — дар соате, ки Аҳмад-махдум таъин карда буд, бештарини муллоҳо ва талабаҳо ба боми мадраса баромаданд, ман ҳам баромадам. Аҳмад-махдум аз ҳама пештар баромада будааст. Ӯ бар рӯйи як суффаи ҳамвор, ки дар гӯшаи ҷануби шарқии боми мадраса бар болои боми ҳуҷраи худ сохта будааст, қолинча паҳн карда нишаста буд. Дар рӯ ба рӯйи вай домодаш менишаст. Дар пеши ӯ фонусе буд, ки дар вай як шамъи ҷойдории чортанимча (яъне чор донааш 500-граммӣ) меафрӯхт. Соати бағалие ҳам дар пеши рӯшноии фонус кушода мондагӣ буд. Дар пеши зонуи Аҳмад-махдум якчанд варақ коғаз паҳн буданд, ки дар онҳо рақамҳои ҳисоб навиштагӣ менамуданд. Баъзе рақамҳо бо сурхӣ навиштагӣ буда, бар болояшон бо сиёҳӣ хат кашидагӣ буд. Дар қатори сатрҳои рақамҳо ва дар ҳошияи коғаз калимаҳои дуҳарфа ва сеҳарфаи маъноҳояшон ба ман номаълум менамуданд. Аҳмади Дониш бо диққат он рақамҳоро аз назар мегузаронид. Гоҳо ба соат нигоҳ карда баъд аз он ба осмони соф, ки дар вай моҳи пурра нур мепошид, чашм медӯхт.
Як вақт забонаш гирифта-гирифта:
Ба-ба-осмон нигаред, — гуфт, — ҳама ба осмон нигаристанд. Моҳ ба гирифтан даромада буд, кам-кам гирифтагии моҳ зиёд шуда ба аҳолии шаҳр маълум гардид. Дар кӯчаҳо овози табли шабгардон (одамони политсияи амирӣ) баланд гардид, аз ҳавлиҳо садои лаълиҳо, лаъличаҳо, дегҳои мис ва сатилҳо баромадан гирифт. Дар муддати якчанд дақиқа шаҳр аз овози дамбар-дамбур, ҷаранг-ҷунгур пур гардида ба дили шунавандагон як навъ даҳшат меандохт. Ман дар мавридҳои моҳигирӣ дар деҳаамон ҳам садои «мисинакӯбӣ»-ро шунида будам. Лекин ғулғулаи он ҷо ба муносибати камии аҳолии он ҷо паст ва суст буд. Аммо дар шаҳри Бухоро, ки якбора аз ҳазорҳо ҳавлиҳо ва садҳо таблҳо садои нофорами ғайримунтазам мебаромаданд, асабҳои касро ба ҳаяҷон меовард.
Бо шунидани ин садоҳо дар лабҳои Аҳмад-махдум табассуми истеҳзокоронае зоҳир шуд ва ӯ гӯё дар шарҳи сабаби ин табассумаш худ ба худ гуфт:
— Вақташ расад, худи моҳ кушода мешавад, ба ин гуна лаълизаниҳо ва сатилкӯбиҳо эҳтиёҷ надорад, — ва илова кард, — баъд аз фалон дақиқа ба кушода шудан сар карда, баъд аз фалон дақиқа тамоман кушода мешавад.
Дар ҳақиқат дар дақиқае, ки Аҳмади Дониш гуфта буд, моҳ ба кушода шудан сар карда, дар ҳамон дақиқае, ки ӯ муайян карда буд, дар моҳ асари гирифтагӣ намонд.
Аз ҳама пештар аз бом фонусро ба даст гирифта Аҳмади Калла фуромад ва аз пайи ӯ қолинча ва коғазҳоро ғундошта домодаш рафт, дигарон баъд аз қадре шикоят кардан ягон-ягон фуромаданд. Ин дафъа мавзӯи шикояти муллоён «ҷодугарӣ» ва «сеҳрбозӣ»-и Аҳмади Калла буд. Назар ба ақидаи шикоятгарон, он рақам ва ҳарфҳои маъниашон номаълум, ки дар он коғазҳо навиштагӣ буданд, «дуои тасхир» будаанд. Касе, ки ба ин гуна дуоҳо шуғл намуда ба нисобаш расонад, ҷинҳо, девҳо, париҳо ва ҳатто шайтонҳоро тасхир мекардааст — ба ҳукми худ медаровардааст ва он махлуқҳо ба тасхиркунанда аз ғайб хабар медодаанд. Аммо аз рӯйи шариат ба сеҳру ҷоду шуғл кардан мамнӯъ будааст. Лекин баъзе Аҳмад-махдум барин гумроҳҳо ба сеҳру ҷоду шуғл карда ба мардум аз ғайб хабар дода дигаронро ҳам гумроҳ мекардаанд.
Ман фардои он шаб, дар вақти дарс, аз домуллои худ — Мулло Абдусалом, ки дар вақти гирифтани моҳ ба бом набаромада буд:
— Аҳмади Калла гирифтани моҳро чӣ гуна пешакӣ фаҳмидааст? — гуфта пурсидам.
Ӯ ҷавоб дод:
— Аз ғайб хабардиҳандагон ду қисманд: якум валӣ, дуюм коҳин (фолбин): валӣ ҳар чиро, ки аз ғайб хабар медиҳад, бо илҳоми илоҳӣ ва бо талқини малоикаҳои ӯ хабар медиҳад. Ба ин дараҷа расидани одам бисёр душвор, бояд инсон дар зери раҳбарияти пири комил чандин солҳо риёзат кашад, ки ба ин дараҷа расад. Аз ғайб хабар додани валиро дар забони шариат «кашфу каромот» меноманд, лекин валиҳо бинобар нигоҳдории сирру ҳикматҳои илоҳӣ хабарҳои ғайбиро ба касе намегӯянд. Коҳин (фолбин) бошад, ҳар чизе, ки аз ғайб мегӯяд, бо талқин ва бо хабардиҳии ҷинҳо ва париҳо мегӯяд, ки онҳо ба сабаби ҷисми латиф (ба назар нанамоянда) буданашон дар олами арвоҳ ба малоикаҳо наздик рафта аз гуфтугузори онҳо ин хабарҳоро медузданд. Аз ғайб хабардиҳии коҳинро дар забони шариат «истидроҷ» мегӯянд, ки содир шудани ин гуна корҳо аз кофирон ҳам мумкин аст. Коҳинҳо барои аз роҳ баровардани мардум хабарҳои аз ҷинҳошон шунидаро ба ҳар кас мегӯянд. Аҳмади Калла аз ҷумлаи коҳинон ва дӯсти шайтон аст ва хар касе ҳам, ки ба гапи ӯ гӯш диҳад, гумроҳ ва дӯсти шайтон мешавад.
Ҳарчанд ҷояш ин ҷо нест ва таърихаш хеле дуру дер аст, як воқеаро ҳам, ки ба ҳамин суханони домуллоям дар бораи «ба воситаи ҷинҳо аз ғайб хабардиҳии Аҳмад-махдум» дахлдор аст, бояд дар ин ҷо қайд карда гузарам:
Баъд аз ду ё се соли ин воқеа — вақте ки ман дар пеши домуллои мазкур «Шамсия» (китобчае, ки ба мантиқ оид аст) мехондам, як мисол рост омад. Ин мисол зарурати гирифтани моҳ буд, дар вақти ҳоил шудани замин дар миёнаи вай ва офтоб.
Домуллои ман, чунонки ҳаст, ин масъаларо шарҳ дода ба ман фаҳмонд. Ба ин муносибат воқеаи аз гирифтани моҳ пешакӣ хабар додани Аҳмад-махдум ба ёдам расида ба домулло гуфтам:
— Маълум мешавад, ки Аҳмад-махдум вазъияти моҳ, офтоб ва заминро ба ҳисоб гирифта аз гирифтани моҳ пешакӣ хабардор мешудааст (дар ин вақт ба ёдам он рақамҳо расиданд, ки дар коғаз навиштагӣ буданд ва дар қариби гирифтани моҳ Аҳмади Дониш онҳоро ҳисоб карда меистод).
Бо шунидани ин суханони ман пешонаи домулло турш шуд ва дар абрувонаш чин пайдо гардид ва баъд аз қадаре хомӯш истодан ба ман нигоҳ накарда гуфт:
— Соҳиби ин китоб — «Шамсия» аз ҷумлаи ҳукамо аст. Ҳукамо ба шариат кор надоранд ва ҳар чизе, ки ба ақлашон ояд, гуфтан мегиранд, дар ҳақиқат инҳо шогирдони шайтонанд ва Аҳмади Калла шогирди инҳост. Ҳамаи инҳо гумроҳонанд. Дар бораи гуфтаҳои инҳо бисёр пурсуков кардан дуруст нест.
Ман дар ин гуфтаҳои муаллими илми мантиқ як навъ бемантиқӣ ҳис кардам ва дар дили худ фикр мекардам: «Агар муаллифи китоби «Шамсия» аз ҷумлаи ҳукамо буда ва ҳукамо ҳамагӣ гумроҳ бошанд ва дар бораи гуфтаҳои онҳо «пурсуков кардан дуруст набошад», пас чаро ин китоби дарс шуда омадааст ва ҳатто ҳоли ҳозир ҳам худи ҳамин домуллои «растагори ман» аз худи ҳамин китоб ба ман дарс дода истодааст».
Ман то он вақт ин домуллои худро ба сабаби иштирок накарданаш ба ҳуҷумҳое, ки аз тарафи муллоён ба Аҳмад-махдум мешуд, аз ҳамроҳӣ накарданаш ба шикоятҳои миёнсаройӣ, ки калонони мадраса аз Аҳмади Калла мекарданд, як одами донишманд ва боақл гумон мекардам. Аммо ҳамон рӯз донистам, ки домуллоям ҳам аз ҳамон муллоҳои ҷоҳили бесавод кам фарк доштааст.
* * *
Дар баҳорони соли якуми истиқоматам дар мадрасаи Мири Араб маро дидани ҳавлии Аҳмад- махдуми Дониш муяссар шуд. Ин хушбахтӣ дар ман ба ин тариқа рӯй дода буд: дар рӯзҳои тутпазӣ рӯзе хӯҷаинони ман, муллоҳое, ки ман дар онҳо ошпазӣ мекардам, хостанд, ки ҷое рафта тут хӯранд.
Яке аз шарикдарсони онҳо, ки ӯро Мулло Муҳиддини лаввоҳ мегуфтанд, ҳамин рӯз ба ҳуҷраи домуллоям — Мулло Абдусалом омада буд. Ӯ бинобар лаввоҳ буданаш бо Аҳмади Дониш ҳампеша буда, бо ӯ рафтуой доштааст ва баъзе нозукиҳои санъати худро аз вай меомӯхтааст. Ӯ ба ҳамдарсони худ таклиф кард, ки ба тутхӯрӣ ба ҳавлии Аҳмад-махдум бираванд. Назар ба қавли ӯ, ҳавлии Дониш боғчанок буда, дар он ҷо дарахтони навҷанги тут ҳам будааст ва ӯ ба ин таклифи худ илова карда гуфт:
— Агар ба он ҷо рафтан хоҳетон, ман роҳбарӣ мекунам.
Ин таклифро хӯҷаинони ман хуш қабул карданд, дар ин вақт «бидъаткорӣ, бединӣ ва дӯсти шайтон» будани ӯ ба хотири ҳеҷ кас нарасид ва ин «хислатҳои бади ӯ» ба хӯрдани тути ӯ монеъ шумурда нашуд.
Муллоҳо маро ва боз ду-се талабаи хурдсоли дигарро барои тутафшонӣ ва чодирдорӣ ҳамроҳи худ гирифтанд, Мо аз мадраса баромада бо кӯчаи калони тарафи шимоли мадраса ба тарафи шарқ равон шудем. Аз тоқи Заргарон, аз растаи Заргарӣ, аз байни мадрасаҳои Мирзо Улугбек ва Заргарӣ, аз гузаргоҳҳои Дегрезӣ, Мехчагарон, Калобод ва дигарҳо гузашта ба гузари Ҷаъфархоҷа расидем, ки ҳавлии Аҳмад-махдум дар ҳамон гузар будааст.
Мо дар охирҳои гузари Ҷаъфархоҷа аз кӯчаи калон ба дасти рост — ба тарафи ҷануб ба як паскӯчаи пешбаста баргаштем, ки тахминан 50 қадам дарозӣ дошт ва дар ҷойи басташудаи он паскӯча дарвозачаи зебое кушода мешуд.
Мо аз дарвозача даромадем. Аз пеши дарвозача то пешгоҳи боғча рост ба тарафи ҷануб як толори ангур сохта шуда буда, зери ин толор як роҳи пиёдагарди пуштимоҳигӣ буд, ки дар вақти борон об бар рӯйи вай намеистод ва ба ду тараф, ба ду ҷӯйчае, ки дар ду сӯйи ин пиёдагард кашида шуда буданд, шорида мерафт. Хавозаи толор ба шакли бомҳое, ки дар ҷоҳои серборон месозанд, буда, бар болои сутунчаҳои қатор, ки аз ду тараф бар лаби ҷӯйчаҳо бар рӯйи зерсутунҳои чилликӣ шинонида шуда буданд, меистод.
Дар пеши ҳар сутунча як бех ток шинонда шуда буд, ки танаҳои ин токҳо баробари сутунчаҳо рост то забаррави хавоза мебаромаданд ва аз он ҷо он танаҳо панҷаҳо дода ва панҷаҳо навдаҳо расонда ва навдаҳо бо баргҳои зумуррадини худ сар то сари рӯйи хавозаро тамоман пӯшонда буданд.
Дар ду тарафи растаи толор дарахтҳои мевадори гуногун бо ҷадвалҳои ҳандасагӣ дар шакли шоҳмотӣ шинондагӣ буданд, ки растаҳои байни қатораҳои он дарахтон аз ду тараф мувозии якдигар уреб мерафтанд ва растаи толор бо қатори он дарахтон як намуди шакли махрутӣ (конусӣ) пайдо карда буд.
Растаи толор рафта ба як айвончаи зебои гаҷкорӣ мепайваст, ки болои ин айвонча як болохонаи айвончадор буд, ки нишинандаи он ҷо, агар рост нигоҳ кунад, ҳама ҷойи боғчаро тамошо мекард.
Дар тарафи шарқи ин айвончаи зерин ва пайваста ба вай як шипанги баланди дароз буд, ки сутунчаҳояш ҳаштрах тарошидагӣ буда, зерсутунчаҳояш шак-ли зомучагӣ (ҳандалакӣ) доштанд. Зерсутунчаҳо бо ранги зомучагӣ ва танаи сутунчаҳо бо ранги сабзи бодирингӣ ранг ва равған дода шуда буданд. Сақфи шипанг шакли камонӣ дошта, пӯшишаш шервонӣ буд. Дар тарафи ғарби айвонча ва пайваста ба вай як суффаи баланди дароз мерафт, ки дарозӣ ва бари вай бо шипанг баробар буд. Тарафи шарқ ва ғарби айвонча ба шипанг ва суффа кушодагӣ буда, тарафи ҷанубаш девор дошт ва дар он девор як дар менамуд, ки ба як хонаи дарозрӯяи раҳравмонанд кушода мешуд ва он раҳрав ба бинои хонаҳои зимистонӣ пайваст, ки як тарафи он мардона (меҳмонхона) ва тарафи дигараш занона (ҳавлии дарун) буд. Ду тарафи ин хонаи раҳравмонанд — байни бинои хонаҳои зимистонӣ ва шипангу суффа гулзоре буд, ки дар вай гулҳои гуногуннавъи гуногунранг шукуфтагӣ буданд.
Назар ба қавли Мулло Муҳиддин, тарҳи ин боғро худи Ахмад-махдум кашида, бинокориҳо, дарахтшинониҳо ва гулзорҳо мувофиқи нақшаи ӯ ва бо иштироки ӯ ба вуҷуд омада буданд. Азбаски ӯ муҳандис (ҳандасадон) буд, нозукиҳои ин ҳунари худро ба боғчаи худ сарф карда буд.
Пешхизмати Аҳмади Дониш моро дар охири растаи толор пешвоз гирифта, рост ба айвончаи зерини байни суффа ва шипанг даровард ва аз он ҷо бо зиначае, ки дар пешгоҳи ин айвонча буд, ба болохона баровард.
Болохона ва айвончаи болоӣ бар болои айвончаи зерин ва хонаи раҳравмонанд бино ёфта буданд. Дар деворҳои болохона харитаи замин ва кураҳои мусаттаҳаи дунёи кӯҳна ва нав часпонидагӣ буда, дар болои ду чорпоячаи гардишӣ кураҳои муҷассамаи замину осмон меистоданд. Албатта, ман дар он вақт на харитаро медонистам, на кураро ва на ба чӣ чиз хизмат кардани ин асбобҳоро. Аммо Мулло Муҳиддин дар бораи он чизҳо ба шарикони худ эзоҳи дуру дарозе дод, ки дар қатори онҳо ман ҳам чӣ будани он чизҳоро фаҳмидам. Муллоҳо ин асбобҳоро воситаи масхара доштани Аҳмади Калла карданд. Яке мегуфт: «Рӯйи заминро кӣ ваҷаб ба ваҷаб дида баромадааст, ки сурати вайро бо шаҳрҳо, биёбонҳо ва дарёҳо бо тафсил дар рӯйи коғаз кашида нишон дода тавонад. Ий чизест, ки ягон дурӯғгӯй ё якчанд дурӯғгӯй як ҷо нишаста сохтаанд ва барои мардуми нодонро фиреб дода пул ғундоштан чоп карда баровардаанд».
Дигаре гуфт: «Аҳмади Калла худро аз ҳама донишмандтар мешуморад. Ва ҳол он ки худаш аз ҳамаи аҳолии Бухоро пештар ба ин фиреб бовар карда харида оварда ба девори хонааш зада мондааст. Ҳаҳ-ҳаҳ-ҳаҳ… Магар аз ин зиёдтар ягон кори аҳмақонаи дигар ҳаст?» Вақте ки ҳаракати замин ва ҳоил шудани вайро дар байни офтобу моҳ аз тафсилоти Мулло Муҳиддин аз забони Аҳмад-махдум шуниданд, дигар бе ҳеҷ шакку шубҳа ба бединии ӯ ҳукм карданд.
Дар тоқчаҳои болохона дойра, танбӯр, дутор ва рубоб барин асбоби мусиқӣ буд. Муллоҳо инҳоро асбоби бозиҳои шайтонӣ шумурданд ва инҳо низ, назар ба ақидаи онҳо, далели бидъаткории Аҳмад-махдум шумурда мешуданд.
Ин суханҳои онҳо, бо вуҷуди хурдсолиам, барои ман хандаовар менамуд. Зеро ҳар вақт, ки дар деҳаи мо базм шавад, падарам маро бардошта мебурд. Ба суруд ва нағмаҳо бо диққат гӯш медод, хонандагон, навозандагон ва раққосони хубро бо овози баланд: «Офарин, баракалло, барака ёб, шод бош, зинда бош, намур!» — гӯён таҳсин мекард. Ман, ки падари худро яке аз дурусткорони он замон медонистам, бо пайравии ӯ ман ҳам ин асбобҳоро чизҳои хуб мешумурдам. Бинобар ин будани ин асбобҳоро дар хонаи Аҳмад-махдум яке аз корҳои бади ӯ шумурдани муллоҳо ба ман писанд наафтод.
Ба болои ин, дар вақте ки бо падарам ба саёҳати шаҳри Бухоро омада будам, дар пеши мадрасаи Мири Араб базми подшоҳӣ мерафт ва ҳамаи ахолии ин мадраса он базмро тамошо мекарданд. Ин муллоҳо чаро дар он вақт бидъат будани базм ва асбоби мусиқиро дар пеши аҳолии мадрасаи худ исбот намуда, онҳоро аз тамошо манъ накарданд ва имрӯз чаро будани ин чизҳо дар хонаи Аҳмад-махдум далели бадкорӣ ва гунаҳгории ӯ шуд? Бинобар ин мулоҳизаҳо ман суханҳои муллоҳоро ғаразгӯёна, бемантиқ ва хандазор мешумурдам.
Бояд ман дар ин ҷо ҳамин нуқтаро қайд кунам, ки дар он вақт муҳаббат ва тарафдории ман ба Аҳмад-махдум виҷдонӣ буда, ин натиҷаи акси таъсире буд, ки ба сабаби ҳуҷуми бемантиқонаи муллоён ба ӯ дар дили ман пайдо шуда буд. Вагарна ман дар он вақт ва дар он синну сол аз маслак ва мақсади Аҳмад-махдум хабардор набудам ва хабардор шуданам мумкин ҳам набуд. Чунки «хислатҳои ӯро» ман ҳамеша аз душманони ӯ мешунидам. Шикоятҳо, ғайбатҳо ва бадгӯйиҳо дар ҳаққи Аҳмад-махдум дар муҳите, ки ман будам, чунон бисёр буданд, ки дили ман ҳам шубҳаи баде нисбат ба ӯ пайдо накарда намемонд. Пешхидмати соҳибхона барои «меҳмонони нохонда» дастархону чой баровард. Ба тутафшонии мо эҳтиёҷ хам намонд, чунки ӯ ба рӯйи дастархон ду лаълӣ тут хам оварда гузошт ва узр гуфт:
— Эшон (Аҳмад-махдум. Дар Бухоро муллоҳои калони куҳансолро барои эҳтиром бо унвони «эшон» ном мебурданд) андак хаста шудаанд. Бинобар ин ба хидмати шумоён баромада натавонистанд ва узр мехоҳанд. Пешхидмат рафт ва Мулло Муҳиддин, ки ба Аҳмад-махдум ҳолдон буд, гуфт:
— Бояд бемории Аҳмад-махдум сохта бошад. Одати ӯ ин аст, ки дар ҳамин болохона менишинад ва ояндагонро вақти даромаданашон аз дарвоза ҳатто вақти баргаштанашон аз кӯчаи калон ба паскӯча мебинад ва агар сӯҳбати оянда, ё ояндагонро барои худ гарон ва нофорам ҳис кунад, аз ин ҷо фуромада аз он даре, ки дар пешгоҳи айвони зерин ҳаст, даромада ба хонаи дигар гузашта худро бемор сохта мехобад. Шумоҳоро ҳам, ки бад мебинад, аҷаб нест, ки гурехта рафта худро бемор сохта бошад.
— Чаро моро бад мебинад? — гуфт Қорӣ Бегӣ, магар мо монанди ӯ гумроҳем?
— Ман намегӯям, ки шумоён гумроҳед, ё ӯ, — гуфт Мулло Муҳиддин, — аммо ҳамин қадарро мебинам, ки дар байни шумоён зиддият ҳаст. Чунонки оташ обро дӯст намедорад, инчунин об ҳам оташро дӯст намедорад. Модом ки шумоён ӯро бад мебинед, аз ӯ нисбат ба худ дӯстдорӣ ва меҳрубонӣ талаб карданатон нодуруст ва ғайримантиқист.
Домуллои ман — Мулло Абдусалом ба гап ҳамроҳ шуда гуфт:
— Аҳмад-махдум зотан мутакаббир (калонгир) аст. Ва ҳол он ки худо кибру ғурурро аз сифатҳои шайтон шумурдааст…
Мулло Муҳиддин сухани ӯро бурида пурсид:
— Ба чӣ далел шумо Аҳмад-махдумро калонгир мешуморед?
— Далел ин аст, ки — гуфт Мулло Абдусалом, — ман борҳо дидаам: ӯ ба мадраса медарояд ва калонони мадраса ба пой хеста ӯро эҳтиром намуда салом медиҳанд. Аммо ӯ лоақал ҷавоби саломро, ки фарз аст, намегардонад. Ин калонгирӣ набуда чӣ буд?
— Ҳамон калононе, ки, — гуфт Мулло Муҳиддин дар ҷавоб, — дар миёнсаройи мадраса рост хеста таъзим намуда ба ӯ салом медиҳанд, дар худи ҳамон вақт дар дилашон ҳақорат медиҳанд ва баъд аз гузаштани ӯ бошад, рӯйрост ӯро бидъаткор, кофир мегӯянд, ки инро шумо хам инкор намекунед. Маънии «кофир» гуфтан чист? Назар ба қонуни Бухоро, «куштанбоб» гуфтан аст. Аҳмад-махдум бо фаросате, ки дорад, инро медонад ва медонад, ки он эҳтиром ва саломи онҳо мунофиқӣ аст ва ӯ бошад, нифоқ карданро намехоҳад, бинобар ин ҳар чӣ дар дил дорад, рӯйрост зоҳир мекунад ва ба саломашон ҷавоб намедиҳад…
Дар ин миён пешхидмат як табақ ширбиринҷи гармро, ки бар рӯяш равғани зарди доғ рехтагӣ буд, оварда бар дастархон ниҳод ва худ баромада рафт. Мулло Муҳиддин суханашро, ки бо омадани пешхидмат бурида шуда буд, давом кунонда гуфт:
— Ман борҳо аз Аҳмад-махдум шунидаам, ки мегуфт: «Нифоқ бадтарини сифатҳои одамист, ман худро ба куштан медиҳам, аммо мунофиқӣ намекунам». Аммо мову шумо, — Мулло Муҳиддин барои сабуктар кардани бори ҳамсӯҳбатони худ худашро ҳамроҳ карда гуфт, — аммо мову шумо азбаски ба нифоқ одат кардаем, қабоҳати вай ба назарамон наменамояд: Вагарна дар ҳақиқат дил дигару забон дигар будан бадтарини хислатҳост.
Муллоҳо ширбиринҷро тез-тез мехӯрданд, ба шорида рехтани равғани ош аз байни панҷаашон ба дастархон ҳам аҳамият намедоданд. Мулло Қосим оши дар даҳон доштаашро хойида истода, ба Мулло Муҳиддин хитоб карда гуфт:
— Назар ба фикри шумо, калонгирӣ аз мунофиқӣ беҳтар аст?
— Аҳмад-махдум, — гуфт Мулло Муҳиддин, — калонгир нест. Ӯ ба ҳама бо меҳрубонӣ ва хоксорона муомила мекунад, ӯ бо одамҳои бесавод ҳам улфат мегирад. Ҳар сол як бор ба саҳроҳо саёҳат карда бо деҳқонони хокпош бародарвор шинухез менамояд. Такаббур ва калонгирӣ аз Аҳмад- махдум фарсахҳо дур аст. Ба калонони мадрасаи Мири Араб ҷавоби салом нагардондани ӯ аз калонгирӣ набуда, балки аз нифоқ ва мунофиқро бад диданаш омадааст. Мулло Абдусалом, ки аз ҳама пештар аз ош даст кашида дасти худро пок мекард, ба Мулло Муҳиддин нигоҳ карда гуфт:
— Хуб гирем, ки Аҳмад-махдум калонгир нест, гирем, ки ӯ нифоқ ва мунофиқро бад мебинад, бинобар ин ба саломи калонони мадраса ҷавоб намегардонад. Охир, инро ҳам магар ӯ намедонад, ки арабҳо гуфтаанд: «Меҳмонатро иззат кун, агарчи вай душмани ту бошад», магар мо аз душмани ӯ ҳам бадтарем, ки моро ҳурмат карда ба пешамон набаромад? Мулло Муҳиддин ҷавоб дод:
— Бо вуҷуди ин ки ӯ медонад, мо аз вай шикоят карда нишастаем, дастархон, чой, тут, ош фиристодан ва барои набаромаданаш узр гуфтан барои меҳмонони нохонда ҳурматест, ки инро фақат Аҳмад-махдум карда метавонад.
Мо аз хонаи Аҳмад-махдум бо шикамҳои сер баромада оҳиста-оҳиста баргаштем. Мулло Муҳиддин дар гузари Калобод, ки хонааш дар он ҷо будааст, аз мо ҷудо шуда монд. Хӯҷаинони ман то ба мадраса омадан шикояташонро аз Аҳмад-махдум давом кунонданд. Акнун суханонашонро хеле озодона мегуфтанд, чунки акнун дар байнашон монанди Мулло Муҳиддин касе, ки Аҳмад-махдумро тарафдорӣ карда ба кори одатии онҳо халал расонад, набуд. Ман бошам, дар бораи Мулло Муҳиддин фикр мекардам: ӯ дар байни шарикдарсони худ ба «нофаҳмӣ ва нодонӣ» машҳур буд. Ҳатто баъзе ҳамдарсонаш ба рӯйи вай мегуфтанд: «Шарик, шумо хонда чӣ кор мекунед? Аздусар муллои дуруст намешавед. Як лаб нон бошад, аз ҳамин лавҳу ҷадвалу қалами мӯйин ҳам меёбед».
Ӯ дар ҷавоб хандида мегуфт: «Гӯсолаеро, ки аз пода берун равад, гург мехӯрад. Бинобар ин ба дараҷаи говӣ расида натавонам хам, барои муҳофизати худ дар миёни говон буданро беҳтар медонам».
Ман он рӯз дидам, ки ӯ аз ҳамаи шариконаш, ки дар он ҷо буданд ва яке аз онҳо домуллои худам буд, боақлонатар ва донишмандонатар гап мезад.
* * *
Таҳсили соли 1890-91 ба охир расид. Баробари тамом шудани таҳсил озуқа ва харҷии акаам ҳам тамом шуд. Ӯ барои имоматӣ ё мактабдорӣ кардан ба саҳро баромадан хост. Як шарики туркмани каркигиаш хост, ки ӯро ҳамроҳи худ ба дашти туркман бубарад:
— Дар он ҷо шуморо дар ягон ӯба 63 мактабдор мекунам, — гуфт.
— Ман. забони туркманӣ он сӯ истад, ҳатто забони ӯзбакиро дуруст намедонам. Дар он ҷо туркманбачагонро, ки забони тоҷикиро намедонанд, чӣ гуна сабақ медиҳам? — гуфт акаам дар ҷавоб.
— Барои дар ӯбаи туркман мактабдорӣ кардан на забони туркманиро донистан лозим аст, на чизеро ёд додан, — гуфт муллои туркман ва эзоҳ дод, — туркманҳои бой фақат барои «ном» мактабдор нигоҳ медоранд, то ки мардум гӯянд: «фалон бой дар ӯбаи худ мактаб кушодааст». Барои дар ӯбаи туркман мактабдорӣ кардан танҳо бо эшони туркман мувосо карданро донистан ва тавонистан даркор аст. Соҳиби зиндаву мурдаи туркманҳо эшонони онҳоанд. Эшонони туркман ҳам мурид мегиранд, ҳам имоматӣ мекунанд — яъне маросими никоҳу ҷанозаи туркманонро ба ҷо меоранд. Аммо мактабдорӣ намекунанд, сабаби ин дар ин ҷост, ки бештарини онҳо худ бесаводанд. Лекин ба назари халқ мактабдориро «кори паст ва ба шаъни худашон номуносиб» нишон медиҳанд. Аммо мактабдореро, ки онҳоро ҳурмат кунад ва дар ғайбашон хам дар пеши мардум онҳоро таъриф намояд, ёрӣ медиҳанд, вагарна «ин мактабдор нодон аст» гуфта дар ӯба роҳ намедиҳанд.
Акаам бо эшонони туркман мувосо карданӣ шуда бо шарикдарси худ дар аввалҳои моҳи ҳамал (охирҳои март) ба дашти Каркӣ рафт.
Ман бо хӯҷаинони худ то гарм шудани ҳаво, то охирҳои айёми тутпазӣ дар Бухоро мондам, вақте ки онҳо ба саҳро баромадан хостанд, ман ҳам ҳамроҳи онҳо рафтам.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4



error: Content is protected !!