Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 1-2

Ятими доно ва бойи фиребгари нодон

Назар ба қавли Тӯтапошшо, будааст-набудааст як бойи фиребгар будааст. Ӯ ҳамеша ятимон ва хизматгорони худро муфт кор мефармудааст, ҳар вақт ки онҳо ҳақ талаб кунанд, ягон тӯҳмат ёфта онҳоро қарздор мекардааст ва то адо кардани он қарзи тӯҳматӣ онҳо аз дасти вай халос шуда наметавонистаанд. Агар хизматгоре он қарзи нокардаашро адо кунад, боз ягон тӯҳмати дигар ёфта ду-бора ӯро қарздор мекардааст. Ҳамин тариқа шуда хизматгорони ӯ аз дасти ӯ то мурданашон халос шуда наметавонистаанд.
Охир кори он бой ба дараҷае расидааст, ки касе хизматгорӣ ва ятимии ӯро қабул намекардагӣ шудааст, ҳар касеро, ки ба хизмати худ таклиф кунад, «ту фиребгар, ту тӯҳматчӣ» — гуфта таклифи ӯро рад мекардааст. Ҳарчанд ваъдаҳои хуб диҳад ҳам, касе гапҳои ӯро бовар намекардааст.
Охир хизматгорони кӯҳнааш ҳамагӣ мурда рафтаанд ва ӯ тамоман бехизматгор ва бедастёр мондааст. Як рӯз камбағалони деҳаро дар пеши масҷид ғун карда, дар пеши имом аз занталоқӣ касам хӯрдааст, ки агар касе хизмати ӯро кабул кунад, ҳақ медиҳад ва тӯҳмат намекунад.
Аммо камбағалон ин гапи ӯро ҳам бовар накардаанд, «худат чӣ, ки қасамат бошад» — гуфтаанд.
Баъд аз он бой фикр карда-фикр карда як роҳи фиреби дигарро ёфтааст: дар он деҳа як писарбачаи бепадару модари хурдсол будааст. Ӯро «писарам, ба хонаи ман биё, ман ба ту гапи зарур дорам» — гуфта ба хонааш овардааст ва дар он ҷо ба ӯ гуфтааст:
— Писарам, ту падар надорӣ ва ман писар надорам. Агар ту ба хонаи ман омада дастёрӣ кунӣ, ман туро ба фарзандӣ қабул мекунам ва духтарамро, ки ягона фарзанди ман буда, ҳозир 5-сола аст, баъд аз қадрас шуданаш ба ту медиҳам, туро хона- домод мекунам. Баъд аз сари ман ҳамаи молу мулки ман ҳам аз они ту мешавад.
Бой баъд аз гуфтани ин гапҳо духтарашро оварда ба он ятим нишон додааст.
— Ана ҳамин духтараки азизи дӯстрӯяки ман оқибат зани ту мешавад, — гуфтааст.
Писарчаи бепадару модар ин таклифи бойро қабул кардааст ва ҳамон рӯз ба дастёрии бой даромадааст.
Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ва солҳо гузаштан гирифтаанд, ятим ба бой аз таҳти дил фарзандвор хизмат кардан гирифтааст, нафъи бойро нафъи худ, зарари бойро зарари худ донистааст, «ман ки домоди ӯ мешавам, ҳамаи чизҳои ӯ аз они ман мешавад» — гуфтааст.
Ба духтари хурдсоли бой хам ҳар гуна бозичаҳо сохта дода, гапҳои ширини ғалатӣ ёфта гуфта, ӯро дӯстдорӣ карда ҳамеша вақти ӯро хуш мекардааст.
Духтарак ҳам ба ин ҷавони хушзабони меҳрубони хушмуомила муҳаббати покдилона монда аз вай ҷудо шудан ва як нафас бе ӯ монданро намехостааст.
Вақте ки духтар қадрас шудааст, ваъдаи падарашро дар бораи хонадомод кардани ятимча ба хотир оварда, он вақт ба ӯ монанди шавҳари оянда ва рафиқи умри худ нигоҳ карда муҳаббаташ нисбат ба ӯ боз ҳам зиёдтар шудааст: ба корҳои дастёрии ӯ ёрӣ дода, кӯшиш мекардааст, ки бори хизматгории ӯ сабуктар шавад ва аз он пеш ба ӯ «ака» гуфта хитоб мекарда бошад, кам-кам «акаҷон-акаҷон» мегуфтагӣ шудааст.
Ятим ҳам ӯро аз аввала зиёдтар дӯст дошта, соате бошад ҳам, аз ӯ дур шу-дан ба худаш бисёр душворӣ мекардагӣ шудааст, ҳар вақт, ки аз хона ба кори ёбон мебаромадааст, гӯё ки ягон чизи бисёр азизи қиматбаҳояш дар хона монда бошад, лаҳза ба лаҳза рӯйи худро ба қафо гардонда ба тарафи ҳавлии бой бо дилкашолӣ нигоҳ мекардааст.
Хизмати бойро бошад, аз пештара ҳам хубтар, бисёртар мекардааст, ки ӯ дилаш гарм шуда, зудтар тӯй карда ду дилдодаро ба муродашон расонад. Бой ҳам ба у муомилаҳои хуб мекардааст. Масалан, дар вақти кор фармудан ба ӯ намегуфтааст, ки «ғӯзаро хишова кун», ё ин ки «гандумро дарав», балки мегуфтааст, ки «ғӯзаатро хишова кун, гандуматро дарав».
Аммо духтар бетоқат шудан гирифтааст ва охир ба ятим гуфтааст, ки ба воситаи ягон кас зудтар тӯй карданро аз падарам талаб кунад.
Ятим ин таклифи духтарро қабул накардааст:
— Аз ғайри талаби ман худаш тӯй кунад, беҳтар, — гуфтааст. Вақте ки духтар 17-сола шудааст, аз ҳар тараф ба ӯ духтарбинҳо ва хостгорҳо омадан гирифтаанд. Духтар аз паси дар ба онҳо чӣ навъ муомила кардани модарашро шунида ва фаҳмида меистодааст: модари духтар талаби ҳеҷ кадоми он хостгорҳоро рад намекардааст ва ба онҳо «духтарам номзад дорад ва сараш бастагист» намегуфтааст, балки зимнан дар болои хароҷоти тӯй гап зада ба духтараш баҳои баланд мемондааст ва чунончи:
— Агар насибаву тақдир рафта бошад, мо аз шумо беҳтар қудо ёфта наметавонем, лекин дадеш мегӯянд, ки «ман дар ин вилоят аз чорта якта шуда омадаам, тӯйи мардумро бисёр хӯрдаам, барои тӯйи духтари ман даҳ мак биринҷ бо асбобаш лозим мешавад. Албатта, либос ва нақдинаи тӯй ҳам мувофиқи духтарашон шуданашро талаб мекунанд, агар насиба рафта бошаду қудошаванда ҳамин чизҳоро тайёр карда тавонад. мо як духтар не, сад духтар дошта бошем ҳам, медиҳем».
Духтар аз ин гапҳо пай бурдааст, ки ҳеҷ гоҳ падару модараш ӯро ба ятим нахоҳанд дод, онҳо дар ҷустуҷӯйи ягон домоди хушпул мебошанд, ки ӯро бо баҳои тамом ба вай фурӯшанд.
Бинобар ин ятимро дида воқеаи хостгорон ва ҷавоби модарашро ҳикоя карда:
— Ту зудтар ба воситаи ягон кас маро аз падарам талаб кун, агар ту талаб накунӣ ё падарам маро ба ягон каси дигар диҳад, дониста мон, ки ман худамро мекушам, — гуфтааст.
— Худо накарда агар падарат туро ба ман надиҳад ё ба ягон каси дигар доданро хоҳад, аввал ман худамро мекушам, гӯён ятим рост ба пеши имоми деҳа рафта муддаои худ ва ваъдаи бойро ба вай фаҳмонда, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки дар байни ӯ ва бой миёнаравӣ кунад.
Имом хоҳиши ятимро қабул карда, талаби ӯро ба бой расондааст.
Бой дар ҷавоби ин талаб баъд аз хандидан ба имом гуфтааст:
— Ҷавоби ятимро ба худи ман ҳавола кунед, агар ӯ аз шумо: «бой ба талаби ман чӣ гуфтанд?» — гуфта пурсад, «худашон ба ту гап мезананд» — гӯед. Ҳамон дам бой ба пеши ятим омада ба ӯ хандакунон гуфтааст:
— Писарам, ту дилтангӣ накун ва ҳар касро дар миёна наандоз, ман пасу пеши худро дида асбоби тӯйро тайёр кунам, амри хайри шумоёнро пеш мегирам, Ту аз омада рафтани хостгорҳо бадгумон нашав. Ба хушбахтии ту бахшидаат (духтар) баднамо нест, бинобар ин ба ӯ толиб бисёр аст. Мо ягон касро ранҷондан намехоҳем, бинобар ин ба хостгорҳо «равед, мо ба шумо духтар на-медиҳем» намегӯем, лекин чунонки «маҳри духтари надоданӣ вазнин аст» гуфтаанд, ба ӯ баҳои баланд мемонем. Ба ҳамин восита ҳар гуна хостгорро, бе он ки ӯро ранҷонем, аз дари худ меронем.
Ятим, чунонки худ ба ин гапҳои бой бовар кардааст, духтарро ҳам бовар кунонда, ӯро оромонидааст ва худ аз пештара ҳам бештар ва беҳтар хизмат карда гаштан гирифтааст.
Як рӯз дар пеши дарвозаи бой як қатор шутур пайдо шудааст, ҷулу ҷағозҳои он шутурҳо ҳама аз қолинҳои нав буда, ба гардан, ба дум ва ба зонуҳои онҳо зангӯлаҳои нуқракӯб овехта будаанд. Бар болои чанд шутур ҷуволҳои биринҷ, бар чанд шутур ҷуволҳои орд, бар чанд шутур қанду наботу шакару ҳалво, бар чанд шутур пӯшоквориҳои атласу адрасу шоҳиву бахмалу кимхобу зарбафт бор карда шуда будаанд. Шутурҳоро ба пеши дарвозаи бой чӯконда борҳоро фуроварда ба хонаи ӯ даровардан гирифтаанд.
Ҳама фаҳмидааст, ки бой духтарашро ба як бой номзад карда будааст ва ин чизҳо сартӯй будааст, ки дар ҳамон наздикиҳо тӯйи фотиҳа медодаанд. Ятим, ки ин ҳолро дида чашмонаш сиёҳ рафта сараш гаштан гирифтааст, гӯё осмон ба сари ӯ фурӯ омада, монанди санги осиё гардида танашро гандумвор орд мекарда бошад. тамоми баданаш ба ларзиш даромадааст. Ятим аввал худро куштан хостааст, аммо боз дар дили худ фикр кардааст, ки «худкушӣ ҳар вақт мумкин аст. бояд то ҷон дар рамақ дорам, барои халосии худ ва духтар кӯшиш кунам. Агар ба ин кор комёб нашавам, дар он вақт худро хоҳам кушт». Ятим ба ҳамин мулоҳиза дар вақте, ки ҳама ба тӯйфурорӣ ва дидани либосвориҳои арӯсу домод машғул будаанд, ӯ ба ҳавлии дарун даромада духтарро дида ӯро имо карда ба як гӯшае бурдааст.
Духтар ба ятим рӯ ба рӯ шудан замон гиря карда сар додааст ва аз таги куртааш як ханҷарро бароварда нишон дода:
— Ман фурсат меҷӯям, ки синаи худро чок карда худро кушам, — гуфтааст.
— Ман ҳам дар ҳамин фикр будам, — гуфтааст ятим, — лекин тадбире ба хотирам омад, ки бо вай худро ва туро халос мекунам…
Духтар бо шунидани ин гап дастони худро ба гардани ятим партофта нахустин бор ӯро бӯсида, гуфтааст:
— Зудтар тадбиратро гӯй, ки метарсам аз хурсандӣ шодимарг шуда роҳи халосиро нашунида монам.
— Ҳозир сабр кун, ба падару модар ва ба дигарон худро чунон нишон деҳ, ки ту ба ин тӯй, гӯё, розӣ ва хурсанд мебошӣ. Аммо ҳамеша ба гурехтан тайёр бош. Ҳар вақт ки фурсат ёфт шуд, ман пинҳонӣ омада туро гирифта мегурезам, — гуфтааст ятим ва илова намудааст: — Аммо ман дар ин тӯй, ки дар ҳақиқат мотами ману туст, дар ин ҷо истода наметавонам ва ба ҷое рафта пинҳон шуда ба пайи кор меафтам. Лекин баъд аз тӯй як бор ба падарат вохӯрда аз вай ҳаққи хизмати 12- солаамро талаб мекунам. Азбаски ӯ аз занталоқӣ қасам хӯрдааст, бояд ҳаққи маро диҳад. Инро ҳам аз барои ҳамин талаб мекунам, ки баъд аз гурехта рафтанамон то ягон кор ёфтан ба мо пул даркор мешавад.
Аз ҳамон дам сар карда ятим аз он деҳа ғоиб шудааст ва баъд аз ягон ҳафта гузаштан аз тӯй ятим ба деҳа омадааст, ки бой дар пеши масҷид бо имом ва калоншавандагони деҳа нишаста будааст.
Ятим ба бой нигоҳ карда:
— Амаки бой, нону намакатонро бисёр хӯрдам, хизмататонро кам кардам, акнун аз ман розӣ шавед. Агар ҳаққи маро медодед, инро дар бораи худ охирин некии шумо дониста, аз шумо бисёр миннатдор мешудам, — гуфтааст.
— Чӣ ҳақ? — бой оташинона пурсидааст.
— Ҳаққи хизмати 12-солаам, он ҳаққе, ки шумо дар пеши домулло бобом аз занталоқӣ қасам хӯрда будед, ки хоҳед дод. Чашмони бой калон кушода шуда аз шасташ фуромадааст.
— Ҳақ талаб кунӣ, ҳақ медиҳам, — гуфтааст мулоимона, — Пагоҳонӣ ба нияти ба осиё бурдан аз анбор ним ҷувол гандум бароварда монда будам, ба дари анбор истодааст. Ана ҳамон гандумро гирифта бар.
— Магар ҳаққи 12-сола хизмати ман ним ҷувол гандум мешавад? Шумо бо ин кор мехоҳед, ки зани ҳалоли худро ба худ ҳаром гардонед?
Бой бо шунидани ин суханони ятим дар пеши мардум аз беномусии «занталоқӣ» тарсида, саросема шуда бо назари мададталабӣ ба имом нигоҳ кардааст, ки ӯ шоҳиди қасами худаш буд.
Имом ҳам ба зудӣ ба ёрии бой расида аз ятим пурсидааст:
— Вақте ки бой туро ба дастёрии худ гирифта буданд, ба ту ҳар сол чӣ қадар ваъда карда буданд?
— Ҳеҷ ваъда накарда буданд, фақат туро домод мекунам гуфта буданд.
— Домодкунӣ ҳақ намешавад. Ҳар сол музди хизмат аз мол ё пул чӣ ваъда карда буданд?
— Ҳеҷ чиз ваъда накардаанд.
— Бисёр хуб, — гуфтааст имом, — ин тавр бошад, ҳар чизе, ки бой муносиб бинанд, ҳамон ҳаққи хизмати ту мешавад. Ҳоло, ки ним ҷувол гандум додан мехоҳанд, хурсанд шуда гирифтан гир.
Агар як коса гандум медоданд ҳам, ту ба зиёда талаб кардан ҳақ надоштӣ ва қасами ин кас бо ҳамон ба ҷояш меомад. Аз рӯйи шариат, модом ки ба ту ҳақ доданд ва бемузд кор нафармуданд, занашон талоқ намешавад.
Ятим бо шунидани ин ҳилаҳои шаръии имом аввал оташин шуда бошад ҳам, фикре ба хотираш расида худашро ором додааст ва ба бой нигоҳ карда:
— Хуб, ҳар чизе, ки шумо муносиб бинед, ман розӣ, лекин агар ман гандумро бурдан хоҳам, бибибой надиҳанд, чӣ кор кунам?
— Агар ба гапи ту бовар накунад, ба вай гӯй аз дарвоза баромада ба ман нигоҳ кунад, ман «дода фиристон» гуфта ишорат мекунам.
Ятим давон-давон ба ҳавлии бой омада аспро зин пахш кардан гирифта, ба бибибой гуфтааст.
— Амаки бой «гандумро осиё бар, хоҳаратро ҳам ҳамроҳ бар, ки пеш аз тӯй шуда рафтанаш осиёро тамошо карда монад» — гуфтанд, ба хоҳарам гӯед, ки тайёр шуда барояд.
— Дурӯғ мегӯйӣ. — гуфтааст бибибой, — духтари қадраси нав фотиҳа шудагиро ҳеҷ гоҳ ба ту ҳамроҳ карда намефиристонанд.
— Агар бовар накунед, бароед, дар таги дарвоза аз худашон пурсед, — гуфтааст ятим.
Бибибой ҷомачаро ба сараш гирифта ҳамроҳи ятим аз дарвоза баромадааст. Аз пеши дарвозаи бой одамони дар пеши масҷид гап зада нишастагӣ менамудаанд. Ятим бо дасташ ишорат карда бо овози баланд ба бой гуфтааст.
— Ин кас гапи маро бовар накарданд. Ба ман намедиҳанд.
Бой ҳам дасташро баланд карда ишорат намуда, бо овози баланд ба занаш:
— Майлаш, мон, гирифта барад, — гуфтааст.
Ятим тозон-тозон ба ҳавлӣ даромада, ҷуволи гандумро ба асп бор карда худ савор шудааст ва духтар, ки ҳамеша тайёр шуда нишаста мунтазири фурсат будааст, ба пушти ӯ ба асп савор шудааст.
Ятим аз дарвоза баромада аспро ба тарафи дигари деҳа, ки дар муқобили тарафи масҷид будааст, давонда рафтааст ва то хабардор шуда аз дунбол асп давондани бой, ятим бо духтар аз назарҳо ғоиб шуда рафтаанд ва ба як вилояти дурдаст рафта ҳар ду бо хурсандӣ зиндагонӣ карда ба муроду мақсадашон расидаанд.
* * *
Тӯтапошшо ин ҳикояро бо образҳои бисёр равшан ва бо тасвирҳои содаи халқӣ бағоят дилчасп нақл карда буд, бо вуҷуди хурдсолӣ ман ва дигар шунавандагон бо шунидани ин воқеа ба ҳаяҷон омада будем. Ҳайфо, ки ман таъбир ва тасвирҳои он кампирро аз ёд баровардаам ва дар ин вақт, ки аз замони шуниданам ин ҳикояро шасту чанд сол гузаштааст, маҷбур шудам, ки бо забони худ нависам, лекин ба қадри имкон кӯшиш намудам, ки умуман сода шавад. Дар ҳар ҳол ман он кампири 80-солаи бесаводро дар ҳикоябандии воқеаҳо устоди аввалини худ медонам ва ӯро ҳар вақт ба некӣ ёд мекунам.
Тӯтапошшо дар ҳикоянақлкунӣ умуман бисёр ҳунарманд буд. Як бегоҳӣ, ки ҳанӯз шаб торик нашуда буд, модарам ба ман як коса ширбиринҷ дод, ки ба кампир бурда диҳам. Ошро бурда додам, кампир ба ман гуфт:
— Андак нишин, ман ошро хӯрда косаро медиҳам, гирифта мебарӣ ва модарат дар қатори дегу табақ инро ҳам шуста мемонад.
Ман нишастам. Дар ҳамон вақт писари Устохоҷа — Икромхоҷа омад ва дар паҳлуи ман нишаста аз кампир талаб кард, ки ягон ҳикоя гӯяд. Кампир гуфт:
— Ман ин шаб ба ҳикоягӯйӣ ҳавсала надорам, худамро бисёр суст мебинам, аз гушнагӣ хобам набурда истода буд, ошро ки хӯрдам, мехобам. Икромхоҷа бачаи як дараҷа дағал буд, хусусан ба кампир хеле ҳазлҳои азобдиҳанда мекард:
— Агар ҳикоя намегуфта бошед, ман шуморо ба ош хӯрдан намемонам, — гуфт ва косаи ошро аз пеши кампир гирифта гурехта дуртар рафта истод.
Кампир маҷбур шуд, ки ягон ҳикоя гӯяд ва ваъда дода ошро аз дасти Икромхоҷа гирифта хӯрд ва ба ҳикоягӯйӣ сар кард.

Ҳар кор як вақт дорад

Назар ба қавли Тӯтапошшо, будаааст, набудааст як муллои қашшоқ будааст. Ӯ дар як ҳуҷраи яке аз мадрасаҳо истиқомат доштааст. Ӯ як ошно доштааст, ки ҳамеша ӯро зиёфат мекардааст. Ин муллои қашшоқ ҳамеша орзу мекардааст, ки ягон чиз ёфта ҳеҷ набошад, ягон бор он ошнояшро зиёфат кунад.
Рӯзе як кабӯтари (кафтари) ёбоӣ нохост парвоз карда омада ба ҳуҷрааш даромада мондааст.
Мулло бо чобукӣ аз ҷояш хеста давида рафта дари ҳуҷраро бастааст ва кабӯтари дар даруни ҳуҷра мондаро дошта, вайро кушта ва пар канда дарунашро тоза кардааст. Баъд аз он ба ҳамсояҳуҷрааш рафта, воқеаро ба ӯ ҳикоя кардааст ва аз вай як чумча равған талабидааст, ки он кабӯтарро бирён карда ошнояшро зиёфат кунад.
Ҳамсояаш равған додааст. Мулло кабӯтарро дар он равған бирён карда, дегро пӯшонда монда, ба овардани ошнояш рафтааст.
Вақте ки мулло аз ҳуҷра баромада рафтааст, ҳамсояаш як кабӯтари зиндаро дошта оварда кабоби тайёрро аз деги мулло кашида гирифта ва кабӯтари зиндаро ба ҷойи вай андохта, боз монанди аввала пӯшонда мондааст.
Мулло баъд аз фурсате меҳмони худро оварда ба пешгоҳи ҳуҷрааш шинондааст, дастонашро шуста, остинҳояшро то оринҷ барзадааст, табақро шуста дар пеши оташдон бар рӯйи сандалича ниҳодааст ва кафгирро ба дасти росташ гирифта бо дасти чапаш ҳамин ки сарпӯши дегро бардоштааст, кабӯтар аз даруни дег парида баромада парвозкунон ва муаллақзанон аз даруни ҳуҷра берун шуда ба ҳаво рафтааст. Мулло бо дидани ин ҳодисаи ногаҳонӣ, ки ҳамаи орзуҳои ӯро барбод дода буд, қариб аз ҳуш рафтааст: кафгир аз дасташ ба замин афтодаасту ду дасташ ба ҳаво баланд шудааст ва ӯ ба осмон нигоҳ карда гуфтааст:’
— «Худоё, Худовандо, зинда гардонидани баъд аз миронидан ҳақ аст ва рост аст, лекин ҷой дорад-дия. На ин ки ту бо зинда кардани кабӯтари кушта ва бирён кардашуда маро дар пеши меҳмон шарманда ва аз таоми болаззат маҳрум кунӣ».
Кампир баъд аз тамом кардани ҳикояи худ ба Икромхоҷа гуфт:
— Писарам, мисли гуфтаи ҳамон мулло ҳикоягӯйӣ ҳам вақт дорад-дия, на ин ки ту дар вақти бемориам маро ҳикоя гӯёнда азоб диҳӣ.
Ҳикояҳои аз Тӯтапошшо шунидаам бисёранд; мумкин аст, ки баъзе аз онҳоро дар рафти таҳрири ёддоштҳои худ, дар мавридҳои муносиб нақл намоям. Дар ин ҷо ҳаминро қайд карданам даркор аст, ки кампири 80-солаи умрашро дар сахтӣ гузаронида бо гуфтани як-ду ҳикоя ё шуг — афсона монда мешуд, лекин бачагон ӯро танг мекарданд, ки боз гӯяд. Хусусан Икромхоҷа барои бисёртар ҳикоя гӯёндан ӯро азоб медод. Баъзан болишҳои зери сар ва зери й ӯро гирифта мегурехт, ки дар он вақт кампир ба дарди миёни сахт гирифтор мешуд.
Дар ин гуна мавридҳо кампир барои халос кардани худ аз дасти он бачагони шум ҳикояҳои деву аҷинаро сар мекард, ки бо шунидани он гуна ҳикояҳо бачагон тарсида аз пеши ӯ мегурехтанд ва ӯ ҳам бо осудагӣ ба осмон нигоҳ карда дуқат чаппа, яъне сар ва поҳояшро бар рӯйи болишҳо баланд карда мехобид.
Хусусан ҳикояи «Деви ҳафтсар»-и ӯ бисёр воҳимаангез буд, ҳарчанд он деви баттоли бадкирдори бачадуздак дар охир дар «Кӯҳи Қоф» дар дасти Рустами Достон кушта мешуд, аммо аввалҳои ҳикоя бисёр тарсовар буд. Аз бачагон танҳо ман будам, ки ҳикояи «Деви ҳафтсар»-ро то охираш шунидаам (ман дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гитлер ва фашистони немисро ба ҳамин деви ҳафтсар монанд намуда, онҳоро дар дасти Рустами Достони замонӣ — Армияи Сурх кушонда будам, ки он дар вақташ дар газетаҳои «Тоҷикистони Сурх», дар «Коммунисти Тоҷикистон», ҳам дар газетаи «Ленин Йӯлӣ» нашр шуда буд). Аз калонҳо зани Иброҳимхоҷа, ки Султонпошшо ном дошт, ба шунидани ҳикояҳои деву парӣ бисёр шавқманд буд, хонаи ӯ бо хонаи Тӯтапошшо девор ба девор ва суффааш ба суффаи вай пайваста буд. Дар шабҳои тобистон ҳар дуи инҳо дар суффаҳои худ мехобиданд.
Султонпошшо ба шунидани ҳикояҳои оддӣ майл надошт, ҳар вақт дид, ки Тӯтапошшо ҳикояи деву аҷинаро сар мекунад, ӯ аз ҷояш хеста омада ба пеши кампир менишаст ва ӯро ба гуфтани ҳикояҳои дев ташвиқ мекард.
Султонпошшо ҳикояҳои ба деву аҷина оидро, ки аз Тӯтапошшо мешунид, ба онҳо аз худ чанд чизи дигар баста ба бачагон ва ба занон нақл мекард. Назар ба қавли Султонпошшо, вай ҳар гуна деву париҳоро ва аз ин ҷумла деви ҳафтсарро дидааст. Ӯ мегуфт, ки дар пушти меҳмонхонаи амакбобо (ӯ падаршӯяшро, яъне Абдуллохоҷаи 90-соларо амакбобо мегуфт) деви ҳафтсар ҳаст, аввал вай ба сурати гурба менамояд, баъд аз он ба сурати саг, гург, хар ва монанди инҳо медарояд, дар охир ба шакли одами сиёҳи баднамо бадал гардида, дар худ ҳафт сар пайдо мекунад ва ба осмон нигоҳ карда дароз шуда рафтан мегирад, ба ҳадде ки рафта-рафта сараш ба осмон мерасад. Агар ҳамон вақт ба назараш ягон одам — хусусан бача намояд, ба дасташ гирифта ба осмон расонда молиш дода-молиш дода, ба офтоб бирён намуда майда-майда карда мехӯрад. Ман аз вай пурсидам:
— Шумо, ки вайро дидед, магар ӯ шуморо надидааст, ки гирифта нахӯрда-аст?
Ӯ гуфт:
— Амакмуллот (шавҳарашро мегӯяд, ки Иброҳимхоҷа ном дошта, чунонки дар боло қайд шуд, дуохони нобарор буд) ба ман «исми аъзам»-ро ёд додаанд. Ҳар вақт ман деви ҳафтсарро дидам, «исми аъзам»-ро мехонам ва ӯ ба ман зарар расонида наметавонад.
Боз илова мекард:
— Ҳикояҳои дев ва аҷинаро дар ягон ҷой нақл накунӣ, ки даррав ба ту зарар мерасад. Ман ва Тӯтапошшо, ки аз деву аҷина наметарсем, мо «исми аъзам»-ро медонем, вай ба мо зарар намерасонад.
Ман аз ҳамон вақт сар карда бисёр тарсончак шудам, шаб ки торик шуд, ҳар чизе, ки ба назарам намояд, «дев» ё «аҷина» гумон карда дар ларза меафтодам, азбаски Султонпошшо маро аз нақл кардани ҳикояҳои деву аҷина тарсонда буд, ба пеши падару модари худ ҳам аз он воқеаҳо лаб намекушодам 13.

«Дев» ва «аждаҳо»

Умуман дар Соктаре, ки деҳаи «девбандон» ва дуохонон буд, афсонаҳои дев, ҷин ва аждаҳо бисёр буд. Дар шимоли ғарбии ҳавлии мо мазоре буд, ки аз ҳавлии мо то он ҷо тахминан чорсад метр роҳ буд. Мазор иборат аз як тал буд, ки боло ва атрофаш аз қабр пур буд. Дар гӯшаи шимоли ғарбии ин тал як ғор буд. Афсонапарастон мегуфтанд, ки дар ҳамон ғор аждаҳо ҳаст ва ҳар шаб баъд аз хобидани тамоми мардум вай аз ғор мебарояд, ба лаби Зарафшон меравад, ба дарё даромада лаби зеринашро дар зери об ва лаби болояшро бар рӯйи об медорад, бо ҳамин оби Зарафшон баста шуда, ҳамааш дар даруни вай меравад. Ҳар вақт, ки вай аз об сер шуд, ба хонааш бармегардад. Агар дар рафтуомади аждаҳо касе ба вай вохӯрад, он касро зинда ба зинда фурӯ мебарад. Аждаҳо танҳо аз шамол метарсад ва ҳар вақт, ки шамол хест, ӯ ба нолиш медарояд.
Ман ин гапҳоро бовар мекардам ва ҳар вақт, ки шамол хест, ба тарафи мазор гӯш медодам.
Дар ҳақиқат дар вақтҳои шамоли баланд аз он ғор овози ғурриш мебаромад.
Дар ҷониби ғарбии ин мазор як пуштачаи паст буд, ки вайро Ғарибмазор мегуфтанд. Дар вай мурдаи касони мусофиреро, ки онҷойӣ- соктарегӣ набошанд, мегӯрониданд. Ғарибмазор пур аз ҷангали хордор буд, ки дар миёни он ҷангал касе даромада наметавонист. Шабҳо аз он ҷо ҳам овози нола ва ғурриш мебаромад. Афсонапарастон он нӯлаҳоро овози аҷина медонистанд.
Ман аз вай ҷангал ҳам метарсидам.
Як вақт модарам барои дида омадани падару модараш аз Соктаре ба Маҳаллаи Боло рафт ва акаам ӯро гирифта бурд. Ман бо падарам дар ҳавлии Соктаре танҳо монда будем. Дар рӯйидарича дар зери ниҳолҳои зардолу падарам гандум кишта буд, ки вайро дарав карда гирифта буд. Дар он вақтҳо деҳқонони бодиққат ҷойи гандум ва ҷавро дар як рӯзи шамол об медоданд, ки хасҳояш ба як тараф ғун шуда замин тоза шавад.
Дар яке аз ҳамон шабҳои танҳоӣ, ки шамол аз сари шом сар шуда буд, падарам ба замини гандумпоя об сар дод. Аммо пеш аз пур шудани замин аз об шамол хобид. Падарам маро дар рӯйи суффа танҳо монда бар рӯйи дарича баромад, ки бо шох оби гандумпояро лат дода, хасҳоро ба як тараф ғун кунад.
Вақте ки падарам дур шуд ва шаб ҳам торик шудан гирифт, ба ёди ман «деви ҳафтсар»-и Султонпошшо омада, дар поёни суффа як гурба ба назарам намуд, фурсате нагузашта сагу харҳои бисёре пайдо шуданд. Дар миёни харҳо якчанд курраҳои хушрӯ ҳам буданд, ки ман борҳо ба он гуна курра соҳиб шуда савор шуданро орзу мекардам. Дар вақте, ки ман ба тамошои курра ғарқ шуда будам, он ҳайвонҳо дар як ҷо ғун шуда ба шакли одами сиёҳи ҳафтсардор даромаданд ва он одам ба тарафи осмон баланд шуда рафтан гирифт. Ман якбора «вой мурдам» гӯён фарёди сахте кашидам.
— Чӣ шуд, чӣ шуд? — гӯён овози падарам баромад ва бо шунидани овози вай он одами сиёҳи ҳафтсардор якбора аз назар ғоиб гардид. Падарам расида омада аҳвол пурсид, ба ӯ ҳикоя кардам ва деви ҳафтсар будани он одами сиёҳро бо сухани Султонпошшо таъкид намудам.
Падарам хандид ва гуфт:
— Шайх Саъдӣ ном як одами калони донишманд гузаштаанд ва он кас гуфтаанд, ки
«Дев бо одам наёмезад, матарс,
— Бал битарс аз одамони девсор». Бинобар ин дев ба одам зарар расонда наметавонад ва аз ҳама чиз одам зӯр аст. Агар ҳар вақт ба назарат чизе намояд, натарс ва ҳамин сухани Шайх Саъдиро ба ёдат ор, ки он кас ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегуфтанд.
Ман пурсидам:
— «Одамони девсор» киҳоянд, ки аз онҳо тарсидан даркор будааст?
— Одамони девсор дар хама ҷо ҳастанд, аммо дар деҳаи мо бисёранд, онҳое, ки дуохониро ба худ касб карда гирифтаанд ва худро «девбанд» гуфта мардум-ро фиреб медиҳанд, одамони девсор мебошанд. Инҳо аввал одамонро аз дев метарсонанд ва баъд аз он «девро мебандем» гуфта аз онҳо пул мегиранд.
Падарам ба андеша фурӯ рафта қадаре хомӯш монд ва баъд аз он илова кард:
— Ин амакбачаи ман — Иброҳимхоҷа ҳам одами девсор шудааст. Лекин ин девсори аҳмақ аст, агар дигар девсорон аз дунболи девбандӣ ва дуохонӣ бой шаванд, ин аҳмақ лоақал шиками худашро ҳам сер карда наметавонад. Бо вуҷуди ин аз пайи ин касб намемонад. Худаш бас набуд, ки занаш ҳам барои ёрӣ додан ба касби шавҳараш девсор шудааст. Ту минбаъд ба пеши Султонпошшо нарав ва ба ҳикояҳои ӯ гӯш наандоз ва агар дар хусуси деву парӣ гап занад, гапи ӯро бовар накун.
Ман бо ин суханони падарам хеле шердил шудам, бо вуҷуди ин воқеаи ғор, аждаҳо ва аҷинахона будани ҷангали Ғарибмазор дар дилам шубҳа меандохт, чунки ғурриши ғор ва нӯлаи аз ҷангал барояндаро худам бо гӯши худ шунида будам. Бинобар ин чӣ будани он ҳодисаро аз падар пурсидам.
Падарам гуфт:
— Он овозе, ки аз ҷангали Ғарибмазор шунидӣ, нӯлаи шағолон аст. Ҷангали Ғарибмазор шағолхона аст, имсол шағоле, ки ду мурғи моро бурд, аз шағолҳои ҳамон ҷо буд. Аммо чӣ будани садоеро, ки аз гор шунидӣ, ман фардо ба ту ни-шон медиҳам. Фардои он шаб падарам маро ба нишон додани ғори «аждаҳохона» бурдан хост. Лекин пеш аз рафтанамон ба пеши ман як кӯзаи холиро овард ва гуфт:
— Даҳонатро ба даҳони кӯза наздик карда як пуфи дароз кун! Ман пуф кардам, аз даруни кӯза як овози ғуввоси баланд баромад.
— Ана, ҳамин садоро аз ёдат набарор, ки дар вақти дидани ғор ба ту кор меояд, — гуфт ва маро ҳамроҳ гирифта ба мазор — ба пеши гор бурд.
Ман то он вақт аз тарси «аждаҳо» ба наздикии он гор нарафта будам. Он рӯз дидам, ки дар гӯшаи шимоли ғарбии тал тахминан 5 метр болотар аз замин ба шакли айвон як камари айвонмонанд кофта будаанд ва барои фурӯ нарафта-ни он айвон хокӣ аз хишти пухта як сутун сохта сари вайро ба сақфи он айвон расонда мондаанд. Дар зери он айвон, дар пеши девораш, ки шиками тал ҳисоб меёфт, як гор будааст, ё кофта будаанд, ки он ғор дар шакли тал нишебона чуқур шуда мерафт.
Падарам баъд аз нишон додани онҳо ба ман гуфт:
— Ҳар вақт ки боди сахт мехезад, омада ба ин айвон мезанад, азбаски роҳи дигар надорад, бо зӯрии худ ба даруни ғор медарояд, азбаски ғор ҳам пешбаста аст, бод дар он ҷо хам роҳ наёфта бо ҳамон зӯрӣ бозгашта мебарояд ва он ғуррише, ки дар рӯзи шамол аз ин гор мебарояд, садои даромад-баромади бод аст ба ҳамин ғор.
Падарам баъд аз ба хотири ман овардани ба даҳони кӯза пуф карданам, илова кард:
— Дидӣ, ки ба як пуфи ту кӯза чӣ қадар ғуввос зад. Қувваи шамол чандин ҳазор бор зиёдтар аз пуфи туст, калонӣ ва чуқурии ғор ҳам аз кӯзаи мо аз ҳад афзун зиёда аст. Бинобар ин бо вазидани бод аз ин гор садои тарсоваре мебарояд. Вагарна дар ин ҷо на аждаҳо ҳаст ва на овози вай.
Падарам ба будани дев ва аҷина боварӣ дошт ва фарқи ӯ аз дигарон дар ҳамин буд, ки вай «деву аҷина ба одам зарар расонда наметавонад» мегуфт ва дар ин ақидаи худ далели ӯ байти мазкури Саъдии Шерозӣ буд.
Дар ҳамон вақт аз тарси деву ҷин маро бароварда тавонистанаш ба ман бисёр фоидаи калон дод. Баъд аз он воқеа ман на аз танҳоӣ метарсидам ва на аз шаби торик. Ҳатто баъд аз калонсолтар шуданам, бо бачагоне, ки аз ҷангали Ғарибмазор «аҷинахона» гуфта метарсиданд, гарав баста шабона ба пеши он ҷангал рафта корд зада омадам (ман ин ёддошти худро бо чанд ёддошти дигарам, ки ба ҳамин мавзӯъ оид буд, дар «Аҳмади девбанд» ном очерки худ тасвир кардаам).
Дар тирамоҳи он сол падарам бо Устохоҷа маслиҳат карда, дар байни худ қарор доданд, ки писарони калони худро барои хондан ба Бухоро фиристонанд. Бурда ба Бухоро мондан ва ҷойи истиқомат ёфта доданро падарам ба гардан гирифт.
Дар аввалҳои моҳи сентябр, ки пеш аз сар шудани соли таҳсили мадрасаҳои Бухоро мешавад, падарам писари калони Устохоҷа — Сайид Акбархоҷаро бо акаам, ки Муҳиддин ном дошт, ба Бухоро бурда монда омад. Назар ба қавли падарам, ба инҳо роҳбарӣ карданро тағоиям, ки Мулло Деҳқон ном дошт, ба гардан гирифтааст.
Баъд аз ин воқеа ман дар оила яккаписар ва дастёри ягона шуда мондам. (Ҳарчанд Сироҷиддин ном як додарам бошад ҳам, ҳанӯз вай дар қатори фарзандон надаромада буд.) Ман ҳамеша кӯшиш менамудам, ки ба қадри қувваи худ ба падар ва модар ёрмандӣ намуда, набудани акаамро ба онҳо ҳис накунонам.
Баъд аз хазонрезӣ ҳуҷуми шағолҳои Ғарибмазор ба мурғони деҳа қувват гирифт. Қурбони аввалини ҳуҷуми шағолон мурғони мо ва мурғони ҳамсоягони дигарамон мешуданд, ки ҳавлиҳоямон ба тарафи шимоли деҳа буда, ба шағолхона бо киштзорҳо мепайвастанд.
Бинобар ин он сол падарам аз деҳаи Маҳаллаи Боло аз тағоии чӯпонам як саги зотии чӯпонии шашмоҳа овард, ки Хайбар ном дошт.

Хайбар

Хайбар саги бисёр ҳушёр буда, дар андак вақт ҳамаи гуфтаҳои моро фаҳманда ва вазифаи асосии худро донанда шуда монд. Ӯ фаҳмида гирифт, ки хавфи асосӣ дар ин хонадон барои муғон ва он ҳам аз тарафи шағолон аст. Бинобар ин вай ҳамеша дарахтонеро, ки дар онҳо мурғон мехобиданд, дидбонӣ мекард ва гоҳ-гоҳ ба тарафи рӯйидарича рафта, то роҳи омади шағолон гашт карда, тафтиш намуда меомад.
Айёми баҳорон буд, зардолуҳо ба шукуфтан сар карда буданд. Саг ҳам қариб яксола шуда буд.
Як саҳар баъд аз рӯз сафед шудан падарам барои намози бомдод ба масҷид рафт. Ман бедор будам. Ногаҳон овози «қоқ» гуфтани мурғонро шунидам, дар паси ин овоз садои аз болои бом ба замин афтодани як чизи вазнин хам шунида шуд.
Ман дарҳол аз ҷо хеста, ҷомаамро пӯшида аз хона баромадам ва Хайбарро садо кардам. Ҷавоб надод ва ӯ дар он ҷо набуд. Ба зери дарахтон рафта мурғонро аз назар гузаронидам. Як мурғ набуд. Маълум шуд, ки як мурғро шағол бурдааст.
Ман ба рӯйидарича рафта, аз он ҷо ба тарафи ёбон баромадам. Акнун рӯз тамоман сафед шуда буд ва ҳар чиз ба назари кас аз дур ҳам бошад, равшан мена-муд. Ман тахминан дусад метр дуртар аз худ Хайбарро дидам, ки рӯ ба тарафи ҳавлӣ истодааст ва ӯ ҳам маро дида овози махсусе бароварда гӯё маро ба пеши худ ҷеғ мезад. Дар ҷавоб ман ҳам ӯро ном гирифта ба пеши худ ҷеғ задам.
Вай як чизро аз замин ба даҳони худ бардошта пештар омадан гирифт. Баъд аз тай кардани нимаи роҳ он чизро ба замин гузошт ва пас гашта дунболи худро бодиққат аз назар гузаронид, баъд аз он ба тарафи ман тирвор давон омад ва ба ман расида аз доманам газида маро пеш кашид ва бо овози махсусе садо бароварда, маро сар дода, худ боз ба ҳамон чобукӣ ба пеши он чизе, ки дар замин гузошта буд, рафта истод.
Ман пай бурдам, ки саг мурғро аз чанголи шағол раҳонидааст, аммо худ бардошта оварданро барои ҳаёти вай хавфнок мепиндорад ва бинобар ин маро таклиф мекунад, ки худ рафта мурғро гирифта оварам.
Ман ба пеши саг рафтам, дар ҳақиқат мурғ дар замин мехобид ва зинда буд. Вайро бардоштам, дар тахтапушташ, дар шикамаш ва дар бозуяш андак-андак захми дандон ва чанголи шағол менамуд.
Ман мурғро ба хона гирифта овардам, пеш-пеши ман Хайбар бозикунон ва шодикунон медавид.
Вақте ки ба пеши модарам расидем, Хайбар ба замин ғел зада, гӯё ҳам ба гуноҳи худ, ки ба сабаби мусоҳилакории вай мурғро шағол бурда буд, узр мегуфт, ҳам барои мурғро халос карда тавонистанаш изҳори шодмонӣ мекард.
Хайбар одатан ҳар шаб то аз хона баромадани падарам намехобид, вақте ки рӯз сафед шуд ва падарам ба таҳорат баромад, вай хотирҷамъ шуда ба боми дӯконхонаи падарам мебаромад, ки дар он ҷо хасбеда зер карда буданд ва ӯ дар он ҷо дар байни он хасҳо даромада мехобид.
Шағол, ки ҳамеша дар пайи мурғ буда, фақат аз тарси Хайбар пеш омада наметавонист, ин одати сагро омӯхта гирифтааст ва баъд аз хобидани саг рӯз сафед шуда бошад ҳам, ба омада гирифтани мурғ ҷуръат кардааст. Баъд аз он ки Хайбар ин гуна хиёнатгарона ҳуҷум овардани шағолро дониста гирифт, дигар бо сафед шудани рӯз баромада нахобид ва то бедор шуда баромадани ҳамаи аҳли хона ва фуромадани мурғон аз дарахт вазифаи посбонии худро давом дод.
Хайбар бағоят бо ору номус буд: рӯзе ба айвони ошхона омада табақеро, ки дар он ҷо будааст, бӯйидааст. Модарам инро дида бо тароша ӯро задааст. Баъд аз ин ҳодиса вай хӯрокашро нахӯрдааст. Рӯзона тамоман дар даруни хасбеда мехобид ва шабона аз бом фуромада мурғонро посбонӣ мекард.
Модарам ба падарам хабар дод, ки:
— Хайбар бемор шудааст, ду рӯз аст, ки хӯрок намехӯрад.
Ин хабар маро бисёр парешон кард, чунки ман ба вай зиёда омӯхта шуда будам, хусусан баъд аз воқеаи мурғу шағол боз ҳам зиёдтар ӯро дӯст дошта будам, бинобар ин бо шунидани ин хабар як порча нон гирифта ба пешаш рафтам, то ки аз вай ҳолпурсӣ кунам. Ӯ дар бом буд, ҷеғ задам, фуромад. Нонро пешаш партофтам, хӯрд. Нон хӯрданашро ба падару модарам хабар додам. Падар ба модарам фармуд, ки ӯ ҳам ба Хайбар нон диҳад. Оварда дод. Аммо саг ба нони вай нигоҳе ҳам накард. Ман дубора нон додам, дубора ҳам хӯрд.
Падарам ин ҳолро дида ба модарам гуфт, ки:
— Хайбар аз ту ранҷидааст, сабабаш чӣ бошад? Модарам воқеаи заданашро ҳикоя кард.
Падарам гуфт:
— Дар ин сурат саг ҳақ дорад, ки аз ту ранҷад, чунки ин саги чӯпонист, чӯпонон ба сари дегу табақ омадани сагро манъ намекунанд. Бинобар ин вай беибо ба сари дег омада табақро бӯйидааст. Дар он вақт туро лозим буд, ки ба ӯ нодуруст будани ин корашро бо забони хуш ва ишорати нарм мефаҳмондӣ. Модом ки нодуруст будани ин ҳаракаташро нафаҳмонда задӣ, албатта меранҷад.
Саг дар ҳақиқат сахт ранҷида буд, то чанд рӯзи дигар аз дасти модарам чиз нахӯрд. (Ман характери ин сагро бо номаш дар романи «Ғуломон» акс кунонидаам.) 14 Дар вақте, ки мо ба Соктаре омадем, падарам ба модарам таъин карда буд, ки ҳар чизе, ки пазад, ба амакаш — Абдуллохоҷа аз вай як коса диҳад ва ба ман таъин кард, ки хар вақт таоми ӯро ман бароварда диҳам ва ҳамеша аз офтобааш хабардор бошам, агар холӣ бошад, — об пур карда бурда монам.
Ба ин сабаб ман ҳар рӯз чандин бор ба пеши вай, ки ӯро амакбобо мегуфтем, мерафтам. Ӯ қади баланд, бадани лоғар, чеҳраи гандумгун, риши миёнаи на он қадар сафед (бо вуҷуди ин ки худ 90-сола буд) ва абруҳои баланди дарозмӯ дошт. Мӯҳои абрувонаш чунон дароз буданд, ки чашмонашро пӯшонда меистоданд. Агар ӯ ба ҷое ё ба касе нигаристан хоҳад, маҷбур буд, ки бо пушти сарангушташ мӯҳои абрувонашро аз болои чашмаш бардорад.
Аммо ӯ ба касе нигоҳ намекард ва ҳарфе намезад, ҳамеша дар гӯшаи меҳмонхона хомӯшона менишаст. Аммо ӯ нисбат ба синнаш боқувват буд, рӯзе як-ду бор ба рӯйи ҳавлӣ мебаромад, таҳорат мекард, ҳаво мехӯрд ва боз ба гӯшаи хомӯшиаш медаромад. Мегуфтанд, ки ӯ дар умри худ бемор нашудааст ва дар вақти вафоташ ҳам бемор нашуд. Як бегоҳӣ ман ош бароварда ба пешаш гузоштам. Пагоҳонии ҳамон шаб ширу нон баровардам. Ӯ ёзида хобида буд; косаи оши холишуда ҳам дар пешаш буд. Ман ширу нонро дар пеши ӯ нагузошта гардонда бурдам, ки гурба нахӯрад ва ба падарам хобида буданашро хабар додам.
— Ӯ дар ин вақт намехобид, ҳар саҳар ду соат пеш аз баромадани офтоб мехест. Хабар гирифтанам даркор аст, — гуфт падарам ва хеста пеши ӯ рафт, ман ҳам ҳамроҳ рафтам.
Падарам пеш аз ба меҳмонхона даромадан офтобаи обро дид, ки дар дами дар истода буд.
— Офтоба холӣ аст! Маълум мешавад, ки саҳар хестааст, — гуфт падарам ва ба пеши ӯ рафта нишаста аввал дасташро, баъд аз он дилашро дид.
— Мурдааст, ҳозир мурдааст ва баданаш гарм аст, — гуфт.
Падарам маро фармуд, ки Усто амакро ҷеғ зада биёрам. Рафта ӯро гирифта овардам. Ҳар дуяшон мурдаро тахт карда монданд. Асбоби кафанашро ҳам ҳар ду ба тариқи шарикӣ тайёр карданд. Писараш дар ин ҷо набуд ва дар куҷо буданаш хам маълум набуд, ки ӯро хабар диҳанд.
Мардуми деҳаро хабар доданд ва ҳамон рӯз баъд аз пешин мурдаро бардоштанд ва ба ҳавлии масҷид бурда ҷаноза хонданд. Баъд аз ҷаноза хондан мардум газвори гирди тобути ӯро талош карда порча-порча дарронда гирифтанд.
Ман аз падарам пурсидам:
— Чаро гирди тобутро мардум дарронда гирифтанд? Падарам гуфт:
— Гирди тобути ӯро табаррук гуфта мегиранд, аҳмақҳо! Ва хол он ки ҳамин одамҳо дар зиндагии ӯ ягон бор аҳволи ӯро напурсиданд. Баъд аз мурданаш гирди тобуташ, ки ман аз хонаи худ баровардаам, барои инҳо табаррук шуд.

Усто амак

Зимистон бинокориҳои мардум хобида буд, Усто амак, яъне Устохоҷа дар ҳавлии беруни худ, дар зери айвончае дарсозӣ мекард; дарҳое, ки вай месохт, аз чӯби гуҷум буд. Ӯ тахтаи чӯби гуҷумро чунон сайқал мезад, ки акси ҳар чиз ба тарзи хира бошад ҳам, аз вай намуда меистод.
Дар он тахтаҳои сахт, ки онҳоро «тахтаҳои оҳанин» номидан мумкин аст, бо қаламҳои пӯлодини гуногуни худ кандакорӣ мекард. Нақшҳои кандакории вай чунон нозук ва хушнамо буданд, ки гӯё наққошони забардаст бо қалами мӯйин дар коғаз он нақшҳоро кашида бошанд.
Ӯ одами пешонакушода, хушзабон, хушмуомила ва як дараҷа ширинкор ҳам буд. Асло калонгириро намедонист, аз калону хурд забони хуши худро дареғ намедошт. Худро бо ҳама баробар мегирифт. Ба ман ҳам, ки як бачаи хурдсол будам, бо назари ҷиддӣ нигоҳ мекард ва ҳар чизе, ки дар бораи кораш мепурсидам, бо тафсил ҷавоб медод ва кӯшиш мекард, ки нозукиҳои санъати худро ба ман фаҳмонад. Кораш, ки ба назари ман хеле дилгиркунанда менамуд, ӯро ҳеҷ дилгир намекард, аз сафед шудани рӯз то торикии бегоҳӣ аз болои кори худ намеҷунбид.
Рӯзе ман аз вай пурсидам:
— Амак! Шумо ин қадар ҳунарро ба кӣ шогирд шуда омӯхтед?
Ӯ ҷавоб дод:
— Хешовандони мо ҳама дурудгариро медонанд. Намебинӣ, ки падарат усто, амакат усто, амакбобоят ҳам усто буданд. Аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба касе шогирд нашудаанд ва аз якдигар дида омӯхтаанд, баъд аз он мувофиқи қобилият ва ғайрати худ баъзеҳошон бисёр ҳунарманд ва баъзеашон камҳунартар шуда мондаанд. Ман ҳам тешазаниро ба кори падару бобо нигоҳ карда омӯхтам. Баъд аз он ақли худро кор фармуда ҳунари худро пеш бурдам. Дар кандакорӣ ман аввалин намунаҳоро аз сангҳои мазори худамон гирифтам ва баъд аз он бо ақли худ нақшҳои шинами хушнамо ёфтам.
Усто амак як нақшро, ки дар коғазе кашида шуда буд, ба ман нишон дода гуфт:
— Ин нақшро дувоздаҳгиреҳ меноманд ва коғази дигареро ба ман нишон дода давом намуд: — ин ҳам ҳамон дувоздаҳгиреҳ аст, фарқ дар ин ҷост, ки дар ин коғаз дар байни гиреҳҳои дувоздаҳгона ситораҳо ва бодомчаҳо нақш ёфтаанд. Мебинӣ, ки ин дувоздаҳгиреҳ назар ба он дувоздаҳгирехи қадимӣ чӣ қадар хушнамо ва назаррабо шудааст. Ана ҳамин майдакориро ба дувоздаҳгиреҳи қадимӣ ман аз ақли худ бароварда ҳамроҳ кардам. Усто амак коғазҳоро, ки онҳоро худ андоза меномид, ба ҷузъгири чармини худ гузошт ва боз сухани худро давом дод:
— Агар шогирд танҳо ба омӯхтани ҳунари устои худ қаноат мекард, дар дунё ҳеҷ ҳунар пеш намерафт, ривоҷдиҳандаи ҳунарҳо он шогирдон мебошанд, ки аз ақли худ чизҳо ёфта ба ҳунари устои худ зам мекунанд, — гуфт ва баъд аз он: — исто-исто, ман ба ту як чизи ғалатӣ сохта диҳам гӯён аз ҷояш хеста ба ҳавлии дарунаш даромад ва аз он ҷо як най гирифта баровард, ки ним метр дарозӣ дошт ва сӯрохии дарунаш ҳам тахминан ним сантиметр меомад.
Усто амак чӯбсари лӯлашакли худро гирифта даруни он найро сойида суфта кард, баъд аз он дар як нӯги най аз шикамаш як чоки дарозрӯя зад, ки баробари ними рӯйи нохуни ангушти дасти одамӣ меомад. Баъд аз он як порча меширо тунук тарошид, аз вай ба андозае бурида гирифт, ки чоки найро пӯшонда метавонист, дар як нӯги он чарм як ришта ресмонро бо сӯзан дӯхта банд кард. Аз тарафи болои чоки най бо бигиз як сӯрохча кушод. Баъд аз он риштаи ба чарм банд кардашударо аз даруни най ба сӯрохча рост карда ва аз берун бо як симчаи нӯгкаҷ он риштаро берун кашида гирифт. Бо сахт кашидани ришта чарм омада аз дарун ба болои чок банд шуд, ба тарзе, ки нӯги чарми овезон шудаистода аз тарафи дарун даҳони чокро тамоман банд мекард. Баъд аз он як чӯбчаро пробкавор тарошида ба он тарафи сӯрохи най, ки аз он ҷо шиками най чок карда шуда буд, зада банд кард. Пас аз он як химчаи хушки дарахти тутро ёфта оварда дар як сари вай як парраи чорчилликшакл баровард, аз пеши парра то нӯги химча тарошида бориктар кард, аз мешии тунуккардашуда як порчаи пулакчамонандро ба андозае, ки сӯрохи даруни найро тамом гирифта тавонад, бурида гирифт, аз миёнаҷойи он пулакча сӯрох карда аз вай тарафи борики химчаро гузаронида пулакчаро бурда ба парра расонда банд кард.
Аз тарафи дигари най, наздик ба даҳонаш, аз шикамаш як сӯрох кушода дар вай як нойчаи бофандагиро банд кард.
Баъди вай дар сатил қадаре об рехт, химчаро, ки даста меномид, аз тарафи паррадораш дар даруни най даровард, тарафи чокдори найро дар даруни оби сатил фурӯ дода, тарафи дигарашро рост нигоҳ дошт.
Вақте ки дастаро боло-пойин ҳаракат дод, об аз сатил ба даруни най даромада ва аз он ҷо боло рафта аз нойча берун рехтан гирифт.
Ман аз дидани ин ҳол дар ҳайрат афтода, чӣ навъ ба даруни най даромада ба чӣ сабаб боло рафтани обро аз Усто амак пурсидам.
Ӯ эзоҳ дод:
— Дастаро ки боло мекашем, пулакчаи бар рӯйи парраи даста банд кардашуда ҳавои даруни найро боло мебардорад. Вақте ки пойини най аз ҳаво холӣ шуд, об аз чок зӯр карда даромада чарми рӯйи чокро бо зӯрии худ бардошта, ҷойи аз ҳаво холишудаи найро аз худ пур мекунад.
Вақте ки мо дастаро пойин фурӯ медиҳем, бо зӯрии оби пасгашта чарми болои чок рӯйи чокро баста роҳ намедиҳад, ки об боз гашта ба сатил барояд, дар вақти фурӯ додани даста бо зӯрии об пулакчаи рӯйи парра бардошта шуда, об аз он ҷо гузашта ба тарафи болои най мебарояд ва ҳамин тариқа шуда бо 2-3 бор боло-пойин ҳаракат додан даруни най аз об пур шуда аз нойча берун рехтан мегирад.
Усто амак дар охири эзоҳи худ он асбобро ба ман дода:
— Ин барои ту бозичаи хуб, инро «обкашаки навбаромад» ном монӣ, мешавад, — гуфт.
Ман аз ин ҳунари ӯ ба ҳаяҷон омада аз вай пурсидам:
— Ин бозичаро шумо аз ақли худ баровардед?
— Не, — гуфт ӯ, — калонтари ин обкашакро бобои ман, ки Сайид Аҳмадхоҷа ном дошта, бобокалони ту, яъне бобои падарат мебошанд, сохта буданд. Он кас як чӯби ғафси дарози сафедори самарқандиро (сафедореро, ки дар Самарқанд шамшод меноманд) рост арра карда, ҳар кадоми онҳоро ба шакли нова кофта боз дуяшро бо ҳам бо елим ҷафс карда, ба тарзе, ки дар ин най дидӣ, сохта буданд ва дар рӯйи он ду-се ҳалқаи оҳанин ҳам гузаронида буданд, ки бо зӯрии об накафад. Бобокалонат баъд аз сохтани он асбоб, дар як рӯзи ҷумъа, ки мардуми атроф барои намози ҷумъа дар пеши ҳавзи масҷиди мо ғун шуда буданд, ба воситаи он асбоб аз ҳавзи масҷид ба боми масҷид об бароварда, ҳамаро дар тааҷҷуб андохта буданд. Лекин обкашаки он кас чунон зӯр буд, ки як кас дастаи вайро ҷунбонда наметавонист, дар сари даста як чӯби кӯндаланг банд карда буданд ва ду ҷавони зӯрманд аз ду тарафи он чӯб гирифта боло-пойин мекарданд, оби вай, ҳамчунон ки аз даҳони кӯза резад, шаррос зада мерехт.
Усто амак ба сари кори худ нишаста ва қаламҳои пӯлодинашро бо қайроқ тез карда истода илова кард:
— Ҳамон сол дар Зарафшон аввал об кам шуда, дар вақти тобистон тамоман хушкид, киштҳои канори дарё, ки одатан беоб ва бо нами дарё мерасиданд, бе нам монда, онҳо ҳам ба хушкидан рӯ оварданд. Дар он вақт деҳқонон ҳамон обкашаки бобокалонатро ба канори Зарафшон бурда, ба воситаи вай киштҳои худро аз кӯлмакҳои дарё об доданд.
Усто амак кори худро сар карда гуфт:
— Аз ақли худ барорандаи он асбоб ана ҳамон кас буданд, ман дар он вақт ҳафтсола будам. Чӣ гуна сохта шудани вай дар ёдам буд. Ту бачаи ҳунардӯст менамойӣ, барои ҳамин аз рӯйи он асбоб ба ту ин бозичаро сохта додам. Рав, бозӣ кун. (Баъд аз даҳ соли ин воқеа ман навъи мукаммал кардашуда ва аз металл сохташудаи ин асбобро дидам, ки аз Россия оварда шуда буд, бо вай аз бочкаҳо карасин ва равғани сафед мекашиданд ва номашро «насос» мегуфтанд.)
* * *
Усто амак мехост писари хурди худ — Икромхоҷаро устои ҳунарманд кунад. Аммо ӯ ба таълимоти падараш гардан намефуровард ва корҳои падараш фармударо, ки ба кандакорӣ оид буданд, қасдан вайрон мекард.
Рӯзе Усто амак аз писараш шикоят карда ба падарам гуфт:
— Сайид Акбар мувофиқи номи худаш* аз қадаш зиёдтар калон
____________________________________________________________
* Акбар (арабӣ) — яъне калонтар.
шуда рафтааст. Ӯ ба ҳунаромӯзӣ майл накард ва ин корро ба худ ор донист. Ман ҳам ӯро «майлаш, акнун, ки ӯ ҳунарманд шудан ва одам шуданро намехоҳад, кӯр шавад, мулло-пулло шуда равад» гуфта ба хондан мондам. Аммо ин хурдиаш боз як тамғаи дигар шуда баромад. Худам ду сол зӯр задам, се сол дар мактаб мондам, ғайр аз кӯрсаводӣ дигар чизеро ҳосил накард, ҳунарро бошад, ҳеҷ ба гардан намегирад. Акнун ин на одам мешавад ва на мулло, рафта-рафта хар мешавад.
— Аз муллои муқаррарӣ шуданаш, хар шуданаш беҳтар аст, — гуфт падарам дар ҷавоб.
Дар ҳақиқат ҳам Икромхоҷа хеле гарданшах буд. Рӯзе падараш дар як тахта нақши ислимиро 15 кашида дод, ки барои машқ кор кунад. Аммо ӯ ҷоҳоеро, ки мондан даркор буд, канд ва ҷоҳои кандашуданиро ба ҳоли худ гузошт. Ҳарчанд ман нишондодҳои падарашро ба ёдаш овардам, қабул накард ва «ту намедонӣ» гуфт.
Вақте ки ин кори худро ба падараш нишон дод, ӯ дар ғазаб шуд ва дастаи пойтешаро, ки тарошида истода буд, калтаквор ба дасташ гирифта ба писараш хитоб карда гуфт:
— Гурез, ки мезанам!
Икромхоҷа як-ду қадам пасттар рафта истод. Усто амак бо ҳамон вазъияти ҳамлакунандагӣ аз ҷояш хест ва такрор кард:
— Гурез, ки мезанам!
Икромхоҷа давида ба тарафи ҳавлии дарун гурехт ва Усто амак ҳам ӯро пеш карда рафт: ман дар тарс афтодам, ки агар ӯ бо ҳамон чӯб писарашро занад, ягон ҷояшро маиб накарда намемонад. Ман ҳам «амакҷон, назанед» гӯён аз дунболи онҳо давидам. Икромхоҷа аз ҳавлии дарун ба рӯйидарича гузашта ба баромадгоҳи ёбон рафта истод. Усто амак ҳам миёнаҷойи рӯйидарича рафта нишаст ва баъд аз фурсате нишаста нафаси худро рост гирифтан боз аз ҷояш хест ва боз фармон дод:
— Гурез, ки мезанам!
Икромхоҷа гурехт, ӯ пеш кард ва ман «назанед» гӯён фарёд мекардам. Ба ҳамин тариқа падару писар ёбонро ду давр заданд. Усто амак ба писараш фарёдкунон гуфт:
— Биё, акнун намезанам, хашмам фурӯ нишаст. Баъд аз ин коратро дониста кун.- Худ ба тарафи ҳавлӣ бозгашт, ман ҳам аз дунболи ӯ ва дар роҳ ба ман гуфт:
— Ту тарсидӣ, ки ман Икром акаатро мезада бошам, ё не, ман намезанам. Хар бачаашро намезанад; гов бачаашро намезанад, одам чаро фарзанди худро занад, ман ӯро ҳунар ёд гирад гуфта, пӯписа кардам. Ин кори маро ба падарат нагӯй, ки ханда мекунад.
Усто амак ғайр аз хешӣ бо падарам дӯсти бисёр наздик ҳам буд, ҳар як ба они дигар «ҷӯра» гуфта хитоб мекарданд. Дар фикр ва дар ақидаашон дар ҳаққи одамон ҳам ҳар ду як буданд.
Фақат фарқ дар ин ҷо буд, ки Усто амак ширинзабон, хушмуомила ва ширинкорнамо буд ва кори бади одамонро бо ширинсуханӣ ба рӯяшон мезад. Чунончи, мо Азизхоҷа ном ҳамсоя доштем. Ӯ Эъломхоҷа ном писарашро ба дарахт баста сахт задан гирифт. Усто амак фарёди Эъломхоҷаро шунида ба ҳавлии онҳо гузашт ва дасти Азизхоҷаро дошта:
— Бас кунед, эшон амак, тавба кардааст, минбаъд аз фармони шумо намебарояд, — гуфт.
— Ин девона шудааст, инро зада ҳушёр кардан даркор аст, ин тавбаро намедонад, — гӯён Азизхоҷа ҷандала мекард, ки аз дасти Усто амак раҳоӣ ёфта писарашро занад.
Усто амак гуфт:
— Эшон амак, шумо ғалатӣ одам будаед, магар ду девонаро дар як ҳавлӣ намемонанд ва ҳол он ки дар деҳаи худамон ман даҳ ҳавлиро медонам, ки дар ҳар кадомаш ду-се девона ҳаст.
Усто амак бо ин сухани худ худи Азизхоҷаро девона гуфта буд ва инчунин дигар эшонҳои девонахони он деҳаро низ санг зада буд. Лекин ҳамаи ин гапҳо низ бо ширинзабонӣ гуфта шуда буданд, шунаванда ба худаш дахлдор будани ин суханҳоро фаҳмад ҳам, ба ҷавоб гардондан сухани муносиб намеёфт.
Аммо падари ман як дараҷа дағал ва сахтгап буд, ӯ корҳои ба худаш номақбулро бо суханҳои сахт ва талх фош мекард ва аз ранҷидани тарафи муқобил ҳеҷ парво надошт.

Лутфулло-Гӯппон

Дар Соктаре каси дигаре, ки бо вуҷуди хурдсолиам диққати маро ба худ кашид, Лутфулло-Гӯппон ном касе буд. Ӯ писари аз дунболи занаш омадаи Авезхоҷа ном ҳамсояи бевоситаи мо буд. Авезхоҷа деҳқони безамин буд. Ӯ дар замини заминдороне, ки худ кор намекарданд, ё кор карда наметавонистанд, чоряккорӣ ва бо истилоҳи он вақт корандагӣ мекард. Авезхоҷа ду писари хурд дошт, калонаш Нозимхоҷа ном дошт, ки ӯро ба хондан монда буд ва дигараш ҳамсоли ман буда, ҳанӯз аз дасташ кор намеомад. Худи Авезхоҷа бошад, одами сергапи камкор буд, 20 таноб (5 гектар) заминро, ки ӯ ба корандагӣ гирифта буд, танҳо ҳамин Лутфулло-Гӯппон кор мекард.
Дар Соктаре деҳқонон умуман каланди устодӯстбойӣ (аз Ғиждувон) кор мефармуданд, ки ҳар кадомаш 4 килограмм вазн дошт. Мегуфтанд 10 кас ҳаст, ки ҳар кадоми онҳо ба Устодӯстбойи каландгар каландҳои 5-килограммӣ фармуда гирифтаанд. Яке аз он 10 нафар ҳамин Лутфулло-Гӯппон буд.
Аммо мардуми он ҷо Лутфулло-Гӯппонро аз дигар 9 нафар калонкаланд фарқ мекарданд ва «ин девкор аст» мегуфтанд. Назар ба қавли онҳо, Лутфулло-Гӯппон аз пагоҳонӣ то вақти хӯроки пешин ва аз пешин то шом дам нагирифта каланд мезадааст ва дар таомхӯрӣ ҳам чор баробари дигар коргарон хӯрок мехӯрдааст.
Рӯзе ман дар лаби ҷӯйи Мазрангон, ки аз даруни деҳа мегузашт, бо обкашакам бозӣ мекардам.
Абдушукурхоҷа ном аз сайидатоиҳо бо ду-се ҷавон омад, ки ҷӯйро баста ба чорбоғи худ об барад. Аммо одамони ӯ ҷӯйро баста натавонистанд, ҳар лой ва хоке, ки дар ҷӯй мерехтанд, об шуста мебурд.
Дар ин вақт Лутфулло-Гӯппон пайдо шуд ва баъд аз қадаре кори ҷӯйбандии онҳоро тамошо карда истодан, ба Абдушукурхоҷа гуфт:
— Амаки эшон! Ман танҳо худам ҳамин ҷӯйро баста диҳам, чӣ медиҳед?
— Якта нон ва як қабза ҳалвои равғанӣ, — гуфт Абдушукурхоча. Лутфулло-Гӯппон қабул кард ва ғайр аз эзор ҳамаи либосҳояшро кашида ба кор даромад.
Аввал дар ду канори ҷӯй ду тӯда хок ғундошт. Душвории кор дар ин ҷо буд, ки дар он ҷо чим ва лойи шитта набуд. Даруни ҷӯй тамоман рег ва атрофаш хоки регомез буд. Бо вуҷуди ин, Лутфулло-Гӯппон аз он кор натарсид ва ба об даромада хоки дар як тараф тӯда кардаашро ба даруни ҷӯй кашида сеяки вайро баст, баъд аз он ба тарафи дигари ҷӯй рафта аз он ҷо ҳам сеякашро банд кард. Зӯрии кор акнун сар мешуд, оби ҷӯ танг шуда омада аз сеяки миёнаҷойи ҷӯй бо шиддат мегузашт ва хокҳои нарми нав рехташударо шуста бурдан мегирифт.
Лутфулло фурсат нагузаронида дар ҷойи гузаргоҳи об кӯндаланг хобид, хокҳои дар як тараф рехтаашро бо сару гарданаш ва тарафи дигарро ба пойҳояш нигоҳдорӣ кард. Танаи ӯ дар гузаргоҳи об гӯё кундае буд, ки об аз болои он шорида мегузашт: Лутфулло дар ҳамин вазъият каланди дӯстбойиашро бо суръат зада аз даруни ҷӯй аз тарафи омади об лой кашида ба танаи худ банд мекард. Дар он вақт бозувони ӯ чунон бо суръат ҳаракат мекарданд, ки ман ба чизе монанд карда натавонистам. Фақат баъд аз он ки аз хоки Бухоро роҳи оҳан гузашт ва ман ҳаракати бозувони оташхонаи поездро дидам, ба хотирам суръати ҳаракати бозувони Лутфулло-Гӯппон расид. Ман дар он вақт дар байни ин ду ҳаракат як монандии пурраро дидам.
Баъд аз он ки банди миёнаи ҷӯй аз танаи Лутфулло баландтар шуд, ӯ аз ҷояш хеста ба паси банд дузону нишаста ва банди худро бо шиками худ нигоҳдорӣ карда, боз ба ҳамон суръат ва чобукии аввалиаш каланд зада аз тарафи омади об лой кашида банди худро баланд ва мустаҳкам кард ва пас аз он аз об баромада ба болои банд хоки хушк партофта, бандро аз хавфи оббарӣ эмин намуд.
Усто амак, ки вай ҳам дар ин тамошо ҳозир шуда буд, ба Лутфулло хитоб карда гуфт: Додар, илоҳӣ ҳазорсола шавӣ, намурӣ!
Абдушукурхоҷа хандид ва ба Усто амак гуфт:
— Устохоҷа, шумо Лутфуллоро дуое кардед, ки қабул шуданаш мумкин нест ва ба ӯ якпула фоида надорад, кист, ки дар дунё ҳазорсола шавад, кист, ки дар дунё намирад? Ба ҷойи ин агар мегуфтед, ки «илоҳӣ бой шавӣ ва шикамат аз нон сер шавад», беҳтар буд.
Усто амак бо ҳамон шукуфтарӯйии одатиаш ба Абдушукурхоча гуфт:
— Рухсат диҳед, ака эшон, ки маънии дуои худро ба шумо фаҳмонам.
— Марҳамат кунед — гуфт Абдушукурхоча.
— Маънии ҳазорсола шудани як одам он нест, ки, — гуфт Усто амак, — ӯ дар зиндагии худ ҳазор солро аз сар гузаронад, балки маънии ин сухан ҳамин аст, ки у дар зиндагии муқаррариаш корҳое кунад, ки одами дигар дар ҳазорсола умри худ, ба шарти зинда мондан, он корҳоро мекарда бошад. Инчунин маънии намурдани як одам ҳам ин нест, ки вай монанди одами афсонагии «оби ҳаёт»-хӯрда зиндаи бадтар аз мурда шуда то қиёмат монад, балки маънии ин сухан ин аст, ки ӯ чунон корҳое кунад, ки номаш дар дунё зинда монад. Абдушукурхоҷа истеҳзокорона ва хандаомезона пурсид:
— Хӯш, Лутфулло чӣ кор карда метавонад, ки кори ӯро дигар кас дар ҳазор сол кунад ва номи ӯ бо кадом кораш дар дунё зинда мемонад? Усто амак ҷавоб дод:
— Лутфулло 30 сол умр дидааст, дар ҳамин умри худ аз бозе, ки ба дасти худ каланд гирифтааст, як хонаводаро бо меҳнати худ сер карда омадааст. Аммо шумо дар шастсола умратон бо меҳнати худ аҳли хонавода он сӯ истад, шиками худатонро сер накардаед.
— Чаро? — гуфта савол дод Абдушукурхоҷа бо оҳанги истеҳзокорона ва илова кард: — ман ҳама вақт дар муридавкунӣ мегардам. Аз ин кор ҳар мох 100-200 танга меёбам. Бо ҳамин кор рӯзам ва рӯзи хонаводаам ба подшоҳӣ мегузарад. Боз чӣ кор карданам даркор буд?
— Боракалло, — гуфт Усто амак бо ханда, — ҳар чӣ худатон иқрор кардед! Охир, «муридавкунӣ» кор нест. Дуруст аст, ки шикори ҳайвонот ва паррандагон касб аст, аммо муридавкунӣ, ки шикори одамон аст, чӣ маънӣ дорад?
— Фиребгарӣ, фиреб дода ба доми худ кашидани одамон, — гуфт касе аз гӯшае. Ҳама хандиданд ва Абдушукурхоҷа аз хиҷолат суп-сурх шуд ва худаш ҳам дар қатори одамон хандида:
— Биёед, монед ин гапҳоро. Акнун аз меҳнати худ чӣ гуна ҳалво хӯрдани Лутфуллоро тамошо мекунам, — гуфт ва ба дастёри худ фармуд, ки аз хона якта нон ва аз баққолии урганҷиён як қабза ҳалво биёрад.
Гӯппон як нонро чор пора карда, ҳалворо ҳам ба чор қисм тақсим намуда дар онҳо печонда, чор даҳон карда хӯрд ва ду кафашро дар як ҷо чумча сохта аз ҷӯй об нӯшид ва гуфт:
— Лаб гуфт: «омад», даҳон гуфт: «даромад», шикам гуфт: «дар боло чӣ буд, ки пойин нафуромад».
Ҳама хандиданд ва ҷавоне ба ӯ гуфт:
— Лутфулло ака, агар ҳамин вақт бошад, чанд қабзаи дигар ҳалво хӯрда метавонед?
— Агар ҳамин вақт бошад, се қабзаи дигар, агар бегоҳонӣ бошад, чор қабза, — гуфт Лутфулло.
— Гапи бекор, як қабзаи дигар ҳам хӯрда наметавонед, — гуфт ҷавони дигар.
— Ҳалворо тайёр кунед, бинед, ки ман чӣ навъ мехӯрам, — гуфт Гӯппон.
— Гарав мебандем, — гуфт ҷавони дигар, — ҳалвои бекор дар куҷост?
— Ҳар шарте, ки кунетон, ман розӣ, ҳалворо тайёр кунед, — гуфт Лутфулло.
— Се қабза ҳалво, се танга пул, — гуфт ҷавоне, ки ба гарав ҷеғ зада буд, — агар хӯрда тавонистед, ҳалво нӯши ҷонатон шавад, ба болояш се танга пул ҳам мегиред. Агар натавонистед, се танга пули ҳалво ва се танга гаравӣ — 6 танга медиҳед. Чӣ гуфтед?
— Чӣ мегуфтам? Аз ҳазм шуда рафтани ҳалвои ҳозир хӯрдагиам пештар биёред, ки сер шуда монам, мегӯям-дия! — гуфт Лутфулло.
Ҳалворо оварданд. Лутфулло ба хӯрдан даромад, аз болои ҳар як даҳан ҳалво як қулт об менӯшид ва баъд аз хӯрда тамом кардан аз гаравбастагон се танга ҳам гирифт.
— Дар ҳақиқат шумо 6 танга не, 7 танга бурдед, — гуфт ба Лутфулло касе, ки ҳалворо оварда буд ва эзоҳ дод: — се қабза ҳалвои муқаррарӣ се нимча (якуним килограмм) меомад. Ман барои фиреб додани шумо чор нимча (ду килограмм)-ро се қабза ‘бурронда оварда будам, ки чор танга меистад.
— Бисёр нағз карда будед, — гуфт Лутфулло ва ба Абдушукурхоҷа ишорат карда давом намуд: — амаки эшонам одамонро фиреб дода пулашонро хӯранд, шумоён маро фиреб дода пул хӯрондетон. Ин бисёр нағз.
Ҳама хандида аз ҷо хеста пароканда шуда рафтанд. (Ман дар «Аҳмади девбанд» ном асари худ Лутфулло-Гӯппонро ёд кардаам.)16
* * *
Падарам дар Соктаре баъд аз фориғ шуданаш аз кори деҳқонӣ ҳамеша бо бофандагӣ машғул шуд. Аз ҳама бештар карбос бофт, ӯ як қисми вайро ба шуштагар 17 шитта кунонида 18ба худ курта-лозимӣ дӯзонид, дигарашро абра ва остари кӯрпаву кӯрпача, болиш, дастархон ва дигар чизҳои даркории хона дӯзонда, ба читгар дода ранг кунонида гирифт. (Читгарҳо одатан ҳар чизро мувофиқи худаш нақш ва ранг мекарданд. Бинобар ин аввал дӯхта, баъд аз он ба ранг додан даркор буд.)
Қаламӣ монда ба мо курта-лозимӣ ва ба худаш, ҳам ба мо яктаҳ дӯзонид. Алоча монда худаш ва ҳамаамонро бо ҷомаҳои таҳпӯшӣ ва рӯпӯшӣ таъмин кард. Танҳо ба акаам, ки ӯ Бухоро мерафт, як ҷуфт курта-лозимии суф ва як яктаҳи чит аз моли фабрика харида дӯзонда дод.
Дигар ҳамаамон аз матои хона мепӯшидем. Падарам бештарин ранги чизҳои бофтаниашро ҳам худ тайёр мекард: аз испарак19 ранги нахӯдии зард, аз норпӯст ранги сиёҳча, аз омехтани испарак намедонам бо кадом чизи сиёҳ ранги пистагӣ, аз рӯян ранги сурх ва дигарҳоро месохт. Танҳо ранги зайтунӣ 20ва нилобиро ба рангрез ранг мекунонид, ки онҳо ин рангҳоро аз нили Ҳиндустон тайёр мекарданд.
Ба ҳамаи ин корҳо модарам ёрмандии калон медод: баъд аз ғундоштани сардарахтиҳо бештарини умри ӯ ба чархресӣ — ресмонресӣ, калова, зағӯта ва нойчатайёркунӣ мегузашт.
Корҳои каловарангкуниро ҳам бо нишондоди падарам ӯ мекард. Дар охирҳои зимистон падарам ба Маҳаллаи Боло рафтан хост, ки дар он ҷо чӯбҳои дар даст доштаашро чархи осиё тарошад, чархи тайёр ва чархҳои тайёршуданиро ба осиёҳои атроф фурӯшад.
Модарам дар як ҳавлии вайрон бо ду бачаи майда аз танҳо мондан тарсида ба рафтани ӯ норозигӣ баён карда бошад ҳам, нашунид:
— Шумоёнро гург намехӯрад, агар фарз кардем, ки гург биёяд ҳам, Хайбар ҳаст, — гуфт ва баромада рафт.

Рӯди нави Шофирком

Баҳор омад, давчаҳо аз гул баромаданд, навдаҳои тутҳои балхӣ ғӯра бастанд, дарахтони хастут барои хӯроки кирмакҳои пилла каллак шудан гирифтанд; ҷӯйи Мазрангон бо лойоби селҳои баҳорӣ пур аз сурхоб шуда мешорид; деҳқонон ҷуфт мебастанд, замин меронданд, дандонамола мекарданд ва мекиштанд; фароштурукҳо лойҳои шиттаро ба шакли пунбадона лӯнда карда оварда дар шифтҳои хонаҳо — дар паҳлуи болорҳо бо камоли маҳорат ба тарзи нимкиштӣ барои худ хона месохтанд. Лаклакҳо бар пештоқи дарвозаи мазор барои худ ошёна мебастанд ва аз дарёбод, аз миёни сусзорҳо морҳои обиро шикор карда оварда мехӯрданд. Мурғони титави товусранг, ки болу парҳояшон бо рангорангтобӣ назаррабо буданд, аз лаклакҳо хӯсида аз таги буттае ба таги буттаи дигаре меҷаҳиданд ва бо қаққоси ҳаяҷономези худ ҳамҷинсҳошонро аз хавф огоҳ мекарданд. Хулоса, аз одамон гирифта то паррандагон ва растаниҳо -ҳама чиз дар ҳаракат буд.
Дар яке аз он рӯзҳо, ки абри баҳорӣ аз партави офтоби шаъшаадор одамони кориро соядорӣ мекард, падарам аз деҳаи Маҳаллаи Боло омад. Ба ман, ки дар он вақт дар паскӯчаи пушти масҷид Хайбарро савор шуда «хартозӣ» мекардам ва шодикунон ӯро пешвоз гирифтам, ҳеҷ илтифоте накард, Хайбарро ҳам, ки бо думҷӯлонӣ ва бо садои махсуси сагона гӯё ӯро «хуш омадед» мегуфт, ҳеҷ дӯстдорӣ нанамуд ва харро дар зери дарахти тут баста ва хӯрҷинро ба даст гирифта ба ҳавлии дарун даромад. Ман ва Хайбар аз вай пештар ба хона даромада модарро аз омадани падар хабар дода будем, ӯ ҳам аз хона давида баромада хӯрҷинро аз дасти падарам гирифт ва саломатиашро пурсид.
Ба ӯ ҳам ғайр аз пурсуҷӯйи оддӣ ва расонидани саломи падару модараш чизе нагуфта ба хона даромад.
Модар хӯрҷинро дар айвончаи ошхона гузошта, зуд ба хона даромада сал-ла ва ҷомаи падарро гирифта ба мехи девор овехт ва дар ҷойи нишасти ӯ кӯрпача паҳн намуда лӯлаболишҳоро дар паҳлуяш гузошт.
Падар бо ҳамон вазъияти андӯҳгинона ба модарам:
— Зудтар самовор монда чой дам кун ва аз даруни хӯрҷин гӯштро гирифта саришта кун, ки гурба набарад, — гуфт ва худ лӯлаболишҳоро дар саргаҳи кӯрпача гузошта дароз кашид ва ман дар ҷое, ки рӯйи ғамолуди ӯ намуда меистод, хомӯшона нишастам. Модарам баъд аз чой дам карда овардан ба пеши падар дастархон кушод, нон ва ғӯлунгоб ниҳод. Падар аз ҷояш хеста нишаста ба чойнӯшӣ ва нонхӯрӣ даромад ва ҳоло ҳам пешонааш кушода намешуд. Модарам бояд барои фаҳмидани ин вазъияти падар бошад, ки аз вай пурсид:
— Магар чархҳо фурӯш нашуданд?
— Фурӯш шуданд, ду дарахти гуҷум ҳам харида ғалтонда ба андозаи чарх бурида мондам, ки дар айёми тобистон рафта метарошам, — гуфт дар ҷавоб ва боз хомӯш монд.
— Худо накарда, магар дар мизоҷатон гаронӣ доред, ки ин қадар пажмурда ва ғамгин менамоед? — гуфт модарам.
— Ин гарони дар ман аз мизоҷам не, балки аз аҳволи тумани Шофирком омад, — гуфт падарам ва боз хомӯш монд.
Модарам нӯги каловаи чигилшудаи аҳволи падарамро ёфта буд. Аммо тафсилот мехост.
Бинобар ин гапковӣ карда пурсид:
— Мегуфтанд, ки дар Шофирком рӯди нав баровардаанд, магар ин рост аст?
— Рост аст, — гуфт падар ва илова намуд: — кошки рӯди нав намебароварданд. Кори ин рӯди нав ба болои он харобие, ки ба сари мардуми он ҷо аз регпахшкунӣ омада буд, «болои мурда сад чӯб» шуд.
Падар як қадар кушода шуда ба ҳикоя даромад. Назар ба нақли вай, мардуми тумани Шофирком тирамоҳи гузашта ба сари худ кӯшиш кардаанд, ки рӯди кӯҳнаро аз сари нав кофта об ҷорӣ кунанд, аммо натавонистаанд, чандин бор регкашонӣ карда то ёбони Қо-қо як ҷилдироба ҷорӣ намудаанд, аммо аз миёна ду рӯз нагузашта аз лабҳои рӯд ба дарунаш боз рег шорида фуромада дубора гӯронидааст.
Баъд аз он калоншавандагон ва арбобу аминҳои туман ба амир арз кардаанд, ки рӯди нав бароварда диҳад, харҷ ва корашро аҳолии туман ба гардан мегиранд. Амир ба чор ҳокими туман — ба қозиву раису амлокдору миршаби Шофирком фармон фиристодааст, ки сар шуда кори рӯдинавбарориро ба анҷом расонанд. Онҳо баъд аз муайян кардани ҷойи кашида шудани рӯди нав ҳашар эълон карда ба кор даромадаанд. Аммо аз сари зимистон то ҳол, ки аз миён шаш моҳ гузаштааст, базӯр ним санг (чор километр) ҷойро ковондаанд ва лекин дар ин муддат бақияи дороии мардуми он ҷо, ки аз харобии регзеркунӣ монда будааст, ба харҷи чор ҳоким рафтааст.
Падарам рафти кори рӯдковиро ба тарзи зерин ҳикоя кард:
— Рӯзе ман барои дидани рафти кори ҳашар ба сари кор рафтам, чор ҳоким бо одамони худ ва арбобу аминони туман қариб дусад кас шуда дар ёбони васее чодир зада нишастаанд. Садҳо нафар мардуми ҳашарчӣ ҳам ҳар ҷо-ҳар ҷо хобидаанд. Қассоб гӯсфанд мекушт, ошпазҳо оши палаву кабоб ва нонвойҳо фатири равғанӣ мепухтанд. Аспони он гурӯҳи дусаднафарӣ дар пеши чодири соҳибонашон бедаи кабуд мехӯрданд ва ҷуволҳои пурҷав барои еми шабонаи он чорпоҳо омода буданд. Оқсақолони деҳаҳо ба харҳо бор карда биринҷ, ҷав ва орд меоварданд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷойи пеши чодирҳо самоворҳои калон дар ҷӯш буданд. Он гурӯҳи дусаднафарӣ палав ва кабобро хӯрданд, чой ҳам нӯшиданд. Вақт ҳам хеле гузашта ба офтобфурӯравӣ тахминан ду соат монда буд. Дар он вақт аминҳо аз чодирҳошон баромада ҳар кадом пойкорҳои 21 деҳаи худро ҷеғ зада фармуданд, ки ҳашарчиҳоро ғундошта ба кор дароранд. То ғун шуда кор сар кардани ҳашарчиён ҳам қариб як соати дигар гузашт. Вақте ки кор сар шуда ҳар даҳа аз саҳми худ тахминан як-ду газ замин кофта буд, ки рӯз ҳам торик шуда омад ва бо фармойиши аминон пойкорон ба ҳашарчиён нидо дардоданд, ки «имрӯз кор тамом, фардо барвақттар ба кор оянд, вагарна «боқипулӣ» хоҳанд дод». Ана рафти кор ҳамин тарз аст, — гуфт падар дар охири сухани худ.
— Аз ин тавр кашола кардани кор ба чор ҳоким чӣ фоида? — гуфта модарам пурсид.
— Агар кори ҳашар тамом шавад, он гурӯҳи дусаднафарӣ он палав, кабоб ва фатирро аз куҷо мехӯранд ва аспҳошон беда ва ҷавро аз куҷо меёбанд? — гуфт падарам дар ҷавоб. — Ва ҳол он Ки фоидаи онҳо бо ин хӯрок намемонад: агар ҳар рӯз даҳ ҳазор танга барои харҷи ҳашар аз мардум ҷамъ карда гиранд, нимаи онро нақд медузданд ва нимаашро пухта мехӯранд.
Падарам як пиёла чой нӯшида қадре хомӯш монд, дар вақти хомӯшӣ дар чашмонаш як нури ҷасорати ифтихоромезе дурахшид ва ба модарам нигоҳ карда:
— Ман як кор карда омадам, намедонам, фоида медиҳад ё не. Ба фикри худам, фоида медиҳад, — гуфт. Аммо чӣ будани он кори кардаашро нагуфт ва боз хомӯш монд. Модарам қадре мунтазир шуда истод, дид, ки ӯ дар бораи он кор чизе на-мегӯяд, аз вай пурсид:
— Чӣ кор кардед?
— Ҳоло аз ваҷҳи он кори ман ба касе чизе гуфтан дуруст нест. Ту ҳам аз он ваҷҳ ба касе чизе нагӯй, — гуфт ва ба шарҳи кори кардаи худ даромад:
— Ман дидам, ки мардуми туман тамоман бехонумон мешаванд ва рӯди нав ҳам намебарояд.
Як тахта коғази калонро пур карда ба амир ариза навиштам. Дар ариза рафти корро ба тарзе, ки ҳозир гуфта гузаштам, шарҳ додам. Ва талаб кардам, ки барои пеш бурдани кори ҳашар ягон каси худотарсро фармояд, ки ин кор зудтар тамом шавад. Дер мондани ин кор ҳам ба халқ зарар дорад, ҳам ба давлат. Зеро вақте ки рӯд кофта нашавад ва об ҷорӣ нагардад, албатта, заминҳо аз кишт мемонанд, дар он сурат подшоҳ хироҷ ва молиётро аз куҷо мегирад?
— Аризаро аз номи кӣ навиштед? — гуфта модарам пурсид.
— Аз номи худ навиштам, — гуфт падарам ва тафсил дод: -лекин номи худро маълум накардам.
Дар охири ариза навиштам, ки «нависандаи ин ариза дар ин туман на замин дорад ва на барои ӯ об даркор аст. Ин аҳвол холисона, ба умеди манфиат расондан ҳам ба халқ ва ҳам ба давлат ба ҷаноби олӣ арз карда шуд».
— Аризаро ба амир расонидед? — гӯён пурсид модарам ба оҳанги шодиёна.
— Бояд расад, — гуфт падар ва илова кард:- аризаро навишта ба бародари ту Қурбонниёз, ки ҷавони боҷасорати оқил аст, супурдам, ки ӯ Бухоро рафта дар рӯзи ҷумъа, дар вақте ки амир аз арк баромада ба масҷид меравад, дар миёнаи гурӯҳи мардум истода дар вақти аз пешаш гузаштани амир медиҳад. Амир баъд аз хондани ин ариза бояд ягон чора бинад. Чунки фоидаи худаш аст.
Баъд аз он ки падар ҳикояи кори худро кард, гӯё ки аризааш натиҷаи амалӣ дода бошад, рӯҳаш баланд ва рӯяш кушода шуд ва аз он андӯҳе, ки дар вақти омадан дошт, дар башарааш асаре намонд ва ба корҳои ҳаррӯзааш мисли пештара машғул гардид.
Баъд аз 15 рӯзи аз Маҳаллаи Боло омадани падарам акаам бо Сайид Акбархоҷа таҳсилро тамом карда аз шаҳр омаданд ва баъд аз ду ҳафта дам гирифтан ҳар дуяшон ба пеши хатиби деҳа боз дарс сар карданд.
Баъд аз як моҳи дигар тағоиям Мулло Деҳқон барои дидани хоҳараш — модарам ба хонаи мо омад. Аз рӯйи қавли ӯ, вай дар Бухоро бо писари қозии Ғиждувон — қозӣ Абдулвоҳид шарикдарс будааст. Баъд аз тамомияти таҳсил ҳар ду ба Ғиждувон омадаанд, ки дар он ҷо, дар пеши қозӣ дарсхониро давом кунонанд. Аммо аз амир ба номи қозии мазкур муборакнома (фармон) омадааст, ки вай дар тумани Шофирком рафта ба кори рӯдинавбарорӣ роҳбарӣ намояд ва корро ба тарзе ташкил кунад, ки то охири тобистон дар рӯди нав об ҷорӣ шуда, деҳқонон барои киштҳои тирамоҳӣ аз он об истифода бурда тавонанд.
Падарам бо шунидани ин сухани тағоиям аз шодӣ гӯё қад-қад мепарид ва ба назарам чунон менамуд, ки дар ҷойи нишастагиаш, гӯё қадаш ба тарафи осмон баланд шуда рафта истодааст ва гарданашро рост карда сари синаашро ба тарафи пеш мебаровард. Маълум мешуд, ки хурсандии аз ин хабар пайдошуда ба дилаш намеғунҷид ва сандуқи синааш васеъ шуданро мехост. Бо ҳамаи ин, ғайр аз як нигоҳи маънидори бо табассуми шодиёна омехтае, ки ба модарам кард, дигар чизе нагуфт ва аз хусуси аризаи худаш лаб накушод ва аз тағоиям пурсид:
— Хуб, баъд аз таъин шудани саркори нав кори ҳашар чӣ тавр рафта истодааст?
— Вақте ки ман дар Ғиждувон будам, — гуфт тағоиям дар ҷавоб, — ин фармон ба қозидомуллои мо расид, ӯ дарсгӯйиро хобонда ба сари ҳашар рафт. Ман якчанд рӯзи дигар бо шарикам қозизода дар он ҷо мондам ва аз он ҷо ба ин ҷо омадам, ки ҳамшираро бинам, баъд аз он ба пеши падару модар равам. Бинобар ин аз рафти кори ҳашар хабар надорам. Ҳамин қадар шунидам, ки амир чор ҳокими Шофиркомро, ки то ҳол дар ҳашар роҳбарӣ мекардаанд, аз мансабашон бекор карда, молу мулкашонро ярғу (мусодира) намудааст.
* * *
Тағоиям баъд аз даҳ рӯз дар хонаи мо истодан ба пеши падару модараш рафтан хост, падарам ҳам хост, ки ҳамроҳи ӯ рафта кори ҳашарро дар зери раҳбарияти қозии Ғиждувон тамошо кунад. Ман ҳам талаб кардам, ки ҳамроҳи худ барад. Падарам розӣ шуд, мо ҳар се ба Маҳаллаи Боло рафта рост ба ҳавлии бобоям фуромадем. Мӯйсафедони деҳа барои дидани падар ва тағоиям омадан гирифтанд ва ҳар кадомашон аз дуруст роҳбарӣ кардани роҳбари нав дар кори ҳашар гап мезаданд ва изҳори хурсандӣ менамуданд. Назар ба қавли онҳо, қозии Ғиждувон ҳашарчиҳоро фармудааст, ки ҳамагӣ дар аввали рӯз ба ҳашар ҳозир шуда ба кор дароянд, то торикии рӯз корро давом диҳанд. Вақти пешин барои хӯрокхӯрӣ як соат дам гиранд.
Ҳар ҳашарчӣ нони худро аз хонаи худ оварда хӯрад, арбобу аминҳо ҳам хӯроки худашонро аз худ биёранд ва аз деҳқонон барои харҷи ҳашар чизе наситонанд. Худи қозӣ ҳам ба сари кор бо ду одамаш меомадааст, яке барои ба ҳар ҷо хату хабар бурда овардан, дигаре барои хизмати худаш ва худаш ҳам хӯрокашро аз хонааш меовардааст. Дар муддати 10 рӯзе, ки қозӣ Абдулвоҳид кор сар кардааст, андозаи кор ба миқдори кори шашмоҳаи гузашта баробар шудааст.
Падарам баъд аз шунидани ин хабарҳо аз аввалӣ ҳам зиёдтар хурсанд шуд ва ба тағоиям гуфт:
— Биёед, мо ҳам рафта кори ҳашарро тамошо кунем ва ба ҳашарчиён «монда нашавед» — гӯем.
Тағоиям розӣ шуд. Падарам маро ҳам ҳамроҳи худ гирифт. Ҷойи ҳашар ба деҳаи Рӯбаҳо, ки дар ҷануби Маҳаллаи Боло буда, дар байни ин ду деҳа ҳазор қадам барин роҳ буд, расида будааст.
Мо ба он ҷо рафтем. Қозӣ, дар ҳолате ки миёнаш аз рӯй бастагӣ ва ба дасташ як асои ҷавбеди дароз буд, дар лаби рӯди нав рост меистод. Ӯ як одами лоғарбадани миёнақад, сабзиначеҳра, ришаш миёна ва сафед ва абруҳояш монанди абруҳои амакбобои ман ғафс ва дарозмӯ буд.
Тағоиям бо таъзими шогирдона хам шуда бо ӯ вохӯрдӣ кард ва падарамро ҳам «язнаам» ва «барои зиёрати шумо омаданд» гуфта шиносо кунонид.
Қозӣ бо падарам вохӯрдӣ карда истода ба тағоиям гуфт:
— Он касе, ки саводи шуморо бароварда ба мадраса бурда мондааст, ҳамин шахс бояд бошанд?
— Ҳамин кас, — гуфт тағоям дар ҷавоб. Қозӣ ба падарам нигоҳ карда:
— Ман аз писари худ, ки шарики додарарӯси шумост, ба хондани ин ҷавон сабаб шудани шуморо шунидаам, — гуфт ва дуюмбора бо падарам вохӯрдӣ кард.
Вақте ки чашми қозӣ ба ман афтод:
— Ин писари кист? — гӯён аз падарам пурсид.
— Писарчаи ман, — гуфт падарам дар ҷавоб.
Қозӣ маро баробари сараш бардошта, баъд аз он ба замин гузошт ва: — илоҳӣ калон шавӣ, мулло шавӣ, доно шавӣ! — гӯён аз кисабағалаш як дона конфети ҷойдорӣ, ки ба коғази сурх печондагӣ буд, бароварда дод ва аз падарам пурсид: — писарча мехонад?
— Ҳамин тирамоҳ ба мактаб медиҳам, — гуфт падарам дар ҷавоб. Тағоиҳоям — Қурбонниёз, Равшанниёз ва Ниёзхонҳо ҳам дар байни ҳашарчиҳо буданд, омада бо падар ва тағоиям вохӯрдӣ карданд.
— Инҳо кӣ? — пурсид қозӣ.
— Додарҳои ман, — гуфт тағоимуллом.
— Бисёр нағз, инҳо хуб кор мекунанд, — гуфт қозӣ ва ба тағоиҳоям нигоҳ карда: — хуб, шумоҳо ба сари кор равед, шабона бо инҳо сӯҳбат мекунед, — гӯён падар ва тағоямро нишон дод ва ба Қурбонниёз тағоиям фармуд, ки ӯ як дақиқа ин ҷо бошад. Қозӣ баъд аз ба кор рафтани ду тағоиям ба тағоимуллом нигоҳ карда давом намуд:
— Ин додарат (Қурбонниёзро нишон дода ва суханашро аз «шумо-шумо» ба «ту-ту» гардонда) коркуни бисёр гузарост. Монанди ин коркун дар байни ҳашарчиён 10 нафари дигар ҳаст. Лекин дар ақл ва ҷасорат ин аз онҳо пеш аст…
Магар рост истода гап задан ба қозии пир зӯр омад, ки ба асои ҷавбедаш такя карда нишаст ва ҳамсӯҳбатонашро ба нишастан фармуд ва сухани худро давом дод:
— Ман рӯзи аввали ба сари кори ҳашар омаданам ба аминҳо фармудам, ки даҳ нафар устои дурудгар ёбанд, то ки баробари рӯдковӣ, пул (кӯпрук), дарғот ва тахтаварғҳоро 22 ҳам сохта равем. Яке аз аминҳо гуфт: «ҳар устои дурудгар ҳар рӯз бе 5 танга кор намекунад, 10 усто ҳар рӯз 50 танга меистад. Шумо, ки аз мардум хароҷот ҷамъ карданро манъ кардед, музди кори дурудгарҳоро кӣ медиҳад ва аз куҷо медиҳад?» Бо шунидани суханони он амин ин ҷавон (Қурбонниёзро нишон дода) ба ман нигоҳ карда — Тақсир, арз дорам, — гуфт.
— Гӯй гапатро, — ман фармудам. Ӯ гуфт: «Дар байни ҳашарчиён 50 нафар дурудгар ва харротон ҳастанд, ки дар қатори дигарон рӯдковӣ мекунанд. Агар онҳо аз кори заминковӣ озод карда шуда, ба кори дурудгарӣ фармуда шаванд, хурсанд шуда бепул кор мекунанд». Ман даррав устоҳои дурудгарро ғун карда аз байни онҳо 10 нафар ҳунармандтаринашонро ба кори пул, дарғот ва тахтаварғсозӣ мондам, ки он корҳо ҳам баробари рӯдковӣ пеш рафтанд. Ақл ва ҷасорати ин ҷавон маро қоил кард. Агар ҷасорат намедошт, ақли ӯ дар ин ҷо ба вай фоида намерасонд ва дар пеши аминҳои худписанд омада ба ман маслиҳат дода наметавонист.
Бинобар ин барои ҳар кас ақли боҷасорат лозим аст. Инчунин ҷасорати беақлона хам фоида надорад.
Қозӣ боз сухани худро давом дода ба тағоимуллом:
— Ин додаратро дар хизмати ман мон. Ман аз ин хурсанд мешавам, — гуфт ва илова карда пурсид: — Савод дорад?
— Не, — гуфт тағоимуллом.
— Майлаш, ақл ва ҷасорат ки дорад, маро хурсанд карда метавонад ва худаш ҳам бисёр чизҳоро меомӯзад.
Қозӣ ба Қурбонниёз фармуд, ки ба кораш равад ва одами худашро фармуд, ки чой биёрад.
Хизматгор аз шохи дарахт як халтаи чарминро, ки дар он ҷо овехтагӣ буд, гирифта кушода, аз даруни вай як пиёла ва як чойҷӯши биринҷиро бароварда, аз чойҷӯш ба пиёла чой рехта ба қозӣ дод. Қозӣ бо ду ҳурт он чойро нӯшида ба пешхизмат фармуд, ки ба ҳамсӯҳбатонаш ҳам чой диҳад ва ба падарам нигоҳ карда гуфт:
— Ин чойро аз Ғиждувон дам карда оварда будем, сард шудааст. Айб накунед, ҳар чӣ бошад, аз оби сарди хом беҳтар аст.
Баъд аз он ки падар ва тағоиям якпиёлагӣ чойи сард нӯшиданд, қозӣ аз ҷояш хест, дигарон ҳам ба по рост шуданд. Қозӣ ба онҳо гуфт:
— Биёетон, ҳашарчиҳоро «монда нашавед!» гӯем.
Қозӣ пеш даромад, падар ва тағоиям дар паҳлуи ӯ, аммо аз вай қадаре пастар ба роҳ даромаданд. Ман ҳам аз дунболи онҳо. Қозӣ дар пеши ҳар гурӯҳ аз ҳашарчиён «монда нашавед!» гӯён қадаре меистод. Коркунони дурусттарро ба тарзи ҷудогона «Ҳай боракалло!», ё ин ки «офарин!» мегуфт ва боз пеш мерафт.
Амин ва арбобҳо, ки миёнашонро аз рӯй баста дар сояи дарахтон менишастанд, аз дур намоён шудани қозиро дида аз ҷо хеста ба болои ҳашарчиён медавиданд ва овозашонро баланд карда «инҷа бизан!» мегуфтанд. Як вақт як амини бисёр фарбеҳ аз зери дарахте хеста ба сари ҳашар омад. Ва ӯ ҳам ба қозӣ шунавонда ба ҳашарчиён чӣ навъ кор карданро нишон додан гирифт.
Вақте ки қозӣ ба ӯ наздик расид, ӯ салом дода таъзимкунон истод ва қозӣ ба вай:
— Амин, шумо аз ҳад зиёд фарбеҳ шудаед. Ин ҳолат ба шумо бори зиёдатӣ аст ва шуморо ноором мекунад. Бо ин коре, ки шумо дар пеши ман монанди арбоб ва аминҳои дигар мекунед, боратон сабук намешавад. Муносиб он аст, ки шумо гоҳе аз дасти ҳашарчиён каландро гирифта қадаре кор кунед, то ки ҳам бори худатон ва ҳам бори ҳашарчиён сабук шавад.
Амин «хуш, тақсир» гӯён давида ба рӯд даромад ва аз дасти ҳашарчие каландро гирифта ба замин зада хок кандан гирифт. Аммо баъд аз 10 -12 бор каланд задан чунон дар арақ ғӯтид, ки гӯё ба сари ӯ аз сатил об рехта бошанд ва суст шуда бар замин нишаста монд, ҳашарчиён қаҳ- қаҳзанон хандиданд. Қозӣ ба амин гуфт:
— Дидед, ки коркунӣ аз корфармойӣ чӣ қадар душвор будааст. Шумоҳо ҳамон корфармойии осонро ҳам накарда дар сояи дарахт шикам хорида мехобед.
Мо пеш рафтем. Баъд аз қадаре роҳ рафтан қозӣ ба пас нигоҳ кард. Ҳамаи арбоб ва аминҳо дар сари ҳашар ҳаракат мекарданд.
Мо аз деҳаи Рӯбаҳо баромада ба ҷое расидем, ки аз он ҷо, аз тарафи шимоли рӯд сари ҷӯйи Маҳаллаи Боло ва аз тарафи ҷанубаш ҷӯйи Истамзе сар мешуд. Дар пеши сари ин ду ҷӯй устоҳои дурудгар тахтаварғро сохта тамом карда буданд ва барои хубтар бо ҳам ҷафс шудани тахтаҳо паҳлуи онҳоро ранда мекарданд. Тахминан то 50 қадам поёнтар аз он ҷо кор давом мекард.
Қозӣ ба ҳашарчиён фармуд, ки дар охири ҷойи тайёршудаи рӯд банди баланде банданд ва миробро, ки ба тахтаварғсозӣ назорат мекард, фармуд, ки рафта банди Қо-қоро кушода обро пойин сар диҳад.
Мироб «хӯш, тақсир» гӯён аспашро аз дарахт кушода, савор шуда ба тарафи ёбони Қо-қо давонд. Қозӣ ба падарам нигоҳ карда гуфт:
— Ман корро ба ҳамин тартиб ниҳодам, ки аз паси ҳашарчиён об ҳам меояд. Ҳашарчӣ, ки дар вақти кори душвори худ самараи вайро дар пеши назараш мебинад, қувват ва ғайраташ дучанд мешавад. Ҳашарчиён ҳар қитъаро, ки канда тайёр мекунанд, фардои он рӯз дар он қитъа об меояд. Мо фардо обро то Рӯбаҳо ва пасфардо то Деҳнав мебарем.
Қозӣ ба дарахте такя карда саридупо нишаст ва ҳамсӯҳбатонаш ҳам дар рӯ ба рӯяш нишастанд. Қозӣ гоҳо суханоне мегуфт, ки ман аз онҳо чизе намефаҳмидам ва онҳоро ба забони тоҷикӣ шарҳ медод, лекин аз он шарҳҳо ҳам ман чизе намефаҳмидам. Падарам монанди шогирдони мактаб бо эҳтиром суханони ӯро гӯш медод ва гоҳо аз шунидани суханони ӯ завқ карда бо тамоми баданаш пасу пеш меҷунбид.
Дар миён мироб омада омадани обро хабар дод. Қозӣ ва ҳамсӯҳбатонаш хеста ба сари варғ рафтанд. Об кафкҳои чиркини зардчарангро дар дами худ пеш андохта меомад ва ба тахтаварғ расида аз рафтор бозмонда ба боло дамидан гирифт. Аз байни тахтаҳо ба пойин об мешорида бошад ҳам, ин ҳол ба боло дамида баромадани вай монеъ намешуд. Як вақт дами об ба сари тахтаварғ расида ҳам ба ҷӯйи Истамзе ва ҳам ба ҷӯйи Маҳаллаи Боло ҷорӣ шуд ва аз болои тахтабанд бо шарроси башиддат шорида фуромада ба банди хокӣ дакка хӯрда истод.
Падар ва тағоиям аз қозӣ рухсат гирифтанд, ки ба хона баргарданд.
Мо лаб-лаби ҷӯй ҳамроҳи об оҳиста-оҳиста мерафтем, падарам ба тағоям гуфт:
— Ба болои ин ки ин одам олимтарин, донишмандтарин, оқилтарин ва боинсофтарини уламои замони мо будааст, баданаш ҳам аз оҳан сохта шуда будааст. Дар ин пирӣ на аз саридупо нишастан монда мешавад ва на аз рост истодану роҳ рафтан. Умраш бояд аз ҳафтод гузашта бошад.
— Назар ба қавли писараш, ҳамин сол 76 солро пур карда ба 77 қадам мондааст, — гуфт тағоиям.
Мо баробари об ба деҳа даромадем. Бачагони кӯча шодикунон ва чапакзанон «об омаду об омад — аз рӯйи китоб омад» гӯён фарёд мекашиданд ва лаб-лаби ҷӯ боло-пойин медавиданд.
Мо ба пеши бобоям даромадем. Дар он ҷо қаймоқи гап кордонӣ ва кордориҳои саркори нави рӯдковӣ буд. Дар он миён дар бораи ба хизмати ӯ супурдани Қурбонниёз тағоям сухан рафт.
Падарам ин корро маъқул донист ва хизмати сипоҳигарӣ, хусусан мулозимии қозиҳоро дӯст надорам хам, ин корро дуруст мешуморам, — гуфт. Хизмати ин қозӣ барои Қурбонниёз як мактаби тарбия хоҳад шуд (ин қозӣ Абдулвоҳид, ҳамон қозӣ Абдулвоҳиди Садри Сариртахаллус аст, ки ман дар саҳифаҳои 385-391-уми «Намунаи адабиёти тоҷик» намунаи шеърҳои ӯро нақл карда, худашро ба некӣ ёд кардаам).

Бозгашт ба оғози китобҳо:

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 1

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 2

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 3

Айнӣ С. Ёддоштҳо, қ. 4

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.