Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 1-4


Сайри Дарвешобод

Тирамоҳ шуд, вақти сайри Дарвешобод расид. Дар ҳафтаи якум ба сайр рафтан падарам розӣ нашуд:
— Ҳафтаи нахустинро одатан бачадавак мегӯянд, дар вай тамошои дуруст ҳеҷ намешавад. Ҳафтаи дуюм мефиристонам, — гуфт.
Дар ҳафтаи дуюм писари амаки падарам Иброҳимхоҷа ба Дарвешобод рафтагор шуд.
Падарам ба дасти ӯ се танга дода ба ӯ фармуд, ки маро ҳамроҳ барад ва ҷияни худаш — Ҳомидхоҷаро хам гирад, ки ҳар дуи мо бо ҳам бозикунон тамошо кунем ва инчунин ба ӯ таъин кард, ки дар Ғиждувон дар ҳавлии падарарӯси тағоиям — устои косагар манзил кунем.
Сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рӯзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рӯзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард. Мо пагоҳонии сешанбе аз хона баромада Ғиждувон рафта ба хонаи устои косагар фуромадем. Ҳавлӣ аз одам пур буд. Он одамон меҳмонон набуда, коргарони устохонаҳои косагарӣ буданд. Ҳамаи онҳо бо ҷӯшу хурӯш тарф тайёр мекарданд, баъзеи онҳо кулӯх метарошиданд, баъзеашон дору мекӯфтанд, баъзеи дигарашон доруро бо чӯянпораҳои бехта меомехтанд ва баъзеашон тарф ҷой мекарданд.
Тарф зарфе буд монанди офтобаи чӯянӣ, лекин даста ва нӯл надошт, инчунин тарафи зеринаш ҳам сӯрох дошт. Тарфҷойкунандагон сӯрохи зерини вайро аз дарун бо кулӯх банд карда, аз болои кулӯх дору рехта бо чӯбе ӯғурчадастамонанд зада зер мекарданд, дору иборат аз борут — доруи милтиқ буд, ки барои гулрез кардани оташи он дар вай резаҳои ҳар гуна фулузот — металл ва аз ин ҷумла чӯянрезаҳо омехта буданд.
Раҳбари саёҳати мо Иброҳимхоҷа баъд аз қадре тамошо карда истодани ҳунари тарфҷойкунӣ ва дорусозӣ аз онҳо пурсид:
— Дар ин кор чӣ қадар маблағ сарф мешавад?
— Дар ҳар тарф тахминан даҳ танга! — яке аз онҳо ҷавоб дод.
— Ин харҷро кӣ медиҳад? — Иброҳимхоҷа боз пурсид.
— Мо коркунони косагар ва мо барин коркунони косагархонаҳои чӯянрезӣ ва дигар корхонаҳо.
— Аз ин кор ба шумоён чӣ фоида?
— Агар мо ба ҳарифони худ, ки вобкандиҳо мебошанд, дар тарфбозӣ ғолиб бароем, барои мо давлати бузург хоҳад буд. Аз ин беҳтар дар дунё боз чӣ фоида ҳаст? Дар рӯйи суффа бар болои кӯрпача мизбони мо — соҳиби ҳавлӣ, устои косагар чорзону зада менишаст. Ӯ ба тарафи Иброҳимхоҷа чашмак зада, бо табассуми истеҳзокорона ба гап ҳамроҳ шуд:
— Инҳо ва умуман коркунони корхонаҳоро «девонабача» меноманд. Инҳо на парвои зану фарзанд доранд, на ғами хӯроку пӯшок. Дилхушии ягонаи инҳо соле ду бор дар сайри Дарвешобод ва дар бозори шаби моҳи рамазон тарфбозӣ кардан аст.
Инҳо ҷавонони хушбахти хушвақт мебошанд. Ман ҳам орзу доштам, ки дар қатори инҳо буда, зиндагонии худро бо хушӣ ва хуррамӣ гузаронам. Ҳайфо, ки ашғоли дунё, вобастагии зану фарзанд ва ташвиши зиндагӣ маро аз ин кори беғамона маҳрум кардаанд.
Иброҳимхоҷа мехост ба ӯ гап зада ба ин фикри вай муқобил барояд.
Аммо усто ба ин кор роҳ надод ва ба ӯ маънидорона чашмак зада, сухани худро давом дод:
— Ҳарчанд худам аз ин бозӣ маҳрум бошам ҳам, бо роҳи ба инҳо ёрӣ додан орзуи дили худро мешиканам.
— А? — гуфт Иброҳимхоҷа тааҷҷубкунон, — шумо ба ин кор аз ҷайби худ пул ҳам медиҳед?
Усто як бори дигар ба ӯ чашмак зада ҷавоб дод:
— Аз ҷайби худ додагӣ барин як кор мекунам-дия — музди кори яксолаи бештарини инҳо ба тарфбозиашон, ки соле ду бор мешавад, намерасад. Бинобар ин ман, вақте ки инҳо барои бозӣ ба пул мӯҳтоҷ шаванд, аз болои кори ояндаашон пешакӣ ба тариқи бунак 33 пул медиҳам. Ана ҳамин барои касе, ки дар дасташ пул нест ва мӯҳтоҷ аст, ёрмандии калон мешавад.
Усто баъд аз қадаре хомӯш монда коркунонро аз назар гузаронидан боз сухани худро давом дода илова кард:
— Шумо гумон накунед, ки фоидаи бунак барои коркунон танҳо ҳамин аст, ки онҳо бо ин тарфбозии худро давом медиҳанд. Ин тавр нест. Ин як фоидаи дилхушкунии бунак аст. Фоидаи асосии бунак дар ин аст, ки коркунон ба ин восита ба як корхона баста мешаванд, «дарахт дар як ҷо сабз мешавад» гуфтаанд ва рӯз ба рӯз ҳунар ва малакаашон зиёд мешавад. Агар худо бахташонро кушояд, худашон ҳам бо ҳунари худ соҳибкор шуданашон мумкин аст. Чунончи, ман ҳам дар ҷавонии худ шогирдӣ ва халфагӣ мекардам. Агар ҳамин бунак дар миён набошад, инҳо бо тақозои «девонабачагии худ» ба як танга музди барзиёд фирефта шуда, ҳар рӯз аз корхонае ба корхонае мегузаранд. Дар натиҷаи дарбадарӣ аз баланд кардани дараҷаи ҳунармандии худ бозмемонанд ва ба болои ин, дили соҳибкорон аз инҳо сард шуда, ба корхонае роҳ намеёбанд.
Оқибат сарсаригард, қиморбоз, ё ин ки дузд шуда мераванд.
Дили ман аз пургӯйии мизбонамон танг шуд ва аз Иброҳимхоҷа хоҳиш кардам, ки моро зудтар ба сайргоҳ барад.
* * *
Мо ба сайргоҳ рафтем. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарафи Бухоро мерафт. Ин роҳ аз даҳанаи бозор то мадрасаи Чӯбини Ғиждувон, монанди як хиёбон, васеъ ва рост мерафт. Фақат ду тарафи роҳ бедарахт буд. Дар тарафи ғарбии ин роҳ 10 гектар барин замини чоркунҷа буд, ки сайргоҳ дар он ҷо барпо шуда буд. Ин қитъа ба палҳои яктанобӣ, нимтанобии киштзор чудо шуда бошад ҳам, соҳибони он замин дар аввалҳои моҳи сентябр киштҳои худро ғундошта гирифта барои сайргоҳ муҳайё карда будаанд ва бо пули иҷорае, ки аз дӯкондорони сайр мегирифтанд, зарари кишти барвақт ғундоштаи худро дучанд карда мебаровардаанд.
Ин қитъа сар то сар аз шимол ба ҷануб ба растаҳо ҷудо карда шуда буд. Дар ду тарафи он растаҳо бо бӯрё ва ходачаҳо каппамонанд дӯкончаҳо сохта буданд, ки баъзеи он дӯконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо буданд. Мо сар то сари ин растаҳоро сайр карда баромадем. Аммо ба фикри ман чунон расид, ки ин ҷо ғайр аз бозори оддии деҳотӣ дигар чизе нест ва ман ҳайрон будам, ки мардум дар ин ҷо чӣ чизро тамошо мекарда бошанд. Агар ҷойи тамошо ҳамон чойхонаҳо ва ошхонаҳо бошанд, беҳтарини инҳо ва озодтаринашон дар растаҳои худи Ғиждувон ёфт мешаванд, ки ҳар рӯз кушода буданд, ҳатто чойхонаи бозорчаи Сари Пули Эшон, ки ба ҳавлии мо наздик буд, аз ин чойхонаҳо хубтар, хушнамотар ва ба сабаби пешаш сарҳавздор ва дарахтзор будан аз инҳо хушҳавотар буд.
Ман аз ин ҳол дилтанг шуда, ба Иброҳимхоҷа гуфтам:
— Охир, моро ба ягон ҷойи тамошо карданӣ баред!
— Бисёр хуб, — гӯён ӯ моро дар охири ҳамин қитъа, берун аз растаҳои бӯрёпеч, ба зери деворе бурд, ки он девор ин қитъаро аз роҳи калони мадрасаи Чӯбин ва пули баланди ҷӯйи Хоҷа Ҳомонӣ ҷудо мекард. Дар зери ин девор ҳар ҷо-ҳар ҷо мардум давра гирифта рост истода буданд. Роҳбари мо моро ба ҳар кадоми он давраҳо бурда ягон — ягон нишон дод. Дар баъзеи он давраҳо ғирғиракбозӣ, дар баъзешон тасмабозӣ, дар дигарашон қартабозӣ ва монанди инҳо буд, ки ҳамаи онҳо қиморбозӣ буда, камшууртарини одамон атрофи онҳоро фаро гирифта бахтозмойӣ мекарданд ва маблағи ночизеро, ки бояд бо сад душворӣ барои харҷи сайр захира карда бошанд, дар он ҷо бой медоданд.
— Ин ҷо ҳеҷ ҷойи тамошо нест, — гуфтам ба роҳбари худ бо оҳанги қадаре норозиёна ва хашмгинона.
— Ту монанди падарат як бачаи ҳам дилтанг ва ҳам душворписанд будаӣ, -гуфт Иброҳимхоҷа оташин шуда ва баъд аз дақиқае қадаре нарм гардида сухани худро давом кунонид:
— Хуб, биёетон, шуморо ба беҳтарин ҷойи ин сайргоҳ барам.
Ӯ моро боз як бори дигар аз он растаҳои бӯрёӣ гузаронида, ба гӯшаи ғарби шимолии он сайргоҳ бурд. Дар он ҷо як сарҳавз буд, ки дар тарафи шимолии вай дӯконҳои нонфурӯшӣ, ҳалвогарӣ ва мевафурӯшӣ ҷой гирифта буданд. Нонвоҳо нардбонҳои калони тахтагиро ба дарахтони сарҳавз такя кунонда монда, бар рӯйи пояҳои онҳо кулчаҳои калони ширмоли дубезаи Ғиждувонро назаррабо карда чида буданд. Ҳалвогарҳо ҳам қуттиҳои пурҳалворо аз нишеб ба фароз пасу пеш чида, рӯйи ҳалвоҳошонро бо коғазҳои зарҳал зеб дода буданд, ки хеле иштиҳоовар менамуданд. Ба тарафи шимолии роҳи пеши сарҳавз талчае буд, ки ба болои вай мазори Хоҷа Дарвеш, ки ин сайр ҳар сол ба шарафи вай барпо мегардид, бино ёфта буд ва дар суффаи тарафи шарқии сарҳавз як чойхонаи болокушода барпо шуда буд.
Ман дар ин ҷо ҳам як чизи қобили тамошое надидам. Дуруст аст, ки кулчаҳои ширмол ва ҳалвоҳои зарҳалпеч хеле дилкаш менамуданд. Аммо агар пул бошад, ба қадри даркорӣ аз инҳо харида бурда дар хона хӯрдан ҳам мумкин буд, барои ин ба сайргоҳ омадан, ҳатто сайр ташкил кардан ҳам лозим набуд. Лекин ман ин фикри худро ба роҳбар, ки навакак маро ба «дилтангӣ ва душворписандӣ» айбдор карда сарзаниш намуда буд, нагуфтам.
Аммо шояд ӯ ба ин фикри ман аз ваҷоҳатам пай бурда бошад:
— Асли сайр шабона барпо мешавад, ҳоло мардум фақат гардиш карда хӯрок мехӯранд ва чой менӯшанд, — гуфт ва илова намуд: — мо ҳам чизе харида хӯрда ба манзил равем, шабона боз меоем.
Раҳбар ба 8 пул ду кулчаи ширмоли хурд, ба ним танга ҳалвои равғании зарҳалпеч харида, моро ба чойхонаи сарҳавз бурд. Мо дар он ҷо чой фармуда, ба хӯрокхӯрӣ даромадем. Дар поёни суффа ба майдончае маддоҳе маърака гирифта ба мардум аз фазоили Хоҷа Дарвеш гап мезад. Назар ба қавли маддоҳ, Хоҷа Дарвеш одами қашшоқ будааст, бо ҳамаи ин худ гурусна гардад ҳам, хар чизе, ки дар дасташ афтад, ба маддоҳон ва гадоён садақа мекардааст. Ҳатто дар зимистон дар як рӯзи пурбарфу борон бо як қат ҷома ба кӯча баромадааст. Дар кӯча ба маъракаи маддоҳе рост омадааст, ки ӯ ҷома талаб мекардааст. Хоҷа Дарвеш ҷомаи худро ба он маддоҳ дода, худ дар он сармои сахт бо тани ба курта ба хонақоҳи худ рафтааст.
Маддоҳ дар паси ин «ҳикоя» — и худ аз мардум аввал ҷома, баъд аз он танга ва аз хама охир пули сиёҳ талаб кард. Ҳама як чиз-як чиз доданд. Дар қатори мардум Иброҳимхоҷа хам ба маддоҳ як танга дод. Ман аз ин кори ӯ дар ҳайрат афтодам, зеро падарам мегуфт, ки «Иброҳимхоҷа бо садақаи мардум зиндагонӣ мекунад», бинобар ин аз ӯ пурсидам:
— Шумо чаро ба маддоҳ пул додед? Ӯ ба ман нигоҳи табассумомези маънидоре карда гуфт:
— Магар дар дили ту гузашт, ки ин пулро ба маддоҳ аз се тангае, ки падарат ба ман барои харҷи сайри ту дода буд, додам? Ин тавр нест. Ман ин пулро аз кисаи худ додам.
Бо ин эзоҳи Иброҳимхоҷа шубҳа ва ҳайрати ман дар бораи «ҷавонмардӣ» ва «сахигии» ӯ ҳанӯз бартараф нашуда буд ва ҳоло ҳам ба ӯ бо назари суол ва тааҷҷуб нигоҳ карда меистодам. Магар ӯ аз ин кайфияти ман пай бурд, ки ба эзоҳи аввалиаш илова карда гуфт:
— Мардумро ба кори хайр ва садақадиҳӣ ёд додан даркор аст, ба маддоҳ пул додани ман, ки ба сарам саллаи сафед ҳаст, ба мардум ибрат ва намуна мешавад ва «агар ба маддоҳ садақа додан лозим намебуд, ин кас, ки мулло, эшон ва садақахӯр ҳастанд, ба ӯ пул намедоданд» мегӯянд ва ба қадри тавонистанашон ба ин кори хайр ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ҷанубии маркази Ғиждувон ва наздик ба он деҳае буд, ки вайро Паҳмӯза (Паҳнмӯза) меномиданд. Бештарини калонсолони он деҳа маддоҳ ва хурдсолҳошон «маддоҳбача» буданд. Маддоҳон, чунонки мисолаш дар боло нишон дода шуд, дар бозорҳо ва сайргоҳҳо маърака гирифта, ҳикояти оид ба хурофоти динӣ карда садақа металабиданд, маддоҳбачагон дар чойхонаҳо ба давраи чойнӯшон нишаста сурудхонӣ карда пул меғундоштанд.
Баъд аз тамом шудани маъракаи маддоҳӣ ду маддоҳбача бо як пешхон дар он чойхона пайдо шуданд. Маддоҳбачагон тахминан 16-17-сола буда, пешхонашон 25-26-сола менамуд. Инҳо ба ҳар давраи чойнӯшон, ки меомаданд, бачагон дар давра менишастанд, пешхон рост истода ягон суруде сар мекард, бачагон ба ӯ ҳамовоз мешуданд. Аммо на бачагон ва на пешхон он сурудро пурра намехонданд ва ба охир намерасонданд: ҳамин ки пешхон сар кард ва бачагон сурудро аз даҳони ӯ гирифта суруданд, пешхон ба талаб медаромад. Талаби ӯ ҳам як дараҷа дағалона буд, масалан, мегуфт: «Канӣ кисая ковед! Сурфа кунед! Инъоматон бояд мувофиқи бурутатон бошад. Уй ҷавони тӯтибурут! Чаро натақатон намебарояд?… Ва монанди инҳо.
Баъд аз он ки чойнӯшон аз шарм, ё бо далолати якдигар, ё ин ки аз «шалҳагии» пешхон ба ҷон омада як чиз-ним чиз доданд, пешхон мегуфт: «Эй дастпарвардагони хоҷаи ҷаҳон Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ! Ман аз Бухоро бо нияти хайре ба шумо меҳмон шуда омадам. Ман мехоҳам имсол ба ҳаҷ равам. Маро «Ҷӯраҷулак» меноманд, ки дар гузари Маддоҳони Бухоро зиндагонӣ мекунам. То ҳол шумо ба ман ҳар чизе, ки додед, барои хотири ин ҷавони хушовоз буд ва он чизҳо ҳаққи онҳост. Акнун ман барои худо, барои харҷи роҳи Маккаи муборак — барои худ металабам. Баъд аз мавсими ҳаҷ кадоме аз шумоён, ки барои кори худ ба Бухоро равад, як сари қадам ба гузари Маддоҳон рафта пурсад, ки ман ба ҳаҷ рафтаам ё не, агар касе гӯяд, ки «Ҷӯраҷулак ҳаҷ нарафтааст», ҳар кадом аз шумо, ки дар ин ҷо ба ман як танга додааст, аз ман даҳ танга карда гирад».
Албатта, мардум ба пешхон боз як чиз-як чиз доданд.
Ба ман сурудхонии маддоҳбачагон хеле хуш омада буд. Ҳақиқатан ҳам онҳо хушовоз ва хушхон буданд. Ҳайфо, ки пешхони ноинсоф ба дурусттар хондани онҳо роҳ намедод, бо талаби пай дар пай ва пулғундорӣ ҳамаро ба ҷон мерасонд.
Мо бегоҳӣ ба манзил рафтем, дар он ҷо тарфҳои дору ҷойкардаро монанди офтобаҳои кулолгарӣ болои ҳам чида монда буданд. Баъд аз як-ду соат дар он ҷо ёзидан, боз ба сайргоҳ омадем. Дар чойхонаҳо ва дӯконҳо шамъҳои калон месӯхт, дар майдонҳо ӯғурҳоро пури равған карда дар вай латтакӯҳна гузошта даргиронда буданд, ки машъалвор атрофро равшан мекард. Мо чароғони сайргохро гардиш карда баромадем.
Иброҳимхоҷа ба мо як шадда мушаки коғазӣ харида дод. Дар ин вақт дар миёни мардум «тарфбозӣ сар мешавад» гӯён ҳаяҷон ва ғулғула пайдо шуд. Иброҳимхоҷа моро ба болои талча баровард. Ба болои тал ғайр аз мазори Хоҷа Дарвеш боз як хоначаи дигар буд, ки дар қатори иморати мазор бино ёфта буд. Дар байни мазор ва хонача як дарахти тут буд. Аз тарқиши дари хонача партави заифи чароғи хирасӯзе берун меафтод.
Иброҳимхоҷа моро дар пеши он хонача — дар ҷое, ки аз он ҷо сарҳавз ва дӯконҳои нонворӣ, ҳалвогарӣ ва мевафурӯшӣ менамуданд, шинонда:
— Тарфбозӣ дар атрофи ҳамин сарҳавз сар мешавад. Дар он ҷо будани шумоён хавфнок ва дар вақти тарфбозӣ тарсиданатон, ё ин ки дар зери пойи мардум монда пахш шуданатон мумкин аст. Дар ин ҷо беозор ва бетарсу бим тарфбозиро ба хубӣ тамошо мекунед, — гуфт ва аз кисааш як қуттӣ гӯгирд бароварда ба ҷияни худ Ҳомидхоҷа дода илова намуд:
— Агар то сар шудани тарфбозӣ дилатон тангӣ кунад, гоҳо аз мушак як донаашро даргиронда бозӣ карда шинетон,
Иброҳимхоҷа рафт. Ҳомидхоҷа гӯгирд зада яке аз мушакҳоро даргиронд. Ҳамин ки овози қарсоси мушак баромад, аз хона ҳам овози ҷонкоҳи: «вой мурдам!» гуфтани чанд кас якбора баланд шуд ва дари хона кушода шуда аз он ҷо чанд кас берун омад. Мо тарсида гурехтем.
Ман худро ба даруни бинои мазор гирифта пинҳон шудам. Ҳомидхоҷа, ки ба тарафи дигар гурехта буд, ба даст афтод. Аз хона баромадагон ӯро гӯшкашак карда, ду-се торсакӣ ба рӯяш заданд ва баъд аз тавба додани Ҳомидхоҷа аз мушакпарронӣ, худашон боз ба хона даромада дарро бастанд.
Ман оҳиста аз мазор баромада пеши Ҳомидхоҷа омадам. Ӯ ҳанӯз гиря мекард ва маро дида аз шарм бояд бошад, хомӯш гардид ва ба ман:
— Биё, бинем, ки дар ин хонача киҳоянд ва чӣ кор мекунанд. — гуфт. Мо пеши хонача рафта аз тарқиши дар пойидем. Дар он ҷо 3-4 каси рангканда нишаста буданд, дар пеши ҳар кадоми онҳо бар рӯйи рӯймолчаи чиркине қандалот, мавиз ва ҳалво барин чизҳои ширин буд. Дар як тараф яке аз онҳо чизеро дар косае фишор медод. Ҳамаи инҳо сари худро хам карда ва чашмонашонро пӯшонда менишастанд, касе ҳам, ки дар коса чизеро фишор медод, сархам ва чашмпӯшида буд. Баъзе аз инҳо, бе он ки сарашро бардорад, ё чашмашро кушояд, магасвор садои ғинг-ғинги заифе мебаровард. Дигаре аз онҳо дар ҳамон вазъият ва бо ҳамон садои «ғинг-ғинг» ӯро ҷавоб медод.
Маълум буд, ки инҳо бо хам хомӯшона сӯҳбат доранд. Аммо чӣ гуфтанашон он тараф истад, садоҳошон хам равшан шунида намешуд.
Ҳомидхоҷа, бе он ки овоз барорад, аз дасти ман гирифта ишорат кард, ки ба ҷойи худ биравем.
Чун ба ҷойи худ рафта нишастем, ӯ ба ман:
— Инҳо кӯкнорӣ будаанд, он чизе, ки дар коса салоя мекунанд (молиш медиҳанд), ғӯзаи кӯкнор аст, ки вайро пахш карда обашро нӯшида кайф мекунанд, — гуфт.
— Ту аз куҷо медонӣ, ки инҳо кӯкнорӣ ва он чиз кӯкнор аст? — ман аз ӯ пурсидам.
— Ман медонам, ман дар Ғиштӣ ҳамроҳи тағоиям кӯкнорхонаро дидаам. Тағоиям яке аз онҳоро, ки бемор шуда будааст, барои хондан рафта буд, — гуфт ва илова кард: — инҳо аз овози баланд метарсанд. Ту тамошо кун, ки ман аз инҳо чӣ навъ ниқори худро мегирам.
Ҳомидхоҷа шаддаи мушакро дар бағал карда рафта ба дарахти тут баромад ва ба нӯги як шохи баланди вай шаддаро овехт. Баъд аз он аз кисааш гӯгирд бароварда нӯги ресмони шаддаи мушакро оташ дод ва худ зуд фуромад ва маро ишора кард, ки ҳар ду аз кӯкнорхона дуртар рафта пинҳон шуда нишастем.
Баъд аз дақиқае оташи ресмон ба мушак расид ва садои қарсоси вай баромад. Боз кӯкнориҳо монанди аввала фарёдкунон берун давиданд ва ҳарчанд ҳар тарафро кофтанд, аз мушакпаррон асаре наёфта ҳақораткунон ба хона даромада дарро бастанд. Баъд аз рафтани кӯкнориён Ҳомидхоҷа:
— Гӯри модари инҳоро нишон додам, — гӯён аз шодӣ қийғос мезад.
Мушакҳои коғазӣ ба ришта чунон гузаронида шуда буданд, ки дар байни ҳар ду мушак ба қадри як банди ангушт ресмон холӣ меистод. Баъд аз таркидани мушаки якум, ришта кам- кам сӯхта ба мушаки дуюм расид. Боз ҳамон қарсос, боз ҳамон фарёди ҷонкоҳ ва давида баромадани кӯкнориён ва боз ҳамон қийғоси шодиёнаи Ҳомидхоҷа такрор ёфт. Дар таркидани мушаки сеюм боз ҳамон ҳолат рӯй дод . Ман ба Ҳомидхоҷа гуфтам:
— Агар ҳамин воқеа рӯй намедод, ман аз сайри Дарвешобод чизеро тамошо накарда мерафтам. Акнун метавонам гӯям, ки «дар сайр тамошое кардам…»
Дар ҳамин вақт мушаки чорум таркид ва мо ба тамошои фарёд ва давида баромадани кӯкнориҳо машғул будем, ки аз қафои мо садои ҷонкоҳи дигаре баромада фашшосзанон давом намуд ва тамоми давру пеш равшан шуда рафт. Мо ба паси худ ба тарафи сарҳавз нигоҳ кардем. Дар он тараф тарфбозӣ сар шуда буд; дар роҳи танги пеши сарҳавз гурӯҳи одамон чунон зич истода буданд, ки бо таъбири мардуми ҳамон вақт «агар сӯзан партоед, ба замин намеалтид», даруни дӯконҳо, болои бомҳои тарафи ғарбии сарҳавз низ аз одам пур буд. Дар ду тарафи гурӯҳи мардум ду ҷавони барҷастақомате буд, ки дастонашон то оринҷ кушода, дар дасти рости ҳар кадоми инҳо як тарф буд. Тарф монанди аждаҳое, ки дар афсонаҳо нақл мекунанд. беист фашшоси даҳшатангез мезад ва монанди ҳамон аждаҳои афсонавӣ аз даҳони худ оташ мебаровард. Забонаи оташи тарф монанди оби фонтан — фаввораҳои пурзӯр ба тарафи ҳаво росг мерафт ва бар қуллаи худ хиргоҳе ба вуҷуд оварда, дар гирдогирди худ шарорапошӣ мекард.
Вақте ки ин ду ҷавон рӯ ба рӯйи ҳам ба якдигар наздик шуданд, оташи тарфи инҳо суст шудан гирифт ва аз ду каноре, ки ҳар дуи ин ду ҷавон омада буданд, дунафарӣ — чор нафари дигар дутарфӣ — чор тарфро оташ дода рӯ ба рӯйи ҳам омадан гирифтанд. Яке аз ин ҷавонҳо хеле хурдсол буд ва монанди раққосони давраи базм, тарф дар даст, паррик барин чарх мезад. Аз хар тараф овоз баромад: «Намур, Абдулло, шо бош! Ҳақиқатан ту сафдар ҳастӣ!…»
Ман дар рӯшноии оташи тарф рӯйи ин ҷавони хурдсолро дида ба чашмонам бовар накардам: ин Абдулло ҳамон бачае буд, ки дар мактаби духтарона ҳамроҳи ман мехонд ва падари ӯ Ботурбойи рангрез ӯро аз Ғиждувон ба Соктаре бурда монда буд, ки бадахлоқ нашавад. Аммо, ӯ баъд аз он ки аз Соктаре ба Ғиждувон омадааст, бо вуҷуди хурдсолӣ ба қатори бӯзбалаҳои он ҷо даромадааст ва барои ҳунарҳое, ки дар ҷангҳои байни олуфтагон нишон додааст, дар хурдсолӣ лақаби «сафдариро» ҳам гирифтааст.
Баъд аз ба поён расидани оташи тарфи ин ҷавонон аз ҳар ду тараф сенафарӣ — шаш нафар шаш тарфро оташ дода ба майдон даромаданд ва аз байни мардум «гулрез — гулрез» гӯён садоҳо баромад. Оташи ин тарфҳо бо рангҳои гуногун — сурху зарду бунафшу сабзу нилобӣ шуда мебаромаданд ва хиргоҳи инҳо ба гулбуттаи бисёр калоне монанд буд, ки гулҳои гуногун шукуфта бошанд.
Як вақт аз тарафи пойини яке аз тарфҳо оташ баромад ва тарфбоз бо тарфи худ ба замин афтод.
Ғулғулаи мардум баланд шуд: «пошна зад, тарфи ғиждувониҳо пошна зад… Вобкандиҳо бурданд… инҳоро ба ҳавз партоед… ӯй позарезони Мӯлиён, зудтар бароед, ки обрӯйи ғиждувониҳо рафт…»
Аз ҷое, ки тарф пошна зада буд, чанд касро аз замин бардошта бурда ба ҳавз партофтанд, ки аз либоси онҳо дуд ва шарораи оташ мебаромад. «Позарезон! Позарезон!» Ин садо аз тарафи як гурӯҳи мардум бо шодиёна баланд шуд.
Тарафи муқобили онҳо ҳам садо дод: «Ба муқобили позарезони Ғиждувон позарезони Вобканд ҳам тайёранд. Мардии ҳар туманро майдон нишон медиҳад. Пешакӣ шодӣ накунед!»
Аз ду тараф 8-тарфӣ — 16 тарф намоён шуд. Аммо фурсате нагузашта яке аз тарфҳои вобкандиҳо пошна зада баробари ҳамин як тарфи дигари онҳо кафид, ки садои вай тоқатгудоз буд, баробари кафидани тарф нардбони нонвое, ки дар вай кулчаҳои ширмоли дучорякӣ (чоркилограммӣ) чидагӣ буд, аз ҷояш парида ба ҳавз афтод.
Ман бо Ҳомидхоҷа бо шунидани он садо ва дидани он ҳол рӯ ба замин хобидем. Фарёд, нола, гиря ва зории ёриталабии одамони бисёр бо фашшоси 14 тарф, ки оташпошӣ мекарданд, омехта як ҳолати пурдаҳшате ба вуҷуд оварда буданд. Мо ҳанӯз аз тарс сар аз замин намебардоштем. Як вақт фашшоси тарфҳо паст шуд ва садои якчанд одамон баланд гардид:
«Бас кунед! Вобкандиҳо шикаст хӯрданд! Ҳафтаи оянда адаби ғиждувониҳоро медиҳем, ҳоло пешакӣ шодӣ накунед!..»
Баъд аз он ки садоҳо тамоман паст шуда дар сарҳавз оромии андӯҳгинонае ба вуҷуд омад, мо аз замин сар бардоштем. Ҳомидхоҷа:
— Кӯкнориҳо чӣ шуда бошанд? — гӯён ба тарафи хонача давид. Ман хам аз дунболи ӯ давидам.
Дари хона кушодагӣ, чароғ хира месӯхт, косаи кӯкнор дар рӯйи хона чаппа шуда монда буд, рӯмолчаҳои кӯкнориҳо ҳам бо ҳалқасоҳошон ҷо ба ҷо истода буданд. Аммо аз кӯкнориҳо асаре набуд. Маълум мешуд, ки онҳо бо сар шудани тарфбозӣ ба тарафе гурехта рафтаанд.
Баъд аз фурсате Иброҳимхоҷа омад, ба сари ӯ саллааш набуд ва ҷомаи рӯяш дар даст ва тар буд. Мо аз вай аҳвол пурсидем, ӯ гуфт:
— Вақте ки аз тарафи вобкандиён ва ғиждувониён дутарфӣ чор тарф ба майдон даромад, ман ба ду тарфбози ғиждувонӣ наздик рафта онҳоро дуо кардам: «Худо шумоёнро аз офати тарф нигоҳ дорад ва илоҳӣ аз ин майдони мардон ғолиб бароетон» гуфтам.
Яке аз онҳо гуфт: «Агар мо бешикаст бароем, ман ба шумо назри дуруст медиҳам». Ман он ҷавонро дубора дуо кардам. Аммо фурсате аз миён нарафта тарфи ӯ пошна зад, аз ду пояш маҷрӯҳ шуда ба замин афтод ва либосҳояш ҳам даргирифт. Мардум ӯро ва чанд каси дигарро, ки дар вақти пошна задани тарф либосашон даргирифта буд, бардошта бурда ба ҳавз андохтанд. Як вақт дидам, ки ҷомаи ман сӯхта истодааст. Ман хам зуд ҷомаро аз тан кашида бурда ба оби ҳавз андохтам…
— Саллаатон чӣ шуд? — гуфта Ҳомидхоҷа аз тағоиаш пурсид.
— Ҳоло ҳикояти худро тамом накардаам, — гӯён ба нақли фалокати тарфбозӣ давом намуд. — Ман баъд аз куштани оташи ҷомаам барои хубтар ва осудатар тамошо кардани тарфбозӣ дар дӯкони писари Назруллобойи ҳалвогар — Файзибой ҷойгир шудам. Он ҷо ҳақиқатан ҳам осуда буд, ба сабаби берун будан аз гурӯҳи мардум ва дур будан аз оташпошии тарф ба назар ҳеҷ гуна хавфе наменамуд. Аммо, вақте ки тарфи шуми вобкандиён кафид, аввалин хавфи пуртаҳлука дар он ҷо рӯй дод: дӯкони нонво бо нардбонҳояш ба ҳавз парида рафт, чандин касоне, ки дар он ҷо ҷойгир шуда буданд, маҷрӯҳ шуданд: дӯкони ҳалвогар сӯхт, дар он ҷо ҳам чандин касон маҷрӯҳ шуданд ва ман, ки аз пошна задани тарфи ғиждувониён зарар дида будам, бо пошна задани тарфи вобкандиён худро ба канор кашидам. Аммо баъд аз кафидани тарфи вобкандиён касе ба ман гуфт, ки «акамулло, саллаатон сӯхта истодааст». Ман дарҳол салларо аз сар гирифтам, ки бурда ба оби ҳавз партоям, аммо нашуд, чунки саллаи докаи нозук тамоман даргирифта буд ва бо гирифтан аз сарам дастонам сӯхтанд ва ба таги по партофтам ва саллаам дар пеши назарам сӯхта хокистар гардид. Назар ба қавли Иброҳимхоҷа, дастони ҷавони вобкандӣ, ки тарф дар дасти ӯ кафида буд, аз бандҳояш ҷудо шудааст ва бақияи дастонаш то бозувонаш сӯхтааст, худаш беҳуш афтодааст.
Ӯро бардошта бурдаанд. Ҳоло аз зинда будан ё мурдани ӯ хабаре набудааст. (Ман як ҳикояти тарфбозии Ғиждувонро, ки дар вақти калонсолии ман дар бозори шаби рамазон дар растаи Ғиждувон барпо шуда ба ҳалокати одамони бисёре сабаб шуда буд, дар «Аҳмади девбанд» ном асари худ нақл кардаам.) 34
* * *
Мо ба манзил рафта хобида пагоҳонӣ боз ба сайргоҳ омадем. Дар сарҳавз он зинати дирӯзаи дӯкондорон намонда бошад хам, ба ҳар ҳол асарҳои сӯхторро барҳам дода, як дараҷа ба тартиб даровардаанд. Мо дар чойхонаи сарҳавз ба чойнӯшӣ нишастем, намад ва гилемҳои чойхона ҳам порча-порча шуда, шакли сояи дарахти сафедорро гирифта буданд.
Мо ҳанӯз чойнӯширо тамом накарда будем, ки маддоҳи дирӯза омад ва бо Иброҳимхоҷа бо эҳтироми муридворона вохӯрдӣ намуда ба пеши мо нишаст ва ба ӯ хитоб карда гап сар кард:
— Ман шунидам, ки дар фалокати дишаба ҷомаи шумо сӯхтааст, бинобар ин яке аз беҳтарини ҷомаҳоеро, ки дар маъракаи дирӯза бо баракати нафаси шумо ба ин дуогӯй омада буд, ҳадя гӯён ба шумо овардам ва қабулашро илтимос менамоям, — гуфт ва бастаеро, ки дар даст дошт, ба пеши Иброҳимхоҷа гузошт. Иброҳимхоҷа:
— «Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест» 35, — гӯён ҷомаро гирифт ва маддоҳ рафт ва баъди аз пеши мо дур шудани маддоҳ Иброҳимхоҷа ба ман нигоҳ карда гуфт:
— Дидӣ, натиҷаи тангаи ба маддоҳ додаи дирӯзаамро? Пули ман ҳам монанди пули судхӯрон зиёд шуда ба худам бармегардад. Мо баъд аз чойнӯшӣ ба тамошои хартозӣ рафтем.
Дар роҳи калони тарафи шарқии сайргоҳ, ки аз даҳанаи бозори гов то мадрасаи Чӯбин васеъ ва рост мерафт, хартозӣ — пойгаҳи харҳо барпо шуда буд. Дар пойгаҳ тахминан 50 хар иштирок доштанд. Ин харҳо хама сафед, калон, ҷорӯбдум, шамшерёл ва сихгӯш буданд. Дар пойгаҳ ду хар, ё зиёда аз онро якбора сар медоданд. Ҳамроҳи ҳар хар як асп ҳам сар дода мешуд. Дар асп як ҷавони асптози ҳунарманд савор шуда, ба хар ягон бачаи 12-14-соларо савор мекарданд. Ҷойи ба давиш сардиҳӣ даҳанаи бозори гов — сари бозори асп буда, пиллаҷойи охириаш пеши мадрасаи Чӯбин буд ва ҳакамҳо ҳам дар он ҷо меистоданд.
Аввал ду-се курраи бачагон ва харҳои харкорони ҳаваскорро ба пойгаҳ монданд ва баъд аз он навбати харкорони мутахассис ва харбозони номдор расид. Вақте ки ду нафар аз инҳо ба болои тездав будани хари худ аз даҳ танга, ё ин ки аз 20 танга гарав мебастанд, «бологаравӣ» сар мешуд. «Бологаравчиён» ҳар кадом тездав будани яке аз ин харҳоро даъво карда байни худ аз 20 танга, 50 танга, ҳатто аз сад танга гарав мебастанд. Ба ҳамин тариқа ба болои тездавии харони одамони дигар, берунаҳо дар байни худҳошон чандин сад танга бурду бой мекарданд — ё мебурданд ё бой медоданд.
Дар охири кор Истам Хархӯр ном як харбози пурлофубод ба майдон даромад. Хари ӯ хеле калон ва фарбеҳ буд, ҳамчунон маст буд, ки фурсате аз ҳанг задан хомӯш намемонд. Бо вуҷуди ин ки худи Истам аз таги нӯхтаи вай дудаста маҳкам дошта меистод, вай ҳар замон рост мешуд ва ба харони дигар ҳамла кардан мехост.
Истам баъд аз бисёр таъриф кардани хари худ ҳарифе талаб кард, ки бо дусад танга гарав бандад. Лекин ҳеҷ кас ба ӯ талабгор набаромад ва хама метарсиданд, ки харашон аз хари ӯ пас мемонад ва гаравро бой медиҳанд.
Дар охир Рустами Ашкӣ ном як ҷавони наврас муқобили Истам Хархӯр баромад. Ин ҷавон тахминан 16-17-сола буда, се дандони пеши болоиаш аз лабонаш баромада меистод ва хараш хам нисбат ба хари Истам Хархӯр хурд, лоғар ва газгӯшт буд. Ҳама ба ҳаракати ин ҷавон механдиданд ва «беҳуда дусад тангаро аз даст медиҳад» мегуфтанд. Истам Хархӯр бошад, дар ғазаб омада «ба ман ор аст, ки бо ҳамин бачаи ашкӣ гарав бандам ва «бузи биничоки» худро бо хари маслухи ӯ давонам» — мегуфт.
Тамошобинон гуфтанд:
— Агар ту харатро бо хари ӯ надавонӣ, мо хари туро мағлубшуда мешуморем.
Истам оташин шуда:
— Хуб, пулро бароред, баъд ман гарав мебандам, — гуфт ва илова кард: — вақте ки ман гаравро мебарам, аз куҷои ин ятимак пул мерӯёнам.
Бача танҳо сад танга доштааст. Ночор ӯ харашро бо шарт фурӯхтан хост. Шарт ҳамин, ки агар гаравро барад, сад тангаи харидорро саду панҷоҳ танга карда медиҳад ва хар ба ҳисоби худаш мемонад. Ва агар бой диҳад, хар аз они харидор мешавад. Оқибат як мӯйсафед, ки дар ҷавониаш харбоз буда, бинобар пириаш ҳоло ин бозиро тарк карда будааст, розӣ шуд, ки бе харидани хар ба Рустам сад танга қарз диҳад ва ӯро тасаллӣ дода:
— Натарс, бачем, хари ту аз хари Истам мегузарад ва баъд аз бурдан ба пули ман панҷ танга ҳамроҳ карда диҳӣ, мешавад, харат ба худат насиб кунад, — гуфт ва аз ҳамёнаш сад танга шумурда ба Рустам дод.
Истам Хархӯр бо шунидани сухани пиракӣ, ки мегуфт: «…хари ту аз хари Истам мегузарад, монанди ҳезуми саланг даргирифт ва ғазаболудона ба мӯйсафед гуфт:
— Ман ҳамин харро соли гузашта дусад танга харида будам, як сол боз аз барои ҳамин рӯз парвоу парвариш карда меоям. Агар хари ман аз ҳамин хари маслух монад, номамро мегардонам ва лақаби «Хархӯрӣ» ба ман ҳаром шавад ва бо ҳамин корд (яккакорди худро нишон дода) шиками харро кафонда мепартоям.
Мӯйсафед табассумкунон ба Истам гуфт:
— Оташин нашав, додар! «Мардро майдон нишон медиҳад, харро ҷавлон» гуфтаанд. Ҳоло ки харат натохтааст, пешакӣ лофу бод назан ва баъд аз он ки харат гузашт, ҳар чӣ қадар лоф занӣ, майлат!
Пойгаҳи ду хар сар шуд. Хари Истам ҳаллосзанон пеш гузашт. Рустам хари худро ба ягон бачаи беруна надода худ савор шуда буд, ӯ ҷилави харашро кашида аз паси хари ҳариф мерафт. Истам саллаи худро ба осмон ҳаво дода фарёди шодиёна мекашид. Ҳамин ки ҳар ду хар нимаи майдонро тай карданд, Рустам ҷилави хари худро сар дода овоз дод: «Ҳай, ҷонвар, мондаатро гир!» Хари Рустам чорпокунон ба хари Истам расида гирифт. Ҳар ду хар аз назари тамошобинон ғоиб шуданд. Баъд аз фурсате ҳакамҳо омада гузаштани хари Рустамро хабар доданд. Рустам ҳам бо хари худ омад, аммо дар чеҳраи ӯ аломати ғалаба набуд. Истам бошад, ба ин мағлубият тоқат карда натавонист ва яккакорди худро аз ғилоф бароварда то гулӯбандаш ба шиками хари худ фурӯ зад. Хар ба замин афтод ва мӯйсафед ба Истам гуфт:
— Харат ҳеҷ гуноҳ надошт, айб ба худат буд, ки ту ин ҷонварро хомфарбеҳ карда будӣ. Бояд ба шиками худ корд мезадӣ.
Тамошобинон ба ин аҳволи ваҳшиёна нафрат карда пароканда шуданд.
Мо аз бозори асп ба майдони бозори гӯсфанд рафтем, ки дар он ҷо тагалҷангандозӣ мешудааст.
Дар он ҷо ҳам монанди хартозӣ дар тагалҷангандозӣ ҳарифон бо якдигар гарав мебастанд ва тамошобинон бологарав мемонданд, ки дар натиҷа маблағи бисёре бурду бой шуд. Дар охир як тагалеро, ки тамошобинон дунбаи вайро якуним пуд тахмин мекарданд, ба ҷанг дароварданд. Дар вақти ҷанг бо зарбаҳои сахт, ки тагали фарбеҳ ба муқобили худ мезад, дунбааш аз ҳад зиёд ҷунбиш хӯрда кафид ва соҳибаш маҷбур шуд, ки он ҷонварро сар бурида гӯшту равғанашро бо нархи оддӣ фурӯшад.
Бо ҳамин сайри як шабурӯзии Дарвешобод тамом шуд ва ман аҳд кардам, ки дигар ба сайри Дарвешобод наравам, чунки дар он ҷо ягон тамошои дилхушкунанда набуд.

«Парвардигорхӯҷа»

Дар деҳаи Соктаре аз миракониён Қорӣ Маҳмуд ном касе буд. У як шахси ширинкор, хушгап ва ҳозирҷавоб буд. Падараш ӯро дар хурдсолиаш барои ҳифз кардани Қуръон ба қорихона монда будааст, ки сифати «қоригӣ» ба ӯ ба ҳамон муносибат дода шудааст. Ӯ баъд аз калонсол шуданаш ба хизмати сипоҳигарӣ даромада, дар пеши ҳокимони вилоятҳои амирӣ шогирдпешагӣ кардааст, Баъд аз чандин сол дар ин кор будан ба деҳа баргашта эшонӣ ва дуохониро пеша карда буд.
Рӯзе ман аз вай пурсидам:
— Сабаб чист, ки шумо сипоҳигариро тарк карда эшониро сар кардед? Ва ҳол он ки сипоҳигарӣ ҳарчанд хурд ва ба дараҷаи шогирдпешагӣ бошад ҳам, дар вай як навъ ҳокимият ҳаст, аммо эшон ва дуохон ҳарчанд калон бошад ҳам, кори ӯ маънан як навъ гадоӣ аст.
Ӯ ҷавоб дод:
— «Ғараз аз тушбера гӯшт хӯрдан» гуфтаанд. Одам хоҳ сипоҳигарӣ кунад, хоҳ эшонӣ ва дуохонӣ — мақсад як лаб нони беминнат ёфта шикам сер кардан аст. Аммо сипоҳ ҳарчанд ҳокимият мекунад ва мардум маҷбуран ба фармони вай итоат менамояд, ӯро ҳама золим медонанд ва аз шумшакли ӯ безоранд, хусусан шогирдпеша, олати рӯйрости зулми амиру вазиру ҳоким аст, мардум аз вай бисёр нафрат доранд. Ҳарчанд аз бозхости ҳукумат тарсида ба ӯ итоат мекунанд, агар даст ёбанд, ӯро накушта намемонанд. Ман дар натиҷаи 10-сола шогирдпешагии худ ин маъниро дуруст фаҳмидам. Аммо эшонӣ ва дуохонӣ як пешаи бисёр осуда аст, эшон ва дуохон ҳарчанд дар пӯст кандани мардум аз сипоҳ фарк надорад, лекин ӯ ҷони касро бо пахта мегирад ва дар дасти ӯ гирифторшудагон ҷон додани худро нафаҳмида мемонанд, ба болои ин на танҳо аз ӯ нафрат намекунанд, балки ӯро халоскори худ дониста, ҳамеша ба вай ихлос ва муҳаббат арз мекунанд. Бинобар ин ман аз он пеша ба ин пеша баргаштам.
Дар деҳаи мо Убайдхоҷа ном як мираконии дигар буд. Ӯ як одами бечораи номуроде буд. Ӯ дар дунё ҳеҷ орзуву ҳавасе надошт. Аз моли дунё 4 таноб — як гектар замин ва як зардолузор дошт, ки бо даромади ҳаминҳо бечоравор зиндагонӣ мекард. На сипоҳигарӣ мекард ва на эшониву дуохонӣ. Аммо ӯ сипоҳиён ва эшонону дуохонро бисёр дӯст медошт. Ӯ дар бораи «адолат»-и золимтарини ҳокимон ва «каромоти» бесаводтарин ва фиребгартарини эшонон ҳикоятҳо сохта ва бофта мегуфт. Агар касе ба гуфтаҳои вай гӯш андозад, як рӯзи тамом ҳам дар ин бора ҳикоят карда метавонист.
Қорӣ Махмуд ҳикоятҳои Убайдхоҷаро гӯш мекард, ӯро масхара менамуд ва бо фактҳои ба хама маълум дурӯғ будани гуфтаҳои вайро ба пеши мардум фош мекард ва дар охир:
— Бародар, ту фосиқи маҳрум мебошӣ. Агар ту сипоҳ мебудӣ ,ё ин ки дуохонӣ мекардӣ, ман туро бо ин ҳикоятҳои дурӯғат айб намекардам. Чунки ғайр аз ман «ҳеҷ араб намегӯяд, ки дӯғи ман турш аст». Аммо ту маддоҳи бемузду миннати сипоҳиён ва эшонон ва даллоли маъсияти 36 онон мебошӣ, ки ин аҳмақист.
Рӯзе ман дар лаби ҷӯйи Мазрангон, ки аз даруни деҳаи мо мегузашт, нишаста будам. Қорӣ Маҳмуд савора омада ба он сӯйи ҷӯ фуромад ва аспашро ба ҳавлиаш сар дода худ ба лаби ҷӯй дар рӯ ба рӯйи ман нишаста дасташро шустан гирифт. Ман аз куҷо омаданашро пурсидам.
— Аз деҳаи Обкена, аз ҷанозаи касе, — гуфта ҷавоб дод.
— Дар вақти бемории он мурда ба сари болинаш бояд барои хондан хам рафта бошед? — гӯён пурсидам.
— Албатта, рафтам, хондам, назрашро ҳам гирифтам ва имрӯз гӯронда омадам, — гуфт.
— Вақте ки диданд дуои шумо ба бемор таъсир накард ва ӯ мурд, бо ҳамаи ин аз шумо ихлосашон нагашта ба ҷаноза хабар кардаанд-дия — гуфтам ман.
— Мардумони авом аҷаб хислате доранд, — гӯён ӯ давом намуд, — мурдашӯйро, ки ғайр аз шуста додани мурдаашон ҳеҷ айбе надорад, «шумпойиқадам» гӯён ба ҷаноза роҳ намедиҳанд.
Аммо ба эшону дуохонон чунон ихлосманданд, ки ӯро бурда ба умеди шифо бемори худро мехонанд ва ба ӯ назру ниёз медиҳанд, агар беморашон сиҳат ёбад, инро аз некии пойиқадами дуохон ва аз шарофати дуои ӯ медонанд ва ба ӯ гашта-баргашта арзи ихлос мекунанд ва такрор ба такрор ҳадя медиҳанд. Аммо агар бемор мурад, инро аз худо медонанд ва аз расидани аҷали ӯ мешуморанд, ки дар ин сурат на танҳо аз эшон ихлосашон намегардад, балки ӯро аз дигар имомон ва муллоён мӯҳтарамтар шумурда, дар йиртиш, агар ба онҳо як оршин суф ё чит диҳанд, ба эшон як тӯб дока медиҳанд.
Қорӣ Маҳмуд дар охири суханаш гуфт:
— Дар ҳар ҳол эшонон ва дуохонон аз мурдашӯён хушбахттар ва баландтолеътаранд. (Ман ин сӯҳбати Қорӣ Маҳмудро дар «Дохунда» дар боби «Ҷаноза» дар мусоҳибаи Ҳоҷӣ Яқуббой бо эшони Султонхон мазмунан додаам.)
Дар деҳа дар байни ҷавонони калонсол гаштак мерафт. Дар яке аз он гаштакҳо як шаб Қорӣ Маҳмудро бинобар хушгапиаш ва Сайид Акбарро ба сабаби талабаи мадрасаи Бухоро буданаш (ҳарчанд инҳо дар он гаштак аъзо набошанд ҳам) ба меҳмонӣ хабар кардаанд. Ҳамаи меҳмонони беруна ва аъзоёни гаштак дар сари шом (шояд барои исбот кардани калонии худ бошад, ки одатан калонҳо дар маҷлисҳо дер меоянд), то ду соат аз шаб гузаштан наёмадааст.
Меҳмонон, ки ҳама ёру ҷӯраи якдигар мебошанд, ба соҳибхона гуфтаанд: Агар чизе хӯрок тайёр карда бошӣ, биёр, ки аз гуруснагӣ ба ҷон омадем, агар чизе надорӣ, рӯйрост гӯй, ки мо ба хонаи худамо рафта чизе хӯрем. Соҳибхона дар ҷавоб гуфтааст:
— Ҳама чиз тайёр аст, аммо ман ба омадани Сайид Акбархоҷа нигаронам, ки он касро даъват кардаам. Бояд боз андак мунтазир шавем.
Аммо баъд аз интизории бисёр боз Сайид Акбар наёмадааст.
Фардои он шаб дар сари кӯча дар қатори мардум Сайид Акбархоҷа ҳам нишаста буд, ки Қорӣ Маҳмуд омад ва аз Сайид Акбар сабаби дишаб ба гаштак нарафтанашро пурсида гуфт:
— Як меҳмонхона одам аз ду соат зиёд ба шумо нигарон шуданд, аммо шумо нарафтед. Ин хуб нашуд.
— Ман рафта будам, — гуфт Сайид Акбар, — аммо надаромада баргаштам.
— Чаро? — Қорӣ Маҳмуд тааҷҷубкунон пурсид.
— Зеро соҳибхона, ки савод надорад, маро номбар карда «фалонӣ то ҳол наёмад» гуфтанашро бо гӯши худам шунидам. Номи маро, ки толибилми мадрасаҳои Бухоро мебошам, ба забон гирифтани як одами бесавод магар дар ҳаққи ман беодобӣ нест? Бинобар ин «зиёфаташ сараша хӯрад» гӯён аз паси дари меҳмонхонааш баргашта омадам.
Қорӣ Маҳмуд қаҳқосзанон хандида гуфт:
— Барои ҳар кас ва ҳар чиз як ном лозим аст, ки ҳеҷ набошад, дар ғайби он кас ва он чиз номро ба забон гирифта аз вай гап зананд. Акнун ки шумо аз номи падаратон ба шумо дода ор мекарда бошед, ба шумо як номи бисёр калон медиҳем, ки аз вай ор накунед ва бо гирифтани он ном шуморо фаҳмем. Ин ном, ба фаҳми ман «Парвардигорхӯҷа» аст, ки номи Худост ва дар дунё аз ин ном калонтар номе нест. Азбаски ба «Парвардигор», ки номи Худост, барои шумо як калимаи «хӯҷа» ҳам ҳамроҳ мешавад, аз номи Худо ҳам калонтар мешавад/ки ба шумо бисёр муносиб аст.
Ҳама дар ханда шуданд, Сайид Акбар шӯрид. Аммо ба ҷамоат чизе гуфта наметавонист.
Ночор дар ғазаб шуда аз ҷояш ҷаста хеста ба хонаи худ рафт ва чандин рӯз ба кӯча — ба миёни мардум набаромад, лекин унвони «Парвардигорхӯҷа» ба ӯ махсус шуда монд.

Падарам

Ман дар бораи аҳвол ва характери падарам, ки бо вуҷуди дар хурдсол аз ӯ ҷудо шуданам дар ҳаёти ман таъсири бузург гузоштааст, боз қадаре истодан мехоҳам: падарам муллоҳои расмиро — имомҳо, қозиҳо ва раисҳоро бисёр бад медид ва онҳоро ҳар вақт ба нодонӣ ва ноинсофӣ нисбат дода айб мекард. Аз қозиҳо танҳо қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сарирро ва аз имомҳо баъзе касонеро, ки ман онҳоро надида будам, дӯст медошт. Дар деҳот ҳар вақт дар миёни падарам ва имомҳо ҷанҷол мехест, лекин ӯ аз ин ҷанҷолҳо ғолиб шуда мебаромад. Чунки ӯ «масъалаҳои нӯгирӯймолиро» — масъалаҳоеро, ки баъзе касон барои ғолиб омадан дар мунозира ёд гирифта мемонданд, чистонҳо, муаммоҳо ва ҳисоби абҷад барин чизҳоро, ё маънии баъзе шеърҳоро, ки фаҳмидани он ба донистани ягон воқеа мавқуф аст, медонист, муллоҳои расмии деҳот бошанд, ин гуна чизҳоро намедонистанд, баъзеи онҳо ҳатто саводи алифбоӣ ҳам надоштанд. Ана бо ин гуна масъалаҳо ӯ муллоҳои деҳотро мағлуб мекард ва «нодон» гуфта дар пеши рӯяшон таҳқир менамуд.
Мардуми деҳот, хусусан занон, қозиҳоро бисёр бад медиданд. Аз деҳаи мо ҳам як қозӣ баромада будааст, ки ман ӯро надидаам, аммо фарзандони ӯро ман дидаам, ки онҳоро «қозибачаҳо» мегуфтанд. Мардуми деҳаи мо ана ҳамон қозиро зиёдтар бад медиданд.
Бештарини заминони хуби Соктаре ва Сайидкент дар дасти авлоди ҳамон қозӣ буд. Дар тарафи шимолии деҳаи Соктаре як қитъа замини зардолузор буд, ки вайро «чорбоғи қозӣ» меномиданд. Дар вақтҳое, ки ман ёд дорам, зардолуҳои он чорбоғ пир шуда аз ҳосил монда буданд. Қозибачаҳо он дарахтҳоро ба ангиштгарон фурӯхта буданд. Ангиштгарон дар он чорбоғ чандин кӯра сохта он дарахтҳоро ғалтонда сӯхта ангишт карда истода буданд.
Дар ҳамон рӯзҳо зани Усто амак занони деҳаро ба муносибате ба меҳмонӣ хабар карда буд.
Ман ҳам ба сабаби хурдсол буданам ҳамроҳи модарам ба он ҷо рафта будам. Лекин ман бинобар гапдӯст ва кунҷков буданам ҳамроҳи бачагони дигар дар рӯйи суффа бозӣ карда нагашта, дар хона — дар паҳлуи модарам ҷо гирифта дар қатори занон менишастам.
Дар байни занон гап ба болои қозиҳо рафт, яке аз занон қозиҳоро «кундаи дӯзах» номид ва «қозиҳо чунон месӯзанд, ки оташи дӯзахро аз будаш зиёдтар гарм мекунанд» — гуфт. Дигаре гуфт: «агар Худо дар дӯзах барои ҳар гунаҳгор як кӯрпачавор ҷой муайян карда бошад, ба ҳар як қозӣ дар он ҷо як ҳавлӣ сохта медиҳад, ки дару девору хонаву асбобаш ҳама аз оташанд».
Зани дигар сухани ӯро тасдиқ кард: «Лекин, — гуфт ӯ, — ин ба оммаи қозиҳост, Аммо ба қозии ҳамдеҳаи мо ғайр аз ҳавлии оташӣ як чорбоғи оташӣ ҳам сохта доданро хостааст. Сабабаш ҳамин ҳаст, ки Худо фарзандони ӯро водор кардааст, ки чорбоғи ӯро ба ангиштгарон фурӯшанд. Ана ҳамин оташҳое, ки аз кӯраҳо баромада рафта истодаанд, ба он дунё рафта ба он чорбоғи оташӣ сарф мешаванд».
Модарам, ки бо шуниданӣ аз падарам қозӣ Абдулвоҳидро дӯст медошт, ба гап ҳамроҳ шуда гуфт: «ба фаҳми ман қозӣ Абдулвоҳид ба ҷаннат меравад, чунки ӯро одил мегӯянд. Хусусан аз нав канондани ӯ рӯди Шофиркомро, ки сабаби ободии як туман шуд, бояд боиси бахшойиши Худо гардад».
Занони дигар ба ин фикри модарам ҳамроҳ нашуданд ва зане, ки ба қозии ҳамдеҳаи мо аз дӯзах як чорбоғи оташин тахсис карда буд, гуфт: «Баъд аз қозӣ шудан, одил шудан мумкин нест. Агар қозӣ Абдулвоҳид дар вақти қозигии худ корҳои хуб бисёр карда бошад, ниҳоят аз чорбоғ ва аз ҳавлии оташини дӯзах халос мешавад. Лекин дар ҳар ҳол, ҳеҷ набошад, дар қатори гунаҳгорони дигар як кӯрпача барин ҷойро аз дӯзах мегирад». Як зани дигар Ҳабибаро бе ризои падараш никоҳ кардани қозии мазкурро яке аз корҳои бади ӯ шумурд.
Ҳукми ин занон дар бораи қозӣ Абдулвоҳид ба ман ҳам маъқул нашуд, чунки ман ӯро дӯсттар доштам ва баъд аз он ки шоир будани ӯро фаҳмидам, муҳаббати ман нисбат ба ӯ аз ҳад зиёд афзуда буд. Дилам намехост, ки ӯ дар оташи дӯзах сӯзад. Бинобар ин ман ин масъаларо аз падар пурсидам.
Ӯ монанди занон барои қозиён аз дӯзах ҳавлӣ ва бог сохта надиҳад ҳам, «онҳо ҳаромхӯранд, онҳо золиманд ва онҳо дар миёни амир ва мардум даллоли маъсият (гуноҳ) мебошанд, бинобар ин онҳо аз рӯйи қавли Худову расул бояд ба дӯзах раванд гуфт (падарам диндор буд, ӯ ба Худову расул, ба қиёмат ва ба дӯзаху биҳишт иқрор буд).
Вақте ки ман дар бораи қозӣ Абдулвоҳид фикри ӯро пурсидам, «Худо раҳмат кунад, ӯ одами хуб буд (қозӣ Абдулвоҳид ҳамон рӯзҳо вафот ёфта буд), бояд ӯ ҷаннатӣ бошад ва ман ҳам дар паси ҳар намоз дар ҳаққи ӯ дуои хайр мекунам» гуфт ва некиҳои ба мардум кардаи ӯро ягон-ягон шумурд. Аммо дар қатори некиҳои ӯ шоир будани ӯро ёд накард. — Яке аз некиҳои ӯ бояд шоир буданаш бошад, — гӯён ман ин сифати ӯро ба ёди падар овардам.
Падарам ба ин сухани ман хандид ва баъд аз он вазъияти ҷиддӣ гирифта гуфт: — Шеъргӯйӣ ҳамеша ва дар ҳама кас сифати нек шудан намегирад. Шеър ҳам монанди илм як шамшер аст, агар бо шамшер одами бадро — душманро кушӣ, хуб аст, аммо агар бо шамшер ягон одами оддӣ кушта шавад, хуни ноҳақ мешавад, кушандаро куштан лозим меояд. Шеър ҳам агар ба некӣ кор фармуда шавад, хуб аст, аммо агар ба бадӣ кор фармуда шавад, аз вай бадтар чизе нест.
Ман аз ин тафсилоти қаноатбахши падар ҷасорат пайдо карда, ба писари косагар бе ризои падару модар никоҳ карданаш Ҳабибаро ба ёди ӯ расонда:
— Ин кори ӯ хуб буд ё бад?
— Никоҳи духтару писари калонсол бо ризои худи онҳо мувофиқи шариат аст. Ин корро ҳар қозӣ ҳам мекунад. Аммо фарқ дар ин ҷост, ки қозиҳои дигар баъд аз никоҳ кардани духтари гуреза ҷанҷолҳоеро, ки дар пайи ин кор мебарояд, пурсида, сабаби харобии он хонадони навобод мешаванд. Чунки аз ин кор дар онҳо даромади бисёр мешавад. Некии қозӣ Абдулвоҳид дар ин кораш дар ин ҷост, ки баъд аз никоҳ кардани Ҳабиба даъвоеро, ки арбобҳо тайёр карда буданд, напурсид ва даъвогарҳои сохтаро пеш кард. Ин кораш, албатта, хуб буд.
* * *
Он вақтҳо дар Бухоро одат ин буд, ки баъзе муллобачаҳои қашшоқ дар моҳи рамазон ба пеши ягон қозии шинос мерафтанд. Қозиҳо ин гуна талабаҳоро ба ягон деҳае, ки имом ва мактабдор надошта бошад, ба унвони «муаллим» мефиристоданд. (Он вақтҳо муаллими мактабҳоро «мактабдор» мегуфтанд. «Муаллим» гуфта танҳо ҳамин гуна касонеро меномиданд, ки дар моҳи рамазон муваққатан ба деҳае барои таълим раванд.) Мардуми он деҳа дар охири рамазон ба он талаба як маблағ пул ғундошта медоданд.
Як рамазон акаи ман ҳам, ки бо писари як қозӣ шарикдарс будааст, ҳамроҳи ӯ пеши падараш рафтааст ва қозӣ ӯро ба деҳае бо унвони «муаллим» фиристодааст.
Падарам ин воқеаро аз куҷо буд шунида оташин шуда ба хона омад ва чунон дар хашм фурӯ рафта буд, ки тамоми аъзои баданаш меларзид (ӯ бисёр асабӣ буд) ва ба Қурбонниёз тағоиям, ки он рӯзҳо дар хонаи мо буд, гуфт:
— Шаҳр рафта Муҳидддинро гирифта биёр. Худам мерафтам, аммо метарсам, ки дар пеши муллоҳо ӯро зада ҳам худамро ва ҳам ӯро беобрӯй кунам.
Тағоиям баъд аз се рӯз акаамро овард. Вақте ки акаам ба хона салом дода даромад, падар аз таги намад чӯберо, ки пештар ёфта тайёр карда монда будааст, ба даст гирифта ба тарафи ӯ давид. Аммо тағоӣ ва модарам ӯро нигоҳ дошта гуфтанд, ки ин карат ӯро насиҳат кунад.
Падарам маҷбур шуд, ки масъаларо бо насиҳат ҳал кунад. Аммо ин насиҳат аз чӯбзанӣ ҳам сахттар буд:
— Қозиҳо хук мебошанд, — гуфт ӯ, — онҳо аз ҳар куҷо мурдориҳо ёфта мехӯранд ва мехӯронанд ва ҳар муллобачае, ки ба хонаи онҳо равад, хукбача мешавад. Агар одам шудан хоҳӣ, ба як порча нони қоқе, ки ман ёфта мефиристонам ва ба як коса об, ки аз ҳар куҷо ёфтани вай мумкин аст, қаноат кун, агар хук шуданро хоҳӣ, дар миёнаи ману ту алоқаи падариву фарзандӣ намемонад.
Акаам қавл дод, ки минбаъд ба хонаи қозиҳо наравад.
* * *
Имоми деҳаи мо як муллои диндортароши дарвозӣ буд. Ӯ дар бозорҳо мардумро насиҳат карда, аз корҳои ғайришаръӣ манъ карда ва ба корҳои шаръӣ далолат намуда мегашт. Дар он вақтҳо дар бозорҳо монанди обфурӯшон касоне буданд, ки чилим бардошта мегаштанд ва ба касони чилимкаши бозор чилими худро кашонда аз онҳо чизе меситонданд. Ин гуна одамонро «поякӣ» меномиданд. Поякиҳо одатан чилимҳои саракпойинаш нуқра мебардоштанд, ки чилимкашон ба чилими онҳо бештар рағбат кунанд.
Имоми деҳаи мо дар як рӯзи бозори Ғиждувон аз ҳамин гуна чилимҳо сетаашро шикастааст, ки мардумро аз чилимкашӣ боздорад ва ӯ ин кори худро дар лаби ҷӯйи деҳа ба мардум бо як мағрурии диндорона ҳикоят кард.
Падарам, ки дар он ҷо буд гуфт:
— Нодуруст кардед!
— Чаро? — имом оташин шуда пурсид.
— Аввал ин ки, — гуфт падарам, — ҳаром будани дуди тамоку аз рӯйи шариат маълум нест. Чунки дар вақти пайдо шудани дини ислом чилимкашӣ набуд, ниҳояташ ин аст, ки як чизи зарарнок аст ва зарараш ҳам ба касоне оид аст, ки чилим мекашанд; дуюм ин ки, бо шикастани се чилим чилимкашон аз кори худ тавба намекунанд. Лекин бо шикастани онҳо ба соҳибонашон, ки дар ҳақиқат як гадои бовасилаанд, як маблағи калон зарар мешавад. Агар чилимкашӣ дар бозор аз тарафи шумо ё ҳукумат тамоман манъ карда шавад, поякӣ метавонад, ки чилими қиматбаҳои худро фурӯхта чанд гоҳ худашро ва зану бачаашро сер кунад. Ба ин суханҳо имом бо оташинӣ ҷавоб дод:
— Шумо савод дорам гуфта ҳамеша ба муллоҳо пешхезӣ мекунед ва корро ба ҷое расондед, ки ба «амри маъруф» (амр кардан ба кори нек) ва «наҳйи мункар» (манъ кардан аз корҳои бад) ҳам роҳ намедиҳед.
Одамон гумон доштанд, ки ҳамин замон инҳо даст ба гиребон мешаванд. Аммо бар хилофи чашмдошти онҳо падарам ба имом чизе нагуфт ва аз ҷояш хеста ба тарафи хона рафт. Ман ҳам аз думболи ӯ давидам.
Падарам, вақте ки ба ҳавлӣ даромад, харро тӯқум зад ва ба хона даромада саллаашро баста, ҷомаашро пӯшид. Хӯрҷинро гирифта нондонро кушод ва ҳар чӣ қадар ноне, ки дар вай буд, ба хӯрҷин андохта ба модарам:
— Ман шаҳр рафтам! — гӯён аз хона баромад.
— Барои чӣ ба як нигоҳ шаҳр меравед? Имрӯз монед, ки барои бача (акам) кулчаи гарм пазам, — гӯён модарам зорӣ мекард.
Аммо ӯ ҷавобе надода харро савор шуда баромада рафт.
Модарам дар кӯча чӣ воқеа рӯй доданро аз ман пурсид, ман ҷанҷоли бо имом шударо нақл кардам. Аммо ӯ дар ин ҷанҷол ягон сабаби ба шаҳрравӣ маҷбуркунандае намедид.
Падарам баъди се рӯз аз шаҳр омад, харро ба ҷояш баста хӯрҷинро ба лаби суффа гузошт ва аз аҳволи акаам ба модарам чизе нагуфта баромада рафт.
Баъд аз соате омад, ки аз башарааш асари андӯҳе, ки дар рӯзи ҷанҷоли имом пайдо шуда то хол давом мекард, тамоман барҳам хӯрдааст ва дар абру ва чашмонаш нишонаи хашм ва оташинӣ намондааст ва бо табассуми шодиёна ба модарам ҷанҷоли бо имом кардаашро ҳикоя карда дар охир гуфт:
— Ман барои дуруст будани сухани худ аз шаҳр ривоят карда овардам, ва аз бағалаш коғазеро бароварда хонда ба мо шарҳ дод. Мазмунаш ин буд: «талаф кардани мол, хоҳ моли худи талафкунанда бошад ва хоҳ аз они каси дигар, дуруст нест ва агар талафгор моли каси дигарро талаф карда бошад, ба замми ин ки ӯ бо ин кораш гунаҳгор ба шумор меравад, маҷбур аст, ки мисли моли талафкардаашро, ё арзишашро ба соҳиби он мол гардонад». Дар пойини он коғаз як мӯҳри калони даҳони пиёлача барин пахш карда шуда буд.
Падар баъд аз он сухани худро давом кунонда гуфт:
— Бо ин ривоят гуфтаи худро дуруст баровардам ва имомро дар пеши мардум шарманда кардам. Муллоҳои мо ҷоҳиланд. Ба суханони монанди худашон дасторкалонон гӯш андозанд ҳам, гуфтаҳои мо барин касонро, маъқул бошад ҳам, писанд намекунанд ва сухани пурҳикмати «мангар, ки кӣ мегӯяд, бингар, ки чӣ мегӯяд»-ро намедонанд, агар донанд ҳам, худро ба нодонӣ мезананд. Даҳони инҳоро бо мӯҳри муфтӣ мӯҳр кардан (бастан) даркор аст, «гӯшти хар, дандони саг» гуфтаанд.
Падарам ҳарчанд асабии гузаро бошад ҳам, маро сахт назадааст ва сахт ҷанг накардааст. Дар вақтҳое, ки ман ёд дорам, ӯ маро танҳо ду бор танбеҳ дода буд.
Яке аз он танбеҳҳо ба ин тариқа рӯй дода буд:
— Ӯ боре як хар харид, ки он бадамал баромад, агар касе ба ёлаш даст расонад, динг-дингкунон ҳаллос мезад. Дар яке аз рӯзҳои тобистон ӯ он харро ба ёбон бурда барои чаро дар почпоя — дар замини гандумаш дарав кардашуда баста буд. Вақте ки рӯз пешин шуда гармӣ шиддат кард, ба ман гуфт:
— Ёбон рафта харро гирифта биёр. Лекин савор нашав, ки дастат нохост ба ёлаш расад, динг-динг карда туро меафтонад! Ман ёбон рафта харро кушода гирифтам ва дар дили худ фикр кардам, ки «агар аз ягон ҷойи баланд савор шавам ва дастамро ба ёлаш нарасонам, динг-динг нахоҳад кард.
Чӣ лозим аст, ки хари тайёрро салт бурда худ пиёда равам».
Ман барои ба амал овардани ин фикр харро ба ҷӯйчае даровардам ва аз лаби ҷӯ ба ҳеҷ ҷойи вай даст нарасонда оҳиста ва оромона савор шуда гирифтам, хар ҳам ором истод ва ягон бадҳаракатӣ накард. Лекин вақте ки харро аз ҷӯча мебаровардам, пешаш баланд ва тарафи думаш паст шуд.
Ман бар болои хари бетӯқум пастнокӣ ғеҷида қариб буд, ки аз сағриаш шорида афтам ва барои нигоҳдории худ аз ғалтиш беихтиёрона бо ду дастам ба ёли хар часпидам. Хар ба динг-дингкунӣ ва ҳаллосзанӣ даромад. Ман аз тарси ғалтидан ҳар қадар, ки ба ёли вай сахттар мечаспидам, динг-динги вай ҳам ҳамон қадар зиёдтар мешуд. Оқибат муаллақзанон ба замин ғалтидам. Дасти ростам, гӯё ки вайро аз оринҷ шикаста ё бурида гирифта бошанд, ҷонгудозона дард кардан гирифт ва хар дар ҳолате, ки дар ҳар ҳаллос задан ду пойи пасашро ба ҳаво баланд карда ба росту чап алвонҷ медод, ба тарафи ҳавлӣ рафт.
Маро аз дарди даст зиёдтар тарси падар дар ташвиш медошт. Ман аз гуфти ӯ баромада ҳам барои ӯ ва ҳам барои худ кулфати сахте пеш оварда будам ва худро сазовори ҷазои сахт медонистам.
Баъд аз дақиқае худро рост гирифтам, аммо дарди дастам боз ҳам шиддат кард ва гӯё, ки чангчаи оҳанине ба баданам даромада дил, шуш, даст ва бозуям-ро дар як ҷо ба тарафи замин мекашида бошад, маро ба нишастан маҷбур кард. Дар ҳамин вақт падарам аз тарафи ҳавлӣ намудор шуд ва ман ҳам муҳайёи шаттаву шаллоқ шуда ба худдорӣ кардан азм намудам. Падарам расида омад. Аммо маро назад ва ҷанг ҳам накард. Баъд аз дидани дасти зарбхӯрдаи ман ҳамин қадар гуфт, ки:
— Аз гапи ман баромада аз даст ҷудо шудӣ.
Азбаски ин дасти рост аст, барои ту боз ҳам сахт аст, чунки акнун хат навишта наметавонӣ. Ин сухани охирини падарам маро чунон азоб дод, ки агар сад химча мезад, ин қадар азоб намекашидам.
Падарам бо рӯймолаш дасти маро ба китфам овезон кард ва аз деҳа аспе ёфта оварда маро ба пушти худ ба асп савор карда ба Ғиждувон ба пеши шикастабанд бурд. Назар ба дарёфти шикастабанд, дасти ман аз ду ҷо — ҳам аз оринҷ ва ҳам аз бандаш баромада будааст, ки ҷо ба ҷо кард. Дар вақти ҷобаҷокунӣ, шикастабанд чунон сахт фишурд, ки садои шиқиррӣ карда ба ҷояш даромадани устухони оринҷ шунида шуд. Дарди ҷобаҷокунӣ нисбат ба дарди азҷобаройӣ чанд дараҷа зиёдтар буд, лекин аз тарси падар ва аз шарми шикастабанд ман худдорӣ кардам ва дод нагуфтам. Падарам ин гуна пуртоқатии маро дида:
— Офарин писарам! — гуфт.
Баъд аз тамоман дуруст шудани дастам ва аз ёдам баромадани он фалокат рӯзе падарам маро ба пеши худ ҷеғ зад. Рафтам, аз банди дасти чапам нигоҳ дошт ва бо дасти дигараш химчаеро аз таги намад гирифта ба соқи поям як бор заду гуфт:
— Ҳушёр бошу ба гӯши худ нигоҳ дор, ки баъд аз ин агар аз гапи ман баройӣ, сахт мезанам. Фаҳмидӣ?
— Фаҳмидам.
Танбеҳи дуюме, ки аз падар дидам, ба ин тариқа рӯй дода буд:
Дар наздикии деҳаи мо Сари Пули Эшон ном бозорчае буд, ки аз хонаи мо ду километр дурӣ дошт. Рӯзе маро падар ба он ҷо фиристод, ки намак харида орам. Дар бозгаштам аз бозор аз шиносҳои падарам касе ба ман вохӯрда чанд гап таъин кард, ки ба ӯ гӯям. Ман то ба хона омадан на танҳо суханони ӯро, ҳатто худи ӯро ҳам аз ёд баровардаам. Вақте ки падарам аз шиносҳо дар бозор киҳоро диданамро пурсид, он одам ба ёдам омад ва ба ӯ хабар додам, ки фалониро дидам.
— Чӣ гуфт? — гуфта пурсид падарам.
Чун ҳамаи гапҳои вай аз ёдам баромада буданд, дар ҷавоби ин пурсиш чанд даҳан гап аз худ сохтаву бофта гуфтам.
Магар он суханони ман бемантиқ ва дурӯғ буданашон зоҳир будааст, ки падар боз пурсид:
— Шояд гапҳои дигар гуфта бошад?
— Не, ҳамин тавр гуфт, — гӯён дурӯғи худро таъкид кардам.
Баъд аз чанд рӯзи дигар он одам ба хонаи мо омад. Падарам баъд аз ба меҳмонхона дароварда шинонидани ӯ маро ҷеғ зада ба пеши ӯ шинонд ва аз вай пурсид:
— Шумо ба воситаи ин ба ман чиҳо гуфта фиристода будед?
Ӯ гапҳои таъинкардаашро нақл кард, ки аз гапҳои ман гуфтагӣ тамоман дигар буданд. Ман аз хиҷолат дар зери обу арақ мондам. Падарам аз гӯши ман сахт дошта тоб дода истода ба ман гуфт: — Баъд аз ин ҳар чизро, ки бинӣ, бо диққат зеҳн монда нигоҳ кун, ҳар гапро, ки шунавӣ, бо диққат гӯш андоз ва агар касе ба ту чизе гӯяд, ё коре фармояд, фаҳмида бошӣ ҳам, дубора пурсида ба ёд гир. Ва эҳтиёт кун, ки гап аз ёдат набарояд. Аммо ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯй, ки ҳам шарманда мешавӣ, ҳам бадном. Ҳоло ту ду гуноҳ дорӣ — якум он, ки гапи таъин-кардаро аз ёдат баровардӣ, дуюм он, ки ба ҷойи он гапҳо аз худ дурӯғ бофта гуфтӣ. Агар ҳамон вақт ту «гапҳои таъинкардаашро фаромӯш кардаам», мегуфтӣ, ман туро ба пеши ин кас шарманда намекардам. Рав, бозӣ кун!.
Ин танбеҳи падарам барои ман як таълими бисёр фоидаманд шуд, ки дар ҳаётам таъсири калон кард ва маро бо диққаткорӣ тарбия намуд, фаромӯш накардани гапҳо, ҳодисаҳо, чизҳо ва одамҳоро ба ман ёд дод. Ман шеърҳоро ҳарчанд махсусан ёд кунам ҳам, зуд аз ёдам мебарорам, ҳатто шеърҳои худамро ҳам дар рӯзи дуюми гуфта шудани онҳо фаромӯш мекунам. Аммо гапҳо, ҳодисаҳо ва хотираҳоеро, ки ба ман каму беш таъсир карда бошанд, аз ёд набаровардаам. Ҳарчанд дар 10-12 соли охирӣ қувваи ҳофизаам хеле суст шуда, гапҳо ва чизҳоро зуд фаромӯш мекардагӣ шуда бошам ҳам, аммо хотираҳои пештара қариб ҳамагӣ дар ёдам нақш баста мондаанд. Ин натиҷаи ҳамон танбеҳи падар аст, ки ман дар паси вай ба идмони (тренировкаи) хотира ва ҳофиза машғулӣ намудам.
Баъд аз рафтани он одам, ман ба пеши падар рафтам ва мехостам дар пеши ӯ як дурӯғи худро иқрор кунам. Аммо шарм медоштам. Бинобар ин хомӯш мондам.
Падарам пай бурд, ки ман ба ӯ чизе гуфтан мехоҳам, аммо ба кадом сабаб бошад, ки нагуфта истодаам, бинобар ин пурсид:
— Чӣ мехоҳӣ, гӯй?
— Як дурӯғи худро иқрор кардан мехоҳам.
— Хуб, иқрор кун!
— Рӯза гирифтанам дурӯғ буд. Падарам хандида гуфт:
— Ман ҳамон вақт фаҳмида будам, ки ту рӯза нагирифтаӣ ва барои харҷи сайр гирифтан худро рӯза нишон додаӣ. Лекин ман он вақт хам барои наранҷонидани ту ва ҳам барои наранҷонидани модарат, ки ба рӯзадории ту хеле шавқ дошт, чизе нагуфта будам. Вагарна он корат ҳам дурӯғ буд ҳам фиреб. Лекин он вақт бисёр хурдсол будӣ. Умедворам, ки баъд аз ин он гуна корҳоро накунӣ!
Падарам як сол пеш аз вафоташ хост, ки маро Бухоро бурда шаҳрро тамошо диҳад ва ман чанд рӯз дар пеши акаам монда ба истиқомати мадраса омӯхта шавам, то ки соли оянда барои хондан аз аввали таҳсил ба шаҳр равам. Бо ин ният ӯ дар яке аз рӯзҳои зимистон ба хар савор шуда, маро ба қафои худ савор карда ба роҳ даромад.
Чун мо аз Ялангӣ ном манзил, ки дар байни Вобканд ва шаҳри Бухорост, гузаштем, хар ба канори роҳ баромада дар зери як дарахти бед истод. Падар харро бо чӯбзании бисёр аз он ҷо ҳаракат дода ба роҳ даровард ва ба ман гуфт:
— Соли гузашта баҳорон, вақте ки ба шаҳр мерафтам, ба сари бозори Ялангӣ нафуромада, ба зери ҳамин дарахти бед фуромада худ нон хӯрда ва харро дам дода будам. Аз миёна қариб як сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз он воқеаро аз ёд набаровардааст ва мехоҳад, ки боз дар ҳамон ҷо вайро дам диҳам. Бинобар ин аз он ҷо гузаштан нахост.
Падар баъд аз дақиқае хомӯш мондан боз ба гап даромад:
— Хар аз одаме, ки чизҳои дида ва шунидаашро аз ёд мебарорад, беҳтар аст. Диққат кун, ки ҳеҷ чизро аз ёд фаромӯш накунӣ!
Падарам бо ин таълими дар боло нақл кардашудаи худро бо як мисоли бисёр содаи авомона таъкид ва зернишин карда буд.

Аввалин ёддоштҳоям дар бораи Бухоро ва мадраса

Мо вақти хуфтан ба шаҳри Бухоро расида, аз дарвозаи Самарқанди он ба даруни шаҳр даромадем.
Назар ба қавли падарам, агар 5 дақиқа дер мекардем, дар беруни шаҳр мемондем, чунки дарвозаҳои шаҳр дар вақти хуфтан, яъне баъд аз яку ним соати фурӯ рафтани офтоб баста шуда калидҳояшон ба миршаби шаҳр фиристода мешудаанд.
Даруни шаҳр торик буд. Дар дарвозахонаи шаҳр дар пеши дарвозабон як пилсӯз, ки бо пилта ва равғани зағир месӯхт, рӯшноии хирае медод. Ғайр аз ин, дар ягон ҷойи кӯчаи шаҳр шамъе, чароғе, ё фонусе набуд. Азбаски ҳавлиҳои Бухоро дар тарафи кӯча дарича ва равзане надоштанд, аз онҳо ҳам ба кӯча рӯшноие намеафтод. Кӯчаҳои танг, ки дар ду тарафи онҳо хонаҳои дуошёна ва сеошёна бино ёфта буданд, манзараи гӯрмонандеро ба ёди кас меоварданд.
Мо аз кӯчаҳои ин шаҳри «торикистон» андӯҳгинона раҳсипор гардида ба пеши мадрасаи Мири Араб расидем, ки акаам бо Сайид Акбар дар он ҷо истиқомат доштанд.
Аз тарафи ғарбии мадрасаи мазкур як рӯшноии дудолуде ба назар намоён гардид ва садои нақораҳо ва сурнайҳо ҳам аз он ҷо мебаромад. Маълум шуд, ки дар он ҷо — дар байни саҳни мадрасаи Мири Араб ва Масҷиди Калон чавкӣ (базми умумии подшоҳӣ) барпо шуда будааст. Дар он вақтҳо одат ин будааст, ки амир берун аз қасри марказии худ — арк, дар кадом ҳавлие, ки манзил кунад, шабона дар наздикии он ҳавлӣ чавкӣ, яъне базми умумии кӯчагӣ ташкил мекардааст.
Ман дар он шаб нахустин бор чавкиро тамошо кардам, дар як майдони танги чуқур, ки тахминан 10 метр бар ва 20 метр дарозӣ дошт, тамошобини бисёре ғун шуда буд. Дар миёнҷойи майдон тӯдаи оташ буда, дойрадастон дар пеши вай қатор нишаста буданд, қариб 20 нафар раққосписарони амради кокулдор дар пеши дойрадастон сурудхонӣ ва раққосӣ мекарданд. Дар пеши онҳо як ӯғури пурравған буда, латтакӯҳнаҳое, ки дарунаш буд, машъалвор месӯхт.
Ясавулони чӯбдардаст тамошобинонро зада дур мекарданд, ки ҳуҷум оварда раққосон ва дойрадастонро зер накунанд.
Ин базм ба ман маъқул нашуд, чунки вай аз маҷлиси базм зиёдтар ба маҷлиси тарфбозии ғиждувониён монанд буд.
Падарам хӯрҷинро фуроварда пеши ман монда худ харро бурда ба сарой баста омад. Мо бо ӯ ба мадраса даромадем. Мадрасаи Мири Араб яке аз беҳтарини мадрасаҳои Бухоро буда, пештоқи баланд ва миёнсаройи хушҳавое дорад. Мо аз дарвозаи мадраса даромада ба дасти рост баргаштем.
Дар он ҷо зинае буд, ки мо бо вай боло баромадан гирифтем.. Зина торик ва печ дар печ буд.
Падарам овоз дода-овоз дода боло мешуд ва ман аз паси ӯ бо аломати овозаш зинапояҳоро даст- даст карда бо эҳтиёт пой монда боло мешудам.
Баъд аз зина тамом шудан ҳам торикӣ тамом нашуд, чунки сари зина ба ҷое мебаромад, ки атроф ва болояш пӯшида буд. Дар он ҷо падар дареро бо қоидаи мадраса бо пушти нохунаш нарм- нармак тиқ-тиқ кард. Дар кушода шуд ва мо даромадем. Ҳуҷра иборат аз як гунбази бисёр баланди васеи гирда буд ва ғайр аз дари даромадаш, ки вай ҳам аз раҳрави болопӯшидаи торик кушода мешуд, дигар на дар дошт ва на дарича. Дар миёнаҷойи ҳуҷра як сандалӣ буда, ба болои вай як шамъи ҷойдории 16-тагӣ, яъне 16 донааш нимчагӣ (нимкилогӣ) месӯхт. Ин шамъ танҳо рӯйи сандалиро базӯр равшан мекард ва дигар ҷойи ҳуҷра, хусусан сақфи баланди гунбазшаклаш, дар нимторикӣ бисёр воҳимаангез ба назар менамуд. Дар вақти даромадани мо акаам дар пойгаҳи ҳуҷра машғули ошкашӣ буд ва Сайид Акбар, ки ӯ дар деҳа лақаби «Парвардигорхӯҷа»-гиро ёфта буд, дар пеши сандалӣ менишаст. Баъд аз вохӯрдӣ ва пурсупоси муқаррарӣ ва гузашта нишастани мо дар атрофи сандалӣ акаам ошашро кашида овард. Ош иборат аз палави гӯштимурғноки серравғани балаззат буд.
Дар вақти ошхӯрӣ падарам пурсид:
— Шумоён гӯшти мурғро аз куҷо ёфтетон?
Ба ин пурсиш акаам ҷавоб надод. Аммо Парвардигорхӯҷа ҷавоби ботафсиле дод. Назар ба тафсилоти ӯ, амир Абдулаҳад 37, ки он сол соли сеюми подшоҳиаш буд, як одат бароварда будааст, он одат иборат аз ин будааст, ки аз арк берун дар ҳар ҳавлие, ки манзил кунад, аз мадрасаи наздик ба он ҳавлӣ баъд аз шом оши мадрасагӣ мепурсидааст. Яке аз ходимони ошхонаи амир барои иҷрои ин супориши ӯ ба мадраса омада овоз медодааст, ки ҳар кас оши тайёр дошта бошад, биёрад. Муллобачаҳо оши палави тайёр кардаашонро бо дегаш мебаровардаанд ва он ходим дегҳоро ба соҳибонашон бардоронда ба ҳавлии амир мебурдааст. Дар он ҷо сарошпаз дегҳоро кушода маззаи ошҳоро чашида дида, яке аз онҳоро интихоб карда мегирифтааст ва дигар ошҳоро рад мекардааст, ки соҳибонашон боз бардошта мерафтаанд.
Сарошпаз он оши писандидаашро ба табақи амир кашида гирифта деги муллобачаро аз оши ошхона пур карда медодааст ва ҳам ба соҳиби ош бо супориши амир 10 танга (яку ним сӯм) пул медодааст.
Азбаски ин одати амир ба ҳамаи мадрасаҳои Бухоро машҳур шудааст, ӯ дар кадом ҳавлие, ки манзил кунад, аҳолии мадрасаҳои атрофи он ҳавлӣ ба умеди қабули амир оши палав мепухтаанд. Чун имшаб амир ба наздикии мадрасаи Мири Араб манзил кардааст, дар 143 ҳуҷраи ин мадраса ҳам оши палав пухта шудааст ва ҳол он ки дар як қисми ин ҳуҷраҳо касоне истиқомат доштаанд, ки дар як зимистон як бор ҳам бошад, оши палав пухтан ба онҳо муяссар намешудааст. Ин гуна муллобачаҳои қашшоқ ҳам қарз карда ё масолеҳи оши палавро аз қассобу баққол ба нася гирифта, ба умеди қабули амир оши палав мепухтаанд.
Сайид Акбар дар охири суханаш бо як оҳанги мағруронае гуфт:
— Имшаб аз байни 143 дег ош, хушбахтона, оши мо қабул ёфт ва ин оши гӯштимурғнок аз ошхонаи подшоҳист.
Падарам дар аввалҳои тафсилоти Сайид Акбар суханони ӯро гӯш дода ош хӯрда меистод. Чун дар нимаи ҳикояти вай чӣ будани масъаларо фаҳмид, аз ошхӯрӣ бозистод ва дар ваҷоҳаташ аломати хашм ва ғазаб пайдо шуд.
Ман гумон доштам, ки ӯ ҳамин замон халачӯбашро бардошта акаамро хоҳад зад. Аммо ин тавр накард. Баъд аз ғундоштани дастархон ҳам хеле вақт бедор нишаст. На ба Сайид Акбар ва на ба акаам чизе нагуфт ва ҳатто ба рӯйи онҳо нигоҳ ҳам намекард ва монанди шайхони хонақоҳнишин чашмонашро пӯшонда ва сарашро хам карда менишаст ва гоҳ-гоҳе сари худро қадаре боло гирифта оҳе мекашид ва боз сар хам мекард.
Ӯ имшаб хобида тавонист ё не, ман хабар надоштам, чунки хобам рабуда буд. Чун дар аввали субҳ бо шамъгиронии акаам бедор шудам, дидам, ки падар барои бозгаштан ба саҳро тайёр шуда истодааст. Вақте ки рӯз сафед шуд, ӯ аз ҷояш хеста ба ман хитоб карда гуфт:
— Писарам, биё, туро хам ҳамроҳи худ ба саҳро барам, чунки ту дар ин ҷо, дар пеши ин амирбозон на одоби мадраса, балки деглесии ошхонаи амирро меомӯзӣ.
Ман гиряву зорикунон аз ӯ пурсидам, ки маро ба ин зудӣ ба саҳро гардонда набарад, то ки рӯзе чанд дар ин ҷо монда шаҳрро тамошо кунам ва мулло тағоиямро бинам.
Ӯ розӣ шуд, ки ман муваққатан дар шаҳр монам ва ба тарзи ҷиддӣ:
— Лекин ҳушёр бош, ки монанди инҳо нашавӣ, агар ба гуфтаҳои ман амал накунӣ, рӯйи туро ҳам намебинам, — гуфт ва хӯрҷинро аз дасти акаам, ки бардошта бурдан мехост, кашида гирифта аз ҳуҷра баромад. Мо то сари хархона гусел кардани ӯ рафтем. Дар он ҷо ҳам чизе нагуфта пули саройбонро дод ва харашро савор шуда ба саҳро рафт.
* * *
Он ҳуҷрае, ки акаҳои ман дар вай зиндагонӣ мекарданд, «девхона» ном доштааст.
Воҳимаангезии рӯзонаи вай аз шабонааш хам зиёдтар шуд; вақте ки дар рӯзи равшан аз кӯча омада ба он бинои васеи торики дудолуд медароед, гумон мекунед, ки ҳақиқатан ҳам дар ҳар гӯша ва кунҷу канорҳои вай деве хуфта бошад. Ин гунбази пурдаҳшат фақат дар девори ҷанубиаш як панҷараи хурди гаҷин дошт, ки вай ҳам ба гунбази аз ин ҳам баландтари масҷиди мадраса кушода мешуд. Агар аз сӯрохи хурди панҷара ба он сӯ нигоҳ мекардед, воҳимаатон боз ҳам қувват мегирифт, чунки фазои васеи гунбази масҷид ба назаратон монанди як дунёи торики бепоён менамуд. Ин ҳуҷра инчунин дар зери қуббааш як сӯрохи танге дошт. Дар рӯзҳои беабри офтобнок, дар соатҳои 12-и рӯз аз он ҷо ба замини ҳуҷра даҳони пиёла барин рӯшноӣ меафтод. Ин рӯшноии ғайритабиӣ дар замини торики ҳуҷра, монанди рӯшноии чашми даррандагон дар шаби торик даҳшатангез менамуд.
Зиндагонии мо дар он ҳуҷра бисёр сода буд, пагоҳонӣ ва бегоҳонӣ нони қоқи аз саҳро овардашударо бо чой мехӯрдем. Ҳар рӯз дар соати як акаам ягон дами гарме тайёр мекард.
Дами гарми мо ҳам сода буд: мошу биринҷ, баъзан кичирӣ ва гоҳо пиёба, ки бо нони қоқ хеле хушхӯр мешуд.
Корҳои ҳуҷраро — пухтупаз, шустушӯй ва рӯфтурӯбро тамоман акаам мекард ва ман ба қадри қувватам ба ӯ ёрӣ медодам. Аммо Сайид Акбар, яъне «Парвардигорхӯҷа», монанди он ки дар он ҳуҷра меҳмон бошад, ҳамеша дар пешгоҳи сандалӣ поҳояшро дар оташ гарм карда менишаст ва дарсашро медид, ё хат машқ мекард. Гапе ки ӯ мезад, танҳо ҳамин буд, ки аз акаам бо оҳанги ҳокимона мепурсид: «таоматон кай тайёр мешавад?» ё ин ки: «кай чой дам мекунед?»
Акаам ба ин пурсишҳои ӯ бо забони хуш ва чеҳраи кушода ҷавоб медод. Аммо ман дарғазаб мешудам ва дар дили худ хушмуомилагии акаи худро дар ин мавридҳо нодуруст мешумурдам.
Ман имсол ба сохти ҳуҷраҳо ва аҳволи зиндагонии берунии талабагони мадрасаи Мири Араб ва ба карру фари мағруронаи калонони он мадраса як дараҷа воқиф шудам. Мадрасаи Мири Араб асосан дуошёна буда, ҳуҷраҳои чорошёна ва гӯшаҳои даруниаш ҳуҷраҳои сеошёна доштанд. Ҳуҷраҳои ошёнаи дуюми ин гӯшаҳоро муаллақ меномиданд, ки дар ҳақиқат ҳам аз гӯри муаллақ ҳеҷ фарқ надоштанд. Ҳуҷраҳои асосии ошёнаи якум якдара ва аз они ошёнаи дуюм ва чорум дудара буданд, ки дари дуюми онҳо дарича буда, ба кӯча кушода мешуданд.
Ин мадраса аз дарун дар шимол ва ҷануб ду пештоқи баланд дошт. Дар пушти ин пештоқҳо андак ҷойи дутаимонанде холӣ будааст, ки бинокорон ҳамон ҷоро ҳам ҳуҷра сохтаанд. Дар дарозии ин ҳуҷраҳо як одам базӯр мехобид, аммо онҳо бағоят кӯтоҳ буда, ба одам қад намедод. Азбаски дар даруни як тоқи калон дари оддӣ бад менамояд, бинокорон дар он ҳуҷраҳои танг дарҳои бисёр сербар ва баланди дарвозамонанд шинондаанд. Аҳолии мадраса ин ҳуҷраҳоро «уштурхона» меномиданд. Ин ном нисбат ба дари онҳо бисёр муносиб буда, нисбат ба даруни онҳо аз қабили номидани ягон чиз бо сифати зидди он чиз буд, ки ин гуна маҷоз дар Бухоро одат буд. Чунончи, дар ҳамон вақтҳо дар Масҷиди Калони Бухоро як одами аз ҳад зиёд фарбеҳ хатиб буд ва фарбеҳиаш ба дараҷае буд, ки дар вақти хутба ду кас аз бағалаш гирифта ӯро ба минбар мебароварданд ва худ вазни худро бардошта баромада наметавонист, мардум ӯро «Зайди Лоғар» мегуфтанд.
Бештарини талабагон зиёда қашшоқ буда, дар зимистон бо ҷомаи тунуки ямоқӣ ва бо кафши бемаҳсӣ мегаштанд. Хурдсолтарини онҳо дар шабҳои барфу борон ҳам бар рӯйи саҳни болояш кушода бар рӯйи санг нишаста дарс такрор мекарданд ва калонсолтаринашон дар миёнсаройи 39 мадраса нишаста дарси худро тайёр менамуданд.
Калонон, яъне касоне, ки ба мартабаи мударрисӣ расида буданд, ё ин ки дар он мадраса ду-се ҳуҷраи зархарид доштанд, бисёр мутакаббирона — калонгирона ҳаракат мекарданд. Одатан, инҳо дар байни асру шом дар миёнсарой менишастанд ва бештарини вақташонро бо шикоят аз ғоибон мегузарониданд. Агар яке аз онҳо барои коре аз он ҷо хеста равад, фавран аз вай шикоят сар мешуд ва ҳол он ки дар вақти будани ӯ ӯро бисёр эҳтиром мекарданд.
Гоҳо инҳо ба мунозира медаромаданд. Ман он вақтҳо ба болои кадом масъала мунозира кардани онҳоро намефаҳмидам, аммо ҳамин қадарро мефаҳмидам, ки дар болои мунозира якдигарро сахт дашном медоданд. Бо нодонӣ ва бесаводӣ нисбат додани якдигарашон муомилаи оддӣ ба шумор мерафт. (Ман баъдҳо фаҳмидам, ки ҳамаашон рост мегуфтаанд — ҳамаашон нодон ва бесавод будаанд ва саводнок дар қатори онҳо наменишастааст.) Аммо ҳамин ки мунозира тамом шуд, боз якдигарро мунофиқона ҳурмат мекарданд.
* * *
Истиқомати мо дар ин ҳуҷраи «девхона» бисёр дер накашид. Соҳиби ҳуҷра, ки як муллои судхӯр будааст, аз акаҳоям зиёфат талаб кардааст, инҳо дар аввалҳои таҳсил, дар вақте ки равған ва биринҷи аз саҳро овардаашон будааст, ду бор ӯро зиёфат кардаанд. Аммо дар вақти омадани ман захираашон ҳеҷ намонда буд ва охирин биринҷи худро ба амир палав пухта дода буданд. Бинобар ин соҳиби ҳуҷраро дигар зиёфат карда натавонистанд ва ӯ ҳам дар як рӯзе, ки барф меборид, холӣ кардани ҳуҷраро талаб кард. (Ман як қисми муомилаҳои ҳуҷрадорони Бухороро дар «Марги судхӯр» ном асари худ акс кунонидаам.) Акаҳоям як рӯз кофтуков карда аз Бозори Хӯҷа ном гузари Бухоро як ҷое ёфтанд. Ин болохонаи як баққол буд, ки ӯ ин ҷойи худро барои «савоб» ба муллобачаҳои беҷой медодааст ва аз бадии он болохона он сол касе дар вай истиқомат накарда холӣ монда будааст.
Мо ба кӯчидан сар кардем, ҳарчанд дар байни мадрасаи Мири Араб ва ҷойи нави мо аз як километр зиёдтар роҳ бошад ҳам, мо чизҳоямонро ба осонӣ кашондем. Парча-палосҳо, дегу табақ ва китобҳо дар як раҳ бурда шуданд, хумчаи равғандон ва тарошаҳоро акаам ба пушташ бардошта бурд. Акнун ним ҷувол ангишти қазоқӣ монда буд, ки бурдани вай душвор менамуд. Мо ҷувол надоштем, ки ангиштро дар вай андохта кашонем. Баъд аз фикри бисёре акаам дарёфт, ки ангиштро ба хуми об андохта бурдан мумкин аст. Ин фикр ба ман ҳам писандида афтод. Дарҳол оби хумро рехта вайро бо ангишт пур кардем ва хуми ангиштдоншударо аз зина даст ба даст гирифта фуровардем. Дар пойин акаам он хумро бо тори ҷомашӯйӣ чорбанд карда ба пушташ баст. Ман самоворро ба даст гирифтам ва Сайид Акбар як китоби худро бо нӯги остинаш олуфтаворона гирифт.
Мо бо ин кӯчи ноилоҷ (ноҳинҷор) аз растаи болопӯшида — аз миёни бозор рафта наметавонистем, бинобар он бо тангкӯчаҳои пасхам равон шудем. Барф меборид ва зери пой лағжонак буд. Вақте ки мо ба гузари Кемухтгарон расидем, акаам дар барф лағжида афтид, хум шикаст ва ангишт пош хӯрд.
Акаам зери деворро бо остинаш рӯфта пок карда барои ангишт ҷой тайёр кард. Ман бо ӯ ангиштҳои пошхӯрдаро дона-дона аз даруни барф чида дар он ҷо ғундоштан гирифтем. Аммо «Парвардигорхӯҷа» бо шикастани хум ва пош хӯрдани ангишт худро ба зери девор гирифта бо пушти нохунаш гарди ангишти ба ҷомааш нишастаро оҳиста-оҳиста тоза кард ва ба ангиштчинии мо тамошобин шуда истод.
Акаам бо ин ҳаракати ӯ бисёр бадқаҳр шуда ба ғазаб омад ва бе ҳеҷ огоҳонидан ба тарафи ӯ давида ӯро аз миёнаш гирифта бардошта ба рӯйи барфи кӯча зад ва ба сари синааш нишаста ӯро ду-се зарбаи кундазону дода гуфт: — Ин аст ҷазои касе, ки кори худро худ намекунад ва бори худро ба гардани дигарон бор карда озодагӣ ва калонгирӣ мефурӯшад!
Ҳамин ки акаам аз болои ӯ хест, ӯ ҳам оҳиста аз болои барф хест ва барфҳои либосашро наафшонда ба як тараф гурехта рафт.
Ман ба хушмуомилагии акаам бо ӯ дар корҳои ҳуҷра чӣ қадар тааҷҷуб карда бошам, ба ин кораш, ки ҳарчанд ҳақдорона бошад ҳам, ногаҳонӣ ва бар хилофи одаташ рӯй дода буд, аз вай зиёдтар тааҷҷуб кардам ва он вақт дуруст ва рост будани мазмуни як мақоли арабиро, ки як вақт падарам ба ман гуфта дода буд, фаҳмидам. Мазмуни он мақол ин буд: «Худо паноҳ диҳад аз ғазаби одами ҳалим — нарммуомила».
Ман ба ин муносибат ҳикояти ба девона занониданам Сайид Акбарро ба акаам нақл кардам.
Чунки тарзи зарбаи ҳар дуи инҳо — акаам ва он девона — як ранг буд. Бо ин ҳикояти ман хашми акаам тамоман фурӯ нишаст ва табассумкунон гуфт:
— Хуб кардӣ, лекин ин коратро ба падарам нафаҳмон, ки туро коҳиш мекунанд.
— Бори аввал аст, ки ман он ҳикоятро ба шумо нақл кардам. Дигар на ба падар ва на ба касони дигар нагуфтаам ва нахоҳам гуфт, — гуфтам.
Дар бошишгоҳи нав аҳволи зиндагонии мо хеле сахт шуд, болохона як хоначае буд, ки бар болои дӯкони баққол бино ёфта буд, деворҳояш чӯбкории тунук буд, ки ба ягон хонаи дигар намепайваст. Як дари даромад дошт, ки рӯшноӣ хам аз ҳамон ҷо медаромад. Аммо аз он дар аз равшанӣ дида сардӣ зиёдтар медаромад. Зотан, аз тунукии девор он хона ҳеҷ гарм намешуд. Мо дар кодоки сандалӣ нишаста поҳои худро гарм кунем ҳам, дигар аъзои баданамон аз сармо меларзид. Дар он болохона дар ду рӯз ду кӯзаи об ях баста шикаст. Мо маҷбур шудем, ки оби аз ҳавз овардаамонро зуд кор фармуда бақияашро фавран ба кӯча бароварда резем. Ин ҳуҷра ҷойи дастурӯйшӯйӣ ҳам надошт. Мо маҷбур будем, ки ба кӯча баромада шустушӯ кунем.
Мошу оқшоқ дошта бошем ҳам, захираи равған тамом шудагӣ буд. Мо барои дамигармпазӣ аз баққол — соҳиби болохона ба ҳашт пул (ду тин) панҷ мисқол (125 грамм) равғани зағир мехаридем, ки ин ба мо дар ду ё се рӯз мерасид. Баққол равғанро бо як манаки (андозаи) кадучагӣ баркашида медод. Ӯ болохонаашро барои «савоб» ба мо бепул дода бошад ҳам, дар вақти равғанбаркашӣ манакро пур намекард ва агар нохост кадуча пур шуда монад, дасташро як ларзонда як миқдор равғанро ба лагани худ рехта мегирифт.
Як шаб сармо бисёр сахт шуд. мо дар ҳуҷраи тағоиямон хобидем, пагоҳонии он шаб баққол ба мо гуфт:
— Болохонаро шабона бекас мондан дуруст нест. Аҷаб нест, ки дузде ба он ҷо даромада сақфи дӯконро сӯрох карда ҳамаи чизҳои маро рӯфта барад.
Аз ин ҷо масъалаи «савобталабии» баққол ба мо тамоман ҳал шуд.
Ман дар ин саёҳати худ гӯё шаҳрро тамошо карда натавонистам. танҳо як бор Регистон ва масҷиди Болои Ҳавзро дидам, чунки худам ба танҳоӣ ҷоеро намедонистам. Акаам бошад, ба дарсҳои худ машғул буд. Дар рӯзҳои таътил бо акаам то бозори китоб рафта меомадем, ки дар роҳ ғайр и ҷанҷоли аробакашҳо бо якдигар, дар кӯчаҳои танг барои роҳ надодан ба ҳамдигар чизеро намедидем. Агар дар мадрасаи Мири Араб ғалмағали муллоҳоро тамошо мекарда бошам, дар ин ҷо он ҳам набуд.
Дар ин ҷо ягона дилхушиам рафтан ба ҳуҷраи тағоиям Мулло Деҳқон буд. Ӯ дар Бухоро хонадор шуда буд. дар ҳавлии занаш менишаст. Азбаски он ҳавлӣ меҳмонхона надошт, ӯ аз мадрасаи Фатҳулло қушбегӣ, ки ба ҷойи мо наздик буд, як ҳуҷра ёфта буд ва дар он ҷо дарсгӯйӣ мекард.
Тағоиям навдарсгӯй ва шогирдонаш кам буданд. Ҷамоае (синфҳое), ки дар пеши у мехонданд, ҳар кадом аз чор-панҷ талаба зиёд набуданд. Ӯ бештарин аз Қофия (наҳви забони араб), Шамсия (оид ба мантиқ) дарс медод. Талабаҳои ӯ баробари худаш дод мезаданд. Ман ҳайрон будам, ки талабаҳо ба пеши ӯ барои дарсхонӣ омада бошанд ё барои мунозира? Ба фаҳми ман, дарсгӯйии имоми деҳаи мо аз дарсгӯйии ӯ беҳтар буд, чунки дар пеши имом талабаҳо ором менишастанд ва ӯ бо оҳистагӣ дарс медод. Агарчи дар он ҷо ҳам бештарини талабаҳо чизеро намефаҳмиданд, аммо барои фаҳмидан имкон буд. Азбаски шогирдони тағоиям ҳамагӣ бо домулло баробар фарёд мекашиданд, ман гумон мекардам, ки барои ягон чизро фаҳмида гирифтан ҳеҷ имконият нест.
Сайид Акбар — «Парвардигорхӯҷа» аз мо ҷудо шуда рафта, ба охунди Бухоро — Орифхон кафшбардор шудааст. Ӯ баъд аз кӯҳна кардани ҷанги бо акаам шуда рӯзе ба пеши мо омад ва ба ин хизмат даромадани худро ҳикоя кард. Назар ба қавли ӯ, охунд ҳар ҷо барои тӯй ё зиёфат ва ё барои ҷаноза, ё ин ки ба дарбори амир равад, ӯ ба сифати кафшбардор дар қатори саис ба ҷилави ӯ афтода пиёда мерафтааст. Баъд аз расидан ба ҷойи матлуб саис аспи охундро гирифта савор шуда меистодааст ва Сайид Акбар ҳамроҳи ӯ то дари хонаи нишасти он ҷо мерафтааст ва баъд аз охунд кафши худро кашидан ӯ он кафшро гирифта аз чангу хок, ё аз лой пок карда дар бағали худ нигоҳ медоштааст. Вақте ки охунд аз он хона барояд, кафшро пеш монда ба ӯ мепӯшондааст ва пешкашҳои дар он маврид ба охунд додашударо бардошта, боз дар қатори саис ба ҷилави ӯ афтода пиёда ба хонаи ӯ меомадааст. Назар ба фикри худи ӯ, ин кор як андоза душвор ва серташвиш бошад хам, зиндагониаш ба хубӣ мегузаштааст — дар ҳавлии охунд дар яке аз хонаҳои ӯ хобухез мекардааст, ки гарм ва озода будааст. Ҳар пагоҳ чойи қаймоқӣ ва ҳар рӯз оши палав мехӯрдааст.
— Шумо, ки, — гуфт акаам ба ӯ, — худатонро калон мегирифтед, ҳеҷ касро назаратон намегирифт ва аз рӯфта тоза кардани ҷойи хоби худатон ор мекардед, чӣ навъ шуд, ки ба ин кори паст гардан додед?
— Ин одаме, ки, — гуфт Сайид Акбар, — ман хизмати ӯро қабул кардам, дар хоҷагӣ бо ман баробар бошад ҳам, илмаш аз ман зиёд аст, бинобар ин ман аз хизмати ӯ ҳеҷ ор накардам.
Касоне, ки ман ба онҳо калонӣ мекунам, бештаринашон дар насаб аз ман пастанд, баъзеи онҳо дар хоҷагӣ бо ман баробар бошанд ҳам, илм ва фазлашон аз ман кам аст. Бинобар ин ман ҳақ дорам, ки ба он гуна одамҳо калонӣ кунам.
Мо дар нобобии ҷойи истиқомати навамон тоқат карда натавониста, пеш аз тамомияти соли таҳсил ба саҳро баргаштем. Акаам маро ба хона бурда монда, баъд аз ду-се рӯз дам гирифтан боз Бухоро рафт.
Вақте ки ман ба падарам дар қатори таассуроти шаҳр сабаби калонии Сайид Акбарро ба тарзе, ки аз забони худаш шунида будам, нақл кардам, ӯ баъд аз хандидан вазъияти ҷиддӣ гирифта:
— «Гирди номи падар чӣ мегардӣ? — Падари хеш шав, агар мардӣ!» — гуфтаанд. Аммо ин сухани пурҳикматро бисёр одамҳо ба назар намегиранд. Аз болои насаб фахр кардан кори аҳмақон аст. Ин сабилмондаи «хоҷагӣ» бисёр касонро аҳмақ кардааст. Ман касонеро ёд дорам, ки «хоҷагӣ» онҳоро аз Сайид Акбар ҳам зиёдтар аҳмақ кардааст, — гуфт ва ба тарзи мисол як ёддошти худро нақл намуд.

Тӯйравии хоҷагони мираконӣ

Назар ба қавли падарам, вай дар ҷавонӣ бо яке аз хоҷаҳои мираконии ҳамдеҳаи худ ба сайри Самарқанд рафтааст, инҳо дар Самарқанд ба хонаи яке аз хоҷагони мираконии он ҷо меҳмон шудаанд. Ҳамон рӯзҳо яке аз хоҷагони даҳбедӣ тӯй доштааст, ки хоҷаҳои миракониро ҳам ба тӯяш даъват карда будааст. Аз хоҷагон онҳое, ки аспу одам доштаанд, зуд тайёр шудаанд, аммо касони бе аспу одам хеле ташвиш кашидаанд — барои худ ду аспи кироӣ ва як одами кироӣ ёфтаанд, ба як асп худ савор шуда, ба аспи дигар он одами кироиро бо унвони хизматгори палтарсавори 40 худ савор кардаанд. Ба падарам ва ҳамроҳи ӯ ҳам ду асп ёфта додаанд. Падарам мегуфт:
— Ҳар чӣ бошад, хайр шуд, ки ба мо ҳам як-як аспу одами палтарӣ ҳамроҳ накарданд.
Хоҷагон бо як ҳашамати амирмонанд аз шаҳри Самарқанд баромада ба деҳаи Даҳбед, ба тӯйхона рафтаанд. Дар пеши хоҷагон таомҳои гуногун ва пешкашҳои муносиб кашида шудааст. Аммо ба таом ягон меҳмон ҳам нигоҳ накарда даст дароз нанамудааст. Соҳиби тӯй дар поёни меҳмонхона рост истода таъзимкунон илтимос мекардааст, ки «ба таом марҳамат намоянд». Аммо хоҷагон бо нозу истиғно ба тарафи таом нигоҳ намекардаанд.
Охир баъд аз «гиред-гиред»-и бисёре, калонтарини хоҷагони меҳмон, ки дар пешгоҳ нишаста будааст, аз кисааш қаламтарошро бароварда аз рӯйи табақ як дона биринҷ гирифта, вайро бо кордча ду тақсим намуда, нимаашро ба даҳон андохта, нимаи дигарашро ба рӯйи дастархон гузоштааст.
Падарам мегуфт:
— Мо, соктарегиҳо, дидем, ки аҳвол бад аст ва аз пеши ҳамин қадар неъмати фаровон ба шаҳр гурусна хоҳем баргашт, фурсатро аз даст надода, зуд-зуд ба ошхӯрӣ даромадем, ҳар чӣ бошад, хоҷагон ба иқтизои калонӣ ё барои исботи калонӣ дар таомхӯрӣ чӣ қадар «гиред- гиред» карда бошанд, дар фотиҳахонӣ ҳам ҳамон қадар «аз шумо-аз шумо»-ро бисёр карданд.
Мо дар ин муддат шиками худро сер карда гирифтем.
Баъд аз ба дастархон фотиҳа хондан, ходимони тӯйхона ошҳои аз пеши меҳмонон баргаштаро мувофиқи одат ба хизматгорони онҳо — ба палтарсаворон додаанд.
Хоҷагон баъд аз якпиёлагӣ чой нӯшидан, боз бо ҳамон ҳашамати амирӣ ба шаҳр баргаштаанд.
Вақте ки онҳо ба лаби дарё расидаанд, хоҷагони калон бо якдигар «ин ҷо мувофиқ» ё «он ҷо муносиб» гӯён маслиҳат карда, охир зери як дарахти бедро писандидаанд, ки фавран палтарсаворон дар он ҷо ҷулҳои аспҳоро паҳн карда ҷойи нишаст тайёр намудаанд. Хоҷагон аз аспҳошон фуромада бар рӯйи ҷулҳои чиркини аспҳо бо ҷомаҳои шоҳиву зарбафт давра гирифта дузону нишастаанд. Баъд аз он калонтарини хоҷагон ба саисҳо хитоб карда:
— Канӣ, зудтар биёретон, ки аз гуруснагӣ ба ҷон расидем, — гуфтааст. Саисҳо «хӯш, тақсир, ҳозир» гӯён аз палтархӯрҷинҳо тӯрбаҳои емхӯрии аспҳоро бароварда оварда ба пеши хоҷагон гузоштаанд ва ҳар кадом аз хоҷагон тӯрбаи аспи худро кушода аз даруни вай оши палавро, ки дар он ҷо будааст, бароварда то сер шудани шикамашон хӯрдаанд.
Дар ҳақиқат ин оши палав ҳамон ош будааст, ки хоҷагон аз вай нимдонагӣ хӯрда будаанд ва бақияашро саисҳо хӯрда сарқути худҳоро ба тӯрбаҳо андохта барои хӯҷаинҳошон захира карда монда будаанд. Азбаски ин одати доимии хоҷагон будааст, саисҳо ба ин кор моҳир шуда монда будаанд.
Ман дар он вақт аз ҳад зиёд пурмуболиға будани ин нақли падарро ҳаргиз ҳис накарда будам.
Аммо баъд аз калонтар шуданам, дурӯғ будани он тарз ошхӯриро фаҳмида бошам ҳам, ба характери аксари хоҷагони он замон мувофиқ буданашро аз рӯйи таҷрибаҳои аз сар гузаронидаи худ бовар кардам.
Дар ҳар ҳол ин ёддошти сохтаи падарам он вақт ба ман чунон таъсир карда буд, ки пештар аз омӯхтани зиндагонӣ ба пуч ва аҳмақона будани насабтарошӣ ақида пайдо карда будам.
Таҷрибаҳои шахсии худам бошанд, он ақидаро таъкид ва мустаҳкам карданд.

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4



error: Content is protected !!