Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 1-5

Деҳқонӣ

Ман ба зиндагонии мадраса як дараҷа ошно шуда омадам. Акнун дар пеши падарам масъалаи дар таҳсили оянда ба Бухоро барои хондан фиристодани ман истода буд. Аммо барои ӯ ду касро дар мадрасаи Бухоро тамоман таъмин кардан душворӣ мекард. Бинобар ин ӯ ба ман таклиф кард, ки худам ҳам ҳаракате кунам, то ки барои харҷи таҳсилам ба дастам маблағе дарояд.
Дар поёни суффаи хонаи мо андак замини холӣ буд, ки падарам он ҷойро зардолузор карда буд ва ниҳолҳои зардолуи он ҷо сесабза 41 шуда буданд. Бинобар он дар он ҷо ҷуфт даровардан мумкин набуд, чунки ниҳолҳо зада мешуданд. Падар ба ман фармуд, ки ана ҳамон заминро каландгардон карда чизе корам ва ҳар чизе, ки аз вай рӯяд, посираи ман дар харҷи таҳсил бошад.
Падар барои ин кор ба ман як каландча харида дод ва ман кор сар кардам: бо каландча он заминчаро се бор каландгардон кардам, ки он замин дар чуқурӣ се қади он каландча нармӣ пайдо кард. Акнун дар пеши ман масъалаи дандона ва мола кардани он заминча истода буд.
Ман барои ин кор аз як табақа дари кӯҳна фоида бурдан хостам.
Аммо дандонаи ман сих надошт, бинобар ин пеш аз мола кардан кулӯхҳои он палчаро бо неш ва мӯҳраи каланд реза кардам. Акнун тахтаи дар барои ман вазифаи молагиро адо мекард. Ҳомидхоҷа ва Икромхоҷа ба ҷойи ҷуфти гов он моларо кашидан хостанд. Аммо баъд аз ду-се бор ба қади замин рафта омадан ин кор ба дили онҳо зад.
Ман як «гови дигар» ёфтам, ин Хайбар буд; Хайбарро ба молаи худ аспвор бастам. Саги зираки тавоно бо ду-се бор ба қади замин рафта омадан, ин корро омӯхт ва монанди говони куҳансоли таҷрибакор бо фармони ман пеш мерафт, бармегашт ва меистод. Ва худам бар рӯйи тахта монанди ҷуфтронон рост истода сагро мерондам.
Баъд аз молакашӣ дар он заминча нурӣ ва хокҳои кӯҳна рехтам ва боз як бори дигар каландгардонӣ карда мола кашидам ва бо ин замин барои кишт тайёр шуд ва аз падар пурсидам, ки:
— Чӣ киштан даркор аст?
— Мардум «аз бекорӣ кадукорӣ» мегӯянд. Аммо ман «дар навкорӣ кадукорӣ» мегӯям. Ту, ки акнун ба кори деҳқонӣ даст мезанӣ, бояд каду корӣ. Чунки ин як кишти шӯхи беор ва бисёр нигоҳубинро талаб намекунад. Хусусан палавкаду, ки ба замми беор буданаш серҳосил аст.
Баъд аз ду-се рӯз офтоб хӯрдани замин ва тар шудани тухм падарам кишта дод.
Ман баъд аз сабзидани кишт вайро дугона ва ягона карда, дар муддати 15 рӯз се бор каландгардон кардам, ки ин каландгардониро хишова (ё ин ки хишоба) меноманд ва ба бехи кишт ба қадри қад кашиданаш хок кашидам.
Вақте ки палак таноб партофт, оби аввалинро додам ва баъд аз расидани замин падарам ҷойи ҷӯяро нишон карда дод, ки вайро кашида хокашро ба зери палакҳо пошидам (дар Бухоро киштҳои палакиро пеш аз ҷӯя кашидан мекоранд ва баъд аз як об додан ҷӯя мекашанд, ки ин корро «варақонӣ» меноманд).
Падарам ҳам имсол дар деҳқониаш аз ҳарсола зиёдтар меҳнат кард. Як таноб (чоряк гектар) заминро ғӯза ва як танобро ҷувории сафед корид. Азбаски он сол ғӯзапоя хушк шуд, меҳнати падарам абас рафт, ман танҳо ба болои кори кишти ҷуворӣ меистам: Падар тирамоҳ заминро об дода каландгардон карда, зимистон қавсоб ва чиллаоб дода монда буд ва баҳор баъд аз як бори дигар каландгардон кардан пору рехт.
Дар мо як девори кӯҳнаи афтода ва чандин сол офтобхӯрда буд, ки вайро хам ба замини ҷуворӣ кишта шуданӣ калла ба калла рехт. Дар ин кор ман ба падарам ёрӣ додам: ӯ кашшаро 42 ба болои хар гузошта пур карда медод ва ман харро ҳай карда бурда ба замин рехта меомадам. Баъд аз он бо гови касона (кироя) заминро дураҳа ронда ва дандонаву мола карда тухмро кишт ва баъд аз киштан ҳам як бор дандонаву мола кард ва дон дар зери хок ба қадри даркорӣ рафт.
Кишт бисёр холибех сабзид ва дар ҳар як қадам як дона ҷуворӣ менамуд. Деҳқонони ҳамсоя ба падарам маслиҳат доданд, ки киштро вайрон карда дубора сертухмитар корад. Ба ин тартиб замин бисёр холӣ монда нобуд мешавад. Ӯ қабул накард ва:
— «Ғӯза» каландрав, ҷуворӣ уштурдав» гуфтаанд — гуфт, — яъне ғӯза ҳамин тарз кишта шавад, ки дар байни бехҳои вай ба осудагӣ каланд равад ва кор кардан мумкин шавад ва ҷувориро ба тартибе бояд кишт, ки дар байни пояҳои вай шутур давида роҳ рафта тавонад.
Баъди қад рост кардани кишт се бор каланд карда ба бехҳояш хок кашид. Баъд аз он ки кишт аз гармии офтоб пажмурда шудан гирифт, як бор об дод. Бо ин об аз бехи ҳар поя 10-12 бачкии бехҷаст баромад. Ӯ дар бехи ҳар поя танҳо чор дона бехҷастро монда, бачкиҳои дигарро канда партофт. Ӯ умед мекард, ки дар он сол аз ин як таноб замин 30 ман (240 пуд) ҳосил гирад.
Аммо он сол дар музофоти Бухоро аҳволе рӯй дод, ки на танҳо умеди падарам ва осойиши мо барбод рафт, балки осудагӣ ва ҳаёти ҳама зеру забар шуд. Ин аҳволи пурмалол вабои умумӣ ва муромурӣ буд.

Вафоти падару модар дар вабои умумӣ

Дар аввалҳои тобистони соли 1306 ҳиҷрӣ (дар моҳҳои июни соли 1889) дар шаҳри Бухоро бемории вабо ба деҳа баргашта омад. Тағоии калонам Мулло Деҳқонро дар шаҳр вабо зада вафот кардааст, ки мурдаи ӯро аз он ҷо ба хонаи худҳошон ба деҳаи Маҳаллаи Боло оварданд.
Аҳволи сиҳатии падарам хуб набуд ва ӯ дар хона ба ака ва додарҳоям саробонӣ карда монд, ман модарамро ба сари мурдаи тағоиям ба хонаи бобом бурдам.
Намедонам дар он ҷо ба модарам вабо расид ё ба марги бародараш бисёр сӯхт, ки дар ҳамон ҷо бемор шуд. Ман ӯро ба хар савор карда базӯр ба хона овардам ва дидам, ки дар ин ҷо ҳам падар ва ҳам бародарони хурдсол, ки яке 9-сола ва дигаре 4-сола буд, бемор шуда афтодаанд.
Акнун хонаи мо ранги як беморхонаро гирифта буд, ки дар вай ҳам доктор, ҳам фелдшер, ҳам медсестра ва ҳам санитар танҳо ман будам. Дар як хонаи ҳафтболор 5 бемор қатор хобида буданд ва ман бо навбат ба ҳар кадоми онҳо об, оби ҷӯш, ё ин ки шир медодам, магасҳошонро мерондам, берун баромадан хоҳанд, ба қадри қувва ёрӣ мекардам.
Дар байни як ҳафта ҳамаи хонаҳои деҳа монанди хонаи мо гардид, на танҳо дар деҳаи мо, ҳатто дар туман (район) ҳам одами тандуруст кам монд ва муромурӣ сар шуд. Аз деҳаи мо, ки тахминан 300 хонавор одам дошт, ҳар рӯз як ё ду ҷанозаро ба мазор мебурданд.
Ман он вақтҳо намедонистам ва ҳоло ҳам муайян карда наметавонам, ки беморони ман чӣ дард доштанд, он вақтҳо дар деҳаҳо доктор набуд. Дар деҳаи мо бошад, ҳамон табиби кӯҳнаи нодон ҳам набуд, ки бо ҷӯшонда додани хасу хошок беморон ва бемордоронро тасаллӣ диҳад.
Дар деҳаи мо танҳо эшонон ва дуохонон буданд, ки бесаводони деҳа ҳам ба онҳо ихлос надоштанд ва онҳо ҳар вақт дуохонии худро дар деҳаҳои дурдаст кор мефармуданд.
Як рӯз ман ба Қорӣ Маҳмуд, ки номи ӯ дар ин дафтар пештар гузашт, гуфтам: — Амаки эшон, шумо хар вақт дуохонии худро дар деҳаҳои бегона кор мефармоед ва ҳол он ки дар деҳаи худамон ҳам беморон бисёр шуданд, чаро инҳоро намехонед, ки шояд аз даму нафаси шумо шифо ёбанд?
Ӯ ҷавоб дод:
— Ҳеҷ дузд аҳолии деҳа ва маҳаллаи худро тороҷ намекунад. Магар ман аз дузд ҳам ноинсофтарам, ки ҳамсоягони худро фиреб диҳам?
Қисми ба фиребгарии худ иқрор кардани ин гуфтаҳои Қорӣ Маҳмуд дуруст бошад ҳам, қисми аз беинсофӣ фиреб надодани ҳамсоягони худаш дурӯғ буд.
Дурусташ ин буд, ки ҳамсоягон, азбаски чӣ будани ҳамсояи дуохони худро медонистанд, фиреб намехӯрданд.
Аз миёнаи беморони ман аҳволи падарам бисёр сахт буд ва ӯ қариб ҳамеша беҳуш мехобид ва танҳо об мепурсид ва менӯшид.
Ва рӯзе чашмашро кушода аз ман пурсид:
— Ба ҷуворӣ дубора об додӣ?
— Не.
— Аз оби аввал чанд рӯз гузашт?
— 10 рӯз гузашт
— Хуб, ҳоло ба об наомадааст! — Ва боз чашмонашро пӯшида бехуд шуд. Баъд аз он ӯ рӯзе чанд бор бо ман ҳамин тариқа суолу ҷавоб мекардагӣ шуд. Рӯзе, ки аз оби аввал 20 рӯз гузашта буд, ба суоли охирини ӯ «20 рӯз гузашт» гуфта ҷавоб додам.
— Ин тавр бошад, ба об омадааст. Агар тавонӣ, рафта як об деҳ. Кулӯхи офтобхӯрдаро бисёр андохтаам. Агар об нахӯрад, нобуд мешавад, — гуфт.
Ман каландчаамро гирифта ёбон баромадан хостам. Дар ин вақт ба зиракии саг қоил шудам: ҳар вақт ки ман ба ҷое мерафтам, ӯ аз дунболам мерафт ва аз ман ҳеҷ ҷудо намешуд. Аз вақте ки ман бемордор шуда дар хона мондам, ӯ ҳам аз пеши дари хона намеҷунбид. Имрӯз, ки ман каландчаро гирифта ба ёбон рафта истода будам, вай ба ман нигоҳ карда думашро ҷунбонид ва баъд ба дари хона наздиктар рафта тумшуқашро ба рӯйи остона монда ва чашмонашро ба сӯйи беморон дӯхта хобид. Гӯё вай дур рафтани маро дониста, хост ки ба ҷойи ман бемордорӣ кунад.
Он сол об фаровон буд, ба болои ин, бештарини деҳқонон бемор буданд, ки касе аз пайи об намедавид. Бинобар ин ман ба осонӣ аз ҷӯйи калон об кушода оварда замини ҷувориро об додам ва зуд ба пеши беморон баргаштам. Баъд аз ягон соати омадани ман падарам чашмонашро кушода:
— Об додӣ? — гуфта пурсид.
— Об додам!
— Боракалло! — боз чашм пӯшид.
Дар рӯзи 40-уми бемориаш ӯ арақ карда тамоман ҳушёр шуд. Шир талаб кард, додам, хӯрд.
Дар рӯзи дуюм дар ҷояш хеста нишаст, дар рӯзи сеюм асозанон ба пойи худ берун баромад, мо тамоман хурсанд шудем, ки ӯ халос шуд. Лекин дар рӯзи 10-уми саломатӣ ёфтанаш ӯ дубора бемор шуда ба бистар ғалтид.
Усто амак, ки ӯ ҳам бемор буд ва аҳли хонаводааш ҳам бемор буданд, бо вуҷуди ин дар бемории аввалии падарам рӯзе як бор омада хабар мегирифт ва моро тасаллӣ медод, ки ӯ сиҳат хоҳад ёфт: «Фақат чор дона арақи хунук барои ӯ лозим аст». Дар ҳақиқат ҳам падарам баъд аз арақ кардан сиҳат ёфта буд. Аммо вақте ки ӯ дуюмбора бемор шуд, Усто амак чизе намегуфт ва моро тасаллӣ намедод. Лекин ба гумони ман ин бемории ӯ аз аввала сабуктар буд, ки ин бор оромтар мехобид ва аз ҳуш намерафт.
Дар рӯзи ҳафтуми бемордории дуюм, вақте ки Усто амак омада беморро дид, ба ман таъин кард, ки агар аҳволаш бадтар шавад, зуд ӯро хабар диҳам.
— Ман чӣ медонам, ки аҳволаш бадтар аст ё беҳтар? — гуфтам ман дар ҳолате, ки дар чашмонам об чарх мезад.
— Гиря накун, мард бош, писари падарат шав! Аҳволи падарат хеле сахт аст, лекин барои пеш аз вақт ба мусибат дучор накардани шумоён худро ором нигоҳ медорад. Ту ҳам барои ба ташвиш дучор накардани ӯ худро ором нигоҳ дор! Аломати бад шудани аҳволаш ин аст, ки нафасҳои сахт-сахт мекашад ва гулӯяш хишшос мезанад. Ман равам, ки аҳволи янгаат бад буд.
Шаб шуд. Ман чароғи сиёҳро даргиронда бар болои чароғпоя мондам. Ҳанӯз аввали шаб буд, ки падарам нафасҳои сахт кашидан гирифт ва гулӯяш хир-хир кард. Усто амакро ҷеғ зада овардам. Ӯ бо пахта ба даҳони падарам об чаконидан гирифт. Бемор чашмонашро кушод, аввал ба ман ва баъд ба Усто амак нигоҳ карда гуфт:
— Зиёдтар об диҳед, бо қошуқ резед! Амак ба гулӯи ӯ ду қошуқ об рехт.
— Бас, — гуфт падарам ва чашмонашро ба тарафи ман гардонида сухани худро давом дод:
— Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав!
Агар мударрис шавӣ, майлат!…
Бемор чашмонашро пӯшид. Баъд аз ягон дақиқа бо хар-хар нафас кашидан гирифт. Амак бо пахта обчакониро сар кард. Дар ин миён бемор дар ҷояш қад рост кардан хост ва ба тарафи ман чашм дӯхт, дубора ғалтид ва дастонаш як ҷунбиш хӯрданд ва баъд аз он ором гирифт. Ин оромии абадии ӯ буд!
Дар ин вақт падарам аз рӯйи ҳисоби солгардонӣ, ки ҳисоби шамсӣ мебошад, 57 солро пур карда буд.
Усто амак баъд аз бастани манаҳ ва сарангуштони пойи мурда ва пӯшонидани чашмони ӯ, ба ман гуфт:
— Агар ман рафта беморони худро хабар гирифта оям, ту наметарсӣ?
— Чаро тарсам? Магар аз падари худ метарсам? — гуфтам дар ҷавоб.
— Бале, шер, — гуфту рафт ва бозгашта омада мурдабонӣ кард. Модарам ва акаам баъд аз дубора омадани амак фаҳмиданд, ки падар мурдааст ва додаронам бошанд, баъд аз рӯз шудан фаҳмиданд.
* * *
Дар деҳаи ҳамсоя Йӯлдошбой ном як савдогари қалъачӣ 43 буд, ӯ мавиз, ғӯлунг, карбос ва ҷомаҳои пахтадори ғиждувонӣ ғундошта ба Қазалӣ, Оқмасҷид, Оренбург ва ба дигар шаҳрҳои қазоқон ва бошқирдон мебурд ва аз он ҷоҳо молҳои русӣ меовард. Баъд аз муромурӣ сар шудан ӯ ба кафанфурӯшӣ даромад.
Назар ба қавли худаш, ӯ ин корро барои ҳоҷатбарории мардум мекард, вагарна ӯ ба «кафанфурӯшӣ барин як кори паст ҳеҷ эҳтиёҷ надошта» аст, ба мурдаи падари ман ҳам ӯ «ҳоҷатбарорӣ» карда, асбоби такфин ва чизҳои дигари ҷанозаро дода моро сад танга қарздор кард. Назар ба қавли Усто амак, агар мо пули нақд медоштем, ҳамон чизҳоро аз бозор 25-30 танга арзонтар гирифтан мумкин будааст.
Барои харҷи нақда ҳам 20 танга даркор шуд, ки ин маблағро ҳам ба шарти 25 танга карда додан, ба мо «ҳоҷатбарорӣ» карда дод. Барои бегоҳи душанбе, ҷумъа ва хатми Қуръон ҳам 25 танга лозим шуд, ки мо ин маблағро аз одамони гуногун ба тарзи қарзи майда гирифта сарф намудем . Ҳамин тариқа шуда ман мурдаи падарро 150 танга (22 с. 50 тин) харҷ карда бардоштам.
Баъд аз гузаштани рӯзҳои азодории падарам, намедонам, аз бехабарии ман ё бо ягон сабаби дигар гови ҷӯшоиамон дар як шаб бемор шуда ҳаром мурд. Модарам ин хабарро дар бистари бемориаш шунида гуфт:
— Ҳар балое, ки омада бошад, ба ҳамон гов занад. Кошки вай пештар мемурд, ки шояд падарат зинда мемонд. Гӯсолаашро ҳам барои саломатии худат ва бародаронат дафъ кардан даркор аст, — ва фармуд, ки вайро ба Хоҷахон бурда диҳам: ин як одами маиби бедасту по буд, ки дар гӯшаи деҳа хобида бо садақаи мардум зиндагонӣ мекард.
Ман гӯсоларо ба ӯ бурдам. Аммо ӯ қабул накард:
— Шумоҳо ҳозир аз ман мӯҳтоҷтаред, чунки мардум ба ман садақа медиҳанд, ман бо вай як навъ зиндагӣ мекунам. Аммо шумоҳо ба садақагирӣ одат накардаед. Акнун ки падаратон вафот кард, маълум нест, ки баъд аз ин ҳоли шумоҳо чӣ мешавад? — гуфт.
Аммо дубора модарам илтимос карда фиристод, ки барои саломатии бачагон қабул кунад. Ин дафъа гӯсоларо ба ӯ ба хотири ризои модарам базӯр қабул кунондам. Дар ин вақт ман фаҳмидам, ки Хоҷахони маиби барҷомонда аз имоми деҳаи мо боинсофтар будааст. Имом дар рӯзи ҷанозаи падарам 10 тангаеро, ки ба ӯ доданд, бе ҳеҷ «лозим нест» гуфтан қабул карда буд. Ва ҳол он ки вай дар ҳамон вақтҳо дар анбори худ 50 ман (400 пуд) гандум ва 25 ман (200 пуд) ҷав дошт ва чӣ қадар пули нақд ва асбобу ашё доштанашро, албатта, ман намедонистам. Аммо Хоҷахон ғайр аз ду чашме, ки ба садақаи мардум нигарон буд, чизе надошт.
Ака ва укаҳоям, ба қавли мӯйсафедон, аз хавфи мурдан гузашта буданд, аммо аҳволи модарам рӯз то рӯз вазнинтар мешуд. Дар вақтҳои охир ба пеши дар бароварданаш ҳам мумкин нашуд ва ҳамаи эҳтиёҷҳои табииаш дар ҷойи худаш мешуд, ки ман тоза мекардам.
Бародаронам беҳтар шуда бошанд ҳам, озодона ба по хеста гашта наметавонистанд, аломати беҳтарии аҳволи онҳо дар ин буд, ки кам-кам чиз мехӯрданд. Ман бо маслиҳати кампирон ва мӯйсафедон мурғонро ба онҳо хӯрондам. Назар ба қавли таҷрибакорон, ягона чизе, ки дар он вақт ба онҳо қувват бахшад, шӯрбои мурғ буд. Ман мурғонро ягон-ягон кушта намак мезадам ва ҳар мурғро 3 ё 4 бор шӯрбо карда ба онҳо мехӯрондам.
Ҷувориро дар вақт-вақташ об дода бошам ҳам, вайро аз ҳуҷум ва тороҷи парандагон нигоҳдорӣ карда наметавонистам, дар вақти шира пайдо кардан донаҳояшро гунҷишкон чунон макиданд, ки баъзе сарҳояшон пахол барин тамоман бедон шуда монд. Аммо сарҳои саломатмонда монанди шиками офтобаи сафолин пурра ва ғафс шуда буданд. Акнун ҳуҷуми гунҷишкон он қадар зарар накунад ҳам (чунки ҳар гунҷишк бо 10-12 дона сер мешуд), ҳуҷуми зоғҳои сиёҳ ва зоғчаҳо, ки дар деҳаи мо бисёр буданд, сар шуда буд. Акнун бими он буд, ки ҷуворӣ тамом талаф шавад ва мо ҳам талаф шавем, зеро адо кардани қарзи мурдаи падарам ва хӯроки зимистонии мо ба саломат мондани ҳамин ҷуворӣ вобаста буд ва ғӯза бошад, пояхушк шуда кайҳо талаф шуда рафта буд. Дар хонаи мо орди гандуме монда буд, ки танҳо барои ягон моҳ кифоя мекард.
Аммо ман намедонистам, ки модарамро ба он ҳол гузошта барои «ҷувориҳойгӯйӣ» ба ёбон равам (дар он вақт одатан паррандагонро аз кишти ҷуворӣ «ҳой-ҳой, гала-гала ҳой» — гӯён меронданд).
Лекин дар ин миён воқеае рӯй дод, ки ман хотирҷамъона ба «ҷувориҳойгӯйӣ» машғул шудам: дар вақти тангии аҳволи модарам яке аз тағоиҳоям — Алихон ҳамроҳи як нафар ҳамдеҳааш барои дидани ҳамширааш-модарам омад. Назар ба қавли ӯ, баъд аз гӯронидани акааш — мулло тағоиям модару падараш ва дигар аҳли хонаводаашон ҳамагӣ бемор шудаанд. Зани худаш ва занҳои бародаронаш мурдаанд. Худаш ҳам бемор шуда будааст. Вақте ки ӯ қадаре беҳтар шудааст, падару модараш барои хабаргирӣ ба мо фиристодаанд.
Тағоиям аҳволи модарамро вазнин дида, ӯро ба хонаи худҳошон бурдан хост:
— Дар он ҷо падару модар зинда ва ман саломатӣ ёфтаам. Аммо дар ин ҷо ба ту, ки хурдсол мебошӣ ва ба бародаронат ҳам нигоҳубин карданат зарур аст, ба модарат парасторӣ кардан душвор аст, — гуфт.
Мо розӣ шудем. Ӯ ду чӯбро ба шакли нардбон дуруст кард ва ба ҷойи пояҳои нардбон ба онҳо арғамчин кашид, ки инро «сароҷа» меномиданд. Ду харро пасу пеш карда ба рӯйи вай беморро дароз хобонид ва бар болои ӯ як сӯзаниро пӯшонида ба роҳ даромад.
Аз рафтани модар чӣ гуна мутаассир шудани бародаронамро намедонам, аммо дили худам бисёр вайрон шуд ва кӯшиш мекардам, ки овоз набарорам ва беморро азоб надиҳам. Лекин аз гиряи беовоз худдорӣ карда натавонистам. Чашмам ба чашми модар афтод, аз чашмони ниммурдаи ӯ қатраҳои бисёр хурди сиришк бар рӯйи заб-зард шуда борик гардидарафтааш мешориданд.
— Ба ҳазор даройӣ! — гуфт дар вақте, ки харҳо ба ҳаракат даромада буданд.
Онҳо аз назар ғоиб шуда рафтанд, ман дар дили худ «ӯ ҳоло намемирад, наход ки ман аз падару модар якбора ҷудо шавам» гӯён худро тасаллӣ додам ва чашмонамро, ки аз ашки талх сӯзиш мекарданд, бо остин пок кардам.
Бештарини вақти ман дар ёбон мегузашт. Дар хона танҳо дар вақти об ҷӯшонда ба беморон додан ва ягон чиз пухта хӯрондан мемондам. Шабҳо баъд аз торик шудани рӯз ба хона омада хобида, субҳидам пеш аз сафед шудани рӯз ба сари ҷуворӣ мерафтам. Дар ёбон кори муҳими ман «ҷувориҳойгӯйӣ» буд. Аммо он паррандагони шилқинро аз як тарафи замин парронам, дарҳол ба тарафи дигараш омада ба сари хӯшаҳои марворидмонанди ҷуворӣ менишастанд.
Он паррандагон ба кулӯху сангҳое, ки бо фалахбон (фалохун) ҳаво медодам, ҳеҷ аҳамият намедоданд. Ҳарчанд бо ғуррида рафтани санг ё кулӯхи фалахбон аз сари ҷуворӣ хезанд ҳам, пеш аз он ки он санг ё кулӯх ба замин ғалтад, онҳо боз ба сари ҷуворӣ менишастанд.
Дар ин кор Икромхоҷа (писари дуюми Усто амак) тадбире кард, ки ман қадаре осуда шудам: ӯ ба ман фармуд, ки дар ғафсии банди дасти одам, ба дарозии як оршин як чӯби сахт ёфта бо арраву тешаву рандаву парма ба сари замин овардам. Ӯ он чӯбро ба шакли лӯла тарошида бо ранда суфта кард ва аз як тарафи он чӯб ба дарозиаш бо парма сӯрох намуд. Он сӯрохро ба тарафи дигари чӯб набароварда аз болои нуқтаи охирини вай як сӯрохчаи дигар ҳам кард ва ин асбобро «таппончаи чӯбин» ном ниҳод.
Дар он вақтҳо дар деҳаи мо шикорчиён бисёр буданд, ки милтиқи шохдори қадимӣ кор мефармуданд ва доруи милтиқ (борут)-ро худҳошон месохтанд.
Икромхоҷа аз як шикорчӣ як халтача дору овард ва сӯрохи чӯбро бо дору пур карда аз рӯяш қадаре пахта тиққонд ва чӯбро ба тарафи паррандагон рост карда аз сӯрохи болоияш оташ дод.
Бо расидани оташ ба дору он чӯб кафида рафт. Хайрият, ки на ба ман ва на ба ӯ зарар нарасид.
Аммо аз бӯйи дору паррандагон аз сари замин чунон гурехтанд, ки то як соат бозгашта наомаданд.
Хеши ихтироъчии мо бо ин қадар аз кори худ даст накашид ва дафъаи дигар аз чӯби аз аввалӣ ғафстар боз як таппончаи чӯбин сохт. Ин дафъа ба сӯрохи вай доруро камтар андохт ва сахт ҳам ҷой накард. Ин дафъа таппончаи мо накафида матлаб ҳосил шуд ва бо паррондани вай паррандаҳо парида мерафтанд. Мо сабр мекардем ва ҳар вақт ки паррандагон боз омаданд, боз як бор мепаррондем. Ба ҳамин тариқа ҷуворӣ ба осонӣ аз зарари зиёд эмин монд.
Рӯзи дигар Икромхоҷа аз шикорчиён қадаре қӯрғошим оварда сочма рехт. Донаҳои сочмаи ӯ аз сочмаи шикорчиён резатар буда, ба қадри донаҳои арзан будаанд. Икромхоҷа бо ин сочма ва таппончаи чӯбин гунҷишкон ва кафтарҳои ёбоиро шикор мекард, ки ба химча гузаронида ва ба оташ дошта бирён карда мехӯрдем. Як рӯз шикори мо барор гирифта 4 дона кабӯтар (кафтар) шикор кардем, ки ду донаашро ба бародарони бемор бирён карда додам.
Сарҳои ҷуворӣ сафед шуда пухта омада истода буданд. Дар он рӯзҳо падари Икромхоҷа — Усто амак, ки баъд аз вафоти падарам бемор шуда буд, ба по хеста асозанон ба ёбон баромад ва ҷувории маро аз назар гузаронида:
— Сарҳои пухтаи ҷувориатро пеш-пеш шикаста гирифта дар ҷое ғун кардан гир. Агар ба пухтани ҳамаи инҳо ё ба хазонрезӣ нигарон шавӣ, корат зӯр мешавад, дар он вақти танг ба танҳоӣ ин корро карда наметавонӣ, — гуфт ва аз паҳлуи замини ҷувории мо як замини почпоя — ҷойи гандумро нишон дода илова кард:
— Ана дар ҳамин ҷо ғун кун, ки замини хушки сахти ҳамвор аст ва дар ин ҷо кӯфта бардошта гирифтани дон осон мешавад.
Ман аз ҳамон рӯз сар карда ба ҷувориғундорӣ даромадам. Акнун шабҳо ҳам дар ёбон мондан даркор буд. Ман ба ин мақсад ҷуворипояҳои сарҳояшон шикаста гирифташударо ғалтонда бароварда дар сари хирманам як коза (чайла) сохтам. Ҳар қадар ки сарҳои ҷувориро бисёртар шикаста мегирифтам, ҷуворипояҳо ҳам ҳамон қадар бисёр шуда, козаам ҳам ҳамон қадар борону шамолногузар мешуд. Охир ҷуворипояҳо ҳамон қадар бисёр шуданд, ки нимаи вақти ҳаррӯзаамро барои ба хона кашонда бурдани онҳо сарф мекардам. Дар козаам шабҳо дар пеши ман Икромхоҷа мехобид ва азбаски модараш ӯгай буд, ба хонааш рафтан намехост. Бачагони тандуруст ё аз беморӣ саломатёфтаи деҳа ҳам шабҳо ба пеши мо ғун мешуданд ва то нимаҳои шаб гапзанон нишаста, баъд хона ба хона мерафтанд ва баъзеҳошон, ки модари ӯгай доштанд, дар ҳамин ҷо бар рӯйи сарҳои ҷуворӣ ё ҷуворипояҳо мехобиданд.
* * *
Як шаб ҳаво соф буд, сармои тунди тирамоҳӣ ба бадани кас монанди бигизи дар оташ тафсида сӯзиш кунонида мехалид. Дар равшании моҳ қиравҳои бар рӯйи растаниҳо пайдошуда монанди барфи навборида ялаққосзанон менамуданд. Ҳар кас медонист, ки имшаб ҳама чизҳоро хунук мезанад ва фардо ғундор-ғундор сар мешавад.
Ман ҳам фикр мекардам, ки «агар имшаб сармо занад, фардо ҳамаи ҷувориҳоро ғундошта гирифтан даркор мешавад ва ҳол он ки ҳанӯз дар замин нимаи ҷуворипоя бар пой ва сарҳошон нашикастагӣ буд. Баъд аз сармо задан оҳистакорӣ ба кор намеравад, чунки ба зудӣ ялагард шуда мардум чорпоҳошонро дар ёбон озодона яла карда сар медиҳанд ва эҳтимоли борон боридан ҳам ҳаст, дар он вақт ҳамаи ҷувориҳоям нобуд мешаванд. Аммо як худам ба танҳоӣ ин қадар чизро чӣ гуна ба зудӣ меғундорам?»
Ман дар ҳамин гуна фикру хаёл будам, ки Икромхоҷа омад. Ӯ аз сармо меларзид ва шикояткунон гуфт:
— Хостам аз кӯрпаҳои аз модарам ба мерос монда якеашро биёрам, модари ӯгай надод. Ба падарам гуфтам, ӯ ҳам тарафи вайро гирифта: Агар як кӯрпачаро гирифта ба ту диҳам, ӯ норозӣ мешавад ва худаш аз беморӣ нав хестааст, аҷаб нест, ки канда шавад 44 . Ин гуна сармо одамро намекушад. Рафтан гир! — гуфт.
Боз се бача омад ва яке аз онҳо ба ман гуфт:
— Ту барои «во, бибем»-гӯйӣ ба Маҳаллаи Боло нарафтӣ?
Ин сухан як дег оби ҷӯшон буд, ки ба сари ман рехт ё санги осиё буд, ки бар сари ман гардида тамоми аъзои баданамро ордвор сойида партофт. Ман фаҳмидам, ки модарам мурдааст ва ин бача, аз куҷо бошад, шунида омадааст ва ба ман ба ҳамон тарзи ифодае, ки ба ақидаи худаш шоирона ва болояш пӯшидааст, фаҳмондан хостааст. Аммо ба чашмонам об чарх назад, гӯё маро бо он сухан дар оташ андохта гудохта бошад, ҳамаи наму тариҳои баданам хушкида буданд. Ман фикр мекардам: «Акнун чӣ кор мекарда бошам? Дар 12-солагӣ ҳам бепадар ва ҳам бемодар, бародарон бемор, акаам бошад, ҳар вақт саломат ёбад, ба хондан меравад ва додарҳои хурдсолро ҳам бояд ман саровонӣ кунам. Хондан… ва он хондан, ки худ мехостам ва падар дар нафаси вопасинаш васият карда буд, чӣ мешавад?!»
Вақте ки он бача ба ман «ту барои во, бибемгӯйӣ нарафтӣ» гуфт, як рафиқаш ба ӯ: «лозим нест, ба ӯ тасаллӣ додан зарур аст, на ин ки ҳазл кунӣ» гӯён пичиррос зад ва ба ман нигоҳ карда суханашро давом дод:
— Зарар надорад, як кор мешавад, меравад. Икромхоҷа ҳам бемодар аст.
— Ғам нахӯр! Ҳар чӣ бошад мегузарад, «чист, ки нагузарад?» — гуфт Икромхоҷа, — ман 10 сол аст, ки бе модар зиндагонӣ мекунам, маро гург нахӯрд.
— Ту модар надошта бошӣ ҳам, — гуфт ба Икромхоҷа бачаи дигар. ки то хол хомӯш истода буд, — падар дорӣ ва модари ӯгай дорӣ. Аммо барои ин (маро ишора карда) зӯр шуд, ки аз падару модар якбора ҷудо гардид. Худо осон кунад.
— Ман, ки аз модар ҷудо мешудаам, кошки аз падар ҳам ҷудо мешудам, — гуфт Икромхоҷа оҳе кашида, -то ки ба дасти модари ӯгай гирифтор намегардидам…
Инсон, вақте ки дар як душвории беилоҷ монда ҳар тараф ба худ тасаллӣ меҷӯяд, ба ҳар муносибат аз ҳар чиз барои худ як тасаллӣ тарошида мебарорад. Ман ҳам аз ин сухани Икромхоҷа барои худ як тасаллӣ тарошида баровардам ва дар дили худ гуфтам: «Агар баъд аз мурдани модарам, падарам зинда мебуд ва зани дигар мегирифт, дар он вақт чӣ мекардам?
Албатта, модари ӯгай маро рӯйи хуш намедод, дар хона роҳ намедод, аз кӯрпаҳои модарам ба ман намедод ва ба болои ин, падари меҳрубонамро ба ман номеҳрубон мекард. Ҳоло ҳар чанд бепадару модар монда бошам ҳам, худ ба худам соҳиб мебошам, ҷуворӣ азони ман, хар азони ман, додарҳо дар ихтиёри ман. Дуруст аст, ки аҳволам душвор аст, лекин аз зердастии модари ӯгай осонтар аст». Ана бо ҳамин фикр хеле тасаллӣ ёфтам.
* * *
Тасаллиёбии ман то вақте давом намуд, ки рафиқонамро хоб рабуд ва баъд аз он танҳоии худро ва хусусан ҷудоии падару модарро, ки ягона ғамхори меҳрубони ман буданд, ҳис кардам ва дигарбора лашкари андӯҳу алам ба ман ҳуҷум оварда, тамоман хавосамро фаро гирифт. Акнун бо «ҳой-ҳой» гиря кардан мехостам, аммо аз бими нороҳат кардани рафиқон, ки маҳз барои тасаллӣ додан ба ман ба гирди ман ғун шуда дар зери қирави тунд мехобиданд, худдорӣ намудам. Орзу мекардам, ки коре шуда ҳамаи ин гаму кулфатҳо ҳарчанд якчанд дақиқа ҳам бошад, аз ёдам барояд ва ман андаке рӯйи осойишро бинам ва бо хоҳиши ин орзу байти зерини як ғазали Бедилро, ки падарам дар ин гуна мавридҳо бисёр мехонд, ба ёд овардам ва бо овози пасти ҳазин замзама кардан гирифтам:
Эй фаромӯшӣ, куҷоӣ, то ба фарёдам расӣ!
Боз андӯҳи дили ғампарварам омад ба ёд!
Дар ин вақт суруди ҷуфтронон шунида шуда, маро ба худ машғул кард. Ҷуфтронони райони Ғиждувон одатан дар шабҳои тобистон дар соати 10-и шаб гов баста кор сар мекарданд ва заминро пеш аз баромадани офтоб дандонаву мола карда намашро тамоман дар худаш нигоҳ медоштанд — аз хушкондани партави офтоб эмин мекарданд: дар шабҳои дарози тирамоҳ бошад, баъд аз нимаи шаб кор сар карда, бо ҳамон мақсад пеш аз тулӯи офтоб корашонро тамом менамуданд. Дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши он ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ буд.
Бештарини деҳқонони районҳои Ғиждувон ва Вобканд сурудхон ва шашмақомдон буданд.
Онҳо, бо вуҷуди бесаводӣ, Шашмақомро бо ғазалҳои классикӣ аз падару бобоҳошон даҳан ба даҳан омӯхта буданд (қувваи мусиқии шаҳри Бухороро ҳамеша аҳолии районҳои Ғиждувон ва Вобканд пур карда меистоданд. Аз боқимондаи онҳо — Ҳофизи халқии Тоҷикистон, устоди шашмақомдон Бобоқул Файзуллоев аз Ғиждувон ва Ходими хизматнишондодаи санъати Ӯзбекистон нотанависи шашмақомшинос Шоҳназар Сохибов аз Вобканд аст).
Зотан, Шашмақом хеле ҳузнангез буда, ҳақиқатан тарҷимони аҳволи онрӯзаи меҳнаткашон ва аз ин ҷумла деҳқонон буд. Ҳарчанд дар фуроварди ҳар як ҳавои Шашмақом тарона ва уфарҳои хеле шӯхи шӯрангез бошанд ҳам, инҳо махсуси базмҳои хонагии рақсдор буда, ҷуфтронон ба асл ва асоси ҳавоҳои Шашмақом, ки ба ҳоли худашон мувофиқ буд, қаноат мекарданд.
Ҷуфтроне, ки дуртар аз хирмангоҳи ман замин меронд, дар ҳавои савти Ушшоқ, ки вайро Савти Калон ҳам мегӯянд, як ғазали Бедилро сар кард ва дар авҷи он ҳаво ҷуфтрони дигар, ки дуртар аз вай кор мекард, ба ӯ ёрӣ дод. Ман бо шунидани он ғазал дар он суруд, бе он ки овозе барорам, дарун-дарун гириста дили мусибатманзили худро қадаре холӣ кардам ва дар ин ҷо ба тарзи намуна нақл кардани се байти он ғазалро, ки ба аҳволи оншабаи худам хеле мувофиқ буд. муносиб дидам:
Далели корвони ашкам оҳи сардро монам,
Асарпарварди доғам ҳарфи соҳибдардро монам.
Рафиқи ваҳшати ман ғайри доғи дил намебошад,
Дар ин ғурбатсаро хуршеди танҳогардро монам…
Фалак умрест дур аз дӯстон медорадам, Бедил,
Ба рӯйи сафҳаи офоқ байти фардро монам.
Баъд аз ба охир расидани суруди ҷуфтрони аввал, ҷуфтрони дигар як ғазали Ҳофизро, ки аввалаш ин байт аст:
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додан моро… дар ҳавои Ироқ сар кард ва дар авҷи ин ҳаво ҷуфтрони дигар ба ӯ ёрӣ дод…
Ба ҳамин тариқа сурудхонии ҷуфтронон дар он ёбони ором то поёни шаб давом намуд ва вақте ки рӯз сафед шуд, онҳо хомӯш монданд ва рафиқонам бедор гардида маро ба тарафи худ машғул карданд.
Ин парча як марсияест, ки аҳволи онвақтаи худро баъд аз шаст сол ба қалам оварда ба модари худ бахшидам. Агар ин мусибатнома аз ҳад зиёд андӯҳовар баромада хонандагони мӯҳтарамро нохушнуд кунад, маъзарат мепурсам ва маро, ки маҷбурияти фарзандии худро, қисман бошад ҳам, адо кардан хостам, умедворам, ки бубахшанд.

Ҳосилғундорӣ ва сарфи маҳсулот

Ҷувориро бо ёрмандии хару аспи ҳамсоягон ва бачагони деҳа кӯфтем ва ғалбер карда чош кардем.
Ҳосил аз ҳосилоте, ки то он вақт аз он гуна киштҳо мегирифтанд, зиёд баромад. Мо аз ҳама аввал аз чош бо ғалбер тахминан баркашида 15 ман (120 пуд) ба Йӯлдошбой барои қарзи гӯру кафани падар додем. Миёнаравон хар як ман (8 пуд) ҷувориро 10 танга (1 сӯму 50 тин) нарх карданд. Дар бозор нархи як ман ҷуворӣ 12 танга бошад ҳам, барои аз сари хирман бо ҷувол ва аспу хари худ бардошта бурданаш 2 танга кам карданд.
Йӯлдошбой 125 тангаи пули ҷувориро ба қарзи худ ҳисоб карда, 25 тангаи боқимондаро ҳам ба қарзхоҳони майда дод.
Баъд аз адо кардани қарзи Йӯлдошбой ва қарзхоҳони дигар барои хӯроквории худамон ҳам тахминан 5 ман (40 пуд) ҷувории сафед монд, ки ба хона кашондам. Кӯкбош (сарҳои нимрас ва тамом сафеднашудаи ҷуворӣ)-ро бебаркаш ба хона бурдам. Баъд аз як ҳафтаи ҳосилғундорӣ тағоиям Алихон, ки модарамро дар вақти бемориаш бурда буд, омад. Вай ба мо ҳисоб дод, ки ба бардоштани мурдаи модарам 100 танга харҷ кардаанд ва ин маблағро аз мо талаб кард.
Мо 20 ман (160 пуд) кӯкбошро ҳар ман 5-тангагӣ (75-тинӣ) ҳисоб карда ба қарзи ӯ додем. Дар бозор як ман кӯкбош 7 танга буд, ки ба ӯ ҳам аз ҳар ман 2 танга барои бардошта бурданаш гузашт карда шуд. Аз ғайри ин, хар ҳам он зимистон бо сериву пурӣ кӯкбош хӯрда баромад.
Ин ҳосил аз он ҷумла ҳосиле буд, ки касе монандашро то он замон дар деҳа ёд надошт. Усто амак ҳам ним таноб заминашро ҳамон сол ҷуворӣ кишта буд, се ман ҷувории сафед ва ду ман кӯкбош бардошт ва ҳол он ки ҷувории ӯ ба воситаи писараш — Икромхоҷа аз тороҷи паррандагон тамоман нигоҳдорӣ карда шуда буд. Мардум мегуфтанд, ки «агар ҷувории шумо ҳам дуруст нигаҳдорӣ меёфт, 40 ман дони сафед медод».
Мӯйсафедони деҳа ин ҳосили баландро дида мегуфтанд, ки «ҳосили ин қадар баланд хосият надорад. Ана ҳамин ҳосили аз ҳад афзун буд, ки сари Сайидмуродхоҷаро (падарам) хӯрд».
Ман бо вуҷуди хурдсолӣ ба ин ақида розӣ шуда натавонистам. Ман бисёр сода муҳокима мекардам: ман дар дили худ мегуфтам: «падарам меҳнат карда, як таноб заминро ғӯза кишт. Ғӯзапоя хушк шуда меҳнаташ тамоман сӯхт. Аммо ин беҳосилӣ умри ӯро зиёд накард. Чаро ҳосили хуб умри ӯро кам мекарда бошад?»
* * *
Палавкаду ҳам, ки ҳосили аввалини меҳнати деҳқонии ман буд, аз одат берун ҳосили бисёр дод. Ман баъд аз хазонрезӣ палавкадуҳои сурхшударо канда дар дӯконхонаи падарам рах задам, як хонаи 5-болора аз замин то шифт пур аз каду шуд.
Кадуҳои нимрас ва хомро барои хӯрокворӣ дар мадони хона ҷой кардам.
Ман он зимистон кадуфурӯшӣ кардам ва ин корро бо як интизоми муайян гирифта бурдам: дар Ғиждувон ҳар ҳафта ду рӯз — шанбе ва чоршанбе — бозор мешуд. Ман ҳар рӯзи бозор 16 дона кадуро дар ҷувол андохта бозор бурда дона-дона мефурӯхтам.
Дар ҳар бозор барои бастани хар дар сарой ду пул (ним тин), барои таҳҷойии кадуфурӯшӣ чор пул (1 тин) харҷ мекардам. Аз ғайри ин ҳар рӯзи бозор ба чор пул як кулчаи ширмол, ба чор пул ангур харида худ мехӯрдам ва барои бародарони беморам ҳам ду кулчаи ширмол харида ба хона мебурдам.
Ба ҳамин тариқа ман дар ҳар рӯзи бозор 22 пул (панҷу ним танга) харҷ мекардам. Ҳар ҳафта нимча (500 грамм) гӯшт ҳам ба хона мебурдам.
Баъд аз он ки пули каду ғун шудан гирифт, ба худам ва додарҳоям аз бозор либос харидам (акаам ба қадри зарурӣ либос дошт). Баъд аз ҳамин қадар хароҷот дар баҳорон аз бақияи пули каду як гӯсфанди оча-бача харидем.

Сардор ва дастёри оила

Ман он сол дар оилаамон ҳам ба ҷойи падар, ҳам ба ҷойи модар ва ҳам ба ҷойи дастёр кор мекардам.
Азбаски акаам ҳанӯз нимбемор ва додаронам хурдсоли аз беморӣ нав халосшуда буданд, ба ҳеҷ кор ёрӣ дода наметавонистанд.
Модарам бинобар бемориаш он сол шиннии тут пухта натавониста як ҷуволча тутмавиз карда монда буд, Як зани ҳамсоя ба ман аз тутмавиз ҳалвоитар пухтанро ёд дод, ки ҳар ҳафта ду бор ҳалвоитар мепухтам ва ин дар тамоми ҳафта ба мо нонхӯриш мешуд. Ба осиё ҷуворӣ бурда орд карда меовардам. Зани Иброҳимхоҷа ҳар ҳафта зағора пухта медод. Бештарини хӯроки мо он зимистон ҳалвоитари ордиҷуворигӣ бо зағора буд.
Ҳафтае як бор шӯрбо ва оши кашк ҳам мекардем.
Ман бозоргардӣ, ошпазӣ ва ҷомашӯйӣ мекардам, ҳам чоку пораи либосҳоямонро медӯхтам (ман ҷомашӯйиро дар мактаби занона омӯхта будам, ки ин дар «Мактаби кӯҳна» ном асарам қайд шудааст).
Дар миёнаҳои зимистон бародари калонам қувват ёфта хест. Лекин ӯ дар хона бисёр наистода баромада рафт, ки дар ягон деҳа имом шавад ва барои таҳсили соли ояндааш харҷӣ ёбад.
Мо дар хона се бародарон мондем, додари калонам – Сироҷиддин 8-солаи 9-баро буд. Бо вуҷуди бартараф шудани бемориаш қувват наёфт. Ӯ зотан заифҷусса ва рангканда буд ва аз таги беморӣ як чӯбчаи хушки беранг шуда баромад ва иштиҳояш ҳам хуб набуд. Аммо додари хурдам, ки Киромиддин ном дошта 4-сола буд, баъд аз беморӣ зуд қувват гирифт.
Сохти бадани Киромиддин ҳам аҷиб буд — қадаш нисбат ба солаш баланд, сараш аз одат берун калон ва гарданаш пурра буд. Сари синааш бисёр васеъ буд, ӯ дар роҳ рафтан синаашро ба пеш дамонда бароварда қаҳрамонтарошона қадам мепартофт. Кам механдид ва суханҳои пухтаи ҷиддӣ мегуфт. Ӯ бисёр зирак ва ҳозирҷавоб буд. Як бор ӯ як ҳозирҷавобии шоирона кард, ки ҳанӯз аз ёдам набаромадааст.
Бародари калонам ба Табариён ном деҳа, ки аз мо 16 километр дурӣ дошт, рафта имом шуд ва баъд аз чанд гоҳ дар он ҷо мондан гӯшт, биринҷ ва равған харида овард, ки ба мо оши палав пухта диҳад. Худаш ошро пухт ва дар ош Усто амак ва писари ӯ Икромхоҷаро ҳам ҷеғ задем.
Мо дар сари сандалӣ ба ошхӯрӣ нишастем, дар кодоки пешгаҳ Усто амак, дар ду кодоки паҳлуӣ акаам ва Икромхоҷа ва дар кодоки поён мо се додарон нишаста будем.
Дар рӯйи ош дар қатори гӯштбурдаҳо як илики линги лавандон 45 буд. Бародари калонам аз рӯйи одоб, чунон ки одат буд, он устухонро аз рӯйи ош гирифта ба Усто амак тақдим кард.
— Ман дандон надорам, — гуфт Усто амак, — худатон нӯши ҷон кунед, ош шавад.
Азбаски дигарон аз акаам хурдсол буданд, ба ҳеҷ кас тақдим накарда, худ ба устухонхойӣ даромад. Устухон калон ва пайҳояш сахт буд, бинобар ин акаам бо ду даст устухонро нигоҳ дошта бо зӯри дандон пайҳояшро канда мегирифт. Акаам хабардор шуд, ки бародари хурдтарамон — Киромиддин хашмгинона ба устухонхойии ӯ чашм дӯхта истодааст.
— Чаро нигоҳ мекунӣ? — гӯён акаам аз вай пурсид.
— Худи Хайбар барин устухон мехоед, — гуфт бо оҳанги оташинона.
Ҳама хандидем. Аз ин ҷавоби ӯ ман бисёр завқ кардам. Дили ӯ ба ҳамон устухон кашол будааст, чун акаам ба ӯ надода худ хойидааст, дар ғазаб шуда бо хоҳиши ҳолати рӯҳияи онвақтаи худ он кирдори бародари калонро ба устухонхойии саг монанд кардааст, ки ин ташбеҳ бо маънои пурраи худ ташбеҳи том буд.
Ман дар вақти шеърхониҳои худ аз ҳама зиёдтар аз ташбеҳҳои шоирон завқ мекардам. Аммо ин ташбеҳи бачаи 4-сола аз ҳамаи он ташбеҳҳое, ки ман то он вақт дар шеърҳо дида будам ва завқ мегирифтам, пурратар буд. Бе ҳеч андешаи дуру дароз ҳозирҷавобона бо ин ташбеҳи том интиқомгирии он кӯдак завқи маро боз афзунтар кард.
Худ ҳарчанд он вақтҳо шоир шуданро орзу мекарда бошам ҳам, дар бораи ба вуҷуд омадани он орзуи худ ҳеҷ боварӣ надоштам. Аммо дар дили худ муқаррар кардам, ки «ин бачаи 4-сола охир шоир хоҳад шуд» ва дар паси хандаҳо ба ӯ хитоб карда гуфтам:
— Ту шоир хоҳӣ шуд!
Ба ин сухани ман касе чизе нагуфт. Албатта, на танҳо он кӯдаки 4-сола, балки дигарон хам маънии ин сухани маро нафаҳмида буданд. Ҳатто ҳис кардам, ки акаам аз ин сухани ман қадаре ранҷид. Чунки ман, ба ҷойи ин ки кӯдаки ба ӯ беодобӣ кардаро коҳиш кунам, он таҳқиркунандаро таҳсин карда будам.
* * *
Ман он вақтҳо хаёли Бухоро рафта хонданро тамоман аз сари худ дур карда будам. Ҳарчанд орзуи хондан, хусусан баъд аз васияти падарам, аз аввала зиёдтар шуда бошад ҳам, ин орзу ба назарам як хаёли маҳол барин менамуд. Чунки акаам худро ба теғу табар зада, ба кадом душворие, ки бошад, хондани худро давом медод. Ман бояд ба ҷойи падару модар додарони хурдсолро парвариш мекардам. Агар ман хам ба фикри бухороравӣ меафтодам, ин ду додари хурдтаракам талаф мешуданд. Виҷдонам вазифаи тарбияи ин кӯдаконро аз ҳамаи орзуҳои ман болотар карда ба гардани ман бор карда буд.
Бинобар ин ман он сол ба пеши имоми деҳа хонданро ҳам тарк кардам ва ба корҳои хоҷагӣ машғулӣ гузидам.
Ман баҳорон аз пули боқимондаи каду як мешу барра харида ба гӯсфандчаронӣ даромадам ва дар дили худ мегуфтам: «Дар тирамоҳ ҳар дуи инҳо ду гӯсфанди калони фарбеҳ хоҳанд шуд. Якеро фурӯхта дар зимистон харҷ мекунем, дигареро кушта тор кашида мехӯрем».
Ман гӯсфандони худро бештар ба сари мазори худамон, дар хорзор ва ҷангалҳои мазор мечаронидам, ки он ҷо соҳиби махсус надошт ва азбаски дигарон аз «ғазаби авлиё» ва аз ҳуҷуми «аҷина» ва «аждаҳо» тарсида ба он ҷоҳо чорпо намебароварданд, он ҷо як дараҷа сералаф ҳам буд.
Ба болои тал баромада нишаста киштзорҳо ва боғчаҳои ҳавлиҳоро тамошо кардан, гоҳо ба сангҳои мазор ангушт зада хатҳои дар онҳо кандашударо хондан табъи маро хеле чоқ мекард (дар мазор гӯсфандчаронӣ карданам дар очерки колхози «Коммунизм» қисман акс гардидааст). 46
Дар як санг бо хати хуби настаълиқ ин шеъри халқӣ навишта шуда буд:
Дареғо. ки дунё ҷафо мекунад.
Ки ёре зи ёре ҷудо мекунад.
Ба ёре, ки ду рӯз ҳамдам шудем,
Ба сад ҷавр аз мо ҷудо мекунад.
Дар санги дигар ин чор мисраи Саъдӣ навишта шуда буд:
Шунидам. ки Ҷамшеди фаррухсиришт
Ба сарчашмае бар ба санге навишт:
Бад-ин чашма чун мо басе дам заданд,
Бирафтанд чун чашм барҳам заданд.
* * *
Баъд аз гузаштани айёми баҳорон ва хушкидани алафҳои сари мазор ҷойи гӯсфандчаронии ман дарёбод шуд, ба истилоҳи онвақта он ҷоҳоро «одоғ» (обдоғ) меномиданд. Азбаски дар одоғ дар вақти обхез оби Зарафшон мебаромад ва дар дигар вақтҳо заҳи дарё зада истода сернам буд, алафаш хуб мерасид. Ҳамаи бачагони подабон ва чӯпонони он деҳа ҳам молҳои худро дар он ҷо мечарониданд. Мо молҳои худро ба чаро сар дода, худ дар сояи дарахтони бед ҳар гуна бозиҳо ташкил мекардем. Ҳар вақт, ки гурусна монем, аз атрофи заминҳо ва канорҳои заҳкашҳо лӯбиёҳои хомро чида бо намак ҷӯшонда «лӯбиёшӯрак» карда мехӯрдем (ман ҳодисаи «лӯбиёшӯракхӯрӣ»-ро дар романи «Ғуломон» тасвир кардаам).
Гоҳо шикори мо авҷ мегирифт, ба шастҳоямон, ки дар обҳои кӯлмаки канори дарё баста мемондем, моҳибачагон гирифтор мешуданд. Мо шикорҳои худ-ро даррав дар гулхан бирён карда бо намак мехӯрдем, ки бисёр балаззат буд.
* * *
Дар наздикиҳои тирамоҳ мо аз молчаронии дарёбод маҳрум шудем. Тафсили ин воқеа ин тариқа аст:
Замини дарёбод — одоғ замини подшоҳӣ ба шумор мерафт. Ҳар деҳқоне, ки аз он ҷо замин кушода корам мекард, аз ҳосили кишти худ даҳчор, яъне 40 фоизашро ба подшоҳӣ медод. Дар он солҳо дар тумани Ғиждувон Қарабек ном амлокдор шуд. Ӯ бисёр золим буд. Ӯ ҳосили кишти заминҳои амлокро бо чандин ҳилаву найрангу зулму зӯр, ки ман дар романи «Ғуломон» тасвир кардаам, тамоман мегирифт ва ба болои ин баҳонае ёфта деҳқононро аз подшоҳӣ қарздор карда ҳам мемонд 47 .
Бинобар ин он солҳо деҳқонон заминҳои амлокро намекиштагӣ шуданд ва заминҳои корам хорзор шуда монданд, ӯ ба соҳибони он заминҳо хорпулӣ андохта гирифт. Заминҳои корами одоғ ҳам аз кишт монда маита шуда буданд.
Қарабек шахсан худаш омада ба соҳибони он заминҳо ҳам хорпулӣ андохт ва ӯ дид, ки дар дарёбод гову гӯсфанди бисёреро чаронда гаштаанд, хост, ки ба соҳибони он молҳо «чаропулӣ» андозад ва ба ин мақсад подабонон ва чӯпононро ба ҳузури худ ҷеғ зад.
Аммо молчаронон аз имову ишорати деҳқонон фаҳмиданд, ки ӯ дар ин ҷеғ задан нияти бад дорад, молҳои худро ронда ба ҳар тараф пароканда шуда рафтанд.
Ана ҳамин тариқа шуда мо дигар ба дарёбод моли чорпои худро набурдем ва онҳоро дар заминҳое, ки киштҳошон ғундошта шуда буданд ва дар истилоҳи онвақта «ангор» номида мешуданд, чаронида гаштем.
Он сол мо аз ду таноб замин, ки аз падар монда буд, чизе ҳосил гирифта натавонистем.
Албатта, ман бо қуввати худ он заминҳоро кишта наметавонистам.
Баъд аз вафоти падар аз тоҷикони деҳаамон Мирзо Мӯъмин ном деҳқон, ки бо падарам дӯст буд, ба ёрии ман расид. Ӯ замини ғӯзааш пояхушкшударо гандуми тирамоҳӣ ва ҷойи ҷувориро ҷави баҳорӣ кишта дода ба ман гуфт:
— Худат нигоҳубин кун, ҳосилаш тамоман аз худат, барои хӯроки барзаговони ман коҳашро ба ман диҳӣ, мешавад.
Аммо аллофе, ки ман тухми ҷави баҳориро аз вай гирифта будам, ба ҷойи ҷави баҳорӣ ҷави тирамоҳӣ дода будааст. Бинобар ин ҷав баъд аз сабзида қад рост кардан монанди аҷириқ ба замин паҳн шуда рафт ва сар накашид. Гандум бошад, дар вақти гул ба алобулут 48 гирифтор шуда тамоман сӯхт ва ҳатто аз он замин тухмаш ҳам нарӯйид.
Ман, ки соли гузашта аз палавкаду «мазахӯрак» шуда будам, имсол ҳам заминчаи поёни суффаи хонаамонро аз порсола беҳтар кор карда боз палавкаду киштам. Аммо ман он вақтҳо намедонистам, ки як киштро, хусусан кишти палакиро, дар як замин пай дар ҳам киштан дуруст нест.
Вақте ки палаки каду таноб партофта гул карда ба ноча бастан даромад, дар пеши ҳар як бехи палак як «гул» ҳам, ки дар забони адабӣ «шумгиёҳ» меноманд, баромад ва ночаҳои каду зард шуда рехтан гирифтанд ва ягон дона каду ҳам ба воя расида хӯрданбоб нашуд.
Ҳамин тариқа шуда он сол ман аз деҳқонӣ чизе гирифта натавонистам, азбаски баҳор сард омада зардолу ва тутҳоро сармо зада буд, ҳосили сардарахтӣ ҳам кироӣ нашуд.

Аҳволи деҳаи мо дар он солҳо

То солҳои 1868 — то ҷанги байни амири Бухоро ва подшоҳи Россия ва сулҳи байни ин ду мамлакат амлокдорони Ғиждувон ва аз он ҷумла амлокдорони деҳаи мо ҳам монанди амлокдорони районҳои дигари Бухоро ба подшоҳӣ аз ҳосили кишт даҳчор, яъне 40 фоиз андоз медоданд. Баъд аз сулҳи байни амир ва подшоҳи Россия расман ин қоида барқарор бошад ҳам, амир Музаффар, бо баҳонаи ба подшоҳи Россия тазминоти ҳарбӣ додан, ба тарзи ғайрирасмӣ он қоидаро вайрон карда, дар бораи ба қадри имкон аз деҳқонон зиёдтар рӯёнда гирифтани андоз ба маъмурони худ таълимоти забонӣ додааст.
Маъмурони ҳукумати Бухоро, ки агар амир ба онҳо «салла биёред!» гӯяд, «калла меоварданд», аз деҳқонон ҳам салла ва ҳам каллаашонро гирифта онҳоро ба пӯст кандан даромаданд.
Аммо ҳанӯз мардум дар иморати ӯ бемузд ва маҷбурӣ кор мекарданд ва ин корро мувофиқи таълимоти ӯ амлокдори Ғиждувон, ки ба ҷом ӯ таъин шуда буд, идора менамуд.
Мо, бачагони деҳа, дар вақти бекорӣ рафта иморати ӯро тамошо мекардем. Устоҳои гилкор дар хонаҳо бар рӯйи гулгаҷ кандакорӣ мекарданд. Дар охирҳои тобистони соли дуюми вабо хабари марги писари Қарабек омад ва ӯ ба устоҳо фармон фиристод, ки барои мурдаи писари ӯ аз хишти пухта сағона сохта бо гулгаҷ сафед кунанд.
Устоҳо дар вақти сохтани сағонаи гулгаҷӣ бо якдигар мегуфтанд: «Худо мекард, ки хабари марги худи ӯ меомад ва барои ӯ як сағонаи сиёҳ сохта медодем». Аз миёна як моҳ нагузашта хабари марги худи ӯ омад. Устоҳо дар он вақт ба изораи деворҳои хона, ки мардум изордеворӣ мегӯянд, кор мекарданд ва барои андовидани қисми поёнии деворҳои хона гулгаҷро бо хокаи ангишт омехта ранги сиёҳча тайёр карда буданд.
Ҳарчанд баъд аз марги Қарабек касе аз устоҳоро ба кардани кори ӯ маҷбур намекард, онҳо бо хоҳиши худ барон ба амал овардани орзуи пештараи худ барои ӯ як сағонае сохта рӯяшро бо ҳамон ранги сиёҳ андовиданд. Мардум мегуфтанд: «Худо ғазаби худро ба Қарабек аз рӯзи мурданаш сар карда нишон дод ва сағонаи ӯро монанди хонаҳои дудзада сиёҳ кард: маълум мешавад, ки гӯри ӯ пуроташ аст».
Баъд аз марги Қарабек иморати ҳавлии ӯ хобид, устову мардикорҳо ба ҳар тараф пароканда шуда рафтанд. Дар рӯйи ҳавлӣ ва даруни хонаҳо монанди хишт. гаҷ ва ранг масолеҳи иморат ҳамчунон чош-чош монд. Амлокдори Ғиждувон он ҳавлиро қулф карда гирифта, ба ҳисоби моли подшоҳӣ гузаронид (харобаи ин иморат то рӯзҳои револютсияи Бухоро буд. Баъд аз револютсияи мазкур мардум харобаи он биноро тамоман вайрон карда, чӯбу хиштҳояшро кашонда ба эҳтиёҷи худ сарф карданд ва дар байни худ мегуфтанд: «Охир ҳақ ба ҳақдор қарор гирифт»).

Тайёрӣ ба сафари Бухоро барои таҳсил

Ҳарчанд ман аз Бухоро рафта таҳсил кардан умеди худро канда бошам хам, дар он миён воқеае рӯй дод, ки барои Бухоро рафта хонданам имкон пайдо шуд.
Дар охирҳои тобистони соли 1889 модаркалонам (модари модарам), ки як кампири 70-солаи барҷомонда буд, ба ман хабар фиристод, ки додарҳоямро гирифта ба пеши ӯ барам ва ӯ дар охири умраш моёнро бинад.
Ман гӯсфандонро ба Икромхоҷа супурда, ба дари хона қулф зада харро савор шудам, додари калонамро дар пушти хар савор карда, хурдашро ба пешам гирифта ба деҳаи Маҳаллаи Боло рафтам.
Дар рӯзҳое, ки мо дар он ҷо будем, дар Маҳалла ном деҳа, ки ба он ҷо наздик буд, аз Бухоро меҳмон омада будааст. Меҳмон писари қозикалон — домулло Абдушукури марҳум, Шарифҷон- махдум буда. мизбон — соҳиби хона Мулло Абдусалом ном домуллои кунҷакии акаам будааст.
Мулло Абдусалом барои хизмат кардан ба меҳмонон акаамро аз ҷойи имоматиаш ҷеғ зада овардааст ва чун аз ӯ шунидааст, ки ман дар хонаи модаркалонам дар деҳаи Маҳаллаи Боло ҳастам, маро хам барои хизмат ҷеғ зада бурд.
Шарифҷон-махдум бо наздикон ва хизматгорони худ омада будаанд. Акаам дар даруни меҳмонхона ба дастархонпаҳнкунӣ ва чойкашӣ маъмур буда, ман дар рӯйи суффа ба самоворҷӯшонӣ машғул шудам. Ман самоворро ҷӯшонда тайёр нигоҳ медоштам, чойи даркориро дам карда медодам ва дигарон он чойникҳоро ба меҳмонхона бурда медоданд.
Дар вақте, ки ман дар сари самовор нишаста чойникҳоро бо латта тоза мекардам, як бача аз меҳмонхона баромада пеши ман омад, ки ба ман ҳамқад, аммо аз ман қоқтар ва бориктар менамуд ва ӯ дилгирона ба лаби суффа нишаста худ ба худ гуфт:
— Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ гуфтаанд:
«Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,
Ақлро бенуру беравнақ кунад!»
Ман насиҳати Мавлоноро гӯш накарда ба саҳро омадам, саҳро ба дилам зад. Дар ин ҷо лоақал ягон кас ёфт намешавад, ки, ҳеҷ набошад, одам бо вай байтбарак карда рӯзро гузаронад.
Ман аз ӯ пурсидам:
— Байтбарак чист?
Баъд аз он ки ӯ ба ман бо тааҷҷуб нигоҳ кард:
— Савод дорӣ? — гуфта пурсид.
— Каме хонда метавонам!
— Аз ёд байт медонӣ?
— Якчанд байт медонам!
— Байтбарак ҳамин аст, ки, — гӯён ӯ ба тафсил додан даромад, — ман як байт мехонам, ту дар ҷавоб байте мехонӣ, ки ҳарфи аввали вай бо ҳарфи охири байте, ки ман хондаам як бошад. Баъд аз он ман дар ҷавоби ту байте, мехонам, ки ҳарфи аввали вай бо ҳарфи охири байте, ки ту хондаӣ, як бошад ва ба ҳамин тариқа хондан мегирем. Ҳар кас, ки ҷавоб дода наметавонад, бойдодагӣ ҳисоб меёбад ва байти як бор хондашударо дубора хондан дуруст нест.
Агар хоҳӣ, байтбаракбозӣ мекунем.
— Майлаш, — гуфтам ман.
Ӯ як байт хонд ва ман ба ӯ ҷавоб додам ва ӯ ҷавоб дод ва боз ман ҷавоб додам ва ба ҳамин тариқа мо ноист тахминан 15 дақиқа байтбарак кардем. Баъд аз он ман суст шудам. Ҳарчанд байтҳои аз ёд кардаам ҳанӯз тамом нашуда буданд, байте, ки ҳарфи аввалаш ба ҳарфи охири тарафи муқобил як бошад, ба ёдам кам расидан гирифт.
Ҳарифи ман нисбати ман зудтар байтҳои даркориро ёфта мехонд. Ман ҳис мекардам, ки ӯ дар ин кор таҷрибаи кифояткунанда дорад, барои ҳар ҳарф байти бисёреро аз ёд медонад ва инчунин ӯ байтҳои хуби ба одам таъсиркунанда мехонд. Лекин аз оҳанги хонишаш маълум мешуд, ки ӯ маъниҳои бештарини он байтҳоро он қадар дуруст намедонад.
Ман аз ин камбудии ҳарифи худ фоида бурда фиребгариро ба кор бурдан гирифтам: калимаҳои баъзе байтҳоро, ки ҳарфи аввалиашон ба дарди ман мехӯрд, боло-пойин карда ба матлаб мувофиқ намуда мехондам, ё ин ки ба ҷойи калимаи аввалини баъзе байтҳо калимаҳои берунаро, ки ҳарфи аввалинашон ба ман даркор буд, меовардам. Албатта, бо ин кори ман маънии байт вайрон мешуд. Аммо ҳариф он вайрониро ҳис намекард.
Як вақт ҳариф як байт хонд, ки охираш ҳарфи «ж» буд. Ман дар умри худ ҳанӯз ба байте рост наёмада будам, ки аввалаш ҳарфи «ж» бошад. Танҳо ман ду калима медонистам, ки аввали онҳо ҳарфи «ж» буд: якум «жола», дуюм «жож -жожхойӣ». Ман кӯшиш мекардам, ки яке аз ин калимаҳоро ба сари байте ба ҷойи калимае монда хонам. Аммо ба зудӣ рост намеомад.
Ҳариф бошад:
-Тез бош, ё ҷавоб гӯй, ё шаҳратро деҳ! (мағлубиро ба гардан гир) — гӯён маро батар саросема мекард. Дар ин вақт ман бо илҳоми тангии аҳволам якбора:
Жожу можу жожу можу жожу мож,
Ин хама жож аст, сар то пой жож. — гуфта сар додам (агар ин байтро назм гуфтан мумкин бошад, аввалин назме, ки ман гуфтам, ҳамин аст).
Ҳариф «ҳарфи аввали ин байт» «ж» не, «ҷ» аст, — гӯён ҷанҷол сар кард. Ман бошам, бар болои «ж» будани ин ҳарф сахт истода будам ва яқин медонистам, ки ин ҳарф «ж» аст, на «ҷ». Аммо ман дарун-дарун механдидам. Зеро ин «байте», ки ман хонда будам, ҳеҷ маънӣ надошт ва бофтаи худам буд.
Хушбахтона, ҳариф ба ин нуқтаи сусти ман пай набурда буд…
Ба сари ҷанҷоли мо аз меҳмонхона як одами миёнсоли якчашма баромада омад, ки ӯ ҳам бухороӣ буда, аз хизматгорони Шарифҷон-махдум буд. Ӯ баъд аз қадаре ба ҷанҷоли мо гӯш андохта истодан:
— Аз Махдумҷон (Шарифҷон-махдум) пурсидан даркор аст, ки гапи кадоматон дуруст аст, — гуфт.
Ҳарифи ман байти мазкурро бо қалами қариндош бо хати худ ба коғазе навишта гирифт (хаташ хеле хуб буд) ва монанди касоне, ки дар ростии даъвои худ боварӣ доранд, мағрурона ба тарафи меҳмонхона рафта ба он ҷо даромад ва баъд аз ду дақиқа монанди мурғи дар об ғӯтида шалпар шуда, дар зери арақи хиҷолат монда аз меҳмонхона баромада омад ва ба ман дилгирона гуфт:
— Махдумҷон туро ҷеғ мезананд.
— Хуб, гапатон рост баромад ё не? — гӯён бо оҳанги касе, ки масъаларо ҳанӯз худ намедонад, ман аз ӯ пурсидам. Ӯ ба ин пурсиши ман ҷавоб надода такрор кард:
— Махдумҷон туро ҷеғ мезананд. Зудтар рав! Аммо ман нарафтам. Ман ба пеши як одами калонзодаи шаҳрӣ, ки ҳама ӯро ҳурмат мекунанд ва хизматгоронаш ҳам либоси озодаи шаҳрӣ доранд, бо либоси даридаи чиркини саҳроӣ чӣ гуна рафта метавонистам?!
Баъд аз ду дақиқа акаам аз меҳмонхона баромада маро ҷеғ зада:
— Шарм накун, биё, «амр муқаддам бар одоб аст», — гуфт. Ман рафта ба хона даромадам, дар пойгаҳ рост истода салом додам. Хона аз одам пур буд.
Бештарини онҳо одамони салласафеди муллонамо буданд ва баъзе мӯйсафедони деҳа ҳам дар он ҷо менамуданд. Дар пешгоҳи меҳмонхона як ҷавони сафедрӯйи хурмоимӯйи тахминан 25- сола менишаст. Маълум буд, ки он кас Шарифҷон- махдум аст.
Шарифҷон-махдум ба ман бо диққат нигоҳ карда аз, ман пурсид:
— Номат чист?
— Садриддин! — ҷавоб додам.
— Бисёр хуб. Бо Мирзо Абдулвоҳид ту байтбарак кардӣ?
Ман бо аломати «оре» сар ҷунбондам, аммо садо набаровардам.
— Гапи ту дуруст аст — «жож>> бо «ж» навишта мешавад, на бо «ҷ», — гуфт ва илова намуд: — Ту барои ба Бухоро рафта хондан хоҳиш надорӣ? Ман сар хам кардам, чизе нагуфтам. Аммо барои аз неъмати хондан маҳрум шуданам дилам вайрон шуд ва дар чашмонам об чарх зад.
Акаам ба гап даромад:
— Падару модарамон вафот карданд. Додарҳои хурд дорем. Танҳо ҳамин ба он бачагон саровонӣ мекунад. Барои хондани ин ҳамин аҳвол монеъ шуда истодааст, — гуфт.
— Ҳар чӣ бошад ҳам, — гуфт Шарифҷон-махдум, — инро хонондан даркор аст. Бачаи қобилиятнок менамояд. Маҳмаддонои моро (ишорат ба Мирзо Абдулвоҳид) дар байтбарак банд кардан кори осон набуд.
Домуллои кунҷакии акаам соҳиби хона Мулло Абдусалом ба гап ҳамроҳ шуда: .
— Ман ҳам кӯшиш мекунам, ки ин ба хондан равад, — гуфт ва ба ман нигоҳ карда илова намуд: — рав, самоворатро тез-тез ҷӯшонидан гир!
Ман аз меҳмонхона баромадам, дар ҳолате ки аз ин мусоҳиба аз ҳад зиёд хурсанд будам.
Хурсандии ман на аз он ҷиҳат буд, ки Шарифҷон-махдум бо «ж» навишта шудани «жож»-ро тасдиқ кард. Зеро агар ӯ тасдиқ накунад ҳам, ман ба хубӣ медонистам, ки ин калима бо «ж» навишта мешавад. Хурсандии ман аввалан аз он ҷиҳат буд, ки сирри сохтакории ман ба пеши ӯ кушода нашуд, ё ин ки агар ӯ фаҳмида бошад ҳам, изҳор карда маро ба пеши мардум шарманда накард, дуюм ва аз ҳад зиёд хурсанд шудани ман аз он ҷиҳат буд, ки ман дар натиҷаи ин мусоҳиба ҳамаи монеаҳоро пуштипо зада, дигарбора ҷазм кардам, ки ба ҳар душворие, ки бошад, Бухоро рафта хонам.
Баъд аз ду рӯз меҳмонон рафтанд ва ман ҳам дар пеши акаам ва домуллои ӯ масъалаи Бухоро рафта хонданамро ба тарзи қатъӣ мондам.
Охир қарор доданд, ки додарҳоро ба модаркалон супорем ва маро. акаам ҳамроҳи худ ба Бухоро барад. Ва Мулло Абдусалом гуфт:
— Зиндагии ин дар мадраса ба чӣ навъе, ки бошад, мегузарад, Худо подшоҳ аст. Модом, ки дар пеши як одами калон ваъда додем, инро Бухоро бурдан даркор аст (ин Шарифҷон-махдум, ҳамон Садри Зиё 50 аст, ки тазкираи манзума дорад ва ин Мирзо Абдулвоҳид ҳамон Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим 51аст, ки аз он рӯз сар карда то охири умраш ба ман дӯсти наздик буд ва дар моҳи марти соли 1934 дар Сталинобод бо бемории сармохӯрӣ вафот кард).
***
Аз рӯйи урфу одати онрӯза дар пеши мо як вазифаи муҳим истода буд, ки мо бояд пеш аз Бухоро рафтан он вазифаро адо мекардем. Ин вазифа — ба падару модар оши сол додан ва ду додари хурдсоламонро хатна кардан буд. Агар мо ин корҳоро намекардем, аз миёнаи ҷамъият беруншуда ҳисоб меёфтем. Аммо ин корҳоро кардан пули бисёре талаб мекард.
Мо ҳар ду бародарони калонсол ҳарчанд ба хам машварат кардем, сари каловаи ин корро намеёфтем.
Баъд аз фикру мулоҳизаи бисёре нохост ба хотирам расид, ки ҳавлии рӯйидаричаноки дар деҳаи Маҳаллаи Боло аз падар мондаамонро фурӯшем ва пулашро ба ин кор сарф кунем. Ман ба акаам гуфтам:
— Ин ҳавлӣ ба мо ҳеҷ даркорӣ надорад, мо баъд аз ин ҳеҷ гоҳ ба Маҳаллаи Боло омада нахоҳем нишаст. Ва ҳол он ки агар дар вақти зинда будани модаркалону бобоямон ин ҳавлиро нафурӯшем, аҷаб нест, ки Мулло Наврӯз барин як одами ҳаромхӯри иғвогар рӯзе вайро аз дасти мо муфт гирад (кирдорҳои бади Мулло Наврӯз дар романи «Ғуломон», ҳам дар мақолае, ки ба муносибати интихоботи Совети Олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соли 1947 навиштаам ва ин мақола дар рӯзномаҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар ҳамон вақт чоп шудааст, тасвир ёфтааст) 52.
Ин фикр ба акаам ҳам маъқул шуд. Мо фавран он ҳавлиро фурӯхта ба Соктаре рафта оши сол додем ва рӯзи дигар тӯйчае тартиб дода, додаронро хатна кардем.
Баъд аз ба пой хестани додарон ман гӯсфандонамро фурӯхта барои худам ва додарҳоям як қатор курта-лозимӣ ва либосҳои зимистонӣ гирифта дӯзондам. Аз пули гӯсфандон 5 танга (75 тин) зиёдатӣ кард, ки вайро барои эҳтиёт дар миёни худ маҳкам бастам. Аз тутмавиз ва ғӯлунг ҳам қисми бисёрашро барои бародарон ҷудо карда, камакакашро барои Бухоро нигоҳ доштам. Аз кӯрпа-болишҳо барои худ ва додарон ба қадри даркорӣ ҷудо карда гирифта, дигарашро бо табақҳои сафол ва деги ҷомашӯйӣ дар хона гузошта қуфл кардам. Аз падар як дегчаи мадрасагӣ ва як хумчаи равған монда буд, ки ӯ инҳоро дар вақти дар мадраса буданаш харида кор фармуда будааст, онҳоро ҳам барои худ ба мадраса бурданӣ шудам. Харро бошад, акаам фурӯхта гирифт, ки дар мадраса ба харҷҳои шарикиамон кор фармояд. Хайбарро, ки дар вақти шашмоҳагиаш аз тағоии чӯпонам гирифта будем, боз ба ӯ гардонда додам.
Ман додаронро бо ашёву асбобашон ба деҳаи Маҳаллаи Боло бурда мондам ва барои ба Бухоро рафтан тамоман тайёр шудам.

Эзоҳот

1 «Ёддоштҳо» — охирин асари калони нависанда аст, ки нотамом монда, фақат чор ҷилдаш навишта шудааст.
Қисми якуми он дар соли 1948 навишта шуда буд ва аввалин бор дар журнали «Шарқи Сурх», шумораҳои 8-9, 11-12 соли 1948 ва шумораҳои 1-4 соли 1949 чоп шудааст. Порчаҳои қисми дуюми асар дар ҳамон журнал соли 1949 (шумораҳои 7-8) дарҷ шудаанд. Ин ду қисм ба шакли китобҳои алоҳида дар соли 1949 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ табъ гардид. «Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои нависанда мебошад, ки қисми якум ва дуюми он ба бисёр забонҳои халқҳои СССР, инчунин дар чандин забони хориҷа тарҷима ва чоп шудааст.
Ду қисми аввал ба забони тоҷикӣ бори дуюм дар соли 1955 дар як ҷилд ва бо хати арабӣ дар соли 1958 дар ду ҷилд ба табъ расида буд. Нашриёти Давлатии Тоҷикистон ва Нашриёти «Советский писатель» (Москва) онро чандин бор ба забони русӣ хам нашр кардаанд.
Қисми сеюми «Ёддоштҳо» аввал дар журнали «Шарқи Сурх», соли 1949, № 11-12; соли 1950, № 2-5, 7-10 чоп шуда, дар соли 1950 ба шакли китоб нашр гардид. Қисми чорум дар журнали «Шарқи Сурх», соли 1953, № 1-2,4—5, соли 1954, № 6-9 чоп шуда, ба шакли китоби алоҳида ҳамагӣ 11 рӯз пеш аз вафоти нависанда ба чоп имзо шуда буд (ЗЛ/П-1954).
Қисми сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» боз дар соли 1955 дар як ҷилд табъ ёфт ва дар солҳои 1958-1959 чор китоби ин асар бо хати арабӣ ҳам баромад. Нашри пурраи «Ёддоштҳо»-ро ба забони русӣ дар соли 1960 ба унвони «Воспоминания» нашриёти Академияи Фанҳои СССР баровард, ки онро шарқшиносони маъруфи советӣ А. Розенфелд, А. А. Семёнов, Н. А. Кисляков ва А. Н. Болдирев тайёр кардаанд.
Тарҷимаи мухтасари чор қисми «Ёддоштҳо» ба забони русӣ бори охир бо унвони «Бухара» дар ҷилди сеюми чорҷилдаи асарҳои С. Айнӣ соли 1960 дар нашриёти «Известия» ба табъ расидааст.
«Ёддоштҳо» аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои нависанда мебошад, ки ба бисёр забонҳои СССР, инчунин дар чандин забони хориҷа чоп шудааст.
Дар вақти ба чоп тайёр кардани матни асар қайдҳои дар нашри якум кардаи муаллиф низ ба назар гирифта шуданд.
Матни асар бо дастнависи муаллиф татбиқ карда шуд ва порчаҳое, ки дар нашрҳои гузашта аз назар афтода монда будаанд, барқарор карда шуданд.
2 Замини милк — замини хусусӣ.
3 Замини амлок — замине, ки расман мулки хусусии амир ҳисоб меёфт. Деҳқононе, ки дар он ҷо истиқомат карда, он заминро киштукор мекарданд, ба «соҳиби» мулк андоз медоданд ва ба ҳамин роҳ аз тарафи амир истисмор карда мешуданд.
4 Арбоб — дар аморати Бухоро сардори расмии деҳ ва ё маҳалле.
5 Оқсақол — калон ва маслиҳатчии як кабила ё як маҳалла.
6 Вақф — маънои луғавии калима водоштан ва вогузоштанист. Яъне ягон мулкро ба фоидаи касе ё ҷамъияте вогузоштан аст. Дар замони пеш баъзе касон молу мулки худро ба сабаби набудани меросхӯронашон ба хонақоҳ, мадраса ё масҷидҳои калон вақф мекарданд. Даромадҳои чунин мулкҳои вақф мебоист ба фоидаи талабагон, камбағалон, ятимон ва дармондагон харҷ карда мешуд. Аммо дар амал даромади ин мулкҳо ба номи як тӯда аъёну ашрофи муфтхӯр мерафт.
7 Аз замини худ андоз надодани калонони деҳа дар боби сеюми қисми дуюми романи «Ғуломон» тасвир шудааст. Ниг. «Куллиёт», ҷ. 3, саҳ. 166.
8 Тасвири тагламаҷаллобии бойҳо дар аввалин қисми панҷуми романи «Ғуломон» омадааст. Ниг. «Куллиёт», ҷ. 3, саҳ. 425 — 428.
9 Ғӯзакашии деҳқонон ва муомилаи хоинонаи бой бо онҳо дар вақти баркаш асосан дар бобҳои IX-X ва ХП-и қисми якуми романи «Ғуломон» тасвир шудааст.
10 Сабзимадон — навдаҳои сабзи нав баргбаровардаи бед.
11 Чорбозоргард — савдогари чор бозор. Дар Бухорои амирӣ ва Туркистони собиқ дар хар шаҳр ва райони алоҳида як рӯзи муайян рӯзи бозор ҳисоб меёфт; масалан, дар Хатирчӣ рӯзи сешанбе бозор бошад, дар Ғиждувон чоршанбе, дар Самарқанд якшанбе, дар ҷойи дигаре панҷшанбе рӯзи бозор ҳисоб мешуд. Савдогаронеро, ки аз пайи фоида давида ба ҳамаи ин бозорҳо иштирок мекарданд, «чорбозоргард» меномиданд.
12 Хоҷагони хатчагӣ — шахсоне, ки хоҷа буданашонро гӯё аз рӯйи шаҷара ва ё ҳуҷҷати дигаре исбот мекардаанд.
13 Нависанда таъсири ин гуна афсонаҳои даҳшатангези Султонпошшо барин занонро дар очерки «Аҳмади девбанд» тасвир намудааст. Ниг. С. Айнӣ, «Асарҳои мунтахаб», Душанбе, 1949, саҳ. 70-71.
14 Хислатҳои ин саги зирак бо ҳамин номаш дар қисми якуми романи «Ғуломон» тасвир шудааст. Ниг. «Куллиёт», ҷ. 3, саҳ. 120-135. Ғайр аз ин, нависанда Хайбарро дар очерки «Аҳмади девбанд» низ ном гирифтааст. Ниг. С. Айнӣ, «Асарҳои мунтахаб», саҳ. 68.
15 Нақши ислимӣ — истилоҳи наққошӣ буда, нақшҳоеро мегӯянд, ки аз онҳо сурати гул ҳосил мешавад.
16 Нависанда Лутфулло-Гӯппонро дар қисмҳои чорум ва панҷуми очерки «Аҳмади девбанд» бо номи Ниёз-Гӯппон ёд кардааст.
17 Шуштагар — пештар шахсеро мегуфтанд, ки карбос ва ё дигар матои нав бофташударо бо зарби чӯб дар об мешуст ва суфта мекард.
18 Шитта кунонидан — дар ҳунари бофандагӣ замонҳои пеш дар даруни об бо зарби чӯб кор карда баромадани матои нав бофташударо мегуфтанд, ки дар натиҷа он матоъ хеле суфта ва рангаш кушода мешуд.
19 Испарак — гиёҳест зардранг, ки аз он ранги нахӯдӣ тайёр карда мешавад.
20 Ранги зайтунӣ — ранги бунафши баланди моил ба сиёҳӣ.
21 Пойкор (пайкор) — пешхизмати амину оқсақол буд, ки дар вақти даркорӣ дар ба дар гашта мардумро дар як ҷо ҷамъ мекард.
22 Тахтаварғ — тахтае, ки барои бастани оби ҷӯй ё рӯд кор фармуда мешавад ва он вазифаи банди доимии обро адо мекунад.
23 Ниг. Боби якуми қисми дуюми романи «Ғуломон» (сӯҳбати Эргаш бо саисҳо) ва бобҳои минбаъдаи ин қисм, — «Куллиёт», ҷ. 3, саҳ. 147-154.
24 Ин воқеа дар қисми панҷуми романи «Ғуломон» тасвир шудааст. Ниг. Боби дуюми қисми панҷум — «Куллиёт», ҷ. 3, саҳ. 435-437.
25 Хатиб — муллое, ки дар намози ҷумъа хутба мехонд, ё дар ҷамъомадҳо ваъз мегуфт.
26 Қутбия дар қисми панҷуми романи «Ғуломон», аз боби XI сар карда, то охири асар чун қаҳрамони манфӣ тасвир шудааст.
27 «Аввали илм» — китобест доир ба зарурияти динӣ, ки таҳсили илми олӣ дар Бухорои кӯҳна бо хондани ин китоб ва китоби «Бидон» дар назди домуллои кунҷакӣ сар мешуд. Ниг. Қисми дуюми «Ёддоштҳо», боби «Программаи дарсҳои мадрасаҳои Бухоро ва мударрисон», ҳамин ҷилди «Куллиёт».
28 Ҳисоби абҷад -дар алифбои арабӣ хар як ҳарф қимати ададӣ дошт, чунончи: алиф-1, бе -2, ҷим (ҷ) — 3, лом (л) -30 ва ҳоказо. Ба ҳисоби абҷад, яъне қимати ададии ҳарфҳоро ба назар гирифта, ба хар маврид таърих гуфтан дар назми тооктябрии тоҷик хеле маъмул буд.
29 Шархи абҷадомӯзии нависанда дар охири ҳикояи «Мактаби кӯҳна» омадааст. Ниг. С. Айнӣ, «Асарҳои мунтахаб», саҳ. 40 — 45.
30 Қаламқат(ъ) — пештар як пора устухони суфта кардашудаи махсусеро мегуфтанд, ки дар болои он нӯги найқаламро қатъ карда, яъне бурида тез менамуданд.
31 Лос — торҳои абрешимини хом, ки ба даруни сиёҳидон андохта мемонданд, то ки найқалам ба миқдори муайян сиёҳӣ гираду ба рӯйи коғаз начаконад.
32 Ҷалӣ — аслан ба маънои равшан ва ошкор аст; аммо дар истилоҳи хатнависии алифбои арабӣ бо ҳарфҳои калон-калон навиштанро мегуфтанд.
33 Бунак — музди пешакӣ (аванс), ки устокор (соҳиби корхона) ба ҳунармандон медод ва онҳоро қарздор карда, ба доми худ мегирифт. Қоидаи бунак зоҳиран гӯё аломати раҳмдилӣ ва ғамхории устокор дар ҳаққи пешаварон бошад ҳам, моҳиятан ба як олати истисмори бераҳмонаи онҳо табдил ёфта буд. Ниг. Қисми сеюми «Ёддоштҳо», боби «Ҷамъияти пешаварон дар Бухорои амирӣ».
34 Ин воқеа дар боби панҷуми очерки «Аҳмади девбанд» аз забони Ниёз-Гӯппон накл шудааст. Ниг. С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб, саҳ. 51-56.
35 Ин мисраи зарбулмасалшуда аз як ғазали Ҳофиз аст.
36 Маъсият — гуноҳ; даллоли маъсият — таърифу тавсифкунандаи кирдори бад, ба гуноҳ далолаткунанда.
37 Абдулахад — аз амирони Манғитияи Бухоро буда, дар солҳои 1885-1910 аморат дошт.
38 Гулдаста — манораҳои ду тарафи мадраса.
39 Миёнасарой — роҳрави васеи болопӯшидаи мадраса ва саройҳои калон (Аз шарҳи муаллиф дар «Ҷаллодони Бухоро», «Куллиёт», ҷ. 1, саҳ. 138).
40 Палтарсавор (палтаркаш) — дар замони пеш навкари савориеро мегуфтанд, ки ба як асп чизҳои хӯҷаинашро бор карда аз паси аспи ӯ меронд.
41 Сесабза шудан — ба тозагӣ барг баровардани шохи дарахт ё гул.
42 Кашша (кашшук) — як навъ сабади хасине, ки ба мисли хӯрҷин ба болои хар гузошта бо он пору ва хок мекашонданд.
43 Савдогари қалъачӣ — савдогари калон, ки то ба қалъаҳои дури Россия, Қазоқистон, Тотористон ва Бошқирдистон мол бурда мол меовард.
44 Канда шудан — қабл аз тамоман сиҳат ёфтан, дар натиҷаи ягон таъсир, масалан, кор карда ё роҳ рафта монда шудан, аз сари нав бад гаштани вазъияти бемор.
45 Илики линги лавандон — устухони калони мағздори гӯсфанд ва гов.
46 Ниг. С. Айнӣ «Колхози Коммунизм», нашри с. 1935, саҳ. 3-6.
47 Ин воқеаҳо дар қисми сеюми романи «Ғуломон» тасвир шудаанд («Куллиёт», ҷ. 3,саҳ. 141-191).
48 Алобулут — абри пора-пора, ки дар рӯзҳои гарми охири баҳор пайдошуда бо ҳаракати худ дам ба дам рӯйи офтобро мепӯшонаду мекушояд, ки дар натиҷаи ин ҳарорати тези офтоб киштҳоро «месӯзонад» — ба пуч шудани дон сабаб мешавад.
49 Танхоҳ — қитъаи замине, ки амир ба сипоҳиён ва амалдорони калон медод. Баъзан ҳатто қишлоқе ба тариқи танхоҳ дода мешуд. Танхоҳдор калони ҳосили ин заминҳоро мегирифт, дурусттараш, чунонки С. Айнӣ қайд кардааст, «деҳқони корбаранда ба қути лоямут ё соҳиб мешуд ё не, аммо танхоҳдор тамоми ҳосилро мебурд» (Аз шарҳи муаллиф дар «Одина», «Куллиёт», ҷ. 1, саҳ. 248).
50 Шарифҷон-махдуми Садри Зиё (1866 -1932) — аз зиёиёни равшанфикр ва адибони тараққихоҳи ибтидои асри XX буда, яке аз пайравон ва шогирдони Аҳмад-махдуми Дониш мебошад. Тазкираи манзумаи ӯ, ки С. Айнӣ дар ин ҷо ёдоварӣ кардааст, «Тазкори ашъор» ном дорад. Маҷмӯаи асарҳои «Латоиф» ва «Наводири Зиёия» ном дошта, аз ҷумла асарҳои «Латоиф» ва «Тазкират-ул-ҳукамо»-ро дар бар мегирад, ки аз қабили ҳикояҳои воқеии ҳаҷвӣ мебошад. Шарҳи аҳволи Шарифҷон-махдум дар қисмҳои сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» хеле батафсил хоҳад омад.
51 Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим ( 1877-1934) — яке аз ҳамсафони С. Айнӣ ва аз шоиронест, ки дар адабиёти советии тоҷик низ хизмат кардаанд. Зикри ӯ низ дар қисмҳои сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» борҳо хоҳад омад.
52 Образи Мулло. Наврӯз дар қисми дуюми романи «Ғуломон» тасвир шудааст. Мақолае, ки дар он ҳам кирдорҳои ин шахс баён ёфтааст, бо сарлавҳаи «Интихобот ва ҷавонон» дар газетаи «Тоҷикистони Сурх» 11 феврали соли 1947 ва бо номи «Ӯзбекистон ССР Олий Советига сайлов ва ёшлар» дар газетаи «Ленин йӯли» (Самарқанд) 26 январи соли 1947 чоп шуда буд.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.